Номаҳо аз ноҳияҳо ба «Ислоҳ.нет»№47

Ислоҳ нет

 Номаҳои Шумо хонанда ва бинандагони азиз на фақат дарду ранҷ ва муаммову мушкилоти худи шумо ва маҳалли шуморо бозгу мекунад, ҳамчунин инро ҳам нишон медиҳад, ки тули ин ҳама муддати ҳукумати беш аз сисола, Раҳмонов коре аз дасташ барнаёмадааст ва дар фикру андешаи рафъ ва бартараф кардани ин ҳама мушкилотро ҳатто надошта аст. Мушкилоту муаммо хислат ва табиати саросарӣ касб кардааст. Ҳал намешавад, бештур ва амиқтар мешавад, чунки ҳукумат аслан машғул ба кори дигар аст. Коре ба кори мардум надорад. Ба ҷуз аз ҷамъоварии маблағ, ба ҷуз аз фурӯхтани замину иншоот, ба афрод ва гурӯҳҳои алоҳида. Ҳоло, биёед, бо ҳам ин номаҳои пур аз мушкилоту дарду ранҷро қироат кунем:

   Фархор

  Ассалому алейкум бародар Муҳаммадиқболи Садриддин. Ман сокини ноҳияи Фархор, деҳаи Москвача ҳастам. Ду шикоят ба президент Эмомалӣ Раҳмонов дорам. Ин шикоятамро агар дар коғаз навишта ба дастгоҳ равон кунам, зиндонам мекунанд. Барои ҳамин ба “Ислоҳ” мерасонам. Чунки аниқ ин номаи маро президент гуш мекунад.

  Чандин бор шикоят карда дидем, гушамон накарданд. Шикояти ман аз он аст ки чаро чандин генерал дар Фархор таваллуд шудагӣ масалан  Шералӣ Хайрулоев –Девонаевҳо, Мансур Умаров, СС.Ятимов, Сайидамир Зуҳуров, ҳозира раисони КГБ-и Суғд, Ҳисор аммо як роҳро соз карда наметавонанд. Ҳаминҳо нангу номусу имону инсоф доранд?

 Ҳамаи инҳо инҷо зиндаги мекунанду 18 километр роҳро асфалт карда наметавонанд.

  Раиси шаҳри Душанбе Маҳмасаид Убайдулоев буд, хайр вай беномус аст. Чунки дар деҳааш мактаб надоранд. Ин парвои асфалт надорад. Эмомалӣ худатро пешво мегирӣ. Охир ҳаминҳоро фармон деҳ, ки ин 18 километрро асфалт кунанд. Миллионҳо сум доранд. Як миллионӣ бидиҳанд, роҳ мумфарш мешавад. Мегуӣ ин роҳи калон неву замини кишт аст, ҷуфт кардагӣ. Дар ин деҳаи мо Москвача мошин агар забон дошта бошад, очаи ДЕУ, аз Эмомалӣ, аз Рустам ва дар охир соҳиби худашро ҳақорат мекунад. Ин қадар пули налоги роҳ куҷо меравад? Боз роҳкиро панҷ сомонӣ аст. Дар ягон ҷо туғрӣ намегирад. Дар 5 километр 5 сомонӣ:

 «ин фақат да қонуни прездент туғрӣ мегирад, чунки Эмомалӣ хешдорай, чандин домод гушна мемонанд ҳами масалара бин Эмомалӣ. Ку як бор мард шав, мард дар словаш меистад, ту бошӣ садбор ваъда кардӣ як бор ба ваъдат наместӣ»

 Ба Аллоҳ қасам агар суми фоидаи думоҳаи Мансур Умаровро бигирӣ18 километрро бемалол асфалт мекунӣ. Гуфтаи ҳамон бачаи восеӣ, ки пеши президент мехезаду мегуяд, ки ин асфалт аз давраи пеш аст. Мо ҳам мегӯем асфалти роҳи асосӣ аз давраи СССР аст, ки ин беномусии президентро нишон медиҳад. Халқ худаш мекунад, аммо раиси ноҳяи намемонад. Мегуяд «доля» бидеҳ, баъд иҷозат барои асфалт карданро мегирӣ. Инчи бесоҳибӣ аст? Биёед, бинед, санҷед, баъд бигуед, ки халқ дуруғ мегуяд. Ё ба “Ислоҳ” маълумоти бар дурӯғ мефиристанд. Охир куҷои ончи навиштам дурӯғ аст, мард бошед якбор бе огоҳӣ худат шин биё Эмомалӣ баъдм мефаҳми кӣ дурӯғ мегуяд ва кӣ рост.  Эмомалӣ ин роҳро обод кун, беномус, фақат шиками худам мегуӣ.

           Душанбе

 Ассалому алейкум бародари азиз Муҳаммадиқбол! Ташаккур, ки номаҳои маро чоп мекунед. Ин бор мехоҳам як ҷиҳат ё инки паҳлуе аз фоидаи ба муҳоҷират нарафтан ва ё инки манъи вуруди шаҳрвандони Тоҷикистон аз тарафи мақомоти Русия ба ин кишварро аз забони вазири адлия Музаффар Ашуриён ба мардуми Тоҷикистон расонам.
Имсол дар ҷумҳурӣ дар нимсол 32851 ақди никоҳ сабт гардидааст, ки аз нимсолаи соли гузашта 2000 зиёдтар мебошад.
Ин баёнгари он мебошад, ки мардум дар 6 моҳи имсола нисбати соли гузашта 2000 туйи арусӣ  бештар кардаанд. Яъне 4000 ҷавонон оила барпо намуданд.
Аммо дар нимсолаи соли 2022  бекоркунии ақди никоҳ 7265 маротиба ба қайд гирифта шудааст.
Имсол бошад 5370 ақди никоҳ бекор шудааст, ки 1895 ақди никоҳ камтар аз соли 2022 бекор шудааст, ки ин 26 фоиз мебошад.
Яъне манъи вуруди ҷавонони Тоҷикистон ба Русия ва ба муҳоҷират нарафтан, дар назди оилаҳои худ кору фаъолият намудан 1895 оиларо аз ҷудоӣ ва талоқ эмин нигоҳ дошта баръакс миқдори оилаҳои нав бештар шудааст. Бе шубҳа метавон гуфт, ки сатҳи таваллуди кӯдакон ҳам бештар шудааст. Яъне ба муҳоҷират нарафтан1895 занро аз бева шудан ва бероҳа шудан нигоҳ дошт. Ҳазорҳо кӯдак аз зинда ятим шудан эмин монд. Агар мардуми Тоҷикистон ба Русия ба муҳоҷират рафтанро қатъ кунанд, ин миқдор боз бештар мешавад. Падарон дар назди оилаҳои худ фарзандонашонро ба тарбия мегиранд. Насли ҷавон боодоб ва боақлтар мешаванд. Занони Тоҷик ранҷу машаққати бешавҳарӣ намекашанд, миқдори оилаҳои ҷудогашта камтар мешавад. Чуноне ки мегӯянд“меҳр дар чашм аст”.Бе дидор, бе якҷоя зистан ва дурӣ аз ҳам табиист, ки меҳру муҳаббатро байни оилаҳо кам намуда оқибат ба ҷудошавии оилаҳо меорад.
Ҷомеъа аз ячейкаҳо иборат мебошад, ки ин ячейкаҳо оилаҳо мебошанд.
“Оила – ин ячейкаи ҷомеъа “ буда дар ҳолати аз байн рафтани ҳар ячейка ҷомеъа ноустувор ва фарсуда мегардад. Барои ҳамин ҷавонҳои азиз талош кунанд, ки дар ватан бимонанд ва дар ватан ҷойи кор пайдо кунанд.

                          Санкт-Петербург

  Салом бародар Муҳаммадиқбол! Бигзор номи маро хоҳари муҳоҷир гузорем.

 Ман мехостам дар эфири зинда бо шумо гап занам. Ҳамон занҳои чоплус бисёр дуруғ лақиданд, асабҳоям вайрон шуд. Бародар мо ҳамеша дар ҳақи шумо дуо мекунем. Аллоҳи меҳрубон қаламатон тез, забонатон бурро, саломатиатон устувор бошад. 100 сол умр бинед.

Мо як гурӯҳ занҳои муҳоҷир аз муҳоҷират безор шудаем. Дар гурӯҳи мо наздики 90 зани тоҷик кор мекунад. Охирашон 63 сол доранд. Азоби сахт мекашем. Урусҳо моро наёмник гуфта усал мекунанд. Ман худам пули меёфтаамро ба 4 қисм ҷудо мекунам. Пули хурдан, пули иҷора, пули патенту регистратсия. Ҳеҷ чизаш намемонад. Як илоҷе карда 6-7000 рубл барои кудакҳо роҳӣ мекунам. Ҳамон ҳам ҳоло арзони хоки сиёҳ шудаст. Ҳиҷчӣ намешавад. Ба доди модарҳои муҳоҷир чаро ҳеҷ кас намерасад? Охир чаро президент ин қадар парку паркбача, парчаму майдони парчам месозад? Музейи Эмомалӣ Раҳмонови зинда барои кӣ даркор аст? Ҳайкали модари Эмомалӣ Раҳмонов ба кӣ даркор аст? Чаро Эмомалӣ Раҳмонов барои худаш самолёти шахсӣ мехарад? Чаро як завод сохта мардумро бо кор таъмин намекунад. Мардҳоямон ку дарбадар, ҳозир занҳо муҳоҷири меҳнатӣ шуда кор карда истодаанд, боз кор намеёбанд.

  Э, Эмомалӣ Раҳмонов! Агар ҳамин Русия набошад, мо куҷо мерафтем, чи кор мекардем? Ту чи хел давлатдорӣ мекардӣ? Ҳиҷчи фикр мекунӣ? Заводе бисоз, ки ҳамин занҳои овораи бечора кор кунанду аз дасти зулму ситами муҳоҷирӣ халос шаванд. Аз соати 8-и субҳ то 8-и бегоҳ, бидуни истироҳат кор мекунем. Танҳо 30 минут обед ва 2 минут бегоҳ чой мехурем. Дар холодилник кор мекунем. Саломатиамонро аз даст додем. Бародар ин гапҳои моро дар барномаат хон. То ки амният ва президент фаҳманд, ки мо занҳои тоҷик дар чи азобу ғурбат қарор дорем. Бовар кунед ҳар бегоҳ гиря карда, гиря карда ба хонаи иҷораам меравам. Шавҳарам мурд. Кудакҳои бечораам бепадаранд. Кадом рӯз бе модар ҳам мешаванд. Давлат 80 сомонӣ нафақа медиҳад, чи мешавад? Ҳеҷ чиз! Ҳамон пули китобҳояшон 120 сомонӣ мешавад. Ҳозир мондааст сару либоси мактабӣ. Имрӯзу пагоҳ сентябр ҳам медарояд. Сар мешавад пули мактаб, пули сару либос, пули китоб, пули журнал, пули муаллиму муаллимаҳо…Ин мактабҳо тамоман аз рамка баромадагианд, беимонҳо. То кай мо дар ғарибӣ ҷон меканем вайҳо онҷо кайфу сафо карда мегарданд ҳамроҳ бо аъзои оилаашон.

  Бахудо қасам, агар инқилоб шавад, мо занҳо  ҳам иштирок мекунем. Дигар аз бало ҳам наметарсем. Аз ҷонамон сер шудаем. Даже связи ҳалол сохта наметавонанд, ки бо бачаҳоямон гап занем, рангу руяшонро бинем.Бародар, дарди дилҳои мо зиёд аст, нашр кунед, андаке дилҳоямон хунук шавад.

  Истеъфо Раҳмонов!

                                  Исфара

Бародари азиз салом! Ман мехостам, ки дар бораи Фурқат Икромов ва Аҳрор Каримов бароятон бинависам. Ман худам аз Чоркуҳ ҳастам.
Аз Фурқати рижий саркарда то Лайсиддину Ҳошим ва Абдувакили дар Арабистон хондагӣ. Бояд мардум бифаҳманд, ки инҳо фарзандони Абуҷаҳланд.
 Ин Фурқат чанд сол мешавад, ки дар шаҳри Қазон аст. Намехоҳад, ки кори ҳеҷ кас пешрав шавад.

 Агар фаҳмад подставит карда пулу молашро мегирад ё ки 50% дар даромадаш шарик мешавад. Агар он шахс розӣ нашавад депорт карда мефирсонад. Ҳеҷ кас ҳақ надорад, ки аз Тоҷикистон бо вагон меваи хушк биёрад. Ҳама ҷоро монополия кардагӣ аст. Агар ягон одам ҳатто через мошини қирғизҳо ҳам биёрад он одамро капааш месузад.  Хабар кашҳои бисёр дорад. Дар Қазон як ошхона ҳаст ба номи «Плов хаус».

Соҳибаш Баҳоваддин -одами ҳизб буд. Ҳамон одамро ба ман «доля» медиҳӣ гуфтааст. Вай рад мекунад ва намдиҳад .Вайро туҳмат баст, ки ба фалонҷо пул роҳӣ кард. Он одами тамоман бегуноҳро депорт карданд. Инҷо боз кафее амал мекард бо номи «Самса1».Соҳиби онро маҷбур карда 50% даромади онро ҳар моҳ мегирад.

 Дар бозори маъруф ба «Колхозный» нафаре бо номи Ҳошимбой кор мекунад. Худаш бо се фарзандаш ва 10 коргараш. Ин одам солҳои зиёде аст ки инҷо кор мекард. Шунидам, ки рафтаву он одамро маҷбур кардааст, ки 50% даромадашро ба вай диҳад. Инҳо меваи тар мефурӯшанд. Тарфурушӣ бисёр риск дорад. Гоҳо фоидаи якмоҳаатро дар ду рӯз аз даст медиҳӣ.

Дар аэропорт як  шогирдашро бо номи Хуршед Баҳриддинов мондааст. Падари вай Исмоил Баҳриддинов бениҳоят ҳаромхур аст. Писараш дар аэропорти Қазон тоҷикҳои беҳуҷҷатро ба милисаҳо аввал мефурӯшад, баъд худаш боз бо пули калон аз дасти онҳо мегирад. Одамҳо аз дасти инҳо ба дод омадаанд. Ҳама метарсад. Ҳиҷчи гап зада наметавонанд. Гап зананд ба Фурқати рижий рафта мегуянд. Фурқати рижий ин одамҳоро боз зиёдтар ғам медиҳад.
 Дар Чоркуҳ вазъият безеб аст. Ҳоҷӣ Ахрор Каримов ва Лайсиддин Шаропов бо милисаву амният ҳамкорӣ мекунанд ва  халқи бечораро бисёр подставит карда пулҳояшонро мегиранд. Ман 3 рӯз шуд аз Чоркуҳ омадам. Ба чашмонам дидам, ки аз 18 сола поинро ба масҷид намемонад. Ягон гап занӣ, масҷидро маҳкам мекунад. Дар бисёр масҷидхо имомхатибҳо бесаводанд. Ҳамаи онҳо одамони Лайсиддин Шаропованд. Пештар як амакаш лақаби Фиръавнро дошт. Ин амакашам ҳама ҷоро фурӯхт. Боз навбати ҷиянаш сар шуд. Халқи Чоркуҳ аз дасти инҳо чи кор карданашро намедонад.

   Ин Абдувакилаш бошад тамоми қориҳоеро, ки дар Арабистон хонда омаданд: қорӣ Зоир, қорӣ Амрӣ, қорӣ Зикрулло ва дигарҳоро туҳмат карда ба хусураш хабар дод. Ин бадбахт бошад, инҳоро тюрма кард.
   Фурқат аз маҳаллаи Зочол мебошад. Лайсиддин Шаропов, Хуршед Иброҳимов, Бадриддин Шаропов аз маҳаллаи Таги садаанд. Абдувакил як ако дорад ба номи Абдурақиб, ки имомхатиби масҷиди бо номи қорӣ Ҳодӣ аст. Ин як бузи калон. Инҳо аз маҳаллаи масҷиди миёна мебошанд. Дар мавриди Абдувакил ва чи корҳо мекунад бо оилаи Раҳмонов дар номаҳои оянда менависем. Наход як толибилм ба ин корҳои нопок даст занад. Акнун аз нохондаҳо дигар чи гила кунем?


                Зафарободӣ- Тюмен

   Бародар Муҳаммадиқбол салом! Барномаатонро тамошо мекунам. Ман собиқ хизматчии давлатиам, ки 600 сомонӣ маош мегирифтам. Сардори шуъба дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ солҳои дароз фаолият кардаам. Дар вазорат ҳам кор кардаам. Донишгоҳро бо дипломи сурх хатм кардам. Чандин забонро баладам. Аммо ҳозир дар Русия “турист”ҳастам. Кор мекунам.

  Шаби гузашта, вақте тамошо мекардам, дидам, ки аз Зафаробод як муаллим бо шумо суҳбат мекунад. Ман ӯро хуб мешиносам. Гуфт муаллими таърих асту дар шуравӣ хондааст. Гуфт аз Англияву Франсия савол деҳ. Савол додед сараш давр гашт. Вай фикр кард, ки Англия тарафи Зафаробод аст.

 Нафари дигараш худро афғон рост кард, аммо аз лаҳҷааш фаҳмидам, ки афғон нест. Дар сараш салла неву халта. Афғонҳо ин тавр сала намебанданд.

   Якеи дигараш каналро нишон дода истодааст. Канал дар поёни Зафаробод аст. Онро канали поён мегуянд. Онро нишон медиҳад. Дар таги канал чени як ҷӯ об рафта истодааст. Насосҳои Зафаробод фарсуда шудагӣ. Дар ҳафта ду бор мезанад. Маблағро аз мардум ва аз хоҷагиҳои деҳқонӣ ҷамъ мекунанд, ба баҳонаи онки насосро таъмир кардан даркор, запчаст харидан даркор. 10 сол зиёд аст ки ҳамон як гап:-насосҳо фарсуда шудаанд.

  Зафаробод яке аз калонтарин ноҳияҳои пахтакорӣ аст. Мо соли гузашта ҷои якумро гирифтем. Наход насосҳоро аз ҳисоби фоидаи пахта таъмир карда нашавад?

 Баъзеашонро мебинам, ки мегуянд аз дастовардҳо гап занам? Аз чи дастовард гап мезанӣ? Ба ҷуз аз ҳамин фарзандонат, ҳоҷатхонаат чи дастовард дорӣ? Магар сохтани хона дастовард аст? Ин дастовард нест, ин зиндагӣ аст, ки бояд ба сар барӣ. Хона надошта бошӣ, чи зиндагӣ дорӣ?

Як рӯз як  видеоятонро тамошо кардам, бо як зафарободӣ. Англисӣ ҳарф мезад. Аз дурӯғҳои он одам девона шудам.  Ӯро  ман хуб мешиносам. Вай собиқ мудири шуъбаи идеологияи ноҳияи Зафаробод аст. Вай аз деҳаи Утоғари Айнӣ мебошад, ки баъдан ба Зафаробод кучидааст. Деҳаи Утоғар то ҳол роҳи мошингард, мактаб ва барқ надорад. Бародари азиз! Ман фикр мекунам, ки шумо идомадиҳандаи кору пайкори эшони Фузайл-махсуми қаротегинӣ, эшони Саидаҳмадбеки масчоӣ ва устод Сайид Абдуллоҳи Нурии сангвориед! Ин мардони бузург дар роҳи дину ватан ва ҳифзу ҳимояти озодиҳои мардум ва миллат ҷони худро нисор қарданд.

Ҳангоме, ки як нафар аз ноҳияи Зафаробод ба Шумо ҳамсуҳбат шуд ва роҷеъ ба грантҳои хориҷӣ баҳс кард, даст ба сари сина куфта мегуфт, ки меҳнат кардам, грантро соҳиб шудам.

Ман гуфтаниям, ки эй мардум аз руи ҳақ гуед, ки кӣ хоҷаи хориҷӣ доштааст, Муҳаммадиқбол ё шумоҳо- косалесон. Ин шахс чуоне гуфтам, собиқ мудири шуъбаи идеологияи ноҳияи Зафаробод буд. Мегуяд, ки касе метавонад  зиёд кор мекунад. Ту бародар ҷавоб деҳ. Аввалан номи худро дигар гуфтӣ Салимҷон ва баъдан бигӯ, ки ҳангоми дастрас намудани грант чанд сомонӣ ба шуъбаи рушди иқтисодӣ, ба муовини раис ва ба раиси ноҳия доди. Бигӯ , охир ман ин ҳамаро хуб медонам.

Ту ягон ҷавоб надорӣ. Мегуӣ ноҳия тинҷ аст. Бигӯ барои чи замони Шуравӣ то заминҳои деҳаи Бахти ҷамоати деҳоти Равшан об мерафт, имрӯз не? Як рӯз об ба канал меравад, дуюм руз эълон мекунед, ки пойгоҳҳои обкашӣ аз кор монд. Баъдан, кормандони идораи об бо супориши раиси ноҳия аз аҳолӣ ва ҳама хоҷагиҳои деҳқонӣ маблағ ҷамъ мекунанд ва ба гуфти худашон таъмир мекунанд. Мардум шод мешаванд то бегоҳ, ки об меояд, ба монанде, ки ба кудакат як чупачупс мехарӣ, як соат кудак шод аст. Боз пойгоҳҳои обкашӣ аз кор мемонанд. Салимҷони азиз бигу,бо супориши раиси собиқи вилояти Суғд, коррупсионери калон Абдураҳмон Қодирӣ, (ки замоне низ раиси ноҳияи Зафаробод буду бо хешу табор ва ронандааш ноҳияро тохт, ту худ дар ёд дорӣ, ки аз ҳама совхозҳо лулаҳои калонро бор карда бурд, ё инро ҳам инкор мекунӣ?

 11 адад скважина яъне чоҳи амудӣ ба ноҳия ҳамчун туҳфа дода шуд. Ин чоҳҳои амудӣ ба кадом хоҷагиҳо фурӯхта шуд, ҷавоб дода метавонӣ?  Ту медонӣ, аммо намегуӣ. Ман мегуям ин чоҳҳои амудӣ 3000 долларӣ ба шахсиятҳои пулдори ноҳия бо воситаи шуъбаи рушди иқтисод, муовини раис, сарпарасти соҳа ва раиси ноҳия фурӯхта шуд. Дар ҷамоати деҳоти Равшан як миллионер ҳаст бо номи Раҳматшо. Писари ин одам, ки як бесавод асту бо пул диплом гирифтааст, ҳоло муовини раиси ноҳия аст. Дар айни обёрии заминҳои ноҳия ҳамаи обро ба ин шахс мефурушед. Ҳатто кормандони ҳукумати ноҳия шаб барои навбатдорӣ ба сари канал баромада ба мардуми ҷамоати Ҷомӣ ва Меҳнатобод, ки заминҳояш аз беобӣ сухта истодааст обро надода обро ба заминҳои Раҳматшо мефурӯшанд. Салимҷон бигӯ, ки замоне Исмоилзода Зуфар Муртазохон раиси ноҳия омад саҳроҳо дарахтони зиёде мавҷуд буд то мардум баъди кор дар сояи ин дарахтон истироҳат кунанд?. Манзурамро бояд хуб фаҳмида бошед! Баъдан мудири бахши экология Ниёзов Боирҷон бо ҳамроҳии муовини раиси ноҳия Шарипов Меҳруддин ва раиси собиқи ноҳия Зиёев Сулаймон( Сулаймон Зиёзода, ҳоло муовини Сарвазир) ин дарахтонро фурӯхтанд. Ин ҳам дуруғ аст? Бигӯ ҷавобашро. Ой, бародар, Зафарободро кадом дардашро гуям. Дарди шуъбаи ЗАГС-ро, ки бе пул ягон ҳуҷҷатро намедиҳад ва салом намекунад, ё дарди шуъбаи шиносномадиҳиро ё дарди беморхонаро.

 Ёдат ҳаст соли 2015 Президент ба ноҳия сафар кард ва шахсан шумо- чиновникҳо ба забони худатон навистам (инҳо мардумро ба ду табақа ҷудо мекунанд: чиновник ва камбағал) як коргоҳи дузандагӣ кушод. Ин биноро  духтур Сангинов сохта буд. Дар як шаб аз Хуҷанд дастгоҳҳои атласу адрасбофӣ оварданд, мошинаҳои либосдузӣ ва эълон карданд, ки коргоҳи дузандагӣ ва атласу адрасбофӣ кушода шуд. Лентаашро буриданд, бечора духтарону занонро оварда шинониданд ва дар телевизион бо дабдаба нишон доданд. Баъди сафари президент то ҳоло дарҳояш кулф. Ба ин чи мегуӣ? Пеш аз онки ба Муҳаммадиқбол занг мезанӣ, аввал фикр кун. Ноҳияро шумо, чиновникҳои ҳақимардумхур ба чунин аҳвол овардед.  

 Шикори муллоҳо ва мардони босаводро шуъбаи идеология бо ҳамкории шуъбаи амният давом дода истодааст. Як бечора сар боло кунад даррав ба амният хабар мекашед. Чи қадар заминҳои обиро ба мардум замини наздиҳавлигӣ гуфта фурӯхтед. Як Абдусамаду Варансов тамоми ҷойро хариданд. Раисат ҳам ва худат ҳам даркор шавад худатонро мефурӯшед. Варансов (ин кличкааш) номаш Сунаттуло чӣ гуфт дар ёдатон ҳаст. Гуфт: «10.000 ба раис диҳам ноҳияро мефурушад».

Кадом шахсеро, ки раис монданд, фақат кисаи худу авлодонашро пур кард. Замин ва хонаҳои назди райпоро Раҳматзода Рустам аз худ кард. Ноҳияро коррупсионерон сарварӣ мекунанд. Рӯзе ҳақ ба ҳақдор мерасад. Шумо Худоро намешиносед. Масҷидҳоро бастед. Мардумро аз роҳи Худо зада истодаед. Ҳаминро мегӯям, ки фаромӯш накунед:

          Задани Худо садо надорад,

          Баъде, ки зад, даво надорад.

Восеъ

Салом бародар Муҳаммадиқбол. Аллоҳ умратонро дароз кунад. Сиҳатию саломатиатро хоҳонем. Мо тими «Ислоҳ» ҳамеша дар роҳи мубориза устувор ҳастем. Аз рӯйи ваъдаи кардаамон дар бораи Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами N°3 ноҳияи Восеъ ба номи Лоиқ Шералӣ, ки дар Деҳаи Охҷар қарор дорад маълумоти бештар медиҳем. Муассисаи таълимиро ба як бозор ва фоҳиша хона табдил додаанд. Чаро мо дар ин  мавзӯъ сӯҳбат мекунем? Гулов Саидмукаррам як педофили зинокор аст. Гулов Рустам бошад як дузди айёр. Гуловҳо чандин сари сол мешавад ин муассисаи таълимиро ғорат доранд, аммо ҳеҷ сер намешаванд. Гулов Саидмукаррам дар солҳое, ки дар муассиса директор буд педофилӣ ё ҳамон зинокорӣ дар авҷи аъло буд. Дар мактаб худаш бо як муаллима дар кабинеташ корҳои фаҳшо мекард. Чун муаллимон пай бурданд, дарҳол он муаллимаро ба никоҳи худ даровард-зани дуюм. Пеш аз ин ҳам дар мактаб як муаллим толибаи синфи 11-ро таҷовуз кард. Дар ҳамин даврае, ки Саидмукаррам директор буд. Аммо ҳеҷ чиз нагуфтандаш. Боз баъди ин ҳам як муаллими дигар Ҳусейнов Раҳмон бо лақаби Раҳмонстил як талабаро зино мекунад. Саидмукаррам ба вай ифтихорнома медиҳад, чунки Саидмукаррам педофил аст, аз педофилҳо хушаш меояд. Саидмукаррам ҳоҷӣ ҳам ҳаст. Аммо лесаки раиси ноҳия аст. Ҳарчи мегӯяд, иҷро мекунад. Барои мисол ӯро фармон дод, ки нагузорад талабаҳоро, ки ба масҷид бираванд. Дар масҷид касеро медид, номашро менависту бузиашон  мекард. Ё муовинаш Баротов Наврӯзро, ки ин ҳам буз аст равон мекард. Саидмукаррам барои як муаллимро ба кор қабул кардан аз 1500сомонӣ то 3000сомон мегирад, баъд ӯро ба кор қабул мекунад. Инро бо чашмонам дидам, ки пора мегирифт. Дар муассиса 1500 талаба таълим мегиранд. Ҳарсола пули ремонти атрофи мактаб, ба  иҷора додани китобҳо, суми ремонти синф ,суми обуна, суми ташкилӣ барои муалимони шикамчарон (ҳамаро дар назар надорам) гуфта аз талабаҳо пул мегиранд. Ҳамааш ба ҷайби Саидмукаррам ва Рустам меравад. Худатон ҳисоб кунед, ки солона чи кадар даромади муфт дорад ин мактаб. Ҳарсола суми ҷамъшударо мегирад фақат мактабро бо оҳак сафед мекунанду тамом.Боқимондаи сум ба киса меравад. Аз тарафи давлат ба мактаб ангишт меоранд, онро мефурӯшад. Саидмукаррам аз ҳисоби барқи мактаб ба магазинаш, ки дар пеши мактаб аст сими дуздӣ гузарондааст- дар магазини “Инсоф”. Дар магазин писараш Саидҷамол кор мекунад. Ӯ бузи отдел аст. Вақте ки Саидмукаррам писараш Саидҷамолро бо набераи Мирзоалиев Қурбоналӣ хонадор кард, дигар ӯро ҳеҷ кас чизе намегуяд. Саидҷамол ҳам зинокор аст, ин духтарро ҳам нигоҳ намекунад. Гуноҳи ин духтар танҳо ҳамин аст ки набераи Мирзоалиеву зани Саидҷамол шудааст. Ҳозир Гулов Рустам директор аст. Ин ҳам дузд аст. Аз ҳисоби мактаб мошинҳои қимат харид ва  фарзандонаш дар кишварҳои хориҷа таҳсил мекунанд. Ин ҳама дову даҳана аз ҳисоби хонандагони мактаб аст. Аз тарафи давлат орди “Гап нест “ навъи дуюм, равған, нахуд ва макарон меоранд. Ними ордро бо нархи 200 -220 сомонӣ мефурӯшад. Мо,медонем, ки бо воситаи кадом муаллим ордҳоро мефурӯшад,чи гуна медуздад. Кадом муаллиме, ки жаловат мекунад, камтар ордаш медиҳад, хап мекунад. Барои мисол Гулов Шароф, Ҳамидов Амирхон, Баротов Наврӯз ва амсоли инҳо. Ҳар касе, ки ҳақи як талабаро мехӯрад, ҳаром аст бо луқмаи ҳаром фарзандонатонро ба воя нарасонед. Қисми зиёди муаллимон баромада рафтанд, барои онки инҳо ҳаромхуранд. Ҳозир ба ҷои муаллиму муаллима  дар мактаб ин Гуловҳо уборчистаҳоро гузоштанд, ки онҳо ягон маълумот надоранд, директори мактаб бисёри дуздиҳоро бо Ҳамидов Амирхон якҷоя мекунад. Ягон касро гапзанӣ намемонад. Мегуӣ, ки мактаб аз падараш монда бошад. Ба мактаб барои парвариш тариқи хайрия –яъне ройгон заргӯш оварданд, ҳамаашро кушта хӯрданд. Вақте Саидмукаррам директор буд як уборчистаро муаллимаи ибтидоӣ мемонад. Чун бо ӯ баҷошавак мекард, духтарашро дар мактаб дар ҷои майдони мактаб, ки ҷои футбол аст хона додааст, зиндагӣ мекунад, онҷо ҳуҷҷати хона нест, Нишон бо Хуршед зиндагӣ мекунанд. Инҳо бузанд ва боз бар зами ин дузданд. Гулов Рустам заминҳои мактабро гандум мекорад ва ҳосил мегирад. Наход дар майдони мактаб гандум корӣ?

 Обшежити мактабро, ки барои муаллимон буд, ҳамаашро фурӯхтанд. Дар мактаб таълиму тарбия аз байн рафтааст. Ҳарсола ба донишгоҳҳои Тоҷикистон аз 100нафар 80% дохил мешуданд. Ҳозир бошад ҳама ба Донишгоҳи тарбияи ҷисмонӣ месупоранд, 30%довталабон ба дигар донишгоҳҳо супориданду халос. Муаллими тарбияи ҷисмонӣ Сайфуллоев Икром як буз аст. Дар мактаб компютер овардаанд ва дар ду синфхона ҷой карданд. Муаллими Самандар ҳеҷ касро расиданӣ намемонад. Дарсро бо навиштан мегузаронад. Оё ин компютерҳоро барои зеб овардаед? Гуловҳо мегӯянд касеро мефорад ҳамин намефорад: «иҷа ба мара муло нашен» Мақсадаш ин ки «ман ҳаромхурам мара насиҳат накунед». Дар маъракаҳо вақте мераванд талабаҳои мактабро баъди ифтор намегузорад намоз хонанд. Рости гап ба инҳо ҳоҷигӣ намезебад. Ҳоҷигии онҳо барои Худо, барои иҷрои фарзи илоҳӣ нест. Танҳо ба хотири ба чашми мардум хок пошидан аст. Мақомоти давлатӣ, маориф куҷоро нигоҳ доред?  Ин Рустам ҳамсинфи мудири пешинаи маориф Маҳмадхон аст. Инҳо ба ҳам сахт печида ҳастанд, ҳамаашонро дар мактаб Мирзоалиев Қурбоналӣ контрол мекунад. Муаллими дигар Нуров аст, ки ин ҳам як зинопеша мебошад. Духтарҳои синфи 11ро ба кабинеташ бурда отдих мекунад.

 Эй, падару модарҳо, духтаронатонро нигоҳ кунед, ки ба куҷо равон мекунед? Аз ҳисоби ингуна тарбия аст ки духтарони ин мактаб ба клубҳо мераванд шабонгоҳ. Падару модар дарак надоранд. Барои ҳамин хитоби ман ба мақомоти дахлдор, ҳамчунин ба раиси ноҳияи Восеъ Шарифзода Ҷамшед аст.Ин чи ҳол аст, ҳамон маошеро, ки мегирӣ ҳалол кун, куҷоро нигоҳ дорӣ? Э,мурдагов!

  Гулов Саидмукаррам дар ПТУ-и Восеъ директор аст. Ҳар касе пора диҳад ба дарс намеравад. Мо мехоҳем аз вазифааш барканор шавад!

  Хитоб ба С.С. Ятимов! То анҷоми таътили тобистона Гулов Саидмукаррам, Гулов Рустам, Иброҳимзода Амонулло, началники ШКД ҷамоати Миралӣ Маҳмадалиев, участковыйи минтақа Зарифзода Меҳриддин аз вазифаашон барканор карда шаванд. Вагарна аз ҳамлу нақли наркотика дар ноҳияи Восеъро бо тамоми ҷузъиёташ ба “Ислоҳ” равон мекунем. Чи тавре дидед мо гап не, амал мекунем. Тими “Ислоҳ” дар Восеъ Худоро шукр хуб фаол аст ва хуб кор карда истодаем. Дар барномаи пешин ваъда кардем, имрӯз иҷро намудем. Баъди ба чоп баромадани мақола мо чанд рӯз ва ё як ҳафта мунтазири натиҷа мемонем….

Share This Article