Панҷи ноором
Милиса-солҳост, ки дигар муҳофизи қонун, ҳимоятгари инсон ва нозири тартибот дар ҷамъият нест. Милисаи имрӯзаи Тоҷикистон дузд дар либоси милиса аст. Милисаи имрӯз фикру андешаи чи тавр як касро ғорат кардан, ғалтонидан, шинонида ва пул кандан аст.
Раҳмонов ин системаро асос гузошт. Раҳмонов системаи пораву ришват ва беқонуниро асос гузошт. Ҳеҷ нафареро наметавон пайдо кард, ки бигуяд милиса ба мушкилоти вай ҳақанҳақо расидагӣ кард.
Се номаи алоҳида аз Панҷ ба дасти мо расидааст. Ҳар се нома ҳам аз найрангу фиребу буҳтони милисаҳо ҳикоят мекунад.
Вақте ин номаҳоро мутолиа мекунед, шумо ҳам мутмаин хоҳед шуд, ки Панҷ ноором аст. Аммо на он нооромиву на он Панҷе, ки шоир Мирсаид Миршакар дар назар дорад. Достони «Панҷи ноором»и Миршакар дигар асту Панҷи ноороме, ки мо ҳоло мегуем. Ворид шудани номаҳои муфассал аввал аз Бохтар ва сипас аз Ҷайҳун ё Қумсангир ва ҳоло аз Панҷ, ки далолатгари иртиботи қавии мардум бо Ислоҳ аст. Барномаи номаҳо аз ноҳияҳо як минбари расонидани арзу шикоятҳо ва бозгӯйии ҳақиқатҳо шудааст.
Номаи аввал
Достонбек, Давлати кулобӣ ва Турдиев Давлат
Дар аввал ба худи мардуми ноҳияи Панҷ расонданиям, ки бузҳо ва қотилони ноҳияро бишносанд ва бидонанд, то худашонро эҳтиёт кунанд.
Ин бузҳо дар маъракаҳо мешинанд, худро одамони бегуноҳ ва беғубор метарошанд аз одамон гап гирифта ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ мерасонанд,ки фалон одам ин хел гуфт, дигариаш нисбати давлат он хел гуфт. Яке аз чунин нафароне, ки дар ноҳияи Панҷ мардумро ба тамоми мақомот мефурӯшад ва худаш барои пул кор кардан ҷиноятҳоро ташкил мекунад, ба гуфти худашон «бо маслиҳати пешакӣ» ва омада аз мардуми камбағали бечора пул меситонад, Давлати кулобӣ, ки ӯро ҳамчун «язна»- мешиносанд,Турдиев Давлат ном дорад. Ин буз худаш зодаи шаҳри Кулоб мебошад. Вақтҳои ҷанги шаҳрвандӣ, дар соли 1993 ба ин ноҳия омада ҳамчун раиси райпо то соли 1999 кор кард. Аммо бо маводи мухадир ба даст меафтад ва15 сол равонаи зиндон мешавад. Соли 2014 аз зиндон баромад. Аз ҳамон сол то ҳол кораш бузӣ аст. Ин шахс дар ноҳия бо муовини ШВКД- Табаров Давлатшо ҷураанд. Дар вақти ҷанг инҳо бисёр корҳои зишт кардагианд ва то ҳол ин корҳояшонро идома дода истодаанд. Ин муовини ШВКД аз тарафи Кулоб аст. Инҳо ҳамшаҳр ҳастанд. Ин Давлати кулобӣ аз пушти бузиаш, аз пушти даюсиаш соҳиби мошин шуда ва ба гуфти худаш дар Душанбе хона гирифтааст. Яке аз мавридҳои бузиаш ин аст ки писари аммаи худашро, ки Достонбек ном дорад ва дар як мағоза ҳамчун ёрдамчии мудири мағоза кор мекард, барои 2 кило конфети муҳлаташ гузашта хабар мекашад ва аз ӯ 70 ҳазор сомониашро мегиранд.
Воқеа чунин мешавад:
Тақрибан моҳҳои августи соли 2023 Давлати кулобӣ пеши Табаров омада мегуяд, ки «ман як роҳи пулкоркуниро ёфтам. Агар планмон туғрӣ бгира бовар кун чихел пул худаш меояд».Табаров мегуяд, ки чи кор аст?
Мегуяд, ки «ман як бачаи аммаи содафелак дорум ҳамура як ҷилавша кашидан даркорай….».
Чаро Давлат Достонбеки бачаи аммаи «содафеълак»-ашро чап мегирад?
Кадом вақте Давлати кулобӣ аз Достонбек хоҳиш мекунад, ки «ба ман 1мототсикл ҳезум биёр». Аммо Достонбек бепул намеорад. Давлати кулобӣ, азбаски Достонбек гапашро нагирифт, дар пайи қасдгирӣ мешавад ва амалиёти қасдгирӣ аз ҳаминҷо сар мешавад.
Давлатшо Табарови замначалники милиса гапҳои Давлати кулобиро мешунавад ва мегуяд, «инсуяшро ба ман гузор, инашро ман ҳал мекунам» .
Баъди 3 рӯз соҳиби мағозаро ба ШВКДи Панҷ гуё барои тафтиши ҳуҷҷатҳои мағозааш даъват мекунад. Соҳиби мағоза Достонбекро мегуяд, ки манро ба ШВКД даъват карданд, то омадани ман ту мағозаро нигоҳ кун, савдо кун.
Соҳиби мағоза ба ШВКД меравад. Хайрулло, сокини инҷо ва як нафаре, ки бо Давлати кулобӣ дар зиндон нишаста буд ва бо хоҳиши Давлат дар назди мағоза поида меистод дарав ба Давлат занг зада хабарро мерасонад, ки Достонбек дар мағоза аст.
Давлатшо Табаров, муовини сардори ШВКД, тибқи маслиҳати пешакӣ дарҳол аз санэпидемстансия ба мағоза чанд нафарро мефиристад. Одамони санэпидемстансия ба мағоза медароянд ва мегуянд, ки мо барои тафтиш омадем, ки мабодо ягон маҳсулоти просроченний надошта бошед. Достонбек мегуяд соҳиби мағоза нест, омад баъд биёед. Инҳо не, мо бояд ҳозир тафтиш кунем, аз вилоят комиссия омада истодааст, то омадани онҳо мо бояд мағозаҳоро огоҳ ва маҳсулоти муҳлаташ гузаштаро нобуд кунем,мегуянд.
Достонбек ба соҳиби мағоза занг мезанад. Соҳиби мағоза дар ШВКД телефонашро аз назди КПП мегирад. Ин корманди санэпидемстансия мегуяд, вақт надорем. Мо як мебинем, ки ягон чизи просрочени доред ё не гуфта мағозаро проверка мекунанд. Ягон чиз намеёбанд ва ба складаш даромада ду кило шакалади «степ» ва «медунок»- и муҳлаташ гузашта меёбанд ва онро гирифта бо худашон мебаранд.
Баъди як ҳафтаи омадани санэпидемстансия аз прокуратура Достонбекро занг зада мегуянд, ки ба прокуратура биёяд. Достонбек меравад. Ӯро то соати 9-и шом дар отдел нигоҳ дошта, дело карда ҳамон шаб бурда дар ИВС-и Панҷ маҳкам мекунанд. Пагоҳаш идораи Суд оварда санксия гирифта ба СИЗО-и Қурғонтеппа роҳӣ мекунанд. Дар вақти аз идораи суд ба мошин савор кардани Достонбек, Давлат пайдо мешавад ва Достонбек Давлатро дида мегуяд: «тағо мара махкам кардестаст, хонагиҳо намедонад, хонагиёра бген, мара СИЗО-и Қурған бурдестан».
Давлат гуё аз ҳеҷ чиз бехабар «А бача, ма ҳамиҷадаем ку, тра кӣ қама мекна,бест, пеши суд бдром ку чи гапай» гуфта идораи суд медарояд ва бачаи аммаашро гирифта ба СИЗО мебаранд. Давлат ба хонагиҳои Достонбек ягон чиз намегуяд. Аҳли хонавода 3 рӯз пас даракашро ёфта СИЗО мераванд. Модараш Зиёда ном дорад. Рафта мепурсад бачаашро, ки чи гап аст? Бачааш мегуяд, оча ман намедонам барои чи манро маҳкам карданд. Ва аз модараш мепурсад, ки магар тағои Давлатам шуморо нагуфт, ки манро ба СИЗО оварданд? Модараш мегуяд, не моро ягон кас ягон чи нагуфт. Достонбек мегуяд, ки маро ба мошин савор карда истода буданд, ки тағои Давлатамро дидам: «гуфтумша, ки хонагиёра бген мара СИЗО бурдестас». Гуфт, ки «ма пеши суд бдром чи гапай. Ба ҳамин манро гирифта СИЗО оварданд. Ӯ даромада буд пеши суд. Ку брен пеши тағоии Давлат суд чи гуфта бошад»?
Модараш аз онҷо рост пеши Давлат меояд ва мегуяд, ки «ту писарамро дидай СИЗО бурдестанша ба мора нагуфтӣ»?
Баъд пеши суд даромадааст «ма мефаҳмум, ки чиба тура махкам кардай, ба ҳамин морам ягон чи нагуфтӣ? Ку пеши суд даромада бошӣ, бачама барои чи махкам кардан?»
Давлат мегуяд, ки «бачат прадуктаҳои прасрочни фурухтас, праверка рафтан қапиданша. Барои ҳаму маҳкам карданд. Мара ба и коро қуш накнен, брен пеши суд ҳамаша мега. Ай номи ман гап занен, мумкин ягон ёрдамтон куна, тамом ма ҳамиқа ёрдам карда метонум, брен» гуфта пеши суд роҳӣ мекунад.
Зиёда пеши суд медарояду мепурсад ва аз номи Давлат гап мезанад. Суд мегуяд «апа бачат ҳами гуноҳа кардаст, мо ба ҳабси пешакиш гирифтем, ҳоли судша баъди ба анҷом расидани тафтишот мебинем, ягон гап шавад ба Давлата мегем» гуфта пас мегардонад.
Модари бечора рафта дар пеши дари СИЗО хоб меравад. Дар СИЗО бачаашро он қадар мезананд, ки вақти бо модараш вохурдан гиря мекунад, ки «очаҷон хонара фурӯхта бошадам манро аз инҷо барор». Модараш гириста пеши суд меояд. Суд мегуяд: «бра Давлата бин, ма гапома Давлата гуфтагиюм». Боз пеши Давлат меояд.
Давлат ягон илоҷ надорад: «бачата 5 сол махкам мекнан» гуфта метарсона ва меафзояд: «бра хонат, бо брам қати суд маслиҳат кунум, мумкин ягон раҳ дорад» гуфта роҳӣ мекунад. Ва ҳамин тавр модари бачаро ҳар рӯз сарсону саргардон мекунад ва ин бача 22 рӯз дар СИЗО хоб меравад.
Чаҳор рӯз пеш аз суди Достонбек Зиёдаро мегуяд, ки «ма кати суд маслиҳат кардум 70 ҳазор сомонӣ гуфтестаст. Агар то судша ёфта тонистӣ, полни озод мекунаша бачата».
Ин зани бечораи мазлум гириста-гириста ҳарчи дар буду бисоташ буд, то курпаву болинашро фурӯхта меораду ба Давлати кулобӣ, бачаи тағоияш медиҳад. Инҳо пулро гирифта 6700 сомониашро ҳамчун ҷарима 10 ҳазорашро ба судя ва боқимондаро бо Табаров тақсим мекунад. Достонбекро аз сари суд озод мекунанд. Баъдан Достонбек ба Русия қарзканӣ рафтанӣ мешавад. Аз аэропорт мегардонанд, ки ту ба ягон ҷо баромада наметавонӣ. Модараш аз ин вазъият асабонӣ шуда пеши Давлати тағояш омада «пулҳоямро бигардон, ту ягон корро ҳал накардай» мегуяд. Давлат гашта мегуяд, ки «и*****уй. Бо шумора чи мефора, сағерата бровардум ай СИЗО, ту бо чи иқа нағмабозӣ кардестӣ? Бра ай дастут чи коре меоя букунен»
Зиёда аз ҳолати кор огоҳ шуда мефаҳмад, ки писараш фақат бо ҷарима озод мешудааст. Пеши суд меравад, запс мекунад Абдураҳмонзодаи раиси судро. Ва аз онҷо гашта боз пеши Давлат меояд. Мегуяд ман аз ҳамаи кор огоҳам, запс дорам дар дастам. Шумо бачаи маро махсус ташкил кардед ва аз ман пул кандед, ягон корамро ҳал накардед. Ман рафта запсҳоро ба коррупсия месупорам гуфта ба Идораи коррупсияи вилоятӣ меравад ва запсҳоро медиҳад. Бачаҳои Коррупсия мегуянд мо ин корро ҳал мекунем, пулҳоятонро гирифта медиҳем. Аз ин кор Давлат хабардор шуда ба Русия гурехта меравад. Ду рӯз пас аз рафтани Давлат раиси Суди ноҳияи Панҷро дастгир мекунанд. Апаи Зиёдаро боз коррупсияи вилоятӣ даъват карда ариза ва баёноташро мегирад ва мегуяд, ки «мо пулотона бар мегардонем».
Давлат аз Русия истода он рафиқаш Хайруллоро ба назди Зиёда равон мекунад, ки рафта аризаашро гирад: «набошад омада мекушам ва даркор бошад якумр турмаба мешинам» гуфта тахдид мекунад. Бечора зан чикор карданашро намедонад. Ин маблағҳоро раиси суд ба кала гирифта дар ҷояш востанавит мекунад ва бачаҳои коррупсия Зиёдаро даъват карда мегуянд: «мо ҳозир раиси судро оварда рӯбарӯ мекунем ва маблағатро гирифта меравӣ».
Зани бечора аз тарс «ман ба ягон кас пул надодаам, аризаамро мегирам» гуфта аризаашро пас мегираду пулро намегирад. Бо ҳамин Давлат аз Русия баргашта омада боз ҳамон бузию даюсиашро давом дода истодааст.
Давлат занашро ошкоро ба шуъбаи милисаи Панҷ ба назди Табаров барои ҳуҷҷатҳояшро дуруст кардан бурда месупорад ва худаш дар берун ждат мекунад. Давлат як писару як духтар дорад. Духтарашро ба Регар шавҳар дода буд. Духтарашро ҳам ҳамин хел «аделда кор мекунад» гуфта ба назди Табаров меорад. Аз ин кор домодаш хабар ёфта духтарашро талоқ кард. Табаров рафта барои духтараш аз Душанбе пеши Корвон квартираи1 хонаӣ гирифта медиҳад ва боз як мошини Шевролет мехарад.
Давлат як даюс ва як инсони бисёр ҳам пастфитрат аст. Арақро хурда маст мешавад ва боз мегуяд: «ма мардуми Панҷа ай духтари 5 солаш то занакои 50 соааш ме*****ша, даркор боша мардошам ҳаминхел». 90-90 Тойота -кемрии 2 мокрий асфалт дорад. Як рӯз Давлат савор мешавад, як рӯзи дигар Табаров.
Бародар агар ман дар бораи Давлат нависам ҷиноятҳояш тамом намешавад. Ман гуфтаниам, ки мардуми Панҷ чашматонро кушоед…
Номаи дуввум
Қурбони замнач, Бузмаков ва Аброру Ҷамшед Ҳисориевҳо
Ноҳияи Панҷ, колхози Кабут Сайфидинн. Раиси ҷамоати Кабут Сайфиддин Юнуси писар Кабут Сайфиддин аст. Ин раиси ҷамоат аз ҳар як сагу пишак қарздор аст. Раиси ноҳия буд, ҳозир раиси ҷамоат шудагӣ аст.
Аммо ин навиштаи мо дар бораи раиси ҷамоат нест. Дар бораи Ҳисориев Ҷамшеду Ҳисориев Аброр ва падарашон Алипиён (ба ҳамин ном мешиносандаш) аз деҳаи Партсъезд аст. Ин ду нафар наркобарон ва бузи ментҳо мебошанд.
Як хоҳари онҳо Ҳисориева Ситора мебошад. Шавҳари Ситора Ориф ном дорад. Як язнаи дигариашон аз Кулоб мебошад. Камазист аст. Ҳисориевҳо ҳоло дар Қазоқон мешинанд. Аммо онҳоро ҳама ҳамчун сокинони Партсъезд мешиносанд.
Ҷамшеду Аброр ва падарашон Алипиён, чуноне гуфтем бузҳои мақомотанд. Шуғли асосиашон қочоқи наркотик мебошад. Инҳо ба гуфти мардум фақат мент сер мекунанд. Орифи домодашонро бо борҳои Ҷамшеду Аброр қапиданд. Фақат гапашон ин аст ки мо «болоболоҳоро» мехуронем.
Чанд ҷойҳоеро, ки дар ноҳия гирифтаанд, фақат бар ивази «бор» ба даст овардаанд. Инҳо ба Ҳоҷӣ Раҳматулло-бародарзани Эмомалӣ Раҳмонов ва Зоир –домоди калонии Эмомалӣ Раҳмонов «бор» медиҳанд ва дар ҳар куҷо аз номи ҳамин «катакатаҳо» гап мезананд.
Он язнаи дигариашон, ки вай ҳам камазист-далнебойшик аст, кори асосиаш кашонидани борҳои Ҷамшеду Аброр мебошад.
Як гектар дар ҳошияи роҳи ноҳияи тарафи Рудакӣ замин гирифта заводи шебен рост кардаанд. Аммо ин завод барои «отвод глаз» аст. Инҳо «бор»-ро мебаранд ва дар ҳамон территорияҳо, аз ҷумла ҳамон заводи шебен баҷо мекунанд ва аз онҷо ба харидорҳо мефурӯшанд.
Чанд бор ин ду язна ва чанд шогирдҳои Ҳисориевҳоро қапиданд. Бо Камаз ҳам қапиданд. Сад- дусад ҳазор доллар дода халос шуданд.
Автобазаи тарафи Маданиятро барои қарзи борашон гирифтанд. Ду мағозаи стройматериал-шиферу тахта доранд. Инҳоро ҳам бо «бор» бартер кардагинад. Ҳамин точкаҳояшонро бо Ваҳҳоби сиёҳ ба бор иваз кардагианд.
Ситора хоҳари Ҷамшед як бераҳа аст. Орифи шуи Ситораро ду сол пеш қапиданд. 28 ҳазор доллар дода халос карданд. Ситора пештар телефонфурӯш буд.
Чанд вақт пеш яке аз язнаҳояшон-Орифро бо 70кило қапиданд. Гуфтанд, ки корро ба кала бигир, мо туро мебарорем. Аммо ин одам алайҳи Ҳисориев Ҷамшед показаний дод. Ба началник милитсияи пешина 80 ҳазор доллар пора дода наҷот ёфтанд.
Ҷамшед ва Аброр афғонҳои шарикони тиҷоратии маводди мухаддирашонро ба 350 ҳазор доллар кидат карданд. Афғонҳо, ки «мо любой солдата мезанем, бигзор давлат фаҳмад, ки чи гап аст. солдаторо мебарем мекушем ё меравем ягон заставаро тиршап мекунем.Сипас мегуем,ки Ҳисориев Ҷамшеду Аброр кардагианд». Ҷамшед, Аброр ва Ваҳҳоби сиёҳ қариб 1 миллион доллар аз афғонҳо қарздоранд. Ин қазияро бояд мақомот хуб диққат диҳанд,ки боз чанд вақт пас ҳазор туҳмати бардурӯғ накунанд вақте ягон ҳодисае сар зад!
Ҳисориев Ҷамшед бо афғонҳо қатъи робита карда телефонашро кушт.
Аммо афғонҳо қасди Ҷамшед ва Аброрро аз сарбозҳои сарҳадбон гирифтанианд. Қасди куштани солдатҳои бе гуноҳро доранд. То давлат аз кирдорҳои Ҷамшед ва Аброр бохабар шавад. 350 ҳазор доллар Ҷамшед ва Ваҳҳоби сиёҳ 600 ҳазор доллар аз афғонҳо қарздоранд. Дар ин қарз ҳиссаи Суҳроби сурх ва махсуми Халил ҳам ҳаст.
Инҳо ҳамаашон як «круг»-анд. Маҳмади ниҳол, махсуми Халил, Суҳроби сурх ҳамагӣ аз як круганд.
Дафъаи гузашта афғонҳо чанд солдатро зинда гирифтанд-заложник. Амният чи коре кард пас гирифтанд , тавассути дигар шахсҳо. Ҳозир боз ҳамон нағмаро сар карданд.
Ҷамшеду Аброр афғонҳоро кидат карда пулҳоро ба ментҳо медиҳанд. Ҳисориев Ҷамшед як Прадо дорад, ки ба боркашӣ успет намекунад.
Ҷамшед Ҳисориев Аброр Ҳисориеви писарони Алӣ пиёнро Сардори собиқи ШВКД Панҷ Ҷумахон Назар боздошт мекунад. Ин боздошт бар асоси 2000 ҳазор доллари амрикоӣ қабул кардан аз харидорҳои масолеҳи сохтмонӣ сурат мегирад. Тибқи маълумот ин дуро як уголовний розыск подставиташон мекунанд. Танҳо 80 ҳазор доллар Ҷумахон Назар мегирад. Инчунин дар суд бошад 150 ҳазор сомонӣ доля медиҳанд ва 100 ҳазор сомонӣ ҷарима дода озод мешаванд.
Як вақт борҳояшонро қапиданд. Борҳоро аз Ваҳҳоби сиёҳ қапиданд ва вай баёнот дод. Ваҳҳоби сиёҳ, шарики тиҷорати наркотики Ҷамшед ӯро фурухт. Алайҳи Ҷамшед нишондод дод. Ба сардори милисаи пешина, ки Ҷумахон Назар буд 100 ҳазор доллар дода халос хурд.
Вақте Ҷамшедро қапиданду Ҷумъахон Назар 100 ҳазор долларашонро гирифт аввал Ҷамшедро тарсонд, ки СИЗОят мебарем. Азбаски Ҷамшед чандин нафарҳоро «подставит» кардагӣ буд ва баъзе аз онҳо айни замон дар СИЗО буданд ва имкон дошт, ки баъзе аз онҳоро барои ин ё он кор аз зиндон ба СИЗО оваранд, аз рубару омадан бо онҳо тарсид. Вақте Ҷамшед дар пушти отдели Панҷ,ки (ИВС) буд милисаҳо вайро охурча ё хуррагаҳ кардагӣ буданд. Чуноне, ки Фаттоҳ Саид дар вақташ Низомхон Ҷураевро фуҷида қоқ карда буд.
Дар толори Раёсати корҳои дохилии Хатлон ҷаласа баргузор шуд. Дар он ҷаласа акси Ваҳҳоби сиёҳро бо ришу фашаш нишон доданд. Абдураҳмон Бузмаков Қурбони замначалники Панҷро хезонида пурсидааст, ки «ира мешиносӣ»?
Гуфтааст: «ҳо, қатиш як бор шишту хез кардагиюм».
Бузмаков ба Қурбони замначалник гуфтааст, ки «чи руи очата лахча мекунӣ? Паданаълати ҳаромхур! Постоянний ту қати ҳамин будӣ!»
Бузмаков дар ин ҷаласа Қурбони замначи Панҷро дашномҳои қабеҳ кардааст: «ку..зан мезанамат дар танаи девор келаск бори мечаспӣ»
Хайруллозода Қурбон Саттор замнач гуфтааст, ки як бор кардам.
Бузмаков гуфтааст, ки як бор накардӣ, ҳамаи корҳоятро медонам.
Қурбони замнач агар кор накарда бошад, 500- 600 ҳазор доллар фақат аз Ваҳҳоби сиёҳ кор кардагӣ аст. Ҳамроҳи Хайруллозода Қурбон Саттор сардори УУР-и Хатлон ҳам буд. Ҳоло дар кадоме аз ноҳияҳои вилояти Суғд сардори милиса шудагӣ аст.
Борҳои Ҷамшеду Аброрро Ваҳҳоби сиёҳ мекашонд.Хайруллозода Қурбон Саттор ва ҳамон началники собиқи УУР-и Хатлон сопровждаюший буданд. Ҷамшеду Аброр суми калон барои сопроваждаюшияшон ҷудо карда буданд.
Ҳозир бошад Ҷамшеду Аброр ҳам суд, ҳам прокурор ва ҳам началники милитсияи нав омада подполковники милитсия Шамсуллозода Баҳром Салом сардори ШВКД Панҷ низ дар «доля» шинонидагианд.
Абдураҳмон Аламшозода-Бузмаков, ки ҳоло кондиди №1 ба ҷойи Рамазон Раҳимзодаи буқача аст худаш Хайруллозода Қурбон Сатторро гуфтагӣ, ки «мезанам келаск боре деволда мечаспӣ. Сумои мардума мегирӣ бо отказ мекунӣ». Тибқи маълумоти дигар ин аст,ки Бузмаков пули хуб гирифтааст ва дигар Бузмаков ҳам кришашияшон мекунанд. Яъне корҳо ҳал шуд.
Аммо Хайруллозода Қурбони замнач ба ҳадде аз худ рафтагӣ аст, ки даже дар пеши пост хона рост кард. Қурбон аз сумҳои Ваҳҳоби сиёҳ дар пеши бозор як дастгоҳи пахтазанак харида ба кор даровард. Дар пеши Ҷумъабозори Панҷ «Лаби чаган» мегуянд, ки онро ҳар кас медонад.
Бузмаков дар маҷлис гуфтааст: «Муҳаммадиқбол тра чи барномае кардаст, ростат мега, мошини 60 ҳазор доллараро дар Данғара чапа кадӣ, корат фақат ин аст ки чи тавр туҳмат кунӣ ягон касрову бариву сум канӣ»
Ҳамон началник Уголовний розиски вилояти Хатлон аз номи вазир ва аз номи Бузмаков гап мезад «супориш аз боло» мгуфт ва ягон кас қуш намешуд. Ҳатто началникро «в курсе» намемонданд. Ҷамшед, Аброр ва Ваҳҳоби сиёҳ ҳам дар ҳавои ҳавобаландиҳои онҳо «летат» мекарданд ва аз номи Бузмаков гап мезананд.
Мо дар Ислоҳ чандин матлаб ва дуздиҳо ва наркобарон будани подполковники милитсия Хайруллозода Қурбон Саттор замначи Панҷ нашр намудем. Аммо боз ҳам Шариф Назар ӯро сардори ШВКД дар ноҳияи Темурмалики вилояти Хатлон таъинаш намуд. Тибқи маълумоти расида Хайруллозода Қурбон дар круги худаш дар Душанбе ?ки щангоми дарс якыо ыамъ шуда буданд гуфтааст: «чикорам мекунанд менависанд барнома мекунанд Шариф Назара 70 ҳазор додам бояд Панҷда мемонданм гуфт, ки уҷа дига намешавад шумиха кард Ислоҳ вале Темурмаликда мондм».
Началник милисаи пешина Ҷумахон Назар буд. 80 ҳазор доллар аз ҳаминҳо гирифт. Ҷумахон Назар баъди Ваҳҳоби сиёҳро қапидан, яъне дар ду-се моҳи ахири кораш аз ниммиллион доллар зиёд гирифтуу рафт. Дилхоҳ касро мехост оварда мезад. Хоҳад салафӣ мезад, хоҳад дигар чӣ. Меканд 20 -30 ҳазор доллари он бадбахти бечорарову ҳуй мекард. Пеш аз Ҷамшед бачаи Расулро қапида чил ҳзор долларашро гирифта гуфтаст дар территорияи Тоҷикистон набинамут, гум шав.Гуфтааст, ки ман «куҷо мерам, охир ман ягон кор накардам». Ҳоло бошад Ҷума Назар сахт машғули кору бори маводи мухаддир аст. Ба наздики якуним моҳ пеш чанд нафарашро дар Суғд бо маводи мухаддир боздошт карданд мардак барин рафта онҳоро озод кард. Ҳоло бошад Ҷумъа Назар дар УУР вазифаи баланде надорад. Аммо гуфтааст Бузмаков вазир шавад вазифаи хубам медиҳад. Аммо Рамазон Раҳимзода сахт бадаш медидааст вале ҳимоятгараш Бузмаков аст вазир аз дасташ чизе намеояд.
Номаи саввум
Милисаҳои Панҷ мулло Нурмуҳаммадро чи гуна куштанд?
Дар ноҳияи Панҷ бо номи Фирузача машҳур аст. Дар пеши идораи ШВКД-и Панҷ як самбусахона ҳаст, ки дар онҷо ҳамчун пешхизмат кор мекунад. Ин зан бузи милисаҳо ва як подставчик аст. Ҳозир ӯро «вобаста» кардаанд.
Сардори УБОП-и ШВКД-и Панҷ Убайдулло ном дорад. Ин Убайдулло як мошини 99 шалақ дорад. Бо ҳамин Фирузача ҳамкорӣ мекунад, балки Фируза ҳам буз ва ҳам «постоянка»-и Убайдулло мебошад.
Ба наздикӣ як муллоеро, ки 70 сол дорад, аз ҷамоати деҳоти Нури Ваҳдат деҳаи Шакардашт ва ҳамсояи худи ҳамин Фируза аст, подстава кард.
Нурмуҳаммад Ҳимматов, қаблан имомхатиб буд. Аммо баъдан ӯро гирифта дар ҷояш чоплуси худашонро таъин карданд. Марди зиёӣ буд. Мардуми қишлоқ ҳурматаш мекард. Солим ва бардаму боқувват, ягон дард надошт. Мутаваллиди соли 1958. Милисаҳо ҳамин Фирузаро « ису усу карда ташкил» мекунанд. Мебаранд пешаш медароранд. 2-3 маротиба рафта ман тарс дорам бобои мулло манро бихонед гуфта ба бовариааш даромада бо вай худро мечаспонад. Ин бева ҳамсояи худи ин мулло аст. Пеши домулло меравад мегуяд, ки «домулло мазаам нестай, мара бхона, маро вай ку,ису ку осу ку». Меравад як –ду бор мехонад. Сеюмбора меравад худи бева движени мекунад. Ин муллоро чанд сол мешавад занаш нест. Фируза движений мекунад. Одам нафс дорад. Дилхоҳ мард нафс дорад. Як ду бор ҳамин корҳоро мекунад. Дафъаи дигар бева съемка мекунад, баҷоӣ ва ба отдел медиҳад. Ин воқеа рӯзи 8 сентябри соли 2024 шудагӣ аст. Хулоса, бева съемка карда ба милисаҳо медиҳад. Ва дафъаи дигар тавре шароитро месозанд, ки дар айни муносибат милисаҳо зада хона даромда муллоро дастгир мекунанд. Мегиранд мебаранд отдел.
Мулло дар аввал чанд бор рад карда мегуяд, келинам ин корро накун, ту шавҳар дорӣ, ягон кас бидонад, дар қишлоқ беобру мешавам.
Фируза бошад ҷавоб медиҳад, ки «домулло парво накун, шавҳари ман дар Русия, маро партофта рафтагӣ аст. Шумо ҳам бе зан, ягон кас пай намебарад» ва бо ҳамин гапҳо муллоро ба дом меандозад.
Дар ҳамин ҳолат кормандони милитсия даромада муллоро дастгир карда зада- зада ба отдел мебаранд. Муллоро он қадар мезананду дар каллаш мебанданд, ки ту ҳамин занро таҷовуз кардӣ, мо туро турма мекунем ва бо ҳамин гуна таҳдиду фишорҳо метарсонанд ва мулло мегуяд, ки «ман ин шармандагиро намебардорам, чизе гуед меорам. Ин гап ягон ҷо овоза нашавад» гуфта илтимос мекунад. Убайдулло мегуяд: «мусафед 30 000 сомонӣ оварда диҳӣ, ҷавобат медиҳем набошад ба ВКД мебароем фалон мекунем. Агар 30 ҳазор сомонӣ овардӣ мо туро намешиносем ту моро.
Мулло розӣ мешавад. Ин мулло 4 фарзанд дорад ки дар Русия ҳастанд. Аз 10 сол зиёд дар онҷо кору фаъолият доранд. Пулро равон мекунанд. Ин мулло пулро гирифта пеши Убайдулло меорад. Убйдулло муллоро даруни кабинеташ дароварда Фирузаро занг мезанад. Мегуяд давида карда пеши ман биё. Фируза меояд ва аз пулҳое, ки ин мулло оварда буд Убайдулло 10 ҳазор сомониашро гирифта дар пеши чашми мулло Фирузаро медиҳад ва мегуяд, ки ин ҳақи ту. Муллоро мегуяд муйсафед «хай дар зиндагӣ чиҳо намешавад, кори шидагӣ шид, гап ҳаминҷа мурд мегуяд. Агар аз инҷо баромада ҳамин занакро ягон гап мегуӣ «куни турмада ҷот мекнм» гуфта қасам медиҳад ва ҷавобаш медиҳад. Ин мулло баромада писаронашро мегуяд манро ба назди худатон фарёд кунед. Ман дигар дар Тоҷикистон намеистам гуфта билет мегиронад ва аэропорти Душанбе меравад. Уро бо чи сабабе гузаштанӣ намемонанд. Мегуянд муйсафед ту аз Тоҷикистон баромада наметавонӣ. Гашта хонааш меравад. Дар аввал аз гармии дард он қадар намефаҳмад. Пагоҳаш аз даруну даҳонаш хун меравад. Дар ҳол фарзандҳояшро мегуяд саломатиам хуб нест, биёед. Фарзандонаш меоянд, мебаранд бемористони Панҷ. Онҷо қабулаш намекунанд. Рост мегиранд мебаранд Душанбе ба беморхонаи Истиқлол корпуси 5А мебаранд мехобонанд. Ва духтурҳо омада ташхис мегузаронанд ва фарзандашро пешаш фарёд карда мепурсанд: «падаратонро чи кор кард? Касе зад ё аз куҷое афтид гуфта аз писараш мепурсанд»?
Писараш аз духтур мепурсад, ки барои чи ин хел пурсида истодед?
Тамоми дилу ҷигараш дарида лахтаи хун шудааст мегӯянд духтурон. Инро мо табобат карда наметавонем ва аз беморхона ҷавобаш медиҳанд. Баъди се рӯз ҷавобаш доданд, ки одам намешавад, бигиред баредаш.
Уро дар милисахона зада полний ход маъюбаш карданд. Пулашро гирифта ҷавобаш доданд. Пагоҳаш дар хонааш ғалтид. Ҳамсояҳояш гуфтанд, ки аз милисахона омад мазааш тамоман гурехт.
Аммо Убайдулло, сардори УБОП-и Панҷ бохабар шуда омада духтурҳоро чи коре кард, ки духтурҳо гуфтанд, мо ҳар кори аз даст ва имкониятамон бударо анҷом додем. Намешавад.
Писаронаш падарро оварда дар хона табобат мекунанд. Аммо фоида намекунад Баъди 5-6 рӯз яъне дар санаи 27 сентябр вафот мекунад.
Ман бо навиштани ин ҳикояти ҷонгудоз чи гуфтан мехоҳам? Нафақат муллои Панҷро, балки тамоми моро ин золимон, яъне авлоди Эмомалӣ кушта истодаанд. Ин Убайдулло ҳам аз ҳамон Данғара аст. Шавҳари Фируза аз ин кор огоҳ шуда мегуяд ман барвақт занамро талоқ карда будам. Ному насаби шавҳари Фируза Турдалиев Гулмад аст.
Ба мардуми Панҷ гуфтаниам чашматонро калон кушоед. Имруз муллоро мекушад, пагоҳ моро, бародару акаву хоҳарамонро мекушанд ин золимон. Фируза як духтари дигар дорад, ки нав 18 сола мешавад. Ин ҳам як қаҳба аст. Огоҳ бошед ҷавонҳо. Шуморо ҳам подстава накунад.
Тахминан як моҳ пеш ба деҳа мошини Убайдулло (любовник)-и Фируза меояд. Рақами қайди давлатӣ, яъне номери мошин 99 -90. Ин мошин соати 1-и шаб меояд. Бачаҳои қишлоқ мебинандаш. Мегуянд, ки «янга ин коратона накунед қишлоқи мора беобру кардӣ».Фируза бачаҳои қишлоқро мегуяд, ки « кортон набоша ку..теҳо». Яке аз ин бачаҳоро ин гап сахт мерасад, мегуяд «даҳанатро раҳ бги хафат мекунам».
Фируза пагоҳаш меравад ба Убайдулло ҳамаи моҷарор зиёду барзиёд карда хабар мекашад. Убайдулло ин бачаҳоро дастгир карда мебарад, статяи авбошӣ мезанад ва 5 суткаи маҳкам ва 7ҳазор сомонӣ ҷаримаашон мекунад.
Ин буд моҷарои Фируза, домуллои марҳум Нурмуҳаммад Ҳимматов ва милисаҳои Панҷ
Хонанда ва бинандаи «Ислоҳ». Ончики инҷо хондед, воқеияти маҳз аст. Ҳиҷ ҳарфе изофа ва афзуда нашудааст.
Агар ҳукумат ҳукумат аст, агар прокурор прокурор аст, агар амният амният аст, агар милиса милиса аст, агар суд суд аст, ин ҳодисаҳо руй намедод.
Достонбек чи гуноҳ дорад? Вай на соҳиби мағоза аст, на мол қабул мекунад ва на фурушанда аст. Вай фақат бо хоҳиши соҳиби мағоза дар ғиёбаш барои чанд соат дар ҷойи вай истодааст.
Ва ё ҳамон мулло, ки акнун дигар зиндагиро тарк кард. Ҳам 30 ҳазор дод ва ҳам кушта гардид.
Милисаро бинед, ки амнияти роҳи қочоқбаронро таъмин мекунад. Яъне сопровождаюший. Муовини аввали вазири корҳои дохилии Тоҷикистон Аламшозода Абдурраҳмон ё Бузмаков медонад, ки як мақоми масъули милиса дар ноҳия бо қочоқи маводи мухаддир машғул аст. Ва ҳамин муовини аввал имкон дорад, ки курсии вазириро бигирад.
Ана ҳамин аст Раҳмонов ва ҳукумати вай.