Агарчи аз аввалин ҳодисаи куштори ваҳшатноки оилаҳо дар Конибодом ним сол мегузарад вале то кунун ягон маврид аз онҳо кушода нашудааст ва омилони асосии ин қатлу кушторҳои занҷираӣ дастгир карда нашудааст.
Чанд вақти пеш ВКД дар як барномаи телевизиониаш нишон дод, ки гуё яке аз ин кушторҳо амали нафари наздики мақтул аст ва ҷое дигар нишон медиҳад, ки инҷо дузде омада будааст. Аммо ба ин ҳама ҳарфҳо касе бовар накард.
Дар Конибодом дар ним соли ахир ҳадди ақал 7 хонаводаро то мусафед ва то духтари ноболиғу кудак зада куштанд. Аммо то кунун ягон муттаҳам дастгир нашудааст ва ягон парвандаи ҷиноии конкретӣ ҳам мавҷуд нест. Аммо дар байни халқ беш аз ҳар овозаи дигар ин овоза бештар паҳн шуда истодааст, ки ин кор кори дасти худи ҳукуматиҳо аст, ки мехоҳанд дар инҷо ягон нооромӣ ба вуҷуд оваранд. Ва ин сару садоҳо ҳам мавҷуд аст ки кушторҳоро худи мақомот амдан ба қирғизҳо рабт медиҳанд. Маълум нест, ки бо паҳну пароканда кардани ин овозаҳо режими Раҳмонов бо мардум чи кор карданӣ аст? Барои Раҳмонов ҷанг бо қирғизҳо ягон фоида ва манфиат дорад, мо намедонем. Аммо аз ҳама аҷиб ин аст ки сардори пулиси Конибодом Полковник Маҳмадсафар Пирзода Қузратулло, ки ин қатлҳои занҷираӣ дар вақти роҳбарии вай ба амал омад, аз тарафи худи Эмомалӣ Раҳмонов сардори пулиси вилояти Суғд таъин шуд. Магар сардори милиса, ки дар вақти роҳбарии вай шаш оила бо силоҳи оташфишон кушта мешавад вале ҳеҷ изе аз қотилон ошкор карда намешавад бо чи обруе сардори милисаи вилоят таъин мешавад. Фақат барои онки вай аз…. аст?
Конибодом
Ассалому алейкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу бародар Муҳаммадиқбол!
Се моҳ шудааст, ки нома нанавиштаам. Барои ҳамин хоб бароям ҳаром шудааст. Рости гап номаҳои охиринро хондам. Дар онҳо шерони нари конибодомӣ хело бо ҷасорат суҳбатҳо кардаанд. Аммо дар давом онҳо бояд бештар нависанд. Чунки ин охирон номаи ман аст. Ва ман аз шумо мехоҳам ҳар як ҷумлаи ин номаро ба хотири ман нашр ва қироат кунед. Ман ин навбат номаи кутоҳе ба Шумо дорам.
Баъд аз навори «Қатлҳои занҷираӣ дар Конибодом кори кист ва киҳо Конибодомро ноором кардан мехоҳанд?» милисаҳои Хуҷанд ва Душанбе байни худашон гапзанон карда дар деҳаи Санҷидзор ва Ҷаҳонзеб ба гуфти русҳо «ОПГ» ташкил мекунанд ва дар онҷо бо электрошокер мардумро питка карда допрос мегузаронанд ва мегӯянд «бугу шмо медонен, ки кштагияй бугу». Онҷо дар мактаб дар яке аз синфхонаҳо бачаҳои мардумро милисаҳои аз Душанбе ва Хуҷанд омада бениҳоят сахт азобу лат мекунанд. Ва ин «ОПГ» зидди бачаҳои амнияти Ашт, Кулоб, Истаравшан ва дигар минтақаҳои кӯҳистоннишин мешавад. Питкахона дар яке аз синфхонаҳои мактаби Санҷидзор буд. Санаи 5 июл бошад ба ҳамин деҳа СС. Ятимов меояд ва бо мардум гуфти гапо нишаст мекунад. Баъди як рӯз санаи 6 июл ба Санҷидзор Рамазон Раҳимзода меояд ва боз ҳамин сухану кори СС-ро такрор мекунад.
Ва баъд бачаҳои амният дар умум аз ҷамоати Лоҳутӣ ҳамаро ҷамъ мекунанд ва ба мардум натиҷаи корашонро мегӯянд,ки: «инҷо нест одамкушо». Бояд дигар ноҳияҳоро дид.
Мо мардум шак надорем, ки қотилон дар дигар минтақаҳо ҳоло қарор доранд ва мо мардуми Конибодом мехоҳем, ки қотилонро дар куҷое, ки онҳо набошанд биқапанд. Чор тарафатон қибла бачаҳои амният «бқапенша»! Ё фармони ин қатлҳои занҷираӣ аз худи бачаи Марям буд ?
Дар бораи трафики фураҳои Зоири ҷайра чизе гӯям? Соати 23:47 аз ноҳия ба самти Исфара 3 фура меравад. Шояд Оҷонси зидди наркотик фураҳои Зоирро меқапад?
Ҳоло бошад дилам ба Абдулло Навҷувонови Буратино хеле сухт. Акои Абдуллоро Шоҳрух руи рост ба тарзи номардона подставааш кард. Ва ин ҳам бояд ба дигар генералҳо дарс шавад ва хусусан ба Эмин Ҷалилови кисагӣ ва бачаю ҷияну набераю шогирдони бешумори вай, ки чи қадар ва чи зара онҳо арзиш доранд.
Акнун резко мегузарем ба пасттарин корманди милисаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо номи Некруз ва бо алқоби «қош, ҷугӣ ва ниндзя». Баъд аз ба дигар ҷой таъин шудани раиси вай яъне Пирзодаи хари сиёҳ вай байни ҳамкорони кулобию хуҷандӣ ва душанбегӣ гуфтааст, ки «ҳамин Пирзода ганда кори умний кард худаша дур кашид дия, вақти Ҷэк мана пешашба фарёд кард мана ҳамин акои Пирзода спасат кард, вай Шоҳрих одамоша ганда зӯр падержка мекунад вай одами зӯр». Манзураш он ки Хари сиёҳ ниндзяра аз баъзе ҳолатҳо спасат карда аст.
Ҳозир боз як участковийи нав таъин шуд аз Мастчоҳи кӯҳӣ, аз Обурдон аст. Хеле назарбаланд аст. Фикр дорад мардуми водии Фарғона ранги водии Зарафшон мурғ буда бошад. Дар ҳоле, ки ин гуна нест.
Ростӣ Ҷалилов дар ин қазияҳои охир агар хоҳад метавонад ду роли муҳимро дошта бошад, якеаш воқеан одами бе маълумоти бечораи аз ҳама ҷо ақибмонда. дувумаш генерали кисагии аз ҳама чиз хабар дор аст вале тарсу аст.
Чунки ин кушторҳо аввалиндараҷа дар территорияи вай шудагиаст. Шумо тасаввур кунед дар зодгоҳи СС-и муғул 7 оиларо мекушанд ва СС. ранги моҳи хап аст.
СС шахси атеист аст, аммо ӯ бе ақл нест. Як крисаи дузд ҳаст, ки ин қадар оилаҳои аз ҳар гуна миллатро кушт ва мани номанавис мардумро тӯли 3 моҳи ахир огоҳ кардам, вале ҳеҷ. СС. ҳоло умний ход кард ва худашро аз ин ҷо дур кашид. Аз чи сабаб бошад, ки вай ба шаҳри Бӯстон Қамчибек Тошиевро фарёд кард, барои ба чашми ҳама хок пушидан. Ва гӯё ,ки СС. ба минтақаи мо барои делимитизатсияи марз омада бошад. Инҷо ҳамаҷо тӯли 70 соли шуравӣ хати марз сад фоиз аст. Қирғизҳо бисёри заминҳои тоҷикҳоро гирифтагианд. Аммо СС инҷо рӯирост ҳаромбозӣ ташкил карда истодааст. Ва онро Азия Плюс нишон дод.
Як паёми сахт дорам ба генерал Эмин Ҷалилов
Мо дар бораат ягон чиз ба Ислоҳ нанавиштем, барои ҳурмати сину солат. Лекин ин чизҳо аз ҳадди ҳад гузаштааст. Ягона кори хуби беҳбудӣ барои мардум ва ҳифзи обруи худат карда метавонӣ ин аст ки фарёд кун ҳама сагу кучуку милисаю амниятро ҳамроҳашон, гапи мегуфтагиатро бигу охир! Ақалан шабона сагҳои бо формаи милиса ба хонаҳо надароянд, ранги Некрузи ниндзяи косатарошӣ. Ту ақалан ҳаминро аз кор холӣ ё переводаш накардӣ. Баъди нашри ин нома ба ту як муҳлат. Бигир ин Некрузро аз кор холӣ кун Ҷалилов. Ягона эҳтиром ба солат кардем, вале тоқатамон адо. Моро кушта истодаанд. Аз кор холӣ ё перевод кун. Эҳтиром дорӣ ба зодгоҳат Ҷалилов?! Навҷувонов баъди ҳамин қадар Буратино гуфтани мардум ба Қарақчиқум натарсида ва нашармида ранги мардак омад ва ба рӯи ҳама ранги мард нигоҳ кард! Вале ту чи? Лучше ту дар ҷои Навҷувонов мешудӣ
Шерони нари муаллифони мардумии тими «Ислоҳ» аз ҳамсоя деҳаҳо! Дар бораи участковийҳо ҳаракат кунед бештар нависед. Онҳо ҳама чизро медонанд назар ба баландрутбаҳо. Мардуми мурғшуда бузиро бас кунед!
Хешу таборони кушташудагон бояд то охир талаб намоянд аз мақомот то қотилонро пайдо намоянд. То охир то охир!
Восеъ
Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқболи Садриддин.Ман аз Қурбоншаҳиди Восеъ бароятон менависам. Шумо аҳамият надодед. Ба Раҷаби Мирзои ҳамшаҳриамон ҳам дар ин бора гуфта будем, ки бинависад. Чунки дар ҳақиқат ин бисёр як кори даҳшат аст ки дар Восеъ гузашта истодааст. Ин номардҳои хешу табори Раҳмонов тамоман аз дину диёнат дур шуда мардуми тоҷикро намедонам ба чи рӯзҳо оварданианд
Ман дар бораи ҳаммоми Восеъ бароятон навишта будам. Ин ҳаммомро дар рубаруи мактаб сохтанд. Инро Бег Сабури қудои Эмомалӣ Раҳмонов, хусури Зарина Раҳмоноваи духтари Раҳмонов сохтааст. Гап дар ин аст инҷо ба номаш ҳаммом аст. Дар асл инҷо силтавхона шудааст, силтавхонааш кардаанд. Аз тамоми ҷо зану духтарҳои сабукпову бадахлоқро оварда ба мардҳои бадгашту даюс мефурушанд. Ин ҳама ҳолу аҳволро толибаву талабаҳои мактаб мебиннад, муаллиму муаллимаҳо мебинанд! Магар ин корро кардан ва он ҳам дар қишлоқ аз руи одамгарӣ ва инсоф аст? Сардори ин ҳамом Шакуров Эраҷ ном дорад, ки ҳама ӯро дар ғоибаш Эраҷи к…фуруш мегуянд. Ягон майда изову шарм намекунад. Агарчи дар инҷо хешу табори вай ҳам ҳастанд. Духтарҳову арусҳову модарҳои мо дар умрашон ин ҳолро надида буданд.
Э, мур Бег Сабур, дар ҳамин ҳоли пулкоркуниву даромадкуниат.
Хуҷанд
Ассалому алейкум бародар Муҳаммадиқбол. Бароятон аз ҳоли фурудгоҳи Хуҷанд менависам. Вақте аз хориҷ ба ватанамон, ба Тоҷикистон омадам, нозирони фурудгоҳ ҳангоми телефонҳои мардумро ранги фашистҳо тафтиш карданашон ба ман гуфтанд:
«Бдро кабинети раисда ҳэ будик, қатиш чақ чақ къ, медонум шмо лелнаботиё мақдунира қати чингиз аҳмақш каагиен, медрой сумакта мети меерай, набоша шокер қати ҳушёрт мекнем».
Ногуфта намонад, ки одамҳои телефонҳои нав харидаанд ё телефона очистка сброс карданд инҳо он одаморо ба кабинети допрос медароранд ва мепурсанд:
«-Ку гапза акъ кҷода чанд сол кор мекадӣ , чиба ай Русия тоҷикистон омадӣ , кадом мақсад қати?!»
Мегуфта бошӣ, ки Суғд ё Тоҷикистон ба инҳо аз бобои Сангакашон ба мерос монда бошад?! Дар ҳоле, ки Эмомалӣ президенти қонунии мо- Раҳмон Набиеви шодравонро ба зурӣ аз мансаб берун карда ҷояшро гирифта буду ӯро номардона кушт.
Боз милисаҳои фурудгоҳ мепурсанд:
«-Э тъ ай ҷанги Украина грехтай ҳъ, чиба телефонут акаунт надора ҳъ , чиба телефонут навай чиба и ягон телеграм ё инстаграм надора тъ чи мхолифора тамошо намекни абача?, Ози очерадта ждат къ, раиса пешушда зануш омадагияй хай акъ, очерадут мераса сумта метӣ гум мешай фамиди мара лелнаботи бля»-
Ман садои ин корманди фурудгоҳро дорам. Мехоҳам онро дар канали телеграмиатон монед. То ки байни шиносҳои худаш пазор шавад.
Баъд вақти очерад расид маро аввал сагҳои ҳақиқи буй карданд. Баъд диданд, ки тозаям пеши раиси фурудгоҳ даромадам ва аз пешаш як зани либосҳояш каҷалаку буҷалак баромад ранги филмҳои амрикоӣ.
1. Раис пурсид чиба телефонут навай, чиба Тоҷикистон омадӣ? Гуфтам ватанам аст, телефона нав харидам пачка ва коробкаю ҳуҷҷатҳоша дорам.
Раис гуфт: хай акъ я кор къ бти ё шогирдора фарёд кнм?
Баъд маҷбур шудам ба Раҳмонов ва мақомоти ӯ пул бидиҳам.
Вазъу ҳол дар фурудгоҳи ноҳияи Бӯстони шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд чунин аст бародар Муҳамадиқбол.
Шахсан ман намехоҳам чунин кормандони фурудгоҳро дар ватанам ва ин режими бесаводро дар давлатам бинам. Шояд боъд аз ин нома Раҳмонов зулмро сари мо «лелнаботиё» бештар кунад. Лекин ман аз аҳли хомӯшӣ интихобкардагон не. Ҳоло бошад Қурбонови қурбақа ва Пирови хари сиёҳ ба милисазанҳои хуҷандӣ дастур додаанд, ки ба ҳар активу фаъол суҳбат кунанд. Бо ин корашон ин ду шайтон мехоҳанд ба мардуми шариф ва бузурги мо нишон диҳанд, ки ҳукумат дар дасти «лелнаботиёст».
Исфара
Ассалому алейкум домулло Муҳаммадиқбол! Мо як гуруҳ мухлиси шумо аз Исфара, деҳаи Зумрадшоҳ ҳастем. Номаи моро ҳатман бар «Номаҳо…» ҷой диҳед.
Дар қишлоқ аз дасти одамони Эмомтапак ҷонбезор шудаем. Ҳама ҷоро аз они худ кардаанд. Як кор кунӣ, як чиз фурушӣ налог меояд ба сарат. Мо азоби алимро кашида ангишт мефурухтем, дар чиру чарбу сиёҳӣ ғутида. Аммо ҳоло ин ҳаромхурҳо намемонанд, ки кор кунӣ. Ҳатто ҳамин кумурфуруширо намегузоранд, ин милисаҳои ҳаром. Боз бузҳое дорнад, ки филҳол мефурушанд. Ҳар як шаги мондагиамонро нигоҳ ва назорат мекунанд. Яке аз онҳо Ғаниев Ҳамид ном дорад. Ин ҳам кумурчи буд, аммо ҳоло номбаном ҳама қишлоқро мефурушад ва ҳамин тавр «кор» карда бангро зада ба инҳо мефурушад ва ҳамаҷо зелёный светофор. Аъзамов Оятулоҳ ва Иззат Ваҳҳобзода инҳо бошад ронандаҳоро подстава мекунад ба БДА ва сонӣ худаш байн даромада пули калон гирифта халос мекунад. Халқи бечора дар ин қишлоқ зиндагӣ карда наметавонад. Бародар он сафар мо як нома навистем, ки дар барномаатон гузоштед. Мо бисёр минатдор шудам. Аз халқи Зумрадшоҳ аввалҳо дар сафи мо кам буд, ҳозир зиёд шудааст, се баробар ҳама Ислоҳ тамошо мекунем ва барномаҳои шуморо бе саброна интизорем.
Амрико
Ассалому алайкум устод Муҳаммадиқболи Садриддин! Умедворам хуб бошед. Шумо ҳам медонед, ки Аллоҳи меҳрубонро яке аз номҳояш Саттор яъне пушонандаи айбҳо аст. Ман ҳам мисли дигарон як бандаи Худо астам, шояд муртакиби хатое шуда бошам. Ин номаи ман раддия ба номаи №140 аст ки дар он дар нисбати банда ҳарфҳои номуносиб ва беш аз дуруғ гуфта шуд. Яъне маълумоте, ки ба шумо расидааст, нисбати ману коргари ЗАГС валлоҳ, биллоҳ, таллоҳ, ки нодуруст аст. Ман тули панҷ сол мешавад аз дари Коррупсия надаромадаам. Ман як муддати кутоҳ онҷо будам, мехостам маро ба опергуруҳ гиранд. Як муддат интизор шудам, фармонамро набароварданд, чунки маблағи муайян барои вазифа даркор буд, ман надоштам онро. Падарам як деҳқон аст. Дар он вақт раисаи ЗАГС Марям набуд, ман занг зада пурсидам. Марям раисаи ҳозира аст. Он вақтҳо Мумина гуфтанӣ зан раиса буд. Дар он навор шумо гуфтед, ки ман бо коргари архив Мавзуна робита доштаам. Худо шоҳид ҳеҷ алоқае надоштам. Коргари архив номаш Мазуна не, балки Мавҷуда будааст. Ман пурсидам. Шумо Мавзуна гуфтед,ки ин номи ҳамсари ман аст. Паноҳ ба суи Аллоҳ аз чунин даюсӣ. Вай як зани шавҳардор буд дар он вақт, ҳозирашро намедонам. Ман дар он вақтҳо ягон намуди мошин надоштам ва боз инки магазини Пайкон аз хусурбачаҳоям аст, ки онҳо бисёр мардони Худо ҳастанд, ҳамеша пойбанди масҷиданд. Ман ҳар бегоҳ баъд аз кор ба онҷо мерафтам. Бо ҳамроҳии онҳо ба масҷид рафта шомамро мехондам ва баъдан ба хона мерафтам, Шумо метавонед пурседу таҳқиқ кунед.
Дар бари он магазин як дискотека аст ки ба мисли дузах аст.
Алҳамдулиллоҳ ман ба онтараф ҳатто нигоҳ намекунем. Ба кумаки Аллоҳ ман фаҳмидам, ки ин номаро кӣ ба Шумо фиристодааст. Худо шоҳид ин ғарази шахсӣ аст. Устод ман ба хотири ризои Аллоҳ, ки бо луқмаи ҳалол фарзандонамро ба воя расонам, ҳиҷрат кардам, вагарна мисли дигарон метавонистам тамоми умр ҳаром хурӣ карда кори давлат ҷамъ кунам. Устод Аллоҳи меҳрубон бо фазлу карами хеш ин минбари тавҳидро ба Шумо муносиб донистааст. Ба хотири ғазаби як шахс обруи дигареро дар саросари ҷаҳон нарезонед.
Ман, дар як ташкилот кор мекардам. Қариб ду сол мешавад кор намекунам. Ман, ки дигар корро давом надодам, шаш моҳ пас аз баромаданам аз ватан ба сарам маблағи калонро бор карданд. Ҳоло дар ғарибӣ кор карда онро пардохт карда истодаам. Ба Худо қасам ман то ҳол хонаи шахсӣ надорам. Зану фарзандонам дар квартира дар шаҳри Кулоб зиндагӣ мекарданд. Ҳоло бошад онҳоро ба хонаи падарам фиристодам. Мошине, ки дар дастам буд, Аллоҳ шоҳид, аз худам набуд. Пеш аз баромадан ба соҳибаш гардондам. Аз бонк қарз кардам. Агар хоҳед ба шумо равон мекунам, ки аз чанд бонк қарз кардам барои Амрико омадан. Ин ғарази шахсӣ аст ба Худо қасам. Ман ягон одами важнийи ҷамъиятӣ нестам. Аз ҳамин фисқу фасод гурехта ба инҷо омадам, ки зиндагии ором дошта бошам. Ба шумо мардонавор ваъда медиҳам,ки дар ин роҳи тавҳид дар бари шумо рост меистам агар танҳо ба хотири Аллоҳ бошад.
Аллоҳ аз қалбу забонам огоҳ аст, ки ҷуз ҳақиқат чизе нест. Имруз Аллоҳ минбари Тавҳидро башумо додааст.Тасмим ҳам аз они шумост. Агар мисли дигарон ҳаром хурда онҷо кор мекардам инқадар дардам намекард. Ман тоби ин шармандагиро надорам. Ба хотири луқмаи ҳалол ҳиҷрат кардам. Танҳо Аллоҳ медонад аз сарам чи сахтиҳо гузаштааст. Ман марди беномус нестам. Аз ҷонам ҳам обуруям беҳтар аст бароям. Худо аз шумо розӣ бошад. Шояд дар гузашта хатое кардаем. Он вақтҳо ман бисту ду, бисту се сол доштам, бисёр ҷавон будам. Аллоҳ доност, ки дар роҳи ҳақ рафта истодаем.
Алмаато
Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқбол! Дуогуй ҳастем, ки сиҳату саломат бошед. Мо як гуруҳ дар бозори Алмаато ба номи Зелёный кор мекунем. Аз дасти як хел чоплусҳои худозада рӯз надорем.
Аввалан-Худо баъдан шумо ба доди мо мерасед. Дируз ҷангу ҷанҷол шуд, баъдан маҷлис барпо гардид, дар ошхонаи Малика. Ин ошхона азони ҳоҷӣ Сайид аст- раиси тоҷикони вилоят. Дар маҷлис кормандони сафорат ҳам ҳузур доштанд. Консули генералӣ номаш Бобохонзода Равшан. Аҷоибии кор ҳамин аст ки ягон кас даҳони ин лаънатиҳоро маҳкам карда наметавонад. Дар ҷанги шудагӣ гунаҳгор инҳо ҳастанду дигар одами бечораро гунаҳгор меҳисобанд ба тахаллуси «Авлод». Ҳама медонад, ки гунаҳгор кӣ аст. Аз Худо битарсед, пули зиёд бурда надиҳед. Собири гушлақа то кай пушти туро Акобир ё Сулаймон мегиранд? Ҳоло ин корҳои кардагият, ҷавоб дорад. Дар милицияи куҷо сарф мекунеду Авлоди бечораро гунаҳгор мекунед.
1. Ҳоҷӣ Сайид Карахон-райиси тоҷикони Алмаато. Ин худозадаи беномуси арақфуруши-фоҳишагӣ ба ном Мулло ҳам ҳаст. Аз дасташ ягон кор ҳам намеояд. Ҳамин ҷангуҷанҷолро ҳал карда натавонистӣ. Фақат тарафи тарозуро нигоҳ мекунад. Агар соҳиб надошта бошӣ, дар шумори одам ҳисобат намекунад.
2.Ҳоҷӣ Сулаймони Рашидов,
3. Акобир Рашидов, инҳо як худобехабари лаънат кардаи аллоҳанд. Дар бозорҳо зулм мекунад,ҷанг меандозанд. Ҷангуҷанҷол барои як порча ҷои меваю сабзавот фурушӣ. Наход барои якпорча ҷой кордкашӣ кунед? Аз дасти инҳо мо муҳоҷирон фақат зарар мебинем. Кормандони мақомоти Қазоқистон рейдҳо доир карда одамони зиёди бечораро депорт карданд. Ба доди тоҷик ҳеҷ кас намерасад. Ин ҷангдозҳо ҳамааш хешу табори ҳамин ҳоҷӣ Сулаймону Акобир ҳастанд. Агар дар ёдатон бошад навор карда будед ҳоҷӣ Ҳайдари ленинградиро. Аз Қурғонтеппа аст, чоплуси калони инҳо аст, бародари ин номардҳо аст. Ба инҳо сануман кунӣ аз одамҳои мақомоти Тоҷикистон метарсонанд, номҳои кормандони мақомотро мегиранд: «агар гапи зиёд кунӣ, мо медонем чи кор кунем ба-шумо» мегуянд.
Душанбе
Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқбол! Аз як ҳодисаи реалӣ бароятон менависам.
Бо як ҳамдеҳаам аз Тоҷикистон ба Россия парвоз мекардем. Вақте ба аэропорт ворид шудем, дар ҷое, ки сумкаҳоро ба тарозу мемонед, ки як коргари аэропорт бо як бачае, ки дар аэропорт кор мекунад бо як зани тоҷик разбор дошт, барои сумкаи ин зан, ки 30 кг буд, бори изофагӣ дошт. Вақте мо сумкаро ба тарозу мондем сумкаи ман пур буд, аммо сумкаи ҳамроҳам 8 кг буд. Баъд коргари аэропорт гуфт, «ҳами хоҳар бори зиётӣ дора, сумкаи ту холияй ба ҳами хоҳар ёри намекни»? Вай гуфт майлӣ. Аз сумкаи хоҳар примерно 10 кг борро ба сумкаи ин бача гирифт. Баъд, вақте мерафтем коргари аэропорт ба сари ин зан гуфт ба 10 кило пул пардохт кунад. Ин зан гуфт, ки барои чӣ боз сум пардохт кунам? Ин коргари аэропорт гуфт, ки « и бачара ман уговорить кардам, агар нахоҳӣ бората обратно бигӣ ва сумша супор». Ин зан ноилоҷ боз ба 10 кг ба он коргари аэропорт сум дод.
Коргарони аэропорт ба мардум бе пул кумак намекунанд.