Номаҳо аз ноҳияҳо ба «Ислоҳ. нет»№118                                      

Ислоҳ нет

  Сарнавишти Абдуҷаббор Зардиев,яке аз ёрони собиқи Эмомалӣ Раҳмонов ва дар гузашта раиси шаҳри Кулоб ҳеҷ чизе ғайримунтазира надорад.Нафси бади Раҳмонову бачаҳояш уро ҳам дарун карданд,балъиданд.Ҳоло маълум мешавад,ки пушти қазияи Шуҳрат Исматуллоев Ҳасан Асадуллозода меистодааст.Уро барои пулҳои баҷоияш куштаанд!

Инҷо садҳо маврид мешавад намуна овард,ки Раҳмонов ва аъзои оилаи вай барои дороиҳо ва пулҳояшон кушта ва ё зиндонӣ кардаанд. Раҷабалӣ Одинаев-Умд-88,Зайд Сайид,Маъруф Орифов ва даҳҳои дигар.Бозори Панҷшанбе,бозори Ином, Султони Кабир,Ҷалҷам ва ғайра,ки аз тарафи аъзои ин хонавода тасарруф карда шуд.Ҳоло замину замони Абдуҷаббор Зардиевро бояд барои Мармарӣ қурбонӣ ва арзонӣ кунанд.

                                                  Кулоб

Салом бародар Муҳаммадиқбол! Бародари азиз аз Кулоб менависам.Аввал як байт:

  Чунин аст расми сарои дурушт,

   Гаҳе зинсавору гаҳе зинбапушт.

Аз он мегуям,ки он Абдуҷаббор Зардиев,ки мегуфт,Ҷаноби олии Кулоб ман ҳастам,дигар ба сазои аъмолаш расид.«Абдуҷаббор Зардиевро хокаша бехтанд,бачаҳояшро Раҳмонов фармон додааст,ки қулфашон кунед, заминҳояшро фирмаи Мармарӣ гирифтааст!».

  Домулло,хуб медонед,ки «Мармарӣ» аз кист?Мармарӣ аз Рустами Эмомалӣ аст.

Ҳозир Зардиев «гириста хоб аст, дар ҳоле, ки як умр Раҳмоновро бузи карда буд,аз марг наҷот дода буд»

   Зардиев –«чоҳкан зери чоҳ» шуд. Ҳусниддини писараш,ки раиси ҷамоат буд ва низ акааш Набиҷон ва хоҳарзодааш дар СИЗОи амният қулфанд.Барои заминфурушиашон.Бо баҳонаи замину завод дороиҳои Зардевро мегиранд. Халқи Зиракӣ ва халқи Кулоб хурсанданд.Золимҳо якдигарашонро нест мекунанд.Баъд халқ сар мекунад.

   Хеле аз началникҳоро аз вазифаи давлатӣ аз пушти Зардиев снимат кард,ки халк нахезад.Ҳатто кормандони орган дигар безор шудаанд.

 Ин  Оилаи палид ба боварӣ нест.Халқ фаҳмид,ки чи гап рафта истодааст.Дар маршруткаҳо тарафи туро мегирнад,ки ҳақро гап мезананд.Як шаҳри Кулоб безор шудааст.

  Ҳозир аз дасти ГАИҳо,ки аз республика ба Кулоб оварда ҳарруз рейд гузаронида истодаанд мардум безор шудааст.Мошинҳои Кулоб 80 фоизаш ҳуҷҷат надорад.чунки ҳуҷҷатҳо қимат аст.  

  Аммо дар бораи Абдуҷаббор Зардиев ва ҳолу аҳволи вай барои номаҳои оянда менависам.

                                            Душанбе

      Салом бародар Муҳаммадиқбол!Баъди тағйироти кадрӣ дар Прокуратураи Генералӣ маълумотҳои бисёр ҷолиб ва ифшокунанда аз ҷониби нафарони «обиженный» баромада истодааст.Оиди парвандаи Шуҳрат Исматуллоев,муовини аввали Ҳасан Асадуллозода, раиси Ориёнбонк.Дар ҷараёни бозпурсӣ саволҳо хеле зиёд пайдо шуд, ки барои ҷавоби онҳо як барбар мепариду проблема мешуд. Шуҳрат Исматулоев ба бисёриҳо қарзҳои калон дода будааст.Вақте команда барои «убрат» кардани Шуҳрат расид, маҳз худи Ҳасан бо Дилшод вохурда буд. Ин вохурӣ дар дохили бинои Ориёнбонк дар кабинети муовини раис, кабинети Зарина,духтари президент сурат гирифта буд.Барои чи маҳз дар он кабинет? Барои онки он кабинетро «прослушка» намекунан.Чун кабинети духтари Президент аст.Наворҳои вуруду хуруҷи Дилшод ба Ориёнбонкро Юсуф Раҳмон успет намуда гирифтааст.Вале баъди гирифтани Юсуф Раҳмон онро «удалит»  кардааст.

Замоне,ки кор аз руи нақша пеш нарафт ва аз контрол хориҷ шуд,Дилшод ба Ҳасани Ориёнбонк занг зада мегуяд,ки «и ҳаромӣ надора,ку ягон чи да картоҳош?»

 Ҳасан мегуяд,ки «марам дарак надоштм. Кори шидагиш шид. Бачоҳора срочно рои кн ҳар су».

Ҳасан медонист,ки дар гурӯҳи Дилшод кадомеаш ба чи корҳо қодир аст.Медонист,ки он нафареаш,ки ба Молдова рафту он ҷо кушта шуд,аз ҳама ҳушёр аст ва метавонад сахт проблема кунад.Барои ҳамин бо фармони Ҳасани Ориёнбонк хабарро зуд ба мақомоти Молдова расонданд.Ва яке аз онҳо «кам» шуд.

 Дилшод аз Русия ду маротиба ба Ҳасани Ориёнбонк занг зада мегуяд,ки «раис,о ваъдаҳо дига буду кор дига ку». Ҳасан мегуядаш,ки гуш кун,ҳамааш хуб мешавад. «Ма бдм,ки тра мондан ай Тоҷикистон брои».Ҳасан он рӯз оҳиста Исмати Дуликро занг мезанаду дастур медиҳад,ки «Дилшоди красавчика гзарон технично». Баъд гуноҳи гузаштани Дилшодро ба гардани чанд коргари камбағали аэропорт заданд.

 Дуюм боре,ки Дилшод ба Ҳасани Ориёнбонк занг мезанад.Ҳасан мегуяд,ки ҷура худатро супор: «миёранта иҷа ма гап задам.Миёранта меганта чи бугу, кира нишондод бте».

  Дар СИЗО мебинанд,ки Мустафоқулов Парвиз,яке аз аъзои гурӯҳи Дилшод якравӣ дорад ва воқеиятҳоро гуфта истодааст,барои ҳамин мекушандаш.

  Ҷасади Мустафоқуловро ба зодгоҳаш Ғусари Панҷакент оварда таҳти чораҳои сахти амниятӣ ва бо чанд нафар ва зери назорати мақомоти амният ва милиса ба хок месупоранд.

Ҳасан мегуяд,ки кори хуб кардед,ба дигаронаш дарс мешавад. 

  Руйхати қарздорони Шуҳратро ба гурӯҳи тафтишотӣ медиҳанд.Дар руйхати қарздорҳо Юсуф Раҳмон номи Азизов Қамарро мебинад,худо медиҳад.Вагарна дар руйхат аз Қамар дида қарздорони калонтар ҳам буданд,аммо уро чен кард.Он гапҳое,ки гуё тафтишот муайян кард,ки мошини Дилшоду рафиқонашро бо рақамҳои қалбакӣ қапидану нақшаҳояшон барои чанд вақт ақиб уфтод,як дуруғ буд.Инро Дилшод худаш бофт.Дилхоҳ рақами мошини милитсия ва дигар сохтор дар ягон мошини хизматӣ задагӣ аст. Душанбе як шаҳри майда аст.Чи хел як рақам дар ду мошини гуногун, аммо ҳеҷ кас намедидааст. 

Ҳар чизе, ки ба Дилшод мегуянд Дилшод онро мисли тутӣ такрор мекунад.

 Ҳасан,ки ба Эмом Хуяк то ҳозир сахт қасд дорад,фармон дод,ки номи Мақсудов Билол,бародари Эмом Хуякро бигиранд.Ҳасан чанд бор Эмом Хуякро шикастанӣ ва заводашро гирифтанӣ буд.Аммо Эмом Хуяк нафарони мисли Ҳасану Зоирро чандтоашро ташна лаби об мебараду меорад.Он вақтҳо тавассути Мансур Умаров ба Убайдуллоев баромаду Ҳасанро шинонд дар ҷояш.Ҳамин хел номи Билоли бародари Эмом Хуякро ҳам гирифтанду маҳкамаш карданд.Он қадар Билолро «шикастанд», ки номи Эмом Хуякро гирад.Аммо сағераи Билол,ки чанд ходка шиштагӣ аст: «метона тов дода». 

Ҳоло акнун ҷойи ҷаззоби ҳикоя:

Домоди Рустам Холиқов,раиси пешинаи Тоҷик эйр бошад ҳамон шабу рӯзҳои омодагӣ ба анҷоми ҷиноят чандин бор ба назди Хуршед Мирзоев омада рафта буд.Вай дар ширкатҳои марбут ба Мирзоевҳо дер боз кор ва ҳамкорӣ дошт.Дар кушодашавии заводи Сиёма иштирок карда буд.Умуман одами наздик буд.Хонаҳое,ки иҷора мешишт,тааллуқ  ба Мирзоев доштанд. 

Албатта,инҷо савол пеш меояд.

 Чаро нафарони набударо қуш мекунанду бударо не? 

Дилшоди красавчик дар охир хит кард,ки конкретно истифодааш бурданд.Ҳама гапҳоро пурра гуфт.Аммо шаташапаш карданду гуфтанд мехоҳӣ, очаат, занат ва  наздиконатро биёранду дар пеши чашмат фалон кунанд? Дилшод гуфт «ма худам панҷ бор ҳамроҳ бо домоди Холиқов ба назди Хуршеди Мирзоев рафтему сум гирифт аз у.

                                                Конибодом

Ассалому алейкум ва раҳматуллоҳи ва баракатуҳу бародар Муҳаммадиқбол!
Ман як бародари мусалмони тоҷики шумо аз шаҳри Конибодом. Ҳар даъфе, ки барномаҳои “Ислоҳ”-ро тамошо мекунам ба шумо тани сиҳату умри тӯлонӣ мехоҳам,ки муборизаи худро то охир расонед!
Ман як чанд мушкилиҳои дар Конибодом бударо гуфта мегузарам!
Дар Конибодом фасод дар ҷойи аввал аст.Аз ҷаноби Тухтасунзода сар карда то домкоми маҳалла ба порахури машғуланд! Дар шаҳраки Ҷавонон, Барно гуфтанӣ зани нармода ҳаст, ки ҳар як справкаро аз 100 сомонӣ то 150 сомонӣ мефурушад. Вай домкоми ҳамин шаҳрак аст! Дар бонк суратҳисоб кушода аст! Мардумро маҷбур мекунад,ки ба ин суратҳисоб маблағ гузаронанд, агар нагузаронанд справка намедиҳад!
Дар комиссариати ҳарбӣ бошад Сӯҳроб гуфтанӣ шахс ҳаст, ки миёнарави комиссариати военкомат мебошад! Аз ҳар як ҷавони ба сини хидмати расида 5 то 10 ҳазор сомонӣ нагирад падару модарашонро ғам додан мегирад! Як сол дар вақти  порагирӣ ба даст афтод,аммо боз баромад аз ҳабс ва корашро давом дода истода аст!
Боз даҳонашро пур карда мегуяд, ки кори военкоматҳо чиркин аст, боз манро харида бароварданд!
Дар коллеҷи тиббии шаҳрӣ Конибодом кор фақат порагирӣ ва пулканӣ аз муҳассилин аст. Кор фақат газетафурӯши,таъмири донишгоҳ, халати тиббифурӯшӣ  аст ва ин корҳо ҳар сол идома мекунад.

 Аз ҳар як донишҷӯ барои обунаи газета маҷбурӣ 250 сомонӣ,барои ремонт 500 сомонӣ, халати тиббӣ 250 сомонӣ ҳар сол  мегиранд.Се сол донишҷӯён ҳамаи ин пулро пардохт мекунанд! Директори донишгоҳ, ки бар сари халқи Конибодом оварда монда аст хешу табори худаш аст! Бо пора дастгир шуд,аммо боз корашро давом дода истодааст!
Дар Конибодом началник милитсия, началник ГАИ, началник паспортный стол, суди шаҳрӣ то началники КЖКП ҳаммаашон аз «бачаҳакои боло» ҳастанд! Халқи Конибодом аз дасти ин хоинони миллат хонаву дарашонро партофта дар давлати бегона муҳоҷир шуда истодаанд!
Ташаккур ба шумо бародари азиз Муҳаммадиқбол! Ғалаба дар пеш аст ин ша Аллоҳ!
Мардуми Конибодоми баору номус сарҷамъ шавем ва ба муборизаи Муҳаммадиқбол ҳамроҳ шавем!  

                                                              Восеъ

Ассалому алейкум  Муҳаммадиқболи Садриддин! Ман сокини ноҳияи Восеъ ҳастам ва айни ҳол дар муҳоҷирот қарор дорам.

 Як дустам дар беморхонаи марказии ноҳияи Восеъ  кор мекунад ва ӯ аз ман хост,ки як  маълумот ба шумо расонида шавад ва мардум бидонад,ки мақомдорони ҳукумати Раҳмонов чиқадар золиму одамкушанд!

Моҳи июли соли 2018 буд.Чор бародари Гулмурод Ҳалимов (полковники фирории ОМОН) мехостанд аз Тоҷикистон фирор кунанд ва аз тариқи ноҳияи Восеъ ба Ҳамадонӣ раванд ва аз онҷо ба Афғонистон гузаранд.

Вақте,ки онҳо аз ноҳияи Восеъ гузар мекарданд,дар деҳаи Ибрат онҳоро амниятиҳо дарёб мекунанд ва ба сӯи онҳо тир холӣ мекунанд.

Дутои онҳо дар ин задухӯрд мемиранд ва дутояшонро нимҷон ба беморхонаи марказӣ  меоранд!

Вақте онҳоро меоранд,амниятиҳо ба мо фармон медиҳад,ҳардуи онҳоеро,ки аллакай ҷонашон баромада буд шумо бибаред ва дутое,ки нимҷон будан мисли як ҳайвон бераҳмона кашида-кашида худашон ба беморхона дароварданду дар ошёнаи сеюм бо тариқи силоҳи беовоз онҳоро паронданд ва ҳамчунин дар ин занозанӣ як коргари амният ҳам ҷароҳат бардошта буд!

  Ва баъдан амниятиҳо моро сахт тарсонида гуфтаанд,ки агар ҳодисаи инҷо бударо ба ягонҷо мегӯед ҳоли шумо ҳам мисли ҳаминҳо мешавад.

  Аз ин воқеа чанд сол гузашт,аммо аз шумо эҳтиромона хоҳиш,ки номаи маро чоп кунед ва мардум чеҳраҳои мақомдорони Раҳмон ро бишносанд!

                                                       Айнӣ

Ассалому алейкум,дусти азиз Муҳаммадиқболи Садриддин.Ман аз ноҳияи Айнӣ,ҷамоати Рарз,қишлоқи Фатмев.Илтимос ин номаро пешкаши мардум ва оилаи сархури Рамонов кунед.Айни замон се масъалаи муҳим дар ноҳияи Айнӣ вуҷуд дорад.

Масъалаи рақами аввал ин роҳи Айнӣ ба самти Масчоҳи куҳӣ аст.Ин роҳ ҳоло комилан хароб шудааст.Пас аз онки ширкати Фароз конҳои ангишти куҳистони Масчоҳро ба балъидан шуруъ кард,Камаз ва дигар мошинҳои борбари гаронвазн роҳҳои аз давраи шуравӣ мондаро вайрон кард.Аз дасти ин касофаткориҳои ширкати Фарози духтари Эмомалӣ Раҳмонов,ки ангишти моро кашонида то ба Афғонистну Узбакистон фурухта истодаанд,ҳоло ҳатто дар ин роҳҳо хар ҷойи по намеёбад.Ноҳияи Айнӣ корхонаҳои зиёди саноатӣ дорад,ки асосан хитоиҳо ин конҳоро гирифтаанд.Аммо касе парвои роҳҳоро надоранд.

Масъалаи рақами дуюм ин облава аст.Бовар кунед,ки имсол облава дар ҳолати даҳшатнок оғоз шуд.Баъзе аз ҷавонҳо ҳатто як моҳ назди арусонашон,ки тоза оила барпо карда буданд,наистода аз ҳоло ру ба муҳоҷират ниҳода истодаанд.Раиси ҷамоати Рарз аз деҳаи Гузари бод аст.Аз ҷавонҳое,ки хидмат рафтан намехоҳанд аз 5 то 10.000 сомонӣ барои як призив гирифта истодааст.Руи рост талаб карда ё таҳдид карда мегирад.Мо солдат мехарем ба ин пулҳои шумо гуфта пул меситонад.Ин азобу азият боз бармегардад болои сари камбағалбачаҳо.

 Масъалаи рақами сеюм ин қувваи барқ- свет аст.Дар муқоиса бо дигар ноҳияҳои кишвар барои  мардуми Айнӣ светро камтар медиҳанд.3 соат саҳар,4 соат шаб. Мардум дар азоби сахт.На гову молашро пагоҳӣ хошок дода метавонад ва на як кори дигар.Шароити куҳистон ба ҳама маълум.Сард.Рузи шанбеву якшанбе мардум маърака доранд,свет ҳаст.Тамоми шанбеву якшанбе пулро касе туй дорад,пулро медиҳаду светро заказ мекунад.Бо счётчик кор мекунад.Дар 40 даромада нав дидам,ки светро пул дода заказ мекунӣ,боз счётчик кор мекунад. Баъд светро гирон мекунанд.Пулашро ба раиси электросети Айнӣ номаш хато накунам Боймаҳмад аст,медиҳанд.Агар ҷамоати Рарз 8-10 қишлоқ дошта бошад ҳар ҳафта 8-10х2руз=16-20 туй 8000-10000сомонӣ кор мекунанд.Ин чи рузи сиёҳ? Коррупсия дар авҷи аъло.Дар ягон минтақа ин хелин пулгирӣ нест.Идораҳои Айнӣ, коргарони давлатӣ ранги ҷугӣ талбандагӣ мекунанд.Мардум намедонанд,ки аз дасти ин талбандаҳо сарашонро ба куҷо панаҳ кунад.

                                                Фархор

Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқбол мехоҳам номае аз қишлоқи Лолазор ноҳияи Фархор ба шумо нависам.Қишлоқи мо дар ноҳия яке аз номдортарин қишлоқҳо ба шумор мерафт.Аввалин сокинони ба инҷо омада мардуми Фарғона буд.Онҳо аввалин шуда ба инҷо омада як туғайзорро бо заҳмати зиёде ба як ободӣ табдил доданд.Қариб нисфи сабзавоти ноҳияро таъмин мекарданд.Аз ҷиҳати диндорӣ низ пешқадам буданд.Чунки инҷо муллоҳои хеле хуб дошт,аз қабили Охун-ака,ки хатмкунандаи мадрасаи “Мири араб”-и Бухоро буд,дигарӣ Махсуми Файзраҳмон,ки аз мардуми Ҳоит буд ва боз чанд нафари дигар.Ман номи инҳоро ба хотири он зикр кардам,ки дар давраи онҳо қишлоқи мо хеле бообру буд.Аммо ҳоло бошад қишлоқ дар дасти одамони дигар задаст.Раиси ҷамоат Илҳом Қувватов аз ҳамин қишлоқи мост,аз дасти ӯ ҳама ба дод омадаанд.Ӯро як бор аз вазифа гирифтанд.Вале баъд аз 4-5 моҳ боз вазифаро аз раиси ноҳия харид.Ӯ дар вақти облава аз военкомат дида бештар даводав мекунад.Хулоса ӯ як лесаки амнияту ҳукуматдорон аст.Ба қарибӣ дар даъвати тирамоҳӣ писари Қиём Ашуровро ҳамаги як рӯз баъди туйи зангириаш аз ҷогаҳи хобаш бо тариқи облава қапида ба военкамат супориданд.(Ин ҳамон Қиёме аст,ки дар як барнома Далери Эмомалӣ барои як разбори хона барои қайсингулаш нишон дода буд.) Пагоҳаш баъди қапида бурдани писараш дар чорроҳаи маркази қишлоқ бо Илҳоми раиси ҷамоат ру ба ру шуду ҷангу муштзанӣ карданд.Падари Илҳом, Давлат Қувватов буд. 4-сол пеш аз дунё гузашт.Ӯ чанд сол бригадири пахтакорӣ буд,дар золимӣ аз писараш хелло пешқадам буд.
Дар вақти шуравӣ колхозчиёнро дар моҳи рамазон маҷбуран об медод,ки рӯзаҳояшонро хуранд.Вақте обчиҳои пахтаро медид,ки нишаста дам мегиранд, рӯзи кории онҳоро ним ё тамоман хат мезад.Агар касе аз онҳо рӯзи ҷумъа ба район ҷумъахонӣ мерафт,ӯ тамоман худашро девона мекард.Як бузи калони шохдор буд.Амаки Илҳом номаш Эмом Қувватов мебошад.Чанд сол директори қишлоқи бо номи “Правда” кор мекард.Ин ҳам яке  аз бузҳои калон аст.Ӯ дар назди масҷид истода кудаконро аз масҷид рафтан боз медошт.
Ҳоло раиси қишлоқ Умед Муҳидинов мебошад.Ӯ хеле марди хуб аст.Бо вуҷуде,ки ӯ боҷаи Мансур Умаров(сардори зиндонҳои Тоҷикистон) аст, аммо дар пеши ӯ сар хам намекунад.Марди диндор ва аз аҳли масҷид аст.

 Дигар бузҳои қишлоқ Шамсулло Раҳимов,бачаи Исломи наск(лақабаш наск буд)ва Зайнулло бо лақаби Зайчик бачаи Олим мебошанд.Инҳо низ дар хизмати амнияти ноҳияанд
Ба фикрам аз ҳамаи қишлоқҳои ҷумҳурӣ дида аз қишлоқи мо коркунони орган аз қабили суду прокурору милиса бисёр аст Дар қишлоқ қариб 10 ё 12 кас коркунони баландпояи мақомот ҳастанд.Шукри Худо,ки зарарашон намерасад ва бачаҳои қишлоқро дар Душанбе ёрдаму дастгирӣ мекунанд.Ман мехоҳам номаи кутоҳамро ба поён расонам,гапҳои ногуфта бисёр аст. Худо хоста бошад дар номаи баъдӣ ирсол мекунам.

                                                       Ашт

Ассалому алайкум бародар Муҳамадиқбол! Дергоҳ ман ба шумо нанавиштам. Дируз охирон барномаи «Минбари муҳоҷир»-ро тамошо кардам ва аз суҳбатҳое,ки дар ин барнома шунидам,бисёр фикрҳо ба сарам омад.Ҳаминро фаҳмидам,ки ҳануз шахсиятҳои босаводу бодониш бисёр кам бо шумо дар тамос мешавад: чи аз ҷониби ҳукумат,яъне чоплусҳо бо қавли шумо ва чи аз ҷониби  мухолифон.Шояд,ки тарс доранд, шояд чизи дигар аст. вале нестанд. Онҳое ҳам,ки дар барнома суҳбат мекунанд,аксарияташон аз тарзи суханрониашон маълум ҳаст,ки фикру ақида ва фаҳмиши дунявиашон бисёр паст аст.Ин ашхос чашмбароҳ ва мунтазиранд,ки касе бояд роҳбалади онҳо бошад.Яъне дар худ чизе надоранд!Ман фикр мекунам дар барномаҳои шумо мағзҳое пурқуввате ворид шаванд,ки таъсире дошта бошанд,идеяҳои хубе дошта бошанд!Дар барномаҳои шумо як шахсе ворид мешуд.Вай тарафдори ҳукумат буд.Бо номи Хайёмиддин шинохта мешуд.Ман дар шахсияти ин кас касеро дидам,ки дар ҳақиқат сатҳи шуурнокиаш баланд буд.Ман як чизи дигарро аз у пай бурдам.Вай дар асл ҷонибдор аз ҳукумат набуд вале вонамуд мекард!Вале ғайб зад,дигар пайдояш нашуд. Дар суҳбат ва суханрониаш ҳарфҳои хубе мегуфт! Ба монанди Хаёмидин чунин касон бисёр кам ворид мешаванд. Ман фикр мекунам ба шумо дар барномаатон ниёз ба касоне монанди ҳамин Хайёмиддин босаводон аст.Чи беҳтар буд,агар чунин ашхос аз ҷониби шумо бошанд. Ба гуфтаи шумо ҳар касе дангу девона ворид мешаванд, ҳарф мезананд вале аз ҳарфи худ пай намебаранд чи мегуянд.Ман хоҳиш дорам чунин касонро зудтар хориҷ бисозед, токи вақти бисёрро нагиранд.

                                                 Қабодиён  

Ассалому алейкум бародар Муҳаммадиқбол.Ба худо қасам мардуми деҳа аз рӯи ин мулло Саидаҳмад безор шудаанд.Аз тарси вай ягон мулло дар масҷид пеш намедарояд.Деҳа пури муллобача аст.Аммо аз тарси Саидаҳмад ҳама сокиту дамбадарунанд.

Директори мактаби №41номаш Ҳабиб.Кораш фақат дуздӣ аст! Панҷ духтар дорад,ки ҳамаашон аз мактаб маош мегиранд.Ин директори мактаби 41 Ҳабиб хеле аз духтарҳои бадахшониро таҷовуз мекунад!

 Раиси ҷамоат Нодиров Волид аст.Дар совхози Тоҷикистон 15 нафар дар як ҷо кор мекунем.Ҳамеша барномаҳои шуморо тамошо мекунем.

 Бародарони Волиди раиси ҷамоат мошинҳояшон номер надорад.Домком-кумитаи маҳалла Додарбек.Дар хонааш 80 тонна пахта дорад,чаро чизеяш намегуянд? Чаро мулло Саидаҳмад дар масҷид мегуяд,ки «кадоме дар хонаат пахта дорӣ бурда ба давлат бисупор.Аммо чаро Додарбеки кумитаи маҳалларо ҳеҷ чиз намегуяд?

Бародар мардуми мо ҳамааш тамошоят мекунанд,лекин метарсанд! Ин мулло Саидаҳмадро бачаҳояш зинокоран “наша”(гера) мезананд. Як бачааш Ҷумъа ном дорад,ҳамеша наша мезанад!Вай фақат мулло нест.Вай буз аст.Чашму гуши милиса ва амният дар Қабодиён.Ҳайфи номи муллоӣ ва ҳайфи номи имомхатибӣ.

                                                 Ёвон

 Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқболи Садриддин.Аз деҳаи Қайнамаи ноҳияи Ёвон менависам.Раисони деҳа барои мактаб ҳарруз пул талаб доранд.Номи раиси деҳа Бекназаров Тоҷиддин ва муовинаш Карим Ашуров.Як мактаби соз надорем.Барои мактаб аз мардум ҳар моҳ 1000 сомонӣ пул ҷамъ карда истодаанд.Монда шудем.На свет дорем,на об.Боз шарм нокарда дар телевизион нишон доданд,ки бо дастури Ҷаноб ин шуду вай шуд.Шаш сол мешавад,ки мактаб обод намешавад.Ман дар Русия будам,депорт шудам.Дигар ман аз куҷо пул дорам,ки ҳар моҳ пули сохтмони мактаб ва пули об диҳам?

Ба Тоҷиддин ва Карим гуфтаниям,ки мардумро зулм накунед.Ин корҳо ҳамааш уҳдадории давлат аст.«Народ вам ничего не должен».

 Боз як духтур дорем ба номи Мирзо.Ин духтур 3 одамро бо табобати нодурусташ кушт.Аммо пул дода халос шуд.Агар бемор шавию мурӣ,то пулашро надиҳӣ омада укол намекунад.

Ҳамааш аз пули мардуми бечора: сад сомонӣ барои об ҳазор сомонӣ барои мактаб.

Як хел хонаҳо ба худо қасам нони хурдан надоранд, аз куҷо вай ҳазор сомонӣ диҳад.Боз ин муаллимҳо ҳар руз пули китоб,пули компютер,пули ангишт гуфта безорамон кардаанд.Дар ҳар як парта чор талаба мешинанд.Айб аст, вақте туристҳо омада буданд,замин накафид,ки дароем.  

  Гуфтаниам,ки эй, пешвои худхондаи самозванетс! То самолёти 92миллионӣ харидан, мемурӣ мактабҳоро соз кунӣ,ки дар назди туристҳо шарманда нашавем.Бовар кунед шарм аст,вақте мегуед Тоҷикистон ба пеш.Чи хеле гуфтам 6 сол шуд,ки аз мардум маҷбуран ҳар сол ҳазор сомонӣ ҷамъ карда мактаб месозанд.Ин чигуна давлатдорӣ? Ширкати Мармарӣ бошад ҳамаи заминҳоро гирифт.Ангур доштем,боғи мевагӣ буд.Ҳамаро ба хок яксон карда дар ҷояш ҷуворимакка кориданд.Пешоби милат фармон додааст.

                                                                  Ҳоит

Ассалому алейкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу.Бародар «Номаҳо аз ноҳияҳо»-ро тамошо кардам.Ҳар он чи, ки дар бораи Ҳоит буд,ҳамааш рост аст.

Инъом аз қишлоқи Ҳисорак мебошад.Солҳои ҷанг худашро муҷоҳид мегирифт ва ҳамроҳи қумандон генерал Шоҳ Искандар буд.Вай хеле касофаткориҳо кардааст.Инъом аз ҷамоати Ясманд мебошад.Бо фармони Шоҳ, Ҳусниддини Абдурашидро ба шаҳодат расониданд.То ҳоло мурдаи Ҳусниддинро ҳеҷ кас наёфтааст.Ҳусниддин худаш муҷоҳид буд.Мардуми Ҳоитро хеле ёрдам карда буд.Генерал Шоҳ вақте гуреза шуда ба Ҳоит омад дар пойҳояш як пар калушҳои даридагӣ омада буд.Ҳозир бошад вертолёт ҳам дорад.Мардуми Ҳоит генерал Шоҳро хеле ёрдам карда буданд.Лекин мутаассифона ин Шоҳ беҳтарин инсонҳои Ҳоитро аз байн бурд.Инъом бо дастури Шоҳ, Абдурашиди Ҳусниддинро маҳв кард.

 Нафари дигар Хисрав,ки хеле ҷавон буд.Вайро дар дарае,ки баъди мазор ҷойгир аст,аввал хеле лату куб карданд ва баъд ҳадафи тир қарор доданд.Вақте Хисравро ба марг расонд,фармон доданд,ки уро накобед.Лекин мардум ҳамакаса ба дара рафтанд.Дараро кофтанд.Мутаассифона як мурда неву ду мурда ёфта оварданд.Инъомро дар Русия қапида оварданд ба Тоҷикистон.Як одам гуфт,ки Инъом зор -зор гиря мекард,ки халосам кунед.

Уро барои чанд сол зиндон карданд.Аз зиндон баромад.Лекин дере нагузашта дар Хуҷанд мурд.Мегуянд,ки гуё дар зиндон чи кореаш карда буданд.Дар асл ин Инъом ба номаш муҷоҳид буд.Амалан аз одамҳои ҳукумат буд.Шоҳ, Инъомро истифода бурд.Вай чандин инсонҳоро мехост,ки истифода барад.Инсонҳои ҳушёр ва зирак пай бурданд ва худро аз Шоҳ дур гирифтанд.

  Мардум қариб дар масофаи 5 то 7 километр ба генерал Шоҳ об кашониданд.Бо ҳашар ва бо заҳматҳои дастаҷамъӣ бо труба обро расониданд.Додарбег,ягона инсоне буд,ки противи Шоҳ баромад.Ман пушти уро намегирам.Лекин генерал Шоҳро дар Ҳоит хеле инсонҳо лесакӣ мекунанд.

 Ҳоло бошад аз Шоҳ халос шудем боз ба чанги писараш,ки номашро Қанд ҳам мегуянд  ва як додараш задем.Тарафи ҳисораки дарёи оби Кабутобро пурра аз худаш кардааст. Намемонад,ки як лопатка қум ё инки рег бор кунӣ.Фақат бо пул метавонӣ бор кунӣ.Аз ҳама лесаки калони Қанди писари Шоҳ ин Зойири пистолет аст.Зойири пистолет аз ҷамоати Ҳоит аст ва дар Ҳоит зиндагӣ мекунад

Вақте Назарайлоқ дар ихтиёри Қанд буд,бо ин Зойири пистолет тамоман гап зада намешуд.Чунон лесак аст,ки бовар дорам шошаи Шоҳ ва писарашро дароз кунанд,беибо мегираду менушад.Чунки дар Назарайлоқ бо чашмони худам дидам,ки Зойирро гуфт модаратро фалон кунам.Ин беномус дам назад.Дар Ҳоит бошад бениҳоят катагӣ мекунад.То ҳатто фарзандони бародаронаш аз пушти ин бузи шохдор катагӣ мекунанд ва бениҳоят гапҳои калон мезананд.

 Ҳоло бошад як инсони бадманишро бароятон менависам.Ин шайхи Раҳмон аст.Вақте уро аз кор гирифтанд,пораи калон дод ва Қаҳрамони писарашро монд дар назди масҷид дар қади роҳ пури одам буд.Ин гапро бо писараш гуфт.Фақат фикри худатро кун.Пораро бурда деҳ калон- калон.Аслан фикри ин мардумро накун.Ин мардум хубиро намефаҳманд.Дар фикри ободӣ набош.Фақат фикри худатро кун.Дере нагузашта  АлҳамдуЛиллаҳ писари бузашро аз кор гирифтанд.Шайхи Раҳмон 15 сол даже зиёд кор кард.Лекин як метри роҳи Ҳоитро асфалт накард.Фақат ҷои ДЕУро иваз кард.Як қисмати он Боғи чилсолагӣ буд,ки гирдогирдашро девор гирифтагӣ аст,ки албатта бо коргарони ҳамон ДЕУ,ки яке аз онҳо Сафари Махсум мебошад.То охираш девор карданд.Шайхи Раҳмон бо сари баланд замини ДЕУро фурухт.Ҷое,ки шумо зикр кардед,онҷоро шахсӣ карда гирифт.Мағозаи дуошёна сохт.Сехи сементблок ҳам гирифт.Ин шайхи Раҳмон дар Ҳоит ду касро гапзанӣ намемонд.Дар масҷид ҳақи мардумро мехурд.Боз забонаш як қулоч дароз буд.Дар даруни масҷид бо овози баланд гап мезад.Замини касеро мехост,мегирифт.Духтаре дорад ба номи Қандияхон,ки уро Қандалот низ мегуянд.Фарҳод гуфтанӣ шахс аз Ҳисор,чанд сол пеш Ҳоит меояд,пеши хешу табораш ва бо Қандалот шинос мешавад ва уро дар пушти гуристон таҷовуз мекунад.Баъди ин кор уро тез никоҳ мекунанд.Шайхи Раҳмон замини калон барои Қандалот аз Ҳоити 2 мегирад,албатта,ки бепул.Хонаву дар,ганҷуру алобхона ва оғил,хуллас ҳамаашро садфоиз карда Фарҳоду Қандалотро дар онҷо медароранд.

 Фарҳод тамоман кор намекард.Беҳтарин либосро мепушид ва беҳтарин ғизоро мехурд. Чанд сол зиндагӣ карданд.Соҳиби се духтар ва як писар шуданд. Фарҳод, аъузубИллаҳ,занашро бо як коргари ҳукуматӣ меқапад,дар даруни хонаи худаш.Ва аз занаш ҷудо шуд.Уро Фарҳоди қош ҳам мегуянд.Чунки қошҳои ғафси калон дорад.Фарҳод баргашту рафт Ҳисор.Дигар наомад.Қандалот бошад баъд аз чор ё панҷ сол шавҳар мекунад.Як милисаи бегона ба Ҳоит меояд ва Қандалотро мегирад.Баъди чор ё панҷ соли кори уро аз Ҳоит мегиранд.Дигар Қандалотро суроғ намекунад.Қандалот бошад аз пайи милисаи навомада мебарояд.

  Ман худам зану фарзанд дорам,аз Аллоҳ метарсам.Лекин падарам гуфт,ки ин номарди шайхи Раҳмон бениҳоят зинокор буд.Коре кардӣ,подошашро мегирӣ.Дар Ҳоит як гурӯҳ духтарҳои беҳаё аст,ки сардастаашон ҳамин Қандияхони духтари шайх Раҳмон мебошад.

Share This Article