Номаҳо аз ноҳияҳо ба «Ислоҳ.нет»№112

Technik
By Technik

                                            
Як нафар аз узбектаборҳои Конибодом, ки ба гуфтаи худаш қаблан ҳам номааш чоп шудааст мегуяд,ки баъди нашри он шароит хеле дар Конибодом иваз шудааст ва вай барои ҳамин аз мақомоти инҷо ва алалхусус аз Тухтасинов-Пешвои муаззами Конибодом бахшиш мепурсад. Хуб аст ки таҳти таъсири номаҳои “Ислоҳ” авзоъ иваз мешавад ва тағйир мекунад. Аммо, ростӣ, мо намедонем, ки ин матлаб дар ҳақиқат матлаби узбекзабонҳои Конибодом  аст ва ё чоплусҳо аз фабрикаи ҷавоб аз номи вай менаисанд. Вале, мо нашраш мекунем ва бигзор ӯ узр ҳам бипурсад, чунки мутмаинем худи мардум боз воқеиятро дар оянда барои мо хоҳанд гуфт. Онҳо сокит намемонанд.

Аз Исфара ҳам як нома омдааст, ки бармеояд ин муаллиф ва муаллифони дигар, ки бар зидди ӯ менавснад талош доранд, ки минбари Ислоҳро барои баҳсу даъвои худ истифода баранд. Мо, пештар ҳам гуфта будем, ки баҳсҳои хусусӣ ва шахсиро ба мо ирсол надоред. Ин бор ҳам нашраш мекунем вале минбаъд аз чопи чунин мавод худдорӣ хоҳем кард ва агар ҳам, ки чоп шуд дар як нашри Номаҳо навиштаи ҳарду тарафро чоп хоҳем кард.

                               Конибодом

Ассалому алейкум бародар Муҳаммадиқбол! Аввалан ташаккур, ки номаи мо- ӯзбекзабонҳои Конибодомро нашр кардед. Шумо гуфтед, тағйиротҳоро ҳатман нависед ва мо,  албатта,бо хости Худованд ба шумо онро навишта истодаем, чунки барномаи шумо воқеан ҳақиқӣ ва мардумӣ мебошад.

Агар ин номаро нашр мекардед, хеле хуб мешуд, чунки шумо барои сурат гирифтани ин тағйиротҳо заҳмат кашидаед, дасти шумо дард накунад,.

Дар Конибодом хеле беҳбудиҳо сурат гирифт. Барои ҳамин мехостем бигӯем, ки мо ӯзбекзабонҳо аз тағйиротҳои суратгирифта розӣ ва қонеъем.

  Номаҳои ирсолшуда аз Конибодомро тамоми сокнони шаҳр ва деҳаҳо тамошо карданд, ва ҳоло номи шумо сари забони ҳар як ӯзбек мебошад.

  Дар номаи қаблиамон раисон ва активу фаъолонро сахт танқид кардем. Оқои Абдусалом Тухтасунзода ва раисони бонкҳо барои беҳбудии Конибодом кор карда истодаанд.  Онҳо воқеан вазифаашонро иҷро карда истодаанд.Мардум албатта огоҳ аст аз суханони шумо. Дар Конибодом деҳае намондааст, ки онҷо сокинонаш барномаи шуморо тамошо накарда бошад. Мо, барои интиқод аз раис ва фаъолон бахшиш мепурсем. Чунки дида истодаем, ки онҳо заҳмат мекашанд.

Ман ба имони мустаҳками шумо боварии комил дорам, ки ин тағйиротҳоро нашр мекунед. Ташаккур ба шумо, ки шабу рӯз дар фикри мардумед.

Ҳоло бошад ронандаҳои роҳи Конибодом – Хуҷанд гуфти гапо бо суръати баланд мошин ҳай мекунанд. Худо накунад, ки ягон касро бо мошин назанад, чунки ҳоло аз Русия бисёр мошинҳои бадвоҳима омадагианд ва дар инҷо ранги кинои Форсаж газоват мекунанд, ранги Исмоили Пингвингу Гасан Гусенов.

Дар охир гуфтаниам «Моҳӣ аз сараш метосад». Барои ҳамин ҳар як шаҳрванд ва ҳар як ҳукуматӣ бояд аз руи виҷдону инсофаш вазифаашро анҷом диҳад.

                                            Душанбе

Салом бародар Муҳаммадиқбол! Як корманди горсвети Душанбе ҳастам. Мехоҳм ба шумо бигуям, ки дар горсвет порагириву порахурӣ дар аҷи аъло аст. Баъди омадани Ивайло Стоянов, як менеҷери хориҷӣ ҳам ин мушкил кам нагардид. Самӣ Даврон сардори горсвети шаҳри Душанбе аз ҳисоби бесаводиву бемасъулиятӣ дар назди коргарҳо як зара қадр надорад. Мегуяд, ки « ма барои ин вазифа 500 000 $ панҷсад ҳазор ба Рустами Эмомалира додам мара аз ҷоям намегира». Дар яке аз номаҳои пешина дар бораи роҳбарони бахшҳои фурӯши навоҳии Душанбе бароятон навишта буам, онҳо тамоман писандаш намекунанд. Барои мисол роҳбари бахши фурӯши Фирдавсӣ Хуршед аслан гушаш намекард ва ба як пули пучак ҳам ӯро намегирифт.
 Хуршед бо директори кулли ширкати ҶСК «Шабакаҳои тақсимоти барқ» Ивайло Стоянов   маслиҳат карда Алишерро ба ҷои худаш монд. Ба гуфти худи Хуршед, ки Самӣ Давронро гуш намекард барқасдона ва бо маслиҳати «боло» Алишерро ба ҷои худаш пешниҳод кард.
Самӣ Даврон  маблағи 500.000$ ро ба Рустм барои вазифаи муовини директори генералӣ  дода буд, ки бояд муовин ба ҷои Умед Билолов мегузашт. Рустам маблағро гирифт аммо барои ин аблаҳ вазифаи муовиниро дода натавонист ё нахост, ки бидиҳад. Барои ҳамин гуфтам, ки инҷо, дар идораи горсвети Душанбе коррупсия аз боло то поён реша гирифтааст. На Рустами Эмомалӣ ва на дигараш дар фикри беҳбуди соҳа нестанд. Ҳамаашон дуруғ мегуянд.

                                         Исфара

    Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқбол! Ин номаи ман ҷавобе барои номаи №108, ки аз ҷамоати  Сурхи Исфара аз писари Али ҷенго ба шумо расидааст. Бародар шумо бубинед ин (олими дин) чи хел ба даъвати Ислом машғул будааст. Аммо мутаассифона  фарзанди ин (олими дин ) ба номи Анвар Исмоилов барои 2000 рубли русӣ соли 2020 яке аз коргарони худро дар Москов ба зарби корд ба таври ваҳшиёна  ба қатл расонид?. Ва феълан дар Русия зиндонӣ аст. Ин муллои донандаи фиқҳи чор мазҳаб ба фарзандонаш таълим медодааст, ки чанд нафари бекасро ба қатл мерасонӣ, мардум аз ту ҳарос пайдо мекунанд ва мавриди эҳтиром қарор мегирӣ. Нафаре, ки кушта шуд, падараш аз дӯстҳои ман буд -Самадов Ғуфрон ё Ғулом. Аз ин ҷавон як фарзанди ятим монд ва боз як хоҳари тоҷик бевазан шуд ва ҳоло модари тоҷик аз ғами фарзандаш хун гиря мекунад. Умри ман ҳам ба 70 расида ҷавононро бо номашон  хуб намешиносам. Рӯзе бо яке аз наздикони фавтида  суҳбат  доштем. Гуфт чи кор кунем, коре аз дастамон намеояд. Ба ҳама ҷо сум хуронд, аз ӯ ҳимоят мекунанд. Мо, ки сум надорем, касе ба доди мо намерасад. Афсус, ки дунё ба дасти нокасон афтидааст.

Каримов Ҳомид бисёр инсони хуб ва балогардон будааст, мушкилоти марзиро бо қирғизҳо ҳал карда будааст, ба мардум кумак мекардааст. Сардори ШКД -2 Исфара ҳатто китобе навишта будааст.

Аммо интизор бош, ҷиноятҳое, ки Каримов Ҳомид анҷом дода буд, омода шуда истодааст, баъд хоҳӣ фаҳмид. Ҳамон сардори ШКД – 2 Исфара, ки китобе навиштааст дар бораи тағоят, баъди ба қатл расидани Ҳомид гуфтааст мо нафаронро дар аввал тарбия мекунем, яъне дастгирӣ мекунем. Вақте миссияашон иҷро шуд, бо дасти худ қурбонӣ мекунем ва бо ин восита боз чанд нафарҳоро ба зиндон мекашем.

  Он хаёлҳои пучи худро аз сар дур кун. Дар ҳудуди ҷамоат 15 оила бад намебинад шуморо. Баракс 15 оилаи дузди лагандбардор ҳимоят мекунад. Миллат ва ҳар нафаре, ки мешунавад шоҳид бошед, ки он ҳавлиро ба масҷиди Таги Сада туҳфа хоҳад кард, хоссатан мардуми он маҳалла фаромӯш накунед ин суханро, чун худашон гуфтаанд. 

                                  Турсунзода

Салом бародари азиз Муҳаммадиқбол! Аҳсан ба кору пайкори шумо. Рости гап бовар надоштем, ки шумо то ин дараҷа аз ҳолу вазъи даруни инҳо мегӯед, ошкор мекунед секретҳои ҳукумати Тоҷикистонро. 100% гапҳоятон рост аст. Ман нав ба шумо бовар кардам, ки шумо дар роҳи ҳақ мубориза бурда истодаед.

Бародар, ман чандин сол ҳамсояи ҳамон Аннаи наркобизнес будам. Номи вай Анвар аст. Аз деҳаи Қамбари Турсунзода (Регар) аст. Ҳозир вайро тамоман тамом карданд. Ҳиҷчизи ободаш намонд. Ҳатто занҳояшро ҳам таҳқиру таҷовуз карданд. Ҳоло хонаи бузургу муҳташамашро прокурори Регар ба фурӯш мондааст. То моли майдаву гову аспашро аз хонааш кашон-кашон бурданд. Вақти обиски хонааш як қопча ва  мисли як халтаи чака тилло баромад. 9 миллион доллар пул ёфтанд. Дар ҳақиқат ин одами Зоир Соҳибов (Пабло Эскобар)-домоди Эмоалӣ Раҳмонов буд. Мегуянд, ки Аннаро Юсуф Раҳмонов шикастааст, боз мгуянд, ки Анна барои кадом партияи бор Зоирро кам додаасту дастгир кардани Анна кори худи Зоир аст. Хулоса, ин Анна, ки калонкалонҳо дар пешаш дуқат мешуданд, дигар никто шуд.

Ин Зоири Пабло Эскобар боз як одами дигар дорад, ки Залатой мегуяндаш. Хонааш дар пушти завод. Як чизро бароятон мегуям, ки Регар ва наркомафияи он, гумрук ва сарҳад, полний дар дасти Зоир аст. Залатой куратори линияи асоситарини бизнеси наркотики Зоир дар Регар аст. Як рӯз агар дари хонаи ӯро назорат кунӣ, мефаҳмӣ, ки вай чи хел одам аст. Он қадар одам меояду мебарояду медарояд, ки мегуи ҳукумати Регар ҳаминҷо аст. Ҳатман бароятон бештар менависам, чун нав фаҳмидем ,ки шумо дар роҳи ҳаққед!                       

                Душанбе

 Салом бародар Муҳаммадиқбол. Матлабро бо номи «Кӣ Тоҷикэйрро қарздор карду кӣ бояд зиндонӣ шавад» аз  01.30. 2024 (https://isloh.net/kӣ-toҷik-ejr-ro-қarzdor-kardu-kӣ-boyad-zindonӣ-shavad)  чоп кардед, хондам. Аммо ончики бароятон фристода будам ҳамаашро чоп накардед. Инҷо гапҳои дигар ҳам ҳаст. Хоҳиш мекунам, ки инҳоро ҳам чоп намоед. Ҳоло, ки муҳокимаи Рустам Холиқов шуруъ шудааст, шояд ба инобат бигиранд, агарчи ман аслан бовар надорам.

  Дар ҳақиқат Азиз Мурватович яке аз дуздони шикат буд. На танҳо вай, балки ҳамаи шогирдҳои Рустам Холиқов дар ширкат дуздҳо буданд, ки ба молу пули ширкат тамоман раҳм намекарданд. Азиз Мурватович аз Дарвоз аст. Дар ҳақиқат вай асфалт ва дигар ашё барои ширкатро таъмин мекард.

Аммо ҳозир Азиз Мурватович «шогирд»-и Шералӣ Кабир шудааст. Ӯро касе ҳиҷчи намегуяд. Вагарна тамоми дуздиҳои дарунро вай анҷом дода аст. Ҳатто Рустам Холиқов мегуфт, ки “дарвозиҳо шумо, маро ҷазир кардагиед, дигар чи кор кунам?”  Вақте ки раиси фурудгоҳ буд, онҷо пур аз дарвозӣ шуда буд. Техникаро ҳам Азиз Мурватович мехарид. Аз асфалте, ки дар бонди парвозҳо мерехт, фақат худову Азиз Мурватович медонад, ки чандин миллион ба ҷайби Азиз Мурватович рафтааст.  

Ҳукумати Фаронса дар 25 миллион доллар фурудгоҳи байналмилалии Душанберо навсозӣ кард. Чи қадар каму кутаҳ карданд фурудгоҳро як масъалаи дигар аст. Ҳатто президент омада буд, гуфт шумо фурудгоҳро кафтархона кардаед. Дар инҷо ҳам Азиз Мурватович бениҳоят дуздӣ кард. Ҳама дар дасташ буд.

  Як нафар бо номи Баҳром строители ҳаминҳо буд. Дар охир кидат карда пулҳояшро надод Азиз Мурватович. Ҳозир бурдану раиси парки автобусҳои шаҳр монданаш, кадом автобазаи калонро доданаш. Барои онки одами Шералӣ Кабир аст. Аммо Чупонов Ҳусейн, ки дар борааш навиштем, одами Шуҳрат Исматуллоев буд.

  Исмати дулик омаду раис шуду инҳоро сур кард.

Коррупсия барои тафтиш меояд, аммо маълум, ки авиатсияро бу намебарад. Инҷо ин қадар сум обу лой мешавад, ки дар тагтаг дошт намедиҳад.

Тоҷиддин Пиров ду самолёт дорад. Яктоаш дар ҳаминҷо мондагӣ аст. Якеи дигараш аз номи «Тоҷикэйр» дар Эрон ба иҷора дода шудааст. Ҳар моҳ иҷораашро гирифта истодааст. Ман намедонам ин чи хел санксия аст.

Як бечораро оварданд аз Хуҷанд. Кадом самолёти эрониҳоро тармим карда будааст.  Эрониҳо ба Тоҷиддин Пиров баромаданду он одамро оварданду 20 солаш доданд. Он бечораро Тоҷиддин Пиров бо Қурбон Хушаков оварданд. Вай он қадар даступо мезанад, ки бегуноҳиашро собит кунад аммо  ҳамин ноҷавонмарди Ҳотам Назар, ки он вақт муовини Прокурори генералӣ ва одами Тоҷиддин Пиров буд, тамоман бегуноҳ ӯро шинонид.

Он бача дар Тоҷикистон кор намекунад. Дар Русия бо билет сару кор дошту донишгоҳро дар онҷо буд карда буд. Самолёти эрониҳоро дар Украина ремонт мекунаду медиҳадашон. Онҳо гирифтану ҳамин хелиаш карданд тавассути Пиров Тоҷиддин. Мошинҳои таги пояшро кашида гирифтанд, хонае, ки отаву очааш зиндагӣ мекунад, кашида мегиранд. 

Бародар Муҳаммадиқбол! Инҷо бояд на танҳо Рустам Холиқов, балки Акбар Шариф ва директори молияи Тоҷикайрро ҳам бояд маҳкам кунанд. Ман намедонам чаро инҳо маҳкам нест. Рафт дар 450 ҳазор доллар дар худи Америка хона харид.

Ширкати «Тоҷикэйр»-ро хароб каранд. Аввал Холиқов омад, дуюм Шарипов Акбар бо Суҳроб Ҷураев, ҳозир шогирди Шералӣ Кабир ва раиси Сомонайр шудааст.

  Азизмамад Қубонов, ки духтаронаш дар Хуҷанданд, худаш ба як Раф 4-и куҳна мегардад. Аммо духтаронаш сатр кардагиву ба Лексус ва Мерседесҳои последний модел мегарданд. Ягон манбаъи даромад ба ғайр аз «Тоҷикэйр» надорад. Техника дар черний риноки Америка, масалан ягон запчаст копеек меистад, вале меорад ками камаш ба 15- 20 зарбаш мезанад. Ана ин одамҳо бояд рафта бишинанд.

Бовар кунед, ки «Тоҷикэйр»-ро ҳамакаса медуздиданд. Кури Суҳроби домоди Хайрулло Сафаров ҳам барои мисол, рейсе, ки задержка мешавад, як сутка мемонад, аз онҷо суми меҳмонхонаи мусофирҳоро мегирад, лекин ягон мусофирро меҳмонхона намебарад, дар даруни аэропорт хоб мераванд. Сумро ин дар кисааш мезанад. Вай масъули фуруши билет аст. Сари ҳар билет 20-30 евро «доля» дорад.

  Любой кас комерческий директори Тоҷикэйр бишавад Суҳроб меравад як картаи сбербанк медиҳад ва мегуяд, ки      «ана инҷо ана ҳамин қадарӣ ҳар моҳ чанд билет, ки медиҳӣ, ҳарруза суматро мегузаронам». Ва ҳамин тавр ҳам шуи Тахминаро (Зарифбеки домоди Эмомалӣ Раҳмонов) фанд мекунад ҳам гендиректори онҷоро ва ҳам финансовий директорро.

 Вақти гузаштан аз КПП ва гумрук  попробит кун дар як сетка 6 кило бигзарон. Ҳатмани ҳатман печати ин кур бояд бошад. Печат набошад аз даҳани дар мегардонанд. Барои онки сари килои бор сесадупанҷоҳ рубл мегирад. Дар асл он 350-ро дар онҷо нишон намедиҳад. Як махинатсия дигараш чунин аст. Вақте оператсияи самолёт меравад аз инҷо грузро аэропот тоза медиҳад. Аммо ин Суҳроб меравад дар даҳани дари самолет путевой листро мегираду иваз мекуна, ки чанд тона бор ҳаст чанд тона нест. Барои онки дар инҷо дар ҳар як рейси мерафтагӣ 2 -3 тонна бори суҳроб меравад. Акнун килои онро бо 350  зарб занед, ки танҳо дар як рейс Суҳроб чи қадар даромад дорад? То онҷое медонам 11500 то 12 ҳазор доллар фоидаи соф мегирад.  

Нигоҳ кунед, ки дар чанд сол чи қадар инҷо раис таъин шуд, Мастонгулов, Маҳмадалиев, Исоқов, ки аз Кулоб оварда буданд, Фируз Халилович шуд. Фируз Халилович як миллион ба коррпусия ё прокурор ришва медиҳад, ки дар ҳангоми пулро додан афтод. Баъди вай Рустам Холиқов шуд, баъд Раҳимов Хайрулло омад, боз Исмати дулик, боз Дилшод Исматуллоев шуд, ҳоло Шодмон.

То Фируз Халилович ҳамаи ин раисҳо ё дар Маскав ва ё дар Санкт-петербург барои худ хонаҳои гаронқимат хариданд.

  Раҳимов Хайрулло ба зани дуюмаш дар Санкт- Петербург хона харид. Ин ҳам маҳкам шуд. Як миллион доллар дода ҷонашро халос кард. 

Як ҳодисаро шоҳидам. Ин ҳодиса дар давраи Исоқов руй дод. Суҳроб Ҷурев (ҳоло раиси Сомонэйр), барои чархболе винтел мемонад. Чи хеле мемонад, ки винтел мепарад. Қариб буд, ки пешво қурбонӣ мешуд.

Суҳроб Ҷураевро қапиданд, амният қапид. Ҳамон винтелро дар чархбол нодуруст шинонида буд. Мехост Раҳмонов чапа шавад. 

Амният кашокаш дошт. Озода Раҳмонова пушташро гирифт. Вай вобаста ба Озода аст. Бо Озода бизнеси запчаст дорад. Ин бизнес миллионҳо даромад дорад. Суҳроб дирктори техникӣ буд. Ҳоло раиси Сомонэйр аст. Ду сол кашокаш шуд, аммо Озода наҷоташ дод. Пули зиёдашро гирифту халосаш кард.Шахсе суйқасд ба падараш кардаро вазифа доданд боз ва боз пешво бо он ҳавопаймоҳо парвоз мекунад. Ман намедонам мантиқ куҷост ?

  Вақте Раҳимов Хайруллоро маҳкам карданд. 330 миллионро дар сараш заданд. Аммо ин 330 миллионро дар асл Акбар Шарипов дуздидаст. На самом деле 2 моҳ маҳкам карданду баъд ҷавобаш доданд. 200.000 ҷарима карданд. 100ашро Дулик ва 1000ро Ҳасан доданд. Печати Тоҷикэйр, имзои раис дар дасти Акбар Шариф буд. Инҷо гап хеле зиёд аст. Ҳоло бубинем, ки тақдири Рустам Холиқовро чи гуна ҳал мекунанд

Як чизи дигар. Летчикҳо ҳама узбеканд, тоҷик нест. Кулобиҳоро тамоман намемонанд Красний диплом дошта бошад ҳам намемонад кор кунанд. 

Летчикҳо 70, 80, 100.000 сомонӣ маош мегиранд.  

Соли 2017 як вертолётро барои Раҳмонов ба маблағи 1000.0000 евро аз Русия хариданд. Он вақт Хайрулло Раҳимов, раиси «Тоҷикэйр» буд. Ба ин вертолёт Холиқов Рустам тамоман  иртибот надорад. Онро Исмат Абдуллозода (Исмати дулик, раиси феълии фурудгоҳи Душанбе ва Хайрулло Раҳимов, собиқ раиси ширкати «Тоҷикэйр» оварданд ва сумашро аз минфин –вазорати молия гирифтанд. Вазири молия Қурбонов буд. Аз ёдам наравд, инро ҳам бигуям, ки Зоир Соҳибов (домоди Эмомалӣ Раҳмонов) Аваз Кабиров –раиси бозори Султони Кабир ва Рустам  Холиков дар Русия ва Қазоқистон казино мезаданд, қиморбозӣ. Ҳозир прокурори генералӣ мехоҳад ин тарафи масъаларо ҳам ошкор намояд.

                                Ғафуров

Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу. Устод Муҳаммадиқбол! Ёдатон бошад як вақт дар бораи сардори бахши танзими ноҳияи Бооҷон Ғафуров ишкамдами тоссар навишта будам. Ин нафар Ҳусейнхон Ҳакимов аст, маддоҳ, чашмгушна, мошенник ва фиребгар, офирист, натуральный вымогатель буд. Болои мардум зулм бисёр карда буд.

  Это просто страшно ( деньги вымогал, мардума мачбур мекард, то гову гусфандошон фурухтадоданд, дуъои бад карда сум медоданд. Сахт ҳаромхур буд)
Его оказывается за превышение должностных полномочий в январе 2023 года , сняли с должности и отправили в отпуск с последующим увольнением.
Он хитрый, сразу в отпуске , ба сафари Умра рафт, омада дуруғ овоза паҳн кард. Сказал без разрешения поехал в Умру, поэтому меня сняли с работы..
Баъд, ду моҳ умед карда гашт, ки яке ба дигар вазифа мегузорандаш. Дар ин ду моҳ  чанд бор дар барномаи Минбар, занг зада, маддоҳиашро кард. Пешвою ҷанобу дигару дигарашро ва бардуруғ гуфт, ки дар ҳама масҷидҳо таровиҳ хонда мешавад. И все равно его не вызвали, а наоборот стали его проверять и ковыряться в его кошмарной деятельности. Чандин нафар тую маърака кардагӣ бечораҳоро, хурсандиашонро заҳр кардагӣ, ё ки сум гирифтагӣ ё ки судмешавӣ гуфта аз пеши худ штраф кардагӣ. 
Вазъияташ бад шуд, аммо Москва омада натавонист, руяш нест, метарсад аз муҳоҷирҳо. Гуфтанд, ки ҳозир Польша рафтааст, таксует говорят.
После него, его папа, мама, жена и дети хонаашро қулфу калид карда, уехали Челябинск, ба баҳонаи по переселению гражданство.
В реале ба хонааш он одамҳое, ки аз онҳо взятка гирифтагӣ омаданро сар карданд ва талаб карданд, ки пули моро гардон. Даже на него в милицию и в прокуратуру заявили , говорят. Аз чандин нафарҳо замин гирифта медиҳам гуфта то 10 тысячи в долларах пул гирифта хапу дам, ором, бемалол в личных целях потратил, ел , пил. Хонаашро евро ремонт кардаву мебелҳои гарон ва автомобил харидагӣ. Ни личный магазин, ни бизнес, ни что не имел, а тратился,  швырял деньгами как бизнесмен)
Муфаттиш, дирӯз ҳатто хонаи аммааш омадааст. В итоге, вместе с семьёй в бегах находится. Позор.

Ин натиҷа зулму ситам болои мардум аст. Ин қадар чоплусӣ ҳам кард, аммо бефоида. Ҳозир мумкин боз дар онҷо худашро дигар хел муаррифӣ кунад. Аз вай бояд бачаҳо эҳтиёт кунанд. Ҳатман бузӣ мекунад.
                                                Ваҳдат

Ассалоу алайкум бародар Муҳаммадиқбол. Аз Ваҳдат менависам. Метавонед инро дар Семейканюс ё Номаҳо аз ноҳияҳо истифода кунед. Дар бораи Қодиров Абдухалил Абдукаримович, раиси ширкати Ёқут 2000 навиштаниям. Вай соли 1963 дар деҳаи Чиртаки Ваҳдат таваллуд шудааст. Вай низ бо оила хеш шудагӣ аст. Духтари Озодаро дар ҷиянаш келин кард. Солҳои мактабхониаш Абдуҳалимро Ҳалими чорқанда мегуфтанд. Бо касе гуштин гир мегуфтанд, аввал чор қанди сафед диҳед баъд мегирам мегуфт. Ин Ҳалими чорқанда се бародар дошт, ки ҳарсеяш гузашта шудаанд. Калонӣ Абдуҷаббор, баъд Абдураҳим ва хурди Абдулмумин, ки аввал ҳамин даргузашт. Солҳои пеш Ҳалими чорқанда пирожкиву морожни мефурухт. Баъд дар Душанбе дар наздикии меҳмонхонаи Вахш точка кушод. Ин тақрибан солҳои 93-94 буд. Баъдтар Ҳалим бо дастгирии Олимхон,ки бо ин одам аз як деҳа аст ва Бадриддин фирмаи Ёқут -2000 кушод. Вале баъдтар ҳардуи инҳоро кидат  карда бо Фаёзов Хизматулло домоди Нуриддини тракторист шинос шуд. Баъди ин аз Алимардонов Муродалӣ 3 миллион доллар қарз гирифту оҳиста -оҳиста ба ин мартаба расид. Дар деҳае, ки ба дунё омдааст ягон ободӣ накардааст. Ҳамчун қишлоқ мисли қишлоқҳои Афғонистон аст, вайрона. Вақтҳои охир худаш ҳам  зиёд он деҳа меояд. Мегуяд, ки Зафарчаро биёред, наът бихонад. Як соат, ки хонд боз мегуяд, ки «гумуш кнен».Боз мегуяд, ки Сангалиро биёред, ки наът бихонад. Чи хеле, ки камтар ҷин задагӣ ворӣ шудагӣ аст. Бачаҳо мегуянд баъди даргузашти бародаронаш ҳамин хел шудааст. Мардумфиребӣ  ва ҳаромхурӣ бисёр кард, худованд нишонаш дод. Оилаашон солҳои СССР оилаи баобру буд, лекин баъди пулдор шуд, оилаашон беқадр шуд.  Як вақт амакбачаи Ҳалим Анвари Вайсиддин раиси ноҳияи мо шуда буд. Ӯро ҳам аз кор гирифтанд ва ҳама чизу чораашро ҳам кашида гирифтанд. Ҳозир дар ҳамон деха як ҷиянаш ҳоҷӣ Бахтиёр мондаасту тамом.

                                              Шаҳринав

 Ассалому алейкум бародар Муҳаммадиқбол! Ман аз Шаҳринав ҳастам. Ҳозир дар   Москва кор мекунам. Ба  шумо дар бораи Тошев Мансур ва ҷиноятҳояш гуфтаниам. Вай депутат ва домкоми деҳаи Зафаробод мебошад. Бовар кунед додар аз зулми вай сокинони деҳа ба дод омадаанд. Агар ягон кас туй кунад 900 сомонӣ то 2000 барои як имзояш мегирад. Одамҳое, ки аз нолиҷоӣ қарз гирифта туй мекунанд, изо накашида аз онҳо ҳам сум мегирад ва бачаҳояшонро бо облава мефурушад. Бе иҷзати вай ва танзим касе ҷаноза хондан ва дари қабристонро кушодан ҳақ надорад.

 Зафаробод мактаб надорад ва бачаҳо дар ҳамсояқишлоқ, дар деҳаи Қаҳрамон мехонанд. Баъд вай ба ҳукуматдорҳо дағдаға кард, ки аз кисаи худам дар деҳа мактаб месозам. Аммо қишлоқ омаду гуфт, ки дар бачаву набераҳоятон дар ҳамин мактаб мехоннад, биёед ҳамакаса месозем. Бовар кунед дар ҳамон вақт баъзеҳо барои хурдан чизе надоштанд. Якчанд бойҳо пешниҳод карданд, ки «биё мактаба ба номи ман гузарон ман худам аз кисаам месозам».Аммо он золим розӣ нашуд, фақат барои онки ифтихорнома биград. Хулас қарз кардану ҳашар карда мактабро буд кардад. Маблағи асосиро он ҷавонҳое, ки зан мегирифтанд, онҳо доданд. Мақсад барои зангирӣ рухсатгирӣ мерафт, мегуфт, ки 50 халта смент мехариву медиҳӣ бад имзо мекунам. Вагарна дар куҷое арз мекунӣ кардан гир. Илоҷ надоштанд, мехариданд медоданд. Ҳамин тавр мактаб буд шуд. Аммо то буд шуданаш ними сокинон қарздор шуд. Мардумро сахт ғам дод. Ҳам аз пули сохтмони мактаб хело кор кард. Суми ду мактабро ҷамъ кард. Ба вай касе чизе гуфта наметавонад. Чунки  ӯро калони отдели Чептура ва сардори 6-ой отдели Турсунзода ва як милисаи кулобӣ кришават мекарданд. Сипас кадоме аз бойҳо аз болояш шикоят карданд ва аз маҳалкоми гирифтанд.

Арақ менушад, зино мекунад. Ҳатто як муаллимаро таҷовуз кард. Аз ин ҳодиса ҳама бохабар аст. Худаш намоз намехонад, дигарҳоро ҳам намемонад, ки намоз хонанд. Фақат масҷид мерафту гапаш ҳамин буд:

   «пага ҳашар, пага сум ҷам мекунем, пага ин мекунем» мегуфт, аммо намоз намехонд. Аз ин кори вай одамҳо аз рафтан ба масҷид дилгазон шуда буданд. Як нафари дигар ҷойи вай омад ва маҳаллаком шуд. Одами нағз буд. Як сол кор кард. Дар давраи вай одамони пулдор аз даруни деҳа то трасса асфалт карданд, ҳамачиз омода шуд, пулҷҳо ҷамъ шуданд. Аммо боз ҳамон Тошев Мансур ӯро аз кор гирифт. Акнун се моҳ шуд боз ҳамон Тошев Мансур аз нав маҳаллаком шуд. Аммо он одамони пулдор гуфтанд,ки агар Тошев Мансур бошад мо асфалт намекунем. Чанд кас гуфташ,ки

    “Э, Мансур ҳамин як руз мемурӣ чико мекунӣ болои одамо зулм карда, маҳалакомиро супор».

  Мансур гуфт, ки ҳамин одамҳо маро аз кор гирифтанд. Барои ин корашон як бор хуни одамҳоро хурда ба дод оварда баъд маҳаллакомиро месупорам.

 Ҳозир боз ҳамон корҳояшро карда истодааст. Загранпаспорти даҳ касро гирифта ба военкомат супорида хизмат роҳӣ карда истодааст. Боз ба мардум гуфтааст, ки роҳи қишлоқро якҷоя асфал мекунем. Маълум, ки боз аз мардум сум ҷамъ карда як барбарро қарздор мекунад. Нияташ хуни мардумро хурдан асту тамом.

Э, Эмомалӣ, ту чи хелӣ Пешвоӣ?  Ин нафарҳоро чаро аз кор намегирӣ, ҳама туро бад мебинанд. Одамҳо рӯз ба рӯз бедор шуда истодаанд. Ҳама ончи мухолифон мегуянд ҳақиқат аст ва дигар бо агетатсия наметавонед худро ширин куни назди мардум. Мардум кур нест ҳамаро мебинад. Агар чунинҳоро аз болои мардум нагирӣ мардум боз бештар ва бисёртар бедор мешаванд. Сокинони ҳамин деҳа ба ту овоз дода буд, аммо ҳозир аз нисф зиёдаш аз ту норозӣ. Бовар накунӣ, бисанҷ, ки мардуми инҷо аз ҳамин Мансур розӣ ҳаст ё не? 95% намехоҳад. Э,Эмомалӣ 4 -5 сол умрат мондагист. Ин қадар зулм кардӣ, бас будагист охир. Инҳо золимиро аз ту ёд гирифтанд .Инҳоро бигир, то мардум осоишта зиндагӣ кунанд.

Share This Article
By Technik
Follow:
Test test trst test test test