Ҳарчи қадар,ки болои мардум фишору таҳдидро ин режими худкома афзоиш медиҳад ҳамон андоза руҳияи инқилобӣ ва исёнии мардумро ба таҳрик медароварад ва ангеза медиҳад.Нафрат ва бадбиниву хусумати мардум дар нисбаташ бамаротиб болотар мешавад.Раҳмонов ва дору дастаи вай дар навоҳӣ ва манотиқи кишвар бо ҳар баҳона хоста истодаанд,ки моро бадному душман нишон диҳанд ва иртиботи моро бо ҷомеъа қатъ созанд.Аммо якчиро намефаҳманд,ки бо ҳар рангу намуде битобад ва битобонад мардум кистиву чистии онҳоро шинохтааст.Барои ҳамин аз ҳамкорӣ бо Ислоҳ истиҳола намекунанд,балки бештар ба самти мо меоянд.Чаро?Чунки мо мардумро суд ва зиндон намекунем,чунки мо ҳамроҳи мардумем ва ҳеҷ чизе барои пушонидан ва пинҳон кардан надорем,чунки мо худи ҳамин мардумем.Ин нома,ки аз Хуҷанд омадааст,дар асл нома аз тамоми манотиқи Тоҷикистон аст.Чунки ин кор дар тамоми Тоҷикистон идома дорад.Раҳмонов ва режимаш мехоҳанд,ки мардумро шиканад,аммо мардум шикаста нахоҳанд шуд.
Хуҷанд
Салом бародар Муҳаммадиқбол!Чанде пеш яке аз наздикони маро дар додгоҳи Хуҷанд маҳкум ба зиндон карданд.Бо моддаи 307,бо иттиҳоми ҳамкорӣ бо Ислоҳ.нет ва шумо.Аммо дар Хуҷанд қазия аз ин қарор аст ки ҳамаи мақомот аз амният гирифта то прокурору судя,ки ин нафари наздики маро барои 8 сол равонаи зиндон карданд,аз як маҳал ва ба гуиши имрузаи мардум аз «бачаҳакои боло» ҳастанд.Инҷо ҳиҷ масъала ва мушкил ба амнияти мамлакат рабт надорад ва нафари айбдоршавнада шахси хатарнок нест,ифротгарову эсктремист нест,тамоман ба ин корҳо дахл надорад.Ба Аллоҳи бузург қасам як инсони комилан бегуноҳро бурданду шинониданд.Инҷо масъала асосан пул ва пулканӣ аст.Агарчи вай пул ҳам дод,аммо шинониданд.Хонаи инҳо сузад,ҳамин рузи сиёҳ худо кунад,ки болои бачаҳову зани онҳо ҳам ояд.
Аҳамият диҳед,ки то чи андоза ҳама осону роҳат ва возеҳ зери назорати амният қарор гирифтааст ва чи гуна оромона ва бидуни шубҳа бо ришва пул ва он ҳам пули калон ба даст меоранд.Ҳоло моддаи пурфоида ва даромаднок барои мақомот ин моддаи 307-и Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон аст.Ин модда қаблан моддаи «салафиҳо» гуфта мешуд,ҳоло бошад онро моддаи Ислоҳ ва моддаи Муҳаммадиқбол гуем ягон зарра хато намекунем.
Бо ин модда асосан амниятиҳо пул кор карда истодаанд.Барои ҳамин фармондиҳандаи татбиқи он Ятимов СС,раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон аст.
Дар Хуҷанд иҷрокунандаи он С.Қурбонов мебошад.
Боз муфаттиш- прокурор дар амният,ки хеши Қурбонов.С аст ин Қурбонов.Ш мебошад.Ин нафар парвандаро оғоз мекунад.Ин нафар инчунин домоди хонаводаи Ятимов СС мебошад.Нафари дигар Раҳимзода судя дар суди шаҳри Хуҷанд аст.Танҳо ба у иҷозат аст парвандаҳои экстремистӣ ё террористӣ ва дар умум ҳар чи дар доираи моддаи 307 аст баррасӣ ва ҳукм барорад!
Ҷолиб ин аст, ки ҷабрдида аз тарафи Қурбонов.С оварда мешавад ва хеши вай Қурбонов.Ш бо маблағи муайян иттиҳом дар парвандаро камтар сабук (аз 10 сол камтар) мекунад ва аз тарафи судя Раҳимзода,ки язнаи Ятимов аст боз ба як маблағи муайян камтар карда ҳукм бароварда мешавад ,
Ана ҳамин тавр барои президент «натичаҳо»-и хуб пешниҳод мекунанд.Аз он пул кор мекунанд ва муттаҳамони худро дар зиндонҳо низ назорат мегиранд,то пораҳое,ки раиси зиндон мегирад,он ҳам бо онҳо тақсим шавад.
Ҳоло дидед,ки инҷо аз руи мақоли “На сих сӯзаду на кабоб” корро чи гуна ба роҳ мондаанд.
Президент барои «натиҷа» мукофот медиҳад.Ятимов С.С барои мансабаш пул ҷамъ мекунад,Қурбонов.С бошад ба вазифаи баланд омода мешавад ва прокурор-муфаттиш Қурбонов.Ш низ пули калон ба даст меорад ва ба Раҳимзода судяи шаҳри Хуҷанд парвандаҳои вазнин боқӣ мемонад,ки парвандаҳои руғандор мебошад ва айбдоршаванда ҳатман пушти панҷара бурда мешавад.
Ин мафия,ки ҳама хешутабор ҳастанд,маблағи хуб ба даст оварда боз натиҷаи олӣ месупоранд.
Шояд савол ба миён ояд,ки агар пора гиранд чи тавр бо натиҷаи хуб ҷамъбаст мекунанд? Ҳар як қадами онҳо яъне айбдоршавандаро то маҳбас аз 5 то 8 сол бурдан ставка дорад.Чунки куллан озод намекунанд вале муҳлати зиндонро камтар мекунанд
Ҳам зиндон мекунанд ва ҳам аз ин айборшаванда то 7-8000$ кор мекунанд.Агар ба халқ фаҳмонем, ки парванда оғоз шуд чи фарқ дорад 5-8-10 сол ҳукм медиҳанд?Охир,дигар номат доғдор шуд,дигар фарқ надорад.Пора дода наздикони худро қарздор мекунӣ,боз ҳар ҳафта передача биёр мегуӣ.
Вақте парванда оғоз шуд пора надиҳед.Шуморо озод намекунанд.Танҳо муҳлатро иваз мекунанд.
Ман танҳо мехостам расона,ки чи тавр ҳам соҳиби маблағ мешаванд ва ҳам результати (натиҷаи) хуб ба даст меоранд.Ин як методи сохтаи Ятимов аст.
Қурбонов.С бо муфаттиш Қурбонов.Ш хеши наздик, Ятимов бо
Раҳимзода (домодашон).Ҳатто адвокати ин мофия Сабуров Ҷамшед ҳамкурси Қурбонов.Ш мебошад.
То зиндон бурдан аз 8 то 10 сол гуфта тарс дода барои аз 5 то 8 кардан ҳар кадом аз 20.000 то 50.000 сомонӣ ставка доранд.
Пушти ҳамаи ин барномерезӣ як мафия ҳаст,ки мустақим ба Ятимов С.С дахл дорад.
Халқ агар пора надиҳад онҳо ба зудӣ варшикаст мешаванд.Барои онки соҳиби вазифа шаванд хело ҳам маблағ лозим,ки худи мардум ба ҷони худ зулм карда ин маблағҳоро медиҳанду боз ҳайрон мешаванд,ки чаро зулм зиёд?
Шаҳритус
Ассалому алейкум бародар Муҳаммадиқбол!
Ман аз ноҳияи Қубодиён,ҷамоати Тахти сангин, деҳаи Авесто ҳастам.Ман дар бораи як бузи қишлоқ нависта истодаам.
Он буз Авғонов Бадридин Донаевич,бо тахаллуси Бадур шайтон мебошад.Вай аввалҳо бузи Сиёвуш буд.Он Сиёвуш корманди амнияти ноҳияи Шаҳритус буд.
Дар ноҳия як сокини қишлоқ ё мошинашро фурӯшад ё хона фурӯшад ин буз шохҳояшро тез карда дар он ҷо ҷалобӣ мекунад. Ба ин буз яъне ба ин Бадур шайтон гуфтаниям: «э,аблаҳ ту да як қишлоқ зиндагӣ мекунӣ, ту ку аблаҳ масҷид намеравӣ,неки ба ҳар як одами ин қишлоқ рӯбарӯ мешавӣ,ку! Ту ай Худо шарм намекунӣ.Ба одамҳое,ки ту бадбахти рӯсиёҳ бузӣ мекунӣ он одамҳо барои ин вазифа ту шайтонро то Афғонистон бадарға карданд, хонаи туву моро сӯзанда падару модари мову туву дигарҳоро куштанд.Инҳо як бародари дар як ҷой калон шуда ва нону намак хӯрда.Ту то чи дараҷа инсони паст ҳастӣ дар қишлоқ».
Бовар кун бародар аз дасти ин касофтаҳо гап зада намешавад.
Эй,мардум хап накунед,нависед ба Ислоҳ. Ба гуфти ин муллоҳои дарборӣ накунед Дар ноҳия,дар қишлоқҳо дар ин рӯзҳои сардӣ свет нест. Барои чи хап мешинед шумо ҳам ҳақи зиндагии хубро доред.
Абдулоев Раҳматулло раиси колхоз буд- як шахси майзадаи пешвопараст.Ба касалии саратон мубтало шуд ва дар Эрон мурд.То мурдаашро овардан,ки буй гирифт.
Боз ба ин Бураков Ҳомидҷон Зардович,корманди собиқи ВКД феълан дар нафақа аст,ки ин шахс ба сурат инсону ба сират шайтон мебошад,гуфтаниям,ки ҳамин қадар кор кардӣ омадӣ ва дар бари боло,дар болои устухонҳои мурдаҳо хона кардӣ,бас кун бузиатро. Аз ин ҳукумати худкома ба шумо ҳеҷ чизе нарасид ва намерасад.Мурдаат мисли мурдаи Абдулоев буй мегирад.
Ҳамин Бадур шайтон одамҳоро тарсонда мегӯяд,ки «ҳози мерам арзут мекунам,ки бо Муҳаммадиқбол ё бо гурӯҳи 24 гап мезанад». Бадур шайтон инро бидон,ки ман номи туро бо тариқи Ислоҳ баровардам.Ҳоло вақташ меояд,ки саратро беоб метарошем.Бародарони ноҳияи Қубодиён медонам ҳамаи шумо аз ин бузҳо ва аз ин режими палид ва золимон безоред.Натарсед,нависед.То чеҳраи ин бузҳое монанди ин Бадур шайтон ошкор шавад.Бо Ислоҳ ҳамкорӣ кунед.
Ин ша’а Аллоҳ ин режими золимонаи Раҳмонов аз байн меравад ва ин мардуми зулм дидаву мазлум ҳамаро дар хотир дорад.Дар ин рӯзҳои сардиву барфӣ ду рӯз мешавад дар колхози 50 солагӣ қувваи барқ нест.Боз ин домуллоҳои шайтони дарбори шукронаи пешво кунед гуфта ҷоғ мезананд. Худо шумо муллову бузҳой шайтони дарбориро хор кунад.
Исфара
Ассалому алейкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳ.Номаи ман аз шаҳраки Сомониёни Исфара аст.Ман дар бораи раиси махаллаи шаҳраки Сомониён,ки Аҳмад ном дорад гуфтаниам. Ин Аҳмад як бузи тайёр мебошад. Аҳмад қариби 18-19 сол мешавад,ки раиси он ҷо мебошад.Дар давраи раисиаш чанд бор дигар касро монданд,ки худи халқ овоз дода буд.Аммо андаке нагузашта боз омаду раисиашро давом дод.Ин шахс як ҳаромхур аст.Барои справка меравӣ пул, барои ягон кори дигар меравӣ пул.Мардуми шаҳраки Сомониён аз у безор шудаанд. Мавсими облава мешавад бузӣ бо милицияхо низ раву биёи танготанг дорад.Ба худо қасам халқи Исфарамарз мардони ҷасуру бономус доштанд.Ҳозир бошад бисёриҳояш буз шудаанд.Ҳамаи ҷо коррупция:-духтур меравӣ пул, паспортный стол меравӣ пул.Аз ҳама бадаш ин ки то пулро дода дар дафтарашон имзо накунӣ паспортро гирифта наметавонӣ.Зиёда аз 5 сол мешавад,ки ватанро надидаам.Меҳри ватан дигар аст охир.Мо низ соҳиби ҳамин ватанем.Эй мақомдорон бас будагист.Ин ҳама дуздиҳое,ки дар байни 32- сол кардед,ба хурдану сарф кардан намерасед.
Эй Раҳмонови валадизино! Ҳамаи ин пулҳое,ки ҷамъ кардӣ, бо худ бурда наметавонӣ он дунё. Зулмро сари халки бечора бас кунед,ки оқибаташ нағз намешавад.Раҳмонов як бори дигар мегуям ба ту сарнавишти Нурсултон Назарбоев дарс нашуд.Ҳамаи шумо чи қонуне,ки барои худатон маъқул аст қабул карда истодаед. Аз ин баъд ҳар як қонуне,ки қабул мекунӣ,нишаста хушру фикр кун.Назарбоев ҳам камтар нархи газро бардошт болои он қадар зулмҳояш.Ҳоло бубин,ки дигар аз у ягон кас ёд намекунанд.
Ташаккур ба шумо муборизон,ки чашми халқро боз кардед,халқро аз тикаву пора шудан эмин дошта истодаанд.Халқ медонад,кӣ ҳақ асту кӣ ноҳақ.
Коргарони мақомот шумо бошед чи қадаре,ки ба шумо маъқул аст Кабирӣ ва Муҳаммадиқбол ва ҳизби наҳзат террорист гуфтан гиред.Аммо мардум хуб медонад,ки террорист худи шумоед.Рузи инқилоб наздик аст.Ҷавонмардони Исфарамарз нависед.Ман фақат барномаҳои Ислоҳро бо пуррагӣ тамошо мекунам.Нома аз Исфара мегуянд вале фақат Ворух,Сурх ё Чоркуҳ аст.
Исфара шаҳри майдаҳак нест.Охир аз дигар гушаву канораш ҳам нависед. Ё ин ки шумо фикр мекунед фақат зулм болои ҳамин деҳаҳост.Ҳамаи шумо ё наздикони шумо аз ин мақомот зулм дидаед,хап кардан бас.
Раҳмонов халқи тоҷикро ба нестӣ оварда расонида истодааст. Аз ҳамин руз эътиборан чизе ва касе нисбати шумо ё ягон наздикони шумо ноадолатӣ кард ба Ислоҳ нависед.Бас аст маҳалгароӣ: суғдиву хатлонӣ нестем,мо Тоҷикистонием. Аз ҳама муҳим Тоҷикем.
Варзоб
Асалому Алайкум бародар Муҳаммадиқболи Садриддин!
Ман як сокини Варзобам.Имруз дар ғарибӣ ҳастам.Мактабро то синфи 11 хондаам. Дар Оила як духтар ва як писарем.Шароити таҳсил дар Душанберо надоштем. Росташ ман дар таги куҳ ба воя расидаам. Як руз рафиқам ба ман занг зад ва гуфт дар Ютуб тамошо кардӣ,ки дар бораи Кабиров Насруллоҳ барнома нишон доданд.Гуфтам не. Ман намедонам. Хулоса,дустам сабаб шуд ва шуморо шинохтам.
Барномаи «Номаҳо аз ноҳияҳо№ 92» тамошо кардам.Дар оилаи Кабировҳо заминларзаи калон шуд.Хитоби ман ба Кабиров Умед аст.Аз пули мардуми Варзоб дар Душанбе 1 коттедж ва 1 квартира, дар шаҳри Қазон бошад 2 коттедж. Якеи онҳо ба номи зани дуюмаш.Мошини 25 ҳазор доллара дар таги пояш.Ба одамҳо ҳар охири моҳ пули кам ҳисоб карда медиҳад.Рузи корӣ ҳатто 3 ҳазор рубл ҳам намеафтад.Руи рост пули мардумро хурда истодааст.Бас кун хурдани пули мо мардуми Варзобро.Фардо дар назди халқ ҷавоб медиҳӣ.Боз тағои Умед
Зокиров Зокир дар муддати 3 сол 2 хона харид ва 2 бачаашро зан дод.Боз 1 хона дар Душанбе харид.Боз аз Москва як мошин ба 15 ҳазор доллар заказ кард.
Зокиров Зокир 2 бригадаи фасад дорад.Мардумро фиреб карда гаштааст.Маош аз 44-50 то 90-100 медиҳад.100 ҳазор тобистон медиҳад.Тобистон сезон аст.Мо чанд домро фасад мезанем,пули калон кор мекунем.Аммо барои мо як музди ночиз медиҳад.
Расходи мо ғарибон дар шаҳри Қазон:
1. патент 6300
2.Квартира
3. Прописка ва боз коммуналний,хурданӣ.Хулоса дар 1моҳ 30-35 ҳазор расход дорем.Боз ба хона роҳӣ мекунем. Варзоб ба ҳама маълум.Хунук.Расходи хона моҳе мешавад,ки аз магазин қарздор мешавам.
Хитоби ман ба тағову ҷиян ин аст, ки пулҳои мардумро мегардонед ё акси хонаҳоятонро бо оилаҳоятон дар Ислоҳ мепартоям.Ҳамаи мо баъди хатми мактаби миёна омадем муҳоҷират ва ҷавониҳоямонро дар ғарибӣ аз даст додем.
Душанбе
Муҳтарам мудири пойгохи мардумӣ Муҳаммадиқболи Садриддин! Ман яке аз кормандони аввалини Кумитаи гумруки Тоҷикистон мебошам.Дар соли 1993,аз инспектори одӣ то ба вазифаҳои баланди Гумрук ифои вазифа намуда ва зери роҳбарии аксарияти вазирони гумрук ва баъзе роҳбарони раёсатҳои шаҳри Душанбе кор ва фаъолият кардаам ва то ба рутбаи полковники Хадамоти Гумрук расидаам.Зодаи вилояти Хатлон ҳастам.Агар мумкин бошад фамилия ва номамро менависам вале бигзор махфӣ бимонад.Соҳиби фарзанду набераву абераам.Исму насабамро ба шумо мегуям,аммо Шумо ифшо нахоҳед кард.
Ин хоинони миллат аз Данғара,ки ҳукуматро гирифтаанд,инсонҳои хуб нестанд.Касифу ҳароманд.Дар мақомоти гумрук дар шуъбаю раёсатҳои гуногун таҳти роҳбарии Худойқул Ҳамроқулов,нахустин раиси Кумитаи гумруки Тоҷикистон аз Панҷакент солҳои 1993 -1995, Ёқубҷон Салимов,аз Вахш 1995-1997, Абдураҳим Каримов,солҳои 1997- -1999 (Мулло Абдураҳими30%)Мирзохуҷа Низомов (Коммисар30%) кор кардаам.
Баъдтар боз Ғулом Бобоев,зодаи Бойсуни Узбекистон омад.Ғулом Бобоев баъдан мушовири давлатии Президент дар масоили иқтисодӣ шуд.Бобоев Ғулом ба Раҳмонов Эмомалӣ Шарипович беш аз 5 000 000 (панҷ миллион доллар)пора дода Кумитаи Гумрук ва Кумитаи Андозро дар соли 2004 барҳам дода ин ду ниҳоди калидии кишварро як вазорат ва номашро вазорати даромадҳо ва пардохтҳои давлатии Тоҷикистон (ВДПД ЧТ)карда курсии вазириро гирифт.Ин агенти Узбекистон одами Ислом Каримов буд.Ин одам омада вазифаи вазириро харида дар як сол 57 нафар тоҷики мутахассисро аз руи хусумати шахсӣ ва бе ягон далел аз кор озод ба ҷойи онҳо шахсони наздики худ асосан узбекҳоро ба кор гирифта мансабҳои гумрук ва андозро ба фурухтан сар кард.
Дар даруни долонҳои вазорат ин вазорати навтаъсисро ҳатто расшифровка карда дар интернет ҳам нависта буданд,ки ВДПД ҶТ чи маьно дорад В-вазорати Д-даромадноки П-порахурони Д-давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон.Дар ҳақиқат ин вазоратро ба як вазорати порахуру порадеҳ табдил дода буданд.
Баъди ин ҳолатҳои бегуноҳ аз кор хориҷ кардани мутахассисони аслии гумрук бархе аз ин кормандони гумрук ва андоз вазорат ва маҳз Бобоев Ғулом Ҷураевичро ба суд дода баъзеи онҳо ба ҷойҳои кори пештараашон бо қарори суд барқарор мешуданд
Дар соли 2005 яке аз кормандони гумруки Душанбе Ҷамшед Фақиров(Ҷамшеди терминатор )аз Сангтудаи нохияи Данғара чор маротиба ба воситаи судҳо ба ҷои кори пештарааш барқарор шуд.Аммо сардори раёсати гумруки шаҳри Душанбе Мирзоев Анвар Сафарович бо лақаби «Анвари гов»бародари Сафар Шералӣ собутилник ва рафиқи Президент,ки тамоман бесавод ва аз Булёни поёни ноҳияи Данғара буд.боз бо Ҷамшеди терминатор чап шуд.
Вақте ин даҳмардаро аз Данғара оварда сардори раёсати гумрук монда буданд якумин визаи худро дар мактуби сафири Русия дар Тоҷикистон аз бесаводиаш ҷои он ки «Прошу рассмотреть» менавишт «Прошу видет» навиштааст.Вақте ки Ҷамшеди терминатор ин хатоияшро ислоҳ карда,раис дар инҷо хато кардаед мегуяд раиси беақли бесавод ин гумрукчиро чап гирифта то Президент сиёҳ ва аз кор пеш кард ва бо маслиҳати пешакӣ бо вазири даромадҳо ва пардохтҳои Тоҷикистон Ғулом Бобоев боз се маротибаи дигар ҳам уро аз кор ронда буданд.
Барои ҳамин вақте Бобоев Ғулом дар шабакаи аввал дар моҳи августи 2005 гуфтугуи мустақим дошт Ҷамшеди Терминатор ба студияи телевизион даромада дар прямой эфир Бобоев Ғуломро бо факт дар ру ба руяш суханҳои ҳақро гуфт,ки «Шумо ҳаматон як порахурен,Шумора ҳамата агар ма власт медоштум, ай ҳами студия наручник зада рост турма мебурдум,чи сафсата гуфтестен.Шумо чи руирост мардумда дуруғ гуфтестен?Ҳамаи вазифаҳора мефурушен,ҳаматон взяточникен » гуфта буд Ҷамшеди Терминатор (ин барномаро тамоми аҳолии Тоҷикистон дида буданд)ва роҳбарияти вазорат ва муовинонаш дар шок монданду суп-сурх шуда гапашонро гум карда хомуш монданду ҳамаашонро шарманда кард. Вазири ВДПД ҶТ Бобоев Ғуломро Прокурори Генералӣ Бобохонов Бобоҷон Каримович ва раиси суди ноҳияи Исмоили Сомонӣ10 000 доллар штраф карда,ин маблағҳоро гирифта ба ятимони шаҳри
Душанбе,Кулоб,Кангурт,Вахш, Ёвон, Қурғонтеппа ва Данғара тақсим ва рафти онро дар телевизион дар Ахбор нишон дода ва инчунин дар радио ва газетаҳо нашр карда буданд.
Баъди ин ҳолат соли 2006 вазоратро барҳам доданд.Хадамоти Гумрук аз сари нав ташкил карда шуд ва генерал -майор Зарипов Гурез Шариповичро,сардори Хадамоти Гумрук таъин намуданд.
Аз соли 2006 то 2013 кор кард.Генерал -майор Зарипов Гурез Шарипович аз Ғарғараи Данғара аст.Вай аз соли 1992 дар гумрук кор мекард ва нисбат ба дигар вазирони гумрук у мутахассис ба ҳисоб меомад.Вай генерал-лейтенант шуд.
Аммо дар охир Раҳмонов бо Фаттоҳ Саид маслиҳат карда пулҳои ӯро,ки дар Тоҷиксодиротбонки Тоҷиддин Пиров буд, 20 то 40 миллион доллар, гирифтанд ва гуё ба ГЭС-и Роғун гузарониданд.Аммо ин пулҳо ба счетҳои оффшории Раҳмонов ба Вирҷиниёи Бритониёи Кабир мунтақил шуданд ва баъди ҳамин Зарифов Гурез касал шуду соли 2016 мурд.
Аз соли 2013 то 2015 раиси Хадамоти Гумрук генерал- лейтенант Рустами Эмомалӣ таъин гардид.Баъд Абдуфаттоҳ Саидов,раиси Хадамоти гумруки Тоҷикистон таъин шуд.
Баъди ин ҳама вазирону раисони Кумитаи Гумрук соли 2015 як нафареро Сардори хадамоти Гумрук таъин карданд,ки ин «одам» яъне Фаттоҳ Саидов,ки номашро иваз карда Абдуфаттоҳи Ғоиб монд ба инсони комил монанд набуд.
Дигар гумрук ба милисахона,ба гестаппо,ба ҷойи фитна,ба ҷойи бузҳо,ба ҷойи солдатҳои Гитлер мубаддал шуд.Абдуфаттоҳи Ғоиб,пеш милиса (мент)ва директори Агентии зидди коррупсия буд.
Агар уро хар бигуям харҳо хафа мешаванд,агар саг бигуям сагҳо мегазанд,агар мард гуям ҷавонмардон хафа мешаванд.Вақте ин Асосгузори шантажу интригаю фитнаю шаттоҳиву шайтонат- Абдуфаттоҳи Ғоиб (отаи Шоҳрух Саид)сардори Хадамоти Гумрук таъин шуд барои он ки Президент уро таъриф кунад ва ё аз кор нагирад,ба хотири кунлесӣ, хушомадгуйӣ ва худнамоӣ тамоми кормандони гумрукро маҷбур мекард,ки вақте Президент ба Ҳисор ва ё ба Ленинский район равад аз саҳари барвақт кормандони гумрук бо формаҳои гумрукӣ дар офтоби сузон ва ё дар борон ва ё барф дар роҳҳои убури президент ба мисли ходаи қабр рост меистоданд.
Аввалҳо ҳама руй ба тарафи кортеҷи Президент нигоҳ карда меистоданд.Баъдан инро отбой доданду ру ба тарафи тратуар (ҷойи пиёдагардон)меистодем ва Президент бо корвони сад мошинааш гузашта кунҳои гумрукчиён,кунҳои милисаву гайиҳо ва кунҳои амниятиҳоро тамошо карда мегузашт.Барои ҳамин кормандони мақомоти қудратӣ ва ҳама гумрукчиён аввал президентро ҳақорат мекарданду баъдан Фаттоҳ Саидови раққосаи гейро ва баъдан Рустаму Шоҳруху ҳамаи онҳоро,ки ҷони моро дар нуки биниамон оварда буд.
Дар ҳақиқат баъди ба кор омадани Фаттоҳ Саид дар Кумитаи гумрук ин идора тамоман фалаҷ шуд.
Сабаби боло рафтани нархи орду гандуму равғану шакар дар Тоҷикистон маҳз ҳамин Абдуфаттоҳи Ғоиб буд.Чун, ки ба Хадамоти гумрук ҳама милисаҳои дузд,ба мисли сардори раёсати гумруки вилояти Суғд наркобарони московскигӣ Рустамов Алихонро(лақабаш қашқалдоқ аст) (аввал дар ЖД вокзал милисаи қаторӣ баъд дар ОВИРи милисаи ноҳияи Сино бо кали Фаттоҳ кор мекард.Ин шахс яке аз «шогирдони «наздик» ба кали Фаттоҳ буд.Дар вақти дар Агентии коррупсия буданаш маҳз ҳамин шахс гумрукчиёни ҷавонмардро сиёҳ карда бегуноҳ нисбати онҳо делои ҷиноятӣ оғоз ва дигар кормандони Гумрукро фарёд карда угрожат карда кушт (аз ҷумла сардори раёсати кадрҳои Хадамоти гумрук Ҳисеншо Давлатов,зодаи шаҳри Қурғонтеппаро таҳдиду фишор намуда уро куштанд)боз Маҳмадмуродов Шуҳрат аз Панҷакентро ҳам прикол карда бо ҳамроҳии бузҳои коррупсия собиқ кормандони гумрук Рамеши помирӣ ва Олимов Рустами бачаи прокурор уро бо телефон таҳдид карда мегуфтанд,ки «срочна ба карупсияра биё ин бечораи Шуҳрат тарсида дилаш зада инфакт шуду дар Қараболо уро операция карданду у аз зулми ин Алихони наркобарон инвалид шуд.Яке аз ин дуздони ҷайби мардум ва давлат
Беназирзода Фаридуро (баъдан аз тарафи КДАМ дастгир ва зиндонӣ шуд)ба мақоми муовини раёсати Гумруки вилояти Суғд овард.Соф бесаводҳоро ба кор гирифт.
Як нуктаи бисёр муҳимро бояд инҷо ҳатман зикр намуданам даркор аст.Барои муайян намудани арзиши гумрукии мол, Кодекси гумруки Тоҷикистон меъёри қонунӣ пешбинӣ кардааст.Аммо ин Фаттоҳ Саид тавсияномаеро(гуё бар асоси низомномаи дохилӣ) ба имзо расонид,ки тамоми молҳоро аз нархи аслии худашон чанд баробар боло карда ба тамоми мақомоти гумрук ин тавсияномаро равон кард Мисоли мушаххас автомашинаи маркаи опели соли барориши 1998.Шахс аз Европа бо нархи 800 евро харида овардаас.Счет фактураи ин мошин 800 евро нарх дорад.Аммо дар тавсияномаи гумрукӣ ин автомашинаро 3 000 доллар нархгузори намудаанд.Яъне пардохтҳои гумрукиро гумрукчи бояд аз нархи 3000 доллар ҳисоб карда гирад.Яъне 3000 ба 42% пардохтҳои гумруки зарб занед = 1260 доллар.Бояд бечораи камбағали мошинхарида ба гумруки Тоҷикистон пардохтҳои гумрукӣ ҳамин 1260 долларр супорад.Яъне аз нархи мошини харидааш зиёдтар….
Бародар Муҳаммадиқбол,ман ҳоло мунтазир мемонам,ки навиштаи ман нашр мешавад ё не?Ҳамин,ки чоп шуд фавран бахши дуввумашро мефиристам.Чунки ин Фаттоҳ Саид бисёр хиёнатҳо ба мардум ва давлати Тоҷикистон кардааст.
Конибодом
Ассалому алейкум устод Муҳаммадиқболи Садриддин! Нома аз шаҳри Конибодом.Ин чоплусҳо дар барномаи “Минбари Муҳоҷир” баромада мегуянд,ки барқ ҳаст.
Аммо халқ шоҳид аст ва ҳарруз дида истодааст,ки ҳануз зимистон сар нашуда лимит сар мешавад.Имсол моҳи сентябр лимит сар шуд.Зимистон буд нашуда светро аз соати 06:30 мекушад то соати 18:30 намедиҳад.Инро чи тавр фаҳмидан мумкин?Боз як чоплус баромад мекунаду мегуяд барқ дорем.Аз куҷо барқ дорем? Агар дар хонаи бой барқ бошад камнбағалҳо значит одам набудаанд?Э, бузигариро бас кунед,ки вақти кам доред! Ё ки Конибодом ба Узбекистон дохил аст чи? Барои чи на барқи сиҳат ҳаст на об?
Гуфта буданд,ки вақти сардиву сармо барқро медиҳанд.Аммо ҳоло бадтар шуд.Сармову сардӣ омад додани барқро боз камтар карданд.
Боз дар болои ин азобу машаққат милисаҳояш зулм дорад.Боз ин милисаҳо як фитнаро ёд гирифтаанд.Як занро ба қабати мардум мегузоранд,ҳама данийҳоро ҷамъ мекунад ва ба амниятиҳо хабар мекашанд.Ин ҳолу рузи сахт ба сари мардуми Конибодом омадааст.Фаҳмида гиред,ки ин корҳоятон бисёр давом намеёбад.
Раҳмонов худашро Президенти пешвову боз кадом номҳое гузоштааст.Аммо аз ин минтақаҳо хабар дор ҳаст ё не инро намедонем.Аммо аз соли 2000 сол аҳамият медиҳам дар деҳаи ҷамоати Лоҳутӣ аз қишлоқ боло, яъне таги куҳ як минтақаи коркарди нефт ҷойгир мебошад.Соли 2008 як таъмир карду баъд аз таъмир барбод дод. Аз он ҷо метавонист дар як шабонаруз на кам аз 100 тона нефт ва газ истеҳсол кунад.Дар он ҷо чанд оила кор мекард ва сарҳисоби зиндагиро аз ҳамон ҷо меёфтанд.
Боз чандин точкаи нефтбарориро ба қирғиз дод.Ин чоҳи нефт дар ҳамон ҷой,яъне дар қишлоқи Лоҳутӣ ҷойгир мебошд.Дар таги кӯҳ он минтақаи нефтбарориро аз раиси ҷамоат сар карда то ҳокими шаҳр тақсим карда оҳанҳояшро фурухтанд.Трубаҳои интиқоли нефтро канда фурухта хурданд.Ҳоло боз ҳаракат дораанд,ки худи заводро ҳам барбод диҳанд.Боз мегуянд,ки газу бензин қимат аст.Аммо вақте дар ватани худамон ҳаст чаро аз дигар давлат мехарад? Ҳамон корхонаро таъмир карда ба роҳ намедарорад.Агар ҳамонро таъмир карда ба кор дарорад ҳам об, ҳам бензин ва газу солярка деҳқонӣ мешавад.Аммо ин ҳукумат дар ҳақиқат якдигариашро фиребу найранг мекунад ва пулҳое,ки ҷудо мешавад тақсим карда мехурад.Ба ин корҳо шоҳиди зиндаам.Чунки вахте аз дигар кишварҳо ёрии башардустона-гуманитарний помош мебиёяд ин гуна дуздиҳо мекунанд.Дар таги бинои ҳукумати Конибодом як подвал ҷойгир аст,ки ҳамаи помошро ба ҳамон ҷо медароранду тақсим мекунанд.
Номаш ба халқу худаш ба коргарони ҳукумат.Ба номи мову ба коми шумо.Ин як шармандагӣ.Боз коргарони ҳукумат дар бозору мағозаҳо шинос доран.Аз картошка сар карда то либоси занона тақсим карда пул кор мекунанд.Ин чи давлатдорист? Дар ягон давлат ин корҳоро надидам.Шармандагӣ аз ин боло намешавад.
Як занро кадом номарде ҳомила мекунаду мепартояд.
Он зан маҷбур мешавад,ки ба ҳукумат муроҷиат кунад,то инки ёрии худро расонанд. Ариза менависад ва ба ҳукумат пешниҳод мекунад,ки ба ман ёри расонед.Яъне маблағ ҷудо карда диҳед мегуяд.Корманди ҳукумат мегуяд,ки хуб ҳафтаи ояда биёед.Зан бовар карда ҳафтаи оянда меояд.Коргари ҳукумат ҷавоб медиҳад,ки ин кор пеш буд,ҳоло бошад аз байн рафтааст.Таги гапро фаҳмидаст,ки ба номи он зан пул меомадааст.Аммо он пулро худашон мегирифтаанд.Ана дузди давлату дуздӣ аз халқ.
Эй коргари ҳукумати шаҳри Конибодом.Аз ин рузат мурӣ беҳтар мешуд.
Раиси шаҳри Конибодом Тухтасунзода Абдусалом гуфтааст,ки ба ҷойи бисёр ҳам руғанӣ омадам.Мардуми шаҳри Конибодом дар зери дасти ин ҳукумати ноҳия мисли ғулом шудаанд.Чунки бо қонунҳои сохтаву бофта халқро муттаҳам карда боз чандин замину минтақаро аз они худашон мекунанду боз онҳо гунаҳкор нестанду халқ гунаҳкор.Дар Конибодом коррупсия 100 не 1000% аст.Он хонаҳои мисли қасри аз куҷо? Боз дар давро даври хонаҳояшо видекамера мондагианд.
Эй,беномусҳо,шарматон бод.Иншоаллоҳ давидани гусола то каҳдон аст.Ин мақоли мардум беҳуда гуфта нашудааст.