Номаҳо аз ноҳияҳо ба «Ислоҳ.нет»№83

Ислоҳ нет

         Шабакаҳои телевизионии Тоҷикистон шабурӯз ба таблиғи Рустами Эмомалӣ машғуланд. Ин фарзанди фарзона симои Душанберо нав кард, дар Душанбе эстакада сохт. Ин карду он кард мегуянду мадҳу ситоиш мекунанд. Хуб, дигар маълум аст, ки Пешво, ки ҳоло дигар ошкоро шоҳу подшоҳаш ҳам мегуянд, роҳро барои валиаҳд дуруст карда истодааст. Метавон гуфт, ки ин шабакаҳои миллии Тоҷикистон ба Портали видеоӣ ва Ютубканали Эмомалӣ Раҳмонову Рустами писараш бадал шудаанд. Аммо воқеият дар ҳамин Душанбе чи гуна аст ва он чи ки шабакаҳои миллии кишвар мегуянд ҳақиқат аст ё дуруғ. Инҷо пушти ҳам ду номаеро аз Душанбе ба дасти чоп додаем, ки баракси ин шабакаҳо мегуянд:                       

                                     Душанбе

  Ассалому алейкум бародар Муҳаммадиқбол! Худо кунад, ки ин мардуми мазлум бархезад ва аз ҳаққи қонунии худ талаб кунад ва аз ин режими диктотурӣ халос шавем. Вагарна, ин ҳол идома ёбад, рузе фаро мерасад, ки ин мардум дар фасли тобистон ҳам қувваи барқро бо лимит дастрас мекунад.  

Ман хатмкардаи Донишгоҳи техникии Тоҷикистон мебошам. Собиқ корманди ширкати «Барқи тоҷик». Дар бахши Фуруши барқ кор кардаам ва хуб медонам, ки аз рузи аввал ин ширкатро Ҳасани Шикамба ғорат мекард ва суратҳисоби ширкат дар «Ориёнбонк» аст. Он вақтҳо ҳатто маоши кормандонро 3-4 моҳ бо задержка   медоданд.Дар он солҳо раиси ширкат Абдулло Ёров буд. Ин шахс аз Норак мебошад. Баъдан соли 2014 ӯро аз вазифа гирифтанд ва ба ҷояш Аслиддин Назаров, ки он вақтҳо Сардори шабакаҳои барқи ноҳияҳои тобеи марказ буд омад. Ин шахс аз Данғара мебошад.  Назаров, ки аз ҳама вазъият огоҳ буд, ба президент расонд, ки ҳисоби бонкии ширкат дар Ориёнбонк аст ва кормандони ин ширкат 3-4 мешавад маошашонро нагирифтаанд ва пешниҳод кард, ки ҳисоби бонкии ширкатро ба Амонатбонк  гузаронанд, то маош ва дигар амалиётҳои бонкии ширкат беҳтар анҷом бигирад. Ва, аз ин вазъияти бад бароем.

 Эмомтапак аз ҳамон солҳо фаҳмида буд, ки нерӯи барқ бисёр фоидаи хуб дорад ва онро таҳти назорати бевосиати худ гирифт.

Дар онвақтҳо Амонуллои хусурбачаи Эмомтапак, бародари Ҳасани ишкамба сардори Эноргоснаб ва раёсати фурӯши барқ тобеъи Шабакаҳои барқӣ буд. Аммо   раёсати фурӯши барқро аз тобеияти шабакаҳои барқ гирифтаанду бевосита худ идора карданд. Ростӣ, ин ҳоҷӣ Амон(Амонулло) шиддатро аз ҷараён фарқ намекунад.Як ҳодисаи воқеиро мехоҳам нақл бикунам.

 Як муштарӣ доштам. Хонааш рафтам барои суми барқ .Он шахс суми барқро пардохт кард ва пурсид, ки роҳбарият иваз шудааст. Гуфтам бале. Гуфт, ки гап бизанам ягон вазифа мегирӣ? Ман пурсидам шумо аз куҷо мешиносед ӯро? Гуфт вай ошнои ман буд. Пурсидам чи хел шумо рафиқ ҳастед? Гуфт вай дар вақти эноргоснаб кор карданаш, ҳар гоҳе проверка мешуд омада инро мегуфтааст, ки «биё 10тонна солярка ва бензинро дар бушкаҳои корхонаи ман бирез, ягон ҳафта бигзарад омада бигиру бирав. Ҳозир маро проверка меоянд».

Ин муштарии ман ба ҳамин тиҷорат машғул буд. Ва ман пурсидамаш шумо ёрдамаш кардед? Гуфт чанд бор дастгириаш кардам. Хуллас, ҳоҷӣ Амонулло як сол кор кард вале аз уҳдаи кор набаромад. Бо раиси ширкат барои чизе гапҳояшон мегурезад ва раис, яъне Аслиддин Назаровро латту куб мекунад. Ва боз чи коре карданд, ки оқибат аз вазифа маҳрум шуд. Баъди вай як айнигиро монданд. Бо ӯ ҳам рост нагирифтанд. Дар давраи ин айнигӣ раёсати Фуруши барқ боз дар тобеияти шабакаҳои барқ дода шуд. 

 Бародар имруз дар «Ислоҳ.нет» мақолаи “Барқи Тоҷикро” -ро на танҳо Оила балки Сарвазир ҳам ғорат дорад»-ро хондам ва гуфта ҳамчун як корманди собиқи ин соҳа фикрамро нависам ба шумо. Агар шавад илова кунед, нашавад ҳеҷ гап не.    Ин соҳа яке аз соҳаҳои сердаромад ва камхарҷ мебошад. Мисол оби дар неругоҳҳои барқӣ ҷамъ шуда аз неъматҳои Худованд мебошад. Борону барф меборад, ҳавзҳо дар байни куҳҳо ба вуҷуд меоянд. Худоро шукр, ки ватани азизи мо наздик ба 93 %куҳсор аст. Барои сохтани неругоҳҳои обӣ хело муносиб мебошад.  Барои он ки ин оби ҷамъшуда дар байни куҳҳо бе ягон хароҷоти зиёд нигоҳ дошта мешавад. Ва аз як тарафаш девори махсуси бетонӣ месозанд. Баъдан аз баландӣ бо трубина обро бо поён бо миқдори зарурӣ раҳо мекунанд. Об омада ротор ва генераторҳо ба кор медарорад ва дар ин ҳолат қувваи барқ ҳосил мешаванд.

  Бародар дар масъалаи раҳбарияте, ки аз хориҷа оварданд, инро гуфтанӣ ҳастам,  ки ин шахс дар хориҷа кор карда аст. Инро бояд мақомоти тоҷик донад, ки дар рӯзҳои истироҳат бошӣ агар корхона бикафад ё ба замин фуруд биравад ба кор намеравӣ ва нороҳат намекунанд ва ҷавобгар ҳам нестӣ. Инро кормандони ҳукуматӣ бояд донанд. Вақтҳое ман кор мекардам дар фуруши Барқ рӯзи истироҳатӣ надоштанд. Барои кормандони фурӯши барқ як моҳ 30 руз, 30 рузи корӣ аст. Вақти корӣ бошад 12 соат буд.    

Ин соҳаро худи ҳамин Оилаи Пешоб ва худаш вайрон карда истоданд, то ки дар оянда гирифта шахсӣ кунанд. Пешоби миллат фаромӯш кард, ки дар як баромадаш гуфта буд: «ягон хориҷӣ омада ватани моро обод намекунад». Худо ҷазо диҳад ин қадар мутахассиси тоҷик куҷоянд, ки хориҷӣ омада соҳаи энергетикро обод мекунад. Ин хориҷӣ пешобро бо оилааш задагӣ аст. Аммо мақсади Эмомтапак ин аст ки баъди ин хориҷӣ ин ширкатро хусусӣ кунад

  Гуфтанӣ ҳастам, ки бо ин таҷрибаи кории худ, бо ин нархи ҳозираи неруи барқ дар Тоҷикистон кормандони ин соҳа бояд маоши беҳтаринро бигиранд. Фаррошаш бояд 2500 ҳақ бояд бигирад ва мутахассисонаш аз 6000то 30000сомонӣ бояд маош дошта бошанд.

   Бо ҳамаи қарздорияш ман дар ҳамин сину соли пириам сарварии ин ширкатро ба душ  мегирам ва маоши дар боло гуфтаро ба кормандони ин соҳа дода метавонам ва қарзашро дар мӯҳлати 4 сол пардохт мекунам ва 24 соат мардумро бо барқ таъмин менамоям.

Ва аз ман  дида боз кормандони бо таҷриба ва мефаҳмидагӣ хеле зиёд ҳастанд. Аммо дар куҷое як дузд, роҳзан ва ғоратгару пулпараст ҳаст омада дар ин ширкат кор мекунад. Корашон фақат дуздӣ мебошад.

Аммо чанде пеш боз як хабари дигарро шунидам. Чуноне гуфтам суратҳисоби ширкати «Барқи тоҷик» дар Ориёнбонк буд. Аммо ҳоло байни Душанбе-сити ва Ориёнбонк барои пулҳои ин ширкат, яъне суратҳисоби он муборизаи беамон рафта истодааст. Душанбе-сити аз они Рустами Эмомалӣ асту Ориёнбонк аз они Ҳасани ишкамбаи тағои Рустам.

Як ҳамкорам гуфт, ки ҳоло аҳолӣ ва корхонаҳои ноҳияи Синои Душанберо, ки дар ҳсиоби ширкат ҳамчун Сино-1 ва Сино-2 ҳуҷҷатгузорӣ мешаванд, водор карда истодаанд, ки пули қувваи барқро тавассути Душанбе-сити пардохт намоянд. Дурст аст ки барои муштарӣ фарқ надорад, ки пулашро ба куҷо месупорад ва ин ҳақи қонунии ӯ ҳам ҳаст, ки бонки мавриди назарашро худаш интихоб мекунад. Аммо ҳоло Рустами Эмомалӣ фармон додааст, ки маҳз тавассути Душанбе-сити пардохт сурат бигирад.

Пулро ба Душанбе-сити пардохт мекунӣ Душанбе- сити мегираду ба Ориёнбонк «перевод» мекунад. Яъне ҳоло Душанбе-сити дар байн мисли як миёнарав аст.%-и худашро мегирад,сипас ба Ориёнбонк меравад. Ин дар ҳоле аст ки суратҳисоби ширкат дар Ориёнбонк аст. Ҳоло муштариҳои  Сино-1-2 мустақим интиқол кунанд қабул намешава.

 Муштариҳо ва корхонаҳо омада шикоят карданд, ки мо ба Душанбе -сити пардохт мекунем Душанбе сити пулҳои моро медуздад. Саривақт намегузаронад. Қарздорамон мекунаду барқи моро қатъ мекунанд.

 Вақте барои рафъи ин проблема ва фаҳмидани иллати он ба кол-сент занг мезанӣ, кол-сент ҷавоб намедиҳад. Барои қабули як заявка чандин соат вақатаро мегирад. Заявкаро гирад ҳам танҳо баъд аз як руз свет медиҳанд.

 Пулатро саривақт намегузаронанд, қарздор мекунанд, светро мекушанд, як сутка мегузарад, ту дар хона бебарқ, дар торикиву сардӣ бо кудаконат мешинӣ, дар ҳоле ки ту пулро саривақт супоридаӣ ва қарздор нестӣ. Ҳамин тавр мардумро бо мушкили сунъӣ рубару кардаанд. Мардум дар азоб, пулҳо дуздида шудааст аз тарафи Душанбе сити. Як шабонаруз «оборот» медиҳад баъд ба Ориёнбонк перевод мекунад ва дар ин як шабонаруз шумо аз барқ маҳрум мешавед.

Муштариҳо мегуянд вақте занг мезанӣ, ки уже пулатро хурдааст. Баъд аз як суратҳисоби дигар мегиранд ва ба суратҳисоби шумо мерезанд ва боз аз он суратҳисоби бечораи дигар ба суратҳисоби каси дигар ва ҳамин тавр рафта истодааст. Аз ин ба ин аз он ба он. Рутами Эмомалӣ бояд фаҳмад, ки дар Душанбе-сити чи ҳодиса шуда истодааст.

Чизи дигаре, ки шунидам ин аст, ки дар горсвети шаҳр маҷлис мешавад, муовини сарвазир иштирок мекунад .Дар толори маҷлис бояд сарнозирҳо ҳам иштирок кунанд. Ва аз мушкилоту норасоиҳо масъалагузорӣ кунанд. Инҷо вазири энергетика ва муовинҳояш ҳам меоянд.

Роҳбари шабакаи барқи Сино Шавкат ном дорад. Ин Шавкат бо ҳамон лоиҳаи насби ҳисобкунакҳо кор мекунад. Шогирд ва ё аз «бачаҳои Рустам» аст.

Шавкат раиси горсвети шаҳрро дар бузаки боз андохтагӣ аст. Дар як утоқи хурд ҷаласа мегузаронад. Муовини сарвазир меояду аз бари боло мешинад. Шавкат иҷозат намедиҳад, ки маҷлис дар зал баргузор шавад.

Дар толори васеъ гузарад сарнозирҳо камбудиҳоро мегуянд. Сарнозирҳоро кабинет майда гуфта иҷозат намедиҳад, ки ба маҷлис ворид шаванд. Худашон ба худашон маҷлис мегузаронанду мераванд…

Ҳолу аҳволи «Барқи тоҷик» ҳамин аст. Агар бо мақоли мардуми ифода намоем: «буз (аҳолии Тоҷикистон)дар ғами ҷону қассоб (Рустами Эмомалӣ»дар ғами чарбу».    

                                Душанбе

Салом бародари арҷманд Муҳаммадиқбол! Ман як модар ҳастам аз километри 9уми Душанбе. Инҷо қисмате аз пойтахти Тоҷикистон аст. Аммо об надорад. Ман метавонам навор гираму ба шумо фиристам. Ҳоло мо қувваи барқ дорем. Аммо гуфта истодаанд, ки 2000 сомонӣ ҷамъ кунед, столбаҳоятонро аз сар мекунем. Охир ҳама шароити додани 2000 сомонӣ надорад. Инҷо ҳаст бевазанҳо, ки дар ягонҷо кор намекунад, ҳастанд нафароне, ки бачаҳояшон дар Русия аст, баъзеҳо дар стройкаҳои шаҳр кор мекунанд, ки моҳ ба моҳ нукбанук мерасонанд. Инҷо баъзеҳо моҳҳо гуштро дар хонаҳояшон дидагӣ нестанд. Ғизои нормалнийро дар ҳафта як бор мехуранд ё не. Онҳоро ҳам маҷбур доранд, ки 2000 сомонӣ ҷамъ кунед.

Ҳозир таъминоти об дар маҳаллаи мо чи гуна аст? Як хел пулдорҳо дар заминаш қудуқ (скваж) кандагӣ аст. Якхелҳо аз мошини водовоз мехаранд. Дар қисмати болоӣ аз замин об бароварда намешавад, яъне скваж задан имкон надорад. Дар болотари маҳалла мардум пул ҷамъ карду як ҷоҳи обкашӣ сохт аммо вайрон шуд, дигар касе дар паяш нест. Як хелҳо аз хонаи ҳамсоя об мегиранд. Вақти шустушуи қолинҳо мардум об намеёбад. Хулоса як ҳоли зоре дорем мо. Ҳамаи ин вазъу ҳол дар 9километр, се сотихаҳо, 13ум квартал, кучаи Солдат-2, Восточний холмии шаҳри Душанбе, аз Аманал боло. Бале, инҷо  Душанбе аст, об надорад, роҳ надорад, свет надорад. Мо бо ҷангуҷангҷол ва пули зиёд харҷ карда светамонро ҳам худамон дурст карда будем. Кабелҳоро сум партофта нав карда будем. Аммо ҳоло гуфта истодаанд, ки боз кабелҳову столбаҳоятонро аз сари нав мекунем: 2000 сомонӣ пул партоед. 

                                        Ҳамадонӣ

 Ассалому алайкум устоди гиромӣ! Нома вз деҳаи Чубеки ҷамоати Чубеки ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ. Дар замони  шуравӣ ин ҷамот бо номи совхози  Сарҳадчӣ машҳур буд. Дар ҷамоати мо қариб 25 ҳазор аҳолӣ зиндагӣ мекунад, ки аз ин наздики 7ҳазорашро узбекҳо ташкил медиҳанд.

Ростӣ, ҳар сол ҳолати ноҳия бадтар шуда истодааст.  Мехостам оғоз кунам аз даврони раиси ноҳия будани Гулов Сафаралӣ, ки дуздиву ғоратро дар авҷи аъло расонида  буд. Он вақт  раиси ҷамоати мо Холматов  Ҷумахон бо лақаби  Ҷума шпион буд, ки аслан саводе  надошт. Ҳамсинфонаш  мегуфтанд, ки дар мактаб ҳатто номашро навишта наметавонист. Инҳо ҳама хешу табори раиси ноҳия будан ва ҳарчи дилашон мехост мекарданд. Куҷое замин меёфт бо ҳамроҳи раиси ноҳия забон як карда ба мардум мефурухт. Ба ягон инсон бе пул замин намедоданд. Ҳол онки дар асл замин бояд ройгон бошад. 

 Ҷамоат пур аст оилаҳои ниёзманд аст. Баъзеашон дар як хона 5 оила зиндагӣ мекунанд. Вале маблағ, ки надоранд соҳиби хона шуда наметавонанд. Ин Ҷума шпион бародари Мудир Исо аст ки дар барномаи наркотикфурушҳо дар борааш гуфта будед. Заминҳоро ба чанд нафар мефурухт ва мардумро фиреб мекарду мегашт. Барои бародараш тамоми заминҳои куҳиро гирифта дод.  Қариб 20 сол раиси ҷамоат буд ва дар ин муддат ягон ободӣ  дар  ҷамоат дида намешуд.  Роҳе,  ки дар солҳои шуравӣ сохта шуда буд, то ҳол таъмир нашудааст. 

   Аз баромади маркази ноҳия то охири ҷамоат деҳаи Чойлоб камар ҳамаи роҳ кандаву хароб аст. Дар ҷамоат ҳамагӣ як масҷиди ҷомеъ ҳаст, ки дар деҳаи мо ҷойгир мебошад. Аз дигар деҳаҳо пиёда ва ба велосипедҳо муйсафедон 7-8 километрро тай карда меоянд. Аз дехаи Туғул сар карда то Чойлобкамар, ки тақрибан 10-12 км аст ва шояд 16-17 ҳазор аҳолӣ дар ин манотиқ ҷойгир аст як масҷид фаъолият мекунад. Вазири маориф ҳам аз деҳаи мо аст. Вақте падараш аз дунё гузашт, бисёрии вазирон омада буданд. Вале чашмашон ба ин роҳ нарасид. Баъд аз онки Гулов Сафаралӣ соли 2014 вакили Маҷлиси Намояндагон шуд ба ҷояш Фазлиддинов Хуҷамурод омад. Ин шахс ноҳияро   бо раиси молияи ноҳия бо тахаллуси Ҳоҷӣ ба ғорат бурд. Дар ҳақиқат ҳаҷ карда буд, вале имону инсоф надошт.

 Компютеркунонии мактабҳо оғоз шуд ва дар ҳамаи мактабҳо компютерҳои арзон гирифта чанд баробар зиёд нишон дода маблаги зиёдеро аз ин роҳу аз таъмири мактабҳо медуздид. Чанд хона дар Душанбе харида буд ва ба номи дигарҳо мегузаронд. Компютерҳое, ки дар мактаби мо ҳастанд қисми зиёдаш аллакай корношоям шудаанд. Аз тарафи дигар қувваи барқ нест, ки талабагон аз онҳо истифода баранд. 

Бинои ҷамоат ҳам аз замони шуравӣ бе таъмир ва ба як харобазор монанд аст. Назди бинои ҷамоат бинои нави Ассотсиатсияҳои об, ки роҳбараш Самадов Кенҷа як дузди мазори дигар, ки ҳамасола аз мардуми деҳқон суми об ҷамъ мекунанд,  вале  ҳеҷ таъмир намекунанд.  Аз Чойлоб камар то заминҳои деҳаи Чубек, ки аз дарёи Панҷ обёрӣ мешавад, агар ҳамаи ҷуйборҳоро тоза кунанд, 20%  маблағе, ки ҷамъоварӣ мешавад,  басанда аст вале намекунанд.Мо ҳатто то солхои 2015 оби нушокӣ надоштем,  аз деҳаи  ҳамсоя об мекашидем. 

Дар бораи сохтмони мактаб аслан парво надоранд. Вале заминфурушӣ ва ғорати мардум дар авҷи аъло аст. Заминҳои президентие, ки дар солҳои ҷанг дода шуда буд онҳоро ҳам мехостанд аз дасти мардум зада гирифта участка карда фурушанд. Ҳамаи ин раисҳои мо ростӣ, корашон фақат талаву тороҷ. Ҳатто ба қабулашон меравӣ бо ту ҳамчун ғулом ҳарф мезананд. Ҳозира раиси нави ҷамоат каме босаводтар аст нисбат ба пештара вале ягон дигаргунӣ нест. Раиси нав Абдулхайров мебошад. Барои справка ва ё иҷозати туй пул мегиранд. Ягон кор бе маблағ намешавад. Ба мардуми ҷамоат гуфтаниям, ки нависед ба  Ислоҳ, то ин дуздҳову   ғоратгарҳоро ҳама шиносад.    

                                              Данғара 

Салом домулло Муҳаммаддиқоли Садриддин.  Ман аз Ғиҷоваки Данғара бароятон менависам. Чанд вақт пеш, вақти саршавии таҳсил Эмомалӣ Раҳмон Данғара омаду корпуси Донишгоҳи тиббии Данғараро ба кор дароврад. Корупси нави онро. Бовар кунед, ки ин як шармандагӣ аст. Чунки ин корпус то ҳоло ҳам обод несту мо дар он кор крада истодаем. Ин руирост як навъ хокшапӣ ба чашми ҳама аст. Аммо Раҳмонов хурснад шуду  баргшата рафт. Ба назар менамояд, ки вай аз таги гап бехабар аст. Вале як нафар аз одамони давру бари худаш гуфт, дар ин охирҳо боз дигарбора ба арақ майл пайдо кардаву ҳолоҳо бештари вақт маст мегардад. Ва ҳамин одам гуфт, ки дар замони Иттиҳоди Шуравӣ, нушидани арақ як чизи одӣ буд. Хусусан зиёд кормандони мақомот менушиданд.  Кормандони КГБ ва МВД ба нушидани арақ майл доштанд. 

Дар курсҳои махсуси КГБ дар замони шуравӣ, ба кормандони нав мегуфтанд, ки бояд виҷдонро қурбонӣ кунед. …Конечно, вам будут снится многое, что вы сделали, но необходимо глушить и не вдаваться в эмоции. Лучшим способом является водка…

Ҳамин тавр, ба ин шакл худро фаромуш кардан аз ҳамон замонаҳо мондааст. То имрӯз баъзе аз кормандон то аз ҳуш рафтан арақро мезананд, то ин ки ҳама он куштор, таҷовуз, ғорату зулмро фаромуш кунанд.

Эмомалӣ Раҳмон, ки дастонаш пур аз хун аст аз ҳукмҳову амрҳои барои қатлу ғорат додааш, танҳо бо нушидани арақ худро замоне ором ҳис мекунад. Аз ҳамин сабаб вай қариб, ки ҳама вақт пиён аст. Чандин бор Азизмо гуфт бас кун, нануш, ба сармон касофатӣ меорӣ, аммо нашуд. Маҳз бо маслиҳати Азизмо Президент чанд бор ба ҳаҷ рафт то инки тавба кунаду ба ифоқа ояд ва ранги одами солим гардад. Аммо ин қотили одамкуш даст аз амалҳояш намебардорад.

Исломи бачаи Нуриддин Раҳмон ҳам ранги амакаш фақат пиён аст. Руз то бегаҳ задагӣ дар кабинетш «тылдыр». Данғараро ба ҳолати бадтарин расондааст. Тамоми заминҳои мардумро «ай маҳай гуфта гаштай».

                                                  Ваҳдат 

  Ассалому алейкум устоди азиз! Аз Ваҳдат бароятон дар бораи бузҳо менависам. 

Яке аз бузҳои бисёр ҳам шинохташуда, ки мардуми Ваҳдат аз дасти вай ба дод омадааст ва тамоми мардуми маҳаллашон мешиносанду медонанд Ширинбек ном дорад. Бо туҳмат одамҳоро узви Гуруҳи 24 ва ё Ислоҳро тамошо мекунад гуфта ба мақомот медиҳад ва ё шантаж карда бо фиребу найранг сум меканад. Бародари ин буз Саидбек дар вақти ҷанг корҳои ноҳақ бисёр карда буд ва аз ин рӯ аз ҳамон солҳо гурехта дар Санкт-Петербург зиндагӣ мекард. Ширинбек асосан бузи ментҳо аст. Вай бо Муминов, замначалники 6-0й отдел шинос аст. Аммо Муминов хеле сумҳои ӯро, бо ваъдаи онки корҳои Саидбеки бародаратро «туғрӣ» мекунам гуфта хурдааст. Бародари Саидбек аз Питер омаду уро боздошт карданд. Ширинбек инфаркт гузаронд. Бародараш пулдор аст. Дар русия ханка заниматсия мекунад. Аммо мардумро гулу нодон гумон карда меуяд, ки мо нос мефурушем. Ширинбек воҳима карда буд, ки мо суми калон «ҷқидагием» Сидбекро маҳкам намекунанд, Муминов суми калон гирифта буд вале натавонист, ки кори уро ҳал кунад 5 сол доданаш. Вале кумаки зиёд кард Муминов вагарна аз 20 сол кам намегирифт. Ин бузичаи Ширинбек аз пушти шиносҳояш дар Ваҳдат хело фук чухт буд. Майда-майда зарар ба мардуми худаш расид. Як дусти маро ба туҳмат гирифтор намуда 20000 сомонашро канданд.   Аммо, аҷабаша ин аст ки ҳамин Ширинбеки буз ба кор даромадааст. Ва дар Файзобод. Валлоҳӣ кас аз корҳои ин давлат ҳайрон мешавад. Ширинбек хондаву навишта наметавонад. Чи гуна соҳиби званий ва удостворенний шудааст? Иншоаллоҳ, ки ин давлат ба охири хаташ расида истодааст ва оқибаташ дар дасти ҳамин гуна афрод аст!   Ширинбекро мардуми Роҳатӣ нағз мешиносанд. Дар Санкт-Петербург байни бачаҳои роҳатӣ ягон нофаҳмиҳо пеш биёяд, ҳама нисбати Ширинбек гумон мекунанд ва аз вай тарсон мешаванд, чунки зуд ба хонаҳои онҳо аз мақомот меравнад.

Ширинбек чор зан дорад. 2 занаш аз Файзобод. Вай бо Ҳамза майёр милиса дар Ваҳдат ҳамкорӣ мекунад. Бисёртар делоҳои сохтаро Ширинбек бо Ҳамзаи 6 –отдели шаҳри Ваҳдат мебарад.    

Ширинбек боз бизнеси замин ҳам дорад. Давлат барои оилаҳои камбизоат замин ҷудо мекунад. Аммо инҳо мефурушанд. Ҳар касе агар аз ин заминҳо гирифтанӣ шавад аввал аз идораи ҷамоат справкаи вазъи оила мегирад. Баъд ин ноҷавонмард ҳар сотихи заминро 2.500$ мефурушад. Дар ҷамоате, ки худаш зиндагӣ мекунад, ҷамоати Раҷаб Исмоил деҳаи Ҳаёти нав дар маркази ҳамон ҷамоат ҳавлии ҷамоат ва клуби онро  харида магазину дигар бизнесро сар кард.

Аҷаб даврае шуд. Бузҳо дар сари мақому вазифа. Коргари мақомот дузду наркобизнес. Намедонам 0048 аз кадом вазир аст ки бо ҳамин номерҳо мегардад ва барои ӯ дар ҳамаҷо «зеленний светофор». Как будто бо онҳо доду гирифт доштааст. Коргарони давлат ҳамааш бо луқмаи ҳаром омухта шудаанд. Бародар тули 6 сол аст барномаҳои шуморо тамошо дорам. Гапҳои мегуфтанӣ ҳам зиёд аст. Ҳар гоҳе вақт шуд менависам. 

                                     Кулоб 

Салому алейкум устод Муҳаммадиқбол! Барномаҳои шуморо тамошо мекунам. Дар бораи Мулло Абдураҳими кулобӣ барнома карда будед, онро ҳам дидам. Дар бораи ҳамин Мулло Абдураҳим чанд чизе гуфтанӣ ҳастам. Абдураҳим бисёр воҳима мекунад аз номи мардуми Кулоб. Аммо агар мардуми Кулоб ӯро иззату икром мекард, дар он солҳо бачаи уро дар дехаи Сангигури ноҳияи Ховалинг намепарониданд. Ин бачааш дар чердаки як хешовандонашон бо номи бобои Султон пинҳон мешавад. Чанд руз баъд мардуми Кулоб мефаҳманду ба сараш меоянд. Мегурезад тарафи як куҳи баланд. Ва уро мепаронанд.

 Абдураҳим дар ҳамон деҳаи хурди Сангигур, ки ҳамаги 15 ё 20 хона дошт зиндагӣ мекард ва аз ҳисоби молу гов рӯзашро мегузаронд.

Абдураҳим заминҳои подачар ва заминҳои галаашонро гирифта болои мардуми он деҳа зулм карда буд. Мардуми бечора дигар гову мол карда натавонистанд. Он деҳа зиёда аз 500 ё 600 гектар замин дошт. Абдураҳим он заминҳоро соҳиб шуда буд. Дар он деҳа хешҳояш бобои Султон ва Абдулвоҳид то ҳозир мардумро зулм доранд. Заминҳои мардумро гирифта гандуму юнучқа корида ва қисмеашро подачар карданд.

 Мардуми деҳа манбаи даромадаш гову мол буд, дигар намедонанд, ки чи кор кунанд, куҷо раванд.       

Ҳар сол Бобои Султон ва Абдулвоҳид, ки бародаранд бо фарзандонашон то даҳҳо ҳазор пресси юнучқа мефурушанд. Як пресс 40 сомонӣ аст. Пистаи деҳаро худашон мехаранд аз мардум. Агар касе пистаашро хоҳад дигар ҷо қиматар фурушад даррав ба лесхози Ховалинг хабар мекашад ва онҳо бо ҷаримаи калон халос мешаванд.

                                            Рашт 

Ассалому алайкум бародар Муҳаммадиқбол. Аз Навободи Рашт бароятон менависам. Дар бораи раиси ноҳияи Рашт. Ҳоло раиси ноҳияи Рашт на инки раис, балки ба як бузи калони шохдор табдил шудааст.

Аз дасти ин раиси ноҳия чандин нафар ҷавонони номдори ноҳия ё аз мансаб рафтанд ва ё зиндонӣ шуданд. Ин ноҷавонмард, ки ҳоло кораш дар дасти прокурор асту делои ҷиноятӣ дорад ва тамоми халқ дуздиҳояшро медонад ҳоло ҳам бо дастони нопоки худ пул гирифта чапу рост вазифа фурушӣ карда истодааст. 

Бар сари роҳбарони ташкилоту муассиса ва кормандони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт ҳамоно «доля» бор карданашро идома дода истодааст.Бинобар ҳикояҳои мардуми ноҳияи Рашт падари вай Муқим Набиев ном дошта ва 24 сол директори мактаб интернати шаҳраки Навобод будааст. Фарзандони худро бо ҳақи сағир калон кардааст. 

 Бо дастур ва исрору иҷбори бевоситаи раиси ноҳияи Рашт Муқимӣ Раҳим Набизода собиқ роҳбари дастгоҳи раиси ноҳия Ортиқов Холмаҳмад аз мудири маорифи ин ноҳия 100000 сомонӣ талаб намояд. Ин бечора дар даст афтоду ин худозада ҳоло ҳам дар озодӣ гаштааст. Ҳамин тарик раиси идораи замини Рашт Ҷабборов Алимардон, ки сағира калон шуда буд аз дасти ин раис ба даст афтод. Мардум мегуянд, ки ин қадар маблағи андозро ҷамъ мекунем вале ба ғайри соҳибкорон худи ҳукумати ноҳия  таҳти роҳбарии Муқимӣ Раҳим Набизода ягон иншооти ҷашнӣ намесозад.

 Бародар Муҳаммадиқбол ин нома идома дорад. Дар барномаи оянда дар бораи он нафароне, ки ҳамин раиси ноҷавонмард ба мақомот фурухт, маълумот медиҳам.

                                          Ваҳдат

Салом, акаи Муҳаммадиқбол! Як номаи кутоҳ дорам. Агар дилатон барои миллат месузад онро нашр мекунед. Ман аз деҳаи Лақайбегии ҷамоати Карим Исмоли шаҳри Ваҳдат. Лақайбегӣ ба ин маъно нест, ки инҷо ҳама лақайҳоянд. Номи феълии деҳа Суғдиён шуд. Барои он Лақайбегӣ гуфтам, ки ҳама бо ҳамин ном мешиносанд. Хуллас, аз деҳаи Лақайбегӣ як деҳа боло, деҳаи Холмуродӣ воқеъ аст. Дар он ҷо як майдони партовгоҳ(мусор)калон сохта шудааст. Соҳибашро касе намедонад. 

Омада дар ин деҳа корхонае сохтааст. Ин корхона мурғҳои мурдаро комбикорм-ранги сабус майда мекунад ва фермаҳои мурғ онро «обратно» мебаранду дар мурғҳо медиҳанд. Мардум мераваду тухму гушти ин мурғҳоро мехарад ва истеъмол менамояд.

Мушкили хеле ҷиддӣ барои аҳолии атрофи деҳаи мо  ин аст ки ин коргоҳ беҳад бӯйи баду безеб мекунад. Валлоҳӣ аз буи ахлоти инсон зишттару бадтар аст.

 Ин бӯ ба деҳаҳои Истугузар, Гӯрхурда аз ҳама бештар ба деҳаи Лақайбегӣ мерасад. Ягон нафар меҳмон шавад мепурсад, ки ин чӣ бӯ аст. Мегӯӣ, ки буи ҳамин корхона аст. Мегуяд, ки ба прокуратура надодед?   

Мо, сокинони ин деҳаҳо чандин маротиба ариза навиштем. Шахсан худам имзо ҷамъ кардам, аммо гапамон намегузарад. Чанд рӯз пеш дар деҳа тӯй буд. Ҳофиза Фарзонаи Хуршед буд. Мардум гуфтанд, ки Фарзона даҳ бор гуфтаст, ки аз омаданам пушаймон шудам.

Бародар Муҳаммадиқбол, вақте касал шудӣ, ба Худо  зорӣ кардам, ки сиҳату саломаташ гардон ва агар бишавад ҷони маро бигиру ӯро шифояш деҳ.

Умедворам, номаи моро чоп мекунӣ, бародари азиз!

Share This Article