«Ин чи хелӣ ҳукуматдорӣ шудааст, ки барои як лайк мардумро маҳбус мекунанду 30 миллионро медуздад, касе гап намезанад?»
Бале, ин савол дар сари нуги забони ҳазоронҳазор аз сокинони Тоҷикистон аст ки ба ин амалу рафтори ҳукумати Раҳмонов дар тааҷҷубу дар ҳайратанд. Як нафар аз донишомӯзи курси дуввуми Донишгоҳи Бохтар ҳануз дар солҳое, ки синфи 9 мехондааст, зери парчаме, ки «Ло илаҳа иллалоҳ» навишта шудааст, тугмаи писнадро пахш намудааст. Вайро баъди чор сол, замоне, ки донишҷӯ мешавад, дастгир ва барои панҷ сол равонаи зиндон мекунанд, ки зери парчами ДОИШ «лайк» мондааст. Аммо он ҷавон аз мурданаш дарак дораду аз онки ин парчам ба ДОИШ марбут аст бехабар аст. Вай танҳо барои ҳамин калимаи муқаддаси барои тамоми мусалмонони дунё азиз «Ло илоҳа иллаллоҳ» тугмаи писандро пахш кардаасту халос. Намедонад ДОИШ яъне кӣ? Агар медонист ҳаргиз лайк намегузошт.
Вале дар қонунҳои ҳукумати Раҳмонов ҳар мансабдоре, ки як, ду се, сад миллионро дуздида бошад ва вақти бозхост битавонад «зарари расидаро барқарор» кунад вай аз ҷавобгарӣ озод карда мешавад. Дар ҳоле, ки ин огоҳона, амдан дуздӣ кардааст, зиён расонидааст, аммо он бечора ноогоҳона, шоядам ғайриихтиёр «лайк» мондааст ва акнун панҷ -8-10 то 12 сол пушти зиндон меравад.
Барои ҳамин аст ки мардум дар тааҷҷуб мезанад, ки «ин чи ҳукуматдорӣ аст»?
Кулоб
Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқбол. Ман дер-дер менависам. Ҳамон корманди собиқадори …. ҳастам. Дирӯз бо як сардори гуруҳи молия нишаста будем. Хеле дар бораи дуздиҳои ҳукумат нақл кард, ки дар таърихи 31.12. 23 компютери кабинетро кушодаму дидам штрафҳои ҳамаи мақомот: танзим, ГАИ , суд ва ғайраҳо бо рақами 77 мегузарад. Ними бегоҳ буд, ки солонааш чанд сум шуда бошад дидам. 2 млрд сомонӣ буд. Рӯзи 01.01.24 боз коди 77 -ро дидам 00 сомонӣ шудааст. Дар як шаб 2 млрд сомониро дуздидаанд бадбахтҳои боло.
Дар фурудгоҳи Кулоб дар соли 2023 аз Идораи коррупсияи ҷумҳурӣ тафтиш омаданд. Камбудиҳои фурудгоҳро ёфтанду ошкор намуданд: 30 миллион сомонӣ.
Аммо он бечораи маъмури коррупсия аз вазифааш сабукдуш карда шуд, ки ту чаро ин камбудихоро баровардӣ. Аммо дар асл бошад муовини директори генералӣ ҳамаи ин сумҳоро дуздӣ карда хонаҳои 3 этажа дар Душанбе харида ҳоло бошад наркотик зада кайфу сафо дорад. Номаш Самандар Қармишов. Ҳамаи мақомоти болоӣ ва тафтишотӣ хуб медонанд. Лекин ягон кас чиз намегуядаш. Намедонам ба инҳо ришва додааст ё ки аз номи Зоири домоди президент храп зада гаштаст. Ин Самандар як одами инвалид аст. Миёнаш дигар су мераваду пояш дигар су. Аммо ин чи хелӣ ҳукумат аст ки ҳамин гуна инвалидҳоро дар вазифаҳои баланд мемонад. Дар ҳама ҷо ки бишинад мегуяд, ки « ма додари Зоирам». Лекин дар асл Зоир намешиносадаш, храп зада гаштааст. Дирӯз бошад прокуратураи шаҳри Кулоб як коргари комиссариати ҳарбиро бо номи Лутфулло бо 3000 сомонӣ қапиданд. Як ҳафта маҳкам буд. Боз омада дар комиссариати ҳарбӣ кор карда истодааст.
Офарини мардуми тоҷик ба ҳукуматдории Эмомалӣ Раҳмонов. Ин чи хелӣ ҳукуматдорӣ шудааст, ки барои як лайк мардумро маҳбус мекунанду 30 миллионро медуздад, касе гап намезанад?
Турсунзода
Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқболи Садриддин. Худованд шуморо дар паноҳи исматаш нигаҳ дорад ва аз шумо розӣ бошад. Аз ноҳияи як замон пешрафта ва бою сарватманди Турсунзода-Регари собиқ бароятон менависам. Ноҳияи мо ҳоло пур аз камбудиҳо шудааст. Дар ҳоле, ки солҳои пеш Турсунзода аз пешрафтатарин ва пешқадамтарин ноҳияи ватани азизамон ба ҳисоб мерафт.Танҳо як заводи алюминийуми он ба иқтисоду бюҷети кишвар садҳо миллион доллар даромад меовард ва ин корхонаи калони саноатӣ дар баробари пахта манбаъи асосии пур кардани хазинаи давлат бо арзи хориҷӣ буд. Дар ин корхона дар се смена 13 ҳазор нафар кор мекард. Ҳатто дар давраҳои ҷанги дохилӣ ин корхона аз кор намонда буд. Аммо акнун чанд сол мешавад, ки даҳяки истеҳсоли солҳои пешинааш кор намекунад ва ин корхонаи бузурги саноатии дар сатҳи ҷаҳониро ин тудаи ношоистаҳову нобоистаҳову корношоямҳо муфлису варшикаста карданд. Вақте инҳо натавонистанд, ки корхонаи солиму ободро идора кунанд, аз инҳо чиро метавон умедвор шуд?
Ноҳияи Турсунзода дар ҳама соҳаҳо пурфайзу пурбаракат буд. Турсунзода, ки дар таркиби водии зарнисори Ҳисор шомил мебошад, меваву сабзиҷоти беҳтаринро парвариш карда ҳам худ ва ҳам пойтахти мамлакатро таъмин мекард ва боз ба берун аз ватан маҳсулоти он содирот мешуд. Заводи зарфҳои шишагиву чинии он ҳам эҳтиёҷоти дохилиро таъмин мекард.
Аз лиҳози иқтисоду фарҳангу иҷтимоиёт дар беҳтарин ҳолат қарор дошт. Айни ҳол бошад ҳама чиз ба қафо рафтааст. На фарҳанг, на иқтисодиёт ва на соҳаи хоҷагидориву кишоварзӣ. Аз боғчаи бачагона сар карда то ҳукумати ноҳия бо ҳазору як камбуду мушкил дучор шудааст.
Хулосаи гуфтаи ман ҳамин аст ки инҳо, ки беш аз 30 сол аст ҳукумат меронанд, ҳама чизи ободро харобу вайрон карданд. Корхонаи алюмминий на фақат аз истеҳсолу тавлид монд, имрузҳо ба садҳо миллион сомонӣ ҳам аз бюҷету ҳам аз неруи барқу ҳам аз ҳисоби маоши кормандон ва ҳам аз ҳисоби андоз қарздор мебошад.
Ҳамин вазъу ҳолати ноҳияи мо баёнгар ва нишонаи фаъолияти воқеиии ҳукумати Тоҷикистон ва шахсан Эмомалӣ Раҳмонов аст.
Тоҷикистонро Раҳмонов ба ҳамин ҳолати ноҳияи мо овардааст. Тамоми кишвар айнан мисли Турсунзода аст.
Хеле афсус, ки дар саргаҳи даврони истиқлол ҳамин як гуруҳи дузду одамкушу ноҳшоиста зимоми қудратро ба даст гирифт ва ватани ободи моро ба вайрона табдил кард. Сад афсус….
Бохтар
Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқбол! Мо барномаи шуморо зери сарлавҳаи «Заминфурушии Прокурор,Раиси Суд ва Раиси нохияи Файзобод» тамошо кардем ва мехоҳам оиди «қаҳрамон»-и ин барнома Мирализода Хусрав Амиршо (номи пешинааш Миралиев Хусрав Амиршоевич)дар ҳақиқат аз ноҳияи Данғара мебошад. Писари хурдии Амиршо Миралиев бо лақаби «қунғузи сиёҳ» машҳур буд, ки чанд вақт пеш дар Туркия дар беморхона мурд. Дар бораи падари ин прокурор, яъне Амиршо Миралиев барномаҳои Шуморо ҳама дида буданд, ки чи хел дар вақти раиси вилояти Хатлон буданаш грантҳои аз тарафи Аврупо ҷудошударо ба маблағи 8.22 000 00 долларро бо ҳамроҳии шахсан Президент Раҳмонов Э.Ш азхуд карда баъдан боз дар вақти раиси Дастгоҳи иҷроияи Президент буданаш Амиршо Миралиев (қунғузи сиёҳ) ин маблағҳои ба соҳаи кишоварзиро списать карданду бо қарори ҳукумати Тоҷикистон бо имзои Президент пурра аз худ карда буданд!
Акнун дар бораи писарони Амиршо Миралиев (Қунгузи сиёҳ) гуфтанием. Як писари дигараш Шуҳрат Миралиев ном дошт. Соли 2001 шаб дар сари рули мошини Мерседес ML-ҷипи рангаш темно -синый аз тарафи вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон ба тарафи УВД-и Душанбе автомашинаашро (сахт маст буд) сахт ронда ба таги бетони танка мезанаду ҷодарҷо мемурад.
Шоҳидони ин воқеа мегуянд аз сабаби сахт маст буданаш ба ҷойи он, ки тарафи рост мошинро ронад ва ба нишебии тарафи роҳи Текстил нишеб шавад Шуҳрат рост ба таги бетони танка бо тамоми қувваташ зада дар ҷояш мурда буд!
Инчунин пеш аз у амаки у яъне бародари Амиршо Миралиев соли 1999 сол дар Раёсати гумруки вилояти Хатлон кор мекард, ҳамеша маст мегашту у ҳам аз Данғара буд, шабе ба ҳангоми аз тарафи роҳи Қурғонтеппа ба тарафи Калининобод ҳаракат кардан дар ҳолати сахт мастӣ ба симчуби оҳанию бетонии лаби роҳ бархурда корманди гумруки вилояти Хатлон Миралиев Фурқат бо автомашинаи тамғаи ВАЗ-2107 пачка, рангаш сафеди сиёҳшиша бархурда дар роҳ ба беморхонаи Қараболои Қурғонтеппа ҷон дода буд. Шоҳидони воқеъа нақл мекунанд, ки дар қафои багажи мошинаш ду ящики дигар арақ будааст, ки дар вақти бархурди сахт бо симчуби бетонӣ ин арақҳо ҳам ҳамааш шикаста даруни салони автомашинаро буйи арақҳо ва роҳҳоро гирифта буд, ки ҳатто муйсафеде, ки мехост аз мошин уро берун кунад, тамоми либосҳои ин муйсафед ҳам пури арақ шуда будаасту бенамоз шуда буд ва у рафта либосҳояшро иваз карда буд.
Як домоди Амиршо Миралиев, ки дар гумруки вилояти Хатлон кор мекард, вай низ як пиёниска буд, Баҳром Тоиров ном дошт.Уро Баҳроми бефук ҳам мегуянд. Баъди вазири гумрук таъин шудани падари Шоҳрух яъне Фаттоҳ Саидов бо у гапҳояш гурехта буд. Айни замон дар Агентии коррупсияи вилояти Хатлон кор мекунад. Маҳз ҳамин домодаш бо Хусрави прокурор бисёр мегашту бо у рафту омади бисёр дошт. Акнун худ қазоват кунед, ки аз Амиршо Миралиеви порахури Қунгузи Сиёҳ магар ягон шахси боимону бовиҷдон мебарояд? Аз чунин падари порахури Қунгузи Сиёҳ, албатта, ҳамин хел таракани сиёҳ ва ё тортанаки зараровар мебарояд.Чи хеле мегуянд аз мор ҳатман мор мебарояд. Ба порахурии Хусрав Миралӣ, прокурори ноҳияи Файзобод ва ҳамроҳонаш ягон шубҳа нест. Инҳо ба тамоми кор қодиранд!
Маскав
Ба номи Худованди бахшандаи меҳрубон. Ассалому алейкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳ. Ман О…аз Маскав. Як муҳоҷири оддӣ ҳастам ва на он қадар сухандон мебошам. Ман барои сарнагун кардани коррупсия якчанд пешниҳодҳо дорам, ки ба самъи тамоми ҳамватанони азизмехоҳам бирасонам.
Имрӯз мебинем, ки дар Тоҷикистони азизи мо коррупсия ба авҷи аъло расидааст ва ҳатто онро мансабдорон ҳаққи ҳалоли худ медонанд ва баъзе маблағ пешниҳодкунанда кори худро хуб ва иҷро шуда меҳисобад. Ин мактуби ман барои тамоми шаҳрвандони Тоҷикистон мебошад.
Давлат аз оилаҳо пайдо мешавад ва оилаҳо солим бошанд, давлат солим мешавад. Мо аз ҳамин соат мубориза бар зидди коррупсияро аз оилаи худ, авлоди худ, наздикони худ ва дигарҳо бояд шуруъ намоем. Имрӯз мо Исмоилҳои худро қурбонӣ накунем. Мо ҳеҷ вақт ба даст натиҷаи хуб оварда наметавонем!
Барои ба натиҷаҳои хуб ноил шудан, мо ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон ин корҳоро иҷро намоем:
Агар падарам ё модарам, амак ё тағо ва касе, ки набошад дар оила ва авлодамон дар мансаби давлатӣ кор мекунанд ва бо ришва зиндагии шоҳона доранд, мо бояд ҳар як ҷавон бо ҳуҷҷат ва далел онро ба видео бигирем ва ба шабакаи Ислоҳ бифиристем ва шабакаи мардумии Ислоҳ он наворҳои видеоиро паҳн намояд. Мисол? Ман фарзанди ҳамин хонадон ҳастам. Агар падарам коррупсионер, контрабанда, заминсози бо роҳи чап ва дигар амалҳои ғайриқонунӣ дошта бошад, бояд ба видео гирифта ба Ислоҳ фиристем ва дар барномаҳои «Номаҳо» ба якборагӣ он видео гузошта шавад, ки мо бо ингуна роҳ метавонем пеши роҳи корҳои ғайриқонуниро бигирем ва давлатро аз ин ҳукумати оилашумул ва коррупсионер наҷот диҳем. Ин кор оддӣ аст ва давлати оянда набояд ба ин шахсон таҳдиде дошта бошад. Агарчи фарзанди ягон мансабдори фасодзада бошад, агар ин фарзанд ин корҳои ғайриқонунии падару модарро, бародару хоҳарро ва дигаронро медонад ва сукутро ихтиёр мекунад, ин ҳам бояд ба ҷавобгарӣ кашида шавад.
Акнун аз ҳамаи шаҳрвандони Тоҷикистон эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки бар зидди ин давлатдории ғайриқонунӣ мубориза баред ва роҳи дуруст ва қонуниро интихоб намоед. Имрӯзҳо ҳолатҳои мо муҳоҷирон хеле ва хеле бад шуда истодааст. Зеро, ки мо хомӯширо дар давлати худ интихоб намудаем ва чоплусиро пеша кардаем. Бобоҳоямон дар солҳои 1941 то 1945 пуштибонӣ аз русҳо карданд ва баъди ҷанг хизматҳои зиёде карданд, аммо ба мо наберагон зулм карданд. Мо бояд ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон давлати фаромиллии худро созем ва ин ҳукумати диктаторро сарнагун намоем.
Ман агар бар нахезам!
Ту агар бар нахезӣ!
Пас барои ману ту кӣ бархезад?
Аз ин ба баъд мо набояд иҷозат диҳем, ки мансабдор аз мо пул талаб намояд ё зулм намояд.
Имрӯз бубинед мо муҳоҷирони меҳнатӣ чи қадар Русияро обод намудем, аммо дар ҷавоб, дар худ тамғаи террористро гирифтем ва дар рӯи замин мазлумтарин миллат ва шаҳрванд ин шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон аст. Магар ҳамин аст он ҳама Тоҷикистон ба пеш гуфтанҳо ва шиорпардозиҳо…..
Ба фикрам ба ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон ҳамин сухан кифоят аст.
Як нуқта бас аст, агар шуур аст,
В-ар на чу чароғ пеши кӯр аст.
Ҷалолиддини балхӣ (Колхозобод)
Салом устод Муҳаммадиқболи Садриддин! Ман он навиштаи дар барномаи «Номаҳо аз ноҳияҳо» № 123-ро ( https://isloh.net/nomaho-az-nohiyaho-ba-isloh-net№123/ ) гӯш кардам, бисёр хуб навишта буд, аммо хеле кӯтоҳ. Дар он нома сухан дар бораи фуруши иншооти давлатӣ ба афроди алоҳида мерафт, ки бо нархи ночиз харидорӣ карда буданд. Аммо он мухтасар ва ноқис буд. Ман ҳамаашро мегӯям. Ман гуфти он бародар Фалониев Фалонӣ Фалониевич сокини ҳамон ҷамоати деҳоти Навоӣ (Фрунзе) деҳаи Чилсолагӣ. Ман пеш вақтҳо саҳро кар мекардам. Ростӣ аз аввал зиндагии мо хеле хуб буд. Тахминан то солҳои 2000 зиндагии мардум хуб буд. Баъд тағйирот дар деҳа сар шуд. Аввал аз фурӯхтани шипангҳо сар карданд, баъд аз духтурхонаҳо, баъд аз гаражҳо ва фермаҳо. Бинову иншооте, ки барои мардуми деҳа хидмат мекарданд, ҳамаро фурухтанд. Аз солҳои 2003 Мусоев Мамад бо тахаллуси кали Мамад, раис буд. Ба худо қасам андаки андак мардум муҳоҷират мерафтанд, зану мард дар саҳро кор мекард. Баъд аз Мусоев Маҳмад ба номи Барфаков Маҳмадулло раиси деҳа шуд вале ба мисли раиси пешина мардум дар саҳро кор мекарданд. Пас аз Барфаков дар соли 2005 раиси нав аз ҳамин ноҳия аз Чапаев раис шуд ба номи Асломбек. Баъд кино сар шуд. Нав раис шуд, ки як мошини тамғаи Жигули сабз буд кабуд дошт, росташ хуб дар хаёлам нест. Эээ баъд савдои баъзеашро сар кард: шипангҳоро, чандин ҷойҳои даркориро фурӯхт. Се -чор сол кор кард. Баъди вай ҷаноби Ёқуб раиси деҳа шуд ва сар кард ба фуруши латокҳову, колодецҳо! Тамоми латокҳоро канда фурӯхт, заҳбурҳоро тамоман аҳамият намедоданд. Фақат савдо –савдо.
Халқро мегуяд, ки сум ҷамъ кунеду заҳбурҳоятонро канед. Мо заҳбурҳоро канем, ту хода ранг мекунӣ? Охир, эй гурги девонаи гушна, чаро заҳбурҳоро намековӣ?
Дар тобистони соли 2004 байни мардуми ванҷӣ ва утолӣ ҷанги калон шуда то ба ҷое расид, ки мардум белу каланду шохин гирифта буданд ва овоза то Душанбе расид. Ду мошин одам аз гурӯҳи Алфа омада буданд. Халқаш хомӯш карданд. Дар мобайни мардум овоза ҳаст, ки ванҷӣ тарсид, утолӣ тарсид. Ҳамааш гап аст. Аз боло ҳардуяшро ҷиқиданд. Баъд дар фермаи деҳа чандин гову гӯсфанд буд, ки ҳамаашро дуздида фурӯхтанд. Мудири ферма Шералӣ Хомбоев бо тахаллуси Шери гов. Дар ҳақиқат нафсаш ранги гов аст. Дар ҳамсоя деҳаи мо як нафар раис шуд- Ҳоҷӣ Маҳмадалӣ. Тамоми чинорҳои деҳара фурӯхт, як боғи калон буд, ҳамаашро кал кард.
Мегузарем ба ҳамон деҳаи Чилсолагӣ ва аз мактаб шуруъ мекунем. Аз солҳои 94- 95 то соли 2014-15 директори мактаби миёнаи рақами 45 Хоҷаев буд, ки камубеш мардуми деҳа босавод буданд. Вай муаллими хуб буд. Аз вазифа гирифтанд, бемор шуд, сол гузашт, моҳ гузашт, вафот кард. Баъди вай як зан директори мактаб шуд. Ба худо қасам як тупой аст. Саводи казоӣ надошт. Ҳар рӯз бачаҳоро мефармуданд, ки як сум биёр, се сум биёр, панҷ сум биёр. Мардумро безор карданд. Тамоман саводи талабаҳоро аҳамият намедиҳад. Фақат ва фақат сум биёр. Мардумро дар ҷони фалонашон задагӣ.
Соли 2015 интихоботи ҳизби наҳзати исломӣ шуда буд. Ҳоло нав соати 09:00 ба 10:00 шуда буд. Дарав занг зад ба боло, ки калон 70% овози мардум гирифт. Депутатҳоро мардум ба таври демократӣ интихоб карданд. Бисёр беваи дағалгуфтор. Як зани бесаводи тупойи бе маърифат. Чанд бача дорад. Якум Алишери ГАИ. Дуюм Ҷимай ҷинайяк такаббури деҳа. Сеюм Ҳамза муаллим буд. Чи кори баде мекунад, ки аз мактаб сур мекунанд. Аз чаҳоруму панҷумашон на он қадар маълумот дорам.
Духтаронаш ҳам ҳамчунин. Хулоса чанд сол хуни мардумро хурду сер кард. Баъди вай Света директори мактаб шуд. Ин Света ҳам як гови девона аст. Света зани дуюм аст-шавҳараш Абдулло. Ба худо қасам ман надидам, лекин дидагӣ гуфтаи ҳами латаи ма ва Абдулло ҳардуш баробар. Шавҳараш ҳаминхелин гуфт. Баъд ин Света фикри ман ва мардумро мекунад?
Тахминан 3-4 сол пеш дар ҷамоат котиб буд. На он қадар зани баднафс буд. Вале чи хеле шуд, ки ин ҳам баднафс шуд.
Инҷо акнун дар бораи масъалаи заминҳои обӣ ва проблемаи заҳбурҳо мегуям.
Заҳбурҳои деҳа чанд сол шуд нокофта. Заҳбурҳо қариб ба заминҳо баробар шуданд. Мардумро гуфта истодаанд, ки сум ҷамъ карда заҳбурҳоятонро кобеду тоза кунед.
Агар мо заҳбурҳоро канему тоза кунем Раҳмонов …. мардумро мехурад? Вай дар вазифа шиштааст: «иша мардум кна уша мардум кна ту қаври Маряма меканӣ, бра дафша гови галуи бешох».
Заминҳои наздиҳавлиги мардум ним бел хок кофта парто об мебаряд. 2 сол пеш аҳли деҳа чандин ҳазор сомонӣ ҷамъ карданд. Кони шуробаи деҳаро матори нав заданд. Аввал хуб кор кард, баъди 2 рӯз қоқ шуду инаш ҳам хапу хомӯш шуд. Мардуми деҳа дар болои об зиндагӣ карда истодаанд. Ягон кас дар фикри мардум нест. Дар Рамазони соли гузашта гуфтанд, ки масҷидро маҳкам мекунем. Як ҷавон хест гуфт, ки маҳкам накунед, ман хизмат меравам. Чор моҳ пас ҷасади беҷони уро оварданд. 9уми июл соли 2023 оварданаш. Ба гуфти мақомот худашро паронидааст. Не валлоҳӣ, худашон куштанд. Ҷавони бебоку як рав буд.
Ҳой мардум! Ин хуги пир раҳм бар касе накардааст. Мову шумора кашида сар додагӣ аст. Бедор шавед. Қасам ба Аллоҳ ҳамаатонро бедин мекунад: «и дам карда ай дунё кадом рузе меброя,биёе худамон дафша кунем. И ай насли Намрудай и хабис лаънаткардаи Аллоҳ»
Ҳамадонӣ
Ассалому алайкум бародари мубориз ва ҳақгу Муҳаммадиқболи Садриддин! Ман аз қишлоқи Дашти гуло бароятон нома мефиристам. Қишлоқи Дашти гуло, замини лаби дарёи Сурхоб. Сурхоб аз пушти завод мегузарад. Онҷо асосан узбекҳоанд. Онҷо, лаби дарё аввалҳо замини пахта буд. Онҷоро дарёхона мегуянд. Баъд оҳиста- оҳиста замини таҳҷоӣ- хона доданд Онҷо рутубат ва намигарӣ бисёр аст. Сел меояд гуфт одамҳо хона накарданд. Чанд камбағале, ки барои замин харидан пул надошт рафта ҳамонҷо санг рехтанд, баъзеш фундамент рехтанд, аммо сохтмони хонаро успет накарданд.
Сертификат 800 сомонӣ буд, автоматически нархи сертификати заминро то 8000 сомонӣ баланд карданд. 500 сомонии ҳамонвақта баробар ба 100 доллар буд. Ҳамин тавр то соли 2016 монд. Соли 2016 моҳи июн сохтмони завод сар шуд. Касоне, ки мисол 2000 – 3000 доллар дода се-чор замин гирифта буданд ҳам дар пули замин сухтанд, ҳам дар сертификати 800 сомонӣ. Хоҳарони ман дар вақташ дар ҳамонҷо пахта мечиданд. Давраи шуравӣ буд. Адрес Московский район, колхози Ленин участкаи Энгельс буд. Ҳозир ноҳияи Мир Саид Алии Ҳамадонӣ ҷамоати Дашти гуло шудааст. Инҷо заминҳои корами Дашти гуло аст. Панҷгектара мегуянд. Баъзеҳо ҳоло ҳам дарёхона мегуянд. Аз инҷо махсуми Сайҷалол 40 сотих гирифтагӣ. Ягон сотихи замини вайро завод нагирифтааст. Барои заминфурушӣ як вақтҳо Махсуми Сайҷалол ва муаллимаи Гулнораро как потерпевший дар ахбори «Озодӣ» нишон дода буданд.
Зани Сироҷро ягон куртаворӣ диҳанд аз хона суратҳояшро мегираду мепартояд: «уруз гуфтеста бд тобистон тамом шидестай ягон кртаи папленак накадам. Ма гуфтм хонагийора мегум ягон кртат мекнан барои дар каҳкашӣ йордам кадабд шут. Неким апама нагуфтам бгумку ба боҳнаи куртапора куни файродш мекна, ма мегум кртара пуш сурат бгир мада рои кн завода бинум кати авғоно. Мегумш хдтда навистм, апамда навистм дар кҷо? Гуфт хонаи апаи дигаримда бдай кати дхтари ма. Дига ҳичишон нагуфтм. Биян ба хонара бад мегум, ки зани Сирочи китайцда ягон либос материал бгирен крта поракнида файродш кнен ма гапш дорум, насибоша».
Ту Зумрадро гуфтӣ. Баъд ба ман гапҳои Ҳайитгул действит кард. Ду бор шуд ман ҳамин гапро мешунавам. Зани ҷиянам дар замини президентӣ коргар барои хишоваи сабзӣ ва шолӣ гирифтааст.Ҷиянм гуфтааст, ки «девонаи ту, ма иқа қарзидорум. Москвада кор кадан қийинай. То ҳатто ришама трошидам, ки то қарзма кандана кор кнм. Занш гуфтай дар уҷа одамои ҳархела.
Бо авғоно африканцо пайдо шидян. Ина бо зани Сироҷ гуфт авғоно медроян меброян кати дхтарои масту аласт. Неким напрсидм. африканцам ҳаст гуфта напрсидам»