Номаҳо аз ноҳияҳо ба «Ислоҳ.нет» №164

Ислоҳ нет

Нишастҳои хабарии мақомоти масъули Тоҷикистон ба анҷом расид, аз ҷумла мулқоти рубаруи масъулини вазорати дохилаи Тоҷикистон. Дар нишасти навбатии вазорати дохилӣ Рамазон Раҳимзода, вазири дохилӣ, ки ҳам шоиру ҳам драмматург аст ва бо тахаллуси Ниҳонӣ мадҳияҳои зиёде дар васфи Раҳмонов навиштааст ширкат надошт. Вай шояд дар таътил буд, шояд дар ягон сафари хидматӣ.

Аммо Абдураҳмон Аламшозода-Бузмаков ин нишастро гузаронд. Вале дар суолҳои рузноманигорон посухҳои мушаххас ва қонеъкунанд надод. Масалан ҳамин ҳодисаи куштори занҷираии дар соли ҷорӣ дар Конибодом рухдодаро тавре посух дод, ки мардуми одиро қаноат дода натавонист. Номаи аввали ин нашри барнома бо ҳамин масъла марбут аст:

                                             Конибодом
Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқбол! Зиёд гапро кашол намедиҳам, мағзи гапро мегуям. Гуфтаниам, ки Абдураҳмон Аламшозодаи муовини вазири дохилӣ руяшро сиёҳ мекунад. Гуфт, ки ду оилаи аз 7 оилаи кушташуда дар Конибодом аз муноқишаҳои оилавӣ кушта шуданд. Вай ин ҳодисаҳоро «қатлҳои муқаррарӣ» гуфт. Ин муовини вазир 100% дуруғ мегуяд.

 Юсуф Раҳмон, Прокурори генералӣ ва СС.Ятимов, раиси КДАМ ҳам инҷо омада буданд. Ду ҳафта зиёд дар ҷои мо интернет набуд. Агар ин муноқишаҳо ва ин кушторҳо муноқишаҳои дохилӣ мебуд, ҳама гапро руирост мегуфтанд. Онҳо чизеро аз мардум пинҳон карда истодаанд. Ягон вақт чунин ҳодисаҳо дар Конибодом  руй надода буд, ки тамоми аъзои хонаводаҳо кушта шаванд. Ин қатлҳои муқаррарӣ нестанд.

Худи Абдусалом Тухтасуноғлу, раиси Конибодом гапи Юсуф Раҳмонро такрор кард ва охирон номаи чопкардаи шуморо  истифода бурд.

  Палатаи ҳисоб дар нишасти охири матбуотиаш ҳамин чанд рузи пеш эълон кард, ки дар Конибодом маблағҳои зиёди буҷҷавиро аз онҳое, ки дуздидаанд,ошкоро ва қисми зиёди онҳоро ба давлат баргардонд. Аммо чаро ном нагирифт, ки ин кадом корхонаву муассиса аст ва оё Тухтасуноғлу ҳам дар ин ҷиноят шарик аст ё не? Чунки Тухтасуноғлу худро Пешвои муаззами Конибодом муаррифӣ мекунад.

 Дар бораи номаҳои аз Конибодом ирсолшуда чи бигуям? Дар бораи Ҷалиловҳо   бекор нанавишта будем. Бояд менавиштем. Як нома дар бораи кланашон равон карда будам 5 руз пеш.  

Ман боз такрор мекунам, ки бовар накунед ба Аламшозода. Ин Раҳмонов барои ошкор кардани номанависҳои конибодомӣ, ки ба isloh.net менависанд $10,000 доллар ҷоиза муқаррар кардааст, боз рутбаи нав, то ин ки милисаҳо ҳавасманд шаванду онҳоро биқапанд.

 Чизи дигар, ки фаҳмидам ин аст, ки ба Ҷалилов номаҳо сахт таъсир мерасонад.Вале вай мардумро задагӣ.Бояд дар борааш боз ҳам бинвисем. Ман шахсан маълумот ҷамъоварӣ карда истодаам.

 Вақте дар мақолаи «Раҳмонов наё Ғарм» як ҷумла дар бораи Ҷаббор Расулов хондам гирям омад. Онҳоро бо Эмомалӣ Раҳмонов муқоиса кардан мумкин нест. 

Ман дар ҳукумати Конибодом кор мекунам. Метавонам дар бораи мансабдорони порахури ин ноҳия навишта фиристонам. Ин корро дар оянда хоҳам кард.

Ако ин номая нашр кнен ҳамаги маълумот буд. Саломат бошед. 

Дар алоқа ҳастем бародар. Бег Сабур интернет дод

Охирин хабар ин аст, ки Раҳмонов ба наздикӣ Конибодом меомадааст. Барои мавриди истифода қарор додани роҳ. Аммо таърихаш маълум нест. Вале аз ҳамин ҳоло Тухтасуноғлую Қофлонбой дар тапартапар даромадаанд.

    Душанбе

 Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқболи Садриддин! Ман дар шаҳри Душанбе зиндагӣ мекунам. Ончи, ки ман мегуям, шояд барои бисёриҳо қобили қабул набошад. Худамро муаррифӣ намекунам. Аммо он чиро, ки тавассути сайти шумо гуфтаниям, мегуям. Нашр мекунед ё не ин ҳам ихтиёри шумо аст.

 Раҳмонов ва оилааш ба ин умеданд, ки агар ягон хезохези мардуми шавад, мақомот пеши роҳашро мегирад. Ё, ки армияро мехезонанд. Ҳозир дар қисмҳои ҳарбӣ ягон захира нест. Ҳама сумҳо барои захира ба зимистонро ҳам оилаи Раҳмонов медуздад. Боз вазир ва командирҳои қисмҳои ҳарбӣ муваззафанд, ки таъмин кунанд. Дар қисмҳои ҳарбӣ қашшоқӣ ва гушнагӣ ҳукмфармо аст.

Маоши корманди КГБ зури зур 3000 сомонӣ, ки ҳеҷ чиз намешавад. Мақомот дар вазорати мудофаи 123 миллион сомонӣ зиёд камбуд ёфтанд. Фикр мекунед, ки ин пулҳоро кӣ медуздад? Гуфтанд, ки 52 кас барои ин пулҳо дастгир шудаанд. Ман бовар дорам, ки сад каси дигарро ҳам дастгир намоянд, аммо дуздони асосӣ дар озодӣ мемонанд. Чунки дуздҳои асосӣ хешу табор ва одамҳои наздики худи Раҳмонованд.

Аз руи баъзе аз маълумотҳо бояд Юсуф Раҳмон раиси КДАМ ё раиси Дастгоҳи иҷроияи Президент равад. Сулаймон Султонзода, ки ҳоло раиси Оҷонси мубориза бо коррупсия мебошад дар ҷойи Юсуф Раҳмон, Прокурори генералӣ мешавад. Султонзода аз Данғара аст ва дигар инки шогирди худи Юсуф Раҳмон мебошад

  Баъди ҳодисаи Саидҷаъфар Усмонзода клани фархориҳо аз боварӣ баромад ва Раҳмонов ба СС.Ятимов гуфтааст, ки масъалаи марзро тезтар ҷамъбаст кунад. С.С медонад, ки ҷамъбаст кунад, «лингош ай ҳаво миёя». Юсуф Раҳмон бошад, кушиш дорад, ки тезтар мафияи СС-ро ғалтонад.

 Ёдатон бошад мо дар соли гузашта баъзе аз маълумотҳоро аз компютери КДАМ чоп карда гуфта будем, ки соли 2024 соли ҳалшаванда аст ва СС.Ятимов дар коркарди як кудато ва бори души Юсуфу Раҳмон кардани онро машғул буд. Ҳамаи ин корҳоеро, ки ҳозир карда истодаанд, мо соли пеш гуфта будем ва шумо ошкор карда будед. Хусусан оиди он ки писари Мансур Умаров дар бари Исмоили Пингвин аст ва маълумотҳоро ба падараш медиҳад. Оиди оне, ки С.С.Ятимов, Мансур Умаров,  Музаффар Ашуриён, Мурод Саидов ва боз чандин нафарҳо ба саҳнаи сиёсат ба кумаки Убайдуллоев омадаанд.

Аммо ҳоло кор чапа шуду Юсуф Раҳмон, Прокурори генералии Тоҷикистон нақшаҳои СС.Ятимовро тоб доду ба пойи худаш баст. Қазияи Саидҷаъфар Усмонзодаро бояд то сентябр ҷамъбаст кунанд. Аммо ҳоло боз чанд нафари дигарро кашиданианд ба ин моҷаро. Шояд боз қапоқап мекунанд. Ҳатмани ҳатман Убайдуллоевро ҳам мебаранд. Чунки Раҳмонов аз вай сахт хавф дорад. Иҷозат намедиҳад, ки ором бимонад.

  Ман ростӣ, намедонам ин гапи шунидаам дуруст аст ё не, аммо писари Убайдуллоев дар Париж, ки сафир аст эҳтимол дорад дар онҷо даъвои паноҳандагӣ кунад. Чунки вазъияти падараш соз нест.

 Дар МВД ҳам одамони як замон наздики худи Раҳмонов масалан Хуршеди ОМОНу Суҳроб Раупов, ки ҳарду генерал буданд, дур андохта шуданд. Худи ҳаминҳо, ки одамони преданний буданд, гуфтаанд, ки мо бас мекунем. Як хелаш сабабашро ин тавр мегуянд, ки моро ҳам мекушанд. Дар вақташ Суҳроб Қосимро кушта буданд. Рустам меравад дар ҷаласаи Федератсия дар гостиница бо қундоқи пистолет дар пушти сараш мезанад ва мегуяд, ки «ҷоя холӣ кун бте, ма одамои худма мемонем». Ҳамин Суҳроб Раупову онҳоро ҳам гап –гап аст, ки мекушанд. Чунки инҳо ҳам бисёр сиру асрорро медонанд. Хуршеди Амону аҷабе нест, ки ҳамин СС.Ятимовро ягон кор кунанд. Як чиз бояд бикунанд. Барои онки Раҳмонов ба ҳеҷ кас бовар надорад. Дастгоҳ ҷойи муҳим аст ва раиси Маҷлиси миллӣ ҳам. Маълум аст, ки Рустам бо муаллима –Озода дар Раёсати ҷумҳурӣ якҷо кор намекунанд. Аммо Сулаймон Султонзода ин шогирди Юсуф Раҳмон аст. Юсуф Раҳмон дар Дастгоҳ як вақт муовин  буд.

                             Кулоб

Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқбол. Ман мухлиси доимии «isloh.net» ҳастам. Ҳамеша сайтро мехонам. Дар Кулоб зиндагӣ мекунам. Ҳоло мехоҳам аз газетаи СССР як навиштаашро бароятон мефиристам. «СССР»-ро ба назарам хумори солҳои пешинааш гирифтаасту дар шумораи ахири  худ як матлаби солҳои пеш чоп кардаашро ба нашр додааст. Ин матлаби он соли 2008 аст. Ман бовар дорам, ки ҳоло ин қабил маводҳоро чоп намекунад. Он солҳо боҷуръат буд. Ҳоло тамоман дигар шудааст, нашрияи ҳукуматӣ барин. Аммо ин матлабаш мушкилотро бозгу мекард, мушкилоте, ки ҳамин ҳоло ҳам идома дорад. Матлаби мазкур таҳти унвони «Ҳасан – аробакашҳои даврони мо: Гап назанен, ки ҳамамона аскарӣ мебаран!» дар таърихи 7 августи соли ҷорӣ чоп шудааст:

 «Ҳасани аробакаш» қаҳрамони асари устод Турсунзода аст, ки дар авоили ҳукумати СССР ба cap бурдаву то ахир намехост тағйири касби пуршарафи аробакашӣ кунад. Ҳасанҳои муосир аз касби худ шарм медоранд, вале барои дарёфти қути лоямут дастаи аробаро аз даст раҳо карданӣ нестанд. Чаро? Барои посух ба ин суол ва ошноӣ бо зиндагонии ҳамсолони аробакаши худ мо вориди бозори Шоҳмансури пойтахт шудем.

Дар нуқтае, ки истгоҳи аробаҳост, ҷавонони зиёде ҷамъ омадаанд. Аксарияти аробакашҳо гуфтанд, ки аз «касби барои Ҳасан пуршараф» шарм медоранд. Aммo зиндагонӣ онҳоро маҷбур кардааст, ки партаи мактабу Донишгоҳро ба дастаи ароба бадал кунанд. Саид ном ҷавоне гуфт, ки «акнун шумо менависеду мо аз ҳамин ҷои кор низ маҳрум мешавем». Саид аслан бовар надошт, ки барои онҳо ҳукумат ҷои кор таҳия кунад. Ӯ бовар танҳо ба «клиент», чархи ароба ва зӯри бозӯ дораду бас. Насим, аробакаши дигар изҳор дошт, ки танҳо бо нияти ҷамъ овардани пули билети ҳавопаймо кор мекунад, то ба Русия ба муздурӣ равад. Дар ин маврид, яке аз ҷавонон ба шарикон гуфт, ки «гап назанен, ки ҳамата хизмат мебаран!»

Маълум шуд, ки ҳамаи мусоҳибони ман нияти тағйири касб доранд. Суоле матраҳ аст, ки чаро ишон аз касбе, ки онҳоро мехӯронаду мепӯшонад ор доранд? Шояд ин ҳавову ҳаваси ҷавонист ва ё онҳо дарк кардаанд, ки ин касб ба онҳо равшание дар пеш нахоҳад афрухт?

Байни ишон ҷавонони донишмандро низ дучор метавон шуд. Ба гунаи мисол Манучеҳр Шарипов, сокини ноҳияи Восеъ 2 сол дар Донишгоҳи исломии пойтахт таҳсил кардааст. Бо сабаби сангинии рӯзгор донишгоҳро тарк кардаву аробакаш шудааст. Манучеҳр умед дорад, ки боз донишҷӯ шавад. Ҳадафи нави аробакаши ҷавон Донишгоҳи Тиҷорати Тоҷикистон аст. Нафари дигар, ки номашро нахост бигӯяд, афзуд, сабаби усулии тарки Донишгоҳ кардану аробакаш шудани ӯ устодони ришвагир будаанд. Ин нафар гуфт, устодон аз ӯ ришва талаб кардаанд ва чун пул надошт «аз донишгоҳ хориҷ шудааст». Ӯ мегӯяд, «галстукҳои фасонро устодон аз ҳисоби пули мо мебанданд» …

Воқеан ҳам ҳини суҳбат бо аробакашҳо ва дар муҳити ишон будан ҳис менамоӣ, ки ҳар яке аз ин ҷавонон умеде, орзуе дар дил доранд, ки дар бисёри маврид аз ифшои он худдорӣ мекунанд. Ва аммо дақиқан ягон нафари онҳо орзӯи идомаи касби пуршарафи Ҳасани Турсунзодаро надошт. Пас чи орзуе доранд, Ҳасанҳои муосир??? Сиррест, ки мо натавонистем онро бикшоем. Аммо дилсардие амиқ ва ноумедие қавӣ дар ҳар сухани ишон ба гӯш мерасид, ки рӯи қоғаз овардани он барои мо гаронӣ дорад.

ФАРЗОНАИ ШАЪБОН, «СССР»,  №6  Панҷшанбе  16 октябри  соли  2008  СССР.

             Абдураҳмони Ҷомӣ

Ассалому алейкум бародар Муҳаммадиқбол! Ман сокин ноҳияи Абдураҳмони  Ҷомӣ ва яке аз мухлисони шумо ҳастам.

Ман шуморо тули 3 сол аст, ки тамошо мекунам. Мехостам дар бораи вазъияти ноҳияамон ба шумо маълумот диҳам.Яке аз пастарин, ифлостарин, бесоҳибтарин дар байни шаҳру ноҳияҳо ин ноҳияи мо мебошад. Ягон нафар дар инҷо аз ҳамин ноҳия дар вазифаҳои баланд кор намекунад. Ҳамаи одамҳояшро президент аз дигар шаҳру ноҳия махсусан аз Данғара оварда мондааст. Зулм  дар ҷои аввал меистад. Масҷидҳо маҳкам. Рузи ҷумъа дар назди масҷиди ҷумъа  амниятиҳо хеле зиёданд ва талабаҳои мактабу ва донишҷуёнро иҷозат намедиҳанд.

Дар инҷо порахурӣ, дуздӣ, ғоратгарӣ дар авҷи аъло аст. Бозорҳоямонро чапа карданд, ду маротиба оташ заданд. Мо маҷбур  шудем чизу чораҳоямонро ҷамъ кунем ва ба бозори нав кучем. Дар бозори нав ҷой нест. Ҳарруз барои ҷой-точка ҷанг. 1м ²  20 ҳазор сомонӣ. Ба ғайр аз ин боз ҳар саҳар 5 сомонӣ, плюс, барқ, налог, ули участковий ва ғайра. Нарх дар осмони ҳафтум. Таксиҳоро  намемонанд, ки барои ризқу  рузиашон кор  кунанд. Ҳозир Зайнулло барои одамон даже  маршуткаҳои бепул ба муддати 6 моҳ овард, то ин ки халқ аз он бозори куҳна харид накунанд ва ба бозори онҳо оянд. Ҳоҷӣ Зайнулло  ҳавзҳои  моҳии мардумро аз дасташон зада гирифт. Канӣ  демократия, канӣ озодӣ? Боз дар қисми роҳи дарёи Вахш  аз тарафи роҳи Правда (Фрунзе), ки ба мо наздик буд, он роҳро маҳкам карда дар он ҷо шутур  парвариш  дорад.

Дар духтур ҳиҷ кас писандат намекунад. Паспортний стол- ин ҷойро нагуй. Дар инҷо  порахурӣ дар авҷи аъло. Дар ҳар як кор  аз 20 то 200 сомонӣ ғайр аз паспорт  аз ту мегиранд. ГАИшникҳоро  нагуӣ ҳам мешавад. Ҳамааш муфтхур.    

Мардум аз дигар шаҳру навоҳӣ  омада состоянии  худаш ва звеноашро баланд  намуда меравад. Ман одамеро дидам, ки ду бор коррупсия уро дастгир  кард вале вай пул доду баромад. Дар ҷони мардум задагӣ аст. Насеби вай Бобохонов мебошад.

  Дар прокуратура ҳамааш  муфтхур, саводи дуруст надоранд:- «иқа салдате, ки хизмата  бут када да банкҳо охранники кор мекардак оварда корда гирифтиян».

 Дар бораи шуъбаи маориф нагуем ҳам мешавад. Яке аз сардорони ин шуъба, ки номаш дар ёдам нест, тарафи директорон мегуфтааст, ки «худо ризқи манро ба дасти шумо меорад». Вай бо котибааш робита доштааст, утоқи кори даромада дарро аз дарун занҷир мекардаанд, пардаҳои тирезаҳоро мебастаанд ва кори худро пеш мебурдаанд. Ин корро ҳама кормандони маориф медонанд. Ҳатто шавҳари беномуси он духтар ҳам медонистааст. Лекин пеши роҳи ин кори зиштро намегиранд. Дар инҷо духтарҳоро бероҳа карда истодаанд. Аз пушти маршировка садҳо духтар бероҳа шуд. Ман ин корҳоро бо дуто чашми худам мушоҳида кардаам.

 Дар мактабҳо дарс нест. Ҳеҷ кас намехонад. Муаллимаҳоро гуш намекунанд, кадр нест, ҳама гурехта рафтааст ба Русия. Дар се моҳ муаллимҳоро як бор маош медиҳанд. Аз ҳамин сабаб  аз талабагон пул мегиранд.

  Ман харҷи синфи 11-иамро ҳисоб кардам, ки маълум шуд дар ҳаҷми 3780 сомонӣ харҷ  кардаам. Аз ҳамаи чи мо талабагонро пул мепурсанд. Ман медонам, ки айби инҳоям нест. Инҳоро мачбур мекунад зиндагӣ ва одамони боло. Дар фарҳанги мо як чиз  мегуянд “ов аз боло лойяй аст “. Ин мақолро ҳамаи коргарони давлатӣ истифода мебаранд. Халқ ҳама безору ҷон ба лаб шудааст, ҳама гурехта рафта истодааст Русия.

 Билети  ҳарбӣ  51,000 шудааст. Аммо ин маблағро дар банк месупорӣ. Ба ғайр аз ин ба миқдори 35-40 ҳазор сомонии дигар харҷ мекунӣ. Ман гирифтанӣ будам.  Аммо ин нархро дидам ва зури ман нараси. Дар ин ноҳия агар таға дошта бошӣ  тамом, «тда зелёный светафорай, любой кор мефорат мекни, тағадоро гаштиян, бе ягон военний  билет, мо гаштем хору зор дар Русия». Дар мавриди риш ва сатр нагуем ҳам мешавад, ин ба ҳамагон маълум аст. Дар бозор, қишлоқ, боғҳо умуман дар ҷойҳои ҷамъиятӣ амниятиҳо мегарданд ва одамеро, ки диданд ришаш  аз 1 см дароз, тамом капаш  дуд кард. Агар тағадор бошад, ҳеҷ гапе не, агар таға надошта бошад, мебаранд дар отдел мурданак мезананд ва ришашро хушк ба лезва мегиранд, агар муқобилият нишондиҳӣ ҷарима ва маҳкамат мекунанд,

Сардори шуъбаи маорифро дар аввалҳои соли 2023 аз вазифа барканор карданд. Вале вай сум дода боз ҷои худашро гириф. Ҷои руғаниашро. Дар охирҳои моҳи июн як қонуне баромад, ки 27 нафар директорон аз вазифа барканор ва дар ҷои онҳо занҳоро гузоштанд. Аз ин нафарон боз чор кас ҷояшро харид. Дар ноҳия ҳатто як завод ё фабрика  нест. Аз боло тамоман аҳамият дода намешавад. Ҳамааш пул. Аз вилоят меоянд сумашон медиҳанду дар ошхонаи нав, ки дар тарафи рости бозори ҳоҷӣ Зайнулло ҷойгир аст, мехуронанд,

Ман дар деҳаи Мирзообод, ки бо номи деҳаи террористон дар тамоми ҷумҳурӣ машҳур аст, зиндагӣ мекунам. Дар мактаби ҳамон деҳа мехонадам, ҳамон мактабе, ки дар соли 2017- 17 августи соли 2017 Эмомпиён омада онро ба истифода дод ва гуфт “чи барои як ҳами оғил (говхона) маро ба иҷа даъват кардед?»

Ҳозир бошад бо аҳли оилаамон  дар Русия кор ва фаъолият карда истодаам.  Ҳамон солҳои 2016-17 буд, ки омада чор масҷидеро, ки фаъолият мекард, бо ҳар баҳона маҳкам карданд. Ба Аллоҳ қасам аз тарафи амният ва бо ёрии ҷамоат ҳофиз ва раққоса оварда дар назди бинои масҷид консерт баргузор карданд ва подстава карда масҷидҳоро маҳкам карданд. Кудакҳоро аз ҳамон аввал   ба намози боҷамоъат ва таробеҳ намемонданд. Ман аз хурдсолӣ шавқу завқ доштам ва ҳангоме 12 сола будам ба масҷид рафтам. Дар намози пешин маро қариб ҳеҷ кас аҳамият надод ва дар намози аср бошад маро аз пасам бузҳои маҳалла ба тиёқаш зад ва дар вақти намоз аз пасам бо овози баланд аз модарам ҳақорат кард. Аз руйи ман шуда як мард бо он ҷанг  кард. Зеро он мард имонаш мустаҳкам буд ва уро мардуми онҷо қапиданд. Пас уро гуфт «тамошо ку ма тра алов мезанм». Баъди ин кор уро бурда бо статияи салафӣ маҳкам карданд. Баҳори имсол аз маҳбас озод шуд. Ман дар панҷсолагӣ Қуръонро хатм намуда будам. Ман хеле шавқ доштам. Баъди ин кор дилам хеле сиёҳ шуд, то ба балоғат расиданам ба масҷид намерафтам. Он масҷидҳо ҳам дар ҳамон ду ё се сол маҳкам шуд.

Ман ҳақиқатро мегуям. Ҳозир дар Русия кору фаъолият карда истодаам, дур аз падару модар. Директори мактаб ҳоло Шамсия Худойбердиева аст. Пештар директори мактаб Давлатов Додарбек ва муовинаш Худойдодов Дилшод буд.

Давлатов Додарбек пешина директори мактаб пенсия баромад. Лек бо муаллимаҳо алокаи зич дошт. Ман худам бо чашмони худам дидам, ки муаллима нимлухт дар бағалаш буд. Номи ин муаллима Худойбердиева Шамсия директори ҳозира, ки пеш муовини Давлатов буд.

Дар солҳои кушодашавии мактаб, соли 2017 ба дили Давлатов даромада уро ба ҳаҷ равон кард. Давлатов ба вай гуфт, ки то омаданам дар ҷои ман кор кун. «Вақте , ки ма омадьм ҷома мегирм» ва билет  гирифт. Вале ҳангоми регистратсия дар назди даромади самолёт муаллима Худойбердиева Шамсия бо ҳамроҳи коргарони амният ҷамъ шуда бечораи Давлатовро маҷбур карданд, ки ба аризаи аз кор баромадан имзо кунад. Вай ҳеҷ чора надошт ва имзо карда ба самолёт савор шуда рафт. Пас аз он ғоратгарӣ, дуздӣ, авбошӣ, ғуломсозиву бероҳакунии духтарону муаллимон сар шуд. Муаллима Шамсия моро тарсонда мегуяд «агар сум натиен ма шуморо да ноболиғон метим».

   Участковийи ноҳия оид ба ноболиғон Чиноров Шоҳрух, бачаи ҷавон бо у ҳамкорӣ дорад. Бардуруғ уро дар назди талабагон занг мезанад ва даъват мекунад ва мегуяд, ки «ҳамиқа сум те ҷонт халос». Мо аз маҷбурӣ медодем. Вай моро таҳдид карда мегуфт, ки «ма ай ягонтат наметарсм, ягон кас мара ай вазифа гирифта наметона, бра то президента шикоят кн, ай дастшон ҳичи намия, ма задагиюм любойша».

 Муаллима шавҳар надошт. Аз соле ман ёд дорам, кавалерҳои у бисёранд, аз ҷумла сардухтури поликлиникаи ноҳия. Вай бо як мошини ЛАНД КРУЗЕР ПРАДО номер 1111 мегардад. Аз ягон кас ҳомила нашуд. Лекин дар сини 43 солагӣ чи кораеш кард, ки соҳиби як духтарча шуд. Дар солхои 2021-22 кавалери дигариаш Илҳом, муовини прокурор, кавалери дигариаш Абдурауф, сардори уголовний розиск. Вай, кутоҳи гап бо коргарони боломақом  робитаи наздик дорад.

Муовинаш Худойдодов Дилшод, ки ин дигар хел мегуяд ва он дигар чиз мегуяд, Дар ҳаёташ ягон бор рост гуфтагӣ нест. Гапаш ҳамеша дуруғ аст. Порахури №1.  Талабагонро таҳдид мекунад, ки рафта ришқа ( юнучқа ) ва гандуми манро даравед, вагарна аз имтиҳон меафторонам. Директор ҳам ҳамчунин. Наход муаллим талабаро бурда дар вақти дарсӣ ва берун аз дарс кор фармояд. Кани назорати ниҳодҳои давлатӣ?   Ман якумин одаме ҳастам, ки аз ин деҳа барои шумо менависам. Шояд пас аз ин боз дигарҳо ҳам ҷуръат пайдо карда менависанд.

Дилшод бо лақаби кал (лисий) ноболиғонро дар таробеҳҳо безеб нигоҳ карда дар вақти дарсӣ онҳоро ҷангу ҳақорат мекунад. Ин бадбахт духтарон ва писаронро аз роҳ мезанад.

Дар соли 2023, ки ба Тоҷикистон сафар карда будам, барои дамгирӣ, рузи 7 март буд, рузе, ки дар мактаб духтарон ид доранд, ман бо ду чашми худам дидам, ки ин кали бадбахт калиди кабинеташро ба ду писар дод ва онҳо 2 духтарро гирифта ба кабинет даромаданд. Он тарафашро худатон фаҳмед. Ман инҳоро хуб мешиносам, вале номҳояшонро намегирам. Эй мардум ҳушёр шавед, ин чи бадбахтист? Аз сабабе, ки ман камтар кори зарур доштам рафта муаллимаамро табрик карда ба аэропорт рафтам. Соат тақрибан 14:00 буд. Ҳама ба кори худ машғул буданд. Аз байни 3 сол гузашт. Вай соҳиби 4 замин ва 8-9 чорвои калоншуд, директорамон ҳамчунин, хонааш пур аз чорво. Кутоҳи гап соҳиби ҳамаи чиз шуданд. Худойдодов моро таҳдид карда мегуфт: “ман аз ҳеч кас наметарсам, рафиқи ман дар дастгоҳ кор мекунад, ҳеҷ кас маро аз кор гирифта наметавонад”

Як дигареро инҷо мехоҳам қайд кунам. Дар вақти ифтитоҳи бинои мактаб, ки лентаи онро Эмомалӣ Раҳмонов бурида буд, дар он ҳолат ҳамаи корхонаҳоро маҳкам карданд. Дар паси ҳар хона ду одам бо силоҳ, бо газел ОМОН-ҳоро оварданд. Ҳамаи онҳоро дар хонаҳо ва дар масҷидҳо ҷой кардем. Ба онҳо хурок аз ҳама тараф таъмин намудем. Чуноне дар боло қайд кардем Эмомтапак гуфт: “мара барои ҳами оғил барои чи даъват каден?” Бо ин гап ҳамаро шарманда кард ва роҷеъ ба деҳаи мо гапҳои безеб гуфт ва танқид кард. Моро дар ҳамаҷо террорист гуфта мешиносанд, именно деҳаи моро.

Якчизи дигаро хостам кайд кунам , аз тарафи давлат помощ меояд, орд ва кумур,  ман «Ба АЛЛОХ қасам мехурам» бо ду чашми худам дидам, ки Ин ХУДОЙБЕРДИЕВА бо ароба  ба хонааш гирифта бурд! Магар ин харом нест? Моли садхо кудаки дигарро мехури: дар авалҳои моҳи ноябр буд ба фикрам аз тарафи давлат проверка омаданд барои кумур,  дар ҳамонҷоҳам машеники карда  20 кг 25 кг шумурда худашонро озод карданд, хангоми бараси хар як синф муалим даромад ва пеш аз комиссия ба талабагон гуфт: агар пурсиданд алов мекунанд, чоятон гарм аст гуед ҳо ҳама сад фоиз аст,  дар вокеь ягон чиз соз нест,  ҳамаи рафиқонам аз хунукии мактаб шикоят мекунанд , то кай ОХИР?.

АКАИ Муҳаммадиқбол ман худи имрӯз аз рафиқонам фаҳмидам, ки як писар  бо номи Шералӣ ки соли тавалудаш 2002 мебошад ва дар ҳамсоягии мо зиндагӣ мекунад , дақиқ дар деҳаи мо ,тақрибан як сол шуд дар қисмати ҳарбӣ хизмат мекунад ва 4 рӯз пеш чашми онро камандирхо бо чизе намедонам зада кафонданд,  хозир  чанд рӯз мешавад дар балниса мебошад, писар дар ҷавони аз як чашм маҳрум монд, духтурҳо гуфтанд: «агар шумо камтар дер мекардед шояд он чашми дигараш  кур мешуд» ин дар вокеъ ҳақиқат дорад, агар бовар намекунед рафта бинед , дар хонаи ин сарбози ҷавон мотам аст, магар ҳамин аст хизмати ҳарбӣ? Одамҳоро инвалид карда ба дасти падару модарҳо медихед? то ҷон дар бадан дорам бар алайҳи шумо мубориза хоҳам бурд , ИСТЕЪФО ЭМОМАЛӢ РАҲМОНОВ!

Share This Article