ҲНИТ, ним қарни пурталотум №4\2

Ислоҳ нет

 ба панҷоҳумин солрӯзи таъсисёбии Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон бахшида мешавад. 

(Бахши дуввум, давраи чаҳорум)

 Фаъолияти расмии ҲНИТ ва ширкат дар корзорҳои сиёсӣ

      «Дар робита ба ҲНИТ метавон гуфт, роҳбарияти давлати мо ҳеҷ гоҳ ба фаъолияти ҲНИТ мухолифат надорад. Раиси ҷумҳури Тоҷикистон Э.Ш.Раҳмонов дар як вохӯрӣ гуфтанд:

«Фаъолияти ҲНИТ дар асоси Конститутсияи Тоҷикистон аст ва Сарқонун моли мардуми Тоҷикистон мебошад, мақомоти давлатии кишвар ва мақомоти кишварҳои хориҷӣ ҳақ надоранд ин чизро мухолифат кунанд. Шумо дар чаҳорчӯбае, ки қонун муайян кардааст, фаъолият кунед, мо зери фишори каси дигаре сиёсатамонро нисбати ҲНИТ тағйир намедиҳем».  Сайид Абдуллоҳи Нурӣ: «30 сол.ҲНИТ зодаи ормони мардум». Душанбе -2013

 Баҳси фаъолияти расмии ҲНИТ баъди бозгашт аз ҳиҷрат ҳанӯз дар замони музокирот ҳам бисёр доғу гарм шуда буд. Ҳукумат бо тамоми якравӣ ва гарданшахӣ талош меварзид, ки ҲНИТ ҳарчи дер ва дуртар ба саҳнаи сиёсӣ биёяд. Албатта, ин сабабҳои зиёде дошт. Аммо муҳимтарин сабаби эҷоди мамониат ва ҳарчи ба ақиб андохтани замони фаъолияти ҲНИТ дар кишвар он буд, ки Раҳмонов дар  симои он рақиби воқеӣ ва ҷиддии худро медид, чун аз ҳар лиҳоз  ва аз ҳар боис Раҳмонов наметавонист дар маъракаҳои сиёсӣ-интихоботи раёсати ҷумҳурӣ ва парлумонӣ пуштибонии халқро ба даст оварад. Аз ин ҷиҳат буд, ки пайваста пофишорӣ мекард, ки ҲНИТ ҳарчи дертар ва агар тавонист муваффақ бишавад, умуман ба майдон ва ҳаёти сиёсии кишвар барнагардад.

 «Ислоҳ», қаблан ҳам дар яке аз матолиби таҳлилиаш навишта буд, ки баҳси гирифтани иҷозаи фаъолияти ҲНИТ дар кишвар ҳанӯз дар  яке аз давраҳои музокирот гарму доғ шуда буд. Роҳбарияти ИНОТ пешниҳод ва назараш ин буд, ки ба муҷарради вориди кишвар шудани КОМ аҳзоби сиёсии оппозитсион ба фаъолияти расмӣ шуруъ кунад. Аммо Раҳмонов ва ҳайати музокиротии вай қатъиян муқобили ин пешниҳод буд.

 Устоди марҳум Муҳаммадшариф Ҳимматзода, нахустин раиси расмии ҲНИТ ва аз масъулони ҳайати музокиротии ҷониби ИНОТ дар як суҳбати расонаияш дар ин робита чунин ёдоварӣ кардааст:

  «Ҳангоме, ки дар шаҳри Бишкек Протоколи сиёсӣ дар бораи ба фаъолият шурӯъ кардани ҳизбу ҳаракатҳои сиёсии ИНОТ имзо мешуд, ҷониби Ҳукумати Тоҷикистон талаб мекард, ки ин кор бояд баъд аз татбиқи марҳалаи дуввуми протоколи низомӣ сурат бигирад, аммо ҷониби мо тақозо дошт, ки бояд бо муҷарради имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳу оштии миллӣ ва бозгашти роҳбарияти ИНОТ ба кишвар, монеъият аз болои фаъолияти ҳизбу ҳаракатҳои ИНОТ бардошта шавад. Чанд рӯз музокирот бо миёнҷигии Раиси ҷумҳури вақти Қирғизистон, ҷаноби Аскар Акаев ва ширкати бевоситаи Президенти Тоҷикистон, ҷаноби Эмомалӣ Раҳмонов ва роҳбари ИНОТ устод Сайид Абдуллоҳи Нурӣ(р) идома меёфт, вале он натиҷае намедод. Ҳарду ҷониб дар мавқеъҳои худ пойфишорӣ мекарданд. Вақте устод Нурӣ(р) дид, ки ҳам ҳукумат ва ҳам мо дар мавқеи худ пофишорӣ дорем, гузашт кард, то ин ки протоколи сиёсӣ ба имзо расид ва ончи ҳукумат талаб мекард, тибқи ҳамон шуд. Бисёриҳо марҳум устод Нурӣ(р)-ро барои анҷоми ин амал мавриди маломат қарор доданд. Вале баъди гузашти замон мо ба ин хулоса расидем ва дарк намудем, ки мо саҳв карда будем ва мавқеъеро, ки устоди шодравон(р) гирифт, дониставу огоҳона анҷом дод». «Муҷаддиди аср».Душанбе. «Деваштич»,2007

Ин суҳбати устоди равоншод, дар он солҳое, ки дар ҳаёт буд, сидқ мекарду дуруст буд. Вале, мову шумо дидем, ки оқибат «зангӣ ба шустан сафед нашуд» ва «гургзода оқибат гург шуд» ва гургиашро карду дигарбора ҲНИТ-ро баст. Бале, дуруст пай бурдед, ки манзури мо Раҳмонов аст, ки гуфтем усулан розӣ набуд, ки ҲНИТ дигарбора мақоми расмӣ касб кунад.

Дар ҳамин қисмати ин бахш боз аз як ҳодисаи дигаре мутазаккир мешавем, ки чи гуна Раҳмонов талош мекард, ки ҲНИТ-ро сабти ном накунад ва тамоми солҳои муқовимату ҷиҳодӣ, пайрав ва аъзои ин ташаккули сиёсиро беарзиш кунад ва ба сифр табдил диҳад.

Иброҳим Усмонов, доктори улуми таърих ва аз ширкатдорони тамоми раванди музокироти сулҳ, ки китобҳои зиёде дар бораи ин марҳалаи таърихи давлати Тоҷикистон навиштааст, аз як ҳолати бисёр ҳам ногуворе ёдовар мешавад:

  «Дар моҳи май ду воқеаи муҳим ба амал омад, ки он дар раванди сулҳ таъсири равшане дошт. Тавре қаблан зикр намудем КОМ дар қатори соири вазифаҳое, ки дошт дар моҳҳои ноябр-март лоиҳаи қонунро «Дар бораи ҳизбҳои сиёсӣ» баррасӣ карда ба Маҷлиси Олӣ фиристод. Ин лоиҳа аввал дар зеркомиссияи сиёсӣ тайёр шуд. Онро сипас зеркомиссияи сиёсӣ ва ҳуқуқӣ якҷоя дида пурра карданд. Ниҳоят ба маҷлиси умумии КОМ манзур шуда моҳи март дастгирӣ ёфт ва ба Маҷлиси Олӣ фиристода шуд. Бо назардошти онки тарафи ҳукуматӣ ҳамчун ҷониби оппозитсион ҳамаи амали худро бо роҳбарият дар айни ҳол бо Президент ҳамоҳанг мекунад, бояд проблемае пеш намеомад. Ин лоиҳа ба лоиҳаи Маҷлиси Олӣ мувофиқат мекард. Аммо ҳангоми баррасии он дар Маҷлиси Олӣ бо ташаббуси иддае аз вакилон моддаҳои сеюм ва чоруми он тағйир дода шуданд ва чунин маъно ба миён омад, ки таъсиси ҳизбҳои равияи динидошта дар Тоҷикистон манъ аст. Дар маҷлисҳои минтақавии вакилон ва дар худи сессияи депутатҳо –аъзои КОМ мавқеи КОМ-ро дар ин мавзуъ ҳимоя карданӣ мешуданд. Аммо гапашон нагузашт. Депутатҳо бо назардошти онки Тоҷикистон давлати дунявӣ аст, қатъан зидди рухсат ба фаъолияти ҳизбҳои динӣ буданд. Ва моҳияти созишномаи умумиро дар ин маврид эътироф кардан намехостанд. Ин буд, ки қарори иҷлосияи Маҷлиси Олӣ ИНОТ-ро қонеъ накард. Онҳо ба СММ, ба Президент нома навишта ҳукумати Тоҷикистонро ба он гунаҳкор намуданд, ки Созишномаи умумиро вайрон мекунад ва бо ин ҳукумат ҳамкорӣ кардан  мумкин нест». Иброҳим Усмон. «Сулҳнома». Душанбе-2001,Матбуот.

 Аммо, бо вуҷуди ин ҳама мухолифат ва бархурди хасмона Раҳмонов ночор буд, ки ба фаъолияти расмии ҲНИТ тан дарниҳад. Ва Додгоҳи Олии Тоҷикистон 11 августи соли 1999 қарор дар бораи манъи фаъолияти ҲНИТ ва бақия ҳизбу созмонҳои шомили Иттиҳоди неруҳои оппозитсиони тоҷикро лағв кард ва ҲНИТ  ба фаъолияти худ дар кишвар оғоз кард. Албатта, чуноне мутазаккир шудем, бо вуҷуди аҳду қавлу паймон ва дар асноди Созишномаи умумии сулҳ изофа кардани Протоколи алоҳида барои ҲНИТ ҷониби оппозитсион аз муносибати душманонаи Раҳмонов барои оянда ҳам бим дошт. Аз инҷо буд, ки «ҷиҳати тазмин ва кафолати ҳуқуқии фаъолияти Ҳизби Наҳзат дар Қонуни Асосии Тоҷикистон моддаи махсусеро таҳти рақми 28 ворид гардид, ки ин модда барои аҳзоби характери динӣ дошта иҷозаи амал медод ва ин модда дар натиҷаи мувофақаи ҳукумат ва оппозитсион дар шумори дигар аз тағйироти ворида ба ин санад дар раъйпурсии мардумӣ ҷиҳати ислоҳи Қонуни асосӣ дар соли 1999 аз ҷонибдории мардум бархурдор шуд».

Дар мавриди моддаи 28-и Қонуни асосӣ, ки онро моддаи Наҳзат ҳам номида буданд, метавон тулонӣ навишт. Чунки он дар ҷаласаҳои хеле зиёди КОМ мавриди мубоҳисаҳои ҷонибҳо гардида буд. Аммо дар ниҳоят, хулоса он шуд, ки пешниҳоди ҷониби оппозитсион пазируфта бишавад ва таъбири «ҳизби характери динӣ ва атеистӣ» дошта дар матни Қонуни Асосӣ ба таври хосу алоҳида мусаббат бишавад ва мақоми конститутсионӣ касб кунад, яъне ҲНИТ гарантияи конститусионии фаъолият бигирад. Ва,ҳамин тавр баъди бозгашт аз ҳиҷрат 18 сентябри соли 1999 Анҷумани ҲНИТ дар Душанбе доир шуд ва устод ва бунёдгузори он Сайид Абдуллоҳи Нурӣ, раиси он интихоб гардид.

Устоди худобиёмурз Сайид Абдуллоҳи Нурӣ,ки акнун як сиёсатмадори сатҳи ҷаҳонӣ шуда буд, солҳо баъд раванди баргузории Анҷумани нахустини баъд аз ҳиҷратро чунин ба қалам додааст: «Пеш аз барпо гардидани Анҷумани навбатии ҷаласаи Раёсати олии ҲНИТ ва кумитаи тадорукотӣ доир гашт ва дар он тасмим гирифта шуд, ки банда раисии ҳизбро гирифта ба уҳда бигирам. Воқеан, афроде пайдо шуд, ки ақида доштанд, ки камина ба мисли пешина дар ақибгоҳ дар фаъолияти пасипардагӣ бошам. Шахсан банда ба ин фикр розӣ нашудам. Чаро? Барои онки вақте мехостанд маро ба раисии КОМ интихоб кунанд ҳамин нафарон маслиҳат доданд, ки ба ин кор розӣ нашавам. Онҳо мавқеи пасипардагии манро ба манфиати кор меҳисобиданд. Вале камина ба ин розӣ нашудам ва роҳбарии КОМ-ро қабул кардам. Зеро медонистам, ки аксари мутлақи роҳбарони сиёсӣ ва фармондеҳони саҳроӣ ба сухани банда гӯш медиҳанд ва итоат мекунанд. Фикр кардам, ки агар раисии КОМ-ро ба ӯҳда нагирам барқарор гардидани сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон амри маҳол аст. Ҳамин корро кардаму шукри худованд ба сулҳу салоҳ муваффақ шудем. Аммо вақте хостанд маро раиси ҲНИТ интихоб кунанд мавқеи ҳизб дар ҷомеаи Тоҷикистон хеле ногувор буд, яъне обрӯву эътибор ва ҷойгоҳи онро баланд бардоштан лозим буд. Камина дар вазифаҳои раиси ИНОТ ва КОМ обрӯи зиёди байналмилалӣ пайдо карда будам ва дар сурати раиси ҲНИТ интихоб шуданам престижи сиёсиам то андозае коста мегардид. Аммо ман инро зарур медонистам, ки бояд бо ҳамон обрӯи сиёсие, ки дорам дар сурати раиси ҲНИТ интихоб гардиданам мақом ва манзалаи ҳизбро баланд бардорам. Ҳамин тавр ҳам шуд. Феълан намояндагони созмонҳои байналмилалӣ, сафоратҳои мамолики гуногуни ҷаҳон худашон барои мулоқот ба қароргоҳи ҲНИТ меоянд, ки ин аз баланд гардидани обрӯю эътибори ҳизби мо шаҳодат медиҳад. Имрӯз ҳизби мо ба эътибори таҳлилгарони сиёсии ҷаҳон яке аз ҳизбҳои бисёр обрӯманд ва зиндаи ҷомеаи кишварамон ба шумор меравад. Аз ҳаминҷост, ки намояндагони ҳизби моро ба нишастҳои байналмилалӣ, семинару симпозиумҳо тез-тез даъват мекунанд.

  Моҳи ноябри соли гузашта камина ҳамроҳи ҷонишини раиси ҲНИТ Муҳиддин  Кабирӣ ба кишвари Таиланд барои ширкат дар конфронси ҳизбҳои сиёсии қитъаи Осиё рафта будем. Дар онҷо Тоҷикистонро танҳо ҳизби мо намояндагӣ мекард. Вақте аз масъулини конфронс пурсидем, ки чаро аз дигар ҳизбу ҳаракатҳои ҷумҳурии мо даъват ба амал наомад. Дар ҷавоб гуфтанд, ки мо ҲНИТ-ро ягона созмони фаъолу тавонои сиёсӣ дар кишваратон мешиносем. Бинобар ин шуморо барои иштирок дар ин чорабинӣ даъват кардему халос.

   Хайр, дигар чи гӯям? Чун раиси ҲНИТ ба фаъолият шурӯъ кардам. Ба як қатор комёбиҳо низ ноил гардидам. Мо аз соли 1999 то ин дам се марҳаларо аз сар гузаронидем. Соли аввал масъалаи ташкилию таъмирии шикасту рехти ҳизб буд, соли дуввум марҳалаи барқароркунӣ буд, соли сеюм марҳилаи сиёсикунонӣ эълон шуда буд. Имсол бошад соли ислоҳот барои ҳизб ба шумор меравад. Мо кӯшиш ба харҷ медиҳем, ки ҳар як узви ҳизб аз шахси қаторӣ сар карда то раиси ҳизб бояд ба кору фаъолияти худ ба назари танқидӣ бинигарад ва ҳатман бозсозиву навсозӣ ҷорӣ созад, камбудиву норасоиҳоро бартараф кунад». «30 сол. ҲНИТ зодаи ормони мардум». Душанбе-2013

   Ин суҳбатҳое аст ки дар соли 2003, яъне дувоздаҳ соли қабл аз бастани дубораи ҲНИТ тавассути Раҳмонов ва дору дастаи вай, яъне ба муносибати сисолагии таъсисёбии ҲНИТ аз ҷониби муассиси он ироа шудааст.Аммо, он сол, яъне дар соли 1999, ки моҳи август ба ҲНИТ расман иҷозаи фаъолият дода шуд ва Анҷумани он ҳам, ки дар моҳи аввали фасли поиз баргузор гардид,ҲНИТ намедонист, ки то чанд ҳафтаи пас, яъне моҳи ноябр, замони баргузории интихоботи раёсати ҷумҳурӣ бо чи зарба ва ҳамалоти ҷонкоҳе мувоҷеҳ мешавад.

  Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон баъд аз онки Додгоҳи Олии Тоҷикистон қарори манъи ӯро лағв кард,шуруъ ба фаъолияти расмӣ кард ва вориди маъракаҳои сиёсӣ шуд.  Дар интихоботи раёсати ҷумҳурӣ ва парлумонӣ ширкат варзид.Аммо ширкати ҲНИТ дар интихоботи раёсати ҷумҳурӣ дар ноябри соли 1999 боиси ҷудоӣ на танҳо дар ҳайати эътилофи ҳизбу ҳаракатҳои оппозитсионӣ-ИНОТ гардид, ҳамчунин дар раёсати худи ҳизб низ ҷудоӣ ба амал омад ва мусаббиби тарки бархе аз шахсиятҳои калидӣ аз суфуфи он шуд.

  Амалан ин нахустин ва ҳамин тавр охирин мавриди ширкати мустақим ва бо номзади худи ин ҳизби динии сиёсӣ дар интихоботи раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор меояд.

   Ҳузур ва ширкати ҲНИТ дар ин интихоботи раёсати ҷумҳурӣ аз тарафи мардум бисёр ҳам гарму хуш  истиқбол гардид. Чунки аз бедоду ғорату зургуии «фронтовикҳо» ва ҳукумати руикоровардаи вай ба шиддат безор шуда чашми умед ба ҲНИТ духта буданд ва бовар доштанд, ки аз ин мусибат ва фоҷиа наҷоташон медиҳад.

Вале ҲНИТ дар оғози ин маърака дучори дудастаӣ шуд ва маълум гардид, ки барои бароварда кардани таваққуъоти мардум аз зери истисмору юғи фронтихалқичиён зарфияти кофӣ надорад.

  Давлати Усмон, муовини раиси ҲНИТ, ки тибқи саҳми 30дар100-ии оппозитсион вазири савдо ва рушди иқтисод шуда буд, ба ҳайси номзади ҲНИТ дар интихоботи 6 ноябри соли 1999 бо Эмомалӣ Раҳмонов вориди корзори интихоботӣ шуд. Аммо худи ҷаноби оқои Усмон дар як суҳбати расонаияш ёдовар мешавад,ки ҳануз дар даврони ҳиҷрат машварат ва қарор шуда буд, ки номзади ҲНИТ устод Ҳоҷӣ Акбар Тураҷонзода хоҳад буд.Вале оқои Тураҷонзода бо сароҳат ва қатъан дар муқобили Раҳмонов қарор гирифтани ҲНИТ ва  номзади онро қабул намекард. Давлати Усмон мегӯяд,ки ҷаноби Тураҷонзода, ки он замон бар тибқи саҳмияи 30% муовини аввали сарвазири Тоҷикистон буд, барои ширкат нанамудан далелҳои худро дошт ва далелҳояш асоснок буданд.

Маврид ба тазаккур аст ки на танҳо устод ҳоҷӣ Акбар Тураҷонзода, ҳамчунин бархе аз дигар шахсиятҳои шинохтаи оппозитсион, аз ҷумла Муҳаммадрузӣ Искандаров, раиси ҲДТ, ки раиси «Тоҷикгаз» ва Ҳабиб Сангинов, ки тибқи саҳми мухолифин муовини аввали вазири дохила таъин шуда буданд, эълон карданд, ки аз номзадии Эмомалӣ Раҳмонов ҷонибдорӣ хоҳанд кард ва ҳамин тавр шикофи васати роҳбарияти ҲНИТ ва ИНОТ бузург ва эълони ҷомеа шуд.

Худи устод Сайид Абдуллоҳи Нурӣ низ дар ҳамон суҳбаташ бо Салими Аюбзод мегуяд, ки ширкат дар интихоботи раёсати ҷумҳурӣ дар ноябри соли 1999 аз рӯи иҷбор ва ночорӣ ва  ба хотири дифоъ аз сулҳ буд: «….мушкилоте ки дар сабти номи номзади мо Давлати Усмон ба миён омада буд, низ наметавонист, вазъиятро комилан тағйир диҳад ва муносибати ҳукумату оппозисюни собиқро тахриб кунад, чунки асли мушкил дар дохили худи мо буд. Шарте гузошта буданд, ки агар он шартҳо намешуданд, дигар ба комиссия ҳам рафта намешуд. Ва фаъолияти комиссия бо ҳамин қатъ мешуд. Дар он сурат раванди сулҳ ҳам агар аз байн намерафт, заъиф мешуд. Роҳи баромадан аз он бӯҳронро надоштем. Хуб, воқеъан дигар дар бораи Давлат Усмон, мо натавонистем ҳамон миқдори зарурии имзоҳоро ҷамъоварӣ кунем. Ин воқеъият буд. Вале онҳо ӯро ғайриқонунӣ, бидуни ҳамоҳангӣ бо мо, бо вуҷуди он ки мо шифоҳан ва хаттиву расман эълон кардем, ки омода шуда натавонистем, онҳо номзадии Давлат Усмонро ба қайд гирифтанд, яъне кореро карданд, ки мо розӣ набудем. Як рӯз пешаш мо ҷаласа доштем дар ситоди оқои Давлат Усмон. Ҷаласаи мо ҳудуди панҷ то ҳашт соат давом кард. Ҳама чизҳои марбут ҳам Кумиссюни оштии миллӣ, ҳам интихобот ва ҳам номзадии Давлат Усмон баррасӣ мешуд ва аммо онҳо барои он ки мабодо мо интихоботро таҳрим кунем, бойкот эълон кунем, барои пешгирӣ аз чунин қадам мақомоти ҳукумат моро ба гуфтушунид даъват карданд. Мо дар ситод сӯҳбат кардем ва ба ҳамин хулоса омадем, талаб кунем, он чизе ки мебоист, ба мо дар Кумиссюни оштии миллӣ дода мешуд ва дода нашудааст, ба мо бидиҳанд ва дар он сурат мо аз таҳдиди таҳрими интихобот мегузарем. Дар як ҷаласаи васеъи панҷ-ҳаштсоата мо талабҳои батаъхирафтодаи Кумисюни оштии миллиро муфассал навиштем ва аз оқои Давлат Усмон хостем, ки худашон бираванд барои сӯҳбат кардан, аммо он кас нарафтанд, мо ҳамроҳ бо устод Ҳимматзода рафтем ва ҳамон шаб аз соати даҳ то соати дувоздаҳ нишастем, он чизе ки дар протоколи Кумисюни оштии миллӣ гӯё мо, ҳамчун кормандони ситоди оқои Давлат Усмон, пешниҳод кардем, президент ҳамаи онҳоро қабул кард, роҳи фаъолияти комисия боз шуд, дархостҳое ки мо доштем, то як андоза мавриди иҷро қарор гирифтанд ва мувофиқи қароре, ки дар ситод гирифта шуда буд ва дар ҷавоб ба пазириши талабҳои Кумисюни оштии миллӣ оқои Давлат Усмон ҳақ надошт, ки бойкот эълон кунад. Ва ҳама розӣ буданд, ки агар ин протокол имзо шавад, мо фардо меравем ва дар интихобот ширкат мекунем. Протокол ҳамон шаб имзо шуд, мо рафтем ва агарчи соат аз як ҳам гузашта буд, эълон кардем, ки дар интихобот ширкат мекунем. Яъне ҳар кас ки хост, овоз медиҳад, нахост — кори ӯ. Ман ҳам рӯзи дигараш, дар поёни рӯз рафтам ва раъй додам ва ин ҷо дигар чизи бузургу фитнаангез ҳам вуҷуд надошт ва масъалаҳо бо тафоҳуми ҳамдигарӣ ҳал шуданд».

 Дар қисмати дигари ҳамин суҳбаташ устод Нурӣ (р) иқрор мекунад, ки дар асл мансабу талоши мансаб, яъне ҳамин саҳмияи 30 фоиза оғози тафриқа ва азҳампошиҳо дар миёни мухолифин шуда буд:

   «Саҳмия боиси эҷоди сабқату нафрату фишороварию тафриқа шуда, нобовариҳоеро миёни раҳбар ва пайравон ба вуҷуд овард. Баъд дигар вақте шуд, ки агар ман дар оғоз барои гирифтани ҷойҳо озод будам, акнун талаб пайдо шуд, ки бояд кадом ҷойро бигирам ва барои кӣ. Ва мебоист як вазифаро дар байни чаҳор гурӯҳ тақсим мекардам, ба шакле ки ҳамаи онҳо розӣ боқӣ монанд. Дар ин байн гирифтани ин ё он мақом аз тарафи ҳукумат низ мушкил шуд. Ин ду мушкил бо ҳам тамоми раванди гирифтани саҳм ва пур кардани онро ба омили ҷудоиву таҳдиду тафриқа табдил дод. Ҳукумат ин ҷо боз як кори дигаре кард. Дар номгӯи ибтидоии саҳмияи сидарсада, вазорати дифоъ низ мебоист ба оппозитсия дода мешуд, аммо дертар дар як номаи нави ҳукумат ин вазорат ҳазф шуд. Ҳукумат розӣ нашуд ин мақом ба намояндаи мухолифин дода шавад. Вақте ки ин ҳолат пеш омад, онҳое, ки ин вазоратро мехостанд, пеш аз ҳама аз ман норозӣ шуданд ва ҳолатҳое шуд, ки ҳатто ин афрод Душанберо тарк карданд, ба кӯҳистон баргаштанд ва ҷабҳагирӣ карданд, таҳдидҳо садо дод. Инҳо таҳдид ба сулҳ буданд».

Вале марҳум Ҷалолиддини Маҳмуд,яке аз собиқадорони огоҳи ҲНИТ, ки бо мақомоти раҳбарии он алоқаи қавӣ дошт дар як мусоҳиба бо «Озодӣ» гуфтааст, ки ихтилофи назар миёни устодон Нурӣ ва Тураҷонзода, ду раҳбари аввали Наҳзати исломӣ ҳануз дар марҳалаи музокироти ҷонибҳо вуҷуд дошт:

 «Агар аҳамият дода бошед, дар худи музокираҳо ҳам мавқеи устод Тӯраҷонзода як зарра дигар буд. Вақте дар бораи афв миёни тарафҳо музокира шурӯъ шуд ва гӯиё, ки ба як натиҷа расиданд, устод Тӯраҷонзода мегуфт, ки «ман ҷавоби қонеъкунанда нагирифтам аз ҳукумат. Онҳо метавонанд, ҳамаи моро зери он моддаҳои ҷиноӣ биоваранд. Дар ҳоле ки ду тарафи ҷанг аст ва аз ду тараф сулҳ мешавад, пас, барои чӣ бахшиш яктарафа мешавад. Мо тарафи ҳукуматро на дар кадом сатҳ, балки комилан бахшидем ва мо нагуфтем, ки моддаҳое дорем, ки ин нафаронро намебахшем. Пас, бояд тарафи дигар ҳам чунин кунад».

Устод Тӯраҷонзода ба тақсими сифоизаи ҳукумат низ бовар надошт ва мегуфт, ҳоло механизми ташкил ва иҷрои он тартиб дода нашудааст. Ваъда шуда буд, ки механизми онро Кумиссюни оштии миллӣ рӯшан мекунад. Ҳочӣ Акбар Тӯраҷонзода мегуфт, ки то ин Комиссия (КОМ) корро шурӯъ мекунаду мустақар мешавад, умри ҳукумати сифоизаи мо, ки ҳамагӣ як солу нӯҳ моҳ – ду сол аст, ба охир мерасад. Фурсат тамом мешавад. Мегуфт, ки биёед ин тақсимотро дар хориҷи кишвар ва қабл аз ворид шудан ба ватан анҷом диҳем. Яъне, ҳамин гуна нигарониҳо дошт устод Тӯраҷонзода».

Давлати Усмон, яке аз собиқадорони ҲНИТ, ки ҳам дар даврони муборизаҳои пинҳонӣ дар даврони шуравӣ ва ҳам дар даврони фаъолияти расмии ҲНИТ дар Ҳукумати мусолаҳаи Миллӣ ва махсусан барои сабти номи расмии он бо ин ташаккулӣ сиёсӣ буд ва низ дар даврони муборизаҳои мусаллаҳона сардори Ситоди кулли ҲНИТ буд, солҳо баъд дар мусоҳиба бо ҳафтаномаи «Нигоҳ» мегуяд, ки роҳбарияти ҲНИТ баъд аз бозгашт ба иштибоҳҳо роҳ дод, ва ин иштибоҳҳо боиси аз ҳам пошидани он шуданд:

«Оппозитсион баъди бозгашт пушти ҳам иштибоҳҳо кард. Дар тақсими вазифаҳо(манзур саҳмияи сӣ дар садӣ) дар дохили худаш ихтилоф пайдо шуд. Луқмае, ки доданаш, дуруст ҳазм карда натавонист. Шояд, панҷ дар садаш анҷом шуд, аммо онро ҳам пурра ҳазм карда натавонист. Баъдан оппозитсиони сиёсӣ (роҳбарият) аз ҳам пошид. Неруҳои низомияш тибқи қарордод ба сохторҳои қудративу ҳифзи ҳуқуқи ҳукумат ворид шуд, аммо таъсирро болои онҳо аз даст дод, аз онҳо дур шуд, тарафдории маънавӣ ҳам накард. Шумо фикр мекунед, ки ба ҳамаи ин ҳукумат айбдор аст? Оппозитсион худаш худашро ба ин ҳол овард. Ҳатто аз дохили наҳзати исломии Тоҷикистон афроди саршиносаш берун рафтанд. Онҳо бармало диданд, ки бо он мушкилоте, ки пеши рӯ омад, оппозитсион заиф мешавад, Наҳзат заиф мешавад. Он қудрати сиёсӣ, он киштии бузург оҳиста, оҳиста хурду реза ва дар саҳна камранг мешавад. Шояд, баъзеашон ба ин хотир, баъзеи дигар бо шароити дигар рафтанд. Яъне ноумед шуданд, чун диданд, ки натиҷаи талошҳояшон ҳадар рафта истодааст». Давлати Усмон. «Нигоҳ»№17(345) 17.07.2013 «Наҳзатиҳо худро рақиби ҷиддӣ ҳисоб намекунанд».

Устод Сайид Абдуллоҳи Нурӣ солҳо баъд дар як суҳбаташ бо радиои «Озодӣ» ба ин суол, ки чаро онҳое, ки дар оғози мубориза ҳамроҳи Шумо буданд, аз ҷумла Давлати Усмон ва Ҳоҷӣ Акбари Тӯраҷонзода, имрӯз ҳамроҳи Шумо нестанд. Чӣ боис шуд, ки онҳо аз Шумо ҷудо шуданд:  ақидаҳо тағйир ёфтанд ва ё муносибати байни ҳамдигарии роҳбарияти ҳизб сабаб гардид, ки ин ҷудоӣ ба миён ояд,чунин посух додааст:

 « Ман тарафдори ин назар ҳастам, ки ҳизб бояд марбут ба шахсият набошад. Масалан, ҷаноби Тӯраҷонзода ва Давлати Усмон, ки рафтанд ва ҳоло бо мо кор намекунанд, аз ин ба Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ҳеҷ зиён ва зарар ворид нагаштааст. Ман шахсан аз ин чиз хеле хурсандам. Агар худи ман хаста шавам ва ё натавонам, ки кор бикунам ва ё биравам, чун системма ҳаст, ҳар каси дигар биёяд, метавонад кор кунад. Мехоҳам посухи ин суолро бипурсам, чаро ҳизбҳои ғайриисломӣ, ки ҳамеша афродашон тағйир меёбад ва ё дар давлатҳои ғайри низоми исломӣ як нафар президент мешавад аз мақом мераванд, ё вазир истеъфо медиҳад ҷояшро каси дигар мегирад, чизи ғайритабиие иттифоқ намеафтад, баръакс, ҳама хурсанд мешаванд. Вале чаро дар кишварҳои исломӣ аз ин амри оддӣ ва падидаи табиӣ проблема месозанд, ки чаро ва барои чӣ фалонӣ рафт ва даҳҳо суоли дигар ба миён мегузоранд. Ин шахсиятҳое, ки Шумо ёдовар шудед, ба ақидаи банда, аз лиҳози фаъолияти ҳизбӣ мутаваққиф шуданд, аммо ҳамчун фарди мӯъмину мусалмон барои нафъи ислом кор мекунанд. Модоме, ки онҳо дар ҳар куҷое, ки ҳастанд ва ба манфиати ислому имони хеш фаъолият мекунанд, ҳеҷ вақт аз чаҳорчӯбаи аҳдоф ва сиёсати ҳизби мо берун нестанд».

 Поёни бахши дуввуми давраи чаҳорум, идома дорад ин давра бо Ислоҳ бошед!

Share This Article