Номаҳо аз ноҳияҳо ба «Ислоҳ.нет» №230

Ислоҳ нет

       Номаи аввали ин нашри барнома ба як масъалаи дар назари аввал сода вале дар асл бисёр ҳам ҷиддӣ марбут аст. Инҷо гап дар бораи наркобаронҳои маҳаллӣ меравад, ки ҳатмани ҳатман бо мақомот ва бо яке аз аъзо ва ё наздикони Оила робита доранд. Барои ҳамин онҳо дилпурона ба қочоқи маводди мухаддир машғул мешаванд, бидуни онки аз касеву чизе бим дошта бошанд.

Аз ин наркобарон, ки зикраш рафт Муха ) Қултоев Тошмурод Ҷумъаевич ( ном бурда мешавад. Вай чанд бор ба қап хурдаву раҳо шудааст. Албатта, кришаҳои Муха ӯро раҳо мекунанд, чун бо вай ҳамдастанд. Вале иллати аслӣ ва асоси бисёр ҳам ҷиддӣ гуфтани мо ин нест, ки кришаҳои Муха ӯро ҳар вақт наҷот медиҳанд. Гап дар бораи он меравад, ки ин мухаҳо дар тамоми навоҳии кишвар ҳастанд ва фаъолият мебаранд ва айни ҳамин Муха ба даст меафтанду боз халос мешаванду боз тиҷорати наркотикро дар байни аҳолӣ идома медиҳанд. Мисли онки ҳамаи онҳо дар чаҳорчуби як проект кору фаолият  мекунанд ва аз ҷое мудрият мешаванд. Мухаҳо аз он ҷиҳат зиёнборанд, ки ҷавонҳоро заразит ва муътод мекунанд. Боз ҷиҳати дигари зарари ин гуна қочоқчиён ин аст ки онҳо шукуҳу салобати ҳукумат ва бахусус мақомоти ҳифзи ҳуқуқро ба замини сиёҳ мезананд. Чунки ҳамин мақомоти ҳифзи ҳуқуқ сумро мегиранду ҷавобашон медиҳанд:

                                           Рудакӣ

  Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқболи Садриддин! Дар яке аз барномаҳоятон дар бораи Мухаи буз гуфта будед. Мухаи буз аз ноҳияи Рудакӣ, собиқ райони Ленин, деҳаи Алибоӣ мебошд. 10 бор мешавад меқапанду боз мебарояд. Ҳозир боз қапиданд, бо 100 кило бор. 10-15 рӯз мешавад, ки маҳкам аст. Бо иттиҳоми тиҷорати маводди мухаддир. Миллаташ қарлуқ. Номи аслиаш Қултоев Тошмурод Ҷумъаевич. Аммо ҳама ӯро бо лақаби Муха мешиносанд.

Дар райони Рудакӣ мардум аз дасти вай ба дод омадааст. Шуъбаи милиса, ГАИшникҳо аз вай метарсанд. Инҳо нару модаро дар ноҳияи Рудакӣ фалон мекунанд.    

Дар Душанбе 5 хона-квартира ва як коттеҷ ва мошини Ренжровери рангаш сиёҳ дорад. Нархаш на камтар аз 80 ҳазор доллар. Як тоҷикро ғулом кардааст. Дар ҳавлиаш кор мефармояд, аспҳояшро нигоҳубин мекунад. Руирост дору мефурӯшад. Баччаҳои ҷавони деҳа, донишомӯзу талабаҳои синфҳои болоӣ ва ҳатто духтарҳо ҷавонро наркоман кардагӣ аст. 20 рӯзи пеш як ҷавони 28 сола передозировка шуду мурд. Хизматгораш Аҳмад ном дорад, ки ошкоро дору мефурӯшад. Ҳамсояи Муха, хеши наздикашон бо номи Нуралӣ. Ҳамин ду буз нару модаро ҳаркоре хоҳанд мекунанд ва ин воқеъият аст ва инҷо ҳеҷ туҳмате нест. Руирост ва боз бо кибру ғурур мегуянд, ки мо қарлуғем «гап зана ме..ем.Тоҷикистон дар дасти мо қарлуқҳо аст. Ҷаноби олӣ аз авлодҳои мо қарлуқҳо аст».  Бовар кунед ҳатто генералҳо ин ду бузро кришагӣ мекунанд. Задагианд, тамоми мақомотро. Ду ҷинояткор ва бадбахсозандаи ҷавонон.Инҳо мактабро бо баҳои 2 тамом кардагианд. Худи ман лақай ҳастам ман тоҷик нестам инро низ бояд бигуям. Аммо аз дасти ин сагҳо безор шудаем ва ҳеҷ ҷое барои шикоят кардан ҳам надорем ба ғайр аз «Ислоҳ».

                                Айнӣ

Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқбол! Ман тарафдори шумо мебошам. Барномаҳои шуморо зиёд тамошо мекунам. Ман аз ноҳияи Айнӣ. Бигзор номам махфӣ бошад. Дар ноҳияи Айнӣ ҳаромхуриву порагирӣ дар авҷи аъло аст. Аз раиси ҷамоат сар карда то раиси ноҳия. Раиси пешини ноҳияи мо, Муродзода Муқим, ки чанде пеш ба ноҳияи дигар раис таъин шуд дар давоми як соли аввали кориаш зиёда 20 адад дулани нави «Чакман» ва чаҳор адад трактори гароннарх харид. Пурсида мешавад, ки ин ҳама бо кадом пулу аз кадом ҳисоб? Мардум агар ба ягон масъала даъво кунанд вале пул надошта бошанд, ба назар тамоман намегирифт, фақат гапи мардуми серпулро мегирифт ва ба гуфти онҳо кор мекард. Дар комиссариати ҳарбӣ аз ҳар қишлоқ баччаҳо дар муҳоҷират мебошанд 1800 сомонӣ мегирем, солдат мехарем мегуфт. Ин кор вообше дар куҷо дуруст мегирад? Агар мардум ин пулро надиҳанд, раиси ҷамоат ва военкомат аз милисаву прокурор одам меоранд.

  Падару модар, хоҳару бародар, ҳатто бибиву бобои бечораро азоб медиҳанд ва ду баробар пул мегиранд, яъне наказат мекард Муродзода Муқим. 50 адад вагон дар дашти  деҳаи Сангистон ва ду квартира дар Душанбе харид ыаноби Муқимзода. Барои мардуми камбағал тамоман аҳамият намедод. Одамони пулдор ҳатто замину ҷойи кишти мардуми камбағалро кашида мегирифтанд вале Муродзода Муқим гап намезад.

Кумитаи заминсозии ноҳия Айнӣ, ки Ҷасурбек ном дорад барои 10 сотих аз мардум документ карда медиҳам гуфта пул талаб мекунад. Аз 15000 то 20000 сомонӣ мегирад. Охир ин чӣ гапаст, ин чи гуна ҳукумат аст, ки як нафар замини халқро ба худи халқ  мефурӯшад. Аммо ягон мақомот намепурсад, ки ту чи кор карда истодаӣ? Магар ин заминҳо аз они очаву додову бобои ту аст?

Нафари дигари порагири ҳаромхур корманди Идораи ҷамоат бо номи Зебо аст. Ин шахс барои як имзо аз мардум 15-60сомонӣ талаб мекунад. Дар деҳаҳо ҳамроҳ бо одамони военкомат мегардад барои облава ва аз баччаҳои дар муҳоҷирати корӣ дар Русия буда пул талаб мекунад. Ҳар як сол 2 маротиба аз 1500то 2000 сомонӣ ҳатман мегирад. Агар падару модар надиҳанд, таҳдид мекунанд.

Дар ноҳияи Айнии мо, ки даҳҳо кони гардон-яъне мавриди истифодаи ангишт дорад, аммо нархи ангиштсанг барои мо соҳибони ангишт бисёр ҳам гарон шуд. Мардуми мо як тоннаи онро 850-900 сомонӣ мехарад. Ин дар ҳоле аст ки ангиштсанг моли ҳамин мардум аст ва бояд бо нархи арзонтар дода шавад.  Фарозу Ҳасан Асадуллозода ва боз кадом як домоди дигари Раҳмонов конҳоро гирифтанд ва як қисми онро ба афғонҳо ба иҷора доданд.

   Боғоти зардолуи Айнӣ бисёр ҳам машҳур аст. Дарахтони он аз 700кг то 2000кг дар як сол мева медиҳад. Ин ҳама дарахтҳоро канданду фурӯхтанду нобуд карданд. Дар ҳақиқат ин ҳодиса дар Дашт руй дод. Ин дарахтҳоро, ки дигар наметавон аз онҳо пайдо кард, барои онки заминашро холӣ бифурушанд, канданду фурухтанд.

Яке аз масъалаҳои бисёр ҳам ҷиддӣ дар ноҳияи Айни нарасидани муаллимони фанҳои химия, математика, алгебра, физика, биология, забони русӣ ва забони англисӣ аст ва муаллим намерасад ва онҳое, ки дар ин фанҳо дарс медиҳанд, аксарият муаллими ин фанҳо нестанд. Ин муаллимон аслан наметавонанд ин фанҳоро биомзанд.  70%қишлоқҳо дар ноҳия майдончаи варзишӣ надорад, бачаҳо азият мекашанд. Бо ин ҳолат ҳатто дар масҷидҳо ҳар сол ҳар сари хона 20 сомонӣ ҷамъ мекунанд барои налог. Аммо намедонем, ки ин чи налог аст?

Як талабаи мактаб барои сохтани як паспорт 800 сомонӣ сарф мекунад. 

Ва яке аз дигар ҷиноятҳои нобахшидании Муродзода Муқим, раиси собиқи Айнӣ ин аст ки аз қишлоқи Томин 5 гектар заминро гирифта ба қишлоқи Фатмев фурӯхт ва аз ин маблағи бебозгашт барои худ пул туғрӣ ва 50ба 50 ба манфиати худ сарф кард.

Як корманди ҳифзи ҳуқуқи Айнӣ чанд сомонӣ маош мегирад? Шояд 2000 ё хуб бигзор 3000 сомонӣ, аммо аз ин бештар не. Вале бо ин гуна маош чи тавр мешавад дар Душанбе хона, дар Хуҷанд хона ва дар қишлоқ замин харид. Боз замини боғро гирифтагиаст. Одаме, ки дар қишлоқ зиндагӣ мекунад, замин надорад, вале ин корманди милиса як гектар заминро гирифтааст. Ва боз 40 сотих пеши хонааш бо 8 дар хонаи бадвоҳима, 3 то гараж ва 3 мошини қимат дорад. Рости гап давлати имрӯзаро вообше фаҳмида намешавад. Кругом ҳаромхуриву порагирӣ. Ҳукумат неву шайкаи бандитҳо аст. Акои Рузибой Раҳмон умедворем ин мушкилоти ноҳияро диққати ҷиддӣ медиҳанд!

                            Темурмалик

   Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу бародар Муҳаммадиқбол. Ман як сокини ноҳияи Темурмалик ҳастам.

Дар бораи як  зани ҳаромхур мехоҳам ба шумо ва ба мардум маълумот диҳам. Ин зан Холова Гулнора соҳиби ду фарзанд мебошад, ки аз шавҳараш ҷудо шудагӣ. Холова Гулнора як додар дорад. Гулнора Холова маълумоти олии тиббӣ дорад, роҳбари Маркази СПИД яъне  В.Н.М.О- Вируси норасоии масунияти одам дар ноҳияи Темурмалик мебошад. 

 Ин зани ҳаромхур тӯли ду сол аст ки дар маркази ноҳиявии табобати СПИД мудир мебошад. Хуни коргаронро макида истодааст. Дар идораи СПИД ҷои корӣ холи бисёр аст, аммо ин бадбахт ҷойҳои кориро мефурӯшад. Бар ивази маблағ ва боз мегуяд, ки ин маблағро ман намегирам ба боло медиҳам, яъне ба амният, прокуратура, вазорати молия. Барои ташкил намудани ставкаҳои ҷойҳои корӣ бадбахт коргар кам мегирад ва ставкаҳои зиёди кориро дар болои коргарҳо менависад ва пули он ставкаҳои зиёдатиро роҳе ёфта дар ҷайби худаш мезанад ва боз карта ба номи кадом коргареаш кушодагӣ аст. Маблағҳои конселярӣ ва маблағҳои иловагӣ, ки ба идора мегузарад онро тоза ба ҷайби худаш мезанад ва ба идора чизе сарф намекунад ва боз коргарҳое дорад, ки номашон дар идора ҳасту худашон ба кор намеоянд ва боз доруҳое, ки ба беморон ройгон меоранд. Он доруҳо бо сифати баланд аз дигар давлатҳо ворид мешаванд ва он доруҳоро низ бурда ба дорухонаҳо мефурӯшад.

Агар коргарҳо барои чизе даъво кунанд боз аз ставкаҳояшон мебурад. Сумҷамъкунӣ дар сатҳи олӣ: комиссия омад пул ҷамъ кунед, пожарка омад, пул ҷамъ кунед, амният, прокуратура, вазорати молия ва СЕС  тафтиш омадааст, пул ҷамъ кунед. Пули интернет, пули камера. Бечора коргарҳо ҳамон маоше, ки мегиранд ин ҳаромхӯр Холова Гулнора боз гардонида қариб, ки аз нисф зиёдашро мегирад

Аз рӯзе, ки роҳбар шудааст зиндагиашро 360 градус тағйир додааст. Модарашро аз ин пули ҳароми ҷамъ кардааш ба Умра равон кард ва хонаву дарашро люкс ремонт кард бо тамоми шароиташ ва боз ба фикрам ният дорад, ки аз ҳамин ҳисоби пулҳои ҳаром ҷаъ кардааш дар шаҳри Душанбе хона ҳам харад.

Маоши Холова Гулнора аз 5000 сомонӣ ҳам зиёд аст. Ин ҳаромхӯрро ҳамсинфонаш дар вазифаҳои болоӣ кор мекардаанд. Онҳо ин ҳаромхӯрро кришаватӣ мекунанд

Ку амнияти ноҳияи Темурмалик, мурдед магар намебинед?  Шумо ҳам низ дар ин ҳаромхӯриҳои Холова Гулнора шарик ҳастед. Шумо амниятиҳо ғайр аз мардуми мусалмони бечораҳолро азоб додан дигар коре надоред.

   Як вақт дар маҳаллаамон амниятиҳо бо раиси ҷамоат омада маҷлис карданд. Амниятӣ мегӯяд, ки доктор Зокир Ноякро гуш накунед, ки ӯ ақидаи салафигарӣ дорад. Акнун муллоҳои дарборӣ мурдаанд, амниятиҳо мулло шудаанд, ки ба мардум мегӯянд, ақидаи фалонӣ ғалат аст. Аллоҳи меҳрубон ба шумо ақлдиҳад бадбахтҳо. Ин қадар ҳаромхӯриҳоро намебинед? Прокуратураи ноҳияи Темурмалик, муфаттиши кали ҳаромхӯр намебинед ин ҳаромхӯрро?

Ба дер омадани коргарони почакандаи беморхона кор мегиред, роҳбарони тамоми идораву корхонаҳо қариб, ки дар корхонаҳояшон дар вақти корӣ нестанд ба онҳо чизе намегӯянд.

Аллоҳи меҳрубон лаънат кунад шумо бадбахтҳоро. Ин қадар мардуми оддиро азоб медиҳед. 

Мудири беморхонаи марказии ноҳияи Темурмалик Азизов Орзу мебошад. Ин ҳам як ҳаромхӯри дигар аст. Кришаи Азизов Орзу ба фикрам Каримов Хуршед, генерал-полковник, раиси Хадамоти гумрук мебошад. Чунки ҳамдеҳаи ӯст, аз ҷамоати деҳоти Танобчӣ мебошанд. Ин Азизов Орзу хато накунам 10 сол зиёд шудааст, ки мудири беморхонаи марказии Темурмалик мебошад. Ҳар рӯзи худо бо ҳар баҳона пул ҷамъ мекунад. Коргарҳое дорад, ки ба кор намеоянд аммо номашон дар ведомост рафта истодааст. 

Тамоми коргарҳо ба дод омадагианд. Ин мудири ҳаромхур қариб, ки дар ҳама шуъбаҳои беморхона ба номи дигарҳо кор мекунад ва корашро дигарҳо аз тани вай иҷро мекунанд ва пулро бошад мудир худаш роҳашро ёфта мегирад. Ба маълумоти доштаи  ман аз 20 000 ҳазор сомонӣ ҳам зиёд маош мегирад. 

Ин ғайр аз дуздиҳое, ки бо ҳамроҳии бухгалтерҳояш мекунад. Сармуҳосибаш Ҳоҷӣ номаш Ҳазрат. Ба маълумоти доштаи ман  чаҳор зан дорад. Аммо ин ҳоҷӣ якдаста аст. 

Лексуси таги пои ҳоҷиро мебинӣ ҳушат меравад. Нархи мошинаш аз 150. 000 ҳазор сомонӣ боло асту поён не. Боз ҳар рӯз як зани нав мегирад. Кадом бевазани ёш ба беморхона кор дарояд аввалин шуда ин Азизов Орзу ва Ҳазрат  бухгалтераш дуюмашро мегирад. 

Мегӯянд зан  ва хоҳари Азизов Орзу дар хонаанду лекин аз беморхона маош мегиранд. Ин ҳаромхӯр боз замину ферма ҳам дорад, аз ҳисоби пулҳои ҳаром ҷамъ кардааш сохтааст. 

Ин ҳаромхӯр Азизов Орзу ғайри ин ҳаромхӯрияш боз ҳаромӣ ҳам мекунад. 

Бо мудири Поликлиникаи калони ноҳия, ки як зани шавҳардор ҳам ҳаст ва ин  бадкора Туйчихонова Дилором ном дорад бо Азизов Орзу мисли зану шавҳар руйрушод мебошанд. Ҳама мардуми ноҳия аз ҳардуи инҳо огоҳанд. Ин ду лаънатӣ солҳои зиёде шудааст, ки бо ҳаманд. Ба шунидаи ман пеш аз шавҳар карданаш низ инҳо бо ҳам будаанд. Бечора шавҳари даюсаш боз дар ҳамин беморхона, дар таги дасти Азизов Орзу кор мекунад. Шунидам, ки шавҳари ин зан ба ин зан мегуфтааст, ки «мекунӣ ҳамира яхеле бикун, ки мардум нафаҳманд» Яъне ҳамин кори ҳаромаш бо Азизов Орзуро дар назар дорад. 

Ин зани бадкора бенасл мебошад. Як тифл аз кадоме гирифта калон карда истодааст. Соли таваллуди ин зани бадкора 1987 аст. Ин зани бадкора боз бемороне, ки ба наздаш меоянд, доруҳое, ки тамоман ба ин беморӣ дахолат надорад, тавсия медиҳад. Доруҳои фирменний, ки ин зан бо онҳо намедонам, чи шартнома дорад, ки баъзе беморонро куштааст ва доруҳои беҳад дозаҳои баланд тавсия медиҳад. Аз ин корҳояш маълум мешавад, ки ин зан саводи кофии тиббӣ надорад ва боз ҳеҷ касро гапзанӣ намемонад. Ин зани бесавод дар Поликлиника ҷони кормандонашро ба лаб овардагӣ аст.  

Падараш низ дар ҳамин Поликлиника кор мекунад, духтури калони таҷрибадор аст. Бо номи Туйчихонов. Кардиолог. Ин Туйчихонов одами сиҳатро касал бароварда пенса туғрӣ мекунад.

   Хитоби ман ба мардумӣ ноҳияи Темурмалик! Ҳозир дар ноҳия аз одам дида буз бисёр шудааст. Эй мардум, бас кунед бузиатонро! Ин ҳаромхӯрҳо рӯзе мераванд, боз шумо бо ҳамин мардум мемонед. Мардуме, ки камубеш аз Аллоҳ метарсед, ҳар кори баде, ки аз тарафи кадом коргаре мебинед, нависед ба «Ислоҳ» натарсед,  ҳушёр бошед. Коре кунед, ки дар дасти сагони Раҳмонов наафтед тамом. Ҳушёриву зиракиро аз даст надиҳед.

Эй бузҳо! Аз Аллоҳ битарсед, нафурӯшед мардумро! Аз дасти ин бузҳои шохдор бовар кунед дар қади кӯча гаштан метарсӣ. Бекор дар хона мешинӣ, дар кӯча намегардӣ, ки мабодое аз даҳонам ягон гапи ноҷо барояд  ва ин бузҳо зуд запс кунанду баранду диҳанд. Обруи ноҳияро паст кардаед эй бузҳо! Бас кунед! Мардум фаъол бошед, нависед аз ин ҳаромурҳо 

Ман ба мақомоти ноҳияи Темурмалик гуфтанӣ ҳастам, ки пеши ин хел ҳаромхӯриҳоро гиред, эй лаънатиҳо! Иншоаллох ба наздикӣ дар назди халқ ва дар назди Аллоҳ ҳам ҷавоб медиҳед. Раиси ноҳияи Темурмалик Шералӣ Ҳасан Шералӣ ин ҳама ноадолатиро хуб мебинад ва огоҳ аст вале чун ба ӯ ҳам чизе мерасад хапу хомӯш аст. Фаромӯш накун ту ҳам рӯзе ҳатман ҷавоб хоҳи гуфт!

                                        Ҳамадонӣ

   Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқболи Садриддин! Мехоҳам як чи бнависм оли бо медаван ба сари очамшона мераван харои бе нуқта. Аммо ҳарчи бодобод менависам.

  Соли 2015 моҳи май буд. Бозори райони Ҳамадонӣ рафтам. Дар даруни бозор дидам одамҳо толпа. Одамҳо ранге, ки дар очеред истодаанд. Нафаҳмидам, ки барои чи очеред истодаанд. Ҳамроҳам як зан буд. Гуфт: «э, ту харобтарӣ, чақонтарӣ, ку бра ягон руғанай, қандай чияй, ку бин? Ман рости гап соф даруни бозорро надида будам. Аз ҳамон пушти дарвозааш ягон чи мегирифтаму дарун намедаромадам. Яке даромадам  ва дидам, ки сурати хайбар задагӣ ва боз як шеър ҳам навистагӣ буд. Сурати хайбар бо формаи военний. Шеъраш ҳамин:- дар сангарҳо давидам, ҷон ба кафи даст гирифтам. Он тарафаш дар хотирам нест. Ҳамин шеърро дар портрети хайбар хондам ва ба овози баланд гуфтам «рут сия қанчиқ, ки ту дар сангарҳо давида бошӣ. Валлоҳӣ қасам баъди ин гапи ман ягон мард намонд ҳамааш ҳуй хурданд. Як кампир ин тавр гуфт, ки ай духтари доно  барвақттар намехонӣ ҳамон деворро. Ана ҳама рафт, акнун навбати худамон шуд. Пурсидамаш, гуфтам хола дар навбати чи истодагиед. Гуфт як коғаз аст ҳамонро печат мезананд баъд ба мо  свети арзон медиҳанд. Гуфтам ман ҳам дароям мешавад? Аз дарун як мард баромаду гуфт, худо баракатат диҳад, бра «ма пага корда нестум дигаро миян бад биё туғрӣ мекнан метан. Неким ҳар чизе мехониву мегуй дар дилт бгу ҳиҷка нашнава. 50 сомонам дод, гуфт бра. Ма ҳам пула грфтм ҳаму холада додм брафтм».

  Нав -нав фаҳмида истодаам, ки халқ сахти бад метарсидааст. Ҳозир дар қишлоқ туйю маърака кунанд, ҳамсояҳо хонагиҳои моро намегуянд. То ҳатто дина шаб таробеҳ карданд, акаамро нагуфтанд. Имрӯз апаам мегуяд «занш омад гуфтай, ки ҳаму халтаи чакара мардакм дидай. Гуфт ҳамсоя одамои хубан ягон майда чака биёр оши брида кн». Апаам мегуяд хотири рамазон  «иқа додм –камтарак ва гуфтм «ира ба хоҳарма рои мекнм, бачаш омадестай. Шута бгу мо хуб нестм, дина омаден намак  бурден, очам додай, бо омаден банкаи помидор бурден, чибаки ҳами акаи мара хабар накаден, намембрен ай у ҳолтонда». Гуфтааст, ки мардакам тарсид, чанд бор таҳкидш кадан, ки рафту омад накнен, то хоҳари тераристша  наёран наспоран катишон рафту омаду доду гирфт накн».

Баъд холаам гуфтааст, ки «набошам и чакара барои сари дилт мебарӣ»? Ана ҳамин хел гапу хабарҳо. Худо кунад, ки дар ин ғарибӣ намурам ва бираваму ҳамояҳоямонро як ҷавобошона диҳам.

 «Хов дидам Тахминаи Клеопатра  бурдайма хонашонда хизматгор мондайма. Мега фақат як ҷоруба мегирӣ, кори ту фақат руфтанай мерувӣ. Руфтана сармекнм, ки Рустами шпшки тайи тоқӣ мия мега не ту бояд фақат дегу косара нигаҳ кнӣ».

Чи маъно дорад нафаҳмидам. Дар як автобус мешинам меравам. Бедор шудам яке худам ба худам. Гуфтам автобус дароз аст, албатта, тобут аст, лекин тобути кӣ ? 

Инаш ба ман номаълум.

 Як узбакбача дар ҳамин шаҳр ягон намуди ҳуҷҷат надорад. Ақалан паспорти Узбекистанро надорад. Муҳлати паспорташ  гузаштааст. Дар заводи пласимасс кор мекунад, маош мегирад. Дар группа менависад, ки гушна аст, пули квартира надорад. Маошашро медиҳанд тақсим мекунад. Мегуяд, ки мехоҳад бо муборизҳои Осиёи миёна ҳамроҳ шавад.

Share This Article