Номаҳо аз ноҳияҳо ба «Ислоҳ.нет» №86

Ислоҳ нет

        Талоши онки омӯзгору мудири бахши ҷавонону мудири маорифу имомхатибҳоро ба барномаҳои онлайнии мо ҷалб кардан ва аз онҳо ба унвони тарафдору ҷонибдори пешво ҷилва додан, мисли дигар барномаву лоиҳаҳои ин режими касиф нақше бар об шудааст. Он бечораҳои мазлумро дар вақте ки тамоми Тоҷикистон хоб аст, дар деҳот неруи барқ вуҷуд надорад, ба иҷбору зӯр меоваранду гап ёд медиҳанду ба «Минбари муҳоҷир» сар медиҳанд. Аммо, худатон ҳам шоҳид шудед, ки баъзе аз онҳо ҳатто намедонанд, ки микрофон чист, чи тавр бояд рушан кунанд, интернетро умуман истифода накардаанд. Ҳатто дар назди камера баданашонро менамоянд ва дар барномаи “Минбари муҳоҷир” 235 шоҳиди беш аз 7 нафар дар як утоқ қарор доштани боздоштшудаҳое барои суҳбат оварда будандро шоҳид будему боз мегуяд на ман танҳоям.  Дигар ин ҳилаву найрангҳоятон ба кор намеравад. Кӣ бовар мекунад, ки як мусулмони тоҷик бигӯяд. ки ман Раҳмоновро аз пайғамбар ва ё падару модарам бештар дӯст медорам ва ё инки онҳоро баробар дӯст медорам. Ин як дуруғи маҳз аст ва шукри Худо бо ингуна усулу услубҳои аҳмақонаву аблаҳона  худро хандахариши мардум карда истодаанд ва худашон шаҳодат ва гувоҳӣ дода истодаанд, ки тамоми кору амалашон дуруғ аст ва мардумро доранд гул мезаннад ва аблаҳ фарз мекунанд. Аммо, шукри Худо, ки мо  чизе барои пинҳон кардан, ниёзе барои чашмбандӣ  надорем. Халқи тоҷик дар канори мост ва мо дар канори халқи худем. Ин аст тафовути асосӣ ва аслии мову Раҳмонов ва режими касифу касофати вай:                               

                           Хуҷанд

Дуруд бародари муборизи роҳи ҳақ. Ман аз Хуҷанд мебошам. Ҳаракат мекунам то ҳадди имкону тавон чизҳову касҳои пинҳониро ғайрипинҳон кунам. Мехоҳам оғоз кунам аз чизҳои актуалие, ки баъд аз “инқилоби 1 ноябр “ аз ҷониби барномаи «Минбари муҳоҷир» садо дод, сар карда нуқтаҳо ва хитобаҳоро ҷой ба ҷой кунем. Баъди ҳамон сарусадоҳо ва гуфтани шумо, ки “Навҷувонов дар Хуҷанд кайф карда гашта истодааст”, ӯ дар яке аз тарабхонаҳои дӯстдоштааш, ки ман дар онҷо ҳамчун “БАРМЭН”кор мекунам, масти ганда шуду медонед чизе гуфт? Вай гуфт, ки «Иқбол дар бораи ман гап зад дар минбаруш, ман бояд ягон пешгириш кунам, баъд гуфт фармон аз боло гуёну аз Гулистону Бустон то Чоркуҳу Ворух аввал сагҳои милисаашро баъд худаш рафт ҷамоат ба ҷамоат, (шумо дар ин маврид информатсия бояд дошта бошед) ӯ дар ҳар як деҳаи роҳи Хуҷанд, Конибодом, Исфара,Чоркуҳ даромада аз номи ҷанобаш гап зад, ки «бачаотон ба хоино нанависанд иқа бисёри бад».Чунки Навҷувоновро аз боло кашида сар додаанд. Бовар кун бародар Муҳаммадиқбол, вақте ки маст мешавад, ку ин генерал аз ҳайвон фарқаш намемонад. Нушокии дӯстдоштааш винои хушк яъне сухое вино ва арақи махсусе, ки обашро аз чоҳ мегиранд ва оби махсуси Овчиқалъача, он обҳо аз чашмаҳо мебошад ва ба арақи Навҷавонов хеле гуфти гапо мазза медиҳад.

  Акнун мегузарем ба хабарҳои Хуҷанди худамон. Дар яке аз барномаи Номаҳо дар мавриди доруҳои фалшивий гуфта будед. Ва гуфта будед, ки он доруҳоро дар мардуми Суғд эксперимент-таҷриба карда истодаанд. Баъди чопи он аз Душанбе бачаҳакои боло бо духтаракои боло омаданду гуё санҷиданд ва аптекаи калонро ҷарима карданд. Ва гуфтанд, ки чаро нархи аптекаҳои хурд гарон? Бояд по стандарту як нарх бошад. Ман ҳамчун хуҷандӣ розиям, агар нархҳои мағозаҳо по стандарту як нарх шавад.

  Соли 2021 бачаи Майрами гурсухта дар Хуҷанд як мағозаи замонавӣ кушод. Аммо дар асл онҷо як фоҳишахона шуд. Як охранники кали валадизино мисли пешвояш корҳои маҳрамонаро бо фурушандаҳои он мағоза анҷом медиҳад. Онҷо агар зани мусулмон дарояд вай аввал ба пешаш мебиёяд ва вежливо мегуд: ҳиҷобатро аз сарат каш, сумкаатро ба ман деҳ. Агар ин корро накунад ба мағоза роҳ нест. Дар соҳаи маорфи ҳам вазъ аз ин бадтар аст. Рӯзи омадани Эмомтапак   аз талабаҳо 10 сомонӣ барои ташкилии пурдабдаба пул гирифтанд. Талабаҳо 15рӯз подряд маршировка мекарданд. Худи директорони мактабҳо 25 сомонӣ доданд. Мисли як дань ба муғулҳо медиҳӣ, мо хуҷандиҳо ба Чингизхан дань додагием. Ҳоло бошад ба Рахмонов дань медиҳем. Фикр мекунам,ки онҳо ако уко бошанд: Чингизхон ва Эмомтапак.

   Дар ХГУ –Донишгоҳи давлатии Хуҷанд муаллимаҳоро бачаҳакои боло маҷбур карда истодаанд, ки «против мухолифо» мақолаҳо нависанд ва бачаҳои мардумро пропаганда бештар кунанд! Соли 2021 ректори ХГУ маҳалгароиро сар карда буд.  Як донишҷу аз Конибодом ё Исфара буд. Либоси танаш либоси мактабӣ буд. Ба  ректори ХГУ мақбул нагардид ва ӯ дашном карда гуфт: «фалони оча, шумо конибодомиҳо қати исфарагиҳо ҳамон қашқари қарақчи монден бо сатру ҳиҷобу ришу кисаи холӣ». Гуфт имрӯз меравӣ аз фалон ҷой галстук, брюк, костюм мехарӣ. Ва он бачаро хеле 25дақиқа таҳқир кард. Аммо вай як бачаи фаъол буд.  Ин ҳодиса якуми сентябр руй дод. Ман фикр кунам он ректор аз Мастчоҳ ё дигар ҷо буд-дағал. Ба ҳар ҳол ӯ як ҳайвони ғайриинсон, як саги буз, буд, ки мо хуҷандиҳо ингуна маҳалгароиро намебахшем. Чунки Конибодом, Исфара ва Масчо бародар ҳастем ва намехоҳем, ки моро сагҳои Эмомтапак ҷудо созад.

   Мегузарем ба духтари СС.Ятимов. Духтари Ятимов шашликхонаҳои Бобоҷон Ғафуровро кришават мекунад. Хандаовар аст. Аммо чизе, ки ҳаст ҳамонро ба шумо гуфта истодаам. Як мисол меоврем. Духтари СС.Ятимов бо яке аз офитсиантҳои он шашликхона корҳои маҳрамонаи худро кардаст. Ҳоло он бача дар Русия аст. Духтари Ятимов Парвина ном дорад ва дар байни дугонаҳои ба мисли худаш баландрутба кличкаи “Парвинаи нонхурак” -ро дорад. Ин лақаб ба ӯ барои нони серравғани хуҷандиро хурданаш дода шудааст. Духтари СС.Ятимов дар Гулистону Бустон (Чкалову Қайроққум) се- чор хона дорад. Гуё, ки ӯ хеши Қофлонбой бошад. Ҳоло дар  мавриди таъминоти об ва барқ мегуям. Обро 2 соат медиҳанду барқро 4 соат. Аз соли 92 аз ҳамон рӯзе, ки Эмомтапак ба қудрат расид, газ надорем. Бачаҳакои боло, ки аз Фархоранд дар отдели калон, ки мо хуҷандиҳо онро публичний дом меномем – фоҳишахона, онҳо дар онҷо рӯзҳои шанбеву якшанбе бо фарзандони мардуми Хуҷанд кайф доранд.

  Прокурори Хуҷанд аз Кулоб аст, раиси Бонкӣ, Амонатбонк, бонки Финка, Эсхата ва Имонбонкро ҳам Раҳмонов ба сагҳои ҳаммаҳалли худаш бахшид. Инҳо дар асл инсон нестанд. Дар фурудгоҳи Бустон-Чкалов 3 пост амал мекунад, ки ҳар яктоаш 15сомонӣ сари ҳар мошин доля дорад. Ва дар дохил барои паспорт 170 сомонӣ медиҳӣ. Бовар кунед, ки ҳамаи ин постҳо дар дасти бачаҳакои боло аст. Ва яке аз чизҳои ҷолиб ин аст ки ҷиянҳои Эмин Ҷалилов, ки автобусҳоро кришават доранд бо сагҳои Ятимов ва раиси амнияти Хуҷанд байни худ ҳамоҳанг кардаанд ва ранги мафиозиҳо шудаанд. Дар 20ум микрорайон соати 1:00 «выяснение отношений» мекунанд. Онҳо ҳама чиз доранд ба монанди рэмбо, аз дандон то пойафзолаш вооруженныйанд. Сухани мардуми одӣ намегузарад ба онҳо.

  Дар охир гуфтаниам агар 1% нангу номуси як тоҷики Суғд, Бохтар, Ршту Ҳисор, Зарафшон ва Бадахшон бардошта шавад, пас ташаккур ба нақшу натиҷаи кори Ислоҳ, ки ин ҳама дарди мардуми моро ба нашр расонд. Ман то ба имрӯз ҳадди имкон ҳамчун сокини Суғд саҳми худро гузоштаам. Агар хоҳед нашр кунед, то ки мардуми даруни Хуҷанд фаҳманд, ки шумо воқеан бо мардумед.

                                     Чоркуҳ

  Ассалому алейкум ва раҳматулоҳи ва баракотуҳу домулло! Зану марди калонсолу ҷавон, мо ҳамеша дуогуи шумо ҳастем. Дар Чоркуҳ аз зулми ин Аҳрор Каримови буз ва Шаропов Лайсиддини раис ҳама безор шуданд. Лайсиддин бо Аҳрор пешакӣ маслиҳат карда дӯсти бачагиаш, яъне ҳамсинфашро подстава мекунанд. Номаш ҳоҷӣ Мирзо, бачаи ҳоҷӣ Асадхон.  Худораҳматӣ ҳамсинфи Лайсиддин, аммабачаи Аҳрори буз. Инро  маслиҳат карда ба амният ариза карда гуё ба домулло Наимҷону ҳизб ҳамавақт пулҳои калон рустӣ ёрдам мекунад гуфта бисёр ғам дода пули калон аз вай ситониданд.

Ҳоҷӣ Мирзои бечора суми аз ҳад зиёдеро доду ба ҳеҷ ҷое шикоят ҳам накард. Намонданд, ки шикоят кунад. Барои он ки ин пешакӣ ин корро маслиҳат карда нақша кашида буданд. Барои ҳамин Шаропов Лайсиддин  ин корро «ҳал» карда, мисли бехабарҳо рафтор карда аз ҳамсинфаш суми калонашро зада гирифт ва байни ҳам тақсим карданд. Ин гапҳо аз даруни худашон баромад. Ба бузи Аҳрор пулро кам додааст. Ҳоҷӣ Мирзо инсони пулдор ва сахт худотарс аст. Ба одамҳо зиёд кумак мекунад.

Аммо ин Аҳрори буз ва Лайсиддин барои пул шуда гуру аъмоли худро сузонида истодаанд. Ин Лайсиддини зинокори беномус домоди ҳамон Ҳошими кунқапак аст. Дар охир гуфтаниам, ки мардуми шарифи Чоркуҳ ҳамаи инҳоро мушоҳида ва дар як ҷое навишта истодааст. Рӯзаш меояд барои ҳар як амалашон ҷавоб хоҳанд дод.

                                          Санкт-Петербург

  Салом бародар! 7 октябри соли 2022 зодрӯзи Владимир Путин буд. Ман як муҳоҷир як рӯз дар шаҳри Санкт-Петербург бо як хизматчии Константинский двореци ин шаҳр  ҳамсӯҳбат шудам. Ӯ аз ман пурсид, ки ту аз куҷоӣ? Ман гуфтам аз Тоҷикистон. Вай гуфт лаънат ба президенти шумо. Ман гуфтам чаро? Гуфт президенти шумо соли 2022- 7 октябр ба президенти Русия дар зодрӯзаш тӯҳфаи мевагӣ кард:харбузу тарбуз ва дигар меваҳои ширин! Баъди тӯҳфаи ӯ мо қариб ду моҳ шабонарӯз дар двореци Путин бо ҳашароту паррандаҳо, мушу пишакҳо ме ҷангидем. Дворетс ба як мусорхона табдил ёфт!  Вақте Раҳмонов ба Путин тӯҳфа кард ҳаво гарм буд. Ҳама меваҳо вайрон ва ба замин яксон шуд. Дар дворец истодаан намешуд. Занбуру паша, мушу мурча ҳатто паррандаву сагу пишак ҳам буд. Мо ҳамроҳии химикҳову биологҳо гар чанде ҳаракат кардем натавонистем дворецро тоза кунем. Маҷбур шудем қабати заминро канда партоем ва аз нав хок рехта ва сабз намоем. Он марди рус гуфт президенти шумо як хуги тайёр аст. Шумо дар назди дари мо мисли талбандаҳоед, металбед аммо роҳбари шумо миллионҳо хароҷот кардаву худнишондиҳӣ мекунад. Мо тамоми кормандони дворец ӯро ҳақорат мекардему лаънат мефиристодем. Ин марди рус гуфт халқи тоҷик барои мо русҳо жалко аст. Наход, ки ин қадар ҳайвон бошад президент. Ин қадар хароҷот кунӣ, ки аз даҳони Путин спасибо шунавӣ: «жаль мне, очень жаль таджикского народа».  

Дар ҳақиқат ин шармандагист, кай мемурда бошад ин хугу мо хандахариш ва таҳқиршуда дар Русия набошем?  

                                           Масчо

  Салому алейкум устод! Аз Масчо бароятон менависам. Аз рӯзе, ки ин лаънатӣ бачаи чупон Маҳмадҷобир Раҷабзода ба сари курсӣ омад- солҳои 2015 мардуми деҳаҳои Масчоро бо ҳамдигар бадбин кард. Сокинони Витконро бо Пастиғав ҷанг андохт. Ва мардуми ин ду деҳа ба ҷони ҳам афтоданд. Даъвои мардуми ҳар ду деҳа аз тарафи мақомот шунида намешуд, чунки  ин Маҳмадҷобир Раҷабзод, бачаи ҳаромхури чупон дар ин қазия даст дошт, барои ҳамин арзу шикоятҳо шунавида намешуданд.

 Ҳол онки аҳолии ин ду деҳа бо ҳамдигар холабачаву аммабачаву амакбача ҳастанд. Имрӯз байни ин ду деҳа муносибат хуб нест. Агар мо ба гузашта назар кунем ин мардум гузаштагони хуб доштанд. Аммо имрӯз як гурӯҳи мансабпараст ба сари ҳокимият омада мардумро бо шиорҳои дуруғин фиреб карда истодаанд.

Ин Муҳаммадҷобир Раҷабзодаи дузди ҳаромхури хиёнаткор мардумро ба мисли галаи мол карда дар гирдаш шағолҳоеро ҳамчун сардори милитсияи он вақта Насимов ҷамъ кард. Ин шағол мардуми Масчои навро хело подстава ва зиндон кард. Вай дар Масчои нав замначалник буд. Шербачаҳои Масчои нав ин шағолро зада нигоднияш карданд, хело хурсанд шудем, бас кард. Аммо ин шағол боз ба Масчои куҳӣ сардори милиса шуд. Аз дасти ин номард чанд ҷавонмарди мо зиндонӣ шуданд. Аз он ҷумла як муноқиша ҷавонмардони Ҳадишаҳр бо кормандони кони Ғузн шуд, барои ангишт. Шербачаҳо онҳоро заданд. Сипас кор ба дасти Насимов ғалтид.

Хуни ин ҷавононро макид ва баъдан чанде аз онҳоро зиндон карданд. Ҳоло дар зиндонанд. Дили ягон кас барои фарзандони ин зиндониҳо намесузад. Мо ба мардуми шуҷои ноҳияи куҳистони Масчо чи гуфтанием? Хомуш набошед, нависед ба Ислоҳ. Имрӯз нолаи моро мешунавад.

Ба Эмомтапак гуфтанӣ ҳастем, ки чаро мо наметавонем аз ин кон ангишт гирифта  истифода барем? Ин ҳақи мо аст! То кай хомуш меистем?

Тонаи ангишт барои халқе, ки дар шафат ва паҳлуи кон зиндагӣ мекунад 1250 сомонӣ. Мо ягон даромад надорем. Ин кон аз они мардуми мо аст. Чаро мо аз он истифода карда наметавоем? Ҳоло як афғон омадааст ва ба гуфте 2.500.000 доллар сармоягузорӣ кардааст. Дигар ин кон дар ихтиёраш аст. Тоннаҳи ангишт барои Хуаксин меравад. Хитоиҳо 500 смонӣ мегиранд, аммо мо-соҳибони ин замину ин макон, ки асрҳои аср муқими инҷоем 1250 сомонӣ аз афғон мехарем.

«Дар гуҷо туғри мегирад?» Э, мардум хомуш набошед. Валлоҳӣ, Худо моро ҳам намебахшад, чун ҳақи худамонро талаб намекунем, нависед ба Ислоҳ.

Имрӯз боиси ифтихору хурсандии мо аст ки Ислоҳ ҳаст, садои моро мерасонад. Дар охир ба 54 деҳаи ноҳияи куҳистони Масчо гуфтаниям. Бо ҳам, чуноне будем, бародар шавед, бадбинӣ накунед. Алҳамдулиллоҳ мо мусулмонем. Бояд аз як гиребон сар барорем давлатамонро озод кунем аз ин режими хунхор!

                                                 Панҷ

   Салом бародар! Ман аз Панҷ ҳастам. Барномай № 65 -ро гуш кардам, беҳтарин барнома буд. Чизе, ки дар барнома гуфтед, ҳамааш дуруст буд бародар. Махсусан дар бораи Самиев Бахтиёр, гуфтед КГБ ҳаст. Вай дузд ҳам мебошад. Чанд сол пеш ба гову молдуздӣ машғул буд. Як бародараш раиси ҷамоати Нури ваҳдат мебошад. 

  Номаш Сафар, бо тахаллуси тияп-тияп. Дар ҳама ҷо мегуянд, ки танзимро риоя кунед. Вале чанде пеш писарашро зан дод. Туяш як ҳафта давом дод. Ҳар бегаҳ дар хонаашон як чорво мекуштанд. Ба Худо қасам Сафар як бесавод аст. Ӯро, ки мондааст, раиси ҷамоат? Ман намедонам. Ҳозир ин Сафари девона мардуми қишлоқашонро маҷбур мекунад, ки писарҳоятонро аз Русия бигӯед биёянд, хизмат  кунанд. Агар намегуед, мо шуморо мебарем маҳкам мекунем. Чанд касро таҳдид карданд, вале мардуми бечора писарҳояшонро даъват карданд омаданд аз Русия. Э, Сафар! Чаро аз авлоди худат хизмат ягон кас намекунад. Фақат мардуми бечораро ғам медиҳӣ. Мур ба ин ҳолат ҳаромхур.

 Як бародари дигарашон сардухтури ноҳияи Панҷ мебошад. Номаш Самиев Муҳаммадӣ. Вай ҳам як бесаводи дигар. Ман намедонам ин бесаводҳоро, кӣ ба   сари вазифа мондааст? Ман ҳайрон мешавам. Вақте духтури одӣ буд, бо мардум соз муомила мекард. Вале ҳозир соҳиби вазифа шудааст, дигар бо мардум гап намезанад. Ҳоло вай ронанда дорад. Аммо кори ҳамаашон ришваву фасод аст.

Боз як ҳаромхури дигар участковий, номаш Парвиз. Аллоҳ хору залилаш кунад. Мардумро беҳад азоб медиҳад. Вай худаш як наркоман аст. Падари Парвиз ҳам милиса буд. Вай ҳам як ҳаромхур буд. Аз қишлоқи Первомай. Падарашро аз мақомот сур карданд. Бо пора ба даст ғалтид. Ҳозир падарашро дар қишлоқашон саг нигоҳ намекунад. Вақте дар сари вазифа буд, мардуми камбағалро ғам медод.

 Дар барнома дар бораи мактаби№6 гуфтед, ки ҳамааш ҳақ асту рост. Ин мактабро ба як девонахона табдил карданд. Вазорати маориф куҷоро нигоҳ мекарда бошад? Ин мактаб дар солҳои пеш беҳтарин мактаб буд. Дар ноҳия дар ҳамаи озмунҳо ҷои аввалро мегирифт. Вале феълан он мактаб як бесаводтарин мактаб аст. Барои онки на муаллим ва на муаллимаи хуб дорад. Як девонаи беақлро директор мондаанд, номаш Додарбек. Бо тахаллуси Мафтуни девона. Ҳеҷ кас ин девонаро гуш намекунад.

  Бародар Муҳаммадиқбол. Дар Панҷ ҳам кормандони милиса ва ГАИ мардумро беҳад азоб медиҳанд. Дар деҳаҳо мегарданд ва вақте мебинанд, ки ягон кас ягон стройка кардааст, хона пушида истодааст, мераванду мегуянд, ки пагоҳ отдел биё. Отдел мераванд, дар онҷо мегуянд, ки ту набояд дар онҷо хона месохтӣ. Онҷо мумкин нест. 15 ё 20000 сомонӣ оварда супор вагарна пагоҳ омада чапааш мекунем. Як мардро ҳамин хел гуфтанд вале вай отдел нарафт. Марди бечора нав бетон рехт, заборашро маҳкам кард. Дарози забораш 200 метр буд. Ин ҳаром хурҳо -коргарони ноҳия Панҷ омаданд бо трактор ва заборашро чапа карданд. Ин як роҳи тарсонидани дигарҳо ҳам ҳаст. Дигар мардуми камбағал қарз мекунаду мебаранд месупоранд.  

Дар ноҳияи Панҷ кормандони ГАИ дар ҷони ронандаҳо задаанд. Ин ГАИҳо беҳуда мардуми бечораро мегиранду протокол мекунанд. Ҳатто дар қишлоқҷойҳо мардумро дошта суръатат баланд гуфта протокол мекунанд. Инҳо барои началники ГАИ, номаш Комрон аст (нав омад) бояд кор мекардаанд. Вай гуфтааст, ки пули калон дода ин вазифаро харидааст, барои ҳамин бояд пули додаашро кор карда ҷобаҷо кунад.

 Ин ҳаромхурҳо ҳар бегоҳ мегарданд дар қади кучаҳои ноҳия. Духтар ё занро мебинанд, гап мепартоянд. Барои онҳо фарқ надорад, ки вай шавҳар дорад ё надорад. Инҳо ҳамаашон зинокоранд. Аз раиси ноҳия сар карда то дигару дигараш омадаанд. Чи коре бо ин мардум бихоҳанд, анҷом медиҳанд.

 Мо мардуми Панҷ ваъда медиҳем, ки Эмомтапак як бори дигар Панҷ биёяд, медонем чи гуему чикор кунем бо ин зулмҳои мақомоташ. Ин лаънаткарда Панҷ бо вертолёт меояд. Мо мехоҳем, ки як бор ва мошин биёяд ва як бор роҳҳои вайрону валангори Панҷро бубинад то чашмони равғанбастааш кушода шавад. Аз Қумсангир то Панҷ бо мошин меравӣ гумон мекунӣ, ки болои тележка ва  рафта истодаӣ, ки даруни замини санглох ҳаракат дорад, дилу ҷигарат мерезад.

                                              Вахш

Салом бародар! Аз деҳаи Занҷир, ҳоло Иттифоқ (номи наваш) и ҷамоати 20-солагии Вахш менависам. Бародари азиз! Ман лақай ҳастам ва узбекзабон. Ман ин номаро аз Маскав менависам. Аз раиси қишлоқамон шикоят доорам. Номаш Абдулфайз Маҳмадмуродов. Раиси қишлоқамон ҳам лақай аст. Мо се масҷид доштем. Дар аввал, дар миёна ва дар поёни қишлоқ. Масҷиди боло ва поён аз они мо лақайҳо буд. Аммо чанд сол мешавад, ки маҳкаманд. Масҷиди болоямонро  Қурбони бех ба ҳоҷӣ Гулбой фурухт. Абулфайзи бо раиси ноҳия дар ин кор шарик буд.

Масҷди поёнро аввал китобхона карданд. Баъдан боз онро ба мактаб табдил доданд. Бахудо қасам валангор шудааст. Баъди дарс кудакҳо меоянд ҳама сару либосашон ифлос аст. Ҳамин масҷиде, ки мактаб аст ба гуфти мардум онро Абдулфайз харидааст.

  Баъди таътили тобистона якуми сентябри 2023 талабаҳо ба мактаб омаданд. Яке раиси қишлоқ ҳам омаду тарафи муаллимаҳо доду вой карда «гирен даф кнен и кудакора, иҷа мактаб пактаб нест, иҷара ма харидагим, хона менм».

Ин гапи ӯро раис фаҳмиду як каме насиҳаташ кард, ки «эй,девона умний ход кун, ки ҳоло вақт ҳаст барои гирифтани масҷид».

Бародар мо ғайр аз “Ислоҳ” ягон ҷой шикоят карда наметавонем. Доди мо лақайҳои деҳаи Занҷирро ба ягон ҷо расон. Ба Худо мо дар ин деҳа намози боҷамоат надорем. Масҷиди байни қишлоқ аз они тоҷикҳо аст. Тоҷикҳо моро мегуянд, ки биёед якҷо ҷамоат кунем.

Масҷидҳоямонро хариданду харида истодаанд. Мо розием, ки бо тоҷикҳо ҷамоат кунем, намоз хонем, аммо раиси қишлоқ ва махсумча моро намемонанд, ки бо тоҷикҳо намоз хонем. Махсумча муллои мо лақайҳо, алифро аз таёқ фарқ намекунад. Дар маъракаҳоямон мешинаду насиҳат мекунад, ки ба масҷиди тоҷикҳо наравед.

  Аз қишлоқи мо поин як қишлоқи навбунёд аст, ки Душанбе-2 ном дорад. Ҳар сол сел мезанадаш. Дар ин деҳа мактаб сохтанд. Аммо барои ҳама намерасад. Барои ҳамин талабаҳои синфҳои 1,2 ва 3 дар масҷиди мо мехонанд. Аммо мо намехоҳем, ки масҷиди моро ин бор ҳам фурушанд. Мардуми лақайи мо ҳам мусулмон аст. Аммо мо чандин сол аст ки намози боҷамоат намехонад.

 Ман аз минбари “Ислоҳ” ба ҳукумати Вахш ва ба раиси ноҳия мерасонам, ки масҷиди моро ба ҳоҷӣ Гулбой ва раиси қишлоқ  нафурӯшанд.

                                      Конибодом

Ассалому алейкум бародари шуҷоъ Муҳаммадиқбол! Ман як хоҳари ислом аз вилояти Суғд, шаҳри Конибодом ҳастам ва ман мехоҳам тариқи ин барнома ба тамоми мардуми Ҷумҳурии Тоҷикистон он тағйиротҳоеро, ки дар Конибодом баъд аз нашри чанде аз номаҳо дар “Ислоҳ” сурат гирифт, бигӯям. Дар номаи 68 дар мавриди наркотрафики Зоир гуфтед. Айни ҳол роҳҳоро барои фураҳои наркотик дар қаламрави Хуҷанду Конибодом ва Чоркуҳ пурра аз нав карда як роҳи магистралӣ сохта истодаанд, барои онки наркотикҳо бе нуқсон ба точка бирасад.

  Сар мекунем аз тағйироти номаи № 50, ки дар бораи “Дилшоди дузд” гуфтед. Тағаи ӯ Зариф дар ГАИи вилоятӣ фаъолият мекунад. Вай, ҳамоно болои бародарони исломии мо зулм карда истодааст. Вай дар ҷамоати Лоҳутӣ гуфтааст,”и чего ви добились, навиштен далше ягон чи нашуд, Дилшоди ҷиянам Россияба, ягон кас ягон чизаш накард, паспорти русӣ дорад, тамом». Яъне ӯ ба ин суханҳояш ишора дорад, ки адолати мардум ба инҳо норасо аст ва баъди нашри номаи Нафрати хистеварзиён, Абдусалом Тухтасунзода ва ё Тухтасун оғлу ако, ба гуфтаи номаи№75дар ҳамаи ҷамоатҳо активу фаъолонро ҷамъ карда бо онҳо дар муддати 4 соат нишасте дошт ва темаҳои инҳо фақат Шумо, Ҳусейн Ашуров ва Беҳруз Холиқов будед. Мехоҳам як чизи муҳимеро қайд кунам, ки мавзуи асосии инҳо албатта Шумо будед.Тухта -ако фақат ба кампирҳои ҷамоъат дод заду хушомад кард. Аммо ба Навҷувонов (гуё вай аз фарзандони Чингизхон бошад) худро чунон сафед мисли офитсиант нишон медодва 60% суханҳояшон ба ғайр аз темаи шумо, тарсонидани бачаҳои мардум буд.

 Ва як хабари нави Конибодом ин аст ки алҳамдуллиллоҳ, мардуми Конибодом ба зодгоҳашон баргашта истодаанд. Бо автобус ва самолетҳо мардум аксарияташ баргаштаанд, албатта ба шарофати шумо!

  Дар номаи № 64 дар мавриди таҷовузҳои Эркин Ҷалилов гуфтед. Ҳамаи он суханҳо дар бораи таҷовузи он духтар ва падараш ҳақ аст ва онро дар ҷамоатҳо ҳатто тамошо карданаш ва ҷиянҳои ин оила ҳоло ба «активний действияҳо» гузаштаанд.

 Аз бачаҳакои боло махсус вазифа гирифтанд, ки аз мактабҳо, мағозаҳо, чойхонаҳо, мақсад яъне ҳар активу фаъолеро. ки бо мардум кор дорад, онҳоро супориш додаст, ки манбаъи Ислоҳро бе зарар гардонанд. Аммо инҳо намефаҳманд, ки манбаи тими Ислоҳ худи мардум ҳаст! Бачаҳакои боло, ки дар Лоҳутӣ зулм доранд, бузҳои худро дар телефони худ ба номҳои “Бузи-1, Бузи-2, Бузи-3”, сабт кардаанд ва агар ягон нома аз Конибодом нашр шавад ба бузҳояш занг зада аз онҳо сводка ва мониторинги худро мегиранд.

3 – 4 сол пеш дар давраи Алишер Абдулоев, ки баъд аз Матин Турсунов ба вазифа омад, хеле коррупсионер буд. Аз туйҳо руи рост рафта 50сомонӣ мегирифт. Ҳоло дуздҳои ҷамоат 50 не 100 сомонӣ мегиранд.

Акнун ба таҳлили “номаи шумораи 75″ хоҳем гузашт. Дар он нома шумо диққати хонандагон ва тамошобинонро ба аҳволи зиндагии мардуми одии Конибодом ҷалб кардед, ва дуруст гуфтед. Дар мавриди бебарқӣ, беобӣ ва тағйиротҳои баъди нома, ин аст ки обро худоро шукр 3 – 4 соат аз соати 9 то 12:00 медиҳанд. Гарчанде кам бошад ҳам. Мо мардуми Конибодом ба монанди оилаи Раҳмонов аз “осмон начакидаем” ва ба ҳамин ҳам шукр мекунем, шукри Худовандро дорем, ки ба мо ҳақамонро тавассути инҳо дод. Барқ пагоҳӣ аз соати 6:00 то 8:00 медиҳанд ва бегоҳӣ соати 17:00 тамом, дигар барқ нест. Ва бо истифода аз фурсат як воқеъаро нақл мекунам.

Соли 2016-17дар мактаби № 29 Садриддин Айнӣ, Қарақчиқум, як муаллими фанни тарбияи ҷисмонӣ фамилияш Раҳматов, бачаи 25-29сола қадбаланди овозаш овози “бузбала” буд. Ӯро ягон писарбача писандаш яъне уважат ё признават намекард. Вай фақат дар назди духтарон тарзи қапидани туби баскетболро нишон медод. Як рӯз дар вақти фанни худаш, дар ҳолате, ки писарон футболбозӣ доштанд, дар як тарафи майдони варзиш як духтарро ба майдон ба тарафи дарахтон бурданӣ мешавад. Чи хеле фаҳмидед ӯ корҳои ҳаром кардан мехост. Аммо ин ҳолатро як бача, ки либоси барои варзиш надошт  ва дар як кунҷи майдон меистод, мебинаду думбол мекунад ва он муаллим ин бачаро меқападу ба баҳонаи онки нисбат ба муаллим беҳурматӣ кардааст, дар назди духтарон лату куб мекунад, бачаи синфи 7-8ро ва ба шикамаш бо сар ва баъд бо пояш мезанад. Он бача дар пойҳояш истода натавонист, ғалтид. Баъд каме ба худ омад. Вай бегуноҳ буд ва ба синф рафт. Бачаҳо он лаҳза дар майдони футбол буданд. Вай ин корро фақат дар пеши мо-духтарон анҷом дод. Ман ҳамчун духтар он ҳамсинфи шатахурдагиро мард медонам. Чунки ӯ аз мо ҳимоят кард.

 Як муаллимаи гадо ҳам доштем. Ҳоло ӯ дар Русия полшуяк шудааст. Фамилияи вай Алимова мебошад. Вай бо ҳамон ГАИишники Алишер Абдуллоев ба ҳар як синфхонаҳо даромада “рейд” мекарданд, албатта, даруни нохунак, агар ягон чиз масалан соат ё телефон дошта бошӣ ё 20 сомонӣ медиҳӣ ба Алимова ё ГАИ ё забонхат менависиву баъд дар бинои нозири участка ҷавоб медиҳӣ, якҷо бо волидон ва онҷо аллакай 20сомонӣ неву 2000 сомонӣ медиҳӣ. Хоҳиш кунам дар бораи он муаллими таҷовузгар ҳатман дар НОМАҲО нашр кунед.

То ҳадди имкон ҳам чун як хоҳари исломии шумо саҳми худро гузоштаам дар мубориза!

Тухтасун оғлу Шумо нокас, 

Ҷои Шумо кунҷи маҳбас!

Share This Article