Номаҳо аз ноҳияҳо ба «Ислоҳ.нет»№81

Ислоҳ нет

  Ҳар куҷое, ки як нафар аз аъзои хонаводаи Эмомалӣ Раҳмонов зиндагӣ мекунад, чи дар Ҷалолиддини Балхиву чи дар Абдураҳмони Ҷомӣ ва чи дар Қубоиёну Шаҳритус, махсусан хешовандони зани вай зиндагӣ ва рӯзгорро барои мардум тираву тор кардаанд ва карда истодаанд. Мақомоти давлатӣ дар баробари онҳо оҷизанд, мардум бошанд, комилан аз дифоъи ҳақу ҳуқуқи худ маҳрум шудаанд. 

  Номаи аввалини ин нашри барнома гуфтаи болоро тасдиқ мекунад.

 Вале ҳоли тоҷик на танҳо дар ватан, дар берун, махсусан дар Русия ҳам хеле бад аст. Як нафар аз муҳоҷирони тоҷик, ки муздури бустонсарои як генерали рус аст менависад, ки минбаъд тоҷикҳоро ҳам, новобаста аз онки табаияти Русияро доранд ё надоранд, ба ҷанги Украина мебаранд.        

                                   Шаҳритус

Салом устод Муҳаммадиқбол!

 Номаамро аз ноҳия Шаҳритус менависам. Дар ноҳияи мо як заводи пахта фаъолият мекард. Масоҳати ин завод аз 3 гектар бештар буд. Завод аз навъҳои гуногуни техника: пахтачинаку пахтапуркунак, тележкаву трактор, экскаватор, булдозер ва дигар техникаҳо соҳаи кишварзӣ пур буд. Даҳҳо мошинҳои борбар дошт. Бовар кунед, ки ҳамаи ин техникаҳо ҳатто дар давраи ҷанг солиму сиҳат истода буданд.

Аммо ҳамаи ин техникаҳоро ҳоҷӣ Раҳматуллои бародари Азизмои газетхонаки зани Эмомалӣ Раҳмонов дуздиду фурӯхт.

 Боз як заводи пахта дар ҷамоати Ҷура Назар буд, ки пурра кор мекард. Он ҳам дорои тамоми техника буд. Ин заводи пахтаро ҳам давоми солҳои 2004-2005 тамоман холӣ кард, бурду фурӯхт. Ҳоло ягон чиз намондааст. Чарогоҳи гову гусфандони ҳоҷӣ Раҳматулло шудааст. Дар ноҳияи Шаҳритус дигар чизе намондааст. Тамоми техникаҳоро аз пунктҳои пахта бурданду фурӯхтанд. Боғи марказии ноҳияро гирифтанду фурӯхтанд.

Дар Шаҳритус ҳамаи мардумро наркоман карданд. Аз дасти ин авлод паст мо рӯз надорем. Свет нест, пули пахтаро намедиҳанд. Пахтаҳоро маҷбурӣ мегиранду пулҳояшонро гирифта наметавонанд. Аз рафтан пеши ҳоҷӣ Раҳматуллои дузди зинокор безор шудаанд. Имрӯзу пагоҳ гуфта пули моҳи сентябр окттябрро моҳҳои февралу март медиҳад. На прокуратура, на суд, на ягонтои дигараш додатро қабул намекунанд. Метарсанд аз ин авлоди паст. Мо шикояти худамонро куҷо барем? Як раиси кумитаи замин буд. Номаш Шерафган аз Данғара аст. Аз мардум пул гирифтааст, 30-40 ҳазор сомонӣ. Коррупси қапид, боз ҷавоб дод. Омадаасту боз кор карда истодаасту ҳамон ғаратгариҳояшро давом дода истодааст. Мегуяд: «ман аз Данғара мешам, гапзанта фалон мекунам». Як бор ба қабули раиси ноҳия рафтам. Вай ҳамонҷо буд. Раис гуфт: «и одам чи мега? гуфт, ки ҳаму одамай мақсадш пула ҳардушон хурданд. Аз ман чил ҳазор сомонӣ грифтаст, то ҳозира надоданум».

Бародар ин номаи маро нашр кун, то мардум руй касифи ин авлоди пастро бинад.

                                           Кулоб

  Ассалому алайкум, устод! Ман муҳоҷир ҳастам. Намедонам, аз чи сар кунам? Чанд рӯзи пеш, аниқтараш якуми ноябр ман бо зани як олимақоми Русия, ки дар дачааш кор мекунам, ҳамсӯҳбат шудам. Ин зан ҳамсари як генерал аз вазорати мудофиа аст ва худаш ҳам дар ҳукумати шаҳр кор мекардааст. Вай ба ман тавсия дод, ки ҳарчи зудатр ба ватанам баргардам. Ман аз вай пурсидам, ки чаро?  Ӯ гуфт минбаъд тоҷиконро ба Украина ба ҷанг мебаранд, новобаста  аз онки шаҳрванди Русия ҳастанд ё не. Ман пурсидам, ки магар чунин кор мумкин аст? Вай гуфт, ки президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон худаш иҷозат додааст ва гуфтааст, ки шаҳрвандони Тоҷикистонро баред, аммо нагуед, ки президент иҷозат додааст.

  Ба аллоҳе, ки халқам кардааст, дурӯғ намегӯям. Ин зан гуфт равед ва эътироз кунед. Чунки баъди ду ё се сол аз тоҷик ному нишоне дар Русия нахоҳад монд.

                                       Хуросон

Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқбол! Умедворам саломатиатон хуб бошад.

Сокини деҳаи Ҳалқаҷари ҷамоати Садриддин Айнии ноҳияи Хуросон ҳастам. Бародар аз шумо ва тими «Ислоҳ» сипосгузорем, ки дар ин ҳукумати золим хеле ислоҳот даровардед.

   Дар барномаи «Номаҳо аз ноҳияҳо№52» дар бораи Мавлонов Ғиёсиддин, раиси маҳалла суҳбат карда будед. Ислоҳ ӯро водор кард, ки ба ҷойи фурухтани бачаҳои мардум писари худашро ба аскарӣ фиристад. Чунки ду писари Мавлонов Ғиёсиддин синни даъватианд.

Танзим асосан барои шахсони камбағал аст, пулдорҳо ягон риоят намекунанд. Ҳамин Ғиёсиддин 22 октябр ба хонаи хоҳараш фотиҳатуй бурд. Барои мардуми камбағал аз як дег зиёд иҷозат нест. Нест лекин барои хоҳари Мавлонов Ғиёсиддин 5 намуд хурок ва 5 дег мондан иҷозат будааст. 

Директори мактаби №24-и Ҳалақаҷар Шоимардонов Маҳмадқул бузи амният аст.

Вай завуч буд, ҳоло директор шуд. Шоимардонов Маҳмадқул ҳам ду писари синни даъват ба хизмат дошт. Вале ҳар дуи писараш дар Русия буданд. Ӯро маҷбур карданд, ки аз ду писараш яке ба хизмат равад. Маҳмадқул писари дуюмашро, ки соли таваллудаш 2005 аст аз Русия овард. Писар омада расид. Рӯзи дигар омада бурданд ба хизмат.

Маҳмадқул писаратро бурданд, зиқ шудӣ ё гиря кардӣ? Вақте писаронат хурд буданд, бачаҳои мардумро хабаркашӣ мекардӣ ана ҳамин мардум ҳам гиря мекарданд.

  Акнун дарди мардумро фаҳмидӣ?

  Баъди директор шудани Шоимардонов Маҳмадқул мактабро худо зад.

Дар мактаб аз синфи 1то 4 хурок медоданд. Вале ин Шоимардонов Маҳмадқул ба роҳбарони ин синфҳо мегуфтааст, ки талабаҳоятонро занед, ки ба хонаашон хабар набаранд, ки  дар мактаб хурок чи буд ва дар дарунаш чи дошт. Ака хуроке, ки инҳо мекунанд, онро саг намехурад. Даруни косаро мебинӣ оби сафед. Дар деги он хурок мегӯӣ, ки ягон зарра равған наандохтаанд. Даруни косаро мекобӣ як чумча ҳатто горох надорад. Вақте ба магазини Маҳмадқул меравӣ магазин пури горох шудаст. Шахсе, ки хурокпаз-повари мактаб шудааст, Зирагул, хоҳари Маҳмадқул аст. Зани Маҳмадқул бошад аз чанд соли пеш дар мактаб фаррош буд.

Шоимардонов Маҳмадқул писари акааш Асомиддинро, ки дар мактаб кор намекард, оварда завуч монд.

Мавлонов Асомиддин соли тавалудаш 1992, сокини деҳаи Ҳалқаҷар якуним, дусол пеш дар Донишгоҳи Носири Хусрав дар Бохтар дарс медод. Хапудам аз донишгоҳ Русия рафт. Баъд бачаҳое, ки аз деҳа дар он ҷо таҳсил мекарданд, гуфтанд, ки бо як донишҷудухтаре соз мегираду бо у х…ба мешавад. Ва сипас гурехта ба Русия меравад. Дар ин байн чи гап мешавад,  намедонам мувофиқи шунидаи мо соҳибони духтар мефаҳманд ва Ғиёсиддин пули калон дода халос мешаванд. Ана ҳамин хел одамро оварда завуч монданд  дар мактаб дуруст аст?  

 Боз ин Асомиддин талабаҳоро мезадааст, ки ту рузи гузашта дар мактаб набудӣ! 

Дар бораи муаллима Солиева Адолат. Ин муаллимаи шаттоҳ аз синфи 1 то 4 роҳбари синфӣ мекунад. Дар рузи таваллудаш талабагонро мегуяд, ки барои ман туҳфа биёред. Баъзе талабаҳо курта ва баъзеаш пули ҳамон куртаро меоранд:  50-60 сомонӣ. Аз 19 то 23 талаба дорад. Ман худам дар магазин шоҳидам, ки як зан бо фарзандаш омаду гуфт аз ҳамон куртаҳо яктояшро печон ба заҳрхури Адолат. Нархаш 60 сомонӣ гуфт, ки се руз пас падараш аз Русия пул равон мекунад, қарзро оварда мерасонам.

  Чанд рӯз пеш ин заҳрхур денрождений дошт.

 Ҳамсинфҳояшон бурданд, боқимондаҳо низ бояд баранд. Ҳамон зане, ки омада куртаро қарз гирифт, гуфт: «ина ҳамин куртара якуним сол пеш гирифта будум, лекин дар ин ҳаромхур ҳарсол мегирем. Агар нагирем ма барои шумо азоб мекашум, дар зодрузи ма ҳичи наовардӣ гуфта дамибадам ҳаму талабара чанг мекунаду,мезанад». 

 Ин Адолат боз дар мактаб кадом духтаре, ки аз болои руймоли майда шарф дошта бошад, аз сари он духтар шарфро мегирад. Боз як ёрдамчӣ ҳам дорад таваллудаш 2006, номаш Аниса Яқубова.

 Паёми ман ба Адолат! Хуб гуш кун муаллима: «руймолда нарас, ки худо мезанад, индафа зинда намемонӣ»  Ҷароҳие,ки дар тобистон шудӣ, ин огоҳии худо буд». Дарзи ҷарроҳӣ маҳкам нашуд. Ҳарруз  ба беморхона мерафтию аз шикамат зардоб мегирифтанд. Ин ҳақи ҳамон подаркаҳои дар ден рождений бо зурӣ аз кудакҳо гирифта будӣ,  ҳамон буд. Ҷавобаш ин дар ин дунё.  Аниса дар бораи ту  ҳеҷ чиз намегуям. Чунки ту дар фотиҳа ҳастӣ. Оҳиста бо хубӣ ин корҳоятро бас кун!.

Боз дар бораи як муаллимаи дигар Азизова Меҳрӣ. Дар куҷо омадагиаст, ки кудаки синфи1-ро занӣ, ки ту хонда наметавонӣ?  Маълум нест, ки ин муаллима аз заводи очааш баромадан муаллима буд ва ё хонда баъд муаллима шуд.

  Шавҳари муаллима Меҳрӣ чанд соли пеш аз Русия ҷавобашро дод. Сабаби ҷудошавии вай аз шавҳараш сабукпоияш аст. Дар мактаб солҳои 2012-2013 ба як  муаллим, ки марди зебо буд, Меҳри ошиқ мешавад ва дар вақти алоқа кардан меқапанд ва баъдан директори он вақта Холов Карим ҳар дуро пеш мекунад. Баъд чанд сол дар мактаби Ҳаёти нав муаллима шуд. Дар онҷо ҳам шунидем, ки бо муаллимҳо алоқа доштааст. Боз омад ба ҳамин мактаб ва то ҳол дарс медиҳад ва талабагонро бисёр мезанад. Охир инҳо синфи 1-2 ҳастанд. Писари ин муаллима Азизов Зоҳир аст ва ӯ ҳам синфҳои ибтидоӣ дарс медиҳад.

  Зоҳир ба ту гуфтаиниям, ки ҳозир ту худат гузаронидагиӣ. Вале очаатро насиҳат кун. Бисёр аз худатон наравед. Инҳоянд муаллимҳои МТМУ№ 24 деҳаи Ҳалқаҷари мо.

   Дар охири нома инро бигӯям, ки Мавлонов Ғиёсиддин писари  дуюмашро ба хизмат мефиристад вале баъди як моҳи хизмат 50.000 сомонӣ дода мебарорад, нархи давлатии рухсат шудан аз аскариро мепардозад. Аммо мардуми бечора надоранд чунин пул то пора диҳанду фарзандҳояшонро бароранд.

                                 Ваҳдат

  Салом алейкум устод Муҳаммадиқбол! Маълумоти муҳим дорам. Аз шаҳри Ваҳдат ҳастам. Феълан дар Русия, дар муҳоҷирати кориям. Чанд рӯзи пеш Раҳмонов боз ба ноҳияи мо сафар кард. Чанд биноро кушод. Ҳамаи инҳоро бо пули соҳибкорон, мардум ва махсусан муҳоҷирони корӣ сохтаанд, аммо Раҳмонов тавре ҷилва дод, ки худаш сохта бошад. Сару калаашро хурад. Ман дар бораи дигар чиз гуфтаниам.

 Дар шаҳри Ваҳдат, дар Хуҷабойқул як дача ҳаст. Раҳмонов дар ҳар сафараш, ки ба шаҳри Ваҳдат омад, онҷо дамгирӣ меравад ва аз он лаборатория дидан мекунад. Лабораторияи коркарду истеҳсоли маводи мухаддир аст.

Дар онҷо амфетамин ва доруҳои дигари наркотикӣ тайёр мекунанд. Маводи синтетикӣ ва хокаи кокаинро дар он ҷо таблетка месозанд. Дар он дача духтарҳоро қапида бурда таҷовуз мекунанд ва хелеҳо аз ин огоҳӣ доранд.

Ҳар боре Раҳмонов ба шаҳри Ваҳдат биёяд, духтарони маъқул кардагиашонро қапида бурда таҷовуз мекунанд. Ҳамон дачаро мардуми Ваҳдат бояд аз байн баранд, як гуруҳи махсус ташкил кунанд, ҳар куҷое лабораторияи маводи мухаддир тайёркунӣ ҳаст нобуд,кунанд. Аз руи баъзе хабарҳо ҳануз Ғаффор Седой дар Данғара амал кардани яке аз ин лабораторияҳоро, ки ба раҳмонов тааллуқ дорад, ошкор карда буд.

Дар даруни ин дача охрана ҳаст, силоҳ доранд. Ду смена охранагӣ мекунанд. Ман проверка кардагиам. Ман худам тоқа коре карда наметавонам. Як одам, шиносам гуфт бовар накардам. Худам рафтаму дидам. Охрана бо сагҳои овчарка ва бо автомат. Аз болои девор назорат кардам. Дар ҳақиқат онҷо маводи мухаддир тайёр мекардаанд. Либосҳои сафед ва фукбанд доштанд. Дар дастонашон ҳам дастпуши резиниро дидам. Ба гушҳоям шунидам, ки охранаҳо дар дарун гап -гап доштанд, ки бор тайёр шудааст, бояд Русия равад.  Боз шарм нокарда дар ҳар сафарҳояш Раҳмонов аз гардиши ғайри қоқнунии маводи мухаддир гап мезанад ва агентии зидди ин мавод ҳам дорад. Аммо ин ҳама дурӯғ аст боварам кунед, ман на мухолифам ва на дар ягон гурӯҳи мухолифам, ҳақиқат ин аст охир!

                                  Исфара

Ассалому алейкум бародар Муҳаммадиқбол! Ман аз ҷамоати деҳоти Сурх ҳастам. Дар деҳаи мо ҳозир 5 участковий ва 6 нафар амниятӣ кор мекунанд. Заминҳоро ба одамони бой фурӯхтанд. Дар ҷамоат Баҳодур раиси танзим аст. Як алкаш. Ишкамаш мисли ишками гови Раҳмон .Баҳодур чанд рӯз шуд гум, гурехт ба кадом тараф. 50% деҳа сухофрукти кор мекунад .Аммо ҳамааш тарсончак шудагианд. Як ҷавони синни даъват, ки дар Русия кор мекард, зани 20 солаашро дар қишлоқ амният қапида бурд, то инки шавҳараш аз Русия биёяд. Барои занашро аз дасти амниятиҳо гирифтан 100 000 рубл дод.

 Муаллима, номаш Муаззам, духтарҳое, ки ба мактаб бо руймол мераванд, руймолҳояшонро мекашад. Ва занҳои босатрро сатрҳояшонро дар куча аз сарашон бо зурӣ мегирад.

Дар деҳа 16 масҷид ҳаст. Лекин 5 масҷид кушода. Дигарҳояшро ин бадбахтҳо фурӯхтанд.

  Ман бачаи бисёр дорам. Ҳар моҳ барои мактаб то 1000 сомонӣ расход мекунам. Муаллимҳо бачаҳоро маҷбур мекунанд, ки барои обуна 20 сомонӣ, барои китоб 180 сомонӣ, 5 сомонӣ, 10 сомонӣ барои ин ва барои он ва ҳоказо. Дар дилам зад ин мақомоти касиф. Ҳозир дар мактаб 80% полшуякҳо муаллим шудаанд, илму дониш надоранд. Ҳамаашон полшуяк буданд. Раиси маҳалла ва домуллоҳо ҳамааш хона ба хона даромада аз халқ барои обуна аз ҳар оила 100 сомонӣ пул ҷамъ карда истодаанд.  

Дар деҳа буз хеле зиёд шудааст. Барои сардори шуъбаи амният шудан 100ҳазор доллар ба киссаи С.С Ятимови даҷҷол медиҳад. Мо мурғ шудаем.  Падару модарони мо моро мурғ карданд.  Имонамон заиф шудааст. Вой бар ҳоли мо. Амният ва участковий хуни мардумро макида истодаанд. Гапи мегуфтанӣ зиёд аст. Вақте шумо дар бораи бадбахти ҳаромхури  Юлдошев Нозир гуфтед мақомот ӯро аз кор холӣ карда буд. Ҳозир ин ҳаромхур боз ба кор медаромадааст.

  Дар ҷамоат барои як имзо ё справка 20 сомонӣ пул мегирад. Ин котиб амаки раиси ҷамоат аст ва Ҳасан ном дорад. Ҳасан аз пул сер намешавад ва аз мақомоти боло саларо биёр гуянд, ин каларо мебарад. Участковиямон номаш Суҳроб аст. Як нафари зинокор аст ки дар навиштаҳои баъдӣ дар борааш менависам.

                                 Қумсангир

 Салому алейкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу бародари азизу гиромӣ ва муборизи роҳи ҳақ домулло Муҳаммадиқболи Садриддин!

Ман сокини ноҳияи Қумсангир, ҷамоати Ваҳдати миллӣ, деҳаи Боқӣ Раҳимзода ҳастам. Воқеан бас аст  дигар дуруягию масхарабозӣ. Тарсу ҳарос бас аст дигар.  Мо ҳам инсонем, зиндагии мисли як инсон мехоҳем? То кай ин зулму ситамро давом медиҳед. Аз соли 1992 як гуруҳ омад фақат корашон қатлу куштор буд, дуздиву таҷовуз ба номусу молу мулк, хурдану бурдан. Аз ин гуруҳ халос нашудем, ки бо ду гуруҳи дигар илова шуд. Охир, мо мардуми Қумсангир аз Африка наомадаем, ки шумо иддаи бенасаб ҳарчи мехоҳед бар сари мо бор ва таҷриба кунед, ё мо ҳақи зиндагӣ кардан надорем?

То кай зулму ситам мекунед? Магар занҳои мардуми Қумсангир суд, прокурор началник милиса, сардори ГАИ, мудири маориф, сардори молия таваллуд карда наметавоннад?  

  Ё инки шумо меҳмонҳои нахонда ҳатман биёед болои мо мардум ба зуриву зулм худатонро решадавон кунед? Аз соли 1992 гуфта будем. Саидшо Шамолов, кури Мир, Раҳмон дали, Абулҳай, Шамс- командир, Саид Қосим, Мирзои ГАИ, Раҳматулло бо лақаби Рембо, калиҲофиз, Ҷиёншо, муаллим Қодир. Ҷурахон ва ғайра. Инҳоро агар номбар кунем саотаҳо вақт меравад. Инҳо дар қаӣду куштори мардуми бегуноҳ бисёр дасти расо доштанд.

Ҳолатҳои зулму ситам, таҷовуз ба номуси мардуми маҳаллӣ ҳисоб надошт. Бо дуои мардум баъзеаш мурду баъзе тюрма шуду баъзеаш хона вайрон баъзеаш аз зуромад ҳоҷиву мулло шуд. Аммо аз инҳо халос нашудем. Инҳо аз худ насли ҳаром  бар сари мо монданд. Бо ин насли хабис то имрӯза ранч мебурдем, ки бо дуи дигар омад: яке Данғара ва дигаре Чапаев. Бо омадани Данғараву Чапаев ин насли хабис ба чоплусӣ даромаданд. То ҳатто мо шоҳидем, ки дар «Минбари муҳоҷир» худашонро деҳқон гуфта муаррифӣ мекарданд. Савол ин мешавад, ки «ту,ки  деҳқон мегирӣ худатро дар замини падарат ё бобои деҳқони дорӣ?” Ҳозир тамоми ҷоро Данғара ва Чапаев рулит мекунанд, аз он ҷумла ҷамоати моро ҳам. Сулаймон раиси ҷамоати мо аст. Аз Данғара таваллудаш 1989. Як одами бесаводи бе фаросат. Кораш фақат пул ҷамъ кардану замин фурухтан аст. Аммо дар бораи раиси ҷамоат фактҳо ва далелҳои бисёр дорем. Намунааш заминҳои Роҳи оҳани пеши бозори Коммунизм заминҳои наздики Аскари сурх. Ин Сулаймон як таға дорад. Ҳозир тағаш райисполкоми Колхозобод аст. Вай бо пешобашон соз будааст. Дар хонаи ҳамин тағояш зиндагӣ мекунад ва пеш ба ҷамоат омаданаш дар хонаи ҳамин тағояш подабонӣ мекардааст. Яъне гов нигоҳ мекардааст. Мегуяд, ки «ма корой тағама буд мекунум, ягон кас фалони мара хурда наметона,ҳарчи мехоҳум мекунум». Боз мегуяд, ки «и кали Одиназода раиси ноҳияи Қумсангир ай раиси ма мерина».

  Як Прадо дорад. Барои ин Прадоро ҳай кардан рӯз то бегаҳ аз мардум бензинпулӣ металабад. Мегуяд, ки инро ба ман раиси худам додааст. То вақте раисам зинда ҳаст, то райисполком меравам. Сайфиддин котиби ҷамоат аст.  Пеш раиси ҷамоат ҳам буд. Сайфидин зиндон ҳам нишастааст. Сайфидин як инсони бадахлоқ, бедин ва зинокор аст. Валлоҳ қасам худам ба гушҳоям шунидам, ки гуфт «то мардои Қумсангира фалон кардагиюм».    Сайфидин язнаи Шамс- командир аст. Як бачааш бо номи Шуҳрат дар мудофеа кор мекард, капитан буд. Бо дуои мардум аз кор сураш карданд. Алкаш шудааст. Ҳозир ин Сайфиддин бисёр муллоҳоро, ҳатто ҳамкоронашро мефурушад. Ҳама аз дасти вай ба дод омадагианд. Чандин касро хонавайрон кард

  Духтари Сайфиддин дар вилояти Суғд бо шавҳараш кор мекунад. Шавҳар дорад. Аммо худаш медонад, ки чи хелаш карда истодаанд. Имрӯз рӯзи тамошои ту аст: «ки занта кӣ мераса, духтарта кӣ расидестай, келинут кати, кӣ  расид, ин ҳамаш подоши коротон». .

Абдумалик Шокиров заминсози ҷамоат аст. Бародараш Абдухалил дар Кумитаи замини ноҳия кор мекард. Тамоми заминҳои ҷамоат бо дахолати ҳамин Абдумалик обу лой мешаванд. Замини болои насоси чорумро аз дасти акаи Роиб гирифтанд ва ба Содиқи шағол, ки раиси маҳалла мебошад, доданд. Худашон бо номҳои дигар чандтоӣ замин гирифтанд ва ба бачаҳои Ударник ва Варашил фурухтанд. Гуё камбағалҳоро замин тақсим карданд. Содиқи шағол ва ҳоҷӣ Минҳоҷ ба камияш ду-се гектарӣ доранд. Абдумалик бисёр фасодкор ҳам ҳаст. Аз пушти ҳамин фасодкориаш занашро бо як узбекзабоне қапид. Аммо ҳоло ҳам зиндагӣ дорад. Он марди узбекзабон номаш Ҷонқобил, духтури гову мол аст. Дар заминҳои ҳамин Абдумалик деҳқонӣ ва кишту кор мекард. Аз ҷумла дар замини шахсии Абдумалик тухми ҳосили дуюмро кишт кард.

  Абдухалил бародари Абдумалик дар Кумитаи замини ноҳия кор мекард. Ҳозир бекор аст. Мунтзир аст, ки дар идораи МБТ-и ноҳия сардор шавад. Ин бародарҳо   бо ҳам мисли сагу пишаканд. Барои вазифа, пул, замин ва дорои бо ҳам рост намегиранд. Абдухалил зиёда аз 10 гектар замини фермерӣ ва боз ҳавзи моҳипарварӣ дорад. Дар ҷамоати мо дар сеҷо хона дорад. Дар деҳаи Маданиятдар ду гектар замини беда дорад. Дар Душанбе ҳам квартира харидагӣ аст. Дар замини пеши хонааш, фермаи гов, ду -се ҷо траншеяи лимон ва боз дар заминҳои участкаи Энгелс боз фермай гов дорад. Худо шоҳид аст ки ҳамааш аз пули дуздӣ аз ҷайби мардуми бечора аст. Зани Абдухалил дар медпункт кор мекард.  Аммо як рафиқи наздики худи Абдухалил занашро бо доктори ҳамкораш қапиду оварду исботаш кард,аммо ҷудо нашуд. Гуфтааст, ки агар ҷудо мешудам, чанд фарзанд дорам,  ним зиёди дороиҳоямро мегирифт.

 Инҷо дар бораи бузҳои ҷамоат мегуям. Яке аз онҳо Раҷабалӣ, бачаи ҳоҷӣ Муҳиддин аст. Аз деҳаи Навоӣ.

  Ислом Саидмурод, аз деҳаи Боқӣ Раҳимзода. Одил Эммуҳаммедов, мулло Туйчӣ бузҳо аз деҳаи  Ударникан, Идибег аз деҳаи Варашил як бузи шохдори шохкалон аст.

 Номаи худро бо як савол бо амнияти Қумсангир хотима медиҳем. Оё касе барои ободии деҳааш талош кунад ин ҷурму ҷиноят ҳисоб мешавад ё не ?

Агар ҷиноят набошад, пас барои чӣ, ҷавононе, ки ба ин деҳа хизмат карданду мекунанд, шумо бурда зулму ситам мекунаду пул меситонед?.

                                          Истаравшан

Шахсе дар “Минбари муҳоҷир” баромад кард ӯ Қосимов Зуфар Алиевич аз шаҳри Истаравшан мебошад. Номбурда мактаби миёнаи №12-ро соли 2010 хатм намуда ба донишгохи Алтайский Государственные университет Экономисты международный, Иқтисоди байналхалқӣ супорида онҷоро ба анҷом расонд. Аз руи баъзе маълумот, аз соли 2015 то 2017 дар донишгоҳи давлатии ҳуқуқ,бизнес ва сиёсати Тоҷикистон ҳамчун бакалавр таҳсил карда аст. Сар карда аз оғози соли 2018 дар факултети сиёсатшиносӣ ва муносибатҳои байналмилалӣ дар кафедраи Хадамоти гумрук ба ҳайси муаллим аз фанни Асосҳои иқтисодиёт ба донишҷуён дарс медиҳад. Унвонаш айни ҳол ассистент мебошад. Аз руи маълумотхо 1маротиба оиладор шудааст. Аммо бо сабабҳои номаълум ҳамагӣ муддати 1моҳ зиндагӣ карда аз ҳамсараш ҷудо шудааст. Нафаре, ки ин муаллимро маҷбур ба суҳбат кардан бо «Isloh.net» кардааст, куратори донишгоҳ аз КДАМ Нуъмонзода Хуршед мебошад. 

                   Фархор

Ассалому алайкум, домулло Муҳаммадиқбол. Ман аз деҳаи Фрунзе, колхози Карл Маркс, ҷамоати деҳоти Ғайрат-номи наваш ҷамоати Хуросони ноҳияи Фархорам. Дар деҳа аз дасти бузҳо ҳол надорем. Хоҳиш мекунам ин номаро, ки аз пушти почтаи ноҳия менависам, нашр намоед, то ин бузҳо дами роҳашон баста шавад. Агар на, дар деҳа мардони боғайрат бисёранд.

 Бузи калони деҳа Саймуддин Шарипов аст, ки дар деҳа пахтатозакунак ва ҷувози равған ва мошини Опел дорад. Опелро бо суръати бисёр баланд меронад. Ягон ҳуҷҷат надорад. Бо кормандони амният ҳамкорӣ дорад. Ҳеҷ кас инро тафтиш наметавонад бикунад. Чунки як хоҳар дорад дар шаҳри Душанбе, зани дуюми як коргари давлат аст, инро кришават мекунад-Шарипова Гулбаҳор. Пеш вақт дар Душанде дар МБТИ кор мекард. Аз рӯзе, ки зани дуюум шуд ба хориҷа мерафту аз пушти мухолифон кор мекард. Информатсия ҷамъ мекард.

Бузи дуюмаш Зокиров Раҷаб дар деҳа дукони моҳибирён дорад. Бо началники милиса ҳамкорӣ дорад. Дар деҳа чи гапу коре мегузарад бурда мерасонад. Аз мардум ба маблағи 10 ҳазор сомонӣ пул мегираду мегуяд фарзандатонро ҳеч кас хизмат намебарад. Айни ҳол бошад дар ноҳия дар  ошхонаи  Фаридуни пантера ҳамкорӣ дорад.

  Бузи саввумаш Расулов Айнулло, айни ҳол участкавий дар ноҳияи Ҳамадонӣ кор мекунад.

  Лаънат ба Раҳмонов бо ин ҳукумати сохтагиаш. Дод аз дасти ин ҳукумат ва дод аз бесветӣ. Охир дар ватани ҳамсоя 70 сол шуд, ки ҷанг аст. Дар онҳо свет ҳаст, дар мо бо гуфти чоплусо «тенҷиву амониҳай». Чаро барқи мо бо лимит аст? Барқро мекушанд, дар деҳа интернет гум мешавад, бо фарзандонамон дар тамос баромада наметавонем. Мо аз дар бораи ин бузҳо маълумот ҷамъоварӣ карда истодаем. Ба «Ислоҳ» бо факту далелҳояш равон мекунем. 

  Бачаи Майрами гурсухта! Бо наметавонӣ ояндаи миллатро дар даст бигирӣ бо ин  бузҳоят.    

                                      Ҳамадонӣ

 Ассалому алайкум домулло Муҳаммадиқбол! Ман аз ноҳияи Ҳамадонӣ. Мехостам дарди мардуми мазлуми деҳаамонро гуям. Ноҳияи Ҳамадонӣ совхози якум ва дуюм (отделенияи 1 ва 2)

  Ду рӯзи пайиҳам ба мо свет намедиҳанд. Барои онки нақшаи даъвати тирамоҳии аскариро мо буд накарда будаем. Ҳардуи масҷидамонро бастанд. Бемористонамонро ҳам бастанд. Намегузорнад, ки касалҳоро барему бистарӣ кунем. Мегуянд, ки то бачаҳоятонро аз Русия баргардонида ба хизмат нафиристед на свет медиҳем, на масҷидатон ва ба болнитсаатонро ҳуй намекунем. Ман ба Набихони шреки беимон гуфтаниям, ки худованд хору залилат кунад, ки наход свети тамоми мардумро бикушӣ? Аз дохили худи ноҳия як занро дарди кудак мегирад. Мебаранд болнитсаи № 2. Дараш руст, печат задагӣ, маҳкам. Дар хона таваллуд кард. Аз ин дида ҷабру зулм зиёд мешавад? Ҳеҷ кас хизмат кардан намехоҳад. Ин дуздҳо то ба кай дар сари вазифа мемонанд? Раиси ҷамоати мо Набихони Шрек ва раиси пешинаи ҷамоат Шарифов Одинааҳмад ду дузди беинсофанд.

Ба корҳои бузиву дуздии инҳо боз раиси деҳаи Обшорон, ки Давлатча ном дорад ёрӣ мерасонад. Хайрият, ки вайро гирифтанд. Ҳозирааш як инсони босавод аст, ки мардум аз ӯ розианд. Аммо ин ду корманди пешина, раиси ҷамоат ва раиси маҳаллаи мо аз худи ман ва аз ҳамқишлоқиҳоям пули зиёди участкаи наздиҳавлигӣ гирифтанд. Якхелҳо пули 2 участка доданд. Аммо инҳо сумҳоро гирифта хурданду кайф карданд, Ҳаррӯз пиён буданд. Ҳатто дар вақти мурдаву ҷанозаи деҳа ҳам пиён мегаштанд.

Вақти участкадиҳӣ ҳатто ба мардуми дигар қишлоқҳо ҳам ба зиёда аз 10 кас, ки пули калон додаанд, замин фурухтаанд.

 Пули як участка 1000 доллар то 3000 $ аст. Барои ду участка ду баробар ҳисоб кунед. Ин пулҳоро гирифта хурданд. Ба як хел одамҳо тамоман участка надоданд.

Ба раиси ноҳияи Ҳамадонӣ гуфтаниям, ки ту бо ин саводу сиёсате, ки дорӣ ҳатто туалет сохта наметавонӣ. Бубинед, раиси пешини ҷамоат ҳозир дар ҳукумати ноҳия ва дар бари раиси ноҳияи аст, коргари ҳукумат.

  Ба раиси имрӯзааи ноҳияамон Нурулло Мирзозода гуфтниам, ки вақте ба мактаб маводи ғизоӣ роҳӣ мекунед, намесанҷед, ки чи қадарш ба мактаб мерасад? Ба он поварҳои бечора мегуянд, ки ба шумо маош нест. Аз ҳамонҷо орду равған бигиред. Аммо инҳо мегуянд, ки аз онҷо ҳатто як нахудро гирифта намешавад, чунки бисёр ҳам кам аст. Мо аз онҷо орду руған гирем онҷо чӣ мемонад?

Маорифи ноҳия, раиси ноҳия куҷоро нигоҳ мекунед? Раиси ноҳия бигиру маоши ошпазҳоро деҳ! махсусан ба мактаби №27. Ман дар ҳамин деҳаи Обшорон ҳастам, назорат мекунам, ки ин проблемаро ҳал мекунӣ ё не?

агар ҳал шуд, ки хайр, вагарна тамоми дуздиҳои худатро тавассути  «Ислоҳ» расонаӣ мекунем.

                                     Чоркуҳ

Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқбол!

 Ман аз Чоркуҳ, ҳамсояи Лайс Шаропов ҳастам. Имрӯзҳо мебинам ҳеҷ кас дар бораи Сангинов Акрам суҳбат намекунад. То ҷойе, ки ман медонам вай дар шахтаи Шуроб ба ҳайси сардор кор мекард.  Соли2019 ё 2020 ӯро коррупсия меқапад ва аз  кор пеш мекунанд. Аммо соли 2021 боз через карда ба кор медарояд. Вай пули коргаронашро пурра намедод. Вай дар кучаи Таги сада, сари обҷувоз дар пеши нонвойхонаи Лайс  дар тагаш   магазин дар болояш хона сохт. Чор асп дорад. Дар Гулистони Исфара 1гектар замин дорад. Ин ҳама дороиҳо аз кучо аст? Вай ба ғайр аз шахта дар ҳеҷ қуҷо кору фаъолият накарда аст. Ман ба вай гуфтаниям аз Аллоҳ битарс. Он хонае, ки ту сохтаӣ ба сарат бало мешад. Аз мо як гуфтан буд. Вақташ расад, ҷавоб медиҳӣ. Ин одам пеш наркотик бизнес мекард. Аз пушти вай як мард зиндон нишасту баромад. Номаш Солеҳ Раҳимов. Лақабаш Гирифтам. Писараш дар суди Исфара кор мекунад.

  Дар охири гапам ба Лайс Шаропов гуфтаниям, ки ба ту 1 моҳ муҳлат. Агар истеъфо надиҳӣ, чи хел бо кадом роҳ дар сари ҷар дар пушти ҳамомат заминро гирифтӣ, чихел бо любовникҳоят дар Шуроб одих мекардӣ ва чи хел ба занат зулм мекардагиро ба “Ислоҳ” менависам.

Share This Article