Номаҳо аз ноҳияҳо ба «Ислоҳ.нет»№125

Ислоҳ нет

  Ончики дар шабакаҳои телевизионӣ ва ончики дар расонаҳову дар маҳофилу маҷлисҳо аз боби қонуну қонуният ва аз боиси ҳифзи ҳуқуқи мардум суҳбат мекунанд, ҳамааш дуруғи маҳз аст. Инҳо ончунон дуруя ва дуруғгуянд, ки ҳама ҷизро зери ин мафоҳим, ҳуқуқ ва қонун пинҳо карда вале худашон фақат ғорату дуздиву чуру чаповул мекунанд. Мақому мансабро барои ҷамъоварии сарват ва молу коло истифода мекунанд:                     

                                           Турсунзода

  Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқболи Садриддин. Аз Турсунзода, аз корҳои мақомот бароятон менависам.

   Бародари ӯ муовини СС.Ятимов дар КДАМ буд. Худаш началники Регар. Аз соли 2019 началникиро гирифт. Номаш Алихон Рустам. Баъди Шоҳ-командир инҷо таъин шуд. Чи хеле гуфтам акааш муовини СС.Ятимов дар КДАМ буд. Нав акаашро гирифта сардори раёсати вилояти Хатлон монданд Худи ҳамон руз дар толори маҷлис гуфт ғармиё оксигенатона алиш мекунам. Аз пагоҳаш ба нозири минтақавӣ фармон дод, ки як портер продуктаро хонаи вазир равон мекунем, то саҳар тайёр кун. Участковийи минтақа аз банк қарз карда15 ҳазор сомонӣ оварда дар дасташ дод. Участковий Анварзода Тоҷиддин ном дорад. То ҳозира учасковийи ҷамоати 10 солагии Истиқлол аст. Ин участковий мардумро безор кардааст. Магазинҳоро чандтоашро маҳкам кард. Ин участковий муллои масҷидро «доля» бастагӣ аст. Ҳар рузи ҷумъа муллои бечора 500 сомонӣ медиҳад. Бовар кунед, ки ин мулло бечора гиря карда пеши падари ман омада гуфт, ки учасковий Тоҷиддин Анварзода гуфтааст, ки мулло 307 мешавӣ ё 50 халта семент хонаи началник бар. Аммо дар асл бошад ин 50 халта сементро хонаи худаш бурд. Ин участковий ҳозир капитан шуд.

 Валлоҳ қасам мадраса  хондагӣ аст, ягон ҷои дигар нахондааст. Саводаш роҷеъ ба ислом хеле баланд аст. Дуто зан дорад. Якеаш дар пеши отдели ҷойи кораш аст. Дар ШВКДи Турсунзода, шаҳраки Пахтаобод. Шуъбаи хурд аст. Ҷамоат ҳам дар наздикиаш аст. Худи ман як  зинокорро қапида овардам ба отдел. Валлоҳ пеш аз ман баромад рафт. Анварзода Тоҷиддин 20 ҳазор сомонӣ гирифтааст.Худи ҳамон шаб ваъда мекунад, саҳар пулро мегирад, ҷавоб медиҳад. Ман 7 сол кор кардам шуъбаи дохилӣ. Аз давраи Шоҳ –командир кор кардам. Валлоҳ қасам шери нар буд. Тоҷиддин Анварзода ягон донишгоҳ не мадарса хондагӣ аст, аммо милиса шуд. Муллоҳои деҳаро угрожат карда пул меситонад. Мулло Искандар, миллаташ узбек аст, аз худи ҳамон минтака , ҷамоати 10 солагӣ, Деҳаи Бахтовар. Ин муллоро ин участковий беҳад азобу азият мекунад.

Тоҷиддин Анварзода шогирди №1-и у буд. Алихон Рустам муовини генерал буд. Баъди Хуҷанд рафтани генерал началникиро гирифт.

  Як ҳаромхури дигариаш дар худи Регар як меҳмонхона дар маҳаллаи микрорайони 5 дорад. Як шаби хобаш 200 сомонӣ. Ин пулро медиҳӣ духтар аз худашон. То саҳар дам мегирӣ. Валлоҳ қасам мебинад, ки пул дорӣ, бачаашро мегуяд, бор кун отдел биёр, бачааш ҳам милиса  аст. Началники отдел охрана аст. 

Абдуллозода Хайрулло, зодаи Ҳисор. Дар худи Ҳисор  чанд гектар замини ангуру себ ва боз ферма ҳам дорад. Дар пеши заводи алюминий меҳмонхона рост карда истодааст, сохтмонаш идома дорад. Номи бачааш Муҳаммад аст. Ман дар дасти вай 1 сол кор кардам. Як моҳ ман ҳисоб кардам 18 нафарро  дар меҳмонхона маҷбур оварда таҷовуз кард. Мо охраникӣ мекардем, ки боз ягон одам  наздики меҳмонхона нашавад. Акаи ҳамин Абдуллозода Хайрулло дар вазорт кор мекард. Бо героин қапиданд. Срок гирифт. 6 сол зиндонӣ шуд, аммо дар муддати 6 моҳ баромад. Ҳозир боз вазифа гирифт. Муовини командири қисми ҳарбӣ шуд.

                                           Хуросон

  Ассалому алайкум Муҳаммадиқболи Садриддин! Худои таъоло ҳамаи моро дар ин моҳи Рамазон пируз гардонад. Албатта, бар алайҳи золимон, бародар ислоҳот хело зиёд шудааст. Вале рӯз аз рӯз золиме нав мебарояд. Мо аз Хуросон, ҷамоати Айнӣ, деҳаи Ҳалқаҷар. Барои тафтиши мактаб ягон нафар аз маориф наомад. Дар Ислоҳ дар Номаҳо аз ноҳияҳо ба «Ислоҳ.нет» №52-63-81 нисбати мактаби № 24, дар бораи ошхонаи он мактаб матлаб чоп шуда буд. Директори мактаб Шоймардонов Маҳмадқул ба ҷои ислоҳи кори ошхона ҳоло ҳам ба дуздиву бузиву кори худаш идома дода истодааст. Дар қатори он гапҳое, ки мегуфт, ҳоло боз ба синфхонаҳо даромада талабаҳоро таҳдид карда истодааст, ки ба масҷид барои намози таробеҳ нараванд. Ин Маҳмадқул ҳамаро ранги худаш беақл фикр карда истодааст. Барои чанд одами шубҳаноки ба фикри худаш диагноз монда аст, ки «Муҳаммадиқболшон хоинанд, у террористан, намурд, ки халос мешудем».

 Эй Маҳмадқул ту мемурдӣ, ки мардуми Ҳалкаҷар халос мешуд. Дар барномаҳои «Номаҳо аз ноҳияҳо №52-63-81» номи Маҳмадқул баромада буд.

 Ҳоло дар бораи масҷиди Ҳалқаҷар гуфтаниям. Масҷиди Ҳалқаҷар ба комедия бадал шудааст. Чунки як масхарабозро имоми масҷид мондаанд.

Ҳоли масҷиду намозу намозгузорон ҳамин мешавад. Ин мулло имоми масҷиди мо Ҳасан ном дорад, ҳоҷӣ ҳам шудагӣ аст.Лекин сураҳоро бо хати кириллӣ азёд кардагӣ аст. Вақте намоз вақте сура мехонад, мегуӣ, ки чизеро нақл дорад. Бародар худат фикр кун, ки кадом мулло ҳукми шариатро мемонад як тарвфу мардумро аз рафтан ба масҷид мамнӯъ мекунад ва баромада рафтан аз намозро ташвиқ мекунад. Ду руз, се руз пеш аз рамазон талабаҳоро дар пеши майдон мегуяд, ки масҷид наоед, ки амният омада қапад чор ҳазор маро ва чорҳазорӣ шумоҳоро ҷарима мебандад. Ҳозир бошад дар масҷид аз 18 сола поин касе масҷид рафта наметавонад. Ин чи рузу ин чи мусулмонӣ ба сари халқи мо омадааст. Чаро ин роҳбарони Тоҷикистон ин қадар аз дину оини мардум метарсанд ва бад мебинанд.

                                             Шаҳринав  

 Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқболи Садриддин! Раҳмати худо бар падарат, ки номаи навистаи моро нашр намудед. Ин золимон ба мисли Исмоили золим солҳост бар сари мардуми бечора зулм доранд. Бо гирифтани номашон дар барномаҳои Ислоҳ гуё дар қафояшон занҷабил шакида бошанд, дар таҳлука меафтанд ва ошкорову пинҳонӣ дарҳол ба кофтуков шуруъ мекунанд. Баъд аз тарсу ҳарос чи кор карданашонро намедонанд, ки чи хел худро дар назди мардум сафед кунанд. Баъдан кадом вақт бо кадоме ҷанг шуда ё ҳарфи ноҷо гуфта бошанд, аз онҳо мебинанду пинҳонӣ агитатсия мебаранд. Вале ин золим бехабар, ки 200 сокини ин деҳа ҳамаро назорат ва дар бойгонии худ сохранит дорад. Ин золим ба мисли пешвояш мехоҳад, ки уро иззату эҳтиром кунанд. Вай фаромуш мекунад, ки мо мардуми деҳа ҳамаашро хуб назорат дорем, гар чанде ҳоло дар руяш гуфта наметонем, фаромуш накун, ки ба ин ҳама зулме ба мардум кардӣ мо туро намебахшем. Рузе мешавад ба ин ҳама ҷиноятҳоят худат ва ҳатто фарзандонат ҷавобгу ҳастанд.

  Баъди барномаи 65-и «Номаҳо аз ноҳияҳо»… хело нороҳат шуда дар таҳлука афтодаст. Лек гӯё  парвое надорад. Аммо ҳамаашро дидаву шунида истодаем. Ҳоло аз ҷиноятҳову хиёнатҳои ин золим мегуем.

  Дар саршавии деҳа як шипанг буд. Дар вақтҳои колхозӣ дар онҷо пахтаҳоро ҷамъ оварда хушк карда баъд ба хлоппункт мебурданд. Баъди барҳам хурдани колхоз ин шипанг дар дасти як узбак номаш дар ёд нест, кличкааш пес буд,чунки руйҳои ин узбак сафед шуда буд афтода буд. Ин узбак шипангро гирифта гирдашро симентблок чинд ва роҳи деҳаро танг кард. Касе чизе нагуфт уро, ки барои чи роҳи деҳаро танг кардӣ? Баъд як соҳибкори бо нангу бо номуси ин деҳа хост ин шипангро аз дасти вай харад.Хулоса маслиҳат карда ин шипангро харид он соҳибкор.Он сохибкор дар Русия тиҷорат дошт. Ин шипанг дар назди хонаи амаки ҳамин соҳибкор буд. То вақте дар дасти як узбек буд, касе на парво дошт, на харидор.

 Ин золим “ин шипангро чаро он соҳибкор харид, обру пайдо мекунад” гуфта дар фикри ин шипанг буд, вале ошкор намекард. Баъди чанд сол писарони амаки ин соҳибкор хостанд шипангро гиранд, вале байнашон ҷанҷол сар зад. Байни ин амакбачаҳо бисёр баҳсу мунозираҳо ва ҷанҷолҳо сар зад. Вале ин золим ин ду амакбачаро ба ҷои оштӣ додан, баракс дар оташи хашмашон бештар бензин рехтан гирифт, ки онҳо то ҳамдигаркушӣ расида буданд. Ҳатто ака додарро пули калон дод тюрма кард. Ин золими Исмоили Акрамзод амакбачаи соҳибкора кришават карда баъди чанд соли судбозӣ шипангро гирифта, як қисмати хурдашро ба ин писарамаки ин соҳибкор ба пули калон фурухт. Исмоил дар як қисми он шипанг аз мардум пулу мол гирифта  «бунгоҳи тиббӣ» сохт. Мардумро маҷбурӣ бурда кор мефармуд. Вале рафт дар ҳукумат ё отдел худро соҳибкори муваффақ    нишон медод. Аммо сир бой намедод, ки ин ҳамааш аз пулу моли мардуми деҳа аст. Вай амакбачаи ин соҳибкорро ультиматум мондааст, ки «пули калон меёрӣ, шипанга метумта намеёрӣ нест шипанг». Ин бечораҳо аз тарс ва нанги дунёӣ аз даст наравад гуфта 5-10 сол шуд, ки дар Русия ҷон коҳонида истодаанд, вале ин маблағро дода натавониста истодаанд. Вале ин золим дар ин деҳа бузиву зурӣ карда гашта истодааст. Аммо агар ин қадар зур будӣ вақте он узбак шипангро маҳкам кард, роҳи деҳаро маҳкам мекард, барои чи гап назадӣ? Вай   намехоҳад дар деҳа ягон кас пулдор ё ба обуру бошад. Ранги пешвояш мехоҳад, ки мардум уро ҳурмат кунанду дастҳо пеши бар бошанд. Аммо хатои бузург мекунӣ.  Боз мегуям,ки кадомеро ҷабру хиёнат ва бузӣ кардӣ бахшиш пурс ва аз кадоме ба зурӣ чизе гирифтӣ баргардон, ки оқибати худат ва фарзандҳоят безеб аст. Ин таҳдид нест, як огоҳӣ аст, ҳамчун як хамдеҳа. Боз ягон фикр накунӣ,ки зарарат расидагӣ аст. Дар ман ягон зарарат расидагӣ нест. Аз инзолим 6 делои ҷиноятӣ дар дастам аст. Дар барномаҳои оянда равон мекунем. Барои амният ва прократура делоҳои хуб аст. Агар ислоҳ шуд мо ҳам мусалмон ҳастем. Агар ислоҳ нашуд номаҳои ҷолиб ва аҷиб ба Ислоҳ.тв равон мекунем. Номаи қаблии мо аз деҳаи Меҳргони Шаҳринав буд, ки дар шумораи №65 чоп шуда буд. Ин деҳа қаблан Маркобод ном дошт.

                                      Конибодом

  Салом бародар Муҳаммадиқболи Садриддин. Ин номаи шикоятии пурфоҷиа аз номи сокини деҳаи Лоҳутии ҷамоати Лохутӣ ба прокурори райони Конибодом аст. Ду куштори азим бо дасти раиси Ассотсиатсия ба номи Ашурмат Қодиров ва қотил Ғафуров Қодир Шукурович ва Воҳидова Барно мебошад. Марҳум Воҳидов Ҷавлонро ҳангоми таъмир кардани насоси обкашӣ ба қатл мерасонад. Ғафуров Қодир саркори участка буд. Воҳидов Ҷавлон ҳамроҳи ҳамсараш ва фарзадонаш посбон кор мекард. Ғафуров Қодир Шукурович, саркори участка бо Барно Воҳидова алоқаи маҳрамона дошт. Қодир Ғафуров ба Ҷавлон Воҳидов мефармоя, ки насосро таъмир намояд. Бехабар аз ҳолати кор машғули кор мешавад. Қодир насосро фаъол мекунад, насос Ҷавлонро ба худ мекашад. Дар ин ҳангом автомати насос хомуш мешавад ва Ҷавлон зинда мемонад вале нимаи танашро насос пора мекунад. Ҷавлон бо як азоб аз чуқурӣ берун мебарояд. Одамони гирду атроф бохабар мешаванд ва Ҷавлонро ба беморхонаи ноҳияи Конибодом мебаранд ва ба шуъбаи реаниметсионӣ ҷой мекунад. Дар ҳолати вазнин буд. Як ҳафта дар шуъбаи реаменатсионӣ хоб мекунад. Занаш аз момент истифода мебараду ба додани маблағ аз духтур мехоҳад, ки беморро кушад ва ба ҳамин соф шуд. Ҳеҷ кас напурсид ва ин фоҷиа пинҳон монд.

  Куштори дуюм бо дасти Қодир Ғафуров Шукурович руй дод. Як камбағали бечораро аз деҳаи Ҷаҳонзеб ба посбонӣ меорад, ки номаш Турсунбой буд. Турсунбойро бисёр ғам медод. Як руз Турсунбой бемор мешавад ва ба хонааш ба назди модараш меравад. Дар ин байн як -ду руз мегузарад. Ҳолати ба кор омадан надорад намеояд ба кор. Қодир Ғафуров ҳамроҳи ҷиянаш Абубакар Ғафуров ба сари Турсунбой меравад. Турсунбойро бо зурию таҳдид ба фазенда меоранду дукаса то ҷонаш баромадан хело латукуб мекунанд. Баъд мебинанд, ки бечора Турсунбой ҷонаш баромадааст. Аз пайи пинҳон кардани ҷиноят мешаванд.Дукаса мурдаро ба мотиосикл бор мекунанд ба роҳи селгузар меоранд ва ба чуқурии 30-40 метр мепартоянд. Ин ҳодисаро як зан мебинад. Баъд ҳамаҷо   овоза паҳн мешавад, ки Қодир одами мурдаро ба селпарто парофта рафтааст. Боз мурдаро аз чуқурӣ мегиранд ва бо маслиҳати собиқ раиси ҷамоат Юлдошев Олим Дадоҷонович мурдаро ба қабристони бесоҳибони ноҳия мебаранду мегуронанд ва ҷиноятро пинҳон мекунанд. Аз бедарак шудани Турсунбой ҳама ба шубҳа меафтанд: « на зиндаша меёван на мурдаша меёван». Ҳоҳари Турсунбой ба милиция хабар медиҳад.

 Ин хабар ба гуши полковник Умаров мерасад. Умаров бо телефон ба Олим Юлдошев мегуяд, ки «мурдаро худат рафта гирифта меорӣ ва ба хок месупорӣ. Агар намекунӣ чи хеле, ки худат раиси маҳбасхонаи занона будӣ, ҳамин хел ба маҳбас мекашам мегуяд» Қодир. Ва Олим бо маслиҳати пешакӣ 10ҳазор доллар ба хоҳари марҳум Турсунбой медиҳанду мегуянд, ки аз шикоят даст бикаш. Хоҳараш розӣ мешавад ва аз шикоят даст мекашад. Мурдаро меоранд ва ба қабристони деҳаи Ҷаҳонзеб дафн мекунанд. Баъд ҳамсояаш Содиқов Абдувоҳид аз пайи қотилони Турсунбой мешавад, ки чаро қотилон беҷазо мемонад. Баъди даводави зиёд маълум мешавад, ки хоҳари марҳум ба маблағи 10 ҳазор доллар аз шикоят даст кашидааст ва ҷинояткор беҷазо мондааст. Ин Қодир Ғафуров ҳоло ҳам одамони бе пушту паноҳро ғам медиҳад.  

                                          Панҷ    

Салом бародари Муҳаммадиқболи Садриддин! Ман аз ноҳияи Панҷ нома мефиристам. Дар бораи як номарди подставшик гап заданиям. Ин номард Идибек Ҳоҷиев Ҳамидович аст. Лейтенанти калон. Аз деҳаи совхози Панҷ. Идибек домоди Шукурҷон Зуҳуров, раиси собиқи Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон аст. Шукурҷон як духтари касалӣ дошт ба ҳамин дод. Идибекро ҳамин Шукурҷон Зуҳуров худаш дар Академияи милиса дохил карда хононд. Ин Идибек имруз болои мардум беҳад зулм карда истодааст.

 Амакиҳои Идибек аз сангвориҳои Панҷ ҳастанд. Мардуми сангворӣ, ки дар деҳаи Ғайрат зиндагӣ мекунанд. Ҳамон амакиаш як духтари ҳамсояқишлоқро дар даруни замини пахта таҷовуз кард. Ин корро милисаҳои Панҷ худашон таҳу гиреҳ карданд. Гӯё, ки ҳеҷ гап нашуда бошад. Идибек аввал дар Шакардашти ҷамоати Кабуд Сайфиддин участковий буд. Ҳозир дар кадом вазифаи калонтар кор мекунад. Ӯро касе ҳамчун Идиек намешиносад. Аммо ҳамчун Идибеки галу мешиносанд.Дар тамоми ноҳияи Панҷ ҳамчун Идибеки галу мешиносанд.

                                         Ню-йорк

Салом бародар Муҳаммадиқболи Садриддин. Чандин сол аст ки дар Амрико ба сар мебарам. Оиди дефолти қарзҳои Тоҷикистон беш аз 8 сол аст сухан мекунам. Радио Озодӣ акнун ақлашон расид. Ҳоло мардум намедонанд, ки на танҳо аз Эксимбонки Хитой балки аз Эксимбонки Амрико ҳам қарздор ҳастанд! Ҳамон самолётҳои Сомонайрро под гарантияи давлат гирифтанд. Мардум фикр мекунанд ин шухӣ аст. Ин қарзҳоро мегуянд “суверенний долг”. Яъне,ки даҳ бор инқилоб кардӣ ҳам тамоми қарзи давлат бар сари ҳар шаҳрванди зиндаву ҳоло таввалуд нашудааш бор аст. Мардум хело бесавод, афсус намефаҳманд.

  Чаро IRS-и домоди Эдик қарзе, ки роҳро сохтанд, пардохт накард?. Мақсади ташкили он ширкат он буд, ки гуё он ширкат қарзро соф мекунад назди Эксимбонки Чин, чунки коргоҳи давлатӣ аз уҳдаи ин кор намебарояд. Ин авлоди ҳаром гурехта мераванд, лек 10-25сол барои он корҳои кардаҳои ин ҳукумати дузду қаллоб барои дуруст кардан меравад. Мардуме, ки танҳо чароғу хурдании худро фикр доранд оё сазовори давлат ҳастанд? Ин тавр намешавад охир! Ин чи аҳвол бошад? Ягон сектори иқтисод дуруст кор намекунад. Шуравӣ буду ҳамон обу трубаҳои канализатсияи боқимонда аз он ки то ҳол кор мекунанд. Лек барои онҳо боз 5 соли дигар мондааст. Касе дар фикраш ҳам нест. Ноқилҳои барқ ку тамоман аз давраи Ленин! 100 сол мешавад. Дар Душанбею Хуҷанд барқро ба биноҳои нав бо столбаҳо мегузаронанд, ана пешрави! Охир он симчубҳо лозим нестанд дар шаҳрҳо. Ҳама кабелҳо бояд зери замин бошанд. Дар ҳақиқат Ватанро мисли Бангладеш карданд инҳо. Ҳамаҷо ифлос, куҳҳо пур аз эрозия, зеро, ки мардум барои гармии хона дарахтони худруйро мебуранд. Боз чи тавр ба ин мардум бояд фаҳмонд, ман намедонам. Метарсам мисли курдҳо шуда байни давлатҳо тақсим мешавем.

                                                  Рудакӣ

  Салом бародар Муҳаммадиқболи Садриддин!

Дар бораи як буз маълумот медиҳам. Ин буз сари чандин одамро хурд. Рузамон намедиҳад, ки зиндагӣ кунем. Фиреб ва подставит мекунад. Мутассифона ин қабилҳо хеле бисёр шудагианд, ки бовар намекунед.Қири одамҳоро баровард. Ҳатто дар даруни мошин одамҳоро подстава мекунад. Мактабро то синфи 7 хондагӣ нест. Номаш Тошмурод, кличкааш Муха аст. Аз қишлоқи Виҷдон, Ҳасанобод ҳам мегуянд. Ин ба одамҳо дуруғ мегуяд, ки ман сафедӣ(героин) мехарам. Ва бо ҳамин одамҳоро мешинонанд. Барои он, ки ба вай ҳам милисаҳо ҳақ медиҳанд. Чизе аз дасташ омада истодааст, ки бузӣ кунад карда истодааст.Баъзе бузҳои деҳаро сум медиҳад, ки барояш хабару маълумот диҳанд. Масалан медарояд хонаи шумо ва зери курпаатон маводди мухадир мегузорад ва ҳануз худаш аз дарвоза берун шуда ё нашуда милисаҳо хонаро зер мекунанд ва дигар давомаш маълум ва ин Тошмурод зуд «посредник» мешавад. Ва ҳамин хел вориди мошинатон мешаваду дар ягон ҷойи мошин баҷо мекунад. Хонаатон норасида дар роҳ меқапандатон.

Боз ин номарди буз чандин духтари мактабхонро расво кард. Мутаассифона ҳозир вазъият чунин шудааст, ки дар қишлоқ ягон одами нормалний, ягон номусдор намондааст. Ҳама мурғ шудагӣ аст. Ин Тошмуроди муха аз як лаб ҳамаро шинонида истодааст. Худашро бо бузҳо «подключат» кардагӣ аст.Беш аз 200 нафарро шинонд. Ба хотири чор танга. Аз пушти ин кор зиндагиашро мебарад.Чанд занро бева карда ва чанд сад кудакро сағира кардагӣ аст. Ҳама кор аз дасташ меояд.

 Миллаташ қалуғ аст. Хонаву дар  ва мошинҳои ӯро мебинӣ дар ҳайрат меафтӣ. Чор-панҷ зан дорад. Муроҷиати халқ ба шумо ин аст, ки дар бораи ин Тошмуроди муха як навор карда ба мардум фаҳмонед, ки ба вай аслан бовар накунанд. Ин суми калон дорад. Ҳам мақомотро харидагӣ аст. Ақибаш ин аст, ки шаҳодатномаи милитсиягӣ ва рутбаи майорӣ дорад. Аммо ягонҷоро нахондааст. Ҳатто мактаби миёнаро буд накардааст.

                                                   Ванҷ

Ассалому алейкум бародар Муҳаммадиқбол!
Дар барномаи «Номаҳо аз ноҳияҳо№ 122» номае аз Ванҷро хондам, ки дар бораи Исматуллозода Лутфулло қисса мекуна. Ман ҳам камтар маълумот дорам. Агар инро дар видео якҷоя мекардед, бисёр хуб мешуд. Барои он кам- кам хатоӣ ҳаст дар таърихи Лутфулло. Ин шахс соли таваллудаш 1996 аст ва Донишгоҳи варзишро хатм кардааст. Падараш дар ҳақиқат аз ноҳияи Ҳамадонӣ аст. Исматуллоев Бозоралӣ соли таваллудаш 1957, миллаташ лақай.Муаллими забони русӣ аст ва дар солҳои шурави ба деҳаи Сари сафедхоки ноҳияи Файзобод ҳамчун муаллим меояд ва бо модари Лутфулло Хоксорова Азизмо соли 1962 шинос шуда оила барпо мекунанд.

Бозоралӣ инсони хоксори хуб аст ва бо номи марди сода ӯро мешиносанд. Аммо Азизмо бениҳоят беваи бад аст ва аз сабабе, ки касеро дар куча бинад, ним соат допрос мекунад тахалуси ВКД дорад. Онҳо соҳиби 5 писар ва 2 духтар мебошанд ва ин Лутфуллои касиф фарзанди аз ҳама хурдӣ аст. Агарчанде инҳо ба Амирбек Бекназаров хеш нестанд аммо ин ВКД-и шайтон худро маҷбуран бо Амирбек хеш кардааст. Боз бародари Лутфулло Исматуллоев Фарҳод 1987 бе маълумоти олӣ (солҳои пеш муҳоҷир буд) дар ВКД-и ноҳияи Файзобод кор мекунад. Ман дар ҳамсоягии деҳаи Сари сафедхок зиндагӣ мекунам. Аз баски деҳаҳои мо хурд аст ва мо як мактабу як ҷамоат дорем якдигарро хуб мешиносем. Ба наздикӣ то рафтан ба Русия насиб бошад рафта аксҳои хонаи ВКД-ро бо дигар маълумотҳо равон мекунам.

                                               Айнӣ

Салом бародар Муҳаммадиқболи Садриддин! Мо рости гап маҷбур шудем, ки ба шумо ин номаро равон кунем. Ин навиштаи мо дар ҳафтаномаи «Тоҷикистон» ҳам дар моҳи феврал чоп шуда буд, аммо ягон кас ягон чора надид. Барои ҳамин онро айнан ба шумо ҳам фиристодем. Чунки фаҳмидем, ки фақат «Ислоҳ» метавонад ба мақомот таъсир расонад ва мо ҳам бо ҳамин умед онро мефиристем:

Дар мавзеи Куҳи Малики деҳаи мо, деҳаи Работи ноҳияи Айнӣ захираи табии ангиштсанг мавҷуд аст, ки қабатҳои он давоми садсолаҳо сухта хокистар шудааст. Дар баъзе қабатҳои он ҳануз ҳам сухтор идома дорад. Фақат дар як қитъаи он як табақаи борики бараш 1 метр,баландиаш 100 метр ва чуқуриаш номаълум мавҷуд аст, ки алҳол насухтааст.

Аҳолии деҳаи Работ дар фасли зимистон аз ҳамин ҷо ангиштсангро канда истифода мебаранд. Бархе аз оилаҳо, ки ба муҳоҷират намераванд, ангишти кандаашонро мефурушанд. Аз даромади он мо ҳам зиндагиамонро пеш мебарем, ҳам барои ободиҳои деҳа, бунёди майдончаи варзишӣ дар деҳаи Работ, ободии бинои мактаб дар шаҳракаи Зарафшон-2 саҳмгузорӣ карда, ба оилаҳои ниёзманди ҳудуди ҷамоат кумак кардаем.

Мушкили мо ин аст ки иҷозатнома барои кандан ва фурухтани ангиштро надорем. Бинобар ин чанд маротиба кормандони мақомоти андоз ва ҳифзи муҳити зисти ноҳия моро ҷарима карданд, ки маблағашро супоридаем. Мо борҳо аз ин ниҳодҳо хоҳиш мекунем, ки ба мо иҷозатнома диҳанд ва барои қонунӣ кардани фаъолияти мо маслиҳат диҳанд. Вале онҳо ба мо роҳе нишон намедиҳанд. Зиндагӣ маҷбур мекунад,ки мардуми камбизоат боз ҳам ангиштканиро давом медиҳанд.

Рузи 14 феврал ёрдамчии прокурори ноҳияи Айнӣ А.Салимзода, корманди Идораи ҳифзи муҳити зисти ноҳия Чақонов ва ду корманди милитсия, ки нозири минтақа ҳастанд, соати 14:00 ба мавзеи Куҳи Малик омада нисбати 5 нафарамон барои ҷарима санад(протокол) тартиб доданд. Мо ин дафъа ҳам бо сари хам ҷаримаро қабул кардем. Вале кор бо ҳамин тамом нашуд.

  Ҳамон рӯз шабона соати 19:00 ёрдамчии прокурор, як корманди милитсия, бо сардори Идораи ҳифзи муҳити зисти ноҳияи Айнӣ ду мошини боркаши HOWO-ро, ки ба рақами қайди давлатӣ буданд, оварданд. Ҳамроҳи онҳо ҳамчунин 3 шахси барои мо ношинос ҳам буданд. Ба ин ашхос супориш дода шуд, ки халтаҳои ангиштсангро ба мошин бор кунанд.

   Аз ронандаҳои мошинҳои боркаш пурсидем, ки «бе рақами қайди давлатӣ аз куҷо омадед?». «Аз маркази ноҳия», -посух доданд онҳо. Аз корманди прокуратура пурсидем, ки чӣ тавр ду мошини боркаш бе рақами қайди давлатӣ масофаи 30 километр роҳро тай карда омаданд? Ӯ гуфт: «Рақами мошинҳо дар дасти ман аст. Шумо чи ҳақ доред, ки ба ин кор дахолат мекунед. Ҳозир барои шантаж қама мекунам!».Баъд мо ба хонаҳоямон рафтем.

  Рузи дигар омадем, ки 1500 халта ангиштсанг дар ҷояш нест. Маълум мешавад, ки бор карда бурдаанд. Бо ин ҳам қаноат накарда, ҳамин ҳайат рӯзи 16ум декабр дубора ба деҳа омада боқимонда халтаҳои ангиштсангро, ки қариб 700 халта буд, бор карда бурдаанд.

Магар ин амали онҳо мувофиқи қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аст?

Мо як гуруҳ аҳолии деҳа ин ангиштсангҳоро дар муддати чандин рӯз канда, дар халтаҳо андохта, бо харҳои боркаш аз масофаи 2 километр бо азобу машаққат поён фароварда будем. Магар аз руи инсоф аст, ки ҳам моро ҷарима кунанд ва ҳам бе ягон санад онро мусодира намоянд?

Мо дар ҳамин деҳа зода шуда ба воя расидаем. Оё дуруст аст, ки ангишт сухта хокистар шаваду аз он касе баҳра набарад? Оё аз деҳаи худамон ангишт кандаву ниёзи оилаамонро таъмин кардан ҷиноят аст?

   Аз шумо эҳтиромона хоҳиш менамоем,ки мушкили моро ҳал кунед. Барои мо мувофиқи қонун патент ё сертификат барои кандану фурухтани ангиштсангро бидиҳед, ки андози давлатро супорида, корамонро идома диҳем. Ҳам зиндагиамонро таъмин кунем, ҳам барои ободии ноҳия саҳмгузор бошем.

                                        Турсунзода
Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқболи Садриддин.

Нома аз ҷамоати Қаратоғи Турсунзода. Дар ҷамоати Қаратоғ, деҳаи Аҳорун қассоб Илҳом Қурбоналиев ҳаст, ки то имрӯз қассобӣ мекунад. Номи падараш Иноят. Падараш дар колхоз кор мекард. Як инсони кутоҳқад буд. Илҳом бо маводди мухадир сару кор дорад. Илҳом чанд адад фура дорад.Борҳои худро ба Русия ва Туркия мебарад. Устоди Илҳом ҳасинфаш аст бо номи Алишер. Бо ёрдами Алишер бо ҳамсинфонаш Илҳом Қурбоналиев, Анвар Шарипов, Фаррух Ханҷаров ва усто Қурбон,устои мошин ва писари муаллима Раҳмонова Фируз бародари худи Илҳом Қутбуддин пеш бо ҳамин ҷурми маводи мухаддир 2 ё 3 бор суд ва зиндон шудагӣ аст. Инҳо гуруҳи беҳад калон ҳастанд. Дар Русия ва дар Туркия кору фаъолият мекунад. Аз пушти инҳо чандин инсонҳо зиндонӣ шуданд. Ҷиянҳои Илҳом дар Туркияанд. Инъом, суҳроб ва ғайра. Шарипов Анвар ҳам бо бародараш Акбар Шарипов ва ду бачаи муаллими Раҳими сиёҳ, хато накунам номи яктоаш Алишер, ӣписари муаллим. Инҳо гуруҳи беҳад калон аст.
Ин Фируз Раҳмонов чор сол пеш дар Маскав мошинашро милисаҳо боздоштанд. Дар дохили мошин дору дошт. Гурехта ҳамон замон билет гирифта бо Тоҷикистон меояд. Аз ҳамон вақт Фируз дар Тоҷикистон аст ва гоҳ-гоҳе  ба гуфти мардум Туркия мерафат. Фируз ҳамсояи худаш бачаи Мавлонов Парвиз Алишер Мавлоновро дар Русия ба қатл мерасонад. Ин Фируз дар ҳудуди ноҳия Турсунзода чанд хонаи заминӣ ва чандин квартира ба номи модар ва хоҳараш кардагӣ аст. Пулу моли зиёд дорад.
Сардори инхо Қурбоналиев Илҳом аст. Беҳад шайтон ва беҳад зирак. Чандин хонаву замин дар Регару Душанбе ва Хуҷанд дорад. Гову гуспандони зиёд дар ҳудуди дараи Қаратоғ дорад ва фермааш дар куҳи Налбек воқеъ аст. Анвар Шарипов аз Чептураи Шаҳринав аст. Лекин мактаби миёнаи 34-и Аҳорунро хонда аст. Ҳамроҳ бо Илҳом, Фаррух Ханҷаров ва бо Алишер.

Анвар пули зиёд дорад. Дар Чептура боғи ангури калон ва дар Душанбе, дар Регар ва дар Масква квартираҳо дорад. Тағои Анвар муаллим Раҳимӣ аст. Ду писари ин муаллим бо Анвар кор мекунанд. Бачаи калонии муаллим Алишер ном дорад. Ин Фаррух Ханҷаровро ҳам падараш муаллим буд. Ин бача 3 бародар дорад. Боқувват аст. Аммо уро зиёд истифода мебаранд. Бисёр гапҳо аз даҳани у баромадааст. Бо пулҳои вай бародараш Ҳомид чандин хонаву дар кард. Пулҳояш дар дасти Ҳомид. Падари Бобокалонов Эраҷ Исмат ном дорад. Нонпаз буд. Бо Анвар кор мекунад ва бо вай хешутаборӣ дорад.
 Дар соли гузаштаи 2023 фураи Илҳом дар ҳудуди давлати Қазоқистон гум шуда буд. Ёфт шуд,ё ки ёфт нашуд намедонам, аммо бо бори калон фура нест шуд.
Илҳом  бародари хурдиашро дар КПП сарҳади Турсунзода  ва Тирмизи  Узбекистон ба корд монд. Дар таможний кор мекунад. Қурбоналиев Ислом ном дорад ва борҳои Илҳомро мегузаронад.
Ин Ашуров Искандар бачаи муаллима Субҳонқулова аст. Ин ҳам аз авлоди Илҳом мебошад. Бо Ислом дар сарҳад кор мекунад ва борҳои Илҳомро дар таможний бе малол мегузарад
Вай бо Искандар ва бо бародараш Диловар ва модараш муаллима якҷоя аст. Ин Диловар дар кадом як вазифаи баланд кор мекунад. Аммо хизматгори Илҳом аст.

Усмонов Сунат, бачаи Ҳамроқул, лақабаш Иван, духтури дандон. Ду сол пеш Сунат чи хатое кард. Падарашро шаб омада бачаҳои маскапуш қариб мекуштанд. Бо алоқа корҳояшонро ҳал карда рафтанд. Сунат ҳам хеле пулу моли зиёд дорад. Ин Илҳом беҳад зирак ва доно аст. Онҳо намоз мехонанд. Лекин бузиву фурухтану ганда кардан касбаш аст. Инсони дилаш сиёҳ аст. Айни ҳол дар Туркия аст. Ин Илҳом он қадар пулу мол дорад, ки Исмоили пингвин надорад. Танҳо дар Маскав 4 квартира дорад. Дар ин квартираҳо иҷоранишин мондааст.

  Ин Фируз Раҳмонов сахт аз худ рафтагӣ аст. Пулмаст. Дар Душанбе аз домҳои нав ду квартира дорад. Ин квартираҳо аз садҳазор долларӣ ҳам гаронтаранд. Вай бо Анвар Шарипов чи хешие дорад. Ин гуруҳро кӣ кришават мекунад, хабар надорам. Аммо ин гуруҳ бо Аннаи наркобарон ҳамкоранд. Ман як бор бо Илҳом назди Анна рафта будем. Ман дар берун истода будам. Илҳом пеши Анна даромад. Ба гуфти Илҳом гуё барои шири шутур рафта бошад. Анна уштур дошт. Шир ба мардуми ниёзманд медод. Пинҳонӣ ба Тоҷикистон контрабанда медаровард. Шабҳо бо фура медаровард ва ҷойҳи пинҳонии сохтаашонро бо балгарка мебуриданд. Наздиконаш мегуфтанд ин корҳо- буридани ҷойҳои секретнийи  фура дар хонаи Илҳом, ҳавлии падариаш анҷом дода мешуд.

Share This Article