Ин номаро як донишомӯз барои мо фиристодааст, ки дар он хеле аз муаммо ва мушкилоти зиндагии ҳаррӯзаи мо дарҷ ёфтааст. Яке инки ошкоро мегуяд, Раҳмонов маҳалгаро аст ва кадрҳои асоан Данғараро дар вазифаҳо таъйин мекунад, агарчи онҳо шоиста ва сазовар набошанд ҳам. Ин кадрҳо ҳам бо истифода аз фурсат, корашон пул кор кардан ва даст ба ришвату фасод задан аст. Дар ҳақиқат ин донишомӯз хеле гапҳои ҷолиб баён кардааст.
Душанбе
Салом устод Муҳаммадиқбол! Барномаҳои шуморо пайваста ва муттасил тамошо мекунем. Аҳсант! Як ҷаҳон ташаккур!
Мо, донишомузони Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ҳастем ва дар ин нома аз Гулзода Муҳаммадшоҳ Қурбоналӣ, ректори ин муассисаи як замон муътабар, ки узви Маҷлиси Миллӣ ҳам мебошад, чанд сухан гуфтанием. Ин ректори мо, фасодзадатарин ректор дар таърихи Донишгоҳи давлатии тиббӣ мебошад. Ин ректор бемории дил дорад. Барои табобат ба хориҷа меравад, чунки ба шогирдони худаш бовар надорад. Азбаски худаш бесавод аст, медонад, ки шогирдонаш ҳам бесаводанд. Ин ректор худаш коррупсионери № 1- донишгоҳи тиббӣ мебошад. 1уми январи соли 1966 дар Ҳусайншайхи Данғара ба дунё омадааст. Ба Раҳмонов хеш будааст.
Аз ҳисоби донишҷӯён соҳиби чандин хонаву мошин шудааст. Бо Тойота Кемри 5 ба донишгоҳ меояд. Бо мошинҳои дигараш намеояд, ки боз ягон кас нафаҳмад. Касе.аз донишҷуёнро гапзанӣ намемонад. Хоҳад хориҷ мекунад, хоҳад барқарор. Дар ҳар мавсими имтиҳонот аз миллион зиёдтар даромад дорад. Як экзамен1000сомонӣ бештар нарх дорад. Агар хориҷ шавӣ, барои барқарор кардан 50 -60 ҳазор сомонӣ мегирад. Гулзода Муҳаммадшоҳ Қурбоналӣ роҳи осону пурдаромади пулкоркуниро ёфтааст.
Дар кадом маҷлиси наздиконаш гуфтааст, ки «э, кош ин ҳама пулҳо аз он ман мешуданд, ман ба боло доляи суруп медиҳам».
Ҳоло мехоҳам дар ин семестр чи гузашт ва чи хел коррупсия дар сатҳи аъло қарор дорад нақл кунам.
Бисёрии муаллимон аз ин режим безор ҳастанд ва донишҷӯёнро дастгирӣ мекунанд, то корамон ба деканату раёсати донишгоҳ наафтад. Чунки медонанд онҳо коре карда аз мо пули бисёр мекананд, ё ки барои облава шуда хориҷ мекунанд (баъзе донишҷӯёнро барои облава фурухтанд). Баъзе муаллимон бошанд аз боиси маоши паст худашон аз мо пул мегиранд. Барои экзамену барои прогули кардагӣ. Экзаменро бояд аз руи системаи сохтаи Гулзода Муҳаммадшоҳ Қурбоналӣ ва Саид ба воситаи посредникҳои онҳо аз онҳо бихарӣ. Соли гузашта аз кафедраи гигиена муаллимҳор барои фурӯхтани экзамен аз кор холӣ карданд, ки муаллимҳо ин корро накунанду ӯ бояд худаш бифурӯшад.
Дар ин донишгоҳ савод умуман арзиш надорад. Ту бояд бо галстуку куртаи сафеду шими сиёҳ оӣ. Умуман риш набошад. Агар шаб риш гирӣ ва то саҳар камтар аз таи пуст сар зада бошад ба дарс намемонанд. Агар ҳамон Саиди аблаҳ бошад, утоқи донишҷӯиятро маҳкам мекунад. Ҳадаф пул кандан. Пул медиҳӣ, мекушояд. Он вақт ба дарс рафта метавонӣ, ки хориҷ нашавӣ. Чанд духтарро барои руймол маҳкам кард. Намедонам баъд чи кор карданд. Вақти облава буд. Худам шоҳид будам. Омада ба декан гуфтанд, ки барои мо ягон солдат ёфтед? Декан гуфт ҳоло сабр кунед. Барои он ки то аз боло Гулзода Муҳаммадшоҳ Қурбоналӣ фармон надиҳад солдат ёфта намедиҳанд. Дар облава чандин донишҷуҳои бечораро фурӯхтанд. Бо баҳонаи ночиз аввал фармони ихроҷашонро бароварда сипас ба облава фурӯхтанд.
Дар ин донишгоҳ ҳамин ду нафар Гулзода Муҳаммадшоҳ Қурбоналӣ ва Саид, ки домодаш аст донишгоҳро ба даст гирифтаанд. Чи коре хоҳанд мекунанд. Ҳеҷ кас назорат намекунанд.Чунки, чехеле шунидем ба Раҳмонов чи хешигарие доштааст.
Ҳоло экзаменҳо, семестр тамом шуд. Имтиҳонҳоро дидаву дониста мушкилтар кардаанд. Дар як рӯз имтиҳони ду фанро гузоштанд. Як рӯз баъд имтиҳон монданд. Донишомӯзон успет карда наметавонанд, ки омода бишаванд ва онҳоро меғалтонанд. Агар аз 3 фан ғалтидӣ, тамом- хориҷ мешави. Ҳамин ки аз як имтиҳон ғалтидӣ, худат маҷбур мешавӣ, ки бар ивази 900сомонӣ баҳоро бихарӣ. Як рӯз баҳона карда «ставка»-ро 1300сомонӣ хезонданд. Агар аз се фан афтодӣ фармони ихроҷат мебарояд. Ҳамагӣ чанд соат вақт дорӣ, то мондани имзои Гулзода Муҳаммадшоҳ Қурбоналӣ, 20-25 ҳазор сомонӣ диҳӣ, хориҷ намешавӣ. Аммо агарки хориҷ шудӣ, бо 50- 60ҳазор сомонӣ барқарор мекунанд. Ҳадафи болои ҳам гузоштани имтиҳонҳо ҳам ҳамин аст ки ту афтиву онҳо аз ин пул кор кунанд.
Дар донишгоҳ зиёда 10ҳазор донишҷӯ таҳсил мекунад. Агар ба 3 ҳазори онҳо имтиҳон фурӯшанд, ҳисоб кунед, ки чанд миллион пул кор мекунанд. Аммо ман бовар дорам, ки аз ин шумора 9уним ҳазор, ҳадди ақал 900 сомонӣ дар ҳар семестр пардохт мекунад. Хуни донишҷӯёнро макида гаштан мегиранд. Марказе, ки ҷойи имтиҳонсупорӣ аст он маркази бизнеси ректор Гулзода Муҳаммадшоҳ Қурбоналӣ ва Саиди домодаш мебошад. Бовар кунед, ки дар бонк ин қадар пул чарх намезанад. Боз Раҳмонов доду фарёд мекунад, ки духтурҳои тоҷик бесаводанд. Аммо, гуё намедонад, ки сиёсати пешгирифтааш, маҳалбозиаш ҳамаро бесавод кардааст. Барои ҳамин корҳояш Эмомалӣ Раҳмонов сахт аз мардум метарсад.
Ҳар саҳар ҳангоми ба кор рафтан пеш аз баромадан роҳҳора мебандаду холӣ мекунад. Боз бо якчанд мошин баромада, чунон босуръат ва бошитоб мерава, ки гуё ягон кас сурашон карда истода бошад. Ташаккур ба шумо, ки маҷбураш кардед дар бораи нафси бадаш иқрор кард. Чунки дигар фаҳмида истодааст, ки дуруғҳояш фоида накарда истодааст ва ин шо Аллоҳ оҳиста-оҳиста таслим мешавад.
Мардум ҳама мехоҳад инқилоб кунад. Лекин ба якдигар бовар надорад. Бисёрии мардум ҳақиқатро медонад. Аммо то ба ҳол ҳастанд нафароне, ки фикр мекунанд Раҳмонов роҳбари хуб аст. Вале зердастонаш, одамони гирду атрофаш нохалафанд. Вале боз баъзе чоплусҳо ҳам ҳастанд, ки онҳо омодаанд, ки кафши пояшро лесанд. Барои ҳамин “Ислоҳ” ҷиддӣ бояд кор кунад ва мардумро муттаҳид созад ва эътимоду бовар дар байни онҳоро бедор ва мустаҳкам созад, то ки инқилоб сурат бигирад. Ман мехоҳам, ки баъди омадани ҳукумати мардумӣ ҳамин чопикҳоро дар қопчаҳо андохта дар шохи дарахтҳо кашол кунем.
Ростӣ барномаҳои шумо хеле ба мардум таъсири мусбат расонида истодааст. Он касоне мегӯянд, ки фоида надорад ва ину он мегуянд, хато мекунанд. Агар фоида намедошт барои тамошои “Ислоҳ” маҳкам намекарданд…
Тавилдара
Ассалому алейкум бародари мубориз Муҳаммадиқболи Садриддин!
Ҳама дод аз дасти амниятиҳо зананд, ман бошам дод дасти зани яке аз кураторони амниятӣ, ки ин куратор худашро домоди хоҳари СС. Ятимов мегирад шикоят дорам. Ин куратори беномус Зоир ном дорад. Аввал беоилааш баТавилдара ба кор омада буд. Баъди чанд вақти кориаш як бевазанро барои гирифтани баёноташ ба яке аз муассисаи таълимии ҷамоати деҳоти Вахдат даъват ва ба ӯ пешниҳоди ҳамхобагӣ мекунад. Сабти садои суҳбатҳои телефониаш бо он бевазан (голосовой) дар дасти кормандони милитсия маҳфуз аст. Баъд аз ин ночор мешавад, ки оилаашро ба Тавилдара биёрад.
Дуздии худаш камӣ мекард, ки занаш ҳам ба ин кори пурдаромад машғул шуд.
Дар соати 22- и шаб ба яке аз мағозаҳои деҳаи канори ноҳия, ки деҳаи Шаҳринав ном мебаранд даромада 10.000сомонӣ пули коғазӣ ва ду сола тангаҳои ҷамъшудаи касаро, ки миқдорашон номаълум буд, дар ҷои ҳодиса несту нобуд мекунад. Ғорат мекунад.
Инаш камӣ мекунад, ки аз хонаи ҳамсояаш Мирзо Чумъа гуфтанӣ одам, ки корманди молия аст 25.000сомонии дигар медуздад. Ин 25.000 сомонии дуздиаш дар вақти бозпурсии милитсия маълум шудааст.
Сардори шуъбаи амнияти ноҳия Мирзо Ҷумъаро таҳдид кардаст, ки шикоят накунад. Вай ҳам тарсидаст, чун корманди молия аст, баъдан чап мегиранд. Ҳатто барои ин кор СС.Ятимов ва Рамазон Раҳимов даст ба кор шудаанд, то ин ҷиноятро руйпуш кунанд.
Дуюмин куратори ин ноҳия, ки дар ҷамоати Чилдара вобаста аст, худашро холабачаи Рустами Эмомалӣ мегуяд. Сардорашонро дар чизе ҳисоб намекунад, чи хеле, ки хоҳад кор мекунад. Яке аз кураторони дигараш, ки дар ҷамоати Вахё вобаста буд бо 10. 000 пора ба даст афтода аз ноҳия гум шуда рафт.
Сардорашон бошад ҳангоми бозгашт аз шикор дар ҷамоати деҳоти Ваҳдат кудакон дар роҳ бозӣ мекунанд гуфта аз мошин мефарояд. Як марди роҳгузарро, ки духтури деҳа буд, чизе напурсида як шапотӣ ба руяш мезанад. Инро касоне, ки дар онҷо машғули кору зиндагиашон буданд дида давида ба ӯ гуфтугӯи дурушт карда ва бо телефони нозири минтақаӣ ӯро сиёмка карданд.
Дар авал ин сиёмкаро кормандони милитсия дар шабакаҳои маҷозӣ-ватсап як паҳн намуданд, то дар расонаҳо барояду аз пушташ кор баранд, ки интавр нашуд.
Мардум намедонанд, ки киро гуш кунанд, калонашон маълум нест.
Раис як гап мегуяд, началники милитсия як гапи дигар. Ин сардори амнияташон бошад як гапи дигар. Дигар намедонӣ роҳбар, кӣ аст .
Дар яке аз маҷлисҳои ҷамоатҳо, ки ҳамаи сардорони шуъбаҳои ноҳия бо мардум вохурӣ доштанд, сардори амният ба мардум лоф зада гуфт, ки бе супоридани ягон маблағ метавонед сабқати бузкашӣ анҷом диҳед. Ман ҷавоб мегуям. Иҷозатнома бепул.
Аммо ӯро сардори милитсия чап гирифта иҷозатномаи бузкаширо 400сомонӣ кард ва акнун бояд аз сардори милитсия ҳам иҷозат бигирӣ. Чун мардум дар зимистон кори дигар надоранд, ҳар рӯзи якшанбе бузкашӣ мекунанд, ин 400сомонӣ вазнинӣ мекунад. Ин 400сомонӣ ба кисаи сардори милитсия меравад. Инро сардори амният фаҳмида ҳеч чиз гуфта натавонистааст.
Ман ба Федератсияи бузкашӣ ва пойга гуфтаниам, ки куҷоро нигоҳ мекунед. Дар инҷо он қадар бузҳои калон намешавад, ки солим гов ё асп бошаду мардум 400сомонӣ дода иҷозат бигиранд. Дар ин ҷоҳо 30-40 асп ҷамъ омада як гаштакбуз ташкил мекунанд. Солими калонашон қолини 1×1- и 100сомонӣ аст. Як каме аз худатон хиҷолат бикашед.
Исфара
Ассаллому алайкум бародар Муҳаммадиқбол! Ман аз Чоркуҳам. Мехоҳам ин номаи манро дар барномаи «Номаҳо аз ноҳияҳо» қироат кунед. Ман аз маҳали Қуруқ.
Ин Шаропов Лайсиддин раиси ҷамоат дар Чоркуҳ бинои ҳаммоми давлатиро бо нархи 100 ҳазор доллар фурухт. Ин ҳаммом дар маҳали Сари бозор воқеъ буд.
Шахси харида муаллими Маҷид ном дорад. Гуё аз пули ҳаммом майдони Парчам месохтаанд. Абдуи кабут дар қимор хеле пули калон бой дод. Аз ҳамаи бачаҳои чоркуҳӣ, ки аз Русия меоянд, шантаж карда пул мегирад.
Мо мардуми Чоркуҳ ин шо Аллоҳ тайёр ҳастем. Ҳоло дар мо бузҳо кор карда истодаанд. Вақте Аюбхонзодаи Фатҳии ишкамба писари амакаш, бачаи Додохони карро ба маблағи 15 ҳазор доллар подставит кард, чор нафар милиса аз кор рафтанд, аммо худи ин не. Чунки ин бузи тоза аз Чоркуҳ аст. Бо ин баҳона, ки ту Ислоҳро мебинӣ, ба Ислоҳ ту нома мефиристӣ, мардумро азият карда ранги саги девона мегардад.
Ва дар охир як хабари муҳимро аз Чоркӯҳ ба шумо мегӯям. Зеро дигар ҷое надорем, ки дарди диламонро гӯем. Шаропов Лайсиддин, раиси ҷамоати Чоркӯҳ бинои идораи ҷамоатро ба хок яксон кард. Дар майдон ё замини ин бино майдони парчам месохтанд. Ҳамон байрақе, ки дар ҳар куҷои дигар бо харҷу масрафи сад-дусад то миллион сомонӣ сохта истодаанду ҳиҷ манфиате ба мардуи надорадро акнун дар мо ҳам сохтанианд. Ҳоло бинои идораи ҷамоатро ба куҷо мекучонанд, маълум нест. Ҳатто ҷое нест, ки бикучонанд. Чунки ҳамаи заминҳоро фурухтанд. Бубинед, имрӯз кор ба ҷое кашидааст, ки ҳатто идораи ҷамоатро фурӯхта истодаанд. Ин ҳукумат ҳеҷ коре намекунад нисбати чунин хоинони ватанфурӯш. Ҳоло кучаро васеъ мекунанд, яъне калон мекунем гуфта тақрибан дар 1 километр хонаи истиқомативу даҳҳо дуконҳову мағозаву нуқтаҳои фурӯши гӯштро хароб карданианд. Даҳҳо хонавода хонаҳои зебо сохта обод карданд, акнун ҳукумат хароб карданиаст. Ман ҳайрон, ки ин ҳукумат чихел бошад? Кор нест, ҳама чиз қимматӣ, аммо халқ як илоҷе карда зиндагӣ дорад. Вале онҳо намемонанд. Дукондорҳо акнун куҷо раванд, мағозадорҳо куҷо раванд? Эй раиси Чоркӯҳ! Аллоҳ лаънат кунад туву ҳамроҳонатро! Аллоҳ хонаҳои ҳамаи ҳукуматдоронро ғамхона кунад, чи гунае,ки даҳҳо хонаводаи аҳолии Чоркӯҳро мегиреду дарду андуҳро ба хонаводаҳои онҳо овардед. Магар ҳамин сохтмони байрақ шарт аст? Агар шарт ҳам бошад, магар дар ҷойи идора бояд бисозед? Ба баҳонаи васеъ кардани куча ин ҳама мардумро сарсону саргардон ва аз нони даҳонашон мондан шарт аст?
Конибодом
Салом бародар Муҳаммадиқбол! Ман аз деҳаи Қарақчиқуми ҷамоати Лоҳутии шаҳри Конибодом ҳастам. Мардуми ин ноҳия хеле қашшоқона зиндагӣ мекунанд. Мардум дар саҳроҳои бе об ва дар хонаҳои одамоне, ки ба Русия “турист” шуда рафтаанд, ҳамчун мардикор кор мекунанд. Ман зидди кори ҳалол нестам, аммо ин пешрафт ҳисоб нест барои мардум ва давлати 33 сола, балки як тарзи “ғуломдории” асри 21 мебошад.
Раҳмонови гарданбалонигазӣ ва Тухтасун Оғлу (Абдусалом Тухтасунов, раиси Конибодом) барои мардум ягон завод ё фабрика насохтаанд, ки ман битавонам ба барномаи онлайнии Шумо даромада аз онҳо тарафдори карда Шуморо “хоин ва душмани миллат” гуям. Оё Шумо медонед, ки дар назди Сирдарё фабрика сохтан барои мардуми Конибодом чи қадар фоидаовар аст. Он ҷойҳое, ки бизнесменҳо ба иҷбор барои давлат месозанд, ҳисоб нест, бояд давлат худаш созад. Ҳоло ҳамаи бизнесменҳои ноҳия дар Русия гаштаанд. Аммо инҷо фақат дуздони пули давлатро дорем, ки мардум барои онҳо қадраш аз мурча боло нест. Балки ин як бадбахтист, ки мардони ноҳия аз синни 18 сола то 40-55 сола дар Русия қарор доранд ва дар зери зулми мақомоти Русия ҳастанд. Ман мехоҳам тавассути ин нома зиндагии мардуми ноҳия ягон қадру қадар беҳбуд гардад.
Мегузарем ба асли нома. Барқрро шабона 8 соат медиҳанд, рӯзона не. Об рӯзҳои чоршанбе меояду тамом. Ҳоло кранҳо ях бастааст ва обро барои хурдану хурок истифода бурдан, аз ҳавз мегирем. Мо талаб дорем обро бештар диҳанд. Дар обанбори Қайроқум об сад фоиз ҳаст. Он обро барои як ҷои Азизмо ҳифз доранд, аммо фармон аз Душанбе гуфта барқро хомуш мекунанд. Барои дачаҳои Озодаи чемпионкаи гушти хукхур, ки дачаи ӯ дар назди баҳри Сирдарё ҷойгир шудааст, онро аскарон ҳимоя доранд. Инро тамоми мардуми вилояти Суғд медонанд, ки Раҳмонов ба миллат раҳм накарда барқ ва оби Сирдарёро ба ҳамсояҳо мефурушад. Ҳатто дар Сирдарё қапидани моҳӣ барои мардум манъ аст. Ман моҳигир нестам, боз мардумро рафта штраф накунед. Мо мардумем ва мехоҳем ҳаққи худро талаб намоем. Вақте Раҳмонов ба Суғд, ба ноҳияи мо омада буд, «бачаҳакои боло» ба хонаҳои мардум даромада рейд гузарониданд, мағозаҳоро ғорат карданд.
Ҳоло милисаҳои шуъбачаи ҷамоати Лоҳутӣ мардумро ғорат доранд. Ман мағозачӣ нестам. Ва коргарони “ЖКХ” яъне ҳамон партовҷамъкунҳо ё мусорҷамъкунҳо бо мошини махсуси худ мусори мардуми ин ноҳияро, ки аз деҳаҳои Қарақчиқум ва Лоҳутӣ иборат аст, ҷамъ мекарданд. Аммо ҳозир бошад онҳо 5 сол мешавад фаъолияти худро бас карданд. Чунки Раҳмонов ба деҳаи мо омаду рафт ва дигар тоза кардани ин ноҳия ба ҳеҷ кас лозим нест. Бо истифода аз фурсат мехоҳам як чанд коррупсионерҳоро бароятон муаррифӣ кунам. Инҳо якеаш Самиев Ҳусейн, ки ҳоло главврач дар Конибодом мебошад. Вай пеш дар Ҷаҳонзеб дузди калон буд, ҳаққи мардумро ба хешовандонаш тақсим карда бемористонро ба бизнесклуб табдил дода буд. Ҳоло бошад ин корашро дар шаҳри Конибодом идома дода истодааст, ҳамчун главврач.
Ва дигар корруписионери обсофкунак Исанбоев Абдуваҳҳоб аст. Вай бо ана ҳамон мусортозакунӣ ва бо маҷбуркунии мардум машғул буд. Вақте ягон вазифадор ё бачаи Марями гурсухта ба ноҳия меомад, вай мардуми Лоҳутӣ ва Ҷаҳонзебро маҷбур мекард мусорҳоро худашон тоза кунад, балки пули ЖКХ -ро ба киссаи худ мегирифт. Ин одамонро дар Конибодом ҳама мешиносанд. Вай ҳоло дар Русия қарор дорад. Агар мард бошад биёяд аз Русия ба ҷамоати Лоҳутӣ ва барои мардум хидмат кунад. Ҳоло бояд раиси ҷамоат Фатҳулло Соҳибов масъалаи мусор ҷамъкунии деҳаи Ҷаҳонзебро ҳам бинад. Танҳо Лоҳутии худашро тоза накунаду ба дигар деҳаҳо ҳам аҳамият диҳад ва пули ЖКХ -ро ба кисаи худ камтар монад, ба монанди Умеда Ғаниеваи собиқ раиси дузди лесбиянка.
Ва яке аз шикоятҳои муҳимми мардуми Конибодом, деҳаи Лоҳутӣ ин аст ки дар деҳаҳои мо дар кучаҳои мардум сагҳои дайду ё ҳамон сагҳои ваҳшӣ мегардад ва онҳо ба мардум хеле зарари калон дорад. Бояд онҳоро пешгирӣ кунанд. Аммо дар ҷамоат фақат бо облаваи бачаҳои мардум машғуланду тамом.
Ва яке аз бузҳои орангутани милиса дар Лоҳутӣ ва деҳаи Ҷаҳонзеб Наим мебошад. Вай собиқ милиса мебошад. Ҳоло буз, алкоголик ва бекорчи мебошад, ба Русия рафта меояд, чанд бача дорад. Касе бо ӯ ҳамкорӣ мекунад, дигар ҳамкорӣ накунад ва умуман бо вай рафту омад надошта бошад. Чунки хислати хабаркаширо дорад, кораш таҳдид ва козёлӣ. Дар ноҳия фақат масти пиён мегардад. Кораш дар чойхонаи марказии Қарақчиқум майнушӣ аст. Як ҳамсояи муаллимаи санъату таълими меҳнати солхурда дошт, ӯро беиффат гардонид, ИСЛОҲ шавад ба у осон меғалтад. Хоҳишмандам гургҳои шуъбачаи милиса дар деҳаи Лоҳутӣ ин одамро санҷанд.
Зафаробод
Ассалому алейкум бародар Муҳаммадиқбол. Ман ҳозир барномаи «Минбари муҳоҷир»-ро тамошо кардам. Ба номи Мӯъмин як одам худашро мулло гирифта ворид шуд. Ман бисёр маълумотҳо дар бораи вай дорам, ӯро мешиносам. Вай ҳақиқатан ҳам яғнобӣ аст. Аммо бисёр инсони песи махови ғари дуруғгуву шайтон аст. Ӯ ро дар вақташ аз руйи дуруғгуӣ ва шайтониаш Муъмини 40-тон мегуфтанд. Шояд ҳозир ҳам гӯянд! 3-то хоҳар дорад: Зурафо, Майсара ва Ҷумагул, номи бобояш Сироҷиддин! Дар вақташ аз Зафаробод ба Душанбе кӯчидагӣ аст. Барои он ки падараш як инсони бад буд- Муло Ҳасан ном дошт. Падараш як шахси ҷангандоз буд. Аз барои ҳамин ҷангандозиҳояш онҳоро сангсор ва аз Зафаробод бадарға карда буданд. Он вақтҳо Муъмин хурд буд. Дар Душанбе дар ноҳияи Рудакӣ деҳаи Меҳтарӣ хона мехаранд! Чандин сол дар Душанбе зиндагӣ карданд. Аммо аз сабабе, ки дар ин ҷо ҳам хислатҳои зишти падарашро фаҳмиданд, онҳоро нағз намедиданд. Дид, ки ин ҷо чашми диданаш накарданд, хост баргарданд ба Зафаробод! Ҳоло хонаҳояшонро нафурухта, вақте ба Зафаробод мераванд падараш ва як додари 16 -солааш ба номи Набиҷон дар ағба ба садама дучор мешаванд ва ҳардуяшон дар ҷояшон мемиранд! Ин номарди Мӯъмин баъдан омада хонаҳои дар Душанбе будаашонро дар як мард аз Роҳатӣ фурухта ба Зафаробод бар гашт! Вай дар баромадаш гуфта буд, ки бизнесмен аст. Як мағозаи майдаҳак дорад ва дар тарозу ҳақи мардумро мезанад. Ҳеҷ одами баобурӯ барои пуштибонии “Пешво” баромада гап намезанад, баромад намекунад. Вай дар асл як бузи калони калон аст. Ба дараҷае буз аст ки барояш фарқ надорад, худи ё бегона. Ягон сум диҳандаш ё кам-кам дар налогҳои замин пушташро гиранд, ё як гектар замин зиёдтар диҳандаш, ку якбарбарро мефурушад. Беҳад бузи пешқадам аст. Чандин одамҳоро бузӣ карда зиндон кардагӣ аст. Ягон маълумоти олӣ ҳам надорад. 2 сол дар мадраса, дар Душанбе хондааст. Ҳамагӣ то синфи 9-умиаш мактаб хондааст. Савод ҳам надорад, аммо беҳад хитрий аст. Аз руйи ҳамин муғамбирӣ ва бузиаш замин медиҳандаш! Ҳаминро пурсед, ки дар вақташ дар кучаи Зайнаббибӣ хонаи хешу таборат меҳмонӣ рафтӣ, бечораҳо ҷоят додаанд. Гуфтанд, ки дар торики қишлоқ наравад. Қишлоқи Меҳтарӣ он вақтҳо нотинҷӣ буд. Гушвораҳои ҳамон соҳиби хонаро чаро дуздидӣ гуедаш! Гушворҳои тиллоӣ! Самоворро медуздад! Ин соҳибхона бечора, ба фикрам барои намози бомдод таҳораткунӣ меравад. Ин Мӯъмин мехезаду сандуқҳояшро мекобад, шифонерашро мекобад, хуллас, куҷоеашонро мекобад, ки аз даруни кисаашон гушвори самовор тиллоиро медуздад! Он бечораҳо ин қадар қасам хурданду пофишорӣ карданд, ки ҳамин гирифта аст гушворҳоро. Аммо у гуфт, ки ман нагирифтам. Аммо вақте ба Зафаробод омаданд, гушворҳои тиллоро дар гӯши хоҳараш мебинанд. Дар ҳоле ки ба Қуръон қасам хурда буд, ки ман гирифтагӣ нестам. Вале маълум гардид, ки ҳамин гирифта буда аст! Гуедаш, ки боз хонаи як хешат рафтӣ, як китоберо, ки дар ҳамон вақтҳо ба як гуфтае танҳо 5 ададаш дар Тоҷикистон вуҷуд доштааст. Аз дохили китоб варақҳояшро дуздидааст. Соҳиби китоб гиря карда мегуяд, ки аз дохили китоб варақҳояшро даронида дуздидааст. Панҷ ё шаш варақи он китобро дуздидааст. Варақҳоро ҳамин Мӯъмин дуздидааст! Ин дуздиро ҳам дар кучаи Зайнаббиби кардааст. Ҳам гушворҳо ва ҳам варақҳои даркориро дуздида аст. Ва аз руйи ҳамин варақҳо тумор менависондааст. Вай худаш савод надошт вале тумор менавист чапаву роста. Номаълум, ки даруни он тумор чи навистагӣ буд, боз ҳамон одами мехаридагӣ ҳам савод надорад. Уро мегуфт туморро накушоед, ки дамаш мебарояд! Инҳо умуман дар ягон ҷо кор намекарданд: на худаш ва на падараш! Инҳо падар ва писар умрашон фақат ба туморфурушӣ мегузашт. Ҳама вақт тумор мефурухтанд! Чи хеле, ки одамон кор мекарданд, даромад доштанд, инҳо аз туморфурушӣ даромад доштанд. Рӯзашонро ба туморфурушӣ мегузаронданд туморҳои дуруғакӣ! Суолаш кунед, ки туморбизнесро бас кардааст ё ҳоло ҳам бизнес мекунад!
Боз як ҷинояти калони падараш ин буд, ки як тоқӣ тирро ба як нафар медиҳад, ӯро шур меандозад, хабар медиҳад, ки фалон кас додари туро куштагӣ аст. Ба фикрам дар вақташ 2-то додарашро куштагӣ ҳастанд. Баъд шур меандозад, ки ана ҳамин авлод додари туро куштаанд. Он мард бошад 6 нафари онҳоро мекушад! Ана ҳамин подделник буд, ҳамин тоқии тирро дода буд. Яъне киллер буд гуем ҳам мешавад. Он одамро ҳабси якумра карданд лекин падари Мӯъмин аз муғамбириву хитригиаш суд нашуд. Аммо баъд, вақте суд накарданд, мардуми Зафаробод ҳама хеста сангсорашон карда аз Зафаробод бадарғашон карданд. Баъд рафтанд дар Душанбе зиндагӣ карданд, ки он ҷо ҳам рӯзашон нагузашт ва боз гашта омаданд ва дар он авария падараш ҳамроҳи додараш мемуранд. Ҳатто ба Зафаробод нарасида дар роҳ кушта шуданд. Ҳар амале подоше дорадаш, ҳамин аст.
Ваҳдат
Салому алайкум устоди азиз Муҳаммадиқбол! Як нома навишта будам дар барномаи №83-и «Номаҳо аз ноҳияҳо» дар бораи буйи бади заводи мусуркаи Холмурод. Баъди нома нашр шудан як -ду руз бӯ набаромад, аммо ҳоло боз баромада истодааст.
Ин бор мехоҳам хитоб ба Эмомалӣ Раҳмонов кунам:
- ) масъалаи буйи бади деҳаи мо дида шавад;
2) молу мулк ва дороиҳои Даврончаи буз тафтиш карда шавад;
3) Маҳмадшои буз аз милитсия ронда шавад;
4) Олими раис аз раисӣ дафъ карда шавад;
Моликияти Даврони буз, ки тафтиш шуд, пулҳое,ки аз ҳисоби героин дарёфт кардааст, ба буҷаи давлат ворид карда шавад;
Даврони буз аз он мактабе, ки холо ғоибона таҳсил дорад ва мехоҳад, ки милиса шавад, ронда шавад;
Устоди азиз дар як барномаатон дар бораи Муминобод ва аз зулмҳои Раҳмоналӣ Амирзода, раиси собиқи шаҳр бар болои мардуми Ваҳдат гуфтед. Гуфтед Раҳмоналӣ Амирзода ҳатто заминҳои деҳаи Суғдиёни Ваҳдатро аз они худ намуд. Ин суханҳо ҳамааш рост аст. Раҳмоналӣ ин заминҳоро гирифта буд, ҳақ ба ҷониби Ислоҳ аст.
Пешвои миллатӣ, пасвои миллатӣ, хуб гуш кун.То вақте мушкилоти буйи бади заводи мусуркаи Холмурод аз байн бурда нашавад, аз навистан ба Ислоҳ мо даст барнамедорем. Дигар аз зиндонат ҳам наметарсем чун бе он ҳам зиндонием бо ин давлати ташкил кардаат.
Эй, экологияи шаҳри Ваҳдат! Агар як шахси камбағал дар як сари роҳ як сатил мусор партояд ӯро ҷарима ва азияташ мекунед. Канӣ масъалаи буйи бади заводи мусуркаи Холмуродро дида бароед, ки ин бӯ қариб тамоми ҷамоати Карими Исмоилро озор медиҳад.
Раҳмонуф як мужикӣ кун ва ҳамин масъалара бубин. Худат мегуйӣ, ки Тоҷикистон деҳаҳои хушбоду ҳаво дорад. «Ку ҳами завода клет кн ку, мо бинем деҳаи морам хуш боду ҳаво аст ё не»? Наход дигар ҷой набошад онро дар якҷои аҳолинишин сохтаанд. Акнун хитоб ба бузҳои деҳа. Мо аз пайи ҷиноятҳоятон ҳастем. Агар чоп шуд, аз мо хафа нашавед. Зеро мо дар деҳа аз пайи ҷустуҷуи ҷиноятҳои шумо ҳастем ва ҳамчун тими “Ислоҳ” дар инҷо амал дорем!.
Муъминобод
Салом Муҳаммадиқбол! Ман дар асл як мухолифи шумо ҳастам. Аммо, барномаҳои Шуморо мебинам. Шумо дар як барнома дар бораи бузи Тутқавул гуфтед. Аммо ман ба шумо бигуям, ки бузи калон Сафаров Саттор аст. Хеле аз бачаҳаро ба облава фурӯхт.
Раиси ҷамоати Деҳбаланд номаш Раҷамо, бесавод аст. Сафар Саттор барои бачаҳояш дар даруни боғ участка мегиранд. Дар қишлоқ 300 хоҷагӣ зиндагӣ мекунад, ки аксаран дар як хона се- чор келин бо ҳаманд. Муовини кумитаи замини ноҳия дили раиси ноҳияро ёфтааст. Ин бару он бар участка мефурӯшад.
Заминҳои мардумро аз деҳаи Чалок гирифтаву участка карда фурухтанд. Аммо як мушкили ноҳияи Муминобод ин вуҷуди бузҳо ҳаст. Он Асадуллое, ки дар борааи Шумо баромад мекунад ӯро мо девона мегуем. Дар оянда дар бораи вай иттилоъ мефиристем. Ҳоло дар бораи Сафар Саттор мегуям. Бузи рақами як аст. Бо Шарипов Шамсидин , муовини раиси кумитаи замини ноҳия мардумро гиҷу гаранг карда, тарс дода мегарданд.
Прокурору суд меравӣ барои участка, мегуяд-ҳозир. 10 дақиқа пас мебинӣ Сафар Саттор бо Шамсиддин дар назди прокурор аст. Корат ҳал намешавад.
Бародар Муҳаммадиқбол гапҳо дар бораи инҳо бисёр аст. Ман ҳамаашро фаҳмидам. Сар карда аз раиси ноҳия, ки зан аст, то суду прокурору маорифу ҷамоатхо барои як линги мурғ любой корро мекунанд. Мегуянд, ки муминободиҳо гап намезананд. Мегуянд, ки мо онҳоро мурғ кардагием. Сафар Саттор се бор дастгир шуд, се бор делояш карданд. Азбаски бузи район аст боз дар озодӣ гаштааст.
Ман дар бораи инҳо дар оянда ҳам менависам. Аммо дурусттар ва муфассал менависам.
Инро бигуям, ки дигар мухолифи шумо нестам. Тарафдоратон шудам .Чунки дидам шумо ҳар ончизеро, ки ҳаст, мегуед.