Номаҳо аз ноҳияҳо ба «Ислоҳ.нет» №20

Ислоҳ нет

Матолиб ва барномаи “Номаҳо…ончуноне дида истодаем боиси ҷалби бештари таваҷҷӯҳи шумо ва ҳамкории зичтари мову шумо мешавад. Албатта, ин хеле хуб аст. Чун мову шумо бо ҳам талош карда истодаем, ки аз қонуншиканӣ ва ҷиноёти мақому мансабдорон ошкоро ва рӯирост ҳарф бизанем. Ин шо Аллоҳ мо бо ин васила қадам ба қадам ба ҳадаф ва нияти худ, раҳоӣ аз ин режими диктотурӣ ва шикасти султаи як оила ва дору дастааш наздик мешавем. Ин бор низ номаҳои шумо дар ҳамин ҳавову бо ҳамин талаб аст. Талабе, ки ҳақ ба ҳақдор бирасад.

А.Ҷомӣ

Салом, бародар Муҳаммадиқбол. Мо, ҳафт нафар аз ноҳияи А. Ҷомӣ бароят як ҳодисаи шударо ҳикоят мекунем. Соли 2015 дар қишлоқамон маҷлис баргузор карда фармон доданд, ки сари мард100 долларӣ ҷамъ мекунем барои таъмири бинои мактаб. Мактаби №3. 40 ҳазор доллар ҷамъ шуд. Хурду калону пиру ҷавон насли солҳои 1971то 1995 ҳама сад доллрӣ доданд. Сипас мардум ҳашар карда мактабро таъмир намулем, то бом шифераш иваз  кардем. Ҳамаи ин корро халқ бо маблағ ва қувваи худаш кард. Ҳамин тавр боз ду пули дигарро ҳам худи мардум бо ҳашар сохт. Аммо аз ноҳия прокурор, милиса, маориф омаданду ин ҳамаро ба навор гирифтанду дар телевизион дар барномаи Ахбор нишон дода гуфтанд, ки бо пули давлат ин ҳама ободкориҳо сурат гирифт. Мудири маорифи ноҳия бо супориши прокурор, ки Хайриддин ном дошту ҳоло ба Роғун интиқолаш доданд директори мактабро маҷбур кард, ки ба ҳуҷҷатҳои бардурӯғ сохтаи онҳо, ки гуё ин ҳама корҳо бар ивази 16 миллион сомонӣ аз ҳисоби бюҷети ноҳия сохта шудааст, даст монад. Директори мактаб Саидов Ҷовидон имзо кард. Вале аз ҳамон сол инҷониб Саидов Ҷовидон корро бас карду ҳоло дар Русия муҳоҷири меҳнатӣ аст ва ягон бор ҳам дигар наомадааст. Директорро тарсониданд, ки агар аз ин кор ягон кас бӯ барад зиндгиатро ҷаҳаннам мекунем. Ин корро муовини шуъбаи умури ҷустуҷуи Пулод Раҳимов, прокурор Дӯстов Ҷамшед, ки дар коррупсияи Қурғонтеппа кор мекард  ва падараш Дӯстов Ҷумъабой коргари УВД аст онҳо карданд. Ҳамин тавр инҳо 15 миллиони давлатро бо роҳи фиреб, сохтани ҳуҷҷатҳои қалбакӣ гирифтанду ах худ карданд.

“Ин Раҳимов Пулод бисёр инсони разил аст. Чандин нафар муллову мавлавиҳоро ришҳояшонро қоқоқоқ тарошид, пулҳояшонро гирифт. Онҳоро, ки 36-37 сола буданд 15-16 сол таҳсили илм карда буданд бурду шинонд. Ин фрмони ҷаноб аст ки бояд ҳама бериш гардад гуфта бисёр азоб дод.”

Ҷойи зиндагии мо колхози пешини Ленин аст, ки ҳоло Қадриддин Ғиёсов ном дорад.

Чанд нафар аз бачаҳои пулдорро, ки дар Русия пул кор карда хонаҳои баланду зебо сохта буданд ҳамин Раҳимов Пулод бисёр ғам дод. Асосан ғармиҳоро хело сахт  ғам медиҳад.

Ду бачаи қишлоқро барои ошноияшон бо Иззат Амон даъват кард ва ба 6-ой отдел бурд дар пеши чашми раиси маҳалла ва муллои қишлоқ нохунҳояшонро бо амбур канданд. Ва саволашон ҳам ин буд, ки Шумо бо Иззат Амон дар бораи чи гап мезадед? Якеашро 6 ва дуюмиашро 8 сол доданд. Гуноҳи инҳо ин буд, ки тобути як нафар марди ҳамдеҳаамонро аз Маскав бо воситаи Иззат Амон ба деҳа фиристоданд.

Саидов Ҷовидон-директори мактабро таҳдид мекунанд, ки агар дар ягон ҷо гап задӣ тамом, 20 сол мешинонемат. Вай дар аввал ба санади тартибдодаи инҳо, ки ба воситаи он 15 миллион сомонии давлатро гирифта байни ҳам обу лой карданд даст намемонад. Вақте халқ мепурсд,ки чаро даст мондӣ? Мегуяд прокурор дар кабинеташ 4 соат манъ карда таҳдиду дашном дод….

Нуробод

Салому алейкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳ акаи Муҳаммадиқбол.

Ман сокини ҷамоати деҳоти Сафедчашмаи ноҳияи Нурободам. Бигзоред номи ман махфӣ бимонад. Маро ҳаматарафа ғам дода истодаанд. Сар мекунем аз бузи калони қишлоқ Маҳмадсолеҳ Ҳамидов. Ин одам ҳам буз аст ва ҳам ҷодугар. Ҳам мардумро ҷоду мекунад ва ҳам мефурӯшад ба шуъбаи дохилӣ ва КДАМи ноҳия. Бе иҷозати вай гапи ҳеҷ кас аз хоҷагии қишлоқ ба ноҳия намегузарад. Ин авлод мисли авлоди Эмомтапак дар ҳама идораҳои ноҳия ҳастанд:-дар ҷамоат, дар мактаб, дар бемористон, хулоса дар ҳама ҷойи қишлоқ инҳо соҳибанд. Инҳоро бо лақаби «ҷугӣ» ҳам ном мегиранд. Беҳад ҳоли мардумро ба танг овардаанд. Синаш аз 70 боло аст. Дар қишлоқ зиндагӣ мекунад. Ду  писар дорад. Писари калониаш дар ҷамоат дар мизи шиносномадиҳӣ, номаш Зиёратшо бо лақаби мулло. Ин одам аз ҳар ҷавони синни даъват-призивник ба камияш 8.000 сомонӣ ва боло то 10.000 сомонӣ мегирад. Бачаҳое, ки Русияанд, падарошонро мебарад маҳкам мекунад: «то писаротонро наёред, ҳуйятон намекунем»– мегуянд. Ҷамоат аз 1000 хоҷагӣ ҳам бештар аст. Ҳар хона ҳатман як облавагурез дорад. Писари дувумаш як бесаводи подабон буд. Аз Русия барои 30 сол депорташ карданд. Дар бемористон қаровул буд. Ҳозир мудири қисми хоҷагӣ (завхоз)-и беморхона аст, ки бовар кунед он қадар бесавод аст ки номашро навишта наметавонад. Ҳоло акнун беморхонаро соҳибӣ кардаистодааст. Тамоми маблағи дарову барои беморхона таҳти контроли ӯст. Дар як ҷамоати калон як дорухона аст ки аз они як худобехабари зинокор-Маҳмадрозиқ Исломов бо лақаби «каяминик» мебошад. Ин дорухона дар назди бемористон воқеъ аст. Маҳмадрозиқ аввалҳо дар беморхона завхоз буд. Бо беморе зино карду ба даст афтод. Аз кор сураш карданд. Вай ягон каси дигарро намегузорад, ки дорухонаи дигар бисозад. Агар нархи дору дар ноҳия ду сомонӣ бошад дар мо панҷ сомонӣ аст. Мактаби деҳа бошад дар дасти бачаи акаи Маҳмадсолеҳ Саидов,ки номаш Абдусамир аст.41 сол дорад директори мактаб аст. То дар мактаб директор шудан аз қафои барзаговҳои ҷуфтӣ мегашт ва говрон буду заминҳои мардумро ҷуфт мекард. Ин нафар ҳам буз аст. Падараш ҳам КГБ-и калон буд. Асноди Абдусамирро Ғарм бурд, 40 рӯза хонд, бар ивази қоқи себ. Ҳоло 5 сол шуд, ки директор аст. Ин касофат ҳам буз аст ва ҳам бисёр арақ менушад. 24 соат маст аст. Духтарҳои синфҳои 10 ва 11-ро таҷовуз мекунад, бачаҳоро мезанад. Ягон кас дилёб намешавад, ки ба ягон ҷо муроҷиат кунад. Дар дохили утоқи кориаш бо ҷураҳояш арақ мехурад, дар муассисаи таълимӣ, макони илму донишомузӣ. Як муаллимро пушти дар посбон мемонад. Номи писари дуюмаш Ҳамидов Зикрулло мебошад. Охир мо ин ҳама дарду шикотҳоямонро ба куҷо расонем? Ин шикоятҳоро ба кадом ниҳодҳои дар ноҳия буда нависед капаи худат месӯзад. Ягона ҷое барои дарду шикоятҳоямонро гуфтан ин Ислоҳ аст. Илтимос дарди моро расонаӣ кунед, то болоҳо огоҳ гарданду ба додамон расанд.

Ворух

  Салом бародари азизу гиромӣ Муҳаммадиқбол!

Соли 2018 раиси шаҳри Исфара Сиҷоиддин Саломзода, ҳофизи халқии Тоҷикистон Исроил Файзиддинов, фарзанди Сиҷоиддин ва чанде дигар бо ташаббуси сардухтури беморхонаи шаҳр Муҳаммадов Тайибиддин сафари корӣ ташкил мекунанд ба шаҳрҳои Новосибирск ва Москва. Барои чи маҳз сардухтур? Ба он хотир, ки то гирифтани вазифаи сардухтурӣ ӯ якчанд сол дар муҳоҷират қарор дошт ва байни ҷавонон мавқеи худро дошт. Ӯро ҳама мешинохтанд. Баъди солҳои 1992-2005 ба фурӯши маводи мухаддир низ даст задааст. Шогирди беҳтаринаш, яъне дасти росташ як сокини Ворух Сангинов Сулаймон мебошад. Бармегардем ба сафари Новосибирск. Дар онҷо маҷлис доир карда тамоми соҳибкоронро даъват мекунанд. Толор пури одам. Ғайр аз соҳибкорони ворухӣ дигар намояндагони ягон ҷамоат ба назар намерасид. Дар бораи ободӣ бошад сухан ҳамто надошт. Инҷо тамоми фишкаҳои (секретҳои)-соҳибкорон бо ташаббуси сардухтур Тайибиддин кушода шуда буд. Тамоми корҳои ободкориро аз шаҳр то Ворух ба зимаи соҳибкорон месупоранду халос.

Навори сафари раиси шаҳр Суҷоиддин Саломзода дар Ютуб ҳаст ва дар он дида мешавад, ки чи хел лаганбардорон пешвоз мегиранду аз минбар баромадҳо мекунанд.

 ” Барои чи ин суханҳоро менависам? Барои он ки халқи Ворух бинед, ки шумо киро тарбия кардед. Дар ду соли раиси шаҳр будани С.Саломзода соҳиби квартираи чорхонагӣ кардедаш, бо тамоми лавозимоту евроремонт, соҳиби мошини қиматбаҳо гардид. Ҳатто дар вақти хариди квартира Ҷалоли қасам ба тамоми ташкилотҳо доля баста буданд. Ҳар моҳ аз маоши коргарон маҷбурӣ як маблағи муайян мегирифтанд. Ӯ гуё раиси шаҳр набуду як гадое бошад.”

Баҳогузории собиқ раисони шаҳри Исфараро нағз гуш кунед. Яке Амиров дигаре Суҷоиддин. Баъди Саломзода аз кор рафтан дар шаҳри Душанбе ҳарду ҳамроҳи дигар ҳаромхурҳо вохӯрӣ ташкил мекунанд. Таваҷҷӯҳ ба ин ду нафар буд. Саволи аввалин, ки ба ин ду нафар медиҳанд, чунин буд:

Шумо дар Исфара кор кардед халқи Исфара чи хел будаст ва худи Исфара чи хел ҷой аст?

“Ҳарду каме хомӯш истода пичир -пичир мекунанд Амиров бо таври шухӣ ҷавоб медиҳад:Халқи Исфара нимашон буз, ними дигарашон дузд будаанд. Ҳама баробар механданд, чун круги худашон охир.”

Пас аз Исфара Сиҷоуддин Саломзода раиси шаҳри Бохтар шуд ва аз онҷо омад дар Душанбе муовини Рустам таъин шуд. Ҷойҳои сердаромад будаанд Исфара ва Қурғонтеппа.

Халқи Исфара бинед шумо киро тарбия кардед, асосан халқи Ворух, ки барои гирифтани замин ба Саломзода маблағҳои калон додед.

Бармегардем ба Новосибирск. Баъди маҷлис саёҳати Саломзодаи гадо сар мешавад. Ба як мағоза дохил мешаванд. Фарзандаш он ҷо як костюми замонавиро маъқул мекунад бо маблағи 60ҳазор рубл. Вай фарзанди раиси шаҳр-гирифта додан шарт ва зарур аст. Маблағро як косалеси ворухӣ Нуриддин ном бача пардохт мекунад. Хулоса дар он мағоза ба 280ҳазор рубл маблағ сарф мешавад..

Акнун бегоҳ зиёфат дар яке аз ошхонаҳои бо бонуфузи ш.Новосибирск. Дар ин зиёфат давоми ду рӯз 765ҳазор рубл хароҷот мешавад. (ба ин хароҷот ҷои хоб-меҳмонхона ҳам ҳисоб карда шудааст). Боз ҳангоми рафтанаш пули калон ҷамъ карда додаанд. Раиси он вақти шаҳр аз онҷо ба Масква рафт. Тайи ду рӯз «корҳои фаҳмондадиҳӣ» гузаронда ва доля бо пурагӣ гирифта шуд. Сардухтур Тайибиддин ба як соҳибкори ворухӣ занг мезанад.

“Ин соҳибкор Ҳоҷӣ Сорбон як фарзанди Ворух, ки солҳост бо меҳнати ҳалоли худ фаъолият мекунад. Якчанд заводу склад дорад. Ҳазорҳо нафарро яъне муҳоҷиронро бо риояти бечуначарои қонунҳои Русия мехуранду мепӯшонад. Дар ин хусус ягон шикоят надорем, чунки хариду фурӯши ҳалол дораду халос, ба маводи мухаддир сару кор надорад.”

Бародари азиз Муҳаммадиқбол дар як барномаатон оиди фурӯхтани осоишгоҳи Зумрад ба як соҳибкор гуфта ва таъкид карда будед,ки харидорӣ накунанд, оқибати хуб надорад, рост гуфта будед, ана ҳамон соҳибкор якеаш Ҳоҷӣ Сорбон буд, ҳоло фаҳмидед?

Хулоса,занг зада мегӯяд Ҳоҷӣ гап байни хардуямон оянда раиси шаҳр ман бояд шавам. Мо ҳамроҳи раиси шаҳр ба Москва парвоз дорем. Шумо се мошини сиёҳ оинаҳояш ҳам сиёҳ карда шуда бошад, тайёр кунед. Ғайр аз ин ба меҳмонхонаи Украина ба ҳашт нафар ҷой брон карда монед. Ҳоҷӣ Сорбон, ки як шахсияти солим ақл буд ин суханҳоро дуруст қабул мекунад ва ҳамин тавр ҳам шуд.

Се мошини сиёҳ аз прокат, меҳмонхона, сауна, зиёфат дар панҷ рӯз ва ташкил намудани маҷлис 2,5-миллион рубли русӣ хароҷот мешавад. Ҳамаи хароҷотро Ҳоҷӣ Сорбон пардохт мекунад. Мо дар ватан қонуни танзим гуфта гаштем,ана бинеду хулоса бароред.

Тамоми ину он ташкилиҳо маҳз бо ақидаи сардухтур Тайибиддин буд. Тамоми секретҳои соҳибкорони ворухиро ҳам дар Новосибирск ва ҳам дар Москва ба ин ҳаромхурҳо кушода дод. Ин сафар чи мева дод? То имрӯз ҳамаи соҳибкорони Ворух ба раиси шаҳр, касе набошад доля медиҳанд. Баҳона як гап ободӣ. Такроран хотиррасон мекунам ҳам дар Новосибирск ҳам дар Москва ягон соҳибкор аз дигар ҷамоатҳо қариб, ки иштирок накарданд. Акнун биёд  ҳисоб мекунем: Аз Тоҷикистон то Новосибирск, аз Новосибирск то Москва, аз Москва то Хуҷанд ба ин гурӯҳ ба ҳавопаймо кӣ билет мехарад, аз кадом маблағ медонед? Ҳазорҳо пули бо арақи ҷабин коркардаи шумо бародарон ба яғмо рафтааст,хуб фикр кунеду дигар чоплусиро бас кунед…

 Ваҳдат

Туғрал Алимардонов, корманди маҳбаси Кирпичний, шаш моҳ пеш аз кор озодаш карданд. Сураш карданд. Албатта,ки золим буд. Чанде пеш ба мактаби № 8 ба номи Мирзо Турсунзодаи шаҳри Ваҳдат, ки пеши говбозор, назди масҷиди ҷумъахонӣ ва дарвозаи дараи Ромит ҷойгир аст, омада аз талабаҳо-кудакҳои синфҳои панҷу шаш пурсидаанд, ки кӣ сура аз Қуръон медонад? Ду кудакро зани ҳамин Туғрал кадом соле «Қоидаи бағдодӣ» дарс дода будааст. Зани милиса, корманди пешини зиндонро бурдаанду як ҳафта маҳкам ва 66.000 сомонӣ ҷарима кардаанд.

“Ҳоло ин зан дар ҳабси хонагӣ қарор дорад. Ин зан аз Файзобод аст ва се кудак дорад. Касалӣ аст. Барои онки 6 моҳ пеш кудакҳоро дарс дода будааст, 66.000 ҷаримааш карданд. Аммо ин зан кайҳо аз ин маҳалла яъне аз хонаи хушдоманаш рафтааст. Ҳозир дар посёлка-шаҳраки Наврӯз, назди масҷид, пеши мактаб зиндагӣ мекунад. Комиссияи омада кудакони синфи 5-ро мепурсанд, ки аз куҷо сура ёд гирифтед,то мо ҳам бачаҳоямонро пеши ҳамон кас бубарем? Кудакҳо ҷавоб доданд, ки аз ҳамон зан.”

Боз ҳамаҷоро овозаву дарвоза кардаанд, ки дигар ин корро накунед, давлат судатон мекунад. Кас кудакашро мебарад таълим медиҳад, ба ин ҳол гирифтор мешавад.

Раиси маҳаллаи мо дар шаҳраки Навруз Давлат ном дорад, Давлати комендант. Дасти рости раҳматии ҳоҷӣ Ҳалим ва ҳоҷӣ Ҳаёт буд. Онҷо ҷойи ҳоҷӣ Ҳалим ва ҳоҷӣ Ҳаёт аст. Онҷо фабрикае буд, фабрикаи мурғпарварӣ, ки аз ҳоҷӣ Ҳалим буд ва нисфе аз онро ба эрониҳо ба иҷора дода буд. Ҳамаашро аз дасти инҳо гирифтанд. Баъдан ҳоҷӣ Ҳаётро ҳам куштанд. Ҳамин раиси маҳаллаамон Азимов Давлат, Давлати комендантро боздошт карда буданд, аммо 2 моҳ пас бароварданд.

Туғрал Алимардонов донишгоҳи политехникиро хатм карда чанд вақт дар Идораи Почта дар Душанбе кор мекард.Аммо аз соли 2012 дар маҳбас ба кор медарояд ва то соли 2022 кор мекунад. 1000 сомонӣ маош дошт. Телефони ину он маҳбусро гирифта мефурухтааст. Файзулло-писари журналист Аҳмад Самадовро доштанду бурданд Душанбе. Вай дар шабакаҳои иҷтимоӣ бо як «духтар» гап мезадааст. Аммо вақте меқапанд, маълум мешавад,ки он духтар дар асл бачаи амниятӣ будааст ва бо Файзулло аз тариқи «комент»-ҳо ошно шудааст. Модари Туғрал “қош” лақаб дорад. Бузи доми 25 ва раиси маҳалла аст. Раиси маҳалла ончуноне гуфтем Давлати комендант мебошад.

Давлат то соли 2010 ҳам раиси маҳалла буд. Аммо аз соли 2010 ҳоҷӣ Абдукарим як нафар маҳбуси собиқ дар маҳалла раис шуда буд. Вай зиёд ободӣ кард. Масҷидро обод кард, барои шаҳрак замин барои қабристони нав гирифт,чунки манзил пур шуда буд. Баъди ҳодисаи ҳоҷӣ Ҳалим ӯро гирифтанду боз ҳамин Давлатро раиси маҳалла монданд ва ӯро бузи худашон карданд.

Як вақт ҳоҷӣ Ҳаёт бо ҳамин Давлат ба мардум замин тақсим карданд- участка фурӯхта буданд. Ин дар соли 2004 буд. Аз 36-39 нафар пул гирифтанд. Дар ин кор Давлат, чуноне гуфтем бо ҳоҷӣ Ҳаёт шарик буд. Аммо то ҳоло ба мардум замин надодаанд. Ҳар касе пеши Давлат мераваду аз замин суол мекунад ӯро пагоҳ ба амният даъват мекунанд. Як нафар буд Пулод ном дошт, дар хона се -чор мард буданд. Вай чанд бор ҳамроҳи Давлат бисёр ҷангу кашокаш кард. Ҳозир ӯро барои худаш муовин таъин кард. Ӯро гуфтааст, ки пули заминатро аз мардуми маҳаллаву аз масҷид кор кун. Яъне ҳамон пулеро, ки аз ӯ Давлат барои замин гирифта буд. Ҳозир Давлати коммендант ӯро бузи худаш кардаст. Пулод бачаи Толиб аст.

Соли 2014 ё 15 буд. Амирзода Раҳмоналӣ , раиси шаҳри Ваҳдат буд. Моро маҷлис даъват кард. Дар маҷлис аз аввал то охир фақат аз президент таъриф мекард. Яке гашт гуфт “коре ки президент дар ҳақи ҳамин мардум кардагӣ аст, пайғамбаратон кардагӣ нест.  Пайғамбаратон чи кор кардагӣ як қуръона овардагӣ”.

Раиси маҳаллаамон Давлати комендант аз ҳар даъватшаванда 2000 сомонӣ мегирад. Вай дарвозӣ аст. Мардумро дар пучоқи семучка ҷо кардагӣ аст. Ҳатто ҷои бозии кудакҳоро барои домсоз бар ивази пули калон фурӯхт. Ҳар гоҳ бихоҳад бо ягон баҳона аз мардум пул меситонад. Масалан мегуяд, ки 40 сомонӣ обунапулӣ ҷамъ кунед. Ин пулро тавассути «қош»-и очаи Туғрал Алимардонов ва Юнус як марди дигар анҷом медиҳад. Мардуми маҳаллаамонро маҷбур мекунад.Изо медиҳад, ки «наход дар хонаи одами зинда 40 сомонӣ набошад».

Давлати коммендант ҷураи ҳоҷӣ Ҳаёт буд. Барои ҳамин ӯро бузаш кардагианд. Масалан мегуяндаш,ки 50 000 сомонӣ биёбу барои «отдел» бидеҳ. Нафарҳоеро,ки аз Русия омадаанд, манъ мекунад ва мегуяд,ки чи хел ту аз Русия омадаӣ, ки пул надорӣ, пулро парто. Меояд оби нассосро хушк мекунанд, светро мекушанд, мегуянд 50 сомонӣ сари ҳар як хона пули коммуналний оварда диҳед, баъд обу свет медиҳем. Ин Давлати комендант як қиёмат замин дошт, ҳамаашро фурухт, хонаҳояшро фурухт. Дар тую маърака мешинад, ду шиша арақ пешаш мондагӣ. Баҳонаи дигараш ин аст ки нассосро мехушконаду мегуяд,ки 50 сомонӣ бидиҳед, вайрон шудааст. Мардум ҷамъ карда медиҳад, боз тинҷ шуд, ту аз Русия омадӣ сесад –панҷсад бидеҳ.

Як ҳодисаи дигари воқеӣ. Як нафар милиса бо номи Зафар Раҳимов ҷураи Шоҳрух Сайид як нафарро бари онки навзодашро Муҳаммадиқбол ном кард 400 сомониашро гирифта баъд, зоднома дод. Гузоштани номи Муҳаммадиқбол дар мо ҷиноят шудааст.

Дар масҷиди Чуқайша рейд мешавад. Нафаре бо номи Шамсиддин Бобизодаро мекобанд. Падараш пештар дар зиндон буд. Ҳамин Зафар Раҳимов телефонашро гирифта тамошо карда будааст. Як ҳафта пас  мегуяд, ки паспортатро гир биё. Як ҳафта пас омадан наручник задан бурданд. То ҳозир маҳкам. 10 сол срок мегирад. Барои тамошои барномаҳои мухолифон. Аввал дар рейди риш ӯро меқапанд. Телефонашро мегиранд,ҳоло ду моҳ шуд маҳкам. Дар ҷамоати Нуъмон Розиқ барои риш  чанд нафарро мегиранд.

Ин ду духтаре,ки мегуянд сура медонанд бачаҳои Ёқуб ва Муҳиддинанд. Муҳиддин посбони бозори гов. Ёқуб ба истилоҳ «расиян»-муҳоҷири меҳнатӣ. Ин духтарҳо Шукрия ва Озода ном доранд, кудакҳои хурд. Ёқуб 3000 ва Муҳиддин 1000 сомонӣ ба зани Туғрал Алимардонов доданд, зарарбардорӣ .Гуфтаанд, камбудӣ дошта бошӣ харҷ кун. Туғрал гуфтааст, ки занамро сар медиҳам. Яке гуфт,ки хонаашро дар фурӯш гузоштааст, чун пули ҷаримаи супоридаашон қарз будааст.

Айнӣ

Ман собик корманди ВВС ПВО ҳастам. Зиндагии мардуми деҳаи Кантеи боло вазнин буд. Ман баъди ба афсари эҳтиётӣ баромадан аз як бародари муҳоҷир қарз гирифтам. Аз Хуҷанд рафта нақлиëти боркаш гирифтам. Ба бозори Гипрозем як моҳ тарбуз ва харбуза   овардам. Раиси ин бозор бозорро монополия кардагӣ аст. Омад- омади иди каду буд. Ҳама оптовикҳоро як мард бо либоси мулкӣ омаду гуфт бори хуб биëред ва рост маркази шаҳр баред, намоиш мекунем. Баъди обед меоед ва дар идома як ҳафта бе чекпулӣ кор мекунед. Ягон кас ғам намедиҳад. Гуфт бисёриҳо рафтанд. Барои як харбузаи калон раиси бозор омад. Гирифта бурдани буд. Ман гуфтам дар ҷояш мон. Гуфт «ту медонӣ ма киюм?» Гуфтам, ту киӣ? Гуфт «ма раиси бозор». Ман гуфтам, ки ба ин бозор бепул надаромадаам. Пулашро бидеҳу бибар. Гушнаӣ, ки нопурсида медуздӣ? Баъди ин кор як ҳафта бо кормандони бозор разбор шуд. Бозорро бас кардам. Аз одамҳо раҳбараҳ пурсидам, ки ангишт аз куҷо биграм? Барои хона ангишти хуб даркор. Адрес доданд Канте. Роҳҳояш ҷазиру хароб. Мардумаш бо сатилу линга роҳро хок мерехтанд. Гуфтам инҷо чи хабар? Гуфтанд,ки «баҷо шавен,ки фирмаи «Фароз» қишлоқа кофтанӣ омадестиян». Ман мошинро дар як тараф монда тамошо карда шиштам. Омаданд. Ҳамроҳашон участковий ва  ду КамАЗ. То роҳро кушодаву то боло омаданд. Аҳолии деҳа ангишти бо азоби сахт бо тешаю зоғнул шаб хоб на рафта ҳаëти худашро дар хатар монда мефарорад ва дар назди хонааш мемонад   «шумо дузд, моликияти давлатиро дуздидӣ» гуфта дар мошин бор карданд. Боз участковий бо таҳдиду шантаж, ки делоятон месозам ду -се ҳазори онҳоро меканад.  Дар як моҳ  ду бор мерафтаанду ҳамин корро мекардаанд. Мардуми қишлоқ «доля» намедодаанд. Барои ҳамин ғам медодаанд. Дар поён, дар байни дара шахта доштаҳо сари ҳар линга як сомонӣ доля медиҳанд.

Як КамАЗ панҷсад то ҳаштсад лингча мегирад. Участкавой дар сари гардиш меистад ба Мереседесаш ва муовинаш бо Ҷипи Мусо поëнтар дар пеши кони дастчин. Дар байни одамҳо як мусафеди буз буд, кадоме маъқул намешуд бузӣ мекард. Участковий дар поён ранги гаишник мошинро манъ карда ҳуҷҷат мепурсид. Ронандаи бесавод медод. Баъд аз панҷсад то ҳазор сомониашро меканду онгоҳ ҷавоб медод. Маро ҳам манъ кард. Ман гуфтам, ки ту дуздӣ ë ки участкавий. Худатро муаррифӣ кун. Вақте ман «муаррифӣ» гуфтам вай гуфт шумо корманди куҷо? Ман гуфтам барои ту чи фарқ мекунад. Гашту ба ман гуфт, ки шумо аз Данғара, биё вақт дошта бошед бурда «ужин ташкил кунам». Ин гапро гуфту рафт дасту по хурда шуда тарафи мошинаш.  Баъди ин ҳодиса ман ба бор мерафтам мардуми онҷо ба ман бор надоданд. Гуфтанд,ки «ака агар бор диҳем мусафед моро бузӣ мекунад».Қиса кутоҳ шахтаи поён доля ба «Фароз» месупоридааст, мардууми деҳаи Кантесар хам намекардаанд. Инҳо бошанд дар як моҳ ду -се бор хона ба хона кофта сад линга зиëди ангиштро мусодира карда мегирифтаанд, охир ин чи ҳукумату давлатдорӣ аст намедонам. Фароз ширкати домоди Раҳмонов, баъд чӣ ? Ин мардум барои шумо магар ғулом аст,ки ин қадар зулм мекунед бар мардуми камбағал?

Кулоб

  Салом бародар Муҳаммадқболи Садриддин

“Минбари муҳоҷир”-ро тамошо  кардем. Он бародари афғон, ки дар бораи Тоҷиддин-командир суҳбат кард, тамоми гуфтаҳояш 100% рост аст. Мо.Тоҷиддин-командирро хуб мешиносем. Як солҳои тағои вай Ҷумъахон-командир буд. Тоҷиддин сардори заставаи Чубек буд. Баъди чанд соле дар комендатураи Ҳамадонӣ сардор буд. Дар бораи наркобизнесаш ягон зарра шаку шубҳа вуҷуд дошта наметавонад.

Аҷали ин командирҳо  ба шумули Тоҷиддин боз як командири дигар буд бо номи   Давлат.  Онҳо он замон як дунё буданд. Аҷали инҳо Давлати Чол буд. Агар Давлат меомад ҳамаи инҳо дар елчаи муш ҷо мешуданд. Ба наздикӣ дар Кулоб дастуруи омодабош шуд. Тоҷиддин-командир бо чанд грчинакош ҳам онҷо буданд. Ҳамаи онҳо ҳам наркобизнесанд.

Бегоҳ  рафтанду дар ресторани Тоҳир ифтор карданд. Он чанд нафаре, ки баромаданд дар бораи афғон гап заданд. Грчинакои Тоҷиддин-командир чоплусӣ мекарданд. Дар вақташ онҳо ҳар куҷо мерафтанд дар бораи Қурбони Чол ва Давлати Чол гап мезаданд. Аммо ҳоло ба хонаи Қурбон ё Давлат як нон харида овардагӣ нестанд.

Домулло як чизи дигарро гуфтаниам. Дируз дар бораи Шамшод барнома кардед. Ман дақиқ медонам,ки  Шамшод Шарифов,Зафар Холов ва Ҷамшед Кароматов дар СИЗО-и Кулоб маҳкаманд. Боз барои ҳамаашон як моддаи дигар изофакардаанд. Пешашон ягон нафар даромада наметавонанд. Бояд ба наздикӣ делоҳояшонро ба суд бидиҳанд.

Share This Article