Номаҳо аз ноҳияҳо ба«Ислоҳ.нет»№102

Ислоҳ нет

 Дар тамоми нашри барномаи «Номаҳо…» ҳатман аз афроди оилаи Раҳмонов як нафар ва ё дуву се нафар ҳузур доранд. Ҳузури онҳо ҳамеша манфӣ аст. Чун ҳеҷ коре хайру савобу мусбат намекунанд. Фикру зикрашон дуздидан ва пул кор кардан аст. Гуё барои мардум, гуё барои миллат кор карда истодаанд, «шарики рушд» мешаванд барои давлат. Аммо инҳо дар асл давлатро медузданд ва барои мардум масъала ва мушкил эҷод мекунанд. Мисоли равшани он ҳамин ширкати пулчинаки IRS-дар роҳи Душанбе Хуҷанд аст. Бо қарзи давлати Хитой сохта шуд, Бюҷети мамлакат ин қарзро бо протсенти вазнинаш баргардонида истодааст. Халқ аз ин роҳ бепул намегузарад. Пулро бошад «шарики рушд»– Озода Раҳмонова мегирад  бо шавҳараш Спитамебонк месозад. Ҳоло аз Конибодом дар бораи яке аз дигар «шарикҳои рушд» навиштаанд. Дар ҳақиқат аз чанд кас ҳам шунавидем, ки мегуянд ҳар гоҳе телевизионҳои Тоҷикистон ва ё худи Раҳмонов аз ҳамкории давлат бо «шарикони рушд» гап мезананд, ҳатман Шамсулло Соҳибов пеши назар меояд:   

                                    Конибодом 

   Ассалому алейкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу! Ман як бародари мусулмони Шумо аз Суғд ҳастам. Ин номаро ман аз Конибодом аз ҷамоати деҳоти Лоҳутӣ ба шумо менависам. Ҳоло мардуми Суғд мавриди доруҳои эксперементии ширкати дорусозӣ ва доруфурӯшиҳои «Сифатфарма»-и Парвина Раҳмонова, духтари Эмомалӣ Раҳмонов ва завҷаи Ашрафҷон Гулов, сафири Тоҷикистон дар Туркия қарор гирифтаанд.

  Аз тарафи дигар маҳз бо дасти ҳамин тоифаи ба ном тоҷир аз ҳисоби бачаҳакои боло дар Хуҷанд ва дигар навоҳии вилояти Суғд арақҳои пастсифати “самогон ва водка”, энергетику пиво генетикаи мардумро ҳарому хароб карда истодаанд. Ин ҳама тиҷорати оила ва режим аст. Яъне ҳамаи ин чизҳо сар карда аз доруҳои пастсифат, то сигарету нушокиҳои спиртӣ, оҳиста –оҳиста генофонди мардумро вайрон карда истодаанд. Мардуми моро мисли муши лабораториявӣ кардаанд. Ҳоло бошад боз доруҳоро аз Қирғизистон оварда истодаанд.  Доруҳое, ки сифаташон дар дараҷаи хеле паст аст. Тамоми бангу героину чарсу афюн дар вилоятро ҳамин бачаҳакои боло, ҳатто кормандони баландмақоми амнияту милиса тақсим мекунанд.  

 Мақсади навиштаи номаи ман ҳамин буд, ки “Сифат -фарма” бояд тафтишкарда шавад. Махсусан доруҳои истеҳсолмекардаи ин ширкат, ки ҳоло дар аптекаҳои махсусан Хуҷанд ва Конибодом фурӯхта мешаванд, бояд аз экспертиза гузаронида шаванд.

Талаб дорам сифати доруҳои дорухонаҳои шаҳри Конибодом ва ҷамоати деҳоти Лоҳутиро санҷанд! Мо мардум бароятон “муши экспериментӣ” нестем оғои Ашрафҷон Гулов ва бону Парвина Раҳмонова

Ва бо истифода аз фурсат мехоҳам як воқеъаро нақл кунам. Вақте Раҳмонови диктатор ба Қарақчиқуми Конибодом омад, як корманди милиса – ГАИ ба ман 50 дирҳам дода гуфт ” бра мада нос бигӣ биё” .

Маълум буд, ки аз рутбааш суиистифода мекард. Чунки дасти ҳалоли манро ба ҳамон ахлот ифлос кард. Ҳамон носат,   заҳрат бодо!   

Ҳоло милисаҳои “гург” баъд аз соли нав ба точкаҳои пешинаатон баргаштанд. Ва пулро ба монанди Азизмбои тракторчии солҳои 1987 хеле зиёд кор мекунанд.

 Якеаш дар Ҷаҳонзеб дигараш дар Лоҳутӣ. 

 Акнун паёме дорам ба Абдулло Навҷавонов, сардори Раёсати дохилии вилояти Суғд

 ” Эй генерал, ту дар Хуҷанд кайф карда мегардӣ, ин сагҳоятро дар Лоҳутӣ ва Қарақчиқум оварда мондӣ. Инҳо дар як рӯз ба камияш то 9000 сомонӣ аз мошинҳои роҳ пул кор мекунад. Ман ҳамчун суғдӣ норозӣ аз ту ! Ин роҳро ба монанди “IRS” кардӣ. Мо мардуми Суғд бароят чопик нестем, мо истеъфои туро талаб дорем Буратинои сабзибадаст!

Ва ин паёми дигарам ба худи Ашрафҷон Гулов аст: 

 “Ҳой оғо Ашраф, ин доруҳои фирмаи Шумо хеле сифаташ паст аст, нархаш хеле баланд аст. Доруҳоро босифат истеҳсол кунед барои мардуми Суғд. Охир мардумро шумо инвалиду қадпасту ” недоношенный” карда истодаед. Ва бовар дорам натанҳо дар Суғд, балки дар тамоми Ҷумҳурӣ. Ва главврачи калони Конибодом, Самиев Ҳусейни коррупсионер бояд ҳатман тафтиш шавад.  

Бародар Муҳаммадиқбол! Мутаассифона, имрӯз ҳатто саломатии мардум дар дасти ин “Оила” ҳаст. Агар Раҳмонов дӯстдори водка бошад, ин маъноеро надорад, ки тамоми мардумро бояд ба монанди ӯ алкоголик кард, ё герчику банг, ба монанди Рустами Эмомалии гунгак.

                              Душанбе

Ассалому алейкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу бародари гиромӣ!  

  Ман зодаи шаҳри Душанбе, соҳиби маълумоти олӣ мебошам. Ҳангоми дар Ватан будан тули 3 сол аз паи ҷустуҷуи кор будам. Куҷое нарафтам. Ҳамаашон мақсадашон маблағ буду халос. Якумин саволе, ки дар мусоҳиба медиҳанд, ин аст ки «зодаи кадом минтақаи Тоҷикистон ҳастӣ?” Бовар кунед, хаста шудам дар Ватан ва роҳ гирифтам суи ғарибӣ. Якумин сафари ман ба Федератсияи Русия буд. Ҳангоми ба сарзамини Русия расидан яке аз кормандони фурудгоҳ ба ҳамаи мо тоҷикон гуфт, ки Шумо чаро ба ин ҷо омадед. Ҳайрон мондам.

Дар Русия аз вазъу аҳволи ҳамватанон бохабар шуда, ғамгин шудам, чунки кадр надорем. 

 Чанд муддат дар онҷо истода ба Тоҷикистон баргаштам. Ватан аз пешина дида дар вазъияти вахимтар қарор дошт. Дар ҳамаҷо коррупсия дар авҷи аъло. Бо кормандони давлатӣ ҳатто сухан гуфта намешавад. Умуман эҳтиром дар миёни мансабдорону шаҳрвандони одӣ намондааст. Чанди дигаре дар Тоҷикистон иқомат кардам. Вазъи молиявиямон дар зинаи паст қарор дошт. Бо изни худованди меҳрубон ба яке аз давлатҳои аврупоӣ ҳамрохи оилаам куч бастем.  

  Вақте хориҷиён мепурсанд, ки аз куҷоед шумо, мегуем аз Тоҷикистон. Мегуянд дар куҷо аст ин давлат? Дар тааҷҷуб афтодам. Косалесон бошанд доим лоф мезананд, ки пешво Ватани моро дар ҳамаҷо муаррифӣ намудааст. Хок дар сараш бод ҳам худашу ҳам маддоҳонашро. 

 Мо дар яке аз ноҳияҳои шаҳри Душанбе зиндагӣ мекардем, обро соатакӣ медоданд. Қувваи барқ ҳаррӯз қариб, ки хомуш карда мешуд. Ба шабакаҳои барқии шаҳрӣ занг мезадам, мегуфтанд, ки ҳозир дар истгоҳ садама шудагӣ, бартараф мешавад. Доим ҳамин суханҳои пасту дуруғ. Барои кӣ месохта бошанд, ин ҳама неругоҳҳоро?

   Дар гузаргоҳи сарҳадӣ барои убури сарҳад, ҳатто барқ надоштанд, ки халтаҳои моро санчиш намоянд. Барои убур кардани сарҳад аз ман маблағи муайян кор карданӣ буданд. Умуман на савод доранду на фарҳанги рафтору гуфтор. 

 Бовар кунед, тули як сол мешавад, ки дар мамолики ғарбӣ ҳастам. Ягон маротиба қувваи барқашон хомуш нашудааст, об 24 соат ҳаст. 

Боре аз ман як бародари афғон пурсон шуд, ки исми фарзандат чист? Номашро гуфтам ҳайрон шуд. Суол кардам, ки чаро? Гуфт, ки Президенти шумо гузоштани номи исломиро манъ кардааст, чи хел номи фарзандатро исломӣ мондӣ? Ҳайрони зор мондам. Ҳатто ба гуши инҳо хабарҳои ватани мо мерасанд. Дар давом таъкид намуд, ки дар ватанатон феҳристи номҳои ғайриисломӣ доред. Шармам омад аз чунин роҳбар, ки бародари ҳамдину хамзабонам бароям ин суханҳоро гуфт.

 ХабарҳоиТоҷикистонро аз ҳамин ҷо хонда, ҳодисаҳоро дида ғамгин мешавам, фикри баргаштанро менамоям, аммо ин ҳодисаю хабарҳоро дида хоҳиши рафтан дигар аз байн меравад.  

  Мо оилавӣ ҳар барномаҳои Шумо, алалхусус “Минбари муҳочир”-ро интизор мешавем. Ҳар боре, ки барномаҳоро мебинем лаънат ба маддоҳону косалесони пасво мерасонем. Дида дониста ҳақиқати ошкороро тағйир доданӣ мешаванд.  

 Ман мухлиси ашаддии Шумо ҳастам. Тули 4 сол мешавад, ки барномаҳои Шуморо бо шавқи бисёр тамошо мекунам. 

 Аллоҳи меҳрубон Ватани моро аз чанголи ин авлоди гушнаю носерам бо роҳбарии калағафси бенур озод намуда, мо ҳама ғарибонро ба Ватани хеш бо сари баланд баргардонад.  

                                      Ҷалолиддини Балхӣ

Ассалому алейкум бародар! Номи ман …. Сокини шаҳраки Гулистони ноҳияи Ҷалодиддини балхӣ ҳастам. Айни ҳол бо ҳамроҳи зану фарзандонам дар муҳоҷирати меҳнатӣ ҳастам. Як шахсе ҳаст бо номи Давлатбеков Дилшод Қурбоназарович, сокини шаҳраки Гулистон. Ин шахс коргарии қушунҳои сарҳади дар гумрук Панҷи поён аст ва бо ҳамроҳи Ҳасан Абдуллозода наркотик бизнес мекард. Дилшод айни ҳол дар фурудгоҳи Душанбе кор мекунад. Кришаи ин шахс Рустами Эмомалӣ аст. Бачаи маро аз фурудгоҳ барои хизмати ҳарбӣ қапида аз мо пули калон талаб карданд ва 25 ҳазор сомонӣ гирифтанд ва писарамро баргардониданд. Тамоман ин давлат бе соҳиб аст. Ҳам худаш ва ҳам падараш Давлатбеков Қурбоназар  наркотик бизнес мекунанд. Номерҳои мошинҳояш 5555.

Додари хурдсолаш талабаи мактаб буд. Бо мошини падараш тамғаи Тойота Кемри як кӯдаки 6 соларо зада кушт. Аммо додари Далер Давлатбеков дар шаҳраки Гулистон озодона мегардад. Мо дӯкон доштем. Онро сӯзонданд. То вазири дохилӣ рафтам шаҳри Душанбе. Ҳеҷ кас корамро ҳал карда натавонист. 

Дилшод Давлатбеков ягон ҷой нахондааст. Маълумоти олиро харида аст. Аз роҳи   ҳаром пул ба даст меорад. Ҳамаи мардуми Гулистон аз дасти ин одамҳо ба дод омадагӣ аст. Мардумро шантаж мекунад. Хонааш 24 соат свет дорад. Аммо халқи бечора бесвет зиндагиашро мебарад.Б озори Гулистонро шахсӣ карда гирифт. 

                                               Панҷ

  Дуруд бар шумо бародар Муҳаммадиқбол! Ман аз деҳаи Чаманистони Панҷ ҳастам.

Хитоби ман ба раиси маҳаллаи Чаманистон Наврузов Зоир Халилович бо тахаллуси Зоир-  шайтон аст. Мо дар деҳаамон масҷиди панҷвақта доштем

  Вале вай масҷидро документ карда ба номи ду сағираи ҳаромаш гузаронд. Ин раиси ҷамоат кораш фақат талабидан ва пулҷамъоварӣ аст. Яке бо вай ягон гап занӣ пагоҳаш худатро дар амният мебинӣ.

 Дар деҳаи Чаманистон як мард ҳаст бо номи Маҳмуд Назаров. Камбағал аст. Вай ба ягон нафар кор надорад. Ӯро фанду фиреб карда дар соли 2000 дар назди хонаи вай як трансформатори барқӣ шинониданд. 23 сол шуд, ки зарараш дар хонаи Маҳмуд расида истодааст.

 Писараш ба раиси маҳаллаи Чаманистон Наврузов Зоир Халилович муроҷиат кард. Вале вай руирост писари ҳамин Маҳмудро пошёл н… кард: «бра дар куҷое, ки арз кунӣ, рав арз кун. Ман то ҷанобта задагиям».

  Мо дигар намедонем, ки дар куҷо шикоят кунем. Раиси горсвет омада дид ин  трансформатори баркиро. Гуфт ин трансформатор аз руи қонун набояд инҷо бошад, ин хавфнок аст. Аз назди тирезаи хона тақрибан 7 метр дур аст. Аммо ин Зоир –шайтон, худо хору залилаш кунад, писари Маҳмудро  посилат кард, ин бача намегиряду бас. Чанд кас  ӯро машварат дод, ки ба Муҳаммадиқбол бинавис, шояд нашраш кунад, то коркунони ҳукумати ноҳияи Панҷ бинанду дар ҳалли корат мусоидат кунад. Писари Маҳмуд розӣ нашуд. Гуфт, ки метарсам. Боз манро суд накунанд, ки ман 4 кудаки майда дорам.

   Писари Маҳмуд хабар надорад, ки ман мактубро ба шумо навиштам. То ки халқи деҳаамон фаҳмад, ки ин Наврузов Зоир Халиловичи шайтон, кӣ ҳаст ва чи кор мекунад.  

                                Конибодом

  Дуруд бар бинандагони шабакаи “Ислоҳ”!

Ман шери нари Суғд аз деҳаи Ҷаҳонзеб, собиқ Қарақчиқум, ҷамоати деҳоти Лоҳутии шаҳри Конибодом мебошам.

Шикояти мардуми ин ноҳияро аз болои кормандони Бег Сабур мехоҳам ба шумо нависам. Чунки то ба ҳол ҳеҷ амире, ҳеҷ ҳукуматдоре, зиёие, ҳеҷ Абдулло Раҳнамое ҳеҷ коргари Бег Сабуре шикоятҳои аз болои компанияҳои дузду ғоратгари вай, ки иборат аз Мегафон ТҶ,Зет- мобайл ва Тсели ниммурдае, ки суръати кораш зиёд аз 3 G боло намеравад, нагуфтаед.

Мехоҳам аз суръати интернетии ин 3 компанияҳо дар деҳаи Ҷаҳонзеби ҷамоати Лоҳутӣ инҷо пешкаши миллату мардум кунам .

ЗЕТ Мобайл ҳоло “мегабайт”-ҳои шабонаро, ки 25 000-и ва дигаре, ки аз 15 000 мегабайт иборат буд, онро бо рӯзона як кард. Яъне мо 50 000 мб ё 30 000 дорем, нархи 50 000 мегабайт 100 сомонӣ аст, нархи 30 000 мегабайт 55 сомонӣ. Ин нарх барои мо хеле дастнорас мебошад. Ин пасттарин суръати интернет дар СНГ мебошад ва гаронтарин дар Осиё.

Охир, эй Бег Сабур!  Ин барои мо мардуми “ғайри Душанбе” ё “берун аз Душанбе” қимат аст. Инҳоро арзон кун. Мо суғдиҳо хоҷа ё Зоири наркотикчӣ надорем, ки моро сарпарастӣ кунад.

  Зет мобайл як опция ба номи Ютуби безлимит дошт бо нархи 55 сомонӣ. Мо бо ӯ канали Ислоҳро тамошо мекардем, аммо ҳоло онро нест карданд. Барои он ки аз суханҳои воқеъии Муҳаммадиқбол мардум огоҳ нашаванд.

Мақсад Зет мобайл хеле гарон аст. “Вышкаи” у дар Ҷаҳонзеб, дар назди аптека мебошад. Суръати Зет -мобайл аз Мегафон каме тез аст, аммо хеле гарон ва барои мардуми одӣ дастнорас ва гарону қиммат мебошад. Операторҳои ин компания бошад, ҳамааш аз Душанбе аст. Онҳо ягон саводу маданият ва тарзи муошират надоранд. Онҳо ҳамонҳоеанд, ки ғайр аз киссаи Бег Сабурро пур кардан, чизеро дар ин зиндагӣ ёд нагирифтаанд. Онҳо ҳатто оператори суғдӣ надоранд, ки ақалан бо у саволу ҷавоб кунӣ. Онҷо фақат «бачаҳакои боло»-и бесавод аст. Бег Сабури спортсмен инҳоро тафтиш кун ва тарофаҳои ба мардум арзону тезсуръатро пешкаши мардум намо. Набошад истеъфоятро деҳ “бра – бза” обратно ба кӯҳҳои Хатлону қабристон.

Мегузарем ба компанияи “МегаФон Тоҷикистон “.

Вышкаи ин компания дар бозори деҳа ҷойгир шудааст.

Дар асл ин компанияи русӣ мебошад. Пеш ин компания як чанд тарофаҳои 100   150 ва 200 сомонӣ дошт. Ҳоло чуноне кардаанд, ки клиентҳо худаш выбирать мекунанд. Чанд гигабайт, смс ва минутро харида метавонанд. Аммо ин компания пасттарин суръати интернет дорад. Максимум  “358 к/бит в секунду “мебошад. Ин барои соли 2024 ва барои давлати 32 сола хеле шармовар аст.

 Агар барои мардум имконияти харидани сим-картаҳои Қирғизистон ё Узбакистон мешуд, мардум ҳама онро мехариданд. Ин компания ҳатто оператори солеҳи ба маданият надорад. Як бот дорад ,ӯ фақат 4то спам смс -ро равон медиҳад, тамом. Ягон хизматрасонӣ нест, аз ин Мегафон.тҷ.

Бег Сабур истеъфоятро деҳ. Ту барои Ислоҳро надидани мардум опцияи «Ютуби белимит»-ро аз байн бурдӣ. 

Бисёри бинандагон ҳайрон мешаванд, ки чаро ман аз чизе Тселл нагуфтам. Ҷавоб медиҳам: охир эй бародаро, шумо 3-G ро дар асри 21 чи кораш мекунед?

Ман ҳамчун шаҳрванди ин ҷумҳурӣ талаб дорам, инҳоро арзон кунад ва Ютуби белимитро боз фаъол созад.

Мо ҷавонони Суғд вақте Рустами Эмомалӣ ба Хуҷанд ё Конибодом меояд, ба монанди ҳамон солҳои муайяне, ки чи хеле оташа шерои суғд “встречат” карда буд, ҳамин хел встречаташ хоҳем кард ва онҷо мо “бахшиш” қабул  намекунем.

Мо суғдиҳо аз насли ҳукуматдорони Хуросонем. Далше чи кор карданро мо худамон уже медонем.

  Аз Конибодом бисёр нома нашр кардед. Бовар кунед, ки бачаҳакои боло бехоб шуданд ва бар асари ҳамин ифшокориҳои шумо буд, ки бангу таҷовуз аз байн рафт.

Шумо бодовардаҳо ва Бег Сабур фикр накунед, ки суғдиҳоро лаҳҷааш ҷолиб ва худаш шояд мурғ бошад. Не, ин тавр нест. Ин фикри шумо ғалат аст.

 Дар охири барномаи «Номаҳо аз ноҳияҳо №94» дар бораи сардухтур Ҳусейн Самиев гап задед. Пеш хеле ғоратгарӣ ва фасодкорӣ карда мардумро ба дод оварда буд. Ба хешовандонаш, ки Мирҳомидовҳо мебошанд, аз ҳисоби беморхона барқ дод. Ҳоло Самиев Ҳусейн дар шаҳри Конибодом ҳамчун сардухтур фаъолияти коррупсионерии худро давом дода истодааст.

Мо кулли табибони шаҳри Конибодом талаб дорем, ки фаъолияти кории ин шахс тафтиш карда шавад ва бигзор ин тафтишот аз тарафи бачаҳакои боло сурат бигирад. На аз тарафи муфаттишони вилоятӣ. Бовар кунед, ин Ҳусейн Самиев бемористони Конибодомро ба як бозор ва ба як растаи савдогарӣ бадал кардааст.

               Хуҷанд
    Ассалому алейкум Муҳаммадиқбол! Ман як корманди милитсияи вилояти Суғдам. Мехоҳам дар бораи Ҷалилов Эмин, ки ҳоло сардори ШКД Хоруғ мебошад ва кличкаи Ҷек дорад, бинависам. Писараш, ки Эркин ном дорад, ӯ ҳам дар мақомот кор мекард, як одамро зада кушт. Домоди ӯ Дадобоев Нуъмон низ дар милитсия кор мекард, аз пушти арақхуриаш пеш карда буданд. Ин Ҷек, вақте дар мақоми сардори ШКД Хуҷанд кор мекард, ҳамин қадар пулро кор карду кайфу сафо кард, басанда мебошад. Дар Қарақчикум дар лаби баҳр коттеҷ пушид, албатта, бо пули ғораткарда аз мардуми шаҳр. Ва куҷое, ки шинад ва маст шавад, боз шаҳриҳоро ганда мекунад. Ӯ як шофёр дорад- Муроди подземка мегуянд. Ӯро ҳам рутбаи офицерӣ дод ва ҳоло удостоверение ҳам дорад. Лекин дасти якто мастро қапидагӣ не ва барои чи ягон кас назорат намекунад. Масалан СБ (хадамоти амнияти дохилии ВКД ё инспекция) назорат намекунад, ки вай чаро саривақт ба кор намеравад ва рӯзаш бо соҳибкорӣ -крышкафурушӣ мегузарад, лек офицер асту бо рақами давлатии 3333 мегардад.

Дар давоми фаъолияташ натиҷаи назаррасро ба фикри роҳбарҳо нишон  додааст, лекин ин тавр нест.

 Кормандони милиса ҷинояткоронро ҷустуҷу ва таъқиб мекуннад, ва ин як кори муқаррарии онҳо аст. Баъзе аз онҳо дар иҷрои вазифаҳояшон муваффақ ҳаммешаванд. Барои чанде аз милисаҳо аз тарафи соҳибкор Ҳоҷӣ Муртаз аз маҳаллаи 18 хонаи истиқоматӣ дода шуд. Ба ҷои ба корманди ошкоркардаи ҷинояту ҷинояткорӣ додани ҳуҷра худи Ҷек хонаро гирифтааст то ҳол дар инҷо бо ҳамроҳи оилааш зиндагӣ дорад.  Ягон мақомоти назоратӣ намепурсад, ки аз куҷо ин хона.

  Шофери дигараш устои таъмири хона ва номаш Аҳмад мебошад. Ӯро ба ГАИ дароварда монд. Маҳз бо кумаку дастгрии Эмин ба ГАИ кор даромад.

  Чанд боре, ки дар барномаҳоятон Эмин Ҷалиловро навиштед асабии сахт шуда арақ нушида к…..а ягонтааш хурда наметавонад гуфт, ҳар шаб маст дар утоқи кориаш хоб мекард.

  Дар бораи ҷобаҷогузории кадр гуфтаниям, ки ба мо деҳотиҳову бесоҳибҳо бе додани пули калон умуман вазифа намедиҳанд. Мо барои онки соҳиби вазифа шавем, бояд дубаробар бидиҳем. Агар ба ҷоямон ягон нафар чашм ало кунад ва шуъбаи кадрҳо мераваду пулро месупорад, пагоҳ меоӣ, ки дар ҷойи корат нафари дигар нишастааст.

Вазифаи туро фурухтааст ва вақте идора меравӣ, ки дар қисми навбатдорӣ расам, нарасам    занг мезанад ва мегуяд, биё бо факс фармонат омад, чизҳоятро супор. Ин чи бедодгарӣ?

  Наход аз пушти маблағ шуда шахсро насанҷида фармони таъини кор барорӣ ва ё кадри соҳибтаҷрибаро аз кор пеш кунӣ? Ин кор то ба кай давом мекунад? Беш аз 15 сол мешавад, ки кор мекунам, дар ягон даври ягон вазир ин хел корҳо набуд.

  Ин чашмтанги вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимзода ҳама корҳову қарорҳоро коммерческий кардааст. Ҳама вазифа нарх дорад. Уголовный розыск ва нозири минтақавӣ 3 то 4.000 доллар, БДА 5.000 доллар, сардорони шуъба то 10.000 доллар. Ба малакаи корӣ ва синну сол умуман аҳамият намедиҳанд. Ҳозир боз як тенденция шудааст. Вазнат зиёд бошад снимать мекунад. Баъди як -ду моҳ вазнатро партофтӣ боз 2 то 3000 долларатро гирифта ба вазифаат мемонанд. Бечора генерал Навҷувонов гапаш ба сардори кадр намегузарад ва вай тобеъи генерал Суҳроб Рамазон аст. Чанд вақт пеш Содиқ сардори Раёсати кадр шуд. Фикр кардем чашмаш сер, як умр дар ГАИ кор кардааст . Аммо 6 моҳ нашуда уро снимат  карда муовини сардори БДА-и Республика монданд, чун ӯ қудои Назар Шариф аст. Сардори кадрро иваз карданд. Ба кадр як пацанро монданд. Наход ягон кадр дар вилоят набошад? Вай куҷову коғазу ручка куҷо? Ҳамаҷоро бачаҳакои боло реша давонида зер кардагӣ. Нав ба вилоят мебиёянд. Дар остановка маршрут ждать мекунанд. Дере нагузашта мебинӣ хона, мошинаҳои қимматбаҳо ва гапзанӣ намемонанд. Ҳама вазифаҳои даромаднок дар дасти бачаҳакои боло. Паспортний стол, ГАИ ва ҳоказо. Фармони вазир, буд ки дар як вазифа на кам аз 6 моҳ бояд корманд кор кунад. Аммо  ин фармон тамоман аз байн рафт. Кормандоне ҳастанд, ки дар давоми 6 моҳ 3 маротиба ба вазифаи дилхоҳ гузаштаанд. Умуман ба халқ ёрдам кардан, профилактика гуфтанӣ гап нест. Фақат кору бор результат деҳ ва ҳисобатро ёб. Ин результат картошкаву пиёз набошад, ки рафта аз сари замин харӣ. Кай мерафта бошад ин чашмтанги гуруснаи сернашаванда. Милиса дар назди мардум умуман ҳурмат надорад ва милисаро тамоман эҳтиром намекунанд. Албатта, аз пушти ҳамин ҳаромзада. Ин қадар пулро чи кор мекарда ва карда бошад, ман ҳайронам. Ман фақат як чиро мехоҳам- ҳақиқатро-  аз пушти ҳамин маро роҳбарҳо нағз намебинанд.
 Генерал Абдураҳим аз Овчи қаълачаи Ғафуров дар топ -10 миллионерҳои Тоҷикистон дохил мешавад. Аз пушти вазифааш як намуд сарвату недвижимость дорад, ки то наберааш ягон кор накунад, мерасад. Дар худи ноҳияи Спитамен, ки прокурор шуда кор карда буд тахтабозор, автозаправка ва заминҳои корам ва дар Истаравашан фермаи мурғ дорад. Ҷиянаш Акмал дар налоги Хуҷанд кор мекард ва инсони бисёр мутакаббир аст. Дар тахтабозор аз якум рӯзи сохтмон нигоҳубин карда мегардад, ҳамчун Раис кор мекунад.

   Хоҳари генерал Абдураҳим Раҳимзода,ки Раҳимзода Зарина Абдухолиқ, раиси суди Спитамен мебошад, шавҳари ӯ Дилшоди даюс дар коррупсия вилояти Суғд кор мекунад. (Дар мавриди бе бандубории Заррина Раҳимзода хело маълумотҳои зиёде расидааст,ки рӯяшон кор дорем,Ислоҳ)  Додараш дар прокуратура буд, ки баъдтар дар Агентствои наркотик кор даромад. Дузана мебошад ва зани дуюмаш дар паспортний столи вилоят кор мекунад. Номаш Ибодат ва аз ӯ фарзанд ҳам дорад. Писараш соли гузашта бо духтари ҳозира раиси Фархор Зарифӣ издивоҷ кард. Ин Зарифӣ ҷияни Қоҳир Расулзодаи сарвазир аст. Духтараш дар прокуратураи Ғафуров кор мекунад. Домодаш Мирзоамир, сардори МБТИ Спитамен аст. Лекин дар байни ин оила голос надорад. Муовини ӯ дар МБТИ Аскар ном дорад, ки тамоми замини Спитамен тавассути ҳамин хариду фуруш мешавад, ду бор суд шудагӣ. Лекин боз ҳам кор мекунад. Тамоми мақомотҳоро Аскар пул дода забон кутоҳ кардагӣ ва барои тафтиш оянд ошхонаи молбозор мебарад ва ба киссааш пул дода гусел мекунад. Соли гузашта ба зиёрати хонаи Худо рафтааст Аскар. Агар тафтишгарон биёянд ӯ аз идора меравад чун ӯ неофициально муовин, чун доғи судӣ дорад.
 Аҳмадов Шуҳрат одами бад нест. Ба мардуми одӣ бисёр кумакаш мерасад. Падараш судя буд ва соли гузашта бандагӣ кард ва аз ӯ пули калон монд ва чашмаш сер. Дар Душанбе калон шудагӣ, худаш аз Хуҷанд мебошад. Сардори милитсия Хуҷанд ва Ғафуров кор карда буд. Бисёр ташкилотчӣ ва дар шуъба фақат куҷое наравад аввал аз таъмири мабраз ва бино шуро мекунад аз ҳисоби худаш. Бисёр дастархони хайр ба кормандон мекушояд.
Эмин баъди аз Хуҷанд ба Мастчо рафт. Баъдан  муовини сардори РВКД дар вилояти Суғд таъин гардид. Дере нагузашта противники ӯ, ки Машрафча буд зиёда 50.000 ҳазор доллар дода ҷояшро барқасд харид. Чанд қадар бекор монд, кору бораш дар Қарақчикум арақхурӣ буд ва Назар Шариф таклиф кард ба Хоруғ. Тақрибан 7 моҳ пеш онҷо рафт.
Ба Машраф ҳам вазифа насиб накард. Дар байни бозори Панҷшанбе гапҳояш бо Фирузча гурехт, ҷангуҷангҷол карданд ва ҳар дуяшро уволить карданд, лекин Фирузча тавонист аз дигар востановить кунад ва уже ду бор ҷояшро иваз кард, ҳоло ӯ уголовный розыски вилоят Суғд кор мекунад. Машрафча бошад ҳоло бекор.

                     Айнӣ

   Ассалому алайкум!

 Ман аз ноҳияи Айнӣ, деҳаи Рарз. Бародар Муҳаммадиқбол ташаккур ба шумо, ки ҳамин барномаи «Номаҳо аз ноҳия»-ҳоро ташкил кардед. Мардуми тоҷик тули роҳбарии ин Эмомалии тоғути диктатор дилаш пури дарду алам шудааст. Ба восиати ин барномаи шумо мо дарди дили худро баён мекунем ва сабуку роҳат мешавем. Ин хизмати хуби шумо барои мардуми тоҷик аст.

Ҳоло мехоҳам ба мақомоти дузди Раҳмонови золим расонам, ки мардумро зулм накунанд. Мардумро бурда ғам надиҳед, ки чаро ба Муҳаммадиқбол навистӣ? Ҳаромхуриро бас кунед, зулм накунед, ватанро нафурушед, роҳҳоро соз кунед, ангишту боигариҳои моро на дуздед, мо ба шумо кор намегирем.

  Дар як барномаи шумо як ҷавон баромад кард, номаш Баҳром Шокиров. Вай намояндаи танзим дар деҳаи Рарз аст. Алкаш аст. Шумо бояд ӯро мепурсидед, ки свет ҳаст ё не? Медидем, ки чи мегуфт. Падараш раиси деҳаи Рарз буд. Барои ҳамон хонаашро шумо гуфтед масҷид. Ба хотире, ки хонаи раис бояд ранги қаср бошад. Ҳамин хел ҳам ҳаст. Лекин мо тоҷикон як мардуме ҳастем, ки касе як хубӣ кард, мегуем, хубӣ кард. Падари ин лесаки расво Муҳаммадсамеъ Шокиров ном дошт. Ман намедонам, ки лесакиаш аз таҳти дил бошад, ё ки маҷбур карда бошанд? Ҳоло дар бораи падараш Муҳаммадсамеъ мегуем. Ин одам ҳақи мардумро ҳам мехурд ва фоидааш ҳам мерасид. Хоксор, марди хуб ва сода буд. Раиси ҳозира Абдулаҳад аст ки мо Абдулаш мегуем. Баъди Муҳаммадсамеъ вай раис шуд.Муҳаммадсамеъро подставит карда зиндон карда буд. Баъди зиндон чанд соле зиндагӣ карду аз дунё гузашт. Раиси Абдул, ки чанд бор ҷиноятҳояшро мардум навиштанд ба қарибӣ туй кард. Бачаашро зан дод. Туяшро бурда дар туйхонаи деҳаи дигар -деҳаи Зосун гузаронд. Барои онки рарзиҳо ҷиноятҳояшро навиштанд.

Абдул гуфтааст, ки «рарзиҳо фалонма хуран то тӯйи маро хурдана». Шумо бубинед, ки ҳама кайфу катагиаш аз ҳақу ҳисоби ҳамин деҳа-Рарз ва рарзиҳо аст, аммо боз ношукрӣ мекунад. Ман барои чи навистам? Ҳол онки ман ҳам дар туяш иштирок доштам. Вақте камтарӣ заданд, бо кибру бо катагӣ байни худ бо намикат ё намёк мегуфтанд, ки «фалонмона хуран, фалоншон кардагием». Сад афсус номҳояшонро намегирам, ба хотире, ки нашиносанам.

Ин одамро нони намаки рарзиҳо кӯр мекунад. Тамоми гуру чӯбу ҷанозаи ин ҳаромхурҳоро ҳамин мардум мекунад, боз ношукрӣ мекунанд.
Дар мавриди бобои Ҳамроқул чанд калима гуфтаниям. Ин одам аслаш аз Рарз аст. Дар Зафаробод зиндагӣ мекунанд. Ҷияни Мирзооқил, раиси собиқи ноҳия Зафаробод мебошад. Баъди рафтани Мирзооқил аз вазифа ин лошахури саги гушна рӯ ба Рарз кард. Ман намедонам дар ноҳияи Зафаробод инҳо чи ғалате кардаанд, хоҳиш мекунам, зафарободиҳо нависед. Чанд проекте, ки дар Рарз иҷро кард, ягонтоаш ҳозир вуҷуд надорад. Ҳамааш табоҳ шуданду рафтанд. Чунки мақсадаш ободӣ нест, мақсадаш дуздӣ аст. Мисол мебиёрам. Якум кораш пешгирӣ аз сел дар минтақаи Шафит буд. Пулро гирифту ду тараф хокро ба трактор бардошту монд,ягонҷояшро семент накард. Ҳатто як адад латок намонд. Чи миқдор пул ҷудо шуда буд, ягон кас намедонад. Ин корро бо язнааш ҳамроҳ мекарданд.  Язнааш Раҷаббой Авезов бригадир ё ҷонишини раис дар ҳамин минтақа буд.

Проекти дуюм ҳам дар ҳамин минтақа Шафит буд. Шафит як ҷое аст ки масоҳаташ калон. Аммо як чашмаи хурд дорад, обаш кам. Мардум аз об танқисӣ мекашанд. Пеш ҳамагӣ инҷо 10 ё 15 хоҷагӣ зиндагӣ мекард. Ҳозир хеле зиёд шуда аст, об намерасад, барои об ҷангҷол. Баъд ин ҳаромхур бобои Ҳамроқул обёрӣ кард. Аз мардуми Тагоб сум гирифт ва мардум бо ҳашар трубаро таги хок карданд. Обро як сар доданд, тамом. Ҳатто об то охири шланг набаромада хушк шуд. Ва ин бригадир Раҷаббой Авезов трубаҳоро канду фурӯхт.

 Ягон ревизия проверка нашуд ва ҳеҷ кас напурсид, ки сум куҷо шуд? Об куҷо шуд, трубаҳо куҷо шуданд? Ман ҳайронам ба он касоне, ки сумро ҷудо мекунанд, чаро намепурсида бошанд?

Вақте инвеститсия мекунӣ,  агар резултат набошад, дигар намекунӣ. Аммо ин саги дайду пай дар пай ин проекторҳоро медуздад ягон гап намешавад.
Боз дар замини Шафит бо насос аз охири деҳа об баровард. Ҳозир бошад не об ҳасту на кор мекунад. Вай бояд аз дарё об мегирифт, вале аз охири деҳа гирифт, то ки пули ҳавз, трансформатор ва симро дар кисааш кунад. Бардуруғ трубаҳои куҳнаро аз он тарафи деҳа канда дар инҷо оварданд ва маблағи хеле калонро списат карданд. Дар ин корҳои дуздӣ ва хиёнат раис Абдуаҳад ва язнааш Раҷаббойи бригадир шариканд. Бигзор мақомот оянду тафтишот гузаронанд, ки  инҳо пули калон гирифтагианд. Аммо ҳеҷ кор накарданд. На ҳавзи қабристон, на трансфармотори деҳа ва на трубаҳои деҳа, умуман ягончиро нав накарданд?  Пас, савол пеш меояд, ки куҷо шуд ин қадар сумҳо? Ё ки об аз боло лой бошад?
Проекти сеюм, ки онро дар кадом номаҳои дигар нависта буданд, бояд сохтмони ГЭС-и деҳа дар пеши осиёи Ҳофиз мешуд, ки ному нишонаш нест ҳозир.

 Боз дар он тарафи деҳа дашт ҳаст, ки мутаассифона каналаш чанд сол пеш хароб ва ҳамаи ниҳолҳояш хушк шуду рафт. Чанд бор об гузарондан. Азбаски куҳ лағжида истодааст, об наомад, ҳама хушк шуданд. Хато накунам чанд сад ҳазор ниҳолҳояш хушк шуданд. 
Ҳозир ин бехирад боз нақшаи ҳамин даштро дорад.

Аз дасти ин гуна одамҳои гушна ва дузд он ташкилоту созмонҳое, ки мехоҳанд барои ободии деҳа кумак кунанд, дигар кумак намекунанд. Чунки сабаби нобоварӣ мешаванд. Дар ин ҳол мо кай пешрафт мекарда бошем?

Боз як бори дигар ба мақомоти золим гуфтаниам, ки аз қафои шикояткардаҳо нагардед ва чанд бечораро туҳмат карда хунашро намакеду аз паси ҷинояткорон бошед. Чизе, ки мардуми мазлум менависад сад дар сад рост аст.

 Хитоби ман ба Саидмурод Давлатов аст. Мо фахр мекунем, ки як тоҷик дар хориҷи кишвар нуфуз дорад ва эҳтиром мешавад. Ман намешинохтам. Одамони дигар Саидмуродовро ба мани ҳамдиёру ҳамватан муаррифӣ карданд. Вақте дар як  маҷлис як ҷавон, ки худро коргари банк муаррифӣ карду бо нотавонбинӣ гуфт, ки «врятли, ки шумора хориҷ ай кишвар пул дода гуш мекунан», ман дар шак афтодам, ки мо тоҷикону ин манғитҳо то кадом дараҷа якдигарбадбин шудаем. Ба ҷое ки даст ба ҳам диҳем ва аз як гиребон сар бароварем.
 Давлатов шумо ҳар вақт ба ҳамон роҳи  вайрону валангор мераведу меоед. Калағафси қошпашмини дамбуқи Қофлонбой, раиси вилоят ҳам мераваду мебиёяд. Махуфи Абдуфаттоҳ Шарипов, ки кораш лесакӣ аст ба он роҳ намегузарад? Чаро дар мавриди таъмири ин роҳ коре намекунед?

Share This Article