Аз ин даст номаҳо дар шумораҳои қаблӣ ҳам чоп шуда буданд. Аммо ин бор нафаре, ки шоҳиди мустақим ва корманди худи мақомот аст, ҳикоят мекунад. Акнун ин худсарӣ ва ҳавобаландӣ аз тарафи фарзандону наздикони мақомот, махсусан мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар саросари кишвар ба як кори муқаррарӣ ва маъмулӣ табдил мешавад. Онҳо ҷиноят содир мекунанд, масалан бо мошинҳои гаронарзиш масту аласт ва ё ширакайф кардагӣ мошинеро ё пиёдагардеро мезананд, вале он балоро бар души нафари дигар бор мекунанд. Худатон хонед худатон қазоват кунед:
Бустон
Ассалому алейкум бародари азиз Муҳаммадиқболи Садриддин!
Ман,корманди милитсия аз шаҳри Хуҷанд ҳастам. Мехоҳам аз ҷинояти яке аз бачаҳакои Раҳмонов, ки дар шаҳри Бӯстони (Чкаловск) санаи 12 май сурат гирифт, нависам.
12 май дар Бӯстон яке аз хешу таборони бодовардаҳои баландрутба бо як бачаи одии фарзанди камбағал, ки бошандаи вилояти Суғд, яъне ба гуфти бодовардаҳои шаҳри мо лелнаботӣ аст ба садама дучор мешавад. Дере нашуда он бачаҳаки боло ба сардори милисаи вилояти Суғд –Абдулло Навҷавонови Буратино занг мезананд. Баъдан ба яке аз ҷураҳои падараш, ки дар мақомоти Душанбе фаъолият мебарад занг зада мехоҳад ,ин ҳодисаро аз души худаш ба гардани ҳамон бачаи бегуноҳ партояд.
Мошини ин «бачаҳаки Раҳмонов»1111/01 номери Душанбе мебошад. Мошинаш мошини бадвоҳимаи бузбала тамғааш Ҷип аст. Тонировка дорад. Мошини он бачаи бетағаи бечора бошад Опели хокистарранг аст, номераш 02 яъне мошини “Лелнабот”. Ба ҷои садама моро равон карданд. Тақрибан 25 нафар корманди мақомот онҷо ҳозир шуд. Ҳамчун одами шоҳии зинда ба шумо мегӯям, ки ин бачаи суғдӣ не виноват буд.
Сардори милитсия ҳамроҳ бо прокурор ва сардори амнияти вилояти Суғд онҷо рафтанд ва тарзе карданд, ки ин бечора, бачаи бегуноҳ гуноҳи накардаашро ба гардани худ бигирад. Сардори милитсия тамоми кормандоне, ки онҷо рафта буданд маҷбур кард, баёнот нависанд. Мо кормандони милитсия аз аввал фаҳмидем, ки он бача бегуноҳ аст. Аммо чи хеле ки маълум аст вай ягон таға ё амаки рутбадор надошт ва ин сабаб шуд, ки ӯро гуноҳкор карда ҷарима кунанд.
Баъд аз ин воқеа тамоми кормандони ҳифзи ҳуқуқи Хуҷандро баландрутбаҳои хатлонӣ заставит карданд, ки баёнот нависанд ва дар баёнот навишта шавад, ки дар ҷои садама ҳеҷ кадом видеокамера набуд то ин қазияро ҳеҷ кас нафаҳмад.
Билохира он бачаҳаки Раҳмоновро ягон чизаш нагуфтанд ва бачаи лелнаботӣ бошад ба сардори милисаи хуҷанд ва БДА пул доду як бало карда озод шуд.
Ин кор баъди перестановкаҳои кадрии бачаи Марями гурсухта сурат гирифт.
Ҳоло бошад Хатлон 2 яъне Бӯстон воқеан ба як рустои кӯлобиҳо мубаддал шудааст. Инҷо ҳеҷ кадом суғдӣ ҳақу ҳуқуқ надорад. Ман инро гуфтаниам, ки Раҳмонов бояд аз ин кадрҳои навтаъинкардааш бояд огоҳӣ дошта бошад, ки чи кор карда гаштаанд? Инҳо бо ҳар роҳу васила аз мардум пул мегиранд, маҳалгароӣ ва қавмпарастӣ мекунанд. Аслан тамоман шарму ҳаё надоранд.
Мардуми мо ба ҳадде «гизала» шудаанд, ки омодаанд, тамоми ин авлоди касифро шу диҳанд. Нару модаашро шу додан мехоҳанд.
Инҳо ҳоло корҳои рекэтҳоро карда истодаанд. Аз мағозаҳою бозорҳо доя мегиранд. Парковкаҳои бепул пулакӣ шуданд. Дар фурудгоҳи Бустон ончунон ғоратгарӣ рафта истодааст, ки ҳисоб надорад. Аз як бачаи призивник, ки Русия меравад то 5000 сомонӣ гирифта истодаанд. Ман ҳамаи ин хитобҳоро ба як ҷумла ҷамъбаст кардаам ва мехоҳам онро инҷо кутоҳ гуфта монам:
“Гури Марям қасарқасар дар гирад қати ин хутикҳои таваллуд кардааш “.
Агар ин режими Раҳмонов дар Хуҷанд мардумӣ мебуд инҳо гузориш медоданд. Аммо афсӯс дар Тоҷикистон ғайр аз Юсуф Раҳмон ва Рамазон Раҳимзода ягон прокурор ва сардори милиса ва корманди мақомот ҳақ надорад гузориш диҳад, чунки барои Раҳмонов ва мақомоти бодовардаи вай ҷони ягон суғдӣ ва сокинони дигар манотиқи кишвар аслан арзише надорад. Аз ин чизҳо бояд мардуми шариф ва бузурги Суғд огоҳ бошад, то ки дар ояндаи наздик занҳои ин бачаҳакои бодовардаро шу диҳанд.
Дар оянда, агар шумо номаи манро бе тағйир нашр кунед ва ба ман маъқул шавад, бештар ба шумо аз КГБ, милисаҳо ва уголовний розиски Хуҷанд маълумот ва номаҳо ирсол мекунам.
Ба ҳар ҳол мардуми Хуҷанд барои инқилоб омодаанд,инро бояд бидонед.
Ps: Ончии навиштед мо онро нашр намудем. Аммо дигар дар навиштаҳоятон дар умум мардуми Хатлон, Кулоб ва дигар манотиқи кишварро дар умум таҳқир накунед. Мардумони ин маноиқ гуноҳ надоранд ва инҷо танҳо Раҳмонов ва низоми давлатдорияш мушкил дорад. Аз ҳақ набигазарем ҳоло шуморо агар ягон вазифа диҳанд дар ҳар минтақаи кишвар шумо аз он бодовардаҳо бадтар мекунед. Аз ин хотир мардуми ҳеҷ минтақаро дар умум таҳқир накунед!
Шоҳмансур
Салом бародар Муҳаммадиқбол! Матлаби шуморо дар бораи Раҳмонов ба ҷуз аз зону задан дар назди Путин чора надорадро хондам. Дасти шумо дард накунад. Дуруст навиштед ва Раҳмонов, чуноне аз суҳбатҳояш ҳам пай бурдед ва аз қиёфааш ҳам огоҳ шудед, дар назди Путин мисли гунаҳкорҳо шишта буд. Ҳоло агар Раҳмонов ягон кор накунад ҳам, инро бидонед, ки ҳадафу нақшаи овардани бачаи наркоманаш ба ҷойи худаш ин худ як муттаҳамии калон,як забонкутоҳии бузург аст. Чунки Путин вазъу ҳоли тоҷикҳоро аз Раҳмонов беҳтар медонад. Чунки тоҷикҳо фактически гражданинҳои Путинанд, зеро ин Путин аст ки моро нону об дода истодааст. Аммо Раҳмонов ҳукумат ва курсиро дуздида истодааст. Вай аз дасти Путин дуздида истодааст. Бубнед чи гуфт, тамоми ин муддат мо бо шумо будем бо шумо мемонем.
Устод, ман ба шумо чи гуфтан мехоҳам? Раҳмонов ба Русия на барои ҳалли мушкилоти миллатамон ва муҳоҷир рафт, вай барои корҳои худаш-аз ҷумла масъалаи Рустам суҳбат кард. Путин баъди дигарбораи сари курсӣ нишастан чанд барнома дорад. Раҳмонов бояд бо ягон роҳ, сода карда гуем, дили Путинро бояд ёбад. Путин пештар ба Рахҳмонов конкретӣ гуфта буд, ки бояд ҳукумати Толибонро қабул ва эътироф ва робитаро оғоз кунад. Ғайр аз Путин инро ба Раҳмонов дар дохили оилааш ҳам мегуянд. Аммо аз чи бошад, ки Раҳмонов накарда истодааст.
Яке аз нақшаҳои Путин ин қабули ҳукумати Толибон ва баровардани онҳо аз руйхати созмонҳои террористӣ аст. Баъди ин кор қарор аст бастани шартномаҳои миллиарди бо Толибон ва ҳамкории ширкатҳои русӣ бо онҳо роҳандозӣ карда шавад. Ҳамчунин гуфтушунидҳои паси парда бо Толибон оиди ҷалби онҳо дар ҷанги Украина ҳам рафта истодааст, ки натиҷааш баъди эътирофи Толибон аз ҷониби Русия хохад шуд. Яъне Толибон аз тарафи Русия бар зиди Украина бояд биҷанганд.
Барои ҳамин сафари Раҳмонов ин фақат ва фақат барои манфиати худаш ва оилааш буд.
Бинобар маълумотҳои расида Путин, бори охир ба Раҳмонов гуфта будааст ,ки «Эмомали Шарипович вы должны провести внеочередные выборы Президента». Раҳмонов талхакаф шуда пурсида буд, ки « а зачем, в этом нет необходимости Владимир Владимирович…
… поверьте есть, Эмомали Шарипович ,гуфта будааст Путин.
То имруза ин гуфтаи Путин Раҳмоновро талхакаф када буд. Баъзеҳо мегуянд, ки Путин Раҳмоновро гуфтааст, ки выбори внеочередной гузарону хешу таборҳоятро гир аз вазифаҳо.
Барои ҳамин Раҳмонов на фақат зону мезанад, мелесаду мемолад. Чунки вай вечно муттаҳам аст дар нази русҳо.
Душанбе
Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқболи Садриддин! Ман мехоҳам дар бораи радикализим ва радикализатсия ва сабабҳои пайдоишу ривоҷи он дар байни мардуми тоҷик бароятон нависам. Корманди Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон мебошам. Маълум аст ки ному насабамро навишта ва баён карда наметавонам.
Мафҳуми «радикализатсия» чи маъно дорад? Дар Википедия ҷавоби кутаҳ чунин аст: “Радикализатсия – равандест, ки тавассути он шахс ё гурӯҳе ба қабули ақидаҳои афзояндаи радикалӣ дар муқобили вазъи сиёсӣ, иҷтимоӣ ё динӣ меояд”.
Бо забони осон ва кутаҳ вақте “як нафар ва ё гуруҳе назария ё идеологияи даҳшатафканро қабул мекунад,ҳаракат мекунад, ки мардум ва ҷомеаро дар зери зулму даҳшат идора кунад.”
Ҳамин мафҳум ва ҳамин тафсирро ба ҳукумати Тоҷикистон нисбат диҳед ва каме фикр кунед, ки оё Раҳмонов ва оилаву ёрони вай “радикал” нестанд?
Агар дар инсон ягон дард пайдо шавад, пизишк сабаби дардро фаҳмидан мехоҳад ва пас аз он метавонад роҳи пешгирӣ ва муолиҷаро ҷуяд. Аз ин лиҳоз мехоҳам дар инҷо сабабҳоро як ба як баён намеоям.
Вазорати маорифи Тоҷикистон роҳ барои коррупсия, ҳаромхурӣ ва фаҳшоро пеша кардааст. Аммо дар давлатҳои пешрафта ва ру ба пешравӣ ҳамеша ҳаракат мекунанд, ки аҳолӣ босавод ва соҳиби илм бошад.Табиист,ки агар илму маърифат дар ҷомеъа беқадр бошад, мардум бесаводу чалласавод мешавад. Мардум аз саводу илм дур шаванд мағзшуии онҳо хело осон мешавад ва онҳо қурбонии ба ном муллоҳое мешаванд, ки онҳоро ба осонӣ ба роҳи гумроҳӣ ва радикалӣ роҳбалад мешаванд.
Барои тавзеҳу ташреҳи масъала бо мисол одӣ мехоҳам ба шумо расонам, ки мардуми тоҷик ва алахусус ҷавонон аз руи руйхати вазорати дохилӣ ва маълумоти вазири дохилӣ Тоҷикистон то соли 2010ум хеле кам ва ба шумори умумӣ то 100-150 нафар аъзои гуруҳҳои тундрав буданд.
Аммо пас аз соли 2015 танҳо аъзои гуруҳҳои тундрави “Алқоида” ва ДОИШ зиёда аз 1000 то 2000 нафарро ташкил медиҳад. Сабаб дар он аст ки ҳукумат муллоҳо ва олимони диниро дар Тоҷикистон аз руи саҳна дур кард. Аз ҳамон сол дигар мардум дар масҷид аҳкоми динӣ, фарҳанг, роҳи ҳалол ва омузиши чораҳои пешгирӣ аз роҳҳои радикалиро аз даст дод. Муллоҳо ба монанди Саидмукаррам ё ҳоҷӣ Мирзо ва Ҳусейнзода ҳамеша дар мавъизаҳои худ аз пешвопарастӣ ва бадгуӣ дар нисбати ҳар касе, ки сухани ҳақро мегуяд сар карданд. Вақте як инсон наметавонад илми исломӣ ба даст оварад, соҳиби фаҳмиши исломи хҳақиқӣ шаванд пас мераванд аз паси инсонҳои чалламуллову онлайнмуллоҳое, ки баъзе аз онҳо ҳатто аз “қоидаи бағдодӣ” дарак надоранд. Мисоли оддӣ ҳамон Искандари “Маданӣ”,ки якчанд наворҳояшро тамошо кардам. Дар ҳоле, ки худ мулло нестам лек хатогиҳои таллафузии уро зиёд пайдо кардам. Акнун ҷавони тоҷик ҳамингуна муллоҳои ба қавли Расули Какрам «муллоҳои гумроҳкунанда» ва даҷҷолчаҳо омузиши динӣ мегиранд.
Дар суҳбат яке аз мусулмонҳои сиёҳпусти Амрико ҳикоят кард, ки маҳз ҳамин дини ислом буд, ки сиёҳпустони мусулмонро, ки ба ҳайси ғулом ба Амрико оварда буданд ва тамоман ноумед аз зиндагӣ ва дунё шуда буданд, бо орзуву умеди охират руҳияи онҳоро боло доштааст.
Яъне, вақте инсон аз ҷиҳати иқтисодӣ ва иҷтимоӣ вазъи бад дошта ва умеде ба фардо надошта бошад, танҳо умед аз охират пайдо мекунад. Ҳамчуноне чанд пайрави ДОИШ гуфта буданд “мо медонем, ки шаҳид ва дар биҳишт дорои ҳама чиз мешавем”. Чунки онҳо дар дунё ноумед ҳастанд. Ҷавони тоҷик пас аз хатми синфи 9 медонад, ки пас аз ду сол паспорт мегирад ва ба Русия меравад ва соҳиби кор шуда сум роҳӣ мекунад, то онки хонаро обод кунад ва сум ҷамъ кунад ва пас соҳиби оила мешавад. Лек дар ҳақиқат дар як сол ду маротиба маблағ бояд диҳад, ки аз “ОБЛАВА” озод шавад. Пас ба Тоҷикистон меравад ва барои як қитъа замин доля медиҳад ва боз дар ҳарҷо коргарони Рамазон Раҳимзодаи Чеки Чан пора талаб мекунанд ва он орзуву ниятҳои ҷавон пура барбод меравад. Пас ҷавон ба 28-30 солагӣ мерасад ва ними саломатиашро аз даст додааст ва оиладор мешавад ва боз зиндагӣ дар азоб боз ҳам руй мекунад ва ба YouTube медарояд ва чунин лаънатиҳое,ки ба монанди Маданӣ ва Лангулиро тамошо мекунанд. Дар як ҳолати ноумедиву яъс таҳти таъсири ин таблиғот меуфтад, ки ин дунё киро намекунад. Боз бо ягон радикали корманди Кумитаи Амният ҳамсуҳбат мешавад, ки ӯро дъават ба гуруҳҳои тундрав мекунад ва билеташ мехарад ва ёриаш медиҳад, ки ӯ равад дар хориҷа худашро тарконад. Яке аз дӯстони наздик, ки дар Кумитаи амният кор мекунад гуфт, ки гурӯҳе мушаххас аст, ки зиёда аз 300 коргар танҳо дар Инстаграм, Фейсбук, Вконтакте, Однакласники ва Телеграмм кор мекунад, ки ҷавонҳои руҳафтодаро дорад. Ва ягон касро ба даст афтода ӯро ё равон мекунанд барои худкушӣ ё агар каме доро бошад ба гуфти кучагӣ “гови ҷушо” мекунанд. Сардори ҳамин гуруҳи махсус лақаби “домулло” дорад ва аз руи гуфти дустам худ мулло ва имомхатиби яке аз масҷидҳои ҷомеъи Душанбе мебошад. Қисса кутаҳ аз ҳисоби танқисӣ дар зиндагӣ инсон аз рӯи табиати худ дар кофтукоби зиндагӣ хуб комфорти мебошад ва аз лиҳоз ҳамеша кушиш мекунад, ки роҳи осонро пеша мегирад.
Сиёсати Пешво зулму залолат ба сари мардуми точик овард. Ба забони илми Психология «беэътиноӣ» ба сари мардум оварад, ки инсон тамоман аз ояндаву зиндагӣ дар чунин муҳит норозӣ ва нобовар аст.
Ҳамеша ба ҳама гуна расвоӣ розӣ мешавад то ин гуна ҳаётро ба охир расонад. Вақте ҷавони тоҷик худ ба худ фикр мекунад, ки чаро Рустами гунг любой чиз бихоҳад дорад, чаро Исмоили Пингвин соҳиби тамоми шароит ва вазифа аст ва чаро Сомони сабзи ба даст бо ин ҳама бесаводии худ метавонад соҳиби вазифаҳо шаваду шаҳрванди хориҷӣ ҳам бошад аммо ман ҳатто нони серӣ ба даст оварда наметавонам? Ман соҳиби дипломам аммо соҳиби ягон вазифа шуда наметавонам ва ҳақе надорам, ки оянда ҳам соҳиби вазифа шавам. Дар ана ҳамин гуна мавридҳо таҳти таъсири ана ҳамон муллоҳо қарор мегирад. Ин ҳама ноадолатишоро мегуяеду мегуянду сари он ҷавонро мегардонанду тоб медиҳанд. Яъне ин Раҳмонов аст ки ҷавонҳоро ба самти радикализм тела медиҳад.
Ҷавони тоҷик аз хурдсоли дар мактаб ва масҷид ва назди муллоҳову отунҳо дарси динӣ мегирифт. Ин раванд дар тули таърих, аз ҷумла дар замони шуравӣ низ амал мекард.
Пас аз омадани Ислом ба сарзамини мо, тоҷикон пешсафтарини мусалмонҳо дунё ,аз таърих бармеояд,ки илму маърифат ва инновацияҳо аз тарафи тоҷикон сарчашма мегирад. Аммо ҳоло ҷавони тоҷик чунин нест ва дар Русия қадраш аз саги соҳибкор садҳо маротиба пасттар аст. Тамоман иззту эҳтиром надорад. Ҷавоне, ки каме илм аз таърихи миллати худ дорад ва ҳолати ҳозираро дар Русия ва Тоҷикистон мебинанд хеле рӯҳафтода мешавад ва роҳи беҳтарини “самореализатсия”ро ҷустуҷу мекунад ва дар охир ба ҳамин роҳ ба доми радикалҳо афтода идеологияи онҳоро пурра қабул мекунад.
(идома дорад)
Хоруғ
Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқбол! Ман зодаи Роштқалъаам. Феълан дар як иёлати Амрико зиндагӣ мекунам. Сину солам дигар аз кор гузаштааст .Солҳо дар ҳукумат ва вақтҳои ахир дар Маҷлиси олӣ кор кардам. Ҳоло ҳамроҳ бо духтару набераҳоям ҳастам.
Дар расонаҳо хондам, ки бархе аз созмонҳо аз Амрико хостаанд, ки барои нақзи ҳуқуқ ба озодиҳои динӣ масъулони соҳаро дар Тоҷикистон таҳти муҷозот бигирад ва мамнуъулсафар карда суратҳисобҳои онҳо дар хориҷаро бандад.
Ин иқдом саддарсад дуруст аст агарчи хеле дер шудааст. Вале бояд ин корро бо худи Раҳмонов ва наздикони вай кард. Ба камтарин ҳисоб худи Раҳмонов ва аъзои оилаи вай даҳҳо баробар аз пули бюҷети давлатӣ пул ба хориҷа ба суратҳисобҳои офшориашон интиқол додаанд.Онҳоро бояд таҳти таҳрим –санксия қарор дод. Ин Раҳмонови ғайридин ҳам ба мардуми пайрави тасаннун ва ҳам ба мо-бадахшиҳо пайравони мазҳаби ташаюъ бисёр ҳам бадрафторӣ кард ва ҷамоатхонаҳои мо ва халифаҳои мо ва махсусан аълоҳазрат, ҳозиримом, Оғохони 4ро бисёр ҳам таҳқир кард.Ман мутаминам, ки як руз не як руз, ин номардро худо мезанад.
Ва, ҳоло як ҳодисаи аз сари худам гузаштаро нақл мекунам. Вақте Ҷаббор Расулов, Котиби аввали ҲКТ даргузашт аз сейфаш ҳамагӣ 20 ҳазор рубл пасандоз баромаду тамом.
Ҳозир Раҳмонов ва аъзои оилаи вай миллиардҳо доранд! Ҳатто дар ҷойҳое барои худаш дача ва макони тафреҳу истироҳат ташкил карда ва онҷоҳоро бо евроремонт таъмир кардааст, ки зоғ ё каргас базур роҳ меёбад. Дар Искандаркул, Панҷакент,Норак, Варзоб,Муъминобод, Роғун, дар дигарҷоҳо барои худ ҳамингуна истироҳатгоҳҳо сохтааст, ки фақат бо чархбол метавон рафт.
Дар Душанбе системаи гармидиҳӣ ва канализатсия дуруст кор намекунад. Ончиро ки буд хароб кардааст. Аммо дар тори куҳ барои худаш шароити биҳишт сохтааст.
Ҷаббор Расулов Норакро сохт. Аммо Раҳмонов пулҳои Роғунро ба авлодаш, бо Ҳасану Озодаву дигару дигараш ончунон дуздиданд, ки бо он пулҳо мешуд боз як Роғуни дигар сохт. Ҷаббор Расулов ободкору созанда буд, на сӯзандаву яғмогар чун ту! Хурокашро ҳатто ҳамсараш мепухту худи вай макказор ба макказор, пахтазор ба пахтазор мегашту дастуру супоришҳо медод. Вале, бо ҳама дастнишондагиву вобастагиаш ба Кремлин Роғун месохту Анзобу Нораку ТадАЗ. Вале ту бо ин қадар унвону медалёну “қаҳрамониҳоят” барои ин мардум чӣ додӣ?
Э, мардум!, ба умеди Раҳмонов нашавед. Талко 450-500 000 тонна истеҳсол мекард. Ҳоло 60.000 тонна. Ин аст муқоисаи Расулов бо Раҳмонов. Расулов дар квартира ҷон бохту қасри Раҳмоновро бинед, ки чи гуна аст?
Пенза
Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқболи Садриддин. Ман чандин сол аст ки сайти «Ислоҳ»-ро пайгирӣ ва мутолиа мекунам. Инҷо бо зану фарзандонам зиндагӣ мекунам. Дар як муассисаи олии ин шаҳр дарс медиҳам. Баъд аз ҳодисаи «Крокус ночор шудам, ки фикру андешаамро дар иртибот ба ҷавонҳои тоҷик ва инки чаро онҳо дар актҳои террористӣ ширкат меварзанд баён созам. Албатта, ин дар ихтиёри шумо аст ки нашр мекунед ё не ва ё инки алоҳида нашр мекунед ва ё дар таркиби барномаи «Номаҳо аз ноҳияҳо» низ ба салоҳдиди шумо аст.
Ба назари ман ва ба фикри аксарияти коршиносон иллати асосии иштироки ҷавонҳои тоҷик дар ҳодисаҳои террористӣ ин ҳукумати Тоҷикистон ва сиёсатҳои саркубгароёнаи он махсусан дар нисбати дини ислом аст. Ҳукумати Тоҷикистон дар муносибат бо дини ислом як мавқеъи пур аз хушунат ва хусумат дорад. Ва ба назари ман муҳимтарин мушкилоти имрӯза дар Тоҷикистон ин муборизаи сахту шадиди ҳукумат бар алайҳи ҳама дигарандешон дар тамоми қишрҳои ҷомеа аст. Вай бо баҳонаи мубориза бо терроризм сиёсати исломҳаросӣ ва исломситезиро пеша кардааст, ки он вокуниши чапа ва манфӣ ба бор меоварад. Аз тарафи дигар Эмомалӣ Раҳмонов дар тули ҳокимияти 32 солаи худ ягон коре накард, ки ба некуаҳволии мардум равона шуда бошад.
Тамоми арсаҳои даромадноки иқтисоди Тоҷикистон дар дасти Раҳмонов ва оилаи вай қарор дорад. Аксарият секторҳои иқтисоди Тоҷикистон дар дасти хешу табор ё дар дасти аъзои оилаи Эмомалӣ Раҳмонов аст. Аз коркарди алюмин оғоз карда, то экспорти барқ, маъдану конҳои фоиданок ва ғайра.
Раҳмонов барои даромад ва суди ширкати хусусии «СомонЭйр» амдан ширкати давлатии «ТоҷикЭйр»-ро банкрот кард.Ҳоло дар пойтахт ширкатҳои таксӣ, меҳмонхонаҳо комилан дар ихтиёри оилаи Раҳмон қарор дорад. Оилаи Раҳмонов тамоми системаи бонку молияи Тоҷикистонро дар қабзаи оилаи худ даровардааст.
Аммо беш аз се миллион саканаи Тоҷикстон, зиндагонии худ ва оилаҳои худро дар берун аз кишвар меёбанд. Оё ин аз бад будани сиёсати иқтисодии як давлат далолат намекунад? Ҳеҷ ҷавони кишвари мо зиндагонии осударо намебинанд. Аз даврони кудакӣ падараш дар Русия аст ва вай тарбияро намебинад ва сиёсати маорифи ҳукумат тамоман коррупсионӣ ҳаст. Пас аз хатми мактаби миёна бояд иҷборан ба хидмати аскарӣ бурда шавад ва ҷавон дар стрес қарор дораду бояд пул пайдо карда диҳад, то сарбозӣ наравад. Мумкин аст пурсед чаро фирор мекунад аз хидмати аскарӣ ? Барои онки дар онҷо ду сол ӯ ё ба бемориҳои гуногун гирифтор мешавад ва ё аз таҳти шаллоқу шатта қарор мегирад ва ё мурдааш ба падару модараш супурда мешавад. Xидмати ҳарбӣ мисли як конслагер аст.
Ҷавонҳо ба берун мебароянд ва саддарсад имкон ҳаст ,ки ба ҳар гурӯҳҳои гуногун шомил шавад. Чун дар дохил аслан саводе нагирифта буд ва на динашро фаҳмида буд, на саводе аз маорифи кишвар омухта буд.
Раҳмон дар ҳар маврид, ҷашнҳо, нишастҳои сарони кишварҳо аз риски терроризм ва хатар аз тарафи Афғонистон ҳарф мезанад. Мехоҳад бо ин воҳима пул гирад, ки ман 1400 км марз бо Афғонистон дорам ва маро кумак кунед, ки тавонам марзро ҳимоят бикунам. Агар надиҳед кишварҳои шумо ҳам дар хатаранд. Манзур ба кишварҳои узви Паймони амнияти дастаҷамъӣ-ОДКБ. Дар ҳоле ки маблағҳои ба даст овардаашро дар ҳимояти марз ва тақвияти он сарф накардааст, ё агар сарф кунад ҳам дар ҳаҷму миқдори ниҳоят кам.
Як мисоли мушаххас. Дар ду соли охир дар марзи Тоҷикистону Aфғонистон ва Қирғизистон бо эътирофи худи Раҳмонов 73 дидбонгоҳро тоҷирон сохтанд. Яъне тоҷирони кишварро маҷбур мекунанд, ки агар хоста бошанд тиҷорат кунанд дидбонгоҳ созанд, вагарна намегузоранд кор кунанд. Тоҷирон месозанду бо ҳамин тиҷораташонро баста аз кишвар фирор мекунанд. Ҳама он пулҳое ҷудо мешавад, чи аз буҷа ва ҷомеаи ҷаҳонӣ онҳоро ба ҳисобҳои оффшорӣ мефиристад ва аслан дар ҳеҷ коре дар масъалаи муқобили «терроризм» чуноне худаш меномад истифода намекунад. Чунки дар асл ҳеҷ хатаре таҳдидаш накарда аст ва инро ҳама медонанд.
Метавонем бигуем, ки ҳангомасозӣ ва истифодаи вожаи «терроризм» як тиҷоратест барои Раҳмонов ва оилаи ӯ. Инчунин ӯ аз ҳар амали террористие, ки дар хориҷ аз кишвар тавассути тоҷикон сурат мегирад, хушҳол мегардад. Зеро, ки ин ҳодисаи террористӣ мутаассифона, тасдиқи воҳимаҳои уро мекунад. Ва боз дар кишвар фишорро бештар мекунад ва дигар ҳар шаҳрвандеро кушту зиндон кард, мегуяд ӯ террорист буд ва барои ин ман ӯро зиндонӣ кардам. Бо ин баҳона ҷомеъаи дохилӣ ва байналмилалиро дар таҳти сахттарин фишорҳо қарор медиҳад ва агар ҷомеъаи ҷаҳонӣ, муассисаҳои ҳуқуқӣ пурсиданд мегуяд, ки ман бо «терроризм» ва зуҳуроти номатлуб мубориза бурда истодаам. Дар ҳоле ки ҳокимияти Раҳмонов худ боиси афзоиши радикализм ва рафтани ҷавонон ба гурӯҳҳои даҳшатафкан ҳаст. Чунки ҷавонон ҳеҷ ояндаи некеро дар кишвар ва дар ҳокимияти Раҳмонов интизор нестанд. Пас Раҳмонов худаш яке аз мураввиҷони терроризм дар кишвар ва хориҷи он аст, ки бо хушунатҳои сангине болои мардуми кишвар анҷом дода истодааст.
Бо ин ҳамамутаассифона, дар Тоҷикистон феълан на алтернативаи демократӣ ва на дунявӣ барои ҷавонон вуҷуд надорад. Набудан ё сифати паст доштани таҳсилоти расмӣ ва динӣ, аз ҷумла набудани озодии баён ҳоли ҷавононро (на танҳо ҷавонон) бадтар мекунад. Сабабҳои зикр карда барои эмиссарҳои ифротии ДОИШ ва ғайра барои шустани майнаи шаҳрвандони ҷавони тоҷик дар Тоҷикистон, ва махсусан дар Русия як платформаи комил фароҳам меорад.
Барои ҳамин ба назари ман ба Раҳмон ва ҳукуматаш пул ҷудо кардан дар соҳаи мубориза бо терроризм ин маънои онро дорад, ки шумо ба «Алқоида» ва ё ҳар гурӯҳҳои террористии дигар пул додаед, ки бар алайҳи «терроризм» мубориза баред! Воқеан, маблағҳои созмонҳои номбаршуда на барои ҳифзи шаҳрвандони Тоҷикистон аз терроризм, балки барои ҳифзи режими худкомаи Эмомалӣ Раҳмонов масраф мешавад. Омӯзиши машқҳо барои бахшҳои гуногуни низомӣ, танҳо барои пахши озодӣ дар Тоҷикистон истифода мешавад. Масалан, оилаи як шиносам ва писари вай. Вақте ки онҳо аз Тоҷикистон берун шуданд, он писар тақрибан 12 сола буд, аммо мақомоти Тоҷикистон ӯро дар пойгоҳи ҷустуҷӯи номнавис карданд, ҳатто дар Русия, ва модару хоҳарашро ҳам. Ман метавонам даҳҳо чунин ҳолатҳоро пешниҳод кунам. Ҳар касе, ки алайҳи режими Эмомалӣ Раҳмонов сухан мегӯяд, ҳатто дар хориҷ аз кишвар, дар руйхати ҷустуҷӯи мақомотҳои қудратӣ қарор мегирад.
Ман фикр мекунам, ки то он рӯзе Раҳмонов сари қудрат ҳаст аслан аз густариши радикализм ва терроризм дар Tоҷикистон ва пайвастани ҷавонони ин кишвар ҷилавгирӣ кардан душвор аст. Дуруст фаҳмед маро чaро инро гуфтам? Аслан тоҷикон хело мардуми оромтабиат ва инсондӯст ва одиянд. Аммо сиёсати пеш гирифтаи Раҳмонов,ки маҳдудиятро дар ҳама ҷанбаҳо ҷорӣ намудааст, ки шаҳрвандро ба худкушӣ қариб оварда расонида аст. Озодона тиҷорат кардан наметавонад, сухан гуфтан наметавонад, хурсандӣ карда наметавонад, дину ақидаашро наметавонад амалӣ намояд дар кишвараш. Барои як лайк метавонанд шаҳрвандро ба 7 то 15 сол зиндонӣ намоянд. Агар пул дод ба мақомот ё ҳукми камтар медиҳанд ва ё озодаш мекунанд. Моддаи 307 дорад, ки қариб 50 фоизи зиндонҳои кишвар пур аз онҳое мебошанд бо ин модда дар зиндонанд ва ё шишта баромаданд. Ин дастрастарин моддае ҳаст, ки шаҳрвандро бо он иттиҳом мезананд ва зиндонӣ мекунанд. Магар дар чунин кишвар ва ҳукумат метавонад шаҳрванд як зиндагонии осуда дошта бошад? Агар хориҷ шудӣ аз кишвар занг мезананд ба шаҳрванд аз мақомоти қудратӣ, ки ту бо мухолифин ҳамкорӣ дорӣ ва агар хоҳӣ номат дар листи кофтукоб набошад ё $5000 фирист, ва ё баргард то зиндонат кунем.
Ҳоло сахтарин вазъ болои тоҷик ҷорӣ шудааст. Чунки шуморо вақте пулиси Русия ё Қазоқистон ва ҳар кишвари пасошуравӣ боздошт кард бояд шумо ба он пулис ҳам пул дода ҷонатонро халос кунед. Агар надодед шуморо бегуноҳ боздошт ва ба Тоҷикистон экстрадитсия мекунанд. Дар тамоми сафарҳои хориҷие, ки Раҳмонов меравад ягона меморандуме, ки имзо мекунад, ин меморандуми амниятӣ аст. Барои Раҳмонов санадҳои иқтисодӣ ва дигар санадҳо имзо шуданаш аслан аҳмият надорад. Ҳатто бо ҳукумати Толибон ҳам ин созишномаро имзо карда аст дар ҳоле гӯйё ҳукумати онҳоро намешиносад.
Акнун фаҳмидед як шаҳрванди Тоҷикистон дар дохил ва хориҷ гирифтори чи гуна мушкилот аз ҷониби ҳукуматдоронаш қарор мегирад? Дар ҳамин ҳолат худатонро гузоред, фикр кунед чи кор мекардед?
Системаи қувваи қазоии Тоҷикистон- додгоҳҳо тамоман як системаи коррупсионӣ аст, ки ба ҳаёти шаҳрвандон бозӣ мекунад.
Прокурори генералӣ Юсуф Раҳмон падари шавҳари духтари охирони Раҳмонов аст. Бузургтарин коррупсионер! Метавонем бигуем, миллиардҳо доллар ба даст овардааст, ки ҳамааш аз шаҳрвандони кишвар ва фуруши мансабу вазифаҳои прокуратура аст. Прокуророне вазифаҳоро хариданд бояд он пули додаашонро аз мардум бигиранд. Вазорати дохилии кишвар дақиқан ҳамин ҳолат ва аз ин бадтар. 13 сол аст як нафар дар вазифа аст ва кораш ҷиноят содир кардан дар либоси қонун.
Дақиқан КДАМ ҳам ҳамин шакл ва интригаҳо ва спектаклҳои қатлу кушторро дар дохил ва хориҷ анҷом медиҳад. СС.Ятимов ҳам 13 сол аст дар ин вазифа нишаста аст.
Ниҳоди зидди коррупсия кишвар низ мисли ҳамин ниҳодҳои болозикр асту кораш боздошти муаллиму духтурест, ки 10 доллар пора гирифтаро боздошту барои 10 сол ва бештар аз он зиндонӣ кардан аст. Аммо онҳое миллионҳо аз буҷаи кишвар медузданд бо онҳо ҳамкорӣ мекунаду ҳақашро мегираду чизе ба онҳо намешавад.
( идома дорад)