Номаҳо аз ноҳияҳо ба «Ислоҳ.нет»№123

Ислоҳ нет

      Мулоқоти Раҳмонов бо фаъолони ҷомеа ва ходимони дин дар арафаи моҳи шарифи Рамазон, ки такрору батакрор тавассути шабакаҳои телевизионӣ нашру пахш ва дар радиоҳо шунавонида мешавад миёни ҷомеа дар ҳақиқат вокунишҳои мухталиферо ба бор овардааст. Ба хотири он, ки ин барномаро мардум бубинад, диктори телевизион эълон кард,ки ба иллати маҳдудияти барқ онро боз пахш мекунанд. Гумонашон ин аст ки Раҳмонов бисёр ҳам баромади хуб кард. Аммо,ин суханронӣ ихлоси мардумро аз Раҳмонов тамоман гардонд:

                                    Кулоб

   Салом бародар Муҳаммадиқболи Садриддин. Ман аз Кулобам. Панҷ вақт намозам тарк нест. Аксари вақт намозҳоямро дар масҷид мехонам. Аз аввали ин моҳи шарифи Рамазон гапи мардум оид ба баромади охири Раҳмонов бахшида ба моҳи шарифи Рамазон аст. Бовар кунед, ки аксарияти мардуми Кулоб баъди тамошои суҳбатҳои Раҳмонов тамоман аз вай ихлосашон гашт.

Мардум як чизро аз ин баромади Раҳмонов возеҳан пайбурд, ки вай мехоҳад мардум тамоман аз ислом руй гардонад. Мегуяд, ки мусулмонӣ дар дил аст. Ришу ҳиҷоб чи даркор, ё гуфта истодааст, ки мо ҳоло ҳам дар бораи ҳалолу ҳаром ва  дар бораи савобу убол гап мезанем. Бахудо қасам ин як номусулмони ношунидаи бадтар аз як нобурид будааст. Худаш худашро дар байни халқ шарманда кард ва худаш нишон дод, ки аз мусулмонӣ тамоман бу набурдааст.

Боз як муллои шиносам гуфт, ки дар телевизионҳо на ҳама гапҳояшро нишон доданд. Аз ҷумла аз имомхатибҳо пурсидааст, ки пулҳое, ки мардум дар масҷидҳо ба сандуқҳои хайрия медиҳанд, куҷо мераванд,чи корашон мекунед? Боз суми фитри рузаро пурисдааст, ки мардум ба масҷидҳо медиҳанд, куҷо меравад? Сумҳои масҷидҳоро пурсидааст. Ин пешво сум надорад чи? Имомхатибҳоро супориш додааст, ки дигар он пулҳоро ҷамъ карда ба давлат бисупоранд, ба буҷҷаи давлат супоранд. Ин мулло гуфт, ки руҳониҳоро сахт масхараву гапҳои сахт задааст. Ҳатто баъзеашонро маҷбур кардаанд,ки салаҳояшонро гирифта бо тоқӣ ба маҷлис дароянд.

                                              Душанбе

    Ассалому алайкум устод Муҳаммадиқбол! Баъд аз онки прокурор ба Дилшоди красавчик ҳукми абад талаб кард, вай дар доду вой зад:«…биёрен иҷа ҳамаи одамои қуша, биёрен. Ҳасана биёрен. Бачаи Ҳасана биёрен. Урам шаво меомад меистод катимон. Чанд бор ба мошини бачаш ҳавлиш рафта будем Қурган. Эй мардум  номардӣ аз ин зиёд намеша. Қамар гунаҳгор нест. Номерои оперативнира барои мошино Ҳасан худуш мада дод. Фармон дод, овардан доданша. Бо ма гуфтм Раис ягон проблема нашава ба ин рақамҳо? Гуфт, нея наоборот ба ин рақамҳо соф мантон намекнан…»

Бинобар маълумотҳои расида ду суратҳисоби офшории пинҳонии Ҳасан Асадуллозодаро Хуршед Мирзоев ёфтааст, ки ҳеҷ кас намедонад. Як счёти офшориаш дар Панама будааст. Акнун Хуршед фикр дорад, ки чи хел пешниҳод кунад. Бояд Ҳасанро гум кунад ва ҷояшро гирад. Дар ҳақиқат баъд аз онки суҳбатҳо дар бораи заказчики Шуҳрат будани Ҳасан будааст, даъвогарҳо ва талабгорҳои курсии Ҳасан зиёд шудаанд.

Аз ҳамин сабаб, баъзеҳо дар қасди гирифтани ҷои Ҳасан ҳастанд. Аз руи баъзе маълумотҳо Хуршед Мирзоев ҳам сахт хоҳиш дорад, ки ҷои Ҳасани Ориёнбонкро бигирад Шабу руз роҳ мековад, ки чи хел, бо кадом роҳ метавонад ҷойро гирад.

 Хуршед медонад, ки Ориёнбонк ин главная казна, яъне ҷои пули асосии Раҳмонов аст ва расидан ба он ҷо, наздики бо худи Президент аст. Хуршед Мирзоев дар макру ҳилла дар круги Рустам ҳамто надорад.Вай кушиши ҳар чи наздиктар шудан ба Президентро дорад. Хуршед аз дигар нафарони круги Рустам калонтар аст.У аз онки директори як сохтори навтаъсис шуд,он қадар розӣ нест.Ин Хуршед Мирзоев бо Комил Мирзоалиеви раиси Роҳи оҳан чи нисбате дорад.Домоди хоҳари Комил аст. Хуршед Мирзоев намедонад чи хел кунад,ки ҳушу фикри Рустамро ба дилхоҳ тараф барад,то ки таги корҳои Хуршедро наковад.Ҳафтаи гузашта Хуршед дар як ҷо дар круги худаш таъриф кардааст,ки «паҳ я чи Озода молай да.Сап сафедак.Худша беҳад тоза нигоҳ мекна».Аз чанд вақт аст ки байни

Шоҳрух Саиду Хуршеди Мирзоев сахт рақобат барои наздикӣ ба Рустам рафта истодааст. Дар байни круги Рустам мухолифату зиддият зиёд аст.Хуршед аз Шоҳрух хавотир аст ки ягон момент ёфта дар гушҳои Рустам парида  уро сиёҳ накунад.Таги Хуршед конкретно тар аст.

   Аз вақти дар круги Рустам омаданаш то имруз факат обро лой кардааст.Замоне,  ки дар Кумитаи сармоягузорӣ буд,хеле зиёд растрату алик малик кардагӣ аст.Аз чандин хориҷӣ сумҳои калон гирифта ваъда додааст,ки шартномаҳои руғанӣ мекунем.Аммо ҳеҷ коре накардааст.Баъди аз Кумитаи сармоягузорӣ рафтанаш хориҷиҳо ба ин Кумита муроҷиат карданд,гапро ба Хуршед расониданд:

«Э ма сумора Рустама додам, хай тонен биёен пурсен» гуфтааст Хурешед. Баъди ин гап,ки дух мекунад, ки пурсад. Агар пурсад ҳам, все равно айни замон Рустам гапи Хуршедро боло медонад. Хуршед тоб медиҳад ва дар гушҳои Рустам мепарад,тамом ҳама масъала ҳал.Чунки он одами гапро овардагӣ барои худаш проблема мекунаду тамом.Заминҳои баъзе соҳибкорҳоро дар аввал через одамонаш нарх мекунад, баъд Рустамро мегуяд,ки фалон замин бекор хоб аст. Онҷо мо як завод ё корхона месозем.Он соҳиби замин,солҳо налогу дигару дигар супоридагӣ аст,Рустам фармон медиҳад, ҷояшро мегиранду тамом. Баъд Хуршед аз ҳисоби сумҳои хориҷие, ки бо имзоҳои сохтаи Рустам кардаасту гирифтааст, месозад ба мисли Мармарӣ ё Сиёма мол. Ку Юсуфаки Раҳмон мард боша,як проверка кунад.  

  Як хабари дигар ин аст ки ҳоло Анвари текстилро низ ҳолашро бад карда истодаанд.Заминҳои даруни текстилро Азизмо гирифта буд.Ҳоло гап-гап ҳаст ки худи текстилро Рустам кашида гирифтанӣ аст.  

Вале акнун Дилшоди красавчик дар зиндон ҳазор доду вой кунад ҳам  фоидааш надорад.Вай бояд барвақт ҳақиқатро мегуфт.Дигар дер кард.Эҳтимоли онки дар зиндон вайро нобуд созанд,вуҷуд дорад…

                                           Абдураҳмони Ҷомӣ

  Салом бародари азиз Муҳаммадиқбол!Мо як гурӯҳи беш 40 нафара аз як бародарамон,ки ҳоло дар хориҷа аст хоҳиш кардем,ки ин номаи пур дардро ба шумо бародари азизамон бирасонад. Ҳукумат аз уҳдааш набаромада истодааст, масъулон масъулиятро фаромуш кардаанд, мардуми ноҳияи Ҷомирро ба ҷонашон расонида истодаанд.

Дар ноҳия алакай 3 ҳафта мешавад,ки барқ надорем,1 соат саҳар медиҳанд, 1 соат бегоҳӣ.Хонаҳоямон сард. Мо дар маркази ноҳия зиндагӣ мекунем. Дар болои ин боз дар подвалҳои хонаҳоямон оби зиёд ҷамъ мешавад.Раисони маҳаллаҳо ба мо мегуянд, ки неругоҳи Норак чи коре шудааст,барои ҳамин барқ нест.Бо насосҳо оби подвалҳоямонро мехушкондем, ҳоло барқ нест, чунки насосҳо бе барқ кор намекунанд. Раисони маҳалла, КЖКП ва дигар роҳбарон бошанд мегуянд шабҳо ҳушёрхоб бошед, ин обҳои зери хонаҳоятон аз ҳамон ҳисоб аст. Дар болои ин ҳама мушкилӣ боз ҳаво сард, барф. Ҳама хонаҳоямон хунук.Мо дар дуюму сеюм ошёна алов карда наметавонем.Оилавӣ ҳамаамон касал шудаем.Мактабҳоямон хунук. Боз пул барои ангишт биёред мегуянд. Якбора ба ҷонамон расондаанд.

  Дар ноҳия порагирӣ дар авҷи аъло мебошад. Бозорҳоямонро вайрон кардаанд. Як Ҳоҷи Зайнулло аз авлоди президент аз Қурғонтеппа будаст. Ду бозорро вайрон кард. Зиёда аз 500  ё 600 нафар тоҷири хурд бекор монда ба Русия рафтанд. Маҳсулоти хурока беҳад гарон: гушти гов 80 сомонӣ. Мо солҳо ранги гуштро намебинем. Бо ду кудаки мактабхонам духтур рафтем. Доруву укол навишт врач, пневмония, газаи шуш. Аптека омадам.700 сомонӣ шуд. Куҷо равем?

 Дар бозор кор мекардем. Бозорро хеши президент маҳкам кард. 4- 5 моҳ мешавад бекорем.

Кудакҳоямон аз мактаб монданд. Аллоҳ ин Президентро бо Ҳоҷи Зайнуллову аҳли авлодаш нобуд созад, ки мардумро инқадар сарсону саргардон карда истодаанд. Дар деҳот мардум доду фарёд доранд, ки ин Ҳоҷ Зайнулло заминҳоямон ва кулҳои моҳиҳоро, ҳамаро гирифта истодааст. Ҳатто ҳукуматиҳоро ба дод овардааст. Ин қадар одамони бекор куҷо раванд, чи кор кунанд охир?Дар давраи ҷанг ГЭС-ҳои Сангтудаву Роғун набуд, ин хел бебарқӣ набуд охир. Президенти муҳтарам, илтимос, шумо дигар аз уҳдаи вазифаатон намебароед, ҷойро холӣ кунед.Акнун фаҳмидаем, ки чи қадар савод доштаӣ.Системаҳои шумо куҳна шудааст. Асри 21 аст. Афғонистон алакай пешравӣ дорад, қарзи барқашро баргардонд.  

                                                Конибодом

Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқболи Садриддин. Ман як сокини деҳаи Лоҳутии ҷамоати Лоҳутии ноҳияи Конибодом мебошам. Ҳозир 1солу 8 моҳ мешавад дар муҳоҷирати меҳнатӣ қарор дорам.Бигзор номам махфӣ монад. Шикоят аз раиси ноҳия Пешвои муаззами Конибодом Тухтасунзода Абдусалом ва раиси ҷамоати Лоҳутӣ Фатҳулло Соҳибов ва участковии ҷамоати Лоҳутӣ ва масъули  мизи ҳарбии ин ҷамоат бо номи Хуршед гуфтаниям, ки эй раиси ноҳия оқои Тухтасунзода Абдусалом ва раиси ҷамоат Фатҳулло шумо куҷоро нигоҳ мекунед? Магар дар ҷамоати Лоҳутӣ одам намондааст, ки як одами беақли бесаводи дар умраш дари қисми ҳарбиро нодида раиси мизи ҳарбии ҷамоат таъин шавад.

Ин бесавод Хуршед ном дорад.То ҷое, ки ман медонам ин беақли бетамиз дар   Русия ягон кори ҳалол намекард. Кораш мошеникӣ ва бозӣ дар игровой автомат буд. Аз Русия депорт шуд, Дар қишлоқ мардикорӣ карда мегашт. Ин вақте дар Русия буд ба ҳамсар ва ду писараш тамоман занг намезад, пул равон намекард. Якум занаш муаллима аст.Чандин бор занг мезанад, ин беақл ҷавоб намедиҳад.Бо кайфу роҳати худаш овора мегардад ва ин зан маҷбур мешавад ба роҳи танфурушӣ ду фарзандашро хуронаду пушонад. Ин беақл қаровули мактаби ба номи Худойдод Бойбоев буд. Чи тавр сардори мизи ҳарбии ҷамоат шудааст, кӣ уро   ба ин вазифа мондааст. Дируз ин беақли бефаросат ба хонаҳои мардуми Лоҳутӣ даъватнома додааст ва ба ҳар як оила дастур додааст, ки бояд 500 сомониӣ бисупоранд.Чаро бояд ҳама 500 сомонӣ бисупоранд,чизе нагуфтааст.

                                                 Қубодиён

 Салом бародар Муҳаммадиқбол!

Илтимос ҳамин номаи моро ба мардум бирасонед. Мо бачаҳои совхози Тоҷикистони ноҳияи Қубодиён, ба Худо қасам аз ҷабри раиси ҷамоат Нодиров Волид  ба дод омадаем. Ҳозир барои хизмати ҳарбӣ аз бачаат агар вай дар Москва бошад 10 ҳазор сомонӣ мегирад. Ин Волид 20 гектар замин дорад. Духтарҳои қишлоқро кор мебарад. Кадомаеш, ки шавҳараш дар Русия аст бо онҳо корҳои ношиста мекунад ва боз дар чанд ҷо лоф задааст, ки 200 сомонӣ медиҳам корҳо буд мешавад. Имомхатиб Мулло Саидаҳмад бошад дар масҷид чандин бор мешавад эълон карда истодааст, ки ҳар касе дар хонааш пахта дорад бурда биспорад вагарна участковийро ҳамроҳ мегираму хонабахона тафтиш мекунам.Мо ҳайрон, ки хатиб чи кор дорад, ки мардум дар хонааш чи доранд? Як шогирд дорад бо номи мулло Ҷамшед. Ин мулло Ҷамшед ба ҳамин наздики хонаи як духтари шавҳардорро вайрон кард. Худи хатиб мулло Саидаҳмад бошад дар ҳар намози ҷумъа сандуқи хайрия дар дасташ аз мардум пул мегирад. Аммо мо намедонем, ки ин пулҳоро куҷо сарф мекунад?  

                             Ҷалолиддини балхӣ (Колхозобод)

Ассалому алейкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу бародар Муҳаммадиқболи Садриддин. Ман Фалониев Фалонӣ Фалониевич аз ноҳияи Ҷалолиддини балхӣ,ҷамоати собиқ Фрунзе –Навоии ҳозира, деҳаи Чилсолагӣ. Ман аз маркази деҳа мебошам. То солҳои 2001-2003 деҳаи мо, ҳамаи мардум дар колхоз кор мекарданд.Ҳама соҳиби нону намак буданд. Аз солҳои 2003-2004 ин тараф оҳиста-оҳиста мардум ба муҳоҷират рафтанд. Ин замон буд, ки ба фурухтани молу ашёи колхоз сар карданд. Шипангҳоро фурухтанд. Онҳоро тамом карданду ба духтурхонаҳо даст заданд. Оҳиста -оҳиста шуруъ ба фурухтани инҷову онҷо сар карданд. Оқибати кор ба онҷо расид, ки ҳатто идораи деҳаро фурухтанд. Бино идораи деҳаро як ҳоҷӣ домулло Акрам аз ҳамин ноҳия мебошад ба баҳонаи мадрасаи деҳа гуфта ба арабҳои Арабистон муроҷиат мекунад, қисса кутоҳ он идораро мехарад ва сипас домулло Акрам он идораро ба савдо монд  60.000 ҳ $. Ҳеч кас онро суроғ накард. Ин мардуми деҳа чаро хомуш ҳастанд? Тахминан дар солҳои 2008 як раис буд, Аллоҳ раҳматаш кунад, Ёқуб ҳамаи латокҳои деҳаро канда фурухт.Он латокҳо барои заминҳоро обёрӣ карданд истифода мешуданд. Ин латокҳоро ба баҳонаи андози деҳа гуфта мардумро хомуш кард.Аз чандин нафар қарздор буд, мурд. Аввал писаронаш ба гардан гирифтанд баъд рад карданд. Қисса кутоҳ он раис ҳеҷ хизмат ба мардум накарда буд. Вай соли 2011аз инфакт вафот кард. Баъди вай писари калониаш раис шуд. Он писар дар фурухтан падарашро гуфти русҳо абгон кард.

Солҳои 2011ё12 ин тараф як раиси маҳала буд бо номи Ҳаит буд. Дар ҳамон солҳо як қонун бароварданд, ки дар мазор қабрро бе лаҳад канед ва болои қабрро ба плиткаҳои худрез мепушонданд. Яъне аз мардум сум ҷамъ мекарданду плитка мерехтанд ва он раис Ҳаит пулҳоро гирифта дар район айшу ишрат мекард. Вай як марди майнуш буд. Чанд бор давлений зад, боз сиҳат мешуд. Тавбаи майнушӣ мекард сиҳат мешуд вале боз давом медод. Оқибат охирон бор давлений зад, дигар соз нашуд. Гап мезанад, як калимаашро ҳозир мефаҳмӣ дигарашро як соат пас.

                                           Душанбе

     Муҳтарам мудири пойгоҳи мардумӣ Муҳаммадиқболи Садриддин!Ман ваъда карда будам,ки идомаи навиштаам дар бораи Хадамоти гумрукро баъди нашри номаи аввалам мефиристам. Ҳоло идомаи номаро мефиристам ва барои нашри бахши аввал бароятон ташаккур мекунам. Инро бояд бигуям, ки ман бо рутбаи полковник бознишаста шудаам. Зодаи вилояти Хатлон ҳастам. Фамилия ва номамро менависам вале бигзор махфӣ бимонад.Соҳиби фарзанду набераву абераам. Ин хоинони миллат аз Данғара,ки ҳукуматро гирифтаанд,инсонҳои хуб нестанд.Касифу ҳароманд.

Ман маълумоти зиёд дорам.Вале ҳоло чи гуфтаниям?

 Тамоми молу маҳсулоти воридотӣ барои растаможка пули изофагӣ-ставка (пули изофагӣ аз нархи муқарар шуда, ки барои давлат супорида мешавад) дошт ва аз тамоми соҳибкорону тоҷирон ҳатман як ҳиссаи муайянеро ҳамчун шапка барои ҷайби худ мегирифтанд.Руирост мегуям,ки ин маблағҳо –пораву ришват қабл аз Фаттоҳ Саид ҳам вуҷуд дошт ва аз ин “муомила”-ҳо дар гумрук то худи Раҳмонов бохабаранд. Аммо агарчи намешавад гуфт “ин ҳама дарди бахайр” буд вале дар пеши як ҳилла, найранг ва ҷинояту хиёнати ҷуброннопазири Фаттоҳ Саид, ки бо роҳандозии он миллионҳо-миллионҳо доллар ба давлат ва мардум зарар ворид кардааст, он қатра дар баҳр аст.

  Фаттоҳ Саид бо чанде аз шарикони ҷиноятиаш ба мисли ҳамин Ҳурматулло Исломи домоди Нуриддин бар хилофи Конститутсия ва Кодекси гумрук ва нақзи ҳама муқаррароти қонунгузории кишвар як санадеро бо номи “тавсиянома” барои таъйини нархи маҳсулоти воридотӣ ҷорӣ карданд, ки маҳз бар асоси он баҳои маҳсулот ва боҷу хироҷи гумрукӣ  муайян ва муқаррар карда мешуд.Ин тавсияномаро Фаттоҳ Саид дар соли 2016  ғайриқонунӣ ташкил ва ба иҷро гузошта буд. 

   Мисоли мушаххас.Нархи як тонна равғани офтобпараст дар заводу фабрикаҳои Русия ва Қазоқистону Украина 500 -600 доллари амрикоӣ мебошад.Агар бо ҷамъи роҳкирояш-перевозка то Тоҷикистон ҳисоб кунӣ 650 то 700 доллар мешавад.Аммо дар тавсияномаи гумрукии ғайриқонунӣ як тонна равгани офтобпарасти ширинкардашударо аз 1300то ба 1550 доллар нархгузорӣ кардаанд, ки ин барои боло рафтани нархи равған сабаб гардид.
Нархи як тонна орд, ки монополияи домоди Президент Зоир Соҳибов ҳасту айни замон писараш Исмоил Соҳибов контрол мекунад (дар тавсияномаи гумрук рамзи мол дар ТНВД 1102)  300 доллар таъйин карда шудааст аммо нархи ордро то ҳол паст накардаанд. Чун воридоти онро одамони наздики Президент ба душ доранд, барои ҳамин нархи ордро ҳатто аз нари заводҳои Қазоқистон камтар мондаанд
Нархи як тонна шакарро ҳам дар тавсияномаи гумрукӣ баланд гузоштаанд.Аз руи ин тавсиянома як тонна шакар бо рамзи моли рақами 1701 (ТНВД) то ба 700 доллар гузошта шудааст.Шакар ва гуштро фақат домоди дигари Президент   шавҳари дуюми Таҳмина Раҳмонова ба Тоҷикистон ворид менамояд. Дигар ягон кас бе иҷозати Таҳмина ҳатто гушти мурғро ҳам ворид карда наметавонад!
Дар ин руйхати тавсияномаи гумрукӣ як маҳсулоти муҳиме, ки халқи тоҷик ҳама вақт истеъмол мекунем ин гушти гов аст. Дар руйхати тавсиякардаи Фаттоҳ Саидов ва домоди Нуриддини тракторист Ҳурматулло Ислом, ки баъди маҷлиси гумрукчиён выговор гирифта буданд, барои гушти гов, гушти хар ва гушти хук як нарх гузошта шудааст.Яъне як тонна гушти гов 1500 доллар ва гушти хар ҳам 1500 доллар.Аҷаб тавсиянома ташкил кардаанд ин Данғарагиҳо.
  Баъд Фаттоҳ Саидов бо сарвазир як протоколи дигарро имзо ва ба гумрук равон карданд. Ин корро ҳам бо Ҳурматулло Исломи мундуқи домоди Нуриддини тракторист ташкил кард. Бар асоси ин проткол бор бо ҳуҷҷатҳои оригинал бояд ба Тоҷикистон дарояд.Ва бечораи бизнесмен агар мисол инвойс (invoice)- и оригинал надошта бошад, баъд барои дастарс кардани он пеши Ҳурматов Ислом равон мекунанд. Ӯ мегуяд панҷ -даҳ ҳазор доллар маро бидеҳ «ма инвойси аригинала ташкил мекунамтон». Ва вай корҳоеро, ки дар вақтҳои сардори терминали гумрукии рақами №1 дар тарафи Ленинский –Рудакӣ будааш иҷро мекард дар таможний шаҳри Душанбе ҳам “ба расмият” даровард.  

Инвойсҳои ба садҳазор доллар даромадаро нархҳояшро даҳ ҳазор доллар поин мекард.Масалан як фураи борро, ки гоҳ вақтҳо дар дусадҳазор доллар бор дошт ба 8 000 доллар ё ки 10 000 доллар  поин мекард, яъне растаможка мекрад ва барои ин кор аз бизнесменҳо барои кисаи худаш то сӣ-чил ҳазор доллар пора мегирифт.Бизнесменҳо бо камоли майл розӣ мешуданд.Чунки аз нархи давлатӣ қариб 100-150 000ҳ доллар арзон борро медароварданд. Ин корҳоро ҳамроҳи Раҷабов Орифи ҳамсояи хусураш Нуриддини тракторист аз Данғара ҷияни Абдуҷаббор Ширинов, раиси пешини Бонки миллӣ анҷом медод.

Баъди шармандавор аз кор рафтани Абдуфаттоҳи Ғоиб (Саидов Фаттох Ғоибович) роҳбари Хадамоти гумрук Каримзода Хуршед Абдураҳмон ва муовинонаш Ҳурматулло Ислом Зариф вазифаҳои баландтарро соҳиб шуданд ва  акнун корҳои Фаттоҳ Саидовро алакай домоди Нуриддини тракторист давом дода истодааст. Ин мундуқи чашмкабудаки домоди тракторист рӯзҳои аввали ба кор омаданаш соли 2000 (бо мошини куҳнаи жигулии бароришаш соли 1987 рангаш вышневый) ба кор меомад, ба ҳайси инспектори статистикаи гумруки шаҳри Душанбе як лох, як чмо як бесаводи беақл аз забонаш гап намебаромад!

Баъдан ба шуъбаи ташкили назорати гумрукӣ ба кор гузашт. Дар онҷо ба ӯ ба ҳайси инспектор-оформитель личний номерной печать доданд. Ҳатто дар куҷои декларатсия печать заданро намедонист. Ба ӯ Фаридун Давлатов аз статистика ва Ҷамшеди терминатор ва Холов Маҳмадалӣ ёд медоданд, ки дар куҷо бояд печать занаду дар куҷо бояд имзо бимонад. Ва аввалин гирифтани доляҳоро аз ҳамин ҷо ёд гирифту баъди муддати кутоҳе зуд инспектори калони ҳамин шуъба гузоштанд. Ҳурматов Исломи домоди трактористро дигар мошинҳои нисан, максима, вольсваген, тауреки ҷипи сафед савор мешудагӣ шуду фукаш ба мисли маркаб-бачаҳои дар баҳорон маст шуда боло шуду дигар бо одамон ба нуки чиликҳояш салом мекардагӣ шуд. Ин аст философияи зиндагӣ ба гуфти Аловудини актёр ин аст философияи ҷобаҷокунии кадрҳо дар ҳукумати Раҳмонов.
Акнун муовини Сардори Хадамоти гумрук Ҳурматулло Ислом(Иззатулло) ин тавсияномаҳоро дигар карда ба воситаи сарвазир боз протоколеро ба тасвиб расонидаанд,ки бо борҳои воридшаванда ҳатман бояд декларация ва счет фактураҳои оригинал дар пакети бастаи ҳуҷҷатҳо бошанд ва агар мабодо набошад ин ҳуҷҷатҳои оригинал ба Ҳурматзода Ислом бизнесменҳо муроҷиат мекунанд баъди додани 10 000 доллар то 20 000 доллар дарҳол Ҳурматзода Исломи домоди тракторист ин ҳуҷҷатҳоро ташкил ва корро ҳал мекунад
Чи хеле, ки Раҳмонов Э.Ш дар  маҷлисе мегуфт як бор суратҳои даҳ- бист сол пештаратонро бубинед, ки чи афту намуд доштед, имруз чи афту намуд доред?

   Акнун бубинед, ки бисту ду сол пеш Ислом Ҳурматулло чи афту намуду чи хел брюк дошт ҳоло чи? Аз куча оварданду дар таможний инспектор монданд ва рутбаи лейтенант додаандаш? сурати солҳои 2001-ро бубинад, ки чи хел буд. Баъди дар таможний як -ду сол кор карданаш буд, боз камтар ҷон гирифт!!
Дар таърихи 10 майи соли 2019 дар кохи Борбад бо иштироки Эмомалӣ Раҳмонов бо кормандони андозу гумрук ва тамоми кормандони дигар мақомот маҷлиси васеъ баргузор шуд. Ман ҳам дар ин маҷлис иштирок карда будам. Аммо тули қариб 26 соли корӣ дар гумрук ман аввалин бор буд, ки Президентро аз наздик дидаму шунидаму фаҳмидам. Дар шабакаи аввал аксарияти суханҳои Президентро қайчӣ карданду нишон надоданд. Аммо мо дидему шунидем. Дигар  аз Президент ва аз ин Ҳукумат дилам пурра монд. Ин маҷлис спектакли театрҳои мазҳакаро ба ёд меоварду ва ё филмҳои ҳиндие, ки руирост туҳмату буҳтон, суханпардозӣ ва ё аниқтараш ҳамон спектакли Кадушоҳи Асламбек, ки мегуфт «Аз гуноҳат гузаштам инсу гузар, аз гуноҳат нагузаштам он су гузар»-ро медидаму шахсе, ки як умр хондааму инчунин аз дини Ислом ҳам бохабарам, баъди ин маҷлиси сохтакоронаи Президент ба худ гуфтам вой бар ҳоли ин миллат, вой бар ҳоли чунин ҳукумату чунин «кадрҳои гумрук. Дар ин маҷлис,ки ҳама гумрукчиён шоҳид буданд Президент аввал дар бораи 30 мошини контрабанда дастгиршуда бо ғазаб ва сахту дурушт гап мезаду Сардори Хадамоти Гумрук Каримзода Хуршедро хезонда рост монда ҷанг карду баъдан чунин гуфт «Вай ҳаст ку, як сохтори вай доред, ку раёсати амнияти бехатарӣ, куҷоро нигоҳ мекунд, кияй сардоруш ку бхеза ай ҷош? Дигар ҳама мақомот ва ҳамаи гумрукчиён фикр карданд, ки ин наркобарони московскигӣ- Рустамов Алихони ,,шогирд, ва «масажист»-и Фаттоҳ Саидро, ки уро аз Агентии коррупсия ҳамин кали Фаттоҳ оварда буд ё турма мекунад ва ё ақалан аз кор мегирад, вале вақте ки Рустамов Алихони (қашқалдоқ)-и наркобарон аз пушти сардори Хадамот аз ҷояш хест Президент уро диду шинохту «аа худути» гуфту дамаш дарун зад.

Дигар гуё, ки аз дасти ин наркобарони московскигӣ 100 миллион доллар пора гирифта бошад, зуд гапро ба дигар тараф бурду сардори терминали як, кӣ аст аз ҷой хезад гуфту уро ба назди микрофон даъват карда тамоми қаҳру ғазабашро дар сари Шаҳбоз Раҷабзодаи кавалери Озодаи духтараш рехт. Ин ҳолатро тамоми иштирокчиёни маҷлис диданду фаҳмиданд, ки Президенти Тоҷикистон бо наркобаронҳои московскигӣ пурра шинос асту аз онҳо муттаҳам аст!
Инчунин дар ин маҷлис Президент, ки сахт маст буд як вақте фаромуш мекард, ки дар Хадамоти Гумрук аксарият хешу табори худаш ҳастанд, ҳарчи аз даҳанаш меомад мегуфт. Мисол ними кормандон одамони наздики Озода (Раҷабзода Шаҳбоз)ва ё одамони Рустами бачааш (Сафаров Хуршед)ва ё одамони Нуриддини тракторист (Ҳурматов Ислом домоди акааш)ва ё ҳамсояҳояш (Раҷабов Ориф)аз Данғара ва ё одамони Кали Фаттоҳ (Рустамов Алихон ва Беназирзода Фаридун)ё ки одамони Ҳасани хусурбачааш ё ин ки одамони Шоҳрух, одамони занаш Азизмои газетхонак (Сафаралӣ Холмуродзода аз Чапаеви Колхозобод)ё ин ки додари шофёраш Қодир (Мухамадиев Зафар фамилияи пешинаашон Качалаев Зафар-ҳоло раиси Хадамоти гумрук дар вилояти Суғд )аз Данғара ва ё бачаи тағоияш Матлубхон Давлатов яъне ҳамаи кормандони гумрук аз ноҳияи Данғара ва ё аз Колхозободу Қурған одамони наздики домодҳои худаш ҳастанд неожиданно мегуфт ҳамаатон порахуреду буҷаи давлатро медуздед ман намедонам чи хел инҳоро ба кор гирифтаед Шумо. Дар охир муовинони сардори Хадамот аз ҷумла Ҳурматзода Иззатулло(Исломи домоди акаи тракторист) ва Сафаров Хуршеди бачаи ошнояш ва собутилникаш Шералӣ Сафарро выговор эълон карда шавад гуфт.   Аммо то ба ҳоло онҳо дар вазифаҳояшон кор карда истодаанд. Баръакс боз пулдортар шудаанду домҳои шахсии баландошёна дар маркази шаҳри Душанбе сохта фурухта истодаанд ва онҳо вақте дар ресторанҳо мешинанад, масалан ҳамин Ислом Ҳурматулло ва Сафаров Хуршед маст шуда мегуянд, ки «выговор додан бигӣ мо кори худмона кардан мегирем старик (Президентро ҳами хел мегуянд) крышаш рафтагиай, ай туда зур одам ҳастай –

Share This Article