Номаҳо аз ноҳияҳо ба “Ислоҳ.нет” №11

Ислоҳ нет

Ҳар гоҳе номаҳои шумо дастраси «Ислоҳ.нет» мешавад, моро як масъала дар онҳо бештару бештар мушавваш месозад ва ба изтироб меандозад. Ин ҳам бошад, муҳтаво ва мазмуни даъвову шикоёти шумо-ҳамватанони азиз аст, ки тақрибан яксону якранганд. Ва, дар ағлаби онҳо шикоят аз зӯргӯии мақомоти масъул, бечораву хору забун шудани мардуми одӣ, беҷазо мондани муҷримини асосӣ, бе додрас ва бефарёдрас мондани шикояткунандагон мешавад. Ҳатман замину чарогоҳҳоро ё наздикони Эмомалӣ Раҳмонов гирифтаанд ё наздикони мақомоти маҳаллӣ. Мақомоти маҳаллӣ-ин яъне раиси ноҳия, раиси ҷамоат, военком, пркурор, милиса, амният ва ғайра, ки бар ивази пул тарафи пулдорро мегиранд ва ноҳақро ҳақ мешуморанд.Аммо ин ҳама ҳолату мавридҳо дар тамоми Тоҷикистон якхелу монанд аст.Мисли онки ин ҳама дар марказ-Душанбе тарҳрезӣ мешавад,чунки айни ҳам, шабеҳи ҳаманд. Яъне аз ин ҳама касофатҳо ҳукумат хабардор аст аммо чорае намеандешад.

   Ҳоло,инҷо боз чанде аз ин номаҳоро бароятон пешкаш мекунем:

Бохтар

Соҳибов Маҳмадраҳим, писари Ҳоҷишариф қудои президент аст. Ду моҳ пеш ба шаҳри Сарбанд, деҳаи Истиқлол шариконашро равон мекунад. Молҳои мардумро аз пеши хонаҳояшон, аз даруни деҳа ҷамъ карда мебарад дар кашари сурук-молхонааш ва маҳкам мекунад. Аз мардум сари моле15 ва сари гов 100 сомонӣ мегирад. Сипас мардумро ҷамъ намудаву маҷлис гузаронида эълон мекунад, ки агар сари гов 27, сари бузу гусфанд 5 сомонӣ яксола ҷамъ карда надиҳед чорпоёнатонро на медиҳам ва на мемонам, ки дар куҳҳо чаронед. Дар чарогоҳҳои Сарбанд, Загерти, Булакдашт, Эргаш, Умарқазоқ чаронида наметавонед. Ва ҳамин тавр бо таҳдиду шантаж боз аз мардум боз 20.000 сомонӣ ҷамъ карда, мегирад. Мардумро хуни ҷигар карда аст. Борҳо ба амният, прокуратура, ВКД шикоят карданд. Ягон хулосаи даркорӣ бароварда нашуд, чизе тағйир наёфт. Боз таҳдид карданд, ки «агар як бори дигар нисбати ин кас «жалоба» мекунед, шуморо ба ҷавобгарӣ мекашем, ин одамои боло, зури мо намерасад».

Ҳаммаслаконаш, ки молҳои мардумро ҷамъ карданд, худро одами Маҳмадраҳим шуморида раиси маҳалларо таҳдид карданд ва ҳатто як ду мушт ҳам заданд.

Як нафаре бо тахаллуси Ширинбек, номи асосияш Музаффар аст. Ин одам бузи №1-и Маҳмадраҳим истиқоматкунандаи қишлоқи Умарқазоқи шаҳри Бохтар, мудири фермаи Маҳмадраҳим Соҳибов аст. Бузи 2-юми Маҳмадраҳим Ҷура ном дорад, 3-юмаш Шоҳ, 4 Фахриддин бо тахаллуси Чайсан ва чандеи дигар, ки номҳояшонро намедонам омада молҳои мардумро ҷамъ карда бурданд.

Мардум мегуяд Раҳмонов мурад мо якум ба сари ҳамин Маҳмадраҳим ҳамла мекунем. Мо зодаи ин макону ин манзил ҳастем, чаро молҳоямонро намемонад, ки чаронем, чи кор кунем, намедонем. Мардум омода барои мубориза бо ин номардҳо аст, ҳамчун шер. Мегуянд ба наздикӣ мо ба по мехезем. Монед, ки моро кушанд, ё инки маҳбас кунанд, аммо ин тарзи зиндагӣ дигар бароямон  ғайримумкин аст.

  “Ин одамҳое, ки ман номбар кардам удостворенийи пожарники аз Маҳмадраҳим доранд. Ширинбеки бузи Маҳмадраҳимро дар ягон пост ва дар ягон ҷо ҳеҷ кас намерасад, намеқапад, чун кришааш бо қувват аст. Ӯ мисли подшоҳ аст. Агар бе пул монад ба ягон деҳа рафта молҳоямонро ҷамъ мекунад ва аз номи Маҳмадраҳим Соҳибов гап зада пул мегирад. Ҳама рӯза бо ин кор машғул аст.”

Маҳмадраҳим Соҳибов боз куҳро ба афғонҳо барои шираи камол ҷамъоварӣ намудан мефурӯшад. Мавзеъҳои Сарбанд, Сангтуда, Эргаш, Булакдаштӣ, Умарқазоқ, Хуросон, Ёвонро ба афғонҳо ҳар 20-30 гектарашро ба маблағи 40.000 ва 45.000 доллар мефурӯшад. Ва мардумро намемонад ба куҳҳо барояд. Чунки мардум ризқу рӯзияшонро аз куҳ пайдо мекарданд. Маҳмадраҳим Соҳибов, Зариф Соҳибов, Рустам ва дигар рафиқони онҳо дар шаҳри Сарбанд, ҳоло Левакант дар қишлоқи Зағерти дача-истироҳатгоҳ доранд. Духтарони мардум ва бештар ноболиғонро мебаранду таҷовуз мекунанд. Баъзеяшро баъди анҷоми ин амал бурда дари хонаҳояшон раҳо карда 100, 200 доллар медиҳанд. Ба баъзеяш, ки доду вой мекардааст 1000 доллар ҳам медодаанд. Ин кор тақрибан ҳама рӯза идома дорад. Вале шанбеву якшанбе  корашон фақат ҳамин зинокорӣ аст.  Даже дар он бардачоки мошини Зариф Соҳибов маводи мухадир: героин, афюн, чарс , банг рушод мондагӣ. Рӯйи рост истифода мебаранд. Вақте кайф мекунанд бо автомати калашников куҳҳоро тир борон ва мардумро безобита мекунанд. Боз то соати 3 ва4-и субҳ «живой танес» и «живой музика» ташкил мекунанд мардумро хоб рафтанӣ намемонанд.

 Душанбе

Бародари муҳтарам Муҳаммадиқболи Садриддин. Як ҳикоят аз саргузашти худам мефиристам, чопаш дар ихтиёри шумост.

Вақте  дар литсей президентӣ мехондам бисёрии ҳамсинфонам фарзандони калонҳо буданд.

Яке аз онҳо Сӯҳроб Соҳибов ҷияни домоди Раҳмонов буд. Синфи 10 мехондем. Дар гурӯҳамон як духтари зебо доштем. Вай Мумтоз ном дошт ва арӯси Исмоил Соҳибови набераи Раҳмонов буд. Ҳар вақте Исмоил Варзоб мерафт ӯро омада ҳатто аз даруни дарс ба мошин савор карда мебурд. Падари Мумтоз дар «охрана»-и Рустами Эмомалӣ кор мекард. Боз ин беномус духтари Муҳаммадюсуф Имомзода ё академик “Чача” вазири собиқи маорифро ҳам ҳамин хел карда буд. Ин духтар дар факултети ҳуқуқшиносӣ мехонд аммо яке аз арусони Исмоили Маҳмадзоир буд.

   Мисоли дигар, ки аз даҳони шахсони наздики Шоҳрух Саидов шунидам.

Шоҳрух Саидов бо Нуриддин  Давронов дар як тим футболбозӣ мекарданд. Аммо апаи Нуриддин Давронов арӯси Шоҳрух буд. Рӯзе як ҳамкурсамон дар факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллӣ дар дарс аз муаллим ҷавоб гирифта ба берун рафт, вале наомад. Аз дарс ҷавоб шудем. Ба хона рафта истода будем, ки ӯро дидам рангу руяш кандагӣ, аз садорати факултет меомад. Пурсидам чаро рангу рӯят паридааст? Гуфт баъд мефаҳмонам. Баъди чанд рӯзе ӯро пурсидам.Ӯ ба ман нақл кард, ки он рӯз ба ҳоҷатхона рафтам ва дар онҷо замдекан Саломов Исроилро бо як духтар бо номи Чеҳрона дидам, ки бо корҳои шаҳвонӣ машғул буданд ва зуд аз онҷо баромадам ва Саломов аз пушти ман омада маро мисли авбошҳо кашола када ба кабинеташ бурд. Чи хеле, ки мегӯянд, дузди зур соҳиби говро бастаст, ба сарам дод зада гуфт, ки ман туро хориҷ мекунам. Ман як таға доштам. Баромада ба ӯ занг задам ва ӯ занг зада масъаларо ҳал кард. Ана ҳамин тавр факултети ҳуқуқшиносӣ ба як фоҳишахона мубаддал шудааст.

Ман худ  шоҳидам, ки замдекан Мирзоев Парвона чандин духтарҳоро дар мошини Прадоаш савор карда бурд. Як духтар бо номи Субҳия ва духтари дигар бо номи Рангинаро ин замдекан бачадор карда сипас бурду исқоти ҳамл намуд.

Нилуфари духтари Муҳаммадюсуф Имомзода, ректори собиқи ДМТ ва собиқ вазири маориф ва илми Тоҷикистон  хеле аз писару духтарҳои гурӯҳашро вайрон кард. Ба мисли трассавикҳо бо ҳама муносибат мекард. Бо Исмоили набераи Раҳмонов ҳам якҷо буд. Баъди нашр шудани навор дар бораи факултети ҳуқуқшиносӣ Мирзоев Парвона Прадоашро фурӯхтааст.

“Бовар кунед сатҳи дониш дар факултет хело паст рафтааст. Ҳамаи муаллимон пора мегиранд:- барои камтарин баҳо 200 300 сомонӣ аст.  Собиқ муовини раиси Кумитаи давлатии  амният генерал Содиқов Ҳусейн гуё аз мо пора гирифта ба камбағалон медодааст. Худро бисёр Худотарс нишон медод.”

Баъзе муаллимҳое ҳастанд, ки савод надоранд. Мисол муаллими диншиносӣ Қаландаров Мустафо. Ҷойи онки моро дар бораи дин дарс диҳад, исломро танқид мекунад. Атеист аст. Мегӯяд, ки мусулмонҳо террористанд ва онҳо дар чаҳон доимо хоранд. Ба худам гуфтам эй, аҳмақи бесавод, аз пушти ту барин худозадаҳо ба ин рӯзҳо расидем. Дар яке аз дарсҳояш бо вай сахт ҷангу даъво кардам.

Ӯ аз болям шикоят кард. Азбаски вай худаш гунаҳгор буд маро хориҷ накарданд. Дар факултет саводу дониш даркор нест. Инҷо ҳама имтиҳону санҷиш «ставка»-и худашро дорад. Бепулу бе таға таҳсил кардан мушкил аст. Ва хубаш аслан вақту пули худро ҷавонон дар ин факултет бар ҳадар надиҳанд.

Конибодом

Ман Тоҷиева Зулхумор Бекназарова бо Тоҷиев Алибой тули 18 сол зиндагӣ кардам. Шавҳарам пеш аз вафот ба номи ман васият гузоштааст. Баъд аз вафот фарзандони ӯ маро лату куб карда бо зурӣ аз Ватан берун карданд ба муҳоҷират омадам. Тули 5 сол дар муҳоҷират будам. Ба сабаби бад шудани саломатиам ба ватан баргаштам. Дар хонаи хоҳарам 5 моҳ зиндагӣ кардам. Оилаи фарзандам ба иллати надоштани хона вайрон шуд. Писарам барои як маълумотнома ба ҷамоати Лоҳутӣ рафт. Дар онҷо раиси ҷамоат ба фарзандам гуфтааст, ки ба номи модарат 4 сотих замин васият гузошта шудааст. Сипас худам ба назди раиси ҷамоат омадам. Вай ба ман конверти васиятномаро дод. Дар дохили он як дастхати қалбакӣ ва дар нотариус чоп шудагӣ. Васият чор сотих замин. Ҳарду хатро ба ман дод. Ман ин васиятро ба раиси ҷамоати деҳаи Лоҳутӣ пешниход кардам, ки ҳақамро гирифта диҳад. Аммо онҳо дархости маро рад карданд. Сабаб дар он буд, ки онҳо бо ҳам риштаи хешу таборӣ доштанд. Ман ба суд муроҷиат кардам. Суд аз ман коғази вафоти шавҳарамро пурсид. Ба бунгоҳи тиббии деҳаи Лоҳутӣ омада коғази гуфтаи судро талаб намудам. Аммо дар онҷо он санад набудааст. Ман ба суди шаҳри Конибодом рафтам ва ҳамаи ҳодисаро қисса намудам. Онҳо ба ман се моҳ фурсат дода гуфтанд, ки санади вафоти шавҳарамро пайдо карда бубарам. Давоми ин се моҳ маан тавонистам, ки коғази марги шавҳарамро ба даст оварам. Барои як санади вафот инқадар даводав пул харҷ карданро намегуед. Ба ман гуфтанд, ки ба Кумитаи замин муроҷиат кунам, то сертификати заминро ба ман бидиҳад. Аммо онҷо рад карда гуфтанд, ки ин сертификат аллакай соҳиби худро дорад ва агар хоҳед ба номи худ бигузаронед ба ман 1500 сомонӣ диҳед. Сипас ман кори шуморо буд мекунам. Ман чора надоштам. Қарз гирифта ба вай пули талабкардаашро додам. Баъди як ҳафта коратон буд мешавад, омада ҳуҷҷатҳои омодашударо мегиред гуфт. Ҳамин асноди омодашударо гирифта боз ба суд муроҷиат кардам. Дар суд ба ман фаҳмониданд, ки он ҳуҷҷате, ки шумо доред он кам аст. Барои мо гувоҳ оваред. Боз ба ман гуфтанд, ки 500 сомонӣ медиҳед, коратонро ҳал карда медиҳам гуфт. Дар ҳақиқат умед доштам, ки корамро буд мекунад. Аммо баъд аз онки пулро гирифт худашонро ба нофаҳамид задан гирифтанд. Маҷбур шудам, ки ба прокуратураи шаҳри Конибодом муроҷиат кардам. Аммо онҳо ҳам рад карданд. Акнун намедонам, ки ба куҷо муроҷиат кунам. 5 сол мешавад, ки ҳамроҳи фарзандам дар азоби бе хонагӣ зиндагӣ карда истодаем. Баъд ман ба назди писари собиқ шавҳарам рафтам. Ман гуфтам, ки ҳамин 4 сотих заминро ба ман диҳед, ё ки аз дигар ҷо харида диҳед. Аммо вай гуфт, ки ту аз инҷо ҳатто як сӯзан ҳақ надорӣ. Ман  оби чашм карда ба хонаи иҷора омадам. Оби чашмамро писарам дид аз Ватан берун рафт. 5 сол аст, ки як хона харида наметонам. Барои онки саломати фарзандам хуб нест ва бо он ҳолати баде,ки дар Русия аст ба зур пули иҷораи ману як пули ночиз барои хурдану рӯз гузарониям мефиристад. Дар Конибодом дигар ҳеҷ раҳму шафқат ва инсонгарӣ дар мақомоти ин ноҳия намондааст гуем ҳам хато намекунем.

 Кулоб

Ман сокини ҷамоати Даҳана, деҳаи Мирапоки шаҳри Кулоб ҳастам. Дар бораи директор Тавуров Қаландар таваллудаш 17-июни соли 1967 мехоҳам чанд маълумот тақдими “Ислоҳ” намоям.

Аз соле, ки мактаб мерафтам Тавуров Қаландар директор буд, ҳозир ҳам директор аст. Он вақтҳо, ки мо хатм кардем, барои аттестат 5 то 15 сомонӣ мегирифт, ҳоло нарх 300-400 сомонӣ шудааст. Директор 3 писар ва як духтар дорад. Писари якумаш таваллудаш 1993. Саводи кофӣ надошт, ки Мединститут дохил шавад. Аммо писари якумашро ба Мединститут ва писари дуюмашро ба Академия дохил кард, ки дуввумиаш ҳам мисли аввалиаш соф бесавод аст. Писари сеюмашро ҳам ба журналистика дохил кардааст. Аҷаб! Як директори мактаби миёна, ки 2000 сомонӣ маош дорад ё не се писари донишҷӯро чи гуна метавонад таъмин кунад?

  • Тавуров Ҷумахон, соли таваллудаш 1994
  • Тавуров Шукурҷон, соли таваллудаш 1997
  • Тавуров Фаридун, соли таваллудаш 1998 аммо бо 1997 ҳо хондааст.

Писари якмаш Ҷумахон кор намекунад. Писари дуюмаш, то ҷое шунидам  Шкурҷон дар Данғара кор мекардааст. Бузи мақомот аст ва барномаҳои шуморо тамошо карда ва ҳатто чанд бор ба шумо занг задаву дашном ҳам додааст. Ман ба Тавуров Қаландар мехоҳам бигӯям, ки бидон ман аз даруни деҳаам, ту барои як аттестат, ки ҳатто ба харчарониам ба кор намеояд чаро 300-400 сомонӣ талаб карда истодаӣ?  Ба мардуми камбағал ин қадар ҷабру зулм накун. Ин куҳнаҷунуби расво дар мактаби рақами 31-и ба номи Сафар Амиршоеви ҷамоати Даҳанаи шаҳри Кулоб, деҳаи Мирапок ҳатто сатри хоҳарони моро аз сарашон кашида мегирад. “Аз мактаб, ки берун шудед, баъд сатр мекунед, намекунед, кори шумо, аммо дар мактаб Ҷаноби олӣ манъ кардагӣ аст” мегуяд. Аммо Шариф Файзов ҷонишини директор, ки падараш оқ кардаст   дар беруни мактаб низ ба хоҳарону духтаракон сатр кардан намемонад. Ин ду куҳнаҷунуб дар утоқҳои кории худ ҳатто бо уборшитсаҳо зино ҳам мекунанд. Агар лозим бошад барои доказат кардан метавонам номи он уборщисаҳоро ҳам бинависам.

Файзов Шарифро бо лақаби Файзи сиёх ё Файзи чунгуробод мешиносанд. Қаландар Тавуров дар митингҳое, ки бар зидди мухолифин ҳукумат ташкил мекард иштирок мекард. Кадом соле буд, ёдам нест вақте дар деҳаи Кул назди хонаи Бобоҷон Қаюмзод сухангӯйи ҲНИТ  амният митинг ташкил кард, Қаландар ҳамчун директори мактаб дар он аз ҳама зиёдтар иштирок мекард. Чанд сол бо як муаллимаи синфҳои ибтидоӣ бо номи Зулхумор зинокорӣ мекард вале ӯ шавҳардор буд вақте дар Русия шавҳараш мурд худо дод Тауров Қаландара ва боз мегуянд, ки гуё бо вай пинҳонӣ никоҳ карда будааст. Кас ҳайрон мешавад, ки бо ин маоши директорӣ чи тавр зани дуюм мегираду се писари донишҷу дорад? Мо, ин хабарро, як гурӯҳ шербачаҳои деҳаи Мирапок аз сари пули пеши мағозаи акаи Зоир бароятон фиристода истодаем. Мо, тарафдори ягон гурӯҳ, на шумо на ҳукуматем. Мо фақат мехоҳем, ки дар кишварамон озодӣ бошад. Мо гурӯҳи тарафдори озодием. Тавуров Қаландар боз ҷавонҳоро ба хизмати ҳарбӣ даъват мекунад, дар ҳоле, ки аз се писари худаш ягонтоаш ба аскарӣ нарафтааст.

Як кори дигаре, ки Тавуров Қаландар мекунад ин аст ки ҳар сол бо баҳонаи таъмири мактаб аз падару модарҳо пул мегирад вале солҳост, ки мактаб рӯйи тамиру тармимро намебинад. Ана аз куҷо аст манбаи таъминоти писарони Тавуров Қаландар, ки се нафар донишҷӯ мебошанд. Мо дигар ҳар амали ҷиноятии шуморо ана ҳаминхел ба “Ислоҳ” мефиристем ва ягона роҳ танҳо ҳамин аст ва онро ҳатман идома медиҳем.

КУЛОБ: шикоят аз телехи “пешво”

Назаров Меҳрубон Толибович, соли 1978 дар деҳаи Офтоблиқо таваллуд шудааст, телехи наздики Эмомалӣ аз деҳаи Офтоблиқо аст.

Бародарони Назаров Меҳрубон аз пушти бародарашон мардумро ғорат доранд. Мисол Назаров Осим дар вақти раиси шаҳр будани Маҳмадсаид Убайдулоев дар Душанбе бо

заминфурушӣ сарукор дошт. Мисли Убайдулоев имзо мекунад, яъне имзои Убайдуллоевро монда  мардак барин замин мефурӯшад. Чанд соли пеш бештар аз 90.000 долар қарздор шуду ба Русия гурехт.

Бародари дигараш Назаров Ҳусниддин дар Душанбе сохтмони домҳои баланд ошёнаро гирифта ва дар таги дасташ чанд то бригада дорад. Назаров Ҳусниддин аз соҳибкорон квадрати кор дар сохтмонро мехарад ва дар ними нархи он бригадаи ташкилнамудаашро кор  мефармояд. Бародараш, ки телехи Эмомалӣ Раҳмонов аст, ба вай касе кор намегирад.

Кучаи мо 40 хона дорад. Танҳо дутоаш «рассиян» надорад. Назаров меҳрубон 6 бародар дорад. Чаро яктоаш ба муҳоҷират намеравад? Танҳо Назаров Осим гуреза ҳаст.

Умед бародари дигари онҳо, ки лақабаш «воима» аст дар Офтоблиқо як хонаи соз дорад ва дар деҳаи Ҷангалбошӣ дар наздикии дачаи Абдуҷаббор Зардев як дача. Вай ҳудуди  30 то

квартира дорад. Ҳамаи онҳоро ба иҷора додагӣ аст. Бисёрии онҳоро ба «инострансоҳо» бо пули калон ба иҷора дода аст. Дар тарафҳои Кулоб ва дигар шаҳру ноҳия маъракаи буз

мешавад ман худам шоҳид ҳастам, ки дар ин маъракаҳо бе ниҳоят дар солим сумҳои калон аз номи Умед монда мешавад. Дар паҳлуи Умед Исмоили писари Зоир ҳаст. Баъзеҳо мегуянд, ки ин сумҳо аз они Исмоили Маҳмадзоир аст. Намехоҳанд, ки дар байни мардум эълон кунанд, ки аз номи набераи Эмомалии Наҷас хаст. Аз аввали бозӣ то охири бозӣ зиёда аз 200 ҳазор доллар эълон мекунанд. Умед дар вақти авҷи коронавирус дар деҳаи Офтоблиқо 2 фура орду равған ба камбизоатҳо тақсим кард.

Дируз як ду камбағалро дар мошин савор кардам. Занҳо буданд. Гуфтанд,ки аз Бештегирмони ҷамоати Зарбдор мешаванд. Аз раиси хоҷагиашон хеле нолиданд. Гуфтанд, ки вай ҳоҷӣ Нур, бародари калони Шери бинӣ, ҳамон Шералӣ Сабзов аст. Ҳоҷӣ Нур айни корҳои Абдуҷаббор Зардиевро бо ин мардум мекардааст. Мардуми камбағалро дар заминҳояш кор мефармояд, аммо муздашонро намедиҳад. Говҳои мардуми Бештегирмонро агар дар сари заминаш қапад аз они худ карда мегирад. Ё ки ҷаримаи калон меситонад, айнан рафтору кирдори Зардиев ва Маҳмадулло Ибодов ва дигар золимоне бо ин роҳ пул кор мекардагӣ. Ин ҳозир яке аз бизнесҳоои сердаромади бародарони атрофиёни “Пешво” дар маҳаллаҳо ва ноҳияҳои кишвар шудааст. Ба ин беинсофҳо ягон милисаву ягон амният кор намегирад.

Дар ҷамоати Зарбдор як ҷӯра дорам.Ӯ собиқ корманди милиса мебошад. Айни ҳол дар нафақа аст. Вай дар бораи Абдуҷаббор Раҳмонзодаи «кавлук», ҳоло сафири Тоҷикистон

дар Тошканд ҳикояти аҷибе кард. Вай гуфт, ки инҳо асосан афғонанд. Солҳо пеш онҳоро ҳамчун лӯлӣ аз Афғонистон муҳоҷир карда будаанд. Ба деҳаи Зарбдор омада ҷойи зист

интихоб мекунанд. Бобову бибиҳои инҳо дар вақташ хона ба хона талабида мегаштанд. Ман ҳайрон, ки чи хел президент ин ҷугиҳоро дар ҳукумат бар кор қабул кард. Зани Раҳмонзода Абдуҷаббор ҳар ҳафта ба Озодаи Раҳмон нони тунуки кулча- фатир ва гирдача пухта роҳӣ мекардааст.

Share This Article