Номаҳо аз ноҳияҳо ба «Ислоҳ.нет» №165

Ислоҳ нет

Вақте мудирияти кишвар аз тарафи афроди интихобӣ ва матлуби мардум сурат намегирад, вақте идораи кишвар тавассути як гуруҳи муайяни одамҳо, ки бо ҳам алоқаҳои таборӣ ва маҳаллӣ доранд, вақте дар раҳбарии мақомоти кишвар як қабила ва қавм аксариятро ташкил медиҳанд, ин қишр ва ин табақаи ҳоким на кори ҳокиму на кори мудиру на кори раис, балки кору кирдору мафияро анҷом медиҳанд.

  Мафия фақат иборат аз гангстеру қочоқбари маводи мухаддир нест, мафия ҳамин тоифа ва гурӯҳи одамон аст, ки мансабу масъулияту маъмурияти давлатиро бар суди худу қабилаву авлоду таборонаш суистифода мекунад.

 Дар бораи Шоҳрух Саид мо борҳо навиштаему боз ҳам менависем. Вай то ҳамин чанд вақти пеш сардори УУРи МВД буд. Ҳоло сардори УВД-и Душанбе мебошад. Аммо манбаъҳои мо мегуянд, ки ба таври ғайримустақим ҳамин ҳоло ҳам УУР-ро идора ва назорат мекунад, чунки сардори УУР нафари наздики вай аст. Акнун бубинед, ки чи гуна ин сардори нави УУР, шогирди Шоҳрух, кори бандаҳои мафиозиро карда истодааст.

                                                 Душанбе

   Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқболи Садриддин! Тоҳир Барот, сардори нави УУР, «кычыкчаи Шорух. Чизе Шорух бга ҳамура мекна». Тоҳир як бародар дорад, номаш Саъдӣ. Саъдӣ солҳост, ки дар аэропорт кор мекунад. Ягон рӯз ҳушёр нест. Фақат маст мегашт ва мегардад. Арақро бо литр мезанад. Дар вақте, ки Тоҳир сардори милитсияи аэропорт буд, чандин бор Исмати Дулик Тоҳирро пиён қапида буд. Ё хотири Тоҳир ё аз тарс аз Тоҳир чизеяш намегуфт. Ҳозир бошад тамоман. Дар моҳи шарифи Рамазон ягон рӯзашро мегирад рӯзаву тамом дар дигар рӯзҳо бо задагӣ «кында пиён». Саъдиро Тоҳир чандин бор бурда табобат кард, бе фоида. Дуои мардум нагирифта намемонад. Ҳозирҳо Саъдӣ умуман худашро ҳушёр карда наметавоанд. Кор ба як азоб меравад. Любой корро дар аэропорт буд мекунад. Любой борро мегузаронад. «Мада по..яй мега. Сменаи корима ҳаст, нест ма да аэропорт гапзанм». Аҷиб. Агар ягон камбағали дига мебуд, кайҳо бо статя «сырыш када бдан». Як бечорае, ки нохост хобаш дар ҷои кораш мебарад, ё ки бо ягон сабаби узрнок наметавонад кор омадан, «ҷошда тамом». Аммо ин ҳафтаҳо кор намеояд, агар биёяд кор, пиён, дар пояш рост намеистад, меғалтад хоб. Ана ҳамин ҳолу ана ҳамин вазъият.

                                Абдураҳмони Ҷомӣ

Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқбол. Арзи сипоси ман ба ҳама кормандони Ислоҳ. Мана як хушхабар, пайки бедории миллатро ба шумо расониданиам. Ман аз ноҳияи Ҷомӣ, аз ҷамоати Яккатут ҳастам. То ин вақт бовар надоштам, ки ин гуна корҳо сар мезанад. Аммо худоро шукр, ки шуруъ шудааст. Чунки корд ба устухони мардум расид. Хабаре, ки мерасонам ин аст, ки дар танаҳои деворҳои мактаб, магазин, сартарошхона ва бунгоҳи тиббӣ истеъфои Раҳмоновро навишта ва талаб кардаанд. Мардум истеъфо нависондаанд. Ҳоло аз ин навиштаҳо мақомот истифода карда ҳамаи халқи деҳаи Мирзо Турсунзода, ки дар наздикии ҳамон навиштаҷот воқеъ аст азият карда истодаанд. Ҳамчунин сокинони деҳаи Яккатут, деҳаҳои Шверник ва Аскари сурхро таҳти истинтоқ қарор дода истодаанд. Ҳамаи муаллимҳои мактабҳоро шуъбаи корҳои дохилӣ бурда телефонҳои онҳоро санҷидаву бо ҳар баҳона пул канда истодаанд. Телефонҳои чанд нафарро чандин руз мешавад, ки барнагардонидаанд. Кофта истодаанд, ки ягон айб ёбанд. Айбашон яъне чи? Ютуб даромада чиро тамошо карда бошанд? Бо кӣ гап зада бошанд, лайк монда бошанд? Гуё, ки числои 12 агар ёбанд, ки кӣ нависондааст, ин шиорҳоро корашон ҷамъбаст мешудааст. Агар намеёфтаанд боз 60-70 нафари дигар аз Душанбеву Бохтар меомадаанду боз корро яъне истинтоқ ва азияти мардумро давом медодаанд. Ҷои хобу хурокашон дар масҷиди Яккатут аст. Ҳамонҷо дам мегирифтаанд. Дар вақти хобашон гуё кадоме омада балони мошинашонро бурида ва бензин рехтааст, аммо успети алов задани нақлиётро накардааст ва ё инки аз раъйаш гаштааст. Аммо мардум мегуянд, ки ин кори охирон, яъне балони мошину бензин кори ташкилии худашон аст, то ки болои мардум зиёдтар зулм карда пули бештар ба даст оваранд. Ин ҷамоат ҷамоати калон аст. Садҳо телефони зану мардро гирифтаанд: аз муаллимҳо, аз кормандони ҷамоат, аз мардуми одӣ. Вале ин чиз хушҳол мекунад, ки миллат дорад бедор мешавад. Ва ин ҷабру зулми онҳо боз ҳам мардумро муттаҳид мекунад бар зидди онҳо. Барои ҳамин ман гуфтаниям, ки мардуми Киров, Пушкин, Қизилқалъа ва Уяливу Гаровутиву дигару дигарҳо ҳам бояд ором наистанд.

 Ман ҳозир дар Русия дар Подмосковый ҳастам. Инҷо таги дасти арманӣ кор мекунем. 50-60 тоҷикем. Аз Кулоб, Ҳисор, Шаҳринав ва аз Қурған. Инҷо ман ва чанд бачаи ванҷиву дарвозӣ ҳам ҳастем, ки моро ҳамчун тарафдори мухолифин мешиноснад. Мо бо рабочикҳои арманӣ баробар кор мекунем аммо баробари вай ҳақи гап задан надорем, ҳақ ҳуқуқ, маош надорем. Охир мурданамон беҳ нест?. Бояд дар ватанамон ҷойи кор ёбем. Раҳмонов ватани моро барои худашу авлодаш ишғол кардааст. Мутаассифона дар байни мо дар инҷо шестеркаҳо аз худамон ҳам ҳастанд. Дар таърих ин қадар буз нагузашта буд дар оянда ҳам намеояд. Кундаи тоҷикро ҳамин хел кардагианд, чоплусӣ мекунанд. Арманӣ кайе хоҳад пул медиҳад, кай нахоҳад намедиҳад. анде, ки вай аз кор нагирад пули кораша тияд. Ин модарпурхато шерҳоро қир кард. Ва гумонаш ин аст, ки дигар тоҷик то қиёмат сар боло намекунад. Аммо, ин ша’а Аллоҳ, нишонаҳо ва аломатҳо намуддор шуда истодааст. Аз ин дарди бедаво худамон худамонро наҷот медиҳем. Як ҳаёт дигар сархаму гунгу кар будан намешавад. Яккатут бедор шуд. Бояд ҳама хезем, на як ҷамоат ва на як ноҳия. 

                                       Бохтар

Ассалому алейкум бародар Муҳаммадиқбол! Хабари кӯтоҳ дорам, аммо фикр мекунам ҷолиб аст.
Дар бораи яке аз домодҳои бешумори Асосгузори зулму залолат, пасвои миллати тоҷик, бачаи Майрами гӯрсӯхта. Ин домоди вай супернаҳанги ҷумҳурӣ Шамсулло Соҳибов, раиси «Фароз» ва шавҳари Рухшона, сафири Тоҷикистон дар Британияи кабир аст.

  Соли 2020 дар пушти бинои ГАИ-и ҷумҳурӣ дар Душанбе, наздикиҳои бозори Балх, ин оқи падар хонаашро аз нол бачаҳои Хуҷанд месозанд. Вақте тамом мекунанд, пули корашонро намедиҳад. Ҳар вақте, ин бачаҳо пули ҳалоли худашонро мепурсидаанд, он касифи бесоҳиб мегуфтааст, ки “ҳами хурӯс тухм мекуна? Кай вақте, ки кард, ана ҳаму вақт пулотана мегирен”.  Ва, хулоса ҳамин тавр, кидаташон мекуна! Агар хато накунам, пули кори онҳо 20 ҳазор доллар будааст.
 Як чизи дигарам гап заданиям бародар. Соли 2009-2010 буд. Мо дар Москва будем. Як бародар шарикдарси амакам мешуд, Аллоҳ раҳмату мағфираташ кунад. Барои табобат Маскав омада буд, чунки бемор буд. Ҷигараш “сироз печени” шуда буд.  Ному фамилияашро бигзор пинҳон дорам. Дар кумитаи андози Қурғонтепа кор мекард, вазифаи калон дошт. Ҳамон солҳо дар Тоҷикитон пул барои Роғун ҷамъ кардану “саҳмия” фурӯхтан дар авҷ буд. Вақте омад дар квартира бо мо зиндагӣ мекард,тва аз  қафои табобатош буд. Як бор гап дар бораи саҳмияи Роғун рафт. Ҳамон вақту ҳамон сол он бародар гуфта буд, ки ин ҳамаш кидат аст, пулро ҷамъ мекунанду мардумро кидат мекунанд.
Баъд гап дар бораи Зоири домоди бачаи Майрами гӯрсӯхта рафт.
Агар дар ёд дошта бошед, дар барномаи “Семейканюс” гуфтед, ки петухи бачаи Майрами гӯрсӯхта вақте, ки дар Қирғизистон переворот шуд, ҳамон сол уро аз кор гирифт.
Бародар гапатон сад дар сад рост аст. Он бародар дар ҳамин бора ҳам гап зада буд, ки вақте дар Қирғизистон переворот шуд, бачаи Майрами гӯрсӯхта дар эзораш тар кардагӣ буд. Ва на танҳо ин касифи Зоҳирро аз кор гирифт, ғайр аз ин дигар авлодҳояшро ҳам гирифта буд, ки яке мардум боз дар Тоҷикистонам возмушатса накунанду нахезанд.
  Бародар Муҳаммадиқбол, агар дар ягон барнома ҷой карданӣ бошӣ, номи ин бародарро нагир. Боқӣ саломат бошӣ!
                                              Файзобод 
Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу бародар Муҳаммадиқболи Садриддин.
Ман муҳоҷири меҳнатӣ дар Русия. Синам аз 60 боло. Аз Файзобод ҳастам. Ҳар 3 моҳ сарҳад мерафтем, Қазоқистон барои ду шабонаруз ва аз 8 то 10 ҳазор рубли русӣ хароҷот мекардем. Аммо ҳозир ин нарх барои узбакҳо ҳамин тавр мондааст, аммо барои тоҷикистонӣ аз 15 то 18 ҳазор. Аҳволамон бад. Ҳамин гапи маро дар ягон барномаатон гуед.
                                                 Перм

Ассалому алейкум бародар Муҳаммадиқбол!, Ин ша’а Аллоҳ, ки хубу саломат ҳастед.
Баъди нашри барномаи «Номаҳо аз ноҳияҳо№148» ,ки дар он дар бораи масҷиди  маҳаллаи Ҷарқишлоқ – Панҷруди Душанбе гуфтед, бовар кунед, бародар ин зотҳои ҳаром дигар кунашон дар гирифт!
Рӯзи 9.08.2024, ки рӯзи ҷумъа буд, ягон 20 нафар милисаи бо форма ва боз чандин нафар бо либоси мулкӣ омаданд ва чор тарафи масҷидро печонида нагузоштанд, ки ягон нфар дар берун аз масҷид намоз хонад. Ҳамара сур карданд,   ин касифҳои беимон. Дигар дар ҳамон плашадкае, ки гуфта будам, ки агар дохили масҷид пур шавад, мардум онҷо намоз мехонданд ин касифҳо дигар дар ҳамонҷо ҳам намонданд, ки мардум намоз хонанд.
Оқи падарҳо ранги галаи сагу шағол доду вой карда, мардумро сур карданд.
Дигар ними мардум маҷбур шуд, ки гарданду раванд. Аллоҳ ин ҳаромзодаҳоро лаънат кунад, ки қади ҷонашон аз таҷаммуъи мардум метарсанд, аммо боз зулмро давом дода истодаанд.

Як чизро тамоми халқи Тоҷикистон фаҳмид, ки Раҳмонов ва ҳукумати вай аз мардуми мусалмон ва аз намозу рузаи мардуми мусалмон сахт нафрат доранд. Чаро инҳо ин қадар аз намозу намозхон ҳазар мекарда бошанд? Охир, инҳо худашон имом-хатибҳоро таъин мекунанд, худашон мавъизаи онҳоро навишта медиҳанд, боз чаро аз намозхонҳо метарсанд?                    

                            Кулоб

  Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқболи Садриддин. Ман навиштаи шуморо дар бораи онки Раҳмонов Рустамро ба ҷойи худаш меовараду Озодаро ба ҷои Рустам хондам. Ростӣ бисёр ҳам маъқул шуд. Ман аз гузари Чармгарони Кулоб фикру мулоҳизаҳоямро дар бораи Раҳмонов менависам. Албатта, ба дасти худи Раҳмонов аст, ки ҳарчи бихоҳад мекунад, чунки дигар вай аз касеву чизе биму ҳарос надорад. Опозитсия, ки дар дохил бошаду муқовимат кунад нест. Барои ҳамин вай агар бихоҳад метавонад, ки Сомонӣ писарашро раиси Душанбе мемонаду Заринаи духтарашро раиси Бонки миллӣ ва Рухшонаро аз сафорати Тоҷикистон дар Британия оварда вазири хориҷӣ мемонад ва Парвинаи духтарашро вазири тандурустӣ. Бачаҳову духтарҳо ва домдҳои расмиву ғайрасмиашро ҳам метавонад ба ҳар яке аз постҳои давлатӣ таъин кунад. Ман чи гуфтаниам? Ман гуфтаниам, ки агар фикратон ё андешаатон ин аст, ки Раҳмонов як нафаҳму нодон аст ғалат мекунед. Раҳмонов пеш аз ҳама як ҷуъулбақар аст. Ин дуруст аст. Раҳмонов пиёнискаи бетавфиқу беимон аст. Ин дуруст. Раҳмонов дузди дуздон, сархайли дуздон, раиси дастаи дуздони давлатӣ аст. Ин дуруст. Раҳмонов маҳалгаро аст. Ин дуруст. Раҳмонов хешутаборпараст аст. Ин дуруст. Раҳмонов носераму чашмгушна ва ҳаромхуру аст. Ин дуруст. Раҳмонов одамкуш аст. Ин дуруст.

Аммо Раҳмонов тули ин 32 сол нишон дод, ки барои бақои ҳукуматаш сахт айёру ҳушёру зирак аст. Ва барои таҳким ва бақои он ҳатто хоки ватан, ҳатто зану духтарашро ҳам мефурушад.

Раҳмонов ба вузуҳ медонад, ки халқ уро ва Рустамро тамоман намехоҳад. Раҳмонов ҳарчиқадар халқи ман, халқи ман мегуяд, дуруғ мегуяд. Вай дар ру халқи ман мегуяд аммо дар пушт «зану модари ин халқа дашном мегуяд».

  Раҳмонов тоҷикҳоро террорист муаррифӣ карда тамоми камбуд ва навоқиси даруни кишварро бо ин рупуш карда истодааст. Чунки Раҳмонов бо ҳамин роҳ ва бо ҳамин шакл бо мавқеъи зиддираҳмоновии мардум муқобилият карда ва худро ва ҳукумати худро муҳофизат мекунад.

Мардумро террорист муаррифӣ карда истифодаи тиру туфангро бар алайҳи мардум дар оянда фароҳам карданӣ аст.

Аммо, мутаассифона, бархе аз тоҷикҳои мо, ки маълум нест ба кадом хотир ин корҳои хашинро, амалҳои террористиро дар Афғонистону Эрону Туркияву Русия ва ҳатто Аврупо анҷом медиҳанд, нохоста ба дуруғҳои Раҳмонов далелу мадраки ростиву дурустӣ фароҳам мекунанд. Ба ин маъно, ки таркиш дар ду шаҳри Эрон ё Туркия ва ё Афғонистон ва ё талоши анҷоми аъмоли террористӣ дар бархе аз кишварҳои урупоӣ бо дастони тоҷикҳо ва ахиран «Крокус ситти»-и Маскав, ки гуё онҳо аҷиркардаҳои ДОИШанд, на танҳо ҷони худи онҳоро таҳти хатар қарор доду бархеашон кушта гардиданд, балки барои миллионҳо тоҷик мушкил эҷод карда, баръакс дар идомаи ҳузури Раҳмонов дар қудрат ва забондарозии вай мусоидат кард.

Яъне иттиҳомоти Раҳмонов алайҳи даҳҳо ҳазор аз тоҷик, ки ҳоло таҳти пайгарди байналмилалӣ қарор доранд, таъйид ва тасдиқ шуда истодааст. Ба баёни содаву фаҳмотар ин амалҳои ҳамватанони мо бар манфиати Раҳмонов анҷом шуд ва анҷом шуда истодааст.

Ҳоло аз инки дар Шоҳчароғ ва ё дар Крокус сити таркишу куштор ба амал оварда шуд, ба мардуми тоҷик чи фоида? Бо ин амалу афкори хом ва бемаънӣ, ин бародарҳо тоҷикҳоро дар арсаи олам бадном карданд ва ин бидуни шак бар манфиати Раҳмонов аст ва Раҳмонов ба тамоми дунё хоҳад гуфт, ки вақте ман аз хатари терроризм ва он ҳам терроризми исломӣ мегуям, шумо саҳлу сода нагиред. Ва бо ин кори бемаънову аблаҳонаи тоҷикҳо Раҳмонов ба худ ҳақ медиҳад, ки барои саркуби тазоҳуроти эътирозӣ артиш ва силоҳро ба кор бибарад, намунаи ахири он истифодаи неруи низомӣ дар Хоруғ дар баҳори соли 2022 аст.

Раҳмонов чи мехоҳад? Мехоҳад ҳамин шароит дигар нашавад. Мардум мурғ бимонад. Азизмо, Озода, Фируза….. агарчи мокиёнанд дар болои ин мардум хурус бошанд, чи расад ба худи Раҳмонову Рустаму Сомониву Исмоили Пигвину Анушервону Зоиру Зарифбек Рамзу Ашрафу ва…ғайраҳо, ки нару модаи мардумро тозанду тозанду таҷовуз кунанд. Барои онҳо ин мардум галаи харони Олимтой аст.

                                                     Хуҷанд

Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқболи Садриддин. Ман дар соҳаи маориф аз даврони шуравӣ кор мекардам. Се сол шуд дар нафақаам. Вақте аз баҷои имтиҳони қабул тарзи тестии қабулро ҷорӣ карда буданд, ман дар матбуот чанд мақола навишта инро дуруст наҳисобида будам.

Ҳоло ҳам бар ҳамон фикр ҳастам. Чунки соҳаи маорифи Тоҷикистон рӯз то рӯз ба ақиб рафта истодааст. Ин соҳа тағйироти бунёдӣ ва куллӣ мехоҳад. Амалан соҳаи маориф, чи кудакистону чи боғча, яслиҳо ва чи мактабу омузишгоҳҳову литсейҳо ва чи донишгоҳҳо пулакианд, аммо боздеҳ отдача надоранд. Ҳатто муаллимҳое дарс медиҳанд, ки худашон диктант навишта наметавоанд. Ин соҳаро ҳам ба бизнес табдил доданд. Дар як сол аз 200 ҳазор зиёд синфи як меравад. Ҳисоб кунед, ки ин 200 ҳазор барои як справкаи тиббӣ яксаду бист сомонӣ месупорад. Ин пул садҳо миллион сомонӣ мешавад. Як нафар директори мактаб гуфт, ки ҳамаи ин пулҳо ба ҳисоби ширкати Фарози домоди президент меравад.

Дар мактабҳо директорон хешу таборонашонро ба ҳайси фаррошу муаллиму муаллима бардуруғ ба кор мегиранд ва ба номи онҳо пул мегиранд. Ин ғорати руирост аст.

  Хадамоти назорати давлати соҳаи маориф меояду пул мегираду зиёфат мехураду бо ба муаллим, ки савод надорад категорияи олӣ медиҳад.

Ҳамаи инҳо ба хотири чӣ ё аз дасти чӣ аст? Барои онки  Раҳмонов худаш дарс нахондааст, бачааш нахондааст. Онҳо парво надоранд, ки мехонанд ё не. Раҳим Саидзода, вазири маориф ва илми Тоҷикистон дар нишасти хабариаш хабар дод, ки дар мактабҳо дар нимсолаи аввали соли 2024 норасоии 2670 омӯзгор ба қайд гирифта шуд. Яъне мактабҳои Тоҷикистон ҳамин миқдор омузгор надоранд. Вазир гуфтааст, ки барои рафъи ин камбуд аз ҳисоби донишҷуён ва бо мувофақа бо ҳукумат 2170 нафар ҳамчун муаллим ба кор гирифта шуданд. Оё бо ин аҳвол соҳаи маорифи Тоҷикистон чи мешавад? Мо ягон кадри дурусту босавод тарбия карда метавонем? Ҳеҷ гоҳ наметавонем.

Ман бовар дорам, ки Раҳмонов тамоман парвои соҳаи маориф надорад ва ҳар гапе дар ин бора мезанад дуруғ аст.

                                             Исфара

  Ассалому алайкум устод Муҳаммадиқболи Садриддин. Аз хизмати ҳарбӣ, аз отряди сарҳадии боғдорӣ менависам. Ман дар онҷо хизмат кардам.  Як қиссаро мегуяматон. Аз ҳолу аҳволи сарбозон. Ман соли 2021 то 2023 хизмат кардам. Аз як хона ду нафар дар як призив. Ҳаминро махсус зикр намоед. Дар куҷои қонун ин омадааст, ки аз як хона ду нафарро дар як призив баранд., Илтимос ҳаминро дар номаҳоятон чоп намоед. Аз аввали ба қисми ҳарбӣ овардан то бароварданро мегуям.

Ман соли 2021 ба қисми ҳарбӣ оварда шудам. Якум рузе даромадем танҳо чою шакар доданамон. Гуфтанд, ки хурок тамом шуд. Ҳамин хел хизмат сар шуд. Хайр, задану шаллоқ хурданамро намегуям. Фақат дар бораи питания мегуям. Инро бигуед, ки ин гушнаҳо бифаҳманд.

Ягон намуд хуроки онҳо ба талаботи инсонӣ ҷавобгу нест. Дар ягон қисмҳои ҳарбии заставаи Исфара хуроки руғандор намедоданд. Ҳамаи хурокҳояшон тамоман руған надорад. Обпазу буғпаз.

 Саҳар соати панҷ, рузи ҷанги бо қирғиз бонги хатар-теревога доданд. Соат 5:10 ё 15 буд. Ҷанг сар шуд. Аз тарафи қирғизҳо ба самти мо чанд тир заданд.

 Баъд ба мо ҳам фармон шуд, ки паронем. Мо ҳам тир задем. Ҳамин хел ҷанг калон шуд. Аз онҳо ва аз мо чандин нафар кушта шуданд. Ман номҳои онҳоро бигуям мефаҳманд, ки кӣ нома навиштааст.

Баъд ОМОН-ҳову дигар спецслужбаҳо омад. Вале фақат срабозҳо дар аввали хат будем ва ҷанг мекардем. Ягон офитсери маошхур ҳатто наздик намешуд. Чанд нафар ОМОН-ҳо дар пушти застава баҷо шуданд. Қасам ба номи Аллоҳ ягонтоаш барои ёрдам намеоянд. Ҳамааш баҷо шуданд. Сарбозҳо дар окопҳо ҷароҳатдор ,ягонтоаш намеояд, ки бигирад. Ман намефаҳмам, ки чаро онҳо ҷангро сар кардануд аммо чаро моро гунаҳкор карданд.

Аммо дар ҳамонҷо фаҳмидам, ки ба воситаи ин роҳ Раҳмонов ва домодҳои вай бизнес мекардаанд. 

Вале алами ман ин аст, ки бачаҳои баъзе аз мансабдорҳо тамоман аскарӣ намераванду аммо аз як хонаи мо ду касро ба сарбозӣ гирифтанд. Ваъда дода буданд, ки заминатон медиҳем, аммо фиребамон карданд, надоданд.

Share This Article