Номаҳо аз ноҳияҳо ба «Ислоҳ. нет»№79

Ислоҳ нет

  Аснои сафари чандрӯзи пеши Эмомалӣ Раҳмонов ба ноҳияҳои вилояти пешини Кулоб ва Суғд ҳам айни солҳои қаблӣ боз маршировкаву боз аз тарафи духтарону занҳо истиқболи «гарму ҷушон» гирифтани ӯро ташкил карданд. Дар ҳақиқат як пояш не, ҳарду пояш ба лаби гур расид, сивуанд сол мешавад, ки дар сари қудрат аст, аммо, бовар кунед, ки  одам нашуд, ки нашуд.

Як саволи одӣ. Охир ту аз ҳамин маршировкаҳо ва ҳамин рақсу ҷумбон-ҷумбони духтарҳову занҳо чи мегирӣ? Ё тамошои ҳамин лаҳзаҳо дар шабкаҳои телевиионӣ, бегоҳ, вақте бар мегардӣ мефорадат? Ҳамин лаҳзаҳову ҳамин ҳолатҳо солҳост ки идома дорад. Магар ба дилат назад? Бовар кун, касе туро сахт аблаҳу аҳмақ кардааст, бо ин гуна корҳое, ки барои як мард муносиб нест, чи расад ба роҳбари як давлат, ки сафараш на ба берун, балки ба минтақаву музофотҳои дохилӣ аст. Боз дар Суғд Қофлонбой дар ду тарафи қолинчаи сурх гул гузошта аст ва мисли омад омади Чингизхон ва ё Ҳолоку бо сурнай ва курнай пешвозаш гирифтанд. Охир ин як аблаҳии тамом аст

Бубин, ки ҳатто як варзишгар дар бораи ин маршировкаҳо чи менависад? Шарму ҳаё надорӣ. Шояд баъди ин навиштаи ин варзишгар ақлат сари ҷояш ояд.

                                          Душанбе

  Салом акаи Муҳаммадиқбол! Лутфан ин номаи маро дар барномаи «Номаҳо ….»нашр кунед. Ман мехоҳам дар бораи варзишгарон гап занам. 

Ман дар тими мунтахаби Тоҷикистон будам. Бовар кунед, ки саг қадр дораду варзишгар не. 

Дар Тоҷикистон варзишгар барои маршировкаву барои чорабиниҳо аст. Ҳар вақте ягон чорабинӣ мешавад ҳар як тренерро маҷбур мекунанд, ки 15-20 одамро ба маршировка биёрад. Дар як сол чи чорабинӣ шавад,моро мебаранд маҷбур ва  тренерҳоро таҳдид мекунанд, ки наёрӣ аз кор мегиремат. Рӯзҳои шанбе машқи пагоҳирузӣ мебарандамон. Як ду сурат мегиранду мегуянд ҷавоб.

 Вақте мо ба мусобиқа тайёрӣ мебинем ва агар дар он вақт маршировка бошад моро маршировка мебаранд, машқ намекунем ва бе омодагӣ ба мусобиқа меравем   (хориҷа) ва вақте бой медиҳем, боз ҳарчи мегуянд.

 Бисёр вақт мо варзишгаронро маҷлис фарёд мекунанд. Масалан Кумитаи ҷавонон ва варзиш дар бораи мусобиқаҳо маҷлис мегузаронад ва фарёд мекунанд. Аммо аксар вақт дар бораи ҷанги солҳои 91-92 ва эстремизму терроризм гап мезананд. Варзишгарҳоро ба манфиати сиёсатҳои худашон истифода мебаранд.

  Хулосаи гап ин аст ки ҳоли варзишгарон он гуна ки дар пардаҳои телевизионҳо мебинед, нест. Мо,вазъи хеле бад дорем.

Аслан ман намефаҳмам, ки ба дили Раҳмонов ҳамин маршировкаҳо назада бошад? Охир, бас будагист! Ҳамин тавр не?

                                      Кулоб

  Ассалому алейкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу бародар Муҳаммадиқбол! Сокини Кулобам. Ҳар сол муҳоҷират меояму меравам. Дар ВКД беш аз 10 сол собиқаи корӣ дорам. Ман дар мақомот ҳаромхуриро зиёд дидам, тоқатам тоқ шуду корро бас кардам. Хатмкунандаи академияи ВКД ҳастам. Дар ин академия ҳам ҳама аз сар то по фасод аст. Аммо дар ин масоил ягон вақти дигар мегуям.

  Бародарон, мардуми азизи Тоҷикистон манро хуб гуш кунед:

  Эй мардум, мо мусулмон ҳастем ë дар ягон дини дигар? Вақте аз Русия баргаштам шаҳр омадам. Чунки дар шаҳр –Душанбе ҳам хона дорем.

Як рӯз дар ноҳияи Сино, ру ба руи автовокзал хонаи ятимони кулл ҳаст, як дустам онҷо кор дошт. Рафтем. Вай даромад. Ман дар пушти дар истодам. Як духтар омад, сатрашро ҳуй кард. Ман нигоҳ дорам. Сатрашро гирифт. Баъд даромада рафт. Ман ҳайрон шудам. Наход ин сатр барои куча бошад. Онҷо нишаста будам, ки боз якеи дигар омад. Ман фақат нигоҳ мекардам, ки инаш ҳам омада сатрашро ҳуй кард. Баъд фаҳмидам, ки духтарҳоро онҷо маҷбур мекунанд. Ин фармони фиръавни лаин аст бо сатр дохил нашаванд бояд.

Боз дилам тоқат накард. Ман ба дарун даромадам, барои ҳамин кор. Ҳамон духтарҳоро дидам, ки дар сарашон руймоли майда ҳаст. Маълум буд, ки ин хоҳарҳо 19-20 сола буданд ва худашон мехоҳанд. Вале инҳоро маҷбур мекунанд. Ман намедонам чи кор кунам. Хоҳарҳои моро ин касифҳо ба чи роҳ мебаранд. Ба худо ҷигарам месузад.

Дар барномаи №56-и «Номаҳо..» раиси ноҳияи Муминободро гуфтед, муллоро хезонда гуфтааст: «ту аз пеши худо омадаӣ», ман бовар дорам, ки аз дасти инҳо бармеояд. Беҳуда нагуфтаанд, ки аз зани ғар ғар бирӯяд, чунки устодаш ғар аст. Ин раиса духтари кист? Мисли модараш шаттоҳу берӯ.

Боз як рӯз аз шаҳр ба тарафи Кулоб омадам. Расидем ба ноҳияи Данғара. Ба тарафи қишлоқи Себистон расидем. Намози аср шуд. Таксист гуфт масҷид даромада намозро хонем. Гуфтам майлаш. Ба масҷид ворид шудем. Ман ба ҳоҷатхона рафтам. Дидам гумбази масҷид дар замин хобидааст. Ман онро дида ҳайрон шудам. Наход хонаи худоро ҳамин тавр хароб кунед. Аммо гуфтанд, ки на.Мо инро омода кардем барои масҷид. Аммо аз мақомот омаданду иҷозат надоданд ва гуфтанд дастури шахсии СС.Ятимов аст, ки тамоман дар масҷид гумбаз нагузоред,ки ҷаноби олӣ аз гумбазу манора бадаш меояд.

  Эй, бародарони мусулмон, эй ҳамватанони азиз! Чи хеле мехоҳанд, моро ғам ва азият дода истодаанд, инҳо. Ман аз дасти инҳо ру ба муҳоҷират оварам. Аммо, мо то кай ба ин аҳвол зиндагӣ мекунем?

                                          Тоҷикобод

  Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқбол!
Маҷбур шудам то қалам ба даст гираму нависам. Аз ноҳияи Тоҷикобод, деҳаи Фатҳободи ҷамоати Қалъаи лаби об мегӯям. Фатҳобод калонтарин деҳа мебошад. Ду,се соли охир дар деҳаамон ободкорӣ аз ҷониби муҳоҷирҳо хело хуб рафта истодааст. Дар деҳа чи коре бошад роҳ ё мактаб ё бемористон  ва ғайраҳо 99% аз ҳисоби пули муҳоҷирҳо сохта мешавад. Чойхонаи деҳаамонро каме таъмир кардем ва боз таҳоратхона ва ошхонаи масҷидро, роҳҳо ва заборҳои манзилҳоро битон рехтему навсозӣ кардем. Шукр мегуем, ки мардумамон якдигарфаҳмӣ карданду дар деҳа ободиҳо шуд. Дар мактаби миёнаи умумии №2 деҳаи Фатҳобод, ки зиёда аз 1000 талаба дар ду баст таҳсил мекунад ба маҷлиси волидайн даъватамон карданд. Рафтем. Онҷо волидайн, директор, муаллимон, фаъолон ва калонҳои деҳа ҷамъ омада буданд.

 Калонҳои деҳа ба волидайн гуфтанд «мо хело ободӣ кардем. Масҷид, роҳ, мазор обёрии заминҳо ва ғайраҳоро анҷом додем. Аз амният ба мо гуфтанд шумо чи ин қадар ободӣ дар масҷидҳоятон мекунед. Чаро як (мактаб) синфхона намесозед?»  Боз қарор шуд, ки сум ҷамъ кунем ва аз муҳоҷирҳо сум ҷамъ карданро шуруъ карданд. Ва бо пули онҳо чандин синфхонаҳоро таъмир карданд: абой, краска ва ғайраҳо харидем. Ҳозир бошад боз аз маорифи ноҳия супориш кардаанд, ки пеши мактабро (стияшка) дорожка кунед. Боз масъули муҳоҷирони деҳа дар Москва Ҷалолиддин ба таблиғоти сум ҷамъ кунед шуруъ карда аст.

  Бале, хуб аст, ба фоидаи худамон аст ки фарзандҳоямон дар борониҳо пойҳошон пур аз лой намешаванд. Аммо мо аз куҷо ҳаррӯз маблағ ёбем? Як  проблема: сум -сум мегуянду бас. Мо ҳам зиндагӣ дорем. То кай инхел давом мекунад? Бас будагист! Ҳукумати Раҳмонов чикор мекунад? Модоме, ки ҳама корҳоро мардуми муҳоҷир кунад, пас чи даркор ба мо ин хел ҳукумат? Аз АЛЛОҲ талабамон ин аст ки ба сари давлати Тоҷикистон шахсони мумину мусалмони диндор биоянд, то ба халқи худ хизмат кунанд.  

   Ноҳияи Тоҷикобод хело ноҳияи хурд аст. Аммо дар инҷо зулм болои мазлумони деҳаҳо хело зиёд аст: амният, милиса, танзим, военкомат, милиса, ҳар кадомашон бо усули худ омада ғам медиҳанд. Агар туй ё худоӣ дошта боши аввал дар раиси деҳа, баъдан дар амният, дар милиса, дар танзим бурда маблағи мегуфтагиашонро медиҳӣ баъдан омада маъракаатро мегузаронӣ.

  Ба мардуми ноҳияи Тоҷикобод муроҷиат мекунам. Бас кунед сархамиву тарсуиву чоплусиро. Ҳади ақал мушкилотатонро ошкоро ба “Ислоҳ” нависед. Натарсед.

                                        Турсунзода

 Салом бародар Муҳаммадиқбол! Ман аз Регар-Турсунзода бароятон нома мефиристам. Мехоҳам миллати азизи ман авлоди Баракатулло Атохуҷаевро хубтар бишиносад. Ин инсон аз вақти раиси ноҳия таъин шуда буд, ба мисли Раҳмонови касиф чи коре кард, барои авлоди худаш кард.

  Раис шуду пули олигархҳои Регар ва Аваз Назарову Абдуқодир Эрматовро гирифт. Бояд роҳи ноҳияи Турсунзодаро асфалтпуш мекард.

 Дар вақте ин нохалаф раиси ноҳия шуд сарҳадҳо бо Узбекистон кушода буданд. 3 гузароҳи марзӣ амал мекард: Коммунизм, Комсомол ва оне, ки ҳозир кор мекунад -главный. Бояд аз сарҳади Коммунизму Комсомол то даруни шаҳри Регар асфалтпуш мекард. Вале аз ними роҳ, аз назди қабристони Баҳоуддин то дари хонааш асфалт кард, тамом. Як тарафи дигар то деҳаи Гарав тақрибан 10 километр. Пулро гирифт аммо ҳамин қадар карду халос. Аваз Назаров, раиси ширкати «Ансол» ва Абдуқодир Эрматов, директори пешини корхонаи алюминийи тоҷикро дар назди Раҳмонов сиëҳ кард, ки гурехта рафтанд. Як сабаби аз Турсунзода рафтани ин пулдорҳо ҳамин Обамаи кал шуд. Дар деҳаашон тоқа бо авлодаш барқ доранд. Аз ҳамон соле раис шуд, мардумро гуфт 100 долларӣ ҷамъ кунед. Ҷамъ карданд. Як 3 моҳ светашон дод, тамом.

  Агар дар ҳукумати Эмомтапаки касиф кор кунӣ, ту дар қонун дохил намешавӣ. Ҳатто аз Қонуни асосӣ ҳукуматиҳо бояд боло бошанд.

 Обама ман тура таҳдид намекунам. Вале вақту соаташ меояд, мо ҷавонмардҳои Регарро мебинӣ, сари калат му мебарорад. Тамоми молу пули дуздидагиат, хонаҳои сохтагиат, фермаву гаражу заминҳои тамоми авлодатро руихат кардаем, медонем. Тамоми заминҳои обӣ дар дасти авлоди туянд. Медонем аз заминҳои Шулунгу Говмешу Чулюскину Ҷугиқишлоқу аз ҳамаш хабар дорем. Ҳамаашро ба давлату миллат бар мегардонем. Так что ту ба  именно мардуми Регар ягон хизмат накардаӣ. Фақат барои авлоди худат кардӣ, ранги пешвои касифт. Ба бачаҳоят мошинҳои қиммат харидӣ. Мардум нони хурдан надошт, бачахои ту ба Геленвагену БМВ мегаштанд. Магазинҳо сохта додӣ. Аз мансаб истифода бурда, аз пули мардум хонаи худо рафтӣ. Дар рубаруи хонаи худо дуздиҳоят дар пеши чашмонат наомад, шарманда? Мо мардуми Регар асли лицои туро медонем. Мо медонем чанд духтари ноболиғро Лутфуллои лутии хутикат таҷовуз кард.

  Имруз ин ҳукумати ноодил бо сардори Эмомтапаки ватанфуруш шумо барин бе виҷдонҳоро сарпарастӣ мекунаду бо шумо ҳаст. Вале фардо мо имон дорем, ки ҳақ бар ботил пируз мешавад.

  Дар ягон ҷо ягон замин намонд. Ҳамаро фурухтанд. Як Шарифзода Мирзошариф Раҳмон 9 сол шуд прокурори Турсунзода аст. Дар худи Регар фарзанди ин ноҳия ҳақи раиси ноҳия шудан надорад, ҳақи начальник ГАИ шудан надорад, ҳақи прокурор, раиси суду судя шудан надорд. Ҳатто раиси ҷамоатро ҳам Раҳмонов интихоб мекунад, раиси махҳалламонро ҳам. Гастарбайтерҳои авлоди Раҳмонов инҷо омада ҳамаро забт карданд. Тамоми заводу фабрика, колхозу совхоз, омузишгоҳҳоро гирифта аз худ карда истодаанд.

Эй мардум, кай мо бедор мешавем?

  Агар мо мардуми Регар он чизе аз шуравӣ ба мо монда буд, нигоҳаш медоштем,  имруз фарзандони Регар муҳоҷир намешуд ва дар ноҳия кору фаъолият мекарданд. Фиребамон карданд. Тоҷику узбеку вовчику юричк гуфтанду ҷангамон андохтанд. Фарзандони асили миллатамонро бо дастони як дигарамон куштем. Аммо имрӯз мо ғуломи хонаводаи Раҳмонов ва ҳамшаҳриҳои вай шудаем.

Инро бояд бигуям, ки Неъмати акаи Баракатулло Атохуҷаев одамкуш аст. Барои онки раиси совхоз бишавад, одам куштагӣ аст. Неъмат ду зан дорад. Баракатулло ҳам ду зан дорад. Як фарзанди Неъмат аз зани дуввумаш дар роҳи Регар-Душанбе авария карду мурд. Писараш Сайф дар горсвет кор мекунад. Писари дигариаш Баҳрулло аст ки ҳоло дар военкомат кор мекунад, пештар дар ГАИ буд.

Ҷамшед Қобилови ҷиянаш кошелекаш аст. Вай посредникӣ мекунад барои облава. Шофёри тағо вале дар асл корбудкуни тағо аст. Вақте Неъмат военком буд Ҷамшед ҳамара налево на право қапида пулҳояшонро мегирифт. Бюллетенҳои интихоботи Баракатуллоро ҳам ҳамин иваз кардагӣ аст.  

                                         Рашт

Ассалому алейкум бародари мубориз Муҳаммадиқбол!  Номаи шикояти аз ноҳияи Рашт, деҳаиКулоба. Ин қисмати саввум ё номаи саввуми мо ба шумо аст. 

 Ду номае, ки ба шумо ирсол карда будем, алҳамдулиллаҳ нашр шуд. Вале ин раиси ҷамоати Қалъаи Сурх Фаридун Зардаков як деҳае, ки зиёда аз 250 хоҷагӣ дорад нисбат ба масъалаи таъминоти об тамоман эътино ва ягон чораҷӯӣ намекунад.

 Писари кури Нусрат ин обро ба воситаи шланг оварда дар дехаашон гузоронидааст. Аммо аз ҷавонмардони деҳаи Кулоба ҳарос дорад ва обро то ҳол дар шланг ҷорӣ накардааст. Ин раиси касиф Фаридун ва писари кури Нусрат аз худо наметарсанд ва имон ҳам надоранд, тамоман фикр намекунанд, ки ин 250 хоҷагӣ чи кор мекунанд, бе об? Ин обро асрҳост, ки мардуми деҳаи Кулоба истифода мебаранд ва ҳатто Туйчӣ Зардаков дар вақти раисияш чандин бор таъкид кардааст, ки ин об ҳақи ҳалоли деҳаи Кулоба мебошад. Ин гуфтаро чандин нафар тасдик мекунанд. Аммо аз чи сабаб бошад, ки ин раиси касиф фикр нокарда ин корро кардааст. Бо ин амалаш Фаридун иншоаллоҳ аз Ҳамза раиси пешини ҷамоат бадтар мешавад. 

Ҳамза раиси пешинаи ин ҷамоат ҳамин тавр ҳеҷ касро гуш намекард. Худаш шоҳу табъашро раис мешумурд. Ҳатто масҷиди деҳаи худро бо чи сабабе маҳкам карда буд. Вале дере нагузашта вай кунҷи зиндонро гирифт. Баъди чанд сол вай аз зиндон баромад ва ба зодгоҳаш баргашт ва як руз ба масҷиди деҳаашон рафт ва ӯро ҷавонмардони деҳааш гуфтанд, ки дидӣ, ки боз ба ин масҷид ва ин мардум рубару мешавӣ. Коре, ки Ҳамза ба мардум карда буд, дар дили ҳама ҳамчун як доғи сиёҳ мондааст. Ин Фаридун бошад бо ин амалаш иншоаллоҳ аз Ҳамза бадтар мешавд. Ман бовар дорам, ки рузи шармандашавии Фаридун дер нест. 

Агар сад сол гузарад, ин кори Фаридун ва писари кури Нусратро мо ҷавонони Кулоба фаромуш намекунем ва ин обро солҳо ҳам гузарад, мо мегирем.

Нисбати ду раиси деҳа Набиҷон ва Неъматулло чунин гуфтанием, ки ин ду ҷавонмардҳоро миёнашонро шикастанд, беимонҳо. Дигар дасти кор ба деҳа ва мардум надоранд. Дилашон аз раис Фаридун ва ҳукумат гирифтааст. 

Бо дастгирии ин ду ҷавонмард чандин ободкориҳо дар деҳаи Кулоба шудааст, ки ҳама медонанд. Лекин афсус, ки ин ҳукумат на обод мекунад, на мемонад обод кунем 

Ҳар сол барои обуна 9.000 сомонӣ ва зиёда аз ин месупорем. Бовар кунед дар ҷонамон задаанд           

                                 Шаҳристон

   Ассалому алейкум бародар Муҳаммадиқболи Садриддин! Ин номаи моро нашр намоед.

Дар ноҳияи Шаҳристон Ниёзмаҳмадов Мирзо раиси совхоз буд. Як руз бо коргарони ҳукумат 4 нафар ба деҳаи Ободӣ барои тамошои бузкашӣ мераванд   

 Аз онҷо маст бармегарданд ва дар роҳ як сокини деҳаи Гулистонро бо мошин мезанад, мемурад. Инҳо мегурезанд ва мошинро дар хона пинҳон мекунад. Инро БДА саҳар меёбад. Хонаводаи фавтида камбағал буд. Бо пул фиреб карданд, даъво накард. Бо пул халос хурд. Ҳамроҳонаш одамҳои ҳукумат буданд, ёрдам карданд, ҷазо нагирифт. Бачаи тағояш дар кадом шабака лайк мондааст. 5 сол тюрма карданд. Ин ноадолатиро бинед. Мирзо бошад, боз корашро давом дод. 

 Дар ҳуҷҷат раис дигар инсон- Мамарасулов Толиб. Аммо Мирзо идора мекард. Дар як сол совхоз хароб шуд. Ҳамаҷоро фурухт: дарахт, латок, чорво, техника, хуллас, ягончи намонд. Ҳамаро фурухта ба суду прокурор хуронд. Ҳозир бошад раиси водоканал шудааст. Магар ягон ҷавон нест, ки боз ҳамин одамкушро раис мемонанд. Дар хонаҳо оби нушокӣ гузаронида истодаанд, кубаш 1с 9дирам аст.

 Обҳои кучаро маҳкам кардаанд, мотор сухтааст. Боз аз мардум пул ҷамъ карда истодаанд. Мо барои об пул медиҳем. Охир таъмирашро ҳам мо кунем?

Раиси КАТС Абдурасулов Нарзулло аст. Вай як ҳаромхур аст. Ҳар вақт комиссия меояд, аз духтуру ҳамшираҳо пул ҷамъ карда зиёфат медиҳад. Як сол пеш коррупсия омад. 30.000сомонӣ ба номи муҳосиб кредит гирифта доданд. Баъд аз маоши коргаронро ҷамъ карда додан, моҳи январ ба нафақа мебарояд. Ягон духтур дар ҷояш намехохад, ки шавад. Барои онки порахурҳо аз боло талаб мекунанд.

Мақомдорон куҳҳои арчазори Шаҳристонро тақсим карда гирифта истодаанд. Президент дачаи чехскиро гирифт. Сарвазир Палавистон аз совхоз буд, онро гирифт. Ҳозир як хешу табори ин золимон чарогоҳи мардумро гирифта сетка кашида аз худ карда истодааст. Доди мардумро ҳеҷ кас гуш намекунад.

                                        Чоркуҳ

Ассалому алейкум бародари азиз!   

  Ман аз вазъияти Чоркуҳ аз бероҳагардии милисаҳо мегуям. Фатҳиддин Аюбзода, зодаи Чоркуҳ аст. Феълан дар шуъбаи кор бо ноболиғон кор мекунад. Аммо ин милисаҳои Тоҷикистон ягон вазифаи маълум надоранд. Фатҳиддин замоне, ки ба кор омад як жигулии пусида дошт, рақами давлатиаш 13-91. Камтар кор кард, намедонам бо маоши 600 сомонӣ вай чи хел мошин гирифт? Ҳоло опели кабуди оинаҳояш сиёҳ дорад. Ҳамаи милисаҳои Чоркуҳ бо труси меоянду баъди чанде мошинҳои гаронарзиш мехаранд. Ягон милисаи Чоркуҳ барои оинаҳои сиёҳи мошинҳояшон иҷозатнома надоранд. Ин Фатҳиддин ҳатто техосмотр надорад. Фатҳиддин дар тамоми муассисаҳо любовнитса дорад. Шояд дар ҳар мактаб бо10- тоӣ духтар отношения дорад, гуям хато намешавад. Духтарҳо низ бе шарму бе ҳаё шудаанд. Ҳаминҳо духтарҳои моро ба чунин руз оварда расониданд. Мардум падару модари чунинҳоро, барои ба дунё оварданашон лаънат мекунанд

 Як милисаи дигар Суҳроб ном дорад. Суҳроб пештар корманди ГАИ буд. Аммо дид, ки участквий як ҷойи равғанӣ ва пурдаромад аст, пули зиёде пора доду ба ин кор гузашт. Ҳоло Суҳроб участковий дар деҳаи Сурх мебошад. Алҳол як мерседеси сафеди барориши солҳои пеш дорад. Ин гадои Суҳроб барои аскарӣ аз ҳар хонавода пул мегирад, ба маблағи то 5 ҳазор сомонӣ. Раиси ҷамоати Сурх Ахмедов Сарвар ва ҷонишини ӯ Ҷумъаев Баҳодур Сафарович ҳаромхурони ашаддӣ мебошанд. Масҷидҳоро барои манзили зист ба одамон фурухтанд, маблағашро кӣ мегирад? Албатта, ҳар сеи ҳамин ҳаромхурҳо.

 Имрӯз давлат пурсиш надорад. Эмомтапак пиён хоб дар қасраш. Қофлонбой ранги урдак дар дарёи Сир ғута зада гаштаст. Кормандонаш масҷидҳоро маҳкам карда фурухта майишат доранд. Аммо халқи бечора дар азоб. Як тараф амният, як тараф учасковий як тараф раиси ҷамоат, як тараф мактаб ҳарруз пул биёр, як тараф ГАИ риш дорӣ гуфта протоколу ҷарима мекунад. Ба ҳамаи ин мардуми бечора сабр дорад. Эй мардум бедор шавед! Барои ин сабратон Аллоҳ дар қиёмат азоб мекунад, Аллоҳ азоб медиҳад. Ин сабри мову шумо охиратамонро месузонад.  Валлоҳ қасам, агар сабр кардем, оянда Эмомтапак равад ба ҷояш писараш ё домодаш шавад пас вой бар ҳоли мо тоҷикон, ана он вақт дигар дер мешавад. Боз азобу боз муҳоҷири сарсону саргардон ва аз имрӯза дида бадтар мешавад. 

Ҳамин Раҳмонов накард. 32 сол мешавад1 сомонӣ барои мардуми тоҷик манфиат надод, баракс фақат гирифт. 

Эмомтапак вақте ки ба Исфара омад, барои ифтитоҳи боғи фарҳангии Исфара бо се вертолёт омад. Аз тарафи Чоркуҳ ба Исфара меравед, дар тарафи дасти рост заминҳои кишту корам ва тарафи чап Зумрад сар мешавад. Мардуми бечора ба заминҳояшон маблағ сарф карда гандум ва ҳарчи коштанд. Барои се замине, ки ба  вертолёти Раҳмонов плошадка карданд ба камияш 10 ҳазор сомонӣ расход карданд. Аммо мақомоти Раҳмонов ҳамаи инро нодида он заминҳоро барои Раҳмонов площадка карданд. Вай омаду рафт. Аммо бечора мардум 30 -40ҳазор сомонӣ зарар диданд. Аз тарафи чап бошад участка буд. Аввал участка мешавад ва баъди участка Зумрад сар мешавад дар он участка як оилаи бехонаву дари камбағал зиндагӣ мекард. Аз ҳисоби ниҳолҳое, ки зардолу дошт, хушк мекарду зиндагиашро пеш мебурд. Онҷоҳоро гирдашро девор ва он бечораҳоро дафъ карданд. Алҳол онҳо дар куҷоянд, намедонам. Тамоми зардолуҳои ҷавонро бурида шохҳояшро танаи дарахтро чиз сохтанд ва ҳамон одами буридагӣ алҳамдулиллоҳ, ки фаҳмидем дарди пову даст шуда шифо наёфтааст ва  фарзандони Раҳмонов ҳам ба монанди ин дарахтон ҷавонимарг шавад.

  Эй мардуми азизам! Вақти инқилоб шуд бихезем. Биёед бихезем. Валлоҳ барои сабратон рӯзе пушаймон мешавед.

                                          Ваҳдат

Салому алейкум бародар Муҳаммадиқболи Садриддин. Ман аз ҷамоати деҳоти Симиганҷ, деҳаи Сари чанори болои шаҳри Ваҳдат ҳастам. Аз шумо эҳтиромона хоҳиш менамоем ин суханони манро нашр намоед. 

Аз соли 2019 фарзандам дар муҳоҷират қарор дошт. Ҳар гоҳ барои бурдани ӯ ба хизмати ҳарбӣ ба хонаам меомаданд, мегуфтам писарам нест, дар хориҷа аст онҳо маро тахдид карда аз ман ҳар сол пул мегирифтанд. Раиси ҷамоат Шамсов Мирзо аз деҳаи Симиганч ва танзими ҷамоат Самадов Умед аз деҳаи Карим Исмоил мебошад. Писарам январи 2023 аз Русия баргашт. Аммо ба ман иҷозати туй намедиҳанд. Мегуяд ба ман 10 ҳазор сомонӣ медиҳӣ, баъд ба ту иҷозати туй медиҳам, вагарна ягон туй -пуй нест.

   Дар ҷамоати Симиганҷ як нафарро намояндаи военкомат мондаанд. Вай ҳам аз қишлоқи мо мебошад. Яъне Сари чанори боло (эшоно) Камол ном борад. Бузи қишлоқ мебошад. Масъули мизи ҳарбии ҷамоати деҳоти Симиганҷ Камол мегуяд, агар пул ҷамъ накунед масҷидро мебандем. 

   Ман аз соли 2017 дар Русия будам ва ин вазъиятро дида ба хашм омадам ва ба шумо навиштам.

 Раиси ҷамоат Шамсов Мирзо заминҳои деҳаи моро бизнес карда ба ҳар роҳе пул меканад. Ин чи гуна ҳукуматдорӣ аст? Дар ҳайрат мондам. Бо як раиси маҳалла ҳамсуҳбат шудам.Мегуяд раиси ҷамоат Шамсов Мирзо гуё вазифаашро 5000 доллар дода харидааст.Аз раисони маҳалла пул канда истода аст.

 Шамсов Мирзо аз ҳамсояқишлоқи мо мебошад ва Қурбонов Камол аз деҳаи худамон. Ман намефаҳам, ки онҳо чи гуна мегуянд, масҷид -хонаи худоро маҳкам мекунем. Домуллои масҷиди моро ҳарруз сиёсат карда мегуянд ҷанги шаҳрвандӣ барои шумо бас нест? Дар деҳаи мо чи гапе мешавад ва чи коре мешавад Қурбонов Камол бурда мерасонад. Вай аз оилаи бениҳоят бо тарбия аст. Бародараш як инсони хушмуомила аст. Вале бародарашро бузи деҳа карданд. Мо мардуми деҳа чандин бор гуфтем, мегуяд кордор нашавед. Ҳарчи мегуям ҳамон мешавад. Аз мардуми мо аз 200сомонӣ то 3000 сомонӣ барои облава мегирад! 

   Камол яке аз порахортарин кормандони ҷамоати Симиганҷ мебошад. Дар деҳаи Одили шаҳри Ваҳдат ҳам мардумро фиреб карда пулҳои онҳоро мегирад. Аз падари ман 3200 сомонӣ гирифта гуфтааст, ки ин пул фақат барои даъвати ҳамин мавсими тирамоҳӣ аст. Дар қишлоқи мо пулро бо дасти Толиб гуфтанӣ шахс мегирад. Ин Толиб  истиқомат кунандаи  ҳамин қишлоқ мебошад. Толиб муовини раиси ҷамоат ва Камол масъули мизи ҳарбии ҷамоат аст. Ва таҳти роҳбарии Шамсов Мирзо, раиси ҷамоат мардуми мора ба дод овардаанд. Раиси ҷамоат руирост мегуяд ман ин вазифаро харидаам, ҳар коре хоҳам мекунам. Фарзандони мо дар мактаби миëна дар як синф 24 нафар мехонанд. 16 нафарашон  дар Русия ҳастанд. Фақат аз 9 нафаре мешиносам  бо маблағи аз 1000 сомонӣ то 6000 сомонӣ талаб карда гирифтааст.

                                   Исфара(Чоркуҳ)

Ассалому Алейкум бародар Муҳаммадиқболи Садриддин! Умедворам, ки хуб ҳастед. Нома аз Чоркӯҳ фиристода мешавад.

Бародар Муҳаммадиқбол ман аз он коре, ки худам шоҳид ҳастаму дар ин кор 1 сол кор кардаам, мегӯям. Мо якчанд ҷавон дар Чоркӯҳ грузчикӣ кор мекардем. Меваҳои хушкро ба Қирғизистон мебаранд. Мо кор мекардему аз ҷои муайян шуда ба мошин бор мекардем ва ба Қирғизистон бурда ба мошини фураи қирғизҳо борро холӣ мекардем. Хулоса, началники амнияти Чоркӯҳ дар як шаб то 15 ҳазор сомони кор мекард, бовар кунед ҳоҷӣ Раҷаб гуфтанӣ одам аз Хоҷаи аъло . Вай тамоми борҳоро ба Қирғизистон мегузаронад. Ӯро ҳамаи тоҷирони Ӯротеппа –Истаравшан, Хуҷанд, Конибодом, Исфара ва Чоркӯҳ мешиносанд. Ҳама борҳояшонро ба ӯ месупориданд ва ӯ маблағашро мегирифту ба Қирғизистон мегузаронид. Бо началник амният договор мекунад. Началник амният мепурсад чанд мошин имшаб мегузаронӣ? Ӯ мегӯяд 15 ё ки 20 мошин. Аз ҳар як мошин аз 150 сомонӣ то 500 сомонӣ пул муайян мекарду мегирифту иҷозат медод. Хулоса як шаб мо дар роҳ мерафтем, ки ногоҳ амният дар ними шаб дар куча баҷошуда нишаста будааст, мошини моро манъ кард ва гуфт ҳоҷи Раҷаб панҷ мошин гуфт, ту даҳум мошин. Дарҳол шофер ба ҳоҷӣ Раҷаб занг зад. Амният гуфт ҳоҷӣ ту ба ман панҷ мошин гуфтӣ ин даҳум мошинат гузашта истодааст. 500 сомонӣ медиҳӣ мегузарад вагарна таможни занг мезанам, 50 ҳазор мешавад. Ҳоҷӣ Раҷаб розӣ шуд, моро ҷавоб дод. Валлоҳ қасам ҳар шаб амният пул кор мекард, ҳар шаб мо ана ҳамин аҳвол доштем. Хулоса аз ин кор ҳама бохабар аст. Ҳатто домоди Эмомалӣ ҳам медонад. Зеро ки ӯ контрабандисти калонтарин ҳаст. Ман медонам як рӯз шабона аз Қирғизистон арча гузаронда ба Душанбе фиристод. Қасам ба худо таможнико омаданд. Ба домоди президент занг зад. Ин одам раиси Зумрад аст, Зоир Соҳибов шумо бародар Муҳаммадиқбол дар борааш барнома карда будед. Вай ба таможнико гуфт ин мошини ман аст: «бравен даф шавен» ва сипас мошин ба Душанбе раҳсипор шуд. Валлоҳӣ қасам дурӯғ намегӯям. Аз контрабандае, ки дар Чоркӯҳ мешавад домоди президент Қофлонбой, раиси шаҳри Исфара, тамоми началникову хулоса ҳама медонистанд. Аммо домоди президент Зоир худаш доля мегирифту ҳама хомӯш мемонд. Контрабанда дар авҷи аъло буд. Ҳозир кор намекунам, намедонам. Аммо саддарсад ҳоло ҳам бовар дорам, ки ин кор шуда истодааст.

  Як мошинро дар марзи Қирғизистон дастгир кард ба налог супорид. Ба хотири ин ки аз амният русти хостанд убур кунанд. Амният қапиду ба налог супорид. Валлоҳӣ қасам 40 ҳазор сомонӣ гирифту мошинро ҷавоб дод ва мошин ба Қирғизистон омаду борҳояшро холӣ кардем.

  Маълум аст ки карбамидро дар Тоҷикистон ҳама дар заминҳо истифода мебаранд, хело қиммат аст. Вай шинос доштааст аз Қирғизистон ва бо нархи арзон дар шаб шояд1тонна бошад ё камтар гузаронидааст. Амният бохабар шуда ӯро ҷаримаи калон кард. Бо ин баҳона, ки ту ғайриқонунӣ аз Қирғизистон карбамид даровардӣ. Аммо худи амниятиҳо дар як шаб садҳо тонна меваҳои хушкро ғайри қонунӣ мегузаронанд. Кори амниятиҳо ғайриқонунӣ несту як шаҳрванд барои арзон буданаш камтар карбамид дарорад ҷиноят ҳисобида мешавад. Садҳо тонна бор ғайриқонунӣ даромада баромада истодааст. Сарҳади Қирғизистон кормушкаи   домоди президент аст ва СС.Ятимови махуф хело хуб медонад. Инҳо дар инҷо хело пули калон кор карда истодаанд. 

                                     Душанбе

   Салому алайкум, бародари азиз Муҳмадиқбол. Ман корманди як ниҳоди бисёр муҳиими давлатӣ ҳастам ва тақрибан 25 сол мешавад, ки дар ин ниҳод кору фаъолият мекунам. Ин беадолатиҳо, ки имрӯз дар прокуратураи Тоҷикистон шуда истодааст ҳатто дар вақтҳои прокурор будани Бобоҷон Бобохонов низ набуд.

Ман ба ростӣ якум бор аст ки барои шумо ва “Ислоҳ” нома  навишта истодаам. Ин беадолатиҳои прокуратураи Тоҷикистон маро ором нагузошт, ки хомуш бошам.

  Баъди кушта шудани Шуҳрат Исматулоев, овозаи бисёр паҳн шуда истодааст, ки Шуҳратро Қамар Азизов фармон додааст, ки ба қатл расонед. Вале дар асл ин як дуруғи руи рост аст. Кушандаи Шуҳрат аллакай маълум аст. Ин Дилшоди СБ  соли 1998  бо аҳли авлодаш ва язнааш Аъзам янгаи худашонро, ки Саида ном дошт ва гипнозист буд бо супориши очааш Соҷида дар болои гури Алӣ Кулиевичи тағои роднояш ба қатл расонида буданд. Ин оила аз аввал ба роҳи куштор худашонро бой намуда буданд ва фикри дигарбора маблағи зиёд ба даст овардан ба сари Дилшоди Красавчик омада дусти худаш Шуҳрат Исматулоевро кушт ва имрӯз гуноҳро ба гардани Қамар Азизов мезанад.

  Ман баъди ҷаласаи прокуратура дар моҳи июл, ки маҷлиси ҷамъбастӣ буд, фаҳмидам, ки дар ин ҷо дар таги коса нимкосае аст. Дар ин ҷаласа Юсуф Раҳмон суханронӣ намуд ва супориш дод, ки айби Қамарро ёбед. Муфаттиш ҷавоб дод, ки Қамар ягон айб надорад раис. Прокурор ба ғазаб омада гуфт, ки супориш аст, кобед, ёбед гуноҳашро. «16 объект дорад. Чи хел гуноҳ надорад.»

  Баъди куштани Шуҳрат, вақте очаи Дилшодро боздошт карданд, баъдтар бо ёрдами Абдураҳмон Ҳотамбеков прокурори бознишаста, ки айни ҳол дар Федератсияи Русия дар шаҳри Москва зиндагӣ дорад ва ҳамкурси Юсуф Раҳмон аст, Дилшоди СБ боздошт шуд. Прокурор шахсан худаш баъди боздошт шудани Дилшод гуфтааст, ки ҳамин гуноҳро ба гардани Қамар зан, супориш аз боло аст. «Агар ин корро накунӣ худату очаатро пожизнени срок медиҳем. Агар ба гапи мо кунӣ куштори очаатро пинҳон мекунем ва камтар срок медиҳем».

  Ман шоҳиди он ҳастам ки баъди суҳбати телефонӣ бо Дилшод ӯ бо ихтиёри худаш ба Тоҷикистон оварда шуд. Дар як вохурӣ Дилшод дар аввал гуфт, ки «охир ман чи хел Қамарро гунаҳкор кунам, ки дар асл вай ҳеҷ гуноҳ надорад». Аммо прокурор ба вай фишор оварда истодааст, ки супориш аз боло аст. Бояд, ки Қамар гунаҳкор карда шавад.

  Ман ин беадолатиҳоро дида виҷдонам азоб дода истодааст. Натавонистам, ки хомуш бошам. Охир Қамар ҳам инсон аст. Зану фарзанд дорад. То ин дараҷа бесоҳиб будани миллати тоҷикро ҳатто тасаввур намекардам. Ҳатто Дилшод гуфт, ки мо панҷ нафар ин корро план кашидем, Қамар аз ин нияти мо ҳатто огоҳӣ ҳам надошт. Ӯ танҳо дар як вохурӣ дар ҷавоби гапи ман, ки гуфтам Шерали Кабиров 35 милион дорад, гуфт, ки баъд чи, пулдорҳо дар Тоҷикистон бисёранд. Шуҳрати ҷураи мо 200у чанд милион дар биткоин пул дорад гуфта ӯро таъриф кард. Дигар вай ҳеҷ аз кору нияти мо хабар надошт. Имонам иҷозат надод ва ба шумо навиштам бигзор номам махфӣ монад аммо қарзи имониамро адо кадам.

   Баъд аз боздошт ва овардани Дилшод Саидмуродов дар боздоштгоҳи СИЗО-и шаҳри Душанбе дар ҳузури Прокурори генералӣ ва адвокатҳо «очная ставка» баргузор шуд ва Дилшод руирост Қамар Азизовро туҳмат кард. Ҳангоми ин вохурӣ Қамар гуфтааст, ки ба чашми ман нигоҳ карда гап зан, агар мард бошӣ. Аммо Дилшод бо сари хам гуфтааст, ки Қамар ба мо 50 ҳазор доллар дод. Адвокати Азизов Қамар аз Дилшоди СБ пурсид, ки Қамар ба шумо супориш дода буд, ки Шуҳратро дуздед. Дилшод гуфт, ки не. Дубора пурсид, ки Қамар гуфт Шуҳратро бурда кушед? Дилшод гуфт, ки не. Ин суҳбат дар камераҳои назоратӣ сабт шудааст, аммо мутаасифона ин запсҳо махфӣ ҳастанд. Боз адвокати Қамар пурсид аз Дилшод, ки агар пулҳои биткоини Шуҳратро мегирифтед ба Қамар ҳам медодед? Дилшод гуфт, ки не. Барои чи ба вай медодем. Адвокат гуфт, ки «хай,ки ин хел бошад, пас чи хел Қамар дар ин куштор қуш аст?». Дилшод сарашро хам карда чизе нагуфт. Қамар гуфт вақте фаҳмидам туро боздошт карда ба Душанбе оварданд, ман хурсанд шудам, ки ҳақиқатро гап мезанӣ номард. Барои чи маро туҳмат мекунӣ? Дилшоди СБ гуфт, агар ман туро нагуям маро 25 сол тюрма мекунанд. Агар номи туро гирам ба ман 15 сол медиҳанд. Боз Дилшод гуфт, ки Қамар ба мо гуфт, ки яку ним миллион ба шумо медиҳам, баъди куштани Шуҳрат. Баъд адвокат аз Дилшод пурсид дар ҳоле, ки шумо Шуҳратро куштед, пас қарзи Қамар Азизов аз гарданаш соқит мешавад. Дилшод бо сари хам гуфт, ки ман намедонам. Адвокат гуфт, ки чи хел намедонӣ? Агар Қамар яку ним миллион медод беҳтар буд, ки то ба шумо додан ба худи Шуҳрат медод ва аз қарзаш халос мешуд. Магар Қамар ақл надошт, ки ба ин кор даст зад.

  Шумо бояд ҳақиқатро донед, чунки сабти пураи видеоии нашршударо кутоҳ-кутоҳ карда дар сайтҳо гузоштанд. Дар он наворҳо суханҳои Қамар Азизов бурида шудаанд. Қамар дар давоми суҳбат ба Дилшод мегуяд, ки канӣ зан сеталоқ хур, ки ман дар ҳамин кор қуш ҳастам. Аммо муфаттиши Дилшод мегуяд, ки инҷо «ба тура масҷид аст ки одамора қасам метиӣ». Бигзор одамон ҳақиқатро донанд, ки гунаҳкор кӣ аст.

   Ва як чизи дигарро мехоҳам барои Шумо бирасонам. Юсуф Раҳмон, ҳар ончики дар «Ислоҳ» дар мавриди ҷурму ҷиноёти вай чоп мешавад, кори дасти СС.Ятимов ва баъзе аз кормандони баландмақоми Додситонии кулл медонад. Чунки ин маълумотҳо ҳамааш росту воқеианд, ва ӯ ҳам гуфтааст, ки ин маълумотҳоро ҳаминҳо медиҳанд.

 Амри ликвидатсияи шумо-Муҳаммадиқболи Садриддинро худи Эмомтапак содир карда ва ваъда додааст, ки ҳар касеву ниҳоде муваффақ шуд, «далше вазифааш ҳалол, кор кна, касе натавонист вазифаро холӣ мекна!. Хоссатан пас аз барномае дар рӯзи таваллуди Ҷаноб карда буде ду сериягӣ сахт девона шудаанд. Шахсан худи Ҷаноб он ду серияро дида ва гуфтааст ана инхел табрик мекунанд. Мақомоташро ҷамъ карда гуфтааст диден чихел амниятшон зур кор мекунад? Пас аз он Юсуф Раҳмон ба Генерал Мансур Ғанизода сардори вожниякҳо фармони қатъи дод,ки ба ҳар қимат масаларо мебинӣ! “

 Бархе аз онҳое, ки барои ликвидатсияи Шумо сафарбар шудаанд,ҳатто ронандаи мошинҳои борбар шуда кор карда истодаанд. Аммо, чанд гуруҳеро ду, се нафарӣ омода кардаанд.

Ҳамчунин аз бародарони чечен ва ҳатто афғон ҳам дархости кумак барои маҳви физикии Шумо карданианд.

Юсуф Раҳмон гуфтааст, ки мо бояд кушиш кунем, ки биёремаш вале агар нашуд, аз байн мебарем. Фармонаш содир шудагӣ.

 Аммо баъди нашри матлаб дар бораи Юсуф Раҳмон ҳоло як каме ба ликвидаторҳои фиристодашуда фармон «стоп» дода шуд.

    Як нуктаи дигарро ҳам бояд бигуем, ки вақти допрос Дилшоди СБ бо фармони Юсуф Раҳмон гуфт, вақте мо бо гуё бо фармони Қамар Шуҳратро дуздидем, баъди он ҷони Қамар аз қарз халос шуд.

Ба саволи дигар, ки Қамар пас, аз куҷо маблағи ба шумо ваъда кардааш, яъне ҳақи коратонро медод? Дилшод ҷавоб медиҳад, ки вақте Шуҳрат нест шуд сохтмонҳо ба Қамар монд. Қамар нисфашро ба Раҳими ғармӣ мефурухт ва суми моро медод.

Аз ин бармеояд, ки Юсуф Раҳмон кайҳо номҳои барои худаш заруриро муайян кардааст ва дар ин парванда аз забони Қамару Дилшод номбар ва «қуш» мекунад ва баъди ин гуфтаи Дилшод ҳатман ба Раҳими ғармӣ саволҳо пайдо шуд, ки барои чи именно бояд Қамар ба ту мефурухту ба дигар кас не?

Оё пешакӣ ту бо Қамар маслиҳат карда будӣ?

Бовар кунед, ки хеле нақшаҳои зишт ва ваҳшатнок дорад. Махсус, кошелёкҳои Рустаму Исмоили Пингвинро ҷафиданӣ аст. Раҳим ҳозир кошелёки Рустам ва додари Раҳим, ки Шараф ном дорад, кошелёки Исмоили Пингвин аст.

Аммо, барои ба як нуқтаи ниҳоӣ расонидани парвандаи куштори Шуҳрат Исматуллоев Ҳасан Асадуллозода ва худи Эмомалӣ Раҳмонов сахт «заинтересований»-янд ва Юсуф Раҳмон аз ин момент истифода бурда «сиёсат»-и худро пеш бурда истодааст.                     

Share This Article