Номаҳо аз ноҳияҳо ба «Ислоҳ.нет» №238

Ислоҳ нет

Мо даҳҳо маротиба дар бораи онки мақомоти тоҷик, милисаву амният, сарҳадчиҳо дар қочоқи маводди мухаддир аз Афғонистон ба Тоҷикистон даст доранд гуфта будем. Дар бораи он гуфта будем, ки дар қочоқ ва тиҷорати маводди мухаддир бародарону наздикони Рамазон Раҳимзода, СС.Ятимов, Мансур Умаров ва Юсуф Раҳмонов аз як тараф аз тарафи дигар Зоири домоди Эмомалӣ Раҳмонов, Тоҷиддини қудои Зоир ва чандин нафар аз ин оила шарик ҳастанд ва наркобаронҳои асосӣ ҳаминҳоанд. Инак боз як факти дигари рушан дар дасти мо ва дигар расонаҳо расидааст, ки ин даъвои моро исот мекунад,ки ин ҳукумат несту як банда ва мафияест давлатро идора доранд.                                 

                       Шамсиддин Шоҳин

Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқбол! Ман аз ҳодисае, ки дар наздикии марзи бо Афғонистон дар Шуробод сурат гирифт гуфтаниам. Ин ҳодиса шаби рӯзи 6 апрел ба вуқуъ пайваст. Дар баъзе аз расонаҳо дар борааш гуфтанд ва шумо ҳам дар «Минбари муҳоҷир» аз он гуфтед. Аммо сабаби асосии ин тиркушоиву захмӣ шудани як полковники ВКД чизи дигар аст. Гап дар бораи маводи мухаддири бо ҳаҷми калон меравад.

Дар радиои «Озодӣ» онро ҳамчун «нофаҳмӣ» миёни ВКД ва КДАм ба қалам додаанд. Ва чунин навиштаанд:

«Як манбаъ дар ниҳодҳои тафтишотии Тоҷикистон рӯзи 10-уми апрел ба Радиои Озодӣ гуфт: «се корманди Раёсати мубориза бо қочоқи маводи мухаддири ВКД бо ҳадафи анҷоми амалиёт дар марз бо Афғонистон қарор доштанд ва марзбонон онҳоро кочоқчӣ гумон карда, ба сӯяшон оташ кушодаанд.»

Майор Д.М., корманди ВКД аз пой ва шикамаш захмӣ шуда, дар бемористони ноҳияи Шамсиддин Шоҳин бистарӣ аст. Сарҳанг ё полковник Ф.Ш. ва подполковник Н.Қ. дастгир шуда, ба боздоштгоҳи КДАМ ба Душанбе интиқол ёфтаанд.

Кормандони ВКД ба тафтишот нақл кардаанд, ки онҳо аз пайдо шудани як махфигоҳи маводи мухаддир дар марзи Афғонистон хабар гирифта, барои пайдо кардани он рафта буданд, вале аз сӯи марзбонон тирборон шуданд.

Марзбонони Кумитаи давлатии амнияти миллӣ гуфтаанд, онҳо хабар дарёфт карда буданд, ки дар ин минтақа миёни кочоқбарон додугирифт хоҳад шуд, вале онҳо намедонистанд, ки як тараф кормандони ВКД ҳастанд.

“Онҳо ба мақомоти тафтишотӣ гуфтаанд, шабона мошини «Мерседес Бенс»-и ношиносро дар нуқтаи мамнӯи марзӣ дида, хостанд, ки онро тафтиш кунанд, вале итоат накарданд. Марзбонон гуфтаанд, ки ҳеч ниҳоде бе мувофиқа бо КДАМ ҳаққи анҷоми амалиёт дар марзро надорад, аз ин рӯ, онҳо аз рӯи қонун амал кардаанд,” – гуфт манбаи огоҳи Радиои Озодӣ. Ба далели амниятӣ аз ӯ ном бурда намешавад.

Аммо асли қазия дигар аст. Кормандони баландпояи ВКД, се нафар- ду полковник (дар Озодӣ майор омадааст) ва як подполковник бо баҳонаи онки данний доранд, ки дар фалонҷо пинҳонгоҳи маводди мухаддир (ба эҳтимоли зиёд героини афғонӣ) ошкор кардаанд ба тарафи застави Шамсиддин Шоҳин мераванд. Табиист, ки ба онҳо сарҳадчиҳо, яъне КДАМи  инҷо мамониат мекунад. Аммо инҳо итоат намекунанд. Сарҳадчиҳо ба роҳбарият маслиҳат карда ва ба самти ин се нафар милиса тир мекушоянд.

Асли ҳодиса ин аст ки ин се нафар корманди баландрутбаи ВКД бо қочоқчиҳои афғон додугирифт доранд ва онҳо бо гапзанони пешакӣ бо КДАМ инҷо омада буданд, аммо сменаи гапзанон кардагӣ тасодуфан иваз мешавад ва ин моҷаро бармехезад.

Айни замон прокуратураи низомӣ дар бораи ин қазия кори тафтишотро шуруъ кардааст ва он ду милиса ҳамоно дар боздоштанд. Ку, бубинем, ки давоми моҷаро то ба куҷо мекашад?

                     Данғара

  Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқбол! Ман аз Данғара ҳастам ва хеле аз вақт аст мехоҳам дар бораи ҳолати инҷо ба шумо бинависам. Дар инҷо ҳам барои мардуми одӣ рӯз нест, балки мардуми одӣ дар инҷо вазъу ҳолашон бадтар аз бақия ноҳияҳо аст. Чунки инҷо тамоми заминҳоро Оила ва наздикони Оила ва дигар вазирону раисони данғарагӣ гирифта байни ҳам тақсиму пора пора карданд. Якеаш 5000 гектар дигариаш 10000 ва ба ин монанд, заминҳои обиву лалмӣ ва чарогоҳҳои Данғараро ба таври худашон соҳиб шуданд.

Аз худи Раҳмонову Нуриддини бародарашу бачаҳои Нуриддину бачаву духтарҳои Раҳмонов ва дигарҳо, масалан Фаттоҳ Саид, Шералӣ Гул ва ғайраҳо заминҳоеро, ки мардум аз он ризқу рузӣ пайдо мекарданд, аз они худ карданд. Заминҳое, ки тарафи Балҷувон доман густардаанд нисфи ҳудудаш то Ғарғара аз якеаш, дар самти дигар то нисфаш аз нафари дигараш тақсим кардагӣ. Фақат гову молҳои онҳо мечарад, мехуранду мегарданд, ба мардум ҳиҷчи фоида нест, аммо мардум як гусолааш, як гов ва як бузашро наметавонанд ба чарогоҳ баранду бичаронанд, чунки ҳамаро гирифтагианд.  

Ман дар номаҳои оянда номбаном ва гектар ба гектар навишта мефиристам. Дар бораи Данғара гап бисёр аст. Гапгап аст ки ноҳия ду тақсим мешавад, гапгап аст ки бояд ба наздикӣ вилоят шавад. Вале вақте ин ҳама заминҳоро гирифта шахсӣ карда истодаанд, пас мардуми Данғара бояд чоряккору канизи ҳамин Оила ва наздикони инҳо мешаванд?

                            Исфара

  Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқболи Садриддин. Мн аз Чоркуҳи Исфара бароятон ин номаро роҳӣ мекунам. Дар шуъбаи дохилаи Чоркуҳ шахсе бо номи Халил, корманди УР -уголовник аст. Худаш аз минтақаи Конибодом мебошад. Мардумро бисёр ғам медиҳад. Бо ҳар баҳонаҳои ночиз аз мардум суми калон мегирад.

  Аз шаҳр ба деҳа якчанд духтари фоҳишаро краска карда ва формаҳои тангро пушонида меорад ва ба бозорҳои деҳа роҳӣ мекунад, то ки мардум бо ин духтарҳо алоқа кунанд. Ҷавонҳо шинос мешаванд ва номери духтарҳоро мегиранд. Вақте бо духтарҳо шабона вомехуранд, духтарҳо ба Халил смс равон мекунанд. Халил бо 3-4 нафар ҳамкоронаш ба он хона ворид мешавд ва ин ҷавонони ба дом афтодаро бо фиребу зуроварӣ таҳдиду шантаж карда, ки ҳабсатон мекунам, аз ҳар яки ин ҷавонҳо то 40-50 ҳазор сомонӣ ҷарима гуфта мегирад. Бародар номҳои ин духтарҳоро ба шумо мефиристам, вале ҳоло ошкор накунед, шояд ислоҳ шаванд. Вақте Халил як одамро ҷаримаи калон мекунад, он одам ба Халил мегуяд, ман ва ту хуб медонем, ки ман ягон кори ғайриқонунӣ накардам, маро подстава кардед.  Фақат ман шоҳид надорам, ки ба ман шоҳидӣ диҳад, каме инсоф кун. Халил дар ҷавоб мегуяд як сум пули шумо ба ман даркор нест, ба мо аз боло фармон мекунанд,мо бояд иҷро кунем.

   Ҷиноятҳои Халил, ки бо ҳамроҳонаш анҷом медиҳад, хеле бисёр аст. Ман ҳар вақт аз пасаш назорат мекунам. Вақте Раҳмонов аз вазифа рафт, мутмаин бош, ки ту аз Чоркуҳ баромада наметавонӣ ва ҷавоб мегуӣ ба корҳои кардаат.

 Он бузҳое, ки бо ту ҳамкорӣ мекунанд, ҳамааш номнавис шудааст ва онҳо ҳам дар пеши мардум ҷавоб мегуянд. Ин бузҳо чанд нафар аз Чоркуҳ ва чанд нафар аз Сурханд, ки онҳоро ҳама медонад.

  Халил бо як хел бачаҳои деҳа дустӣ мекунад. Вале бачаҳоеро, ки «таға» надоранд подстава мекунад. Аз деҳа як нафар бачае, ки бо Халил ҷурагӣ мекард, бо ман ҳам ҷура буд, буз набуд. Ба вай гуфтам медонӣ бо кӣ дустӣ мекунӣ? Ин Халил бародарони моро подстава мекунад, ин як буз аст. Вай гуфт инро ман ҳам медонам, аммо ҳоло власть дар дасташ аст, ҳеҷ кор карда намешавад, вақташ омад ман худам инро ҷазо медиҳам, ҳоло ман дустӣ мекунам барои аз подстава наҷот додани наздиконам.

  Ин ҷураам гуфт як вақт бо Халил банг задем ва ман ба Халил гуфтам ба мардум зулм кардан бе гуноҳ ҷазо додан ин гуноҳи бузург аст. Мусалмон набояд ин корро кунад. Халил гуфт, ки ман ҳам мусалмонам вале мо дигар илоҷ надорем, аз боло фармон мешавад, бояд пули гуфтаашро бо чи роҳе набошад пайдо кунем.  Медуздӣ, бо туҳмат мегирӣ, зиндон мекунӣ, одам мекушӣ, ҳамааш бароямон иҷозат аст аз боло, муҳим пуле мегуянд онро бояд бурда супорем. Бояд иҷро кунӣ, иҷро накунӣ ба сари худат проблема мебиёранд

  Ман қариб ҳаррӯз ин Халилро дар пеши отдели Чоркуҳ мебинам, бо духтарони фоҳиша мегардад.

                 Фархор

Салом бародар Муҳаммадиқбол! Мо аз дасти падару писари бадзабону хунхор ва бадҷаҳл ба дод омадаем.

Ба маълумоти шумо мерасонем, ки мо дар ноҳияи Фархор, деҳаи Куҳандиёр зиндагӣ мекунем! Аз дасти Ҳасан Гулов ва писараш Муҳамадшоҳ Гулзода Ҳасан рӯз надорем. Ҳасан Гулов зиёда аз 20 сол директори мактаби деҳа буд. Дар ин 20 сол аз мехча сар карда то дару тиреза, шиферу тахтаи мактабро дуздида фурӯхт. Бар зидди вай дарсоли 2021 Агентии коррупсия делои ҷиноятӣ кушод барои изофанависӣ-переписка. Одамҳое, ки умуман дар мактаб кор намекунанд зиёда аз 15 нафар. Вай онҳоро ба ҳайси омузгор дар ведости маош гузаронида аз тани онҳо маош гирифта обу лой карда мегашт! Мутаассифона дело тоб хурд. Азбаски писараш дар прокуратура кор мекунад ба кормандони Агентии коррупсия дар минтақаи Кулоб фишор овард ва онҳо делоро қатъ карданд. Аммо як бечораи бегуноҳ, ки бухгалтер буд Ғафоров Нуралиро ба муддати 6 сол ба ҳабс гирифтанд. Ҳасан Гулов бениҳоят бадзабон мебошад. Аз забонаш танҳо ҳақорату бадгуӣ мебарояд. Гулов Ҳасан дар тамоми маъракаҳои ноҳия ҳамаро ҳақорату дашном мекунад. Ҳатто нисбати роҳбари давлат ҳам бадгуӣ мекунад, ки вай кӣ буд, як гадои почаканда буд мегуяд. Мардуми деҳа ба дод омоадаанд аз дасти вай.
Писараш Муҳаммадшоҳ Гулзода айни ҳол муовини прокурори шаҳри Хуҷанд аст. Вай аз ҳисоби ғоратгариҳояш дар деҳа як хонаи се ошёна, як фабрикаи дузандагии дуошёна сохт. Бояд гуфт, ки аз фабрикаи сохтааш умуман андоз намесупорад. 4 хонаи зиёа аз 200 метри квадратӣ дар маркази шаҳри Душанбе, 2 хона дар Хуҷанд дорад. Ин ҳама аз куҷо? Кумитаи амният куҷоро нигоҳ мекунад. Писараш ҳам мисли падараш бадгуйю бадзабон мебошад. Вай руирост мегуяд, ки ман ҳамаро задагиям.

 Муҳаммадшоҳ Гулзода ва бандаи ҷиноятии ӯ дар шаҳри Хуҷанд бо қочоқи пул ва маводи мухаддир машғуланд. Ин ҳама басандагӣ накарда аз мардуми деҳа, ки бечораҳо нони хурдан надоранд, бо роҳи иҷбор ва таҳдид аз ҳар хона 500 сомонӣ ҷамъоварӣ намуданд, ки дар маҷмуъ 200 000 сомонӣ шуд. Ин маблағро бо шариконаш обу лой кард, ягон ободи накард. Соли 2022 Муҳаммадшоҳ Гулзода муовини прокуратураи Истаравшан буд. Мардуми онҷоро бениҳоят ҷабр кард. Як соҳибкор ба ҳайси пора ба ӯ асбобу анҷоми як варзишгоҳи куҳна-поляи минифутболро канда дод. У ҳамаи онро ба деҳа овард ва ба мактаби 56, ки падараш онҷо директор аст, бе иҷозати расмӣ установка кард ва аз ҳисоби шайкаи ҷиноятияш як касро дар назди стадиони минифутбол посбон монд. Ҳар нафаре бозӣ кунад, бояд барои як соат 100 сомонӣ пардохт намояд.

Бо шарикони ҷиноияш мардуми деҳаро таҳдид мекунад –«агар маблағ насупоред 500 сомонӣ ҷарима ё мо бар зидди шумо парванда мекушоем муҳокима мекунем». Бечора мардум бо дили нохоҳам ва бо дуоҳои бад охирон маблағашонро аз тарси ҷонашон бароварда медиҳанд. Аз раиси шаҳри Душанбе хоҳиш дорем лаҷоми ин хелҳоро кашад то мо осуда зиндагӣ намоем.  
 Ин Ҳасан Гулов бародари Шералӣ Гул, собиқ вазири энергетика ва қудои Эмомалӣ Раҳмонов аст. Писари  вай Ашраф Гулов, сафири Тоҷикистон дар Иморати муттаҳидаи Араб, шавҳари Парвинаи духтари Эмомалӣ Раҳмонов мебошад.

                           Истаравшан

     Ассалому алейкум домулло Муҳаммадиқбол! Аллоҳ аз шумо розӣ бошад. Мо як гурӯҳ тасмим гирифтем, ки ин номаро ба шумо  ирсол намоем, то мақомоти болоро аз ваъиятамон бохабар намоем.  

 Мо ин номаро аз Истаравшан, аз бозори хурокворӣ ба шумо ирсол карда истодаем. Аз шумо хохиш дорем, ки ин номаро зудтар чоп кунед. Ин бузи Истаравшан номаш ҳоҷӣ Одил Ғайбуллоев мебошад. Ба мо хеле зарару зиён меорад. Бачаи тағои вай Бахтиёр Отахонов дар милисаи Истаравшан уголовний розиск кор мекунад. Ин бузи вай мебошад. Намемонад, ки мо савдо кунем. Моро ҳамеша ғам медиҳад. Тамоми мардумро мефурушад. Чанд нафарро салафӣ гуфта маҳкам кунонд. Ин бадбахт 40 сола  мебошад. Вай 3 зан дорад. Мегуяд ҷаноб пешвои миллат бошад, ман пешвои бозор. Мо 8 нафар аз дасти ин безор шудем. Охир мо ҳам зану фарзанд дорем. Ба сари мо налогро мефиристад пажарнийро мефиристад. Инҳо намемонанд, ки мо савдо кунем. Отахонов Бахтиёр бошад моро ба кабинеташ даъват карда бо ҳар баҳона сум мегирад. Вай рутбаи подполковникӣ дорад. Бузи вай ҳоҷӣ Одил аст. Бо як зан зино карда мегашт. Ҳоло ин занро ба падараш никоҳ карда дод ҳамчун зани дуввум.

Тамоми бозор аз дасти ин золими буз безор шудаанд (ба қавли худаш пешвои бозор). Зани якумаш бисёр зани бо имон буд. Аз зулми зиёди вай 5 рӯз пеш ин зан худашро ба дарёи Зарафшон партофт. Шаш кудак дорад. Ин кудакҳо бе оча монданд. Аммо худи вай бошад занам касали руҳӣ буд гуфта делоро маҳкам карданӣ. Мо шунавидем, ки бо 20.000 доллар Отахонов Бахтиёри милисаро гапзанон кард. Имруз -пагоҳ дело маҳкам мешавад. Валлоҳӣ қасам ин зани бисёр худотарс ва сиҳату солим буд. Аз зулми зиёди ин золим аз ҷонаш сер шуду худашро ба дарё партофт. Ҳоло ҷасадашро ҷустуҷу карда истодаанд. Охир касали руҳӣ ба ҳаҷ намеравад,ку?

Бародар агар илоҷ бошад барвақттар нашр мекардед. Инҳо дар як маҳалла зиндагӣ мекарданд. Номи ин маҳалла Қуруқ аст. Падари ин муллои маҳалла буд. Масҷиди ин маҳалларо ин мулло худаш маҳкам кунонд. Аз ин маҳалла кучида ба маҳаллаи гузари 41 рафтанд. Камтар пас масҷиди инҷоро ҳам маҳкам кунонд. Ин мулло номаш Ғайбуллоев Умархон мебошад. Падари ин буз ин Отахонов Бахтиёр кришаи ин оила мебошад. Дар ин оила 4 писаранд, ки ҳамаи инҳо буз. Аз ҳама бузи бераҳмаш ҳоҷӣ Одил мебошад, ки дар бозор ҳамеша аз қафои харидорҳо мегардад. Харидорҳо ҳамааш бояд аз инҳо харид кунанд. Аз дуконҳои мо харид кунанд ин буз дарав ягон касро роҳӣ мекунад учаскавой ё ягон мақомот мебиёяд ба сари мо. Охир ин чи зулм аст бар сари мо? Ин бозор аст ҳатто ба харидорҳо кор доранд ва бояд аз каси дигар нахаранд. Ин ҳам шуд давлату давлатдорӣ?

Мо 8 нафар ин номаро навиштем, то ки аз дасти ин буз халос шавем. Агар шумо номаҳои моро нахонед ва нашр ҳам накунед. Ба доди мо  ҳеҷ кас намерасад. Танхо роҳи мо роҳи пешгирифтаи «Ислоҳ» мебошад. Чуноне гуфтам ин бадбахт 3 зан дорад, ки ду занаш бадгаштанд. Аммо он зани мумина аз зулми вай худро ба дарё партофт.

 Фарзанди калонии ҳоҷӣ Одил 18 сола мебошад. Ин духтар рафта аз болои падараш ариза кард, ки модарамро куштӣ гуфта. Аммо ин аллакай ба 20.000 долар гапзанон кардагӣ. Аризаи ин фарзанди ҷигарсухта қабул намешавад. Фарзандонаш ҳамагӣ аз пеши падар рафтаанд.  

Ин буз 4 нафарро ба туҳмат, бо статяи 307 маҳкам кунонд. Инҳо дар ҳамин бозор савдо мекарданд. Ин буз боз як буз дорад, ёрдамчиаш, ки Файзуллоев Далер ном дорад. Вай дар бозор набот мефурушад, бузи ҳоҷӣ Одил аст. Маҳз ҳамин аз қафои харидорҳо мегардад ва аз кадом дукон харид мекунанд, хабар дода меистад ба ӯ.

Домулло илочаш бошад барвахтар нашр мекардед хамин номаи моро.  

 Зани ин бузи худо зада номаш Ғайбуллоева Мусаввира мебошад, Аллоҳ ҷояшро ҷаннат гардонад.

Боз як чиз ногуфта мондааст. Зани ин бузи ҳоҷӣ Одил духтари холааш мебошад. Отахонов хуб медонад, ки ин зан чи хел зан буд, Отахонов шармат бод, ки ба пул шуда духтари холаатро касали руҳӣ гуфта делоро маҳкам карданӣ ҳастӣ, мо бовар дорем адолат тантана мекунад.

                                         Кулоб

    Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқбол! Ман як сокини шаҳри Кулоб ҳастам.

Ин раиси ноҷавонмарди мо Бахтиёри кал-Бахтиёр Назарзода ба ҳеҷ роҳ сер нашуда истодаст. Ҳозир вай бо военкомату горздрав маслиҳат карда масҷидҳову медпунктҳоро руирост террор карда истодааст. Ҳар масҷиди деҳа бояд ду призивник бидиҳад ё агар надиҳад бояд ду ҳазор сомонӣ ҷамъ карда диҳад. Медпунктҳоро ҳам айнан ҳамин хел таҳдид фишор оварда истодааст. Медпунктҳои қишлоқҳо шаҳру минтақаи Кулоб ҳам бояд ду призивник ёфта диҳанд, агар надиҳанд инҳо ҳам 2000 сомонӣ бояд супоранд. Ин Назарзода ҳоло ҳамин роҳи пулкоркуниро пеша кардааст, бо роҳҳои дигар сер накардааст. Охир ин кор дар куҷои қонун навишта шудааст? Масҷид ба призивник чи кор  дорад, медпункти бечора аз куҷо меорад призивник медиҳад. Ин раиси ҳаромхур дузди калони калон аст. Дар вақташ дар райфинотделу горфинотдел кор кардагӣ буд ва тамоми маблағ дар дасташ буд, чи қадаре, ки мехост медуздид. Хеле ҷамъ кардагӣ аст.

Як шинос дар медпункт кор мекунад. Ин ҳикоятро ӯ карда гуфт: « ма киюм кӣ гапи мара падару модари призивникҳо мегиранд ва ман чи гуна метавонам, ки угаварит кунам, ки биё армия бра, ира худи раиси шаҳрам нағзакак медонад, маҷбурем, ки пул ҷамъ кунем. 700- 800 сомонӣ маош дорем, магарам бо қарз гирему ё бо иқаша партоем ҷамъ кнем бтем дига чо кунем»?

                               Душанбе

Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқбол! Мо дар Душанбе зиндагӣ мекунем. Амнияти Синову 9км, прокуратура ва милиса чор нафара омада моро кофтуков ва ҷустуҷу карда истодаанд. Аъзои хонаводаи мо падару модаронамонро таҳқиру таҳдид карда истодаанд. Як варақи коғаз додаанд ва моро гунаҳкор ҳисобида истодаанд.

Боз як коғази дигар роҳӣ кардаанд. Дар он коғаз навишта шудааст, ки фалонӣ ҳамин гуноҳи кардаашро ба калла гирфтаву  авф мепурсад аз вазири дохилӣ. Яъне мо бояд нависем, ки «моро авф кунед». Гуфтаанд, ки агар мо ин коғазро навишта роҳӣ кунем моро халос мекардаанд. Аммо ҳоло мо на навиштем ва на роҳӣ кардем. Чунки баъзе аз бародарҳо гуфта истодаанд, ки агар ин коғазро навишта роҳӣ кунем маънояш ин мешудааст, ки мо гуноҳи содир накардаро ба гардан гирифта эътироф кардаем. Делову дафтар дар дасти амниятиҳо аст. Боз моро уговорит карда истодаанд, ки як бор Тоҷикистон биёем ва ҳамин баёнотро нависем, ки аз кори кардагиам пушаймонам. Гуфта истодаанд, ки ба мо ягон чиз намешавад: «як моҳ, ду моҳ ҳаминҷаҳода мегардӣ, боз хапу дам билета биги бза бра корта кадан биги». Аммо мо мефаҳмем, ки ин гапу ваъдаи онҳо дуруғ аст. Бачаҳо бовар карданд, аммо рафтанду чанд солиашон доданд.

                                    Арканзас

    Ассалому алайкум бародари мубориз Муҳаммадиқбол! Ба як раҳи дур рафта будам. Далнибойшикам, чанд сол аст дар Амрикоам. Дар роҳи бозгашт як наворатро тамошо кардам, ки дар бораи миллиардҳои Раҳмонов мегуӣ. Чанде пештар дар бораи миллиардҳои раисони ҷумҳурӣ, ки номи Раҳмонов ҳам буд мақолаеро хонда будам. Шумо состоянияи Эмомалӣ Раҳмоновро 20 миллиард доллар гуфтед.

Аммо ҳануз дар соли 2008 ҳоло, ки Раҳмонов дуздиро ба ин тарз рушод сар накарда буд, ҳоло, ки Зоири мундуқи мошенники домодаш дар основной гапу кор дастбакор нашуда буд, состоянияи Раҳмонов ба 20 миллиарду 500 миллион доллар расида буд. Ин факт буд.

Ҳоло он вақтҳо Талкоро ин қадар дуздӣ накарда буд, ГЭСи Роғунро ин тарз тороҷ накарда буд, роҳи Душанбе-Чаноқро пулакӣ накарда буд, фурӯши тиллову металҳои гаронбаҳоро ба баҳонаи Ковид-19 ба чапу рост сар накарда буд, неруи барқро ба ин миқдор ба хориҷа нарасонида буд, ки состоянияаш ҳамин ҳаҷмро ташкил медод.

 Шумо хабар доред, ки Раҳмонов соли гузашта ду маротиба Қатар барои чӣ рафт? Ду бор барои пулҳои барқи фурӯхтааш ба Толибон ба Қатар рафта буд.

Ман аз шумо хоҳиш мекунам, ки ягон иқтисоддонро вазифадор кунед, ки то соли 2025 як масалан аз ҳар як кило шакаре, ки то ин муддат аҳолӣ, шаҳрвадони Тоҷикистон истеъмол намуданд чанд сент фоида гирифтааст?

Масалан як кило шакар дар бозори ҷаҳонӣ чанд аст, дар ҳамсояҳо чанд аст ва дар Тоҷикистон чанд аст. Як кило шакар, гандум орд? Бовар кунед, ки агар ҳамин хел ҳамаи инҳоро ҳисоб намоем состоянияаш минималка аз 50 миллиард боло аст. Лекин соли 2008 дороиҳоияш 20 миллиарду 500 миллион буд. Он одаме, ки ин рақамро гуфт одами наздикаш буд. Ҳамон чен гуфта буд, ки дигар шумо бо ин сарбасар шуда наметавонед. Любой мансабдору депутати Амрикову Аглияву Фаронсаву дигару дигарашро бо қопчаи доллар мехарад. Бо любой вариант. Дар любой ҷо любой движенияашро мекунад.

Так что ӯро бо ягон роҳи дипломативу роҳи демокративу конститутсионӣ ё суди Гаагаву дигараш ягонҷояшро ягон майда гаранг карда наметавонанд. Роҳе ӯро равондан, танҳо бо ҳамон роҳе ҳаст,ки худаш аз он истифода бурда буд соли 1992 асту тамом.   

Share This Article