Ҳодисаи хунини ахир дар зиндони Ваҳдат мисли ҳаводиси мушобеҳи дигар, то замоне, ки Раҳмонов сари қудрат ҳаст, ифшо намешавад, нокушода боқӣ мемонад. Чунки ин кори ташкилкардаи худашон аст.
Раҳмонов нишон дода истодааст, ки ҳамчунон шикастнопазир ва устувору мустаҳкам аст. Вай афкори умумиро намегузорад, ки барои дигар чиз машғул шавад. Вай гуфтанӣ аст ки агар дар фикри инқилобу тахриби интихобот ҳастед, ҳолу рӯзатон ҳамин аст, ки дар зиндон ба амал баровардам. Вай нафаронеро ҷудо карда кушт, ки имкон дошт баъди раҳоӣ дар фикри интиқом шаванд ва бо мухолифин бипайванданд.
Мехоҳад он тарсу ваҳшати худро, ки баъди тағйирот дар Сурия дар дилаш ба вуҷуд омадааст дар руҳу равони мардум ҷо кунад. Чунки тамоми фалсафа ва пирамидаи сохтааш, зерсохтори идеологияш фуру рехт. Вале боз ҳам талошҳояшро ба харҷ дода истодааст, ки онҳоро-муборизинро террорист нишон диҳад. Сохтааш, бунёду боварҳояш аз даст рафт. Террористҳое, ки мегуфт давлатҳоро гирифтанд.
Вай аз онки як нафар новӣ (Сайфиддин Тоҷибоев), нафари аз шимоли Тоҷикистон, нафри узви ҲНИТ дар ҳайати ҳукумати Сурия мақом касб кард, то пойи ҷон дучори ваҳшату даҳшат шудааст.
Аммо ҳоло қудрат дорад, бояд онро истифода барад.
Раҳмонов ҳарчи ёфт, ҳукумат, молу мулк, идораи оилавӣ аз зур ва куштору зиндонкуниҳояш ёфт. Танҳо дар баробари зур тан медиҳад. Ҳамин зур имрӯз омад. Ҳамин зуре, ки Раҳмонов аз вай метарсад, метарсид ва душмани ҷонаш меҳисобад. Ва ин зур ислом ва неруҳои исломӣ аст. Вай тамоми ин муддат талош карда буд, ки неруҳои исломӣ ва худи исломро маҳви физикӣ кунад. Ва гуё муваффақ шуда буд. Таълимоти исломиро манъ кард.
Аммо мебинад, ки ин зур –ҲНИТ дигарбора меояд. Ҳамоне,ки як бор фуки Раҳмоноворо ба замин молид ва ҳукуматро аз дасташ гирифт.
Бубинед, ки фабрика аз нав ба фаъолият сар кардааст. Дар долонҳои ҳукумат суҳбат аз он рафта истодааст, ки ҳодисаи Ваҳдатро ба пойи ҲНИТ бипечонад.
Раҳмонов хуб медонад, ки мардум аз вай хаста ва ба ҷон расидааст. Ва ҳаргуруҳе, ки муқобилаш хезад, чи расад ба неруҳои исломӣ ва ҲНИТ, ки ин таҷрибаро дорад, муқобилаш бархезад, мардум ҳамроҳиаш мекунад. Мардум омода ба тазоҳурот, омада ба хезиш бар зидди Раҳмонов аст.
Мардум дарназари аввал ором аст. Аммо ҳамачиро огоҳ аст, мебинад ва мефаҳмад.
Инки мардум дида истодаст, ки Раҳмонов қадам бақадам, ваҷабаваҷаб тамоми дороиҳои миллату мардумро ишғолу забт карда истодааст, фақат худашу оилаашро дида истодааст ва ончики террористу экстремист мегуяд, ва ончики ҲНИТ душман аст мегуяд, дуруғи маҳз аст.
Барои ҳамин бояд бо як роҳу намуде, мардуми омодашуда ва дар ҳоли хезишро дар ҷояш шинонад. Бояд вокуниш мекард ва нишон медод, ки вай имкон намедиҳад, ки мардум сар боло бардорад ва ҳодисаи Ваҳдат ҷавоби Раҳмонов ба мардум аст.
Дар номаи аввали ин нашри барнома як нафар аз муаллифон ҳам ба ҳамин нукта таъкид кардааст, ки ҳадафи асосии Раҳмонов шикасти руҳияи бедор ва безоршудаи ҷомеа аст:
Душанбе
Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқбол. Ман дар чанд номаам пештар ба шумо хабар дода будам, ки мақомот кадом нақшае барои зиндонҳо кашида истодаанд. Аз чандин вақт пеш дар байни баъзе аз мансабдорони баландпояи мақомот гап гап буд, ки бояд ягон фитнае барпо шавад. Ин корро маҳз барои Мансур Умаров карданд. Ин як зарбаи безеб шуд барояш.
Аз руи маълумотҳое, ки нашр карданд, гуё бо кордча нападение кардаанд. Аммо, тамоми фактҳо далел аст ки ин кори сохта аст. Инҳо, барои онки ба мақсадашон бирасанд, фақат мекушанд.
Чанд рӯзи пеш, аниқтараш рӯзи 3 феврал дар минтақаи Рашт дар мақомоти дохила ҳамаи фаъолони минтақаро фарёд карда, сахт ҳушдор доданд, ки ҲНИТ дар минтақа нооромӣ карданист. Ин гапҳо ҳамон рӯз буд: «Баччаҳоятонро назорат кунед, мардумро дар масҷидҳову дигар ҷоҳо ҷамъ карда ҳушдор диҳед. Ба гапҳои террористҳо, ба гапҳои Муҳаммадиқбол наравед. Онҳо террористанд,онҳоро давлат оварда турма мекунад. Ба онҳо ҳамроҳ нашавед»
Маълум аст ки сахт тарсидаанд.
Нав боз маълумотҳои дигар расид. Айбро ба гурӯҳи Шохаи Хуросон бор када истодаанду ба ҲНИТ часпонданианд. Гуё аз кадомеаш телефон ёфтаанд. Ва, он нафар аз тамошобинони барномаҳои шумо будааст.
Ин қадар ҲНИТро сиёҳ карданд, аммо дилашон орому қарор нагирифта истодааст. Ҳоло ҳам аз ҲНИТ метарсанд. Беҳуда дар Рашт маҷлис нагузарониданд. Маҳбусҳоро кушта дар шапкаҳояшон байрақи ИГИЛ часпонда сурат гирифтанд. Як манбаъ аз МВД гуфт, ки ин корҳоро, ки дар турмаи Ваҳдат карданд барои тарсонидани мардум ва мухолифон мекунанд. Мардумро метарсонанду мухолифонро бошад ба он банд мекунанд.
Моҳҳоии охир мухолифон сахт мардумро дар дилашон як алангаи инқилобиро бедор карда истода буданд. Барномаҳои такондиҳанда ва бедоркунанда мекарданд мухолифон. Акнун, ки онҳо барои бойкоти интихобот даъват карданро сар карданд, ин ҳолати ташкилкарда, онҳоро ба муддате ҷалб мекунад.
Мансур Умаров дар ҳайрат, ки чаро маҳз ҳозир? Вақте ки тағйироти кадрӣ сар шуда буд. Барои онки дар зиндонҳо ва аз ҷумла зиндони Ваҳдат болои ҳам чандин бор «шмон»- яъне кофтукоб дар дохили баракҳо гузаронданд ва чизе наёфта буданд.
Юсуф Рахмон гуфтааст, «ки о саги пир,о ҳароме. И ҳароми сахт кор мекна. Ма медонистм, ки и ай қафои кормандони ҳама сохтору мақомоту вазорато кор мекна. Меқапа ягонташа, сразу крючокда мешнонаш.Агент мекнашон то вақти даркорира. Дар Прокуратураи Генералӣ бисёриҳора агент када буд. Ҳаму гапои марам, ки ма Президента бульдог гуфтам, через агентош ба Муҳаммадиқболда ҳаму рои кадагияй».
Юсуф Раҳмон СС.Ятимовро дар назар дорад.
Душанбе
Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқбол! Ман як муроҷиат дорам ба Эмомалӣ Раҳмон ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқи вай. Агарчи медонам, аз ин дуздиҳои руирост ва ғорати мардум худи ҷаноб хеле хуб бохабар аст.
Муҳтарам Ҷаноб, чи хеле худи шумо дар баромадҳоятон мегуед дуздии руирост идома дорад ва ба одати муқарраӣ ва доимӣ дар миёни мақомот ва махсусан арсаи барқ табдил шудааст.
Ман дар бораи дуздӣ, ғорат ва ба чашми мардум хок пошидани фирмаи «Кайфа» гуфтаниам. Ин фирма якҷо бо шабакаҳои «Тақсимоти барқ» ба татбиқи як лоиҳа дар бораи бозсозии ин арса шуруъ кардааст ва бар тибқи ин барнома бояд трансформатор, симчубҳо-столба, счетчикҳо-ҳисобкунакҳо иваз карда шаванд. Маблағи лоиҳа 60 миллион сомониро ташкил мекунад. Аммо фирмаи «Кайфа» фақат счетчикҳои 40 ампера насб карда истодааст. Боқии хароҷоти пешбинишуда дуздӣ мешавад. Ин фирма ва шабакаҳои «Тақсимоти барқ» бояд счетчикҳои 100 ампера насб кунанд. Вале инҳо счетчикҳои 40 ампераро ба ҷои 100 ампера шинонида маблағҳоро дуздида истодаанд ва аз ҳоло ин счетчик-ҳисобкунакҳои насбшуда сухта истодааст.
Дар асл ин корро бояд ҳамин фирма мекард. Дар амал бошад онро шабакаҳои «Тақсимоти барқ» анҷом дода истодааст.
Шартномаи фирмаи мазкур бо шабакаҳои «Тақсимоти барқ»-ро ба ҳеҷ кас нишон намедиҳанд.
Ман саддарсад бовар дорам ва шаҳодат медиҳам, ки аз ин корҳо муовини Сарвазир ва вазири энергетика хеле хуб огоҳанд. Аммо дар байни кормандон инро овоза кардаанд, ки гуё насби счетчикҳои 40 ампера ва эконом ва дуздидани пулҳо бо супориши Рустами Эмомалӣ шуда истодааст ва барои ҳамин касе тафтиш ва санҷидан наметавонад. Чунки фирмаи «Кайфа» аз Рустам будааст.
Муҳтарам Ҷаноб ба Агентии зидди коррупсия ва Прокуратураи генералиат дастур деҳ, ки боз барои ин ҷиноят ва хиёнат баччаҳоро дело ва ҷаримаву зиндон накунад. Баччаҳо ин корро аз пеши худ намекунанд, супориш иҷро карда истодаанд.
Бинобар маълумоте, ки мо дорем дар филиали шабакаҳои «Тақсимоти барқ» дар шаҳри Душанбе Ашуров Саидамир дар шуъбаи ҳисоббаробаркунӣ сардори шуъба мебошад ва 1000 адад санади ҷаримавиро дуздидааст, ки на камтар аз 1 миллион сомонӣ рӯпуш шуда истодааст.
Бародар Муҳаммадиқбол! Ман ин номаро ба шумо фиристода хоҳиш ва илтимос мекунам, ки ҳарчи зудтар нашр намоед, то пеши ин ғорати руирост гирифта шавад. Дар ҷои дигар ин номаро нашр намекунанд. Ку, бубинем, ки Раҳмонов ва мақомоти дузди вай, махсусан Ҳабибулло Воҳидзода, Прокурори нави генаралӣ коре аз дасташ меояд ва худи Раҳмонов аз ин дуздӣ ва мардумфиребӣ ҷилавгирӣ мекунад?
Саломат бошед!
Нуробод
Ассалому алейкум бародари азиз Муҳаммадиқбол. Ман аз деҳаи Сияҳоб. Дар бораи як ҳодиса гап мезанам. Маълумот дар бораи мақомоти золими ноҳия дорам.
Эшони Қутбуддин аз деҳаи Турмуш дар бозорҳо ва рӯзҳои ҷумъа дар пеши масҷиди деҳаи Хумдон китобҳои динӣ ва тасбеҳу ҷойнамоз мефурӯхт. Ӯро кумитаи амнияти ноҳия тамоми китобҳо, ҷойнамоз ва дигар чизҳои барои савдо дошт ҳамаашро гирифт ва чанд суми дигаре пора гирифтан. Ӯро сахт танбеҳ доданд, ки бори дигар китобҳои динӣ, тоқиҳои сафед ва шиорҳои динӣ фурушӣ туро ҳамчун пешбарандаи наҳзатӣ дело мекунем.
Бубинед, ки нисбати як муйсафед, ки синусолаш аз 75-сола боло аст, чунин корро карданд. Агар дар сари мардҳо тоқии сафед бинанд ё ки ҷелак яъне яктаҳ ӯро нисбаташ протокол менависанд на кам аз 2000 сомонӣ, канда мегиранад. Худо ҳалок гардонад ин золимҳоро.
Зиндаву сарбаланд бошед, муборизони роҳи ҳақ.
Айнӣ
Ассалому алейкум бародар Муҳаммадиқболи Садриддин! Ман аз Айнӣ ҳастам, аз қишлоқи Фатмев. Кадом бародаре аз ин қишлоқ як маротиба ба шумо нависта буд. Аммо ба он шахсон чизе нашуд, чунки ҳама коргарони ин ноҳия чи милисаву амнияту прокурор порахуру ҳаромхур ҳастанд, аз ҷумла раиси ин ноҳия.
Барои чанд мактаб фундамент сохтанд, чанд мактаби дигар дар ҳолати садамавӣ қарор доранд. Аз тарафи маориф меоянд ба ҷои ин камбудиҳоро бартараф намудан як ҳафта инҷо хоб мераванду муаллимонро қарздор мекунанду мераванд.
Ба куҷое арзу шикоят накунӣ бефоида аст. Чунки ҳама одамони худашон ҳастанд, аз ҷумла котиби қишлоқ як номард номаш Почоев Турсун, ки бузи сиёҳи тайёр ва баъди он Нарзуллоев Ҳасан, писари Мутеулло, ки падараш пеш аз ин вазифа кору фаъолият мекард. Ин Мутеулло аз худаш то 7 писару чанд наберааш, то ҳол Аллоҳ шоҳид ягонтоашон ба хизмат нарафтаанд ва корашон танҳо мардуми Фатмевро фурӯхтан аст.
Мактабҳо дар ҳолати садамавӣ, болницаҳо ҷои алоқаи ҷинсӣ, корхонаҳои давлатӣ ҷои порахурӣ шудааст ва ман хитоб ба Раҳмонови валадузино мекунам. Эй хуки ҳаром ту ба ноҳияи мо барои кушодани туйхона набиё, туйхонаи туро ягон фоида нест, ту ба мо мактаб рост кун. Ба мо мардуми ноҳияи бошарафи Айнӣ илм зарур аст, на рақсу бозӣ. Ту ба мо роҳ дуруст кун. Ту ин муаллимони бесаводи аҳмақатро, ки аксарият мардум аз пушти муаллиму духтуру милисаву налог туро бад мебинанд, ки албатта решаи ин ҳама аз беилмист, дафъ кун, участковыйҳо барои қишлоқи Фатмеву Испағну Гузари бод ҷанг мекардаанд, ки ман шаваму ҳарчи тезтар соҳиби мерседес шавам. Охир ин чи беадолатист.
Дар қишлоқ дигар гаштан намешавад, ҳар як қадаматро хабар медиҳанд. Ман хитоб ба шумо мекунам, эй бузҳои Фатмев:- Бахтовар, Шарифбойи беимон, Бунафшаи ҳаромгард, ту камтар бо участковый шпили вили куну аз Аллоҳ битарс, оқибати ҳамаатон вой аст.
Ин шо Аллоҳ инқилоб наздик аст ва ҳатман Ҳақ ҷояшро мегирад. Раиси тоза таъини Айнӣ акои Рӯзибой Раҳимзода умедворем ба ин мушкилоти мардуми Фатмев камтарак ҳам бошад диққат медиҳанд. Мо натиҷаашро ҳатман ба Ислоҳ менависем, ягон тағйирот шуд ва ё не!
Нуробод
Ассалому алейкум домулло Муҳаммадиқбол! Ман ҳам аз деҳаи Сари Қоши ҷамоати деҳоти Хумдон мебошам. Боиси хурсандӣ аст ки аз ҷамоат ва аз деҳаи мо ба шумо менависанд. Ман дар бораи бузҳои деҳаамон маълумот медиҳам. Яке аз онҳо як инсони наҷису палид бо номи Саидҷон Каримов аст. Ин ноинсон тарбия надорад. Дар деҳа нисбати калонсолон шухиҳои бе маънӣ мекунад. Саидҷон бо ҳамроҳии Хуҷа Асоев, ки ин ҳам бузи номдор ва устои мошин мебошанд, бузӣ мекунанд. Агар касе мошинашро барои таъмир пеши инҳо барад, қисмҳои эҳтиётии мошин:- домкрат, насос ва дигар қисмҳоро медузданд.
Каримов Муҳаммадраҳим амаки Саидҷон мебошад. Муҳаммадраҳим якчанд сол пеш садақа кард ҳамин Саидҷон уро ба участковый фурухт. Участковый омад 400 – (чорсад) сомони Муҳаммадраҳимро беҷарима гирифт. Саидҷон бо раиси маҳалла ва Ибод як сепочка ва гурӯҳи муташаккили ҷиноӣ ҳастанд.
Баҳриддин Асоев, раиси маҳалла дар масҷид маҷлис мегузаронд. Ӯро Худо раҳматӣ қорӣ Абдузамон Каримов ва Муҳаммадраҳим Каримов ход намедоданд, медонед барои чи? Барои онки ин Баҳриддин Асоев пулҳоеро, ки аз ҳисоби муҳоҷирон ва аз ҳисоби мардуми деҳа барои ободии масҷид ҷамъ мешуд, чи хеле мехост харҷ ва нобуд мекард.
Ва барои шикаст додани қорӣ Абдузамон ва Муҳаммадраҳим Баҳриддин чи кор кард? Абдузамон Каримов Аллоҳи меҳрубон ҷаннатулфирдавсро ҷояш кунад, омин. Давраҳои ҷанги шаҳрвандӣ Абдузамон гуреза шуда ба Афғонистон меравад ва аз онҷо ба Эрон ва ба Покистон ва дар ин кишварҳои зикршуда таълимоти динӣ мегирад. Барои ҳамин Баҳриддин Асоев ба воситаи кумитаи амнияти Нуробод ӯро ҳамчун наҳзатӣ ва террорист гуфта бисёр ғам медиҳад. Хуллас, Абдузамон як бародари дигараш ҳоҷӣ Абдуҳаким ном дорад -падари Саидҷони буз, бубинед, ки мегуянд «аз оҳан … меруяд» яъне аз ин авлоди бо ору номус ва Худотарс чунин Сайчик ба дунё омадааст. Каримов Абдуҳаким бо собиқ сардори раёсати кумитаи амнияти ноҳияи Рашт рафиқ буданд. Ба воситаи ин корманд корҳои Абдузамонро тинҷ мекунад ва ба Русия ба мардикорӣ меравад. Якчандсол пас ба Тоҷикистон бармегардад ва аз бемории қанд аз дунё мегузарад. Ин Баҳриддин Асоев боз Каримов Муҳаммадраҳимро мехоҳад бишканад. Чи гуна Муҳаммадраҳимро мешиканад?
Муҳаммадраҳим Каримов тақрибан 25-сол пеш бо раҳматии Резвонов Баён ҷанҷолашон мешавад. Резвонов Баён падари Сайраҳмон Резвонов бо тахаллуси девнаи Саяк ва Резвонов Субҳон бо тахаллуси Симак баъзеҳо Симбо мегуянд ӯро. Резвонов Баён осеби сар дошт. Як маротиба дар садама сараш осеб бардошта буд. Вақте Баён бо Муҳаммадраҳим қад ба қад мегиранд ва азбаски зимистон ва роҳ ях буд Муҳаммадраҳим аз пойҳои Баён мекашад. Баён ба пушт дар замини ях сараш зада ба ҳалокат мерасад. Мақсади Муҳаммадраҳим куштан набуд, нохост ва саҳван шуд ин воқеа.
Мақомотҳо Муҳаммадраҳимро мебаранд, дело мекунанд ба суд равон мекунанд. Суд корро саҳван гуфта решений мебарорад. Ва аз ҳамон сол то соли 2010 Муҳаммадраҳим ба Резвонов Ҳанон писари калонии раҳматии Баён ҳар моҳ 100-(сад) долларӣ медод, ҷуброни саҳви кардааш.
Соли 2010 Баҳриддин Асоев бо РШВКД дар минтақаи Рашт барои шикаст додани Муҳаммадраҳим сухан як мекунад. Баҳриддин Асоев ба писари раҳматии Баён Субҳон Резвонов бо тахаллуси Симак маслиҳат дода ӯро мегуяд, ки Муҳаммадраҳим падаратро кушт, чаро ту даъво надорӣ? Ин Симаки раққос мегуяд, ки ман даъво дорам. Бовар кунед рамазон буд, дар ин моҳи шарифи рамазон дар адои намози таровеҳ будем, намозро хондему аз масҷид баромадем. Ин Симак арақ нушидаву маст, дар дасташ корд ба тарафи Муҳаммадраҳим ҳамла мекунад, ки ӯро мардум меқапанду халос мекунанд. Аз даҳонаш чи гапои қабеҳе, ки намебарояд, наъузубиллоҳ.
Баҳриддин Асоев бошад саҳарӣ ӯро фарёд мекунаду мегуяд: «Симбо ин корро накун хута ҷавобгар мекунанд».
Баъд Баҳриддин Асоев бо Симбо сухан як карда аризаи даъвоӣ ба РШВКД аз болои Муҳаммадраҳим Каримов пешниҳод мекунад, ки падарамро кушт, даъво дорам.
Мақомот Муҳаммадраҳимро даъват карда сахт таъкид мекунанд, ки туро аз нав дело мекунем, турма мешинонем. Рафта аз раиси маҳаллаи деҳа характеристика биёр. Бубинед, ки чи мақсад аст инҷо. Бояд Муҳаммадраҳим донад, ки Баҳриддин хари калони деҳа аст, тавба.
Муҳаммадраҳим хату савод надорад, ки бигуяд эй кормандони мақомот решенияи ин кори гузаштаро, ҳамон давра суди Дарбанди пешина, ҳозира Нуробод ҳал карда буд. Боз дубора чи хел дело мекунед. Қисса кутоҳ пеши Баҳриддин меояд. Баҳриддин ба ӯ мегуяд, ки рав Зайдулло Мирзоев характеристика менависад, биёраш ман имзо ва печаташ мезанам. Ин Баҳриддин худаш хату савод надорад, ки як характеристика нависад. Ӯро хело кашола медиҳанд Муҳаммадраҳим, баъд бо миёнаравии ҳамин Баҳриддин сад долар ба Резвонов Субҳон бо тахаллуси Симаки Симбо ва 400-(чорсад) доллар ба уголовникои РШВКД минтақаи Рашт медиҳад, ҷонаш халос мешавад.
Баҳриддин Асоев таъриф мекардааст, ки дидед корашро худам ҳал кардам.
Ин Асоев Баҳриддин ва Ёғиев Ибод аз деҳа як чанд ҷавонро ба зиндон равон карданд, ки онҳоро номбар мекунам.
1)Қувватов Талабшо, ки бангдона барои доза гирифтан истифода мебурд, ӯро ҳамчун парваришгари ин мавод дело ва тюрма кардан се сол шишт авф шуду баромад. Падари Талабшо Қувватов Шариф барои бунёди сохтмони чойхона пул супоридагӣ набуд, аз сабаби камбизоат буданаш. Баҳриддин Асоев дар ҳар маҷлис ва дар маъракаҳо, ки дар ҳамин чойхона мегузашт, ӯро номашро мегирифт, ки Қувватов Шариф пули чойхонаро насупоридааст. Ӯро як маротиба дар чойхона гирён кард ва ӯ гуфт ман шароит надорам: «ҳамату шароити мана медонед, бачам да маҳбас, зану кудаки ӯро ки мехуронад, магар шумо инро намедонед». Ба худо қасам гирён шуд, аз чойхона баромада рафт.
Тобистони он сол ҳамон чойхонаи деҳа сухта хокистар шуд. Бори дуюм баччаҳои муҳоҷир барои сохтани чойхона боз пул ҷамъ карда ба Баҳриддин равон карданд. Баҳриддин бошад пулро хурд нобуд кард. Бори сеюм мардуми деҳа ва баччаҳои муҳоҷир пул ҷамъ карданд ва барои бардоштани сохтмони чойхона Одинаев Абдуқаюмро интихоб карданд. Одинаев Абдуқаюм пулро гирифту рафт ва тамоми масолеҳи сохтмониро хариду бо тариқи ҳашар чойхонаро сохтанд ва ба истифода дод.
2)Маҷидов Темур аз хизмат гурехта ба Русия рафт ва аз онҷо ба язнааш Ибод Ёғиев пул равон карда гуё Ибод ба воситаи собиқ началники милитсияи Нуробод делои Темурро бекор кардааст. Темур аз Русия ба Тоҷикистон меояд ва як чанд вақт бепарво мегардад. Ба умед, ки язнааш корашро ҳал кардааст, Баҳриддин Асоев бо собиқ прокурори ҳарбии ноҳияи Рашт номашро зикр мекунам Маъруфхон кент буд ва Темурро ба воситаи ҳамин прокурор ба маҳбас равон кард. Асоев Хуча баччаи акаи Баҳриддин Асоев аз хизмат фирор карда буд ба воситаи ана ҳамин Маъруфхони прокурор делояшро дар авф туғрӣ кард ва озод гашта истодааст.
3)Асоев Баҳриддин Соҳибов Сорбонро, ки ҳамсояаш аст чанд сол пеш барои онки гуё аз хонаи Баҳриддин дуздӣ кардааст ӯро ҳам доғи судӣ кард ва суди маҳаллӣ карданд.
Баҳриддин Асоев ба мисли пешвои гандапираш ин вазифаро ба ҳеҷ кас намедиҳад. Мегуфтааст, ки писари калониям Эҳромуддинро оиладор кунам, ин вазифаро бу ӯ медиҳам, Худоё тавба.
Ин Баҳриддин як ғулом дорад- Давлатов Фозил бо лақаби «Зубил», гову моли Баҳриддинро каҳу об медиҳад, мисли ғулом аст.
Ибод Ёгиев ба мисли падари нораҳматиаш мебошад. Номи падараш Шоҳ буд. Давраҳои шуравӣ як духтари ноболиғи синфи 8-умро таҷовуз мекунад ва он духтар кудак таваллуд мекунад, Шоҳро дело мекунанд.7-сол тюрма мешинад. Худатон бидонед, ки таҷовузкорон ҳолашон чи мешавад дар тюрма.
Хуллас аз тюрма мебарояд. Боз кораш бузию арақнушӣ, бениҳоят менушад, ки дилаш мезанаду ҳаром мемурад. Боз вайро ҷаноза карданд.
Ҳамин Ибод мисли падараш аст, суханчин ва буз.
Э, ҷанобони бузҳо шумо номарди ноинсон ҳастед. Аллоҳи зулҷалол ҳалокатон кунад, омин.
Дар охир ҳаминро гуфтанӣ ҳастам, ки номаҳое, шумо нашр карда будед дар бораи ин бузҳои номдор, ба Худо қасам, ҳамаи мардуми деҳа дар ҳақи нависандаи он номаҳо ва дар ҳақи муборизон дуъои хайр мекунанд.
Бобоҷон Ғафуров китоби «Тоҷикон»-ро навиштааст, аммо Ин шо Аллоҳ ҷавонони бо нангу номуси ноҳия китоби ҳамаи бузҳо ва шахсоне, ки криша доранду мардумро озор медиҳанд менависему ба «Ислоҳ» мефиристем. Бовар кунед нав фаҳмидем мо ки танҳо бо навиштани ҷиноятҳои ин ҷинояткорон метавонем муборизаро оғоз кунем ва ояндааш дигар маълум аст.
Қубодиён
Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу. Ман аз ноҳияи Қубодиён ҷамоати Утақара Назаров деҳаи Бошкала Зарипов Акрам Эргашович. Ман маъюби гурӯҳи 2 мебошам. Ман ба дасти дуруғи мошенникҳо афтидам. Инҳо оилавӣ ва группавой мошеникҳо будаанд. Ин хонаро акаву додаронам харида дода буданд, ки ҷигари маъюби мо азоб накашад.
Тойиров Акмал Ураливич, Гулмурзо Урал ва модараш Асад моро ба дуруғаш бовар кунонда хонаи моро ба номаш гузаронида ба банки Тавҳид монда ва як мошини Лексусро монда ба миқдори панҷсаду ҳаштод ҳазорр сомониро гирифта ба дасти модараш ва падараш медиҳаду онҳо аз Тоҷикистон гурехта меравад. Аммо ин нарафта мо ба ҳамаҷо муроҷиат кардем:-ба президент ва Прокурор генералӣ ва дигар мақомот. Ягонтоаш чора надиданд. Аммо дина суд моро фарёд кард. Суди Шаҳритуз ба мо гуфт, ки банк мегирад ва мефурӯшад пули ӯро ба банк мемонад, аммо онҳо пулро гирифта аз Душанбе хона гирифтанд. Онҳо бизнесмени калон мебошанд. Аммо мои инвалидро бехона монданд.
Ба мо ёрӣ диҳед хонаамонро баргардонда гирем. Аммо онҳо бо хусурбаччаи президент шиноси сахт буданд, ба Ҳасан Асадуллоев, прокурор, суд ва милитция ва 6-ой отдел. Аммо ман намедонам ба кадом тараф муроҷиат кунам. Ин хонаи ман дар ноҳияи Шаҳритуз, ҷамоати Талбак Садриддинов, деҳаи Лолазор 4 воқеъ аст. Документи хонаро ба писарам ва занам ваъдаи калон дода «хонаро документ карда медиҳам» гуфта розӣ карда мегиранд. Ман аз ин чизҳо хабар надоштам. Як рӯз ман ҳуҷҷати хонаро пурсидам. Ва сипас аз ин чизҳо хабардор шудам. Бачаам Шаҳром ва занам Улфатмоҳро сарзаниш кардам. Аз ин чизҳо хабардор шудам. Ҳамин шаб баҳона карда Акмал меояд бо ҳамроҳии Оят, ки коргари 6-ой отдел мебошад, ваъдаи калон дода меравад. Аммо чи коре карда ҷодугарӣ мекунад ва маро ба ин кор розӣ карда аз банки Саноат Содиротбанк сад ҳазор мегирад. Маро ва тағояш Турдимуродро шоҳид карда ба ман ваъдаи калон доданд. Раиси бозори Марказӣ Мансур ҷураи наздики ман аст. Барои бизнес ҷои бисёр мегирем ва бизнеси калон мекунем гуфта ба дили ман даромада ҷой гирифт.
Агар илоҷаш бошад хонаи моро ба мо монаду падару модараш акаву додараш ва группа будагияш пули банкро ситонида гирад. Мо камбағалонро ба ҳоли худамон гузарад. Ин хонаро акаву додаронам гирифта дода буданд.
Ба мо ёрӣ диҳед аз барои Аллоҳ. Акмал дар қишлоқ 5 хонаи ҳавлӣ дорад ва гову гусфанди бисёр ва мошинҳои бисёр дорад. Гапи он мошеникҳо бо банкҳо як ҳастанд. Раис банки Тавҳид Муҳиддин-писари Ҳасан Асадуллозода ва раиси банки СаноатСодиротбонк Далер мебошанд. Ин мошеникҳо бо суд ва прокурор ва бо милитсия саломалейк мебошанд.
Муҳаммадиқбол аз барои Аллоҳ, ин номаи маро чоп кунед. Илтимос, агар ягон хато навишта бошам маро бубахшед,аз барои Худо. Мо соҳиби ду фарзанд ҳастем. Барои он ба «Ислоҳ» навиштам,ки дар ноҳия мо камбағалонро касе аҳмият намедиҳанд. Гуфтанд, ки генпрокурор нав шудагӣ «Ислоҳ»-ба нависед генпрокурори нав мебинад коратона. Ман ҳам навиштам , то кори моя бинанду мо бехона нашавем.