Ин нашри барномаро аз номаи як нафар узбекистонӣ, ки ба Ашт, ба аёдати пайвандонаш омадааст, шуруъ мекунем. Ин нафар мегуяд, ки ҳоли табоҳи хешу таборонаш дар Аштро дида сахт нороҳат шудааст. Вай гуфтааст, ки дар ин асру дар ин замон бесвет будани аҳолӣ, дар торикӣ ва сарди нигоҳ доштани онҳо ҷинояти сангин аст. Ба ҷуз аз ин ин нафар гуфтааст, ки набуди мард дар Тоҷикистон боиси баду бероҳа гаштани занҳо шудааст. Беҳтараш идомаи ҳикоятро аз забони худи вай бишнавем:
Ашт
Ассалому алейкум бародар Муҳаммадиқбол! Аз як ҳодисае, ки ба сари мо омад, ҳикоят мекунам. Ана хамин рӯз аз Понғоз, аз гури торик омадем. Ман ин хел бекориро надидагиям. На светро дидам ва на оби тоза хурдам. Одамҳое, ки ман мешиносам барномаҳои Шумро гуш мекунанд, аммо метарсанд, ки гап зананд. Дар Понғоз як участковий будааст, ки ҳамаро тарсондагӣ. Ман бо ҳамаи аҳли хешовандон ва ҷамъияте, ки мешиносам гап задам. 80 % занон мондагӣ. Боқӣ ҳама дар муҳоҷират. Ҳамин ҳол бошад ҳам, бовар кунед, ки агар як мард, бандаи мумини мусалмон бошаду бисёр не, як мох даъват кунанд, ҳамин занҳо ба Аллоҳ қасам мехезанд. Ман ин тули чанд рӯз ранги як махкум гаштам. Хоҳад светро медиҳад не бошад, не. Занҳои шавҳардор ранги беваҳо, шавҳаронашон дар муҳоҷират. Баъзеаш аз раҳ бероҳа шудагӣ, наркоман. Айб бошад ҳам барделро надидагӣ мардак почти нест. Заифхо голодный. Дар киноҳо надидам ин ҳолатро боварам кунед. Агар пеши ин вазъу ҳолро нагирем Аллоҳ як балои сахтро болои ҳамаи мо мефиристад. Ҳамин хел аз гранитсаи Садоқат гузаштаму худи аз гури торик баромадаги барин хурсанд шудам. Алҳамдуллиллоҳ, ки ватани ман интавр не. Ба Худо қасам оби чашмам рехт аҳволи тоҷикҳоро дида. Бовар кунед, ки Аллоҳ любой вақт як сел ё ягон балои сахтро мефиристад аз сабаби рафтори занҳои шавҳардор. Як меҳмон биёяд дар куча, дар сари бозор бо нигоҳи чашм ишора ба зино мекунанд. Ман дар ҳамин 43 соли ҳаётам зино накардаам. 6 хоҳар ва 2 апа дорам. Аз аллоҳ метарсам, аҳвол расо ҳам бад дар Понғози Ашт.
Ман худам шаҳрванди Узбекистон. Чанд рӯз меҳмон шуда будам дар Понғози Ашт. Ин ҳама даҳшатҳоро дидам, сарам гиҷу гаранг шуд.
Агар мардҳои Понғоз аз Россия барнагарданд баъд занҳоро управлять кардан наметавонанд.
Ба Худо қасам Аллоҳ ин хел ҷойҳоро ба як бало несту нобуд мекунад. Ин пулу молу мулк аз сараш мемонад. Духтараш фоҳиша занаш фоҳиша келинаш фоҳиша, ин хел бойгарӣ нафык ненужен. Бародар ман дуруст мегуям ё хато гап зада истодаам?
Ман аз Узбекистонам. Моро Ислом Каримови диктатор ин хел азоб надодаги буд. Ин рӯзи ганда сахт, бародар. Духтар медонад, ки модараш бероҳа, модар медонад, ки духтар беҷогард, келин медонад, ки хуштоману хоҳарарусаш фоҳиша, акнун ӯ ҳам ҳар коре кунад кӣ ӯро чи гуфтан метавонад?. Бовар кунед, ҳамин хел нақл карданд,ки як мард бо ҳама занҳои як оила, модар, келин, духтар робита дорад. Дар ҷое, ки ман истиқомат мекунам, 350 ҳазор аҳолӣ 95% тоҷикҳо зиндагӣ мекунем. Шукри Аллоҳ, ки ба ин хел вазъият Каримов наоварда буд моро. Он заифҳо ҳам нафс дорад. Ман мардам. Оби чашми ман «анча мунча чизба намерезад, ҳамин Понғоз ба рафтагимба рехт».
Аммо як чизро мушоҳида кардам, ки дар Понғоз тарафдорони шумо хеле зиёданд. Ин шо Аллоҳ ғалаба мекунед!
Душанбе
Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқбол. Хоҳиш мкунам ин номаи моро ҳарчи зудтар нашр кунед. Ман аз Арбобхотун, як деҳаи машҳури ноҳияи собиқ Рудакӣ, ки ҳоло ба ҳайати ноҳияи Сино-1-и Душанбе даромадааст, мебошам.
Номи раиси Арбобхотуни ноҳияи Сино-1и Душанбе Восидов Табаралӣ. Мо мардум зери зулми ин нафар қарор дорем. Ман- манӣ бисёр мекунад. Халқи деҳаи Арбобхотун аз вай сахт безор шудагианд. Не маърака карда метавонанду не ягон сохтмон. Дар ҳавилиат ягон хона бунёд мекунӣ бо участкавой омада пул талаб мекунанд. Номи участкавойи маҳаллаамон Маъруф аст, аз Данғара аст. Бачай ҷавони бе зан аст. Вайро рулавату контрол мекардагӣ додараш будааст, дар ширкати Фароз кор мекунад. Номаш Восидов Миралӣ. Он кас ҳам бо писараш дар Фароз кор мекардааст. Номи писарашро намедонам. Зани раис муаллима кор мекунад. Тамоми корҳои навис -нависашро занаш пеш мебарад. Худаш не навишта метавонаду не хондан. Саводи кофӣ ҳам надорад. Хулоса мардуми дехаи Арбобхотун яъне Афғоно ба дод омадагианд. Деҳаи Арбобхотун ном дораду лекин Афғоно мегуяндашу маъруф ба ин ном аст.
Барои як справка аз ҷои истиқомат меравӣ 20 сомонӣ талаб мекунад. Боз мегуяд, ки ин печат бо ранг истифода бурда мешавад. Мо ранги ин печатро мехарем гуфта гапҳои дағал мезанад, мақсад пул тиед.
Хулоса, ягон кори ҷамъиятиро пеш намебарад. Дар масҷид намемонад, ки мулло пеш аз намоз каме амри маъруфу наҳйи мункар кунад. Муллоро фақат дар бораи пешравии фарҳанги Тоҷикистон ва хизматҳои беназири Пешвои муаззами миллат гап зан мегуяд. Муллои масҷидамон Мулло Собир ном дорад.
Хулоса, ки ин раиси Арбобхотун сахт порахур аст. Ягон чизро аз пеши худам наменависам. Зокири бачааш рӯзи дароз дар кучаҳои маҳалла мегардад, назорат мекунад, ки кӣ дег мемонад, кӣ маърака дорад, кӣ хурсандӣ дорад. Ҳамаи ин чизҳоро омада ба падараш мерасонад. Разветчики кучоҳои маҳаллаамон аст. Алишери бачааш бошад муддати ду сол мешавад аз падараш ҷудо зиндагӣ мекунад.
Аз он ҷиҳат, ки дар маҳала бисёр рафиқҳову шиносҳояш аз пушти падараш гапҳо дағал мефаҳмид. Мардум мегуфтанаш, ки ту писари калониаш ҳастӣ, падаратро бигу одамфурушӣ накунад, мардум озодона зиндагӣ кунанд, ба мардум ҷабр накунед. Ин писари калониаш аз шунидани чунин суханҳо безор аз ҷон шуду аз хонаи падар баромада рафт. Бо кудаконаш дар дигар манзил зиндагӣ дорад. Ҷои кораш нуқтаи фурӯши бензин-заправкаи Ориё, онҷо кассир кор мекунад. Писари кенҷагиаш Беҳруз аст. Кораш мошинбизнес. Опелҳои фарсудаву шалақро бурда дар Хуҷанд косметичиски ремонт мекунаду оварда дар Душанбе мефурӯшад. Дар бораи участкавой- Маъруфи данғарагӣ. Як кудаки аҳмақ аст. Аз дасташ ягон кор намеояд. Сахт бесавод аст боварам кунед. Ҳатто навишта наметавонад. Кришааш дар дастгоҳи президент будааст. Номаш Абдусалом. Инҷо территорияи «тенҷ» аст гуфта Маъруфро участковийи мо мондааст. «Тенҷ» ба маънои онки дар инҷо пулкоркунӣ бисёр мешавад. Дар ин ҷамоат бангиву хулиганҳояш бисёр «чойпулита кор мекунӣ, мегардӣ». Дар маҳаллаи Ҷуйбодом як ҳуҷрааш карданд, сари роҳи мошин, дарун ба дарун се то кабинет дорад. Ин ҳам як одами намешуданӣ аст. Намози шом пеши масҷид омада ҷавонҳоро намемонад, ки ба масҷид дароянд. Ҳар панҷшанбе ва шанбеву бозор кораш бо раиси маҳалла пора гирӣ аст. Як сохтумон ҳам дорад. Ин Маъруфи участкавой кадом ҷавоне, ки ягон хатоӣ мекунад мегуфтааст, ки бар дар фалон ҷой як мошин қум ё шебен рез, баъд аз гуноҳат мегузарем.
Дар ёдатон бошад бародар Муҳаммадиқбол дар бораи заминфурӯшии раиси ҷамоатамон камтар дар барномат гуфта будед. Аз ҳамон вақт он одам нопадид шудааст, халос шудем аз н касифу касофат пас аз барномаи шумо. Барои як справка мерафтем як ҳафта пушти дараш мешиштем. Хеле зиёд интизори мекардем.
Як мошини Прадо дошт, як тоқии каҷала дар сар меомад, саломро алек нагирифта мебаромад мерафт. Эшонаш мегуфтанд. Аз рӯзе, ки дар борааш гап задед худаш гурехт рафт. Гуноҳи сахташ аз ҳисоби замин дуздиву заминфурушиаш буд. Мардум аризаи замингирӣ доштанд аз чойҳои хуб. Ҷойҳои хубро бо пули калон мефурухт. Аз Мирзочулу аз Учкул, як адири дашт ки онҷо свету об набуд мардумро замин медод. Кадоме маълумоташро ба шумо расонид Худованд падару модарашро раҳмат кунад. Шумо гап задед, ҳоло гурехтане кард, ки не номаш ҳасту не нишонаш. Раҳмат кунад гузаштаҳои шуморо. Бародар шумо фикр накунед, ки мардум шуморо аҳамият намедиҳад.
Ҳамаи мардуми маҳаллаи Ҷуйбодом ва Арбобхотун 90% шуморо тамошо мекунад. Танҳо метарсанд, ки занг зананд, проблмема мешавад, гуфта метарсанд. Бародар мо ҳама вақт дар барат ҳастем. Ба мардуми Афғоно гуфтаниям мана ман гап задам ин номаро навиштам ҳичи нашудааст ба ман. Натарсед нависед мушкилоте дорем. Дар мавриди танзим ва зулмҳое мекунанд нависед. Охир ҷони ҳамаатоннро бар лаб овардаанд аз чи метарсед. Ин кормандони танзим танҳо барои кисаҳои худ кор мекунанд, на барои ҳукумат. Аз ҷиноятҳои Раис ва нозири минтақа нависед. Намехоҳед аз мусибатҳо халос шавед!
Рашт
Ассалому алейкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу бародар Муҳаммадиқбол. Ман худам аз Рашт ҳастам. Мехоҳам роҷеъ ба он корҳои бад,ки аз ноҳияи Рашт медонам ба шумо маълумот диҳам.
Солхои 2013 то 2014 кормандони РШВКД дар минтақаи Рашт ба боғу кучаҳо мегаштаанд, то ки ягон ҷавонписарро бо ҳамроҳии ҷавондухтаре бинанд. Бо кадом мақсад?
Масалан ду корманди ШВКД ба боғу кучаҳо мегаштаанд. Агар ягон ҷавонписарро бо ягон духтар медидаанд, онҳоро мепурсидаанд, ки шумо чи кор мекунед? Он духтар ва писар аз тарс ҳеҷ гап гуфта наметавонистаанд.
Пас, он корманди ШВКД писарро аз пеши духтар дур мебурд ва писарро тарс медод, ки ту бо ин духтар бе никоҳ чи кор мекунӣ? Дар ҳоле, ки онҳо донишҷуянд. Ин писарро тарс дода ӯро муттаҳам мекунад. Ва он писар бошад мегуяд, ки рафиқ сардор чанд пуле гуӣ медиҳам, моро ҷавоб деҳ равем, шарманда мешавем. Дар ин ҳолат корманди дигари ШВКД духтарро тарс медиҳад, ки падару модаратро ба шуъба даъват мекунем, то бидонанд, ки духтарашон чи кор мекунад. Духтар бошад аз тарс пеши корманди ШВКД зора мекунад, ки шарманда мешавем, ин корро накунед. Ин корманди бадбахт аз фурсат истифода бурда рақамҳои телефони духтарро мегирад ва ба духтар мегуяд, ки «пагоҳ фалон соат ба наздам биё, фалон утоқи корӣ». Ин духтар аз тарс розӣ мешавад. Вақте ба назди ин корманди бадбахт меравад вай духтарро занвор истифода мекунад. Яъне бакораташро мегирад ва ба ӯ мегуяд, ки ин корро дар гардани ҳамон писаре, ки ҳамроҳаш будӣ бор мекунем ва он писарро даъват мекунанд ва ба ӯ мегуян, ки ту ҳаёти духтарро сузондӣ. Он ҷавон қасам мехурад, ки ман ин корро накардам. Духтарро мепурсанд, ки ин писар ба ту дастдарозӣ кард? Духтар мегуяд бале. Хуллас, писарро латукуб мекунанд, то инки гуноҳро ба уҳда гирад ва ба замми ин кор аз ӯ пул мегиранд. Солҳои 2014 ин воқеа ба сари ду донишҷе, ки онҳо аз ноҳияи Тавилдара, ҳозира Сангвор будаанд, омада буд.
Ду бачаи тавилдарагиро бо ду духтар кормандони РШВКД дар минтақаи Рашт меқапанд. Ин ду духтарро бо роҳи тарс додан бакораташонро мегиранд. Ин ду духтар ҳам донишҷуёни ДДОТ буданд ва онҳоро маҷбур мекунанд, ки дар ҳақи ин ду бачаи тавилдарагӣ туҳмат кунанд. Гуё онҳо маҷбурӣ ба ин духтарҳо расидаанд ва ҳаёти онҳоро гуё ин бачаҳо сузондаанд.
Муовини сардори РШВКД дар минтақаи Рашт Додарҷон буд бо тахаллуси Додарҷони достча. Ин бадбахт коре мекунад ва бо хурдоваҳояш сухан як карда ин ду бачаи Тавилдараро дело мекунанд ва директори донишгоҳро мегуяд, ки ин ду донишҷуро аз донишгоҳ хориҷ кунед. Инҳоро хориҷ мекунанд ва делоро ба прокурори ноҳияи Рашт пешниҳод мекунанд. Прокурор номаш Хушвахт буд. Аслу зоташ аз Вахёи Тавилдара, аммо худаш дар Панҷ зиндагӣ мекардааст. Дело вақте ба дасти прокурор меафтад, мебинад, ки ин бачаҳо аз Тавилдара. Делоро хом мебарорад, яъне бекор месозад ва ба Додарҷони Достча занг мезанад ва мегуяд занфалон инҳо ҳамшаҳриёни ман ҳастанд, онҳоро ба назди ман биоред. Рафта онҳоро аз СИЗО меоваранд. Прокурор ба муовинаш супориш медиҳад, ки инҳоро бареду шикамашонро сер кунед ва бурда аз пости Лаби ҷар дар ягон мошин савор кунед, роҳпулӣ диҳед, раванд хонаҳояшон, падару модарашонро бинанд ва боз биоянд дар донишгоҳ таҳсилашонро давом диҳанд. Баъд ба ректори донишгоҳ прокурор занг мезанад, супориш медиҳад, ки ин ду бачаи тавилдарачиро дар ҳамон курс востановит кунад, омада таҳсилашонро давом диҳанд.
Аллоҳи меҳрубон ба туфайли ин прокурор ин ҷавонписарҳоро аз туҳмати ногаҳон ва зиндон наҷот дод. Ин хел корҳои бад то ба ҳозир давом доранд.
Прокурор, раисони суд ва сардорони милисаҳо дар панҷ соли кориашон директорони донишгоҳҳо ва омузишгоҳҳоро даъват мекунанд ва ба онҳо маслиҳат мекунанд, ки аз байни духтарони донишҷӯ як хушруяшро розӣ намоянд ва то аз вазифа рафтанашон занвор истифода мекунанд. Масалан чи хел?
Ин духтарро ба воситаи одамашон подробно мефаҳмонанд, ки то вақти дар вазифа буданашон дар донишгоҳ бе мушкили таҳсил мекунӣ, чи хели сару либосе, ки хоҳӣ мепушӣ, бакорататро мегирад ва ба ту дору медиҳанд, ки ҳомила нашавӣ ва пеш аз вазифа гирифтанаш ин духтарро ба духтур супориш медиҳад, ки бидузед, то ки мисли пешинааш духтар шавад ва ба ин духтар пул ҳам медодааст. Бубинед, ки чи корҳои зишт мекунанд.( Ному насаби ин духтарон дар Ислоҳ маҳфӯз аст ва ба хотири бадном нашуданашон нашрашон намекунем.)
Раҳмонов ин ҷиноятҳоро пешгирӣ кун. Ин шо Аллоҳ, ин гуна рӯзҳо ба сари ту ҳам хоҳад омад.
Нуробод
Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқбол! Мо мардуми деҳот ва ноҳияи Нуробод аз дасти шуъба ва вазорати маориф ҳол надорем. Дар як мох 2-3 маротиба ба мактаб як филми бемаъниро меоранд ва аз хонандагон маҷбурӣ 3 сомонигӣ мегиранд. Ин магар аз руи адолат аст? Корҳои ғайриқонунӣ бисёр аст Раҳмонов фақат ба Муҳаммадиқбол тамос дошта бошӣ ҷиноят мегуяд. Ба шаъну шарафи президент расидан ҷиноят будааст. Раҳмонов аввалҳо мегуфт ва қонун ҳам ҳаст, ки «Давлат ба дин дахолат карда метавонад», ва дин ба давлат дахолат карда наметонад. Магар ин аз руи мусалмонист, ки фарзанди худатро таълими динӣ диҳӣ ё ки хати Қуръонро омузонӣ ҷаримаи калон месупорӣ. Бинед, ки чи корҳо рафта истодааст. Дар маркази ноҳия фоҳишахона ҳаст. Номи фоҳишахона “Нури Нуробод” аст. Бубинед, ки фоҳишахонаро чи ном гузоштаанд? Онҷо агар ба ҳамон духтаре, ки дар пешат рақс кунад,10 сомонӣ диҳӣ куртаашро бадар мекардааст, боз 10 сомонӣ диҳӣ он духтар худашро лухт мекардааст. Магар Раҳмонов аз ин ҳол хабар надорад? Ин корҳо ҷиноят нестанд? Тамоми ҷавонҳо ба касалии СПИДу сузоку дигар касалиҳои зуҳравӣ дучор шудаанд. Ҳеҷ гоҳ шариати ислом мардумро ба роҳи бад даъват намекунад. Мисол
1-дуздӣ ҳаром
2-зино ҳаром
3-одамкушӣ ҳаром
4-ҳаққи мардумро хурдан, зулм кардан, озор додани як инсон ҳаром
5-шаробнушӣ ҳаром ва ғайраҳо. Ку камбудиҳои дини муқаддаси мо мусалмонҳо?
Раҳмонов никоҳи хешутабориро манъ карда ҷиноят мегуяд. Мегуяд фарзандони носолим ба дунё меояд. Бинед ин гап хато аст ва зиди Пайғамбарамон ҳазрати Муҳаммад, саллалоҳу алайҳи вассалам аст.
Духтари Пайғамбарамон дар ҳамсари писари амакаш, саҳобаи беҳтарин- ҳазрати Алӣ, разияллоҳу анҳу, чаҳорумин халифаи мусалмонон буд, ки аз онҳо Имом Ҳасан ва Имом Ҳусайн ба дунё омаданд ва мо хуб медонем, ки инҳо дар дин чи хизматҳо кардаанд. Чаро инҳо носолим тавалуд нашудаанд. Раҳмонов аз пеши худаш ривоят месозад. Чаро ту худат Азизмои духтар тағоятро гирифтӣ 7 духтару ду писар дорӣ ягонтоаш девона параличанд? Чаро духтаронат бо ҳамдигар духтар медиҳанд барои онҳо иҷозат аст барои дигарон не ?
Ҳар як қонуне Раҳмонов мебарорад, зидди дин аст. Мегуяд рафтани то 18 сола ба масҷид манъ, таълими динӣ манъ.
Пайғамбарамон фармудаанд, ки аз гаҳвора то гур илм омуз. Ана факту далел барои қонунҳои Раҳмонов.
Дин мардумро ба роҳи рост ҳидоят мекунад. Барои чи? Барои он, ки ҳақиқат аст, дили инсонро нарм мекунад, пас дин ва хоса дини мубини ислом дар кучо хатоӣ дорад?
Ба тамоми мардум хитоб мекунам! Аз барои Аллоҳ, ки ба якдигар хубӣ карда наметавонед, бадӣ накунед, рузи қиёмат вазнин аст.
Қубодиён
Ассалому алейкум бародар Муҳаммадиқбол! Бародар ман аз совхози Тоҷикистон ҳастам. Дар инҷо ба дунё омадаам. Падару модари мо дар вақташ аз водии Қартегин ба инҷо омаданд.
Илтимос, бародар ҳамин номаи моро нашр намоед. Бахудо ин раиси ҷамоат дар ҷонамон задааст. Кораш фақат пулканӣ. Барои облава 30 ҳазор сомонӣ мепурсад. Руирост мегуяд, ки ман ин пулро 15 ҳазорашро ба амният медиҳам, ба военком, ба милиса, ба прокурор медиҳам.
Номи раиси ҷамоат Юсуф Нодиров. Раиси танзим Тоир бачаи Нусрат. Беҳад зулм мекунанд. Ин Тоир як вчерашний пацан аст. Лекин постоянний бо фалонаш ба одамҳо гап мезанад. 30 сола шудааст, кудак намеёбад. Занҳо ганда дуои бадаш мекунанд. Дастурхонро, ба худо ба шатта ба пояш мезанад.
Як рӯз баъди намози ҷумъа имомхатиби масҷид Саидаҳмад дар даруни масҷид, баъди намоз шуморо дашном кард. Ин имомхатиб кораш постоянний бузӣ аст. барои бузиаш маош мегирад. Бузии худаш бас набуд, ки бачаашро ҳам буз кардааст. Номаш Иброҳим.
Душанбе
Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқбол. Ман феълан ҳам милиса ҳастам. Замоне, ки дар раёсати тафтишоти МВД кор мекардам, зиёд дидам парвандаҳоро, ки гуногун буданд. Айни ҳол бошад сардори яке аз шуъбаҳоро дар МВД ба уҳда дорам.
Раҳмонов соли 2009, ки ҷашни бузургдошти Имоми Аъзамро гузаронд, нақшаи як мазҳабиро баҳона карда чисткаро сар кард. Мебоист нақшаи аз байн бурдани ҲНИТро, ки дар соли 2015 иҷро кард, дар соли 2010 амалӣ мекард. Сабаби накарданаш хомии нақшаҳо буд.
Нақшаи ҲНИТ-ро ба вақте монду Салафиҳоро сар кард. Шуруъ аз соли 2010 то имрӯзҳо давом дорад. Солхои 2013 то 2015 низ солҳои қапоқапи салафиҳо буд. Дар аввал намедонистем, ки онҳоро чи тавр доказат кунем. Баъдан, дар ёдам нест, кадом як кормандамон идеяи бо дискҳо подстава карданро пешниҳод кард. Он вақт ҳеҷ кас таҳкобӣ намекард. Меқапиданд салафӣ гуфта, тамом, мерафт. Бузмаков шахсан худаш контрол мекард. Меқапиданд нафарро, дарав хонаашро обыск мекарданд бачахои УУР. Дар вақти обыск дискҳои равияи Салафиро мепартофтанд. Гуё аз хонаи дастгиршуда ёфтем гуфта, тамом баъд, капааш дуд кард. Дар вақти кофту коби хонаҳояшон, тилло, сум ва чизе қиммат меёфтанд, бачаҳои УУР мегирифтанд. Аз болои чандин корманди УУР монанди Бойматов Ф. Орзу, ки то хол дар УУР сардори яке аз шуъбаҳоро ба душ дорад, ҳоҷӣ Аминҷон ва дигарон, наздикони дастгиршудаҳо шикоятҳо карданд, бе фоида. Зиёд нафаронро бе ҳеҷ гуноҳи тасдиқшуда зиндонӣ кардем. Як хелашро ҳатто барои салом кардан бо ягон нафари салафӣ ва ё якҷо шиштану ғизо хурдан ва ё суҳбат кардан бо салафӣ зиндонӣ намудем. Ҳамааш барои результат. Сардори раёсати тафтишоти он вақтаи МВД суми зиёд кор кард. Албатта, ҳақи Абдурраҳмон Бузмаковро ҳам хуб медод. Чандин муфаттишонро парвандаҳои сохта нисбаташон кушоданд, ки аз шури муриҳо бо делоҳои салафиҳо медонистанд ва аз кор холӣ карданд. Монанди Ҳалимов Бобоҷон, Спитамен ва чанд тани дигар, бо вуҷуди ҳамаи ин хизматҳо. Умуман корманд дар МВД қадр надорад.
Барои мисол парвандаи пурсарусадои Бузургмеҳр Ёровро яке аз муфаттишони ботаҷрибаи раёсати тафтишоти МВД, ки номаш Музаффар буд, мебурд. Музаффар, дар ҳақиқат нафари таҷрибадор ва поксиришт буд. Акнун шумо бе гуфтани ман ҳам медонед, ки дар ин гуна парвандаҳо аз боло бо чорчашм назорат мебаранду диктоват мекунанд, ки чи қадар даркор. Муфаттиш як кукла аст. Дар парвандаи Бузургмеҳр Ёров муфаттиш зиёд тафтишот бурд вале гуноҳ наёфт. Аммо, чи тавре, ки гуфтем, аз боло команда буд, ки любой путем бояд Бузургмеҳр Ёров шинад. Ҳамин тавр ҳам шуд. Баъди ҷамъбасти парвандаи Бузургмеҳр Ёров , муфаттишро ҳам аз кор барои кадом гуё хатоие озод карданду маҳкам ҳам карданд. Дар вақте, ки маҳкам буд, муфаттиш, аз ӯ дастхатҳо гирифт, ки аввал аз кор меравад ва оиди ин парванда сухане дар ҷое намегуяд. Баъдан муфатишро озод карданд. Ана миннатдорӣ барои фаъолияти зиёди дуруст дар МВД. Инро як бародар аз МВД қисса кард.Ин бародар Бойматов Фарҳод ном дорад. Ҳозир дар УУР сардори шуъба аст.
Душанбе
Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқбол! Чанд рӯз пеш Раҳмонов рӯзи баргузории интихоботи Маҷлиси намояндагон ва маҷлисҳои маҳаллирро ба 2 марти соли оянда таъин кард. Дар ҳақиқат Раҳмонов бисёр мехост, ки интихоботи президентиро ҳам бо ин интихобот якҷо тихо мирно гузаронад. Лекин аз чи сабаб бошад, ки нагузаронд.
Аммо якчро ба шумо мегуям.
Инҳо ганда сахт тарсонанд, ки баъди интихоботи депутатҳо чизе, ягон ҳодиса ва ё ягон митингу тазоҳуроте мешавад. Инҳо, намедонам барои чӣ, аз Русҳо сахт дар тарсу ҳаросанд. Ҳоло панҷ рӯз аст ҳолати омодабош ҳастанд ҳама ҷузву томҳои мусаллаҳи кишвар 10 фоиза. Ин ҳама пас аз инқилоби Сурия эълон шуд дар мо. Ба назари ман аз ин ба пас дар «Минбари муҳоҷир» бояд ба даъвати мардум сар кард. Мардумро даъват ба ҳақиқати интихобот ва интихоботи ҳақиқӣ бояд кард. Яъне содаву равшан бигуем дар барномаҳо мардумро ба интихоботи ҳақиқӣ хезонидан даркор.
Бигзор Раҳмонов то интихобот ва то натичаҳои он бидонад мардум ӯро дигар намехоҳанд. Худаш ҳам ҳила гашта истодааст. Шояд дилзанаку дилкафак шаваду ба ҷаҳаннам сарозер шавад.
Аз руи гапгапҳо ба Рамазон Раҳимзода ва СС.Ятимов супориш додааст, ки интихоботро бепроблема гузаронанд ва ваъда кардааст, ки ман дар сари гапам меистам, шумоҳо ҳамроҳи худам аз кор меравед. Манзураш шояд интихоботи соли 2027и президентӣ бошад. Гуфтааст, ки интихоботро орому сокит бигзаронед, бо ҳам меравем. Аммо Ин шо Аллоҳ то он сол ҳаргиз ин режим боқӣ намемонад.