Номаҳо аз ноҳияҳо ба «Ислоҳ. нет»№122

Ислоҳ нет

Ин бори аввал нест,ки шаҳрдори муваффақу ояндадори Душаебе дар баробари як каме пеш омадани мушкилӣ табиӣ дучори мушкил мешавад ва заъфу оҷизии вай дар тамоми ҷумҳурӣ маълуму намоён мегардад.Баъд аз он рузҳои пурбарфу сард,ки боиси маргу мири аҳолии пойтахт шуд ва албатта,муқассири асосиии он маҳз ҳамин Рустами наркомани раиси Душанбе аст! ҳоло дар пойтахт неруи барқ соатакй дода мешавад. Душанберо ҳам лимит ҷорӣ карданд.Бовар кунед,агар ин падару писар дар сари кор бимонанд,ин миллат рузи хуш ва сафед нахоҳад дид:

Душанбе

Ассалому алайкум Муҳаммадиқболи Садриддин.Ин чанд рӯзи ахир Душанбе ба як шаҳри торик ва ба як гуристони бузург бадал шудааст.Ҳама лофу газоф дар хусуси шаҳрдори муваффақ,ободгар,ҷавони чашми кордон,Душанберо обод кард, мисли ҳубоби руи об,милси кафки мағзоба нобуд шуд.Ин як рӯзу ду рӯзи зимистонӣ,маълум кард,ки ҳеҷ касе нест ва ҳеҷ коре ҳам аз дасташ барнамеояд.

Магар мешавад як шаҳри калон-пойтахти кишвар пурра аз неруи барқ,аз канализатсия,аз оби гарм маҳрум бишавад.Як хонавода аз дуди ангишт ҷон ба ҳақ таслим кард,хонаводаи дигар аз оташгирифтани манзил.Ин ҳодисаҳо ба маҳзи адами неруи барқ сурат гирфтанд.

Раҳмонов ва Рустам ба зимистонгузаронӣ тайёр буданд ё набуданд?Набуданд ва намешаванд.Чунки свет манбаъи даромади бузург аст ва суратҳисобҳои оффшории Раҳмонов аз ин ҳисоб солбасол бузургтар мешавад.

Сокинони деҳоти Бобоҷон Ғафуров мегуянд,ки барқи онҳоро аз болои сарашон мекашонад ба қирғизҳо медиҳанд,аз Рузвай,аз Сангеви Дарвоз мегузарад ба Афғонисто,аммо мардуми ин деҳотҳо барқ надоранд.

Чаро ҳақи мардумро намедиҳанд ба худи мардум?Бо пули саҳмияи Роғун Ҳасан Боинг харид ва соҳиби ширкати ҳавонавардӣ шуд,аммо мардум аз бе барқи бо фоҷиа мубтало мешаванд.

Э,номардҳо,эй ноинсофҳо,эй номусулмонҳо.Ними Тоҷикистонро бебарқ кардед. Гуфтед,ки светмурӣ афсона шуд.Ку?! 8 соат буд,ҳоло 5 соат кардед!

Доду ғиреви сокинони Душанбе ба осмон дака хурд.Ба ғайр аз хонаи Пешво ва Рустам ва офиси онҳо дар ҳама домҳои Душанбе свет нест,связ нест,мегуӣ,ки ранги дузах шудааст.
Соли 2008 моҳи декабр Раҳмонов Эмомалӣ Шарипович бо ҳамроҳии Анатолий Чубайс,намояндаи Путин ба обанбори Сангтуда омада маҷрои оби дарёи Вахшро бо тарконидан бастанд.Баъд дар соҳили рост,болои ГЭС-и Сангтуда-1 дар як ҷамъомади мутантан Раҳмонов задагӣ маст,пиён гуфта буд: «вай мешавад,вай мешавад гуфт сад бору ва баъдан сархушу сармаст афзуд «светкушӣ дига дар Тоҷикистон афсона мешава,дига меген,ки як бор свет мурад, намемурад,тамоми Тоҷикистон Рушанистон мешава.Ҳатто ба берун аз қаламрави Тоҷикистон ба Афғонистону Покистону Узбекистону ба Қирғизистон ба ҳамаҷо барқи зиётдатиро экспорт мекунем». Ҳама дар аҳли маҷлис,ки дар телевизион пахши мустақим мерафт,аз ҷойҳо хеста ба Раҳмонов бовар карда бардавом қарсак мезаданд, намедонистанд,ки ин пиёнискаи Раҳмонов боз дуруғ гуфта истодааст

Акнун аз ҳамон солхо дигар инҷониб мардуми қишлоқҳои Сангтуда, Паси Гаҷ, Лоҳур,Себистони ноҳияи Данғара свет надоранд,роҳ надоранд,об надоранд қувваи барқ ба болои сарашон аз ду ГЭСҳои Сангтуда -1 ва Сангтуда- 2 ба воситаи высоковолтний симчубҳо шабу руз ба Афғонистон ба воситаи Данғара гузашта мераваду мардумони ин деҳаҳо фақат овози ҷазззасти гузаштани баркро мешунаванд,ки болои сарашон барқи зиёд гузашта истодааст.Аммо худи барқро намебинанд.Барқчиҳояшон аз ноҳияи Данғара омада аз главний трансформаторҳои қишлоқҳоро мекушанд.Акнун ҳама имруз фаҳмида истодаанд, ки соли 2008 Раҳмонов задагӣ маст боз дуруғу шайтонӣ ва машеникӣ карда гуфта буд,ки «светкушӣ афсона мешава дига»,

Аз соати11 руз то соатҳои 18.00 дар тамоми қаламрави Тоҷикистон аз ҷумла Душанбе пурра қувваи барқ хомуш шуда буд.Гуё дар неругоҳи Норак,чи ҳодисае рӯй дода авария гӯё шуда буд, дар пойтахти Тоҷикистон шаҳри Душанбе об нест гармӣ- отопления нест, лифтҳо кор намекунанд,дар баландошёнаҳо, бонкҳо заправкаҳо, светофорҳо,свет нест, барф сахт борида истодааст, ҳамаҷо гуристон шуд.Ягон системаҳои давлатӣ фаъолият накарданд ба мисли он ки ғазаби Аллоҳ ба ин ҳукумати худкомаи диктатории Раҳмонов сигнал дода бошад,ки соҳиби тамоми дунё ман ҳастам,қудрати ман бениҳоят аст, ту худатро Пешво,сояи Худо нагуй гуфта ба Эмомалӣ Раҳмонов паём равон кард,ки ту як махлуқи фиръавншакле ҳастӣ, ки ба мисли як мурча қуввате надорӣ ва шармандавор аз ин вазифа ин ша’а Аллоҳ мерави ва инчунин ҳам дар ин дунё ва ҳам дар он дунё шармандатарин махлуқи дузахӣ ҳастӣ! Нафсаш ба ҳаде бад аст,ки замиинҳоро бо баҳонаи Мармарӣ дар Кушониён,дар Ёвон,ва ин ахиран дар Кулоб гирифта истодааст.Ҷураҳои худро дар Раёсати шаҳрдорӣ мондааст,онҳо бояд доля диҳанд,тамом. Рустамро,баъд аз онки шумо дар як навори махсус аз лаби баҳре барои ношоистагӣ,номувофиқӣ,дар ҷойи худаш набудан,аз дуди ангишти кушта шудани 6 узви як оила ва адами барқу фалақшави интиқод кардед,зуд дар тамоми калаҳои Телевизиони бароврада нишон доданд,ки не ин кор карда истодааст.Бовар кунд,мисли туқуқми харро ба асп задан.Ҳиҷ табиӣ не.Як чизи сохтаву ботфа.Чанд нафарро ҷамъ кардаву дастур дода истодааст.Аслан ҳиҷ рабт надорад.Заминҳоро Бег Сабур,бачаи Нусратуло Давлатов..

Дар ин се чор рузи барфборӣ ҳукумат раҳгум зад.Ҳеҷ кас бовар надошт,ки ин хел катастрофа мешавад.Мардум ба ин ҳад ноуҳдабароӣ ва бесоҳибиро надида буд.Ин ҳама аз нолоиқӣ ва ношоистагӣ ва ноуҳдабароӣ ва дар ҷойи худаш набудани Раиси шаҳри Душанбе ва командааш далолат медиҳад.Маълум шуд,ки Рустам аз дасташ ҳеҷ чиз намеояд ва Убайдуллоев корро сад баробар беҳтар анҷом медод.Аз руи маълумотҳо ғайр аз он оилае, ки аз дуди ангишт мурданд, боз чанд нафари дигар,аз ҷумла кудакон дар шаҳри Душанбе аз хунукӣ мурданд.

Ванҷ

Салом бародар Муҳаммадиқбол!Ман аз Язғуломи Ванҷ ҳастам.Дар бораи Исматуллозода Лутфулло,сардори шуъбаъаи амнияти Язгулом мехоҳам бароятон бинависам.Ин нафар зодаи Файзабод аст ва ҳозир дар шахри Душанбе зиндагӣ  мекардааст.Бинобар гуфтаҳои як рафиқаш вай корро соли 2016 аз Раёсати КДАМ дар вилояти Хатлон шуруъ карда то соли 2020 дар Қурғонтеппа фаъолият кардааст.Баъдан аз соли 2020 то  моҳи сентябри соли 2023 дар амнияти шаҳри Душанбе корро идома додааст.Аз моҳи сентябри соли 2023 то ҳозир дар вазифаи сардори шуъбачаи амнияти Язғулом кор карда истодааст.Аз рӯи гуфтҳои ҳамин шиносаш вай ҷияни Бекназаров Амирбек,сардори Раёсати мубориза бо терроризми амнияти ҷумҳурӣ будааст. Ду мошин дорад. Яктоаш давлатӣ-Ниваи рангаш сафед.Якеи дигараш мошини шахсӣ- Тайота ландкрузер Прадо рангаш сиёҳ,рақмаш 0007 ДС 10. Аз омадагиаш 10 нафар сокини Язгулому Ванҷро қапида бе ҳеҷ гуноҳ маҳкам кард.Як одами беимони худозада аст.Тамоми масҷидҳоро бо ҳар хел баҳона маҳкам кард.

Ҳар руз ҳамаро барои ришу сатр кашида амният мебарад.Рузҳои намози ҷумъа рейд мекунад.Касе риши дароз дорад аз пеши масҷид мебарад ришашро метарошад. Занҳоро бо сатр бубинад сатрашонро мегирад.

Ҷиянҳои Мавлавӣ Абдуллобеги язгуломиро фишор оварда истодааст.Ҳамааш гурехтанд ва аз Ватан берун рафтанд.Одамони наздики вазири амниятанд.Пеш ин набуд ҳама тинҷ буд. Ба ҳеҷ кас дар масъалаи ришу сатр кор надоштанд. Аз рузе ҳамин лаънаткардаи Аллоҳ омадааст ҳама дар зери зулм.

Дар як маърака нишаста будааст,лоф задаст,ки вақте дар Қурған кор мекардам хонаҳои Муҳаммадиқболи Садриддинро ман гирифтам давлатӣ кардам.

Бинобар маълумотҳои расида дар вақти дар Қурған кор кардан ҳам як одами хунхори бехудо будааст ва ҳамаро ғам медодааст.Аз гуфтҳои худаш дар Файзобод заминҳои калон ва боғҳои себи зиёд 10 гектара доштааст.Маълум,ки замини кадом камбағалро гирифтагӣ аст.Падараш аз ноҳияи Ҳамадони будаасту модараш аз Файзобод.Ба худо қасам аслан ин одам нест.Умуман раҳм ба дину ба одам надорад.Ҳамсараш данғарагӣ будаасту хусураш дар дастгоҳи прездент кор мекардааст.Хулоса зулми зиёд болои мардуми Ванҷу Язғулом карда истодааст. Коргарони давлатро маҷбур мекардааст,ки зидди барномаҳои шумо гап зананд. Касе зидди шумо гап намезадааст,масалан бечораи муаллиму коргарони ҷамоату инҳоро азият мекардааст.Шахсан маро барои ришам қапиду бурд.Дид,ки барномаҳои шуморо дар историяи Ютубам  тамошо мекардаам зиёда аз 3000 сомонӣ ҷаримаам кард.Бо зулму ситам зада ришҳоямро чинданд.

Соли таваллудаш 1995 будааст. Дар деҳаи Сафедхоки ноҳияи Файзобод дар оилаи муаллим таваллуд шудааст.Рутбаи ҳарбияш капитан.

Бачаҳо хабар доданд,ки чанд руз мешавад,ки хона ба хона гашта китобҳои диниро аз хонаҳо ҷам карда истодаас.Ин лаънаткардаи Аллоҳ мехоҳад,ки исломро аз Язгулом дур кунад.

Одамҳое,ки пеш вақт ба ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ва устод Муҳиддин Кабирӣ овоз дода буданд,онҳоро фишор оварда зулм карда истодааст.

Шамсидинов Зубайд, Мириобов Ҷалол, Азораев Ҷонибек, Азораев Салоҳиддин, Олимов Сабур,Олимов Раҳим дар ин 5 моҳи охир ин нафарҳоро ва боз чандин нафари дигар аз Язгуломро суд кард ду сол дод.

Дар Язғулом мард намонд,ҳама гурехтанду рафтанд Русия,токи гирифтор ба туҳмати ин нафар нашаванду ба маҳкама науфтанд.

Адолатов Саодатшо Зиёратшо масъули ҳизби наҳзат дар ВМКБ буд.Сину солаш рафтагӣ аст.Ин бечораро ҳар руз фарёд мекунад,ки идораи амният биё аммо қабулаш намекунад ва дар ҳамин хунукӣ дар берун меистад.

Душанбе

Салом бародар Муҳаммадиқбол! Дар барномаҳои шумо бисёри шаҳрвандон баромада аз ободӣ сухан мегуянд.Гуё,ки сохтмони биноҳои баландошёна нишони ободӣ аст,аммо ман мехоҳам равшанӣ андозам то инки даҳони он аҳмақонро муҳр занед.Шаҳрсозӣ (urban development) ин як илми мушкили муҳандисӣ мебошад ва кори ҳар як нохалафе нест.Ин бесаводҳо умуман фаҳмиш ва мутахассис надоранд.Чи тавре, ки тамоми соҳаҳо аз бе мутахассисӣ шах(парализовать) шудаанд, соҳаи архитектура ва шаҳрсозӣ бошад аз ҳама бадтар.Аз нигоҳи илм дар Тоҷикистон ин шаҳрсозӣ нею трушоба (гетто) созӣ мебошад,ба мисли шаҳрҳои қашшоқу куҳнаи Бомбей,Венезуела,Бразилия ва ғайра.Шаҳри Душанбе генплани аниқ надорад.Агар вуҷуд дошта бошад бояд ба мардум дастрас бошад.

Қитъаҳои заминҳои маҳаллаҳоро(двори домҳоро) фурухта минтақаҳоро ба трушоба табдил дода истодаанд.Ин ба як кризиси калони шаҳрдорӣ оварда расонда истодааст,ки дигар онро ислоҳ карда намешавад.Ё мешавад аммо душвор ва гарон.Барои нафси бади худ ин дворҳоро фурухта истодаанд,ки ин заминҳои падарашон нест.

Аз давраи шуравӣ то ҳол ягон ҷойҳои партовпартоӣ (мусорка) зиёд шудагӣ нест,ки ин яке аз масъалаҳо ва кризиси экологӣ мебошад,ки оқибат ба эпидемия оварда расонда истодааст.Биноҳои нав сохта шуда истодаанд, аммо дар нақша умуман ҷойҳои ошғолдонӣ(мусор) нестанд. Сохтани инфрасохтор вуҷуд надорад.Ҷои даромадан ва таваққуфгоҳ умуман нест ё кофӣ нест.Аз руи архитектура ва шаҳрсозӣ сари ҳар як квадрат коэфитсиенти ҳаддиақал оиди паркинг ё таваққуфгоҳ даҳсолаҳо ҳисоб ва муайян карда шудааст.Қитъаҳои маҳаллаҳои административӣ-маъмурӣ ва ҷойҳои истиқоматӣ бо ҳам омехта шуда истодаанд.Назди бинои административӣ-маъмурӣ ҷои гашту гузори кудакон шуда истодааст ва саҳнаи замини ҷойҳои истиқоматӣ ҷои мошингузории кормандон.Дигар фаҳмида намешавад,ки кадом маҳалла маҳаллаи ҷои зист ва кадомаш административӣ мебошад.

Хонаҳои истиқоматӣ бояд балкон дошта бошанд, аммо либосовезии одамонро баҳона карда сохтмони балконҳоро дар нақша умуман ҷой намедиҳанд,ки ин ба саломати шаҳрвандон зарар мерасонад.

Аз байн бурдани биноҳои таърихӣ,ки дар он хотираҳои ҳаёти шаҳрвандон сабт шудааст,хело аламовар аст.Ин як намуд аз байн бурдани таърих ва аз тарафи дигар исрофкорӣ мебошад.Танзим барои як дег ош ҷарима мекунад,аммо инҷо садҳо,миллионҳо исроф мешавад,касе посух намедиҳад.Танзим ин исрофкориро ҷиддӣ бинад.Мо як кишвари қашшоқтаринем.Чаро биноҳои дурусту зеборо аз байн мебарем?Чойхонаи Роҳат,бинои театри Маяковский,ҳамон бинои КМ. Ҳол онки дар ин хонаҳо чанд насли оянда  метавонад умр ба сар баранд.

Сохтмончиёни бесаводу баднафс ҳаргуна ришва дода талош мекунанд қарои сохтмон гиранд ва сохтмон созанд.Аммо сабаби харобии диёри худ шуда истодаанд.Инро хуб медонанд,аммо ҳама дар фикри пул.Аммо барои чи мо давлат дорем (регулятор) то инки ҳукмронӣ намояд ва ҳама корро ба танзим дарорад. Мутаассифона ончи, ки ҳоло ҷараён дорад ҳукмронӣ нест. Бизнесменаш моил ба додани ришва ва зиёд намудани фоидаи худ аст.Кормандони мақомот дар фикри кор кардани пули муфту нобуд кардани шаҳри сабзу хурам ва табдил додани шаҳрҳо ба трушоба шуда истодааст.

Чаро шаҳри мо бояд номураттаб,номуназзам,баландошёнаҳои ноустувор ва нафасгир бошад.Хубтараш шаҳри васеъ ва сабзу хурам бошад ба монанди солҳои 70-ум ва 80-ум.

Барои наслҳои оянда аз мо трушоба ва як ахлотхона боқӣ мемонад.Мардум бас кунед харидани хонаҳои бесифат ва бемаъноро то инки сабаби харобии маҳаллаи худ нашавед.Маданияти истифода ва харҷ намудани маблағҳои худро баланд бардоред.

Як хоҳиш аз мардум.Чи камбуд ва иштибоҳҳои сохтмонӣ ё коммуналӣ дар маҳаллаҳоятон ҳаст аксу тасвир бардошта ва навор гирифта ба Ислоҳ.ТВ ирсол намоед.

Бовар кунед,ки инҳо,аз Раҳмонову писараш Рустами наркоман сар карда то Бег Сабуру Юсуф Раҳмони қудоҳояш ва дигару дигарҳояш,ки гуё дом месозанд,на барои ободии Душанбе,балки барои бизнеси худашон карда истодаанд.Хонаҳои месохтаи инҳо ба ягон меъёр ва талаботи шаҳрсозӣ ва махсусан аз лиҳози сейсмикӣ -тобоварӣ ба заминларза ҷавоб намедиҳанд.Нахаред ва ба ҷони худ ҷабр накунед!

Панҷакент

Салом аҳли эҷоди шабакаи «Ислоҳ».Аз шумо эҳтиромона талаб менамоям ин мактуби моро дар барнома ҷой диҳед.Нома аз Панҷакент,аз ҷамоати Моғиён аст.

Мо истиқоматкунандагон аз раиси ҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов мехоҳем он тарзе,ки дар Душанбе,дар Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон, дар вилояти Хатлон кадрҳо иваз шуд,дар Панҷакент ҳам чунин шавад.Мо дастаҷамъона 22 нафар ба раиси шаҳри Панҷакент Абдухолик Холиқзода бо мактуб дар бораи райиси маҳаллаамон Мустафо Саидов маълумот равон намудем.Мутаассифона Мустафо Саидов зиёд ба корҳои ғайриқонунӣ даст мезанад.Вай аз ҳар оилае,ки фарзандаш ба синни даъват расидааст ва худи ин ҷавон дар муҳоҷират мебошад,пул талаб менамояд.Аз 500 то 1000 сомонӣ меегирад.Вай руирост мегуяд «ман ин пулро бурда сарбоз мехарам, ба мо солдат намерасад,ё бачаатро ҷеғ зада аз Русия биёр».

Дар тую маъракаҳо бар хилофи қонуни давлат саршумори одамҳоро бардуруғ зиёд нишон дода бо ҳар одами туйгар шартнома баста пул талаб менамояд.Аз 300 то 500 сомонӣ барои худаш,барои раиси ҷамоат бошад,боз алоҳида мегирад.

Моҳи октябри соли гузашта аз Салиби сурх кумак оварданд: орд,равған,горох. Мустафо Саидов номи оилаи худаш ва номи наздиктарин хешовандонашро  навишт.Мустафо Саидов доғи судӣ дошта ду бор суд шудааст.Бори аввал барои дуздии чорво ва бори дуюм парвариш намудани маводи мухаддир дар ҳавлии истиқоматиаш.

Кулоб

Салом бародар Муҳаммадиқбол!Ман яке аз собиқадорони мақомоти амниятам ва зодгоҳам Кулоб аст.Дар Душанбе зиндагӣ мекунам.Хабарҳои ногувор ва изтиробангез аз Кулоб мерасад.Дар ҳақиқат вазъият дар Кулоб беш аз пеш муташаниҷ мешавад.Бо баҳонаи бомбгузорӣ дар мошини раиси ҲХДТ садҳо нафарро барои саволуҷавоб бурда ва аз онҳо пул канда истодаанд.

Як хабари баде,ки расид ин аст ки Музофиров Ҳамза –прокурори тозатаъини минтақаи Кулоб,вазифадор шудааст,ки бояд «террорист»-ҳои Кулобро пайдо ва ба зиндон кашад.Ва шумораи онҳо чандин нафар бошад ва онҳоро ҳамчун гуруҳи муташаккил бояд эълон кунад.Ҳатман онҳо бояд намозгузор ва ҳатман онҳо бояд бо ДОИШ ва ё Наҳзат алоқаманд нишон дода шаванд.Онҳоеро,ки дастгир кардаанд бисёр латту куб ва шиканҷа карда истодаанд.Ёдатон бошад як мошини борбари калонҳаҷм имсол дар Кулоб дучори садама шуда чанд манзил ва мошинҳоро зада ва низ боис ба маргу куштор ҳам шуда буд.Ҳоло талош карда истодаанд,ки ҳолати он фоҷиаро ҳам бори террористҳо кунанд.Инро ҳам дар гузоришҳои махфиёнаашон «амали террористӣ» ба қалам доданианд.Ва гуё бо ин амал барори хезонидани мардуми Кулоб ба митинг замина мегузоштаанд.

Яъне бояд баъди ин фоҷиа мардуми Кулоб мехест.Гуё ронандаи ин мошини борбар бо доруҳои махсус ба ҳолати экстазӣ расонида шудааст.Албатта,ин корро фақат КДАМ метавонад анҷом диҳад.Ва,барои ҳамин як гумону шубҳаҳое байни тафтишот ва амният ҳам пайдо шудааст.

Юсуф Раҳмон,дар назди аъзои Маҷлиси Миллӣ-дар назди Рустами Эмомалӣ гузориш дод.Ин гузориш паси дарҳои пушида ва бидуни иштироки журналистон ироа дода шуд.Ҳоло маълум нест,ки дар бораи ҳодисаҳои дар Кулоб руйдода чизе гуфта бошад ё не.

Аммо,хабари дигаре,ки барои мардуми Кулоб бисёр ҳам ташвишовар ва таҳлукаангез аст ин аст ки Билоли бародари Эмомхуякро ҳам барои он маҳкам кардаанд,ки гуё баъди кушта шудани Абдуқаҳҳор Розиқов у мардумро ба митинг дар назди ҳукумати шаҳри Кулоб даъват карда будааст.Хулоса,уро ба унвони яке аз даъваткунанда ва ташкилотчии он митинг муттаҳам карданианд.Гуё боздошти Билоли бародари Эмомхуяк закази Ҳасан Асадуллозода аст.Чунки Ҳасан бо Эмомхуяк сахт хусумат ва душманӣ дорад.

Аммо,ҳоло тафтишот ин версияро,ки Ҳасан Асадуллозода фармоишгари қатли Шуҳрат Исматуллозода аст низ руи даст гирифтааст.

Исфара

Саломи самимӣ аз номи тамоми мардуми Исфарамарз ба шумо бародари азиз Муҳаммад Иқбол!Ман чандин сол аз Ворух то Исфара ҳамчун роҳбар кор кардаам.

Аввал муаллим будам.Баъд дар шаҳр хона харида ин ҷо зиндагӣ кардам.Ба ин хотир аз камбудиҳои Ворух то Исфара менависам.Бовар кунед,ки ҳаромкорӣ ва ҳаромхурии ин ҳаромзодаҳо  ба ягон гуфтан дуруст намегирад.Он чи менависам ҳақ асту рост.Аз Ворух оғоз мекунам.Раиси ҷамоат Меҳриниссо Раҳматова, муаллимаи пешин бо тавсияи якчанд обсофкунак ба ин вазифа омада расид. Баъдан бо Суҷоиддин Саломзода,раиси пешини Исфара алоқаи зич дошт, паноҳаш ба худо дар ин бобат ҳарфе намезанам.Он чи менависам аз боби фиребу дуруғаш назди халқи Исфара аст.Ин муаллима магар соҳаи воҳиди кишоварзӣ ва заминро мефаҳмад? То ҷое маълум ва равшан аст,дар ин бобат дониши кофӣ надорад.Он маълумотҳое, ки оиди заминҳои Ворух ба омор пешниҳод мекунад куллан дуруғ аст.Ворух пеш аз ба хоҷагиҳои деҳқонӣ ҷудо шудан 300-гектар замини кушод дошт.Ба нишондодҳо назар андозед,гуё дар як сол чандин тонна гандум,чандин тонна картошка ва дигар сабзавоти хоҷагии қишлоқ истеҳсол мешавад.Нишондодҳои оморӣ валлоҳӣ қасам дуруғ аст. Документҳоро ду -се косалес тайёр ва ба район гусел мекунанд.Ягон хел таваҷҷуҳ нест.Касе чи коре хоҳад ҳамонро ба анҷом мерасонад.Ин ҳам мисли фиребҳои Раҳмонов аст ки аз минбари баланд баромада мегуяд,имсол Тоҷикистон ҳазорҳо тонна гандум истеҳсол кард ва ҳазорҳо тонна картошка.Оморҳои бардуруғ дар тамоми ноҳия.Як ҷиҳати боло рафтани нархи орд дар Тоҷикистон ҳамин оморҳои бардуруғ аст.

Дар як барномаатон дар бораи Раҳимов Мамад гуфта будед,ки ҳақ асту рост. Аслан ба сари Ворух ин рӯзҳоро бобои ҳамин Раҳимов Абдуразоқ овардааст.Он солҳои раиси колхози ,,Правда” буд.Якумин муноқиша бо қирғизҳо солҳои 1974-1975 сурат гирифта буд.Он вақт ҳафт оилаи қирғиз ҳамчун чупон(даҳмарда) дар хизмати мо ворухиён буду халос.

Амакаш бошад Раҳимов Ҷаббор заминсози пешинаи Ворух аз мавқеи Сангтуда. Ҳафт участкаи наздиҳавлигиро фурухт.Барои худаш алоҳида замин ҷудо намудааст.Ҳеҷ кас ягон гап намегуяд,хулоса ин авлод ,,худашон шоҳу табъашон вазир”.

Акнун аз Исфара менависам.Ҳар руз як хабари нохуш.Дирӯз мошинамро барои техосмотр бурдам.Як корманди БДА аз ман пурсид,кимошинатро утилизатция кардӣ ва ҳуҷҷат доред?Ман гуфтам чи хел ҳуҷҷат, чи хел утилизация? Боз як василаи ба кисаи мардум даст задан аст.Ҳар як мошиндор бояд аз 1400с-мототцикл ва аз 2000сомонӣ то 3000сомонӣ.Бояд ғайр аз пули техосмотр супоранд.Мардум хулосабарорӣ кунед,чи бало ба сари шумо омада истодааст. Хомуш нишастан гиред аҳволатон аз ин бадтар мешавад.

Дар қисми ҳарбии 02267 як аскари қатори Умед Бегназарзода  кушта шуд.Ин хабар зуд ба падару модарон,ки фарзандонашон дар ин қисми ҳарбӣ хизмат мекунанд,расид.Ҳама аз наздикиҳо ба хабаргирӣ омада буданд.Ман ҳам ҳамроҳи як дустам барои хабаргирии як нафари наздикаш омада будем.Он ҷо қариб бист нафар падару модар буданд.Қариб се соат нигоҳ кардем.Баъд ду нафар,ду нафарро иҷозат доанд.Ҳайратовар ин буд, ки ба як хона медароед,болои саратон ду нафар бо автомат меистад. Илоҷи бо фарзандатон озод суҳбат карданро надоред.Ин кор ба он хотир, ки чи тавр кушта шудани Умед Бегназарзода фош нашавад.

Дар Исфара дар давраи истиқлолият низ аксарияти заводу фабрикаҳо фаъолият мекарданд,аниқаш то омадани Ҳасан Асадуллозода.

Заводи ГМЗ яке аз намоёнтарин заводҳои Тоҷикистон ба ҳисоб мерафт.Солҳои охир тамоми заводҳоро ба оҳанпора табдил доданд ва намедонам ба куҷо бурданд,ки ҳеч чиз намонд Боқимонда территорияашро бо фармони хусурбачаи Ҷаноб ба унвони участкаи наздиҳвалигӣ тақсим карда фурутанд ва фурухта истодаанд.

Химзавод,яке аз корхонаҳои беҳтарини ҳатто давраи шуравӣ бошад ҳамин тавр шуд ва ҳоло аз чандин гектар замини он ягон чиз боқи монд ё не? Ва кор намекунад.

Консервный комбинат ҳам ҳамин тавр аз байн бурда шуд ва замину замони онро ҳам фурухтанд.

Аммо Зоири домоди Раҳмонов бошад осоишгоҳи Зумратро соҳиб шудааст.Ва ҳоло инҷо аслан ҳамчун склади героини Зоир истифода мешавад.

Хулоса, аз раиси шаҳр сар карда амният, ШКД, налог БДА бозичаи дасти ана ҳамин раиса ҳастанд.Номашон раис асту халос.Ба қавли халқи рус ин раисон ,,Чучала огородная” ҳастанду халос.

Дар охир аз мардуми Ворух то Исфара як хоҳиш дорам.Барои лайк мондан метарсед,барои тамошои барнома Ислоҳ метарсед, ки тюрмаатон мекунанд.

Ақалан вақти намозатон даруни дилатон дуогуи камина ва мухолифин бошед, ё ин ҳам статя дорад…..

Данғара

Ассалому алейкум бародар Муҳаммадиқбол! Худо аз шумо  ва тамоми муборизон розӣ бошад, ба шумо муваффақият хоҳонам.

Ба як масъала мехоҳам каме бошад ҳам равшанӣ андозам.Ба шумо маълумот доданд,ки Самӣ Даврон,сардори Шабакаҳои тақсимоти барқ шаҳри Душанбе вазифаашро бо маблағи 500 000 доллари амрикоӣ харидорӣ кардааст.Дар ин масъала ман чизе намегуям. Ин эҳтимол ҳам вуҷуд дорад,ки Эмомалӣ Рустамро бо сум раиси шаҳри Душанбе таъин карда бошад. Барои онки Эмомалӣ Раҳмонов ҳеҷ гоҳ аз пул сер намешавад.Ва ин амали пасти вай ба тамоми мақомдоронаш сироят кардааст ва барои онҳо низ як одат шудааст ва ба мардуми одӣ ҳам омада расидааст. Рустами писараш ҳам ин касби падарашро давом дода ва шиори кори худ кардааст.

Барои тасдиқи гапам як ҳодисаи воқеиро меорам Солҳои 2006-2009 падари Самӣ Даврон –Шариф Самиев,раиси ширкати Барқи тоҷик буд.Соли 2009 Эмомали Раҳмон дар вохӯрӣ бо кормандони соҳаи энергетика дар толори Барқи тоҷик танқид карда Самӣ Шарифро дар толор аз кор ронд.Лек дере нагузашта ба дигар вазифа таъин кард ва Самӣ Шариф корро давом дод. То як соли пеш дар вазифаи раисии яке аз ноҳияҳои шаҳри Душанбе кор кард ва соли гузашта боридани барф сабаб шуд,ки мошини Рустами Эмомалӣ дар монад ва уро аз кор ронд. Худатон нағз медонед,ки Эмомалӣ агар касеро аз мақомаш дур кунад ҳолати вай бе ниҳоят вазнин мешава, лек дар пушти ин корҳо Азизмоҳ мебошад,ки ҳамааш тинҷ мешавад.Чаро? Бинобар маълумоти дар дасти ман буда модари Самӣ Даврон дугонаи Азизмои газетхонак мебошад.Инҳо бо ҳам дугонаи наздик мебошанд.Дар як моҳ инҳо якчанд бор вомехуранду якҷо ба ягонҷо меҳмонӣ мераванд. Дугонаи на як солу ду сола, балки пешина дугона мебошанд.

Дар барномаҳои пешинаатон гуфта будед,ки ҳатто Узбакбии модари Азизмо барои таъини кадрҳои давлатӣ таъсиргузор буд. Ҳамчунин Азизмои газетхонакам сахт руи кадрҳои худаш пофишорӣ мекунад.Хулосаи гап то рузе модари Самӣ Даврон ва Азизмо зиндаанд Самӣ Даврон дар вазифаҳои равғании роҳбарӣ кор мекунад.

Агар аҳамият дода бошед дар ягонҷо Самӣ Шариф бо Эмомалӣ якҷоя нест ва наздикшавӣ ҳам надорад,аксам надорад ,лекин бо Рустаму Озода дорад ва мисли додару бародар аст.

Дар охир дар бораи соҳаи барқ бигуям,ки камбудӣ на дар роҳбарон, балки дар худи Эмомалӣ Раҳмонов мебошад.Маблағе,ки сарвазир Раҳмонов аз фурӯши барқ мегирад 100 000 ҳазор доллар арзиш дорад аммо ба 1 000 000 ширкатро қарздор мекунад. Ҳасани шикамба ба медуздад Ҳоҷӣ Амонулло ба ҷои трансформатор коробкаи трансформатор медиҳад ва ҳамин тавр ин усулу шабакавии дуздии барқ аз раиси ширкату муовинон роҳбарони шабакаҳои шаҳрӣ ва ноҳиявӣ ва то назоратчиҳои барқ мерсад.Албатта,ки дар хатҳои барқӣ ва зерсохторҳои барқӣ садама мешаванд,аммо агар он садама дар 1000 сомонӣ бартараф шавад 100000 сомониӣ рафт гуфта ҳуҷҷат мекунанд.Дар расонаҳо аз боздошти мудири амбори ширкати барқ дар Истаравшан ва низ боздошти раиси он дар Панҷакент хабарҳо чоп шуд.Ман 100% бовар дорам,ки дар ин дуздиҳои онҳо дар болобудаҳо ҳатман шариканд.

Инҳо гоҳо сабаби набудани барқро ба ҳамин садамаҳо марбут мекунанд.

Сабаби садамаи барқӣ дар ду чиз мебошад: ин якум фарсуда будани асбобҳои барқӣ ва дуюм ин бесифат будани асбобҳои барқ.Неруи барқи истеҳсолмешудаи дар неругоҳҳои барқи обӣ аз ҷиҳати экологӣ ва  интиқолаш.дар ҷаҳон дар ҷои аввал қарор дорад.

Ман ба мардуми тоҷик гуфтаниям,ки аввалин кореро,ки анҷом диҳед бояд Эмомалӣ Раҳмоновро аз қудрат дур кунед.То рузе,ки ин шахс ва ин қабила дар сари қудрат бошад мардум ду сола пешпардохт бикунанд ҳам боз қувваи барқро бо лимит таъмин мекунад. Дар барномаи «Минбари муҳоҷир» як занг шуд ба шумо ва шумо гап задед ва аз он  тараф ба шумо ҷавоб дода гуфт,ки овозатон наомад суҳбат кардан намешавад.Шумо гуфтед,ки он нафар Самӣ Даврон буд.Аммо вай Самӣ Даврон набуд.Барои он ки овози Самӣ Давронро ман агар дар Бразилия бошам ҳам медонам.Ин суҳбат дар дақиқаҳои 3:56 то 57 буд.

Share This Article