«Мардуми ҷамоати … ҳамакаса созед,тенҷед? Имруз дар ҷамоат маҷлис шуд. Масъалаҳоро гап заданд. Якум масъала ободонӣ аст, тозагӣ. Ҳамин тарафи кучаи худум дар роҳи калон аст, бисёр ҷазир шудагӣ. Як рӯзро муайян кунед, ҳамакаса бароед, бачаҳо ҳаминҷо бошед, ҳамин тозагиро як бор бинед, ки пури бақлашка шудагӣ аст.
Баъд масъалаи дигар. Ҳамин мардуми дар Русия будагӣ, дар муҳоҷирати меҳнатӣ будагӣ, ҳама дар ҳамин ватсап ҳастед, кай аз Тоҷикистон рафтагиед, дар кадом шаҳред, ҳаминро ҳатман, ҳар кадомат дар ҳаминҷо бинависед, ё ки дар сайти худам бинависед. Кай аз Тоҷикистон рафтагиед, дар кадом шаҳри Русияед, ё ки Қазоқистон, ё ки дар куҷое, ки бошед, ҳамонро аниқ бинависед. Рӯз, моҳ, соли таваллуд, кай рафтагиед, дар кадом давлатед, ҳаминро пурра илтимос навишта роҳӣ кунед. Дери дер то рӯзи чоршанбе. Рӯзи панҷшанбе руихатро бурда супоридан даркор. Боз барвақттарак шавад, барем биспорем бо хубтар аст. Кадомеат, ки дар инҷо ҳастед, ё ки бачаҳоятонанд, додаронатонанд дар Русия дар муҳоҷирати меҳнатианду дар ин сайт нестанд, илтимос ҳавайҳоро ҳам бинависед Рӯз моҳ, соли таваллуд, кай рафтагиед, дар кадом давлатед?»
Ин дастури раиси яке аз ҷамоатҳои як ноҳия дар вилояти Хатлон аст. Навори ин суҳбат дар дасти мо маҳфуз аст. Барои он аз бурдани номи ҷамоат, худи раис ва рузи ҷаласааш мунсариф шудем, аммо дар навор садои ин раис ва ҳамаро хоҳед шунид. Аммо ҳамааш, чуноне гуфтам, дар дасти мо ҳаст. Вале савол инҷо аст, ки ному насаб, дар куҷо будан, кай рафтан, рӯз, моҳ, соли таваллуди муҳоҷирони корӣ барои ин ҳукумат чӣ даркор бошад? Дар инҷо гуфта нашудааст, ки руихатҳои занҳои кор, муҳоҷирони занро ҳам таҳия мекунад ё хайр ва аз мардум исму насаби онҳоро напурсидааст. Вале магар раиси як ҷамоат наметтавонад, ки ин корро тавассути раисони маҳалла ва домкомҳо анҷом диҳад?
Аммо, мақсад аз ин гуна пурсуҷуву кофтукоб чи буда метавонад?
Мо, барои он ин навиштаро дар муқаддима қарор додем, ки мехоҳем шумо ҳам, агар дар деҳаатон чунин талабу дархост шуда бошад, бинависед. Ва ҳоло дар идома номаҳои ирсолкардаи шуморо пешкаши аудиторияи бузурги интернетии «Ислоҳ» мекунем:
Ваҳдат
Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқбол. Номаи пешинаи маро дар бораи яке аз хунхортарин роҳбарони зиндонҳои Тоҷикистон-Нуриддин Раҳмонов чоп кардед. Раҳмат ба шумо. Ман ҳамон собиқ маҳбус ҳастам. Ба шумо ваъда дода будам, ки дар бораи қотилони маҳбас менависам. Ин дафъа хостам дар бораи марги Ҳамза Икромзода нависам. Ҳамза Икромзода зодаи шаҳри Ҳисор бо мо адои ҷазо мекард.
Дар муассисаи ислоҳии №1 Душанбе соли 2012 шаби 16-17 сентябр тахминан соатҳои 1 ё 2 –и шаб мо дар изолятори ҷаримавӣ-шизо адои ҷазо мекардем, ки ногаҳон садои шум ба гушамон расид. Мо дар камераи 5 адои чазо мекардем – 3 нафар будем. Вақте садои вағу чиғир ба гушамон расид, мо аз хоб бедор шудем.
Ман дарҳол аз чашмаки дари ҳуҷра нигоҳ кардам, ки муовини сардори муасисса Раҳимов Музаффар Анварович соли тавалудаш 16.01. 1977, зодаи ноҳияи Данғара ҷамоати Паркамчи ва Сафаров Шеравган бо тахалуси Аспак, ки инаш ҳам зодаи Данғара ва ёрдамчии сардори муассиса Исмоилов Маҳмуд, зодаи Ноҳияи Ҳамадонӣ Ҳамзаро дар камераи 4 махкам карда рафтанд. Пагоҳаш тахминан соатҳои 9:30 дақиқа ҳангоми тафтиши пагоҳӣ сардори муассиса Тоштемиров Рустам бо ҳайати шахсӣ вориди изолятори ҷаримавӣ шуда аз камераи 1 сар карда то камераи 5 он чунон шиканҷа кард, ки бовар кунен харро дар ҳотаи раис ингуна шиканҷа намекунанд. Аз ҳама бисёртар Ҳамзаро шиканҷа мекард. Шарипов Диловар, корманди муассиса дар дастони Ҳамза нарушник зада ончунон шиканҷа карданд, ки мо бори аввал медидем. Хулоса, дар натиҷа Ҳамза Икромзода сахт ҷароҳат бардошта баъд дар ҳамон камераи 4 ҷон дода мурд. Вай дар камераи 4 худаш тоқа буд.
Баъд дар таьрихи 21. 09. 2012 ҳангоми тафтиши бегоҳӣ навбатдори изолятор мебинад, ки маҳбус Ҳамза Икромзода кайҳо ҷон ба ҷонофарин додааст. Навбатдор бонги хатарро зер мекунад. Тамоми ҳайати шахсӣ вориди изолятори ҷаримавӣ шуда дарав аз кателни бо баклашка оби гарм оварда ба баданаш мепошанд. Хулас баданашро гарм мекунанд. Баъд бо ҳамон либосои танааш, яъне роба мегуянд уро ба дор меовезанду сипас ёрии таъҷилиро ҷеғ мезананд. Ёрии таъҷилӣ мебинад, ки баданаш гарм аст як намуд аппарат ба монанди утукро ба баданаш часпонда мегирад. Боз дафъаи дуюм қувваашро баланд мекунад ва боз ба баданаш часпонд. Баъд тарафи кормандони муасссиса мегуянд, ки зинда намеравад ва баромада мераванд. Хулоса шаб торик мешавад. Баъд прокурори назорати муасссисаҳо меояд. Номаш Азимов Толиб буд. Агар хато накунам ҳозир вакили парлумон аст. Аллоҳ лаънаташ кунад. Омада акт мекунад, ки худашро овехтааст.
Баъд мурдаро ба хешовандонашон бар мегардонанд, ки мебинад дар баданаш осори шиканҷаи бераҳмона мебошад. Хешовандонаш садо баланд мекунанд. Ин дафъа делоро прокуратураи махсус оиди парвандаҳои ҷиноӣ мегираду нисбати 5 нафар парвандаи ҷиноятӣ мекушоянд
Инҳоянд: Сафаров Шеравган, Исмаилов Маҳмуд, Афғонов Нарзулло ва дигарон. муфатишони прокуратураи махсус номи яктоаш Қараев буд, дигараш Аслонов Хайриддин буд ба фикрам –ачкарик. Мегуфтанд, ки писари Қадриддин Аслонов аст. Инҳо як чанд рӯз тафтиш гузарониданд. Баъд мо аз як корманди муассиса Ҳасанов Фаррух, ки шабурӯз корҳои хонаи шефро пеш мебурд пурсидем, ки чи шуд? Гуфт, ки шеф духонагаашро, ки дар пеши ЦУМ қарор дошт фурӯхта корро бо миёнаравии Шералӣ Хайруллоев ҳал кард, вале як кас бояд бо иттиҳоми хунук назарӣ бояд суд шавад. Воқеан ҳам ҳамин хел шуд. Бояд сардори муассиса Тоштемиров Рустам суд мешуд аммо пул дода ҷонашро халос кард ва дар ҷойи вай як корманди бегуноҳи ин муассиса суд шуд.
Восеъ
Ассалому алейкум ва раҳматуллохи ва баракотуҳу бародар Муҳаммадиқбол Аллоҳ шуморо дар куҷое бошед ёру мададгоратон бошад.
Аз ҷамоати Абдӣ Авазови Восеъ меависам. Бовар кунед дигар намедонам аз кадомаш сар кунам. Он қадар бисёран дар ин минтака бузу ҳаромхурҳо, ки то бас гуфтана. Дар бораи бузи амниятӣ менависам, номаш Ашуров Далер. Ин буз сагбачаи нештатнии СС.Ятимов мебошад. Дар инҷо мо аз дасти ин Далер ҷавонҳо ду моҳ пеш аз саршавии сезони облава ё суми билет меёбанду Русия мераванд ё дар ягон ҷойи дур рафта пинҳон мешаванд. Вагарна ин Далери буз боз дар байни ҷавонҳо шогирд дорад, яъне бузича тайёр кардагӣ аст. То, ки ба ӯ хабар диҳанд, ки кадом ҷавон ба куҷо рафт, бояд ба Далер хабар диҳанд. Ин ба дараҷае гушначашм аст, ки барояш фарқ надорад плани солдат буд мешавад ё не? Фақат бояд сум кор кунад, тамом. Далер қариб ду сол раиси ҷамоат шуда буд. Бо дастгирии ҷияни генерал Юсуф Раҳмон, кришааш ҷияни генерал буд:- «ай гулуи ҳамдигар чой мехурданд». Пеш раиси ҷамоат як зан буд, хеле инсони хуб буд. Он зан аз ҳамин минтақа буд- духтари Қурбон Раҳмат. Босавод ҳам буд. Аммо вайро бо фишори Каром-ҷияни генерал Юсуф Раҳмон ба пенсия фиристоданд. Ба қавли гапҳои худи Далери буз, гуё гуфта бошад, ки «бра дам бигир ма худум раисӣ мекунум ҳозирашда, кришам ҷияни генералай».
Баъди раис шуданаш ҷияни генералро ба як пивбар, ки номаш Эсте аст бурда зиёфат дода онҷо вазифаро шустанд. Аммо зиёд кор карда натавонист. Барои он, ки на савод дорад, на фаҳмиш. Мактаби миёнаро соз нахондааст. Дар кадом донишгоҳ дар Душанбе мехонд, нотамом пешаш кардагиянд. Ин як муғамбири ноодам аст. Аҷобати кор дар инҷо аст, ки ба ҷои онки аз раисии ҷамоат ба ягон кори баланд равад, аз бесаводиаш бас карду рафт дар Восеъ раиси КЖКП, яъне раиси мусуркаҳо шуд.
Ҳозир дар онҷо кор мекунад. Вале мавсими облаваро доимо интизар аст. Дар соли 2023 бачаи акаи Лоиқро ба хизмат роҳӣ кард, як сол нашуда мурдаи сарбозро оварданд. Лек ҳама хапу дам. Дар бораи он сарбоз дар радиои Озодӣ мақола нашр шуда буд. Як нафар аз хонаводаи ин сарбоз гуфт, ки делоҳои худораҳматиро ба Прокурори генералӣ фиристодем, аммо то ҳозир ягон ҷавоб наомад.
Далери буз инро дониста бош, ки оҳи ҷигари бирёни модарҳо туро як рӯз не як рӯз мегирад.
Модари ин сарбоз гирёну нолон. Мегиряд, ки писари хурдиаш буд. Боз ин Далер ба хонаи як хеши наздикашон меравад ва бо ҳамроҳи военкоматҳо медарояд, хонагиҳои инҳоро талхакаф мекунанд. Бачаро меқапану мебаранд ба военкомат, ки ин бача қариби туяш буд. Безебии кор дар ин аст, ки ин бача ятим аст. Падараш гузаштагӣ-худораҳматии акай Олим. Агар ӯ зинда мебуд, ин касофатҳо наздики хонаи онҳо рафта наметавонистанд. Модари ин бача ба як ҷиянаш, ки дар амният кор мекард, занг заду ҳодисаро гуфт. Он амниятӣ ба военкомати Восеъ занг мезанад:-«мега ай куҷое гирифтен бачара барен дар ҳамонҷо бтен, и туй дора, ин ятимай модари бева дора, инҳо бо як илоҷ дар муҳоҷират бо бародаронаш кор мекунанд, зиндагишона мебаран».
Охир наход, ки раҳм ба ятимҳо накунед. Боз бузичаи Далер мегуяд, ки «ягон сум бтен, ма худум мерам халосш мекунум». Лек ин касофат ба мақсади нопокаш нарасид. Ҳама медонанд, ки бузи амният аст. Аммо бо дилхоҳ одам сарукала мезанад, барои он, ки кришааш ҷияни генерал аст. Бовар кунед, агар корҳои ин бузи Далерро зиёда аз 10 нома кунӣ, камӣ мекунад. Агар сари роҳи инро нагиранд, ман боз менависонам, бо факту далелаш, бо суратҳояш равон мекунам. Ин номард хеле ҷавонҳоро шикаст. Аммо додари ин Далери буз ранги палкаи колбасса аст. Чаро уро роҳӣ намекунанд?
Дар ҳукумати Эмомалӣ ягон одами ба виждон намебинӣ. Шояд бошад, лекин коре карда наметавонад.
Хитоби ман ба Юсуф Раҳмон. Ту сари роҳи ин сагбачаҳоятро бигир. Агар ба ин гуфтаҳоям бовар накунӣ, аз ҷиянат пурс. Мардак бошад, росташро мегуяд.
Мо мардуми одии ин минтақаем. Аз ҳама сиру пиёзатон бохабарем. Мо мардакем ранги ҳукумати Раҳмонов туҳмат намекунем. Шумо бе суд одамро зиндон мекунед, ё ки ба қатл мерасонед хунхурҳо.
Бояд мо натарсем. Бо тарсидани мо инҳо бас намекунанд, баракс зиёдтар фишор меоранд: «ай мурғда батармон мекунанд, мурғ хуб, ки як овоз меброра, моро овоз наброварда чикоре форашон мекунан. Э, мардум натарсен, ба тарсидан ба ҷое намерасем. Тамоми умр ғуломӣ мекунем. Ҳозир ҳолу рузамон дар муҳоҷират вазнин шуда истодааст, азобу фишор, аммо дар ватан ай ида бадтар шидестай. Ту хап кунӣ, ман хап кунам, ояндаи фарзандонамон чи мешавад? Фикр кунен ҳамин хел бесаводо ба хонаҳомон медароя ҳичи гуфта наметонем.»
Ҳоло ягона «Ислоҳ» мондааст, ки ба доди мардум мерасад. Ақалан чизе аз дастатон меояд кумак куненд, ки рӯзи мерасад пушаймон мешавед. Дигар он рӯз дер мешавад.
Ашуров Далер язнаи Юсуф Раҳмон аст: «Мега ма язнай генералм гапзана задагиюм». Чи гапе дар ин навор зада истодааст ба ҳақиқат рост намегирад. Ин ҳавзи моҳӣ аз додари ҳамин мусафед аст, Маҳмадулло- командир номаш. Ин заминҳо ҳам аз Маҳмадулло-командир буд. Ҳозир вай ба пенсия баромада ба кун задагӣ. Баъдан заминҳояшро ба акааш фурухт. Акааш язнаи Юсуф Раҳмон аст. Ҳавз дар дасти Маҳмадулло –командир аст. То ҳозира наздикаш бирав капаат месузад. Ба пеши ҳавз мегузарӣ ба он тараф бояд нигоҳ накунӣ. Ин апаи Юсуф Раҳмон то 7-8 соли пеш дар куҷаҳои қишлоқ савдогарӣ мекард, дар дасташ материал барои либоси занҳо мегашту мефурухт. Сумка дар китфаш кашол буд.
Ганда камбағал буданд. Аз Душанбе бор меовард, дар кучаҳову бозорҳо мегардонду савдо мекард. Инҳо нав гапзан шуданд. Ҳозир бачаҳояш дар болои вазифа, дигар бо онҳо гапзанӣ, қинд аст.
Вахш
Ассалому алайкум домуллои азиз! Аз ноҳияи Вахш, ҷамоати Рудакӣ, деҳаи Ҳофзизи шерозӣ мебошам. Мо як куратори амният дорем. Номаш Рамазон аст. Ӯ ба мардуми мо бениҳоят зулму ситам мекунад. Мо дар деҳаамон як масҷид дорем. Аҳолии деҳа 170 оила аст. Лекин ин бадбахти Рамазони амният ҳамон масҷиди моро бастааст. Фақат вақте ягон кас мурд, моро иҷозат медиҳад, ки дар суфаи масҷид намози ҷанозро гузаронем. Ҳатто намемонад, ки мо дохили масҷид шавем. Моро фармуданд, ки як бунгоҳи тиббӣ рост кунем, баъд мо масҷиди шуморо мекушоем. Мо бунгоҳи тиббиро сохтем аммо масҷиди моро накушоданд. Боз Рамазон ба мактаби №57-и деҳаи мо меояд, талабаҳои мактабро якто-якто мебарад ба амният ва пурсон мекунад, бо латту куб мекунаду метарсонад, ки чаро шумо қуръон мехонед. Вақте вай болои ноболиғон зулм мекунад, онҳо аз тарс ба гардан мегиранд. Баъд падару модари он талабаи мактабро дар даруни мошинаш дароварда ҷарима мекунад. 4000 сомонӣ, Пулро мегирад меравад. Даҳҳо падару модаронро дар даруни мошинаш ҷарима кард. Вай мошини мерседеси сафед дорад. Ба зану фарзандам қасам, ки мошинашро дар даруни кучаҳои қишлоқ аз рӯи 70-80 меронад. Мо бошем дар таги гарду чанги мошини вай сабр карда меистем.
Боз яке аз духтарони қишлоқи моро оҳиста-оҳиста ҷалаб карду монд. Номи он духтар О… мебошад. Моро амнияти Вахш бурда ба мо мегуяд, ки «шумо ғармиҳо ҳеҷкийен, шумора ҳамата куштан даркор». Боз дар ҳамон деҳаи мо як зан аз Душанбе омад. Ду замини наздиҳавлигӣ гирифту худашро аз хешовандони Эмомалӣ Раҳмонов гуфт. Раҳи як кучаи моро забт карда гирифт. Ҳозир бошад мо ба мобайни заминҳои пахта меравем. Ба коргарҳои ҳукумат гуфтем, онҳо гуфтанд, ки ба ин зан кордор нашавед.
Бародар Муҳаммадиқбол! Агар ҳамин гапҳои навиштаи ман ягонтоаш дуруғ бошад хонаам сузад. Илтимос номаи моро чоп кун, то мақомдорони болоӣ ягон чора андешанд.
Чуноне гуфтам, дар деҳаи мо мактаби рақами 57 амал мекунад. Тӯли 20 сол мешавад дар таги дасти як оилаи ҳаром қарор дорад. Яъне дар дасти Ятимовҳо. Солҳои зиёд директори мактаб Ятимов Хуршед буд, он вақт ба ҳар ҳолат каме соз буд. Ҳозир бошад Ятимов Дилшод директори мактаби мо мебошад. Онҳо ҳамагӣ бо бемории косний туберкулез гирифторанд. Аз ин беморӣ падараш Ятимов Субҳон даргузашт, модараш Ятимова Сайлӣ даргузашт. Боз бародаронаш Ятимов Ҷамшед ва Ятимов Зафар даргузаштанд. Ҳамагӣ аз бемории туберкулез. Онҳо мактабро забт карда гирифтаанд. Орду равған, ки аз тарафи ҳукумат ба мактаб меоранд онҳоро дуздида мехуранд. Ятимов Дилшод боз ба талабгон мегуяд, ки кадоме аз Қуръон ягон сура донад ба ӯ мукофот дода мешавад. Кадом кудаке гуяд, ки медонам, дарҳол ба амният хабар медиҳад, ки дар мактаби мо чунин талаба ҳаст. Он талабро амниятиҳо омада мебаранд 4- 5 ҳазор сомонӣ мегиранд ва ҷавобаш медиҳанда. Боз як амак дорад ба номи Хайрулло, ки ӯ ҳам ба мардум зулм мекунад. Бачаҳои қишлоқ аз Русия сум равон карданд, ки ба қишлоқ самовар харед. Бачаҳои қишлоқ самовар хариданд. Лекин самоворро Ятимов Хайрулло бурда ба амният дод. Амният бошад самовори қишлоқро фурухт. Ятимов Хайрулло бошад кадом соле дар таги дасти ҳоҷӣ Амони хусурбачаи “ҷаноб” кор карда буд. Ҳозир бошад агар ягон гапаш гуйӣ мегуяд «ҳозир ҳоҷиро занг мезанам авлодата нобут мекунад». Мо бошем аз тарс хомуш шиштем. Чи хеле гуфтам як зан омаду ду қитъаи ҳавлигӣ гирифт, худашро хеши Раҳмонов гирифта ҳатто дар руи раҳи мо хона кард. Мақомот мегуянд ба он зан гап задед, бурда мешинонем.
Дар деҳаи мо масҷиди калон ҳаст, ки тӯли 8 сол аст махкам аст. Бо дастгирии раиси маҳалла, ки он ҳаромзода номаш Сангак аст. Бачаҳои қишлоқ барои роҳҳои қишлоқ шебен оварда рехтанд. Ятимов Хайрулло онҳоро ба амният дод. Амният бошад аз ҳар яки онҳо 2-3 ҳазор сомонӣ гирифта ҷавобдод.
Ятимов Дилшод бошад педофил ҳам ҳаст. Чанд сол пеш ба як талабаи мактаб дастдарозӣ карда буд.
Он вақт прокурори ноҳияи Вахш Юсуфзода буд. Вай пулро гирифта ба мардум гуфт, ки ин масъала ҳалли худашро ёфтааст. Боз Ятимов бо ин қадар шармндагӣ кори муаллимияшро давом дода гаштааст. Фарзандони ин Ятимовҳо ягонтоаш ба хидмати сарбозӣ нарафтаанд. Қурбон Юсупов раиси ноҳия аз ин ҷиноятҳо огоҳи надорад ? Прокурори Вилояти Хатлон чаро ин қазияҳоро намебинад? Прокуратураи ноҳия намегуям чунки ҳамаашон як мафия ҳастанд. Адолат тамоман вуҷуд надорад, ҳатман мебинем пас аз нашри ин нома чи тағироте мешавад ё не.
Панҷакент
Ассалому алейкум бародар Муҳаммадиқбол. Ман аз ноҳияи Панҷакент ҳастам! Шоҳиди гапу хабари бисёр ҳастам, намедонам аз кадомаш сар кунам. Дар ноҳияи Панҷакент вазъият беҳад безеб аст. Зулм аз тарафи ҳукуматиҳо ба сари мардум зиёд аст. Аз раиси ноҳия Холиқзода дузди рақами як, раиси собиқи оби ноҳия Усмонов Қурбон ва шайтон Раҳмони рашнагӣ, то дигару дигараш. Мехоҳам аз вазъияти замини хоҷагиҳо сар кунам.
Ҳар сол дар баҳор мардумро маҷбур мекунанд картошка коранд, аммо картошка, ки корида шуд об проблемаи калон мешавад. Маблағи об аз сари сол маҷбурӣ пардохт карда мешавад. Аммо дигар обро танҳо дар дарёи Зарафшон мебинем. Оби каналро ба Зарафшон мепартоянду эълон мекунанд, ки канал зад. Таъмир карда истодаем. То таъмир шудани канал зироат аз беобӣ хушк мешавад. Обро раиси оби ноҳия ба Узбакистон мефурӯшад.
Усмонов Қурбон раиси собиқи об дар ҳудуди ҷамоъат чор -панҷ гектор замини обиро замини санҷишӣ гузаронида налог намедод. Дар замин бағайр аз беда дигар ягон чиз намекорид. Аммо вақти об шуд чанд рӯзе, ки бошад об бе ягон мушкилӣ ба замини ӯ, ки дар онҷо ба ғайр аз беда дигар ягон намуди зироат нест, меравад. Чунки вай раиси аспдор буд. Ду- се асп дорад. Дар кампанияи Раҳмони рашнагӣ чарида гаштаст. Канале, ки дар онҷо аст канали Марғедар ном дорад. Дар давраи шуравӣ сохта шудааст. То ин вақт ягон хел таъмир нашудааст! Ҳар сол аввали баҳор бо тариқи ҳашари маҷбурӣ тоза карда мешавад. Дарозии канал бист ё бисту панҷ километр аст аммо саршавии канал як ё ду километраш бо тариқи ҳашар тоза карда мешавад, бе техника! Си сол шуд ҳамин аҳвол ! Агар таъмири каналро ба сари халқ монад халқ тайёр аст ба пуррагӣ аз маблағи худи халқ таъмир кунад. Аммо намегузоранд. Сабаб он аст, ки бояд об ба Узбакистон бе ягон мушкилӣ равад, бар ивази он, ки маблағи калон ба даст мебиёранд.
Намедонем арзамонро пеши, кӣ барем? Агар дар ягон маҷлисҳои маҳаллӣ ё ноҳиявӣ аз проблемаи об гап мезад тамом буд. Усмонов Қурбон ба он шахс чунон проблема мекард, ки дигар ягон кор карда наметавонист. Усмонов Қурбон халқу проблемаи халқро задагӣ буд. Чунки уро сарвазир Қоҳир Расулзода, ки ҳамкурсаш аст кришават мекунад! Маблағе, ки аз Узбакистон мегирад бо раиси ноҳия Холиқзода ва Раҳмони рашнагӣ ҳал мекарданд!
Соҳибкоре бо номи Мирзоев Аловидин аз маблағи худаш аз дарёи Зарафшон бо тариқи насос об баровард, танҳо дар як қишлоқ. Ҳаминро ҳам проблема карда истодаанд. Дар деҳаи Боғча як нафар аз дарёи Зарафшон, ки ба деҳа хело наздик аст, барои обёрии замини наздиҳавлигиаш об гирифтааст. Усмонов Қурбон ду ҳазор сомонӣ ҷарима кард, ман худам шоҳиди зиндаам!
Ин Усмонов мақсадаш фақат пул ҷамъ кардан буд. Дар деҳаи Ғусар дар маркази деҳа гаражи собиқи ПМК -14 буд. Баъд аз кор мондани гараж замини онҷоро бо техникаҳою чойхона ва складҳояш ба пуррагӣ аз худ кард. Дар онҷо барои аспҳояш оғил сохту чойхонаро бошад ба аренда дод, ки шахсоне, ки онҷоро арендават мекунанд, ба зудӣ месупоранд, чунки у наҳанг буд! Дар ҷамоати Лоиқ Шералӣ, собиқ Колхозчиён ҳашт қишлоқ аст. Қариб, ки об надоранд. Аммо маҷбур мекунанд, ки бикоред. О, картошка бе об намешавад, ку! Приказ аз боло мегуянд Аллоҳ лаънат кунад болоро.
Масъалаи мактаб беҳад безеб аст. Дар ҷои илму дониш фақат рақсу бозӣ! Ва пулҷамъкунӣ барои боло!
Дар ҳудуди ҷамоъат як беморхонаи пуст ва низ беморхонаи сироятии калонсолон ва бачагона фаъолият мекунанд, ки вазъияташон хело вазнин аст. Ин беморхонаҳо дар давраи шуравӣ сохта шудаанду ҳоло дар ҳолати садамавӣ қарор доранд. Сардухтур як калағафси ҳаромхур. На дар монду на каравату на курпача. Ҳамаро фурухта бо медсестраҳои беморхона айшу ишрат карда гаштааст. Ягон проблема надорад, чунки дар мафияи Раҳмони рашнагӣ қуш аст Раҳмон кришават мекунад.
Дар худи деҳаи Ғусар ҳашт чойхона ба ҳам наздик- дар маркази деҳа ҷойгиранд ва кор мекунанд. Аммо ҳоҷатхона надоранд, чунки ҳоҷатхонаҳоро ҳам фурухтанд. Ба худо қасам як бедодӣ аст.
Ва, дар охир хабари хуш ҳамин, ки Қурбон Усмоновро оқибат коррупсия дастгир кард. Аммо баъди як моҳи шиштан пулро доду баромад. Вале аз вазифа дафъ шуд.
Боқӣ дар амони Аллоҳ бошӣ бародар Муҳаммадиқбол!
Кулоб
Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқбол! Вақте ин номаро хондед, тахмин мекунед, ки ман кӣ астам? Ман шахсиятамро ва ҷойи кори пешинаамро пинҳон мекунам. Ҳоло бознишаста ҳастам. Аммо солҳои зиёд дар рикоби Раҳмонов, дар яке аз мақомоти ҳарбӣ кор кардаам ва дар сафарҳои Раҳмонов ҳамроҳаш ҳам будам.
Шумо, албатта, хабар доред, ки Раҳмонов дафтар ё қароргоҳи Аҳмад Масъуд, раҳбари Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон дар Душанберо баст.
Раҳмонов худро падари тоҷикони дунё ва тарафдори ҳукумати ҳамашумул, тарафдори вуруди тоҷикҳо ба ҳукумати Иморати исломии Афғонистон нишон медод.
Аммо ман аз ҳамон рӯзҳои аввал ба самимият ва садоқати Раҳмонов бовар надоштам. Ба имону исломам қасам, ки Раҳмонов ба ягон муқаддасот пойбанд нест. Аҳмадшоҳ Масъуд набуд, Иттиҳоди оппозитсиони тоҷик Раҳмонро чапа карда ҳукуматро аз тасарруфаш берун ва ба дасти халқ месупорид.
Шаҳид Масъуд ва ҳамин тавр устод Раббонӣ, ки банда чандин бор шарафи бо вай намоз гузоридан насибам шудааст, дар охири солҳои 1996, ки Толибҳо Афғонистонро аз чангашон гирифта буданд, устод Нуриро водор ба оштӣ бо Раҳмонов карданд. Муҷоҳидин дар ҳолати пешравӣ буданд. То остонаҳои Душанбе, Теппаҳои самарқандӣ, 9 ва 7 километр пешрафт доштанд, аз тарафи ноҳияи Рудакии имруза размандаҳо мавқеъ гирифта буданд. Шермардони хатлонӣ ҷудо аз Раҳмонов бо размандаҳо дар алоқа баромада ва ба ҳамкорӣ шуруъ карда буданд.
Масъуд маҷбур кард устод Нуриро, ки бо Раҳмонов оштӣ кунад. Чунки шаҳид Масъуд ба кумаки Русия дар он шабурузҳо, ки Толибон нисф зиёди Афғонистонро гирифта буданд, шадидан муҳтоҷ буд.
Аммо имруз Раҳмонов сахт номардӣ карда истодааст.
Бовар кунед, ки қатъи дафтари Аҳмад Масъуд дар Душанбе сабабҳое дорад, ки сирф барои шахси Раҳмонов аст. Раҳмонов бо ин васила дили Толибонро ба даст оварданист, ки дар давраи интихоботи Рустам дар сарҳад проблема накунанд. Хати зиёди сарҳади Тоҷикистон ва Афғонистон дар самти Бадахшон ба ихтиёри бачаҳои Ансоруллоҳ вогузор шудааст, ки асосан зодагони Тоҷикистонанд.
Сабаби дигари қатъи дафтари Аҳмад Масъуд дар Душанбе ин аст, ки Раҳмонов таҳти фишори Путин ночор шудааст, ки рӯ ба Толибон оварад. Аз руи баъзе маълумотҳо Путин мехоҳад, ки аз толибон барои ҷанг дар Украина неру бихоҳад ва ин неруро тавассути пойгоҳи 201 ҷалб карданӣ аст ва гуё онҳо тоҷикҳоеанд, ки контрактниканду дар 201 хидмат мекунанд ва ҳоло довталабона ба ҷанги Украин рафта истодаанд. Маълум нест, ки Раҳмонов ба ин талаби русҳо посухи мусбат хоҳад дод ё не. Чунки агар посухи мусбат диҳад маблағҳои дар ҳисобҳои кишварҳои урупоӣ баҷо кардааш зери хатар хоҳанд монд.
Аммо ҳоло масъала бо овардани Рустам гиреҳ хурда истодааст. Барои ҳамин Раҳмонов маҷбур аст, ки дафтари Масъудро бибандад ва дар ҳавои бозиҳои Путин бирақсад.
Аммо ин номарди дузд на фақат дафтари Масъудро баст, ҳамчунин сангҳои гаронарзиши Аҳмад Масъудро ҳам гирифтаву пулашро надода истодааст. Айнан мисли Бобаки Занҷонӣ карда истодааст. То ҷое медонам ин сангҳо ба арзиши даҳҳо миллион доллар аст, ки Раҳмонов кайҳо ба Шветсария фурухта ба доллар табдил кардааст, аммо Масъудро бозӣ дода истодааст, ки ҳоло дар ҷустуҷуи харидор аст.
Раҳмонов ин сангҳоро ҳамчун сангҳои худи Тоҷикистон ва аз номи ҳукумат фурухтааст. Беҷиҳат набуд, ки дар ин чанд соли ахир ҳар сол чанд рузе ба Шветсария меравад ва ин кишвар ҳоло дар савдо ва додуситади хориҷии Тоҷикистон дар ҷойи аввал баромадааст.
Бовар кунед, ки ин Раҳмонов барои пул ҳозир аст тамоми Тоҷикистонро фурушад, чи расад ба Аҳмад Масъуд.