Инро мехоҳанд ё не, ҳатман ба навиштаҳои “Ислоҳ” расидагӣ мешавад. Мақомот эълон намекунад, вале матолиби онро ҳатман пайгирӣ мекунад. Барои ҳамин бархе аз ноҳияҳо, ки ин бор исмашонро намебарем, бояд дар бораи ҷурму ҷиноят ва қубҳи кори мақомот бинависанд.
Таъсири навиштаҳои Ислоҳро, ки бар мабно ва асоси навиштаҳои шумо омода ва нашр мешавад дар аввалин номаи ин нашри барнома худатон шоҳид хоҳед шуд.
Оби Гарм
Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқбол! Мо ба шумо миннатдории худро баён мекунем ва ташаккур аз шумова барномаи «Номаҳо аз ноҳияҳо». Дар ҳамин моҳи мубораки шарифи рамазон дар намозҳоям дар ҳақи шумо дуо мекунам. Худованд орзуҳоятон бароварда бишавад ва тамоми намозу дуоҳоятон қабули даргоҳаш шавад. Ман аз Оби гарм, аз бемористони инҷо бароятон навишта будам, Ин навиштаи манро чоп намуда будед. Шукр, ки баъди чопи он нома вазъият дар бемористон тағйир кард. Чунки он навишта Фаридаи ҳам мардаку ҳам занакрохомуш карду сабаб шуд аз кор биравад. Ду духтари ҷавонро дар ҷойи вай таъин карданд. Аммо дар бораи он мардакзанак хеле чизҳоро пинҳон доштанд, агарчи дар номаи пешина дар борааш гуфта будам.
Баъди нашру пахши номаи фиристодаи ман Алҳамдулиллаҳ, ба изни Аллоҳ Фаридаро охир аз кор холӣ карданд. Ба муддати ҳафт сол ҷазо доданд. Боз се сол корҳои ислоҳӣ мекардааст, албатта боз ҷаримааш карданд. Чунки дар ҳақиқат вай чанд занро кушт ва бархеашро то ба куштан овард. Ягон ҷосус буд, чи буд, ки одамҳоро ҳамин хели мекард. Мо ҳиҷ боварӣ надоштем, ки уро аз кор мегирнд. Одам дошт. Хеле корҳои бад мекард. Ягон кас ҳақ надошт, дилёб намешуд, ки аз болои Фаридаи нимдухтар нимбача шикоят кунад. Баъди нома дар бораи беморхонаи Оби Гарм уро аз вазифа ва аз кор гирифтанд. Сардухтур буд ва ба момодояҳо сардор –страший ҳам буд.
Ман гуфтаниам ба шумо бародар Муҳаммадиқбол, ки «Номаҳо…» ҳатман таъсир дорад. Тамоми одамҳо гуш мекардаанду медиданд. Барои ҳама «Номаҳо…» маъқул будаст. Маълум мешавад,ки «Номаҳо..» биёр ҳам даркор будаст. Чунки он як мушкилии занҳоро дар Оби Гарму Роғуг осон кард.
Ҳазор раҳмат. Дуо мекунам дар намозҳоям, ки илоҳо дуоҳои Муҳаммадиқболро қабул кунад. Баҳор расид, ҳамаи мо мусофирону муҳоҷиронро хумори ватан гирифтааст.
Ваҳдат
Ваҳдат. Карим Исмоил. Деҳаи Лақайбегӣ. Салом устод Муҳаммадиқболи Садриддин!
Имруз ҳам тасмим гирифтам, ки дар бораи ҷурму ҷиноятҳои мақомдорон нависам. Дар аввал мехоҳам инро изҳор кунам, ки ҳар боре дар бораи бузҳо менависам, бархе видеоро тамошо мекунанду мегуянд, ки ин кадоме аст ки нисбати Даврону Маҳмадшову Олим кина дорад.Барои ҳамин инҳоро ба Ислоҳ навиштааст.
Ба шумо гуфтан мехоҳам, ки Ислоҳ ҷое нест, ки ғаразҳои шахсиятро нависӣ. Ман яке аз инсоҳои наздик ба Норов Даврони буз ҳастам. Барои он ҷиноятҳояшро навиштам, ки миллат инҳоро бишносадт ва инро мехоҳам изҳор кунам, ки ВАллоҳи қасам агар фарзанди падарам буз бошад, фикрашро нокард ба Ислоҳ менависам!
Ҳоло бузҳои деҳаи Лақайбегӣ чун барги бед дар муқобили шамол меларзанд, ки номашон дар Ислоҳ нашр нашавад. Аммо гуфтаниам ба шумо, ки хоҳед- нахоҳед буз буданатон ошкор шуда, нашр мешавад
Акнун савол ба шумо муҳтарам Муҳаммадиқбол. Дар деҳаи Лақайбегӣ овоза ҳаст, ки шумо гуё дар бораи Даврони буз видеохои бисёр карда бошеду Даврони буз бошад шуморо пул дода даҳони шуморо маҳкам кардааст? Ин сухан то чи ҳад ҳақиқат дорад?
Баъди нашри номаи №89 Даврони буз ва Маҳмадшои буз дигар аз хонаҳояшон берун намебароянд, байни мардум туйу маъракаҳо намераванд. Рост кор мераванду меоянд.
Ҳоло як характери ҳароми Даврони бузро мехоҳам ба мардуми деҳаи Лақайбегӣ ошкор кунам. Даврони буз як инсоне, ки инсони дигарро ғайбат накардааст, рафта мегуяд, ки туро ғайбат кард. Хуллас ин буз ҷавонҳои деҳаро бо якдигараш чапгир мекунад.
Ин буз ҳатто ҳоҷӣ Сафари амакиашро мегуяд, ки «дар риши сафедаш фалон кунам, он қадар инсони хуб нест».
Маҳмадшои буз бошад он чунон даюсу беномус аст, ки як рӯз дидам занашро дар беруни хонаш аз дар берун дар байни роҳ ба оғуш гирифта истодааст.
Савол ба началники 6-ой отдел! Зани Маҳмадшои буз як рӯз дар таксӣ гуфт, ки Маҳмадшоро началники отдел гуфтааст «бра гайи кор кун». Маҳмадшо гуфта бошад, ки «не ма Гайи кор намекнм». Ту гуфта бошӣ, ки «Тоба кадам худо, якум одама мебинм,ки мега Гайи кор намекнм». Ин сухан то чи ҳад ҳақиқат дорад, шумо ҷавоб диҳед.
Маҳмадшои буз бас кун зулму ҷиноятро болои мардуми бечора. Хоҳаратро ба хотир биёр. Вай ҳам мардумро зулм мекард. Беҳад духтари қанчиқ буд. Ҳатто то ҷое шунидем як рӯз барои либоспушиаш модараш ҳам уро оқ кардааст. Дар рӯзи ҷанозааш як кас нагуфт, ки одами хуб буд, гуфтанд як қанчиқ буд, мисли апаҳои Норов Даврон. Даврон ҳар гоҳ, ки дар кучаҳо ба занони шавҳардоро суханҳои бад мегӯӣ, фаромуш накун, ки апаҳои худат дар вақташ чи гуна буданд.
Ба милисахои 6-ой отдели Ваҳдат, ки мардумро, муллоҳои деҳаро зулму таҳдид мекунед, мардуми Ваҳдатро дар отдел бурда мезанед, гуфтаниям, ки Аллоҳ хору залилатон кунад, парвардигор «фарзандонатон бимирад, духтаротон нодухтар шавад занҳоятонро бо марди бегона ин мардум бинад ба ин зулме, ки шумо болои ин миллат карда истодаед». Медонам ҳамаатон дар отдел шиштагӣ ин видеоро тамошо доред. Худоё чунин шавад, ки аз кор ба хона раведу занҳоятон бигуянд ба шумо, ки фарзандонамон мурд.
Инҷо дар бораи як порахури ҳаром, ки дар Ваҳдат Гайи кор мекунад менависам. Ин порахур Хайруллои Гайи мебошад. Аз дасти вай таксиҳо ба дод омадагианд. Бигзор коррусия омада молу мулки ин Гаиро санҷад. Охир наход як корманди Гаи соҳиби ду-се хона шавад ва бо Газели мусофиркашонӣ.
Ин дороиҳо аниқ аст, ки аз роҳи пора ба даст омадааст. Ин Хайрулл аз деҳаи Лақайбегӣ зан гирифта аст. Номи зани вай Озода мебошад. Дар вақташ як зани бероҳа буд. Ҳамчуноне, ки акнун духтараш як бераҳа аст. Хайруллои Гаи ба духтараш Мадина пеш аз шавҳар карданаш гуфтааст, ки духтарам агар зиндагиатро сахт қапидӣ як хона мехарамат.
Ҳодисае, ки чандин сол пеш руй додааст. Инро аз забони як шахси наздик ба Хайрулло шунидам. Хайрулло як беваро ба поёни деҳаи Лақайбегӣ тарафи Дарвозакан меорад. Бо ин бева зино карда истода будааст, ки уро бачаҳои деҳаи Ескигузар (эстигузар) меқапанд ва пагонҳояшро мекананд. Хайрулло мегуяд «ҳе бача чо каден шумо майм охи Хайрулло». Мегуянд, ки «мода фарқ надора ть ки ҳастӣ-нестӣ». Хайрулло ҳоло мебинем гуфта онҳоро таҳдид мекунад. Ва як руз ин ҷавонҳоро ба отдел мебаранд, мурданӣ мезананд, азобу шиканҷа медиҳанд. Боз қаҳри ин милисаҳо паст нашуда ин ҷавонҳоро нагло зино мекунанд. Аллоҳ лаънат кунад Раҳмоновро бо ин давлати ташкилкардааш.
Як порахури дигар корманди мизи ҳарбии ҷамоати Карим Исмоил буд, ҳоло то ҷое шунидам ба у вазифаи баландтар доданд. Номаш Хуршед мебошад. Бо Олими буз рафтуомад дошт. Аз чандин сокинони деҳа пораҳои калон гирифтааст. Худаш аз деҳаи Исроилобод мебошад.
Акнун мегузарем ба ҷиноятҳои яке аз облавчикҳо. Ин облавчик Шуҳрат. ном дорад. Уро бо номи Шуҳрати буз мешиносанд. Баъзеҳо Шуҳрати облавчик ҳам мегуянд.
Ин бузро як вақт мешунавем, аз кор гирифтаанд, боз як вақти дигар ба кор мемонанд. Дар ин ҳукумати Эмомалӣ Раҳмонов ҳама кор шуданаш мумкин аст!.
Ин буз бо як зани шавҳардори деҳаи Лақайбегӣ зино кардааст, ки шавҳари он зан дар Русия буд. Номи занро махфӣ нигоҳ медорам.
Ба мардуми деҳаам Лақайбегӣ гуфтаниям, ки ҳаргиз нагузоред, ки занҳоятон ба ягон мақомоти давлатӣ танҳо раванд: аз ҷумла суд, паспортний стол, 6 –ой отдел, Агар тавонед ба бемористон ҳам танҳо нафиристед. Ин бадбахтҳо занҳоятонро пешниҳоди ҳамхобагӣ мекунанд.
Дар охир гуфтаниам, ки бародар Муҳаммадиқбол, агар имконият доред, номаҳои ҳар ноҳияро ҷудо намуда дар Ютуб нашр кунед, ин тавр беҳтар мешавад. Барои он ки ҳар як инсон ноҳияи худашро тамошо мекунад ва дар барномаи умумӣ ҳам барои шахсоне, ки аз вазъияти Тоҷикистон мехоҳанд хабардор шаванд, нашр кунед. Номаи пур аз дарду ранҷи маро дар «Номаҳо…» нашр кунед.
Аллахумма а’иззаль Ислама валь муслимин
Аллоҳумма унсурил муборизина фил Тоҷикистони, ё рабул оламин.
Спитамен
Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқболи Садриддин! Ман аз ноҳияи Спитамен менависам. Бародар шумо дар барномаи 88 дар бораи Аскар суҳбат намудед. Ҳамааш дуруст мебошад. Вай ду шогирд дорад, ки якеаш Равшан ном дорад. Тамоми асноду ҳуҷҷатҳои хонаҳои мардумро у навишта карда медиҳад. Барои як сертификати хона аз 17 то 20 ҳазор сомонӣ мегирад. Боз онҳо 3 -4 моҳ интизор мешаванд, чунки онҳоро фиреб карда мегардад. Равшан як бор барои қаллобӣ суд шудааст. Писараш дар Прокуратура кор мекунад. Уро на милисаҳо гап мезанад, на амният. Ҳамаро муттаҳам кардагӣ аст. Боз ин Аскар дар қишлоқаш ферма кушодагӣ аст. Як адири калонро ба номаш кардагӣ аст. Фермааш дар қишлоқи Меҳнатобод ҷойгир аст. Дар бую тафи фирма тобистон дар ин деҳа истода намешавад. Аммо на экология кор дорад, на милисаҳо. Вай ба сардори милитсия
хизмат мекунад. Яъне ба Рауфзода Алиҷон Тоҷиддин. Бародар Муҳаммадиқбол! Дар бораи милисаҳо маълумот бисёр дорам, чунки ҳамаашро мешиносам. Ва медонам, ки чи корҳо мекунанд. Ин Равшан шогирди Аскар земламер (заминченкун) мебошад. Тамоми корҳояшро ҳамон Равшан анҷом медиҳад. Корҳои фермаашро ҳам ҳамин Равшан анҷом медиҳад.
Дар он барнома дар бораи замини ноҳияи Спитамен, ҷамоати деҳоти Куруш гап задед. Ҳамааш дуруст мебошад. Замини ҷамоати деҳоти Курушро 15 сол пеш як нафар бо фамилияи Ҳакимов мардумро бо фиреби ин, ки руғану орд мегиред, имзо монед гуфта саҳомашонро гирифта ба номи худаш кард. Ҳозир ин одам дар зиндон аст. Заминро бошад бачаҳояш ба белорусҳо фурухтагӣ.
Инро ҳама мардум медонад лекин ягон кор карда наметавонад.
Боз як маълумот дар бораи паспортни столи ноҳияи Спитамен гап мезанам. Сардори паспортний стол Холзода Диловар мебошад. Вай аз Кулоб аз Восеъ мебошад. Як гадогушнаи палид аст. Беморонро барои пул шуда аввал худаш қабул мекунад. Чи даркор? Паспорт ба таври фаврӣ даркор бошад масалан дар 3 рузтайёр кунад бо квитансия 650 сомонӣ мегирад вале барои загранпаспорт 2200 сомонӣ мегирад. Агар срочний набошад «фалон кабинет бра» гуфта дигар кабинет равон мекунад. Ин нафар дар рӯз аз 5 то 10 ҳазор сомонӣ кор накунад ба хонааш намеравад. Чунки гуфтааст ин вазифро ба 20 ҳазор доллар харидааст. Аммо бовар кунед, ки ин нафар кайҳо пулашро бароварда чанд баробари он боз кор кардааст. Дар ҷони мардум задаанд.
Хуросон
Бародар Муҳаммадиқбол салом! Мехостам ду паёмро расонам. Аз ноҳияи Хуросон бароятон менависам. Дар бемористони ноҳияи мо нафаре бо номи Гулов Раҷабалӣ главврач буд. Ҳозир ба дигар кор гузашта аст. Ин шахс қариб 60- сола ҳаст. Лек ба ҳамшираҳои нав ба кор омадагӣ медсестраҳо, ки 18-25 солаанд, пешниҳоди ҳамхобагӣ мекунад. Агар не гуянд, аз кор хориҷ мекунам мегуфтааст. Аз ин кор қариб 80% мардуми ноҳия хабардор аммо ягон кас чора надид. Ҷабрдидаҳо ҳам хело зиёданд.
Масъалаи дуввум дар ноҳияи Хуросони мо аптека аст. Қариб 50% доруҳо муҳлаташ гузаштагӣ. Чандин одамҳо баъди истеъмоли ин доруҳо сахт бемор шуданд. Аз ин дорухона чандин шахс шикоят ҳам кард, вале афсус резултат 0. Номи соҳиби аптека Астон аст ва вай узбекбача аст. Бо сум даҳани ҳама мақомоти ноҳияро бастааст. Дар чанд ҷойи ноҳияи апетека дорад.
Як чизи дигарро мехоҳам бигуям. Ман дар ватан ҳастам. Рузҳои ҷумъа намоз меравам. Ягон бор амри маъруф гуш накардаам. Имомхатиб фақат аз руи варақ гап мезанад, дар бораи президент, дар бораи облава, дар бораи дарахтшинони. Ман намефаҳмам мо куҷо рафта истодаем ба ин давлатдорӣ?
Ҳисор
Ассалому алейкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу бародар Муҳаммадиқбол! Ман аз шаҳри Ҳисор. Аз ҳодисаҳое, ки дар се соли охир рух додааст, ба шумо ҳикоят карданиям. Дар шаҳри Ҳисор чор бародар буданд, ки ҳамаи онҳо қории Қуръон, эшонзода буданд. Раҳмонов онҳоро сахт эҳтиром мекард. Чунки яке аз ин эшонҳо модари Раҳмоновро дар ҳолати бемориаш хонда буд ва модари Раҳмонов сиҳат шуда буд. Раҳмонов мехост, ки 800 гектар заминро гирад ва дар онҷо мамнуъгоҳ бунёд кунад. Аммо эшонҳо пеши роҳашро мегирифтанд. Ҳангоме, ки бемории Ковид- 19 тамоми ҷаҳонро фаро гирифт, аз ҷумла Тоҷикистонро ин эшонҳо ҳам ба бемории Ковид-19 гирифтор шуданд. Раҳмонов худаш дар Германия табобат карда омада буд. Нисбати эшонҳо эҳтиром, ки дошт метавонист онҳоро кумак кунад. Аммо ҳеҷ гуна кумаке ба онҳо накард. Ва эшонҳо аз дунё гузаштанд. Чи гунае, ки Раҳмонов дар баромади ахираш дар мулоқот бо руҳониҳо дар арафаи моҳи шарифи Рамазон бо тамасхур ва масхара гуфт, ки чор бародар ҳангоми дуохонӣ худашон гирифтори ин беморӣ шуда дар як ҳафта даргузаштанд. Ман сад фоиз бовар дорам, ки аз байн бурдани эшонҳо кори худи Раҳмонов буд. Пеши роҳамро нагиранд гуфта онҳоро аз байн бурд.
Ва чи хеле, ки дар боло гуфта гузаштам дар ниҳоят Раҳмонов заминҳоро аз дасти мардум ба таври маҷбурӣ гирифт. Раҳмонов худаш гуфта буд, ки худатон кор ва меҳнат кунед ва зиндагии худро пеш баред. Зиндагии 80 фоизи мардуми он минтақа аз ҳисоби молдорӣ, боғдорӣ ва кишоварзӣ пеш мерафт. Ҳатто сокинони яке аз деҳаҳо ҳамаи чорвоҳояшонро маҷбур шуданд фурушанд, чунки дигар ҷои молчаронидан набуд. Мардуми яке аз деҳаҳо эътироз карданд ва онҳоро ба отдели шаҳри Ҳисор бурда баъзеи онҳоро дар отдел маҳкам карда онҳоро азобу шиканҷа низ карданд. Ҳангоми кушодашавии мамнуъгоҳ Раҳмонов гуфтааст, ки мо 800 гектар замини ботлоқзор ва заминҳои бекорхобидаро гирифта мамнуъгоҳ кардем. Аммо дуруғ мегуяд, руяшро сиёҳ мекунад. Зиндагии мардуми ҳафт, ҳашт деҳа аз ҳисоби ҳамин заминҳо пеш мерафт. Гирду атрофи ин заминро забор гирифтанд. Оҳиста -оҳиста масоҳати ин замин калон шудан гирифт.
Дар шахри Хисор кони намак вуҷуд дорад ва мегуянд, ки то деҳаи кони намак куҳҳоро забор гирифта маҳкам кард. Раҳмонов мехоҳад, ки дар куҳҳо рова кишт карда шираи онро гирифта бо пули калон фурушад. Ҳамаи мо медонем, ки дар Тоҷикистон бизнеси шира дар ҷои аввал меистад. Чунки аз шира доруҳои қиматбаҳо истеҳсол мекунанд. Раҳмонов ва ҳукуматаш мардуми ин минтақаро ҳам зиёд ранҷ дода истода аст!. Ин мардум аз дасти ҳукуматдорон ба дод омадаанд.
Темурмалик
Ассалом алейкум бародар ва устоди азиз Муҳаммадиқбол. Ман як сокини ноҳияи Темурмалик, аз Кангурт ҳастам. Ин номаи ман аз заводи ҶДММ Ғаюри ноҳияи Ёвон ирсол карда мешавад.
Ман дар инҷо ду сол аст кор мекунам. Дар ошхонаи ин завод ду повур аз Кангурт кор мекунанд, ки номашон Муҳиддин ва Рамазон аст. Боз як нафари дигар лаборант кор мекунад, ки инаш ҳам аз Кангурт ва номаш Баҳром. Вақте директори завод Ислом Чақалов дар фермаи худаш гову буқа ва гусфанд мекушад, ба завод мебиёранд барои хуроки коргарон, аммо ин бадбахти Рамазон рузҳои ҷумъа ва шанбе ба мошини Баҳром гуштҳоро бор карда ба Кангурт бурда тақсим мекунад. Барои коргарон бошад боз гушти устухон медиҳад. Как будто коргарон барои онҳо саг бошанд.
Коргари бечора маҷбур аст истеъмол кунад. Дар косаю табақҳои худашон ва раисҳои бадбахти ин завод, ки рузи дароз дар кабинетҳояшон нишастаанд хурокҳои сергушту болаззат медиҳанд. Моҳи шарифи Рамазон шуд. Аммо ин бадбахти повур, ки номаш Рамазон аст ягон хурок пухта наметавонад. Ҳамаи маҳсулоти хурокаш хом мебошад. Дар хуроки нисфишабӣ барои рузагирӣ коргарон ба ошхона меоянд, ин Рамазони бадбахт нигоҳ карда ба кӣ сметана диҳам ва ба кӣ надиҳам гуфта одамҳоро ҷудо мекунад. Намедонем бо ин поварҳои гушна чи кор кунем?
Боз дар ин завод як бадбахти дигар бо номи Мадина дар лаборатория кор мекунад. Барои гирифтани анализ хоҳад меояд нахоҳад намеояд. Анализро аз пеши худ менависад. Ман пурсидам, ки чаро ба раис намегуед? Гуфтанд, ки вай бо Баҳроми лаборант алоқаи ҷинсӣ мекунад, так что барои Мадина ҳама зелёный светофор мебошад Ман як чанд бор дидам, ки Мадина дар линчаҳо ангишт бор карда аз болояшон чуб бор карда бо автобус мебарорад. Ман боз пурсидам, ки ин Мадина рекети зур будааст, ба ман гуфтанд дар ин завод то рузе, ки ин Баҳроми гуштдузд аст аз дасти мо хеч кор намебиёяд.
Ҳоит (се нома)
Ассалому алейкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу устоди меҳрубон! Дарду алами мо мардуми ҷамоати Ҳоит бисёр аст. Номаи дигарамро низ сабт кунед. Як хойини миллат дар ҷамоати Ҳоит баромадааст. Инро нашр кунед, то ки тамоми мардум ин беномусро бишносад: Маннонов Бурҳониддин. Ин нафар ба дини ислом, падару модар, хешу амакону бародари худ хиёнат мекунад. Падари Бурҳонддин ба номи мулло эшон машҳур аст. Бубахш мулло эшон, ки туро нороҳат мекунам. Бисёр инсони хубу меҳрубон мебошӣ. Ба тамоми мардуми Ҳоит хизматат расидааст. Аммо чи чора, ки ин фарзандат ба мардуми Ҳоит, ба хешу таборат чи дар Ҳоит ва чи дар Русия хиёнат мекунад.
Мардуми Ҳоит инро бишносед. Вай дар шаҳри Русия буз аст. Кадоме риш мемонад ё ин, ки бо дини ислом пойбанд аст, касеро дуо мехонад ё таълими Қуръон медиҳад ё мебинад, ки дар телефонат ягон панду насиҳати динӣ гуш мекунӣ ин Бурҳонддин, ки садқаи ҳамин авлоди поку парҳезгору хушзабону хушахлоқ шавад, зуд хабар мекашад, бузӣ мекунад. Намедонем, уро махсус барои беобуруй кардани ин хел авлоди поку парҳезкор буз кардаанд, ки ба хотири пулу мақому мансаб ин корро мекунад,
Агар ҳамин минвол идома биёбад, бовар дорам, ки рӯзе мешавад, ки ягон хабарро ба инҳо дертар мерасонӣ, пас худатро, занатро, духтаратро падари меҳрубонатро модаратро мефурушӣ. Ҳатто аз дигарҳо шунавидам, ки уро амниятҳо телефонаш мекарданду мегуфтанд, ки «дар киҷо нобутӣ, ягон хабар нест,занатро хар….. да мо резултат даркорай, ё буқапам риши падарта тарошам».
Чанд рӯз пеш як писари амакашро бо ҷурми тамошо кардани ба ном гуруҳҳои ифротӣ подстава карданд амниятҳо. Ин корро кӣ кард? Ҳамин беномус кард. Ҳоло ҳам сари вақт аст ки ба зану духтарат хиёнат накардаанд, дасткашу тавба кун пеши Аллоҳи меҳрубон ва аз падару модарат ва аз авлодат бахшиш пурс.
Ҳоит Номаи дуввум
Ин чи номардист, ин чи ноадолатист, ки фақат бачаи нодору камбағалу бечора хизмат кунад. Дар масъалаи хизмат барои ватан дар Ҳоит-2 гуфтаниам.
Агар мо қонуне дорем, агар мо амнияту милисае дорем, бигзор рафта бинанд, ки дар Ҳоит фақат фарзанди ҳамин қишри аҳолӣ ба хизмат бурда мешавад ва фақат ҳамин гурӯҳ дар озобу шиканҷа аст.
Вале фарзандони мардуми пулдору мансабдор ба хизмат намеравнад, балки дар пеши чашми камбағалҳо туйю хурсандӣ карда мегарданд.
Нафаре бо номи Қобили Мирзо, як камбағалро бурда ончунон лату куб карданд, ки ночор шуд писарашро, ки ноновари хонааш буд аз Русия оварда ба хизмат равон кард. Дуюм нафар шайхи Раҷабалӣ аст, ки ин мард касали руҳӣ дорад. Хона надошт. Бояд кришайи хонаашро мепушонд. Ҳамин писараш кор мекарду хонаашро обод мекард. Аз ҷамоат омадану кори кришаашро манъ карданд ва аз ин ҳам гузашта таҳдид намуданд, ки «меоему деворҳоятро чапа мекунем». Яъне раиси ҳаромхури ҷамоату ҳаромхурҳои атрофаш. Хулоса, ин бечора аз шаҳри Русия як моҳ пеш аз даъвати хизмат кору кришаи хонаро монду рафт хизмат.
Ҳафтае пеш як бечораи камбағали дигаре, ки номаш Ҳомидов Хайриддин мебошад ва зиндагии хубе ҳам надорад, қапиданду ришашро қоқоқоқ тарошиданду қоғазу қаламбозӣ доранд. Дар ин моҳи мубораки рамазон мардумро руз надода истодаанд.
Кучост ҳакиқат, куҷост давлату давлатдорӣ? Агар инҳо мард ҳастанд, раванду худи ҳозир санҷанду тафтиш кунанд, ки ин гапҳои ман дуруст аст ё хато?
Вале мардуми пулдору мансабдор пулҳояшонро мегиранду дар пеши ҳамин мардуми камбағал туй мекунанд.
Имони мо заъиф шудааст, имон надорем. Ба ман хабар доданд, ки ҳозир боз чанд камбағали дигаро мачбур карда истодаанд
Якум, ҳоҷӣ Асохуҷа Ҳомидов, ки бивший ба ном муҷоҳид буд, чаро фарзандаш вақти хизматаш ҳаст фарзанд туй мекунад. Ин боз худашро диндор мегирад.
Дуюм, Бегиҷони Исо, ки ягон фарзандаш хизмати модару ватан нарафтааст. Чаро ин дар пеши мардуми камбағал туй мекунад. Ин инсони беҳаё аз ҳамин мардуми камбағал то рузи қиёмат бояд ташаккур кунад, чунки ҳамин мардум буданд, ки вақте хонааш сухт, (Аллоҳ огоҳаш кард) уро ёрдам ва дастгирӣ карданд.
Сеюм, ҳоҷӣ Минҳоҷиддин Амонзода, ки фарзандаро чанд руз пеш ба Русия гурезонд.
Чаҳорум, Тоҷиддин Амонзода, ки ин инсон ҳам фарзанди солим дорад. Чаро инҳо хизмати ҳарбӣ намераванд?
Панҷуминаш, Раҷоил домоди ҳамин Амон Хоҷаев, язнаи Тоҷиддину Минҳоҷиддин мебошад. Чаро писари ӯ намеравад?
Шашумаш Ҳомидов Иброҳимчон, бародари Асохуҷа Ҳомидов аст. Ягон фарзандаш хизмати аскарӣ нарафтааст.
Ҳафтум Маҳмадҷонов Қозиҷон. Ин ҳам писари синни даъват дорад, аммо чаро намеравад
Ҳаштум командир Ҳусени Раҳматулло, ки фарзанди синни даъватӣ дорад, вале намеравад.
Муҳтарам пешво! Агар давлате доред, қонуне доред биёоеду тафтиш кунед, ки оё ин суханҳои мо ҳақиқат дорад ё не?
Нуҳум Аброров Комилҷон. Чаро инҳо пора медиҳанду хизмати ватан намераванд?. Чаро оғили камбағалро чапа мекунеду аз инҳо ном намебаред? То ба кай ин ноадолатӣ?
Бовар кунед ин як дард аст. Чаро мегуед, ки қуръапартоӣ мекунем? Намекунед қуръапартоӣ. Чаро қуръаи шумо фақат болои сари бачаи камбағалҳо мефарояд? Агар хизмати ҳарбӣ қарз ҳаст бигзор ҳамаи мардуми Ҳоит рафта хизмати модару ватан кунанд.
Чи фарзандони шумо фарзанд ҳастанду фарзандони мардум не? Оё фақат фарзандони шумо азиз аст? Оё аз Аллоҳ наметарсед? Барои ин порадиҳиатон дар пешгоҳи Аллоҳ чавоб медиҳад. Шумо бо ин хел пора додан пора гирифтан ватанро пеш мебаред? Фикр намекунед, ки ояндаи миллату давлат чи мешавад. Ба хотири ҳамин порадиҳиву порахуриатон дар ин моҳи мубораки рамазон як масҷид фаъолият мекард, дирӯз манъаш карданд. Чунки шумо ин амнияту милисаро ба порахурӣ омухта кардед. То пора надиҳед дари масҷидро намекушоянд.
Ман аз даҳони яке аз ҳаминҳое, ки дар боло зикр кардам шунидам, ки мегуфт ман пул дорам чаро фарзанди ман хизмат кунад? Пулро медиҳам бачаамро халос мекунам. Кадоме, ки надорад рафта хизмат кунад. Оё ҳамин аст ҷавонмардӣ, оё ҳамин аст мусалмонӣ? Агар он қадар пул доред рафта мувофиқи Қонуни давлат хизмат кунед, на инки ба он ҳаромхурони ҳойтӣ бидиҳед.
Номаи саввум
Ассалому алейкум! Устод илтимос ин номаи моро нашр кунед.
Дар қишлоқи мо агар шиками раиси ҷамоат ё амниятро камтар дард гирад дарав меоянду масҷидро мебанданд.
Банда собиқ омузгор ҳастам. Мо ҳамеша дуогуи шумо бародарони муборизи роҳи ҳақ ҳастем. Ростӣ, намедонам аз куҷо сар кунам. Дар ин деҳаи хурд, ки 200 -300 хоҷагӣ дорад чунон зулму ситами кормандони давлат зиёд аст, ки касро ба ҳайрат меоварад. Вақте, ки Аббосов Додарбег раиси ҷамоат шуд амнияту милисаҳоро болои халқи бечораву камбағал мисли як арбобе болои барда гардонид. Ҳозир як ҷавони бе дину бе имони дигар раиси ҷамоат шудааст- номаш Шарипов Умедҷон. Барои облава бовар кунед мардумро чунон тарсон кардаанд коргарони давлат, ки писарон дар Русияву берун аз Тоҷикистонанд. Ҳозир падарҳо дар мавсими облава гурехта ё аз Ҳоит мераванд ё аз хонаҳояшон тамоман намебароянд. Ин суханони маро мардуми Ҳоит хуб мефаҳманд.
Имруз 20 март 2024 аз сабаби солдат нарасидан раиси ҷамоат ҳамроҳи коргаронаш писари Садриддини Беги сиёҳ Авзал ва танзим дари масҷиди Ҳоит- 2- ро бастанд. Гуфтанд то солдат надиҳед дар масҷид намоз намехонед. Дар ҳамин моҳи шарифи рамазон ин мунофиқҳо раҳм намекунанд. Мардуми беғайрати ин деҳа 5 километр ба қишлоқи дигар намози таробеҳ хондан мераванд. Куҷо шуданд мардони Ҳоити номдор? Имруз бовар кунед, мардум чунон аз амнияту милиса метарсанд, ки аз ҳазрати Азроил ин қадар наметарсанд. Ҳар рузи ҷумъа дар масҷид раиси ҷамоат бо амният маҷлис доранд, ки падарҳо ҷавононро насиҳат кунед, то ки ба хоинон ҳамроҳ нашаванд. Хоҷаҳои хориҷӣ онҳоро фиреб надиҳанд «то, ки мо сахттар ва бисёртар таҷовуз кунем»
Дар назди дарвозаи масҷиди ҷумъахонӣ ҳар ҷумъа амният меистад. Агар камтар риш дошта бошӣ «мега бра хта ранги одам кн бади намоз ё фалон руз ба ҷамоата ё ба адела биё».
Аз ҳама зиёд муллоҳо, имомхатибон сахт метарсанд ва ҳаминҳо мардумро метарсонанд, то ки ба ин бединҳо кумак кунанд. Дар Ҳоит бузҳо хело зиёданд. Директорони мактаб, коргарони ҷамоат, мактаб ҳама бузи амният, то нафаскашии мардумро ба амният мерасонанд. Ин мардуми бечора зиндагиашонро ба зур бурда истодаанд. Аммо ин хунхорон бошанд мисли кана часпидаанд дар танаи мардум.
Ҳоҷӣ Минҳоҷиддин Хоҷаев руирост мегуяд, «то вақте Шоҳ Искандаров вуҷуд дорад ҳамаро фалон кардагиюм, намеравем хизмат, камбағалу нодору бечора рафтан гирад».
Чаро инҳо пора медиҳанду хизмат ба ватан намекунанд. Оё қонуне вуҷуд дорад? дар пеши ҳаминҳо ҳаромхурони ҷамоат меоянду писари камбағали ҳамсояашро мебаранду инҳоро намебинанд.
Марҳамат писари Ҳомидов Эшонҷонро бубаред. Ҳамин Ҳомидов Хайриддинро меоянду аз ҷамоат мепурсад. Писари хурдсолаш мегуяд, ки падарам нест. Ин сагсифатон медароянду аз даруни хонаш мебаранду ришашро метарошанд, ки бачаатро аз Русия биёр.
Инаш бошад фарзанди Иброҳимҷон Ҳомидов. Ягон фарзандаш хизмат накардааст.Фақат камбағалро мебинанд.
Писари Маҳмадҷонов Қозиҷон вақти хизмат рафтанаш гузашта истодааст, марҳамат ҳаромхурони худо бехабар.
Ана акнун ин бародари мо Раҷоили Муҳаммадчон, ки писаронаш Шаҳромҷону Фараҳмандҷон мебошанд. Оё инҳо наметавонанд рафта хизмат кунанд, ё ин, ки чашмони шуморо пора гирифтану пора хурдан, кури нобиноятон карда аст
Ана ин писари бечораро, ки писари Камолов шайхи Раҷабалӣ мебошад ва дар боло дар бораи зиндагониаш гуфтем аз Русия оварданду ҳоло бошад хизмати халқро мекунад. Ҳамин аст бародариву баробарӣ?
Писари Саймуродов Ҳусейн командир полковник айни вақти хизматиаш мебошад. Аз авлоди ҳамин Ҳусейн командир ягон кас хизмат кардагӣ нест. Фарзанди калониаш Хурсандмуродро раиси ҷамоат Аббосов Додарбег буд натавонист ба хизмат барад. Чунки тағобозӣи карда буд.
Писари Асохуҷа Ҳомидов сини даъватиаш расидагиаст, бубаред. Инаш нигодний барояд писари сеюмашро баред, қонуни давлатро риоя кунед.
Боз як камбағали дигар Додов Ҷурабег Ҳайдарович, ки фарзандаш дар Русия мебошад аз ҷамоат чанд бор омаданду зану оилаашро азият карданду ва аз саҳар то бегоҳӣ дар ҷамоат маҳкамаш карданд ва тарсониданд, ки «агар фарзандат аз Русия наояду хизмат наравад меоему оғилатро чапа мекунем».
Хоҳиши тими техникии “Ислоҳ” ба номанависҳо!
«Як хоҳиш аз тамоми халқи Тоҷикистон, ҳар золимеро, ки аз маҳалаю деҳоту шаҳру ноҳияатон ҳаст ва дар номаҳояатон ҷояшон кардаед хоҳиш кушиш кунед то ин, ки аксҳояшонро низ дастрас намоед ва ба мо фиристед то дар номаҳо ба мардум пешкаш намоем ва ҳамма бинанду шиносанд онҳоро!»