Номаҳо аз ноҳияҳо ба “Ислоҳ.нет” №12

Ислоҳ нет

Бахши навбатии номаҳои фиристодаи Шумо ҳам пур аз дарду алам аст, ки бо вуҷуди шикоятҳои мукаррари муаллифон дар ватан касе гуш надодаву ба эътибор ҳам нагирифтааст. Онҳо ночор боз рӯ ба «Ислоҳ» овардаанд. Ва, мо ҳам бо адои эҳтиром ва бар тибқи рисолати хеш онҳоро манзури шумо, хонанда ва масъулини беинсоф менамоем.

Вахш

Ман як сокини ноҳияи Вахш ҳастам, яке аз садҳо нафар ҷабрдида. Дар деҳаи Хлоппункт беш аз 2000 хоҷагӣ зиндагӣ мекунад. Мо, сокинони ин деҳа ба қароре омада истодаем, ки ҳамкаса кӯч бандем. Дигар зиндагӣ карда намешавад дар ин ноҳия. Ҳар рӯз, бо ҳар баҳона ҷайби мардумро такида истодаанд. Касе хизмат накардааст 2000 сомонӣ медиҳад. Боз дар мактабамон мактаби №21ҳаррӯз амният маҷлис  мегузаронад. Мегуяд, ки бачаҳоятонро ба хизмат равон кунед. Агар равон накунед аҳволатон бад мешавад. Бузи деҳаамон номаш Тоир. Мо аз куҷо сум дорем? Қурбони бех ҳамай заминҳоеки баноми президенти доштем зиëда аз 500 ҳазор гектар буданд, ҳамаи онҳоро шахси кардаст. Бовар кунед   ҷойхой гов чаронироҳам шахси кардааст мо мардуми деҳа бекорем зиндагияморо аз ҳисоби гову мол мегузарондем. Мо дигар ҷой мол чарони на дорем вой бар ҳоли мардуми ноҳияй Вахш.  Дар хоҷагӣ кор мекунем. Агар онро маош гуфтан шавад дар як моҳ 80 сомонӣ ë 100 сомонӣ медиҳад ба коргарҳо. Ин маошро Қурбони бех медиҳад. Агар шикояти кам будани маошро пеш орем, мегуяд, ки шукрона кунед. Раҳмоналӣ Юсупов, бародари Қурбони бех. Ин Юсупов Раҳмоналӣ як мамароза дорад. Номи ин духтар Гулшан аст. Дигариаш Садбарг ном дорад. Инҳо мамарозаҳои Раҳмоналӣ ҳастанд. Духтарҳои хонаро пул медиҳад ва ба пеши Раҳмоналӣ мебарад. Раҳмоналӣ ин духтарҳоро таҷовуз мекунад ва 200 ё 300 доллар медиҳад, занҳои калонро бошад 200 сомонӣ медиҳад. Хоҳад медиҳад, нахоҳад мегуяд пошёл на…й шавед. Фарқ надорад,ки он ҷавонзан бева аст ё шавҳару фарзанд дорад. Қурбони бех тамоми заминҳои президентии моро шахсӣ кардааст. Ҷойҳои чаронидаи чорпоҳоямонро ҳам хусусӣ карда гирифтааст. Зиндагии мардум асосан аз ҳисоби гову мол мегузарад. Дигар ҷойи молчаронӣ надорем. Аз дасти ҷавру зулми Қурбони бех бригадирҳои хоҷагӣ ба дод омадаанд. Як рӯз Қурбони бех як бригадирро дар пеши коргарҳо лату куб кард. Ягон кас натавонис халос кунад. Ин бригадир аз деҳаи Панҷум аст. Ҳама медонанд, номашро. Бечораро қасам ба худо  рост мегуям, Қурбони бех меояду дар ҷои онки салом диҳад «занотуна фалон кунам» мегуяд, бригадирҳои бечораро. Дар  Вахш 27 биргадир кор мекунанд. Инҳо аз дасти Қурбони бех безор шудаанд.   Бригадирҳо 700 ё 900 сомонӣ маош мегиранд. Қурбони бех дар деҳаи Хлоппункт заводи пахта дорад. Ба коргарҳояш аз 600 то 900 маош медиҳаду  халос. Дар деҳаи Хлоппункт 4 масҷид аст. Ин масҷидҳо дигар ба ҷойи пулҷамъкунӣ табдил шудаанд. Аз амният меоянду пул ҷамъ мекунанд. Пурсидем, ки инҳо чи ном дошта бошанд. Гуфтанд ҳар бор, ки омданд иваз мешаванд. То ки ҳеҷ кас нашиносад онҳоро. Ман гуфтам барои чӣ? Гуфтанд, ки ин ҳаромхурҳо аз оппозитсия метарсанд, хусусан аз Муҳаммадиқболи Садриддин, ки номҳояшонро дар барномаҳояш нагирад. Ҳамсояқишлоқамон 20-солагӣ- Чорум ном дорад. Боз деҳаи сеюм ҳам ҳаст. Аз Хлоппункт 1 километр дур аст. Свет надорем, об ҳам надорем:- иногда дорем. иногда надорем. Номи директори мактаби № 21 Ёров Давлат аст.Ӯро Давлатча ҳам мегуянд. Ин директор бузи амниятиҳо аст. Мо, сокинони Вахш дар рожаи Раҳмонов туф кардагием.

Сокинони ҷамоати 20 солагӣ аз Қурбони бех метарсанд ягон кас сар басар намешаванд бо онҳо сахт метарсанд. Бовар кунед  дар ин чамоати мо ягон шермард намондааст дигар ҳамаро тарсон кардаст. Ҳар коре хоҳад мекунад ва ҳама хомӯшанду чизе намегуянд. Масалан дар чорум пасëлка ҳамин Курбони бех фермай гов дорад бе нихоят говҳои  бисëр дорад. Дар ҷамоати 20 солаги ҳарсол кариб сел меояд пулҳоямонро  сел мешуяд раиси ноҳия аслан парво надорад. Хуб медонад,ки ҳамин мардуми тарсончак аз пули худашон онро соз мекунад. Охир ин президент ин Курбони бехро барои дуздӣ инҷо гузоштааст?

Дар мактабҳои ҷамоати 20 солаги дарси ҳалол наметиянд бахудо қасам талабахо бе саводанд, кори муалимхои мо пул талбидан асту тамом. Ҳар рӯз фарзандонамон меоянд дада пул те муаллим пул мегуяд. Пули ремонт, пули бур, пули денрождения, пули китоб, пули значек, пули гул, пули плакату овеза ва….Агар гуем охир пул надорем бачаҳо мегуянд бе пул мактаб рафтан фоида надорад муаллимҳо ҳар гап мегуянд мо изо мекашем дар пеши бачаҳо. Дар ҳар як ойла чанд фарзанд дошта боши 200 сомонӣ месупори дар масҷидҳо ин конунро нав бароварданд. Дар масҷид гуфтанд масалан шумо дар оилаатон панҷ нафаред бояд 1000 сомонӣ супоред дар масҷид. Охир боз дар масҷид барои чӣ пул супорем, мо намедонем чихели давлатдорӣ аст ин Тоҷикистони мо.  Акнун раиси Вилоят иваз шуд Давлаталӣ Саид ва аввалин гастролашро аз ноҳияи Вахш шурӯъ кард ва чанд корхона рафту гашт мебинем ҳеҷ тағйироте мешавад ва ё боз ҳамон ҳолати пешина боқӣ мемонад?

Лахш- Ҷиргатол 

Салом акаи Муҳаммадиқбол!

Ман дар бораи бандит ё ки смотряшии Лахш маълумот медиҳам. Намефаҳмӣ ин одам чи хел одам аст: аниқ медонам ду пагона аст, бо сафедҳо сафед ва бо сурхҳо сурх аст.Гап дар бораи раиси бозори ноҳия Абдусаломов Сайнеъмон меравад. Абдусаломов Сайнеъмон соҳиби 6 фарзанд аст.

1 Абдусаломова Гулрухсор, 

2 Абдусаломов Насим, лақабаш Бобоҷон,

 3 Абдусаломова Рустам 

4 Абдусаломов Ҷамшед 

5 Абдусаломова Парвина 

6 Абдусаломов Сомон.

Абдусаломов Сайнеъмон солҳои пеш аз ҷанги шаҳрвандӣ дар гумруки Лахш кор мекард.Замони ҷанги шаҳрвандӣ ӯ дид,ки муҷоҳидин бо қудратанд, зуд ба тарафи онҳо гузашт. Боз ҳукуматиҳо, ки бо қудрат шуданд, зуд ба тарафи ҳукумат гузашт. Онҷо параку инҷо парак. Чанд маротиба ба Мирзо Зиё мактуб навиштааст, ки ман бо шумо ҳастаму чи коре бошад, ман тайёрам. Вақте ҳарду тараф фаҳмиданд, ки Абдусаломов як ду пагона аст вай  дар дохили ГАЗ-53, дар даруни картошкаву пиёзи Ҷиргатол дар дохили яшик гурехта Душанбе меравад. Дар Душанбе чанд вақт дар Гумруки марказӣ кор кард. Ман аз муҷоҳидин гурехта омадам гуфта, чанд хабару маълумоти бардуруғро ба тарафи ҳукуматиҳо дода то Оштии миллӣ гашт. Баъди гирифтани 30%-и ҳукумат аз тарафи оппозитсия боз Лахш омад. Собиқ сардори КДАМ Оқил Исоев, ки шумо пештар дар борааш нашр ва навор кардед, яқин медонад, Абдусаломов Сайнеъмон ду тарафа буд. Аммо ба Оқил пораи соз медод. Як чанд нафар ба Оқил гуфтаанд, ки ин Абдусаломов Сайнеъмони ҷураат ду тарафа буд. Замин чанд нафарро Оқил Исоев бо дастури   Абдусаломов Сайнеъмон гирифта фурухтанӣ буд. Онҳо ба Оқил Исоев гуфтаанд, ки ба ин Абдусаломов Сайнеъмон бисёр бовар накун, чунки вай дутарафа аст. Гуфтаанд, ки ҷураат Абдусаломов Сайнеъмон ба тарафи муҷоҳидин гузашта буд ва ҳоло боз ҳукумат шудааст. Он сокинони деҳа ба Исоев гуфтаанд, ки ҳушёр шав, ки Абдусаломов фиребат надиҳад. Ҳозир агар як намозхонро бинад, мегуфтааст, ки ту муллоӣ ё террористӣ, ё ки як ришдорро бинад, дар ришт фалон кунам мегуяд. Айни замон ҳукуматиро бубинад: «ман ҳукуматӣ будам,ҳастам». Ҳоло дар Лахш бо раиси ҳукумат, сардори КДАМ, ШВКД,  суд ва прокуратура он гапҳои пештарашро такрор мекунад. “Ман ба шумо ҳастаму пешвои миллатро дӯст медорам». Дар ноҳия як зани шавҳардорро дидаву дониста никоҳ карда гирифт, боз  ин никоҳ доштааст гуфта талоқашро дод.

Абдусаломов Сайнеъмон бо писараш Насим бародари худаш- Абдусаломов Файёзро чанд маротиба сахт таҳдид ва лату куб кардааст. Чунки инҳо бозор доранд: «баро аз бозор» гуфтааст. Писари раиси бозори Лахш Абдусаломов Насим бо лақаби Бобоҷон ба зани шавҳардор ҳаромӣ мекард. Ин зани шогирди Шоҳ Искандар мебошад, номаш Ҳ… аст. Ҳ…. командир мегуянаш. Пештар дар қисми ҳарбӣ кор мекард. Ҳоло дар ОМОН кор мекунад. Номи занаш М… мебошад. Насим ҳамин зани шавҳардорро дидаву дониста чунин мекард. Ин занро бероҳа кард. Ин зан хонавайрон шуд. Шоҳ Искандар ба Ҳ… гуфтааст, ки ту моро шарманда мекунӣ. Ҳусейн бовар накардааст. Шоҳ бо навори махфӣ қапиду наворро ба Ҳ…. нишон дод. Вай занашро ҷавоб дод.

Пештар дар бозор аз номи бародари Президент Нуриддини Раҳмон ном мебурданд. Ҳоло аз номи писари бародари Президент, ки Исломиддин ном дорад ва раиси Данғара аст гап зада мегуянд, ки «криша»-и мо инҳоанд. «Мо любойша фалон кардагием». Ҳатто дар назди бозори мо генерал Шоҳ Искандар бозор дорад, «мо фалон кардагием» мегуфтааст. Ҳатто чанд маротиба хусурбачаи Шоҳ- Аминҷонро таҳдид карда гуфтааст, ки «ма тра бо Шоҳат фалон кардагиам».

Акаи Муҳаммадиқбол Шумо дар як барномаатон аз онҳое ном гирифта будед, ки ба маҳзи фишору таҳдиди Оқил Исоев, сардори КДАМ-и ба мушкил дучор шуда буданд. Аксари онҳоро ҳамин Абдусаломов Сайнеъмон дастур додагӣ аст. Чунки Сайнеъмон аз номи писари бародари Президент Нуриддини Раҳмон гап мезанад.

Номи онҳоро инҷо меоварам:

Собиқ сардори раёсати молияи ноҳияи Лахш  Дарвоз Махмадов. Чунки Дарвоз Маҳмадов низ дар ноҳия бозор дошт. Абдусаломов Сайнеъмон бахилӣ мекард. Чанд сол пештар бо Дарвоз Маҳмадов ва бародарони ӯ ҷанг карда то мушту лагат занӣ рафтанд.

Ҷоғи бародари Дарвоз Маҳмадовро зада шикастанд. Вай Умар ном дошт. Умар дар милитсия кор мекард. Вай шикоят кард. Аммо боз ҳам аз номи писари Нуриддини Раҳмон истифода карда халос хурданд. Мардакҳо зуранд ё шайтонанд намефаҳмӣ. Ҳукуматро дар муҷоҳидин мезананду муҷоҳидро ба ҳукумат. Ҳамаро фиреб карда гаштаанд. Мегуӣ дунё соҳиб надорад. Милисаро мезанад, ҷавобашро медиҳаду аз номи кадоме гап зада гаштаст. Оқил Исоев Маҳмадов Дарвозро ҳеҷ чиз намегуфт агар Абдусаломов Сайнеъмон фиребаш намекард. Бо фармони Абдусаломов Сайнеъмон Дарвоз Маҳмадов аризаи худро ба Оқил нависта мераваду давления мезанадаш ва ӯ вафот мекунад. Сабабгори мурдани сардори молия Маҳмадов Дарвоз Оқил Исоев нест, Абдусаломов Сайнеъмон аст. Оқил Исоев аз сокини деҳаи Янгишаҳр Тошов Тоҷидин 40ҳазор ва аз нафари дигар  Эрашов Ҳайдаралӣ низ 40ҳазор Оқил Исоев барои гирифта додани замини назди ҳавлигӣ пора гирифт, ки ин ҳам бо фармони Абдусаломов Сайнеъмон анҷом гирифтааст. Ин заминҳоро Оқил кашида гирифт. Ва сипас ба Абдусаломов Сайнеъмон фурӯхт. Ин камбағалҳо аз тарс бору бандро гирифта кучида бе ватан шуданд. Абдусаломов Сайнеъмон инсони сахт кинагир ва қасосгир аст. Тошов Тоҷиддин ва Эргашов Ҳайдаралӣ чи гуноҳе кардаанд, ки инро хуб медонад Сайнеъмон. Писари 2-юми раиси бозор Абдусаломов Сайнеъмон Абдусаломов Рустам мебошад. Вай як дискоман асту ду зан дорад. Зани 1умашро партофт. Занаш дар суд дод. Хонаи Душанберо фурӯхта ба Ҷиргатол гурехту рафт. Ин занам як дискоманка аст. Дар диско ошно шуда аз ин зан ду фарзанд дорад. Ҳоло аз ин зан гурехта бо зани 2юмаш рафт. Дар Ҷиргатол бо зани дуюмаш зиндагӣ дорад. Писари сеюмаш Абдусаломов Ҷамшед аст. Абдусаломов Ҷамшед бо ҳамрохии бародараш Абдусаломов Насим авто заправкаи Далери оқсойӣ, ки Костикаш мегуянд даромада Далерро зада даҳону биниашро шикастанд. Ду нафар ба як нафар ҳуҷум карданд. Ин автозаправка дар деҳаи Ҷиргатол ҷамоати Ҷиргатол қарор дорад. Далери Костик ба милисияи ноҳия шикоят кардааст. Вале ҳеҷ кас аризаашро гуш намекунад. Ҳатто тағои Далери Костик муовини Прокурори ноҳия буд, Номаш Изомиддин. Чизе аз дасташ наомад. Чунки онҳо аз номи писари Нуриддини Раҳмон гап мезананд. Далери Костик ба раёсати ВКД- и дар Рашт буда шикоят кардааст. Дар онҷо ҳам касе ба инобат намегирад.

 Ҳисор

Пешво ё пешпо? Ман як ҷавони сокини деҳаи Қаҳрамони ноҳияи Ҳисор ҳастам. Барои чи номаро Пешво ё пешпо гузоштам? Мо ҳар сол ба деҳа ҳамчун меҳмон баъди сар омадани мавсими «облава» меоем. Боз аз тарси «облава» 15 ё 20 рӯз мегардему боз ба Русия бозмегардем. Рӯзҳои 12 январи 2023 буд. Бо ҳамроҳии рафиқонамон дар рӯзи барфӣ ба тамошои деҳа баромадем. Ҳодисаеро дидем, ки сурати пешво дар сари роҳи калон дар тори девори бетонӣ барои хунук назадани девор партофа шудааст.

Аз рафиқонам пурсидам, ки ин хонаи кист? Гуфтанд аз Парвиз Ёров. Баъд ба хона омадаму аз тағову акаҳоям дар бораи Парвиз пурсидам. Парвиз 44сола будааст. Писари Нурулло. Падараш аз 2004 то 2012 раиси ҷамоат будааст. Падараш як марди бадномшуда будааст. Ҳоло дар бораи вай як номаи махсус мефиристем. Амакаш раис Иззатулло. Дар куҷо раис будааст, намедонам. Тағоям гуфт, ки колхози лалмӣ буд бо номи Офтобруя. Солҳои 2003 колхозро нест карду ҷойи иморатҳояшро замини наздиҳавлигӣ карда бо ҷияну фарзандонаш гирифт. 6 комбайн, 20 трактор, 10 мошин, 400 асп, 300 гов ва 1500 моли майдаро фурӯхта ба манфиати шахсияш истифода кард. 10.000 га замини лалмиро аз худ карда хурда гаштааст. Ана, дороиҳои ин оила аз куҷо аст? Боз пурсидам, ки Парвиз Ёров чи кора аст, ки ин қадар бойигарӣ дорад? Маълум шуд, ки дар Тоҷпромбанки Ҷамшед Зиёев кор мекардааст. Сари Ҷамшедро хурданд. Бисёр боигариҳои Ҷамшед дар дасти ҳамин одам мондааст. Як сехи дузандагӣ бо номи «Шарофат»-ро, ки пешво омада лентаашро бурида буд, тамоми таҷҳизоту мошинаҳояшро фурӯхта нест кард.

Айни ҳол меҳмонхонаи «Даҳбед»-и  Ҷамшед Зиёев дар дасти Парвиз аст. Дар ин меҳмонхона Парвиз ҳатто ҳамчун папароза кор мекардааст. Меҳмонхонаи ҷои зинокории мақомот шудагӣ аст. Барои ҳамин аз касе чашми тарс надоштааст ва бо плакати сурати калони  пешво тори девору тори оғил мепушонад. Муддати як ҳафта сурати пешво ҳамонҷо буд. Баъдан писари апааш суратро гирифта хонааш бурд.

  Инҷо аз як хиёнати ин оила мехоҳам бигӯям:

Дар маркази деҳа дармонгоҳ сохтаанд. Аз кадом кумакпулӣ ё гранти давлатӣ. Рӯзи кушодашавӣ Шариф Ҷумазода, раиси он вақтаи  Ҳисор, сардухтури ноҳия ва аз вазорати тандурустӣ меоянд. Тамоми таҷҳизоти табобтиву тиббиро аз маркази ноҳия оварданд ва «съемка» карданд. Ин кор барои «списат» кардани ҳамон пули гирифтаашон буд. Худи ҳамон рӯз тамоми он таҷҳизотро «обратно» бурда дар ҷойҳояшон монданд. Ин як хиёнат барои ин мардум аст. Сурати пешво дар болои девори оғилро ҳамаи мардум дид.

Соли 2004 дар мактаби деҳа аз кадом ташкилоти христианӣ роҳибони мубаллиғашонро оварда ва 50-60 оила аз деҳаро назди онҳо ҷамъ намуда маҷлис барпо карда онҳоро «крестит»  ва ин корҳоро «съемка» кардаанд ва кадом давлате фиристода бар ивазаш пул гирифтаанд. Аз нақли шоҳидони ҳодиса бармеояд, ки попи христианӣ дар даст шётка дар руйҳояшон об пошида асту онҳо ҳам крестро буса кардаанд. Муаллимҳои он солҳо шоҳиди ин  ҳодисаанд. Айни замон дармонгоҳи сохтагиашон маҳкам аст, кор намекунад, таҷҳизот надорад. Якуним сол мешавад, ки руст аст. Барои 30солагӣ сохта буданд.

Муддати бист руз, ки дар деҳа будем ба намози ҷумъа рафтам. Як нафар бо исми МуллоҲусайн хатиб аст. Мулло Ҳусайн аз деҳаи 50-солагии Ҳисор аст. Аз як нфар пурсидам, ки ӯ кӣ аст? Мулло аст ё шоир? Гуфт, ки бузи амният аст. Фақат як чи мегуяд: Кудаконатонро дар хона Қуръон наомузонед. Ҳамин гапро ҳар намози ҷумъа 100 бор такрор мекунад.  Ин малъуни худобехабар ана ҳамин гуна мавъиза мекардааст, ки дар хона Қуръон нахонеду онро ба кудаконатон наомӯзед.

Парвиз Ёров чунин шиор доштааст: «Гушта мо мехурем, устухонро сагҳои бовафо. Гушнаҳо омадаанд аз Восеъу Кулобу Фархору Данғара, устухонда қаноат мекунанд».

Ман аз ин минбари шумо мехоҳам ба бузҳои деҳа муроҷиат кунам. Бас кунед бузиро! Раиси маҳалла! Бо бузичаҳои гирду барат бас кунед. Ҳоҷӣ Дилмаҳмад ва боз чанд бузи дигар! тамоми рафтору кирдори Шуморо зери назорат дорем!

раиси маҳалла, ҷиноятҳои туро ҳам навишта истодаем. Соли 1993 як ҷавон бо номи Ашурро чи гуна куштед, мо маълумот дорем. Он худобиёмурз қории Қуръон буд. Ҳоло мо ҳамроҳони туро дар ин ҷиноят кофта истодаем.

Ман ҳаминро гуфтаниям, ки бо ин дуздон, ки дорем дар ватан як сар нон намеёбем ва руи падару модар ва зану фарзандро наметавонем серӣ бубинем. Бояд як коре кунему ин ҳукумати касофатро сарнагун созем, то инки ақалан бачаҳоямон рӯз бинанд.

Бо як дӯстам дар Русия вохурдам. Аз Парвиз пурсидам. Бародари Парвиз Ҷамшед Ёров дар донишкада декан будааст. 3 сол пеш бо 2000 дастгир шуда буд. «Доля»-ро дода баромад. Парвиз ҳамроҳи ин бародараш дар Маскав квартира ҳам харида будааст. Оилаи Ёровҳо сари чанд эшонро ҳам хурдагианд. Домоди эшони Сайид Қиёмиддин  Ғозӣ аз деҳаи мо буд. 7 сол зиндонаш карданд. Эшони Амриддин ном дошт.

Дар оянда дар бораи мулло Ҳусейн, бузи амниятиҳо ҳам менависем. Ин деҳаи мо беш аз 10.000 аҳолӣ дорад.

Дар охир мо ҷавонони Ҳисор ба Раҳмонов бо хитоб муроҷиат карда гуфтанием. Раҳмонов, мебинӣ, ки пир шудӣ, гапат намегузарад, бас кун корро. Суратҳоят зери пову шармандаву шармсор шудаӣ дар зиндагият. Мақомоти порахӯрат сагони устухонхой ном гирифтагинад. Агар мақомотат дуруст кор мебурд дар маҳалҳо ин хел дуздҳо пайдо намешуданд. бубин, дороии танҳо як дузде, ки аз Ҳисор аст чи қадар аст? 350.000 сомониро аз куҷо ёфту замин харид? 3 мошин аз кадом пул? Дар Маскав квартира аз куҷо? Як бор тафтиш кунанд мақомотат. Намекунанд. Чунки худашон дузданд ва шарики дуздонанд. Боз як бори дигар мегуем, ки бирав дам гир. Пир шудӣ! Мегуӣ,ки корхона ва ҷойи кор сохта шуд. Аммо ҳамааш дурӯғ аст. Дар деҳаи мо дармонгоҳ кушоданд. Вале пагоҳаш баста шуд. Пулро списат карданду халос. Ту бошӣ халқро фиреб карда истодаӣ, ки ҷойи корӣ сохтам. Ба калонсолҳо кор надорем.Аммо мо ҷавонҳо бо чунин  президенти дуруғгӯ намехоҳем  давлатдорӣ кунем!

Share This Article