Номаҳо аз ноҳияҳо ба «Ислоҳ.нет» №208

Ислоҳ нет

Дар поёни соли гузашта мо дар бораи ноҳияи Нуробод дар барномаи «Номаҳо аз ноҳияҳо» чанд матлаб нашр карда ва як шумораи алоҳидаи ин барномаро пурра ба ин ноҳия ихтисос дода будем. Ин шумораи № 200 буд.

Бинобар маълумотҳо, ки ба дасти мо мерасад, баъди нашри он тамоми мақомот дар паи ҷустуҷу ва кофтукоби муаллиф он номаҳо баромадаанд. Ҳозир ҳам кофта истоданд. То ҷое шунидем навори ютубии он барномаро дар ноҳия ҳама тамошо карда баъзеҳо се чор маротибагӣ дидаанд. Аммо мақомот сахт интересоват доранд, ки кори кӣ бошад, ки ҳама чизро ин тавр аниқу дақиқ баён кардааст. Ҳама чиро медонистааст. Кофта истодаанд. Тафтишу пурсуҷу пинҳонӣ идома дорад. Маълум, ки дар ҳолати ларзаву тарсанд.

Чуноне гуфтем Нуробод, ин ноҳияи куҳистонӣ аз чанд вақт аст ки зери заррабини «Ислоҳ» қарор дорад.

Маълум аст, ки навиштаҳои мо ҳатман асар мекунад. То ба худи Раҳмонов асар мекунад ва таъсирашро мо ҳамеша мебинем.

Ахиран Раҳмонов (авоили моҳи январ) раиси Нуробод ва низ раиси Конибодомро гирифт. Раиси Конибодом Тухтасунзуғлуро ҳам мо борҳо навиштем ва як матлаби алоҳида бо номи «Пешвои муаззами Конибодом» ҳам чоп шуда буд. Ҳамин тавр дар бораи Нуробод ва раиси он низ мо чанд матлаб чоп намудем. Ёдатон бошад дар бораи ба иҷбор бор кардани харҷи сафари Раҳмонов болои мардуми одӣ дар Рашт, ҳодисаи садамаи як микроавтобус бо чанд нафар духтарбачаҳои мактабхон, ки барои марширока меомаданду ҳалок шуданд ва низ роҳсозиву дар тани куҳ барои Раҳмонов шиор навиштан ва муҳоҷирони ғармиро дар Русия маҷбур карданд, ки пул партоянд барои пушонидани харҷи сафари Раҳмонов, хулоса мо кам нанавишта будем. 

 Мо намегуем, ки Раҳмонов ин  мақолаҳоро хонду ин раисонро гирифт. Аммо мо мегуем, ки ҳатман хонд ва ё барояш расониданд, ки раисонат дар ноҳияҳо натавонистанд.

    Маводи зиёде боз аз ин ноҳия ба дасти мо гирд омад ва мо ин бор низ шумораҳои ҷудогонаи барномаро ба Нуробод бахшидем. Ва, дар ду шумора матолиб аз ин ноҳия чоп мешавад. Инак бахши аввал, ки аз чанд нома иборат аст:                       

                    Номаи 1

Ассалому алейкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу бародари азиз Муҳаммадиқбол ва бародарони мубориз дар роҳи ҳақ. Ман ҳамеша дар ҳақи  шумо дуои нек мекунам, Аллоҳи меҳрубон шуморо зафар диҳад омин.  

Ман аз деҳаи Сари Қош, ҷамоати деҳоти Хумдон мебошам.

Мехоҳам дар бораи он бузҳое, ки дар номаҳои 200 нашр карда будед гап занам. Баъд аз нашри барнома ин бузҳоро, ки боз номбар мекунам:

Асоев Баҳриддин 

Ёғиев Ибод

Ёғиев Иззат 

Ёғиев Қурбон 

Ёғиева Оюмгул

Каримов Саидҷон 

Резвонов Сайраҳмон 

Асоев Хуҷа 

Саймуддин бо тахалуси Старшина мебошанд.

Ин бузҳоро мақомоти ноҳияи Нуробод ба навбат пурсида истодаанд. Милитсия даъват мекунад, мепурсад. Баъд аз милитсия шашум отдел. Аз 6-ой отдел мебароянд боз амният мепурсад.

  Бубинед ин бузҳои шармандаро. Ҳамон мақомоте, ки аз ин бузҳо истифода мебурданд ва ба воситаи ин бузҳо хуни мардуми деҳаи Сари Қошро мемакиданд, ҳоло ин макру ҳилаашон сазои ҷони худашон гашт.

Мақомот аз онҳо мепурсанд, ки кӣ дар падазрении шумо аст ки Шуморо дар шабакаи Ислоҳ нашр кардаанд? Ин бузҳо дар посух ҳеҷ чиз гуфта наметавонанд. Барои оне, ки медонанд ҳамаи мо мардуми деҳа аз ин бузҳо безор ҳастем. 

Бовар кунед тамоми мақомотҳо пояшон дар ларза афтодааст. Аз ин деҳа кадоме аз муҳоҷирати меҳнатӣ аз Русия ба ватан баргардад мақомот дарав ӯро даъват мекунанд. Аввал телефонашро мекобанд ва қасам медиҳанд. Баъд ӯро оиди шабакаи Ислоҳ мепурсанд. Бовар кунед, ин қадар дар тарс афтодаанд ин мақомоти золими тоғутпараст. Аз муборизон ин қадар метарсед, аз Аллоҳи зулҷалол наметарсед, ки қиёмат наздик аст. Дар назди Аллоҳ чи ҷавоб медиҳед?

Ин шо Аллоҳ пирузӣ дар дасти муборизони роҳи ҳақ аст. Ин шо Аллоҳ ояндаи дурахшон дар дасти мост.

Пеш аз худоӣ ё ки туй кардан ба воситаи раиси маҳалла аввал рафта 5 то 10 ҳазор сомонӣ дар шашум отдел, амният ё инки прокуратура медиҳӣ баъд иҷозат медиҳанд, ки рав маъракаатро гузарон ва ин раиси маҳалла бошад дар деҳа ҳашари умумӣ ташкил мекунад барои маъракаатро гузарондан. Гуё ҳашар аст мардумро зиёфат мекунӣ ва ош ё ки шурбо тайёр шавад ба ҳамаи мақомотҳо  як карсун ош ё ки як сатил шурбо ва нону мевагӣ мегирӣ бо раиси маҳалла  бурда тақсим мекунӣ.

  Раҳмонов танзим мегуяд, сарфу харҷ мегуяд, исроф мегуяд. Аммо ин танзиму қонунҳои баровардаи ту ба мо мардум ғами ҷон шудааст. Мо дод мегуем аз дасти Раҳмонов ва мақомотҳои гушнаву гадояш. Ҳоламон бад шуда истодааст. Ё, Худоё ба зудӣ ин золимонро сарнагун  бигардон! Омин

Номаи 2

Ассалому алейкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу бародар Муҳаммадиқбол! Ман аз деҳаи Сари Қош, ҷамоати деҳоти Хумдон, ноҳияи Нуробод мебошам. Мехоҳам дар бораи Амиршоев Маҳбубшо ба шумо маълумот диҳам.

Амиршоев Маҳбубшо солҳои 2000 то 2003 дар ҳавлии хонааш нуқтаи фурӯши сузишворӣ кушода буд. Сузишвориро аз Мурод гуфтанӣ як соҳибкор аз деҳаи Оби лурд қарз мегирифт ва дар болояш чанд дирам монда мефурӯхт. Дар давоми тиҷораташ бонкрот ва аз Мурод қарздор мешавад. Маҳбубшо як хоҳар дошт. Дигар илоҷи наҷот надошт, ки худашро аз қарз халос кунад, хоҳарашро ба Мурод медиҳаду худаш ба мардикорӣ ба Русия меравад. Онҷо посредник мешавад ва бригада ташкил мекунад. Ҳамчун сохтмончӣ мардуми муҳоҷирро кор мефармояд вале пули онҳоро ба пуррагӣ намедиҳад ва онҳоро фиреб мекунад. Хуллас, бо роҳи фиребу шайтанат пули зиёд ҷамъ мекунад ва тобистони имсол бошад аз Русия ба Тоҷикистон меояд. Якуякбора 4-техникаи гарон харидорӣ мекунад- дуто дулан, якто погрузчик, як портер. Ва сехи сементблок мекушояд. Вай ҳатто модари худашро нигоҳбин намекард ва ҳамин тавр модараш аз гуруснагӣ мурд. Ҳоло бошад падараш дар ин ҳолу ахвол аст. Ҳоло бошад Маҳбуб ба мақомотҳо ранги арус шудааст. Ҳар бегоҳ мақомотҳоро ба хонааш даъват мекунад ва ба онҳо чорво мекушаду меҳмондорӣ мекунад. Маҳбуб 3 бародар дорад: Амиршоев Муҳаммадӣ, 

Амиршоев Саломатшо ва Амиршоев Зоиршо. 

Бо бародаронаш муомилаи хуб надорад. Падарашро ҳам беэҳтиромӣ мекунад.   Маҳбуб 4-техникаи гароне, ки харидорӣ кардааст, дуланҳоро ба бузи беномуси деҳа Ибод Ёғиев додааст ва портерашро ба акаи Ибоди буз Исмоил Ёғиев додааст. Онҳо чи хеле, ки хоҳанд ба манфиати худ истифода мекунанд. Ибоди буз бошад дар мағозаи Умаршо дар пеши бачаҳо таъриф кард, ки Маҳбуб аз ман 70.000 (ҳафтод ҳазор) сомонӣ қарздор аст. Аз ӯ пурсидем, ки чи хел қарздор аст? Ибоди Ёғиев дар ҷавоб гуфт, ки ман муддати чанд моҳ аст техникаҳои Маҳбубро кор мефармоям. Вай ба ман ҳақи кориамро надодааст. Бубинед ин бузҳои курнамакро, техникаҳоро кор мефармоянд, фоидаи калон ба даст меоранд, боз шукр намекунад ва бракс мегуяд, ки Маҳбуб аз ман қарздор аст.

Эй, мардум бедор шавед, бовар кунед, ки инҳо имон надоранд. Қалбҳо инҳо сиёҳ аст. Мақсади гап дар он аст ки ин Маҳбубро буз кардаанд. Чаро бародарони худашро дар бараш намегирад, ки чор техникаро кор фармоянд, то ки фоидаю зарарашро фаҳмад.

                             Номаи 3

 Ассалому алейкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу бародар Муҳаммадиқбол

Ман аз деҳаи Сари Қош, ҷамоати деҳоти Хумдон, ноҳияи Нуробод мебошам. Ман дар ҳақи кулли муборизони роҳи ҳақ дуо мекунам. Номаҳое, ки аз деҳаи Сари Қош ба шумо расида буд ва шумо он номаҳоро нашр карда будед гуш кардам ва бениҳоят шод шудам, ки ҳаррӯз сафи муборизҳо зиёд шуда истодааст ва тамоми ҷавонони боору номуси тоҷик аз ҳамаи ин макру ҳиллаҳои Раҳмонов ва авлоди гадояш ва мақомотҳои ҳаромхураш огоҳ шуда истодаанд.

Тамоми ҷавонон ба неруи ақлашон кор мекунанд. Бо қалам ба «Ислоҳ» нависта маълумотҳои пурра медиҳанд. Бародарам Муҳаммадикбол тамоми мақомотҳо пояшон дар ларза аст.  Фақат ба фақат дар деҳаҳо аз амният, милитсия, кормандони ҷамоат, ҳукумат маҷлис мегузаронанд ва мегуянд фарзандонатонро ба роҳи рост тарбият намоед, то ки бо гуруҳҳои «террорист»ӣ якҷо нашаванд. Яъне шабакаи «Ислоҳ»ро дар назар доранд ин мақомотҳо. Аммо худашон ҳаром ва ҳаромхур мебошанд. Шумо, ки ҳақиқатро мегуед инҳоро хашмашон меояд. 

Аз ин рӯзе, ки ба сари Башор Асад омад тамоми мақомот руҳафтода шудаанд ва тарс аз он доранд, ки чунин рӯз ба сарашон меояд. Ин шо Аллоҳ пирузӣ дар дасти мо мардуми мазлум аст, он қадаре намондааст.

 Бародар Муҳаммадиқбол, ман дар бораи Резвонов Сайраҳмон бо тахаллуси «девнаи Саяк» мехоҳам маълумот диҳам. Ин Саяки буз бо пешбарии раиси маҳаллаи деҳаи Сари Қош Асоев Баҳриддин ва собиқ раиси ҷамоати деҳоти Хумдони ноҳияи Нуробод Талбӣ Қамаров дар деҳаи Сари Қош пулҷамъкунанда таъин шуд, яъне мироб, ки пули об сари хоҷагӣ меситонид. Талбӣ Қамаров бо Асоев Баҳриддин сухан як карда як китоб месозанд ва Талбӣ Қамаров бошад ӯро муҳру печат мезанад, гуё ин китоб расмӣ мебошад, яъне қонунӣ ва китобро ба дасти Сайраҳмон Резвонов медиҳанд ва ӯро мефаҳмонанд, ки моҳи аввал 3 сомонӣ ҷамъ кунед, сари ҳар як хоҷагӣ ва баъдан 5 сомонӣ. Хуллас ин  китобе, ки Талбӣ Қамаров ва Баҳриддин Асоев аз пеши худ сохта буданд ба Сайраҳмони буз доданд. Дар он китоб тамоми сардорони хоҷагиҳо номнавис шуда буд ва пули обро аз мардум маҷбурӣ ҷамъ мекард. Касе пули обро намедод ӯро дар маҷлисҳо танбеҳ медоданд. Як чанд моҳ 3 сомонӣ сари хоҷагӣ пули обро ҷамъ мекард, баъдан 5 сомонӣ шуд. Як сол гузашт. Хостанд пули обро ҳар моҳ 10 сомонӣ ҷамъ кунанд. Шукри Аллоҳ, ки ин мақсади бадашон амалӣ нашуд. Яке аз бузҳои номдори деҳа Ибод Ёғиев бо тахаллуси Ибоди буз аз ин кор хабардор шуд ва ба кормандони прокуратураи ноҳияи Нуробод маслиҳат медиҳад, ки ҳамин Сайраҳмон Резвонов ғайриқонунӣ аз мардум пули об ҷамъ мекунад, як тафтишаш кунед. Баъдан кормандони прокуратура як рӯз меоянд Сайраҳмонро меқапанд ва мегуянд, ки аввал китобро биёр. Сайраҳмон бошад китобро оварда ба дасти онҳо медиҳад. Онҳо аз Сайраҳмон мепурсанд, ки пули обро ҷамъ мекардӣ дар чи корҳо сарф мекардӣ? Ин Саяки буз мегуяд, ки 400 сомони ҳақи кори худамро мегирифтам боқимондаи пулро ба раиси маҳалла Асоев Баҳриддин медодам. Кормандони прокуратура ба Баҳриддин занг мезананд. Баҳриддин меояд аз ӯ мепурсанд, ки пули об аз мардум ҷамъ мекардед дар куҷо сарфаш кардед? Баҳриддин дар ҷавоб мегуяд, ки ман дар андоз месупоридам. Хуллас кормандони прокуратура андоз ва Амонатбонкро тафтиш мекунанд, ки ягон дирам насупоридааст ин пулро. Ҳар моҳ якҷо бо Сайраҳмон Резвонов Баҳриддин Асоев байни худашон тақсим мекардаанд. Сайраҳмонро бо Баҳриддин кормандони прокуратура мехоҳанд дело кунанд. Инҳо ба воситаи кадом шиноси худашон бо прокуратура маслиҳат мекунанд, ки моро дела накушоянд, яъне бо пора ҷавобамон диҳанд. Прокуратура инҳоро 15000 (понздаҳ ҳазор) сомонӣ мефармояд. Боз инҳо зора мекунанд, ки камтараш кунанд. Қиса кутоҳ прокуратураро 7500 (ҳафт ҳазору панҷсад) сомонӣ пора медиҳанд дар ҷояш ва ҷонашон халос мешавад. Акнун хулоса кунед,ки чи қадар пули мардумро ба нафъи худашон ҷамъ карда гирифтанд бо номи давлати Раҳмонов. Ин аст адолат ва низоми давлатдории Раҳмонов дар Нуробод.

Ин Сайраҳмони Резвонов аз баъзеҳо пул мегирифт ва точкахои обро мегуфт сурохашро кушод кунед токи обатон дарё шавад, бисёр ояд. Ин дуздҳои қаллоб мардумро бисёр озор медиҳанд.

Лек фаромуш накунанд ин қаллобҳо, ки гирдашон хат кашида шудааст. Ин шо Аллоҳ рӯзи пирузӣ қариб аст ва мебинанд ин мардум ба онҳо чи мекунанд.

                          Номаи 4

  Ассалому алейкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу бародарам Муҳаммадиқбол! Ман аз маркази ноҳияи Нуробод мебошам. Мехоҳам дар бораи соҳибкор Анвари Сафар, ки аз деҳаи Гардангаи ҷамоати деҳоти Хумдон мебошад, суҳбат кунам.

Ин Анвар писари Сафар аст. Лақаби падараш Сафари «лав» мебошад. Анвар соҳибкори номии Нуробод мебошад. Дар маркази ноҳия мағозаи хурокворӣ ва масолеҳи сохтмонӣ дорад. Анвар тамоми мақомотҳоро мехуронад ва ба воситаи мақомотҳо дигар соҳибкоронро монеъ дар тиҷораташон мешавад. Онҳоро ход намедиҳад, ки савдои хуб кунанд.

Ҳар як кадре, ки ба Нуробод таъин мешавад хоҳ  суд аст хоҳ прокурор ё ки начальники милитсия дар ҳол худашро ба онҳо мечаспонаду онҳоро ба хонааш ба меҳмонӣ даъват мекунад ва дар як моҳ як маротиба ҳамаи сардорон ва муовинҳои тамоми мақомотҳоро дар ошхонаи «Лола», ки раисаи ин ошхона Оюмгул  Ёғиева аз деҳаи Сари Қош, ҷамоати деҳоти Хумдон мебошад зиёфат медиҳад. Дар ошхона тамоми намуди таомросуфориш дода дари онро ба рӯи мизоҷон мебандад ва он рӯз ягон нафар дар он ошхона даромада як пиёла чой ҳам нушида наметавонад. Барои он,ки дар он рӯз Анвари Сафари лав мақомотҳои ноҳияро ташкилӣ ва конвертҳои пулӣ тайёр мекардааст, ки дар он конвертҳо 3000   сомонӣ печонда ба ҳар як сардори мақомот медодааст.

Ин Анвар дар маркази ноҳия як хозмаг-мағозаи молҳои рӯзгор дорад ва касеро, ки ба кор қабул кунад дар корхонаҳояш онҳоро ба ҳар роҳу восита ҳила карда қарздор мекунад, то ки онҳо мисли ғулом як умр ба Анвар кор кунанд. Анвар таъриф мекунад, ки ман қариб 30% ба мақомот расход мекунам, набошад дар як сол қариб то 4 миллион сомонӣ фоида мебинам. Аз ӯ пурсиданд, ки чи хел сӣ фоиз расход мекунӣ ба мақомотҳо? Мегуфтааст, ки масалан суд, амният, милиса ё ки прокурор ба ман занг мезананду мегуяд, ки ба наздам биё. Аллакай ман мефаҳмам, ки вай пул мехоҳад. 3000 сомонӣ дар барам мегираму ба пешаш меравам. Яъне онҳоро грет мекардааст. Ставкаашон ҳамин 3000 ҳазор сомонӣ аст .

Солҳои 2016 то солҳои 2020 сардори Раёсати Кумитаи амнияти миллии минтақаи Рашт Муродов Нуралӣ бо тахаллуси Нуралӣ- сиёҳ кришаи Анвар буд. Нуралии сиёҳ бемор мешавад. Вай бояд Ҳиндустон ба табобат равад. Пеши Анвар меояду аз Анвар 3000 доллари амрикоӣ мегираду меравад. Ин Анвар бошад худаш боз таъриф мекунад, ки дар пеши ман Нуралии началник омаду аз ман дуо гирифт ва ба ӯ 3000 доллар барои табобаташ додам.

Дар масҷиди деҳаи Гарданга падари Анвар яъне Сафари лав бо мардум ҷанҷолаш мешавад. Қаҳраш кардааст, тарафи мардум гуфтааст, ки бори як прилавкаи магазинро пулашро ба мақомотҳо медиҳам ҳамаатонро пушти панҷара равон мекунанд. Бубинед бешарафии инҳоро бо таҳдид мардумро аз мақомот тарс медиҳанд.

Э, Анвари бачаи Сафари лав мемурӣ ба як нодору нотавон кумак расонӣ, аз Аллоҳ битарс. Рӯзи қиёмат бо ин ҳама ҷиноятҳое анҷом медиҳи медони ҳолу рӯзат чи мешавад ? Ҳоло ҳам фурсат дори аз Аллоҳ тарс!

                                                   Номаи 5

Ассалому алейкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳ бародари азиз Муҳаммадиқбол ва бародарони мубориз!

 Ман дар панҷ вақт намозам даст ба дуо мебардорам ва дар ҳақи шумо муборизони роҳи ҳақ ва дар ҳақи миллати дар зери зулму шиканҷаи Раҳмонов қарор дошта дуои хайр мекунам. Парвардигоро ин мақомотҳо ва суханчинҳои онҳоро, ки мардумро озор медиҳанд ба зуди ҳалокашон гардон! Омин

Ман аз ҷамоати Самсолиқ ҳозира Сафед-Чашма мебошам. Дар он номаҳое, ки шумо нашр карда будед дар бораи як бузи суханчини деҳаи Сари Қош бо номи Ибод Ёғиев сухан карда будед. Дар ҳақиқат он гуфтаҳо дуруст нашр шудаанд.

 Ибод Ёғиев  як муддат дар военкомати ноҳияи Нуробод кор мекард. Дар давоми кориаш дар ҷони мо мардум зада буд.

Хуллас, дар деҳаи зикршуда ба як зани сабукпо туғрӣ мегиранд ва се шербачаи ин деҳа аз ин кор огоҳ мешаванд. Як шаб ӯро мепоянд, ки ба даст меафтад. Ибод Ёғиевро лату куб мекунанд. Тавассути телефон ба навор мегиранд, қаҳрашон паст нашуда ва ӯро таҷовуз мекунанд. Ибоди Ёғиев аз ду чашмаш об мерезад, пеши инҳо бисёр зора мекунад ва бо гиря мегуяд илтимос манро накушед, дигар такрор намешавад, бо занаш қасам мехурад.

  Аммо бинед, ки баъд аз чан сол боз дар деҳаи Сари-Қош, ки зиндагӣ мекунад, чунин корашро анҷом дод занаш се талоқ шуд. Ин шербачаҳо фикр мекунанд, ки ин бо занаш қасам хурд ва мо ба ӯ чунин кардем ӯ дигар шарм медорад, ки моро ба мақомот супорад. 

Ибод Ёғиев аз дасти ин шермандони Самсолиқ раҳо меёбад. Рост омада дар мақомот шикоят мекунад, ки манро дар Самсолиқ як чанд нафар заданд, аз шарм намегуяд, ки ба номусам расиданд. Мақомотҳо саҳар тамоми бачаҳои деҳаро даъват мекунанд ва Ибоди Ёғиев нигоҳ мекунад. Як нафари онҳоро мешиносад мақомот ӯро сахт шиканҷа медиҳанд ва шарикони ӯро пайдо мекунанд. Онҳо дар мақомот ҳамаи корҳои нисбати Ибод Ёғиев анҷом дода буданд қоил мешаванд ва наворро ба мақомот нишон медиҳанд. Мақомот Ибодро даъват мекунанд ва мепурсанд, ки ба номуси ту расидаанд инҳоро дело кунем, аммо ту шарманда мешавӣ.

 Ибод Ёғиев аризаашро мегираду мақомот аз ҳар яки онҳо сӣ ҳазор сомонӣ мегираду раҳояшон мекунанд.

Эмомалӣ Раҳмонов ба мо мардуми Самсолиқ ҳиси бадбинӣ дорад. Ба кадом хотир?  Барои оне, ки шермардон аз ин деҳаи номдор дар роҳи ҳақ бисёранд. Ҳар вақте ба ноҳия Нуробод меояд аз мақомотҳояш аввал аз вазъияти Самсолиқ мепурсад, ки дар кадом вазъият аст.

 Дар Самсолиқ идораи ШВКД кушод ва дилаш қарор накард Боз идораи Кумитаи амният кушод. Мақсад дорад, ки боз як пост кушояд,то ки ҳар як мошинро тафтиш намоянд. Боз як балои дигар ба сари ронандагон кормандони БДА пул кор мекунанд. Ягон кораш барои расидагӣ ва бартарафии мушкилии мардум нест, аз тарси худаш аст.

Ҳозир мардумро аз амният метарсонанд, дар ҳоле, ки маънои амният он аст ки мардум бояд дар амон бошанд, озод зиндагӣ кунанд, на инки мардумро амният зулм кунад.

Агар ҳазорон сарбозро дар гирду атрофат ҷамъ кунӣ фоида надорад. Ин шо Аллоҳ рӯзи ту ҳам наздик омадааст. Ба мисли Башор Асад шармандаву расвои олам хоҳӣ шуд.

                  поёни бахши аввал

Ps:  Дар бахши баъдии барнома дар бораи моҷарои набуди столу стул дар мактаби деҳа ва ҷанҷолу хархашаи мақомоти ноҳия, болои мардум бор кардани хариди столу стул ва чанд чизи дигар маълумот медиҳем.

Як нуктаро, ки пешопеш мехоҳем зикр намоем ин аст ки бори дигар исбот шуд Раҳмонов мардуми ин ноҳияро ва махсусан деҳаи Самсолиқро чашми дидан надорад. Вагарна чаро дар Данғара аз ҳисоби бюҷети мамлакат чандин донишгоҳу омузишгоҳу коллеҷ сохта метавонаду барои як мактаби деҳаи Нуробод столу стул таъмин намекунад. Чунки дар Самсолиқ Маҳдӣ Арсалон таваллуд шудааст ва Раҳмонов дар ин авохир фақат кобуси Арсалонро мебинад.

Share This Article