Шаҳритус, Қубодиён ва Носири Хусрав
Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқбол!
Ин муроҷиати мардуми се ноҳия ба вакили Маҷлиси Намояндагон- муҳтарам Зафар Файзуллозода аст. Муҳтарам Файзуллозода мо дар интихобот ба шумо овоз додем. Дар давраи раиси ноҳия буданатон дар ноҳияи Қубодиён заҳмат мекашидед. Аммо ҳоло дар парлумон сокит ва хап ҳастед. Овозат намебарояд. Чаро аз ҳақу ҳуқуқи мардуми ҷабрдидаи ин 3 ноҳия дифоъ намекунӣ. Аз бедодигариҳои Муҳибулло Саъдулло ва Холи Раҳматуллои ҷияни Азизмоҳи ҳамсари призедент Раҳмон, мардум ба ҷон расидаанд. Ба раиси номуҳтарамат Рустами Эмомалӣ намерасонӣ, ки мардуми ин се ноҳия аз ҷабру зулми тағоят ва писартағоят ба дод омадааст. Агар корҳояшон ҳамин хел давом кунад, инро яқин донед, ки инқилоб аз ҷамоати ИСКРА-и ноҳияи Шаҳритуз сар мезанад. Чунки онҳо мардуми узбектабор ҳастанд ва бо ору номусанд. Як урррррр мегуянд, то мегардӣ алакай дар қасри миллат дохил мешаванд. Фаромӯш накунед, он замон наздик аст!
Эътирофи талхи як мақомдор ва ҳаросашон аз “Ислоҳ”
Як рафиқ ва ҳамкори ман дирӯз аз Тоҷикистон ба Русия омад. Дар маросими ҷанозае рафта буд. Як корманди баландпояи низомӣ, хешу табораш будааст. Падари ин рафиқи ман тағои он корманди баландпоя будааст. Вай шаб ҳамроҳи ин ошнои мо истодааст ва аз шумо Муҳаммадиқбол ва дигар мухолифон суҳбат карда гуфтааст, ки дар телевизорҳои калон тамошо мекунем. Барномаҳои мухолифин, алалхусус Муҳаммадиқболро, ки ҳамин лаҳза ё лаҳзаи дигар аз хулиганиҳоямон гап мезанад, доим дар тарсу ҳаросем,ки мабодо касе нанавишта бошад ҷиноятҳои анҷом додаамонро ва номамонро гирад. Ин одам гуфтааст, ки аз КДАМ, ВКД, КОРРУПСИЯ ва дигар мақомоти қудратӣ наметарсем, фақат аз Муҳаммадиқбол тарсу ҳарос дорем, ки шармандаамон накунад бо ҷиноятҳое анҷом додаамон. Чун медонем,ки ин ҳама мақомот бо пул ва шинос корамон ҳал мешавад, аммо бо Муҳаммадиқбол чӣ ? Ҳарчи ҳаст онро мегӯяд ва ҳеҷ роҳе надорем барои хомӯшкунондани ӯ. Дар охир гуфтааст, ки мухолифин ҳақ аст, рӯзе мешавад пирӯз хоҳанд шуд.
Боз ҳам шикоят аз ду ғоратгар ва одамҳои Ҳоҷӣ Раҳматулло
Нафари дигаре, ки мехоҳем дар борааш бигуем Мамадаминов Аъзам аст. Ин як ҳаромхури дигар аст, ки24 соат бо Раиси маҳалла Мамараҷабов Шуҳрат мегардад. Мамадаминов Аъзам чи гапе мешавад даррав ба Шуҳрат мерасонад ва Шуҳрат Мамараҷабов барои бузияш ба вай ҳам қариб 30-40 гектар замин додааст. Яъне саҳми халқро. Ҳар касе аз вай саҳмашро пурсад зуд номи Раҳматуллои Асадуллои додараруси Эмомалӣ Раҳмоновро мегираду дигар ҳама хап мекунанд, чунки корат ба ин золим зад дигар ҳама мусибат болоят меояд.
Ҳар сол моҳи декабр ё январ тақрибан 80% муҳоҷирон аз Русия бармегарданд. Дар маркази деҳа як маҷлиси калон мешавад. Дар ин маҷлис фақат Шуҳрат Мамараҷабов ва Аъзам Мамадаминов гап мезананд ва қонунҳои худашонро ба мардум бор мекунанд. Ҳама бо сари хам гуш мекунад. Мисол дар бораи «облава» мегуянд, ки кадоме дар хона аз 1 призивник зиёд дорад, як писарашро ҳатман ба хизмат мефиристад ва ё инки 20.000 сомонӣ медиҳад. «Агар надиҳед, баъд аз ман хафа мешавед, барои ман ҳам қин, ҳар рӯз манро ба военкомат ва амният барои салдат фарёд мекнанд, мегуянд, ки кадоме намехоҳад хизмат рафтан 20 ҳазор сомоношона гир. Агар саркашӣ кунад ба ман ному фамилияҳошона бте» мегуфтааст амният. Бечора халқамон аз инҳо ба дараҷае тарсончак шидааст, ки қарзу қавола карда бурда медиҳанд, ҳамон пули гуфтагии Шуҳрат ва Аъзамро. Ба ғайри ин пул боз ҳар моҳ аз ҳар хона 10 сомонӣ пул ҷамъ мекунад. Мегуяд барои ободии қишлоқ. Агар кадоме надиҳад дар маҷлиси калони гуфтагиам дар охири сол аз ҷояш хезонида дар пеши халқ шарманда мекунад: «наход дар як моҳ 10 сомонӣ дода натавонед, шумо чи хели мардак?» Мо то ба имрӯз нафаҳмидем, ки ин пулҳоро дар куҷо сарф мекунад. Агар барои қишлоқ пул даркор шавад мо дар Русия пул ҷамъ карда равон мекунем. Агар ягон кас дар бораи 10 сомонии ҷамъоварикардаи Шуҳрат «интеросоват» кунад, худи ҳамон рӯз аз амният ягон кормандаш омада ягон чизро баҳона карда ӯро мебарад ва дигар дар бораи пул, агар кушед ҳам, гап намезанад.
Шуҳрат Мамараҷабов худаш 2 писар дорад. Барои ҳардуяш ҳам «негоден» гуфта билети ҳарбӣ гирифтагӣ аст. Аммо ҳардуяш ҳам сиҳату солиманд. Корашон 24 ссоат зино кардан аст. Ҳардуяшон ҳатто савори мошин ва дар сари рул маст мешинанд. Ягон кас ягон гап намезанад. Аъзам Мамадаминов ҳам ҳамин тавр. Ду писар дорад, ки ҳамчун негодний билети ҳарбӣ гирифтааст. Ин билетҳоро ё соли 2017 ё 2018 сохта гирифтагӣ марҳамат агар бовар накунед рафта санҷед, агар қонун барои ҳама як бошад?.
Дар вақти маҷлис як шахс аз қишлоқ бо номи Қаршиев Умед аз ҷояш хеста ба Аъзам Мамадаминов гуфт,ки ман туро ба суд медиҳам, саҳмамро ҷудо карда деҳ. Ман аз Русия депорт шуда омадагиам, нони хурдан надорам. Мехоҳам саҳмамро гираму рӯзамро барам. Аъзам Мамадаминов ба ӯ нигоҳ карда гуфт, ки «дар назди ҳама мегуям,ки як метр ҳам намедиҳам, рав ба гичое нависӣ, навис. Илоҷаш боша рафта ба Верховни Суд навис, намедиҳам ман ба ҳеҷ кас замин намедиҳам». Ва гуфт, ки ин заминҳо аз Раҳматулло аст ва ба мо додааст. Дигар ҳама хап кард. Ягон кас духи гап занӣ намекунад. Аҷобат дар онки боз ин Шуҳрат ҳар 2 сол бо ин пулҳои ҳаром ба ҳаҷ рафта мебиёяд, кораш худнишондеҳӣ асту тамом.
Номаи тасдиқии дигар аз ин ноҳия
Қариб 1 солу 2 моҳ мешавад, ки ба Тоҷикистон нарафтам. Як рафиқи наздикам ба наздикӣ аз Тоҷикистон омад. Дар бораи вазъияти қишлоқ пурсидам. Вай аз вазъият хеле гуфт. Вай
гуфт, ки чанд моҳи пеш як ҳамдеҳаамон аз Аъзам Мамадаминов замин гирифтааст. Он шахс Юлдошев Исмоил Абдуллоевич, соли таваллудаш 1998 мебошад. Донишгоҳи
миллиро дар Душанбе ба анҷом расонида омадааст. Лекин дар ягон ҷо кор намекунад. Падараш дар Русия ва модараш дар деҳа дар беморхона кор мекунад. Падараш Юлдошев Абдулло ва модараш Юлдошева Малоҳат. Ин як сеснсатсия аст ва коре то имрӯз нашуда буд.
Як писар ба наздики туй карда будааст. Аз Кулоб артисти Бобораҷабро овардааст. Мегуяд то сардори милисаи Қубодиён дар туяш хизмат кардааст. Намедонем, ки чи кора аст. Лекин ба гуфти ин ҳамдеҳаамон ба ягон кас зарараш дар қишлоқ нарасидааст. 5 моҳ пеш дар деҳа Шуҳрат ва Аъзам маҷлис мегузаронанд. Дар маҷлис боз ҳам байни ҳамдеҳаҳо разбори замин меравад. Аъзам хеста гуфтааст, ки беҳуда разбор накунед, всеравно аз дастатон ягончи намебиёяд, разбора бас кунед мегуяд. Ҳамон вақт Исмоил аз ҷояш хеста гуфтааст, ки ту худат, кӣ ин тавр гап мезанӣ? Шарм намекунед, ки як мардаки каппа –калон боз ҳоҷӣ, мардумро ин қадар зулм мекунед, мегуяд. Баъди ин гап Шуҳрат аз ҷояш мехезаду мегуяд: «э динанги гудак мегирам ай гиҷое бромади дар ҳамонҷо дроварда роит мекнам» мегуяд тарафи Исмоил. Исмоил мегуяд, ки «мегирам ҳардуятам фалон мекунам». Мобайнашон ҷанг шуда меравад.
Хешу таборҳои Исмоил «хап кун, ино кати баҳс накун» гуфта гирифта ҳамон шаб Исмоилро мебаранд. Кадоме омада мебарад. Саҳар дар деҳа овоза мешавад, ки тамом
Исмоилро ҳам акнун «ё пули нормалниша мегира ё инки ягончи гуфта потстава карда тюрма мекнанд» . Дар даҳани ҳама ҳамин гап буд. Лекин Исмоил баъди 3-4 рӯз пайдо шуд.Ба мардум гуфтаст, ки аз дасташ чизе наомад, акнун тамошо кунад, ки ман чи кор мекунам.
Аз мобайн 10-15 рӯз мегузарад, ки дар назди ҷамоат разбору ҷанг мешавад. Мебинанд, ки Исмоилу Аъзам ҷанг карда истодааст. Аъзам ба Исмоил гуфтааст, ки фалонамро ҳам намедиҳам. Исмоил мегуяд фалоната дар қафот мезанам. Хулоса ҷангу разбор. Ҳама ба Исмоил гуфта аст, ки ба инҳо сарбасар нашав. Всеравно наметавонӣ гирифта. Исмоил бошад, «не ман чизе шавад ҳам то охира мезанам катишон» гуфта аз фикраш нагаштааст ва охир 10 га заминро ҷудо карда гирифтааст. Ҳама ҳайрон. Чанд кас пурсидаанд, ки чи хел гирифтӣ? Исмоил гуфтааст, ки ман як тағаи вазнин дорам бо Раҳматулло рафту омад дорад. Пешаш рафта хоҳиш карда вазъиятро фаҳмондам. Ин тағо назди Раҳматулло рафта гуфтааст. Раҳматулло ба Шуҳрат занг задааст, ки Исмоил меравад пешат чи қадар замин хоҳад бидеҳ. Шуҳрат намехост, ки заминро бидиҳад, барои онки дар назди мардум шарманда мешуд. Лекин Раҳматуллои хусурбачаи Эмомалӣ,ки гуфт маҷбур дод. Исмоил дар ҳаёташ як бор каландро дар дасташ нагирифтааст. Просто принсип кард ва рафту 10 гектор заминро гирифт. Худаш истифода набурду ба бачаи амакаш Юлдошев Қурбон дод, ҳозир бачаи амакаш истифода бурда истодааст. Баъд аз онки Исмоил заминро гирифт ба ҳардуи инҳо сахт алам кард ва дар фикру нақшаи «подстава» кардан меафтанд. Чанд бор зани Аъзам Исмоилро дар куча дида ҳар хел гапҳо мезанад, то ки Исмоил бо онҳо ҷангу даъво кунад. Пас, ягон ҳодиса шаваду Исмоилро грузит кунанд. Ҳамин тавр, чи коре мешаваду Аъзам аз болои Исмоил шикоят мекунад, ки зани ӯро лат кардааст. Исмоилро мебаранду дар УБОП-и Душанбе маҳкам мекунанд. Баъди 3-4 рӯзи маҳкам кардан 5 ҳазор долларашро гирифта сар медиҳанд. Исмоил ба деҳа меояд. Шуҳрату Аъзам, ки через занашон Исмоилро «подстава» карда буданд, боз ранги даюсҳо мегуфтаанд, ки бо дарафтиданат бароят чанд пул афтид.Боз гуфтаанд, ки ин ҳоло саршавии кор ва проблемаҳот аст: «тамошо кун мо туро чи кор мекунем». Наздикони Исмоил диданд, ки боз баҳсу даъво мешавад, мумкин боз «подстава» кунанд, зуд ба Исмоил билет гирифтанду Русия гуселаш намуданд. Хулоса вазъият ва ҳолат дар ҳамин аст ва то рӯзе ин Эмомалӣ Раҳмонов ҳаст ва ин хусурбачаҳо ва шафкаҳои ӯ мо дар ватан озод ва оромона зиндагонӣ карда наметавонем. Қонун аслан вуҷуд надорад ва қонун ин оилаи Раҳмонов асту тамом.
Шикояти корманди собиқи КДАМи Қубодиён аз Эшонҳо
Салом бародари азиз! Ман (ному насаби ин корманди бо шараф пеши “Ислоҳ” маҳфӯз аст), собиқ корманди Кумитаи амният дар ноҳияи Қубодиён. Дар ин ноҳия 5 сол кор кардаам. Ман наворҳои Шуморо тамошо мекунам вале то ба имрӯз чизе намегуфтам. Падарамон моро ва хусусан маро таъкид кардааст, ки як калима бо шумо гап назанам.
Дар амният ман ба ҳайси куратори суд, шуъбаи милиса ва ҷамоатҳо кор кардаам. Вақте навори шумо дар бораи эшонҳо пахш шуд, падарам шуморо дашномаҳои қабеҳ кард. Ман кор дар ин идораро бас кардам. Ҳар гоҳе наворҳои шумо пахш мешавад, амният супориши қатъӣ медиҳад, ки боз ҳам фишорро афзоем.
Рости гап мардуми ин ноҳия солҳои пеш аксарият тарафдори Эмомалӣ Раҳмонов буданд. Аммо ҳоло баракс аст. Чунки мақомоти маҳаллӣ тавре кор бурда истодаанд, ки ҳар яке аз онҳо худро амиру раису шоҳи ҳамонҷо меҳисобад. Дар асл бигирем ҳамин масъулони маҳаллӣ ҳастанд, ки корҳои ғайриқонунӣ мекунанд ва мардумро аз ҳукумат дилсард месозанд.
Раиси ҷамоати Эшмурод Ниёзов Шарипов Муҳаммад ном дорад. Вай сад дарсад муханнас аст. Ташхиси хуни ин нафар дар дасти шуъбаи амнияти ноҳия мавҷуд аст ва дар дасти мен ҳам буд ва копияи он то ҳоло ҳам дар дастам вуҷуд дорад. Вай дар ҳақиқат муханнас аст. Аз пушти падараш раиси ҷамоат шудааст. Вай бо «подстава» фурӯши замин, шаҳодатномаҳои қалбакӣ барои навзодон ва ақди никоҳ машғул аст. Ба арусу домодҳо даҳҳо шаҳодатномаҳои ақди никоҳи қалбакӣ сохта пулҳояшонро гирифтааст. Ҳамаи ин далелҳо дар шуъбаи амнияти ноҳия нигоҳдорӣ мешаванд,ки бо аксари онҳо шинос будам. Як вақт дар кор будем, ки аз вилоят меҳмон омад. Раиси собиқи КДАМ ба Муҳаммадаюб Шарифов занг зада гуфт, ки як духтар тайёр кун. Эшон гуфт, ки раис барвақттар мегуфтед омода мекардем. Раисро сахт қаҳраш омад, гуфт, ки духтаратро биёр, ҳеҷ гап намешавад. Раис як каме бовиҷдон буд, ман пурсидам, ки вай эшон аст, ку раис ин чихел мешавад? Як мушт дар стол заду гуфт, ки «братишка ма да зиндагӣ аз ҳамино пастарша надидам». Ман пурсидам чи хел? «Раис гуфт олӣ бад мегум».
Як рӯз барои раис бо як ду ҳамкорам ташкилӣ кардам. Вай каме нушид ва маст шуд. Ман аз фурсат истифода бурда пурсидам, ки раис дигар эшонҳоро нагуфтӣ?
Гуфт «братишка чи бгум». Гуфт «ту пурс ма ҷавоб бтм».
Пурсидам, ки Шарипов Муҳаммадаюб, ки раиси ҲХДТ буд, чи хел одам аст? Гуфт ин як бачабоз аст. Ин тавр эшони падарлаънаташро ман надида будам. Дар ҳамон деҳаашон ҳар одаме, ки маъқулаш нест ё салафӣ, ё наҳзатӣ, ё мулло, ё дигару дигар тамға зада аз болои онҳо шикоят мекунад. НКВД дар даврони Шуравӣ мисли ӯ кор намекард ва туҳмат намекард мардумси бегуноҳро барои манфиатҳо ва ғаразҳои шахсии худаш. Ҳол онки мо худамон нағз медонем, ки аз онҳо ягонтааш ҳатто намоз намехонад. Доим ранги худмон мастанд. Дар Русия кор мекунанд. Ба ҳиҷчи аслан кор надоранд. Дар пеши амният аз ҳама деҳаҳои ҷамоатҳои дигар дида аз ҳаминҳо шикоят зиёдтар аст. Ҳамааш дуруғ, хусуматҳои шахсӣ аст. Барои ҳамин ман ин к..и зана гуфтам, ки духтарашро биёрад. То ин ки бидонад он қадар духтарҳои барои дигарҳо ташкил мекардагиам ҳам соҳиб доранд. Ман шоҳиди духтарони хонаро барои баъзеҳо бурданш ҳастам,ки виҷдонам ,то имрӯз азобам медиҳад. Дар деҳаашон як мулло доранд, ки ӯро ҳамин раиси амният каме нағз мебинад. Эшон ҳаррӯз қариб меомад. Мегуфт раис дидӣ дар ҷумъа чи гуфт? Раис ҷавоб медод, ки «к… и зани ту гуфт. Чи гуфт мо худамон медонем, ки ун мло чи мега». Сипас раис гуфт «э, блат иқа бе виҷдонӣ, як мулотона дида наметонӣ». Дар онҷо як чанд соҳибкори ободкор ҳаст. Онҳо қариб ҳаррӯз дар амният, «иш ухелай, уш,ихелай» гуфта меоранд. Раис гуфт чанд бор сари инсофу виҷдон даъват кардам, нашуд. Бояд ҳамон соҳибкорҳо дар он деҳа набошанд. Чунки моро дигар мардум эҳтиром намекунад. Кор то дараҷае рафт, ки амният дар Русия як бор онҳоро қариб талаву тороҷ кунад. Баъдан раиси мо фаҳмид, ки инҳо бо он соҳибкорон хусумати оилавӣ доштаанд.
Гуфт «э,занота б…м эшон ба ами паданалатгарит, ки амниятро қариб монда буд барои хусумати хонаводагиат бадном созӣ» Бовар кунед он қадар маълумот дорем барои ин эшонҳои бе номус ва бе имон,ки агар садҳо саҳифа нависам тамом намешавад. Ин рӯзҳо ҳам мегузарад ва ин ҳама ҷиноятҳои инҳо ҳатман бе посух намемонанду ин мардум аз яхани инҳо мегиранд.
Номаи дигари шикоятӣ аз Эшонҳо
Акнун ҳоло Шарипов Муҳаммад писари Шарипов Муҳаммадаюб раиси ҷамоат шудааст. Ҳозир акнун заминҳо ҷой худшон дарёро дар номи шахсияшон гузаронидагӣ ҳастанд, қандта бхур рав қум ва сангреза гир аз дарё бе иҷозати Шарипов Муҳаммад. Қапидат агар ба ҳеҷ чиз халос намешави дигар. Бачаҳое аз Русия бар мегарданд ва мехоҳанд зангиранд барои гирифтани як қоғаз ба ҷамоат мераванд. Мегӯянд маилаш метием паспортатро биёр супор, то бароят он варақро диҳем. Ҳангоме бечора паспорташро медиҳад дигар тамом. Барои баъзеш медиҳад он ҳуҷҷатро ва баъзеашро мегуяд агар хоҳи паспортатро бо он қоғаз бигири 7000 ҳазор Сомонӣ меори ва мегири ҳардуяшро. То онҷое медонем мо 43 нафарро чунин кардааст ва ин корашро идома дорад. Охир то ба кай мо ДАН (ҷизия) диҳем ба ин эшонҳо?
Дар паёми имсолаи охири соли 2022 мардумро дар масҷид ҷамъ карда телевизион гузоштанд эшонҳои дасту рӯй ношуста, то мардум паёми бе маънои дувунимсоатаи Пешворо бубинанд. Вақти намоз шуд гуфтанд дар масҷид,ки макони намоз аст , гуфтанд намоз нахонеду бубинед паёми пешворо. Метавонад касе гӯяд, ки чунин набуд?
Дар охир ба Эшонҳои дастурӯ ношуста хитоб мекунем! Дар дасти “Ислоҳ” ин корманди бо шарафи собиқи КДАМ хело маълумотҳои ҷолиб ирсол намудааст, ки воқеан хело муҳим мебошанд. Инчунин даҳҳо сокинон ҳам аз зулмҳои шумо навиштаанду шикоят намудаанд ва шикоят доранд. Аз тамоми корномаи сиёҳи шумо оилавӣ дар дасти мо вуҷуд дорад, ки воқеан як фоҷеъаи бузург ва ваҳшатанд он ҳама. Агар боз ҳам идома диҳед ҳатман он ҳамаро нашр мекунем, мо гуфтем ва шумо шунидед!
Шикояти сокинони ноҳияи Данғара аз дуздӣ
Асалому алайкум акаи Муҳаммадиқбол як хабари нохуши шоми 6 уми январро бо шумо мерасонем. Дар н.Данғара магозаҳоро дузд мезанад дар вақти набудани барқ дар як шаб то ҷое огоҳ гаштем 5 то мағозаро дузд задааст. Минтақае ки мо зиндаги мекунем аниқтараш дар Себистон ин ҷинояти дуздӣ сурат гирифтааст.
Ду магозаро дар Дангара як то аз Себистон ва се тои дигар аз қишлоқи Розиён дар як шаб ин кор шудагӣ аст. Масофа аз Себистон то Розиён 3-4км аст тақрибан. Масофаи байни мағозаҳои Розиён 400м яктош ду дигарш бар ба бар буданд. Ҳеҷ тафтише нашуд дар ин қазия, намедонем чаро чунин мешавад. Мардум дар ҳолати хело бади маишӣ қарор доранд ва аз бе корӣ ва норасоии зиндагӣ даст ба дуздӣ зада истодаанд. Ҳоло ин ҷиноятро ба гардани чор камбағал мезананду 10 ё 15 соли зиндонашон мекунанд, то пул кор кунанд милисаҳо.
Шикоят аз сардори СИЗОИ Бохтар
Салом алейкум акои Муҳаммадиқбол! Бовар дорам хуб ҳастед. Баромадҳои шуморо пай дар пай пайгирӣ мекунам, офарин. Мехостам маълумоте бароятон расонам.
Сардори муассисаи ислоҳӣ-СИЗО –и шаҳри Бохтар Каримов Ғолибшо аз н.Данғара мебошад. Чандин сол дар мақомоти Прокуратураи Тоҷикистон ва дар охир Прокуратураи ҳарбӣ кор ва фаъолият намуда аст. Бародараш дар Прокуратураи генералии Тоҷикистон кор мекунад ва рутбаи генералӣ ҳам дорад. Ҳоло барои он генерал маълумотҳои муфассали дигар мефиристем, танҳо ҳоло кутоҳ дар бораи Ғолибшо мегӯем.
Ӯ давоми чанд сол мешавад, ки дар ин вазифа кор мекунад ва бо кормандони Прокуратураи вилояти Хатлон ҳамкори зич дорад. Маҳбусонеро, ки парвандаашонро прокуратура тафтиш мекунад бо фармони прокурорҳо озобу шиканҷа бо фармони худи онҳо ” прес” мекунад, то ки онҳо худро дар содир кардани ҷиноят гуноҳгор донанд. Бисёр ба маҳбусон ҷабр мекунад. Дидаю дониста, ки пеш прокурор буд ва прокуратура ӯро дастгирӣ мекунад, бе ҷазоиро ҳис карда худро дар дохили СИЗО наъузу биллоҳ худо эълон карда аст. Бегуноҳони боздоштшударо мешиканаду сум кор мекунад аз онҳо. Бо прокурори назорати маҳбасҳо дар вилояти Хатлон дӯстии наздик дорад ва ҳармоҳа иҷораи хонаи ӯро аз боздоштшудаҳо мегираду ба ӯ месупорад ва ҳар ҳафта ба мошинаш бензин мерезад. Аз ин хотир бо ӯ забон як карда аст. Дар ин номаи аввал номи поделникашро намегӯем , агар боз ҳам идома диҳад ҳатман хоҳем гуфт. Агар ин ҷиноятҳои муташаккилонашонро хотима надиҳанд ҳатман делои комили ин бандаро ба “Ислоҳ” мефиристем,то дигар мардуми бегуноҳро зулм накунанд.
Шикояти сокинони Вахш аз як корманди КДАМашон
Дар шуъбаи амнияти КГБ н.Вахш Қодир ном шахс зиёда аз 15 сол мешавад, ки бе ротатсия кор мекунад ӯ аз мансаби худ суистифода карда дар маркази ноҳия ду мағозаи фурӯши қисмҳои эҳтиётии автомашина кушода аст ки дар онҷо ду бародараш Наим ва Алиҷон бе патент кор ва фаъолият мекунанд.
Инчунин ӯ аз мансаби худ суистифода карда зидди қарори ҳукумати Тоҷикистон амал карда дар боғи фарҳангии н.Вахш замин гирифта хона сохта аст ва чанд сол мешавад, ки дар онҷо истиқомат дорад. Мувофиқи фармони Президент дар заминҳои марказҳои фарҳангӣ ва фароғатӣ сохтумони хонаи истиқоматӣ қатъиян манъ аст, аммо инҳо аслан аҳамият намедиҳанд. Боз ӯ соли 2020 автомашинаи тамғаи Мерседес- Бенс бо маблағи 80 000 сомонӣ харидорӣ карда буд ва ҳоло бо ин автомашина кор мекунад. Худ андеша кунед, ки прапоршик 1200 сомонӣ маош мегирад аз куҷо ин мошини қиматбаҳоро харидорӣ карда бошад? Ӯ ҳамарӯза дар тарабхонаҳои замонавии н.Вахш,Кушониён ва ш. Бохтар хуроки нисфирузӣ ва ё шом мехурад, ки камаш 200-500 сомонӣ мешавад.
Ӯ беҳад ба мардум ҷабр мекунад, хусусан ба шахсоне, ки қоидаҳои дини мубини исломро ба ҷо меоранд бар зидди ҳичоб ва риш мубориза мебарад.
Беморхонаи марказии н.Вахш зиёда 4 гектар замин дошт. Раиси пешинаи н.Вахш Бароталӣ бародари раиси ҳозираи н. Вахш Қурбони бех аз мансаби худ суистифода бурда як қисми ин заминҳоро ба номи хешовандони худ қарор бароварда шахси карда гирифта буд.
Пас аз он боз раиси дигари Вахш Азизуллои Шарбатулло (Девонаев) зиёда аз 2 гектари дигари заминҳои гирду атрофи Беморхонаи марказии н.Вахшро ба номи одамони худ қарор бароварда шахсӣ карда гирифта аст. Ҳоло беморхона як бинои холӣ дораду халос. Навиштаҳои сокинони Вахш ҳеҷ ба Датсгоҳи раисҷумҳур ва прокуратура ва дигар ниҳодҳои марбута намерасанд. Мо ягона роҳи расонидани шикоятҳои худро тавассути “Ислоҳ” дидем. Боз мебинем,ки чӣ мешавад. Кушиш мекунем ҳар ҷинояти инҳоро нависем,то мақомот бинанду агар номус дошта бошанд каме шарм кунанд, ки киҳоро бар мо раис таъин намудаанд.