Садои хашмолуду пур аз кинаву танаффури мардум бар муқобили Раҳмонов ва корхонаҷоту ширкатҳои домодҳову бачаҳои вай рӯзбарӯз бештар шуда истодааст. Ҳар қадар, ки Раҳмонов болои мардум фишорро афзун мекунад, ҳамон андоза дучори нафрату ғазаби мардум қарор мегирад. Дар номаи зер мардуми босабру тоқати Ҳисор ҳам маддаҳои солҳо нуҳуфта дар дилашонро кафонидаанд. Беҳтараш худатон мутолаа кунед:
Ҳисор
Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқбол! Ман номи номаамро чунин мондам: «Нома дохили нома»-яъне якум: «Нома аз Ҳисор, дуввум -Нома аз ҷигару қалби деҳаи Ҳисор».
Бародар, умедворем хубед.
Шурӯъ мекунем аз номаи аввал:
Ба ҳамагон маълум, ки Ҳисор таърихи бой дорад. Ва дар гузашта бо номҳои Шумон, Шодмон, Ҳисори Шодмон, водии Ҳисор ёд шудааст. Ва ҳатто байни мардум ривояте дар сайр аст, ки “Хуҷаи Хизр дастархонашро дар ин минтақа афшондааст, (албатта ин овоза аз ҳисоби серҳосил будани ин ҷост). Ва аз ҳисоби доштани заминҳои серҳосил ва ҷойгиршавии ҷуғрофӣ Ҳисори зарнисор ё водии зарнисор ҳам мегуянд. Дар ноҳия ҳама гуна намуди сабзавот ва мева руёнида мешавад. Чорводорӣ низ хуб ба роҳ монда шуда буд. Ҳозир ҳама чарогоҳҳо соҳибдор шуда монд. Дар гузашта ҳар деҳае ба худ 1-2 чарогоҳ дошт. Ва дар адиру пуштаҳояш пиставу бодом, хуч ва каврак (шираи камол) ҳам меруяд. Мардуми деҳаҳои поён ва наздик ба адиру кӯҳ аз ҳисоби ҳамон пиставу бодом ва каврак (шираи камол) зиндагии худро пеш мебурданд. Ҳол онки аз об танқисӣ мекашиданд. Ва “балое” омаду мардум аз ин даромад ва манбаъи пешбарандаи зиндагӣ маҳрум шуд. Ин бало “Фароз” ном дошт. Ва роҳи деҳаҳои Булбулчашма ва наздикии онро бастанд.
Ва бо тарафи дохили деҳаи Кончӣ-Заря Востока-Юбилейни равона карданд, ки ин роҳ ба он мардуми деҳа 2-3 баробар дур мебошад. Хулоса, роҳеро, ки бастанд гар хато накунам ба деҳаи Сурх (Қизилқишлоқ), ки деҳаи раҳматӣ домулло Шарифи ҳисорӣ низ мерафт. Давоми ин роҳ то Чуҷааливу назди сарҳадии Боботоғи Ӯзбекистон ҳам мерафт. Ва ин бало яъне Фароз (ин Фароз аз он Фароз-и марҳум Умаралӣ Қувватов фарқ дорад), сари мардум шуруъ кард ба ширамолӣ ва кулоҳгузорӣ. Агар он Фароз барои ободии кишвар ва ҷойҳои корӣ барои мардум буд, инаш бошад яъне Фароз-и Шамсулло Соҳибови домоди Эмомалӣ Раҳмонов баракси он- ҷойҳои кории мардумро кашида гирифт. Ва ин Фароз омаду ин сарзамин аз он сарзамини серҳосил ва зарнисор ба «минтақаи заминҳои бекорхобида» мубаддал гашт ва “худӣ” шуд. Ва мардуми ин деҳаҳо норозигӣ баён карданд. Чанде аз онҳоро бурда саркӯб ҳам карданд. Дар бораи он ҳодиса дар барномаи «№127-и Номаҳо аз ноҳияҳо» ба шумо расонида буданд ва шумо гуфта гузаштед. Пеш аз ине, ки Фароз ба ин ноҳия ояд, таърихи тулонӣ дорад. Сарчашма мегирад аз солҳои 1992. Яъне вақте Раҳмонов ва Сангак Сафарову дигарон ФХТ (Фронти халқии Тоҷикистон)-ро дар минтақаи Кӯлоб ташкил карданд, союзники худро дар водии Ҳисор ёфтанд: Турсунзода, Шаҳринав ва Ҳисор. Ва дар аввал мардони инҷоро ба фиреби худ дароварда истифода бурданд, баъд ба монанди Нуралии лолагӣ ва дигарон якояк несташон карданд.
Мисоли дигар муфтии собиқи ҷумҳурӣ ҳоҷӣ Фатҳуллои ҳисориро ҳам ин Фронти халқӣ ба қатл расонд, ки шумо дар барномаҳои гузаштаатон гуфта будед. Баъд, сарватмандони ин ноҳияро ба доми худ дароварданду ба мисоли гов ҷушидандашон. Ба мисоли Алимардонов М, Иззатулло Ҳаёев-собиқ сарвазир ва раиси ширкати ХИМА «дарвоқеъ ширкати ХИМА ба ҳардуи онҳо тааллуқ дошт,яъне Х-Хаёев И-Изатулло,М-Муродалӣ А-Алимардонов.» Ҷамолиддин Мансуров- раиси пешини шаҳри Душанбе, Абдувоҳид Каримов ( собиқ раиси ноҳияи Ҳисор )Тухтеав ( собиқ раиси ноҳияи Ҳисор).
Дар солҳои наздик бошад сарватмандони деҳаи Белайдузи шаҳри Ҳисор ба монанди Устонабот ва бародаронаш, оилаи Саидовҳо, Рустам (Рустам- командир) Абдураандззоқ, Латиф ва ҳатто муллоҳову олимони динро ба доми худ андохта буд. Ба мисоли махсуми Исмоил, қорӣ Сунатуллои ҳисорӣ ( бародари марҳум ҳоҷӣ Фатҳуллои ҳисорӣ,) 4 бародар, ки яке аз маъруфтарини онҳо раҳматӣ Қорӣ Баҳриддин буд. Шумо дар барномаи «Номаҳо аз ноҳияҳои №127» гуфта гузаштед. Хулоса ин «оила» ягон қишри аз ин ноҳияро намонд, ки фиреб надода бошад. Ва баъдан сар карданд ба фиреб додани савдогарони ин ноҳия. Соли 2011 бозори марказии ба номи Хонақоҳро (ба Тоҷикматлубот рабт дошт) ба монанди дигар ноҳияҳо бастанд. Ва дар яке аз базаи савдо, ки объекти стратегӣ-ҷумҳуриявӣ ба ҳисоб мерафт бозори шахсӣ ба номи бозори «Само»-ро кушоданд. Пеш аз сохтани ин бозори нав аз ин базаи савдо чи оҳану швеллер, уголокҳои оҳанӣ, ҳатто релси поездро, ки дар давраи СССР ба дохили ин база кашида шуда буд, канда бурданд. Гар хато накунам, ин кандану бурданҳо қариб 3 моҳ зиёд тӯл кашид. Ва гуфтанд, ки барои ГЭС-и Роғун мебарем. Лекин нафароне, ки онҷо кор мекарданд, нақл карданд, ки барои фоидаи худ ва қисми зиёдашро ба шаҳри Қурғонтеппа ба бозори ҳоҷӣ Шариф кашонданд. Албатта ба онҷо барои он, ки ин ба бозори Само рабт дорад, ба оилаи Соҳибовҳо. Ва аввалин директори ин бозор- Хайрулло шахсе буд аз ноҳияи Норак собиқ корманди амният. Бисёр шахси дағал ва даҳонаш гапашро намегирифт.
Як фиреб ва писханд задани ин семейка нисбати мардуми Ҳисор инаст, ки: «да дига районо мо мардума маҷбуршон мекунем, намешуд, бозоршона алов мезадем, баъд ночор меомаданд, аввалда бе пул ҷошон медодем, ин ҳисориёра боша ҳам бозоршона махкам кнем. ата н бозори навда ҷора сумакӣ фурухтем, розиянд». (барои банда ин суханҳоро гуфтан ҳам шарм ҳаст ҳам вазнин, лекин «ҳақиқати талх аст «! Хулоса мардуми Ҳисор бедор шавед! Наход раиси милиса, БДА аз минтақаи Кӯлоб ё хешутабори семейка бошад, раиси шуъбаи шиноснома диҳӣ ҳам аз дигар ноҳия. Мо то ин дараҷа бесаводем, ки худамон кадр надорем? Ҳисор ба монанди дигар минтақаҳои Тоҷикистон соҳиби мардони бошараф, шоиру нависандагон паҳлавонони гуштину човандозони номдор, олимони дину донишмандони соҳаи тиб ва дигар соҳаҳо мебошад. Бояд мо ба мисли Далери Имомалӣ, ки фарзанди сарсупурдаи Ҳисор ва тамоми ата наст, бошем. Ба монанди ноиби ҳизби сотсиал демократ Маҳмурод Одинаев ва дигарон бошем. Лекин афсус хомушем. Бародар, дуъои маро ҳам хонед дар барнома:
Ё Аллоҳ олимону донишмандон, муллоҳову мардуми авом, хулоса ҳама мардуми мазлуми ватанро аз дасти ин ҳукумати номардумӣ озод бигардон.
Ва ҳоло номаи дуввум:
Нома аз ҷигару қалби деҳаи Ҳисор. Банда хостам то дигарон нависанд, вале ҳамагӣ ба даҳон об гирифтаву аз тарс нанавиштанд. Маҷбурам ба сину сол нигоҳ накарда нависам. Номаро шурӯъ мекунем.
Дар гузашта раиси ҷамоъат ва маҳаллаҳо бо супориши марказ яъне аз дастгоҳи ноҳия монда мешуданд. Ва як шахси баобруро мемонданд. Мисол собиқ муаллим, ё бригадири колхоз, муллои масҷиди панҷвақта, ё ягон шахси пешқадам (албатта дорои савод бошад)-ро раиси маҳалла мемонданд. Ҳозир ба фикрам ҳатто раиси маҳалро “дигар” дастгоҳ ба кор мемонад. Ба мисоли раиси маҳаллаи деҳаи Қалъаи Ҳисор як нафар бо номи Камол Олимов бо лақаби Камол девона ё Камол ҷиндиш мегуфтанд, ба кор мондаанд. Соли таваллудаш 1980. Сокини ҳамин деҳа мебошад. Дар гузашта ӯ сабабгори қатли 2 нафар шудааст. Якеро дар ҳамин деҳа қариб наздикии 20 сол пеш бо чанд нафар зада буданд ва сабаби ҷанг, ҳамин раиси маҳалла, ки он вақт ҷавон буд ,шуда буд ва он нафар баъди 1-2 рӯз аз дунё даргузашт. Ва аз марди фавтида 7 кӯдак ятим монда буд. 4 моҳ шишту баромад. Албатта, худ фаҳмидед, ки дар ҳукумати имрӯза ҳама кор карда мешавад. Дар гузашта човандоз ҳам буд. Ин шахсро на фақат дар деҳаи Қалъаи Ҳисор, балки дар деҳаҳои гирду атроф ҳам “хуб” мешиносанд. Як бузи пеши пеш аст. Ба раиси маҳалла шуданаш ҳоло 1 моҳ нашудааст. Лекин дар солҳои ахир ӯро ҳам бо коргарони шӯъбаи милиса ва ҳам бо ходимони масҷиди ҷомеъ ва ҳам дар идораи ҷамоъат во мехӯрданд.
Дуюм шахс ҳам аз дасти вай баъдан ба қатл расид. Ин ҳодиса дар Русия рӯй дод. Дар раҳу рӯ, дар туйҳову маъракаҳо худамон кардем мегуфтааст, ва мегуфтааст, ки номерҳои ҳама дастгоҳҳои ҳифзи ҳуқуқ ва дахлдорро дорам. Хайр акнун худатон фаҳмед, ки чи гуна шахс аст. Аммо вай саводи ҳатто синфи 1-ро ҳам надорад. Ҳам гиря ва ҳам хандаи кас меояд вақте мефаҳмад, ки ӯ раиси маҳалла шудааст. Хитоб ба дастгоҳ ё нафароне, ки ин шахсро ба ин масъулият таъин карданд. Шумо як бор аз гузаштаи Камол Олимов дарак ёбед. Охир характеристика ва ахлоқе, ки ӯ дорост, барои ин масъулият комилан дуруст намегирад. Ба ҷомеъа бисёр шахси хатарнок аст! Ин Камол Олимов, ки ҳозир гуноҳашро ба гардан намегирам, пеш як нафари фосиқ ва зинокор буд. 1-2 сол пеш як оилаи ҷавон бо гуноҳи ӯ қариб буд аз ҳам ҷудо шаванд. Ба фикрам СС.Ятимов раиси КДАМ дар ҳолати эҳтизор ва қабзи руҳ қарор дорад ва дигар дар фикри наҷоти худ ва оилаву пулҳои бо зулм ҷамъовардааш аст. Дигар бахшҳои амният дар ҳолати гузариш қарор доранду дар фикри сокинони кишвар нестанд.
Спитамен
Салом бародар Муҳаммадиқбол! Ман аз ноҳияи Спитамен навишта истодаам. Ташаккур, ки навиштаи пешинаи маро чоп намудед. Ҳоло дар бораи як корманди милиса навишта истодаам. Ин корманди милиса зан аст. Гавҳар Ашурова ном дорад. Вай лейтенанти калон аст. Сахт маккора в муғамбир ва беҳад ҳаромхур аст. Мардуми содаву одиро фиреб карда пулҳои онҳоро мегирад. Масалан барои иваз кардани ному насаб 6 ҳазор сомонӣ гирифта мегуяд, ки 1 моҳ пас биё, тайёр мешавад. Он бечора баъди як моҳ меояд, аммо баҳона пеш меорад, ки дар ҳуҷҷатат камбуд ошкор шуд, боз ду ҳафта пас, биё. Ҳамин тавр се-чор моҳ кашол медиҳад, медавонад ва баъд медиҳад.
Боз як кори дигари ҳаромаш ин аст, ки ваъда медиҳад фаврӣ шиносномаи хориҷӣ сохта медиҳам гуфта 3 ҳазор сомонӣ мегирад. Пулро мегирад, чизеро, ки барои се руз омода мешавад, 15 то 20 ру6з кашол дода медавонад. Ин зан ду фарзанд дорад. Калониаш номаш Фаррух. Вай баригаи бангфуруш мебошад. Мошини БМВ, Х6 дорад. Писари дуввумаш дар ППС кор мекунад. Бо ҳамон бачааш ба қишлоқҳои дур рафта паспортний режим мекунад. Одами содаро паспорташро талаб карда вақте мебинад, ки иваз накардааст ҷаримааш будааст, ку гуфта ба камияш 200 сомонии вайро мегирад ва боз аз номи началники милиса гап мезанад. «Ман ҷаримаро ба началники милиса бурда медиҳам мегуяд».
Бародар Муҳаммадиқбол. Ман минбаъд аз Спитамен навишта меистам.
Лахш
Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқбол!
Ман аз ноҳияи Лахш (Ҷиргатол) ба шума навишта истодаам. Мо қирғизҳои Ҷиргатол шикояти бисёр дорем. Моро одамони ҳукумат -амният ва милитсия қирғиз гуфта бе ҳад бисёр ғам медиҳанд. Лекин худашон лақай мебошанд. Боз моро қирғиз гуфта, як проблемаро дар гарданамон мемонанд ва пуламонро мегиранд. Агар ягон айб наёбад, ту хонаатро мефурухтаӣ гуфта суматро мегиранд. Мо безор шудем аз дасти одамони амният. Аз дасти ин амният гарантия,ки 30% қирғизҳо гурехта хонаашонро арзон ё ки партофта рафтанд ба Қирғизстон. Чандин одамро зада сумҳояшро гирифтанд: 20 ҳазор, 15 ҳазор. Дигар ягон илоҷ нест. Даже Қирғизистон через интернет занг зада гап занӣ гӯш мекунанд. Чанд одамро қапиданд. Бисёр бачаҳо чанд сол пеш рафта граждани Кирғизистон шуданд. Ҳозир падару модари ҳамон бачаҳоро ба амният фарёд карда сум гирифтанд. Бисёриашонро заданд, бачаҳояшонро оварда шаҳрванди Тоҷикистон карда армия роҳӣ карданд. Ин ҳаромхурҳо чи хеле форад ҳамон хел кор мекунанд. Инҳо фақат сум ҷамъ мекунанду корашон фақат бевабозӣ.
Аз тарафи шаҳр бо таксӣ омада аз Ҷиргатол Камри савор шуда мераванд. Бародар одамҳо безор шудаанд. Ҳама мефорад, ки ба шумо гӯянду гап зананд. Лекин телефонҳоро через интернет проверка мекунанд. Барои ҳамин ба шумо гуфта наметавонанд. Одамонро амният ба зурӣ ба ҳукумат бурда дар вақте прямой эфири шумо сар мешаванд маҷбур мекунанд, ки ба шумо занг зананду пешворо таъриф кунанд. Он бечораҳо, ки тоҷикиро ба зур гап мезананд дигар ноилоҷ монда ба шумо занг зада ончиро, ки инҳо ёд медиҳад, гуфтан мегиранд ва пешворо таъриф мекунанд.
Бародар мо қирғизҳои Ҷиргатол ба шумо бовар дорем. Ин номаи маро хонед, токи мардум бифаҳманд, ки тамоми корҳояшон дуруғ аст.
Исфара
Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқболи Садриддин! Ман аз Исфара ҳастам. Феълан дар Русия қарор дорам. Чи гуфтанӣ ҳастам? Ман бо Аҳрор Каримов, ки чанд маротиба дар барноҳоятон аз вай ва кору кирдори вай гуфтаед даҳ сол дар тиҷорат якҷоя кор кардам. Ду сол шуд корро бас кардам. Бо Лайсиддин ва дигар калонҳои Чоркуҳ ҳам шиносам. То ҳоло онҳо телефон мекунанд, аммо ман телефон накардаам. Тоҷикистон рафта дидам, ки чи хел корҳо рафта истодааст. Бовар кунед, ки як даҳшат. Дар Чоркуҳ бениҳоят зулм бисёр шуда истодааст. Ҳар шаб чорто-чорто панҷто- панҷто одамро оварда маҳкам мекунанд. Руирост мегуянд, ки «лой»-яшро деҳ мо туро сар медиҳем. Аз чор нафари дастгиршуда яктоаш баромада аз қишлоқ пул ҷамъ карда соф мешавад. Се нафари дигар аз 5 сол то 12 ва аз ин ҳам боло ҳукм мегиранд. Одамҳоро бегуноҳ маҳкам карда истодаанд.
Шумо дар барномаҳои пешинаатон дар бораи Муҳибхон ҳам чандин бор гуфта будед. Муҳибхон дар Краснодар раиси ҷамъият буд .Ман уро мешиносам. Вай дар Краснодар ду шогирд дорад. Аз 2008 то 2012 бо онҳо будам. Ин одам зиёд зулму хиёнатҳо кардагӣ аст.
Вай тавассути ментҳои бо пул харидааш ба аэропорт медаромад мегуфт, ки нос, нон, гушт ва дигар чизҳоро, ки ҳамватанон меоварданд намонед, ки дароваранд ба ахлотдон парофта шаванд. Ин чизҳоро дар пакетҳо гирифта хонааш бурда бо бародаронаш мехурд. Муҳибхон одамҳоро ҳам фурухтагӣ аст, вай буз ҳаст. Ба аскарӣ ҳам ҷавонҳоро фурухтагӣ аст.
Феълан аз Русия депорт шудааст ва ҳоло ҳар рӯз дар куни милисаҳо ва амниятиҳо мегардад ва онҳоро аз ҳисоби мардум, аз ҳисоби бузиву хабаркашӣ хуронида истодааст… Дар бораи ин ноинсон рӯзҳои наздик муфассал менависам.
Маскав
Ассалому алейкум бародар Муҳаммадиқбол!
Ман шуморо нав аз Ютуб дидам ва нав шинохтам. Чанд рӯз мешавад, ки видеоҳои шуморо тамошо дорам. Аз наворҳои дидаам дилам чунон ғамгин шуд, ки то бас гуфтан. Ман сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ҳастам. Чанд сол мешавад, ки дар Русияам, шаҳрвандии Русияро ҳам дорам. Ба шароити бародаронамон сахт дилам месузад, пулиси Русия сахт ғам дода истодааст. Шумо, албатта аз ин хабарҳо бохабаред, ман ба Тоҷикистон кам меравам чунки оилаам ҳам инҷо аст. Баъди ҳодисаи Крокус Сити ба Ютуб тез -тез медаромадагӣ шудам ва бо видеоҳои шумо вохурдам ва подписаться кардам, ки шуморо гум накунам. Дар Тоҷикистон ин хел дуздодуздӣ ва одамкушӣ будаасту ман бехабар. Бовар кунед, ки сахт ғамгин шудам. Агар дар ватан мебудам ман шояд бо инҳо ҳарруз дастугиребон мешудам. Аз рафтори кормандони давлат, аз имомхатибхо дилам монд. Беҳад бераҳм шудаанд, бузӣ болои бузӣ, руирост порахурӣ. Нав баромади ҳоҷӣ Мирзоро дидам. Аз у умеди калон доштам. Вале уро ҳам касофатии ин дунë задааст. Ман як вақтҳо ҳавас доштам ин одамро ба хонаам даъват кунам. Лекин ин не тот ҳоҷӣ Мирзо о, ком я знал. Ман аз ҳаëти худам ин хел розӣ нестам. Ман дар ҳаëтам бисёр корҳоро кардаам. Аммо ҳолу вазъи ин режими Раҳмоновро дида бисёр руҳафтода шудам. Барномаи шумо чашмамро кушод. Агар, ки муқобили Раҳмонов хестед, ман якум ҳамон одамам, ки мехезам барои роҳи ҳақ ва бо мардумам мепайвандам.
Душанбе
Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқбол! Айни замон ҳама противи Раҳмонованд. Манзури ман дар масъалаи геостратегӣ ва геополитикӣ аст. Русия таклифашро бо Толибон мушаххас кунад, аз феҳристи созмонҳои террористӣ бароварад, баъд ба масъалаи Раҳмонов ва ҲНИТ мерасад. Ҳамаи ин валвалаҳо аз тарафи Русия ташкил шуда истодааст. Масъалаи баҳси уламои кишварҳои порсизабон бо уламои тоҷик дар бораи сатру ришу ҳиҷоб аз сӯе бо ташвиқи Русия ҳам ҳаст. Омилони нуфузии Русия инҷо дастбакор шудаанд. Онҳо мехоҳанд, ки тавассути олимони тоҷики Афғонистон мардуми тоҷикро зидди Раҳмонов хезонднанд. Ман гумон мекунам, ки ин ҳама, «затея» ва трактовкаи Кремл аст. Аллакай Раҳмонов дар тарс афтодааст. Маҷбур шудааст, ки он уламо ва воизинеро, ки худашон аз экрану минбарҳо дур карда буданд, бароварда бар зиди уламо ҷанг андозад.
Чи бозие ҳаст инҷо. Дар ҳама гушаҳои Тоҷикистон ҳукумат интизорӣ чизе аст. Хавотиранд. Ҳодисаҳои Конибодом-куштори занҷираии оилаҳои том ва боздоштҳои дастҷамъонаи ҷавонҳо дар Язгулом ва ҳолати охири таблиғотии уламои он тарафи руд оид ба сатру риш, конкретно Раҳмоновро ба хавотирӣ овардааст. Танҳо худи Раҳмоновро. Аммо ин герчики бачаашро не. И далбаёби Рустам нозукихои политикаро умуман намефаҳмад, « по*уяйша». Вале Раҳмонов бошад, дар 32 соли ҳукмрониаш бо ин хел ҳолат дучор нашудааст. Вай амалан дар муқобили Русия ва кишварҳои Осиёи марказӣ қарор гирифтааст. Қазоқистон Толибонро аз феҳристи созмонҳои террористӣ баровард. Ин бор авзоъ ҷиддӣ аст. Раҳмонов бо Бадахшон, бо Рашт, бо Суғд ва ҳатто бо Кулоб проблема дорад.
Ҳолатҳое ҳамчунонӣ пеш ҳам руй дода буд. Вале онҳоро худи мақомот бо ҳидояти Раҳмон ташкил мекард: Мулло Абдулло, Суҳроб Лангариев, Алии бедакӣ, Олег Захарченкову Мирзохуҷаи белгӣ ва ниҳоятан ҳаводиси қатлу куштори помириҳо, ки Раҳмонов иқрор ва эътироф кард, худаш супориш дод бикушанд. Аммо ин бор масъала фарқ дорад. Толибон расман эътироф мешаванд ва дар Имороти Исломии Афғонистон муборизини мусаллаҳи тоҷик амал мекунанд.
Рустам хиёл мекунад, ки ягон гап шавад, Шоҳруху Суҳроб Раупову, Хуршеди ОМОН мехезанду тинҷ мекунанд. Намефаҳмад, ки мардум хест, дигар як сели хурушон мешавад, ки ҳамаро «мешува мебара». Ҳозир дар боло тоб дода истодаанд, ки уламои Афғонистону Туркияву Эрон гуё бо диктовкаи ҲНИТ масъалаи сатру ҳиҷобро доғ карда истодаанд.
Як манбаъи дар боло гуфт, ки пиндорашон дар ҳукумат ин аст, ки Муҳаммадиқболи Садриддин ва Кабирӣ айни замон бо Толибон контактҳоро ба роҳ мондаанду «аз гуфтан ба кардан» яъне аз гап ба амал ру овардаанд. Гуё шумо барои ҳамин имрӯзҳо барномаҳои мустақим ташкил накарда истодаед ва феълан бо роҳи таблиғ ва забони уламои Афғонистон мардумро ба хестан даъват карда истодаед:
« Ай қуртақи Раҳмон ҳичӣ нагузаштетсай. Талхакафай,ки Россия Толибора расмӣ шинохтанияй. Бояд уже брорашон ай руйхати террористон».
Аҷоиб он аст, ки чаро ба Язгулом СС.Ятимов ва Раҳим Рамазон нарафтанд. Раиси Суди Олӣ ва Юсуф Раҳмону Шералӣ Мирзо рафт.
Ва чизи дигар. Мардум барнома оиди Убайдуллоевро зиёд тамошо кард
Як нафар аз наздикони Юсуф Раҳмон гуфт, ки мақсад аз нафиристодани СС Ятимов ва Раҳим Рамазон дар ин гуруҳ, ки ба Язгулом рафт, ин аст, ки ҳоло ба СС.Ятимов сахт машкук шудаанд. Ҳамаи он нафаронеро, ки дар Язгулом дастгир карданд, КДАМ кардааст. Акнун Юсуф Раҳмон рафта ҳатман камбудиҳоро ёфта, оиди гуё ғайриқонунӣ дастгир кардани нафарон дар Язгулом ба Раҳмон мерасонад. Мавлави Абдулло Абдуллобековро боз се соли дигар ҳукмашро изофа карданд. Тибқи маълумотҳои расида феълан ҳудуди 50 нафар Язгуломӣ дар боздоштоҳи мақомт қарор доранд. Ин 50 нафар ҳамаашро аз худи Язгулом боздошт накардаанд. Аз Русия ҳам ба Душанбе оварданд. Вз қишлоқи Жамаги мавлави Абдуллоҳи Абдуллобек бештари боздоштшудагон мебошанд ва инчунин аз Андарбак ҳам ҷавонони бегуноҳи зиёд дар боздоштҳҳои мақомот қарор доранд. Ҳоло пас аз боздошт ҷавонони Язгуломиро ҳисобҳои бонкияшонро месанҷанд аз куҷо пул гирифтед ва чанд сум доред.
Ба ин маъно, ки СС.Ятомов ва КДАМ ин корро барқасд кардааст, то мардум хезанд ва дар кишвар нооромӣ шавад. Дар назар бигиред, ки дар ягон маврид ва ҳолат, ягон бор Прокурори Генералӣ, Суди Олӣ ва вазири мудофиа баъди амалиётҳои КДАМ ё МВД ба маҳалли ҳодиса нарафта буданд..