Номаҳо аз ноҳияҳо ба «Ислоҳ.нет» №140

Ислоҳ нет

        Маълум аст ки ин ҳукумат бо ислому аркону фароизи он мушкили ҷиддӣ дорад. Аммо, мутаассифона онҳое, ки худро рушанфикру пешқадам мешуморанд, онҳо ҳам дар тақвияти мавқеъу фикри онҳо ҳарф мезананду қалам меронанд. Барои як гуруҳе аз онҳо, масалан сатру ҳиҷоб либоси туркӣ ва арабӣ маҳсуб мешавад ва ба шиддат интиқод мекунанд, ки чаро бонувони мо ба онҳо тақлид мекунанд. Аммо вақте бонувони мо, масалан ба тарзу шеваи пушиши аврупоӣ ба кучаву хиёбон мебароянд, ба онҳо чизе намегуянд.

Ҳиҷоб моли турку араб нест. Ҳиҷоб фарзи исломӣ аст ва ҳар касе мусалмон аст онро риоят мекунад

  Бубинед, ки чи гуна бар алайҳи тарзи пушиши бонувони мо сангар гирифта мешавад? Агар ҷомеаи мо мардумсолорӣ аст, пас, бигзор ҳар кас чи навъе либос бипушад, бо завқу салиқаи худаш ва мо набояд дахолат намоем:                         

             Душанбе

Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқбол. Дар шумораи пешина ду ҳолати воқеӣ аз ноҳияи Кушониёнро аз нашрияи СССР ба шумо роҳӣ карда будам. Ин бор ҳам як матлаби чопии СССР-ро бароятон мефиристам. То бифаҳмед, ки расонаҳо дар кишвар чиҳо менависанд. Махсусан он нашрияе, ки худро мардумӣ ва мустақил эълон кардааст. Матлаби СССР, чунин аст: «Қамари Шероз, хонандаи ҳамешагии рӯзномаи мардумии СССР аз ш. Бохтар ба идора занг задан (тел: 2385556), пешниҳод намуд, ки бигузор барои занону духтарони сатрпӯш ҷаримаи сангин пешбинӣ гардад. Ҳафтаи гузашта барои тамошои гулҳои Душанбе ва шодишарик шудан аз таҷлили Рӯзи пойтахт ба Душанбе сафар кардам. Дар роҳ чашмам ба занону бонувоне афтод, ки сарулибоси арабиву туркӣ доштанд. Ин тоифа мардум на хубиро мефаҳманд на қонунро риоя мекунанд. Қариб 99% бонувони мо рӯ ба анъанаҳои либоспӯшии туркҳо овардаанд. Ин либоси бегона аст! Баъзе аз қонунҳои кишварро бояд тағйир дод ва ҷазои чунин сатрпӯшонро сангинтар кард, бигузор барои пӯшидани сатру пероҳанҳои дароз амсоли абая ҷарима ҷорӣ карда шавад, масалан 10 000 сомонӣ! Чаро не? Мо бояд дар ҳифзи анъанаҳои миллӣ мубориз бошем!

                 Кушониён

  Ассалому алейкум устод Муҳаммадиқболи Садриддин! Ман мехоҳам, ки дар бораи як ҷинояти гузаштаи раиси ҷамоати Меҳнатободи ноҳияи Кушониён хабар диҳам. Номи ин раиси ҷамоати беномусро рости хуб намедонам вале бо номи Муроди сиёҳ машҳур мебошад. Вай дар гузашта бо пораи калон дастгир шуд. Вале дере нагузашта боз ба вазифаи худ омад.Уро раиси ноҳияи Кушониён кришават мекунад. Раиси ноҳияи Кушониён писари Сироҷи Валӣ мебошад. Муроди сиёҳ бо ҳамроҳии куратори амният бисёр мардумро зулм мекунад. Ҳозир мавсими облава рафта истодааст. Ин раиси ҷамоат сарбозгириро ҳамроҳ бо куратори амният ба як бизнеси калон табдил кардааст. Аз сари ҳар як призивник аз падару модарҳо то даҳ ҳазор сомонӣ гирифта истодаанд. Ҳоли мардум дар азоби сахт аст.

Илтимос нашр кунед. Мо акнун шуморо ёфтем. Маълумотҳои ҷадид равон хоҳем кард. Бигзор номерҳои мо махфӣ монад. Ин раиси ҷамоати Меҳнатободи ноҳияи Кушониён ду сол пеш бо фуруши замини назди ҳавлигӣ ба даст афтода буд. Вале чи хеле гуфтам чанд вақт ногузашта боз бо дастгирии раиси ноҳия ҷойи худаш омад. Мардум барои гирифтани як справка рузҳо мунтазир мемонанд. Навбати дигар дар бораи куратори амният номаи махсус равон хоҳам кард.  

                       Кулоб

Ассалому алейкум бародар Муҳаммадиқболи Садриддин! Ман як коргари ҳукумат аз шаҳри Кулоб. Ростӣ, ман пеш наворҳои шуморо медидам нафратам меомад, дашноматон мекардам.Чунки дар ишқи кору пули ҳукумат ғарқ шуда будам, золимонро тарафдорӣ мекардам. Баъдан, як наворатон бовар кунед, зиндагии маро иваз кард, яъне ҳидоят ёфтам. Фаҳмидам, ки тамоми гапе, ки шумо мегуед рост ва дарди миллати азизам аст. Ман акнун ҷонамро барои мардуми Кулоб дар хатар мондам. Мехоҳам Кулоби азизамро аз дасти дузду ғоратгарҳо раҳо кунам ва ман дар байни ин ҳукумати золимона муборизаро давом медиҳам.

Якум аз идораи ЗАГС-и Кулоб оғоз менамоям. Раиси он Марям ном дорад. Духтарони ин идора инҷоро ба як фоҳишахона табдил додаанд. Бойфрендҳояшон бошанд коргарони амният, коррупсия ва милисаҳо мебошанд. Духтарони архив бошанд, бо инҳо дар мусобиқаанд. Масалан Мавзуна, ки бойфрендаш Ёқуби коррупсия аст. Ҳар гоҳе бихоҳад даромада дар идорааш, дар ҷои хилват тамоми одиху фаҳшора мекунанд. Ёқуби коррупсия аз ноҳияи Восеъ аст. Як -ду сол пеш гадо буд. Ҳозир дар бари тарабхонаи Саидаи восеъӣ, яъне дискотека хурок мехураду аз мағозаи Пайкон либос мехарад ва Лексус зери пояш аст. Хело ғун кардааст. Ёқуб бисёр фасодкору зинопеша ва як инсони номард аст. Дар номаи дигар тамоми ҷиноятҳои ӯро менависам.

 Мегузарем ба Мадинаи ғафс. Корманди идораи ЗАГС аст. Агар ту ариза барои шаҳодатномаро ба дигар коргарашон супорӣ, Мадина гирифта медаронад ё пинҳон мекунад. Кудаке, ки нав таваллуд шудаааст, чекҳояш 10 сомониву бист дирам, 11сомонӣ ва 13сомонӣ. Аризааш 10 сомонӣ ва нархи давлатии бланкааш   35 сомонӣ аст. Боз ту як моҳ зиёд даводавӣ карда пул масраф мекунӣ.

  Аз як бланкаи шаҳодатнома 50 сомонӣ мегиранд.Аз болояшон ба кадом мақомот шикоят кунӣ ҳеҷ фоидае надорад. Мансабдорони мақомоти боло бо инҳо ишқварзӣ доранд. Дар байншон як нафар ҳаст Ислом ном дорад. Ин мард бовар кунед, ки аз раиса  зур кор мекунад, архивро тагу руй мекарда коратро ҳал мекунад. Аммо  Ислом як касалии безеб дорад. Ба вай мефорад, ки мардҳо …, аз қавми Лут аст.

  Марямро дар назди дараш интизор мешавӣ, коратро ҳал намекунад. Вақте ки одамҳо зиёд ҳастанд даромада наметавонӣ. Шашлики Сайвалӣ меравӣ 3 сихаш мегирӣ, баъд мегуӣ, ман як муаллимаро бинам мебароям ва шашликро дида коратро ҳал мекунад. Марямро аз коргарҳояш шикоят мекунӣ, мегуяд ту чаро

 пеши ман омадаӣ, ҳуҷҷатҳоятро ман гирифтам? Кас ҳайрон мешавад. Охир раис ва шахси масъул ту ҳастӣ ва масъулият дар ту аст, ту роҳбари ЗАГС ҳастӣ. Пас, мо пеши кӣ арзу шикоят кунем?

 Марями раиса, инро бидон, ки аз ин руз ман як поямро дар эзорат мондаам. Пеш аз кор рафтан агар эзоратро дар ду поят бар кунӣ, хато аст. Ҳис кун, ки дар се поят бар мекунӣ, чунки як пои ман дар изорат аст.

Ба доди мардум расед. Пулҳояшонро наҷафед, надавонед.

Мегузарем ба раиси ДЕУ. Тамоми роҳҳои даруни шаҳри Кулоб валангор аст.

Раиси ДЕУ агар роҳҳои даруни шаҳрро соз намекунӣ, роҳи бозори Умед- 88, пеши Баҳор, чорроҳаи пеши Ориёнбанк ва роҳҳои Первоймай ва назди молбозорро соз намекунӣ ҳамаи сиру пиёзатро ру мезанонем. Ман медонам, ки ту чи тавр пулҳоро, барои таъмири роҳ сарф кардам гуфта санад мекунӣ.

Ба ҳукумат ҳуҷҷат пешниҳод мекунӣ, ки «ман 30 коргарро ҷалб кардаму маош додам ва 500 квадрат роҳро хуб кардам» ҳамааш фалшивий аст. Инро ҳам менависам, ки дар ҷайбат чи қадар пул меояд. Тамоми ҳуҷҷатҳои ту ба камиаш аз 50 ҳазор сомонӣ боло изофанависӣ дорад.

  Раиси ободонӣ мо шо Аллоҳ дидам дар моҳи рамазон бевазанҳо ва ба коргарҳоят  орду равғану лапшаву биринҷ ба коргарҳоят хайр кардӣ. Ин хайри бузург аст мо шо Аллоҳ. Агар як коргарат шикоят кард, валлоҳӣ аз паят мешавам.

  Сеюм раиси КЖКП –и Кулоб Бобоҷон ҷияни Сайёф! Ту ҳам ёд гир аз раиси ободонӣ ва маоши коргарҳоятро зиёд кун. Чунки коргарҳоят пасмондаву партови буйгирифтаи Қунғуротзода ва Назар Бахтиёрро тоза мекунанд ва онро берун аз шаҳр бурда мепартоянд, ки то шаҳр буй бад нагирад. Огоҳӣ барои ту, ки агар як коргарат шикоят кард, валлоҳӣ тамоми корҳоятро фош мекунам.

Чорум ба Назар Бахтиёр, раиси шаҳр гуфтаниам, ки ин чоплусу подхалимҳоятро ҷамъ кун ва зидди сатру ҳиҷоб  набароед, мардуми Кулобро озору азият надиҳед Валлоҳӣ ҳамроҳ бо Неъмат Қурбон ҷиноятҳои кардаатро ру мекунам. Аз сементҳои хонаат сар мекунам, аз куҷо омад кирпичҳои хонаат, аз куҷо омад тирезаҳоят, то дарвозаи хонаатро медонам, ки кадом сех овард

Панҷум Қунғуротзода, сардори милисаи Кулоб. Шаби моҳи рамазон ба ёдат ҳаст? Чи қадар мошиҳоро дашному ҳақорат кардӣ, ҳуҷҷату пулҳояшонро гирифтӣ? Ман коргари ҳукуматӣ ҳастам. Аз паи ман нашавед, дастгир карда наметавонед.

Ба ту амнияти Кулоб ҳам гуфтанӣ ҳастам. Ин рузҳо бо  бисёри коргарҳоят нишаста суҳбат мекунам. Дар бораи шумо бисёр гапҳо аст. Мегуянд, ки дар сезони облава то панҷоҳ нафарро меореду руст мекунед дар идораатон. Валлоҳӣ қасам як зан дар назди мағозаи Бадахшон пурсид, ки комиссариати ҳарбӣ дар куҷо аст? Гуфтам модарҷон чи кор дорӣ? Гиря кард. Гуфтам модар оби чашм накун, савор шав дар мошинам мерасонам. Дар роҳ пурсидам, ки чаро гиря мекунӣ? Гуфт «се руз шидай бачама ай донишгоҳ бурдан на телефонаш мегирад на медонам дар куҷо аст. Душанбею Қурған рафтам онҷо нест».Ман гуфтам модарҷон ман шуморо аввал амниятро нишон медиҳам. Аммо аввал комиссарати ҳарбиро бин, наёфтӣ баъд амният биё. Чунки дируз як коргари амниятии шиносам гуфт, ки чилу чанд нафарро овардаанд аз ҳар ноҳияву шаҳрҳо.

Намедонам он модар чи кор кард? Писарашаро ёфт ё не?

 Бародар Муҳаммадиқбол. Номаам нашр шавад, боз идома медиҳам. Аз мардуми Кулоб хоҳиш мекунам, ки «хезен бародарҳо! Ҳар як ҷурму ҷинояти раису калонҳоро мебинед расонед ба Ислоҳ. Маро ҳам дар ин муборизаам дастгирӣ кунед. Ман як муборизи ҳукуматӣ зидди ин ҳукумати золим ҳастам. Мо мардуми Кулоб бояд инҳоро аз ҳукумат барканор намоем».

                                    Хуҷанд

Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқболи Садриддин! Ман ба воситаи Ислоҳ мехоҳам дар бораи ду масъала, ки дар ин чанд гоҳи ахир тамоми мактабҳои кишвар ва алалхусус падару модарҳои талабаҳо-хамткунандаҳоро таҳти ташвишу фишор қарор додааст, суҳбат кунам. Ман, рости гап худам директори яке аз мактабҳои ин шаҳр ҳастам. Аз ин вазъу аз ин ҳолат бисёр ҳам ба танг омадаем, аммо намедонем, ки додамонро ба кӣ барем ва аз кӣ имдоду ёрӣ талаб кунем.Чунки ин корҳо, ки ман мегуям ба воситаи кормандони мақомоти қудратӣ сурат гирифта истодааст, агарчи аз номи мактаб ва шуъбаи маориф анҷом гирифта истодааст.

  Масъалаи аввал ин аст ки ҳоло мо падару модарҳоро маҷбурӣ ба мактаб оварда аз онҳо забонхату баёнот гирифта истодаем. Дар ин баёнотҳо онҳо менависанд, ки агар бачаҳояшонро дарси динӣ бидиҳанд ва ё дар назди муллову дигару дигар барои омузиши динӣ иҷозат диҳанд, розиянд, ки ба ҷавобгарӣ кашида шаванд. Мо бояд он падару модарҳоро, ки аз додан чунин баёноту чунин забонхат сарпечӣ мекунанд, ба воситаи милисаҳо ба зурӣ оварем ва руихати онҳоро ба амният супорем.

Кор ба ҳадде аст ки милиса ва амният даруни синфҳо даромада бо фанду фиреб талош мекунанд, ки бифаҳманд талабаҳо дарси динӣ мехонанд ё не ва агар ошкор намуданд падару модари онҳоро ҷарима мекунанд. Мактабҳо имруз ба майдони ҳарбу набарди мақомоти милиса ва амният бадал шудааст.

Масъалаи дигар ин марбут мешавад ба хатмкунандаҳо. Гап др бораи он аст ки ҳоло хамткунандаҳо-чи писару чи духтарро маҷбур ва водор карда истодаанд, ки 350 сомонӣ барои Маркази миллии тестии назди раиси ҷумҳурии Тоҷикистон биспоранд. Агарчи ҳатто ин хатмкунанда хоҳиши дохилшавӣ ба донишгоҳро надошта бошад ҳам онҳоро маҷбур намуда истодаанд, ки ин маблағро супоранд.

 Супоридани ин миқдори маблағро соли ҷорӣ Маркази миллии тестӣ бо як қарор ҳатмӣ кард. Ҳозир шарт гузоштанд, ки агар ҳар касе намесупорад ин миқдори маблағро номаи камол-аттестати хатми мактабро гирифта наметавонад.

Охир ин чи зулму бедодӣ аст. Мутаассифона иҷрои ин корҳоро бар души мудири мактаб ва роҳбарони синфҳо гузошта моро маҷбур карда истодаанд, ки ин пулро аз падару модари хатмкунанда руёнида ба суратҳисоби махсус гузаронем. Масалан дар мактаби мо имсол   84 нафар мактабро хат мекунанд. Дар маҷмуъ дар Тоҷикистон ҳудуди 200.000 имсол мактабро хатм мекунанд. Ин рақамро ба 350 сомонӣ зарб занед ва бубинед, ки ҳосили он чандин миллион сомониро ташкил мекунад.

 Як, ду се рузи пеш як нафар корманди амният, ки куратори мактабҳои шаҳр аст, дар як суҳбати хусусӣ гуфт, ки ин миллионҳо сомонӣ ба Маркази миллии тестӣ неву ба фирмаи Фароз меравад, аммо мо инҷо барои онҳо бо мардум шумру мешавем.

Дар байни мардум гап-гап шудааст, ки иллати ин кор ба роҳи иҷбор ба донишгоҳҳо овардани хатмкунанда аст.Чунки баъди аз ҳисоби донишҷуҳо гирифтани сарбоз донишгоҳҳо 50% довталабҳои худро аз даст дода ва ҳатто масъалаи таъминоти моддии баъзе аз донишгоҳҳо ончунон буҳронӣ шудааст, ки масъалаи будан ё нобудани онҳо пеш омадааст.

Ин масъала дар ҳақиқат пеш омадааст ва инро мақомоти расмӣ худашон руирост эълон намуданд.

Аммо, такрор ҳам шавад мегуям, ки корманди амният, куратори шуъбаи маориф гуфт, ки ин миллионҳои бедардимиён ба ҷайби Фарози Шамсулло Соҳибов, домоди Эмомалӣ Раҳмонов меравад.

               Душанбе

Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқбол! Ҳар куҷо бошӣ Аллоҳ нигаҳбонат бошад. Ман шоҳиди як ҳодисае будам, ки бисёр ҳам бад ва бисёр ҳам нафартовар ва аз тарафи дигар бисёр ҳам ғамангез буд.Ин ҳодиса рӯзи 1 май дар бемористони Қараболо руй дод, байни корпуси 1 ва корпуси 2.

Як модар бо кудаш меояд ҳамин беморхона. Маълум не, ки барои муоина назди пизишкон меорад ё барои аёдати ягон наздиконаш ва кудакашро ҳам бо худ меоварад. Кудак, чи хеле мешавад, ки модараш гум мекунад. Ман барои харидани дору рафта истода будам. Дидам, ки он кудаки гумшударо як духтур ба дасти як мард дод. Гуфт, ки ин кудак гум шудааст.

 Дар ҳамонҷо як Тангени милиса истода буду як опели дути серебринитса, ки дар дарунаш як милиса шиштагӣ буд. Ин мард кудакро дар дасти вай дод, кудак гиря дорад. Субҳоналлоҳ, марди кудакро ба дасти милиса дода ҳануз чор панҷ қадар дур нарафта буд, ки дар даруни мошин садои доду чеғи кудак баланд шуд. Он милиса кудакро дароварда чунон дар даруни мошин зада истодааст, ки дигар мардум диданду доду вой карданд. Ман ҳам асабҳоям дошт надод. Дод гуфта ба сари милиса рафтам. Аз мошин баромад, успет накардам, ки съемка кунам. Ҳар куҷо успет кардам навор гирифта фиристодам. Ин кудакро чунон задааст, ки дар скамейка ва ё дар куҷо бархурда пешониаш харошидагӣ, биниаш ҳам сиёҳу кабуд, паҳлуи чашмашро бинед  сняк, руйҳояшро ҳам пучидаву шапалоқшап дорад. Мардум ба сараш омад. Боз инро бин, ки беҳаёёна мегуяд, ки «агар зада бошам ҷавоб мегуям, ман назадам». Инҳо милисаҳои Сино-2-и Душанбе будаанд. Ман намедонам чаро ин мардум ин қадар хапанд, чаро ин қадар метарсанд. Мо ба чи ҳолу рузе омада расидем?

                         Ваҳдат

Ассалому алайкум. Аз шаҳри Ваҳдат бароятон менависам.

Илҳом ҷияни Рамазон Раҳимзода, писари хоҳари Рамазон аст. Номи модараш Зика. Илҳом дар шуъбаи милисаи Ваҳдат кор мекард. Дар ваҳдат кор нештатникҳояш бисёранд, ба номи Маҳмади мойчик ва Толибчаи тукалтепагӣ ва Алишери келаск ва ғайраҳо. 

Илҳом ба воситаи инҳо бачаҳои Ваҳдатро подставит карда пул кор мекунад. Аз тарси Илҳом ягон писари шаҳри ваҳдат гап зада наметавонад. Як сарвайрони гапзан буд дар Ваҳдат бо номи Амриддини кала. Ӯро Илҳоми ҷияни Рамазон Раҳимзода подставит кард бо статяи 307.12 сол зиндон карданд. Амриддини кала 7 кудаки майда дошт. Илҳомро падараш аз Ваҳдат буд, худораҳматии Абдулло мегуфтанд. Давраи ҷанг мурда буд. Модари Илҳом Зика ном дорад. Як боғчаи кудаконаи шаҳри Ваҳдатро, ки бо номи Нилуфар машхур аст, ҳамин хоҳари Рамазон Раҳимзода шахсӣ карда гирифт. Масоҳати ин боғча якуним гектар аст.

  Аз дасти ин бузҳои Илҳом дар Ваҳдат сар боло карда наметавонем. Як чи мегӯӣ, ду руз пас дарди сар мехарӣ барои худат. 

Илҳом дар чанд ҷои Ваҳдат мойка дорад ва дар «Пажарка» як ресторани ду ошёна дорад, ки дарунаш беҳад калон аст. Бачаҳои спортсменро ҳамаашонро шикаст, ки гап назананд. 

Бародар ин номаи маро қироат кунед, шояд Эмомалӣ фаҳмад ва ҷилави ин сагҳои Ваҳдатро гирад.   

Фамилияи Илҳомро намедонам, аммо Абдуллоевич аст. Уро ҳама сокинони Ваҳдат мешиносанд. Дар мактаби Терешковаи Ваҳдат хонда аст. Таваллудаш 1986 аст. Ҷияни Рамазон Раҳимзода рутбааш майёр буд. Дар шаҳри Ваҳдат уголовник кор мекард, ҳозир дар Файзобод аст. Аммо намедонам дар кадом бахши милиса кор мекунад.  Зика кличка нест, ин номи хоҳари Рамазон Раҳимзода аст -роҳбари Боғчаи кудаконаи шаҳри Ваҳдат.

                                        Конибодом

Ассалому алейкум бародари муборизи роҳи ҳақ Муҳаммадиқбол!

Чандин ҳафта ба шумо нанавиштам. Ҳоло мехоҳам, ки аз вазъу ҳоли актуалӣ ва умуман аз тағйиротҳое, ки дар моҳҳои апрел ва май дар ноҳияи Конибодом ба вуқуъ пайваст нависам. Шумо ва хонандаҳои Ислоҳ аз ҷиноятҳои кормандони Абдулло Навҷавонови сардори УВД-и вилоят бо лақаби Буратино, коррупсионерҳои амният, ки дар КДАМ-и Конибодом кор мекунанд, огоҳ ҳастед.

 Ҳоло мақомоти бачаи Марями гурсухта аз номи Раҳмонов гап зада аз бачаҳои мардум 1500 сомонӣ пул кор карда истодаанд.

Аз баъзеҳо ҳам пулашро гирифтанд, ҳам боз ба хизмат бурданд. 

Барқро на руз дорем на шабона. Чунки шабона бачаҳои КГБ бо ратсияҳои махсус куча ба куча ва хона ба хона мегарданд. Ба хонаҳои холӣ медароянд, ҳатто сандуқҳои занҳоро ҳам мекобанд. Дар яке аз номаҳои қаблӣ шумо рост гуфтед, ки дар ноҳияи мо 4 хонаводаро ба қатл расонданд. Албатта қотилон дар озодианд ва касе ба онҳо чизе гуфта наметавонад, ғайр аз расонаи фурухтанашудаи Ислоҳ. Агар ягон кас шаку шубҳа дошта бошад, метавонад Пайки Суғд ва Ахбори ВКД-ро тамошо кунад, ки чи хел мақомот ин амалашро мехоҳад бар души устоҳои истаравшанӣ партояд. Яъне ҳодисаи куштори аввалро.

3 маврид ҳодисаи дигар кушторҳоро намедонам бар души кӣ мепартофта бошанд

Мо мардум тупой нестем ва мефаҳмем, ки ин кушторҳо аз тарафи мақомот анҷом дода шудааст, то ки мардумро тарс диҳанд ва баъдан аз ин сабаб ё баҳона телефонҳоро тафтиш кунанд .

Ҳоло Ниндзя дар байни бузҳояш гуфтааст ки «э манам чизе кор кунам, мана маҷбур карсодан ришчадороя баҳона карда хонаҳоба даром. Вай боло на манба на шумоба, ҳеҷ касба раҳмаш нест. Ин вай Раҳмонов приказ додост, КГБ-и Конибодом ба

Ниндзя бо ҷураҳояш, яъне Ансори пишак ва дигар кормандони ҳифзи ҳуқуқи ҷамоати Лоҳутӣ бо бузҳояш дар чойхонаҳои деҳаҳои Лоҳутӣ ва Ҷаҳонзеб вохури карда онҷо аз мардум маълумот мегирад. Барои ҳамин агар ако Навҷувонов хоста бошад, ки мо мардуми Конибодом дигар ба Ислоҳ нанависем бояд пеши роҳи ин милисаҳои чойхонагардакро бигирад. Вагарна мо бештар навиштан мегирем ва барои мо суғдиҳо ҳеҷ мушкиле нест навиштан, чунки мо тез ҳуштарем аз даҳҳо оппозитсюнҳои аввалин ва охирин.

Ниндзя бо бачаҳои мактабхон, муаллимаҳо ва дигар активу фаъолон бо лаҳҷаи ҷануб гап мезанад, то ки тарс пайдо кунанд мардум. Ниндзяро дар назар дорам. Ҳамон Некрузи қоши хӯҷапанҷии панҷакентии подхалиму подставшики чоплуси бузи бачаҳакои боло.

Ҳоло милисаҳои Лоҳутиро бо сменаҳо мебиёранд. Хеле мубодила мекунанд, аммо бояд акои Буратино огоҳ бошад, ки чихел кормандони вай хиёнат ба мардум ва ба касбу погонҳои худ мекунад. Онҳо дар ҳар куҷо, аз ҷумла дар чойхонаҳо ба вай тариқи бузҳояш хабар мекашанд. Ҳатто бузҳои мақомоти Раҳмонов безоранд аз инҳо .

Махсус барои Ислоҳ мехом номҳои ду коррупсионери мардумозор ва фиребгарро гуям. Инҳо бузҳои бачаҳако ҳастанд.

Номи якумаш Хуршед аст. Вай бачаҳои синни 18 – 27 соларо дошта пул гирифта истодааст ва ҳам онҳоро фурухта истодааст. Дар ҷамоат кор мекунад. Буз ва информатори ҳарбиҳо ва одамрабоҳои мақомоти Раҳмонов аст.

Аз деҳаи Лоҳутӣ мебошад. Чанд зан дорад. Дар деҳаи худаш бо зани душанбегӣ ё кулобиаш зиндагӣ мекунад. Дар ҳудуди ноҳияи Конибодом дар марказ боз дигар зан дорад, дар Хуҷанд сеюм зан дорад, ки аз вай 3 бача дорад. Аммо занҳои якум ва дуюмаш аз ин корҳояш бе хабар астанд.

Ман ба занҳои ин одам кор надорам, ягона хатогие ки ин кард, ин хиёнат ба бачаҳакои Қарақчиқум ва Лоҳутӣ аст.

 Номи дуввумин коррупсионер Баҳодур аст. Вай бачаҳоеро, ки дар Русия ҳастанд, хеле ғам медиҳад. Телефонҳояшонро пайдо карда угрожат карда аз онҳо пул меситонад, ки агар надиҳед розиск дода шуморо оварда аскарӣ мебарем гуфта таҳдид мекунад. Чанд хонаи се ошёна ва 4 зан дорад. Хонааш дар назди мактаб аст аммо хонааш аз мактаб ҳам калон аст, ба монанди қаср.

Дутоаш аз Исфара, сеюмаш аз Лоҳутӣ, чорумаш аз Хуҷанд. Инҳо мардумро хеле азоб медиҳанд. Бародар Муҳамадиқбол, бахшиш, ки ман ин қадар гап дон нестам. Агар хатоӣ дошта бошам ислоҳ кунед.

Ҳоло ба пеши бузҳои лоҳутигии амният ва кормандони онҳо омадагӣ аст ва деҳаҳои Лоҳутӣ ва Ҷаҳонзебро бо баҳонаи облава проверка карда истодааст.

Яъне шумо ҳоли бади моро фаҳмидед, ки рузона ба хонаҳо бо баҳонаи облава мераванд ва дарро тақ- тақ мекунанд. Аммо вақте шаб мешавад, бе ягон предупреждение ниндзяҳо медароянд ба манзилҳои истиқоматии бе соҳиб.

Ва ба штабашон, ки дар маркази ноҳия ҷойгир аст гузоришҳо яъне пахшҳои зинда медиҳанд, тариқи ратсия ва видеоҳо.

Мо мардум ҳатто граффики ин дуздҳои дар либоси мақомотро ҳам омухтаем.

Аз соатҳои 00:30 – 1:30 то соатҳои 3:45 – 3:40 шаб инҳо фаъолияти ғоратгаронаи худро пеш мебаранд, албатта бовар дорем, ки ин корҳоро бо дастури Буратино , Қурбонови қурбаққа ва бачаҳакои КГБ и ноҳияи конибодом иҷро мекунанд.

Ба наздикӣ Қофлонбой бо мошини дуошёнааш ба Конибодом омад ва аз онҷо дидан кард ва барқро ҳамон руз қатъ карданд. Ва обро як ҳафта доданд, аммо баъдан қатъ шуд. Ба ҳар ҳол мо мардум аз он ҳам сипос гузорем, чунки нафси ин ин қадар калон нест. Мошини Қофлонбой ба монанди ҳавопаймои 92 миллиондоллари бачаи Марями гурсухта хеле бо суръати тез аз Қарақчиқум гузашт. Мегуӣ, ки Қофлонако ба Афғонистон сафар дошта бошад.

Чунки ҳозир Юсуф Раҳмон гушҳои Қофлонбойро кашида сар додааст ва ӯ бояд ягон коре карда бошад .

Аммо Буратино то ба ҳол мехоҳад ба Оила резултат нишон диҳад. Барои ҳамин ҳоло бо расонаҳои С.С – ТВ ба монанди «Пайки Суғд» ва Ахбори вкд дар Конибодом мардумро туҳмат карда ба назди подполковник ва барандаи «Пайки Суғд» мебаранд. Ҳатто барандаи ҳамин расона як бодоварда аст.

Ин бодовардаҳо ташнаи вазифаанд, бародар.

Ба фикрам Оила бинии Буратиноро кашида сар додагиаст. Аз ҳамин сабаб мақомоти ҷугисифаташро ба тамоми кучаҳои Конибодом партофтагӣ аст. Сари ҳар кучаи Конибодом як мошини тонировкадор аст ва дар дохили мошин 5 -7 нафар менишинанд. Баъзе вақт онҳо гову гӯсфанди мардумро ҳамонҷо ҳамроҳ бо қассобҳо кушта мехӯранд.

Мо мардум, албатта аз ин амалиётҳои Раҳмонов метарсем ва мехоҳем, ки Раҳмонов тезтар бимирад ва Конибодом аз ин ҷугиҳо, гансҳо ва кунлесакҳои зарафшонӣ озод шавад, ба монанди Ниндзя ва ғайраҳо. 

Мо мардуми Суғд аз ин ҷугиҳои таҷовузгар ва одамрабо безор шудаем.

Ҳоло насоси Қофлонбой( Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд) овардагӣ вайрон шуд ва обро мо фақат дар хоб мебинем.

Ягона касе, ки фоида аз ин роҳ мегирад ин отаи Пингвин -Зоир аст. Вай графики мошинҳояшро иваз кард. Соатҳои 1:25 фураҳо мераванд ба самти Исфара.  

Қочоқро мебарад ва ба гуфти мардуми мо «кайф- кайфи Зоир де»  

Ва ҳоло бошад ба Конибодом сари ҳар деҳа 50 –тоӣ милисаро аз худи Душанбе оварданд ва инҳо телефонҳои тамоми мардумро тафтиш карда истодаанд. Мақомот ҳам кушторро содир карданд ва ҳам онро тафтиш ва гузориш карда истодаанд. Хеле тааҷҷубовар. Ба фикрам, агар Оила хоста бошад, гуфти гапо сайёраро мақомот барои онҳо меоранд.  

 Вақте ҷанг бо қиргиз шуд марзро ин қадар хуб ҳимоя намекарданд. чихел раҳмонов ро қати қочоқҳои вай. Ягона хоҳише, ки мо мардум дорем ин аст ки дигар мо- мардуми Конибодомро ҳеҷ кас шабона накушад, ба хонаҳоямон надароянд, барқамонро хомуш накунанд ва моро Қофлонбой-раиси вилоят ва Турсуноғлу –раиси шаҳр бо насос таъмин кунанд, тамом.

Мо на ниёзи оппозитсияро дорем на ниёзи С.С  ва Р.Р. ва на Юсуф Раҳмон, на вазири мудофиъа ва на ба ном зиёии Абдулло Раҳнамои гаремшикро. Мо мардум оҳи ҷонкоҳ дорем аз инҳо. Бародар Муҳаммадиқбол! Ба ҳар ҳол агар манро қапанд донед, ки дар Суғд як бародари Шумо буд.

Чунки шояд ин охирон нома аз Конибодом бошад ва ман охирон баномуси ин ноҳия бошам.

Share This Article