Номаҳо аз ноҳияҳо ба «Ислоҳ.нет»№64

Ислоҳ нет

       Ин ҷумла ва ин баёния: «Ман намедонам, ки аз кадом ҷиноятҳояшон оғоз кунам», дар ҳар навбати барномаи «Номаҳо...» зикр шуда истодааст. Ва, ин садои қалби хуншори ин мардуми азияткашида аст, ки намедоннад бо ин ҳукумати зидихалқӣ ва як тудаи авбошу дузду ғоратгар чи гуна муносибат кунанд.

Дар ҳақиқат дар ин чанд соли ахир, ҳукумат аз марказ ва махсусан дар навоҳӣ тавре идора мешавад, ки онро наметавон ҳукумат гуфт. Аммо, солбасол авзоъ бадтар ру ба харобӣ оварда истодааст.

  Мо дар барномаҳо ба таври мукаррар гуфта истодаему боз ҳам такрор мекунем, ки роҳи наҷоти мо дар дасти худи мост. Бояд худамон дастбакор бишавем. Ҳоло биравему бубинем, ки ин бор мардум боз чиҳо навиштаанд:

                                                 Ховалинг

  Ассалому алейкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу акаи Муҳаммадиқбол. 

 Нома аз ноҳияи Ховалинг, ҷамоати Лоҳутӣ, деҳаи Хонақои поин. Ман намедонам, ки аз кадом ҷиноятҳояшон оғоз кунам. Девонаамон кардаанд. Ҳамаи замину чарогоҳҳои подачарро фурухтанд. Подачарро ба як бой аз деҳаи Шугнов. Воҳидов фамилияаш доданд. Ҳамаи заминҳоро сумдорҳо гирифтанд. На замини гандум дорем, на замини подачар. Гирду атрофи заминҳоро маҳкам карданд. Он бой 200 гектар замин дорад вале мо кабағалҳо, даҳ нафарамонро ҷамъ кунӣ 1 гек надорем: «ира мо чхе бфаҳмем, дар киҷо арз кнем, дга намедонм». 

 Дар мактаб як даҳмарда директор аст. Соф уборшистаҳоро муаллима кардааст.

Хонандаҳо чи ёд бигиранд? Муаллимҳо партофтанду рафтанд Русия.

  Мо синфи 7 будем. Бояд мактаб месохтанд. Ҳоло ман дар курси 3-и донишгоҳам. Ҳануз ҳам насохтаанд. Хонандаҳо дар як синфҳои куҳна мехонанд, ки дар ҳолати аварийниянд.   Тамоман хатарнок ва садамавӣ  аст. Агар дар бораи китоби дарсӣ бигӯӣ як китоби 10 соли пешро мефурушанд.

Бародари Рамазон Раҳимзодаи вазири дохилӣ 100 гектар замин дорад. Номаш Зафар аст. Дар поёни заминаш як кули об воқеъ буд ба Соҳибовҳо фурӯхташ.

  дига ҳама пуштаву адирҳоро «охрана» гирифтааст, даромаданӣ нмемонад. Он кулро ҳавзи моҳӣ кардаанд ва ин Зафар ҳамаи дарахтони чормағзро решакан карда ва ба мардум фурӯхт.

Боз як аблаҳи дигараш Олим ном дорад дар гумрук кор мекунад. Ҳамаи дараҳоро забт ва маҳкам кардааст. Дар он дара як ҷое аст бо номи Хунукчашма. 3-4 котеҷ бо хишти пухта сохтааст. Аз 400 гектар замин зиёд дорад. Ҳамаро мурғ кардагианд. Ҳеҷ кас гап зада наметавонадашон. Боз шарм нокарда таъриф мекунанд Тоҷикистон биҳишти рӯй замин аст, адолат аст ва ҳама тенҷ аст. Охир куҷо тенҷ аст? Ҳамин ки дар болои сармон бомба намеборад вале хешутабори ин вазиру ҷазирҳо соф ҳамаро забт карда гирифтагиянд.    

                                    Ваҳдат

  Салом устод Муҳаммадиқбол! Шумо дар ҳақиқат устодед, устоди бедориву озодии миллати тарсзада ва заҷрдида. Ман дар яке аз ҷамоатҳои шаҳри Ваҳдат кор мекунам.

Дар бораи раисони идораи ҷамоати гулистони шаҳри Вахдат гуфтаниҳо дорам.  

Талабаи мактаб будам,13-14сол пеш. Мо як гурӯҳ духтароне, ки ҳусни хати зебо доштем ба идораи ҷамоъат мебурданд, пеш аз интихоби ин беимони лаънатӣ.

Ва китобҳои ҳамаи хоҷагиҳоро ба мо медоданд ва мегуфтанд, ки варақаи интихоботӣ нависед. Ҳамон вақтҳо дар синфи 10ум мехондам ва ҳайрон мешудам.   Он рузҳое, ки аз номи дигар одамҳо варақа пур мекардем, ман аз ҳамон зане, ки дар идора кор мекард пурсидам барои чи мо аз тани дигарон варақа пур мекунем, охир ин аз руи қонун нест, ку. Он кас ба ман гуфтанд, ки шумо ин хел чизҳоро намедонед. Акнун ҳоло бо худам андеша мекунам ва фаҳмидам, ки ин бадбахтҳо овозҳое, ки ба дигарон додаандро гирифта партофта дар ҷояш ана ҳамон варақчаҳои мо пур карда бударо мегузоштаанд. Боз ҳам ба кӣ гуед? Ба ҳамон бе имони Эмомтаппак. Пас куҷост ҳақиқат? Пас куҷо аст интихоботи озоду шаффофу демократие ҷор мезананд?

 Боз як чизи дигарро гуям. Дар ҷамоати Гулистони Ваҳдат помош, яъне ёрдам хурокӣ мефиристанд барои камбизоатҳо. Аммо кормандони қисми болоӣ- ҳисобчиҳо, раисҳо ва дигарон байни худ тақсим мекунанд. Агар ҳамин корҳои ҳароми худро бас накунанд, ин дафъа номҳои ҳамаашонро ифшо мекунам. Ғайр аз помош, яъне ёрдаме, ки меояду обу лой мекунанд, боз заминҳое, ки бояд ба оилаҳои ниёзманд ё омузгорон дода шавад байни худ тақсим мекунанд. Агар ба наздашон равиву гуӣ, ки охир ниёзмандем мегуянд, ки 700-800то1000$меорӣ, баъд  даводав карда пас аз 5-10сол замин мегирӣ, ки дар асл ин заминҳо бояд бе пул дода шаванд.

   Дар Ваҳдат аз руи ана ҳамин фиреби заминфурушӣ як зане, ки як духтарча дошт, номаш Гулшода буд Аллоҳ раҳматаш кунад, ба зиндон афтид ва ба фармони кумитаи замини Ваҳдат аз зулму асорати зиёде ҷон ба ҳақ супорид. Он зан ҷавон буд, 35-38 сола. Ба доми фиреби маккорҳо зад, аз одамҳо пул гирифт, ки дар райони Ваҳдат замин медиҳем. Бовар кунед аҳволи модараш хуб нест, чунки дар оила як духтар буд.

  Ва боз гуфтаниям, ки аз идора маҷбур мекунанд зердастонашонро, ки ба хонаи раиси маҳалла рафта аз хонахое, ки худашон заҳмат кашида чоҳкандаанду об баровардаанд, обе, ки аз зери замин мебарояд 10-20сомонӣ ҷамъ кунед. Дар ҳолате, ки онҳо худашон бо пули худашон об баровардаанд, насос мондагиҳояшон пули барқро месупоранд. Бечора мардум пул надорад. Ин бешарму ҳаёӣ ва ин рэкетёрӣ аст. Бовар кунед хело зиёд медонам. Аммо вақтам шавад инша Аллаҳ ягон рузи дигар менависам. Бигузор ҳаромхуриро бас кунанд. Набошад ҳамаашонро ин дафъа ном ба ном мегуям, аз бухгалтерияаш то раисаш.

  Бародар ҳамин навиштаҳоямро дар «Номаҳо аз ноҳияҳо» ифшо кунед. 

                                               Конибодом

Ассалому алейкум ҷаноби Муҳаммадиқбол! Ман аз Конибодом. Бигзоред, ки номам махфӣ бимонад. Дар бораи Эркин Ҷалилов, рутбаи хидматиаш капитан мебошад, гуфтаниам. Дар  УУР-бахши кофтукоби ҷиноӣ кор мекунад. Ҳоло бошад дар Хистеварз аст. Вай як авбош аз Қарчқум мебошад. Вай як коргарашро таҷовуз кард. Духтарро беиффат намуд, нодухтар кард. Он духтар аз Эркин бачадор шуд. Ба духтар зӯрӣ карда гуфт, ки баччатро аборт-сиқт кун. Чи қадр пул хоҳӣ медиҳам, аммо ин сир байни ҳардуямон монад, касе дарак наёбад. Духтари бечора ба гапҳои ин касиф бовар карду розӣ шуд. Ин духтар номаш Шарифа аст. Падари ин духтар дар дасти Эркин ба сифати обчӣ кор мекард. Ҳатто ба падари он духтар дағалона рафтор мекард. Он мард чени падараш буд. Вале фақат азобаш медод: «хез Қодир корро тамом кун, нашин Қодир» гуфта намегузошт ором гирад. Он бечораҳо одамони бекас буданд, аз ин сабаб бисёр дашном мекард. Бовар кунед, ки ин оилаи Полковник Эмин Ҷалилов заррае ахлоқу интизом надорад. Онҳо аз охури баланд ем хурда одат кардагианд. Шумо ҳам чанд бор дар борааш навиштед, ки ҳамааш 100% дуруст буд.

 Аммо онҳо баъди обед ой шудагӣ, барои ҳамин чашмонашон гурусна.

                                    Волгоград

Ассалому алейкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳ бародар Муҳаммадиқбол!

Ин номаро такроран бароятон баъди муддатҳо замон ирсол мекунам.

Ман як инсони оддӣ ҳастам. Алҳамдулиллоҳ 5 вақт намозамро тарк намекунам.

  Як ходисаро ба шумо нақл мекунам, умедворам, ки ин маротиба шумо дастгирӣ ва чоп мекунед. Вақте ин номаро фиристода будам, ки ҳоло барномаи «Номаҳо аз ноҳияҳо»-ро роҳандозӣ накарда будед. Аллоҳ аз шумо розӣ бошад.

Зарина Раҳимзода Абдухолиқ, ҳоло раиси суди ноҳияи Спитамен аст. Соли гузашта дар моҳи август ба ин мақом таъйин шуд. Пештар судя ва муовини раиси суди Бобоҷон Ғафуров буд. Зарина хоҳари генерал Абдураҳим Раҳимзода Абдухолиқ, муовини Прокурори генералии Тоҷикистон аст. Бародари дигари Зарина Абдусаттор Раҳимзода Абдухолиқ дар ОБНОН-и вилояти Суғд кор мекард. Ҳоло намедонам дар куҷо асту чи кора мебошад.

Ин зан Раҳимзода Зарина Абдухолиқ оилаи бародарамро ва оилаи хоҳарамро вайрон кард. 3 фарзанди хоҳарам бе модар шуду 3 фарзанди бародарам бе падар   Бо кадом сабаб бо шавҳари хохарам тули солҳои дароз хуфтухоб карда мегаштааст. Хоҳарам мефаҳмад, баъд ҷангҷол мешавад. Шавҳараш лату куб мекунад. Шавҳари хоҳарчаам дар суди ҳарбӣ ба ҳайси иҷрочӣ кор мекард, баъд суд шуд. Аммо шавҳари хоҳарамро Зарина Раҳимзода намонд, ки ҳукм гирад, одамҳояшро подключат кард, маҳкам накарданд. Вақте ман гап задам, ки аз сабаби онки Зарина бо почоям алоқаи ҷинсӣ дорад, ӯро маҳкум намекунед, маро ба 6 отдел бурда маҳкам карданд. Ба як азоб аз онҷо бо пули бисёр халос шудам. баъд фаҳмам, ки Зарина Раҳимзода бо сардори 6 отдели вилояти Суғд Раҳимзода Шуҳрат алоқаи ҷинсӣ доштааст. Ин Раҳимзода Шуҳрат ҷияни Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохила ва қудоандаи Ҷаноб будаасту агар боз як бор дар ягон ҷо гап занам маро бо авлодам нест мекардааст. Ман тарсида ба Русия  рафтам.То ҳол хонаам нарафтаам. Ҳоло ин зани фоҳиша раиси суди ноҳия Спитамен шудааст. Адолат дар куҷо? Ин зан худаш бадахлоқ, чи хел тақдири як касро ҳал мекунад. Вақте дар суди Ғафуров кор мекард бо раиси суди инҷо ҳам   алоқаи ҷинсӣ доштааст, делоҳои равғанинро ба Раҳимзода Зарина медодаанд. Ҳам акааш медонад, ҳам шавҳараш медонад, ки бо Раҳимзода Шуҳрат алоқаи ҷинсӣ дорад. Аз хонааш,аз пеши шавҳараш гирифта мерафтааст. Корҳои акаашро ҳамин Зарина Раҳимзода ҳал мекардаст. Ин инсонҳо мусалмон ҳастанд? Ман умедворам, ки шумо дастгирӣ мекунед ва бо дастгирии шумо ин инсонҳо аз вазифа мераванду ман ба пеши фарзандонамм бармегардам. Дар мавриди генерал Абдураҳим Раҳимзода Абдухолиқ бароятон хело маълумот ҳам фиристодам. ( бале мо барои ин генерал муфассал ҷамъоварӣ дорему ҳатман пас аз такмил нашраш мекунем.Ислоҳ)

                                                 Шаҳритус

    Салом бародар Муҳаммадиқбол. Мехоҳам бароятон бинвисам. Аммо намедонам аз куҷояш сар кунам. Дар Шаҳритус  аз дасти ин хусурбачаҳои пешови миллат дигар мусулмонӣ намондааст. Яке аз онҳо ба ном ҳоҷӣ Раҳматуллои зинокори қавми Лут аст. Ин одам аниқ аз қавми Лут ҳаст. Мардуми Шаҳритусро ранги худашон карданиянд. Инҳо дар ноҳияи мо дуто дискотека доранд. Якумашро Встреча мегуянд, дуюмаш Марҳабо. Дар инҷоҳо аз соати 21 то 4-и субҳ мусиқӣ бо овози баланд. Наркотика дилхоҳ навъаш руирост фурухта мешавад. Ҳамаро наркоман карданд. Зинокорӣ ошкоро. Духтарҳои ноболиғро аз тиреза медароранд. То саҳар ин ҳароми ҳоҷӣ Раҳматулло ду ё се духтари ба сину соли набераашро гирифта луч карда массаж ва зино мекунад. Мо аз дасти ин хусурбачаҳои пешоби миллат безор шудаем. 

Дар дискотекаҳои инҳо отдел метарсад дарояд, амният метарсад дарояд

Боз ин Муҳиби «номард бошаму зинда бошамаш» дар Шаҳритус 6 бозор вуҷуд дошт, ки ҳамаашро дардода аз дасти соҳибкорҳо гирифт. Бениҳоят хуни мардумро хурда истодааст. Бозори марказии ноҳияро алов зад. Боз ҷоҳояшон дар бозорро ба мардум 50 ҳазор сомонӣ фурухт.

  Чанд рафиқонам аз банкҳо пул қарз карда тиҷорат ба роҳ андохта буданд. Ҳозир бошад аз дасти ин лаънатӣ банкрот шуда дар Русия қарзканӣ доранд. Бовар кунед, мардум аз тарс чунон буз шудаанд, ки ҳатто гап зада намешавад.

 Моро фақат аз солҳои 92 метарсонанд. Аммо аз солҳои ҷанги шаҳрвандӣ дида мо дар муҳоҷират азоб мекашем.

Ман аз ноҳияи Шаҳритус, дар қишлоқи ба номи А.Муродов. Хонаи бобоям дар онҷо. Зиёд меравам. Дар он қишлоқ як одам ҳаст бо номи Қувватбег. Ин одам ба дараҷае буз аст, ки лозим шавад ҳатто зани худашро мефурушад. Мардуми ин қишлоқро аз Рустам, шашум отдел ва амният метарсонад. Чизеро бинад ба мақомот мефурушад. Ва кораш бо ҳаминҳо ва кумитаи замину заминфурушӣ. Бо нархҳои чил то панҷоҳ ҳазор сомонӣ мефурушад. Мардуми ин қишлоқ аз дасти Қувватбеги бузича безор шудаанд. Чанд бор хостам лату порааш кунам, аммо тағоиям намонд.

  Бовар кун, бародар дар ноҳия ягон кас имомиро ба кала намегирад. Муллоҳоро дар ҳар кору масъала грузит карда истодаанд. Грузит карда истодаанд, ки имомиро қабул кунанд, ки қабул накунед тюрмаатон мекунем. Аммо касе ҳозир нашуда истодааст. Мулло аслан ҳеҷ қадре надорад ва инро медонанд касе худашро пасттар кардани нест.

Мардуми мо ҳолу рузи сагро доранд.

                                     Русия

  Ассалому алайкум, муҳтарам Муҳаммадиқболи Садриддин! Ман як муҳоҷирам, ки аз соли 2004 дар муҳоҷират ҳастам. Ман наворҳои шуморо пайдарпай тамошо мекунам. Ман, худованд ва халқи Тоҷикистон дида истодаем, ки шумо ҳақ мегуед. Ба шумо ва бар падари шумо ташаккури зиёд. Хуб, чи гуфтаниам?

  Ҳангоме дар мактаби миёна таҳсил мекардам, мо ҳамсинфонро ба комиссариати ҳарбии шаҳр бурданд, ташхис карданд. Онҷо маро сардухтур носолим гуфт ва носолим баровард.

 Чанд сол гузашт.

   Соли 2004 бо як ошнои бародарам ба Русия омадам ба ҷустуҷуи бародари калониам. Он вақт ман талабаи мактаб будам.

Омадам Черкизбозор ва бародарамро ёфтам. Ва бо ҳамроҳи бародарам Екатеринбург рафтем. Дар онҷо ёфтани кор мушкил буд, бародарам баргашту рафт Маскав. Ман дар онҷо мондам. Баъди чанд моҳ бо як духтари руси ин шаҳр шинос шудам. Бо вай издивоҷ кардам. Он вақт телефон душвор буд, дар деҳа набуд.

 Ман бо ин духтари рус 3 сол мондам. На телефон, на документ. Баъдан бародарони муҳоҷир ба ман кор доданд. Ва ман пул кор кардам. Дар он шаҳр як зан буд бо номи Сабоҳат аз шаҳри Хуҷанд. Бо тариқи автобус маро ба ватан овард. Ба хона омадам. Аммо мутаассифона қиблагоҳам гузашта шуда буд, дида натавонистам. Худованд руҳашро шод гардонад.

Ман ба Ёвон хонаи холаам меҳмонӣ рафтам. Дар он деҳа бо зане вохурдам ва ҳамсуҳбат шудам. Он зан историяашро ба ман нақл кард. Ман он лаҳза дилам ба он зан сухт. Ман гуфтам, ки дар инҷо як меҳмон ҳастам. Ман зангирӣ наомадаам инҷо. Ҳоло, ки ман бачаи ҷавонам маро модарам орзу дорад, ки туй кунад ва ба ман зани духтар диҳад. Он зан хеле сахт гирист. Ман дигар худро дошта натавонистам. Ва бо худ хулоса баровардам, ки аз осмон санг ҳам биборад, ман бо ту издивоҷ мекунам. Он зан аз ман як сол хурд буд. Аммо модар надошт. Падараш дар он замон бо дигар зан зиндагӣ мекард. Ман баъд аз чанд вақт уро пурсидам, ки ту соҳиб дорӣ, ки маслиҳат кунем. Гуфт, бале. Бобо, хола ва тағо дорам. Ман уро гирифта ба назди бобояш бурдам. Аз бобояш дуо гирифтем. Ва пеш аз никоҳ уро фаҳмонидам, ки хонаи мо ҳама намозхонанд, ту ҳам бояд намоз хонӣ. Вай гуфт, ки аз намоз чизеро намедонад. Ман уро намоз омузонидам. Ӯ намозхон шуд. Ӯро гуфтам, ки ман хона меравам ва ба модарам мегуям, ки ман зан гирифтам.

 Модарам ба ман гуфт, ки чаро ман хабар надорам, чаро розигӣ нагирифтӣ? Ман гуфтам, ки дилам ба ин зан сухт. Хоҳед ҳам ҳамин, нахоҳед ҳам ҳамин. Модар дуо дод. Ман занамро ба хона бурдам. Ва мо 2 сол зиндагӣ кардем. Баъд аз ду сол ҳомила шуд. Ман дар муҳоҷират будам. Рафтам ба ватан. Дар оила ҳар хел гапҳо буд аз тарафи модарам. Модарам гуфт, ки занатро бо телефон бо як марди дигар қапидем. Ӯ бо касе шабҳои дароз сухан мегуяд. Ман аз оилаам пурсон шудам. Ӯ гуфт, ки не мардакҷон. Ин гапҳо дуруғанд, ман туро дуст медорам. Ва ман бовар кардам. Хулоса дар он замон писарам 8 моҳа дар шиками модараш буд.

 Он вақт вақти «облава» буд. Соли 2013. Маро саҳари барвақт омада аз ҳоҷатхона дастгир карда, қапида бо зӯрӣ ба замин хобонида оилаамро тела доданд. Ӯ бо шикам афтод ва угрожаюший қапид. Ӯро беморхона бурданду маро комиссариати шаҳри Душанбе.

 Ман гуфтам, ки маро нигоден кардед. Боз ба зӯрӣ мебаред? Оилаамро ба он ҳол расонидед. Он военком гуфт, ки мурда мурда меравӣ, фалониача. Мо ба комиссариати Душанбе омадем. Врачи рус маро дар тарозу баровард, килои ман нарасид ва дилам касал баромад. Он врачи рус гуфт ,ки «его надо лечит,у него не хватает рост, да и сердца болен.»

  Аммо маро ба шаҳри Бохтар ба части 05989 равон карданд. Ман чунон зиқ будам, ки барои оилаам ва писарам. Ва ман баъди 25 рузи хидмат фирор кардем бо ҳамроҳии 2 ҳамхидматам. Ман билет харидам ва ба Маскав парвоз намудам ва бо худ қарор кардам, ки агар қонун ҳамин тавр бошад, ман ҳам ҳамин хел рафтор мекунам. Маро розиски ҷумҳуриявӣ доданд ва писарам таваллуд шуд. Маро хабар доданд ва ман аз ҳаяҷон розискро ҳам нигоҳ накардам ва ба ватан ба шаҳри Қурғонтеппа парвоз кардам, бо справкаи возврашение на родина. Билет гирифтам ба номи як дустам. У ранги ман буд. Суратамро заданду печат карданд. Рафтам. Хулоса озод баромада рафтам ба Душанбе.Занг задам оилаам омад бо писарам ба хонаи холаам. Баъд аз ду руз ҷустуҷуи маро сар карданд ва ман ин тараф он тараф фирор мекардам.

 Охир безор шудам. Дар назди модарам гиристам, ки ман чи кор кунам. Ҳар куҷое равам маро ҷустуҷу мекунанд. Модарам гиристу гуфт, ки ман қарз мекунаму туро озод мекунам. Модарам қарз карду маро через Куктош бо 4000 доллар халос намуд. Муддати 2 моҳ тул кашид.

Ин марди қарздода бисёр омаду рафт, ҷангу ҷангҷол бардошт. Модарам гиристу гуфт, ман меравам, гадоӣ мекунам, то қарзро канам. Хулоса, модар ба ҳамин кор машғул шуд ва оилаамро гуфт, ту ҳам барову маро ёрӣ кун. Оилаам аз ман иҷозат пурсид. Ман гуфтам, ки фақат бо роҳи рост. Вай хуб гуфт.

Чанд сол гузашт. Ман ҳар боре Русия меомадам, на он қадар пул кор мекардам, қарзи билет, хона,зиндагӣ сахт буд. Онҳо се сол давом доданд ин корро. Ман гуфтам, бас, айб аст ,қарзро канданд. Онҳо гуфтанд, ки хона мекунем, сум лозим. Хулоса, ман розӣ шудам. 11 сол бо ин зан зистем. Соҳиби 2 фарзанд шудем. Ва баъд модарам мегуяд, ки занат дер меояд аз кор,  чи коре мекунад,ҳамин зани ту. Аммо ман ба гапҳои модарам аҳамият надодам. Депорти ман ҳуй шуд. Ман раҳсипор ба муҳоҷират шудам. Омадам баъд аз  чор рӯз модарам мегуяд, ки занатро бо марди дигар қапидам, бачаам сар деҳ.

      Касофатӣ меорад. Ман пурсидам, ки шумо аниқ қапидед. Модар гуфт,ки бале. Ман модари ту, моаратро бовар надорӣ? Шоҳид ҳам ҳаст.

Ман як моҳ фақат фикр кардам,  ҳеҷ дуруст нагирифт.Ва оилаам маро занг заду гуфт сум роҳӣ кун, ман либоси мактабии бачаатро харам. Ман равон кардам. Пагоҳ телефон карду гуфт,ки пул роҳӣ кун ман кудакҳоро парк барам. Ман гуфтам, ки 15000 равон кардам барои як кудак нарсаид, ки бариаш парк? Ман дигар надорам сум. ба квартираву патент додам, диар надорам. Вай ҷангҷолро бардошт. Ман худамро дошта натавонистам ва талоқашро додам бо голосовой. Вай ин голосовойро ба «Оила.тҷ» мебарад мемонад ва ба тамоми мардум мегуяд, ки барои 3000 рубли русӣ ҷавобамро дод.

 Наход, ки ман 11 сол ҷон канаму зан гуяму фарзанд гуяму барои 3000 рубли русӣ талоқ диҳам?

Устод ман чи кор кунам? Виҷдонам маро азоб медиҳад. Фарзандонамро писар ва духтарро оварда дар хона партофта рафтааст. Модарам нигоҳубин мекунад. Ман мехоҳам як маслиҳате диҳед.    Қонунҳои Тоҷикистон ва чи гуна татбиқи он ба шумо маълум. Ягон камбағалро касе дар руяш нигоҳ намекунад

Ман ҳоло дар яке аз шаҳрҳои Русия қарор дорам. Ман ҳамаи моҷарори зиндагиамро нанавистам. Гап бисёр. Бо ҳаминаш иктифо кардам. Амо дар чорроҳаи зиндагӣ роҳгумам. Худо ба ҳама муборизон пирузӣ ва нусрат ато фармояд.

                                                  Масчо

   Салом бародар Муҳаммадиқбол.

 Як пешниҳод дорам. Дар бораи заводи тиллои Зарнисори Масчо ва дигар конҳои маъданҳои қимматбаҳо тадқикот бибаред. Маводи истеҳсолшуда дар куҷо захира мешавад. Ақалан ҳамин конҳо метавонанд, ки Тоҷикистонро дар як муддати муайян вале кутоҳ аз қарзҳои хориҷӣ озод кунанд.

  Аз Масчо бароятон менависам. Сокини ҳамин ноҳияам. Ба хотири нигоҳ доштани амнияти фарзандонам ва волидайнам номамро намегуям.

 Ман оиди як масъала ба шумо мехоҳам муроҷиат кунам. Соли 2017 дар яке аз деҳаҳои зебоманзари Масчои куҳӣ, деҳаи Истошон сохтмони як варзишгоҳи калонтарин дар ҳудуди ноҳия оғоз шуд. Онро мардум бо пули худашон ва ҳашар сохтанд. Аммо  корҳои сохтмонӣ то имрӯз нотамом мондааст. Барои итмоми сохтмон чандин маротиба муроҷиат карданд ба мақомотҳои дахлдор оиди ҳамин масъала. Зиёда аз 10 маротиба ариза пешниҳод карда шудааст аммо аҳамият  дода намешавад.

   Президент ҷоғ аз ободиҳо мезанад, аммо суханаш ба кормандони дахлдори ҳукумати ноҳия ба фикрам намегузарад. Охир мо ҳама вақт дар фикри ободии ватани азизамон ҳастем ва мехоҳем ҳама оилаи солим дошта бошанд.

  Дар сурати обод кардан ва ба истифода додани ин варзишгоҳ ҳам ҷои корӣ пайдо мешавад, ҳам ҷомеаи солим устувортар мегардад. Ин варзишгоҳро дар назди мактаби миёнаи рақами 25 -и деҳа сохтаанд, то мактаб ҳам аз он истифода барад. Ногуфта намонад, ки лоиҳа ва ҳуҷҷатгузориаш қонунист ва роҳи ҳалли масъаларо танҳо тавассути барномаи шумо «Номаҳо аз ноҳияҳо» мебинем. Шояд бинанду ислоҳ шаванд.

  Мақсади дар аввали нома зикр кардани кони тиллои Зарнисори Масчо ин аст ки ҳадди ақал аз ҳамон кони ба ин мардум тааллуқдошта каме маблағ барои сохти ин варзишгоҳ ҷудо кунанд, варзишгоҳ обод мешавад. Ин фикрро ба инобат бояд гиранд.

  Дар бораи онки конҳои ангишти куҳистони Масчоро омада ранги дузд ғорат карда истодаанд, дар навиштаҳои баъдӣ менависам…

Share This Article