Номаҳо аз ноҳияҳо ба «Ислоҳ.нет»№159

Ислоҳ нет

Чанд соли пеш Бег Сабур, яке аз қудоҳои Эмомалӣ Раҳмонов, кам монда буд, ки ҳам аз вазифа равад ва ҳам барои фиреби муштариҳои домҳояш ба ҷавобгарӣ ҳам кашида шавад. Ӯро аз сохтмон манъ карданд. Ширкати «Комил-2010»-и домсози вай корҳояш ҷазир шуда дастур аз тарафи Рустами Эмомалӣ, ки тоза шаҳрдори пойтахт шуда буд, содир гардид, ки тафтиш бишавад.

Аммо масъала ё беҳтараш бигуем, ки мушкили байни Заринаи духтари Раҳмонов ва Рамзи писари Бег Сабур бартараф шуд, «миравой» карданд, Рамз агарчи шавҳар ва падари фарзандҳо ҳам бошад розӣ шуд, ки «ҳарими хусусӣ»-и Зарина фақат мутааллиқ ба худаш аст, мудохила намекунад ва бо ҳамин корҳо равнақи дигар гирифт. Акнун Бег Сабур доманаи фаъолияти домсозиашро дар тамоми қаламрави кишвар густариш додааст ва ширкати «Комил-2010»-и вай дар Истаравшану Хуҷанду Шаҳринаву Панҷакенту Кулобу Ҳамадониву хулоса дар саросари кишвар ба домсозӣ пардохтааст. Хуш ба ҳолат!

Аммо, мардум, масалан сокинони Ҳамадонӣ аз кору амали Бег Сабур норозиянд, вале намедонанд, ки ба куҷо арз кунанд:

                                    Ҳамадонӣ

Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу. Бародари далеру ҷасур Муҳаммадиқболи Садриддин. Ба шумо аз ноҳияи Мир Саид Алии Ҳамадонӣ менависам. Ман зиёда аз 6 сол мешавад, ки Шуморо пайгирӣ мекунам. Мехоҳам дар мавриди Бег Сабур каме хотиррасон кунам. Дар маркази ноҳия дом сохта истодааст. Катлаванашро канданд, об баромад. Дар инхел ҷо сохтмон мумкин  нест. Лекин давом дода истодааст. Куҷое намерӣ аз Бег Сабур. Дар инҷо қариб ҳамаи ҷоро харидааст. Хлопзаводи куҳнаро харидааст, заминҳои кормаро харидааст. Дар ноҳия  чор заводе аст ки ман медонам, сангу қум аст, яктоаш аз ҳамин Бег Сабур аст. Дигарҳояш аз дигар вазирҳо. Гуфтаи худашон «горчячий точкаҳо»-ро гирифтанд. Бовар кунед, дар ҳамин ҳукумат ҳайронам. Барои чи тафтиш намекунад. Агар одамони одӣ дар хонаҳяшон  мабодо якуму дуюм пазанд, ду дег монанд, аз ҷамоат бо ду милиса меоянд, тафтиш мекунанд, ки танзимро вайрон кардӣ. Аммо ин Бег Сабур дар ҳамаҷо ҳаст, ҳато дар эчаи замбур, вале ҳеҷкӣ ҳиҷчи намегуяд. Барои чи вазир вазифаи худашро пеш намебарад? Ба бизнесу домсозӣ машғул аст. Магар ин ҳукумат кур аст? Наход як одам бо як маош ин қадар ҷойҳову замину замонро харида тавонад?

Мо чанд депутат дорем. Бародар Муҳаммадиқбол ҳамонҳоро як дар каналатон бароред, ки мардум бишиносанд. Барои чи дар бораи онҳо дар ягон расона гап намезананд: «Уво тоқа барой чуҷа бурориҳан. Охи ягонкас намешиноса, ҳами депутатора дават кунен дар барноматон ягон гарданғавси балонгазиша охир».  Дар ноҳия қариб ҳама шуморо тамошо мекунанд- пинҳонӣ ҳам бошад муҳим мебинананд шуморо. Худам чанд бор шоҳиди ин ҳол шудам.

  Дар барномаҳои пешина мавриди Сайвалии паспортний стол гуфтед, комилан дуруст  аст.

Дар мавриди беморхона як чизи дигарро хотиррасон кунам. Табиби зан барои узи надорем. Ҳамааш мардҳо ҳастанд, охир ин даҳшат аст барои занҳои мо.  Бовар кун, худам шоҳиди ҳоли ҳамин ҳодиса шудам. Наход, ки занро мард узи кунад? Ҳамон нафарҳое, ки мегуянд Тоҷикистон тинҷу амон аст, чиро дар назар доранд? Ман ҳайронам. Куҷояш тинҷ аст. Ҳар руз қатлу куштор ҳаст. Зинокорӣ дар авҷи аъло расидааст. Ҳукумат худаш мардбачаҳои Язгулому Бадахшонро нест кард, куҷояш тинҷ аст? Хонаҳои одамҳоро ба зӯр мегиранд: «Тамоми ҷо сумакӣ шидай. Тенҷира иё дар чи мебинанд? Ба фиграм ягон ракета бия бузана дар маркази шаҳр бад и милат бедор мешава».

Агар аҳамият дода бошед ба наздикӣ блогерҳо гуё  якҷоя шуданд. Номашро Ассосиятсия монданд. Инҳоро ба ҳукумат даъват карданд. Саидзода Шорух. Агар хато накунам барои ҳамон бисёр реклама мекунанд. Ягон камбудӣ аз тарафи ҳукумат шавад инҳоро мегуянд, ки 

 « давай ови лоя соф кунен»! Барон гуфт ку, моро фарёд мекунанд: «Товба янамуди мелесан, ки аз таг, аз тор забона тов метан, бо алахусус Сайди блогер. Иш вопше мегузарона мефуча. Донжуванаш боша ҳар касе ягон гап менависа, дар таги коменташ дар ҷавобаш мега ту хойн ҳастӣ, дигар одам хап мекуна, чи гуфтанаша намедона». Ҳамируз фикр кам, ки як амали нек барои миллатам кунам.   Дар қавлат содиқ бош бародар! Ин шо Аллоҳ мардум тарафдориат мекунанд.

                                             Восеъ

 Ассалому алейкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу бародари азиз Муҳаммадиқболи Садриддин! Аллоҳ аз шумо розӣ бошад. Ташаккур, ки номаи маро дар «Номаҳо аз ноҳияҳо» нашр кардед. Ман то ҷон дар бадан дорам сиру пиёзи ин фасодкорону ҳаромхуронро навишта ба шумо мефиристам.

Аз ҷамоати Абдӣ Авазови Восеъ, ки номи пешинааш колхози Москва буд, менависам. Дар ҷамоати мо мактаби № 5 амал мекунад, ки директораш як зан –Маҷидова Эркамо аст. Хело вақт мешавад, ки ин зан ба ҷони талабаҳо расидагӣ аст. Фақат сум биёред мегуяд. Тамоман на виҷдон дорад, на инсоф. Аз рузе қадамашро ба ин мактаб мондааст, ҳолу вазъамон ҳамин. Мо охир то кай дар муҳоҷират меистему инҳо аз фарзандҳои мо сум мекананд. Дар як ҳафта ду ё се маротиба сум роҳӣ мекунем барои фарзандонамон. Ба худо қасам безор шудем.  Нашуд, ба сари муаллиму муаллимаҳояшон меравӣ мегуянд, ки «мо чо кунем, моро ай боло меган охи». Гуфтем боло кӣ аст, мо нафаҳмидем, безор кардед. Муаллимаҳояшон мегуянд, аз рузе ин директор нав шудааст, ба мо фармон медиҳад, мо дигар илоҷе надорем.  Агар талабаҳо наоранд «ай ойлукой мо минус мекунан». Бовар кунед, фарзандони моро мехезонанду мегуянд, ки сумро овардӣ? Агар гуяд не, тамом аз байни дарс мехезонанду мегуянд: «бра сума биёр бад дарс биё». Ту мехезонӣ талабаи бечора гириста -гириста ммеояд. Боз ҳамроҳаш  ягон ҳамсинфашро роҳӣ мекунанд, ки «бра очатай, ататай бугу сума  бтанут  бад биё, дер накунӣ!» Ба худо мешавад вақте ки дар хона як сум надорем қарз мекунӣ, барои оби чашми фарзандҳоямон. Намедонем чи кор кунем, ин чи хел мактаб шуд? Пеш ин хели бад набуд. Аз рузе ин фосиқа омадааст, мегуӣ мактаб сумакӣ шудааст. Аз 5сомонӣ то 20, 30 ва 50 сомонӣ биёред, мегуянд, тапак биёред мегуянд. Охир мо гову мол надошта бошем, аз куҷо тапак биёрем?

 Мо дар замистон бо пая ҳам дар печка алов мекунем, барои заҳри хонаро шикастан барои гарм шудан не. Боз дар ин сардӣ светҳоро мекушанд. Аллоҳ лаънатат кунад Эмомалӣ- шайтони худозадаи хунхур. Бо ин зулме, ки ту мекунӣ болои мо мардуми бечора.

Ба доди ин мардуми мазлум ҳеҷ кас намерасад. Як гап мезанӣ дар хона, мегуянд, ки хап кун, таваккалаш ба худо. Охир, то кай ин аҳвол давом мекунад? Чи хеле, ки дар кудакият метарсонанду мегуянд «одамбарак мия мебара» ҳозир дар хона мегуянд, хап кун, ки буз бисёр аст, мефаҳманд, меоянду мебаранд, маҳкамат мекунанд. Охир, то кай мо метарсем? Тарсидем бадтару бадтар шуда истодаем. 

Аҷибаш дар чи аст? Ин Маҷидова Эркамо дар як маҷлиси падару модар худаш бо забонаш гуфт, ки фарзандҳоятонро насихат кунед, тарбияашон бидиҳед. Ман саҳариҳо кор меоям аз гирду атрофи мактаб чизҳое, ки маводи мухадир истифода бурдагиҳоро ҷамъ мекунаму мепартоям.

   Рости гап ман дар ҳайрат мондам. Баъдан ман аз як талабаи синфҳои болоӣ пурсидам. Гуфт аз синфи 6 шаш боло банг мезананд. Инхелиҳо ҳозир дар ин мактаб бисёр аст. Гуфтам аз куҷо меёбед? Гуфт як баригааш ҳозир Россия рафт- Иброҳим, лақабаш бемка: «неки ҳозирада ай шали Баҳодур мегиран».

  Амниятиҳо шали Баҳодурро дар ин ҷамоати Абдӣ Авазов нағз мешиносанд. Вай ҳам барига аст, ҳам бузи амниятиҳо. Дар соли 2023 дар ин мактаб дуздӣ шуд. Сумҳои ҷамъкардаи директорро дуздиданд. Бо камераҳо мебинанд, ки талабаҳои болоӣ. Онҳоро ба отдел бурданд, падару модаронашонро фарёд карданд: «12 ҳазорӣ додем, ай ин дар даромадем ба дари дига ҷавобмон доданд». Ин талабаҳои дуздҳо ҳар шаб дар дискотека  мерафтанд. Сум, ки наёфтанд, ҷои сумро дар мактаб медонистанд, барои як -ду шаби майишаташон ин корро карданд. Якеаш Абдулло, якеи дигараш Юсуф. Баъди ин дуздиашон ҳозир гаштанд, кайфу сафо доранд: «аделшан уқа гапе набудай» мегуянд.   

Як шаб талабаҳо дар дискотекай Истиқлол, ки дар наздикии отдели Восеъ мебошад, мебинанд директори мактабро, ки задагӣ, кундаҳай тов додестай- Маҷидова Эркамо. Мо худамон бо чашми сар дидем ин фоҳишаро. Либосҳои ним урён дар танаш, тов додестай. Ба худо мегуӣ як фоҳиша аст ин зан. Аз косметикашакӣ дар руяш нур надорад: «бо ай у тарзи либоспушӣ мебинӣ, ҳамат таҳпушакош метова». Ба худо духтарҳои синфой 10- 11 агар румоли майда дар сар кунанд, мебинаду балошап мекунад: «ай сарошон руймолора мегира». Агар дубора дар сарат руймола бинад, мегуй дар ток мондаӣ беваро, ки девона мешавад. 

  Ман пурсидам ин фосиқаро, ки дар пушташ кӣ аст. Як талаба гуфт як коргари ҳукуматӣ. Ин фосиқа аз район то ҳамин мактаб ба 15 то 20 сомонӣ меояд. Бо ҳамин қадар медиҳаду пас меравад. Ин любой мақомотро задагӣ аст. Ин Юсуф Раҳмони нозир қонун куҷоро нигоҳ мекунад. Боз дар инҷо апаву ҷиянҳои бешумор дорад. Агар ин фоҳишаро дафъ накунанд насли наврас аз ин дида бадтар мешавад.  

Юсуф Раҳмон хитоб ба ту!

Ин прокурорҳо дар Восеъ чи дар коранд, барои чианд? Онҳо барои дар таги кондиционерҳо шиштан ва аз соягиҳо дам гирифтан инҷо омадаанд?

Аз ҳоли ин мактабу ҷамоатҳо ва наврасҳо, кӣ бояд бохабар бошад? Мо дар муҳоҷират арақи ҷабин мерезонем, сум роҳӣ мекунем, ки шумо тамоми мақомот фасодед, ҳамаатон.

   Дар кадом мақомоташ меравӣ ҳамааш ҳаромхур аст. Фақат бо сум корат буд мешавад. «Агар сум нати оли пага рузи дига када медавонанут».     

   Валлоҳӣ ҳамаи гуфтаҳоям рост аст. Ба худо аз ин ҳам вазъият бадтар аст, ҳоли мо. Дар номаи 144 гуфтед, ки 40 -50 нафар хезед равед. Дар ин минтақа  фақат занҳо, кудакҳо ва калонсолон мондаанду баъд чоплусону тамаллуқкорҳо. Як гап мегуӣ «мега тенҷиш мода басай».

 Дар ин минтақа фронтихалқиҳо бисёр, ҷиянҳои Сангаку Лангариву хулоса дигару дигараш. Одамҳои дар Фронти Халқӣ будаҳо ё бангианд ё душмани муллоҳои бо саводу намозхонҳои ҳақиқӣ. Мо дар байни ин хел ҷомеъа дорем зиндагӣ мекунем.  

    Қурбонназар Рузиев ва Шодӣ Рузиев буданд, ҳамроҳ бо Махсуми Саттор, худованд раҳмату мағфираташон кунад. Онҳоро дар солҳои 1993 вовчик гуфта ба шаҳодат расонданд. Мурдаи худораҳматии Шодиро дар дарё партофтанд, то ҳозира бе дарак монд. Падару модараш аз ғами фарзандашон мурдану рафтанд. Қурбонназаро дар ҷамоати Тугарак, қишлоқи Шобика куштанд. Ду руз ҷасад дар таги тутҳо байни заминҳо монд. Ин фронтихалқиҳо намонданд, ки мурдаашро баранду ба хок супоранд. Уро Талабкузнетс кушт. Одамҳое, ки барои мурдаи Қурбонназар рафтанд, як ҳамсояамон мошини Краз дошт, бо ҳамон мошин оварданд мурдаро. Инҳо инсонҳои беозор буданд. Занҳояшон бева ва фарзандҳояшон сағира монданд. 

                                     Маскав  

Салом бародар Муҳаммадиқбол! Ман аз ҷумлаи шиносҳои Ралик ҳастам. Вақте Маскав меомад баъзан дарди дил мекард. Хулоса, ки реп намехонд. Бас карда буд. Аммо уже популярный шуда буд: «ай пшти номш нонша меëфт мехурд». Ба донистаи ман як студияи репхонӣ ва бизнеси либос дошт. Аз Хитой бор мезад. Як чанд мағозаи хурокворӣ дошт. Хулоса, ки состоянияш соз буд. Ҳамааш ба меҳнати худаш. Бечора як модар дораду халос.

Вақтҳои охир ба кадом бизнеси крупний қуш шуд, ки дар қапи ин оилаи Эмомтапаки ҳаром зад. Як моҳ пеш аз ҳамин ҳодиса ба радиои Озодӣ муроҷиат кард, аммо онҳо алоқа набаромаданд. Ё тарсиданд аз оилаи ин оқипадар. Ман чандин маротиба таъкид кардамаш, ки «бача гир далелу фактота Ислоҳда парто, неки накад, хост хдш тоқа мубориза кна, ки бечора ба и аҳвол задак». Бечора модараш чи аҳвол дорад, Худо доно.. 

Ин темаҳое ки баъди қапиданаш карданд, гуë наркоман аст, дар қайди наркологическӣ аст, 100% дуруғ ин гапҳо. Просто видеои ба худашон даркориро гирифтанду як, ду видеои монанд карданл через каналҳои худашон: Парвиз.ТВ, Ҳодиса. ТВ ва ба публика нишон доданд. Агар аҳамият дода бошед ҳамон видеои асосиро ҳама дидаги нест. Ҳозир як ду блогери буз мебарояду гап мезанад ва бо ҳамин тема дигар мемирад. 

Бародар шумо фикр накунед, ки видеоҳову барномаҳоятон ягон фоида накарда истодааст ба мардум. Мардум уже полный бедоранд, фақат я искра даркор аст, ки ба по хезанд. Ин ҳаромҳо жёсткии бад мешикананд, именно бачаҳои ҷавонро. Аммо бародар бачаҳои ба дилу гурдаи тоҷик дар Русия бисёранд. Просто худашонро нишон намедиҳанд, ки нашикананд,..именно халқи Кулоб.

Бароар Муҳаммадиқбол дар охир як пешниҳод дорам. Шумо роҳатонро идома диҳед, дудила нашавед, ба ҳарфи ҳар аҳмақи баддаҳан гуш накунед. Вале дар барномаҳоятон каме тағйирот дароваред. Мардумро зур зада аз ислом дур карда истоданд, шумо баракси инҳоро кунед. Барномаҳои динӣ ҳам ташкил кунед. Ягон мулло ҷуръати танқиди ин қонунҳои дар охир баровардаи Раҳмоновро накард.

  Кушиш кунед бародар дар як ҳафта як бор амру маъруф кунед, аз ҳадис, аз рузгори Паëмбар (с) ва асҳобаш ва аз муборизаҳои онҳо, ки дар роҳи ҳақ бурдаанд.

Боқӣ худованд ҳифзатон кунад!

                                      Конибодом

Ассалому алейкум бародар Муҳаммадиқболи Садриддин. Худованд аз шумо розӣ бошад. Шумо ҳангоми рӯзҳои сахти Конибодом бо мардум будед. Якумин бор ба шумо нома менависам. Ман аз деҳаи Ҷаҳонзеб, ноҳияи Конибодом  мебошам.

Аз аввал гуфтаниям ҳар он чи аз ноҳияи мо нашр ва чоп карден ҳаққу рост аст. Ман маълумоти дуруст ва саҳеҳ дорам ва мехоҳам онро дар як номаи кутоҳ ба шумо ирсол намоям ва онро агар имконият бошад чоп мекардед.

Ман шикояти пурфоҷеъа дорам.

Дар деҳаи мо дар Ҷаҳонзеб ду штаби военний част ҳаст.

Якумаш дар назди Сирдарё назди лаби баҳр, ки онҷо моҳиқапӣ мекунанд, дар ҳоле, ки онҷо мамнуъ аст ин кор. Офитсерони  онҷо мардуми деҳаро маҷбур мекунанд ба онҳо ба часташон моҳи поставка кунанд. Қасам ба номи Аллоҳ ман моҳиқапак нестам! Лекин ҳақиқат ҳамин хел аст. Дар барномаи Пайки Суғд ҳар сол видеоҳо нашр мешавад, ки чихел солдату офитсерҳо моҳиқапакҳои конибодомиро барои моҳӣ надоданашон бо пистолет мепаронанд ва мекушанд.

Дуввумин част наздиктар ба марз дар болои деҳа ҷойгир аст.Онҷо офитсерҳо бо қирғизҳо рафту омади танготанг доранд. 

Дар ҳудуди худи деҳаи сераҳолии Ҷаҳонзеб ин офитсерҳо одамонро слежка ва шпионит мекунанд. Як офитсери кепкадори ишкамба буд вақте ягон зан аз терминалҳо пул мегирифт вай дар даст сигарет онҷо нишаста мепоид баъд ба гиребонаш хам шуда гап мезад, маълум буд, ки ратсия дошт. Ва ба дигарон чизе мегуфт. Формааш зелений буд. Бо мошини Пикапи дар пушташ автомат дар ҳудуди деҳа ва ҷамоат мегашт. Вай дар Ҷаҳонзеб зиндагӣ мекунад. Дар хонаи як одами камбағал зиндагӣ мекард.

Ин ду штаб гапашонро як карда аз пушти одамон слежка мекунанд.

Инҳо баъди фаҳмидани онки ба кӣ пул перевод мешавад, одамонро мекушанд пулашро мегиранд. Мо мардуми деҳаи Ҷаҳонзеб  мехоҳем ин офитсерҳоро аз ноҳия ва деҳа несташон кунанд!

Ин офитсерҳо мардумро ба дод оварданд. Агар мардум хезад касе пеши роҳи онҳоро гирифта наметавонад. Инҳо инҷо ранги рекету корол зиндагӣ мекунанд ва мардумро таҷовуз мекунанд. Ҳар чи хостанд мегиранд ва ба мағоза, ба бозор ба молбозор мераванд, ҳар чи хостанд бе пул мегиранду мераванд. 

Охир Аллоҳ лаънататон кунад офитсеру солдату участковийҳои ҳаромхур! Ҳар он пули аз Русия меомада саломатии аз даст додаи як кас аст ва ӯ ин шо Аллоҳ аз бадани шумо зада мебарояд. Ва дар ҳукумати оянда ин шо Аллоҳ ҷавоб мегуед.   

 Ҳамон видеои сиёҳпуш, онҷо корманди част ё амниятӣ буд. Вай одами машқкарда аст. Лекин он видео барои тарсондани мардум буд чунки видео баъди куштор нашр шуд.

СС номаҳоро хонда ба манфиати худаш истифода бурд ва қотилони ҳақиқӣ ин ба фикри мардум ҳамин офитсерҳо буданд. Вале ба инҳо фармонро кӣ дод?! Савол инҷост.

Аммо ногуфта намонад ки СС.Ятимов бо Тошиев рафту омади хуб дорад ва СС.Ятимов ва коллегаи ҳамнажодаш дар ин кушторҳо даст доранд. 

Участковийҳо ҳамааш аз Айнӣ, Истаравшан, Панҷекат ва Мастчоҳ ҳастанд. Инҳо пеши офитсерҳо тар кардагиянд.

Аммо бо мардум ин участковойҳо бо лаҳҷаи Хатлон гап зада мегӯянд «ма ай ҷигари Хатлонум, ай Қурғану Кулобм». Бояд мардум аз ин махинатсияи мақомот огоҳ бошад.

Инҳо номи як минтақаро истифода бурда дигар минтақаро мехоҳанд тарс диҳанд. Дар бораи бузҳо ҳам гуфтанӣ дорам. Онҳо парикмахеру таксисту  газелчию духтуру чойхоначию арақ фурушакҳоян. Мақомот як ҳафта пеш гуфт, ки қотилонро қапиданд. Онҳо ба қирғизистон гурехтанд.

Мардум беақл нест ва аллакай фаҳмид, ки ин кушторҳоро бачаи Марями ба хато рафта фармон додагӣ аст. Чунки дар марз ҳазору як одаму камера ҳаст ва онҳо фақат бо фармони як Сукин Син амал мекунанд. Раҳмонови даюс хостӣ инҷоро 

“Ворух- 2” кунӣ! Намешавад, мо комилан дар ҳудуди Тоҷикистон ҳастем!

Дар номаҳои оянда номҳою аксҳои нозирони минтақавиро бо бузҳояш ирсол мекунам, Ин шо Аллоҳ.

                                         Хуҷанд

Ассалому алейкум бародар Муҳаммадиқбол. Аз Москва ба Хуҷанд бо самолёти Уральский авиалиния парвоз кардем. 240 нафар мусофир дошт. Ба фурудгоҳи Хуҷанд фаромадем. Охирон ман ба толори пешвозгирӣ ворид шудам. Ҳама мардум дар толор ҷамъ буданд. Паспортный контроль набуд, фақат якчанд коргарони аэропорт буданд. Коргарони аэропорт чанд нафарро ному фамилияашонро гирифта бо худ бурданд. Ман аз бародарони дар барам буда пурсидам, чи гап аст? Гуфтанд 1000 рубл дорӣ? Дошта бошӣ без очеред меравӣ. Ва гуфт «ба и саго пул ҳайфай, я соат дертару пул намедиҳам, ман и пула барои шиками и саго наовардам, барои фарзандам овардам гуфт. Дар Тоҷикистон дар як соат 1000 рубл пайдо кардан хеле душвор аст гуфт». Хулоса, як соат аукцион шуд бигуям ё бизнеси сагони Раҳмонов. Аввал 1000 рублӣ буд баъдтар 500 рублӣ карданд. Тахминан 50 нафар бо маблағ ба куча баромад. Пас аз як соат як паспортный контроль омад, лекин як одамро то 10 дақиқа проверка мекард ва дар як соат 10 то15 одамро ҷавоб медод. 4-5 бародар доду вой карда гуфтанд ҳаракат кунед. Мо кай хона меравем, субҳ шуд, падару модар парешон мешаванд. Барои чи дар аэропорт якто паспортный контрол амал мекунад? Сагони Раҳмонов ба ин бародарҳо гуфтанд, агар бихоҳӣ тезтар равӣ, ставка 1000 рубль. Хуллас вақте мо охирон нафар аз аэропорт мебаромадем, следующий рейс ба толори пешвӣозгири ворид шуда буд. Сад афсус, ки дар фурудгоҳи Хуҷанд ба мардум мисли ҳайвон муносибат мекунанд.

Гуфтанд, ки директори фурудгоҳи Хуҷанд қудои яке аз духтарони Раҳмонов будааст, чи хеле хоҳад ҳамон тавр идора мекунад. Бале раиси фурудгоҳи Хуҷанд Қурбон Алимардонов қудои Таҳмина Раҳмонова аст.

                                     Душанбе

Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқболи Садриддин! Ман дар ягон ҳолат ному насабамро гуфта наметавонам. Солҳост, ки дар Кумитаи телевизион ва радиои  ҳукумати Тоҷикистон фаъолият мекунам. Аз давраи Убайдулло Раҷабову Асадулло Раҳмонову Маҳмадсаид Пиров ба ин су кор мекунам. Бовар кунед, ки ин идора дар асл идора нест. Инҷо ба як бозор ва он ҳам бозори фанду фиреб бадал шудааст. Журналистҳо на дар фикри кор, балки дар фикри сумкоркунианд. Маоши як корманде, ки аз 15 сол зиёд кор мекунад, ҳамагӣ 1200 сомонӣ аст. Бо ин пул як нафар чи гуна метавонад худаш ва оилаашро хуронаду пушонад. Барои ҳамин журналистҳо дар фикри онанд ,ки имруз як бало карда 200 сомонӣ биёбад.

Вақте Нуриддин Саид раиси Кумита шуда омад ва дар аввалин ҷаласааш гуфт, ки 2 миллион суми Кумита гум шудааст. Прокуратура дело ҳуй кардаву тафтишот шуруъ шудааст.

Ҳамон вақт шунивида будем, ки сармуҳосиб Дилшоди Шарофиддин аз Пушинги Данғара хешутаборҳои Асадулло Раҳмон ва Маҳмадсаид Пиров и обу лойе кардаанд. Аммо чизе нашуд. Ҷиянҳои Пиров, ки ҳаминҷо чаловида мегаштанд опелҳои шалақ дарндулет дштанд. Дар охири кор ҳар кадомеаш соҳиби Лексус ва квартираҳо дар Душанбе шуданд.

Аммо ин 2 миллион куо рафту чи кор шуд дигар касе хабар надорад. Аммо дигар ҳамаҷо ором шуд. Кас касеро суроғ накард. Тудаи дуздон бо ҳам тақсим карданд ва чупон ҳам доволен шуду гург ҳам.

Ин идора дигар ба кормушкаи ҳаминҳо табдил шудааст. Ягон гузориш бе сум намеравад. Ҳофизҳову артистҳо бепул дар ТВ нишон дода намешаванд. Ман метавонам номамро бигуям аммо мисли он репсарои Ралик бо туҳмат иттиҳоми наркаман мезананд ва ранги вай мебаранд маҳкам мекунанд. Аммо ман ягончи намезанам, ҳушёрам. Аз руи маҷбурӣ ба шумо навиштам. Ман …..ҳам ҳастам. Камубеш мардум мешиносад.

                                               Дустӣ

 Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу. Ман аз ноҳияи Дустӣ ҳастам. Аз муҳоҷирати меҳнатӣ бо мақсади дохил шудан ба Донишгоҳ баргаштам. Аммо кормандони военкомат маро ором нагузоштанд. Падару модарамро махкам намуданд, то ки ба хизмати ҳарбӣ равам. Ман рафтам бо онҳо ҷанг кардам, ки ман ба Донишгоҳ дохил мешавам гуфта. Аммо не. Ваъдаи зиёд доданд, ки права медиҳем ва ҳамин тавр падару модарамро баровардам. Онҳо тамоми паспортҳои худам ва падару модарамро гирифтанд. Чанд руз пеш даъват карданд, рафтам. Мегуянд, ки ҳеҷ чиз нест. Суми праваро мо хурдем. Намедонам, ки чи кор кунам? Магар барои як чизе, ки ягон чизаш маълум нест, меарзад, ки ду сол умри ҷавонатро қурбон кунӣ, сарф намоӣ? Руирост дар наздам писарони мансабдорҳоро гуфтанд, ки фалон сум биёру рав, мо кордорат намешавем. Ин нафар корманди военкомат Маҳмадназар ном дорад.

                          Шамсиддини   Шоҳин

     Салом бародари азиз! Ман аз ноҳияи Шамсиддини Шоҳин. Номи пештарааш Шӯрообод. Аз ҷамоати деҳоти Саричашма, қишлоқи Одинабоӣ. Бародар дар деҳаи мо як мард бо писараш тули чандин солҳост, ки ба бузиву хабаркашӣ машғул асту аз дастаи вай мардум овораанд. Номи ин шахс Рустами Михаил аст-бузи амният ва бузи ҳукумат. Вай ба гуфтаи худаш шофёри яке аз коргарони болоӣ аст. Ба гуфти худаш дар аппарати президент кор ва фаъолият дорад.

 Чи коре кунад мегуяд, ки ман «апарати ҷанобда кормекнм любоша задагийм»  Валлоҳӣ қасам дар деҳа аз хуг дида бисёр шумаш мебинанд ва писари ҳамин шахш бо номи Исмоилов Ислом то имруз бачаҳои камбағалҳоро дар амниятиҳо ва милисаҳои деҳаву шаҳр мефурушд. Сағераҳои камбағалро ҳамаро барои хизмат ва дигар корҳо хабаркашӣ мекунанд.

  Падараш Рустами михаил ном дорад ва писараш, ки шапкаи бузиро ба сар кардаст як ходогфуруш аст. Як вақт КГБ супорид аз бузии бисёриаш ҳатто дар кор нагирифтанаш.

  Ва як шахси дигар ки бо номи Паҳлавонов Амрохон, ки ҳамаи деҳа ӯро бо лақаби Десант мешиносанд. Десант уро фарёд мекунанд. Айнан ранги ҳамин шахсҳои дар боло зикршуда бузи мекунад. Бачаҳои вай ягонтоаш хизмат кардагӣ нестанд. Амниятиҳо пешниҳод карданд, ки ё бачота ай Расия миёрӣ хизмат мераван ё кати мо ҳамкорӣ мекни. И беномуси худозада пешниҳоди амниятиҳоро рад накард ва бо ҳамкори онҳо шуд, корш фақат ай соати 5 саҳар хеста кучада мешина ку ки киҷо мерава ва ки чикор мекна малумотора ҷамкада ба амниятиҳо мерасонад.

Share This Article