Дар тағйироти кадрии ахир асосан КДАМ ва Прокуратура «зарба» хурданд. Дар бораи ВКД инҷо чизе намегуем, аммо тағйирот дар Прокуратура, бовар кунед, ки як бозӣ буд. Як бори дигар маълум шуд, ки Юсуф Раҳмон, Прокурори генералӣ яке аз наркобаронҳои калонтарини на фақат Тоҷикистон, шояд минтақа бошад.
Ҳамин Ҳабибулло Воҳиов, ки ҳоло муовин ва сарпрокурори ҳарбӣ шуд, ҳамкурс ва дӯсти наздики Юсуф Раҳмон гуфта мешавад. Вақте Юсуф Раҳмон омад, Эмомалӣ Раҳмонов муовинҳои ӯро бо танқидҳо аз масъулиятҳо барканор кард. Аммо Ҳабибулло Воҳидов прокурори вилояти Суғд таъин шуд. Ҳоло овардани Ҳ. Воҳидов аз раёсати Агентии мубориза бо гардиши маводи нашъаовар ба мақоми муовин ва Сарпрокурори ҳарбӣ фақат ва фақат ба хотири таҳти назорат гирифтани масири маводди мухаддир аст. Ҳабибулло Воҳидов ҳангоми кор дар Агентӣ тамоми гурӯҳҳои қочоқчиҳоро шинохт. Ва акнун, ки назорати ҳарбиҳо-яъне сарҳадбонҳоро бар душ гирифт, аз ёрони наздики Юсуф Раҳмон дар амри қочоқи маводди мухаддир аст. Номаи зер далели он аст ки Юсуф Раҳмон бо бондҳо ва афроди машғул ба қочоқи маводди мухаддир чи гуна иртибот дорад:
Кулоб
Салом бародар Муҳаммадиқбол. Дар Шумо дар бораи Раҷу Мулло як мақола чоп кардед. Дар ҳақиқат ин “Раҷу” шахси бонуфуз ва сахт пулдор буд. Дар Кулоб ва Восеъ ҳама бар ин боваранд, ки ӯро куштанд. Вале қотилони вай ҳаргиз пайдо карда намешавад. Феълан ин амали кушторро аз МВД дида истодаанд. Аммо ба эҳтимоли зиёд дар пушти ин куштор нафарони дигар ва сохтори дигар истодааст. Ман Раҷу муллоро мешинохтам ва бо вай дустӣ ва равуо доштам. Соли 2015 ё16 буд, ки яке ӯро дастгир карданд, қапиданд. Лично Юсуф Раҳмон, Прокурори генералии Тоҷикистон ва қудои охирони Эмомалӣ Раҳмонов худаш ӯро баровард. Вайро бо 8 грамм кокаини тоза қапиданд. Ӯро бурданд ба отдел. Чи қадар латукуб карданд ва бо вай як бозӣ ба роҳ монданд.
Дар кабинет жучок мемонанд. Муфаттиш мегуяд ,ки ман развод мебарояму боз бармегардам. Ва ба Раҷу таҳдид мекунад, ки ноҷунбон бишин. Вале телефонро додаву таъкид кардааст, ки «хап бишин ису усу занг назан».
Аммо ин Раҷу Мулло бо телефон ба чанд ҷойҳои даркорӣ занг зада огоҳ мекунад, ки «борҳоро баҷо кунед». Ҳамаро жучок запис карда аст. Лекин мақомот ягон кор кардагӣ нестанд, обиск нест, изяти нест. Сари вақт маслиҳат мекунанд ва мегуяд 15 ҳазор доллар медиҳаматон сар диҳед. Бегоҳ мебаранд барои санксия ба додгоҳ, аммо додрас санксия намедиҳад. Супориш чунин мешавад, ки «барену дар ҷош қарор диҳен». Корҳои ӯро он замон Юсуф Раҳмон ҳал мекунад. Ҳоло боз чунин сарусадо дар Кулоб сайр мекунад, ки Раҷу мулло дигар даркор нест, барои ҳамин Юсуф Раҳмон аз гузаштаҳои ифлосаш мехоҳад халос шавад.
Ҳоит
Ассалому алейкум бародар Муҳаммадиқбол! Барнома дар бораи Ҳоитро тамошо кардам. Валлоҳӣ ҳамааш рост аст. Сайфулло Муталибҷон бародарони мананд. Ҳоло дар бораи бузҳои Ҳоит бароятон менависам. Нозимҷони Исо 70 ҳазор сомонӣ ба Додарбег пора дод. Додарбег аз боғи Чилсолагии Ҳоит ба Нозими Исо як гектар бештар замин дод. Сайфуллои Муллоҷонро зиёд ғам дод, то ки хона насозад. Сайфулло маҷбур шуд ва ба вай пул дод.
Аброров Қаҳрамон, фарзанди Раҳмон мутаваллиди 1976 аст. Падараш чанд сол дар ДЕУ кор кард. Ҳатто як ваҷаб роҳро асфалт накард. Ҳама ҷо замини инҳост. Соҳиби ду дулан, як трактори 82 ва дар Душанбе хона. Падарашро аз вазифа гирифтанду писарашро дар ҷояш монд, яъне ҳамин Қаҳрамони бузро. Дере нагузашта аз кор сураш карданд. Ин инсонбениҳоят бузи калон аст. Дар Ҳоити 2 ду масҷит мавҷуд буд. Масҷиди боло ва поён. Чанд сол пеш дар масҷиди боло як муло кудакҳоро дарс медод. Ана ҳамин бешараф ин муллоро фурӯхт. Мулло бошад 5 000 сомонӣ бурда ҷарима супорид. Дар масҷид садақа ё гаштак мешавад. Ин бешараф то ҳатто хурданатро наблюдат мекунад. Ҳозир бошад масҷиди боло баста аст. Чанд сол пеш маҳкам карданд. Дар Ҳоити 2 бисёрии бузҳо аз ҳамин авлоданд. Бачаи амаки ҳамин Қаҳрамон Аброрзода бо номи Карими Собир бузи калон аст. Дар Ҳоити 2 ҳама инро медонанд. Ин бешараф шикори бузи куҳӣ меравад, аз касе коғаз намепурсад. Дар забонашон фақат Пешвои миллат. Ин нафар чанд соли пеш дар милиса кор мекард. Вақте ки лашкари Пешвояшон, хато накунам соли 2012 буд, ба Помир ҳамла карду чи қадар бадахшонии бегуноҳро кушт, ин бузи гушкалон худашро касал гирифт,то ки ҷангаш набаранд. Чунон «касал» шуд, ки дигар аз хонааш набаромад. Баъди ин аз кор сураш карданд. Ин Наими Собир ва Ҳомиди Собир ҳарсеяшон бузи руирост ҳастанд. Наими Собир ҳамроҳи Ҳомиди Собир дар Маскав дар бозори Люблино ароба мекашанд.
Ҷои зиндагии Аброров Қаҳрамон Ҳоит-2 аст. Дигарҳояшон Аброрзода Карими Собир, Аброрзода Наими Собир, Аброрзода Ҳомидҷон ва Нозимҷони Исо низ дар ҳаминҷо зиндагӣ мекунанд.
Як мълумоти дигар дар бораи ГЭС-и Ҳоит. ГЭС дар ҷамоати Ҳоит-2 ҷойгир аст. Алҳамдулиллоҳ зимистон то баҳор свет дорем. Лекин мутаассифона як рама одам кор мекунад. Якумаш Муллоҷони Хуҷаҳмад, ки тамоман ба тарафи ГЭС намеравад. Ҳар моҳ се ҳазор сомонӣ маош ва се ҳазор сомонии дигар нафақа мегирад. Муллоҷони Хуҷаҳмад аз соли 1994 бузуи ин ҳукумат буд то ҳозир ҳам буз аст. Як муҷоҳид буд аз Ҳоит-2. Номаш Ҳусниддин, ки ӯро ба шаҳодат расониданд. Ду маротиба ҳамин Муллоҷони Хуҷаҳмадро озод кард. Вагарна нобудаш мекарданд. Ин бузи калон 5 писар дорад. 4-тои онҳо бузи натуралнианд. Дар ГЭС-и Ҳоит-2, ки дар дараи Тутак ҷойгир шудааст, худаш ва ду писараш кор мекунанд:
Валиҷони Муллоҷон, Қодири Муллоҷон. Калонашон дар онҷо Қодир мебошад. Писари 3-юмаш Абдуллоҳ аст. Зубайдулло чорумӣ ва Юсуфҷон панҷумӣ. Юсуфҷон дар мактаби 91 директор аст. Нафари дигар Умриддини Ҷура, бачаи холаи Қодир, вазнаш 150 килограмм аст. Ин ГЭС, ки дар ҷамоати Ҳоит ҳаст фақат аз Ярхичи боло то Ҳоит-2 барқ медиҳад. Фақат зимистон. Тобистон маҳкамаш мекунанд, Пули кв. соати барқ 26,51 буд. Коргарҳо гуфтанд, ки гарон шуд, мумкин то 50 дирам шавад.
Мактаби Ҳоит-2 рақамаш 91 аст. Директори мактаб Юсуфҷони Муллоҷон мебошад. Дар ҳар маҷлис ҳудаву беҳуда пешворо таъриф вале шуморо хоини миллату давлат эълон мекунад. Мо, медонем, ки хоини асосӣ кист. Ҳар ҳафта бо ин ё он баҳона талабаҳои мактабро водор мекунад, ки пул оваранд. Аз дуввуним сомонӣ сар карда то 50 сомонӣ талаб мекунанд.
Чанде пеш дар Ҳойти 2 дуздӣ шуд. Се писарбачаи талабаи мактаб, синфҳои 7 ё 8 дар хонаи Дилбари Мирзои Ҳайит, ки садҳазор сомонӣ касса доштааст даромада даҳ ҳазор сомониашро гирифтанд. Аммо кадом дузди дигар даромада 90 ҳазорашро мегирад. Талабаҳои мактабро дастгир мекунанд. Писари Дилшоди Маҳмад, писари Фатҳуддини Ҳайдар ва писари Ғиёсиддини Абдурашид, ки онҳоро ҳар кадомеашро 17 ҳазор сомонӣ ҷарима карданд. Ва директори мактаби рақами 91ро ба маблағи 6 ҳазор сомонӣ ҷарима карданд. Аммо дирктор ин пулро аз талабаҳои мактаби №91 ҷамъ карда супорид. Бубинед зулм то куҷо дар Ҳоит тантана мекунад.
Барои духтарҳо либоси мактабӣ меоранд ва аз ҳар духтар 50 сомонӣ мегиранд. Дорӣ, надорӣ барои онҳо фарқ надорад. Бояд биёбӣ ва бурда супорӣ. Як зан, дар мактаби 91 фаррош аст. Вай мардумро мефурӯшад. Баротова Меъроҷбӣ. Чанд барондарони фурӯхта шуда тавассути ӯ гуфтанд, ки ин зан ҳаминкора аст. Аз авлоди директори мактаб аст. Хуҷааҳмади Муллоҷон 5 писар дорад. Якумаш Валиҷони Муллоҷон, ки чанд сол милиса буд. Дуюмаш Қодири Муллоҷон, сардори шабакаҳои барқ аст, аммо инсони хуб аст, ба мардум хизматаш мерсад. Сеюмаш Абдуллои Муллоҷон.Тамоми кори зишти дунёро мекунад. Арақ, банг, сигор. Доим дар Русия аст. Ҳамонҷо кор мекунад.
Чорум Зубайдуллои Муллоҷон, ки ин ҳам чанд сол дар милиса кор кардааст. Ва панҷум Юсуфҷони Муллоҷон, ки мактабро ҳатто дуруст ба итмом нарасонидааст. Чанд соли муаллим шуда кор кард. Ин Юсуфҷони Муллоҷон, арақ, наша ва сигор истеъмол мекунад, мисли падараш Хуҷааҳмади Муллоҷон. Хулласи калом Қодири писараш буз нест ва инро ҳама медонанд. Худаш ва чор фарзанди дигараш то мурғи мардумро хабар мекашанд ва бузҳои асосии Ҳоитанд.
Дар мактаби №91-Ҳоити 2 барои талабаҳо куртаи сафед меоранд ва аз ҳар талаба 30 сомонӣ мегиранд, на фақат аз духтарҳо аз писарҳо ҳам меситонанд. Боз як қонуни нав баровардаанд. Агар зан ҳомила аст бояд аввали моҳ, ки тифл як моҳа мебошад бояд ӯро ба бемористон рафта қайд кунад албатта ин кори хуб аст вале барои гузоштан дар қайд 200 сомонӣ мепурсанд вале агар тифл калон шуда бошад, яъне думоҳа шуда бошад бояд 5000 сомонӣ бидиҳӣ. Чунки дер кардаӣ. Агар худатро рафта дар қайд нагузорӣ ва пулро надиҳӣ ба ту касе дар беморхона ёрдам намерасонад. Ҳатто намемонанд, ки вориди бемористон бишавӣ.
Ин Хуҷаҳмади Муллоҷон бошад ҳар тирамоҳ аз дара ҳезум меорад. Як камаз ҳезум то 4000 сомонӣ. Аммо худи Хуҷаҳмади Муллоҷон як дирам хароҷот намекунпд, чунки шабона меоварад. Лекин рӯз шавад, мардум мебинад, ки вай аз дара ҳезум овардааст. Ҳезуми дара маълум аст. Вале агар ягон нафари дигар теша ба ягон буттаи ҳатто хушк зад, ҷангалбону участковий филҳол ба сараш меоянд. Аммо касе ин Хуҷаҳмади Муллоҷонро, ки Камаз Камаз оварда мефурӯшад, касе намебинад ва чизе намегуяд. То ба кай дар Ҳоит ин ҳама зулму ситам давом мекарда бошад ?
Конибодом
Ассалому алейкум мӯҳтарам Муҳаммадиқболи Садриддин! Ман аввалин бор ба шумо шикоятномаи пур аз дарду ранҷи мардуми деҳаи Лоҳутии ҷамоати деҳоти Лоҳутии ноҳияи Конибодомро менависам. Ҳаракат мекунам тамоми афроди берун аз қонуни кишвар ва корҳои анҷомдодаашонро ба минбари ҳақгуи шумо маълум кунам.
Ман чанд сол пеш ба маркази ноҳияи Конибодом ба хотири гирифтани шиносномаи шаҳрванди Тоҷикистон рафтам. Манро онҷо хеле таҳқир карданд. Гуфтанл ришат фалон сантиметр аст: “бра ай магазин я “Жилет” бги ришта бтрош, набоша да обезянник метрошемт”. Ман ноилоҷ ришамро тарошидам ва баъд ҳозир шудам. Аммо онҷо навбати калон буд. Ҷавонон пиронсолонро ҳақорат мекарданд. Вақти навбати ман расид, навбати манро як бача гирифту даромаданӣ шуд. Аммо ман зудтар даромадам. Вале онҷо манро ҳақорат карда чунин гуфтан: “э,будики шапкача, бра дафша, ай кабинетм». Ман шок шудам, на ба суханҳояш, балки ба ҳолате, ки ӯ онҷо қарор дошта буд, изор яъне шим, ман намедонам шумо қурғаниҳо брюкро чи мегуед, ҳамин брюкаш поён аз зонуҳояш буд ва дар пушти мизи кориаш, руи фарш маълум буд, ки зане буд. Шояд ман ин саҳначаро ба ба шумо натавонистам фаҳмотар нависам. Ман ҳам номус дорам ва шумо ва бинандаҳо ҳам номус ва фаҳмиш доред. Мақсад дар паспортний столи ноҳияи Конибодом ҳолати мардуми бечора чунин аст.
Солҳои 2016 – 2017 як прокуроре буд, ки бо ҷавонон кор мекард. Ӯ ҳам ба монанди ҳамин коргари паспортний стол, шахсияти непростой буд. Он прокурор он занҳоеро, ки аз шавҳарҳояшон ҷудо мешаванд, ё бо масъалаи алимент, ё ба масъалаи ҳуқуқи волидон барои кӯдак баъд аз ҷудошавӣ ба вай муроҷиат мекарданд, ӯ ба осонӣ ин корҳоро ҳал намекард.
Қасам мехӯрам ба тамоми муқаддасоти олам, дидам ин корашро. Вай дари кабинеташро маҳкам карда бо ҳамон зану модарҳои мардум, корҳои палиду касифи худро анҷом медод. Солҳои 2016 ва 2017. Тақрибан моҳҳои декабр, феврал ва апрел буд. Ман талаб дорам аз ҷаноби Буратинои Навҷувонов, ки ин ба ном прокурорҳоро санҷад, аз ҳамон солҳои пеши пеш, то ки мо ӯро дигар дар оянда Буратино нагуем. Чунки бачаҳако, ҷиянҳо ва дигар авлоди Эмин Ҷалилов задагиян мардуми Конибодомро. Ҳатто Тухтасуноғлуро бо бачаҳои хистеварзӣ, ки кришаашон Қоҳир Расулзода аст задагӣ аст.
Мегузарем ба барқхомӯш кунӣ. Баъд аз чанд номаҳои оташин аз Конибодом дар ҷамоати Лоҳутӣ ва деҳаҳои он, Лоҳути ва Ҷахонзеб қатъи барқ зиёдтар шудааст. Барқро аз соати 6:45 саҳар то соати 18:00 бегаҳи хомӯш мекунанд. Ширкатҳои интернетии Тсел, МегаФон ва ЗЕТ Мобайл аз ин сабаб кор намекунанд. Чунки барқ дар вишкаҳо-марказҳои мавҷафканӣ намешавад.
Мегузарем ба тағйиротҳое, ки дар ҷамоат сурат гирифтааст:
Номаҳои шумораи 105 ва 106 -ро дар Конибодом ҳамагон хонданду диданд. Аммо дар соҳаи ЖКХ-и ҷамоати Лоҳутӣ ҳеҷ пешравие мушоҳида намешавад. Дар болои деҳаҳои Лоҳутӣ ва Ҷазонзеб партовгоҳҳои даҳсола мавҷуд аст. Дар назди станцияҳои нафтбарорӣ, нафарони бузшуда, ки дар майдонҳои одамон кор мекунанд, фаъолияти худро пеш мебаранд.
Бечора раисон ва активу фаъолони ҷойҳои муайян байни кормандони паструтба гуфти русҳо як “посмешище” шудаанд. Касе мехоҳад чизе мегуяд, механдаду прикол мекунад. Аммо аз тарафи бачаҳакои боло, ки дар маркази Конибодом ҳастанд онҳоро маҷбур карда истодаанд. Масалан бечора Абдуфотеҳро, ки ӯ ин корҳояшро анҷом диҳад.
Ҳоло дар ҷамоат “облава” –и сахти сахт шурӯъ шудааст:
Облаваро асосан солдатҳои военний, аз часте, ки дар назди Сирдарё ҷойгир шудааст, анҷом медиҳанд, албатта ҳамроҳ бо нозирони шӯъбачаи ҳифзи ҳуқуқи ҷамоати Лоҳутӣ.
Мегузарем ба ревизорҳои гушнапурзури Хуҷанди. Ҳар як гӯшаву канори ҷамоати Лоҳутиро ревизорҳо бо дастур ва ҳидояти Ҷаноби Буратинои гушнапурзур, оқои номуҳтарам Абдулло Навҷувонови бисёр ҷияна, проверка карда истодаанд.
Охир, эй мардум, ба мо ҳеҷ чиз аз шумо лозим нест, ғайр аз 1 насос дар деҳаи Лоҳутӣ ва 1 насос дар деҳаи Қарақчиқум.
Хитоб дорам ба Буратино! Эй Буратино, гушҳои Тухтасуноғлуро бикаш ва бигу,ки моро бо насос ва бо об таъмин кунад, то ки бештар пахтаҳоямонро ба оилаи номӯҳтарам ҷаноби олӣ диҳем. Навҷувонов ту фақат дар фикри ҷиянҳои зафарабодият ҳастӣ, тамом!
Мегузарем ба он кормандоне, ки пули об, барқ, налоги заминро ҷамъ мекунанд. Онҳо ҳатман барномаҳои «Номаҳо аз ноҳияҳо»– ро тамошо мекунанд. Корашон бо участковий тарсонидани бечора кампиру чолакиҳо мебошад. Ҳолатҳое мешавад, ки дару дарвозаҳои одамонро шикаста ё тирезаҳои хонаҳояшонро бо санг шикаста пул талаб мекунанд. Ва гоҳ- гоҳ бо махсус шашкачаҳо ба деворҳои одамон калимаҳои муайянро менависанд.
Чанд сол пеш як марди айнакдор бо як зан буд. Бо мошини тамғаи Жигулӣ хона ба хона мегаштанд. Хеле мардумро ба дод оварда буданд. Кампиру муйсафедҳоро таҳқиру дашном мекарданд. Ҳатто ба таҳдид мегузаштанд. Ҳоло он марди хароби қадбаланд дар Русия қарор дорад. Умедворам ӯ дар онҷо зери зулми дронҳои мақомоти Русия қарор дошта бошад.
Мо мардум ба дод омадаем аз кору кирдори онҳо. Мо талаб дорем системаи ҳозира замонавӣ шаваду мо пулҳои об, замин, барқро тавассути он супорам. На ин ки моро таҳқир кунанду бизананд ин гургҳои гушнапурзури бадахлоқ.
Ман бо яке аз кормандони шӯъбачаи ҳифзи ҳуқуқ дар ҷамоати Лоҳутӣ ҳам сӯҳбат шуда будам. Пурсидем, ки чаро бачаҳои синфҳои 11-ро аз дарсҳо гирифта ба қӯшунҳои ҳарбӣ ба мошинҳо шинонда мебаранд, ӯ ба ман хандида ҷавоб дод: “Мо миқдори муайян пул додагием, агар мо плана буд накунем, ҳатто синфҳои 10-ро ҳам қапида мебарем, мо бояд плана буд кунем, мо барои пул омадагием ба тарафҳои шумо ва бояд минтақаҳои шуморо биҷушем то тавону имкон дорем. Гарчанде аксарияти заминҳои Конибодому Исфара дар оянда ба Қирғизистон дода мешавад.” Албатта, ӯ ба лаҳҷаи худаш гуфт, ман фаҳмотар навиштам.
Самара шикоят аз бузҳои Совхози Туркманистони Бохтар
Салом бародар Муҳаммадиқболи Садриддин! Мо як гурӯҳ аз шаҳри Самара дар бораи Ятимов Муртазо мехоҳем маълумот дихем. Ятимов Муртазо аз ноҳияи Вахш, ҷамоати Тоҷикобод аз ҳамон совхози Туркманистон аст. Муртазо як буз аст, ки ҳамаи ҷавонони қишлоқро фурухт ба амният. Ду сол пеш бачаи холаи худашро фурӯхт. Номи бачаи холааш Муҳибулло Нуридинов аст. Бо гумони он ки аз Германия ба ӯ бародаронаш сум равон мекарданд. Муҳибуллоро амният даъват ва бо вай саволу ҷавоб мекунад. Ягон айбашро намеёбад ва ҷавобаш медиҳанд. Баъди чанд лаҳзае ҳамин Муртазо меояд ва машварат медиҳад, ки телефонашро хушру биковед, вай ҳама чизашро удалит кардааст. Баъд Муҳибуллоро дубора даъват карда боз телефонашро кофта, хулоса.. баъди кофтуков Муҳибуллоро барои панҷ сол ба зиндон рафон карданд. Ин оқипадар як сол нагузашат боз як ҳамсинфашро мефурӯшад. Он ҳамсинфаш Умед ном дошт. Умед бо ҳамроҳи ҳамсинфонаш хонагаштак доштаанд.
Навбати хонаи Умед мешаваду ҳамсинфонаш меоянду мешинанд. Ин умед аз дасти ҳамин гуна бузҳо аз деҳа баромада рафта буд. Ва аз чанд соли пеш дар Душанбе зиндагӣ мекард. Чанд лаҳза дар хонаи Умед мешинанд. Баъд ҳамин Муртазо баромада меравад ва боз гашта меояд. Хуласи гап, ки ҳамсинфон мехезанду мераванд. Як рӯз ногузашта, пагоҳ, бегоҳӣ амниятиҳои ноҳияи Вахш омада Умедро дастгир мекунанд. Баъд ба хонагиҳояшон мегуянд, ки телефонашро биёред. Модари Умед телефони занашро мебарад. Амниятиҳо мегуянд, ки ин телефони Умед нест, телефони худашро биёред.
Умед бо гуноҳи онки бо “Ислоҳ” гап задааст, подставит карда 7 сол зиндонӣ шуд. Аммо боз ду бачаи дигарро фурухтааст, ки онҳоро хизмат бурданд. Номи онҳо Баҳриддин ва Ҳоҷимурод аст. Онҳоро ба амният фурӯхт. Аз ҳардуяшон 40.000 сомонӣ талаб кардааст.
Ҳоҷимурод мошини Тойота камриашро фурӯхта худашро халос кард. Баҳриддин ки сум надошт 2 сол хизмат рафт. 40.000 сомониро ҳамин Муртазо аз дасти Ҳоҷӣ Мурод гирифтааст. Гуфтааст, ки шумо через ман коратонро ҳал карда метавонед через ягон каси дига наметавонед. Ба худо қасам дигар намедонем кадом корҳои инро нависем. Он қадар ҷиноятҳое кардагӣ аст ки ҳисобаш гум.
Имсол бачаҳо аз Самара ба Тоҷикистон рафтанд. Умед ва Сайбурҳон ҳардуяшон бо мошинҳояшон рафтанд. 10 рӯз ногузашта ҳардуяшонро ба амният даъват карда делои ҷиноӣ ҳуй карданд, бо гуноҳе, ки как будто бо Германия онҳо гап зада бошанд. Ин бечораҳо15 сол шуд, ки нав як мошинӣ харида буданд, сразу бардоштанд. Як ним моҳ шуд, ки бечораҳо ҳоло фақат қарзҳояшонро канда истоданд.
Аммо делои Умед ва Сайбурҳон тамом нашудааст, ҳоло рафта истодааст, паспортҳояшонро гирифтаанд. Аввал бурда 4 рӯз мурданӣ азобашон доданд, баъд озодашон карданд. Аммо паспортҳояшонро гирифтанд.
Як моҳ зиёд шуд, ки имрӯзу пагоҳ мекунанд ва дар ҳама ҷойҳо масхараашон мекунанд, ки паспортҳоятонро намедиҳем: «дасти мадаҳан паспортотон».
Ин бечораҳоро ҳар рӯз мефармоянд, ки мошинҳоятонро «заправка кнен биёрен». Онҳо бо мошинҳо инҳо тамоми корҳои худашонр буд мекунанд.
«1,5 млн рубл биёрен бад паспортотона метием». Аммо як каме баъдтар боз отказ кардаанд, ки «камай и сум». Муртазо гуфтааст, ки «сумша ҳолӣ мегум чанд сум биёрен»
Ятимов Муртазо соли тавалудаш 1992, аз совхози Туркманистон, кришаи Муртазо Ҷурабек- амниятӣ. Номи падараш Раҳматулло. Падарш дар масҷид имом аст. Амакаш қорӣ- Ҳикматулло. Падараш ва амакаш муллои бақувват.
Валлоҳӣ қасам нисбати ман ягон бадӣ накарда буд. Ман ҳам кораш надорам. Аммо аз рӯзе фаҳмидам, ки мунофиқ аст бо вай салом намекунам. Ҳар тобистон, вақти мавсим Самара меояд, бачаҳоро мебинад ва мераваду доклад мекунад.
Дар масҷид Муртазо пеш медарояд. Чанд бор даромадам, ки пешнамоз аст, намозамро ҷудо хондам. Ба худо қасам бачаҳо дигар аз дасти ин номард рафта наметавонанд, ҳамаро дар амният сиёҳ кардааст.
Домулло Мухаммадиқбол ин одам Маҳмудов Маъруф,, муллои 5 вақтаи масҷид дар “Первой май” Совхози Туркманистон масҷиди устод Саид Абдуллоҳи Нурӣ аст. Маҳмудов Маъруф масҷидро мисли хонаи шахсияш кардааст. Дар барномаи “Номаҳо аз ноҳияҳо…” хабардораш кунед, ки мардума угрожать карданро бас кунад. Ҳама аз амният ва аз милисаҳо мардумро метарсонад . Ошкоро мегуяд: хуб гуш кунен мардум дар телфонам аз ҷамоат саркадаги то Республика номерҳои амниятиҳо ҳастанд. Ҳар кадомет путат кнед дар амният месупормту.
Валлоҳи кораш фақад таҳдид кардан аст мардумро. Як инсони бе савод аст вале аз бас,ки инсонҳои бо савод бо ин режим ҳамкори намекунанд муллогӣ ба ӯ расидааст дигар. Кораш дар масҷид факат ғайбат ҷанг андози шайтонӣ ҳаст. Ӯ як шогирд дорад Малаев Манучер кори ин шогирдаш валлоҳи мардумро бо як дигар ҷанг андохтан аст. Аз дастаи ин корҳояшон дигар дили мардум аз масҷид рафтан мондагӣ аст. Ҳоло домулло як бор гуфта гузаред ку бинем ягон тағйироте мешавад ва ё не, агар бас накарданд корҳошона бад боз ҳама корҳояшонро бо факту далел сабт карда мефиристем . Домулло боз фикр накунед мо туҳмат дорем касеро, агар дилатон ягон дур брава , ки ягон ҷое дар ин навиштаамон хато ё туҳмат аст , ҳар зотеро мешиносед аз манобеъатон пурсед, кадомеро, ки медонед занг зада пурсед.
Дар бораи Баҳриддини Самара навиштем. Алҳамдуллилаҳ, ки натиҷа дод, полний шикаст бо шайкааш, полний посилат шуд, албатта, бо хости Аллоҳ ва ёрдами шумо.Мо дуо ва ҳаракат дорем,ки ҳарчи зудтар аз ин зулм наҷот ёбем. Ба худо қасам на шаб хоб мебарад, на рӯз. Мо дигар аз дасти ин номард Тоҷикистон рафта наметавонем. Ҳамаро дар амният фурухтааст. Уже мардумро фарёд карда истодаанд, пурсу пос доранд. До того рушод мардумро фурӯхта истодааст, ки инхел бузашро дар ягон давру замон надидаем. Илтимос, номи падар ва амакашро бигиред, то ки тамоми мардум дар руи онҳо туф кунанд ба инхел фарзанди тарбият кардаашон.
Душанбе
Салом бародарони гиромӣ, аҳли тими Ислоҳ! Хостам дар бораи як мавзуъ сухан кунам. Мегуянд, ки Тоҷикистон ҳама ҷояш обод аст. Бисёртар шаҳри Душанберо таъриф мекунанд. Мегуянд, ки хело пешравӣ ва ободи шудааст. Фикр мекунанд, ки мардуми мо пешравиро ба 5-10 дом ё ки новостройкаҳои нав мебинанд ва ҳамин аст ободӣ.
Ҳол онки камтар аз Душанбе берун бароӣ, баъд ободиро мебинӣ. Масалан тарафи 7км маҳаллаи маъруф ба Восточний халма, 2-юм квартал, тарафи бозори ХОВАРОН – гардиши завод ё ки ТЕТЦ. Мо мардуми ин маҳалла беш аз 15-20 сол мешавад, ки аз роҳҳои ҷазир- роҳи бе асфалт ва набудани об азият мекашем. Асри 21 аст, аммо роҳҳои мо як намуд безебу расво аст, ки боваратон намешавад. Аз хурд то калон солҳои дароз аст, ки махсусан дар мавсими боронию барфӣ хело азоб мекашем. Бисёртар ба кудакони мактабхон ҷабри бад мешавад. Бечора кудакони майда дар рафтану омадан бо ин роҳҳо бисёр азоб мекашанд!
Ин чи гап аст? Бовар кунед, ки мо безор шудаем. Охир то кай хап мекунем, то кай ба ин бадбахтӣ сабру таҳаммул мекунем? Бас будагист! Ин ҳукумати худкомаи золим куҷора нигоҳ мекунад? Канӣ раиси ин ноҳия, канӣ домком?
Рости гап, вақте дар ҳар барномаи Ахбор Эмомалӣ Раҳмонов мегуяд: “шукри ин ватан кунед”, мехоҳам бихезаму дар даҳанаш ба шатта бизанам. Охир, эй девонаи масти Худо. Як роҳи даруни пойтахтро таъмир ва асфалт карда наметавонӣ, аз кадом шукронакунӣ ва ободӣ гап мезанӣ?
Чанд сол шуд, ки фақат ваъдаҳои дуруғ медиҳанд, ки роҳатонро соз мекунем, асфалт мекунем, обатон мебароем, лекин ҳамааш дуруғ аст. Аз саратон монад ҳамин ҳукумати сохтаатон. Барои чи мушкил ва камбуди дохили пойтахтро баратараф намекунед? Дар телевизион фақат худашонро таъриф мекунанд. Рустам дар фалонҷо роҳи чандэстаката месозад, Рустам ин мекунаду он мекунад. Рустам хоки сиёҳ мекунад.
Раис ё ки домкоми маҳаллаи квартали 2ро фақат мавсми облава мебинӣ. Худаш пешпеш, кормандони военкомат аз қафояш хона ба хона мегарданду призивник мекованд. То ки бачаҳои 18-20 соларо қапида маҷбурӣ хизмат баранд. Аммо дар масъалаи ободонӣ, махсусан роҳ ва об аслан лаб намекушояд. Ин чи гуна ҳукумат шуд? Куҷои ин бар фоидаи халқ аст? Корашон фақат дуздиву ғорат. Марг бар шумо бод ҳукуматиҳо аз хурд сар карда то калонатон!
Конибодом
Ассалому алайкум бародари гиромӣ. Нома аз номи шерҳои нару дакани деҳаҳои Қарақчиқум ва Лоҳутӣ навишта мешавад.
Баъди нашри Номаҳо№ 106, ба ҷамоати Лоҳутӣ чанд аскарро бо силоҳҳои махсус оварда монданд.Яке аз милисаҳои гушнапурзури душанбегиро аз обезянник аз кор холӣ карданд, ё перевод карданд, мақсад аз инҷо убрат карданд. Як милиса дар байни мардум мегардад ранги мори Анаконда, ба фикрам номаш Далер аст.
Баъди чанд номаҳо, аз Хуҷанд, занҳои хуҷандии баландрутба омаданд, мо мардум, албатта, номҳои онҳоро медонем, аммо ба хотири зан буданашон намегӯем. Аммо ин дафъа хоҳишмандем ревизорҳо ба ҷамоати мо пойҳои худро бекибр гузоред, то ки дар мавридатон номаҳо сериал нашавад. Бовар кунед, ки ин «Номаҳо..» хеле хуб шуд. Шасти хеле аз фукдарҳавоҳоро ба замин молид, сиру асрорашонро ифшо ва дар байни мардум шарманда кард. Ҳатман бачаҳову дӯстонашон мехонанд ва аз корҳои пушти пардаи онҳо ва аз чи гуна одам будани онҳо воқиф мешаванд.
Кори хубе кардед, бародар Муҳаммадиқбол!
Дар ҷамоат ҳеҷ мағозадор ё бизнесмене намондааст. Ҳамаашон куч бастанду дар Русия қарор доранд. Чунки оила бизнеси тамоми мардуми соҳибкорро кашида гирифт.
Ҳоло кормандони БДА-ро аз бачаҳакои боло ба бачаҳакои хистеварзи мубодила карданд. Ин бачаҳако бошанд Эмин Ҷалиловро умуман задагианд, чунки кришаи бачаҳакои хистеварзӣ Қоҳир Расулзода аст. Аммо мо мардуми ҷамоати Лоҳутӣ намехоҳем, ки ду деҳаи мо Лоҳутӣ ва Қарақчиқум барои мафияҳои инҳо полигони ҷангҳо шавад ва барои ҳамин мо мехоҳем ҷаноби Буратино-Навҷувонов инҳоро аз инҷо нест кунад.
Дар яке аз барномаҳои ВКД хеле сохтакорӣ нисбати моҳиқапакҳои бечораи Ҷаҳонзеб- собиқ Қарақчиқум сурат гирифта буд. Пеш, солҳои гузашта ҳамон касоне ки Баҳри тоҷикро назорат мекарданд ба любой желаюший иҷозат медод, албатта бо маблағи муайян, то моҳидорӣ кунанд. Имрӯз ин тавр нест.
Ҳоло ин солдатҳо корашон ғорати мағозаҳо, таҷовуз ва зери чашм кардани бачаҳои мардум барои облаваи навбатӣ мебошад. Мардум аз онҳо эҳтиёт бошед. Ва ҳоло милисаҳои подставшики “не местний” телефони одамҳоро гуё случайно барои занг задан мепурсанд, гӯё, ки мошинҳои онҳо вайрон шуда бошад. Ва худи онҳо дар Ютуб лайк мемонанд ва подстава мекунанд.
Мардуми Қарақчиқум ва Лоҳутӣ эҳтиёт бошед аз ин аҷнабиҳо ва телефонҳоятонро ғайр аз “ойимҳоятон” ба касе надиҳед.
Обро 3 – 4 соат медиҳанд. Бачаҳакои боло, ки дар маркази шаҳри Конибодом кор мекунанд, маълум аст ки дар кадом мақомот, бечора раиси ҷамоатро хеле ғам медиҳанд, аммо раиси ҷамоат ҳам маҷбур аст, бузӣ кунад.
Аммо агар дар вақти ӯ дар ҷамоати Қарақчиқум як насос оварда шавад ӯ метавонад то охири умр, ба сари баланд дар зодгоҳаш гардад. Чунки ин бачаҳакои говсавор ва ҳукуматашон абадӣ нест.
Мегузарем ба барқ хомӯш куни, барқ дар ҳеҷ кадом ҷой мушоҳида карда намешавад. Онро дар зиндони «Кирпичний» маҳкам карданд, дар камераи 95 рӯ ба рӯи 96. Бояд мардум ӯро аз онҷо озод кунад, то ки ӯ дар манзилҳои наҷотбахшаш равшанӣ диҳад.
Суръати интернет баъди нашри чандин номаҳои ҷонкоҳ, боз махсус суст карда шуд. Аммо ин мушкилиҳо пеши роҳи моро намегирад. Мо Раҳмоновро дар даруни камераи торик маҳкам мекунем.
Имрӯзҳо боз як раванди таблиғи Паёмашро дар тамоми кишвар шуруъ кардаанд. Аммо паёми ман ба худи Раҳмонови говкалла чунин аст.
Қарақчиқум, Қистақуз, Лоҳутӣ, Конибодом ва Исфара бо ту набуд, ва нест! Ту ватани моро -ҳамон километрҳое, ки бароят “як пустяк” аст, ҳеҷ арзише надорад, фурӯхтӣ ба аҷнабӣ, ба душмани мо. Моро худат мухолифи ин режими палидат кардӣ Раҳмонов!
Истаравшан
Салом бародар Муҳаммадиқболи Садриддин! Ман феълан дар Русия ҳастам. Аз Истаравшан мебошам. Чанд рӯз пеш аз ватан баргаштам. Ҳоло ҳодисаҳое шуда истодааст, ки тамоман боварнакарданӣ.
Баъзе аз бачаҳоро ба кисаҳояшон прослушка монда байни дигарҳо мефиристанд. Як ҳафта сабт карда мераванд ва дар онҷо (отдел) гуш мекунанд ва соҳиби садоро пайдо мекунанду мепурсанд. Садоҳоро маълум намуда номери телефонашро гирифта занг зада меоранд ва дастгир мекунанд.
Масалан дар бораи домулло гап занӣ , дар бораи дигар чиз меқапанд. Шахсан 260. 000 рубли худамро гирифтанд. Ту ин, ту он гуфтанд. Маро дар дарун нигоҳ доштанд, дар берун бошад бародарам ва оилааамро тарсонида гуфтанд, ки камаш 10 сол тюрма мешавад. Ва ҳамин тавр хонаводаам аз тарси онки ман зиндон мешавам он пулҳои бо хуни ҷигар кор кардаи маро ба он ҳаромхурҳо доданд. Аммо ин корро бо дигарҳо ҳам карда истодаанд, дигарҳоро ҳам ҳамин хел карда истодаанд.
Яке аз он милисаҳо Азим аст. Фамилияашро намедонам. Азим аз Оби чапа Дар 6-0й отдел кор мекунад. 30 сола аст. Меқапад месупорад. Хелеҳоро қапид. Як нафарро қапиданд, модараш наздик буд талхакаф шавад. Вай 5 000 доллар дод, вале боз дар турма шишт. Гуноҳаш инки ту террорист шудагӣ, бо мухолифҳо гап задагӣ, ту тарафи Сурия гап задагӣ Тавре мекунанд, ки берун будагиҳо дар тарсу ваҳшат афтанд: «Бачаат, додарат, шавҳарат ана ҳамин хелин корҳои зидди давлатӣ ва хиёнат кардагӣ ва онҳоро бо ин гапҳо метарсонанд. Аз берунаҳо пул мегиранд. Ба ҳисоби мо танҳо дар соли гузашта аз деҳаи мо аз 150 нафар пул гирифтагианд. Ҳар рӯз якто-дуто ҳаст. Акнун худатон ҳисоб кунед,ки аз 150 нафар ками камаш 2 ҳазор доллар ва болояш то 10 ҳазор доллар. Нафари дигар Раҳим ном дорад. Бачаҳои ёш, мактабхонҳоро қапида подвал дароварда 5- 6 рӯз маҳкам мекунанд ва сипас онҳоро таҳти тарсу ҳарос буз карда мегиранд. Ягон кас ягон чи гуфта наметавонад. Талабаҳои ҳатто синфи 7ро ҳам ҳамин хел кардаанд: буз. Номерҳои телефонҳояшонро гирифта барояи худ наводчик кардагианд.
Аз Русия меравӣ, маълум, ки як кам пул дорӣ. Сраза ҷеғ мезананд. Манро ҳам баъди омадан аз Русия қапида буданд. Ростӣ, бо милисаҳои ватан азоб сахт аст.
Раҳим аз Истаравшан.40 сола аст. Хонаш дар кучаи Садово, маркзи шаҳр. Ним сол шуд дар 6-ой отдел аст. Пеш аз вай аз бачаҳакои боло буд. Раҳим бузии зиёд карду пораро калон дод ва хелеҳоро буз сохту вазифаро гирифт. Як нафар ҳамдеҳаамон гуфт, ки бачаҳоро бурда сахт азоб медиҳад. Бо онҳо тарзе рафтор мекунад, ки мегуӣ аслан одам нест. Гуфтааст, ки танҳо «дар як куча 90 буз дорам».
Раисони маҳаллаҳо пештар одамони бономус буданд, ҳоло мутаассифона аксарияташон буз ҳастанд. Бо ҳаминҳо ҳамкорӣ мекунанд. Одамҳо ба Русия зор ҳастанд. Бахудо вақте парвоз кардам даруни самолёт аз занҳо пур буд. Навбат ба занҳо расидааст.
Ҳоло фақат хабаркашҳо мондаанд. Масъала ришу ҳиҷоб ва тамошои Ислоҳ аст. Аммо ман хелеҳоро медонам, ки барқасди ҳаминҳо тамошобини “Ислоҳ” ва тарафдори оппозитсия шудаанд. Нархи нафароне, ки барои тамошои “Ислоҳ” меқапанд то садҳазор сомонӣ шудааст. Аммо ин корашон асар надорад, чунки ҳама дигар “Ислоҳ”ро тамошо мекунад.