Номаҳо аз ноҳияҳо ба «Ислоҳ.нет» №157

Ислоҳ нет

     Раҳмонов ва одамонаш тамоми ҳушу ёд ва талошашонро барои овардани Рустам равона ва харҷ карда истодаанд. Вале фақат овардани Рустам масъалаашон нест. Масъалаи дигарашон ин аст ки фазо ва сатҳу фарҳангу муҳити сиёсии кишварро то ба сатҳи Рустам поин биёранд ва ҳар касе номдору шинохташуда аст бояд ё фирорӣ диҳанд ва ё бикушанд ва ё зиндонӣ кунанд. Дастгир кардани Шокирҷон Ҳакимов, муовини раиси ҲСДТ ҳам дар доираи ҳамин барнома ва нақша сурат гирифтааст. Аммо номаҳое аз пойтахти кишвар ба мо мерасанд, ки далолат аз ноуҳдабароӣ ва холабеғамии Рустам мекунад:

                                  Душанбе

Ассалому алайкум домулло Муҳаммадиқбол! Ин чандумин номаи ман ба шумо аст, ки хушбахтона чоп мешаванд. Ман корманди горсвет ҳастам ва ба Рустами герчик (Рустами Эмомалӣ, раиси шаҳри Душанбе) муроҷиат дорам. Ва бидуни муқаддима ва бидуни шафшаф якбора шафтолу мегуям.

Рустам! Агар хоҳӣ дар шаҳр шарманда нашавӣ Самӣ Давронро ҳарчи зудтар аз раисии горсвет бигираш. Мардум дар шаҳри Душанбе бисёр  вақт бесвет мемонанд. Вале ин Самӣ Даврон ҳамаашро бори  ту мекунад. Мегуяд ин амри раисишаҳр аст.

  Як маротиба навбатдори шаҳрро назорат кун, мардум бисёр шикоят мекунанд.  Навбатдорӣ ба ту ҳисоботи нодуруст медиҳад. Ревизияе, ки гузашт дар ноҳияи Фирдавсӣ камбудии бисёр баровард. Боз баъди ревизия борхатҳое мебиёоранд, ки бор несту фақат борхат ҳаст тамом. Ман худам шахсан бо ҳамкорони ноҳияҳои Сомонӣ, Шоҳмансур ва Сино гап задам, онҳо ҳам ҳамин хел гуфтад, ки фақат борхати холӣ мебиёранд.   

 Ба ту баёнот дода буд, ки ревизорҳо аз руи хусумат диданд. Аммо ягон хусумат набуд, ҳамааш дуруст буд. Ревизорҳо омаданд бо сардори гурӯҳ маслиҳат кард. Сардори гурӯҳ 50 ҳазор $ талаб кард. Самӣ Даврон бошад 30 ҳазор $ гуфт, ревизор ба гардан нагирифт ва чи камбуде, ки ошкор кардабуд, ҳамаро нависонд. Ба ту ҳисобот медиҳад, ки аз ҷамъияти тақсимоти барқ материал намедиҳад. Лекин дуруғ мегуяд. Соҳибкорҳо дар шаҳри Душанбе оиди барқ ҳар расходе кунанд Самӣ Даврон ҳамаро дар корхона ҳуҷҷат карда як қисмашро бо «Ноқили Талко» ҳуҷҷат мекунад, як қисми дигарашро бо ҶСК  Трансформатор-и заводи шаҳри Бохтар.  Фақат кораш дуздӣ аст ва мо шоҳиди бе восита ҳастем. Нияти кор кардан надорад. Қутбиддинов Парвиз дар вақти главний инженериаш аз чойхонаи «Роҳат» соли 2019 барои трансформатор  шинонидан маблағ гирифта буд. Корашро сари вақт буд накарда аз главний инжинерӣ гирифтанаш ва раиси Барқи ноҳияи Сино таъинаш карданд. Лекин трансформаторро бурда шинонд. Барои дар свет пайваст кардан ба Самӣ Даврон маблағ надода буд. Самӣ Даврон барои пайваст кардан иҷозат надод.
Як ҳамкорам дар ноҳияи Сомонӣ ба ман гуфт, ки  аэропорти Хуҷанд омада дар ноҳияи Сомонӣ сими свет кашидааст. Лекин Сами Даврон  онро бо «Ноқили Талко» ҳуҷҷат кардааст.
Рустами герчик худат савод надорӣ! Ақалан сардорони корхонаҳои шаҳрро одамони босавод интихоб кун, ки шаҳрро обод кунанд.
Кормандон роҳбарии Атоевро, Раҳим Асадро, ки аз маҷлис сураш кардӣ васф мекунанд. Ту якбор пурс, ки Раҳим Асад чи хел роҳбари сиёсатдор буд.
Туи бесавод қадри одами босаводу сиёсатдорро аз куҷо медонӣ?
Дар чор ноҳияи шаҳри Душанбе борхатҳои беборро гузаронд. Ревизия омад ҷавоб гуфта натавонист. Роҳбарони ноҳияҳо бар зидаш баёнот доданд, ки Самӣ Даврон супоришашон додааст, ки камбудиҳои корхонаро маҳкам кунанд. Кор ба ҷое кашида шудааст, ки дар горсвети шаҳр ягон трансформатори запас надоранд, ки ин бисёр хатарнок аст.
Бояд на камтар дар корхона 10 адад трансформатори запас дошта бошад лекин трансформатори навро меоранду бурда дар биноҳои нави баландошёна  насб мекунад. Парво надора, ки аҳолиро трансформатораш сузад то 7 рӯз бе свет мемонанд. Трансформаторҳои навро оварда аз соҳибкорҳо маблағ гирифта дар домҳои нав мешинонад. Ягон кас ва ягон ҷо назорат намекунад.

Дар ревизияи моҳи октябр то январи соли 2024 дар анбори горсвет камбуди бисёор баромад. Бояд маблағи камбудиро бурда дар бонк бо рамзи 62 месупориданд. Лекин бо агентии коррупсия маслиҳат кардан баҷои маблағ дар анбор бори камбудиро барқарор мекарданд аммо накарданд. Мумкин аст,ки тафтишгарон гуянд мо санҷидем бор вуҷуд дошт. Бале қисса ба ин шакл аст.

Бори камбудиро оварданд комиссия аз агентӣ ва кормандони горсвет борро қабул каданд баъди кормандони агентӣ рафтан бо ҳамон мошине борро оварда буданд боз дубора борро аз анбори горсвет бурданд. Ин маълумотро ба шумо намерасонанд.

Бори овардаги тақрибан 4 милионда буд. Ҳамаи ин корҳои шури мурида Самӣ Даврон сад дар сад якҷо буд.

Ҳангоми ревизия ва тафтиш  камбуди дар ноҳияҳои шаҳри Душанбе баромаду ошкор шуд. Роҳбарони ноҳияҳо бар зиди Сами Даврон баёонот ҳам доданд,ки Сами Даврон ба онҳо супоришшон додабудааст, ки камбудии анборро дар ҳол ҳал кунанд барои то тафтиш гузарад. Аммо кормандони Агентӣ бо Сами Даврон барои бартараф кадани камбуди маслиҳатҳои судманд барои кисаҳои худашон ва роҳбарияташон карданд вале мушкилиро бартараф накарданд. То кай   ин дуздӣ ва ғорат идома меёбад Рустам ?

                                      Муъминобод   
Бисмиллоҳи раҳмони раҳим. Ба номи Аллоҳи бахшояндаву меҳрубон. Ассалому алейкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу бародари муборизам Муҳаммадиқбол. Саломи гарму самимии мардуми деҳаи Буйдоқободро ба шумо мерасонам. Баъди он ки номаро дар сайтатон дар барномаи таҳти рақами 130 нашр кардед, бисёр Раҳмон Юсуфро ба хашм оварда зуд сагбачаҳоро ба деҳа равон кард. Дар маркази деҳа як мағоза ҳаст,ки ҳамаи мардум эҳтиёҷҳои зиндагиашонро аз ҳамин мағоза мехаранд, мо онҷо қарор доштем. Ростӣ санааш дар ёдам намондааст, аммо вақте ки мо бо бачаҳо сӯҳбат мекардем, ногоҳ якчанд нафар вориди мактаб шуданд ва ман, ки хизмат кардагӣ ҳастам фаҳмидам, ки одамҳои амниятӣ ҳастанд. Ман дарк кардам, ки 99% барои кофтукоб омадаанд. Ба мактаб даромада аз касе, ки телефон ёфтанд гирифтанд ва ҳатто компютерҳои мактабро ҳам. Кофтанро шурӯъ карданд. Ҳар боре, ки амниятиҳо ба деҳа меомаданд, сабаби омаданашонро ба директор мегуфтанд аммо ин бор ба касе чизе нагуфтанд. Пас аз кофтукоби чизе бе огоҳи ва фаҳмонидан баромада рафтанд. Ман, ки дар ин деҳа меҳмон будам, фардояш ба зодгоҳи худ баргаштам, чунки виза ба Аврупо доштам. Алҳамдулиллоҳ, ки муваффақ шудам ва ба …. омадам ва кор карда истодаам.

 Акнун мегузарем ба натиҷаи барномаи аввал. Мо гуфта будем, ки оби деҳаро намедоданд. Алҳамдулиллоҳ ҳозир мардум об доранд ва касоне, ки дар мактаб ба коррупсия даст мезаданд, ҳозир пулро аз замин ёбанд, намегиранд. Вақте ки 6 июн барномаи 130-мро нашр кардед, дар муддати кӯтоҳ мардуми деҳа натиҷаи кори «Ислоҳ»ро диданд ва хело ҳам шод шуданд. Вале заминҳои чарогоҳҳоро то ҳол надоданд. Мардум ҷой барои чаронидани ҳайвонҳо надоранд. Баъзеҳо мегӯянд, ки ҳайвонҳоро мефурӯшем ва баъзеҳо мегӯянд аз инҷо меравему мекучем. Яке аз сабабҳое, ки мардум дар деҳа зиндагӣ мекунанд, ин аст ки онҳо ба чорводорӣ ва деҳқонӣ машғул мешаванд ва рӯзгорашонро пеш мебуранд. Аммо ҳоло на об ҳасту на замин. 

  Акнун нақл мекунем дар бораи Сафари буз, ҳамоне,ки адади чорвоҳои мардумро бузӣ карда ба боло мегуфт. Мегӯянд, ки баъди ин барнома ӯро диданд. Аммо намегӯем дар куҷо, чунки аз шарм сарашро намебардорад ва вақте ки одамонро бинад, роҳашро тез иваз мекунад. 

 Акнун худат хулоса барор, э буз, дар назди махлуқ аз шарм саратро бардошта наметавонӣ дар назди Холиқ чи гуна мебардорӣ. Аз Аллоҳ тарс ва тавба кун агар намекунӣ дар номаи 3юм аксатро ва хонаи дар Кӯлоб доштаатро ва чигуна пинҳонӣ аз занат занбозӣ мекарди ва мекунӣ ба «Ислоҳ» мефиристем. Тими «Ислоҳ» ,ки аз мардуми маҳаллӣ мебошанд натиҷаи навиштан ба «Ислоҳ»ро хуб фаҳмиданд,ки ба додашон чихел мерасанд пас аз навиштан.

   Бародар Муҳаммадиқбол! Баъди пахши номаи 130юм бо тариқи видеоӣ рӯзи 6 июн чанд муддати нагузашта ҳама видеоро диданд вале як бардошти хато карданд. Ҳамаи ин суханонро ,ки тими ташкил шуда ба ман яке аз онҳо гуфт, ки сокини аз ин деҳа аст. Ман чи гунае ки дар боло зикр кардам дар Аврупо ҳастам. Ӯ гуфт баъди пахши навор дар ютуб ҷураам аз Душанбе силкаашро ба ман равон кард ва ман ҳам тамошо кардам ва ба чандин нафарҳо нишон додам. Бардошти хатои мардум аз ин видео ин будааст, ки гӯё ин номаро касе ба шумо равон карданд, ки гӯё ӯ аз наздикони касоне мебошанд, ки дар номаи аввал ном бурда будем. Аз ҷумла аз Муродов Асад муаллим ва аз раиси маҳалла Нуров Барот. Мо инҳоро барои он мисол овардем, ки Муродов Асад ӯ дар шумори яке аз ҷабрдидаҳо буд ва сари ӯ зулм шуда буд. Сабаби мисол овардани раиси маҳалла он буд, ки қариб дар ҳамаи номаҳои шумо раисони шаҳру ноҳияҳо ва маҳаллаҳо бо ҳаромхурӣ ва дуздӣ машғул ҳастанд. Аммо ин раиси маҳалла одами аз Аллоҳ метарсидагӣ аст ва ҳақи дигаронро намехӯрад. Шумо мардум ҳамаатон инро медонед. Ва агар аз ӯ чи ноҳақие дида бошед, марҳамат ба «Ислоҳ» нависед. Ман чизе, ки менависам аз забони худи шумо ва ҳамдеҳагони шумо аст.

  Ва нафари дигар ин Ҷурахон буд. Вай ҳам як мазлум буд, худатон ҳам инро медонед. Нафари 4ум ин Салимов Назар бародари Сафари буз. Инро мо барои он мисол овардем, ки ба бародараш дарс шавад бе бузи ва зулм болои мардуми бечора зиндагиро пеш бурда мешавад. Аммо ин маънои онро надорад, ки номи инҳо зикр гардид ва касе гӯё аз наздикони эшон онҳоро мехоҳад дар назари мардум хуб созад. Ман ба шумо ҳайрон мешавам. Ин мафкурарро аз сари худ берун кунед. Ва акнун суханҳои охирин дар номаи имрӯза барои мардуми деҳа. Ман вақте бори аввал ба деҳаи шумо меҳмон шудам соли 2021 буд.
Роҳи ҳалол надоштед, свет лимит буд. Аптека ва беморхона ҳам надоштед ва то имрӯз ҳам надоред. Баъди 3 сол боз меҳмон шудам. Танҳо пешравӣ дар он буд, ки роҳҳои деҳаро сангреға (шебел) рехтаанд. Ростӣ хурсанд шудам ва пурсидам, ки инро аз ҷониби давлат карданд? Гуфтанд не. Касоне, ки дар маҳалла зиндагӣ мекунанд аз онҳо пул ҷамъ карданд. Ва ба ҷуз ин садҳо мушкилӣ дигар доред дуруст? Дуруст. 

   Акнун вақте аз як ҳукумат ба шумо фоида набошад боз шумо шукронаи  чиро мекунед? Аз як диктатор, ки 32 сол шуд хуни мардумро макидааст ва макида истодааст. Ман ҳаминро аз забони бисёр калонсолон фаҳмидам, ки мегӯянд як Президент танҳо аз дасташ чи меояд? Фикри шумо хато ҳаст охир. Охир аҳволи мактаби деҳаро бинед. То ҷое ман фаҳмидам, тахмин то соли 2014 мактабатон то синфи 9 буд. Баъдан талабаҳои мактаб худашон дар бари мактаб 2 синфхонаи дигар сохтанд. Ва то 11 шуд. Модоме, ки ҳама чиро мардум худашон созанд, ин Раҳмонови касиф ва тоғут барои чи дар курсӣ нишастааст. Чаро шумо мегӯед шукрона кардан даркор. Боз ба деҳаҳои ҳамсояатон назар кунед. Дар яктоаш то ҳозир, то синфи 9 ва дигар то синфи 4 аст ки аз 1 то 4 дар синфхона мехонанд. Ин шарм нест? Соли 2024 аст. Наход дар ин асру замон мо аз оддитарин чизҳо камбудӣ дошта бошем. Илтимос бародар Муҳаммадиқбол ман видеои мактабро мефиристам, ҳатман нашр кунед. Бинед тобистон аст, дар соати 5 бегоҳӣ синфхонаҳо чи хел торик ҳастанд. Пас дар замистон?ки офтоб нест  чихел бошанд?
Як бор дур норафта ба давлати ҳамсояи Ӯзбакистон назар андозед иқтисодаш ба куҷо расидааст. Ё ба Афғонистон, ки ин диктатор ӯро давлати террористӣ медонад.  3 сол нашудааст, аммо хеле пешравӣ. Ва дигару дигар. Агар касе дар ҳаққи шумо ноҳақӣ мекунад ва ҳаққи шуморо мехӯрад, натарсед. Ман сайти инстаграми худро мемонам шумо метавонед ба ман равон кунед. Ман тамоми дарди шуморо ба «Ислоҳ» мефиристам. Нотарсида худатон ба телеграмаи «Ислоҳ» ва вотсапи он ва ё имейли он фиристед.
Боқӣ дар паноҳи Аллоҳи меҳрубон! То барномаҳои оянда.

                            Амрико

  Салом бародари азиз Муҳаммадиқболи Садриддин! Рӯзи гузашта як ҳодиса шуд бо ман. Магазин рафтам модарам аз Хуҷанд занг заданд. Бо модарам гапзанон аз мағоза харид мекардам. Лек пайхас кардам аз қафоям ду пиронсолон зану мард равон буданд. Хайр гуфтам онҳо бо роҳи худ мегарданд. Баъд боз мебинам аз қафоям. Ба модар хайр дертар занг мезанам гуфтаму телефонамро хомуш кардам. Баъд он зани пиронсол ногаҳон оғуш карда бо лафзи бисёр зебои тоҷикӣ маро писарам гуфт. Ба ростӣ хело ҳайрон шудам. Баъд он кас гуфтанд ман аз лаҳҷаатон фаҳмидам, ки  шумо аз Ленинобод, гуфтам бале. Мебахшед гуфтам ман шуморо нашинохтам. Онҳо гуфтанд, ки онҳо яҳудиёни аз Тоҷикистон рафта 48 сол пеш. Шабҳо дар хоб мебинем Ватанро гуфта гиря карданд. Ба ростӣ худам ҳам қариб гиряам омад. Баъд онҳо маро ба хонаи худ даъват карданд ба меҳмонӣ, кай вақт ёфтед биёед гуфтанд. Хело дар ҳайрат мондам. Қариб 50 сол пеш рафтанд аз Тоҷикистон дар Амрико ҳама чи доранд аммо ҳатто яҳудон худро мо тоҷик гуфтанд, ба ростӣ хело ва хело дар ҳайрат мондам. Бо чунон шеваи зебои тоҷикӣ сухан карданд.

 Эдики ҳаромӣ! Охир чунин ҳамватанонро бисёр дорем дар ҳар канори дунё. Метавонистӣ истифода барӣ барои пешравии Ватан. Ҷураи худам рус ҳаст,аз Хуҷанд, аммо ман тоҷик мегуяд дар Русия ҳам. «Любояша задагӣ ман зоҳиран рус бошам ҳам қалбам тоҷикӣ мегуяд». Модараш ба мо тоҷикон фақат раҳмат мегуфт: бо шумоён тоҷикон писарам калон шуд. Ҳамон иззату меҳрубонии тоҷикиро нисбати оила ва волидайни худ дорад. Бале, мо хулиган будем бо дигарон меҷангидем, лек қасам боре ҳам ба якдигар на нисбати миллати якдигар, на динаш касеро таҳқир намекардем, зеро дар хона падару модар мегуфтанд, насиҳат мекарданд, ки аз руи одоб нест.  

                                               Исфара

Салом устоди азиз Муҳаммадиқбол. Аз Чилгазии Исфара менависам. Раиси маҳаллаи деҳаи Чилгазӣ Шарипов Абдуқуддус мебошад. Бо зуру иҷбор аз ҳама аҳолӣ сум ҷамъ карда истодааст, барои асфалт. Нафароне, ки мағоза доранд ё бизнесмен 10.000 сомонӣ ва сари ҳар оила бошад маҷбурӣ 5000 сомонӣ ҷамъ намуда истодааст. Касе, ки ин маблағро намедиҳад ба коргарони орган месупорад.

 Раиси деҳаи Чилгазӣ Баҳриддини ҳаромхур мебошад. Вай бо коргарони амният кор мекунад. Тамоми халки деҳаро ба дод овардааст. Чи кор кунем, додамонро ба кӣ гуем?!  

 Дар навор раиси маҳалла Шарипов Абдуқуддуси буз аз сохибкор Мукаррамов Абдураззоқ сум гирифта истодааст ба маблағи 10.000 сомонӣ. Фақат ба дафтараш қайд мекунаду халос, суми ҷамъшударо бо раиси деҳа (шаҳри Исфара  деҳаи Чилгазӣ) Мунавваров Баҳриддин бо ҳам масалаашро мебинанд.

                                  Душанбе

Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқбол! Ман аз Кулоб барои шумо нома мефиристам. Исмамро ифшо намекунам. Фақат ҳаминро мехоҳам бигуям, ки дар ин ҳукумат кор кардаам. Раиси ноҳия ҳам будам. Муовини вазир ҳам будам. Ман чи гуфтаниям? Аз сафари Си Ҷинпин, раиси Ҷумҳури Мардумии Чин ба Душанбе гуфтаниям, ки ин сафари роҳбари Хитой барои Раҳмонов дар ин шабу рӯзҳо такидани турбаи хоҷаи Хизр ба мазраъаи хушкшударо мемонд. Чунки вақтҳои ахир Русия муносибаташ бо Тоҷикистонро беҳад вазнин кардааст.

Агар Кабирӣ камтар ҳушёрона ва бо ақлу тадбир кор кунад, ҳолати будагиро ба фоидаашон мегардонад. Аз омадани Си Ҷинпин ба Тоҷикистон пештар роҳбарони кишварҳои ШОС дар Қазоқистон бо ҳам нишаст доштанд. То онҷо, ки фаҳмидам дар Қазоқистон Путин бо Раҳмонов ҳатто лозим надонистааст, ки мулоқоти алоҳида кунад. Гуфтааст, ки намехоҳам. Раҳмон аз Шаҳбоз Шариф, сарвазири Покистон ҳатто хоҳиши миёнаравиро кардааст. Аммо номаълум, ки сарвазири Покистон хоҳиши Раҳмоновро ба Путин расонидааст ё не. Вале Путин ҳамроҳаш суҳбат накардааст.

Ба назари ман Муҳиддин Кабирӣ ҳам тариқи матбуот ва ҳам бо роҳҳои дипломатӣ   бояд ба Путин муроҷиат кунад ва озодона ва бо дарназардошти ҷойгоҳи Русия дар сарнавишти мардум ва давлатдории Тоҷикистон ҳамаи барнома ва мақсадҳояшро бигуяд. Бигуяд, ки вай мухолиф бо сохти конституционӣ нест ва тарафдори давлати дунявист.

 Путин вазъияти Тоҷикистон ва вазъияту ҳолати муносибати мардум бо Раҳмонов ва оилаи вайро ва инки Раҳмонову оилааш ҳукумат, тиҷорат ва молияи Тоҷикистонро ба монополияи худ табдил кардаанд, нағз медонад. Медонад, ки Раҳмонов ҳеҷ такягоҳи халқӣ надорад, халқ вайро бад мебинад ва халқ дар ҳолати зарурат дилхоҳ қувваи дигар, билфарзе Ансоруллоҳ, чи расад ба Кабириро авлотар ва безарартар меҳисобад. Чунки дар ҳақиқат Раҳмонов гузаронд. Сахт гузаронд. Ин ҳолат дер давом намекунад. Путин намехоҳад, ки дар Тоҷикистон номанӣ пеш ояд,аммо Раҳмонов тавре мудирият карда истодааст, ки мардум ночор шуриш кунад ё исён бардорад.

Агар Кабирӣ правилно подход кунад, Путин метавонад ставкаро дар ӯ кунад. Бубинед, ки Толибонро давлатҳои дунё яке пайи дигаре ба расмият шинохта истодаанд ва ҳатто Путин эълон кард, ки ҳукумати Толибон шарики Русия дар амри мубориза бо терроризм аст. Ин чи маъно дорад? Путин аз ин бештар ба Кабирӣ чи намек диҳад?.

Путин аз авлодбозӣ ва хешбозии Раҳмонов дарак дорад. Ҳамин ки ҳамарӯза садҳо муҳоҷири тоҷик аз Русия берун карда мешавад ва ҳатто аз фурудгоҳҳо иҷозати вуруд ба қаламрави Русия фақат барои тоҷикҳо дода намешавад беҷиҳат ва бемақсад нест.

 Владимир Путин бо Раҳмонов дар ин авохир ҳамкории хуб надорад. Русия бозии худро дар Тоҷикистон бо чанд самт пиёда карда истодааст. Через ФСБ ва через Прокуратураи Генералии худаш. Бортников бо СС Ятимов ва Краснов бошад бо Юсуф Раҳмон. Кадом самте, ки чи хеле худи В.В. Путин мегуяд, «наиболее эффективнее» бошад, бо ҳамон самт давом медиҳад. Аммо ман фикр мекунам,ки Раҳмонов баъди омаду рафтани Си Ҷинпин бояд акнун амри қапоқапро диҳад Мумкин Убайдуллоев, СС.Ятимов, Мансур Умаров, Ашуриён Музаффар ва чандин нафарри дигарро кашокаш кунанд. Раҳмонов мумкин аз чанд хешу табораш гузарад барои чистка кардан. Хитой СС.Ятимовро дастгирӣ мекард ва то ҷое ҳам пуштибонаш ҳам буд. Акнун вақт нишон медиҳад.

  Раҳмонов сахт талхакаф буд, ки дар ҷараёни сафари Си Ҷинпин ягон гап мешавад, ягон ЧП. Ҳатто масҷиди марказиро басту мардум намози ҷумъаро дар дигар ҷоҳо хонданд. Раиси давлати Хитой пеш аз омаданаш 300 агентҳояшро  барои таъмини амнияташ ба Душанбе фиристода буд.

 Бояд Кабирӣ бо Русҳо ва Толибон гуфтушунидҳоро оғоз кунад. Ба назари ман беҳтараш ин аст ки аввал бо Толибон контактҳоро пайваст кунад ва баъдан Толибон бо русҳо оид ба ҲНИТ миёнаравӣ кунанд. Ба назари ман ин беҳтарин роҳ аст. Чунки Путин аз онки ҲНИТ-ро бо талаби Раҳмонов террористӣ эълон кард, сахт пушаймон шудааст ва ҳоло дар садади он аст ки имзои худро аз зери он санад пас бигирад. Набояд вақтро зиёд аз даст дод. Шояд вай фикр кунад, ки хунрезӣ мешавад. Толибонро бояд истифода карду бо тавофуқ карду ба мақсад расид. Даври Раҳмонов гузашта истодааст.

Си Ҷинпин омаду рафт. Рустамро боз Раҳмонов пешкаш кард. Гуфт калон шуд  бачаам. Рӯзи омадани Си Ҷинпин вақти пешвозгирӣ дар аэропорт мушоҳида кардед, ки Рустам худашро гум кард. Нурики шофёраш гуфтааст, ки «якум бор Рустама и хел дидем». Ба фикрам задагӣ набуд. Агар задагӣ мебуд шерак мешуд. Вақте намезанад ранги мурғ мешавад. 

Бояд ду биноро мекушоданд, аммо чун ҳарвақта успет накарданд. Бинои парламентро дарунҳояшро нимкола кардану кушоданд, аммо бинои нави ҳукуматро успет накарданд. Бинои асосиро якҷо бо як бинои бараш сохта обделка кардану як бинои дигарашро, ки аз тарафи чойхонаи Роҳат аст, коробка сохтану ҳоло «лич ховай». Дар кушодашавии Парламент Рустам дар назди Раҳмонову Си Ҷинпин баромад кард. Шаб дар вақти ужин  Раҳмонов қариб якуним соат зора кардааст Си Ҷинпинро, ки «дастгири кн бачама монм да ҷом». Мора ранги як провинциятон донен гуфтаст Раҳмонов. Си Ҷинпин гуш кардаву ягон ҷавоби конкретӣ нагуфтаст. Чунки пеш аз ба Тоҷикистон омаданаш дар Қазоқистон бо Путин во хурда буд ва дар ҷараёни вохурӣ Путин ба Си Ҷинпин гуфт, ки «на счёт Таджикистана у нас свои планы»…  

Раҳмонов талош мекард нишон диҳад, ки дигар зер қаноти Чин аст. «Ҳамсояи бузург» гуфтани вай беҷиҳат набуд. Агар шумо маросими истиқболи Си Ҷинпинро дар телевизор ҳам дида бошед ҷойи аз ҳама аҷибаш даҳони гизи Далери Ҷумъа буд-ранги чмоҳо. Ба дарахтҳои ду бари роҳи протколӣ аз чакан эзор пушонида буд.

 Барои Си Ҷинпин  махсус мошин, махсус музика, махсус музикант. Барои Си Ҷинпин ҳатто намозро манъ кард.

 Маълум буд, ки Раҳмонов мехоҳад худро як одами бисёр наздик ба Чин ва роҳбарияти он нишон диҳад. Вагарна аз куҷое чиноиҳоро оварда дар даҳони онҳо «Тачикисан бапеш»-ро гузошта авҷи олии хушомаду тамаллуқгуиро ба намоиш гузошт.

  Вале шахсан барои Шумо бародар Муҳаммадиқбол инро мехоҳам хотиррасон намоям, ки қарори суди Маскав дар нисбати шумо ва Шарофиддин Гадоев просто так нест. Қарори суди Русия оиди ба ҳабс гирифтани шумо ва Шарофиддин Гадоевро як нақша аст. Нақшаи оддӣ аммо ҳавлнок. Мақомоти Тоҷикистон натавонистанд, ки шумо ва Гадоевро биёранд. Аммо медонанд, ки баъди ифшои хабари ҳабси бигзор ғоибонаи Муҳаммадиқболи Садриддин ва Шарофиддин Гадоев, онҳо ба таҳлили  масоил даст зада зидди Русия мегуянду менависанд. Яъне бо ин кор русҳоро муқобили шумо месозанд ва имкон дорад баъдҳо аз онҳо барои дастгир ва ё ликвидатсия истифода намоянд. Ин бозиҳои махуфи хадамоти ҷосусӣ аст. Ҳар ончи ки шумо дар барномаи «Минбари муҳоҷир» гуфтед, ҳатман нарезонидаву начаконида тарҷума карда медиҳанд, то ки алангаи низоъро боз ҳам болотар бубаранд. Хулоса, тавре мекунанд, ки Русияро бар муқобили роҳбарияти мухолифин бисозанду бишуронанд.

Аммо ҳоло айни вақт аст ки аз ин ҳолат истифода карда шавад. Ин ҳарф ғалат аст ки русҳо болои исломиҳо ставка намекунанд. Чи русҳо, чи амрикоиҳо ва чи хитоиҳо болои зур ставка мекунанд, масалан Толибон зур баромад, ҳукуматро гирифт ва ҳоло доранд эътирофаш мекунанд…

Share This Article