Номаҳо аз ноҳияҳо ба “Ислоҳ.нет” №9

Ислоҳ нет

Салом бародар Муҳаммадиқбол! Кори хеле хубе кардӣ, ки ин барномаи «Номаҳо аз ноҳияҳо ба Ислоҳ.нет»-ро ташкил кардед. Шак надошта бошед,ки ин барномаатон хеле муваффақ мешавад, чунки солҳост, дили мардуми тоҷик пур аз дард ва пур аз гап аст ва ҷое барои гуфтан ва холӣ кардани худро надошт. Ислоҳ ин корро кард ва ин шароитро фароҳам овардед иншоаллоҳ, бовар дорам мардум ба самти “Ислоҳ”  бештар меоянд. Савоби дорайн насиби шумо ва ҳама дастандаркорни ин тарҳи зебо ва хайр. Ман худатро нағз мешиносам,ту ҳам маро хуб мешиносӣ, аммо, маълум аст ки бо номам навишта наметавонам. Ҳоло, ман ҳам ин номаро бароят мефиристам.

 Кушониён:

Дар ноҳияи Бохтар, деҳаи Дилбар дар ду мавсими «облава» аз масҷидҳо 5 000 сомонӣ мегиранд. Дар инҷо 3 масҷид амал мекунад. Пулро калонҳои деҳа маҷбурӣ аз мардуме, ки бачаҳояшон барои синни хизмат ҳастанд мегиранд, метарсонадашон, ки пул надиҳед маҳкаматон мекунанд, светотатонро мебуранд. Аз фонди масҷид ҳам бо ҳар баҳона пули кумур, пули свет, пули сухтор, барои обунаигазетаву дигару дигар пул ҷамъ карда медиҳанд. Шахсе, ки пулро мегирад, номаш Мурод, раиси ҷамоати Меҳнатобод аст. На фақат дар деҳаи мо дар дигар деҳаҳо низ ин корро мекунад.

Аз деҳаи мо пулро инҳо медиҳанд:

Мулло Зайниддин, имоми масҷиди боло, Асҳобиддин, имоми масҷиди мобайн, Зафар Ҳошим Алиакбар аз масҷиди поён. Ин се ҳамаи хабарҳоро ба Муроди дар боло зикр шуда бурда медиҳанд. Махсусан Алиакбараш руирост мегуяд, ки ман буз ҳастам, мулло Зайнидди ҳам инчунин. Бузҳои деҳаи Дилбари ноҳияи Кушониён Маҳмадёров мулло Зайниддин, имоми масҷиди боло ҳамаи хабарҳоро якта ба якта ба Муроди раиси ҷамоат мерасонад. Мулло Зайниддин худаш ошкоро мегуяд, ман бузи ҷамоат ҳастам. Дар ҷони мардум задааст. Шумо бародар Муҳаммадиқбол дар як барномаатон Мулло Зайниддинро пештар огоҳ карда будед.Мулло Зайниддинро1-ми декабр даъват карда нишонаш доданд ва ӯро гуфтанд, ки Муҳаммадиқбол туро кофир мегуяд ва ӯ дар масҷиди боло мардумро суханҳои қабеҳ гуфта аризаашро навист ва ба хоҳиши худ имомиро бас кард. (ҳошо лиллоҳ ҳаргиз мо чунин сухане нагуфтаем ва такфирӣ ҳам нестем) Ҳар коре дар масҷид мешуд бо пора будаш мекард ва мардумро минат мекард. Вай мардумро фақат таҳдид мекард, ки ман бас кунам ҷамъият вайрон мешавад, ҳоло бас кардааст, ҷамъият бараскс хуб аст.

Бузи калонӣ ва лесаки Муроди раиси ҷамоати Меҳнатобод Абдулазиз ва Асҳоби мулло имом айнан мисли мулло Зайниддин ҳама хабарро ба боло будаҳо медиҳанд. Бузҳои калонтарин дар масҷиди поёнанд. Алиакбар бузи аз ҳама калони деҳаи Дилбар аст. Ҳошим Чилаев, раиси маҳалла ва бузи ошкорои деҳаи Дилбар аст. Чи маъракае дар деҳа шавад, аввал фассаст мехуранд ва ба Мурод бузӣ карда мегуяд, ки ду хурок кардаанд, биёед ҷаримаашон кунед

Як каме маълумоти дигар дар бораи Алиакбар. Дар деҳаи дилбар як пул сохта истодаанд. Алиакбар бачаҳоро тарсонда 2ҳазор сомониашонро гирифта гуфтааст, ки надиҳед пулсозиатон намемонанд. Ин Алиакбар ҳамеша аз номи Сафари хеши президент гап зада мардумро метарсонад.

Бовар кунед, ин бузҳои номбаршуда дар назди мардум на қадр доранд, на қимат.

Дар масҷиди болои деҳаи Дилбар як ҳоҷатхона рост кардем. Танҳо барои кори сохтмонашро сар кардан зиёда аз 22 ҳазор сомонӣ додем. Ин 22 ҳазорро қисм-қисм:-4-у 3-у 5 ҳазор сомонӣ гирифтанд. Бори охир 8.000 сомониашро пеш аз   соли нав гирфтанд. Аммо 3 рӯз пеш Муроди раиси ҷамоат бо як коргари дигараш Одинаев Асад омада имоми масҷид мулло Зайниддин, Шамсиддин ва Алиакбарро одамҳои амният бурда дар амнияти Кушониён маҳкам карда гуфтанд, то ҳочатхонаро наканед, онҳоро озод намекунем. Мо ҳоҷатхонаро,ки бо пули мардуми нодор рост карда будем кандем. Муроди раиси ҷамоати Меҳнатобод ва Одинаев Асади коргараш бо гуфти худашон навору сурат гирифта равон карданд. Баъд онҳоро озод карданд. Ин се нафари зикршударо дар амнияти ноҳияи Кушониён ҳама дашному ҳақорат ва Алиакбарро лату куб карданд, дар чанд ҷои руяш «синяг» дида мешуд.

Шахсони пулҳоро гирифта Мурод, раиси ҷамоати Меҳнатобод, Комил аз амнияти Кушониён, раиси ноҳияи кушониён, Мирзобек -коргари танзим ва дигар думраваконашон аз ҷамоату ноҳияи Кушониён. Имоми масҷиди боло мулло Зайниддин бояд бас кунад. Ҳамаи қавм дар руяш ва қафояш мегуяндаш бас кун. Ин мулло Зайниддин бахудо на шарм, на номус, на ақл дорад..

  Рудакӣ

Ба номи Аллоҳи бахшояндаи меҳрубон

Бародар Муҳаммадиқболи Садриддин, ман як сокини деҳаи Қулпистаи ҷамоати Қиблаии ноҳияи Рӯдакӣ ҳастам. Мактаби таълимоти миёнаи умумии № 71ноҳияи Рӯдакӣ ин ҷамоат аз замони шӯравӣ боқӣ мондааст. Ин мактаб як майдони футбол дошт. Ин майдонро писари прокурор, ки ному насабаш Сафаров Зиёдуло аст бо раиси маҳалла, ки Воҳид ном дорад (ҳозир ӯ раис нест, баъд аз ошкор шудани дуздиҳояш ӯро аз раиси гирифтанд) аз худ карданд. Раиси маҳалла бо писари прокурор Сафаров Зиёдуло даст ба яке карда майдони футболбозиро ба писари прокурор медиҳад. Ин Воҳид як марди ҳаромхур ва ришвахор аст. Воҳид хеле пули масҷидро мегирад ва мегӯяд, ки «ма шинос дорм да масҷид дакумент даркор намешава, шиносои ма коргарои ҷанобай любой проблемара ҳал мекунан». Аммо як рӯз аз мақомот омаданду масҷидро маҳкам карданд. Барои он масҷид бизнесменҳои Қулписта хела пул харҷ карда буданд. Бояд масҷиди ҷумъахонӣ мешуд. Аммо махкам карданд. Бо як зораву нола тавонистанд, ки 5 вақта кунанд. Ин писари прокурор як рӯз омад ва даври майдонро девори тунукагӣ гирифт. Ба бачаҳои куча мегуяд агар якеатонро дар дуруни майдон дидам фалонтон мекунам. Бовар кунед ман ин гапро бо гушҳои худам шунидам. Баъди ин дашному ҳақорат сокиноне, ки назди майдон зиндагӣ мекарданд, додувой бардоштанд ва бо писари прокурор ҷанг шуданд. Аввал мо фикр кардем, ки майдонро директори мактаб Боқиев Пирмаҳмад фурӯхта аст. Баъди ҷанҷоли мардум фаҳмидем, ки ин кори раиси маҳалла будааст. Намедонем, инҳо чи тавр майдони бозии футболро фурӯхтанд, ҳайронем. Мардум ҳама бо директори мактаб Боқиев Пир, ки хеле марди хуб аст, (ҳозир дар маориф кор мекунад) ариза ҷамъ карда дар чанд идора пешноҳод мекунанд аммо ҳеҷ кадоме ба доди мардум намерасанд. Ба қайдгирии асноди Қулписта дар ноҳияи Рудакӣ сурат мегираду заминҳояш дар ноҳияи Варзоб дохил мешавад: «Ин масъаларо мо дида мебароем мегуянду тамом». Аз ҳар куҷо мебиёянду як, ду сурат мегиранду мераванд. Мардум диданд, ки ягон кас ба додашон намерасад дига ҳами хел ҳама «тишина» шуд.

Маълум аст ки дар паси ин кор коррупсия ҳаст, ришавдиҳиву ришвагирӣ мекунанд

Як писари прокурор ин қадар ноадолатӣ мекунад, аммо ҳеҷ яке аз мақомоти Раҳмонов ба доди мардум намерасад. Ин писари прокурор як ҷойи подахобравро гирифта магазин мекунад вале раиси ҷамоат ё раиси ноҳияро якҷо бо кормандони

телевизион фарёд мекунад ва онҷо воҳима мекунад, ки дар ин магазин 8 нафарро ба кор мегирад. Аммо онҷо ду кас кор мекунаду тамом.

Барои як магазини писари прокурор бисёри одамон аз гову молдорӣ монданд. Як  подаи калоне, ки барои бониаш дар ду моҳ як бор навбат меомад як магазинча барҳам дод. Аксарият гову молашонро фурӯхтанд. Чи қадар ба мардум зарар шуд. Дар ҳоле он мағоза ҳеҷ фоида ба мардуми камбағали мо надорад. Аммо дардамонро ба куҷо гӯем?

Номи прокурор Қутбиддин Сафаров ва номи писари прокурор Зиёдуло Сафаров, зани прокурор ва модари писари вай муаллима Давлатова аст, ки дар мактаби деҳа дарси ибтидоӣ медиҳад.

Чанд сол пеш мактаб милисаҳо омаданду маҷлис доир карда гуфтанд, ки як нафар бо номи Муҳаммадиқболи Садриддин хоини миллат аст, дар деворҳои шаҳри Душанбе ҳар чизе бар зидди давлату миллат менависад ва дар шабакаҳои иҷтимоӣ фаъолият мекунад, видеоҳои ӯро тамошо накунед гуфта насиҳат карданд. Барои ман «интиресни» шуд. Гуфтам ин одам, ки бошад? Дар Тоҷикистон Ютуб истифода намебурдам. Инстаграм даромадам ва якумин бор дар онҷо видеоятонро дидам. Ба назари ман аз ин шабака бештар истифода баред. Пас аз он дигар ҳар барномаи шуморо интизорӣ мекашам. Хулоса худи мақомот шуморо ба мо муаррифӣ намуданд.

Ғарм:

Ассалому алайкум, бародар хубед. Як сурат мефиристам ва каме маълумот барояш.

Ин шахс Нуъмон Исматов ном дорад ва дар ҳукумати ноҳия кор мекард. Аз ҳукумат баромад, феълан масъули кумакпулиҳо дар минтақа мебошад. Ман як муддат ҳамроҳаш кор кардам. Корро супоридам. Вақтҳои охир аз рӯи кормандонаш зиёд шикоят мешавад, ки ҳамон кумакпулии 130 сомонигиро, ки дар се моҳ як маротиба дода мешваад ва аз ҳукумати шаҳр «дело» медиҳанд ва он ҳам бепул аст аммо вай бо пул дар ҷамоат ба мардум тақсим мекардааст.

Ростӣ пеш аз якҷоя кор карданамон мешинохтамаш. Фикр мекардам чи қадар инсони бомаърифат аст. Аслан як марди хеле ҳам ба пурсупосу бисёр гап дон аст. Лек вақте ҳамроҳаш рафту омад мекуни тамоман дигар кас аст. Дар ҳоле, ки корманди ҳукумат аст ду зан дорад, ки тибқи қонун ҷиноят аст. Барои онки рафиқи Асадулло Раҳмон (Сумбулоғо) ёрдамчии кадрҳои президент аст ва ҳеҷ кас чизе гуфтааш наметавонад.

Дар корхона бо кормандонаш бисёр бо алфози дурушт муомила мекунад. Ҳатто зану модару хоҳари ҳамкоронашро ҳақорат медиҳад. Бо ҷамоатҳо маслиҳат кардаву ҳамон «дело»-и камбизоатии ройгонро 20 сомонӣ мефурӯшад.10 сомонӣ котиб ё худи раиси ҷамоат мегираду 10 сомониашро масъули кумакпулӣ, яъне ҳамин Нуъмон Исматов. Аммо, бовар кунед, ки баъзе аз ин камбизоатҳо ҳатто роҳкиро надоранд. Чи тавр боз ба ин одам 20 сомонӣ бидиҳад. Аз ҳама безебаш ин аст ки кумакпулиро бояд мардуми воқеан камбағал бигиранд, аммо ин Нуъмон Исматов кумакпулиҳоро ба ному ёру ошноҳояш менависад, чунки дар дохили он кумакпулӣ боз барномаҳои дигар ҳам ҷо дорад.

Мисли пули донишгоҳ. Агар камбизоат бошад аз ин кумита маълумотнома пешниҳод мекунад, ки эхтиёҷманд аст, 50% пули донишгоҳашро медиҳанд, ё ин ки мурдапулӣ аст, ё пули беморхона 50% дорад, ё агар маълумотномаи 50% пешниҳод кунанд, тамоман пули беморхонаро намедиҳанд. Ҳамсари дуюмаш коргараш буд. Ҳукумати ноҳияро дар вақташ Лоиқзода мисли бардел карда буд. Ин духтарроки таваллуди 1995 аст чи коре мекунанд,маҷбур мешавад мегирад. Аз ин зан як писар дорад.

 Деваштич:

Салом, акаи Муҳаммадиқбол! Ман аз ноҳияи Деваштич ва бинандаи доимии шабакаи «Ислоҳ» ҳастам. Барномаи шикоят аз ноҳияҳоро дидам. Дар бораи раиси хоҷагии Равот, Худойбердиев Боймуҳаммад ва бародаронаш гуфтед. Аммо шумо аз дарё як қатра гуфтед!

Дар хоҷагии Равот ва шояд дар тамоми Тоҷикистон ин хел раиси фиребгари дузди ғоратгар вуҷуд надошта бошад. Ман худам аз хоҷагии Равотам. Ҳозир вазъият дар хоҷагии мо бисёр бад. Мардуми деҳа ранги барги бед ларзидаву тарсида гаштанд.

Як қисми аъзои “Хоҷагии Равот” аз мардуми туркнажодем. Аммо ҳозир дар паспорт ва ҳам забонамон тоҷикӣ шудагӣ. Моро туркак гуфта раис мазоҳу масхара мекунад. Мо аз фиребу найрангҳои раис безор шуда, аз қимат кардани андоз аз заминҳоямон ва зӯракӣ гирифтани андоз хостем ҷудо шуда хоҷагии алоҳида ташкил кунем.Аммо 3 сол мешавад ҳама ҳуҷҷатҳоямон омода вале раис ҳар хел баҳонаҳо карда моро ҷудо шудан намемонад. Ҳатто одамҳои ҳукумат ва ҷамоаро харида гирифтааст. Ин раиси каззоб ҳозир хоҷагиро барҳам дода аз дигар хоҷагӣ кардаасту аммо мо халқ хабар надорем.

Хоҷагии нав ба ном «Равоти Алибердӣ» ном дорад ва ин номи бобокалони раис Худойбердиев Боймуҳаммад! Ҳамаи заминҳоро аз они худаш кардааст. Ба ҷуз аз  4 ако ва додараш дигар ягон аъзои хоҷагӣ хабар надорад!  Оё дар қонун ҳамин хел шуданаш мумкин аст? Моро бо 4 акаву додараш ҷамъ карда гуфт, шартномаю сертификатҳоятон бекор шудагӣ, бо ман аз нав шартнома мекунед! Мақсад аз ин шартнома 200 – 250хоҷагии мавҷударо аҳмақу аблаҳ карда пул гирифтан ва дар сурати нагирифтани пул заминашонро кашида гирифтан аст! Андозро аз ҳар 40сотик замин 800-1000сомонӣ мегирад. Дар дигар хоҷагиҳо нархи андоз аз1гектар замин 400сомонӣ! Боз шарм нокарда мегуяд дар хоҷагии мо андози аз ҳама арзон аст. Як нафар ҳоҷии гурсухта ҳаст номаш Ашуров Рузибой, як марди бесавод занаш фолбину ҷодугари маҳаллаи Равот. Ҳамин шахсро вақти андоз ҷамъ кардан ҳамроҳаш мегирад, барои он ки дар ҳама чекҳову квитансияҳо имзои ҳамин бесаводро мемонад. Худаш ин раиси дузди гурсухта собиқ корманди прокуратура аст, имзо намемонад, аз пеш паяшро тоза мекунад.

4 акаву додар дорад:

1) Худойбердиев Нормуҳаммад, ҳавлии истиқоматиаш 36 сотих,  боз замини наздиҳавлигӣ дорад 87 сотих. Нав онҷо хона барли бачааш андохт. Дар 87сотих замин! Боз замини саҳмаш 1.3 гектар. Қубурҳои оби хоҷагиро фурӯхта ҳаҷ рафта омад. Табааи Узбекистон, аммо дар Тоҷикистон зиндагӣ мекунад.

 2)Худойбердиев Бегмуҳаммад. Ғайр аз ҳавлиаш боз 2-то замини наздиҳавлигӣ 40 сотих гирифт. Замини обиаш 15 гектар аст.

 3) Худойбердием Шермуҳаммад. Ҳавлии истиқоматиаш 35 сотих. Боз 2-то замини наздиҳавлигии 20 сотихӣ гирифтааст. Замини обиаш 2.5 гектар.

 4)Худойбердев Аюбҷон. Ҳавлии истиқоматиаш 18 сотих,

боз 2-то замини наздиҳавлигии 35 ва сотихи гирифтагӣ аст.30 сотихашро аз акои раисаш ба 42.000 доллар харид. Замини обиаш 1 гектар.

Ин раиси дузд пулро гирифта ба як писараш аз шаҳри Бустон кваритараи 2 хонагӣ харид ва як мошини Хонда-Ҷипро дар 12.000 доллар харид. Мақсад савор шуда биёду сиёсат карда мардуми мазлуми деҳаро тарсонад. Оё дар ягон давлати дунё ҳамин хел қонун ҳаст, ки ин қадар заминро ба иморатсозӣ ба додаронаш диҳад?

Дар хоҷагӣ як нафар бо номи Расулов Неъмат дар ҳамсоягии ҳаминҳо зиндагӣ мекунад. Дар замини наздиҳавлигиаш иморат сохт. Ин беинсофи дузди раис ҳамроҳи акояш кормандони давлатиро оварда ними ҳавлиашро бо малютка вайрон кард. Сабаб дар ҳуҷҷати замин 12сотих нишон дода шудааст, аммо заминаш 15 сотих. Барои 3 сотих зиёд будан ними ҳавлиро вайрон кард! Ин беинсофиро бинед! Худаш дар 1гектар хона карда шиштааст!

Худи ин раиси муттаҳам 3.5 гектар боғи яке аз деҳқононро бо зӯриву таҳдид кашида гирифт. Дар хоҷагӣ одамоне ҳастанд, ки дар як ҳавлии 10 сотихӣ 5-6 оила зиндагонӣ мекунанд. Ва дар саҳро 1сотих замин надоранд. Инро ҳатто Эмомалӣ Раҳмонов дар баромадашон ҳам гуфта буданд. Аммо мисле гапи ӯро ҳам ин раисони мо аҳамият намедиҳанду барои покозуха ва гӯйё дилсӯзӣ гуфта бошад. Дар асл ҳеҷ раҳме ба мардуми камбағал дида намешавад.

Оё ҳамин қадар замини ҳақи мардумро гирифта барои худ хона кардан мумкин ми? Ин раиси дузди порахур он қадар беинсоф аст ки қариб 35-40% заминҳои хоҷагӣ дар дасти акаву додарҳояш ҳаст, аммо доим маҷлис карда мегуяд заминҳои шумо бисёр аст. Тамоми аъзои хоҷагӣ максимум 40 сотихӣ замин надоранд. Оиди ин масъала ба нозири минтақавӣ, ба коррупсияи ҷумҳурӣ, ба прокуратура бо тариқи почтаи электронӣ хабар додем, аммо ягон чора наандешиданд. Номаҳои мо сад дар сад мерасанд ва боз омада мошкоро мегуяд навиштед чи фоида кардед , ман одам дорам дар ҳама зинаҳо номаро ба ман медиҳанд ва ҳақашонро мегиранд. Пас мо ба куҷо шикоят кунем ? Ин раиси бо пули ҳароми бо фиреб аз мардум гирифтагиаш участковий ва кормандонимилисаро харидагӣ аст. Раис бо бародаронаш, автозаправка, мойка, мағозаҳо, мағозаи запчастфурушӣ дорад ва участковию милиса бо онҳо наздик шудагианд. Бори дигар дар бораи онҳо навор нашр кунед, шояд ягон мақомоти боинсофе дар кори давлатӣ бошаду ягон тадбире бар суди мардум биандешад. Ин раис 20сол қабл аз корҳои давлатӣ ронда шуда буд. Дар кадом сохторе кор кунад ба коррупсия ва ба дигар ҷиноятҳо даст задагӣ, зиндон ҳам шудааст. Аммо дар давоми ҳаёташ то имрӯз ягон маротиба бо роҳи ҳалол пул ёфтагӣ не, фақат бо роҳи фиреб пул ёфтааст. Номаҳои мо ба ҳеҷ ниҳод суд надоданд ва натиҷаҳои чашмрасе аз нашрашон дар “Ислоҳ”ро бо чашмони худамон дида истодаем. Пас дигар ягона ҷойи шикоят ин “Ислоҳ” будааст , худоро шукр шумо ҳастед ва дарди моро мерасонед. Вагарна мо аз ғуломҳои асрҳои гузашта ҳолатамон бадтар аст.

 Панҷакент: 

Ассалому алайкум,бародар Муҳаммадиқбол!

Худованд ҳамаи муборизонро фируз гардонад. Ман аз шаҳри Панҷакент, ҷамоати Моғиён. Номаро мефиристам то мардум ва мақомоти ҳукумат ҳам бифаҳманд. Дар ҷамоати мо 26.000 аҳолӣ  зиндагонӣ мекунанд. Аз маркази шаҳри Панҷакет то ҷои мо 48 км  роҳ ҳаст. Бовар кунед, ки равуо бисёр ҳам душвор аст. Агар барои ягон зарурат ба шаҳр равем, маслан беморхона, ё бозор ё барои ягон ҳуҷҷат роҳ хеле вазнин аст. Ағба ях бастааст. Ҳаво ниҳоят сард. Мақсади ман ин аст ки бигуям мо роҳи дурусту ҳисобӣ надорем ва касеро ҳам дар гумонаш намегузарад. Барои рафту баргашт 50 сомонӣ фақат роҳкиро харҷ мешавад. Автобусҳо кайҳост, ки баста шудаанд. Фақат корамонро бо таксӣ анҷом медиҳем. Раиси ҷамоати Моғиён Икром Истамов мебошад. Бесаводи бемаданият аст. Дасти чапашро аз росташ фарқ намекунад. Ҳоло дар ин ҷамоат мавсими туй, аз ҷумла туйи оиладоршавӣ рафта истодааст. Мардум фарзандонашонро оиладор мекунанд. Касе аз 27 сола поин бошад ва аскарӣ нарафта бошад аз вай Икром 10.000 сомонӣ мегирад баъд ЗАГС, яъне ҳуҷҷатгузорӣ мекунад. Рӯзе як нафар барои ҳамин кор ба наздаш даромадааст. Аз он одам ҳам 10.000 сомонӣ талаб мекунад. Он мард мегуяд, ки дар ҳеҷ ҷо кор намекунам, инвалидам, чи тавр ба ту ин пулро диҳам? Ҷавоб медиҳад, ки ман ин пулро худам намегирам, бурда ба военком ва амният медиҳам.

Ман дар тааҷҷубам, ки касе намепурсад, ки чаро барои оиладор кардани фарзанд бояд ба ҷамоат, военкомат ва амният 10.000 сомонӣ дод? Ин зулм то кай давом мекунад? То ба кай хуни халқро мемакед? Бовар кунед, ки мардум аз ин ҳукумат сахт норозианд ва нафрат доранд. Мо медонем шикояти мо ба ҳеҷ ниҳоде суд намедиҳад ва бар акс бар зарари шахси ариза диҳандаю шикояткунанда тамом мешавад. Аз ин хотир беҳтарин ҷое,ки шикояти мо ба болотарин маконаш мерасад ин “Ислоҳ” аст. Мо бачаҳои Моғиён ҳамеша барномаҳои шуморо дунбол мекунем ва дардҳоямонро дар барномаҳои шумо мебинем.

Ps: Дигар ниёз ба шарҳу тафсире надоред ва танҳо раисони ноҳияҳое аз сокинони шумо ба “Ислоҳ” маълумотҳо расидааст бояд ба ин мушкилот расидагӣ намоед.

Раиси тозаинтихоби ноҳияи Рудакӣ ҷаноби генерал Ҳикматуллозода Абдуғаффор дақиқан ба хотири ҳалли ана ҳамин мушкилот шуморо раиси ноҳия гузоштаанд. Мо ин қазияро наззорат мебарем,ки то куҷо ҳаллу фасл мешавад ва ҳатман дар барномаҳоямон аз он хоҳем гуфт. Ислоҳ ҳама кори шуморо наззорати ҷиддӣ мебараду онро мунсифона тақдими миллат ва мардум менамояд.

Дар мавриди раиси ноҳияи Деваштич воқиан хело шумо шахси ноуҳдабаро ва бе масулияте ҳастед. Шумо ҳатто аз уҳдаи як сомонаи ноҳия набаромадаеду онро дуруст накардаед. Аз соли 2018 аслан чизи дигаре надорад ин сомона. Бовар кунед як ноҳия сомонаи дуруст ҳисобӣ надошта бошад дигар сухан гуфтан ҳайф аст. Ҷаноби Ашуралӣ Ҷалилзода ин мартабаи панҷум аст аз ноҳияи Деваштич шикоятҳо мерасанд аммо ҳеҷ роҳи ҳалли худро пайдо накарда истодаанд. Раиси кумаитаи собиқи замини ноҳия Нуриддин Абдуллоев бо оилааш то ҳоло дар ноҳия нуфӯз дорад ва ду зани фарошро кушту  шахси дигарро ба ҷояш зиндонӣ кардед. Зулми узбекон дар ноҳия хело зиёд. Зуратон ба ин раисони дузди ҷамоат ва қотилон нарасад ошкоро гуед онро. Агар дар долия қуш бошед ин коратон ғалат аст ва ислоҳ намоед ин амалатонро. Мо ҳатман ин ҳолатҳоро наззорати ҷиддӣ менамоем, ки то куҷо ҳалли худро пайдо менамоянд. Мо вазъро зери назорати шадиди худ қарор медиҳем!

Дар мавриди раиси Панҷакент ҷаноби Абдухолиқ Холиқзода, ки то ҷое дар Панҷакент тартиботро ҷорӣ намуда ва сомонаашон мураттаб кор мекунад ва корҳояшон дар сомона дида мешавад аҳсан мегӯем. Аммо мушкилоти ҷой дошта дар Ҷамоати Моғиёнро ҳатман дида бароед,ки 26 ҳазор аҳолиро асир накунед ва масалаи кумитаи амниятатон мардумро хело ба мушкилот рӯ ба рӯ намудааст инро низ як дида бароед. Дар масалаи конҳои аз тарафи хитоиҳо кор карда истода дар Негнот, ки худатон аз мо бештар огоҳед таваҷҷӯҳи бештар зоҳир кунед.

Дар мавриди Рашт ҷаноби Раҳимҷон Набизода Муқимӣ дигар тамоман гап нест, бештар пора гиред ва то он рӯзе кришаатон Зокирзода Маҳмадтоир раиси порлумон ҳаст ҳатто  зури пешвои миллат ба шумо намерасад. Аҳсан шумо зур буданатонро нишон додед мо ҳама қоил. Қаноатшо Лоиқзода шумо гаштед Озода Раҳмоноваро криша гирифта. Бояд Шукурҷон Зуҳуровро криша мегирифтед ва ҳатман дигар дастҳоятонро пеши бар карда кали зиракро итоат карда гаштан гиред.

Share This Article