Бо наздик омадани мавсими даъвати тирамоҳӣ мақомоти интизомӣ дар саросари кишвар шуруъ кардаанд ба таъқиб ва фишор болои хонаводаҳое, ки дар онҳо ҷавонони синни даъват зиндагӣ мекунанд. Падару модари онҳоро оварда маҷбурӣ аризаву забонхату баёнот гирифта истодаанд, ки писарашро вақти мавсим бечунучаро ба аскарӣ мефиристад. Ҳоло дар тамоми гузаргоҳҳои марзӣ мақомот чунин ҷавонҳоро ба хориҷа мераванд ва ё бармегарданд ба манбаъи даромади бедардимиёни худ табдил додаанд. Дар дохил ҳам вазъият бадтар аз гузаргоҳҳои марзӣ аст. Бисёриҳо бар ин ақидаанд, ки маҳз ҳамин манбаи даромади муфт ва бедардимиён будани мавсими даъват аст, ки ҳукумат намехоҳад тарзи дигари хидмати ҳарбиро ҷорӣ кунад. Вагарна масъалаи даъват ба сарбозӣ масъалаи ҳалшаванда аст ва ҳукумат ҳатто метавонад барои сарбозон маош ҳам бидиҳад. Номаи аввалини ин нашри барнома ба ҳамин масъала бахшида шудааст
Спитамен
Салом бародар Муҳаммадиқболи Садриддин!
Ман боз аз ноҳияи Спитамен ба шумо менависам. Чунки дидам навиштаи маро чоп намудед. Раҳмат. Ман дар бораи як корманди баландрутбаи шуъбаи вазорати корҳои дохилӣ дар ноҳияи Спитамен, муовини сардори шӯъба оид ба тартиботи ҷамъиятӣ Шарифзода Манайим навиштаниам. Ин корманди масъули милиса ҷойи таваллудаш Восеъ аст ва рутбааш подполковник мебошад. Ин шахс хато накунам аз соли 2020 дар ноҳияи Спитамен кор мекунад. Вай ду мошин дорад:- яктоаш toyota camry дуюмаш Мерседес, ки ҳардуяш як номер-4214 02 доранд. Ин шахси бисёр харомхур мебошад, хуни мардуми Спитаменро хурда истодааст. Як кори ҳаромаш дар сезони облава аст. Бо военкомат якҷо шуда як намуд пул меканаду ҷамъ мекунад, ки ба ақл рост намегирад.
Падару модарони ба сини даъват расидаро даъват карда, «бачат ку» гуфта тарсонида аз 7 то 10 ҳазор сомонии онҳоро кашида мегирад.
90% аҳолии Спитамен узбекзабонанд. Бечораҳо аз надонистани забну қонун чиқадар пуле, ки вай гуяд барварда додан мегиранд. Ҳам пулро бо ду дасти адаб оварда дода боз раҳмат ҳам мегуянд. Дар ин кори вай сардори шуъбаи милисаи Спитамен
Рауфзода Алиҷон Тоҷиддин ҳам шарик мебошад. Аммо гапи Шарифзода Манайим дар отдел лезва аст. Ҳар касе дар отдели милиса меравад гумон мекунад, ки сардори шуъбаи милиса ҳамин Шарифзода аст. Бо забони адабӣ гап намезанад. Фақат бо лаҳҷа ва он ҳам бисёр дағалонаву пур аз дашном. Аз баъзе падару модарҳо ҳам пул мегирад ва ҳам боз бачаашро облава карда аскарӣ мефиристад.
Як нафар аз чунин нафарон ба наздаш рафтааст, ки бачаамро гирифта бурдед, пуламро баргардонед. Дароварда дар отдел зери зарбу лат гирифтааст, ки дигар пул нагу гуфта.
Ин зулму золимӣ то кай давом мекардани бошад?
Хуҷанд
Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқбол! Чанд рӯзи пеш, аниқтараш 13 август писарамро ба Маскав гусел карданӣ шуда фурудгоҳ омадам. Дар фурудгоҳ писари маро бисёр ҳам ғам доданд, ки вай бояд Маскав нараваду истад ва ба хизмати ҳарбӣ равад.
Эмомалӣ Раҳмонов мегуяд, ки «Хизмат ба ватан яъне хизмати ҳарбӣ, мактаби ҷавонмардӣ ва давраи ҳаматарафа обутоб ёфтани ҷавонон мебошад.»
Аммо саволи ман ба Эмомалӣ Раҳмонов ин аст, ки агар хизмат давраи обутобёбии ҷавонон бошад, чаро писарони худат Рустам ва Сомон, набераҳоят Исмоили пингвин ва Фаридун ва дигару дигараш намераванд? Бачаи ман барои як тика нон Русия меравад, аз руи хушӣ, барои тамошо намеравад, барои мардикорӣ, барои ғуломӣ меравад. Э, беинсофи азхудобаргашта. Ақалан дар давраи ғайридаъватӣ, ғайримавсимӣ бимон, ки бачаҳои мардум раванду як лаб нони руи дастурхонашонро кор кунанд. На ҷойи кор медиҳӣ, на як пулу маоши муносиб. Мардум мераваду Русия кор мекунаду меояду мехараду мепушаду свету газ мехарад, хулоса пул пардохт карда зиндагӣ мечархонад, ту дар ҳаминаш ҳам аз вай пул меканӣ.
Бовар кунед 2 ҳазори русӣ додам баъд бачамро рухсат додаанд, ки ба самолёт савор шавад. Охир, ин чи бедодӣ аст?
То кай ин зиндагии сагонаи хуру намур насиби халқ мемонад? Аз боғчаи бачагона, то мактабу донишгоҳу то хизмати аскарӣ ва баъди он ҳам давлат, корманди давлат чашмаш ва дасташ ба кисаи мардум аст. Ин мансабдорони мо аз ҷугию гадоҳо ҳам зиёдтар талбанда шудаанд.
Айнӣ
Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқболи Садриддин. Ман, рости гап ба шумо навиштанӣ набудам. Ман тарафдори шумоҳо ҳам нестам. Вале ночор мондам. Чунки ҷойи чопи ин гуна арзу шикоят дар Тоҷикистон намондааст.
Шуруъ мекунам аз мактаби рақами 28 ба номи Норов Муродқул. Директори мактаб Норов Ёқуб савод надорад, дар туйю маъракаҳо сухан кардан наметавонад. Ҷонишини директор Ҳоҷиев Сайфулло умуман савод надорад. Хонандагон 330 нафар мехонанд. Сари талаба барои таъмири мактаб 50 сомонӣ ҷамъ мекунанд. Ин фақат таъмири мактаб.
Китобхона. Китобҳое 15-20 сол шудааст, то 5 сомонӣ ба хонандагон мефурушад. Ҳамааш ҳаромхур. Ба вАллоҳ қасам барои ангишти мактаб пул ҷамъ мекунанд, барои ҳезум пул ҷамъ мекунанд, барои ҳама чиз пул ҷамъ мекунанд. Мо аз ин хона сухтаҳо безор шудаем. Давлат пул ҷудо мекунад. Аммо инҳо боз сари талабаҳо пул ҷамъ мекунанд. Муаллимҳои бо савод ҳастанд. Аммо намехоҳанд ранги инҳо ҳаромхур шаванд. Каримдодов Худойдод бо савод аст, бояд директор шавад, Раҳматов Раҳмат бояд директор шавад. Аммо инҳо намехоҳанд. Маориф бояд аз назар гузаронад ин хона сухтаро. Директори пешина Норов Тура саводнок аст.
Шамсиддинов Исомиддин ин ҳаромхури № 1. Ин ҳам соли 2012 то соли 2021 ё 2020 директор буд. Шамсиддинов Исомиддин дар як моҳи кориаш як мерседес харид ба 120 ҳазор сомонӣ. Ин соли 2012 буд. Номи додараш Силоҳ, ки ронандаи Исомиддин буд. Соли 2013 дар круги Айнӣ ба садама дучор шуд. Ман гуфтам, ки бо пули талабагон ҳаромхурӣ кард, чизи ҳаром як ҷо ба не як ҷо ба ин ша’а Аллоҳ мебарояд. Талабаҳоро муаллимҳои бесавод дарс медиҳанд. Мактабро шумо напурседу ман нагуям.
Мактаб куҳна ва дар ҳолати садамавӣ қарор дорад. Кадом вақт чапа мешавад. Дар даруни мактаб муаллимҳо арақхурӣ ва кайфу сафо мекунанд. Талабаҳо бесавод. Мактаб на майдонча дорад, на толори варзиши дорад. Дар пеши мактаб магазини Шуҳрат ҳаст, ки дар назди он арақхурӣ мекунанд. Просто ужас. Кормандони ҳукумати ноҳияи Айнӣ! Як бор зери назорати худ гиред ин ҳаромхурҳоро. Заминҳои пеши мактаб, ки давлат барои мактаб додааст, ҳамаашро аз худ карда гирифтагианд.
Масъалаи ришу сатрро ҳам хеле сахт гирифтагианд. Як бачаи 20- соларо 5 сол зиндон карданд. Вай дар шаҳри Хуҷанд мехонд. Намозхон буд, риш мемонд. Уро бо мухолифин, аз он ҷумла бо шумо гап мезанад гуфта 5 сол аз озодӣ маҳрум карданд. Вай пули бисёре дода муҳлаташро кам кард. Мо муҳочирҳо гузар ба гузар стадион сохта истодаем, оби нушокӣ оварда расондем.
Дар гузари мо панҷ масҷид ҳаст. Ҳамаашро маҳкам карда ба дари онҳо печат задагианд. Намози иди Қурбон мешавад дар чойхона мехонем. Як сандуқча ҳаст барои пули хайри мардум. Муллоҳо разбор мекунанд, ки намоз дар гузари ман мешавад. Инаш мегуяд дар гузари ман, ваяш мегуяд, ки дар гузари ман мешавад. Сабаби асосии ҷангҷол ҳамон пули сандуқчаи хайрия аст.
Ҳоло дар бораи бузҳои қишлоқи Махшевад гап мезанам. Номаш Некмурод. Мошини ҷипи Muso -и сафед дорад. Вай солҳои пеш тюрма шишта баромада буд. Занашро кушт. Намедонам чанд сол шишта баромад. Қариб 10 сол зиёдтар шишта баромад. Бузи рақами 1 аст!. Сардори шӯъбаи Сарвода Ниёз ном дорад. Фамилияашро намедонам. Ними бозори Сарводаро харидагӣ. Вай як зинокор ва ҳаромхур ҳам ҳаст. Дар мактабамон Холбеков Саидбек кор мекард, ҳозир дар шуъбаи маориф кор мекунад. Ман мехоҳам расонам, ки Холбеков Саидбек Шумо нону намаки моро хурдед. Як тафтиш карда бароед. Ман бо ҳукумати Тоҷикистон кор надорам. Давлат ба мо пул мегузаронад. Аммо ин ҳаромхурҳо ободӣ намекунанд. Фақат худашонро обод кардагианд. Инҷо боз мехоҳам аз духтурҳои қишлоқи Махшевад гап занам.
Акои Тилло як умр дар хизмати мо ҳастанд. Шабу ними шаб дар хизмати мо мардуми Махшевад ҳастанд. Акои Наҷмиддин. Ин шахс ҳам шабу ними шаб дар хизмати мо ҳастанд. Дар бемористони Сарвода Малоҳати харомхур ягон чи менависад 20 сомониатонро мегирад. Дар этажи якуми бемористон дорухона дорад, дорухат медиҳад. Мегуяд фарову аз доруҳои ман гир, аз дорухонаи дигар кас нагир, ки ман доруҳоямро мешиносам, қабул намекунам. Дорухонаҳои пеши бозор арзон нархаш бо они Малоҳати гурсухта 10-15 сомонӣ фарқ мекунад. Малоҳати гурсухта хонаи худоро зиёрат карда омад. СубҳонАллоҳ, беморхонаҳо хунук, хоб карда намешавад.
Боз Малоҳати гурсухта як дукони гул дорад. Агар ягон кас таваллуд кунад, мегуяд, ки гулҳои қиматро аз фалонҷо гирифта меоӣ, гулҳои қиматро мехарию оварда медиҳи. Баъди кораш боз он гулҳоро обратно бурда медиҳад, боз ба дигар кас мефурушад. Як гулро қариб 10 маротиба мефурушад.
Мегузарем боз ба қишлоқи Махшевад.
Акои Абдулатиф ин шахс дар идораи иҷрочии суди ноҳияи Айни ба кор даромад. Пеш дар Хуҷанд кор мекард. Кайе, ки корат ғалтад, меравӣ пешаш, фақат дашном мекунад. Дар ноҳияи Айнӣ ин шахсро ҳама медонад. Ин одам касе, ки хона дошта бошад бо протсент пул медиҳаду баъд, вақте бечораҳо пули гирифтаашонро пас додан наметавонанд хонаҳояшонро кашида мегирад.
Акои Абдулатиф ин кас ҳаромхури №1
Мегузарем «светкушакоба». Светҳоямонро мекушанд. Свет нест. Касе, ки аз свет қарздор бошад, светҳоро мекушад. Баъд мегуяд дар маҳаллаатон 5 нафар аз свет қарздор. Ҳамонҳо тиянд баъд светро дар мегиронем.
Аз ҳукумати ноҳияи Айнӣ хоҳиш мекунам, ки як бор счетчикҳои маҳаллаи моро дида бароед. Акои Усмон савод надорад. Мо мардҳо дар муҳоҷират. Меравад хонаҳои мову мегуяд «фалон сум те, лекин свет кор карда бошад 60-70 сомон ин зада гирифт -то 150 сомона, санҷида бароед акои Усмона». Касе бо вай нағз бошад светҳои дуздӣ кашида медиҳад. Санҷида бароянд, мефаҳманд. Ин қишлоқи мо -мардум айбу шармро медонад. Ҳой мардум аз пушти айбу шарм қишлоқ вайрон шуда рафта истодааст. Комиссия меояд ҳақиқатро гуетон, натарсед. Дар ин дунё як руз омадем, рузи дигар меравем. Рубинӣ накунетон.
Ман хоини миллат нестам. Ман мехоҳам қишлоқи мо обод шавад. Ман зидди ҳукумат нестам. Ман мехоҳам ободӣ бисёр шавад. Пули давлатро гирифтӣ барои ободи сарф кунед, ҳаромхуриро бас кунед, ки фардо рузи қиёмат ҷавоб медиҳӣ. Аз комиссарияти ҳарбии ноҳия моҳи майи ҳамин сол сари одам 3000₽ русӣ ҷамъ карданд. «Касе хизмат накардааст, диҳад. Мо ин пулро мебарем аз дигар гузар солдат мехарем ва вай аз тарафи қишлоқи Махшевад хизмат мекунад» .Ва ҳамин тавр боз бачаи кадом камбағали бечораро мебаранду маҷбури аскарӣ равон мекунад. Падар модарро мебаранду Айнӣ маҳкам мекунанд: то бачаат аз муҳоҷират набиёяд мо шуморо сар намедиҳем. Бачааш баргашт аз муҳоҷират сипас падарашро сар дод. Рафт 2 сол хизмат карду омад. Баъди чанд вақт бачаи дигариаш рафт, зангирӣ, ки дар фурудгоҳи шаҳри Хуҷанд қапиданд. Моҳи декабр буд, ки он вақт сизони облава тамом шуда буд. Бача мегуяд, ки «додарам хизмат кардос,ман зангирӣ омадам». Аммо 15 000₽ дод баъд сар доданша ва рафт занаша гирифт. Омад, ки таги қарз мондагӣ.
Акои Рузибой мегуяд, ки не мо ин корро накардем. Ин дуруғ ҳамааш. Руяшро сиёҳ кард. Чунки ҷонишини худи акои Рузибой чиптаро харид ва ин бародар рафт.
Бузи қишлоқ Некмурод аст. Вай як муаллимро тарс дода буд. 5 ё 4 сол пеш бачаашро ҷанг кардааст, ки чикор мекунад. Муаллим хело муаллими бодин ва доно буд. Номаш Шоев Хуҷақул. Ҳамин Некмурод тарсонӣ дод, ки меравам ба милиса медиҳам. Муаллими бечора, дилаш зад, беморхонаи Сарвода бурданд. Бечора ҷонаш баромаду мурд. Ягон кас тафтиш накард. Муаллим бесоҳибӣ кард. Соҳиб медошт, ин боз ҳам турма мешишт.
Ягон кас маърака кунад, даррав видео карда Айнӣ роҳӣ мекунад.
Ман бовар дорам, ки баъди нашри ин нома тамоми амнияти Айнӣ Махшевад ба суроғи муаллифи ин нома меравад. Аммо маро ёфта наметавонанд. Чунки ман ин номаро тавассути канали хориҷӣ ба Шумо фиристодам. Боқӣ дар амони худо бошед.
Кулоб
Ассалому алейкум ва раҳматуллоҳи ва баракатуҳу устод Муҳаммадиқболи Садриддин. Умедворам сиҳату саломат ҳастед. Ман шаҳрванди шаҳри Кӯлоб. Ман донишгоҳ хондам ва маълумоти олӣ дорам. Лекин баъд аз донишгоҳ кори мувофиқе наёфтам, ки дар ватан дар назди падару модарам истам ва хизмати онҳоро кунам ва бо зану фарзандам бошам. Касбе, ки ман хондам ва кор карданӣ будам як маоши ночизе дошт. Ин касб ҳудуди 1000сомонӣ маоша дошт. Дар шаҳри Кӯлоб зиндагӣ кардан бо ин маош бо падару модар ва зану фарзанд ғайриимкон аст. Маҷбур шудам ба Русия равам. Вале корам барор накард. Зеро каме хунукӣ зад маро ва чи хел вирусе ҳам ба ман таъсир кард. Дар хона табобат мекардам ва пул надоштам. Дигар маҷбур шудам, ки қарз карда билет гирифта ба ватан пас гардам. Ба умеде, ки дар ватан кор пайдо мекунам ва асло дигар ба ғарибӣ намеравам. Зеро ман ҷавон ҳастам ва зиндагӣ бо падару модарро мехоҳам. Дидори зану фарзанд бароям муҳим. Ҳеҷ кас ғарибиро интихоб намекунад. Аммо ин давлати мо бошад мо ҷавононро аз ватан дур мекунад ва мо ҷавонии худро дар Русия ва дигар мамлакатҳои Аврупо мегузаронем. Пас гаштан ба ватан боз маҷбур шудам ба кор дароям ва касби ман ҳисобчии қувваи барқ аст (контролёр). Ва раиси шабакаи барқи шаҳри Кӯлоб маро бад аз чанд рӯзи кор карданам ба кабинеташ ҷеғ зада гуфт ба ғайр аз пули асосие, ки шаҳрвандон месупоранд 50000 сомонӣ бояд ҷамъ карда биспорӣ. Ман пурсидам чи хел 50 ҳазор сомонӣ супорам? Вай гуфт, ки ба онҳо дурӯғ гуфта коре кун, ки 50 ҳазор сомонӣ дар хазина супорӣ. Ман, ки мусулмонам ва имону инсоф дорам ба вай гуфтам ман ин корро намекунам ва маро аз кор озод кунед. Зеро ман худам дар баробари онки коргари давлат бошам ҳам боз як шаҳрванди тоҷикам ва мебинам ҳаёти мардумро чи хел мушкил аст ва ман виҷдону инсофам иҷозат намедиҳад, ки дурӯғ гуфта аз мардуми шаҳр пули зиёдатӣ гирам. Барои ҳамин аз кор баромадам ва медонам, ки корхонаҳое, ки дар шаҳри Кӯлоб кор мекунанд аксарият аз ҷияну домодҳои Президент ҳастанд ва дигар мақомдорҳо бошанд тамоман пули барқ намедиҳанд ва пули барқи онҳоро мисли мо барин контролёрҳоро вобаста мекунанд, ки аз мардуми камбизоату нодор бо зулму ситам фиреб карда ба кисаҳои ин касифҳои беимон супорем. Чӣ кор кунем охир? Бо ин шарту шароит, ки ин роҳбари беимону бераҳми оилапараст ба мо кардааст. Пешво худро мегирад. Охир мо галаи гуспанду гов нестем, ки ба мо пешво даркор бошад. Ба мо Президент даркор, ки шароит ва кор таъмин кунад, ки аз ватан дур нарафта кор кунем ва давлатро пеш барем. Охир ояндаи давлат ҷавононанд мегуяд ҳамин хабиси Раҳмонов. Лекин куҷост он шароите, ки барои ҷавонон таъмин кардед, ки дар ватан истода кор кунем. Қонуну фармонҳои беҳисобе, ки ту баровардаӣ танҳо барои аҳолии бечора дахл дорад. Он касифҳои гирду атрофат домоду хусурбачаву духтарони бешуморат ба онҳо дахл надорад, ё ки онҳо аз Марс омадаанд чи? Маҷбурем, ки боз қарз карда ба ягон давлати дигар равему кор кунем ва ҷавонии худро дар таги дасти кадом миллати бегона гузаронем ва ба умеде, ки фардо хуб мешавад ва рузе ба ватан пас мегардем ва ватани азизи худро бунёд мекунем якҷоя. Лекин ҳамаи ин баъди аз ҳукумат рафтани ин касифи Раҳмонов ва оилаи хабисаш мешавад.
Зеро онҳо тамоман дар фикри пешравии давлат ва хуб кардани сатҳи зиндагӣ мардум нестанд. Баръакс онҳо мехоханд моро қашшоқтар кунанд, то ки мо кулли ҳаёти худро дар фикри нону орду равған гузаронем ва вақт пайдо накунем, ки барои ояндаи нек нақша кашем ва фикри боигариро кунем. Ин нақшаи истеъмор аст, ки Раҳмонов ҳам тибқи ҳамин кор карда истодааст.
Аммо, шукри Худо, мо ҷавонон қадам ба қадам ҳушёр ва фахмидаву пухта шуда истодаем ва дар наздиктарин ҳолат мо ҳукуматро ба даст меорем. Зеро чизеро аввал пинҳон карда мешуд ҳозир намешавад. Чунки интернет ҳама чизро дар зудтарин суръат аён мекунад.
Турсунзода
Ассалому алейкум бародар Муҳаммадиқбол. Ман аз Регар, нафақахур ҳастам
Парвиз хокими Турсунзода бисёр корҳои нодуруст карда истодааст. Вай Регарро расво карда истодааст. Як ваҷаб замини холиро ба домсозҳо фурухта истодааст. Дар даруни микрорайон гашта намешавад. Кори ин Парвиз фақат заминфурушӣ. Акнун ба маҳалла гузашт. Хонаҳои мардумро чапа карда замини онро ба домсозҳо фурухта истодааст. Аз мардум тамоман намепусад. Кор ба дараҷае рафт, ки ду нафар инфакт шуда мурд. Домсозҳо сокинонро бо милисаву судяву прокурор тарсонида ҳавлиҳояшонро чапа карда истодаанд. Маҳаллаи моро «Старый город» мегуянд. Моро низ ҳоло домсозҳо омаданд барои чапакунӣ. Квартираатон медиҳем мегуянд. Ба мо квартираашон даркор нест. Мо дар ин маҳалла 40 сол аст, ки зиндагӣ мекунем. Мо намехоҳем, ки ҳавлӣ ва маҳаллаи моро чапа ва дар ҷояш Парвиз дом кунад.
Парвиз хубб гуш кун. Ту ҳозир хонаву ҳавлиҳои мардумро чапа карда ба домсозҳо фурухта истодаӣ, аз ин пул барака намеёбӣ, насибат ҳам намекунад. Дуъои бади халқро гирифта истодаӣ. Як вақте меояд, ки хонаи худи туро чапа мекунанд, Паррвиз хонаи фарзандҳоят чапа мешавад, инро аз хотир набарор. Ту ҳозир ҳокими Турсунзода. Боз пагоҳ, вақташ меояд, ки аз вазифа меравӣ.
Ман ҳайронам, ки ин милисаву амният куҷоро нигоҳ мекарда бошанд?
Халки мардуми Регар норозӣ аз ин ҳокими Турсунзода. Илтимос аз шумо, ки номаи моро зудтар чоп кунед. Ман дар маҳаллаи узбекзабонҳо зиндагӣ мекунем. Болои мардум бисёр зулм карда истодаанд. Чоп кунед, то ҳама фаҳмад, ки Парвизи раиси Турсунзода бо мардум чи кор карда истодааст.
Ман ба домсозҳо гуфтаниам, ки шумо халқро бо органҳову мақомот тарс дода хонаҳоямонро чаппа карда дом сохта бизнес карданиед. Як чиз аз ёдатон набарояд. Ин дунё чархофалак-бумеранг аст. Вақту соаташ меояд, кихонаи шумо чапа мешавад. Аз ин домҳои сохтаатон ва аз пули аз онҳо бадастмеомада, ин ша’а Аллоҳ, баракат намеёбед, насибатон намекунад. Чунки шумо аз халқ розигӣ нагирифта истодаед.
Дар маҳаллаи «старый город» узбекзабонҳо бисёрием, инҷо зиндагӣ мекунем. Лекин тоҷикон ҳам ҳастанд, инсоҳои хубанд. Ҳамсояи мо тоҷик аст, бисёр инсони хуб аст. Мо мехоҳем, ки хонаву маҳалли мо вайрон карда нашавад. Намехоҳем дар маҳаллаи мо дом сохта шавад.
Парвиз агар инсон бошӣ, аз Худо битарсӣ бас кун ин корҳоятро. Агар даст аз маҳаллаи мо намекашӣ, мо бисёр корҳоят-ҷиноятҳоятро медонем. Рост меравем Прокурори генералӣ. Ҳамаашро мегуем. Ман як нафақахурам. Аз умрам чанд рузи дигар мондааст. Уже ман фикр намкунам ва наметарсам ҳам. Парвиз ин қадар пулро чи кор мекунӣ? Дар гурат мебарӣ? Аз ин дунё ҳеҷ кас ҷуз аз кафан чизи дигар набурдааст ва намебарад, ҳаминро фикр куну ҳоли халқро душвор насоз. Тамоми халқи Турсунзода туро дуои бад карда истодааст.
Магар дар як Регари калон ҷойи сохтмон қаҳт задааст, ки меоиву маҳз хонаву дару маҳаллаи моро чапа мекунӣ? Ё фақат барои онки мо узбекзабон ҳастем ин корро мекунӣ?
Маскав
Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқбол! Ман дар муҳоҷират ҳастам. Дар Маскав. Дар бораи як буз маълумот додан мехоҳам. Дар аввал инро бояд бигуям, ки
аксарияти ҳукуматиҳо ранги пешвояшон христианпарваранд. Ин кормандони амният фақат дар байни муҳоҷирҳо мегарданд. Дар Русия буд. Ҳозир намедонам, ки дар куҷо аст. Ному фамилияаш Ҳукуматов Зариф аст. Хеле инсони золим ва бераҳм аст. Ба инсон гуфтан забони кас намеравад.
Аммо чанд рузи пеш шунидам, ки дар Уфаи Бошқирдистон аст. 26 апрел 1976 таваллуд шудааст. Ё аз Данғара ё аз Кулоб аст. Аммо дар Душанбе зиндагӣ мекунад. Рутбаи низомиаш подполковник аст. Разведчик аст. Чанд вақт пеш медалаш доанд, албатта, барои бузӣ.
Боз як ҳамроҳи дигар дорад Наим Юсуф ном дорад. Вайро аниқ намедонам аз куҷо аст.
Ин ду нафар сари чандин ҷавонҳои бегуноҳро хурдаанд. Бо баҳонаи салафиву наҳзативу бо мухолифин гап задаӣ, даҳҳо нафарро аз инҷо ба ватан истирдод карданд. Ва дар онҷо зиндониашон карданд.
Боз ҳамроҳи инҳо як разведчики дигар ҳаст. Вай аз Қубоиён мебошад. Нафари аз Қубодиён буда одами Шоҳрух аст.
Инҳо дар байни муҳоҷирон ҷосусӣ мекунанд, бузҳои худро мегузоранд ва барои телефон ва ё барои облава ва ё бо баҳонаи бо мухолифин гап задаи мардумро тарсонида истодаанд.
Тавассути бузҳояшон ҷавонони рушанфикр ва зидди сиёсати Раҳмоновро пайдо карда, баъзеҳояшонро руирост туҳмат зада тарсонида пул канданд ва як қисмашонро депортатсия карданд.
Дар бораи инҳо боз дар барномаҳои баъдии «Номаҳо..» менависам.