Номаҳо аз ноҳияҳо ба «Ислоҳ.нет»№57

Ислоҳ нет

  Яке аз сабаҳое, ки мардум рӯзбарӯз ба мо муроҷиат мекунаду нома мефиристад ин аст ки нашрия ва расонаҳои дохилӣ дигар мустақил нестанд ва аз чопи ҳамчунин мавод парҳез мекунанд. Мо ҳамкасбони худро накуҳиш карданӣ нестем, вале аз тарафи дигар гуфтанием, ки ҳадди ақал ҷанобчаҳои олии сатҳи навоҳиву вилоятро водор кунед, ки ба мушкилоти мардум расидагӣ кунанд. Масалан агар як бемористонро бо факту далел ва дар доираи қонуни матбуот интиқод кунед ва ё як раиси ноҳияро, ки замини мардумро бебаркаш фурӯхта истодааст, интиқод кунед, чи мешавад? Ҳатман сарнавишти даҳҳо журналисти дохили кишвар пеши назаратон меояд. Рӯзномаҳои дохили кишвар чизе ҷуз таърифу тавсифи “пешво” ва “Муҳтарам” Рустами Эмомалӣ чизи дигаре дар худ надоранд. Пас мардум дигар ҳеҷ ҷое барои арзу шикоят кардан надоранд ва рӯ меоранд ба “Ислоҳ”. Аллоҳ шоҳид аст даъво ҳам мекунанд, чаро ман чор рӯз пеш нома фиристодам онро дар ютуб ва ё сомонаи “Ислоҳ” намебинам? Миллати азизам охир моро фаҳмед мо ба андозаи тавони доштаамон метавонем кор  кардан ва аз он бештар наметавонем. Ё мисли Тоҷикистон мехоҳанд восита ё через кунанд. Намешавад номаи мо тезтар нашр шавад, мо хело заруртарем ва бояд нашр шавад. Охир ин корро кунем пас адолат куҷо мешавад?

 Охир ҳама тимҳои эҷодӣ ва техникии “Ислоҳ” ҳамин зарфияте,ки мебинедро дорем ва дар болотарин сатҳ Алҳамдулиллоҳ кор дорем, то тавонем мушкилот, шикоятҳои шуморо инъикос диҳем. Боз дар баробари ин номаҳо таҳлилҳо ва барномаҳои пахши мустақим ҳам дорем. Ҳамаи инро бояд ба инобат гиред ва моро фаҳмед!  

  Дар ҳар сурат,мардуми шарифи Тоҷикистон,мо номаҳои шуморо нашр мекунем ва мутмаинем,ки ҳатмани ҳатман мақомоти марбута ба онҳо расидагӣ хоҳанд кард.

                             Айнӣ

    Ассалому алейкум акаи Муҳаммадиқбол! Ман аз ноҳияи Айнӣ ҳастам. Аз бемористони вилоятии шаҳри Хуҷанд шикоят дорам.Бемории эпилепсия дорам.Ҳар боре барои табобат шаҳри Хуҷанд меравам бибиам бо ман ҳамроҳ мешавад. Аммо духтурон аз мо пули калон мепурсанд. Ҳам дар касса оплачиват мекунем ва ҳам боз ба дасти духтур медиҳем. Масалан, агар дар бемористон хоб равӣ, бистариат кунанд, барои як курси табобат пардохт мекунӣ ва квитансия медиҳанд, аммо барои табибу ҳамшираи шафқат сари касӣ пул медиҳӣ.

  Ин навбат бидуни бибиям рафтам. Ҳамон духтуре, ки табобат мекард, қабулам накард. Фаҳмидам,ки дар навбати қаблӣ бибиям пули гуфтаашро надода будааст. Ман худ аз як ноҳияи дурдаст ҳастам. Духтур гуфт, ки аввал пули табобати кардаамро медиҳӣ, сонӣ туро табобат мекунам. Духтур худаш хеле ҷавон аст. Аммо дидам, ки мошинаш хеле гаронбаҳо, ба камиаш 40000 доллар нарх дорад. Албатта, ӯ ҳам мисли дигар табибон қасами Гиппократро хурдааст, ки беморонро шифо мебахшад. Лек ин гуна табибаи ҳайвонмиҷоз ҷойи инки табобат кунад, дард мебахшад.

Дар мавриди дармонгоҳи ноҳияамон бошад гуфтаниам, ки инҳо ҳам сахт ҳаромхур шудаанд. Бовар кунед ҳатто ҳамон листи дорухат-ретсептро мефурӯшанд. Ба чи рӯзҳое нарасидем. Ҳатто як одами гурӯҳи маъюби дуюмро гурӯҳи сеюм доданд. Ин гурӯҳ нафаронро 120 сомонӣ нафақа медиҳанд.

Баъд як чизи дигарро мехоҳам бигуям. Шояд ин кор дар ягон гушаи дунё нашуда бошад. Лифти беморхонаи вилоятӣ пулакӣ аст. Аз ҳар бемор ва нафаре, ки барои аёдати бемор меояд пул мегиранд. Ин кор дар куҷо «туғрӣ» мегирад?

                                   Ҷалолиддини Балхӣ

 Ассалому алейкум  бародар Муҳаммадиқбол! Ман як нафар аз сокинони узбектабори ноҳияи Ҷалолиддин Балхӣ мебошам. Як воқеиятро барои шумо ҳикоя мекунам. Ҳоҷӣ Раҳматуллои хусурбачаи Эмомалӣ Раҳмонов дар қишлоқи Уртабуз, ҷамоати Сарвати Истиқлол 75 гетор замини обии қишлоқи Уртабузро шахсӣ карда гирифтааст. Дар ин 75 гектар даҳҳо нафар бо аҳлу оила ризқу рӯзии худро ба даст меовард, ба давлат андоз месупорид, пули об медод, ҷуфт мекард, чигит мехарид, пахта медод, пояи онро ҳезум мекард. Аммо ҳоло ҳамаи ин аз они танҳо ҳоҷӣ Раҳматуллои хусурбачаи Эмомалӣ Раҳмонов аст. Ин ҳоҷӣ Раҳматулло якчанд бузҳои кунлес дорад, ба мисли Абдуллоев Холбердӣ, агроном аст, номи бузи дигари ҳоҷӣ Раҳматулло Ғайбулло аст, ки магазини арақфурушӣ дорад. Ин одам хеле мардуми лақайро бо арақҳои самопали фалшивияш кушт. Боз ин нафар дар беморхонаи Уртабуз сардухтур аст. Ними Уртабузро таҷовуз кард. Касе он беморхона меравад вай хоҳ зан аст ё хоҳ духтар ӯ таҷовузаш мекунад. Боз як ҷалаб аст номаш  Заҳро. Ин ҳам духтур аст. Аммо тамоман «безпредел» Ин бо касе туғрӣ гирад бо ҳамон қативу қуш мешавад. Шавҳараш директори мактаби №15 ба номи Алишер Навоӣ. Ин петух ва даюс дузди калон аст. Кришаи ҳамаи инҳо ҳоҷӣ Раҳматулло аст. Хулоса ҳар инсони бадахлоқ ва не нормални дар ноҳия ҳаст кришаи ӯ Ҳоҷӣ Раҳматулло аст.

Чанд сол боз аст ки овозаи бемории ҳоҷӣ Раҳматулло дар ҳама ҷо паҳн шудааст. Аммо ҳеҷ не ки ягон бало шаваду мо ҷонамон ором гирад.

  Бародар Муҳаммадиқбол! Мо узбекзабон бошем ҳам шуморо ҳамакаса тамошо мекунем. Хоҳиш мекунем,ки ин навиштаи моро дар барномаи «Номаҳо аз ноҳияҳо» чоп кунед.

                                 Маскав

 Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу. Илоҳо бародари азиз ҳарчи зудтар шифо ёбед. Ростӣ, ман дар шабакаи Ютуб камтар ворид мешавам. Дар як моҳ як бор медароям. Барномаи «Номаҳо аз ноҳияҳо» ба ман писанд омад, ки дарду ҳасрати мардуми Тоҷикистон ва шахсони ғариб дар он гуфта мешавад. Ман, минбаъд «Ислоҳ»-ро пайваста мехонам ва тамошо мекунам. Ва, ба мансабдорон гуфтаниям, ки ислоҳ бишавед. Ба раисони маҳаллаву ҷамоат, ба сардори милисаву прокурор гуфтаниям, ки вақте ба номи шумо ариза ворид мешавад аз руи виҷдон ва содиқона тафтиш намоед. Махсусан, номаҳои шикоятии ятимонро дар як гуша нагузоред, ки онҳо бесоҳибанду касе пушташонро намегирад. Аз оҳи ятим арши азим меларзад. 

Ятимоне, ки падару модари худро аз даст дода ягон хешу табораш ба фарзандхондагӣ қабул кардааст, баъд аз онки ин ҳолат ҳуҷҷатгузорӣ шудааст, чаро як бор аз ҳоли онҳо пурсон намешавед. Махсусан раисони маҳалла ва ҷамоатҳо, ки ин вазифаи бевоситаи шумо аст.

      Дируз дар кудакистони шаҳри Исфара аз барномаи Диловар Сафаров, як шахси шинохтаи тоҷик дидед, ки ҳатто ҷой барои ҳаммом надорад. Ятимони бепарастор кудакони ин давлату миллатанд.

  Вақте президент ба ин ё он ноҳия сафар карда иншоотеро боз мекунад яятимонро ҷамъ оварда ба даҳони онҳо мемонед, ки гуянд падарҷон, мо аз шумо миннатдор, шумо соябони сари мо.

    Ҳайф бар шумо. Барои чи ятимонро фарзандхонд карда мегиред то 18 солагиашон, вале баъди 18солагӣ дар куҷо прописка мекунанд ё не, хона медиҳанд ё не, аҳволи ятим чи мешавад, дузду мешавад, наркоман мешавад, касе ва махсусан ҳукуматдорон парво надоранд. Ин ятимони мазлум дар куча мемонанд, ҷойи хоб доранд, касеро парвояш намеояд.

   Ман шахсан худам ятим ба воя расидаам. Аллҳамдулиллоҳ саломатам, ба доду нододи Аллоҳ шукр. Ин дарди диди ман мумкин соҳибашро ёбад. Вақте хурд будам модари азизамро аз даст додам. Бемор буд. Падарам баъд аз вафоти модарам беҳад ғамгин шуда буд.Ҳар гоҳ маст меомад,бо гиря мегуфт, ки ман туро бе меҳри модар чи тавр калон мекунам, ашки чашмонаш мерехт. Аз арақхурии зиёд ҷигараш тамом шуд ва дучори беморӣ шуду дере нагузашт вафот кард.

   Ман ятими кулл шудам ва сипас маро он шахс фарзандхонд кард.

Он шахс корманди мақомот, рутбааш майёр, бисёр ҳиллагар аст. Мактаби миёна мехондам, баъди дарсҳо устоӣ мекардам. Хост, ки маро аз синфи 9-ӣ барорад. Ман рад кардам. Баъд аз ҳамон бо ман чап шуд.

Ман хуб кор мекардам. Мақсад, бо пули кормекардаи худам нисбат ба дигарҳо нағз мепушидаму нағз мехурдам. Аламаш мекард. Баъд аз хатми мактаби миёна хостам паспорт гирам. Аммо маро дар хонае, ки ба дунё омада 18 сол зиста калон шудам, прописка накарду дар хонаи худаш ба қайд монд. Загран ҳам гирифтаму ба ғарибӣ омадам. Бародарам хидмати сарбозӣ рафт. Ду сол кор кардам. Баъд хостем, ки оила барпо кунем. Хонаҳоро як каме таъмир кард, то ки бародарамро оиладор кунад. Ман ҳам гуфтам мехоҳам оиладор шавам. Аммо вай нахост, ки дар хонаи худамон оиладор шавам. Гуфт, ки аввал бародарат, баъд ту кор кун, ҳоло барои ту хона мепушонем, баъд оиладор мекунам, гуфт.

Азбаски шух будам аз қаҳру ғазаб беаҳамиятӣ мекардам. Мақсади фарзандхонд кардани ту барои хона буд. Гуфтам ман дар ҳамон ғарибӣ ҳисобамро меёбам ва баромадаму рафтам. Рузи туйи бародарамро дар вақти облава таъйин кард, то ки ман раваму маро қапонад. Аммо ман ба тӯи бародарам нарафтам. Падару модари модарам баъд ба ман хона доданд, оиладор ҳам шудам. Шукри худованд соҳиби фарзанд ҳам шудам. Баъд аз оиладорӣ боз омадам ба ғарибӣ, ки коронавирус сар шуд. Ноомадиҳои корам бисёр шуданд. Кори хубе ҳам пайдо накардам.

Як сол пас ба ватан рафтам. Хостам дар пеши дӯсту душман як мошин харам. Аммо маблағи кофӣ надоштам. Аз бонк қарз кардам. Тули 6 моҳ мошинбизнес кардам, ки яку якбора дар доми фиреб афтодам. Ноомадӣ кор шуд. Дигар кори хуб ҳам надоштам дар ватан. Хостам боз ба ғарибӣ оям. Аммо запрет доштам, натавонистам.

  Наздики се сол дар ватан азобҳое, ки накашидам. Илоҳо душмани инсон ин азобҳоро набинад. Ба 5000 сомонӣ дар пули билет сухтам. Бекор мондам. Ҳар моҳ кор мекардам ба зиндагониам намерасид. Аз ин бонк гирифта ба дигариаш супоридам, аз дигари бонк гирифта ба дигариаш супоридам. Давоми се сол наздики 60 000 сомонӣ қарздор шудам. Хостам ҳақамро гирам аз мероси падарам. Аммо ҳақ надоданд. Охир ӯ майор аст, куҷо, ки шикоят кунам, раиси маҳалла ҳукумат роҳӣ мекард, ҳукумат прокуратура роҳӣ кард. Ҳама ҳуҷҷат, ҳуҷҷати вафот пешниҳод кардам. Хулоса он қадар ки шикоят карда бошам ҳам ягон кас ба додам нарасид. Охир ӯ майор асту ман як сағира, гапи ман ба куҷо мегузарад. Худо бахшад шумоҳоро. Баъд ба номи тағоиям қарз карда боз ба ғарибӣ омадаам. 6 моҳ мешавад, ки ягон намуд ҳуҷҷат надорам. Се моҳ «доставка» кор крадам. Курси пулро бинед, ки чи хел ба замин зад. Ҳозир устоӣ кор мекунам. Аз «Золотая корона» наздики 100000 қарздор шудам. Дар Тоҷикистон ҳар моҳ барои бонк 4 000 месупорам. Аз набуди продукта рӯза мегирам.

 Бе падару бе модар будан беҳад душвор аст. Падару модари худро дӯст доред ҳурмат кунед, дуояшонро гиред. Сарбаланду хонаобод бошед. Фарзандони худро танҳо нагузоред. Онҳо муҳтоҷи хандаву бозӣ бо падаранд, ба падар ниёз доранд. Аз шумо хоҳиш мекунам,ки ёрдами худро расонед. Ҳеҷ илоҷ надошта бошед, дуо басанда аст.

  2202 2062 7271 2626 СБЕРБАНК                                

                                                Фархор

 Салому алейкум бародари ҳақгуву муборизи роҳи ҳақ Муҳаммадиқбол!

Ман сокини ноҳияи Фархор, деҳаи Баҳор, номи пешинааш Душанбеча мебошам. Ман аз кучаи тарафи ферма ҳастам. Ин ферма, ки чандин ҳазор одамро бо ширу гушту маска,пусту ҷои кор таъмин мекард, ҳозир вуҷуд надорад, аз байн бурданд. Эмомалӣ Раҳмонов, СС.Ятимов ва раиси ноҳия ба нобудсозии ин ферма гунаҳгоранд.

Аммо ба назари ман, дар аввал бояд раиси ноҳияро барои заминфурушиаш 20сол суд кард. Агар ҳукумати ҳақиқӣ бошад. Дуюм СС Ятимовро барои кришават  карданаш бояд 40сол суд кунӣ. Он фермаи пеши хонаи мо дар тахминан 10гектар масоҳат бунёд шуда буд. Дар бари моҳи боз ҳавзи парвариши моҳӣ мавҷуд буд. Ҳоҷӣ Теша аз деҳаи Лолазор гушна гирифтагӣ обашро қоқ карду ҷуфташ кард ва майда-майда хонааш карда истодааст. Ягон сол барои хона тақсимаш мекунанд. Дигариашро муаллими Мирзошариф гирифт. Маҷбур гирифт. Чунки бачааш бо Ятимов дар КГБ аст, криша дорад, мардумро ғорат мекунад. Оби ҳавзро майдамайда қоқ карда истодааст. Инаш ҳам нияташ замини ҳавзро барои сохтмони хона тақсим карда фурухтан аст. Обро лой куну моҳиашро бигир. Сум карданиянд, моли ҷамъияту мардумро. Замини ин кули моҳиҳо аз миллион ҳам мегузарад.

 Дар деҳаамон масҷид доштем, маҳкамаш карданд. Чанде баъд онро духтурхона карданд. Духтураш бошад як духтури ҳайвонот, зоотехник аст. Медсестраҳо аз сари заминҳо меоянду як «ҷои корашон» медароянду боз мебароянду мераванд. Как будто дар кор буданд. Тамоман мардуми касалро хабар намегиранд. Соф бесавод аст. Камтар ҳамроҳашон сахттар гап занӣ, милисаро фарёд мекунад, дод мегӯему даруни куза худамон мешунавему Аллоҳ, тамом.

  Беморхонаро бояд дар замини Умар, ки масоҳати барои як хонааш ҷудо карда як гектар аст дар ҳамонҷо бояд созанд. Дар ду сотихаш созанд, кофӣ аст. Ҳамсояи Умар Акмал раиси лоиҳа буд. Барои чи маблағи лоиҳаи тахминан 200 000 сомониро барои худаш лимонхона кардааст. Аз лоиҳа ба мардум чизе накард. Замини хонааш як гектар ва хоҷагии деҳқониаш 5 гектар зиёдтар аст.

Ҳоло аз замини хоҷагии деҳқониаш участкаи наздиҳавлигӣ фурухта истодааст. СС.Ятимов раву бисанҷ.Ку хирманҷоҳое, ки дар вақташ гандум бод мекарданду пахтаҳоро мехушконданд? Хешовандони Мансур Умаров гирифтанд, як гектар зиёд аст. 

Эмомалӣ Раҳмон, бин,ки навиштаҳои ман куҷояш дуруғ аст? Рав бисанҷ, тафтиш кун.

  Як замини киштбоби обиро ҳамчун стадион ҷудо кардаанд. Дар он касе ҳам варзиш намекунад. Беҳтар нест, ки ба як камбағал диҳеду гандум, пахта ё ҳар чизе дигар бикораду ризқу рузиашро ба даст оварад. Онҷо ҳоло пур аз хору алаф аст.

Дар Фархор фермаи мурғпарварӣ амал мекард, садҳо ҳазор дона тухм истеҳсол ва ноҳия ва гирду атрофро таъмин мекард. Аммо онро ҳам мисли фермаи гов харобу вайрон карда замини онро барои участкаи наздиҳавлигӣ фурухтанд.

Инҷо виноват халқ нест. Инҷо виноват Эмомалӣ, раиси ноҳия, раиси ҷамоат ва раиси маҳалла аст. Аммо прокурору заминсозу ҳамааш шариканд. Ин гушнаҳои беимони дузд ҳамаи деҳаи Баҳорро фуухта истодаанд. Дарёи Сурхоб то деҳаро шуста омада истодааст. Садҳо гектар замини обиро дарё шуст. Аммо ин ҳукумат парво надорад, пеши роҳашро намегирад, дар ғами дачаҳои худашонанд. Ва боз дар фикри дуздианд, ки аз куҷо бидуздему дар Варзоб дача харем.

    Вақте Мирзошариф директори мактаб буд, соф ҷалабу ғарро ба мактаб овард, чунки худаш ҳамин хел инсон аст. Бисёрии муаллиму муаллимаҳо аз деҳаи Садоқат ва Шафтолубоғанд. Ду маллима аз деҳаи Садоқат ҷалаби тайёранд. Як бачаам синфи 10 мехонад. Мегуяд яктоаш Моҳ ном дорад ва ба гуфтаи одамҳо СПИД аст. Вале дарс дода гаштааст. Яктои дигараш Шамсия, ки кораш фақат бо Мирзошариф зино кардан аст. Инҷо мактаб аст ё дискотека?

 Мирзошарифро аз директорӣ гирифтанд. Яктои дигарро дар ҷояш монданд. Алҳол корҳояш хуб мегуянд.

Масъалаи дарёи Сурхобро бубин Эмомалӣ.Ку, бубин гапат мегузарад ба раиси ноҳия. Раиси маҳалла рост гуфтааст. Як нафар аз район омада гуфт, ки 2000сомонӣ ҷамъ кунед. Ҳар як деҳа бояд ҷамъ кунад. Аммо дар Қазоқистон бошад себу анору зардолу хуллас, ҳама мевагиҳои бурдаатон тагтаги по шуданд.

 Деҳаи Баҳор Фархорро аз тухму гушт таъмин мекард, ҳозир ҳама чизро барои пул шуда фурухтанд, замини говчаронӣ намеёбӣ. Шумо дар ҳақиқат дар история мондед. Мардум то рузи қиёмат дуои бадатон мекунад. Худам то рӯзе ҳастам ба набераҳоям нақл мекунам, ки ҳамин гуна одамҳои дузду беинсофу бедиёнат як вақт ҳукуматро гирифта халқро то мурдан ғорат карданд.                             

                                        Нуробод

   Салом домулло Муҳаммадиқбол! Умедворам, ки шифои комил ёфтеду ва ҳоло боз ба мубориза идома медиҳед.

   Як маълумти ҷолиб дорам аз дараи Ҳакимии ноҳияи Нуробод. Дар инҷо мардумро маҷбур карда истодаанд,ки бо пули худашон мактаб созанд. Бовар кунед, ки вазъият хеле бад аст. Дар деҳаи Таги камар мактаби аз ҳисоби мардум сохтаро ба истифода доданд. Дар деҳаи Каскун, деҳаи Лайрун ва Ҷавчӣ сохтмони мактаб идома дорад.

Раиси деҳаи Ҷавчӣ Иноятшо Муллочаев аз мардум пул ҷамъ карда истодааст. Ду моҳ пештар 1000 сомонӣ сари хона ҷамъ кард. Албатта таҳти фишори мақомот. Номи коргарҳои мақомотро намедонам, чунки онҳоро зуд-зуд иваз мекунанд. Аммо гуфтанд онҳое, ки маҷбур карда истодаанд, коргарҳои амният мебошанд.

Ҳоло боз аз сари нав 1600 сомонӣ ҷамъ карда истодааст. Мардум на свети соз доранду на роҳи дуруст. Аммо раиси деҳа мардумро маҷбур карда истодааст, ки пул диҳанд. Вай дар охирон маҷлиси кардааш ба муҳоҷирони меҳнатии ҷамоат муроҷиат кард. Бубинед, ки раиси деҳа дар ин муроҷиаташ ба муҳоҷирони корӣ чи мегуяд ва бо чи гуна лаҳне суҳбат мекунад:

  «Ассалому алайкум, ба ҳама бародароне,ки дар муҳоҷират қарор доранд. Ман раиси маҳалла эшони Иноятшо мебошам.

Бачаҳо, хубу ганда, мо ҳам дар байни ду қишлоқҳои дигар,мо ҳам нанг кардем, дар байни ҳамин қишлоқҳои ҷамоат як мактаб рост карда истодаем.

Ҳамин ҳар рӯз дарбадар 2000-3000 сомонӣ дар як моҳ ҷамъ мекунем. То ҳозира ҳамин битони мактабро ҳила (базӯр)рехтем. Ҳар хонае меравем, «ҳоле бачам роӣ кна,бачам маошша нигирифтаст,бачам дар Якутия аст,пул қурбаш паст шид» ва ғайра,мегуянд.

   Хуб, гуфтем, ки хайр камтар бихезад, ки боз якбора паст шуда истодааст.

 Ҳамин руихате, ки дар ҷамоат дар қишлоқи мо чанд хоҷагӣ аст, касе ба номаш замин дорад, замини наздиҳавлигӣ, ҳамон руихати ҷамоатро ба шумо роҳӣ мекунам. Ҳамин ҷо нигоҳ кунед, ба номи бобоят, ба номи очаат, кадоме ҳаст, хайр як илоҷ кунед, дастгирӣ кунед, ҳамон пулро роҳӣ кунед бачаҳо, мо ҳам дар инҷо корамонро пеш барем.

  Акнун, ки боварӣ кардеду дар ҳамин кор ростамон кардеду раис мондед, як дастгириамон ҳам бикунед. Ана Ҷавчи ҷамъ кардаст, Дука ҷамъ кардаст, мо нав 28ҳазору панҷсаду чанд сум ҷамъ кардем. Ягон суми шумо дар ягон кас даркор нест. Ягон суми шумо бераҳа намеравад. Он сум ҳамааш ба ҳисобу ҳасад. Боз кадом вақте ки касе кадомат, ки омадиву суматро пурсидиву суроғ кардӣ дар кадом сарф шудаст гаптон мезанем. Ана ҳамин руихатро роҳӣ мекунам ба эшонҳо. Шумо ин руихатро бубинед, кадомаше, ки мондааст илтимос пулашро гирифта роҳӣ кунед.

Ҳам чуб аст, ҳам тахта. Мо баҳор иқдом гирифтем, ки аз ҳар як хоҷагӣ яктоӣ чубу 1000 сомонӣ бигирем. Бисёрии хоҷагиҳое, ки дар инҷо буданд чуб доданд. Дар баҳор буридем, бурдем тахта кардем. Ҳоло дар бинои мактаб истифода карда истодаем. Онҳое, ки то ҳозир чуб надоданд, дигар акнун чуббур ҳам намеёбӣ дар ин қишлоқ ва як ёрдамчӣ ҳам намеёбӣ дар ин қишлоқ, ки чуби як касро бибурӣ. Дигар вақти чуббурӣ ҳам гузаштааст. Тахта мехарем, ранги дигар қишлоқҳо. Касе  чуб надодаст 1600 сомонӣ, оне, ки чубро супоридаст1000 сомонӣ як илоҷ карда пулро диҳед.

  Баъд бисёри хоҷагиҳоямон дар ҳамон ҷо аст. Падарошон ҳамонҷо. Мерӣ хонаашон занҳояшон ё ки бачаҳояшон мегуянд бобо дар ҳамонҷаяй. Ҳамаи шуморо ман телефонҳоятонро намедонам, ки ба ҳамаи шумо гап занам. Ана ҳамон гуруҳатон аст, чизеатон ҳаст, дар ҳамон ин руихат меравад. Аз руи ҳамон нигоҳ кунед. Касе дар гуруҳ нест, боз дар ҷои кор мебиниаш, дар қади раҳ мебинӣ, дар ҳамсоягиаш мебиниш, як огоҳаш кунед.

Як чизи дигар ҳам ҳаст. Дар байни худатон дар қишлоқдорӣ ҳамон гапҳое, ки хайр ина пула чоп мекунанд, ина саро мекунанд, ҳамин гапҳоро накунед. Ранги қишлоқҳои дигар бо маслиҳат, ҳамин чизе, ки дар ҳамин руихат ҳаст,нигоҳ кунед. Чуб надодаст, пули чубашро роҳӣ кунад. Пулро надодаст, пулро роҳӣ кун. Дастгириаш кун падарат аст ё ки акат ё ки ба номи очат аст. Дастгириаш кунед, роҳӣ кунед.Ранги дигар қишлоқҳо бегапу хабар. Ина Ҷавчи, Дукак  бе ягон гап роҳӣ карданд. Дар хонаи онҳо ягон кас нестай. Айбай, ки мо бирем дарои хонатон, аз ҷамоат як одама фирсонем ба дари хонаи шумо барем, ё ки участкавой барем. Айб аст. Барои ҳамин роҳӣ кунед. Кадомеат, ки гуфт савол дошта бошӣ, ягон гап дошта бошӣ марҳамат номерҳои телефони ман дар дасти бачаҳо дар ҳамин список ҳаст. Бигир занг бизан, чи будани корро ман мефаҳмонам. Қаноатманд шудӣ, ҳамкорӣ мекунем нашудӣ, таваккалат ба худо.

Баъд эшони Қорӣ, эшони Муртазо, эшони ҳоҷӣ Мирзо ва Ҳимматро мо ҳамчун як истиқоматкунандаи қишлоқ вазифадор мекунем, кадоматеро ,ки гуфтанд

«туро, ки калон кардаст, ту аз куҷоӣ, туро чи кор мондан» ҳамин гапҳоро накунед. Ин пул маҷбурӣ аст. Дар сари ҳар хоҷагие, ки номаш дар китоби ҷамоат ҳаст ин пул маҷбурӣ аст. Вақте ранги дигар қишлоқҳо мо ҳам ба хубиву ҳамдигарфаҳмӣ ҷамъ карда тавонем дар хонаи мо пеши зани мо, хоҳари мо, аппаи мо ягон мардаки бегона на аз ҷамоъат, на аз ягон ҷои дигар намеояд, бигуяд, ки ту биё пулатро бидеҳ ё чубатро. Лекин агарки накунен, хайр боз ҳукумат аст, меоянду базӯрӣ мегиранд, бфора нафорат метӣ. Бо як гапу хабар мешавад, як ташвиши зиёдатӣ мешавад, даркор нест, ҳамин гапо. Мо мегуем ҳамин коре шавад, ки ба ҳамин руждӣ хушру ранги дигар қишлоқо мо ҳам корамонро буд намоем, дар ҳақамон гап наёбанд. Ина ҳамиин қадар гап буд бачаҳо. Саволе бошад телефон кунед, бифаҳмонем,ки чи гапу чи хабар аст».(ин матни садо ҳаст,ки дар навор онро ҳатман мешунаведу мебинед)

                                Кушониён Бохтари собиқ

   Салом бародар Муҳаммадиқболи Садриддин. Ман 40 сол стажи омузгорӣ дорам. Чанд сол пеш ба нафақа баромадам. Нафақаи ман 470 сомонӣ аст. Ҳоло аз ҳаҷми нафақаи худ, ки бар ивази 40 соли фаъолиятам мегирам,шикоят намекунам. Бефоида аст. Ҳоло ҳам дар мактаб дарс медиҳам.

  Инҷо мехоҳам дар бораи мушкилоти соҳаи маорифи Тоҷикистон гап занам.

  Мутаассифона, маорифи кишвари азизамон Тоҷикистон дар самти илму дониш, таълиму тарбия ва одобу ахлоқ пеш нарафтааст, балки ба ақибгароиву қафомондагӣ рӯ овардааст.

   Дарвоқеъ, маълумоти миёнаи умумӣ барои ҳамагон бисёр зарур аст. Бинобар ин дар ин самт диққати ҷиддӣ бояд дод. Хонанда шахсият, илму дониш, адабу ахлоқ омӯзиши забонҳои хориҷӣ ва муайян кардани идомаи роҳи ҳаёти худро бояд аз мактаби таҳсилоти миёнаи умумӣ бигирад, то битавонад дар зиндагии шахсияш роҳгум назанад….

Ба назари ман соҳаи маорифи Тоҷикистон сар то по пур аз проблемаҳое шудааст, ки дили ҳар ватандӯстро реш-реш мекунад. Чаро касе масъулияти бартараф кардани мушкилоти соҳаи маорифро бар зимма нагирифтааст? Чаро барои омӯзгоре, ки ҳама ҳаёташро барои бар камол расидани фарзандони миллат сарф мекунад, ҳадди ақал солона аз муоинаи тиббӣ гузаштанашро бепул карда натавонистем? Барои он ки на ягон вазири маориф ва на ягон вакили парлумон ва на ҳокимияти олии кишвар бар ин соҳаи муҳимми давлат тасмими ҷиддие нагирифтанд. Бале, дар забони ҳамагон ин шиор ҳаст: “Маориф дар мадди аввали Ҳукумати ҷумҳурӣ қарор дорад”. Аммо дар амал чизе назаррас нест.

  Сониян ин ки дар кишвари азизамон озодии сухан он қадар маҳкум аст, ки аз озодии як нафар маҳкум дар маҳбаси Гуантама сахтар аст. Бинобар ин мо омӯзгорон лол мондаем, гунгу кару безабон гардидаем, вале ҳамеша азияти рӯҳӣ мекашему ба ҳеҷ кас дардамонро гуфта наметавонем. Газетаи Омӯзгор аз мушкилоти соҳа лаб намекушояд, пур аз таърифу тамаллуқкорист. 99%- и омӯзгор намехонадаш. Танҳо барои тагдаргироӣ ба хонаш мебарад. Дар маҷлисҳои шуъбаҳои маориф ё маҷлисҳои ҳукуматӣ рафту ягон омӯзгори собиқадор аз мушкилоти соҳа лаб кушояд, вайро мудирону роҳбарон таҳдид карда, ба сӯяш чунин мегӯянд: “Ин сиёсати давлат аст, ту магар аз сиёсати давлат норозиӣ!?”. 

  Проблемаи аввалиндараҷаи маориф ин маоши пасти омӯзгор мебошад. Аз сабабе, ки маоши омӯзгориамон кифоят намекунад, бештари вақт то маоши навбатиамон қарздор мешавем. Бинобар ин омӯзгори имрӯза ба сатҳу сифати таълиму тарбияи хонандагон аҳамияти ҷиддӣ дода наметавонад ва бар корҳои обчакорӣ, деҳконӣ, чорводорӣ, лимӯпарварӣ, бозорнишинӣ ва бар амсоли ин корҳо машғул гардидааст ва пас аз фаъолияти корияш машғули ин корҳо мебошад. Дар ҳоле ки омӯзгор пас аз анҷоми кор бояд истироҳат кунад, асабҳояшро ором намояд ба хондани китобу рӯзнома машғул шавад?

  Ва ё барои шогирдонаш маълумоти нав дастрас карда, фардо он маълумотҳои навро бар онҳо расонад. Ана сабаби асосии бо “план-конспекти” куҳнаи 10-15 сола ба дарс омадани омӯзгор ҳамин аст. Алҳол маоши омӯзгор аз 800 сомонӣ сар шуда то 1400-1500 сомониро дар бар мегирад. 1500-сомонӣ омӯзгоре мегирад, ки маълумоти олӣ ва дараҷа (категория)-и олӣ ва зиёда аз 1,5-ставкаи корӣ дошта бошад. Дар шароити кунунӣ, ки нархи озуқаворӣ дар бозорҳои кишвар боло рафта истодааст, ин пул хеле ночиз аст. Ончики ҳар ду,се сол 15% маоши кормандони соҳаи маориф боло бардошта мешавад, бо таваҷҷуҳ ба беқурбшавии пул ва афзоиши нархҳо кифоят намекунад.

   Проблемаи дигар дар соҳаи маорифи кишвар норасоии омӯзгорони фаннӣ мебошад. Инро оқибат худи Раҳмонов ҳам дар суҳбаташ дар вақти ифтитоҳи Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон дар 1 сентябри соли ҷорӣ эътироф кард

  Сабабҳои нарасидани омӯзгорони фаннӣ инҳо мебошанд: маоши кам, вазъияти иқтисодии омӯзгор, рӯй овардани омӯзгорон ба муҳоҷирату бозору корҳои сердаромад.

Чанд соли охир омӯзгорони ҷавонро, ки бо сад умед ба мактаб омадаанд, шикор карда ба хизмати ҳарбӣ мебаранд, ки боз ҳам вазъияти соҳаи маорифро душвортар кардааст. Тасаввур кунед дар як сол ду бор облава баргузор мешавад. Омӯзгорони ҷавон ё қапида мешаванд ва ё гурехта дар ҷое пинҳон мешаванд ва тӯли 6моҳ мактаб омада наметавонад. Хонандагон бошанд дар тӯли ним сол аз омухтани як ё якчанд фан маҳрум мемонанд. Ҳамин сол бо чашми худ ин воқеаҳоро дидем. Ин ҳолати муаллимшикоркунӣ чӣ хел сурат мегирад. Омӯзгори ҷавонро облава дастгир мекунад ва ё баъзе директорҳо барои вазифа ҷавононро мефурӯшанд. Сипас омӯзгори ҷавонро бар комиссариати ҳарбӣ бурда, аз вай   аризаашро мегиранд ва директорро мегӯянд фармони аз кор озод карданашро барор! Чанд соли охир қабул ё аз кор озод намудани омӯзгорон дар салоҳияти директорҳо гузошта шудааст.

 Проблемаи дигари соҳаи маориф дар мактабҳои умумӣ фурӯши маҷбурии формаи ягона шудааст. Ин амал яке аз проблемаҳои ташвишовар шудааст, ки ҳудуди 4 моҳи аввали ҳар соли таҳсил ҳама масъулини соҳаи маориф аз мудирони шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ сар карда, то кормандони шуъбаҳои маориф, директорони муассисаҳои таълимӣ, созмонҳои талабагӣ, роҳбарони синфҳо ва ниҳоят волидайни хонандагон дар баҳсу ҷанҷоли фурӯши иҷбории формаи ягона саргардон мебошанд. Сехҳои дӯзандагии калоншавандагон мактабу маорифро ҷойи савдои худ қарор додаанд. Бечораҳо аз илми тиҷорату савдо бехабаранд, маҳсулоти худро дар соҳаи бесоҳибе чун “Соҳаи маориф” бор кардаанд. 

   Тасаввур кунед, ки падару модар сарваташро барои фарзандаш харҷ карда, ӯро пеш аз оғози дарс бо сару либос таъмин кардааст. Ҳамин ки мактаб сар шуд, боз формаи мактабӣ бар сари фарзандаш бор мешавад. Агар сехҳои дӯзандагӣ як моҳ пеш ба мактабҳо расонанд мушкилот болои мушкилот намешавад. Дар ҳоле, ки ҷойи фурӯши ин формаҳо ярмаркаву бозорҳо мебошанд. 

  Ҳамин ки дарс сар шуд проблемаи ҷамъоварии маблағи формаҳо оғоз мешавад. Ҳар ҳафта директорҳоро аз шуъбаҳои маориф занг мезананд, маблағи формаи маҷбуриро талаб мекунанд, директорҳо бошанд ҷонишинҳои худро ҷеғ мезананд, ҷонишинҳо созмонҳои талабагиро ва онҳо роҳбарони синфҳоро бар назди директорон даъват карда, оиди формаи сабилмонда ба роҳбарони синфҳо дӯғу пописа мезананд. Роҳбари синфи бечора аз соати аввали дарсӣ бо асабҳои беҷо бар синфхонаҳои худ медароянд. Қариб ним соати дарс бо хонандагон ҷангу ҷанҷол мекунанд, ки маблағи формаҳоятонро супоред. 

  Рафту ягон нафаре аз волидайни хонанда аз нодорӣ ба муассиса шикоят биёяд, ӯро роҳбари синф бар назди директор мебарад. Директор аввал он волидайнро ором мекунад ва сипас мефаҳмонад, ки мо ҳам аз ҳамин форма безорем, чӣ кор кунем? “Супориш аз боло мебошад. Ин фирма сехи дӯзандагии “Юсуфҷон”-и бачаи хурдии Соҳибов мебошад”.

  Мо чӣ гуфта метавонем. Волидайни бечора овозашро гирифта, ба хонааш бар мегардаду аз ягон ҷой, ки пул ёфт, аввал оварда қарзи формаи фарзандашро адо мекунад. (Сехи Юсуфҷон дар ноҳияҳои гирду атрофи ш. Қӯрғонтеппа махсусан ноҳияҳои Кӯшониён ва Вахш формаҳои худро тақсим мекунад, ки танҳо дар н. Кӯшониён зиёда аз 63 МТМУ и мебошад.) Боз ҳам сехи оилаи Соҳибовҳо ва ҳамон Зоиру амакҳои Исмоили дастбахайри набераи пешво. Охир ин чи зулм аст бар сари мардуми камбизоат ?

   Проблемаи нанговари дигар дар соҳаи маорифи кишвар беқадрию беҳурматии омӯзгори мактаби таҳсилоти умумӣ шудааст. Фикр мекунам, ки аз ҳама беқадртарин қишри ҷомеа мо омӯзгорон шудаем. Имрӯз омӯзгор илова бар он, ки маоши хубе намегирад, ӯро ба корҳои паст маҷбур мекунанд ва кораш мефармоянд.

  Масалан ягон чорабинии оммавӣ шавд ё ягон сафари кории роҳбарияти Олии кишвар, омӯзгор дарсашро монда, ба сари роҳҳо ва заминҳои хоҷагиҳои деҳконӣ маҷбуран бурда мешавад, то ки дар қади роҳҳо каланду досҳо дар дасташ хору хаси роҳҳоро тоза кунад, санг чинад, гандум даравад, алаф канад, дарахтҳоро тоза намуда, бехи онҳоро сафед кунад ва зуволаҳову ахлотҳоро покиза намояд. Гуноҳи мо омӯзгорон ин аст, ки мо хонда муаллим шудаем ва аз давлат маош мегирем. Бинобар ин бояд хору залил бошем ва беқадру нокас бошем. Бовар кунед як колхозчӣ аз мо омӯзгорон дида боқадртар аст ва ин корҳои пастро намекунад. Бовар кунед мушкилоте, ки дар ин соҳа ҷамъ шудаанд ба монанди обунаҳои ҳангуфти газетаҳо, бор намудани барномаҳои давлатӣ бар сари омӯзгор, чорабиниҳои бемаънӣ ва амсоли инҳоро дар як нома ҷой додан намешавад. Бинобар ин ман бар шумо ҳамкасбони азиз чӣ муроҷиат карданиям. Биёед мушкилоте, ки бар сари худ омадааст, худамон дар якҷоягӣ ҳал мекунем…

   Ҳамкасбони азиз, биёед якҷоя эътироз баён мекунем. Албатта, мо ошкоро эътироз карда наметавонем. Аз ин лиҳоз ҳама якҷоя аризаҳои худро навишта муассисаҳои таълимиро холӣ мекунем. Бовар кунед дар якҷоягӣ бо ҳамин роҳ метавонем аҳволи худро беҳтар созем. Ҳама якҷоя коррпартоӣ мекунем. Бовар кунед на 15 фоиз, балки 80 фоиз маошамонро боло мекунанд. Ман аз аввалинҳо шуда аризаи худро менависам. Мо қувваи бузургем, бурд мекунем, аз ҳама соҳаи бузург дар кишвар моем!

  Дар охир як нуктаи дигарро ба Вазорати маориф ва Ҳукумати олии ҷумҳурӣ гуфтанием, ки мо хоин ва ё душмани Ватанамон нестем, вале мо ҷое намеёбем, ки дардамонро баён кунем. Ягон газетаи соҳа ва ё ҳафтаномаҳои кишвар дарди моро намегӯянд. Аниқтараш метарсем, ки дар ҷое лаб кушоем. Аз ин рӯ, мо маҷбур шудем, ки дарди худро “Анонимно” дар сомонаҳои мухолифон хоссатан Ислоҳи овозадоре аз ин сомона ҳатман шумо огоҳ мегардеду мумкин аст 10% беҳбуд ҳосил шавад нашр кунем, то шумо фаҳмед!.

Share This Article