Хабари марги ҳашт шаҳрванди Афғонистон дар яке аз конҳои ноҳияи Айнӣ чанд рӯзи пеш дар расонаҳо мунташир шуда буд. Ин ҳашт сокини Афғонистон аз вилояти Дойкундии ин кишвар будаанд. Дар хабар иллати марги ин сокинон тарикш дар дохили кон гуфта мешавад. Аммо бинобар хабари фиристодаи яке аз аъзои тими «Ислоҳ» дар ин ноҳия сабаби ба ҳалокат расидани онҳо муносибати ғайриинсонии ширкати Фарози Шамсулло Соҳибови домоди Эмомалӣ Раҳмонов ба коргарони ин кон будааст. Муаллифи номаи дастраси мо шуда менигорад, ки Фароз ба ягон қоида ва қонуни бехатарии техникӣ дар кон риоят намекунад. Ва он афғонҳои коргар на аз таркиш, аз заҳролудшавӣ ба ҳалокат расидаанд. Беҳтараш тафсилотро аз нома бихонем.
Айнӣ
Ассалому алайкум бародари азиз Муҳаммадиқбол! Аз ноҳияи Айнӣ бароятон ин номаро ирсол менамоям. Дар бораи он сокинони Афғонистон, ки дар Айнӣ ба ҳалокат расиданд, гуфтаниам. Он шаҳрвандони ба ҳалокат расидаи Афғонистон дар кони Айнӣ,дар ширкати «Фароз» кор мекарданд. Аз заҳролудии ҳаво нафасгир шуда вафот карданд. Дар ҳама конҳои ангишт гази метан вуҷуд дорад ва боз газҳои дигар. Агар ҳавои шахтаро, ба хотири сарфа кардани маводу маблағ тоза накунанд метан ҷамъ шуда дар шахта таркиш ба амал меояд. Боз гази С02(углекислий газ мегуянд ба русӣ) ҷаъм мешавад. Ҳангоми тоза накардани ҳавои шахта 20% ин газ одамро мекушад. Яъне таркиби ҳавои шахта 10% аз ин газ олуда шавад одам хело бемадор ва ё ҳатто беҳуш мешаванд. 20% боло шавад, ин марги яқин аст.
Ягон майда қоидаҳои техникаи бехатарӣ дар шахтаҳои ангишти Фароз иҷро намешавад ва ҳаёти он шаҳрвандони Афғонистон барои оилаи Эдик пофиг. Неофеодалҳои асри 21!
Ман як чизро гуфтаниам, ки роҳбарияти ин кон коргаронро сахт огоҳӣ дода тарсонид ки аз ин ҳодиса тамоман гап назананд. Агар ин хабарро расонаҳои Афғонистон чоп намекард касе огоҳ намешуд. Чаро? Чунки инҷо саддарсад гуноҳи ширкати Фароз аст. Фароз тамоми конҳои ноҳияи моро гирифт ва тобистону тирамоҳу зимистону баҳор ин конҳоро истифода карда истодааст. Мисли онки тамоми муддати сол хуни бадани моро кашида гирифта истодааст. Ангишти моро ба Узбакистон ва то Афғонистон бурда истодаанд. Ҳозир мошинҳои дарози Узбакистон, ки танару дулан мегуянд омада бор карда бурда истодаанд. Аммо барои риояти қоидаҳои техникаи бехатарӣ ягон зарра хароҷот кардан намехоҳад. Маблағ барои амнияти шахта ва саломати коргаронро ҳам ба ҷайби худ мезананд, списат мекунанд.
То онҷо, ки шунидем маблағи тобут ва ирсоли онро Фароз ҳозир нашудааст пардохт кунад ва ҳиҷ маблағе барои ҷуброн ва бима ҳам надодааст. Бовар кунед, ки як чунин қавми чашмгушнаи мумсикро дар умри сарамон надида будем.
Рудакӣ
Ассалому алейкум бародари гиромӣ Муҳаммадиқбол ва бинандагони азизи «Ислоҳ.ТВ». Ман як сокини ноҳияи Рудакӣ аз ҷамоати Мирзо Турсунзода ҳастам. Каме бошад ҳам аз камбудиҳои деҳаамон ба самъи Шумо расониданиам. Дар деҳаи Мирзо Турсунзода, дар маҳаллаи Мардовски ҷияни раиси бачабози ноҳия Абдуғаффор Ҳикматуллозода бо писараш ба ҷони мардум задаанд. Мардумро аз хонаҳои худашон маҷбуран меронанд. Срок мемонанд, ки замин моликияти давлат аст, холӣ кунед мегуянд. Ҳоло бошад соҳибони замнҳои ду тарафи роҳи Мардовскиро ба суд додаанд. Мардум норозигӣ баён карданд. Аммо ягон натиҷае надод. Ҳикматуллозодаи ноинсоф тамоми мақомотро худаш идора мекунад. Писари ин раис ҳар ҳафтае 1 ё 2 маротиба ба ноҳия меояд ва аз домсозҳо пул мечинаду меравад. Шояд савол ба миён ояд, ки пули чиро мечинад ва барои чи мечинад?
Ҷияни раиси ноҳия -«Идриссохтмон» худашро домсоз муаррифӣ карда аз номи тамоми мақомот ба хонаҳо рафта фишор меорад ва мегуяд «срочно холӣ кнен, хонаи шумо мактаб ё садик (кудакистон ё боғчаи кудакона мешавад)» ва хонаҳоро ба маблағи ночиз гирифта баъд бо ҳамроҳи тағояш қарор ва санад (лоиҳа-проект) мекунанд ва сипас худашон ба маблағҳои хело баланд мефурӯшанд. Аз ҳамин хотир домсозҳо дар охир сохтмонро нотамом карда не майдончаи варзишӣ, не таваққуфгоҳ барои мошинҳо сохта ноҳияро тарк мекунанд. Ҳоло бошад дар маҳаллаи Мардовски ҷияни Ҳикматуллозода бо мардум бо монанди солҳои ҷанги шаҳрвандӣ муносибат намуда мардумро таҳдид карда истодаанд, ки «мебаремтона статияи салафӣ, статияи терроризм мезанемтона». Инҳо худашон ба мардуми умуман тасаввурот надошта ба салафият ба терроризм тарғибу ташвиқ мекунанд. Ҳикматуллозода амният, прокуратура ва милицияро чени саги пеши дарвозааш қадр намекунад. Ман дар ҳаётам нав дидам, ки амният ҳамин хел беобуру мешудааст. Пеш вақт амният як обуру дошт, ноҳияро соҳибӣ мекард ҳоло бошад амният вуҷуд надорад.
Аз раиси Кумитаи сохтмон ва архитектураиТоҷикистон эҳтирома хоҳиш мекунем як бор омада тафтиш кунанд, ки инҷо чи хел ва бо чи роҳ домсозиро оғоз мекунанд.
Дар гардиши маъруф ба Ленинград умуман сохтмон бе талаботи қоидаҳои сохтмон рафта истодааст. Як қисмати бинои баланошёна дар заминҳои кишоварзӣ- заминҳои корам сохта шудааст. Дар павароти Ленинград зиёда аз 1700 квартира сохта шудааст, ки умуман ба талабот ҷавобгу нест: не таваққуфгоҳ дорад, не майдончаи варзишӣ.
Аз Прокуратураи генералӣ ва дигар сохторҳои қудратӣ хоҳиш карда мешавад, ки як бор биёянду санҷиш гузаронанд. Дар сурати чораҷӯӣ накардан мо метавонем як барномаи муфассал бо наворҳо дар аввалҳои моҳи август пешкаши «Ислоҳ» ва мардум намоем.
Мавзуи барномаи мавриди назари мо дар бораи сохтмони баландошёнаҳо дар ноҳияи Рудакӣ хоҳад буд ва мо дар он барнома маълумотро дар бораи чанд бинои баландошёна сохта шуд, Абдуғаффор Ҳикматуллозода, раиси ноҳия чи қадар қарор дар бораи сохтмони ин биноҳои баландошёна баровард ва чи қадар пулу пора гиирифт ва маблағҳо бо чи восита ва бо миёнравии киҳо ба кисаи Ҳикматуллозода даромадааст, кадом иншоотҳоро соҳибкорон сохта ба истифода додаанду вале Ҳикматуллозода ин биноҳоро чи тавр аз ҳисоби бюҷет сохта шуд гуфта санад карда аз буҷҷаи ноҳия миллионҳоро гирифта ба кисааш задааст, заминҳои кадом минтақаҳоро ҷиянҳояш бо чи восита гирифта ва бо чи миқдори маблағ фурӯхтанд (посредники ) ва кадом соҳибкоронро Ҳикматуллозода ба чи ҳаҷму миқдори маблағ кидать карду онҳоро тарсонд, ки агар арз кунанд, статяҳои вазнин мезанад, Ҳикматуллозода пулҳоро кай ва дар куҷо мегирад ва кадом иншоотҳои давлатиро хусуси карду фурухт, ҳамаашро яктабаякта навишта мефиристем.
Чунин бесарусомонӣ ва ғорату дуздии ошкоро дар ҳамсоядавлати ҷангзадаи Афғонистон шояд набошад. Мо бо як бовари мегуем, киТоҷикистон давлати ҳуқуқбунёд мебошад, аммо дар ноҳияи Рудакӣ умуман адолат нест.
Ман дар охир мушаххасан ба панҷ ниҳоди давлатӣ расман муроҷиат менамоям:
1) Дастгоҳи иҷрояи Президенти Тоҷикистон;
2)Прокуратураи генералии Тоҷикистон;
3)Агентии мубориза бо коррупцияи Тоҷикистон;
4)Кумитаи давлати амнияти миллии Тоҷикистон;
5)Палатаи ҳисоби ҷумҳурииТоҷикистон:
Аз Шумо эҳтиромона хоҳиш мекунем, ки нисбати ноҳияи Рудакӣ ва раиси он Абдуғаффор Ҳикматуллозода хулосаи амиқи худро бароред ва дар сурати чораҷуӣ накардан мо метавонем аз номи 5 сохтор хулосаи амиқи худро пешкаши мардум кунем ва Шумо метавонед аз таҳқиқоти мо истифода кунед. Аммо ҳоло гуфтаниам, ки вой бар ҳоли Шумо, ки ноҳияи Рудакӣ аз маркази шаҳр ҳамагӣ 12 километр дур мебошад, аммо Шумо ин қадар қонуншиканиҳоро дида наметавонед.
Як мисоли мушаххасро аз барномаи оянда ҳамчун намуна меоварам:
Дар маҳаллаи Мардовски ҷиян раиси ноҳия ҷойи 265 хонаи мардумро ба зурӣ гирифта истодааст, баъзеяшро гирифта ба дигарҳо бо нархи баланд фурӯхт…
Ваҳдат
Ассалому алейкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу бародар Муҳаммадиқбол! Худованд аз шумо розӣ бошад. Шумо маро мешиносед, ному насабам пеши шумо ҳаст.
Ман мехостам номаи маро низ дар «Номаҳо аз ноҳияҳо» ҷой диҳед. Ман аз шаҳри Ваҳдат ҳастам. Аниқтараш аз Телмон, ҷамоати Гулистон. Тули ду сол мешавад, ки заминҳои мо бе об монданд. Чунки дар лаби дарёи Кофарниҳон дуҷониба карерҳо сохтанд ва чунон канда истодаанд, ки сатҳи оби дарёи Кофарниҳон паст шуда истодааст ва ба каналҳои мо об намебарояд, заминҳоямон лалмӣ шудаанд, як кишт ҳосил мегирему халос. Бо боришоти борон ҳосиламон меруяд. Зиёда аз 1500 гектор замин бе об мондааст. На танҳо як деҳа, балки 3-4 деҳа бе об монд.
Ба арзу доди мардум касе намерасад. Аз ин вазъият раиси шаҳр ҳам хабардор аст. Оби моро асос карери Зайдов Шодӣ маҳкам мекунад. Вай дар коррупция кор мекунад. Аз ҳамин сабаб ягон раҳм ба халқ надорад ва ҳеҷ кас уро ҳеҷ чиз намегуяд. Чунки вай коргари корррупсия аст. Агар ягон сум ҷамъ карда ба экскаватораш диҳем обро як ё ду рӯз мебандаду боз маҳкам мекунад, то ки боз пул диҳанд. Дар муддати як ё ду рӯз чи хел мардум метавонанд заминҳояшонро об диҳанд ё зироат кишт кунанд? Хулоса ба мардум зулм мекунанд. Ягон касро гап задан намемонанд. Зеро онҳо кормандони ҳифзи ҳуқуқ ҳастанд. Баъзе аз одамҳо дар заминҳояшон чоҳ канда заминҳояшонро ба зур об медиҳанд. Зиндагии мардум аз ҳамин заминҳо пеш меравад аммо мутаассифона болои мардум сахттарин рӯзҳо омадааст. Ман намефаҳмам, ки барои чи ба мо раиси шаҳр даркор, вақте проблемаи халқро ҳал намекунад, ё инки раиси ҷамоат? Шумо барои чи раис мешавед, вақте садои мардумро намешунавед, кару куру гунг шудаед.
Аҷибаш ин аст ки ин ҳолатро дида муовини аввали раиси шаҳр Холиқов Давлат заминҳои обиро документ карда фурухта истодааст. Дар байни заминҳои обӣ аллакай хонаҳо сохта истодаанд. Ин Холиқов Давлат бисёрии заминҳоро фурӯхт. Касоне, ки заминҳои хоҷагии деҳқониашон ба қишлоқҳо наздик аст, худи онҳо замини хона документ карданд, ба дигарҳо намефурӯшанд.
Агар пул дошта бошӣ Холиқов Давлат коратро ҳал мекунад. Баъзеҳояшон ҳоло хона насохтаанд. Вақти муайяни худашонро нигоҳ доранд, то ки хона созанд. Аммо дар бисёри ҷойҳо масалан лаби роҳҳо хона сохтанд. Ба онҳо касе ҳеҷ чиз намегуяд, зеро, ки ин сохтумонҳо азони худашон аст.
Ман бовар дорам, ки на ҳама милисаву амният ва прокурорҳо тарсуанд. Дар деҳаи Варашили ҷамоати гулистон ва дар деҳаи Муллодавлат аллакай чандин сохтумонҳо рафта истодааст.
Бародар Муҳаммадиқбол. Ин номаро нашр кунед, то ки ҳам мардум, ҳам макомоти ҳифзи ҳуқуқ, ки дар ҳақиқат хизмат ба Ватан мекунанд, ин арзи моро нодида намонанд. Агар ягон навигарӣ шуд, ҳатман хабар медиҳем.
Қубодиён
Ассалому алайкум бародари ростгуй ва ростқавл Муҳаммадиқболи Садриддин! Ман аз совхози Тоҷикистон, ноҳияи Қуодиён мехоҳам ба имомхатиби қишлоқамон мулло Саидаҳмад Шарипов паёми худро расонам. Бас аст мардумро угрожать кардан. Мардум намозхонӣ меоянд, на барои угрожаҳои туро шунидан. Ту изо намекашӣ аз гапҳои худат? Медонем амният аз пушти ту аст ва гапи туро мегирад. Ба суйи халқ мегуӣ, ки «рутон сиёҳ ҳамат медоне, кӣ мара сурат мегира»? Боз мегуӣ, ки кадом кофире, ки ба он кофири Муҳаммадиқбол нома фиристодааст. Ту чи хел як одами ростгуй ва рост қавлро кофир мегуӣ? Боз ба суйи халк мегуӣ, ки «Муҳаммадиқбол язнатонай, шуй хоҳартонай ё ай апатон»?
Ба худо қасам ҳамин хел язна дошта бошам ифтихор мекунам. Туро ва ту баринҳоро ва ҳамон давлати Раҳмоновро чорғовак мондааст. Ҳамаат бо тарс зиндагӣ мекунед. Агар аз Муҳаммадиқболи Садриддин не, аз Аллоҳ ҳамин хел метарсидед, Тоҷикистон яке аз давлатҳои пеш рафта мешуд.
Туро фиръавн гуфтанд, ту ба ғазаб омадӣ. Ту медонӣ, ки аз хонаи фиръавн кӣ баромад- ҳазрати Мусо ва Сумая. Аз хонаи ту чи ин қадар бузу гуз баромад. Боз дод мезанӣ, мегуӣ «ма бас мекнм хатибира». Бас кун охир! Ту агар ждат дошта бошӣ, ки ягон кас мехезаду мегуяд, ки «ман местм, бад ту да амният бтиш». Ту хато фикр мекунӣ. Аллакай ҳама туро шинохтанд: «баскун бра, 1 моҳ, 2 моҳ, пас ягон кас имомхатиб мешава. Охи ма медонам,ки ту маргро интихоб мекунию бас карданро не».
Боз ин ҳамин Гулонов Додарбег, комитети маҳаллаамон аст. Ман гуфтам ку ҳама корро медонад, дар ҳама кор шарик аст, лек аз об ҳама вақт хушк мебарояд. Аз тарафи давлат сетка ҳамчун кумак омад, аммо ба ягон кас надод. Боз як мошин ё як тракторро дар хонааш баҷо кардааст. Бо коҳ руяшро пушонидааст, касе намедонад. Як ду сол пас мебинӣ, ки мебарорадаш.
Боз мехоҳам аз фоидаҳои «Ислоҳ» бигуям. Аз 1992 юми сол то ба ҳозир давлат ба мо ҳамин қадар фоида наоварда буд. Шумо дар Ислоҳ гуфтед «ҷошда» директори мактабамонаро гирифтанд. Военкомат ҳам сумгириро мисли пешина сум намегирад, бас кард. Руирост мегирифт. Ҳозир бисёр пинҳонӣ ва низ ставкаро поин кардааст.
Ҳамин чанд рӯз пеш раиси ҷамоат, раиси маҳалла ва Тошбойи облавачӣ ва боз чанд каси дигарро бурда кашида сар доданд. 200 ҳазор сомониашон «бор» бастанд. Мурдамурда бурда ҷонашонро наҷот доданд. Албатта, ҳаром ба ҳаром меравад. Яъне дуздҳоро қарақчиҳо заданд.
Аллоҳ аз падару модари шумо розӣ бошад, Муҳаммадиқболи Садриддин! Бо орзуи пирузӣ! Омин, омин, омин.
Шаҳринав
Асалому алекум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу домулло Муҳаммадиқболи Садриддин ва кормандони шабакаи мардумии «Ислоҳ». Аввал мехохам аз сиҳҳативу саломатии шумо ва муборизони дар баратон буда пурсам! Баъдан аз барномаи 150- и «Номаҳо аз ноҳияҳо» ( 20.06.2024 https://isloh.net/nomaho-az-nohiyaho-ba-isloh-net-№150)
хотиррасонатон кунам, ки дар он барнома шумо дар бораи Улуғбек Қосимов ва Ҷурабек Гадоев аз ноҳияи Шаҳринав, ҷамоати Боғистон гуфта будед! Ҳоло Улуғбек Қосимовро зиндон карданд, аммо намедонам чанд сол додаанд. Фақат як чизро гуфтанӣ ҳастам, ки ҳафтаи гузашта модари Улуғбек даргузашт. Улуғбек суми калон дода бе ягон наручник як рӯз пеш омада модарашро хабар гирифта рафт! Дар ҳоле, ки агар як камбағали бечора дар хизмати ҳарбӣ бошад, дар рӯзи ҷаноза рухсат намедиҳанд! Вале Улуғбек Қосимов аз зиндон ҷавоб гирифта омад! Акнун дидед қудрату тавоноии шогирдони Маҳмадзоири домоди Ҷаноби холиро?
Ва боз як маълумоти дигар дар бораи Ҷурабек Гадоев, ки милиса шуда кор мекарду баъд барои героинфурӯшиаш аз кор ронданд.Баъдан дар военкомат ба кор даромаду таъриф кард, ки «аз героинфурушира дар солдатфурушӣ суми зур кор кардум».Мардумро фиреб карда аз якчанд нафар барои военный билет сум ҷамъ карда ба Русия гурехт! Ва ҳоло гуфтааст, ки «насиб ҷиянум яъне бачаи амакаш паспортша бгира мерам пешуш задагиюм дига Тоҷикистона»! Як бачаи амакаш ба номи Убайд Гадоев дар Украина бар зидди украиниҳо меҷангад! Ва додараш дар Англия паноҳандагӣ супоридааст. Ҷанобашонро сиёҳ карда паспорт гирифтанӣ аст! Ва Ҷурабек Гадоев, паспорти ҳамон бачаи амакашро ждать дорад! Ман ин падарсаги Раҳмонов касифро намефаҳмам, ки чи хелин режиму чи хелин савод дорад! Як оилае, ки дар ҳама давлатҳо яктоӣ преступник дораду ҳоло мондагиашон ҳам Европа гурехтаанд ягон террорист набудаанд! Аммо дигарон агар раваду ягон гапи ҳақро занад мешаванд хоину террорист! Ман намедонам чи хел метавонад ин хонавода дар орган кор карда? Боз як бачаи амакаш дар отдели Шаҳринав милиса кор мекунад! Бародар мо ҷавонмардони ҷамоати Боғистон мехоҳем, ки шумо кӣ ва чӣ будани ин зоти ҳаромро ба мардуми Тоҷикистон шиносонед ва бар гуши кари Раҳмонови касиф ҳам расонед!
Боқӣ дар паноҳи Аллоҳ бошед!
Ростӣ, фаромуш кардаам, ки бигуям! Баъди ҳамон барномаи «Номаҳо аз ноҳияҳо №150» Улуғбек Қосимовро дили нохоҳам бурда маҳкам карданд. Чунки дигар виход надоштанд, чунки «Ислоҳ» ҷиноятҳояшро ошкоро кард ва наметавонистанд, ки худшонро ба каракӣ андозанд.
Дар бораи Фарҳод Сафаров директори мактаби рақами10 низ дар барномаи «Номаҳо»-и №150 гуфта будед. Ин мудири фосиқ боиси бадбахтии чандин духтари мактабхон шудааст, Вай амдан духтарбачаҳоро фоҳишаву наркоман мекард. Гуё баъди нашр дар барномаи 150 ягон реакция нашуд!
Ҳозир бошад дар мактаб як духтарчаи аз оилаи камбағалро,ки дар кучаи Фарҳод зиндагӣ мекунад,ҳамсояи Фарҳоди директор аст 28 нафар таҷовузаш мекунанд! Барои ҳамин амният худаш Фарҳоди директорро гурезонданӣ аст.Ба Фарҳод гуфтаанд,ки айни замон аз Тоҷикистон баро,мо кору борро тинҷ мекунем,баъд меоӣ! Фарҳод Россия рафтанӣ аст,албатта,чи хеле худашон мегуянд «то кору борош тинҷ шудана».
Ман хитоб ба мардуми ҷамоати Боғистон дорам: «то кая шумо хап мешинен? Пагоҳ навбати духтарои шумо мешава! Илтимос хезен пуштибони ай духтарчаи ноболиғи камбағали ҳамдеҳаатон кунен! Агар, ки не пагоҳ ба духтарои ноболиғи шумо ҳам дастдарозӣ мекунан»!
Ин Раҳмонов ва масъулони соҳаи маориф куҷоро нигоҳ доранд мо намефаҳмем.
Барои онки мардум ва махсусан духтарони ҷавонро таҷовуз бикунанд Раиси ноҳия начальник милиса,начальник амният ва ҳама роҳбаронро аз Данғара мондааст.
Чунки агар местниро монад камакак раҳм бар халқи худаш мекунад! Ин говкаллаи касофати Раҳмонов мехоҳад,ки ин миллату мардумро таҷовуз кунанду пул кор кунанду Раҳмоновро пул нагуянд! Ба Худо қасам агар ҳамин 28 нафар бо ҳамроҳии директор Фарҳод Сафаров зиндонӣ нашуда ба пул халос мешаванд дониста бош Раҳмонов, ки чанд набераи нару модае, ки дорӣ рузеш мешавад, ки мо шербачаҳои Шаҳринав таҷовузашон хоҳем кард! Инчунин духтарони ҳамон амниятиҳое,ки Фарҳодро гурезонданд таҷовуз хоҳанд шуд! Боз як бори дигар мегуем, ки эй амниятиҳо фаҳмида гиред! Дар ҷони мардум задед! Ҳар вакте ки як гуноҳи кормандони давлатиро мегуӣ амният омада онҳоро бурда пулашонро мегиранду сарашон медиҳанд! То кай ин ҷабру ситам болои мардуми одӣ? Охир ин халқ ку ғуломи шумо нест! Ё Аллоҳ хору залил бигардон ин оилаи Раҳмонови палидро бо режими бандитиаш!
Исфара
Ассалому алейкум бародар Муҳаммадиқбол. Раҳмат ба шумо, ки маълумотҳои фиристодаи моро дар бораи Халили ҳаромхур навор карда ба мардум ошкор намудед.
Мехостам боз яке аз сад ҷиноятҳои Халили ҳаромхури уголовники деҳаи Чоркуҳро ба шумо равон кунам. Гап дар бораи он меравад, ки ҳангоме аз Чоркуҳ — Сурх ва Найман касе аз ҳаҷ меояд, Халил ба пеши дари ҳар як хонаи ҳоҷиҳо шестёркаҳои худашро равон мекунад. Шестеркаҳо бо мошинҳои шишаҳои танировка омада назорат мекунад. Агар аз ҳафт нафар як нафар зиёд барои зиёрати ҳоҷиҳо мебиёяд, шестёркаҳо дарав ба Халил занг мезананд.Халил омада ҳоҷиҳоро ҳақорат мекунад.Агар пули хостаашро надиҳанд,ба адел мебарад. Дар адел пули калон мегирад. Боз Халил аз бузҳояш мепурсад, ки ин одам дар гузашта ягон кори ғайриқонунӣ кардагӣ аст? Кадом буз мегуяд бале, 25 сол пеш говдуздӣ карда буд. Ҳоҷӣ гуфтааст, ки ин кор 25 сол пеш буд, ман дар хотир надорам. Ман говро дар вақташ пас гардонида будам. Халил гуфтааст фарқ надорад, ман ошкор мекунам ва бо ҳамин гуноҳ зиндон мекунам. Ҳоҷӣ бо 5 ҳазор доллар ҷонашро халос кард.