Номаҳо аз ноҳияҳо ба «Ислоҳ.нет» №228   

Ислоҳ нет

Ин нашри барномаро бо номае аз Қубодиён шуруъ мекунем. Муаллиф дар бораи имомхатиби деҳаашон навиштааст. Дар воқеъ имрӯзҳо имомхатибҳо дар масоҷид аз иҷрои рисолати худ комилан ба дигар тараф рафта муртакиби ҷиноёти мудҳиш  шуда истодаанд ва номаи аъмолашонро худашон бо дастони худашон сипсиёҳ карда истодаанд.

Вақте вазъу ҳолатон чунин аст беҳтар аст, ки аз ин масъулият бо ҳар баҳона даст бардоред. Вагарна минбару меҳроби масҷид ва намоз дар онро барои таблиғу ташвиқи як тоғут истифода кардан муҷозоти ҷуброннопазир ва сангин дорад. Инро, ки шумо хубтар медонед. Барои ин дунёи дурӯзаи фонӣ ва гузаро охират ва ҷаҳони ҷовидониатонро ба ҷаҳаннам бадал накунед:

                                          Қубодиён 

Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқбол! Аз совхози Тоҷикистони Қубодиён ҳастам ва аз имомхатиби қишлоқамон ва дигар ҳаромхурҳо мехоҳам бароятон нависам.

Имомхатиби мо  Шарипов Муллосайдаҳмад аст. Вай фиръавни замон аст. Кораш фақат дуруғ гуфтан аст. Дар даруни хонаи Худо дуруғ мегуяд. Кораш мардумро тарсонидан аст. Бисмиллоҳ намегуяд, Аллоҳ намегуяд. Наузубиллоҳ фақат номи худои худашро мегирад- яъне амният. Худои ин мулло амният аст. Шарм накарда мегуяд худои ман дар роҳ аст. Сипас ба дуруғ гуфтан сар мекунад. Мегуяд ,касе мард аст «бхеза бга ма имсол ай тарафи масҷид хизмат мерам». Шарм намекунад, мегуяд, ки «хизмати ҳозира ай саюзнда созай ҳамай шароитош сад фоизай. Мара хдма бган ба Худо қасам мерам хизмат».

 Эй муллои амниятӣ! Ман ба ту аз ин Пойгоҳи мардумии «Ислоҳ» мегуям:  «мехоҳам, ки рубару ба ту ин саволҳоро диҳам, лек афсус, ки ту мард нести ва чихеле худут мегуй ба худои худ занг мезанӣ ва мара мегиран мебаранд, аз дур ҳам бошад ин шо Аллоҳ ҳамаша ту худат мешинавӣ. Соз гуш кун саволҳои мара, ту худат нара хизмат вале Шарипов Сунатулло, Шарипов Ҳусайн ва Шарипов Абдураҳмон ва боз ду каси дигар ай духтарат дорӣ, ки номҳошона намедонам, ҳамааш панҷ нафар набераҳоятан, инҳора хидмат равон кун, ё инҳо мардбача нестанд? Хизмат танҳо барой мо камбағалоҳай? Агар хизмат шароитош соз мебд ту бачае, ки дар никоҳ кунӣ торти пеши шаҳа гирифт, майда кард, қати ҷураҳош хурд,ту қатиш разбор кардӣ, барой як торт, гуфти ту қафота ба шохи гов чанг надоз, ки ҳами сезон ма тра хизмат равон накнм мара чизе мегуй бгу».

  Хизмат ҷои соз мебуд, ту он бачаро угрожать намекардӣ. Ту худат хубмедонӣ, ки ҷои бад аст, мисли саг азоб дорад хизмати частҳои Раҳмонов. Вале ту бошӣ дуруғ мегуӣ дар даруни хонаи Худо. Изо накашида мегуӣ, ки ҳама шароитҳояш созанд ва боз шарм накардӣ, ки дар намози ҷумъа гуфтӣ: «раиси ноҳия мега заминой масҷида картошка бкорен, ки ма ҳози дунё пеш рафтаст, ма медром спутник қатӣ мебинм. Агар шинондагӣ набошан ман бад қатии ӯ халқ дигахел гап мезанм».

Туро ба Худо қасамат медиҳам, ки дар Тоҷикистон ҳамин хелин пешравӣ ҳаст ё не? Камтар изо каш шарм кун. Ман ҳайронам, ки ин қадар одамҳое, ки аз ислом ҳиҷчи намедонанд аз рӯзи пурсиш метарсанд. Аммо шумо, ки медонед бо гуфти худтон, чаро наметарсед? Дуъои ман ҳамин аст барои шумо ва шумо баринҳо: ё Аллоҳ инҳоро ҳидоят ҳеҷ гоҳ накун, лоикам бошан ҳидоят накун.Мо дар ин дунё зурамон нарасида истодааст. Мехоҳем сухтани шумо ва шумо баринҳоро бинему камтар ором шавем. Ин дуоям хато бошад,илтимос маро ислоҳ кунед, Муҳаммадиқбол. Чунки дар ин ватан ягон муллои бовар мекардагӣ намондааст дигар.

Яке аз ҳаромхурони дигар раиси танзими мо мебошад, ки шаш ҳазор сомонӣ барои облава мегираду чор ҳазори дигар барои иҷозати туй. Агар яккаписар бошӣ шаш ҳазор сомониатро мегирад. Рост аст ё дуруғ мегуяд, ки «мара дар ҳар як празникҳо чанта гусфанд ва чанто индиюк мефарман ай боло, ма мебарм метим, бад ай халқ мекашм мегирм, ҳамашон медонан боло бдагиҳо ягон гап намеган». Ин Тоҳир  худаш як кудак аст, аз аввал соз буд.Лек қатӣ ҳамин раиси маҳаллаамон якҷоя шуд дигар тамом. Ин раиси маҳалламон як аждаҳо аст. Ҳама чизро мегираду мехурад, лек аз об хушк мебарояд. Мисле, ки ягон чиро намедонад, вақти облава мешавад тамом. Дар пеши мошини облава мешинаду бузиро сар мекунад, ба гуфте «бза бе раҳмш ана ҳамида сад фоиз туғрӣ мегирад». Як бачаро мешносам, ки то ҳозир кудак надорад, аммо ба худо қасам ҳар сезон панҷ ҳазор сомониашро мегиранд, аз ҳаждаҳ солагиаш то ҳозира ба медонистагии ман чил ҳазор сомониашро гирифтаанд. Ана ҳамин раиси маҳаллаамон Гулонов Додарбег ҳамроҳашон меравад ҳар сезон. Аз аллоҳ битарсед. Хайр, Аллоҳ ҳамон баччаро ҳамин хел дар имтиҳонаш гирифтааст, монед камтар сум ҷамъ кунад ва  як табобат кунад худашро ва ҳамон ҳам  соҳиби як фарзанд шавад. Аммо шумо беимонҳо шаш моҳ пас панҷ ҳазориашро мегиред. Аллоҳ фарзандони онҳоро, ки сумҳои ин одамро хурда бошад бигирад, то фаҳманд.

Ҳамаамон медонем, ки бе иҷозати раиси ҷамоат югурдаку думраваконаш ягон кор карда наметавонанд. «Раис мо хта соз мешносем,ту пеш ай раисит одами зур бдӣ, ба номус бдӣ, ҳама вақт ай пушти қишлоқ гап мезадӣ, чи балот задаст, ки ихели бе раҳм шидай. Касе, ки кудак намиёва сум бгирен аз ӯ?. Неки ихели бадам не, ақалан через сол бгиред. Ба Худо қасам дуъои ин нафарҳои бефарзанд зуд аст ки шумора мегирад. Фикр накунен, ки ма кудак надорм. Ба худо қасам ма кудак дорм, шукри худо. Лек дилм месуза, ма мебинм сумгирии бераҳмонаи шуморо. Чораи ҳаминро бин Раис!». Ин нома танҳо огоҳӣ буд барои шумо ва пас аз ин ҳар ҷиноятҳотуна бо далел менависам ба «Ислоҳ» равон мекунам, ман гуфтам шумо шуниден!

                   Санкт-Петербург

   Ассалому алейкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу устоди азиз Муҳаммадиқболи Садриддин! Аллоҳ иззат ва эҳтироми шуморо бештар бисозаду мо пирӯз шавем.  

  Ман як бародари ваҳдатии шумо ҳастам. Ман дар Красний селои Санкт-Петербург будам. Як моҳ пеш маро полисҳои рус дастгир карда ба маркази депорти муҳоҷирон Красное село бурданд. Яъне як Сахароваи дигар, ки дар Москва ҳаст. Бурданду 18 рӯз маҳкам карданд. Маро рӯзи якуми моҳ онҷо бурданд. Дар ошёнаи мо номери телефони сафорати Узбекистон ҳаст аммо аз Тоҷикистон нест. Этаже мо будем бисёр страшний буд. Ҳамроҳи мо як узбек бачча буд. Аз вай телефон хоҳед, то ягон минут ба наздикҳо гап занем ҳазор рубл талаб мекард. Ягон масъули баимону мусулмон бошад як назар ба ҳамин бачаҳои Красное село кунад. Валлоҳ аҳволи шаҳрвандҳои Тоҷикистон хело  бади бад аст. Рамазон аст. Охир ин чи зулм аст. Ҳатто консулгарии Тоҷикистон дар  интернет номер надорад, мардум дар азобанд. 

Дар инҷо ҳастанд нафароне аз Тоҷикистон, ки 4-5 моҳ мешавад маҳкаманд. Барои хатоӣ дар документҳо депорт кадагиянд, аммо ягон кас нест ба додашон бирасад. Ё   Аллоҳ! Инҷо занҳову модарҳои тоҷик ҳам ҳастанд. Бо чашмони сарам дидам. Аллоҳ шоҳид аст, занеро ҳамроҳ бо шавҳараш оварданд. Шавҳараш бо мардҳо дар этажи отделно.

Раҳмонов ин консулгарии генерали Тоҷикистон дар Санкт-Петербург чи кор мекунад, куҷоро нигоҳ мекунад, чаро маош мегиранд? Ё мо тоҷик нестем, ё онҳо мо- тоҷикҳоро назарашон намегирад.

Ин шо Аллоҳ шуморо зиндони Кирпичний ждат дорад. Ваҳдатиҳо тайёранд барои ин гуруҳи тоҷикозори одамкушу террористҳои дар боло нишаста, ки дар фикри тоҷикҳои имрӯз мазлуму мустаманд нестанд.

Мо ваҳдатиҳо, бардар Муҳаммадиқбол дар канорат ҳастем, тайёрем. Иншо Аллоҳ инқилоб аз Ваҳдат сар мешавад.

                                  Ваҳдат

 Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқболи Садриддин! Дар ин гирду атрофи мо корҳое шуда истодааст, ки маро бетараф нагузошт ва мехоҳам аз онҳо ба шумо ҳикоят кунам.
Аз шуъбаи амнияти шаҳр чанд рӯзи пеш дар ҳангоми таровеҳ ба масҷиди қишлоқи Сароби ноҳияи Рудакӣ ҳамла карданд. Се борӣ тасбеҳ мегуетон гуфта масҷидро бастанд. Гуфтанд, ки агар масҷидатонро дӯст медоред 100 ҳазор сомонӣ месупоред, баъд масҷидтона мекушоем.

Домулло ман аз 2006 бо ҲНИТ будам. Метавонам 4 нафарро бо худам дар ҳар маврид дошта бошам. Мо ҳамагӣ 5 нафарем, вале метавонем бештар шавем. Ман ҳамон нафареам, ки аз Русия чанд навор бароятон роҳӣ карда будам. Иншоаллоҳ дар ватан вомехурем. Ҳоло мехоҳам боз дар як мавриди дигар га занам. Дар бораи як номарди касиф бароятон менависам. Ин номарди қишлоқи Чорбоғи шаҳри Ваҳдат Бобоҷонов Абдусамад Саидшоевич аст. Ин одам чанд соли пеш бо моддаи 200 қ.4 дар Тоҷикистон тюрма шудааст. Яъне муомилоти ғайриқонунӣ ба миқдори калон.  Баъди аз зиндон баромадан дар Душанбе ва отдели Ваҳдат як бузи тайёр шудагӣ ҳаст.

 Ин номард дар куҷое бишинад мухолифонро дашномҳои қабеҳ мекунад. Ҳамаи  мухолифонро. Ҳатто мегуяд, ки «фалони маро хурда наметавонанд. Пешвои миллат ҳамаашонро фалон мекунад». Агар мухолифон ба Тоҷикистон дароянд, мегуяд, ман якум шахсе ҳастам, ки бар зидди мухолифон меҷангам. Ин одам дар шаҳри Влдимири Маскав наркобизнес аст. 
Порина ё перор Америка рафту онҷо як сол истод. Тибқи баъзе маълумот аз онҷо пули кадом як бизнесменро ё зада ва ё бо фиреб мегираду ҳуй мехурад ба тарафи Тоҷикистон. Як шинос ба амнияти миллии Тоҷикистон «характеристика»-ашро мегуяд. Меқапанду мебаранд. Суми калон дода халос хурд вале худи ҳамон рӯз ба Хуҷанд рафта ва аз онҷо ба Маскав гурехт. Чунки ҳамсояашон адвокати калони Ваҳдат аст бо номи Акрам. Ҳамон одам через шиносҳояш халос мекунадаш. Акои адвокат раиси маҳаллаи қишлоқашон харктеристикаи сафед менависад ҷонаш наҷот меёбад. Аммо, валлоҳӣ, ин номард сари чанд камбағали бечораи бегуноҳро хурд, маҳкамашон карданд.

 Абдусамад Бобоҷонов «доруҳо»-и шогирдони Боимро мефурушад. Хоҳиш аз шумо ин аст ки як бор дар барнома бароред то халқ ӯро бишиносад ва дар доми ин шайтон нағалтанд.

Вақте амниятиҳо қапиданд, условияаш монданд, ки ду моҳ дар чашми мардум натоб. Ва вай рафт Хуҷанд, як ҳафта пинҳон шуд ва рафт Маскав. Охир чаро инҳо ҷиноят мекунанд метавонанд гурезанд вале мардуми бе гуноҳро зиндон мекунед? Адолат куҷост?

                                Ҳисор

Ассалому алейкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу бародари азиз Муҳаммадиқбол.  

Номаи имрӯза аз шаҳри Ҳисор, ҷамоати деҳоти Сомон, қишлоқи Вахдат фиристода мешавад. Инҷо навбунёд мебошад. Халқи бечора худаш маблағ ҷамъ карда 150 метр заминро кофта об баровард ва алҳамдулиллоҳ соҳиби об ҳам шудем. Аммо мутаассифона аз ҳукумат омада онро маҳкам карданд. Мегуянд, ки бояд шумо налоги давлатӣ супоред, ҳол онки он обро халқи камбағали бечора пул ҷамъ карда баровард, на инки ҳукумат. Боз ин мусибаташ кам буд, ки дар ин қишлоқи Ваҳдат муддати 3 моҳ мешавад 17 хонаро дузд ё дуздҳо зад. Аз баъзеяш пул аз баъзеяшон, ки пул наёфтааст ҳама ҷиҳози хонаро тагуру карда ордхоро рехта аз болояш ҳама маводи рӯзгор: намак, равған ва дигарчиҳоро рехта омехта карда мебароянду мераванд ва ҳеҷ кас ҳам ба доди мо намерасад. Участковияш меояд мегуяд мо доказателства надорем, меравад, ягон натиҷа надорад. Наход, ки ин ВКД-и Раҳмонов як дуздро дошта натавонанд. Мо дар муҳоҷират бо азобу машаққат пул ба даст меорем. Аммо занону кудакони мо бо тарсу ларз аз ин дуздону ҳаромзодагон дар ватан басар мебаранд. Мо ин дарди худро ва азобу машаққати худро ба кӣ гуем?

 Дар инҷо як мактаб буд-вагонҳо. Талабагон дар ҳамонҷо дарс мехонданд. Баъд аз  суханони шумо, ки рӯзе он мактабро танқид карда навори онро дар Ютуб партофта будед, аз шарм вагонҳоро бурданду дар ҷояш арабҳо мактаб сохтанд. Хоҷагии инҷо зиёда аз 800 сокин мебошад.

 Валлоҳу аълам, ман медонам ягона ҷое, ки дарди ин миллатро дарк мекунад, ин шумо ҳастед. Инро ба гуши раиси шаҳри Ҳисор Ҷаббор Носирзода расонед то аз  ин мардуми камбағал ҳолу аҳвол пурсад ва ин дуздону ин ҳаромзодагонро дастгир кунад. Агар аз уҳдаи ин кор баромада наметавонад курсии раисиро холӣ кунад ва рафта гуспандчаронӣ карда гардад. Ин халқ ниёз ба раисе дорад, ки дарди ҷомеаро дарк кунад, на инки ин халқи камбағалро талаву тороҷ кунад.

  Аллоҳ дар ин моҳи рамазон шуморо аз тамоми офатҳо дар ҳифзу амонаш нигаҳбон бошад ва ватани моро аз дасти ин золимону наҷасон ҳарчи зудтар озод бигардонад.

Бо эҳтиром бародари шумо….

                                    Вахш

Ассалому алейкум бародар Муҳаммадиқбол. Ман як бинандаи доимии шумо ҳастам. Илтимос ин номаи маро дар барномаи дустдоштании «Номаҳо аз ноҳияҳо»  ҷой диҳед, чунки ба арзу шикояти мо ҳеҷ кас ҷуз шумо намерасад.

Ман истиқоматкунандаи деҳаи Дуканала ёки 70гектара ҳастам. Дар ин деҳаи мо раиси маҳаллаамон муаллима Сафаргул аст ки дар шуъбаи маориф кор мекунад ва ба деҳа тамоман аҳмият намедиҳад. Чунки кораш бениҳоят зиёд аст. Ҳам дар маориф кор мекунад ва ҳам директори мактаб аст. Ва мо дар деҳаамон мактаб сохта истодаем, чунки мактаб надорем ва мактаб хеле ва хеле дур аст аз деҳамон. Айни ҳол бароямон бисёр душвор шуда истодааст, чунки сохти мактаби замонавӣ мушкил аст дар ҷойҳои мо. Дар мо одамони хайрхоҳ камтар аст. Масалан наметавонем, ки гарнт бигирем ва ё ягон шайхи арабро даъват кунем барои кумак ба сохти мактаб ё бунгоҳи тиббӣ. Дар қишлоқҳои ҳамсоя аз ин усулҳо истифода бурда буд карданд, корҳояшонро. Аз мо бошад монд. Зеро раиси маҳаллаамон чунон бепарво аст. Ҳатто сертификати замини мактабро баччаҳо худашон такудав карда ба даст оварданд. Раиси маҳаллаамон, ки дар шаҳр, дар шуъбаи маориф кор мекунад, ақалан ҳамин корро накард.

Барои трансформатор бошад сари ҳар як хона дар соли 2017 800 сомонӣ гирифт. Айни ҳол бошад аз сад хона гузашта рафт. Дар ин деҳа ва аз ҳамаи инҳо 800сомонӣ бигирад зиёда аз 80 то 100 ҳазор мешавад ва ин трансформаторро бо нархи 32 ҳазор харид. Дар бораи онки боқии пул куҷо шуд, ҳеҷ чизе намегуяд. Дар ин байн аз сабаби камқувват будани трансформатор ва истифодаи зиёд, чун аҳолӣ зиёд шуд онро иваз намудем ва боз аз 50 то 100 сомонӣ иловатан ҷамъ кардем.

 Ва ҳар дафъа, ки дар деҳа одами нав меояд дарав 800 сомонӣ мегирад ва ин кор то ҳозир идома дорад. Ва ин трансформатор дар ин деҳа ва шаҳр шахсӣ ба ҳисоб меравад ва ҳар гоҳе вайрон шуд, зуд барои таъмир пул ҷамъ мекунанд

 Хулоса, дар деҳа проблема бисёр аст. Вале раиси маҳалла тамоман парво надорад, балки баракс бо кибру ғурур мегуяд, ки «ма одами ҳукумат астум».

Ва барои шикоят аз болои вай ба марказ ҷамоати Рудакии Вахш рафтем. Вале дар ҷамоат райси ҷамоатро бақап намекунӣ. Чунки раиси ҷамоат фақат масруфи пули налогчинӣ аст ёки ба дигар корҳо машғул мешавад. Намедонем ба кӣ арз кунем кор ва амали ин раисаро, дар ҳоле, ки дар маҳалла проблемаҳои ҷиддӣ бисёр аст масалан:
Якум: мактаб сохтан дар кор чунки дер шуда истодааст.

Дуввум: симу симчуб-столба ба кучаҳо кашидан ва шинонидан дар кор аст.

Севвум: дар деҳа квартирантҳои бетарбия ва сағираҳои бемаданияту бадахлоқро сур кардан даркор ва ё ки насиҳат кардан даркор, чунки ҳар шабу рӯз дар деҳа бо зану мард ин квартирантҳо дар ҷангу хархашаанд. Шавҳарони ин занҳо дар Русияанд аммо ин квартирантҳо ҳамаро ғам дода мегарданд. Масалан Хуршеди лаби каналги ҳамаро безор кардааст, овозаш то байни қишлоқ мебиёяд, аммо раиси маҳаллаамон руирост мегуяд «мада пофиг нестай».
Чаҳорум:
ягон бор нисбати шикори ғайриқонунӣ, яъне бо ток задан моҳиҳо арзу шикоят намекунад охир ин ҷиноят аст.  
Панҷум: бояд пули боқимондаи барои трансформатор ҷамъшударо ошкоро эълон карда ва онро барои сохтани мактаб масраф кунад.

 Охир ин як зан аст. Наметавонад ду корро пеш барад.

Хоҳиш мекунем аз раиса Сафаргул, саркашӣ накарда ҷойро супор ба як каси дигар, то ҳамаи ин мушкилотро ҳал кунад. Аммо мо аниқ медонем, ки ин муаллимаи Сафаргул на худаш мекунад на мемонад касеро,ки бикунад.

Мушкилиамон дар деҳа хеле зиёд аст.  

  Сафаргул, зодаи Синакоси Вахш ва дуюм зан аст. Он трансформатореро, ки дар соли 2017 харида будем 27 ҳазор ва бо насбаш 32 ҳазор сомонӣ афтида буд. Дар деҳа тибқи нақшаи куллӣ 204 хона ҳаст. Аммо ҳоло аз 100 то 120 гашта рафтааст.

Барои сохти мактаб аз тарафи ҳукумат ягон кумаку дастгирӣ нест тамоман.
Масалан аз ҳар хона 1500 ҷамъ карда истодаем. Мушкил ин аст ки ин пулро на ҳама дорад. Аммо раиси маҳаллаамон вақт надорад, ки аз пушти ин корҳо биравад. Вале ҳар моҳ бе прогул пули моҳонаро ҷамъ мекунад. Ва ин раиси маҳаллаамон аз чанд мардуми бечора пул гирифта  ваъда кардааст, ки «ма камбизоатитон мекунум». яъне дар феҳристи камбизоатҳо мегузаронад. Аммо аз байн сол гузашт, на пул аст на камбизоатӣ. Мардумро боз мисли пулҷамъкунии трансформатор карда истодааст. Дар шуъбаи маориф фақат таъриф мекунад, ки «ма дар деҳамон мактаб сохтестам»
Ин Хуршед занашро, ки аз 50 сол зиёд умр дорад бераҳмона мезанад. Комили ҳамсояи апаашро бо табар зад. Участковий омад бурданду ариза карданд, аммо Хуршедро ҳатто ҷарима накарданд. Хуршедро на камтар аз 30- бор ба отдел бурданд, аммо милиса «ҷошда ҳуй метанша». Албатта  ҳамин полковник Машраф Исматзода. Бачаҳо аз Хуршед сабаб пурсидаанд. Гуфтааст, ки «ма айбошона медонум и сагҳора ва ма ҳаракат мекунум, ки ҷиноятҳои калон накунум». Охир одамро ба табар задан ин ҷинояти калон нест?, Хуршед не пули трансформатор ва  не пули барқ ва не пули бунгоҳи тиббӣ додааст. Ҳатто аз барқ як дона чеки пардохт надорад. Худаш мегуяд, ки «ма қл нестум ранги шумо пули барқа бутум». Чунки Хуршед ба раиси маҳаллаамон Сафаргул хешиву табори дур аст. Охир дар ин ноҳияи мо ягон идораи суд ё  прокуратура ё милисаву амният бе ришва чора намебинад.

Мо аз мақомот мехоҳем нисбати раиси маҳаллаамон Сафаргул чора биандешанд. Чунки пулҳои мондаги аз трансформатор  аз 120 хона 800 сомонӣ ин 96 ҳазор сомонӣ мешавад, номаълум аст ки куҷо шуданд. Дар асл шумораи хона аз 120 ҳам бештар аст. Дар ин ҳолат аз 100 ҳазор ҳам зиёд аст боқии пул. Чаро чораи моро намебинед?

Share This Article