Номаҳо аз ноҳияҳо ба «Ислоҳ.нет» №134

Ислоҳ нет

   Ҳодисаи мудҳиши 22марти соли ҷорӣ дар шаҳри Маскав, ки мақомоти Русия онро бори души тоҷикҳо кард, ҳеҷ нафари бовиҷдон ва бономусро бетараф намегузорад. Чунки дар ҳақиқат инҷо тоҷики бепуштибону бедифоъ дар Русия, ки барои як тика нон омодааст пасттарин корҳоро иҷро кунад, барраи қурбонӣ шудааст. Иллати асосӣ ин аст, ки Раҳмонов ва ҳукумати диктатории вай парвои халқи тоҷикро надорад.

   Дар ин нашри барномаҳо ҳам ду матлаби нисбатан муфассале дар бораи ин ҳодиса пешкашатон мешавад,ки муаллифон бо дарду доғ аз вазъияти асафбори муҳоҷирони кории тоҷик ва инки ин ҳодиса як иттиҳоми бепоя ба пойи тоҷикон аст навиштаанд:

                                  Маскав

Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқбол! Аз Маскав бароятон менависам. Ман мехоҳам дар бораи амали бисёр ҳам шубҳаовари ба ном ҳамлаи террористӣ дар Крокус-ситии ин шаҳр ва бори чанд нафар тоҷики бечора кардани он моҷаро фикру мулоҳизаамро баён созам. Ин ҳодиса тақрибан соати 19:50 ё ба иттилоте, ки дар Русия паҳн шудааст 19:55 –и 22 март рух дод ва гуё чор нафар аз дари асосӣ бе ягон мамониат ворид шуда аз як сар тирборон ба тарафдори мардуми мардум шуруъ карданд. Ин чаҳор нафар ба монанди коргардони “гуруҳи Алфа, СОБР, ё ҳарбиёни ботаҷриба” ду-нафар-ду-нафар, пушт ба пушт нимзону ҳаракат мекунанд ва дар вақти тирборон намоиши аҳолиро тамошо мекунанд. Онҳо хеле хуб координация доштанд ва медонистанд ба куҷо ва чи гуна ва аз ҳама муҳиммтарин аз куҷо ба куҷо рафтандро медонистанд ва тамоман дастпоча нашуда як оташи калонро сар карда, боз бе ягон мамониат аз дари даромада мебароянд. Соати 20:10 ё 20:15 тирпаронӣ дар Крокус Хол ба итмом расид ва ҳамлаоварон ғайб задаанд. Дар инҷо як саволи калонтарин, чаро СОБР-ОМОН, ки 5 дақиқа дуртар тамрингоҳ доранд ва ҳама бо силоаҳанд ба ҷои ходиса наомадаанд?! Чаро танхо видеоҳои мардум гирифта пайдо шуд, аммо як видео аз камераҳои шаҳр, Крокус хол, ё атроф нест?! Ба ин савол чоплусҳои Путину Раҳмонов мегуянд, ки камераҳо сухтаанд.

Хитоб ба онҳо:

“Эй, бесаводҳо, мо дар асри 21 ҳастем ва он камера якбора дар КЛАУД ё ОБЛАКО сохта мешавад!”

-Чаро касе аз Облакаҳо запсҳои видеоро пахш намекунад?!  —-Чаро кормандони СОБР-и ФСБ, ки танҳо 2 соат пештар дар онҷо як ҷамъомади “схотка” ВОРҳоро назорату дастгир карданд, як гуруҳро дар ҷои ҳодиса нагузоштанд?!

-Чаро пас аз ин ҳодиса яку якбора ВОР-и калонтарин пасошуравӣ ва яке аз спонсорҳои калон Путин “ШАКРО МАЛАДОЙ” ба озодӣ баромад?!

Суолро корманди ФСБ ба ман расонид ва гуфт худ қазоват кунед. Чаро, ки оилаи Агаларовҳо (соҳибони Крокус) як ё ду сол пеш бинои ҳамин концертиро ба нархи 10 миллиард рубли русӣ страховка мекунад?

Дар ҳоле, ки онҳо соҳиби кулли комплекси Крокус мебошанд.  Дар онҷо меҳмонхона, маркази калони савдо ва оффисҳо ҳам ҳастанд. Аммо танҳо ҷои концертиро страховка кардаанд?!

 Чаро маҳз ҳамин Крокус- сити дар ҳолате, ки агар дар ҳақиқат ДОИШ даст дошта бошад Кремль ва Майдони Сурх беҳтарин ҷой ҳаст барои даҳшатафканӣ!

Крокус Сити: Соҳибҳо ва алоқаҳои онҳо бо Путин

Соҳиби Крокус ва биноҳои атрофи он Агаларов Арас-Ораз мебошад. Агаларов солҳои 90 яке аз инсонҳое буд, ки яку якбора бой ва соҳиби моликияти зиёд гашт. Агаларов солҳои 90 ум зери қаноти Дед Хасан (ВОР) буд ва дертар бисёр маблағро соҳиб мешавад ва ҳамчун “мост” (пул) байни кормандони ҳифзи ҳуқуқ ва олами криминалии пасошуравӣ кор мекунад. Ба гуфти яке аз наздикони Бахти Ташкентский, ки «ВОР»-и Узбекистон мебошад Агаларов пас аз марги Дед Хасан, ки номери 1буд зери муҳофизати Шакро Молодой (Захарий Калашов) гузашт. Соли 2014 Шакро дар Испаниё дастгир ва ба Русия экстрадиция мешавад. Як каме дертар бо ёрии Агаларов озод мешавад. Қисса кутаҳ Агаларов на танҳо бо олами криминалӣ,боз бо якчанд корманди баландмақоми Русия ва асосӣ бо Медведев хеле дустии наздик дошт ва ба Путин низ роҳ меёбад. Соли 2018 Шакро барои тирпаронӣ, закази куштор ва разбори маргбор ба 18 сол ҳукм шуда буд ва бояд соли 2036 озод мешуд. Аммо дунё дунёи шиносу пул дар давлатҳои диктаторӣ мебошад ва Агаларов соли 2022 метавонад, ки розигии Путинро гирад. Лек барои онки ҳамаҷиҳата кор ба мардум ҳамчун ҳақиқат намоён шавад, аз ҳамон сол Шакро касалӣ мешавад ва ахиран ҳамин сол пас аз чанд рӯз аз ҳодисаҳои Крокус сити бо қарори Суд аз лиҳози саломатӣ  озод мешавад. Саломатӣ?! Чаро ин қадар инсонҳо ба суд даъво мекунанд ва касе ин гуна натиҷа ба даст намеоварад ва номepи 1-и Русия дар байни “ВОР”-ҳо ва Криминали калонтарин озод мешавад. Агаларов чуноне, ки қайд кардам соли сипарӣ як страxoвкаи нав танҳо зали консертиро мекунад, ки агар онро аз дигар бино кунанд, шояд 1 миллиард рубл ё 2 миллиард масраф шавад лек дар ҳоли сухтор ҳукумати Русия ба ӯ бояд 10 миллиард рубл диҳад. Ҷои ҳамла хеле пеш гуфтушунид ва ҳал шуда буд ва тамоми мақомот пешаки онро ба хубӣ  медонистанд.

Дахолати ДОИШ

  ДОИШ  ба як маблағи муайян ҳамаи гуноҳро ба гардан мегирад. Дар он видеоe, ки онҳо пахш кардаанд, гуё, ки ҳамон ҷавони 19 сола гирифтааст. Ҳаминҷо якчанд савол, чаро риши он инсони видео гирифтаистода “зардина ё рижий” аст?! Чаро дигарон тану туши “варзишӣ” доранд?! Аммо дастгир кардагон шамол сахт шавад, бояд танаи дарахтро биқапанд то напаранд. Ҳамаи дастгиршудaҳо хеле лоғаранд. Боз ҳамон сурате, ки ҳамчун онҳо ба қасамхурӣ дар зери парчами ДОИШ ҳастанд, чаро дасти чап? Чаро сохти гушҳои онҳо дигар? Чаро гардан, китфҳои дар сурат буда дигар ҳаст? Чаро руи онҳо дароз ҳаст, ягонта кулула нест?! Бовари комил дорам ва бисёри аз коргарони ФСБ ва МВД гуфтаанд, ки шояд ДОИШ маблағи муайянро бо тариқи Толибон аз тарафи Русия гирифтаанд. Дар бораи онки ДОИШ бо Толибон ҳамкорӣ дорад, ҳеҷ гоҳ ин дуруғ ва ё ҳақиқат надоштанашро бовар накунед. Агар каме пайхас кунӣ маълум мешавад, ки Толибон боақлтар шудаанд, чунки барои таркиш ва даҳшат онҳоpo истифода мебаранд. Лек ба тамоми дунё дуруғ мегуянд, ки дар ҷанг ҳастанд. Ҳамин савол ҳаст инҷо, чигуна Амрико бо 56 давлат артишро дар як моҳ пурра шикаст доданд, аммо 4 ҳазора лашкaри ДОИШ-ро шикаст то ҳамин дам надоданд?! Бармегардем ба сари масълаи худ. Дар инҷо 100 дар 100 аз руй таҳлилҳои тамоми коршиносони байналмиллали ДОИШ  пайи даст надорад!

 Хабар аз Амрико  

Амрико санаҳои 7ум дар саҳифаҳои интернетии сафорати худ дар Русия, як хабар пахш кард, ки аз шаҳрвандони худ хохони “аз консертҳо ва ҷамъомадҳои оммавӣ” дурӣ кашиданашро тавсия дод. Бар замми ин ҳамон рӯз ба ФСБ аз тарафи сафарати Амрико, Британиё ва якчанд давлатҳои аврупoӣ номаҳо равон  мешаванд, ки “ДОИШ” як теракт дар қаламрави Русия мекунад. Барои он ки вақте хабарҳо аз як кумита ба дигар ниҳодҳо мерасад асосан ду намуд аст, яке бузи дохилӣ, дуюм ва дар бисёри ҳолатҳо пропагандаи пинҳони ё дуруғҳо. Дар инҷо маълум мешавад, ки ФСБ дар бораи плани худ пинҳонӣ ба амрикоҳо ҳамчун “нохост” ваё “утечка” равон кард, то як шаҳрванди Амрико ва аврупоӣ дар онҷо кушта нашавaд. Дар ин ҳолат онҳо бисёр кунвковӣ мекунанд ва ҳақиқат ба руи об тез мебарояд. Пас аз як ҳафта дар Ингушетия, 7 нафар аз намояндагони ДОИШ дар вақти дастгирӣ ба задухурди шадид гирифтор шуд. 2-3 рӯзи дигар дар Новосибирск як гуруҳ аз ҷангҷуён ба номи ДОИШ, ки дар як шаҳрванди Тоҷикистон, ки зодаи Украина буд, ҳамчун сардори онҳо дастгир шуд. Лек 12 нафари дигар куҷо шуданд? Чаро он зодагони Украинаро, ки мехостанд ҳамла ба кормандони ФСБ кунанд дар Новосибирск, дар ягонҷо нишон надоданд ва расонаӣ накарданд, танҳо боз тоҷики террорист гуфтанд. Лек он ҷавон   тоҷик бошад ҳам аз сесолагӣ дар Украина умр ба сар мебурд ва тамошо кунед. Ба гуфти кормадони МВД ӯ тамоман ба дини мубини Ислом ва ҳатто ба Худо бовари надорад. чигуна доишӣ будааст???

Фоидаҳои Путин ва Раҳмонов аз ҳамла

Путин як намуд фарҳангу анъана дорад, ки пас аз ҳар як интихобот бояд ягон теракти исломиён бар алайҳи русҳо нишон диҳад. Сабаб дар он аст ки мардум ба шуриш наоянд ва талаби адолат накунанд. Зеро русҳо ба монанди мо тоҷикон мурғ нестaнд, нотарсида баромад тазоҳурот мекунанд. Аз ин ҳодиса Путин чанд фоида ба даст овард. Якум, мардум муттаҳид шуд ва фаромуши интихоботи фейкиро карданд. Дуюм, барои аз чашми мардум пушондани озодии Шакро як замоне хеле хуб шуд. Сеюм, Раҳмоновро каме тарсонид, ки агар аз хатти кашида каме берун баромадӣ муҳоҷирҳоро хоҳ бо паспорти русӣ, бо патент ва ё бе ҳуҷҷат ихроқ мекунам. Чорум, барои он ба сари Тоҷик зад, ки онҳоро беягон мамоният ва ба зур битавонад ба ҷанг равон кунад. Ва, муҳимтарин нукта барои интихоби тоҷик ба унвони омилини ин ҳодиса он аст ки ҳукумати Тоҷикистон ва шахсан Раҳмонов ҳеҷ эътирозу норозогӣ карда наметавонад.

Акнун Раҳмонови падари сабзидастонро чаро дар инҷо зикрмекунам? Сабаб дар он аст, ки Раҳмонов худ ба гуфти ФСБ дар Туркия ва Эрон амалҳои террористиро маблағгузорӣ кардааст. Сабаб дархости пас гирифтан мухолифoнpo ва ё ишорат ба он ки бинед онҳо террористанд ва чаро шумо паноҳгоҳ додаед.

  Раҳмонов аз тарафи Толибон ба гуфти ФСБ-и Русия зиёдa аз 1,2 миллион доллар ба ДОИШ додааст то терактҳоро ба иҷро расонанд.” Акнун ба мардум ва ҳукумати Туркия ба забони туркӣ хоҳам навишт:

“Hurmetli Turkey Deleti ve onun milleti, Rahmonov bir şerefsiz hayvan bu terörlere para vererek çok insanların kanına girdi. FSB-Rusyadaki biliyorlar Istanbulda teröristlere nasil Rahmonov 1 milyon dolar verdi.”

Агар ба гуфти мо бовар надоранд, метавонанд бо роҳҳои дипломатӣ аз Русия ҳаминҳоро дарxocт намоянд.   Раҳмонов мехоҳад, ки ба тамоми дунё гуяд, ки ин миллату мардуми тоҷик хеле хатарнок ҳастанд ва танҳо ӯст, ки метавонад онҳоро идора кунад. Вагарна чунин террорҳо дар ҳамаҷо хоҳанд шуд. Акнун пас ин ҳодиса барои тарсу ваҳмро дар байни мардум паҳн намудан Раҳмонов бисёр нафарҳоро зиндoн мекунад ва тамғаи ифротӣ мезанад. Асосан онҳое, ки мансубият ба диндорӣ доранд барои он ки ҳар касе, ки аз каломи Аллоҳ бохабар ҳаст барои Раҳмонов душмани калон ва даҳшатафкан ва террорист аст.  

Иттиҳомшудагон ва автомошина

Дар бораи мавзуи иттиҳомшудагон хеле зиёд наворҳо ва ҳақикатҳо ҳаст, ки тасдиқ мекунанд, онҳо тамоман бeгуноҳ мебошанд.

Якум чи гуна аз ҷои ҳодиса,ки 400 километр зиёд аст, дар 4 ё 5 соат гурехтанд?! Роҳе, ки аз телевизионҳои русӣ нишон дода шуд, баръало маълум аст, ки онҳо роҳи колсевойро пеш гирфтаанд дар он роҳ бегоҳии ҷумъа ба як азоб бo 40-50км/с метавон мошин ронд, то ки ба трасса бароӣ. Баpои онҳо ақалан 3 соат лозим мешуд, ки 50 км-ро дар бар мегирад ва боқии онро дар 2 соат тай кардан мумкин нест. Барои он ки он автомашина мотори 1.3 ё 1.4ро доро буда солаш куҳна ва агар онро аз 120км/ч боло ронӣ мумкин аст ки ба садама гирифтop шавӣ ё аз роҳ мепарад. Ғайримкон  аст ки он автомашинаи Рено ба суръати 170 км/ч рафтааст ва ба гуфти тамоми наворҳо онҳоро як газел аз роҳ тела кардааст. Агар бо суръати 100 ба газел мезаданд титупит мешуданд, ҳатто, ки ҷасади пурраи онҳоро дарёфт кардан имконнопазир мешуд. Аз руи иттилое, ки аз ФСБ ва МВД бо тариқи дустон  дастpac шуд, ҳама онҳоро ба таври махсус дар ҳамин рӯз дигар ҷой соатхои 11-13-и нисфирузӣ дастгир мекунанд. Пас аз он ҳар гуна видеоҳо нашр ва азияту шиканҷа мекунанд то соати 16:00. Ҷавони 19 сола вақте, ба ҳуш меояд, агар аҳамият дода бошед, мегуяд: “Ма чи кадум?”

Илми равоншиносӣ исбот кардааст, ки пас аз кома мағзи сари одам барои дуруғгӯӣ тавон надорад, чунки дуруғгуй креативностро муҳтоҷ хаст. Дуюм дар вақти боздошт мардpo мезананд ва гушашро мебуранд, монанди як инсоне, ки аз тарсу ҳарос ба ҳолати шок омада доду фиғон мекунад. Дустони азиз террорист, ин гуна доду фиғон намекунад. Аммо   аз руи ларзиши овоз ва ларзидани баданаш маълум мешавад, ки дар тарсу ҳарроси калон астанд. Як нуктаро бояд зикр намоям, ки вақте, инсон фанатик мешавад ва инсонҳои бегуноҳро мекушад, дар тарсу ҳаросро доро намешавад. Бар замми ҳамаи ин, инҳоро ҳамчун пайравони ДОИШ мегуянд, онҳо медонанд, ки шаҳидшавӣ аз ҳама мақоми баланд аст ва то мурдан паронпарон мекарданд ва намегурехтанд. Ягон нафар аз фанатикҳо намехоҳанд, ки дастгир ва асиршаванд! Чуноне, ки қайд кардам, инсонҳои дар ҳақиқат кушандa инхо не ва онҳо дар озодӣ мебошанд аз руи суханҳои коргардони ФСБ.

Хулоса

 Тоҷикон чун ҳамеша аз дасти Пешвои хиёнаткор ба бало гирифтор шудaанд. Ба хотир оред, ки дар муддати як соли охир ҳолу ахволи муҳоҷирон дар Русия хеле вазнин шуда буд. Сабаб дар он буд, ки бисёре аз мардуми бумӣ ба шумо нафрат пайдо кардa, якчанд муроҷиат ба Путин ҳам карда буданд. Путин аз ин нафрати баъзе аз шаҳрвандони худ истифода бурда боз тоҷиконро ҳамчун даҳшатафкан ва ноинсон нишон дод. Раҳмонови малъун бошад боз якбори дигар ба тамоми дунё нишон дод, ки “ана дидед ман шуморо хабардор кардам, ки ин мардум террористист.”

   Тамоми корҳо ва далелҳое, ҷамъ кардам ба ин далолат дорад. Яке аз кормандони ФСБ, ки дӯстии наздик дорем гуфт, ки: “Брат понимаеш, это политическая игра ни кто не согласился кроме вашего лидера нации Рахмонова чтобы помоч Путину. Это было спланированно уже после нового года.”

                     Душанбе

Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқбол! Чанд рӯзи пеш вазири корҳои хориҷии  Тоҷикистон Сироҷидин Муҳриддин аз мақомоти Русия интиқод кард,ки зери азобу шиканҷо тоҷикҳоро водор ба нишондоди бар зидди худ карданд. Вай гуфт:

 «намоиши наворҳои боздошти омилони эҳтимолии амали террористӣ рӯзи 22-юми март дар Маскав бо истифода аз шиканҷа алайҳи онҳо ғайри қобили қабул аст. Нархи эътирофи бо ин роҳ ба даст овардашуда ба ҳама маълум аст».

Аммо ин суханронии вай ҳамон мақоли русии «После пожар…» ва мушти пас аз ҷангро бар сари худат занро ба ёди кас меоварад. Ин гуна мавзеъгирӣ дуруст аст аммо сахт дер шуд. Онро бояд зуд, ҳамон соату ҳамон лаҳза бояд мегуфтанду эълон мекарданд. Чаро вазорати хориҷии Тоҷикистон ин корро зуд накард? Барои онки на вазорати корхои хориҷӣ ва на дигар ниҳодҳои Тоҷикистон самостоятельный нестанд. То имрӯз ҳамаи вазиру раисҳо чизе,ки Раҳмонов  гӯ гуяд,ҳамонро мегуянд. Аз пеши худашон ибтикори амал,ташаббус инициатива надоранд. Маҳз ҳамин сабаб шуд, ки вазъият тоҷикон дар Русия ва ҳоло метавон гуфт, ки дар саросари ҷаҳон ба ин дараҷа расад. Раҳмонов, агар хато нашавад, якуним соли охир пакар аст, мудирияти кишвар ва контролро ба Рустаму Озода ва баъзе дигар аз авлодаш дода буд. Дар навбати худ бошад, Рустам контролро ба ду се нафарони круги худаш дод, Озода бошад аз қафои кайфи худаш. Короче, ягон қиёс, анализ ва таҳлили ҳолат набуд. Дар ин якуним сол нафарони ҳушёр гуш бақимор хуб истифода бурданд.

СС Ятимов, вазъияти амниятиро ба дараҷаи критикӣ оварда расондааст, ки имрӯзҳо мумкин кафад вазъ. Умуман дар ҳама самте, ки вай иштирок карду нул зад он ба як ҳолати даҳшатноктарин расид. Чи сарҳад бошад, чи ҳолатҳои сохтаи интригии беруна ва даруна. Норозигии мардум бисёр ҳам шадид шудааст. СС.Ятимов махсусан Раҳмоновро ҳамчун душмани дини ислом тавонист,ки ба мардум шиносонад, ки ин оқибати хуб надорад.

Юсуф Раҳмон, тамоми тиҷорати наркотик, контрабандаро зери контроли худ даровардааст ва ҳоло чашм ба тиҷорати маводи сухт ва хурока андохтааст, ки инҳо ба Зоиру Исмоили Пингвин тааллуқ доранд. Бинобар маълумотҳо ҳоло Прокуратураи генералӣ кор дар самти гардиши мол бо Хитойро сахт тафтиш карда истодааст. Гардиши мол ва тиҷорат бо Хитой расман дар Гумрук аст аммо амалан зери контроли Зоири домоди Раҳмонов қарор дорад. Худаш чандин бор дар назди ёрони ба ном бо вафояш гуфтааст, ки хоҳӣ, ки властро гирӣ, аввал бояд финансроконтрол кунӣ. Хуршед  Мирзоев, тамоми манбаъҳои тиҷоратиро монанди бегемот фуру бурда истодааст. Вай акаашро дар яке аз ширкатҳои калонтарини Тоҷикистон, Авесто групп мондаасту  худаш тамоми фаолияти онро контрол мекунад. Авестогруп ширкати Фарози Шамсулло ва ширкатҳои Ҳасанро ба ҳошия ронда истодааст. Тамоми инвестицияҳоро, доляҳое, ки бояд ба Рустам оянд, Хуршед через худаш кардааст. Рустам намедонад. Ҳатто Хуршед масъулиятҳои ГАИро ҳам кашида гирифтанӣ аст, гирифтааст гуем ҳам мешавад. Зиёда аз 6000 камераҳои махсус, ки 19 нарушенияро фиксироват мекунанд, часпонда истодааст,ки ҳамаи суми штрафҳо рост ба суратҳисобҳои махсус меравад. Пештар ин ба МВД тааллуқ дошт. Мисоли дигар. Автобусҳое, ки дар Тоҷикистон бо бренди АКИА тайёр мешаванд, запчастҳо ва қисмҳояшро аз хориҷ оварда, банду баст мекунанд. Хуршед бо поставщикҳо маслиҳат кардааст. Онҳо нархҳоро дар санадҳо баландтар нишон медиҳанду разницаашро ба Хуршед медиҳанд. Мисол, агар нархи асосӣ 90 сум бошад, дар санд 110 сум нишон дода, 30 сумашро ба Хуршед медиҳанд. Ҳам фурушанда хурсанд хам харидор. Барои банду басти як автобус 90 ҳазор доллар масраф мешавад. Хуршедҷон бошад онро 110 ҳазор доллар мегузаронад. Аз сари ҳар як автобус 30ҳазор долларӣ. Ғайри ин боз банду басти электробусҳоро сар карданд. Ин ҳама маблағҳо аз ҳисоби бюҷети давлат аст. Хуб, чи тавре, ки гапро сар кардем, ҳар кадоме нақшаҳои худро доранд ва обу лой карда истодаанд. Ҳолате шудааст,ки Раҳмонов тамомона на кадр дорад ва на қадр. Кадрҳо фақақт ба дуздидан машғуланд. Вале чи гапе ҳаст ки ҳоло Русия аз Раҳмонов безор шудааст. Номи тоҷикро сиёҳ кардан беҷиҳат нест. Яъне гуфтанӣ аст ки Раҳмонов бо авлодат дафъ шав. Аз руи маълумотҳои дарзхурда оиди ин теракт СС Ятимов огоҳ ва қуш буд. Ин гапро чанд корманди мақомот хулосабарорӣ карданд. Вақтҳои охир СС Ятимов ҳолатҳои зиёдеро ба вуҷуд оварда худро дар чашми Раҳмонов сахт муҳим ва зарурӣ нишон медиҳад. Як мақоми муҳимми КДАМ гуфт,ки              « … непосредственно выявлены контакты лично между Александром Васильевичем Бортниковым и Ятимовым Саймумином Сатторовичем…»

Аммо бояд фаромуш насозем,ки на ҳама дар КДАМ ранги СС номарданд. Ҳастанд кормандоне, ки баномусанд  ва дар ҷонашон задааст, ин номардиҳо. СС аз Раҳмонов баҷоӣ (пинҳонӣ) зиёд корҳо кардаасту карда истодааст. Маълумотҳо чунинанд:  Дар Туркия мақомоти амниятии мо ва Русия ҳарду нафарро вербоват ва барои иҷроиши амал дар Крокус тайёр мекунанд. Параллельно бо ин дар худи Русия гуруҳи дигар, ки ба ин гуруҳи тоҷикҳо монанд аст, омодагӣ медиданд. Кори асосиро худи ФСБ анҷом дода, «то мельчайший деталҳоша нақшабандӣ карданд».

Ба Крокус аз 15 то 22 нафар даромадагӣ аст. Тоҷику ФСБ бо ҳам. Тоҷикҳоро пешаки уколҳои махсус зада сипас дастур доданд. Он нафаре, ки дар Туркия аз тоҷикҳо буд, ба яке аз наздикони худ, ки дар Вахдат буд, мегуяд, ки ҳамин хел гапҳо хаст. Ӯро баъде, ки меқапанд ФСБ, телефонашро мебинад, переводчик перевод мекунад гапҳоро. Мефаҳманду сразу ба КДАМи Точикистон шифровка оиди ин камбуд дар амалиёт медиҳанд. Сразу бо фармони худи СС ҳамаашонро печонида рост КДАМ меоранд. Боз аз гуфтаҳои баъзе аз бародарон аз мақомот СС барои амалиёт дар минтақаи Кулоб аз Бортников кумак хоста буд. Бортников уро баъди интихоботи Президенти Русия ваъда дода буд. Аҷабе нест, ки баъди ин теракт русҳо ба СС кумак кунанд. Ятимов аз ҳама амалҳои террористӣ, ки дар Эрону Европа ва дигар ҷойҳо,ки тоҷикҳо анҷом доданд, медонист. Аз руи анализҳо СС бо Юсуф Раҳмон яканду Раҳмоновро ба ҳама ноуҳдабаро нишон доданд.   Баъзеҳо аз КДАМ ва умуман разведка ба он фикранд, ки на Путин ва на Раҳмонов аз ин бозии мақомоти амниятӣ огоҳ набуданд. Аммо боз мегуянд, ки Путин медонисту Раҳмонов не. СС ба баҳонаи ёфтани шарикони террористон, хоки Ваҳдатро бехтанӣ аст. Онҷоро чен карда истодааст. Чи тавре ки медонед дар Тоҷикистон ҳам гуруҳи тафтишоти фаврӣ ташкил карда шудааст, ки назорати онро худи Президент бурда истодааст.
Муфаттишон аз Следственный комитети Русия омаданду бо наздикони дастгир- шудагон ва боз дигар нафарон суҳбатҳо гузарониданд.
Бадии кор дар он аст ки инҳо нақшаҳои худашонро дуруст доранд. Яъне шавоҳиди дуруғ ва маълумотҳои даст доштани ҲНИТро.  

Исфара

Ассалому алайкум кормандони Ислоҳ! Бародар Муҳаммадиқбол мехостам ин номаро пештар, дар моҳи рамазон бифиристам. Аммо сабр кардам.Вале дар намози иди ин моҳи муборак сабрам шикаст.

Шикасти тоқати манро Абдурақиб Раҳмонов сабаб гардид.

Ман дар чанд нома ӯро ҳамин хел навишта будам, аммо шумо бошед бо адабона Абдурақиб мехонед. Баъди вохурии 09.03.2024 бо ҷанобашон дар Душанбе дар маҷлиси бо руҳониён умуман девона шудааст. Мегуяд ҷаноб ба даҳанам туф кард. Ман дигар даҳонамро намешуям,чунки ин табаррук аст.Ба ҳар кас мушарраф намешавад,ки Ҷаноб ба даҳанаш туф кунад. Ин ҷаноб 10сол пеш Кабириро гуфта буд дастатро нашу. Ҳозир боз даҳонтуфкуниро муд кардааст. Ҳамон рӯз дар намози ид сад бор «зинда бод президент,зинда бод президент,дар ҳақи ятимон чи хел меҳрубонӣ карданд, шумо ҳам меҳрубон шавед, ба ҳаҷ наравед ба ятимхонаҳо пулашро тед, аз ҳаҷи умра савобаш калон» гуфта Раҳмоновро таърифу тавсиф меард. Ин чи хел мулло аст? Дар масҷиде, ки ин имомӣ  мекунад бачаҳои маҳаллааш мегуянд дар 30 рӯзи рамазон як бор хам ба таровеҳ ҳозир нашуд, ин дуруғ нест, бовар кунед. Лекин ин бадбахт соли 2010 дида будем, ки дар ҳақи наҳзатиҳо туҳмат карда гуфта буд, ки аъзои комиссияи ҲНИТ намоз нахонданд. Бовар кунед боз имрӯз ба иззати нафси мардуми Чоркуҳ расонида як саҳначаи дигар сохт. Гуё дар мо одами муътабар намондааст, ки 25сол одаме, ки мардуми Чоркуҳро зулм кард – Шаропов Мухторро табаррук дуо кунед гуфта дуо дод. Ҳол онки дасти чапро аз росташ фарқ намекунад, муред шармандаҳо. Ин барои чоркуҳиҳо як устухон дар гулуи мо шуд. Он рӯзи ид дар дари масҷид кормандони амнияту милиса бачаҳои то 20-соларо намондан ба намози ид ворид шаванд. Худо лаънат кунад, ин золимҳоро.

                                                 Вашингтон

Саломи дубора бародар Муҳаммадиқбол! Сипоси бепоён,ки қисмати аввали навиштаи маро дар барномаи «Номаҳо аз ноҳияҳо»-и шумораи гузашта ба нашр расонидед. Ҳоло идомаи онро ба шумо мефиристам:

  Муҳити зист
Бозори ғайриқонунии олами наботот дар Тоҷикистон маҳдуд аст. Миқдори муайяни буридани дарахтони ғайриқонунӣ вуҷуд дорад, ки асосан аз ҳисоби талаботи дохилӣ ба ҳезум сурат мегирад, ки ба камшавии ҷангалҳо мусоидат кардааст.
Дар мавриди ҷиноятҳои олами ҳайвонот, Тоҷикистон пеш аз ҳама як кишвари транзитӣ ва то андозае манбаи маҳсулоти ғайриқонунии ҳайвоноти ваҳшӣ мебошад. Фаъолони ҷиноӣ дар минтақаҳои дурдаст шикорчиёни анъанавӣ ва браконерӣ мебошанд,ки пеш аз ҳама ба далели сатҳи баланди бекорӣ дар кишвар аст.Ҷиноятҳои олами ҳайвонот бештар аз шикори ғайриқонунӣ ва қочоқи бабри барфӣ, хирс ва паррандаҳои дар зери хатар қарордошта иборат аст.То ба наздикӣ, шикор ва шикори ғайриқонунӣ дар саросари кишвар қонунӣ ва аз ҷиҳати иҷтимоӣ қобили қабул буд, аммо шикорчиён барои ҳифзи олами ҳайвоноти ваҳшии зери хатар қарордошта ба бунёди муҳофизакорон дар асоси ҷомеа шурӯъ карданд.


Тоҷикистон аз сарватҳои табиӣ бой буда, дорои конҳои бузурги нуқра ва алюминий мебошад. Захираҳои табиӣ барои иқтисодиёти кишвар аҳамияти ҳалкунанда доранд. Истихроҷ умдатан аз сӯи ширкатҳои таҳти контроли давлат сурат мегирад, аммо гузориш шудааст, ки ин ширкатҳо дар тарҳҳои фасодкорӣ даст доранд.Фаъолони асосии ҷиноӣ дар бозори захираҳои табиӣ фаъолони давлатӣ мебошанд, ки аз фасоди бузург ва набудани назорат бар ин соҳа ба даст меоранд.Оқибатҳои фасод дар Тоҷикистон густурда ва бисёрҷанба доранд. Ба ҷуз аз захираҳои табиии дар боло зикршуда, Тоҷикистон низ як кишвари мавриди интиқоли маводи сӯхт мебошад. Як масири қочоқ аз вилояти Бодканди Қирғизистон ба Тоҷикистон мегузарад ва ба назар мерасад, ки мақомоти баландпояи Қирғизистон дар содироти ғайриқонунии бензин ба Тоҷикистон даст доранд.Тоҷикистон як кишвари транзитӣ барои қочоқи тилло аз Афғонистон ба Ховари Миёна маҳсуб мешавад. Қочоқбарон одатан шаҳрвандони Тоҷикистон мебошанд; кормандони фасодзадаи давлатӣ аксаран ба ин шабакаҳо пайваст мешаванд.


Роҳбарият ва идоракунӣ
Иқтидори стратегии ҳукумат аз сабаби сатҳи пасти касбӣ, набудани таҷриба ва қабул накардани сиёсатгузорӣ дар асоси далелҳо суст боқӣ мемонад.Фасод омили аслии афзоиши ҷиноятҳои созмонёфта дар кишвар аст ва дар натиҷа эътимоди мардум ба ҳукумати Тоҷикистон ниҳоят паст аст.Интихоботи демократӣ дар муҳити сахти назоратӣ баргузор мешавад ва мухолифати ҳақиқӣ вуҷуд надорад. Ҳарчанд сиёсатмадорон мавқеъи қавии ҷамъиятиро дар муқобили ҷиноятҳои муташаккил баён кардаанд, чунин баёния барои тақвияти назорати ҳукумати марказӣ бар манотиқи канорӣ, ки гурӯҳҳои маҳаллӣ дар роҳи ҳукумат ба қудрат монеъ мешаванд, истифода мешавад.Шаффофият ва ҳисоботдиҳии ҳукумат аз набудани назорати мустақил алайҳи коррупсия зарар мебинанд. Тоҷикистон яке аз баландтарин сатҳҳои рушди фасод дар ҷаҳонро ишғол мекунад ва дар тӯли солҳо натавонистааст чораҳои муносиби мубориза бо фасодро амалӣ кунад.Ниҳоди мубориза бо фасоди ҳукумат дар назди мардум яке аз фасодзадатарин ниҳодҳои давлатии кишвар арзёбӣ мешавад.Он ба таври ҷиддӣ нокифоя аст ва ҳеҷ гуна ӯҳдадориҳои қонунӣ барои дастрас кардани ҳисоботи аудити худ барои омма надорад.Воқеан,аксари ниҳодҳое,ки барои масъулияти ҳукумат ва таъмини шаффофият таъсис дода шудаанд, мустақиман ё ғайримустақим аз ҷониби худи ҳукумат назорат карда мешаванд, ки онҳоро нокифоя мекунанд. Дар Тоҷикистон қонунҳое вуҷуд доранд, ки шаҳрвандонро аз амалҳои коррупсионӣ муҳофизат мекунанд ва инчунин дастрасии онҳоро ба иттилоот ҳифз мекунанд, аммо онҳо аз лиҳози иҷроиш нокифоя мебошанд.
Тоҷикистон ҳамкориҳои байналмилалӣ дар мубориза бо ҷиноятҳои муташаккилро тавассути тасвиби созишномаҳои сершумори байналмилалӣ, ба истиснои Протоколи СММ оид ба силоҳи оташфишон нишон дод. Дар кишвар созмонҳои бисёрҷониба низ ҳузур доранд,ки ҳадафи ҳамкорӣ дар мубориза бо ҷиноятҳои муташаккилро доранд.Иҷрои шартномаҳо ва сатҳи ҳамкории байналмилалӣ маҳдуд боқӣ мемонад, вале дар натиҷа тағйироти ҷиддие ба вуҷуд наомадааст. Дар сатҳи миллӣ, аксари соҳаҳои ҷиноятҳои муташаккил (аз қабили коррупсия ва ҷиноятҳои олами набототу ҳайвонот) тибқи қонунгузории дохилӣ ҷиноят дониста шудаанд, вале Тоҷикистон ба далели идоракунии суст ва набудани захираҳо имкони татбиқи аксари қонунҳои ҷиноии худро надорад.


Муҳити иқтисодӣ ва молиявӣ
Мақомоти Тоҷикистон дар бораи хатарҳои пулшӯӣ фаҳмиши маҳдуд доранд,аммо дар бораи хатарҳои маблағгузории терроризм дарки хуб доранд.Дар мамлакат ҳамкории байни идорахо хуб аст; механизмҳо ва заминаҳои ҳуқуқӣ ба таври кофӣ вуҷуд доранд, ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ аз маълумоти иктишофии молиявие, ки Раёсати мониторинги молиявии назди ҳукумат пешниҳод кардааст, истифода мебарад. Бо вуҷуди ин, кишвар ба далели маъруфияти муомилоти нақд ва иқтисоди бузурги соягӣ  ба шустушӯи пул осебпазир боқӣ мемонад.Пешгирӣ аз шустушӯи пул вазифаи аввалиндараҷаи ҳукумат ба назар намерасад ва гарчанде, ки дар соли гузашта баъзе пешрафтҳо ба даст оварда шуда буданд,татбиқи сиёсатҳо суст боқӣ мемонад.
Озодии сармоягузорӣ ва озодии молиявӣ дар Тоҷикистон хеле заиф аст. Кишвар дар роҳи раҳоӣ аз бӯҳрони молии соли 2008 ба мушкилоти ҷиддие дучор шуда ва бахши бонкии он ҳамчунон дар остонаи фурӯпошӣ қарор дорад.Фазои соҳибкории Тоҷикистон ва бюрократизми дилгиркунанда дар якҷоягӣ бо маъмурияти ноустувор,муҳити танзими иқтисодии кишварро барои сармоягузории хориҷӣ, бахусус барои лоиҳаҳои зерсохторӣ, ҷолиб месозад. Соҳибкорӣ аз ҷониби давлат, танзими нарх ва қоидаҳои чандирии меҳнат маҳдуд карда мешавад, ки ба шуғли динамикӣ халал мерасонад.Гузашта аз ин, корхонаҳои давлатӣ иқтисодиётро таҳриф мекунанд ва ба фасоди сатҳи баланд гирифтор мешаванд.Ҳарчанд кафолатҳои ҳуқуқии дастгирии озодии таъсиси тиҷорат ё бозпас гирифтани сармоягузорӣ вуҷуд доранд,фасоди густурда ва тамаъҷӯӣ аз ҷониби мақомоти андоз ва танзим сармоягузории хусусиро хеле кам мекунад.


Ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ
Сарфи назар аз чаҳорчӯбаи қонунӣ барои дастгирии қурбониён ва талошҳои ахири ҳукумат барои кумак ба қурбониёни хариду фурӯши одамон,набудани ҳимоя ва дастгирии муносиб барои қурбониён вуҷуд дорад.Танҳо якчанд паноҳгоҳҳо вуҷуд доранд ва норасоии шадиди хадамоти махсуси касбӣ ва намояндагии муассири ҳуқуқӣ вуҷуд дорад.Ҳокимияти судии тобеи он маънои онро дорад,ки ҷабрдидагон аз эҳтимол дур нест, ки бо адолати мувофиқ таъмин карда шавад.Фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ низ маҳдуданд, ки ба қурбониён кӯмак мерасонанд. Амалҳои ҳукумат дар мавриди қурбониёни хариду фурӯши одамон, бо расмиёти номуносиби шиносоии қурбониён ва шабакаи нокифояи паноҳгоҳҳо нокифоя ҳисобида мешаванд.Гарчанде ки кишвар кӯшиш ва пешгирии ҷиноятҳои муташаккил, бахусус хариду фурӯши одамонро тавассути баланд бардоштани сатҳи огоҳӣ идома медиҳад,аммо он то ҳол ба тамоми стандартҳои ҳадди ақали рафъи хариду фурӯши одамон ҷавобгӯ нест.
Аз замони фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ манзараи созмонҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ (СҶШ) дар Тоҷикистон тадриҷан реша гирифта, такмил ёфт. Дар тӯли солҳо қонунгузории Тоҷикистон дар бораи таъсиси созмонҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ либералӣ шудааст.Меъёрҳои ҳуқуқӣ барои эътирофи расмии созмонҳои ғайридавлатӣ ва умуман иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ коҳиш ёфтанд. Бо вуҷуди ин, элитаи ҳукуматҳои маҳаллӣ ба созмонҳои ғайридавлатӣ аз пешбурди фаъолиятҳое, ки ба фаъолияти соф башардӯстона ё иҷтимоӣ тасниф намешаванд, ба монанди масъалаҳои фарҳанг, маориф, зӯроварии гендерӣ ва оилавӣ, инчунин тақсими кӯмакҳои башардӯстона ба аҳолии мавриди ҳадаф пешгирӣ мекунанд. Аз ин рӯ, ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон дар зери фишорҳои мақомоти марказӣ фаъол нест ва аксаран фалаҷ шудааст.

 Васоити ахбори оммаи Тоҷикистон таҳти фишори ҷиддии ҳукумат қарор дорад ва озодии расонаҳо аз соли 2014 бадтар шудааст.Аксари расонаҳои мустақил баста шудаанд, бисёре аз рӯзноманигорон фирор кардаанд ва ё бадарға шудаанд ва хадамоти амният рӯзноманигоронро дар саросари кишвар таъқиб мекунад, метарсонанд ва шантаж мекунанд. Сомонаҳои иттилоотии мустақил ва шабакаҳои иҷтимоӣ ё ба таври доимӣ баста мешаванд ё таҳти фишори доимӣ қарор мегиранд.

Share This Article