Номаҳо аз ноҳияҳо ба «Ислоҳ.нет» №108  

Ислоҳ нет

Ба ростӣ, мо бисёр мехоҳем, ки мардуми азиз, муаллифони гиромии мо аз пешрафту шукуфоӣ ва осудагию оромии кишварамон бинависанд. Аммо, мутассифона, ин тавр нест ва пешрафту шукуфоӣ ва оромишу осудагӣ дар ватанро танҳо Раҳмонов ва оилаи вай доранду бас. Мардум дучори сад дарду азоб аст, ки мусаббиби он ҳамин оилаи беҳад калони Раҳмонов аст.

    Бубинед, ки тоҷик аз ҷабру зулми ин оила дар муҳоҷират мемирад, ҳадди ақал дар рӯз аз панҷ тобут камтар ба ватан намеояд, онҳое дар Русия мегуронанду дар дигар кишварҳо онҳо аз ҳисоб берунанд, дар зиндонҳо кушта мешаванд, дар воҳидҳои низомӣ кушта мешаванд. Дар номаи зер аз марги мармӯзи як афсари ҷавони Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон маълумот дода мешавад. Ин ҷавони посбони ватан бо ҳазоруяк орзу ба кор пардохта буд. Аммо аз сад гул як гулаш нашкуфта дар хоки хунук ба хоби абад рафт. Амсоли ин ҷавони номурод даҳову садҳои дигаранд, ки ҳамин тавр кушта мешаванду аммо масъулони ин режим аслан парво надоранд.

                                      Панҷакент

Салом устод Муҳаммадиқболи Садриддин! Аз деҳаи Марғедари ҷамоати деҳоти Рудакӣ менависам. Инро бароятон бигуям, ки феълан дар Ватан ҳастам. Участковий хона ба хона гашта телефонҳоро кофта истодааст. Ман дар бораи ҳодисаи куштори як афсари амният менависам.

Умарзода Бузургмеҳр соли тавалудаш 1995, хатмкунандаи МТМУ № 53 ба номи Бобо Худойдодов соли 2013 дар деҳаи Марғедар, ҷамоати деҳоти Рудакӣ хатм кард. Баъд аз хатм ба мактаби КДАМ дохил шуда 5 сол таҳсил намуд. Дар вилояти Бадахшон корро шуруъ кард. Чор сол истод. Ба Исфара перевод шуд. Як бародари Бузургмеҳр 6 мох пеш дар Русия аз тарафи тоҷикон ба қатл расонида шуд.

    2 рӯз аз Бузургмеҳр хату хабаре пайдо намешавад. Бузургмеҳр ҳар рӯз баъд аз кор ба падару модар занг мезад. Вале ӯ ду рӯз бедарак шуд. Падару модар хавотир шуданд.  Ду  рӯз болои ҳам занг мезананд, аммо ягон кас телефонашро ҷавоб намедиҳад. Ӯро 17 январ ё заҳр дода ё зада мекушанд. Агар ин марги табӣ буд, падару модарашро хабар медоданд. Бузургмеҳр як сол зиёдтар шуда буд, ки оила барпо кард ва ҳоло аз вай як духтарча боқӣ мондааст. Аммо ин овоза дар деҳа ҳаст, ки зери баногушаш сиёҳу кабуд шуда буд.

 Ин чи хел давалат, ки фарзанди одам кушта ё бемор мешавад, хабар намедиҳанд. Бузургмеҳр дар қушунҳои сарҳадии КДАМ дар Исфара ба қатл расонида мешавад. Баъд аз ду рӯз падару модар хабардор мешаванд, ки Бузургмеҳр бемор шудааст ва ӯро ба бемористон бурдаанд, вале ӯ дар онҷо аз дунё гузашта буд. Дигар корҳо, ки мегуянд, ин бозиҳои худашон. Ҷасадро бурда дар таги дстгоҳи танаффусӣ гузошта ин падару модари камбағалро фиреб мекунанд ва ҷасадашро 9 рӯз дар бемористони Исфара нигоҳ медоранд ва мегуян давлени зад: «бачаи шумо бе сознани шудагӣ» мегуянд ба падараш: «шумо равед мо фарзанди шуморо ба Душанбе мебарем». То падару модараш расидан ҷасади Бузургмеҳри ҷавонмаргро титу пора карда дилу ҷигарашро, тамоми аъзои даруниашро мегиранду мефиристанд груз 200. Вақте ҷасадашро мегиранд, тамоми аъзои даруниаш гиритфа ва бо ресмони сахт духта шудааст.

 Инҷо куштори барқасдона руй додааст. Чи тавр як ҷавонро давлени зада мекушад. Ин бозиҳои ҳукумати касиф аст. Иллати маргро кафидани раги сар гуфтанд. Ӯро 24.01.24 ба деҳаи Марғедар оварданд. 25.01.24 соати 8 саҳар ба хок супориданд. Аллоҳ раҳмату мағфират кунад. Ман, бовар дорам, ки омилони куштори ӯро пайдо намекунанд.

Бузургмеҳр бо рутбаи капитан кор мекард. Ӯро дар дохили қисми ҳарбӣ мекушанд на дар сарҳад ва на дар майдони ҷанг. Экспертиза мегуяд, ки сабаби марг давлений аст. Аммо ин тамоман дуруғ аст. Ин ҷавон садфоиз сиҳату саломат буд аз ҳеҷ бемори ҳам шикояте надошт. Охир Тоҷик аз дасти ҳукуматиҳои дар қудратбуда кушта мешавад ва хулосаи дурӯғи тиббӣ ҳам медиҳанду списат мекунанд. То кай ин ҳол идома пайдо мекунад? Чуноне шумо борҳо мегуед, то он рӯзе,ки Раҳмонов дар қудрат аст. Ман ба ин дигар бовар кардам ва шакку шубҳае ҳам надорам.

                                        Душанбе

 Ассалому алейкум бародар Муҳаммадиқбол! Худамро муаррифӣ накунам ҳам мешавад. Маро хуб шинохтед. Ман ҳамон корманди Дастгоҳ-коргари Озода Раҳмонова. Чанд номаи фиристодаамро чоп кардед.

 Барномаи «Мероси падар хоҳӣ, касби падар омӯз»-ро дидем. Дигарҳо сабзибадаст бошанд, ин Шоҳрух сабзибадаҳан будааст. Ин ҳам як навигарӣ. Чанд сол шиносоӣ доштем, инашро нав фаҳмидем. Шоҳрух як вақтҳо черезчур гузаронидагӣ буд. Як мошин дошт, номераш 5100 буд. Кораш фақат таҷовуз ва кайфу сафо буд.

Ба ёд дорӣ Шоҳрух, ки дар латок хоб будӣ, мурданӣ заданат. Он одамро номашро нагирем мешавад. Боз рафта он нафарро азият мекунӣ. Болои зӯр боз зӯр ҳаст. Ба иззати нафси ягон кас мерасӣ, оқибати хуб надорад.

 Солҳои 2010 -2013 ин пирхари Шабнами Сураё буд. Ранги саг шуда буд. Мерафт дар таги доми Шабнам дар пеши Домпечат мешишт. Агар кораш мебаромад, боз посбон мемонд. Мегуфт аҳамият диҳед, ки «мара изменят мекна, охи ту ҳамуда маъқул бошӣ чихел тура изменят мекна»?

 Бечора Ҷонибеки Муродро задед- задед, моҳҳо хоб кард. Чаро ягон касро  ба ҷавобгарӣ намекашӣ Шоҳрихи сабзибадаҳан?

   Шоҳрих ва Рустам як шофёр доштанд, ки папарозаашон ҳам буд -Исломи Дароз. Агар хато накунам хонааш дар «Голубой экран» буд. Да 8 корпус якҷоя хондагианд. Бисёр одами паст. Ҳама чиз аввал ба дасти ҳамин Ислом мегузашт. Гуфти тоҷикӣ шашак ҳам духтар таъмин мекард, ҳам бангу наша.

Як рӯз шоҳиди як воқеа шудем. Дар назди театри опера ва балет Рустам бо алулу булулаш «Чикен» даромада истода буданд, ки дар ҳамин ҳолат аз наздикиашон як зану шавҳар, ки сайру гашт баромадаанд, мегузаранд, ки Рустам нигоҳ мекунад. Ду охранааш мегарданду мераванд аз паси онҳо. Мо ҳам наздик будем. Ин охранникҳо мегуянд, ки ҳамин арус дар шеф маъқул шудаст. Мегуяд,ки «э,мардако, и зани никоҳимай». Гуфтанд, ки «мода фарқ надора ҷавоб бте реска, мо баремша, ки вақт надорем, ё ки трам катиш мебарем». Он мард бача он қадр ҳимоя кард, ки боз 2 каси дигар аз «охранна» омад ва зану шавҳарро бурданд. Аллоҳ медонад, ӯ мард зинда аст, дар куҷо аст. Дар рӯзи рушан ҷавонмардро бо занаш бор карда бурданд барои онки занаи никоҳияш ба Рустам маъқул шудаст.

 Аз дасти ин ханигаи Рустам дар 8 корпуси Донишгоҳи миллӣ духтар намонда буд.

 Гоҳо бо зурӣ ва гоҳо бо ваъдаҳои бисёр сари ҳамаро хурд. Имрӯз ин гунги наркоман дар сари вазифа. Мо чи кор кардаем? Мо ҳам диплом дорем. Баракс, мо маводи мухадир истеъмол намекунем, аз вай чи камӣ дорем? Вай раиси шаҳру мо дар 600- 700 сомонӣ кор мекардаем. Ба Худо қасам хизматчии давлатӣ будам 600 сомонӣ маош доштам. Ба роҳкиро ва маоши нисфирузӣ намерасид, кудакҳоро хурондану пушондану пули барқи набудара додан он тараф биистад.

Бародар Муҳаммадиқбол, барномаи «Семейка»-ро ҳам тамошо кардам. Дар ҳақиқат Рустам дар ҷазираҳои даруни обанбори Норак дачаҳо дорад. Дар болои об, дар саршавии платина дар лодка мешинӣ, як километр меравӣ, аз дасти рост, як гидроскутер мондагӣ аст, дар ҳамон мешинад. Аммо баъди раиси шаҳр шуданаш надидам рафтанашро. Як вақтҳо ҷои ҳаромкориашон онҷо буд. Онҷо Рустам як дачаи бадвоҳима сохта истодааст. Ҳамон дачаи Рустамро 2 – 3 км мегузарӣ, ба самти дасти рост мегардӣ, баъди 400 метр дар самти дасти чап як дачаи бадвоҳима сохта истодааст. Онҷо миллиард расход карда истодааст. Онҷо Ҳасан барои президент дача карда истодааст. Аз руи баъзе гапҳо онҷо клуб ҳам мешавад, барои бойбачаҳо. Ҷои маишат. Албатта, дар мобайни платина ҳар касро гузаштан намемонанд. Гузаштан дар ихтиёри амният аст. То қарибии платина рафтан 4 пост дорад. Онҷоро ҳам Ҳасан ва Исмати дулик шахсӣ кардаанд.

Он рӯзҳо зуд аз ёдатон мебарояд. Шофери раиси мелкомбинати Ҷалолиддини балхӣ будед, аз якдигариат баҷоӣ илтимос мекардед, ки «ака пагарам ма бром Ҳасана одих те, 5 кило орда ма гирм».

Ҳардуяш через ден шофёр буданд. Ҳаррӯз 5 кг орд медоданашон.  
Дар як сафари хизматӣ будем. Ин Эмоматапак -муши буғуз девона аст. Раҳмонов бо як нафаре, ки онҷо кор мекард, салом кард. Мегуяд, ки «ма катит салом кадм, ту бояд ҳаму даста нашувӣ, дига, ки президент, пешвои миллат катит салом кад».

Дар ҳақиқат ин девона аст. Ӯро бояд статьяи 307 бизанем.

  Солҳои пеш бачаҳои Исфара аз давлати ҳамсоя, ки ҳозир падари Раҳмонов шидааст- Қирғизистон цемент бизнес мекарданд, худашонро камтар гирифтанд, ки Таҳмина фаҳмид, ки дар инҷо суми хуб ба даст меоранд, аз дасташон гирифт.

Боз як гуруҳ бачаҳо ба бизнеси гул машғул буданд, гулҳои гуногун меоварданд, ки инашро Озода гирифт. Аммо даже як сол ҳам кор накарда партофт, натавонист. Он бачаҳо тарки ватан карданд. Охир чизе, ки аз дастатон намеояд, чи худатонро қуш мекунед?
«Мемонен халқи тоҷик я даҳан нонша ёфта хра».

Лекин мехоҳам як гап гуям: «ҳами мора хуб мекнан, айби хдмонай, ба тақдир тан дода мешинем, на дар хориҷа рӯз дорем на дар ватани худмон. Дар асри 21 на свет, на интернет, дузахи руи замин шудаву рафтааст».

Боз мегуяд, ки мактаб кушоед, бесаводӣ бисёр шудааст. Мактабҳо сарду бесвет, аз куҷо дарс хондан мешавад? Аз охири сентябр то апрел свет нест. Як моҳ-ду моҳ мактабҳо свет доранд. Чандин поколения бесвет мактабро тамом кард.

Ту худат намемонӣ халк бо савод шавад. Мегуяд, ки русиро ёд гиред. Барои муҳоҷир шудан ёд гиранд? Охир ту бирав вазирҳоро аттестатсия кун. Дур намеравем, вазири алоқа Бег Сабур, ё собиқ вазири маориф Нуриддин Ҷартиевич Саидовро. Наход мо чени ҳаминҳо савод надошта бошем? Наход вазир бошию рӯзи Парчамро надонӣ, ё ин ки Суруди Миллӣ ё Сарқонун кай қабул шудаастро надонӣ. Озодаи Раҳмонов куҷоро нигоҳ мекунӣ? Як бор дарову гузаронидани аттестацияро назорат кун. Медонам, ки ту ҳам намедонӣ. Вале аз руи варақча нигоҳ кун, ки коргарҳоят чи ҷавоб медиҳанд. 

Вақте мо мактаби миёна мехондем хело соз буд. Муаллимҳо сум намегирифтанд. Аз ЮНИСЕФ кумак меомад: парта, доска ва дигар лавозимоти мактабӣ. Сатҳи маорифро бинед. Рӯз ба руз кудакҳои Тоҷикистон бесавод шуда истодаанд. Аз дасти сумбарӣ, кудакҳо фақат сум ҳисоб карда метавонанд. Эй, халқи мазлуми тоҷик ягон кор кунед, ҳар якеат бо аҳли оилаатон, аз ҳуқуқҳои худатон дифоъ кунед. Барои интернет гап зада метавонед, барои свет, ҷои кор гап занед. Ҳамаатон ранги моҳӣ дар даҳанатон об мегиред.

Раҳмонов, сағера, шикамат ранги муши буғуз. Як одами наздикам аз олам даргузашт, рафта натавонистам. 20 рӯз гузашт нав омадем. Бо оилааму фарзандонам вориди Тоҷикистон шудем. Ин ша Аллаҳ инҷо меистам, талаби ҷои кор бо маоши муносиб мекунему дигар муҳоҷират намеравем. 2 диплом доштам, бо дипломи Ислоҳ 3-то шуд. Банда миранда аст. Баъд як умр худатро намебахшӣ, ки «ма чиба рафтм муҳоҷират, да марги падару модарам, ёру бародарҳо набудам, мешава ку брем талаби ҷои кор кнем».

   Охир ин ҳама свет, ки дар роҳ ва дар домҳо гирён сухта истодааст, он свети сари гури очаат аст, ки сухта истодааст, чи даркор? Ҳаминҳоро ба халқ бидиҳӣ намешавад, ки фарзандонашон гармакак хоб раванд. Ба худо қасам як хел вақт мешинам гиря мекунам. Кудаки тоҷик мегуяд гуштро намебинам, шакарро намебинам, свет он тараф истад. Падари вай ҳайрон аст ки пули светро аз куҷо медиҳад. Э, ҳароми калағавс! Худат дар хонаи гарм бо алулу булулт шикамат сер. Ту аз куҷо фикри миллатро мекунӣ? Тоҷикҳо як мақол доранд: як руз офтоб аз тарафи моҳам мебарояд. Дар «кирпичний» мебарамат ва мешинонамат.  Дар Кирпични ҷойи Раҳмонов продоли старый  мегуянд ҷойи маҳкумшудагони якумра, акнун ҳолати онҷоро нагуям ҳам барои ҳама фаҳмо аст.  Додситони ноҳияи Панҷро бо пора қапида метавонед, дигарҳояшонро чаро намеқапед? Ё инки ин додситон доляро саривақт надод? Ҳамаи мардум медонанд, ки порагиру порахури асосӣ ту ва аъзои оилаат ҳастед.

                                           Исфара

  Ассалому алайкум ва раматуллоҳи ва баракотуҳу. Ман дар бораи як наворе, ки аз Исфара нашр кардеду хатои зиёд дошт гап заданиям ва бо далел исботи ҳол мекунам. Метавонам бигуям ин раддия аст ба як навишта ва барномаатон.

 Ман зодаи деҳаи Сурх, писари Муҳаммадалӣ  Исмоилов мебошам. Шумо ин одамро Алӣ Ҷенго ном гирифтед. Аммо ин кас Муҳаммадалӣ ва ҳама бо номи домулло Алибой мешиносанд. Ин падар олими фиқҳ буда ҳалли масъалаи чаҳор мазҳаби диниро аз худ намуда ва то вазъияти саломатиашон нағз буд, даъвати дини исломро мекарданд. Ҳозир ба ҷиҳати саломатӣ ва шароити ҳоким дар Ватан камтар эҳтиёт мекунанд. Хуллас, ин падар то масҷидҳо давлатӣ шудан имоми маҳалла буданд. Баъди давлатӣ шудан аз руи диндорӣ туғрӣ наомад, бас кардан имоматӣ ва дигар корҳоро. Ҳеҷ вақт намехостанд, ки ба мардуми деҳа ҷабр шаванд.

 Исмоилов Муҳаммадалӣ масҷидро харидагӣ нест. Балки  бари масҷидро аз ҷамоат ба фурӯш монданд, мо хостем, ки он дар ҳудуди масҷид монад, барои ҳамин харидем. Чунки масҷидро тенисний клуб кардан ва бо ин мақсад, ки то замон тинҷӣ шавад ба масҷид ҳадя мекунем гуфта гирифтем.

Чунки мо дар ҳудуди Тоҷикистон 9 хонаҷову хона дорем. Нияти мо холис аст. Мо хостем, ки аз номи падарам ҳамчун макони ибодат бимонад. Мо тоҷир ҳастем. Дар Русия ҳам моликияти худро дорем. Ин бари масҷидро мо  танҳо барои мардуми Таги сада гирифтем, то ки оянда ҳеҷ кас маҳкам кардан ё фурӯхтан натавонад, масҷиди доимӣ монад.

 Бародари Муҳаммадиқбол! Шумо дар бораи Ҳомид Каримов гуфтед, ки гуё 10 одамро кушта бошад. Ин гапҳо туҳмат аст. Аз тарафи КГБ, Прокуратура, МВД, 6-ой отдел ва аз дастгоҳи Президент тафтиш карда ягон далел барои боз кардани парвандаи ҷиноӣ наёфтанд. Ин одам бегуноҳии худро дар СИЗО-и Хуҷанд дар моҳи августи соли 2009 исбот кард. Туҳматчиҳо марги ӯро мехостанд. Барои ҳамин 10 не 18 мурдаро, ки бо сабаби гуногун фавтида буданд, ба вай туҳмат карданд.

 Яке аз бародарони фавтида Суфиев Аюббойро мегуяд, ки ту навис, ки додарамро Каримов Ҳомид кушт. Ҳатто фишор меоранд, ки туро ҳам мешинонем. Вай зери фишор розӣ мешавад. Баъд ба Русия гурехта бо журналистҳо ва матбуот мегуяд, ки маро маҷбурӣ ва бо фишор нависонданд. Хулас, баъд аз дасткашӣ аз ариза ӯ дар Русия як чанд вақт гуреза мешавад. 

 Ҳатто худи Суфиев ба назди ман омада ҳамин ҳолати корро нақл карда гуфт, ки ман барои худро халос кардан гурехтам. Ман 22 сола будам Суфиев 40сола. Ман аз тамоми ин ҳолатҳо бохабар будам. Бо ҳам хурок хурдем. Суфиев чанд вақт дар Русия дар Москва монд.

Хислатҳои Каримов Ҳомид, ки ӯ тоҷири калон буда дар як ҳафта то 5 вагон аз Узбекистон ва аз дигар кишварҳо хушкмева ба Русия мебурд.

Хуллас, дар як сол зиёда 20 ҳазор одам фоида медиданд. Киҳоро аз милиция, киҳоро аз қаллобу дуздон, киҳоро аз наркобаронҳо халос мекард. Азбаски марди хайрхоҳ буд, дар рӯзи маргаш ҳазорҳо одам дод зада гиря мекарданд. Ҳатто милицияҳо дар ҳайрат буданд ва худашон ҳам мегиристанд. Кош мо ба ҷои ту мешудем ва мардум аз пушти мо мегирист. Домуллои ҷанозахон қариб 1 соат ҷаноза хонда натавонист. Аз гиряву фиғони мардум сафро рост кардан мушкил мешуд. Қариб 15минути дигар аз дарди гиря натавонист ҷаноза хонад. Мегуфт, ки Каримов Ҳомидҷон шери диёр буд. Тоҷирон аз тамоми кишвар ва кишварҳои ҳамсоя моли худро дар ҳудуди деҳа эмин медиданд ва тамоми меҳмонони ин деҳа эмин аз порахурҳову қаллобон буданд. Кормандони органи кишвари ҳамсоя дар поквиҷдонию хоксории ин мард дар ҳайрат буданд.

  Чи хеле ҳамагон медонанд, мо як чанд бор шоҳиди ҷанги байни Қирғизистону Тоҷикистон шудем. Лекин чаро дар деҳаи Сурх инхел талош набуд. Сурх ҳам ҳамсарҳади Қирғизистон аст. Мо шоҳиди он будем, ки вақте ҳамин хел талошу кашокаш сар шуд Каримов Ҳомидҷон дарбайни ин талош даромада бо як суханаш ҳали масъала кард ва бо ин ҷони чандин ҷавонро аз хатар эмин дошт. Вай

марди далер ва обруманд буд. Барои шағолу рубоҳҳо сахт халал мерасонд. Наркобаронҳову наркобизнесҳо, ки кору борашонро бо дасти мардуми бечора ҳал мекарданд Каримовро сахт бад медиданд. Чунки ин гуна одамҳоро сахт муҷозот мекард. Аз зиндагии одамҳое, ки зиндон мешуданд, бохабар мешуд, дар нигоҳубини оилаашон он наркобаронҳоро вазифадор мекард, бар душашон мегузошт, то мардуми бечора дар ҳабсу «соҳиби кор» кайфу сафо карда нагардад. Албатта кормандони органҳо ҳам ҳастанд. Аммо ҳақиқат зери пой аст. Барои ҳамин  он касро 12 ё 15 оила бад медиданд, чунки рози аслии онҳоро Каримов медонист, ки ҳамин асрордонӣ, мутаассифона, сабаби маргаш шуд. Рӯзи маргаш дар моҳи шарифи рамазон, дар шаби лайлатулқадр иттифоқ афтод. Савол, магар мусалмон дар моҳи рамазон ба қатли мусалмон даст мезанад? Ин қотилҳо киҳоянд, ки дар моҳи Рамазон ба қатлаш даст заданд?

Рӯзе Каримов дар хона истироҳат мекунад, ки шабона дарашро ҳаммаҳаллаҳояш мекубанду  фарёд мекунад. Мебарояд ва мебинаду мепурсад, чи гап, чи хизмат ҳам. Он ҳаммаҳалла мегуяд келинам тавалуд карданӣ, моро зуд ба зоишгоҳ баред.

 Каримов бо мошини худ савор карда бо духтур равон мешавад. Бемористон тахминан аз деҳаи мо то Исфара 30 ё 40 дақиқа роҳ аст. Ин зан дар нимаи роҳ, дар мошин таваллуд мекунад. Дар маҳалл одамони мошиндор бисёр. Лекин дари Каримовро кубидан ва ӯро интихоб карданд ҳаммаҳаллаҳо. Чаро дари одами бадро суроғ мекунанд?

Амаки Раҳимов Раҳимро коргарони орган бо кадом ҷинояти дуруғ айбдор карда ба отдел бурданӣ шуданд. Вай авлоду бародарони бисёр дорад, лекин дари Каримовро куфт то кумакаш кунанд. Кудакони маҳалла Каримовро хабардор кардан ва инкас аз мусибат халос шуд. Коргарони орган гуфтанд, ки мо бензин сарф кардем, то инкасро барем, Каримов аз кисаи худ бензинпулӣ дода раҳо кард, то дигар дари инкасро накубанд. Худи Раҳимов ин ходисаро нақл карда бо минатдорӣ мегуфт, ки ҷонам фидои Каримов Ҳомидҷон бошад, доимо дар ҳақаш дуогуям. Мисли Раҳимов одамҳо ҳастанд,аммо намегуфтагиҳо ҳам хеле зиёданд.

 Дар тамоми муассисаҳои ҷамъиятӣ иштирок мекард ва дасти хайри худро дошт: детсад, мактабу ятимхонаҳо, беморхонаҳо, ягон маризи камбағал, ки ба духтур муроҷиат мекард, пули дорую муолиҷаи кардааш аз тарафи Каримов Ҳомидҷон пардохт мешуд. Ин кор давоми моҳҳова солҳо давом мекард.

 Махсус фонди махфии худро ташкил карда буд, ки ҳар моҳ зиёда аз150 нафар ёрдам мегирифтанд: – орду руғану шакар ва ….. Инҳоро шабона дар пушти дари ҳар яке бурда медод, то ҳеҷ кас хабардор нашавад. Ҳар моҳ такрор мекард. Мо инро аз кӣ фаҳмидем? Яке аз одамоне, ки ҳар моҳ кумак мегирифт аз хешовадони ин кас дар ҳамин туҳмат шарик будааст. Ва гуфтаанд, ки мо аз ин хел хешованд безорем. Моро аз руйхати кумак маҳрум накунанд. Баъд мо донистем, ки фонди кумаки рӯзгор будааст.  Бо дархости ин мард кумак зиёдтар карда мешавад. Далелу тасдиқи ин гуфтаҳоро дорем. Фақат номашро нагирифтем то обруи ин шахсро ҳифз намоем. Чунки хеле вақт гузашт. Кудакони ин нафар калон шуда соҳиби молу хонаву дар шудаанд.

 Ба фикри ман Каримов чанд маротиба мардуми ду миллат: қирғизҳо ва тоҷикҳоро   оштӣ доду муросо кунонд. Ҷони мардум ва сарбозҳоро ҳифз кард. Мо шоҳиди ҷанге шудем, ки зиёда аз 100 нафар ҷон дод. Ҳатто модар дар батнаш кудак зери оташ ҷон дода сухт,  ҳамроҳи шофёру духтур кудакони 8 -9 сола. Касоне, ки Каримов Ҳомидҷонро ганда мекунанд, худашон ягонтои ин корҳоро анҷом додаанд? Не ва 100 дар 100 не! Фақат туҳмат карда бе ягон далел гап мезананд.

Дар бораи Каримов Ҳомидҷон ҳатто китоб навишта шуда буд. Нависандаи китоб сардори  ШКД -2 Исфара буд. Номаш аз ёдам рафт. Вай таърихи зиндагии Каримовро шунида дар ҳайратмонда китоб навишт. 

 Як ҳодисаи солҳои 1992 ва 1993-ро ҳикоят мекунам. Он солҳо сахт душвор буд. Вай барои халқи Исфара аз Қазоқистон гандум овард, то мардум бо гушнагӣ дучор нашаванд. Ин яке аз ҳолатҳое аст ки Каримов Ҳомидҷон ҷони худро бо хатар монда ҷони мардуми Исфараро харидорӣ кард. 

Бародар Муҳаммадиқбол! Агар Шумо ҳақиқатро хоҳед ин навиштаро чоп кунед.

 Қиссаи Каримов Ҳомидчон то Прокурори генералӣ рафта буд. Ончики шумо пештар  навор кардед ҳақиқат набуд. Ин қисса деликатний аст ва ба гуфтаи русҳо особенно внимания требуется. Гапҳо бисёр аст. Баъди нашри ин навишта ҳаёти ман ҳам дар мусофират мемонад.

 Писарони ин мард соҳиби молу мулку мошин шуданд. Мо нахостем номашонро бо забон гирем, ба ин сабаб, ки обруяшон нарезад ва худашонро нороҳат ҳис накунанд. 

                                  Хуҷанд 

Бародари муҳтарам Муҳаммадиқболи Садриддин. Ман як сокини шаҳри Хуҷанд ҳастам. Барои шумо як матлаби ҷолибро айнан аз сайти интернетии нашрияи СССР копӣ карда мефиристам. Ин навишта ба қалами як сокини шаҳри Бохтар бо номи Фаришта Билолӣ дарҷ шудааст. Бовар кунед, ҳар ончи муаллиф навиштааст, садфисад дуруст аст ва воқеиятро мушоҳида кардааст.

Чизи дигар инки вақте мардум ба шумо аз камбудиҳо менависанд, ин чоплусҳову лесакҳо мегуянд, ки бовар накунед, чунки онҳо оппозитсияанд ва корашон бад кардану бад гуфтан аст. Барои ҳамин ман ин навиштаро аз СССР, ки 17 январи ҳамин сол нашр шудааст, барои барномаи «Номаҳо…» мефиристам ва аз шумо, хоҳиш мекунам, ки чоп кунед, то фаҳманд, ки ончики шумо чоп мекунед, бофтаву дуруғ нест:

«Салом СССР! Дар арафаи соли нав хостам, ки ба вилояти Суғд сафар карда, аз шаҳри бостонии Хуҷанд ва дигар шаҳрҳои он, ки пайваста тариқи ТВ таблиғу ташвиқ мешаванд, дидан намуда, Соли Навро ҷашн бигирам. Аммо ҳайрати ман пас аз дидани шаҳрҳои Хуҷанду Бӯстон дучанд афзуд, зеро ҳеҷ гоҳ тасаввур намекардам, ки шаҳрҳои калони вилояти Суғд ин қадар қафомондаанд.

Пас аз дидани ободиҳои пойтахти азизамон шаҳри Душанбе, ноҳияҳои тобеи марказу вилояти Хатлон ва ҳатто шаҳри Хоруғу Дарвози Бадахшон, шаҳри Хуҷанд ба назарам хеле бетағйир намуд. Шаҳри Хуҷанд мисле, ки 5 сол пеш дида будам, ҳамон гуна мондааст, бе навгонӣ, бе ободӣ. Ҷо-ҷойе метавон биноҳои навро дид, вале аксарият маркази тиббӣ, биноҳои шахсӣ ва корхонаҳои хурданд, ки соҳибкорони маҳаллӣ барои тиҷорати худ бунёд кардаанд, на худи ҳукумати вилояти Суғду Хуҷанд.

Кӯчаҳои Хуҷанд ҳанӯз ҳам пур аз партов, бозори «Панҷшанбе» ҳамон «а порина» на тартиб дорад, на тозагӣ ва на ободӣ. Нақлиёти ҷамъиятӣ мисли даврони рукуд на танзим дораду на тартиб ва ронандагону пулчинакҳо бо ҳамон ҳаёҳӯйу доду фиғон мусофиронро ҷамъ мекунанду ба газелҳо мешинонанд.

5 сол пеш вилояти Суғд тамоман дигар буд – дилрабо, зебо ва тозаву тамиз. Мутаассуф аз онам, ки мардуми кишвари ҳамсоя – Ӯзбекистон ба Суғд сафар намуда, ба Тоҷикистон аз рӯи ин вилоят баҳо медиҳанд.

Шаби Соли Нав вақте мардум дар назди арчаи асосии вилоят дар маркази ш. Хуҷанд ҷамъ омада буданд, расо соати 22 чароғҳои арчаро хомӯш карданд, ҳол он ки дар ш.Душанбе дар ин вақт мушакпарронӣ ба шарофати фарорасии соли нави 2024 оғоз шуда буд.

Бубинед шаҳри Бӯстон, собиқ шаҳри Чкаловскро. Шаҳри фаромӯшшуда, бетартиб ва ифлос, корхонаҳои саноатие, ки замоне шуҳрат доштанд, имрӯз қариб, ки аз кор мондаанд. Меҳмонхонаи «Хуҷанд»-и замоне овозадор ҳоло дар вазъи табоҳ қарор дошта, макони ҷамъшавии бероҳагардон ва муътодону майхорагон шудааст ва кам мардум шабонгоҳ ба маҳали ин меҳмонхона мераванд. Сокинони биноҳои баландошёна аз норасоии об ва сарти вақт набаровардани партовҳои сахти маишӣ меноланд, нақлиёти ҷамъиятӣ низ дар асри 21 боз ҳамон газелҳоянд…Ба таъбири Бобои таърихиву тавсифӣ “Суғд ҳамон Аҳмади порина аст, ки буд…»

                                             Истаравшан

 Салому алейкум домуллои азиз! Ман як шикоят аз шаҳри Истаравшан дорам. Илтимос ин номаро нашр кунед. Шикояти ман аз масҷиди шаҳри Истаравшан, аз масҷиди маъруф ба бетонка мебошад. Дар ин масҷид 4- 5 нафар кор мекунанд, аммо ҳамаашон аз Деваштич-Ғончии собиқ.

  Ин 4- 5 нафар  дуздону  муттаҳамону аз аз ҳақи масҷид мехурдагиҳо мебошанд. Инҳо ҳар ҳафта барои онки аз  масҷид ронда нашаванд, ба амният чанд нафарро бузӣ мекунанд. Инҳо аз худо наметарсида бошанд? Мардуми бечора хайр мекунад, то ҳатто ҳамин хайри мардумро ба кисаҳояшон мезананд. Зулми давлат бас набуд, ки боз  аз масҷид  зулм бинем.

  Ман 20000 сомонӣ барои ободии масҷид додам. Домуллои азиз, ин маблағро ба ҷои ободӣ сарф кардан ба ҷайби худашон заданд.  Имомхатиб Акмалхон ном дорад. Инҳо ҳама ҳаромхуранд. Ҳаррӯз дар масҷид зиёфатхурӣ аз ҳисоби мардум. Мо аз дасти инҳо бо тарс намоз мехонем, боз ба участковий ягон бузӣ накунанд гуфта. Як бародари дигар 7000 сомонӣ дод. Ин пулро низ ба масҷид истифода   набурданд.  Охир,ин чи беадолатӣ аст?Масҷид меравем мавъиза дар бораи террорист, аз ҳадису Қуръон сухане нест.

  Акмалхон савод надорад. Вай имомхатиб аст аммо фақат таърифи  писари Майрами гурсухта  мекунад. Дар охират чи мегуфта бошад? Аз инҳо яктоаш

шофёри домулло.

  Дуюмиаш як нафари бисёр ҳам бад. Агар касе 50 сомонӣ диҳад, аз қафояш гап мезанад, ки 50 сомонӣ чи мешавад? Сеюмаш ба ном қорӣ-ҷонишини домулло. Ин ҳаромхур мебошад. Чорумаш бошад, аз ҳаромхурӣ пусташ сафед шуда рафтагӣ. Инҳо ҳатто пули хайрияи масҷидро бо  амният  ва бо учаскавой тақсим мекунанд. Ҳамон амниятӣ масҷид меояд ба назди бузҳояш ва чи гап гуфта мепурсад, хабар гирӣ намеравӣ мегуяд ба Акмалхон.

Инҳо бошанд дуқат шуда меистанд, дар назди  участковию  амният. Корашон одамфурушӣ. Чанд бародарҳоро фурухтанд. Бо маблағҳои калон аз инҳо халос  шуданд. Бовар кунед намоз хонданро бас карданд аз дасти ин касофатҳо

Ҳам хайроти мардумро мехуранд, ҳам бечора мардумро зулм мекунанд.

Мақсади ман ин нест, ки домулло аз Деваштич  нашавад. Бигзор шавад, аз  куҷое, ки набошад, аммо чаро хароҷоти мардумро барои масҷид истифода намебаранд. Сархатиб Абдушукурхон куҷоро нигоҳ мекарда бошад, ки аз масҷид дафъ кунад, ин ҳаромхурҳоро

Боз мегуям  барои  ман фарқ надорад, аз кадом ноҳия хатиб мешавад. Як инсони Худотарс бошаду ба мардуми ибодат мекардагӣ халал нарасонад. Ман шоҳидам, ки ин бародароне, ки ба масҷид хайр кардан 20.000 сомонӣ, 7000 сомонӣ, 4500 сомонӣ. Аммо ин пулҳо барои масҷид истифода  нашуд. Ман ҳаррӯз дар ҳамин масҷид мегардам ва ҳаромхуриҳои инҳоро мебинам Фардо дар назди Аллоҳ чи мегуфта бошанд? 

Share This Article