Номаҳо аз ноҳияҳо ба «Ислоҳ.нет»№75

Ислоҳ нет

Таври маълум Раҳмонов ба милисаву амнияту прокурор салоҳият ва ваколатҳои беҳадду марз додааст. Онҳо ҳарчи бихоҳанд мекунанд: пора мегиранд, зиндон мекунанд, азобу шиканҷа медиҳанд, касе чизе гуфта наметавонад. Чунки онҳо дастур гирифтаанд, ки бо ҳар роҳу васила амнияти Раҳмонову оилаашро таъмин ва ҳифозат кунанд. Аммо инҳо ҳам даст болои даст намешинанд. Аз ин фурсати пешомада барои худ ва нафси худ кор мекунанд.

Инҷо ҳикоятеро мешунавед, ки дар воқеъ даҳшат аст вале аз ҳақ набигзарем, ки дар бештари навоҳии кишвар мушоҳида мешавад. Барои ҳамин дар мақомоти қудратӣ ва интизомии ноҳияҳо аз «бачаҳакои боло» оварда мешаванд. Онҳо аз ҳар ҷиҳат худро таъмин мекунанд, аз ҷумла дар масъалаи рағбатҳои ҷинсӣ ҳам:

                    Шамсиддини Шоҳин

 Бисмиллоҳир-раҳмонир-раҳим. Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқбол. Ман омӯзгор аз Саричашмаи Шурободам. Дар бораи чанде аз инсонҳои касиф мехоҳам суҳбат кунам.

  Сулаймон Наимов, директори собиқи мактаб-интернати№13-и деҳаи Саричашма, яке аз онҳо аст. Вай солҳои зиёд директори ҳамин сағирхона буд. Яке аз бойтарин шахси деҳа буд. Албата, аз ҳисоби ҳамин интернат, ки 360 хонанда дошт. Ончунон беимон ва баднафс буд, ки аз 100 80%-и ҳақи ятимонро руирост ва дар рӯзи равшан ва бо дасти худи ҳамин ятмон ба хонааш мекашид. Ҳатто Камазҳоро мактаб неву рост ба хонааш мебурд. Ва талабаҳоро озод мекард барои борфарорӣ. Талабаҳо, ки аксарияташон ятим буданд. Хурокҳоро дида аз даҳонашон об мерафт. Вале ин хурокҳо дар мағозаҳо фурухта мешуданд. Ҳатто баъзе аз Камазҳоро аз роҳ баргардонида ба магазини дӯсташ, ки дар Душанбе аст мефурухт. Мактаб дар як сол 3 бор пушок медод, ҳамаашро бурда дар дукони махфие, ки баъдан маълум шуд, обулой мекардааст. Ва Сила ном фурушандаеро меоварад ва ба хонандагон дар як сол як бор пушоке медод, ки ба дарди ҳайвон ҳам намехурад, ба хар пушонӣ пушташ захмӣ мешавад.

 Дар Соли нав ва Навруз аз ҳар созмон ва ташкилоти гуногун туҳфаҳо меомад. Даҳ нафарро медоду навор мегирифт ва камера яктараф мешуд. Намоз, мудири амбори интернат, ки муши амбор лақаб дорад аз дасташон пас мегирифт. Худатонро ҷойи ин ятимон бимонед дар чунин ҳолат. Эмомалии шӯи Азизмои газетхонак ятимхона неву тюрма барои ятимон сохтааст. Дар ин интернат ятимон аз Душаанбе, Бохтар, Ховалинг, Кулоб, Ҳамадонӣ, Восеъ ва ғайра фаро гирифта шудаанд. Ин бечораҳо аксари вақт гурусна буданд ва Аллоҳ шоҳид аст барои як тика нон бо ҳам занозанӣ мекарданд. Аммо новобаста аз ин ҳолат онҳоро мисли хар кор мефармуд.

Ғайр аз ин ятимхонаро фоҳишахона карда буд. Наим Сулаймон бо муаллимае, ки Парвина ном дошт ва лақабаш хари сиёҳ буд ошкоро зино мекард. Ба ғайр аз ин боз бо чанд зани дигар ҳам ин амалро  мекард. Боз як таксист бо номи Ҳокими гуш ҳар ҳафта аз Қаряи боло ду фоҳишаро гирифта ба Наим Сулаймон меовардааст. Ин ҳама ошкоро сурат мегирифт ва вай боз хобу хезаш бо ин фоҳишаҳоро дар телефонаш сабт мекардааст. Вақте ин ҳолатҳо ошкор шуд, ки фарзандаш бо ҷураҳояш телефони падарашро кофта тамошо мекунанд. Баъд директор ва раиси ҷамоат шуду ҳамаро дуздида нобуд кард.

  Бародараш Абдуғаффор хонаи падарашро дискотека карда буд ва аз Душанбе писари хурдиаш Рустам 3 стрептизер овард. Ҳамаро санҷиданд, қариб ба кушодашавӣ мардум уро насиҳат карданд, ки э ака ин зану духтарҳои мо ҳамааш проститутка мешаванд. Аммо ӯ гуш намекрад. Ниҳоят як муллобча гуфт хонаи падарат аст арвоҳаш шод мешавда. Мардум дуои бадаш мекарданд. Дар ҳамин вақт буд, ки бемор шуд. Душанбе бурданаш. Мардум баъди намози шом дуои бадаш карданд, ки худо аз шаҳр мурдааш биояд ва ҳама омин гуфтанд. Ҳамин хел шуд. Баъди чанд рӯз мурдаашро оварданд ва дар ҷанозааш бо фатвои як муллои деҳа аксари одамон нарафтанд. Вай гуфт, ки ҷанозааш ҳаром аст.

  Акнун мехоҳам суҳбатро дар бораи ҷиноятҳои шуъбаҳои ВКД ва КДАМ дар деҳаи Саричашма идома диҳам.

Азизуллоҳ, собиқ сардори милитсияи Саричашма буд. Бадмуомила, ҳаромхур ва бадтар аз ҳама сахт зидди дин. Дар замони кори вай Абдуллоҳ ном милитсия (аз Кулоб) бо духтарони мактаб алоқаи маҳрамона дошт. Якеаш духтаре буд, ки дар синфи 9 –и мактаби № 22-и ба номи Лоҳутӣ таҳсил мекард. Дар назди мактаб-интернат якчанд хонаҳои вайрона мавҷуд мебошад. Духтарро ба яке аз ин хонаҳо даровард. Мо ин ҳолатро аз дур назора мекардем. Соатҳо 14 ё 15 буд. Дар ҳамонҷо духтар бакораташро аз даст дод.

Ин духтар то ҳоло бешавҳар аст ва фоҳишагӣ мекунад. Чунки он ҳодисаро хелеҳо бо чашмони худ диданд ва аз ин сабаб буд, ки касе дари хонаи он духтар хостгорӣ нарафт.

 Боз дар ҳамон сол напарники Абдуллоҳ, ки яке аз наздикони Наим Сулаймон мебошад ба як духтари синфи 10-и ҳамин мактаб мерасад ва ин духтарро нодухтар кард. Бародараш, ки бо имон ва хушахлоқтарин инсон дар Саричашма буд аз шарм ба Русия рафта чандин сол наомад.

Боз як ҳодисаи дигар, ки дар давраи сардории Азизуллоҳ руй дод. Як духтари синфи 7ро чандин милисия расиданду расво карданд. Духтарро падараш аз хона ронд. Духтар муддате дар хонаи бобояш зиндагӣ мекард. Баъд ин духтар ба Душанбе рафта бо як духтаре, ки қиссашро нақл хоҳам кард ба танфурушӣ ва раққосагӣ дар туйҳо мушғул шуд. Ин духтар ҳоло СПИД шудааст.

Духтари ҳамроҳаш духтари худораҳматии Абдулманнон, ки дар синфи 8 мехонд, ҳомила шуд. Баъди ба суд муроҷиат кардани модараш маълум гардид, ки беш аз 40 кас ба ӯ алоқаи ҷинсӣ кардааст, ки аксарияти онҳо кормандони милитсияанд. 2 бор ин духтарро дар ахбори криминалии ВКД нишон доданд. Вале касеро ҳатто бозпурсӣ накарданд. Таҷовузкорони ин духтар инҳо буданд: сардори милитсия, муовинаш ва ҳамаи милитсияҳои шуъба, шавҳари холааш бо писари хурдиаш, ки қаблан корманди милитсия буд, 2 ҷияни ҳамин язнааш, додари язнааш ва ғайра.

 Меҳрангез дар мактаби №22 таҳсил мекард. Дар синфи 6 аз Иззат, писари Рустами калақоқ бордор шуд. Мақомот ӯро бо ҳамроҳии чанд духтари дигар ба беморхонаи Ҳамадонӣ бурда аборт карданд, вале дело дар ҷояш хоб кард. Чунки авлоди Иззат дар боло кор мекарданд ва амакаш Фаридуни уголовник ё Фаридуни буз дар Саричашма кор мекунад.
 Ҳоло дар бораи таҷовузкори №1 мегуям. Сардори милитсия дар солҳо 2019 -2022 Асад командир, писари Саид Салим, собиқ прокурор аз Қурғонтеппа-Бохтари имруза. Ин аблаҳ фақат ба таҷовузи занҳои шавҳардор даст мезад. Ва асосан амали қавми лутро бо занҳо анҷом медод. Боз дар пеши мардум нақл карда механдид. Яке аз ин занҳо Наргис ном дорад. Шавҳараш дар муҳоҷирати меҳнатӣ қарор дошт. Ин ноҷавонмард тавассути яке аз бузҳояш бо вай алоқа пайдо карда бо ӯ ин амалро анҷом медиҳад. Чандин бор ҳамсояҳои зан онҳоро қапиданд. Ин занро шабҳо ба хонаи Қобил мебурд ва Қобилро дар ҷойи худ началник мегузошт. Ва…дар ниҳоят ба зани худи Қобил ҳам мерасад, ба зани корманд ва рафиқи наздикаш. Як бачаи қишлоқ, ки дар отдел кор мекард бо вай ҷангҷол мекунад ва Асад ӯро издеватсия карда мезанад ва мегуяд, ки қафои зани худатро маҳкам кун, ки боз надаронамаш. Падари ин писар ҳамкурси Бузмаков Абдураҳмон, муовини аввали ВКД аст. Мақомоти Кулоб Асадро дар отдел дастгир мекунанд, аммо муҷозоти вай ин мешавад, ки дар ҷойи дигар сардор таъйин мешавад.

 Ин милитсияҳои касиф, ки дар буяшон истода намешаванд, якчанд буз доранд.
  1.Сударшо, бо лақаби бачаи беваи Чаман ё бачаи Қудратшайтон. Сударшо дар ҳамаи ҷабҳа буз аст. Яъне универсалний козёл аст. Аз ҷумла писарони сини аскариро бузӣ мекунад, таксиҳои беҳуҷҷат ,кудакҳои масҷидрав, кӣ дарси Қуръон медиҳад, хулоса ҳамаи ин ҳолатҳоро чандин сол аст бузӣ мекунад. Аз замони бачагии ман ӯро буз мегуфтанд. Ман ҳозир соҳиби мансаб ва чанд фарзанд шудаам, ҳоло ҳам ба ин кораш идома медиҳад.

 2.Шерафкан, писари Анвар Шарипов, ки як алкаш мебошад, бузи мақомот аст. Бисёртар таксистҳоеро, ки литсензия надоранд ва ҷавонои синни хидматро бузӣ мекунад. Ҳамчунин барои началникҳо аз қишлоқ духтар мебарад.


 3.Сайҷаъфар бо тахаллуси Гоша. Ин шахс раиси бозори Саричашма аст. Бузи амният мебошад. Як вақт Тоҳир Қувватов, сардори КГБ-и ноҳия падари як муаллимро, ки чаро писаратро хидмат рафтан намемонӣ гуфта дар саҳни бемористони Саричашма дар болои лой ба пушт хобонида мезанад, писари ин муаллим аз бинои идораи ҷамоат, ки муқобили ин бемористон воқеъ аст, берун мешавад ва падарашро мепурсад, ки чи гап аст?

-Ҳеҷ чиз, афтодам мегуяд.

-Ота росташро бигу мегуяд.

 Писарам ана ҳамон началник зад, мегуяд.

Писараш ба суи сардори амният медавад ва ӯ давида худро дар мошин баҷо мекунад. Дари мошинро ба зур боз карда ончунон началникро зад, ки зиёда аз 30 нафар халос карда натавонистанд, то инки худаш уро сар надод. Ҳамин Гошаи раиси бозор, шоҳидӣ дод, ки бегуноҳ началникро зад. Ин ҷавон1сол хизмат карду бозгашт вале Тоир Қувватов бо ҳамон гурехтан дигар наёмад.

 4.Буз, дузд ва ҳаромхури №1и Сарчашма Муслим шайтон аст. Ин раиси хоҷагии ҷамоати Саричашма аст. Ин ҳаромхур зиёда аз 1000 нафар пул ба маблағи 1000 то 5000сомонӣ гирифта ваъдаи налоги заминатонро аннулироват мекунам ё замини кишт ё замини хона гирифта медиҳам дода аммо баъди гирифтани пул дигар дар фикри ҳеҷ кас нест. Ягон налогро додагӣ нест. 1 метр замин ҳам додагӣ нест. Аз пулҳо ҳам дараке нест.

  2 ё 3 ҳафта баъди гирифтани ҳамин вазифа налоги нав пайдо шуд. 728 сомонӣ сари ҳар хона. Мепурсем, ки ин чи налог аст?  Мегуянд, ки аз соли 1993 замини чарогоҳатон қарздор аст. Касе даъвои сахттар мекард уро баҷоӣ бурда мегуфтанд, ту насупор вале дар назди мардум овоза накун. Ва баъде, ки 90% мардум супорид як марде, ки дусташ дар Кулоб раиси налог буд, пурсид. Ӯ дар ҷавоб гуфт, ки ин гуна налог вуҷуд надорад.  

Овоза паҳн ва ҳамааш маълум шуд. Вале пул кайҳо тақсим шуда буд, касеро ба ҷавобгарӣ накашиданд. Ин Муслимшайтон як бор «за мошшеничество» зиндон шишт.

  Боғи Саричашма 53 гектар ва яке аз зеботарин боғ дар Тоҷикистон буд. Муслим шайтон боғро ба як харобазор табдил дод. Дарахтонро ба маблағи 5 сомонӣ савдо кард ва мардум ҳезум карда оварданд. Бовар кунед 50 сола меҳнати шабонарузии мардумро дар як сол барбод дод.

  Муслимшайтон соли гузашта бо ҳамроҳии ду-се жулики дигар ба Душанбе рафта барои гуштини Сарчашма аз мансабдорон ба маблағи зиёда аз 100000 сомонӣ ҷамъ мекунад. Ба ғайр аз ин аз тамоми аҳолии Сарчашма сари хона аз 100 то 1000 сомонӣ ҷамъ карданд. Аммо дар 700 сомонӣ тағораи пластмасии 6 сомонаи одноразовий, сатили пластмасии 6 сомона, стаканҳои 2 донааш 5 сомонӣ ҷоизаҳо харидаву дар мусобиқа дод.
Як хонарубии чинии 4 сомона, ки боз изо нокашида дар мусобиқа чангкаш-пилесос эълон мекарданд, харида ва гуштинро бо ҳамин ҷоизаҳо гузарониданд. Мардуми шаҳр бо меҳмонҳои овардагиашон шарманда шуданд. Гуфтанд ин бор Муслим пешамон ояд фалонаш мекунем ва номи гузари моро гузари тағора монданд.

 Акнун дар бораи як дузд ва одами Ҷумъа Назар маълумот медиҳам.
Зоҳир, писари Аҳмади дев, ки дар бозори Саричашма дукони гуштфурушӣ дорад.

Соли 2022 дар дуздии буқае, ки соҳибаш дар 40.000 сомонӣ ба ҳоҷӣ Шариф надода буд, дастгир шуд. Ин буқаро ба ҳамроҳии ҳамсоя ва падараш кушта ба бозори Восеъ бурда мефурушанд .Баъди даъвои соҳибаш Зоҳир ва падарашро мақомоти ноҳияи Шурообод дастгир мекунанд ва онҳо қоил шудаанд, ки тули чандин солҳо аксари гуштҳои дуконашон аз молу гови дуздӣ будааст. Дар парвандааш зиёда аз 100 гов ва зиёда аз 1000 бузу гусфанд омадааст. Баъди ду руз бо супоридани 80.000 сомонӣ бо миёнаравии Ҷумахони маша ба Ҷума Назар озод шуд ва соҳиби буқаро як буз ҳам надод.То ҳозир дуздиашон идома дорад ва мегуянд дилхоҳашро дар фалонамон задагием.

Саидов Мадисмон собиқ сардухтури ноҳияи Шурообод ва деҳаи Саричашма. Дар бораи дузди ва ғорати шифохонаи Саричашма ва Шурообод 100 китоб чоп кунем, кам аст. Тамоми пул ва лавозимоте, ки ба ин беморхона меомад байни худ ва раис тақсим мекарданд. Тамоми духтурҳоро дар хонааш кор мефармояд. Хонааш се ошёна. Нархи мошинаш аз 100.000 кам нест. Ба номи духтурҳои Саричашма 6000 сомонӣ мукофот омад. Ин маблағи ё аз ҳукумат ва ё аз кадом созмони хориҷӣ буд. Духтурҳои поёниро 100 то 200 ва ба чанд врач 1000 сомонӣ дода онҳоро маҷбур кард, ки имзо кунанд, ки 6000 сомонӣ гирифтанд.

 Як дузди дигар ҳоҷӣ Шариф аст. Ҳоҷӣ Шариф бо тахаллуси Шариф мурчак.

Ин ҳаромхур, ки беш аз 6000 гусфанд ва қариб 1000 гов дорад, пешниҳод мекунам, ки чарогоҳҳои моро аз гову гусфандонаш озод кунад ва фермаҳояшро аз қишлоқ бардорад. Дар ғайри сурат ҳамаи ҷиноятҳояшро ошкор мекунам. Ин ҳоҷӣ Шариф дар соли 2022 барои шуъбаи милиса бинои дуошёна сохт. Аз ин сабаб уро чизе намгуянд. Касе болои вай шикоят кунад, худашро проблема мекунанд. Чарогоҳе барои гову моли мо намондааст. Ва ҳамчунин ҳушдор ба писарони Икром Искандар, Шуморо низ сиру пиёзатонро ошкор хоҳам кард ва шармандаву русияҳ хоҳед шуд

Шоев Ислом, устоди тамоми дуздҳои Саричашма аст. Собиқ раиси совхоз ва баъдтар дар мақоми муовини раиси ноҳия кор кардааст. Ин дузди гузаро ба ҳамроҳии бухгалтераш Қурбон Ниёзов тамоми чорвоҳо, ки зиёда аз 1000 гови зотӣ, ки то 1 тонна вазн доштанд ва бузу усфанди беҳисоб буд ба пуррагӣ аз байни худ ба яғмо бурданд. Ҳатто як сар чорпо боқӣ намонд. Фермаҳоро чапа карда хиштҳои пухтаи онҳоро ба савдо заданд

Ба мардум замин медиҳам гуфта то 10.000 сомонӣ мегирифт, вале аксарияташонро намедод. Ва, билохира писарашро бо 60 кило героин қапиданд ва аз вазифа барканор шуд. Мардум писандаш намекунанд, ҳатто салом намедиҳанд ,ранги саги бегона дар байни мардум зиндагӣ дорад.

 Ва, дар охир як ҳикоятеро аз забони як ронанда дар кони тиллои Саричашма гуфтаниам. Ин шофёр гуфт, ки дар солҳои пеш мардум аз ҳисоби тиллои сангови ин кон ризқу рузӣ ба даст меоварданд. Баъди соли 2010, ки дарозии ин сангов аз 5 километр зиёд аст, Таҳминаи клеопатра, духтари Азизмоҳи газетхонак онро соҳиб шуд ва ба хитоиҳо ба иҷора дод. Ҳоло дар инҷо 3 фирмаи хитоиҳо кор мекунанд. Бовар кунед, он қадар тиллое ба даст меоранд, ки агар ин ҳукумат дузд набошад, тиллои ҳамин Саричашма валлоҳ Тоҷикистонро мехуронад ва дигар ниёз ба муҳоҷирати меҳнатӣ нест. Ҳар рӯз барои хитоиҳо арусҳои тоҷикӣ-духтарҳои муҳтоҷу ба як буридаи нон зорро оварда таги пойи ин хитоиҳо мепартоянд. (номи 23 зани шавҳардор ба мо навишта шудааст,ки шавҳарҳояшон дар Русия ва он занҳоро ба Хитоиҳо меоранд,то сад сомонашон диҳанд) Ҳатто духтарҳои ҳамсояи моро папарозаҳои қишлоқ ба онҳо мебурданд(инҷо ҳам номи 11 зан вуҷуд дорад аз овардани он номҳо худдорӣ мекунем) . Агар ин куҳнаҷунуб намурад тамоми тоҷикҳоро ҷунуб мекунад.

                                     Конибодом

  Ассалому алайкум ҷаноби оқои Муҳаммадиқболи Садриддин! Ташаккур, ки номаи пешинаи моро ба нашр расонидед.

  Баъди нашри “Номаҳо аз ноҳияҳо №50». дар вилояти Суғд ҳамаи рыбакҳоро яъне моҳиқапакҳоро ҷарима карданд. Дилшоди дузд дар Русия аст ва тағои ӯ ҳоло дар вазифа мебошад ва зулмашро то ба ҳол идома дода истодааст. Номаи номери 50 ба Қофлонбойу Абдусалом Тухтасунзода ва чоплусакони онҳо хеле зарбаи сахт зад.

 «Бачаҳакои боло», ки дар Конибодом кор -зулм мекунанд, онҳо фаҳмиданд, ки   мардум Алҳамдулиллоҳ бо Ислоҳ аст.

  Илтимос акаи Муҳаммадиқбол чизеро нагиред, пурра, чи хеле ҳаст, ҳамин тавр нашр кунед.

  Сар мекунем аз милисаҳо. Роҳи Хуҷанд – Конибодомро пурра ба як аквариум мубаддал кардаанд. Бобоҷон Ғафуров, Қистақуз, Арқа, Санҷидзор, Ҷаҳонзеб, Лоҳутӣ Маҳрам, Ниёзбек , ин деҳаҳо дар дасти вампирҳое, ки на танҳо хун, пулро ҳам мехурад қарор дорад. Ин ба он маъно аст ки мардум барои ин «бачаҳакои боло» як гови ҷӯшоӣ аст. Агар пурсӣ, ки чаро мошини манро манъ кардӣ, мегуяд: ” э чида мумкин нестай ҳъ ? Э,будик!   тъ чи гап зан шидӣ “ (илтимос чи хел ҳаст ҳамин хел нашр кунед. Иваз накунед)

    Охирон бор одами ришдорро дар Суғд соли 2013 дида будам. Ин режими Эмомтапаки ПТУ-шник ин қадар аз суннати Муҳаммадӣ дур аст. Барои инҳо одамро салафӣ гуфта руст кардан, масҷидро штраф кардан, ҳиҷобро аз сари зани 70 сола гирифтан ягон мушкилӣ надора.

  То соли 2018 дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон дар Хистеварз як милисахона амал мекард. Корашон фақат пулкоркунӣ буд. Ҷанги тоҷику қиргиз, ки шуд, онҳоро нест карданд, чунки фаҳмиданд аз он «бачаҳакои боло» ягон фоидае нест. Аз давраи мактаб хонданам дар ёд дорам, фақат танкҳо, БТРҳоро медидем. Рузи тинҷ набуд дар марз.

Мехостам аз фурсат истифода бурда ба бачаҳакои боло, ки дар Лоҳутӣ кор мекунанд хитоб карда бигуям, ки аз Худо тарсед. Ин вазифаву он мошини мерседеси шумо,10 000 сомонӣ маоши шумо ва занҳои севуму чорум, шуморо аз оташи ҷаҳаннам наҷот намедиҳад! 

  Алакай насли сеюми муҳоҷирҳо дар Русия калон шуда истодаанд! Бисёриҳо забони тоҷикиро намадонад! Аз дасти шумову аз дасти Фотяи бузи дузд!     Тухтасуноғлу ё Абдусалом Тухтасунзода гуфтааст, ки «шумоҳо чи, дух пайдо кардетонми қати душманои милат ба тамос мебароетон. Ман аз вазифа намеравам, то ки раиси вилояти Суғд нашавам, мана кришам ҳай, так что қати ман душман нашаветон».

 Номҳои он бачаҳакои болоро, ки дар милиса кор мекунанд, наменависам. Хитобам ба бачаҳакои боло, ки дар Конибодом кор мекунанд ин аст ки ман дар болои болоҳо кор кардаам ва ҳамаатро, ному насабу номҳои устодонатонро медонам. Болои ин мардум дигар бо адолат кор кунед ва мардумро «будик» нагуед.

  Донишомузоне, ки ба дигар давлатҳо барои хондан мераванд инҳо мебаранду допрос мекунанд. Саволҳои инҳо фақат ин аст: “фалониоча тъ чиба и давлатда мерай, кадом мақсад қати мерай ҳъ ,т қати фалони одамо кор кеести ,т қати хоино нестӣ, э т чи гап зан шиди хъ, ва ғайра “

 Дар Конибодом ҳоло сар карда аз полшуякҳои беморхонаҳо то духтуру банкиру дигару дигар бачаҳои мардумро бузӣ мекунанд. Гуфта истодаанд, ки ба наздикӣ қонунро иваз карда яккаписарҳоро ҳам аскарӣ мегиранд. Паёме ба Абду Фотеҳ ( Фотя) -и буз дорам: эй аблаҳ аз Худо тарс! Бачаат дар Русия барои бузии ту шата хурд. Ман медонам ту бузиатро бас намекунӣ! Аммо агар идома диҳӣ аксҳои маҳрамона ва дигар чизҳоят мебарояд, то индуки хонаат ва номҳои занҳои дувуму севумат дар дасти тими Ислоҳ мавҷуд аст ва чоп хоҳад шуд.бузиатро бас кун!

 Ҳоло дар бораи дуздҳои помоши инвалидҳо гуфтаниям. Онҳо помошҳои бонкро фақат ба хешовандони худ тақсим карданд. Агар инвалид бошӣ фақат роҳат ба Русия аст, на Тоҷикистон. Ман аз мақомот талаб дорам, ки нафароне,  ки помоши инвалидҳоро мехуранд, тафтиш намоед.

 Бачаҳои боло то ба кай муқобили ришдору ҳиҷобдор кор мекунеду шиканҷа карда онҳоро будик мегуед?  Шумо говсуворҳои нодидаи гушнапурзур мисли муғул ҳастед, тараканҳои нодида.

Акнун дар бораи об ва барқ, дар Конибодом. 5 сол боз об нест. Ҳоло зимистон омад ва барқро фақат 4 соат ё 2 соат аз соати 20:00 то 22:00 мебинем тамом. Қиргизҳо бо трубаҳо оби Сирдарёро гуп гуп мекашад!! Аммо Эмомтапаки золим ба мардуми Тоҷикистон на свет ва об медиҳад. Мардуме, ки назди Сирдарё зиндагӣ мекунанд, фақат касонеаш, ки колодец, чоҳ кофтанд, онҳо об доранд.

Мегузарем ба соҳаи маорифи Конибодом. Аз синфи 1 то синфи 11 дар Тоҷикистон хондаам.Рузе набуд, ки пул ба мактаб набурда ва надода бошем.

Бо муаллимаҳо ба саҳроҳои вазифадорҳо мерафтем аз ҳисоби соатҳои дарсӣ. Бо белу каланд ва бо либоси мактабӣ кор мекардем.

Ва охирон чизе, ки мехоҳам бигӯям ин аст ки дар аксарияти қаламрави вилояти Суғд газ буд ва дар манзилҳои мардум гузаронида буданд. Аммо бо омадани Эмомтапак трубаҳои газро мақомоти дузди ғоратгари вай дар Конибодом канду  оҳанпора карду фурӯхт. Ҳоло дар асри 21 боз ҳама ба бухории бобоӣ, тапак, ҳезум ва ангишт гузаштааст.

Духтуру муаллиму дигару дигар дар Русия мардикор аст, дар ватан имконият надорад. Инҷо танҳо милисаҳои гург дорем.

Хитоби ман ба Азизмои модар миллат дар нохунак. Азизмо нархи газ дар Суғд 8 сомонӣ шуд. Мо суғдиҳо маҷбурем, ки ба Самарқанд равем ва онҷо зиндагӣ кунем. Онҷо нарху наво арзон. Мо мардуми Суғд хоҷа надорем. Аммо мо аз шумо муғулҳои носераму нодида фарқ мекунем.

Магар ин аст зиндагӣ дар давлати соҳибистиқлол, ки ҳамеша талқин мекунӣ, шукрона кунем. Ту фақат гареми мардонаи Озодаи Асп ва Тахминаи Клеопатраро мебиниву халос. Мо ҷавонони Суғд роҳи он шерони умматро, ки аз Хистеварз буданд, идома хоҳем дод. Суғд ва Душанберо озод хоҳем кард аз дасти ин Оғлуҳои маҳалгарои қавми паст.    

                                           Чоркуҳ

Ассалому алейкум бародар Муҳаммадиқболи Садриддин!

 Бародар имрӯзҳо вазорати маориф ва кормандони шуъбаи дохилӣ болои мардуми Чоркӯҳ бисёр зулм карда истодаанд. Наход як давлате, ки президенташ худашро пешво эълон мекунад, дар муассисаҳо як ҳавз барои зидди сӯхтор сохта натавонад.

  Дар масҷидҳои Чоркӯҳ, Найман ва Ворух раисони ҷамоату маҳаллаҳо эълон карданд, ки мардум бояд дар тамоми муассисаҳо ҳавз созанд, вагарна ҷарима мебандем. Ҷарима карда метавонанд, тюрма карда метавонанд, дуздӣ карда метавонанд, қатли инсонҳои бегуноҳро метавонад аммо як ҳавзи сӯхтор сохта наметавонанд. Дар масҷидҳо имомону раисони маҳалла эълон карда истодаанд ё тариқи ҳашар ва ё бо ҷамъоварии маблағ бояд ҳавз созем.

 Эй, Эмомтапак мактабҳоро соҳибкорон ва худи аҳолӣ сохта обод карда истодаанд. Бахудо қасам давлат ягон муассиса насохтааст. Дар Найман як мактаби бениҳоят зебо сохта ба истифода дода шуд, аммо давлат 1 сомонӣ дода натавонист. Ин мактабро як соҳибкори найманӣ сохта дод.

  Оилаи Эмомтапак, ки давлатро ғасб карда гирифтааст дар фикри ватану шаҳрвандон нест. Ин оилаи касиф танҳо дар фикри дуздиву куштану тюрма кардану ҷарима кардану ватанро фурӯхтан аст, дигар коре надорад.

 Дар Чоркӯҳ қуммазор буд. Дар ҳавои гарм ҳама рафта барои сармохурдагӣ ва шамолзадагӣ дар қум табобат мекарданд, аммо онҷойро низ имрӯз қирғизҳо забт карда гирифтанд. Ин аз они мо гуфта одами рафтагиро паронданд. Аммо ҳукумати мо ба ҷои аз замини ватан ҳимоят кардан қиргизҳоро ҳақ медонад. Мардуми моро инҷо набиё мегӯяд, чаро меравед мегӯяд. Ба Худо қасам 5 сол дигар ин оила  дар қудрат монанд тамоми замини ватанро мефурӯшад. Бародарон инқилоб вақташ омад. Бубинед модарону хоҳарону падарони моро дар манотиқи кишвар барои аскару сарбозгирӣ зада истодаанд. Ба Худо қасам вақти инқилоб шуд! Пагоҳу паспагоҳ дер мешавад. Баъди Тоҷикистонро фурӯхтан дигар дер мешавад, ҳамин ҳоло ҳам дер шуд. Ҳоло ки ватан дорем, биёед бихезему ин оилаи ҳаромиҳоро несту нобуд кунем. Инҳо ҳеҷ кас нестанд. Ба Худо қасам аз тарсончакии мо мардум истифода бурда истодаанд. Барои ин ватан хун медиҳем, ҷон медиҳем, шаҳид медиҳему ватану миллатро аз дасти ин оила наҷот медиҳем. Биёед мардум бедор шавем.

Бародар Муҳаммадиқбол! Зафар аз отдели Чоркуҳ рафтагӣ аст. Ҳозир зулм болои мардумро Фараҳманд, Аҳлидин Асадқулов  ва Мақсад Шарифзода афзуда истодаанд.
Лайсидин Шаропов майдон барои парчамро ҳам фурухт. Ҳозир ҷои бинои ҷамоати пешинаро майдони парчам мекунанд. Ҳуҷҷатҳоро дар даруни мошинаш имзо мекунад. Дар Чоркуҳ дигар идораи ҷамоат нест. Аз идораи совхоз як кабинет гирифтагӣ, аммо онҷо касе намешинад. Ҳозир имомхатибҳо фақат аз пайи сарбоз. Маҳаллаи Себзор, Лангар 24 соат свет надоранд. Нақшаи сарбозгириро анҷом надодаанд. Светҳояшонро буриданд.

  Чанд касро коргарони амният бурда аз ҷойи онҳо лайк монда тарсонида пулашонро гирифта озод карда истодаанд. Баъд аз нашри ҷиноятҳояш дар яке аз номаҳо Зафар аз отдели Чоркуҳ рафт. Ҳозир дар ШВКД1-и Исфара ба кор гузашт. Дар ҷойи вай Мақсад омад.

Ман аз як коргари амният, ки шинос ва пинҳонӣ намоз ҳам мехонад пурсидам, ки чаро ин қадар болои мардуми мо зулм мекунед, гуфт , ки ин супориши худи СС.Ятимов аст ки болои Чоркуҳ зулмро ниҳоят сахт кунем.

                                         Кулоб

  Ассалому алейкум устоди гиромӣ! Ман як патсани мухлиси шумо. Барномаи 59-и «Номаҳо…» ро тамошо кардам. Дар бораи Комсомол, қишлоқи Абдуҷаббор Зардиев. Ҳарчи ки гуфтед ҳамааш рост аст. Мехоҳам, ки гапҳои маро ҳам дар номаҳо чоп кунед.

   Ман аз Кулоб, аз қишлоқи Абдуҷаббор Зардиев. Шумо дар бораи мулло Иброҳим гуфтед. Вай дар ҳақиқат як ҳиллабоз аст. Тамоми чизҳои масҷидро мебарад ба хонааш. Меваҳои дарахтони масҷидро шабона бо ҳамроҳии акааш, ки Муҳаммади пок мегуянд медуздад. Шабҳо говҳояшонро даруни замини масҷид мечаронанд. Боз агар ягон нафар эроде бигирад, Иброҳим мегуяд масҷидро акаам Абдуҷаббор соз кардааст.

 Дар бораи Рамазони Абдулло ҳам гуфтед. Падараш марҳум Абдулло бузи Абдуҷаббор Зардиев буд. Ҷояшро ба писараш доду мурд.

 Рамазон кораш таърифи Сафар ва Абдуҷаббор Зардиев аст. Бузи тайёр аст. Як бузича доштанд бо номи Султони Ҳайдар. Шукри худо,  ки вай аз бузӣ баромад. Барои он баромад, ки бачаҳои ҳоҷӣ Набӣ заданаш.

Ин Рамазон кадом рӯзе сахт шатта мехурад.

Дар қишлоқи мо об валлоҳ аз руи соат меояд. Боз вақтҳое мешавад, ки рузҳову моҳҳо бе об мешавем. Илҳоми Путин об баровард. Халқ пул ҷамъ кард. Хостанд лулаи обро бикашанду ба кулли қишлоқ об диҳанд. Боз бадбахти Абдуҷаббор Зардиев монеа ин кори хайр  шуд.

 Бачаҳо аз Русия пул ҷамъ карданд. Барои об ва таъмири мактаб. Аммо нагузоштанд, ки мактабро таъмир кунанд. Гуфтанд, ки пулро бидиҳед мо худамон таъмирро анҷом медиҳем. Бачаҳо розӣ нашуданд. Мактаб як қаловур дорад, ки хеши Абдуҷаббор Зардиев аст. Акаи Саймаруф. Дар замини мактаб хона андохта аст. Касе чизеяш намеуяд. Як келинаш дар Русия, якеаш дар Душанбе зиндагӣ мекунад. Аммо номҳояшон дар ведомости мактаб ҳамчун фаррош рафта истодааст, маош мегиранд. Саймаруф директори мактабро гапзанӣ намемонад. Ба наздики як корам ба директор ғалтид, гуфт, ки имконияти буд карданашро надорам. Баъд акаи Саймаруфро гуфтам. Гуфт корат 5 минут пас буд мешавад. Аммо як обеди вазнин ташкил мекунӣ, мо меоему мешинем.

 Саймаруф корро буд кард. Директор аз изо намедонад, ки чи бигуяд. Тамоми муҳру печати мактаб дар дасти Саймаруф.

Барои як кудакам ба 200 сомонӣ китоби дарсӣ харидам.

 Ҳисоб кунед, ман се кудак дорам. Вале оилаҳое ҳастанд, ки чор ё панҷтоӣ талабаи мактабхон доранд. Боз суми моҳона, журналпулӣ, бурпулӣ, суми столовий.

Дар мактаб аз помош орду равған меояд барои талабаҳо. Саймаруф бурда дар хонаи худаш мехамбонаш. Худам чанд бор бо мошинам помошҳоро бурдам. Мактаби мо замини калон дошт. Тақсим карданду фурухтанд. Ҳозир як замини майда шудааст.

  Мулло Иброҳи, Ҷамшеди лугод (лгот)Ҳасани зону ва Саймаруф аз чор тарафи мактаб заминҳоро гирифта хона карданд, замини мактаб буд шуд. Ҳамаи инҳо хешовандони Абдуҷаббор Зардиеванд.

  Дар мактаби қишлоқи болои Одилзода Рано (Раъно) директор буд. Завсклади мактаб янгааш Гурезова Холиса буд. Дукаса ордҳои аз помош барои мактаб омадаро мефурухтанд. Раъно Одилзода ҳозир Душанбе рафт. Аммо ин янгааш монд ва то ҳоло орд мефурушад. Ин Раъноро мегуфтӣ, ки зани Абдуҷаббор Зардиев бошад. Муаллимаҳоро ба пахтачинӣ ва дигар корҳои ҷамоат ҳамин Рано мебурд. Як муаллими шинос кор мекард, гуфтам чаро бас кардӣ кор дар мактаби №28ро. Гуфт аз дасти Рано Одилзода  ва Ҳусниддин безор шудам.

Рано ва Ҳусниддин ҳарррӯз субботники гуфта муаллимаҳоро пахтачинӣ мебаранд. Валлоҳ қасам худам дидам, ки Рано муаллимаҳои мактабро пешандоз карда оварда кучаи Зардиевро тоза карда руфтанду рафтанд. Бовар кунед, домулло безори Абдуҷаббор Зардиев шудем. Кай мемурад, ки ҷони мо халос шавад

Ин Рано рафт Душанбе ва чи хеле карду дар як сағирхона директор шуд. Аз байн 6 моҳ гузашт. Муаллимҳо гуфтанд, ки Рано дар Душанбе 3 хонагӣ гирифтааст. Маълум, ки он сағирхонаро ҳам дуздида истодааст. Дар таги бинии СС.Ятимов ва оилаи пешво ин корро дорад. Вай як зани бешавҳар, ки ду духтар дорад. Аз куҷо пул оварду дар 6 моҳ 3 хонага харид? Боз духтарашро ба шавҳар доду туяшро дар тарабхонаи Яккасарои Душанбе гузаронд, ки як ресторани гарон аст. Боз дилаш қарор нагирифту омаду дар деҳа ҳам туй кард.

   Аммо касе чизеяш нагуфт, не танзиму не амнияту не милиса. Барои онки апааш Дилбар Одилзода мушовири Рустами Эмомалӣ аст. Дар туяш қариб тамоми ҳофизҳои ҷумҳурӣ суруд хонданд.

 Ва ҳоло боз идома медиҳем ва аз деҳаи Комсомол ва Зафари Зардиев мегуем. Ба  Сафари зинокор Нури Гагарин бузича буд. Бачаҳоро бурда дар отдел азоб доданд. Ин Нури Гагарин чунон палид аст ки зани ҳамсояашро таҷовуз кард. Он бача дар Русия буд. Бародари ин бача Шуҳрат Кураев Нури Гагаринро мурданивор мезанад, ки чаро бо янгаи ман ин корро раво дидӣ? Шуҳратро Сафари Зардиев роҳӣ мекунад бузҳоро мебаранду азобаш медиҳанд. Гуфтанд, ки статяи Муҳаммадиқбол мезанем.1 5 000 сомониашро канда гирифтанд. Ман вақте ин гапҳоро шунидам гуфтам, ки бахудо ин бародари мо шери нар аст. Муҳаммадиқболи Садриддин дар Тоҷикистон статя доштааст.

Share This Article