Мо пештар ҳам борҳо гуфта будем ва дар матлаби дар бораи Абдусалом Тухтасунзода ҳам гушнишон сохта будем,фасоду ришват дар мақомоти Тоҷикистон ба як кори муқаррарӣ табдил шудааст ва рааисони ноҳияҳое мисли Абдусалом Тухтасунзода дар кишвар кам нестанд.
Имрӯз ба дасти мо боз як номае расидааст, ки ин ҳама гуфтаҳои моро тасдиқ мекунад. Тасдиқ ва исбот мекунад,ки ҷурму ҷиноятро на мардуми одӣ, балки раисон, махсусан раисони ноҳияҳо содир мекунанд ва халқу давлатро талаву тороҷ мекунанд.
Номаи аввали ин нашри барномаи мо дар бораи ҷурму ҷиноятҳои гушношуниди раиси ноҳияи Рудакӣ аст. Ку, бубинем ин бор Раҳмонову Озодаву Рустам ягон ҳарфе барои ин раиси ноҳия мегуянд?
Рудакӣ
Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқболи Садриддин! Номае дорем аз нохияи Рудакӣ. Ин номаи мо нисбати раиси нохияи Рудакӣ аст. Тақрибан 7 ё 8 моҳ пеш раиси ноҳияи Рудакӣ Ҳикматуллозода Абдуғаффор як корманди фарҳанги ноҳияро, ки мард мебошад дастдарозӣ мекунад. Баъди ин кор прокурори ноҳия Давлат Ҳусейн хабардор шуда он нафарро ба экспертизаи давлатӣ бурда аз муоинаи тиббӣ мегузаронад. Дар ҳақиқат маълум мешавад, ки …..ва боз ….дастдарозӣ кардааст. Аз ин кор раиси ноҳия хабардор шуда бо прокурори ноҳия Давлат Ҳусейн сагу пишак шуда баъди чанде Давлат Ҳусейнро дар пеши Прокурори генералии собиқ сиёҳ мекунад ва ӯро аз вазифа мегиранд. Чунки Ҳикматулло Абдуғаффорзода, пеш аз таъин шуданаш ба раисии ноҳия ҷонишини аввали Юсуф Раҳмон, собиқ Прокурори генералӣ ва шиноси вай буд.
Ба ғайр аз ин ҷинояти мудҳиши раиси ноҳия Давлат Ҳусейн чандин амалҳои қаллобонаи раиси ноҳияро ошкор карда буд ва корбарӣ карда истода буд. Барои мисол ошкор карда буд, ки маблағҳои фонди ободонии ноҳия ғайриқонунӣ тасарруф шудаанд. Тамоми он сохтмонҳо ва таъмири биноҳои дар ноҳияшударо соҳибкорон мекарданд, аммо раиси ноҳия бо ҷиянаш директори ОКС смета карда аз маблағи фонди ободонии ноҳия масраф шуд гуфта пулҳоро аз банк снимат мекарданд. Чанд вақт пас аз ин амалҳои қаллобонаи раиси ноҳия Палатаи ҳисоб хабардор шуда омада ин амалҳои қаллобонаи раиси ноҳияро меқапад. Аммо Ҳикматуллозода Абдуғаффор ба ёрдамчии Эмомалӣ Раҳмонов дар масоили кадрҳо Асадулло Раҳмони бо тахаллуси Сумбулоғо машҳур 1 квартира дар пеши стадиони Спартаки шаҳри Душанбе пора дода кори худро ҳал мекунад.
Вале боз баъди чанд муддат Агентии зиддикоррупсия дар мавриди легализатсия –қонунигардонии молу мулк як ҳолати ғайриқонуни як корхонаи саноатиро меқапад.
Ҳикматуллозода Абдуғаффор, раиси ноҳия ин иншоотро бо ҷиянаш мудири Идораи сохтмон гирифтанӣ мешавад. Агентии зидди коррупция ҳама асноди легализатсияро бардошта месанҷад, ки қариб 70% он ғайриқонунианд. Ҳикматуллозода вақте мефаҳмад, ки сирри ҷинояташ ошкор мешавад, юристи ҳукумати ноҳияро мегурезонад ва ҳамаро ба сари юрист бор мекунад. Раис ба юрист ваъда медиҳад, ки «то корҳо тинҷ шудан гурезаду панаҳ шавад» ва вай оилаашро нигоҳубин мекунад. Магар руйпуш кардани ҷиноят ва пинҳон кардани ҷинояткор ин ҷиноят нест?
Бародар Муҳаммадиқбол, ин ҳама маълумот як порае аз ҷиноятҳои Ҳикматуллозода Абдуғаффор аст, ки худаш, чуноне медонем дар гузашта муовини аввали Прокурори генералии Тоҷикистон буд.
Ps: Аз нависандаи нома савол кардам ҳама ончи навиштаи дурустанд ва туҳмат нест дар ин нома? Посухаш чунин буд ҳеҷ туҳмате нест марҳамат омада санҷанд не, алакай ончи гуфтам санҷида шудааст вале танҳо онро ошкор кунанд тамом ончи навиштам мебарояд.
Қабодиён
Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқбол. Ман шаҳрванди Тоҷикистон, аз деҳаи Навободи Қабоиён мебошам. Ман дар бораи дуздҳои идораи ҷамоат гап мезанам. Номи ин раиси ҷамоати мо тавассути барномаҳои шумо дар тамоми ҷумҳурӣ маълуму машҳур шудааст. Раиси ҷамоати мо Валид Нодиров аст. Ин раиси ҷамоат тавассути Қаҳҳоро Мирзо бо документҳои фалшивий тамоми чарогоҳҳои Қабодиёнро фурухта истодааст. Аммо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ аз ҷумла прокурори ноҳия тамоман намесанҷад, гуё намебинад. Чаро? Барои онки ҳамаашон порахуранд. Валид Нодиров ягон донишгоҳро нахондааст, дар ҳоле, ки шахси маълумоти олӣ надошта наметавонад раиси ҷамоат бишавад. Бахудо омада ӯро имтиҳон гиранд, ҳатто номи худашро бехато навишта наметавонад Валид. Падари раиси ҷамоат қариб 30 гектар замини обиро ҳуҷҷат карду фурӯхт ба одамҳо. Ин корро вай бо ҳамроҳии Тоҷиддин, заминсози Қабодиён кард. Тоҷиддинро як бор коррупсия қапид, аз кор холӣ карданд, аммо ҳоло боз дар ҳамон вазифа кор мекунад.
Ман ба Рустами Эмомалӣ муроҷиат карда гуфтаниам, ки чораи инҳоро бинад. Чунки падараш натавонист. Наход дар таги линияи високоволт барои хона ва участкаи наздиҳавлигӣ замин тақсим кунад?
Агар бовар накунед, биёед бисанҷед. Ба худо ягон калимаи навиштаи ман дуруғ нест. Даҳ сотих замини чарогоҳро даҳ ҳазор доллар мефурӯшанд. Боз ин як заминро ба чанд нафар санад мекунанд. Коррупсияи Қабодиён шумо куҷоро нигоҳ мекунед? Намебинед ин корҳоро? Шумо ҳам қуш ҳастед дар ин заминфурӯшиҳо.
Охир ин давлат соҳиб дорад ё не? Мақомоти ин давлат амнияту милисаву прокурор чи кор мекунед шумо? Биёед проверка кунед. Ё ҳамаатон бо пул харидаву фурӯхта шудаед?
Айнӣ
Ассалому алейкум бародар Муҳаммадиқбол! Ман аз ноҳияи Айнӣ, деҳаи Кум ҳастам. Мехостам ба шумо як нома фиристам! Якуним сол пеш дар деҳаи мо як ширкате бо номи «Амир сохтмон» омад. Вай аз номи ширкати «Фароз», ки ба ҳама маълум аст, ширкати Шамсулло Соҳибов, домоди Эмомалӣ Раҳмонов мебошад, гап зада мардумро тарсонида биное дар ҷангали деҳа бунёд кард. Аз руи кору рафтораш бармеояд, ки деҳаи моро аз худ карданӣ аст. Деҳаи Кум хело табиати зебое дорад, ҳайвонҳои нодир низ бисёр дорад. Дар давоми якуним сол онҳо хело ҳайвонҳои нодирро шикор карданд. Ва боз мехоҳанд ин куҳҳоро аз худ кунанд.
Мардуми вақте ки огаҳ шуд, ки ин ширкат ғайриқонунӣ аст дигар онҳоро ба деҳа роҳ надод. Ва мо мехоҳем то ки ин ширкат зудтар бинои сохтаашро вайрон намуда ҷангалро ба ҳолати аввалаш баргардонад! Мо ба тамоми мақомоти дахлдор муроҷиат кардем. Ба Прокуратураи вилояти Суғд нома навиштем. Прокурор қарор қабул кард, то бино ба ҳолати аввала баргардонада шавад ва ба истифодабарандагони пешина супорида шавад. Аммо аз сабабе, ки ин ширкат хело пулдор мебошад, ба ҳамаи мансабдорон пул дода даҳонашонро баста аст. Махсусан ба раиси собиқи ноҳия Муродзода Муқим Қаюм, ки раиси ноҳияи Зафаробод таъин шудааст. Ин ширкатро намедонам, кӣ идора мекунад, вале тамоми мақомотро харидаанд. Касе ба инҳо чизе гуфта наметавонад. Ба мардум гуфтааст: «инашро чапа накарда ба болотараш боз месозам, шумо ҳиҷчи аз дастатон намеояд, мо дар ҳама Тоҷикистон гапзанем ва ҳама аз мост ». Халқи деҳа аз пушти инҳо якуним сол аст овора ва сарсон мебошанд. Хоҳиш мекунам ин номаи маро ҳарчи зудтар дар барномаи «Номаҳо аз ноҳияҳо» нашру пахш кунед! Хело зарур мебошад. Худованд ёру мададгоратон бошад. Омин!
Воронеж
Ассалому алайкум бародари мубориз Муҳаммадиқболи Садриддин! Ман дар Русия ҳастам ва як ҳикоятеро аз саргузашти худам қисса мекунам. Ду сол пеш буд, ки рафтам ба Тоҷикистон, ба зодгоҳам. Чанд рӯз онҷо мондам ва баъд Хуҷанд омадам барои тамошо. Онҷо аз қишлоқамон як нафар зиндагӣ мекард. Моро бегоҳӣ хонааш даъват кард. Рафтем. Телевизионро рушан кард, ки ҳамин ҳароми Эмомалӣ Раҳмонов баромад карда истодааст. Ман гуфтам илтимос переключат кун ба ягон канали дигар. Хона пури одам. Як хелашро мешиносам як хелашро намешиносам. Баъд соҳиби хона ҳеҳе хандиду «гапои соз гуфтестай ку гуфт». Яъне ҳамқишлоқиамон, хешу таборамон.
«Э, мардак илтимос ҳаминро переключат кун як канали дигар. Ман ҳамира мебинум сарум вайрон мешад, сарма дард мегирад гуфтам. Аз гапои дурруғи ҳамин ҳароми сер нашудай гуфтам. Ин гуфту он гуфту каналро иваз накард. Хестам аз ҷоям. Аз бари боло шиштагӣ будам.
А, бача куҷо, куҷо?-гуфт соҳиби хона.
Гуфтам як берун бароям, як нос букашам. Баромадам дигар надаромадам. Бачаашро роҳӣ кард, нарафтам дар даруни мошин шиштам. Боз бачаи дигариашро роҳӣ кард. Ман гуфтам сарам дард карда истодааст, наметавонам, намеравам. Инҷо ман камтар дароз мекашам.
Баъд худаш омад: Э, биё брем у хонада дроз бкаш.
Ман гуфтам, э, биё ғамум нате.
Гуфт, э уҷа баратда шиштагӣ, (у ленинободӣ будааст, ҳамон каси дар барам шиштагӣ) медонӣ у кияй, чи кораҳай?
Ман гуфтам, ман чи медонам ӯ чи кораҳай, чи кор дорам, ӯ кӣ аст? Касе ҳаст нест, одам аст, инсон аст.
Гуфт, ки вай ҷонишини прокурор аст, ҳаминҷа. О, дар пеши ӯ ин хелӣ гапо мегуӣ?
Ман гуфтам ман дар любоҷо мегуям, ба ман фарқ надорад. Одам одам одам аст. Ҳайвона ҳайвон мегуянд, одама одам.
Боз гуфт, ки э, кори хуб накардӣ, дар пеши ӯ гуфтӣ. Ҳоле ӯ чи фикр мекунад?
Гуфтам ҳоле нигоҳ кун ҳамааш маълум мешавад. Ҳаму ақл дораду шумо не. Ҳамон одамҳое, ки шумо -шиносҳову хешу табор ақл надоред вале вай ақл дорад. Ҳоле маълум мешава, ту ай тани ман натарс, ҳиҷчи гап не, ту ай тани ман соф натарс.
Ҳамин қадар кард, ман дигар хонааш нарафтам.
Ягон соат пас ҳамакаса хестанд. Ман аз даруни мошин берунро нигоҳ дорам. Мошин тонировка, маро намебинанд. Нигоҳ кардам ҳамон одам пурсида истодааст, ки э, у меҳмон куҷо шуд. Соҳибхона гуфт, ки «да ҳамун даруни мошин ховуш бурдай чи»?
Пешам омад, дарро ҳуй кардам.
Гуфт, а бача намебуроӣ намехезӣ, меҳмоно ҳама хестанд.
Баъд баромадам. Он одам баҳона карда баҳона карда пеши ман омад ва гуфт:
«Ака чи кор кардӣ, яке хестӣ? Чи кор кардӣ, надаромадӣ?
Гуфтам «мара сарма дард гирифт».
Баъд ҳамон одам худаш гап баровард. Гуфт «чи и калона уқа чи нестӣ, балелчикуш нестӣ»?
Э, гуфтум дафъ шавад, балелчики чи мешай, одами баақл ида балелшик мешавад? Гуфт «хай чи хел кунем да ҳами хелӣ ғалтидагием». Ва хеле бо ман гап зад. Маълум шуд, ки Раҳмоновро муовини прокуррор аз хуг ҳам зиёдтар бад медидаст.
Баъд ҳамон соҳиби хонаро гуфтам дидӣ? Гуфтамат, ки ҳоле маълум мешавад, ки ин одам чи хел ҳаст, чи хел нест. Ана худаш омад пеши ман ва худаш гап кушоду ҳама гапро гуфт. Вале шумо дар тайи пои ҳамон омухта шудагиед, хушомад гуфтану Пешво гуфтанро омухта шудаед, бисмилоҳатон ҳамон шудагӣ аст. Одамони баақл ӯра нағз намебинад, тамошо намекунанд.
Дигар хап кард. Ва гуфт, ки э, хайр биё брем хоб кунем.
Ман гуфтам намедароям дигар хонаи ту. Меравам дар гостнитса хоб мекунам. Дигар он қадар гуфт, вале гуфтам не ҷура, таваккалат ба Худо.
Бародараш аз Кулоб ҳамроҳам омада буд. Гуфтам бародарат равад, лекин ман намеравам, настроениямро вайрон кардӣ. Қадри меҳмон аз падар боло аст, барои мо мардум.«Се бор гуфтумат, ки ҳамон телевизора переключат кун накардӣ, барои як ҳароми Эмомалӣ Раҳмонов шуда, ура ай мо боло донистӣ, намедаром хонат, мошинда даже хов мекунум, биё ғамум нате намедаром»
Ана ҳамин буд бародар Муҳаммадиқбол ин ҳикоят.
Кулоб
Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқбол! Ман аз шаҳри Кулобам. Дар яке аз шаҳрҳои Русия ҳастам. Бо фарзандонам зиндагӣ мекунам. Ман чандин бор дар «Минбари муҳоҷир» баромада гап задагиам. Ман аз ин ҳукумати номарди Раҳмоноов тамоман наметарсам. Ҷони ман дар дасти Раҳмонови золим нест, дар дасти парвардигор аст. Ин қадар ва ин ҳама солҳо болои мардум зулм оварданд, боз аз чи битарсем. Ҳамин як ҷони ман ба Раҳмонов даркор бошад, таваккалаш ба Худо, бигираду биравад. Ғарибу мусофиру муҳоҷирем, ҳиҷчи надорем, ки бигуям хайр ин чизҳоямонро мегираду диламон месузад.
Чанд рӯзи пеш, рӯзҳои иди моҳи шарифи Рамазон падари як ошнои бародарам, одами камбағал буд, кам-кам дуд мезадааст, дар роҳ рафта истода будааст, ки меқапанду рост Қурғонтеппа мебаранд.Дар Қурғонтеппа мегуянд, ки кадом кореро ба калла бигир. Мегуяд, ки ман ба кала намегирам, заствиташ мекунанд, вале ба кала намегирад. Баъд ӯро дар ток-қувваи барқ мемонанд, дилаш мекафаду мемурад. Соли таваллуди ин одам 1965 ва номаш Сафар мебошад, аз кучаи Первомайи Кулоб. Бачааш Ҳамроз ном дорад. Хуллас, аз онҷо мурдаашро овардаанд. Бачааш дар Москва буд, меояд. Вақте баччаш меояд дар ҷебаки вай 5 ҳазору 10 ҳазор сомонӣ гузошта инаш аз номи Шоҳрух, инаш аз номи Аламшозода, инаш аз номи Раҳимзода ва аз номи дигару дигар мегуянд, то бачча ором шаваду арзу дод накунад. Аммо гуфтанд, ки ин бачча пурсуҷу ва кофтуков дорад. Гуфтааст ман ихелӣ намемонам. Падари ман одами солим буд. Баччаш худаш тафтишот бард истодааст. Боз шунавидам, ки кадоме аз Кулоб угрожаташ кардааст. Аммо бачча гуфтааст, ки ман аз ҳеҷ кас наметарсам, ман ва падари ман ягон коре накардаем, ки гунаҳкор бошем. Ман бояд ҳақиқатро маълум намоям гуфтааст, он бачча.
Бародар Муҳаммадиқбол ин хабарро ба ман расонида гуфтанд, ки ба шумо бирасонам то расонаӣ кунед, то мардум бифаҳманд, ки дар Кулоб чи рафта истодааст.
Вале худи ман ва ҳазорон зани тоҷик дар ин мулки ғарибӣ ба ҷон расидаем, аз дурии ватану наздикон безор шудагием.
Як ҷавонзани шиносам як нақли ҷолиб кард, ки хостам онро ҳам ба шумо бирасонам. Вай гуфт, ки дар кадоме аз баромадҳои шумо ё дар «Ноаҳо…» ё дар «Семейканюс» дар бораи прокурори нақлиёт Юсуфов Музаффар шунавидааст. Ин хонум гуфт, ки ӯро мешинохтааст. Вай аз Масковсий будааст, аз тарафи Киров. Дар хонавода яккаписар ва шаш-ҳафт апаву хоҳар доштааст. Санкт-Петербургро хонда будааст. Ин хонум нақл мекунад, ки солҳои 2012, ки зани ҷавон ва соҳиби ду кудак будааст, боре бо ёрдами як шиносаш бо ҳамин Музаффар Юсуфов, ки дар Душанбе кор мекардааст, рубару мешавад. Ин зан аз он шиносаш мехоҳад, ки Юсуфов Музаффар барои раҳоии шавҳараш аз тюрма кумак кунад. Хуллас, Музаффар Юсуфов мегуяд, ки ба наздаш биояд. Ин зан меравад. Музаффар Юсуфов занро мебинаду мегуяд биё бо ман гостнитса меравӣ, тамом корҳоят ҳал мешавад ва он қадар кори мушкил нест дар пешаш. Аммо ин зан, ки ду кудак доштааст, дар ҳолат шок меафтад. Вай ба прокурор мегуяд, ки ба ин ният пеши шумо наомадам. Ман шавҳари ҳалол дорам, ман мусулмонам. Ва аз пешаш мехезаду меравад. Мегуяд, ки бигзор шавҳараш « анде шинаву ин кори ҳаром даркор нестай ва намекунам ин корро».
Бовар кунед, бародар, инҳо ҳамаашон ҳамин хеланд, ҳатто аз ҳолати бади мардум истифода мекунанд. Он зани бечора бо чи умед ва дар чи ҳолате аз он прокурор ёрӣ мехоҳаду вай аз ин зан чи талаб мекунад?
Ваҳдат
Ассалому алейкум бародар Муҳаммадиқболи Садриддин. Ман аз шаҳри Ваҳдат ҳастам. Ман мехоҳам, ки чанд хитобаеро ба миллат ва ҳукуматдорон ба воситаи шумо бирасонам ва хоҳиш дорам, ки дар барномаи «Номаҳо аз ноҳияҳо» хонед.
Аввалин хитоб ба шумо бародари азиз! Биёед дар барномаи «Минбари муҳоҷир» дар бораи ранги парчами инқилоб, ки чи хел бошад, масъалагузорӣ кунед. Мисол ман пешниҳод мекунам ранги он сабз бошад ва бо чанд забон ин ибора нависта шавад: «Озодӣ аз диктатура» ва низ дар шиорҳои дасти мардум ибораҳои «истеъфо», «озодӣ», «нест бод диктатор» сабт шаванд. Ва, ин байрақро бояд шумо нишон диҳед, то бубинем, ки кӣ ба инқилоб содиқ аст.
Бояд як кумитаи инқилобӣ созед ва ҳамакаса аз паси кор, яъне инқилоб шавем. Ва бубинем, ки кӣ содиқ аст кӣ не ва шумо, ки аз ҳама хабарҳои дохилу хориҷ огоҳ ҳастед аз натиҷаи корҳо мардумро огоҳ кунед. Ва новобаста ба тааллуқоти динӣ, миллату қавм дар зери ин байрақ ҷамъ оем ва муттаҳид шавем. Ва шумо танҳо дар ин роҳ кор кунед ва дигар барномаҳоро ба шахсони содиқатон супоред. Дар кумита шахсоне бошад санҷидашуда ва мавриди боварӣ ва шуҷоъ бошанд. Ва роҳҳои инқилобро фикр карда ба мардум бифаҳмонем. Ва бо тамоми шахсони дохилу хориҷи кишвар дар алоқа бошед, махсусан бо қувваҳои қудратӣ, ки онҳо ҳам фарзандони ин миллат ҳастанд. Бояд дар вақти инқилоб ҳамеш дар алоқа бошед бо мардум. Махсусан бо журналистони хориҷӣ, ки ин кумитаро бо байрақаш шиносанд, чунки ин хело муҳим аст, ки ҷаҳон шиносад то дар вақти инқилоб Раҳмонов натавонад моро ҳамчун террорист нишон диҳад. Чи хеле дар Сурия шуд ва инқилобиҳо муваффақ шуданд.
Ва кушиш кунед дар телевизионҳои ғарбу шарқ баромад кунед, ки ба ҳама шинос бошед.
Хитоби дуюм ба генералҳои Раҳмонов. Ба шумо гуфтаниам, ки аз он рӯзе тарсед, ки ҷазои Аллоҳ бар саратон ояд ва як порча замин наёбед барои пинҳон шудан. Дар зери поятон замин дар гирад. Агар шумо миллатдӯстдор ва ватандӯст ҳастед коре кунед, ки ин золимонро бардоред, то ки хуни мардуми бегуноҳ нарезад. В-агар на агар инқилоб бо ширкати мардум шавад, хуни мардуми бегуноҳ резад ҳамаатон дар ин гунаҳгор ҳастед ва ҷавоб хоҳед дод. Дар ин бора сахт фикр кунед, Сурия намунаи ибрат аст. Дидед ҷасади палиди Ҳофиз Асадро оташ заданд, чанд генералҳои Башор Асадро зиндонӣ карданд. Бидонед, ки ин мардуми зулмкашида ҳатто ҷасадатонро дар хоки поки Ватан гуронидан намемонанд.
Шумоҳо шаҳидонро бе ҷаноза мегуронед, битарсед, ки ҷасадҳои шуморо мисли ҳиндуҳо ба оташ месупоранд.
Хитоби сеюм ба Кабирӣ
Ҳайфаст, ки шумо натавонистед ва ин ҳизби ин қадар бо қуввату машҳурро ба ин ҳолат овардед. Боз ҳам сабр мегуед? На, ин сабр нест, ин буздилӣ аст. Агар шуҷоат надоред, роҳбариро ба уҳда нагиред. Мо тарафдорони шумо менигарем ва фикр бар сарамон меояд, ки шумо як ҳизбро натавонистед роҳбарӣ карда фардо чи хел давлатро роҳбарӣ мекунед. Мард шавед, аз уҳдааш набаромадед, супоред роҳбариро. Бигзор дигар кас ояд ва ё обӣ кунад ё лалмӣ. Ёки маҳкам кунед ин ҳизби ноуҳдабароро, то ки мо ҷавонон мунтазири шумо нашуда аз паи дигар шавем. Агар шумо шуҷоат медоштед дар дохил аз ҳақи худ ҳимоя мекардед. Шахсан дидам, ки дар шаҳри Ваҳдат Ҳизби наҳзат 100% овоз гирифта буд ва қутиҳоро бурданду кушода ҳамаашро баракс карда оварданд. Ва шумо аз тарафи худатон ҳимоя накардед. Ба руи ин мардум туф кардед. Агар як митинги сулҳомез мекардед, ҳукумат ҳам шумо ва ҳам мардумро ба ин ҳолат намеовард. Шумо фақат задний ход задед ва миллатро ба ин рӯз овардед. Бинед обруи шумо мисли ҳоҷӣ Мирзо шудааст. Вай ҳам баромад мекунад, вале ҳеҷ кас гуш намекунад. Шумо ҳам ҳамин тавр шудаед.
Бародар гуфтаниҳои бисёр дорам, аммо афсус дар барномаи «Минбари муҳоҷир» мустақим наметавонам гап занам. Ё ки интенрнет суст аст, ё ки ВПН хато аст.
Ва дар охир гуфтаниам, ки баъд аз муайян кардани парчами инқилоб ва қабул шудани он касе баромад мекунад, бигзор ин Парчамро дар паси худ барафрозад ва реклама кунад.
Ва ҳамагон баромад ва барномаҳои худро бо нишон додани ин парчам сар кунанд.
Бо эҳтироми зиёд, бародари муборизи ваҳдатӣ!
Конибодом
Салом ва дуруд бародар Муҳаммадиқболи Садриддин. Мо ба шумо аз дарду тарсу ваҳшати муаллимаҳою медсестраҳои деҳаи Ҷаҳонзеби Конибодом менависем.
Мо муаллимаҳою медсестраҳои Ҷаҳонзеби Конибодом дар бораи як шахси беимони бадкирдор менависем. Номи ин шахс Рустами кал мебошад. Ин Рустами кал вақте дар мактаб кор мекард, мактабро оташ мезанад ва ба мақомот пул дода озод мешавад.
Ин одам муаллимаҳою медсестраҳоро ба дод оварда аст. Ҳама ба дод омадааст. Метарсанд. Мо занҳо метарсем аз вай.
Мақомот нисбати ин даррандасифат ягон чора бубинад охир. Вай дари болнитсаро мезанаду мешиканад мактаби замонавиро оташ зад.
Охир, ин сарвайрон ин қадар зӯр бошад бо мардҳо разбор кунад.
Илтимос бародар Муҳаммадиқбол ба доди мо расед. Агар шумо ба додамон нарасед касе ба додамон намерасад.
Ба умеди ягон чора аз ҷониби мақомот ҳастем. Вагарна мо намедонем чи бадбахти моро дар оянда интизор аст.