Шамсулло хонаҳои мардуми Кулобро сӯхт, масҷидҳои Кулоб онҳоро бунёд мекунанд.

Ислоҳ нет

     «Фонди раиси ҷумҳури Тоҷикистон як дирам ҳам надод, мо маҷбур ҳастем, ки ин хонаҳоро зимистон нашуда худамон сохта ба соҳибонашон супорем».

  Дар масҷиди ҷомеъи шаҳри Кулоб, ки имомхатибии онро Муллоҳайдар Шарифзода ба уҳда дорад ин ҳарфҳо дар ҷамъи чанд нафар аз намозгузорон садо додааст. Яке аз масъулини ин масҷид, ки аз вай ном бурда намешавад ҳамчунин бо зарда ва лаҳни дурушт гуфтааст «агар ин ҳодиса дар Данғара руй медод, кайҳо худи Шамсуллои домоди ҷаноб сохтмони хонаҳои мардумро дар танҳоӣ ба гардан мегирифт».

Вай гуфтааст, ки аммо ҳоло моро «маҷбур карда истодаанд, ки аз масҷидҳои калон 6 ва аз масҷидҳои майда 4000 сомонӣ ҷамъ оварем».

Ин домулло, ки исму насабаш пеши мо маҳфуз аст барои он аз Шамсулло (Шамсулло Соҳибов-раиси ширкати «Фароз», шавҳари Рухшона Раҳмонова, сафири Тоҷикистон дар Бритониёи Кабир ва духтари Эмомалӣ Раҳмонов) ном мегирад, ки ҳодисаи садамаи пурқурбонии Кулоб тавассути «Дулан»-и ширкати Фароз, яъне ширкати Шамсулло Соҳибов рӯзи 6 августи соли ҷорӣ руй дода буд ва ҳоло, ки беш аз як моҳ ин ин фоҷеа сипарӣ мешавад, на аз тарафи Шамсулло ва на аз тарафи худи Раҳмонов ба мардуми зарардида кадом кумаке расонида нашудааст.

  Дар ҳоле, ки дар ҳамон рӯзҳои аввал Раҳмонов ваъда ва супориш карда буд, ки ин хонаҳо аз ҳисоби Фонди Президенти Тоҷикистон сохта ва бо тамоми ҷиҳози зиндагӣ таъмин ва сипас ба соҳибонаш тақдим карда мешавад.

 Мо, инҷо аз онки яке аз ин хонаводаҳо, ки рӯзи қабл аз мотамхона шудани хонаашон туй доштанду хонаашон туйхона буд, чизе намегуем. Ин ба инсофу виҷдону имони Шамсуллову хусураш ҳавола мешавад.

    Аммо, кас ҳайрон мешавад, ки чаро Раҳмонов ва фонди вай, ки пули ин фонд ҳам пули халқ ва аз бюҷети давлат аст, барои сохтани ҳамагӣ чор хонаи халқи Кулобро қуртуқҷафак карда истодааст.

   Ҷойи ҳайрат ва нигаронӣ аст ки фонди президент барои чопи китоби «Тоҷикон» 137 миллион сомонӣ ҷудо карда тавонист, аммо барои чор хонаи кулобӣ пул надорад.  Бале ҳамагӣ чор манзили зист! Барои он ба чопи ин китоб 137 миллион сомонӣ, бештар аз 13миллион доллар ихтисос дод, ки он китобро чопхонаи Шамсулло Соҳибов нашр кард ва аз чопи он бо ҳисоби аз ҳама арзон 70 миллион сомонӣ яъне 7миллион доллар даромади соф ба даст овард. 70 миллион сомонӣ!!! Аммо ҳоло барои сохти чор хона, ки мошини Шамсулло заду харобу валангор ва туйхонаро ба мотамхона бадал кард, фонди Раҳмонов пул ҷудо намекунад.

   Ин хонаҳо, бинобар муҳосиботи раиси шаҳри Кулоб ҳар кадоме 300.000 сомонӣ арзиш доштааст, яъне камтар аз 30.000 доллар ва агар хароҷоти ҳар чаҳорашро ҷамъ бикунем мешавад наздики120 ҳазор доллар, камтар аз 1.200.000 сомонӣ. Барои сохти ҳамин чаҳор хона раҳи Фонди Президент бастааст, вале барои онки Шамсулло фоида ба даст оварад вай санади ҷудо кардани 137 миллион сомониро чашмаш напарида имзо кард ва Шамсулло ҳам, чуноне гуфтем аз ин «шедрая душа» дар як мижа задан 70 миллион сомонӣ «кор» кард.

     Хуб, мо мардуми мусалмони тоҷик, ин фоҷиаи бар сари хонаводаҳои кулобӣ омадаро, аз сарнавишт ва тақдир медонем. Ва, бо ҳамин худро таскин медиҳем. Вале, мақомоти давлати дунявӣ, ки ба сарнавишту тақдиру қисмат бовар надоранд, чаро дар инҷо «светский» фикр ва амал намекунанд?

 Бинобар додаҳои интернет ронандаи он мошин, ки мусаббаиби хисороти ҷониву молӣ шуда ва худаш ҳам ҷони ҷавонашро аз даст дод, на таҷриба доштаасту на праваи ронандагӣ. Ва нуқси техникии он мошини Дулан, қабл аз онки ба роҳ барояд, ба соҳибони ширкат маълум будааст. Тормози он, як қисмати асосии мошин, ки ҳаёту мамоти мошину ронанда ба короии вай вобаста аст хароб будааст. Гузашта аз ин, боре, ки дар он мошини бо ядак, притсепдор ҷогир кардаанд, аз меъёр хеле ҳам зиёд будааст.

 Мардум дуруст мегуянд ва мантиқ ҳам ҳаминро тақозо мекунад, ки бояд ҳамон ширкати соҳиби мошини «Дулан» хисороти расинида, аз ҷумла барои бунёди хонаҳо ба мардуми бехонумоншударо бипардозад. Ба баёни содатар ҳамин ширкат муваззаф аст, ки барои ин чаҳор хонавода манзили зист бисозад.

 Аммо, чуноне хабарҳо ба мо мерасад мақомоти шаҳри Кулоб масоҷид ва мардумро маҷбур карда истодаанд, ки барои бунёди ин хонаҳо пул бидиҳанд.

 Воқиан ҳам кас дар ҳайрат меафтад. Имрӯз Раҳмонов болои мардуми Кулоб, ки ба туфайли ҷонбозиҳои онҳо Раҳмонов сар қудрат омадааст, ҳоли ҳатто аз бачаи угай бадтарро доранд.

Тамоми ободиҳо дар минтақаи пешини вилояти Кулобро дар Данғара карда мақому манзалати Кулоб, ки саввумин бузургшаҳри Тоҷикистон ҳаст аз назарҳо уфтонда истодааст.

   Мардуми дигар манотиқи кишвар ин ҳукуматро ҳукумати кулобиҳо мегуянд. Дар асл ва амалан ин ҳукумат ҳукумати ҳаммаҳалҳову авлоду хонаводаи худи Раҳмонов аст, ки ба Кулоб дахл надорад.

  Кадом кулобӣ ҳоло дар ҳукумати Раҳмонов мансаб ва мақоми баланд дорад? Магар раиси шаҳри Душанбе кулобӣ аст? Магар раиси Дастгоҳи иҷроияи президент кулобӣ аст? Магар вазири дохила, раиси КДАМ, вазири мудофиа кулобӣ аст? Ҳамаи инҳо фарзандони худи Раҳмонов ва ҳаммаҳалҳои худи Раҳмонованд.

Чанде пеш барои мо номае расида буд, ки мехостем дар барномаи «Номаҳо аз ноҳияҳо» ҷой бидиҳем. Вале, ба назар мерасад, ки ҷойи он дар ҳамин қисмати ин навишта аст:

  «Як ҳодисаро бароятон нақл мекунам. Худам дар он бевосита иштирок карда будам. Вақте Толибон ҳукуматро гирифтанд ва панҷшериҳо эълон ба муқовимат карданд, мо чанд нафар аз кулобиҳоро ба дастонамон автомат дода воҳима андохтанд, ки мо тоҷикему омодаем аз тарафи Аҳмадшоҳи Масъуд ба ҷанг биравем. Бовар кунед, ки ин ҳамааш як дуруғ ва як спектакли ҳамин ҳукумат буд. Ҳиҷ кас ҷанг Афғонстон рафтанӣ набуд. Ин як воҳимаву бозӣ буд, ки моро –кулобиҳоро истифода карданд. Аммо як чизро бигуям, ки онҷо хелеҳо наркоманҳо шиштагӣ буданд ва онҳоро оварда дар дастонашон автомат дода буданд. Дар  онҷо ба дасти  20 нафар  силоҳ дода буданд, ки ман ҳамаашонро  хуб  мешиносам, ки онҳо  чихел  шахсият  буданд. Ҳамааш дар вақташ  наркобизнес  буданд. Онҳоро милисаву амният дастгир ва бузашон карда буданд.  

Ман, шахсан шоҳид будам, ки чи хел хонаи Салмон Лангариро омада заданд. Ягон афғону ягон каси бегона онҷо набуд. Ба бобои Салмони мусафед раҳм накард Эмомалӣ Раҳмон. Бобои Салмоне, ки барои Раҳмонов ҷанг кард.

  Ёқуб Салимов ҷонашро барои муҳофизати Раҳмонов дар хатар андохт, гирифту зиндонӣ кард.

   Магар дар Кулоб ягон кадр нест, ки раиси шаҳри Душанбе ё роҳбари дастгоҳ ё вазири мудофиа ё ягон мансаби калонро гирад. Ҳамаашро ба худашу бачаҳои худаш додааст.

Аммо, дар пеши чашми мардуми Кулоб Абдуқаҳҳорро куштанд ва агар мардум ошуб намекрад, эътироз намекард, қотилони Абдуқаҳҳор дар озодӣ мегаштанд. Мардум маҷбур кард баъд қотилони он ҷавони номуродро зиндонӣ карданд.

Ҳоло Кулоб чи камӣ дорад аз Данғара? Дар Данғарае, ки 30 000 сокин надорад, чор Донишгоҳи давлатӣ барои чӣ даркор?

Кулоб, ки аз таърих ва аз давраи СССР маркази маъмурии минтақа буд, аммо инҳо омаданду онро кам гирифтанд, шаҳри музофотиаш карданд.

Ҳоло ман аз ҳоли зори наздикони Сангак, аз онки зани Сангак чи азобҳо мекашад, аз онки бачаашро ҳукми абад дод, домодашро ҳукми абад дод чизе намегуям.

Барои ҳамин вақте мегуянд: ҳукумати кулобиҳо ва ҳукумат кулобизатсия шудааст, дардам мегирад. Чун воқеият ин тавр нест”.

Ҳоло, акнун барои чор хонаи истиқоматии одӣ Раҳмонов ва фонди вай ба кулобиҳо пул ҷудо намекунад ва боз худи мардуми кулобро «заставит» карда истодааст, принудителном порядке фишор оварда истодааст, ки ин хонаҳоро бисозанд.

 Чаро Раҳмонов ба Шамсулло дастур намедиҳад, ки хонаҳоро бисозад? Исмоили набераи дастбахайри Раҳмонов барои маъракаи бузкашӣ садҳо ҳазор доллар ҷоиза монда метавонад, чаро ҳоло сукут кардааст?

Соли 2010 ҳам ба Кулоб сел омад. Аз авлоди Раҳмонов як касе ҳам пайдо нашуд, ки ҳатто як хона бисозад. Зайд Сайидов 12 адад хона сохта дода буд ва писари Иззатулло Ҳаёев Исматулло дуто сохта буд ва Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ҳам ба мардуми офатзадаи Кулоб кумак карда буд. Аммо ҳоло ҳам Зайд, ҳам Исматулло Ҳаёев ва ҳам даҳҳо нафар аз роҳбарияти ҲНИТ дар зиндонҳои Раҳмонованд. Мутмаинан агар ин инсонҳо ва ҲНИТ дар саҳна буданд, ин чаҳор манзили зисти бародарони ғаюр ва бо мусибат печидаи кулобиро барвақт сохта медоданд.

 Ҳатто маблағи сандуқҳои хайрияи масҷидҳои Кулобро ҳукумат мегирад ва танҳо барои имомхатибон аз лаби он 700 сомонӣ маош медиҳад

Дар воқеъ номаи ин сокини Кулоб пур аз изтиробу дарду алам аст. Муаллифи ин нома менависад:  “имрӯз барои бунёди хонаҳо ба мардум фишор оварда истодаанд, заставит карда истодаанд. Маблағро ба зӯрӣ ҷамъ карда истодаанд. Аз масҷидҳо маҷбурӣ. Касе тиҷорати хурд дорад, калон дорад, сартарошхона, музадузӣ, нонвой, таксист, дукон дорад, аптекачӣ ҳамаи онҳоро маҷбур карда истодаанд, ки пул бидиҳанд. Аз маоши коргарон, духтур муаллиму кормандони ҷамоату ҳукумату налогу дигару дигар маҷбур пул дошта истодаанд. Болои масҷидҳои калон 6000,масҷидҳои хурдтар 4000 сомонӣ грузит карда итодаанд”.

Инҷо ҳам мардуми Кулобро Раҳмонов боз ҷудо кард. Зарари расонидаи мошини домоди ӯро аз кисаи худи кулобиҳо ҷуброн карда истодааст. Муллоҳо намозхонҳоро маҷбур мекунанд, баъзеашро зораву тавалло доранд, ки «агар надиҳед, масҷидҳоямонро маҳкам мекунанд».

 Муовини раиси Кулоб Орзу Ҳамидиён ба расонаҳо гуфтааст, ки шаҳрдори Кулоб ба бехонашудаҳои ин садама дар маҳаллаи Дустии шаҳр, ки ба хонаҳои ҳамакнун тахрибшудаи онҳо наздик аст ҷойи сохтмон ҷудо кардааст ва як ширкати маҳаллӣ бунёди ин манозилро бар уҳда гирифтааст:

 «Аз ҳисоби ҳукумати ин вилоят ва шаҳри Кӯлоб ба осебдидагон ба маблағи 285 ҳазор сомонӣ кумак расонида шуд. Гуфта мешавад, ки аз ин ҳисоб 185 ҳазор сомонӣ кумакҳои молӣ ва ғизоӣ буда,100 ҳазор сомонии дигар барои сохтмони манзилҳо пешбинӣ шудааст».

  Яъне, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар Кулоб, ҳамин миқдори маблағро ҷудо кардааст. Ҳоло бубинед, ки мақомот пул ҷудо кардааст ва ваъда ҳам супоридааст, ки месозад. Пас, ин пуле, ки мехоҳанд аз масҷид, ташкилоту муассиса ва тоҷирон ҷамъоварӣ кунанд ба хотири чӣ аст?

Ё инки ҳарфи мақомот дар мавриди кумакҳо дуруғ аст ё инки ин пулҳоро барои ҷайби худ ҷамъ мекунанд.

Ба гуфтаи муовини раиси шаҳри Кулоб 100 ҳазор сомонӣ барои сохти хонаҳо ба ҳар як хона ҷудо карда шудааст.

Ҳоло агар ба ин чаҳор хонавода 100.000 дода бошанд, пас барои ҳар кадоме аз онҳо боз 200.000 сомонии дигар бояд дода бишавад, чун баҳои сохтмони хонҳо 300.000 сомонӣ баровард шудааст.

Бинобар навиштаи «Озодӣ» дар минтақаи Кулоби вилояти Хатлон феълан 75 адад масҷид, ки 64 тои он панҷвақта ва 11тои он ҷомеъ аст амал мекардааст. Аз масҷидҳои ҷомеъ 6 ҳазор сомонӣ, ки 11 адад аст 66000 сомонӣ мешавад ва аз 64 масҷиди панҷвақта  4ҳазор сомонӣ, ки 256 ҳазор мешавад ва дар умум пули ҷамъмеовардаи масҷоиди Кулоб  322 ҳазорро ташкил медиҳад, ки яке аз ин чаҳор хона бо ин пул сохта мешавад. Агар ин 100.000ии мақомоти шаҳри Кулобро ба инобат бигирем 400.000 сомонӣ мешавад, яъне боз як хонаи дигар сохта мешавад. Пас мемонад ду хонаи дигар. Пурсиш ин аст ки пас  Шамсуллои домоди Раҳмонов, соҳиби он «Дулан» чи кор бикунад?

  Наход барои Шамсуллову Раҳмонов 600.000 сомонӣ камтар аз 60.000 доллар пуле бошад, ки дода натавонанду барои он тамоми мардуми Кулобро  каштал бигиранду гиребон даронанд?

Фонди Президенти Тоҷикистон барои ҳамин рӯзҳо даркор нашавад, пас барои чи даркор аст? Бовар кунед дар бистари беморхона ин ҳама зулмҳои Раҳмоновро фикр кардаму хело дардам кард. Хуб бало паси Ғармиву Суғдӣ ва Бадахшонӣ охир Кулобӣ не ку!

Ин ҳама зулму фишор боз ба кӣ ? Ба Кулобӣ! Он мардуме туро аз як раисии колхоз ба раёсатҷумҳурӣ расониданду барои расидани ту ба қудрат даҳҳо ҳазор ҷавонони тану мандаш худро фидои ту  кардаву ҷон бохтанд. Магар ин аст хидмати ту ба ин мардум?

Share This Article