Номаҳо аз ноҳияҳо ба «Ислоҳ.нет» №111

Ислоҳ нет

  Дар ин нашри «Номаҳо..» хелеҳо бар кори мо арзи сипос кардаанд. Гуфтаанд,ки номаҳои онҳо,ки чоп шуд, барои ислоҳи вазъ ва шахсиятҳо таъсир кардаасту кумак кардааст. Барои ҳамин ҳам аз дигарҳо даъват кардаанд, ки аз ҳамкорӣ бо “Ислоҳ” истиҳола накунанд, аз тарафи дигар аз “Ислоҳ” хостаанд, ки номаҳои онҳоро саривақт мунташир кунанд. Аммо, як мавзуъе, ки гоҳ-гоҳе дар шабакаҳо дарз мекунад, рафтору кирдори бачаҳои сарватмандон аст ки ба касе итоат намекунанд ва касеро гуш намекунанд. Онҳо дар аксари вақт бо корҳои ғайриқонунӣ, масалан қочоқи маводди мухаддир даст мезананд ва дар ин кор кормандони умури дохиларо ҳам ба худ шарик мегиранд. Ҳоло як намунаи онро дар номаи зер мехонед ва ҳамчунин аз «дӯсти наздик»-и Шоҳрух бо исми Зуҳал ҳам ошно мешавед:

                                   Душанбе

Салом бародар Муҳаммадиқбол! Инро ҳам нашр кунед.Як вақт супориш ва дастур доданду номерҳои 8888 ва 7777 –ро аз байн гирифтанд. Аммо ин рақамҳо ҳоло ҳам ҳастанд. Инҷо ҳама бачаҳои вазифадорҳо ҳастанд. Аз суи Душанбе ба суи ноҳияи Панҷ раҳакӣ мекунанд. 5- 6 мошини хориҷӣ бо оинаҳои сиёҳ –темниткардагӣ.

Дар баргашт ҳама мошинҳо дарунаш пур аз маводи мухадир. Ҳамаи постҳоро бо   мегузаранд. Дар наздики пости Фахробод мефаҳманд, ки маводи мухадир оварда истодаанд. Агар инҷо Рустам даст намедошт номерҳои 8888 аз куҷо мегиранд? Инҳо пости Фахрободро итоат намекунанд, постро зада мегузаранд, ҳамааш мегурезанд.

 Дар байни инҳо инчунин бачаи Ҳикмат бо кличкаи Ҳикмати гов ва Раҳмати Нур ҳам ҳастанд.
Нур мегуяд, ки биё ҳамакаса равем фурудгоҳ ва парему равем. Мегуянд, ки ту  бирав, мо ҳамаашро ҳал мекунем, баъд мегуемат, ки биё. Вақте Нур Дубай меравад ин ҳама бачаҳои вазир мегуянд, ки мо намедонистем бори Нур буд. Ин гапро Нур мефаҳмад, ки ҳамааш ба зидди Нур гап задаанд. Бор, бори Нур аст гуфта ҳамаашро таҳдид мекунанд. Инҳо метарсанд,  ки мумкин ягон далел доранд. Як сол нагузашта Нурро дар Дубай нею дар Туркия дарёфт карда мекушанд. Инҳо фақат одам кушта метавонанд ё ягон киллерро нанимат мекунанд ва ҳамин хел делоро маҳкам мекунанд.

                                             Рашт

 Салом бародар Муҳаммадиқбол!

 Ташакури зиёд аз номи мардуми ҷамоати Тагобаи ноҳияи Рашт. Баъди нашри номаи фиристода аз ҷамоати мо нисбати Мулло Назрии буз ва Алишери раиси ҷамоат хеле буҳбудӣ ба амал омада истодааст. Ҳозир дар кофту кови онанд, ки кӣ бо «Ислоҳ» амкорӣ дорад. Лекин ман дар барашон ҳастам, ончи ҳар рӯз мебинам менависам. Чунки ман бас намекунам навиштанро давом медиҳам. Чунки тағиротро пас аз нашри номаҳо бо чашмонам дида истодаам. Бовар дорам агар ҳама мардуми ҷамоатҳои Ғарм аз мушкилиҳояшон нависанд ҳатман ҳолашон беҳбуд меёбад. Ман фоидаи навиштаҳоямро дар барномаҳои «Номаҳо аз ноҳияҳо» дидам дар ҷамоат. 

Домулло! Ҳатман хабарҳои нав омода карда равон мекунам. Ана гап дар инҷо будааст. Мо гаштем милисаву прокуратура рафтаву пул дода ва боз корамон ҳал намешуд. Ҳама гапу хабар инҷову мо гаштем мақомот гуфта. Ҳама мақомот дар «ихтиёр»-и Ислоҳ будааст, мо гаштем, бовар кунед.

                                              Ваҳдат

Ассалому алакум бародар! Аз деҳаи Лақайбегии ҷамоати Карим Исмоили Ваҳдат ҳастам.

Боз ҳам мехоҳам дар бораи мушкилоти деҳа ва ҳамчунин корнамоиҳои «Ислоҳ» нависам.  Баъди нашри номаи№ 89, ки «қаҳрамонҳо»-и он Норов Даврон, Илиев Маҳмадшо ва Олими раис буданд «Ислоҳ» дар деҳаи Лақайбегӣ бениҳоят тамошобинони зиёде пайдо карда аст. Бовар кунед аз мусафеду ҷавону кампир то духтарони талабаҳои мактаб инҳоро шинохтанд. Аз тарафи дигар касоне, ки «Ислоҳ»-ро намешинохтанд баъди ин нома нашр шудан шинохтанд. Ин гапҳоро на танҳои худи Даврону Маҳмадшову Олими буз мегуянд занону духтарони деҳа ҳам байни якдигар мегуянд.

  Мардум мегуянд, ки бошад он шери нар, ки ин бузҳову ҷинояткорҳоро навиштааст. Мегуянд, ки ҳоло аз дасти «Ислоҳ» бузҳои дигар ҳам дар ташвишу таҳлукаанд.  

 Мардуми деҳа мегуянд, ки инҳо на нанг доранд, на номус. Ҳоло ҳам дар деҳа мегарданд. Олим дар маҷлис гуфт, ки «мардум облава сар шудааст, бачотона қапидан бо ай ма набинен».

 Ман ба ту гуфтаниям, ки агар номус дошта бошӣ, раисиро бас кун, дигар кор накун.

Ҳозир тамоми мақомоти Ваҳдат дар ҷустуҷуи онанд, ки бо «Ислоҳ» кӣ гап мезада бошад. Ҳоло фикрашон ин аст ки он ҷавоне, ки дар «Минбари муҳоҷир» баромад кард ва буз будани инҳоро исбот кард ҳамон навиштааст.

  Ин ҳукумати золим светҳои деҳаи Лакайбегиро аз трансформатор хомуш кард ва гуфтанд, касе, ки пули светро насупоридаст бурда супорад, баъд светро медиҳем. Мардум супориданд ва баъд светро доданд. Эй, золимон! Мисол мегирем дар деҳа 10 оила пули светро насупоридааст, аммо ҳамаи мардуми деҳа чи гуноҳ доранд, ки барқи онҳоро низ хомуш мекунед?

  Дар хотир бигиред ва бовар кунед, ки ҳар қадар шумо зулмро зиёд кунед, мардум ҳамон қадар ру ба «Ислоҳ» меоранд. Дониста бошед, ки зулми шумо бинандаи «Ислоҳ»-ро зиёд мекунад.

 Мутаассифона, болои сокинони деҳаи Лақайбегӣ зулм зиёдтар шуда истодааст. Боз фармон доданд, ки сокинони деҳа кадоме, ки дар сари роҳ зиндагӣ мекунад, дар муддати 10- 12 руз заборҳои хонаҳояшонро бикананду семенблок бардоранд ва шикатуру краска кунанд, дарвозаҳояшонро низ иваз кунанд ва нав часпонанд. Агар дар мудати 10 -12 руз накарданд боз омада штраф мекардаанд.

 Эй, золимон!  Ҳар гоҳ,ки Пешоби милат ба ин роҳ мегузашт, фармон медодед, ки заборҳои хонаҳоятонро сафед кунед. Мардум пул надошт, баъзеҳояш шояд қарз карда оҳак мехариданд. Ин зулматон бас набуд, ки боз сементблок бичинен мегуяд. Охир бо кадом пул ин корро кунанд?

 Ба ҷавонони деҳаи Лақайбегӣ гуфтаниам, ки биёед, ҳама аз як гиребон сар барорем ва ба зидди ин ҳукумати золими Эмомалӣ Раҳмонов мубориза барем.   Нагузорем, ки ин золимон Тоҷикистонамонро ба нестӣ баранд. Барномаҳои «Ислоҳ»-ро тамошо кунед, лайк монед!  Валлоҳ қасам, шахсан худам чор сол шуд тамошо мекунам. Қариб нест барномае, ки лайк намонда бошам. Ҳеҷ кас лайки шуморо дида наметавонад.

  Боз инҷо як мисоли дигар. Агар ҳамаи мардуми деҳаи Лақайбегӣ шахсан муҳоҷирон 100 рублӣ ба Ислоҳ партоянд кори Ислоҳ ба пеш меравад агар тамоми шаҳри Ваҳдат 100 рублӣ партоем Раҳмонов худаш аз Тоҷикистон мегурезаду дигар ҳоҷат ба митинг ҳам намемонад.

  Дар охир ба бузҳои деҳаи Лақайбегӣ гуфтаниям, ки агар худатонро дар телеграммаи «Ислоҳ», дар группаи «Чоплусонро шиносед» дидан нахоҳед, бузиро бас кунед. Оё шумо якбор фикр кардаед, ки вақте ҳукумати мардумӣ сари қудрат омад, ҳоли шумо чи хоҳад шуд?

                                       Конибодом

Ассалому алейкум бародари азиз Муҳаммадиқбол! Мехоҳам аз тағйироти бамаломада, ки натиҷаи даҳҳо ва садҳо шабҳои бе хобии шумо ва барои беҳбудии ватан аст ба мардум бигуям. Ва бори дигар ташаккур, ки номаи қаблии моро нашр кардед.

Мегузарем ба асли нома:

Дар ҷамоати Лоҳутии шаҳри Конибодом масъалаи обро як каме бошад ҳам ҳал карданд ва ҳозир обро 4 – 5 соатӣ медиҳанд, ки ин бароямон басанда аст. Аммо насосро то ба ҳол масъалаашро ҳал накарданд. Умедворем мо ҳам ба монанди ноҳияи Зафаробод дорои насос мешавем, як руз.

Барқро рӯзҳои душанбе, сешанбе ва чоршанбе мекушанд. Аз соати ҳафти саҳар то панҷи бегоҳ. Раҳмонов фақат лоф мезанад, ки ин корро дар шуравӣ накарда буданд аммо дар замони истиқлол, яъне дар давраи ма анҷом додем. Аммо намегуяд, ки дар давраи шӯравӣ светмурӣ набуд.

Ҳоло бошад наворҳои шуморо яъне ҳамон «Номаҳо аз ноҳияҳо»-ро ки онҷо аз дарду ранҷи мардуми ноҳияи Лоҳутӣ гуфта шудааст, тамоми мардум сар карда аз мактабҳо то чойхонаҳову сартарошхонаҳову ночной бару калянхонаҳо ва отдели марказии «бачаҳакои боло» ву то бодовардаҳои паспортний стол тамошо карданд.  Ҳамаи мардуми деҳаҳои Лоҳутӣ, Маҳрам, Ниезбек, Ҷаҳонзеб, Кӯчкак ва Маданият, номи шумо вирди забонашон аст. Ва мардум бо кӣ будани Раҳмоновро беҳтар ошно ва огоҳ шуд. Мардум номи канали ютубии шумо ва суханҳои шуморо дар мавриди кай баргузор кардани Инқилоб мегиранд. Чунки ин оилаи ба ҳама маълум дар Бобоҷон Ғафуров, Конибодому Исфара бизнесаши одамҳоро кашида гирифта ва боз болои онҳо фишорҳо оварда истодааст.

Ҳоло бузҳои орангутанг аз тамоми деҳаҳои ҳамсоя фаъол шудаанд. Қароргоҳи  марказии он бузҳои пинҳонӣ шӯъбаи милисаи Конибодом мебошад. Онҷо як раиси айнакдори кал аст, миллаташ ӯзбек мебошад. Фақат ӯзбекҳои худашро аз деҳаҳои муайяни Конибодом ба кор гирифтааст. Магар мо тоҷикҳои Лоҳутӣ ягон камӣ ё нуқсон дорем? Мақсад ин аст ки ин омадаҳо хеле аз ҳад гузаронданд.

Бо истифода аз фурсат мехоҳам дар бораи як гурӯҳ дуздон гӯям.

Ҳар сол ҳангоми вақти пухтани зардолу  ва баргак кардани он, аз деҳаҳои ҳамсоя, як гурӯҳ авбошҳо бо мошини портер меоян. Онҳо забони тоҷикиро намедонанд, чунки узбеканд. Онҳо хеле молҳои мардумро дуздӣ мекунанд. Ман намедонам он ӯзбекҳо аз кадом деҳаи Конибодом ҳастанд. Чунки дар Конибодом тоҷикҳо фақат дар деҳаҳои Лоҳутӣ ва Ҷаҳонзеб зиндагӣ мекунанд.

Ва ин авбошҳо аз деҳаҳои Кучкак ё Маҳраму Ниёзбек мебошанд.

Талаб дорем аз “бачаҳако”, ки ин авбошҳоро ба хотири инсоф, каме проверка кунанд.

Ҳоло ба деҳаи Лоҳутӣ мардум хеле баргашта омаданд ва аз хурд то калон дар сари забонашон фақат номи канали «Ислоҳ» ва номи Муҳаммадиқбол аст.

Илтимос нашр кунед, то ки авбошҳоро тафтиш кунанд.

Ӯзбекҳои Кучкак, Ниёзбек ва Маҳрам ва тоҷикони Лоҳутӣ наворҳои шуморо диданд ва миннатдории худро баён карданд. Аммо, бадбахтона, онҳо аксарияташон забони давлатиро  намедонанд, ва аз ин сабаб бисёри вақт, гуфти гапо, барои мақомот бузҳои орангутан истифода бурда мешаванд.

Бачаҳо дар Конибодоманд ва онҳо ҳар як номаи аз Конибодомро то нуқтаву вергуляш мехонанд. 

Мақсади нома ҳамин буд, ки мардум суханҳои шуморо хеле чуқур дарк кард ва аз Русия ҳамагон баргашта истодаанд.

Дар мавриди шӯъбаи ҳифзи ҳуқуқ-милиса чи гӯям? Солҳои пеш, онҷо афроде буданд, ки вақти гови ягон касашро ӯзбекҳои Ниёзбеку Маҳрам медуздиданд,  «бачаҳако» мегуфтанд  “ай саҳро дуздиданд, агар ай хона медздидан,ин дуздӣ ҳисоб мешид». Ё баҳонаи дигар карда боз аз одами говгумкарда пули газ ва бензини мошинашонро мегирифтанд.

Номи вай участковий Абдуллоев Алишер буд. Вай як бозичаи ҷиянҳои Эмин Ҷалилов буд. Ӯ як узбек аз Конибодом буд ва ба тоҷикдухтарҳои Лоҳутӣ хеле даст дарозӣ мекард. Аз одамони туйдор хеле пулҳои зиёд мегирифт. Ӯ як шиор дошт: “ман ранги бобои Темурланг, шумо тоҷикоя чихе хоҳам пулотона қати духтаротон мегирам”. Ин одамро вақти ҷанги тоҷику қирғиз аз кор ба дигар ҷой перевод карданд, чунки фаҳмиданд, арзиши фаъолияти ӯ ба миқдори бобои Темурлангаш будааст.

Дар охир гуфтаниям ба ӯзбекҳои Конибодом ва Ниёзбеку Маҳраму Кучкаку Маданият, ки хафа нашавед, чунки одами дузд бояд ҷавоб диҳад. Хоҳ ӯ тоҷик бошад ё узбек бошад. Дар назди қонун ин гуна нест,ки “ман узбакам, ман шох дорам”.

Ва дар охир паёме дорам ба шӯъбачаи милисаи ҷамоати деҳоти Лоҳутӣ. Камтар бошад ҳам мардумро назорат кунед. Хеле дуздӣ бисёр шудааст. Баъди чопи номаҳои қаблӣ, аз тарафи “бародарони ӯзбек”, ягон узбекро таҳқир накарда, аммо  узбеки дузд ва ҷинояткор ва ё тоҷик бояд ҷавоб гӯяд. 

Бародар Муҳаммадиқбол!

Илтимос нашр кунед, инҷо аллакай облава сар шуд. Боз бароятон менависам.

                                    Конибодом

Ассалому алейкум бародари гиромӣ Муҳаммадиқболи Садриддин!

Ман як зани пиронсол аз маркази ноҳияи Конибодом ҳастам. Ман шикояти кутох ва мухтасар дорам аз болои кормандони “паспортный стол”-и Конибодом.

Ҳангоме барои паспорт гирифтан онҷо рафтам, манро хеле бо дашномҳо таҳқир карда нисбатам беҳурматӣ ва қонуншиканӣ карданд.

Ман зани пир астам ва гӯшҳоям хуб намешунавад. Вақте ман онҷо ҳозир шудам, дар даруни долон навбат ва хеле ҳам бетартибӣ буд. Як корманди онҷо, ман номашро намедонам, аммо метавонам ӯро описать карда, ки хеле фарбеҳ ва айнакдор буд, нисбати ман ва даҳҳо нафари дигар дурушту дағал рафтор кард. Онҷо ҷавонҳо ҳам навбатро риоя намекарданд. Ман одами солхӯрдаам, метарсам ба онҷо рафтан, чунки ман бояд шиносномаи худам ва бачаҳову набераҳоямро гирам.

Он одами фарбеҳ манро хеле таҳқир кард. Ман забону гӯиши ӯро нафаҳмидам. Барои ин ӯ манро хеле дашном кард ва паспортамро ба рӯям зада манро аз кабинеташ бо тела-тела, яъне бо истифода аз қувваи ҷисмонӣ берун кард. Боз ба ҳамон очереди бетартибу “без порядок”-ашон маҷбур баромадам ба коридори без порядок ва 4 соати дигар онҷо мунтазири навбат рост истодам. Пас ман фаҳмидам ки онҷо “дополнительно” пул додан даркор будааст, барои шиносномаро зудтар гирифтан.

Хитобам ба ҷавонони ноҳияи Конибодом! Баргардед аз Русия ба ватан, мо хаста шудем аз ин корҳои нисбатамон аз тарафи инҳо анҷом ва сурат мегирифта. Ҷони мо барои инҳо ягон арзише надорад.

                                             Хуҷанд

Салом ҳазрат! Аз дохили фурудгоҳи шаҳри Бӯстони Хуҷанд ба шумо навишта истодаам.

Ман то ба ин лаҳза мухолифи Раҳмонови гарданбалонигазӣи набудам. Аммо муносибате, ки натанҳо бо ман, балки бо ҷавонҳо, занҳо ва пиронсолҳо сурат гирифт, ҳамаи моро ба сафҳои мухолифин якҷой кард.

Дар фурудгоҳ мардумро ба монанди зиндонҳои Амрико, хеле зулму фишору шиканҷа карда истодаанд.

Аз хурд то пир, аз ҷуроб то муйи сараш проверка карда истодаанд.

Агар аз телефон ягон чиз ёфт шуд, зуд пул талаб мекунанд, набошад дар худи онҷо боздошт мекунанд.

Онҷо асосан «бачаҳакои боло»-янд  ва як хуҷандӣ ҳам ҳаст. Асосан вай бо мардум саволу ҷавоб мекунад.

Мегуяд: «Чува Тоҷикистонба омадид, аз мобилизатсия гурехтидми?  Тоҷикистон ганда ку, светаш нест, президенташ фақат дар фикри маҳалли зисти худаш, чува Россияро партофта омадӣ”.  Вай хеле допрос мекунад мардумро. Ва мо мардум намедонем ба ин саволҳои вай чӣ ҷавоб диҳем.  Охир мо ватани худамон омадем. Свет дорад надорад, президент дар фикри маҳалли худаш ҳаст нест, пеши зану бачаҳоямон, падару модар, ёру бародар ва хонаву дари худамон,  ватани худамон омадаем.Намедонем ин хуҷандии «бомаданият»-и аммо аблаҳро инҷо кӣ пурсанада монда бошад? Магар барои омадан ба хонаи худ саволу ҷавоб кунем?

Мо аз як коргари Худо тарси фурудгоҳ савол кардем, ки инҷо чи гапу хабар аст? ӯ гуфт ” фармон ай ҷанобай, бояд шумо будикора бештар безарар гардонем” 

Телефонҳоро ҳама ҷояшро мекобанд ва мепурсанд “чиба Ютубда даромадаӣ , чида тамошо кади? Тъ чи хоини? Фалониача, ана ҳамин миқдор сум мети мода, озодт мекнем”…

Бародар Муҳаммадиқбол. Ман дигар ба Тоҷикистон намеравам.

                                          Гулистон

Салом бародар Муҳаммадиқбол! Нома аз Гулистон-Қайроқуми пешина. Дар Гулистон облаваи сахт сар шудааст. Кормандони мақомот ба монанди “акулаҳои” бе об монда бачаҳои синфи 11 ва донишҷуёнро хеле азоб медиҳанд. Онҳо бо сад иҷбор ҷавононро барои худ буз ва информатор месозанд, барояшон бисёр чизҳоро бардуруғ обешат мекунанд.

Аммо фарзандҳои худи ин «бачаҳакои боло»,ки дар шаҳри мо мисли муру малах зиёд шудаанд, аз хизмат ҳамашон озоданд ва ҳатто аз пул додани IMEI ҳам озод мебошанд. То ин дараҷа набудагист. Зулми ин ҳукумати мардуми як маҳал аз муғулу аз дигар ғосибон ҳам гузаронд. Дар зодгоҳи мо, дар ватани худи мо, моро азият ва ғам дода истодаанд. Инҳо инҷо ҳамаро нашъаманду бангиву герчик карданд.

Ҳоло бошад барқхомӯшкунӣ хеле сахттар шудааст. Намедонем ин азоби мо то ба кадом сол давом мекунад.

Инҷо номи яке аз бачаҳаки болоро мегӯям. Вай хеле дуруя ва бузи орангутан аст ва хислати одамфиребӣ дорад. Вай ба бачаҳо савол медиҳад, ки дар бораи Исо Масеҳ чи хондед?

Номаш Васфишоҳ аст. Вай аз Душанбе нест, аз дигар минтақаи Тоҷикистон аст, бачаҳоро хеле азоб медиҳад.

 Ба бачаҳои информатораш вазифаҳо медиҳад. Вай ба мақомоти Гулистон, Бустон ва Хуҷанд доля медиҳад. Барои ҳамин ба ӯ иҷозат аст ки ин корҳояшро анҷом диҳад. Вай насрониҳои Гулистонро ҳам кришават ва ҳам бузӣ мекунад. Ҳамроҳаш чанд рус ҳам мегардад. Кайфу сафо кардан дар дарёи Сирро хеле дӯст медорад, кайфу сафо кардан бо духтарҳои мардуми бечораи Гулистон ҳам яке аз машғулиятҳояш аст

Сардори ҳама мақомоти Гулистон, ки аз тарафи аппарати Президент таъин мешавад, кадрҳои кулобӣ аст.  

Айни замон Қофлончик дачаи сеюмро барои чемпионкаи кабанхурак сохта истодааст.

Ва дар охир гуфтаниям, мардум эҳтиёт бошед аз облаваи мақомот ва бузҳои орангутангаш.

Мо намедонем шумо аз ноҳияи Гулистон нома нашр мекунед ё не, аммо шумо бародари моед ба ҳар ҳол. То дидор дар рӯзи озодшавии Суғд, дар Душанбе.

                                       Қабодиён

   Салом бародар Муҳаммадиқбол! Ман пинҳон намекунам. Саводи кофӣ надорам. Аммо ба шумо чанд масъаларо мехоҳам гуям. Аз деҳаи Навобод, совхози Тоҷикистони Қабодиён менависам. Инҷо ҳама номардиву беадолативу ғиромиву беномусиву зулм ҷараён дорад. Раиси ҷамоат Волид Нодиров ва кумитаи маҳал Додарбек ва имомхатиб Саидаҳмад Шарипов аст. Аз дасти ин раиси ҷамоат ягон духтари обод намонд. Пеш аз ин падараш раиси ҷамоат буд. Ӯро аз кор ронданд, кам монда буд, ки ҳабс бишавад. Мулло Саидаҳмад руирост таҳдид мекунад, ки «гапзанта мебаранд».  Дар мавъизааш мегуяд, ки кадоме хизмати ҳарбӣ намеравад кофир аст. Аммо бачаи худаш намеравад. Додарбеки кумитаи маҳалла ва Волид Нодирови раиси ҷамоат «облава»-ро манбаъи даромади муфт кардаанд

 Дар барномаи №249 дар бораи Қабодиён гуфтед. Дар бораи раиси ҷамоати мо ҳам ҳатман гап занед. Он қадар аз худ рафтагӣ аст ки мегуяд «любойтата фалон мекунам».Вай ҳамроҳи ҳоҷӣ Раҳматуллои додараруси Эмомалӣ Раҳмонов аст. Аз номи вай мардумро метарсонад.

Ин имомхатиб корҳои ғайриахлоқӣ мекунад, аммо намедонад, ки як духтараш ба ҳамаи ҷавонҳо ҷура аст. Мардуми намозхон мегуянд, ки ин намозҳои мо чи мешуда бошад, ки аз қафои як чунин даюси фосиқ намоз мехонем.

Духтараш бе падар фарзанд ба дунё овард. То ҳол падари фарзандашро маълум карда наметавонад. Аз ин дида шармандагӣ ҳам мешавад? Боз ин мулло, агар рафту никоҳро ягон муллои дигар кунад, рост ба мақомоти милиса ва амният хабар мекашад. Мегуяд, ки фақат ман ҳақи никоҳ карданро дорам. Ягон кас аз дасти Сайидаҳмад никоҳ намекунад. Аҷаб давру замонае шуд.

                                        Душанбе

Салом бародар Муҳаммадиқбол!

Ман аз Душанбе ҳастам.  Ҳоло дар …. Русия мебошам ва таксӣ кор мекунам. Чанд вақт пеш тахминан 18-19 январи соли ҷорӣ амаки зани Рустами Эмомалӣ вафот мекунад. Салоти ҷанозаи вайро дар масҷиди Ҷарқишлоқ-Панҷруди Душанбе баргузор мекунанд.

Ҳамаи дворникҳои бечораро маҷбур кардаанд, ки полности ҳамаи территорияро уборка кунанд, бечора дворникҳо дар даводав афтодаанд.
Аввал номаълум будаст, вале баъдтар маълум мешавад,  ки майит амакии зани Рустами наркоман аст! Дар 91 мкр зиндагӣ мекард, Нурали мегуфтанд.

Даври бари масҷид пури милисаву амният, чопику мелесидагиву дузду ғоратгар. Ним зиёдаш аз дари масҷид берун ждат доранд: на намози фарзӣ ва на ҷанозаи авлоди пешпои ҷоҳилшонро хонданд.
Бародар Муҳаммадиқбол, рости гап ман намедонам, ки дар авлоди ин ҳоҷии чандкарата Эмомалии алкаш ягон кас намоз мехонад ё не,ҳамчунин намедонам, ки ин Нуралӣ дар корҳои ҳароми бачаи Майрами гӯрсӯхта, ё ки домоди гунги нарикшон-Рустам ягон движени мекард ё не вале медонам ва дидагӣ ҳастам, ки инсони намозхон буд, масҷид меомаду мерафт!
Дар намози аср ҷаноза карданд. Ҳамаи мардуми дар ҳамон террориторияи   Нуралӣ зиндагӣ мекардагӣ ҳамин гапро заданд, ки аз саҳар омаданду деворҳои домҳоро краска ва хушрӯ карданд, ки яке дили пешвои номуҳтарами ҷоҳил «нашура» боз. Барои онки Аллоҳ шоҳид аст ,он домҳоро мумкин, солҳои 80-ум сохта буданд, то ҳозира ягон намуд таъмирро дидагӣ нестанд.  Ман дар наздикиаш як 5-6 дом онсутар зиндагӣ мекунам. Ягон бор надидам, ки таъмир карда бошандашон.
Мардуми аз масҷид баромада ҳама хандида, чуқ-чуқу пуқ-пуқ доранд, ки эҳе… ин об- заниву рубу чубу тозагиро бин!
Барои онки ба водовоз омада раҳро полности об задааст ва  ҳамаҷоро бечора дворникҳо руфтаанд. Аммо ҳамин қадар фоида ба мардуми ин територия, аз ин авлод расид, ки ба баҳонаи мурдаи якеаш ҳамаҷоро шустанду руфтанду ранг заданд. Вагарна, даруни ҳамаи ҷуйборҳои ин территория пури мусур ва ҷазир буд! Акнун мардум аз ҳавои тоза нафас мекашанд
Як , ду чизи дигар ҳам аз ҳамин проблема гап заданиам.
Дар он ҳудуд соли гузашта роҳ сохта ва ба истифода дода буданд.

  Роҳ аз Калинин сар мешавад ва ба пеши госпитали МВД  мегузара ва рост поён тарафи сафорати Германияву Афғонистон меравад.
Дар мобайн эстакада мавҷуд ҳаст, роҳи 82мкр ва Қараболо. Гап дар ин аст ки роҳе, ки сохтанд ва ҳуй карданд, роҳи пиёдараваш ранги роҳҳои баъд аз ҷанг аст. Плитаи хобонидаашон як хел ҷойҳояш осадка додагӣ, роҳ як нима шудааст. 
Як хел ҷойҳош уже тамоман рехтагӣ. Аз ҳама ҷои ҳам хандовару ва ҳам аламовараш ин аст ки дар рости доме, ки ҳамин Нуралли амакии зани Рустами нарик зиндагӣ мекард, аз дигар тарафи роҳ, трубаи оби нушокӣ кафидагӣ буд. Аз моҳи августи гузашта буд, агар хато накунум, то он рӯзе, ки ин одам гузашт, об просто мерафт. Мардуми он территория мегуянд, ки борҳо гуфтем ба водоканалаш ҳам ва ба ЖКХ ҳам аммо касе нашунид ва ягон кас наомад, ки соз кунад.

  Шаби панҷшанбе 18.01.2024 соати 11 ё 12 –и шаб омаданду то соати яки шаби 19.01.24 сразу соз карданд, ки он петухи гунг меояд гуфта. Дар пеши он ҷо, ки трубаи об кафидагӣ буд, як мусурка ҳаст. Ба гуфтаи худашон, ки замонавӣ.  Аммо  мусурка дар заминҳо як ҳаёт чошу тит додагӣ буд. Бовар кунед буи фермаи хук мекард.

 Як тои дигар ягон 30-40 метр поёнтар аз тарафи хонаи ҳамон шахси муда ҷой гирифта буд. Онаш аз инаш бадтар ҳаст. Аммо ҳамон шаб, бовар мекунӣ ё не, омаданду он территорияро бо мусуркаҳо лесиданд.  Маълум аст, ки бечораҳои дворникҳоро маҷбур аз шаб хар барин кор фармудаанд. Аммо ҳозир боз ҳамон аҳвол аст, ҳамон мусуркаҳо ранги пешина.
Як чизи дигар ҳам фаҳмидам. Ба як гуфтае, зани ҳамон гунги нарики Рустамро, ҳамин Нуралӣ калон карда будааст.
Рости бояд ҳақиқатро гап занем. Кадом одамеро, ки пурсидум дар бораи ҳамин Нуралӣ, гуфтанд инсони ботақво ва боимон буд. Ва дасташ ба бачаҳои онмаҳал ҳам зиёд расида будааст ва ҳамаашон гуфтанд, ки инсони хуб буд.
 Агар инсони боимон буд мо ҳам ба бадиаш нестем. Аллоҳ раҳматаш кунад.
Аммо то ягон кас аз ин авлод намурад дигар мардум ҳақи дар ободӣ зиндагӣ карданро надорад?!
Як иловаи дигар.
Ин шахс-Нуралӣ шаби панҷшанбе мурда буд. Аз сабабе, ки рӯзи ҷумъа дар масҷид одам бисёр, ки буд, ин пешпои педофил ва нарики касифи бачааш “ридан”,ки пешнамози ҷумъа кунанд ин одамро. Ждат карданд намози ҷумъа гузашт. Дар намози аср дар масҷид одам камтар аст. Баъд оварданду ҷанозааш кардану бурданд. Гуфтанд, ки гунги нарики Рустам он рӯз аз саҳар се бор омадаасту рафтааст. Аммо бачаи Майрами гӯрсӯхтаро нафаҳмидам, ки омада буд ё не!                         

                                          Кулоб

Салом бародар Муҳаммадиқбол! Беш аз 20 сол дар сохторҳои ВКД кор кардам. Рутбаи подполковникӣ дорам. Шумо дар бораи Шоҳрух Саидзода, сардори УУР барнома кардед. Хеле аз чизҳои гуфтаи шумо ҳақиқат аст. Ман то ҳамин чанд вақти пеш дар системаи ВКД кор мекардам. Як чизро мехоҳам дар бораи Шоҳурх бигуям. Дар ҳақиқат сабзибадаст ҳаст.

Ҳоло дар УУР як нафар ҳаст, ки Зуҳал ном дорад. Ин Зуҳал қаблан дар Исмоили Сомонӣ кор мекард. Ин Зуҳал яке аз онҳое аст ки ҷойи Олими қурутобро гирифтанд.

Зуҳал ҷияни Зуҳур аст. Пештар дар УВД-и Душанбе кор мекардааст. Як вақт як -ду корманди УУРи шаҳрро дастгир карда буданд.  Онҳо мерафтаанду дар хонаи сумдорҳо наркотик партофта подстава мекардаанд. Бар ивази пул алайҳи онҳо парванда намекушодаанд ва озодашон мекардаанд. Аммо ин кори онҳо фош мешавад ва вақти анҷоми яке аз ҳамин гуна подставаҳо ба даст меафтанд ва даҳсолӣ мешинанд. Зуҳал ҳам бо онҳо ва ҳамроҳашон буд.

Аммо вай бо Шоҳрух робита доштааст ва халос мекунад. Баъд ӯро ба шуъбаи милисаи  Исмоили Сомонӣ дар 82 мкр мемоннад. Аммо ҳозир дар УУР ҳамроҳи Шоҳрух аст. Як сағираи симпотичний,ҷавон аст. Зуҳур ҳам дар УУР кор мекунад. Вай писари Ҷурабек Нурмуҳаммадов, собиқ раиси ширкати «Барқи тоҷик» ва вазири энергетикаи Тоҷикистон аст. Мебелнийи Душанбе аз ҳамонҳо аст. Ин Зуҳул ҳамон нафаре аст, ки шумо натавонистед дар барномаатон ному насабашро пайдо кунед. Ба фикрам Солиҳов аст. Зуҳал конкретно «ҷура»-и Шоҳрух аст. Шабурӯз ҳамроҳаш аст ва шабҳоро маҳз Зуҳал дар утоқи дарунии Шоҳрух дар УУР саҳар мекунад. Таваллуди Зуҳал ё 92 ё 93 аст. Ба эҳтимоли зиёд Зуҳал ба воситаи Зуҳур бо Шоҳрух шинос шудааст. Чунки Шоҳрух бо Зуҳур пештар робита дошт. Зуҳал як уголовники «парастой» аст, аммо «ҷура»-и наздики Шоҳрух. Инҳо ҳамаашон «Ислоҳ»-ро тамошо мекунанд. Аммо то ҷое фаҳмидам ҳоло ҳамаашон, махсусан худи Шоҳрух сахт «осторжно» шудагианд. Баъди баромадани гапу калочаи Ҳабиб-телехи Рустам ба дараҷае тарсидагианд, ки бо худ ҳатто пичпич мекунанд. Ожидат надоштанд, ки Ҳабиб ва гапу ҳарфаш то индараҷа мебарояд. Худи Ҳабибро чор бори дигар фарёд карда ғам додаанд. Фикр мекунанд, ки хешони Ҳабиб ин маълумотро ба«Ислоҳ» расонидаанд. Инҳо фикр мекунанд, ки ҳар коре инҳо кунанд иҷозат аст ва махфӣ боқӣ мемонад. Вале инро намефаҳманд ва қабул карданӣ нестанд, ки мардум аз онҳо кайҳо безор шудаанд.



 .

Share This Article