Номаҳо аз ноҳияҳо ба «Ислоҳ.нет» №243

Ислоҳ нет

Вазифа ва мақому маъмурият дар ҳукумати Раҳмонов комилан бо мақсади дигар истифода ва гирифта мешавад. Камтар мансабе ҳатто дар раддаҳои поинтар дошта бошӣ, талош мекунӣ, ки онро ба роҳи муфти пулкоркунӣ ва ба роҳи бизнеси осон табдил диҳӣ. Номаҳои имрӯзаи муаллифони мо ба ҳамин масъала иртибот мегирад. Яъне консул ҳам пул меканад, директори мактаб ҳам пул меканад, милиса ҳам пул меканад. Ба ин маъно, ки мақому мансабу вазифа дар режими Раҳмонов ба бизнесу манбаи даромад бадал шудааст:

        Киев

  Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқбол! Худо кунад, ки ҳамеша дар сафи пеши муборизин қарор дошта бошед. Як хабари воқеиро аз Украина мерасонам. Чанд нафар аз шиосонам гуфтанд, ки нафаре бо номи Ғоибназаров Лутфулло дар инҷо, дар консулгарии Тоҷикистон як сол шудааст ба кор омадааст. Аммо ин Лутфулло Ғоибназаров бо чанд бузбаччаҳояш бозор ба бозору кучаҳову масҷидҳо гашта муҳоҷирҳои тоҷики Киевро таҳдиду сиёсат мекардаанд, ки ба наздики Русия Украинаро мегирад баҳонҳое, ки сатаяи 307 таҳти пайгард қарор доранд қапида дар пуштатон чуб зада равонатон мекунем. Бо ин баҳонаву васила духи баччаҳоро шикаста истоданианд. Набошад бачаҳо дар инҷо ошкоро Раҳмонов ва  ҳукуматашро задагӣ буданд. Ягон кас гап мезад, ки ҳукумати Тоҷикистон зур аст шербачаҳо дарав қуртуқашро мегирифтанд. Ҳозир ин Лутфулло бо бузбаччаҳояш, баччаҳоро тарс дода истодааст.

 Яке аз ин баччаҳо гуфт, ки боз ин Лутфулло ишора кардааст, ки роҳи ҳалли ин масъала дар дасти худамон аст. Манзураш ин аст ки бачаҳо барояш пул диҳанд. Аммо то ҳоло касе ба вай ягон тин надодааст.

  Мо мехоҳем, ки шумо дар барномаҳоятон ӯро огоҳ кунед, ки аз ин амалҳояш даст кашад. Агар хап карду бас кард, хайр, набошад худамон сар мекунему оромаш менамоем. Ин таҳдид нест ва мо ҳам ҷинояткор нестем инро низ хуб дар хотир дошта бошед. Баччаҳо  нозукиҳое,ки дорад ва аллакай ҷиноятҳои зиёди ӯро хуб медонанд.

Лутфулло Ғоибназаров Сарконсули Тоҷикистон дар Украйна ҳаст ва ах Ховалинги Тоҷикистон аст. Маълумотҳои зиёди дигар дар мавриди таҳдидҳояш дар Молдова ба Ислоҳ расидааст. Ислоҳ рӯй ин масала кор дорад.

  Саломат бошед!

                                     Душанбе

Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқбол! Сипоси беандоза фаровон ба шумо, ки то ба имрӯз ҳар ончики навиштаму равонатон кардам чоп кардед. Ин навиштаи маро ҳам, бихоҳед нашр намоед. Бигзор дар барномаи «Номаҳо аз ноҳияҳо» биравад, ки хонанда ва тамошобини бештар дорад. Дар ин нома ман як ҳодисаи чанд рӯзи пеш рухдодаро, ки бо ман руй дод менависам ва ҳамин тавр номгузорӣ ҳам кардам:

Боз ману боз Ислоҳу боз ин низоми девонагон

Хаста шудаам. Аз онҷо ки хаста шудаам, ҷуз мубориза роҳе дигар намебинам. Маро ба ҳолам намемонанд; хоста ё нохоста ба торҳои асабам фишор меоранд; бар шахсиятам ҳуҷум меоваранд; ба саломатиям зарба мезананд. Гӯё ман марказу нишони душному омоҷи заработи омочи ин мақомотиёнам – мақомотиёне, ки ҳаминки «удостоверение» ба каф оварданд, бар шаҳрвандон метозанд!

Намехостам дигар аз камбудие сухан гӯям, чун суханшунавон гаронгӯшу бадкораву бадмасту беҳушанд. Дасти ғадру зӯру ситаму забони ифлоси мақомотиёни ёбоӣ, хусусан «навкорон»-у «навҳуҷҷатонашон» дарозу дарозтар гаштан дорад. То кай ман чашм бипӯшам аз ин ҳама қулдурӣ? Ва чаро бояд ин чӯҷамақомотиён ба ҳаркӣ дилашон хост, ҳар куҷо хост таҳоҷум баранд?!

Инҷост, ки мепурсам: Шумо маро қасдан зери омоҷ  қарор додаед? Ё то ин ҳадд дасту забонатон дароз гашта аст, ки пасттарину нохалафтарину нокастаринатон, ҳатто бо мошини шахсию бо либоси мулкию бо сару мӯю рӯи пуркидаву ҷӯлида, ҳатто ба ман, ба дигарон, ба «беҳуҷҷатон» ҳамлавар мешавед? Корҳое, ки солҳои беқонунию беҳуқуқӣ мекардед, идома дорад?! Хайр,дар баробари «удостоверение»-ҳоятон силоҳоятонро ҳам дар баратон бигиред,то сахттар битарсонедамон!!

Генпрокурор, Воҳидзода, куҷоӣ? Дело намегушоӣ?

СС Ятимов, чанде пеш корам ба кормандонату рӯям ба рӯяшон зад. Сухан зиёд гуфтанд. Оид ба оромиш, субот, амнияти вуҷудӣ ва анвоъи амниятҳои дохилию хориҷӣ, дар баробари «хатарҳои фалонизанҳои мухолифини Аврупо» ҳам гуфтанд. Гуфтанд, ки дар ноҳияи Сино ин вазифа ба ӯҳдаи мост, ки чун ту худ одами босаводӣ, ин «заҳамот»-и шабонарӯзии моро бояд қадр дошта бошӣ. Ва гуфтам, офарин ба «Командаи Зарин». Ва боз ин ману ин таъаддию ин ноҳияи Синоятон!! Ин мақомотию ин удостоверение ва ин «ғасби телефон»-и ман!

Ва солҳо қабл дар «меҳмонӣ»-и вазорати оилавии Рамазон Раҳимзода ҳам будам, ки аз ин гуфтаҳои амниятиҳо ҳам олитару барроқтарашро ҳам шунидам! Ва гуфтам: «Офарин, ба командаи зарин»-и инчунин.

Вале дар кӯчаҳои шаҳр, яъне пойтахти тоҷикон, дар «амнтарин пойтахти рӯи олам» имрӯз, боз, дубора, ин бор ҳам аз ҷониби «корманди тартиботи ҷамъиятӣ», дар малаи омм, дар даруни таксӣ, бидуни ҳеч ҷурму ҷинояте, танҳо ба ин хотир, ки хостам «дағалона тартиботи ҷамъиятиро вайрон кардан»-и корманди «удостоверениедор»-у ҳомии ҳифзи ҳуқуқи шаҳрвандонро ба навор гирам, мавриди иҳонат, ҳамлаи лафзӣ ва беэҳтиромӣ қарор гирифтаму боз ҳам нафратам ба он дӯлобгуфториҳои кормандони «босалоҳияти мавъизахон»-и ВКД ва КДАМ, бештар шуд.

Қиссаи пагоҳӣ аз инҷо шурӯъ шуд.

Омадам назди Қарияи Болову як таксии 10 -сомонаро манъ карда, дар тарафи ронанда нишастам. Аз роҳ 3 мусофири дигар ҳам дар пас ҷойгир шуданд.То гардиши Сирки давлатӣ ҳама ором пайи сафари худ буд. Пас аз чорроҳаи театри «Ҷавонон» як, ду мошин қоида вайрон карда гузаштанд. Аз паси мо нафаре бо қаҳр сигнали бардавом дода, омада бо чашмони хилмин ба ронандаи мо, ки бисёр марди ботамкин ва шояд ҳам корманди КДАМ буд, нигоҳ карда, — чӣ воҳима дорӣ?» —  гуфт?

Ронандаи мо низ ҷавобашро дод. Ӯ оташин шуда, «э дар кунт мегом»,- гуфт! Ва рафта мошинашро кундаланг дар назди мошини мо, чун манзараҳои филмҳои Голливуд қарор дод. Корманди мақомоти мулкипӯш, ки ронандаи мо аз ӯ на кам аз 25-20 сол бузургтар будро «мегом» гуфт! Аз «забони давлатии душном» дар малаи омм, бо пуррӯӣ камоли истифодаро кард! Ман шунидам; ронанда шунид; он зани пушту ду ҳамроҳи бараш шунид. Дигар ронандаҳои дар роҳ буда ҳам шуниданд. Инак,Тоҷикистон ҳам хоҳад шунид! Ва медонам, ки режими Раҳмоновро ҳаминҳо бо камоли маҳорат дар назари шаҳрвандон баду бадтару зишту бадмуртар кардан доранд! Оффарин, ба мақомотии заррин!

Пасон, аз сари фармон ӯ, аз паси мошин нафари дигар, ки умуман ҳарфе нагуфт, фаромаданду ронандаи моро ба пархош кашид. Ҳамин лаҳза ман телефонамро бароварда, онҳоро сабт кардан хостам, ки ронандаро гузошта, ба самти ман давид. Дарро кушода, — бте тилфона, иҷа!!, гуфта, нимқад вориди «Хундай»-и мо шуда, дасташро ба самти телефон дароз кард!

Ман гуфтам: намедиҳам. Ин вақт «удостоверение»-ашро бароварда, нишон дода, — брор тилфона, мегум-, гуфта пуписа кард. Ман боз телефонро надодам.

Пасон, ронанда аз сари чанбарак фаромада, ӯро кашида ба пас бурда,  чӣ «насиҳате» карда, ин бор боз гашта омада гуфт: видиёта удалит кн!!

Ронанда: майлаш удалит мена.

Як хонум аз пас: э додар, мода дер мешава, удалит кад, ҳамура.

Ман: удалит мекунам.

Бо нигоҳи алас-аласу норозиёна, меравад самти мошинаш. Ҳаракат мекунад самти «Якум Советский».

Асабам метаркад. Ҳама сокит мешаванд. Ронанда ба гап оғоз мекунад: ака, удалитш кн, брава. Ма таксии нелегалм, бо иё ҳамдигаршона тарафгирӣ мекнан. Иёра ҳичкӣ ҳичӣ гуфта наметона. Ма хдам дар видеорегистраторм ҳамаша, ай аввал дорм. И видиора ягон сайтда партоӣ, бо мора – ҳардумона 15 рӯз бурда боздошт мекнан – баройи тартибота вайрон карданмон. Хай, ҳамат диден, хдш чхел ҳақорат кад, бо зурӣ дорад?!

Гуфтам: охир, ман ҳамчун шаҳрванд ҳақ дорам, ки  ин гуна аъмоли ғайриқонуниро ба навор гирам. Хуб, лоақал зурӣ намекард… удостоверениеро ҳукумат барои зӯрӣ ба сари шаҳрвандон ба инҳо медиҳад? О, мардак бошӣ, удостоверенията да хона мон, ана, баъд омада зӯрӣ кун! Ҳамин, ки удостоверенияшон доданд, дар сари мардум савор мешаванд. Он зан ҳам дар «Истиқлол» поён шуд. Ман дар ҷойи худ фаромадам. Қабл аз фаромадан таксист гӯиё худ ин ҷиноятро ба ман раво дида бошад, дилҷӯёна хоҳиш кард, ки «илтимос, удалитш кн» ва даст дода хайрухуш карду ронда, рафт.

Ман ҳам мехостам фаромӯш кунам. Вале он барзагови соҳибҳуҷҷат, боз ин корашро (чун ин бори аввалу охир ҳам набояд буда бошад), такрор кардан мегирад ва шояд ҳам нафаронеро заифтар ёфта, лату кӯб ҳам кунад.

Бар илова, ин гуна ашхоси аз ҷиҳати равонӣ бемору қулдуру зӯри пушти «удостоверение» ҳатман бар шаҳрвандон зулму тааддиро идома додан хоҳанд гирифт. Аҷибаш инки ҳамроҳи он қулдур ҳатман пулиси ҳамкораш буд, вале танҳо «омода ба ҷанг» буду ҷуз «охранят» кардани «роҳбар» ё «ҳамкоса»-аш амалкарде нишон намедод.

Ана инро мегӯянд: Барқарорсозандагони сохти конститутсионӣ ва амният дар «Биҳишти рӯи замин».

Ин ҳодиса дар санаи  30-юми апрели соли 2025, соати 07:59, дар назди «Казинои Саидшо» рух дод.

Бигзор,ин бор ҳам бигӯянд, ки «хоини миллате»-ро «шерои Ватан» хуб кардаанд. Бояд телефонашро бо ҷоғаш мешикастанд, вале мо барои ояндагон кистии шумо, амалҳои шумо, амалкарди шумо,ҷаҳолату поймолшавии қонун аз дасти шуморо, бор-бору ба такрор сабту забт хоҳем кард.Бошад, ки рӯзе ҷавобгӯи амалкарди хашини хеш дар назди қонун бошед! Шуморо миллат бояд бишносад, ки «дағалона вайронкунандагони тартиботи ҷамъиятӣ ва баҳамзанандагони суботу оромиши шаҳрвандон» шумоед, ҳарчанде худро «тартибу назмдиҳандагону суботофарон» ҳам хонеду донед!

Ва агар ин ҳодисаро «бадеитар» карданӣ бошем, чунин мешавад:

Дар Душанбе, гоҳе ки мошини бо рақами 80-24 НА 01 бо суръати фалакӣ наздик мешавад, ту на танҳо ронандаро мебинӣ — балки низоме, ки паси ӯ истодааст. Мерседеси сиёҳ. Рӯйи бовар ба беҷазоӣ қарор дорад.

Чанд сония кофист, ки ин шахс шиша кушояд, садои дашном баланд шавад:

«Дар кунт мегом!» — мегӯяд ба ронандаи мо, дар ҳоле ки дар мошин занҳо нишаста буданд.

Мо сабт кардем — на ҳамаашро, вале кофист. Пас аз он ба самти мо омад, ҳуҷҷате баровард. Пулис? Корманди мақомоти қудратӣ? Савол бисёр аст. Ҳақиқатро ӯ нагуфт, аммо амалаш гӯё буд:телефонро гирифтанӣ шуд, садо баланд кард, таҳдид намуд — ва рафт.

Мисли як хабари кӯҳна. Чунин воқеаҳо дигар касеро ба ҳайрат намеоранд. Зеро мо ҳама медонем, ки рақамҳое мисли НА 01 дар ин шаҳр бештар рамзи «ҳуқуқи зӯр» шудаанд, на масъулияту одоб. Ин ҳоло пасттарину нокастаринонашонанд!

Ин танҳо як шахс нест. Ин як низом аст.Як фарҳанги фосидшудаи «ман метавонам», ки дар кӯчаҳои мо гаштугузор мекунад ва дар ниқоби қонун зиндагӣ мекунад.

Ва мо сабт мекунем.

Шояд овозҳо сабт нашаванд — аммо нигоҳ дар хотира мемонад. Чеҳраи ношуди зӯргӯён ҳам дар дидаҳои ин миллат ба хотираҳо супурда мешавад. Ва фардо шояд на танҳо сабт, балки ҳисобот бошад. Кӣ медонад?!

Қонун чи мегӯяд:

 Адвокатҳо мегӯянд: «Ҳолате, ки ба шумо рӯй додааст, хеле нигаронкунанда ва намунае аз беҷазоӣ ва зӯроварии маъмурони давлатӣ аст, ки бояд ҷиддӣ гирифта шавад. Ин гуна рафтор — ҳам ҳамла ба шахс ва ҳам кӯшиши ғасби моликият (телефон) хилофи қонун ва ҳуқуқи инсон аст, новобаста аз он ки шахс маъмури пулис бошад ё не.

Инак, ки корманди мақомот буданаш бо намоиш додани «удостоверение»-аш ҳам исбот гашта аст, ин ҷиноят даҳшатноктар гашта аст!

                        Турсунзода

Ассалому алайкум ва раҳмаутуллоҳи ва баракотуҳу устоди азиз Муҳаммадиқболи Садриддин!

  Ман аз деҳаи Истиқлол-3-и ҷамоати Навобод шаҳри Турсунзода бароятон менависам. Шикояти ман дар бораи директори мактаби рақами 73 ба номи 20-солагии Истиқлолияти шаҳри Турсунзода мебошад. Директори мо Сафарзода Муҳаммадфарид, зодаи шаҳри Турсунзода, ҷамоати Навобод, қишлоқи Тошгузар аст. Чанд рӯз мешавад, ки ин директор талабаҳои мактаб, аз синфи 1 то 11ро маҷбур карда истодааст, ки 50 сомонӣ оварда диҳанд. Гуфтааст, ки бинои мактабро таъмир мекунем ва бояд ҳар кадоме аз талабаҳо ин пулро биёваранд. Боз ба ҳар сари талаба ва толибаи синҳои 9 ва 11 50 сомонии дигар барои аттестат гуфт гирифта истодааст ва боз 5 сомонии дигар барои суғурта талаб  карда истодааст. Боз беҳаёёона ба тарафи талабаҳо мегуфтааст, ки ин пулҳои шумо чандто шӯ дорад, фақат як ман намегирам, мегуфтааст : «як рӯз дар дасти ман як рӯзи дигар дар дасти дигарон мебошад».

Ин директор як ҷинояти дигараш ин аст чандин хешовандонашро оварда дар муассиса ба ҳайси муаллим вале бидуни кадом ҳуҷҷат дарс медиҳад. Пурсида мешавад, ки бо ин ҳолу вазъият аз ин мактаб кадр умедвор шудан мумкин аст? Худаш ҳам тамоман савод надорад, ранги кудак гап мезанад. Бовар кунед, ки дар мактаби мо ягон талабаи босавод нест. Вале пулгирии маҷбурии директор бошад аз ҳама зиёдтар аст.

               Душанбе

   Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқболи Садриддин. Ҳатмн,ки номаамро хондед, хоҳед шинохт, ки ман кӣ ҳастам ва ин маълумотҳоро аз куҷо ба даст меоварам. Чанд ҷумла дар бораи Юсуф Раҳмон, котиби Шурои амнияти Тоҷикистонро дар аввали навиштаам меоварам.

  Юсуф Раҳмон,ҳоло котиби Шурои амнияти Тоҷикистон, вақте Прокурори генералии Тоҷикистон буд, нисфи Муминободро гирифт. То ҳамон ҳавза гирифтаст ва аз ҳавз то Чилдухтарону Деҳистону Шулуку ҳамаро гирифт. Винозаводи Муминободро ҳам гирифт. Аз нав таъмиру навсозӣ карду аз они худ намуд. Мешавад гуфт, ки аз сар обод кард. Винои инҷо дар давраи  Союз дар ҳама ҷумҳуриҳо фиристода мешуд. Ҳавзи моҳиро полний гирифт. Ҳиҷ кас моҳӣ қапида наметавонад. Ними Чилдухтарон ва ҳамон тавр ҳамон барбаракиро ҳамаашро гирифт, соз ва ҷои зона отдих кард. Холодилникҳои калон-калонро овард, тамоми меваҷоти Муминобод дар даруни холоделникҳои уянд. Онҷоро дар вақташ совхози Мичурин мегуфтанд. Дар тарафи Ҳисор ҳам ҳама холодилникҳоро шапид гирифт.

Хранит мекунӣ, пул медиҳи,яъне аренда медиҳад. Ангурро, себро, ҳар чизи дигарро ҷамъоварӣ ва дар онҷо барои нигоҳдорӣ нигоҳ мекунанд.

Мегуфтанд, ки ҷудо шуданд. Аммо боз гапгап аст ки якҷо шудаанд. Барои ҳамин гапгап аст ки имкон дорад Юсуф Раҳмонро боз ба ягонҷои дигар баранд. Сафар ҳалола нокарда Фарзонаро аз нав ба ҳанӣ мегирад. Вале ӯро сад кас «ҳалола» кард. Шурои амният мақомоти қудратиро зери назарот дорад.

 Гапҳо ҳаст, ки мумкин баргардад ба Прокуратураи генералӣ ё ҳатто КДАМ. Боз мегуянд, ки муовини сарвазир дар умури низомӣ мумкин шавад.

Аммо ҳозир асабҳояш вайрон. Намедонад, ки чи кор кунад. Власти калон дошт.

Қариб ҳар рӯз ягон хабар аз Прокуратураи Генералӣ барояш мерасонанд, ки фалон сардори раёсат зани Юсуф Раҳмонро навохту фалону беҳмон.

  Прокурори ноҳияи Шоҳмансур ҳар вақте, Прокуратураи Генералӣ медарояд, мегуфтааст, ки мемурд Сафари бачаат бо духтари Ҷаноб соз мегирифт, имрӯз аз вазифа  намегирифт -анат

Дар маҷлисҳо воҳима мекардӣ, ки «Муҳаммадиқбола ма миёрм, ҳиҷчи ай дастут наёмад ку».  

Прокурори ноҳияи Шоҳмансур гуфтааст, ки ҳамин Музаффар Юсуфиро ҳам дафъ кунанд, э,аҷоиб мешавад. Ин Музаффар ҳоло прокурори нақлиёт аст. Дар туйи Сафари бачаи Юсуф Раҳмону Фарзонаи духтари Эмомалӣ Раҳмонов сахт расход карда буд. Ресторани магнолияи Юсуф Раҳмон кор карда истодаст.

Чи дигаре, ки мехоҳам инҷо бигуям ин аст ки СС.Ятимов чанд рӯз пеш аз хорича омад. Саломатиаш хуб набудаст.Чи тавре,ки аз худи КДАМ гуфтанд, дар дилаш стендмонӣ рафта буд. Мегуянд, ки маводҳоеро,ки дар вақти тафтиши парвандаи Саидҷаъфар Усмонзода ва дигарон,ки нисбати СС.Ятимов баъзе ҳолатҳо буд,ҷудо карда айни замон як тараф мондаанд. Ба «истеҳсолот» надодаанд. Ин корро худи Юсуф Раҳмон дар вакти Прокурори Генералӣ буданаш карда буд.СС.Ятимов медонад,ки баъди аз вазифа рафтанаш зиёд гапу чапҳо мешавад. 

  Дар КДАМ гап- гап аст, бояд Шовалиев ба ҷои СС. Ятимов ояд. Агар Шовалиев шавад, аввалин коре, ки ӯ мекунад, МВД,-ро чистка мекунад. Сахт ба МВД хусумат дорад. Кадом вақте МВД сахт димоғашро сузондааст. 

Аммо аксарият мегуянд, ки ба ҷои Ятимов Мансур Умаров мешавад. Гапҳо зиёданд. Мақсад ин аст саломатии СС хуб нест. Охирон вақтҳо нуфузашро дар КДАМ гум карда аст.

Ва боз як хабари дигар

Баъди заминларза дар минтақаи Рашт,ки хисороти зиёд овард,гуруҳи кори таҳти роҳбарии муовини Сарвазир ташкил шуд ва ин гуруҳ чанд руз дар минтақа қарор доранд.

  Дар баробари ин боз гуруҳи дигар барои анҷоми мақсадҳои ояндаи террористонаи мақомот-политика устрашений дар Рашт қарор доранду бинобар маълумотҳои расида дар чанд ҷойҳо яроқҳоро пинҳон карда истодаанд. 

Ҳамон нақшаҳоеро,ки аз ин пеш ҳам чанд бор бароятон навишта будам,ки через Малиши ғармиву монанди онҳо ҳамон нақшаҳоро иҷро карданианд. Баъди чанде,шояд баъди тағиротҳои кадрӣ дар КДАМу МВД ин нақшаҳоро ба иҷро гузоранд. Ва  гуё «аз руи маълумотҳои оперативӣ нуқтаҳои пинҳонкардашудаи яроқҳои зиёд»-ро пайдо карда, боз чандин нафар,нафарони номдори минтақаро тухмат бор карда, куштаву дастгир кунанд. Шояд ягон наздикони Раҳими ғармиро, шояд худашро туҳмат кунанд.

 Дар Тоҷикистон ягон кас камтар ном барорад, «дарав ягон чида туғриш мекнан,ку».  

Аммо устод як чизро бароятон бигуям ва инро шумо ҳам қабул кунед, ки дар ҷои СС.Ятимов Шовализода мешавад, Мансур Умаров мешавад, Зубайдзода мешавад, Фарҳод Камол мешавад, фарқаш нест. Инҳо исполнителанд.Ҳама чизро бурда мерасонанд. Инҳо саги вафодоранд ва саг нашаванд кор намекунанд. Саг барои худи Раҳмонов. Саги саг,саги хона, саги чупон. Раҳмонов бихоҳад аз ҷиноят ру намегардонанд. Инҳо барои давлату ватан не, инҳо барои Раҳмонов ва оилаи вай, махсусан худи вай содиқ бояд бошанд.

Аммо як чизро бароятон гуям, ки ягон КГБ ба Раҳмонов чени СС.Ятимов хизмат накардааст ва Раҳмоновро аз дарди сарҳое,ки ҳамеша дошту роҳи халосӣ аз онҳоро меҷуст халос кард. Акнун ман намедонам, ки Раҳмонов инро ба инобат мегирад, ё не вале Ёқубро зиндон кард, Ғаффорро зиндон кард, инҳо якеааш ҷонашро харид дуввумиаш аз чанголи Маҳмуд раҳояш кард,зиндон кард бо СС чи хоҳад кард, ҳоло номаълум. Аммо СС аз саг ҳам зиёд ҳифзу ҳимоят кард, балки қудрату қувват ва ҳокимият ва ҳукми мутлақа дод.

 Гап дар бораи нофармонӣ ва саркашии Помир ва помириҳо-ВМКБ меравад, ки маҳз бо ҷанги охир, куштори Гулбиддину Муҳаммадбоқиру дигарҳо ва зиндони намудани лидерҳои мардумӣ СС. Ятимов султаи Раҳмоновро болои ин мардум ҳам ҷорӣ кард.

Шумо, бовар доред, ки дар соли 2000 ҳатто 2010-2020 Раҳмонов метавонист фармон диҳад, ки аксҳои Оғохони 4-ро аз муассисаҳо ва дигарҷоҳои Хоруғ ё Ишкошим ё Шуғнон барчинанд? Халқи Помир бо сангу каланду белу шохин ба сараш меомад. Аммо ин корро кард.

Ва дарди сари дигари Раҳмонов ин вуҷуди ҲНИТ дар саҳани сиёсии кишвар буд. СС. Ятимов инҷо ҳам тавонист, ки бо зарари камтар ин созмони бузургро, ки ҳарифи ва рақиби асосии Раҳмонов буд аз майдон канор андозад.

Барои ҳамин ин сарусадоҳо ҳам ҳастанд, ки Раҳмонов СС.Ятимовро то интихоботи соли 2027 нигоҳ медорад.

Аммо ҳамин сафари чанд рӯзи пеши Шарофиддин Гадоев ба Афғонистон ва эълони ҳукумати муваққати Тоҷикистон дар табъид Раҳмоновро талхакаф кардааст. Як нафар аз шогирдони банда, ки дар яке аз мақомоти қудратӣ кор мекунад гуфт, ки боз режими казармаи 100% ҷорӣ кард.

Гуфт, ки «э,устод и дустои мухолифинут кай медроян, дар бадмон задай, ин Раҳмонов боз казарма ҷорӣ кард. Як ҳафта шуда буд, ки нав хона мерафтум зану гулакома медидум, ин боз руст мондум. Бгушон бдроян бдроян, агане хав кнкн бишинан, ки ай казармаи зиёд имсол ҷонбезор шидагем».

Share This Article