Шакке нест, ки Раҳмонов фақат ва фақат ба хотири онки хешу табор ва олу авлодашро пулдор кунад онҳоро ба мақомоти калидӣ таъин мекунад. Ҷиноят ва хиёнатҳои онҳо ошкор шаванд ҳам онҳоро муҷозот намекунад, балки боз барои онҳо имтиёз ва сабукиҳо медиҳад, ки то бештар бидузданд. Сабаб дар он аст ки аз дасти онҳо гирифтани доля-ҳақи худаш бехавфтар аст ва онҳо ҳам ҳатман ва саривақт оврада медиҳанд. Намунаи рушани ин кор дар номаи зер ошкор карда шудааст.
Душанбе
Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқболи Садриддин! Бо қироати ин нома ҳатман пай хоҳед бурд, ки ман корманди мақомот ҳастам. Аммо намегуям, ки аз кадом мақомот. Сухан дар бораи ҳоҷӣ Зайнулло Соҳибов, директори Оҷонсии харид ва захираҳои моддии давлатӣ, бародари Шамсулло Соҳибов, раиси “Фароз”, шавҳари Рухшонаи Эмомалӣ, сафири Тоҷикистон дар Бритониёи Кабир, домоди Эмомалӣ Раҳмонов ва ҷияни Зоир Соҳибов, шавҳари Фируза, духтари калонии Раҳмонов ва амаки Зайнулло ва падари Исмоили пингвини дастбахайр меравад. Чанде пеш ду нафар аз муовинҳои ҳоҷӣ Зайнуллоро маҳкам карда будаанд. Онҳо ба он муттаҳам мешуданд, ки миллионҳо сомонии вазорати мудофиаро бо истифода аз мақоми хидматӣ аз они худ кардаанд:
“10% мегирифтаанд. Дар Миноборон чанд миллионда недостатка виявит карда буданд. Бухгалатерияи вайро кормандони чуқидаанд. Вай гуфтаст, ки ман охир 10% ба онҳо муовинони Оҷонсии харид ва захираҳои моддии давлатӣ медодам. Яъне ба муовинҳои ҳоҷӣ Зайнулло. Ҳамчунин боз бахше бузурги тендерҳои давлатӣ ҳам дар дасти ҳамин ниҳод, яъне ҳоҷӣ Зайнулло аст. Дар ҳар як тендер аз 10 миллион 1 миллионашро мегирифтаанд. Инро бигуям, ки ин тарзи кор –коррпусияи руирост аз аввал ҳаст, аз 1 миллион 100 ҳазорашро мегиранд. Як вақтҳо ҳамсинфи президент буд, мурд-Сафар Шералӣ дар вазорати молия. Вайро 10 фоиза мегуфтанд. 10%ро мегирифт. Вай як дафтари куҳна доштаст бо дар ҳамон менавиштаст. Вай казаначейства буд. Баъди вай Ҷамолиддин Нуралиев, шавҳари Озодаи Раҳмон муовини вазорати молия шуд. Вайро ҳам Ҷамолиддин 10%а мегуфтанд. Оҷонсии хариди давлатии мол ҳам аз ҳар як тендер10% ҳақашон будааст. Муовини ҳоҷӣ Зайнулло гирифта ба Зайнулло медодааст. Бурданду маҳкамаш карданд. Баъд гапро бурда ба Рустам ва Раҳмонов расонидаанд, ки ана ҳамин хелин корҳо мекардаанд. Чун гап дар бораи Рустам рафт, як тағйироти дигарро дар бораи онҳо гуфтаниам. Ҳозир Рустам ҳам Зайнулло ва Шоҳрухро қабул накарда истодааст. Зайнулло ҳам бо Рустам наздики сахт буд. Арус мебурд ба Рустам, айни кори Шоҳрухро мекард. Папарозаи Рустам буд. Боз чи гапе байнашон шудагӣ аст.
Вақте гапи муовинҳои ҳоҷӣ Зайнулло ба Раҳмонов мерасад мегуяд, ки маҳкамашон кунед. Муовинҳои Зайнуллоро махкам кардаанду аммо боз се- чор рӯз пас ҷавобашон додаанд. Расписка о не виезде карданду раҳояш карданд.
Шоҳрух чанд бор Ҳабиб, собиқ телехи Рустамро фарёд карда чуқидааст. Хонаи Ҳабибро гирифтааст. Ба Ҳабиб таҳдид кардааст. Гуфтааст, ки ту худат ё хешу таборҳоят хабарҳоро ба “Ислоҳ” гуфтагиед: ин гапҳоро кӣ расонидааст, кӣ гуфтааст гуфта Ҳабибро дар ҷонаш расонидааст. Боз даже гуфтагианд, киончики дар “Ислоҳ” дар бораи Ҳабиби телехи пешини Рустам ва муноқишаи вай боШоҳрух руй дод 100% рост аст.
Аммо ҳозир байни вай бо Рустам чи проблема пеш омадааст. Рустам аслан қабул накарда истодааст. Шоҳрух ва ҳоҷӣ Зайнулло ба Рустам прямой доступ доштанд.
Баъд аз овардани Суҳроби Зафар аз Туркия дар як ҷаласа Раҳмонов ба тарафи СС. Ятимов ва Рамазон Раҳимзода дуғ зада гуфтааст, ки овардани онҳо резултати кори шумо нест. Онҳо резултати кори худи ман аст. Инҳо чизе нестанд. Шумо бояд Муҳаммадиқбол ва Кабириро оваред. Онҳо барои мо опасни ва вазнинанд. Ягон кора дуруст пеш бурда наметавонед.
Баъди ин СС.Ятимов ба кормандонаш гуфтааст, ки “агар як бори дигар мана ягон гап бигуяд аз худатон хафа шавед. Оилаҳои мухолифҳоро як хеле кунед, ки дигар набароянд, любой кор иҷозат. Бубинед ҳозир мегуянд, ки дар пешамон одам ҳаст. Пеш мегуфтанд, ки тоқаям. Ҳозир баракс. Вақте ба наздиконашон занг мезананд мегуянд ки ҷогаҳ накунед гуед одам ҳаст. Аз руи баъзе маълумотҳо касе видео карда гапҳояшонро бурда расондаст. Ба фикрам ин корро Юсуф Раҳмон кардагӣ.
Пеш аз сафари Раҳмонов ба аврупо аз тарафи оила Занулло Соҳибов ба аврупо сарпарасти гурӯҳи подержка интихоб шуда ва бо ӯ беш аз 40 нафар алакай ба аврупо фиристода шудаанд,то дар ҳангоми сафари пешво тавонанд аз тухмзаниҳо ва садододанҳои мухолифон пешгирӣ кунанд. Дар назар аст ин ҳайатро Ҳоҷӣ Зайнулло Соҳибов роҳбарӣ кунад ва дар омода кардани меҳмонхона ва донишҷӯёне дар аврупо буда пазироӣ кунад. Дар Олмон ва дар умум дар аврупо сафоратҳо барои ҷалби донишҷӯён кор доранд,то дар роҳҳои гузаштани кортеджи пешво байрақчаҳо дар даст истиқбол намоянду ба аврупоиҳо нишон диҳанд,ки Раҳмоновро чихел тоҷикҳо дӯст медоранд. Ин маълумот хело дақиқ аст ва тими истиқболи Раҳмонов алакай дар аврупо қарор доранд.
Ҳозир СС,Ятимов ва Рамазон Раҳимзода фаҳмидаанд,ки “за бортом” шудагианд.
Касеро пешниҳод мекунад СС.Ятимов Раҳмонов қабул намекунад. Пештар пешниҳод мекард, президент тасдиқ ва имзо мекард, отказ намекард дар таъини он шахс. Айнан ҳамин корро бо Рамазон Раҳимзода карда ҳам истодааст. Онҳо аз Фархору Ховалинг пешниҳод мекунанд вале Раҳмонов одамҳои худашро аз Данғара мемонад. Дигар гапи ҳардуи инҳоро нагирифта истодааст. Худашон ҳам фаҳмида истоданд, ки за бортом мондаанд. Дар як Раёсат СС.Ятимов се касро пешниҳод карда ягонтоашро қабул накарду аз дигарҷо таъин кардааст. Нобовариашро ошкоро буруз дода истодааст.
Аммо бародар Муҳаммадиқбол, аз кори инҳо кас ҳайрон мешавад. Аслан ҷойи ҳайрат ҳам надорад. Чунки Раҳмонов ва олу авлодаш корашон фақат дуздиву ришвату ғорат аст. Давлатро аз ҳар ҷиҳат ғорат карда истодаанд.
Ахиран бо фармони худи Раҳмонов, бо имзои вай ба унвони раиси Ҳукумат воридоти садҳо тонна маҳсулотро аз боҷи гумрукӣ озод кард, ки он молу колоро Оҷонсии захираҳои моддии давлатӣ бе пардохтани боҷи давлатӣ ва танҳо бо супоридани ними андоз аз арзиши иловашуда (НДС) ба кишвар хоҳад овард. Дар ин бораи радиои “Озодӣ” хабар дода навишт,ки
“ Оҷонсӣ соли 2024 барои ворид кардани 100 ҳазор тонна гандум, 30 ҳазор тонн шакар, 250 ҳазор тонна сӯзишвории дизеливу бензин ва 20 ҳазор тонна нуриҳои минералӣ имтиёз дорад. Мақомот мегӯянд, ҳадаф аз додани имтиёз ба Оҷонсии захираҳои моддии давлатӣ, муътадил нигоҳ доштани арзиши маҳсулоти ғизоӣ ва сӯзишворӣ аст. Аммо соҳибкорон ва коршиносони иқтисодӣ, додани имтиёз ба як идораи давлатиро, ки иштирокчии бозор аст, хилофати рақобат медонанд”. Яъне ин чунин маъно дорад, ки ҳоҷӣ Зайнуллои бародар ва ҷияни ду домоди Эмомалӣ Раҳмонов боз ҳам дуздии бештар кунад.
Ёвон
Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқбол!Аз ноҳияи Ёвон бароятон менависам. Бахудо, бовар кунед,ки мо як ҳолу зору хароб дорем. Дар рузҳои ахири моҳи рамазон ҳоламон ба ҳадде бад гардид, ки дастуруямонро дар саҳархурӣ бо салфетка тоза кардем.
Чойро дар хонаи ҳамсоя хурдем. Шамъ даргиронда намозу қуръон хондам. Ба горсвет занг мезанем, мегуянд, ки мо чи кор кунем, фармони ограничений аз боло. Обҳоямонро ҳам хушк карданд. На об, на свет. Э, худо лаънатат кунад, ту барин раису роҳбари давлатро. Дар лаънати худо монӣ. Намедонем чи кор кунем, куҷо равем? Ҳайрон шудем, чи кор карданамонро намедонем. Халқ бечора чизе гуфта наметавонад, метарсанд. Гап зананд, духтару бачаҳоямонро азият медиҳанд, мегуянд. Дар азоб гирифтор шудаем.
Ҳамин шаб то саҳар хоб накардам. Қуръон хондам, салавот хондам дуо кардам. Дар охири дуо гуфтам худоё оҳи мани мискини бевазани бефарзандро қабул фармо. Ҳафт сол шуд, ки шавҳарамро мошин зад мурд. Худо Раҳмонов бо олу авлодат духтару бачаҳот битаркӣ, ба хок яксон шавӣ.
Оби насос, насосе, ки маҳалҳои Лесная, Одинаев, 50-солагии Ёвони куҳна, Даҳана, беморхона, дар баландошёна хидмат мекард, қатъ карда шудааст. Мо намедонем, ки чаро ба ин маҳалҳо об надода истодаанд.
Як нафари корманди водоканал гуфт, ки аз номи ман нагу, вале оби шуморо аз Ёвон манъ кардагӣ нестанд, аз худи Душанбе қатъ кардаанд.
Гуфт агар ягон труба мекафид ё агон авария мешуд, мо мегуфтем,ки ду- се соат тоқат кунед, свет ,ки омад созаш мекунем. Свети оби насоси шуморо аз Душанбе куштанд.
Се руз шудааст,ки на об дорем на свет. Дар шаби қадр на об доштем на свет. Ин шо Аллоҳ дуоҳои мардум кори худашро хоҳад кард. Халқ зиндазинда мурда истодааст дар Ёвон.Ин чи зиндагӣ аст? Об ҳатто барои таҳорат нест. Ҳозир ҳоҷӣ Мухтор, эшони Маҳмад, эшони Нуриддин ва хунхорҳои дигар дом сохта истодаанд. 9-10 этажа. Свет нест, лифт кор намекунад. Чи тавр мебароянд?
Мо, занҳо аз баландошёнаҳо, домҳо ҷамъ шуда ҳукумати Ёвон рафтем. Пули об сари кас 205 сомонӣ пули мусорка ба як одам 95 сомонӣ, налоги як якхонаӣ моҳонааш 30 сомонӣ. Пули светро карта кардаанд. Дар картаат пул набошад, тамом, капаат дуд кард. Хуни халқа фучида хурда истоданд.
Хулоса занҳо рафтем ҳукумати ноҳия. Чунки то агар пуф нагуӣ алов дар намегирад. Мо гапи ганда нагуфтем.
Вақте ҳукумат даромадем, гуфтем, ки мо пул медиҳем, барои ҳама чиз, аммо канӣ обу свети мо. Дар этажем, рузадор. “Тоқат кунед”мегуянд. Хокзанҳои дами дар намемонанд дароӣ.
Ин Эмомтапак халқи Ёвон ва Ваҳдатро нағз намедидааст. Халқи Ёвонро нағз набинӣ, чаро боз ҳамшаҳриатро оварда раис мондаӣ? Эй, буқаи зотӣ! Вақте дар қабулгоҳи ноҳия будем ду мард омаданд: падару писар. Ҳардуяшон нобино, кур.
Як бачаи12 сола набераашон аз дастонашон дошта меовард. Гуфтанд, ки вазъиятамон бад аст,чи кор кунем? Аммо як корманди хокзани ҳукумат гуфт, ки “раис мо рафтем дидем як гов дар ҳавлияш бастагӣ. Ба мо гуфт, ки гови худам нест. Чи хелӣ гови худаш нест, ки дар ҳавлиаш бастагӣ”
Тамоми талу теппаҳои Ғозималикро симхор гирифтаанд. Ҷойи чарониданӣ надоранд мардум. Муовини раиси ноҳия номаш Назархуҷа будааст. Аз Даҳанаи Ёвон. Як марди зардинаи дигар ҳам буд. Вай аз Кулоб будааст.
Даромадем. Мо аз доми , доми доми 1…? Раиси ҳукумат нав шуда будааст. Занҳо як понздаҳ нафар буданд. Ҳама гуфтем пеши раис медароем. Мегуем, ки об надорем, свет надорем, дар этажем зиндагӣ душвор аст. Муовинаш намонд даромаданӣ. Баъд ду кас даромаданд. Назархуҷа гуфт,ки «ман барои шуморо пурсидан омадагиям. Шумо бароеду равед, ман худам ҳал мекунам. Дар пеши раис ҳарчиҳарчӣ нагуед» ва моро баровард. Баъд гуфтем, ки «ака ин раиси калон аз куҷо аст, ёвонӣ аст, ёвониҳоро раҳ медиҳанд?» Гуфт «аз Кулоб аст. Ҳарчиҳарчӣ дар пешаш нагуед, бихезену биравед. Сеи ҳамин бегоҳ об ва ду руз пас свет мешавад». Гуфтем дар Ваҳдат свет ҳаст, дар Ёвони куҳна свет ҳаст, дар Одинаев свет ҳаст дар доми қурутобхона, дар доми ҳукумат свет ҳаст, одамҳои пулдору бой, милиса прокурор генерал свет доранд, аммо мо одамоҳои камбағали домҳо на свет дорем на об».
Он мард маро гуфт, ки «мо ҳам безор шудаем. Аммо илоҷ надорем».
Медонед барои чи ин хел мардумро, зулм мекардаанд, обу свет намедодаанд?
Ба қарибӣ интихобот мешудааст. Ин худозада касал ва пир шудааст, аҷалаш расида будааст, худо аҷалаш тезтар бирасад. Медонед кӣ мешудааст президент? Рустами Эмомалӣ. Интихобот меомадааст. Даст мебардорӣ,имзо мекунӣ, ки ҳо ҳамин Рустами Эмомалӣ президент шавад, дар хоки пояш ҷонам, гул мечошен! Халқи бечора пойандоз мепартояд, гул мечошад пеши роҳи вайро мерубанд, тори сар мекуннд, баъд ба халқ обу свет медодаанд, то ду- се сол. Мардум мегуяд,ки то шамол нашавад шохи дарахт намеҷунбад. Ин президент гуфти кулобиҳо к… очашда рафтагӣ будааст. Ранги лаблабу сурх ва касал мешавад, давленияш баланд мешавад. Касали дил доштааст, дилаш бикафад бимирад, халос шавем. Худаш, ки пир мешавад писари наркомани худозадаи Рустамашро мемонад. Нисфи халқро боз ин зулм мекунад.
Дар Фахробод як шинос зиндагӣ мекунанд. Онҷо духтарҳои лақай зиндагӣ мекунанд ва хел зиёданд. Он духтарҳо гиря мекунанд. 17-18 солаанд. Мегуянд, ки «биз эртен кечка давр ишлаймиз». Аз саҳар то бегоҳ кор мекунанд -20 сомонӣ медиҳанд. Боз галстукдору костюмпушҳои фасон меоянд. Он бечораҳакҳоро мебурдаанд мегуфтаанд, ки оббозӣ куну буро. Онҷо 2-3 ҳазор дархти бодому себ аст, аз Тахминаву хусурбурдааш. Ва сипас таҷовуз мекардаанд духтарҳои лақаиро. Гуфтам ба очаатон намегуед. Гуфтанд, ки «биз ҳиҷкимда айтмаймиз». Гуфанд не ба очаамон ва падарамон намегуем. Дар дастамон ду -се ҳазор медиҳанд, хап мекунем. Гуфтам, баъд шумо шу мекунед,чи мешавад? Ҳеҷ чизе ҷавоб надоданд. Тоҷикистон ба пеш не ба қафо рафта истодааст. Аммо мо занҳои Ёвон дигар тоқати ин ҳама зулми ин Раҳмонови модарлаънатро надорем. Бе у ҳам зиндагимон мисли ҷаҳҳанам аст , як инсон барои зиндагонии хуб мехоҳад зиндагонӣ кунад. Мо зиндагонии хуб надорем аз ин зиндагони марг беҳтар аст.
Душанбе
Салом бародар Муҳаммадиқболи Садриддин! Бархеи инҳо аз теракти руйдода дар Маскав хеле ҳам хурсанданд.
Як ҳолати воқеиро бароятон аз Душанбе гуфтаниам. Мирзоев Хуршед гуфтааст, ки бисёртар ин хел корҳо шавад, ҳуши оппозитсия аз мо дур шавад.
Дар тамоми сделкаҳо, сохтмонҳо, хариду фуруш ва умуман масъалаҳои молиявӣ, Мирзоевҳо маълумотҳои бардуруғ нишон медиҳанду сумҳоро рыба карда рост ба счётҳои оффшорӣ фиристода истодаанд. Аз замони ба истифода супоридани Норак то омадани Рустами наркоман, пойтахт умуман лимит гуфтанӣ чизро намедонист. Дар даврони Маҳмадсаид Убайдуллоев, ки баъди ҷангҳо буду проблемаи шаҳр зиёд буд, свету об буд. Ҳатто дар давраи ҷанг, ки марҳум Мақсуд Икромов, баъдан Юрий Поносову Ҷамолиддин Мансуров раиси шаҳр буданд, пойтахт обу свет дошт.
Аллоҳ Рустами наркоману падари аблаҳашро расвои ду дунё кард. Дар ҳақиқат инҳо мавриди итобу ғазаби худо қарор гирифтаанд. Аз пушти инҳо халқи Душанбе ва умуман халқи тоҷик дар азоб гирифтор шудааст. Аллоҳ инҳоро дар бадтарин ҳолат гирифтор кунад. Бовар кунед, дар шаҳр дар тарафҳои 33, 82, бозори Фаровон, 91, Каленин, лимити свет ва об. Ҳавливу биноҳои баландошёна свет ва об надоранд. Айб ҳам шавад, дар панҷум, чорум, ҳафтум, даҳум ошёна мардум туалет куҷо равад? Магарам дар тори сари Рустами наркоману Эмомтапак бирнанду бишошанд?
О, чаро ин қадар сохтмони домҳои баландошёнаро иҷозат медиҳӣ? Шароити таъмини обу свет надорӣ. Сумро гирифта иҷозат дода истодаӣ. Ин баландошёнҳо аз кадом об ва канализатсия истифода мебаранд? Охир ин системаи канализатзияи мавҷуда ин қадар зарфият надорад. Обро расонидан, таъмин кардан надорад! Шаҳрро ҳаром кардед!
Ними шаҳр чапаву роста кардагӣ, мардум дар квартираҳои иҷора шиштагӣ, сохтумонҳо хоб. Мардумро аз хона бе хона кардӣ.
Оби Норак ку?! Дар тамоми мавҷудияти Норак ин ҳолат ҳеҷ вақт пеш наомада буд. Оқи падарҳо намедонанд, ки мумкин ҳаво накунад, борону барф нашавад, бояд эҳтиёт кард. Обро ба Узбекистону барқро ба Афғонистан фурухтанро метавонӣ, чаро имрузи мардумро наандешидӣ?
Ҳаромиҳо дар маркази шаҳр ҳар як хонаву қаср сохтан доранд, ки чени қасри Миллатанд. Агар не, о, ҳаромиҳо светҳои хонаҳои худатонро кушед. Аллоҳ инҳоро лаънат кунад, фақат корашон сумҷамкунӣ. Соли охир сахт ҷамъ карда истодаанду Ватанро фучидаву ҷафида истодаанд. Моҳҳои охир сумдорҳо сумҳояшонро бо аҷала, ура карда бароварда истодаанд.
Як стратегияро руи даст гирифтаанд ва ба он ҳам расиданд, ки бояд мардум сахт камбағал, нодор ва қарздор бошанд.
Дар аввал шояд як чизи одӣ тобад, аммо чунин нест. Мардум, ки қарздор бошад, бенаво бошад, шабу руз фақат дар фикри қарзаш асту нонаш аст, мегуяд, ки ҳамин қарзҳоямро яктарафа кунам баъд ин ша Аллоҳ аз қафои дигар кору бор мешавем. Афсус, миллат намедонад, ки ин як нақшаи пинҳонии ин авлод аст ки яке мардум худашро нагирад ва дар фикру муқоиса назанаду моро чапа накунад гуфта. Тавонистанд ва ҳозир чунин ҳаст. Ҳама қарздор, саргардон.
Сифат- фармаи авлод доруҳои пасттаринро оварда қири миллатро дода истодааст. Чандин нафарҳо баъди дорухарӣ ва хурдани онҳо,аз аптекаҳои Сифат фарма мурданд. Худи кормандони Сифат- фарма мегуянд, ки «мо аз дигар аптекаҳо дору мехарем.Барои он ки аз мо ҳамаш фальшивый аст».
Акнун бояд Мирзоевҳо, хусусан Хуршед Мирзоев 6 ё 10 адад самолёт биёрад, ба номи Душанбе сити бонк. Дар вақти дар Кумитаи сармоягузорӣ кор карданаш аз сделкаҳо бо хориҷиҳо хеле суми зиёд ҷамъ кард. То ҳозира имзои Рустамро нотарсона мондан мегирад. Мақсади Хуршед аз майдони молиявӣ берун бурдани Ҳасани Ориёнбонк аст. Конкретно ният дорад, ки Ҳасани Ориёнбонкро камранг ва дар охир аз сари дастархон дур кунад. Инки самолёт овард, Сомонайр оҳиста-оҳиста ранги Тоҷикайр мешавад. Дар пушти ин нақша,то ҷое маълумот дорем худи Рустам меистад. Рустам мехоҳад, ки ҳама чиз таҳти контроли шахсан худаш бошад, балки ин ҳам дастгоҳу даҳана мутааллиқ ба у бошад. Аммо ин наркомани Рустам натавонист аз уҳдаи як шаҳр барояд. Тамоми самтҳои пойтахтро изнасиловат кард. Ягон сохтори шаҳр, горсвет, водоканал ва умуман ягонтааш гушаш намекунанд. Ҳатто навбатдорое, ки дар телефонҳои ҳукумати шаҳри Душанбе навоҳии он ва дигар сохторҳои шаҳр мешинанд, ин герчики дар метамфитамину шиша нишастаро аслан писанд намекунанд. Заправкаҳои Электромошинаҳо ҳоло ҳамааш дар ихтиёри Хуршед Мирзоев аст гуё аз Рустаманд вале як намуд шури мури рафта истодааст бовар кунед то бас гуфтан. Рустам аслан дарак надорад чи гапу чап рафта истодааст бо номаш.
Шодӣ Ҳафизро, роҳбари дастгоҳи МВД монданд. Гуфтааст Шоҳрух УУР-ро як казинову ҷои бачаҳои бой кард, рид, ҳеҷ кас намебинад: «Ма УБОПа ай нол ба по хезондм, ба ҷои раҳмат гирифтанма. Хуб мекна Муҳаммадиқбол мега, ошуш шава. Сад дар сад рост мега мо натонистем ҳаму тонист ира».
Душанбе
Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқбол! Чанд маълумоту хабарҳо ба дастам расидааст, ки ночорам онҳоро ба ихтиёри шумо гузорам. Ин маълумотҳо шояд пароканда ба назар расанд, аммо бовар кунед, ки воқеияти маҳзанд.
Мо пештар гуфта будем оиди онки яке аз нақшаҳои шуми мақомот ин Аюбу Идибек аст ва ҳамчунин гуфта будем, ки нақша буд, ки яке аз онҳоро мақомот убрат карда гуноҳро дар шумо бор мекард. Шумо, ки пеш аз ин корро карданашон дар барномаҳоятон гуфтед, бо нақшаҳояшон хато шуд. Чун ҳарвақта алҳамдулиллоҳ.
Аммо инҳо умуман стратег набуданд ва нестанд. Боз ҳамон нақшаҳои хобидаро амалӣ карданианд. Аюбро ба Аврупо равон карда истодаанд, гуё барои мубориза бо шумо дар сатҳи ҷаҳонӣ. Мақсад ин астки баъди расидани Аюб ба Аврупо, шояд баъди ҳафтае, уро дар он ҷо убрат мекунанд ва ҳатман дар шумо бор мекунанд. Маълумоти чи тавр, кай,дар куҷо ва ба воситаи кӣ ва чӣ, феълан махфист. Вале ҳатмӣ иҷро карданианд. Шояд бо ягон резидентҳои хобидаи мақомот аз дохили шумо ё шояд бо таври дигаре кунанд, аммо нақшаҳо вазнин. Мегуянд,ки далелҳо омода кардаанд. Аз руи баъзе маълумотҳои расида кадом сабтҳои монтаж кардаи овози ҷаноби Кабирӣ ва кадом перепискаи сохтае ҳам тайёр кардаанд.
Фикри мо ин аст ки фақат ба воситаи фош кардани нақшаҳои касифи инҳо, метавон пеши ҳар кори инҳоро гирифт. Монанди ҳолате, ки бо Абдураҳмон 09 ва Барада тҷ шуда буд ку,ҳамин хел ягон ҳолат ташкил карданианд.
Инро ҳам инҷо бояд бигуям, ки пеш аз ин ҳодисаи Москва дар Точикистон пеш аз 21март аз Ваҳдат 15 нафарро дастгир карданд. Гуё бояд онҳо дар Навруз дар Душанбе теракт ташкил мекарданд. Баъди ин дар Москва ин ҳолат руй дод. Боздошти ин 15 нафаре, ки гуфтем пеш аз ҳолати Москва аст.
Тамоми намуди ҷиноят то канибализм – одамхурӣ дар ин қадар сол шид, ягонтоашро нагуфтанд, ҳатто оидаш гап назадан. Барои теракти Москва падару модару наздикони ба ном террористҳои тоҷикро водор карданд,ки интервю диҳанд.
Эрон баъди теракте, ки дар шаҳрҳои он шуд ва тоҷик анҷом дод, аз дасти Раҳмонов нороҳат аст. Гарчанде Раҳмонов чанд подходҳои лес лесиданӣ карда бошад ҳам. Бояд Тоҷикистон ва хусусан Раҳмонов бо давлатҳое, ки дар онҳо ин терактҳо шуду тоҷикҳои муҷрим кушта шуданд, ошкоро табодули назар мекард. Сабаб, мақсад, маром дар чи буд ва дар чист, ки тоҷикҳо анчом медиҳанд ва чаро мақомоти хабардор намекунад? Ҳоло ин кор нашуда мо пешакӣ мегуем, ки ҳатмани ҳатман ин ҳукумат ин корҳоро бори души ҲНИТ карда ҳамаи гуноҳро дар сари ҲНИТмезанад. Аллакай хабарҳо расида истодааст. Сад дар сад СС. Ятимов дарак дошт ва шояд боз аз амалҳои оянда ҳам дарак дошта бошад. Инҳо ҳатто хурсанданд, ки ҳуши шумо ба теракт шуду барномаҳоятон оиди он асту дар бораи инҳо чизе намегуянд. Ин эҳтимолро ҳам ба назар бояд гирифт, ки шояд дар Аврупо ҳам ягон ба ном теракт анҷом шавад. СС мумкин донад ва бо ин баҳона пешакӣ гузорише ба мақомоти амниятии Аврупо, диҳад, ки аз тарафи ҲНИТмешавад. Шояд дигар тоҷик ё тоҷикҳо анҷом диҳанд.
Ин ход конём ном дорад, ки дар охир ба Раҳмонов гуяд, ки натиҷаи ҳамаи ин ҳолатҳо ғалаба бар ҲНИТ шуд. Ҳоло ҳарруз шумораи афроди барои теракти дуруғин дар Навруз дар Тоҷикистон ва махсусан Ваҳдат зиёд шуда истодааст.
СС Ятимов тавассути одамҳояш тавонист дар Радио Озодӣ нашр кунад. Ҳозир ин шумора ба 35 нафар расид. Агарчи тавассути Ховар рад карданд, аммо ин хабарро махсус утечка тавассути Озодӣ карданд ва ин эҳтимол низ вуҷуд дорад, ки ин боздоштҳоро ба ҳодисаи Крокус рабт диҳанд.
Дар ёдатон бошад пештар оиди нақшаҳои барои ноором кардани Кулоб гуфта будем ва шумо онро дар барномаҳо саривақт гуфтед. Ҳоло талош доранд корро тавре созанд, ки ҳамон яроқҳои баҷошударо нисфашро аз ҳамин одамҳои қапидаги гуё ефтанд. Барои чи? Барои онки Раҳмонов баъди барномаҳои шумо оиди минтақаи Кулоб гушҳояҳ чихту чур шуд ва талаб кард,ки «ёвен яроқора ва санҷен, ки касе қуш боша дар ноором кардани минтақаи Кулоб шахсан мада бген». Акнун бояд ягон хел карда инҳо аз положение мебромаданд. Ҳамаи ин ҳолатҳо як баҳонаи хуб шид. Радиои Озодиро через агентҳояшон луқма доданд, ки одамҳоро дар Ваҳдат, Рудакӣ, Норак ва Ҳисор бо силоҳҳояшон қапиданд. Ҳатман Кулобу дигар ҷоҳоро ҳам қуш мекуннд. Ба ин тартиб ҳам ҷонашонро гуе аз Кулоб халос карданд дар пеши Раҳмонов, ки «ина мо қапидемшону яроқора ёфтем ва мумкин камтар пас все равно минтақаи Кулобро ноором кунанду ба мақсад расанд, яъне мардумро боз саркуб куннад. Ва ҳам гузориш ба Кремл диҳанд, ки мо ҳам бе натиҷа нашиштем” Аммо инҳо бояд як саволро ҷавоб дошта бошанд Шумо пеш аз Крокус қапидед, баъд чаро нагуфтед, ки боздоштшудаҳо дар Точикистон бо ба ном террористҳои Крокус алоқа доштан ва мо пешгирӣ мекардем? Чаро?
Инҳо бояд ягон нафари номдорро ба ин корҳо шарик эълон кунанд. Мардуми Ваҳдатро бояд ба фитна кашанд. Бояд дар Кулоб ё Ваҳдат ягон фитнаи хунин кунанд, мисли соли 2015. Бояд ягон хел ба мардум расанд ва тарсонанд. Одамҳои дастгиршударо маҷбур доранд, ки бигуянд, ки дар мелкомбинати Вахдат ва дигар чоҳо яроқҳо баҷоянд. Аҷабе нест, ки алакай бурда яроқҳоро дар он ҷойҳо баҷо карда бошанд. Мақсад мушаххас. Часпонидани ин ҳолат.
Бинобар маълумоти расида Раҳмон аз ними шаби ҳодисаи 22 март дар Крокус дар қасри Миллат то чанд рузи дигар наҷумбида шиштааст. Дугоникҳо-СС.Ятимов ва Рамазон Раҳимзода ҳар ним соат пас маълумотҳо оиди теракти Москва ва ҳолатҳои онро доклад мекардаанд. Баъдан пешниҳодаш мекунанд, ки занг занаду ба Путин гуяд:
«мы провели собственное расследование и выявили тесную связь некоторых участников теракта с запрещённой Исламской Партией Таджикистана. После того как на территории РФ была запрещена деятельность данной партии, они решились на террористические меры. Как вы уже знаете уважаемый Владимир Владимирович, некотрые участники данного теракта, прибыли в РФ из Турции, где там кординировались членами Исламской партии. Нашими спецслужбами, некотрое время назад были схвачены некотрые активные члены Группы 24, которая входит в запрещенную Исламкую партию. Таким образом, после доставки членов Группы 24 в Таджикистан, нашим спецлужбам удалось выяснить, что готовился теракт…
Уважаемый Владимир Владимирович, необходимо сконцентрировать действие наших спецлужб и в кратчайшие сроки задержать основных членов и идеологов…
Инҳо мехоҳанд аз фурсат истифода баранд. Мехоҳад нишон диҳад, ки гуё иҷрокунандагони теракти дар Москва шуда гуё бо Суҳроби Зафар ва кадом як намояндаи шумо во хурда, инструктаж гирифтааст.
Туркия дар солҳои охир ба як давлати дуруя табдил гаштааст. Ин ҳама аз сиёсатҳои Эрдуғон аст. Эрдуғон баъд аз онки Путин уро аз ба ном переворот ё ошуб огоҳ карду Эрдуғон чандсад ҳазорро аз кор гирифту ба ҷавобгарӣ кашиду як чисткаи калон кард, худро дар назди Путин қарздор медонад.
Соле, ки Путин аввалин бор ба сари қудрат омад, баъзеҳо уро Антихрист ном дода буданд. Ин як маънои калон дорад…
Аз замони омаданаш ба қудрат то имруз, Путин шумораи зиёди рушанфикрон ва озодандешон ва мухолифинашро бо ҳар роҳ нест кард. Бо ташкил намудани терактҳои сохта, ин ё он гуруҳро гунаҳгор ва нест мекард. Ин навбат ҳам баъд аз интихобот ва пирузии ҷаълиаш дар интихобот, бояд амале мекард. Чи тавр? Боз бояд третье лицо даркор! Беҳтарин ҷой барои пайдо кардани иҷрочӣ ин Туркия. Марҳамат. Он нафаронеро, ки дар теракти Москва гунаҳгор медонистанд, дар Туркия ба воситаи хадамоти махсусаш Путин вербоват карда, ба ин роҳ равона сохт.
Замоне, ки дар Крокуси Москва нав ба ном террористон даст ба парон -парон заданд, аллакай ФСБ ба КДАМ-и Тоҷикистон руйхати террористонро ирсол карда оиди онҳо маълумотҳо талаб карда буд. Аҷиб. О аз куҷо онҳо донистанд, ки киҳо дар Крокус ҳаст?!! Магар онки худи ФСБ тайёр накарда бошад. Дар ҳол КДАМ дар тапар- тупур зада аз қафои маълумотҳо шуд. Ҳамаи маълумоторҳоро ҷамъ карда қариби саҳар равон карданд.
Нуктаи дуюм:
Баъди куштори шумораи зиёди мардум дар Крокус, иҷрокунандагон озодона ба мошин савор шуда фирор карданд. Аҷиб нест? Чи тавр ин кор шуд?!
Чи тавр бо яроқ, бо либосҳои камуфляжи то он ҷо омаданд?! Дар Москва ва гирду атрофи он камераҳои махсус бениҳоят зиёд аст, ки распознование лицо доранд ва зуд муайян мекунанд.
Хуб, онҳо баромада именно рост ба сарҳади Украина фирор карданд. Замоне, ки одам, одам кушад вай дар ҳаяҷон меафтад. Аммо инҷо нақша муайян буд. Онҳоро гуфта буданд, ки корро карда рост бемамониат фирор ба Украина мекунеду у тарафашро худатон медонед. Инҳо чунин ҳам карданд. Аммо ФСБ нақшааш дигар буд. ФСБ онҳоро барои ин фирор кумак кард ва махсус ба сарҳад равон кард, ки дар роҳ ё марз дастгир шаванд. Баъд як нуктаи асосӣ. Онҳоро то бинои Крокус худи ФСБ расондааст ва пеш аз ин онҳоо уколҳои махсус тазриқ кардаанд, ки онҳо ранги ҳайвон шаванд. Ва фирори онҳо ба самти сарҳади Украина ҳам кори худи ФСБ аст. Агар ба ҳолати чор Тоҷики боздошт шуда диққат карда бошед дар аввал номи шахси фармоишгарро Абдуллоҳ мегуфтанд. Аммо дар охир чи гуфтан Сайфуллоҳ. Охир ин саҳнасозишуда аст сад дар сад.
Мақсад аз ин амал чист?
Путин, ки баъди интихобот бояд мобилизация навбатиро мекард, барои у як сабаб ё ангезае барои сарҷамъии мардумаш даркор буд, то дар гирди Президент ҷамъ шаванд. Беҳтарин сарҷамъӣ чист? Ин тарси мардум. Барои ҳамин Путин ҳар вақт амале мекунад, и мардум дигар ягон фикр накунад. Хусусан баъди куштани Навальный, ки нақшаҳои берунӣ зиёд буд.
Раҳмонов аз ин бу бурда дарав пешниҳоди мақомотро қабул карду ба як тир чанд фохтак заданист. Яъне чи тавре, ки болотар гуфтем, мехоҳад Шуморо низ яктарафа кунад. Ҳоло рӯзҳои охир боздоштҳо дар аврупо аз Тоҷикҳо хело зиёд шудааст дар Итолё ва Лаҳистон ин идомаи ҳамон тарҳи кашидаи инҳост. Аммо аврупоиҳо ҳам ба шакле ин спектакли инҳоро бовар кардаистодаанд.